Главная / Илм / МИЁНДАРА

МИЁНДАРА

miyondaraМИЁНДАРА, чашмаи минералии обаш сард. Дар сох. рости д. Ванч, 55 км шарктар аз маркази нохия вокеъ аст. Баландиаш аз с. б. 3500 м. Дебиташ – 1 л/сон., минералнокии умумиаш – 1,65 г/л. Харор. об +80С. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (800 мг/л), катионхои калсий (260 мг/л), натрий (116 мг/л), магний (47,0 мг/л), анионхои гидрокарбонатхо (342 мг/л), сулфатхо (78,0 мг/л), хлоридхо (1,0 мг/л), хамчунин микроэлементхо – охан, никел, мис, бор ва рух иборат аст. Оби чашмаро барои муоличаи гастрит, беморихои захми меъда, рудаи дувоздахангушта, холетсистит, гепатит, пиелонефрит ва ихтилоли мубодилаи моддахо истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби иони ба обхои нарзании Кисловодск шабохат дорад.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …