Главная / Чамъият / МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Конуни Чумхурии Точикистон  

Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд  

(Ахбор Маджлиси Оли Республики Таджикистан, с. 2011, №7–8, мод. 616;

Конуни ЧТ аз 15.03.2016 с., №1294)

Максади Конуни мазкур пурзур намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рухияи инсондусти, ифтихори ватандори, эхтироми арзишхои милли, умумибашари ва фарханги, инчунин хифзи хукуку манфиатхои фарзанд мебошад.

padaru-modar

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ  

Моддаи 1. Муносибатхое, ки Конуни мазкур танзим менамояд

Конуни мазкур масъулияти падару модар ва шахсоне, ки онхоро иваз мекунанд (минбаъд  падару модар), дар таълиму тарбияи фарзанд танзим менамояд.

Моддаи 2. Доираи амали Конуни мазкур

Амали Конуни мазкур нисбат ба шахрвандони Конуни, новобаста ба махалли истикомати онхо, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки дар Чумхурии Точикистон зиндаги мекунанд ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, новобаста ба махалли чойгиршавии онхо, татбик мегардад, агар санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, тартиби дигареро мукаррар накарда бошанд.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– фарзанд (кудак) – шахси ба синни хаждахсола нарасида;

– шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд – васи, парастор, фарзандхондагон, шахсоне, ки дар асоси шартнома кудакро тарбия мекунанд, дигар намояндагони конунии онхо, муассисахо ва дигар ташкилотхое, ки кудак дар таълиму тарбияи онхо карор дорад (минбаъд – муассисахои таълими);

– васи ва парастор – шахсоне, ки ба максади хифзи хукуку манфиатхои шахсони гайри кобили амал ва кобилияти пурраи амал надошта, аз чониби макомоти васоят ва парастори тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъин шудаанд;

– таълим – раванди фаъолияти муштараки падару модар, омузгор ва муассисаи таълими бахри инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва кобилияти фикрию чисмонии кудак;

– тарбия – раванди максадноки ба воя расонидани фарзанд аз  чониби падару модар, муассисаи таълими, чомеа ва ба зиндагии мустакилона омода намудани у;

– марказхои дилхуши – клубхои шабона, дискоклубхо, интернет – кафехо, марказхои компютери, толорхои букмекери ва марказхои бозихои бурднок, тарабхонахо ва дигар шахсони вокеи ва хукукие, ки ба ташкил ва гузаронидани чорабинихои фарогати ва истирохати машгуланд;

– вакти шабона – аз 1 апрел то 30 сентябр – аз соати 22:00 то соати 06:00 ва аз 1 октябр то 31 март – аз соати 20:00 то соати 06:00.

 

Моддаи 5. Вазифаи падару модар, омузгор, давлат ва чомеа дар таълиму тарбияи фарзанд

  1. Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омузгор, давлат ва чомеа мебошад.
  2. Вазифаи падару модар фарохам овардани шароити модди, молияви, маънави ва равони дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад.
  3. Давлат барои таълиму тарбия ва хифзи кудакони ятим ва  маъюб гамхори намуда, ба онхо шароити мусоид фарохам меорад.

 

БОБИ 2. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

 

Моддаи 6. Баробарии хукук ва ухдадорихои падару модар

Падару модар, новобаста ба он ки якчоя ё чудо зиндаги мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд хукук ва ухдадорихои баробар доранд, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 7. Хукукхои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд хукукхои зерин доранд:

– хукук ва манфиатхои фарзандро химоя намоянд;

– шакл, намуд ва усули таълим, муассисахои таълимиро, новобаста ба шакли ташкилию хукукии онхо, интихоб намоянд, агар ин шакл, намуд ва усул ба вазъи саломати ва рушди маънавии фарзанд таъсири манфи нарасонад;

– дар раванди таълиму тарбия, аз чумла назорати сатху сифати таълим ва донишандузии фарзанд дар муассисахои томактаби ва тахсилоти миёнаи умуми иштирок ва мусоидат намоянд;

аз операторон ва провайдерони хизмати алокаи барки дар бораи аз тарафи фарзанд истифода шудани хизмати алокаи барки маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1294);

– ба макомоти дахлдор чихати бехтар намудани сатху сифати таълиму тарбияи фарзанд дар муассисахои томактаби ва тахсилоти миёнаи умуми  бо пешниход мурочиат кунанд;

– дар муносибатхои хукуки намояндаи конунии фарзанд бошанд;

– риояи хукуки фарзандро дар раванди таълим дар асоси стандартхои давлатии тахсилот талаб намоянд;

– ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки фарзандашон дар он тахсил мекунад, мусоидат намоянд;

– ба раванди таълиму тарбия, мазмуни тахсилот, давомот ва сатху сифати донишандузии фарзанд шинос шаванд;

– дигар хукукхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, амали намоянд.

 

Моддаи 8. Ухдадорихои падару модар  дар тарбияи фарзанд

Падару модар дар тарбияи фарзанд ухдадорихои зерин доранд:

– ба фарзанд тибки арзишхои милли номи нек гузоранд;

– пас аз таваллуд фарзандро дар мухлати то се мох аз кайди давлатии сабти асноди холати шахрванди гузаронанд;

– барои хифзи саломати, ташаккули чисмони, маънави ва ахлокии фарзанд шароит мухайё намоянд;

– фарзандро ба зиндагии мустакилона омода намоянд;

– фарзандро дар рухияи эхтиром ба Ватан, конун, арзишхои милли ва умумибашари тарбия намоянд;

– гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе хамрохии шахси аз чордахсола боло дар куча ва дигар чойхои чамъияти ичозат надиханд;

– шаъну шарафи фарзандро эхтиром намоянд ва ба муомилаи берахмона нисбат ба у рох надиханд;

– новобаста ба чинс, синну сол, кобилияти зехни, чисмони ва рухии фарзанд, нисбат ба у баробар муносибат намоянд;

– дар вакти шабона ба марказхои дилхуши рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд;

– кирдорхои зиддичамъияти, муомилаи дагалона бо атрофиён, халалдор намудани ороми, истифодаи суханхои кабех, рафтори дагалона дар кучахо, хиёбонхо, майдонхо, муассисахои фарогати, дохили наклиёт, хобгоххо, манзили зист, дигар чойхои чамъияти ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба мухити зист пешгири намоянд;

– ба фарзанди то синни мактаби ва фарзанде, ки дар муассисахои тахсилоти умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби, новобаста ба шакли ташкилию хукукии онхо, тахсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонхои мобилиро манъ намоянд;

– ба фарзанд тамошои филмхои дорои хусусияти шахвони, зуровари, экстремисти ва террористиро манъ  намоянд;

аз тарафи фарзанд максаднок ва мувофик ба таълиму тарбияи у истифода шудани интернетро назорат намоянд  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1294);

– ба фарзанд мутолиа ва пахн кардани сабтхои электрони (аз чумла, тарики телефонхои мобили), китобхо, варакахо, рузномахо, мачаллахо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти шахвони, зуровари, экстремисти ва террористиро манъ намоянд;

– иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиходияхои дини, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расми дар муассисахои дини ба таълим фаро гирифта шудаанд,  ичозат надиханд;

– барои фарзанди то бистсола истеъмоли нушокихои спирти (аз чумла, пиво), воситахои нашъадор ва моддахои психотропи, махсулоти тамоку (аз чумла, нос) ва маводи сахттаъсирро манъ намоянд;

– иштироки фарзандро дар чорабинихои барои у тавсиянашуда ичозат надиханд;
– гирифтани шаходатномаи хукуки ронандаги ва рондани автомобилро барои фарзанд  ичозат надиханд;

– ба оворагарди ва дигар рафторхои зиддиахлоки машгул шудани фарзанд рох надиханд;

– ба чалб намудани фарзанд ба корхои хавфнок ва вазнини ба саломатии у зараровар ва хамчунин дигар корхое, ки ба инкишофи муътадили чисмони ва равонии фарзанд халал мерасонанд, ичозат надиханд;

– фарзандро ба фаъолияти сохибкори ва хариду фуруш, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ичозат додааст, чалб насозанд;

– бе хамрохии шахси болиг гаштугузор кардани фарзанди то шонздахсоларо дар худуди биною иншооти техники, таххонахо ва болохонахои бинохои истикомати, корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхо, худуди нуктахои фуруши сузишвори, саристгоххои рохи охан, фурудгоххо ва саристгоххои наклиёти мусофирбар манъ намоянд;

– дар чойхои чамъияти навиштан, ифлос намудан ва расонидани зарарро аз чониби фарзанд манъ намоянд;

– дастрасии фарзандро ба маводи сузандаю тарканда пешгири намоянд;

– истифодаи чавохирот, зару зевар, дигар ашёхои киматбахо (ба истиснои як чуфт гушвора барои духтарон)-ро аз тарафи фарзанд дар муассисахои таълими ва холкубиро барои фарзанд манъ намоянд;

– ба шикастани панчарахо, санги болои кабрхо, хайкалхо, нимпайкарахо ва дигар ороишоте, ки дар оромгоххо ва чойхои таърихию фарханги мавчуданд ва тахриб кардани онхо аз тарафи фарзанд рох надиханд;

– дигар ухдадорихоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, ичро намоянд.

 

Моддаи 9. Ухдадорихои падару модар  дар таълими фарзанд

Падару модар дар таълими фарзанд ухдадорихои зерин доранд:

– ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактаби шароит фарохам оваранд;

– ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба тахсили у дар муассисахои тахсилоти миёнаи умуми  монеъ нашаванд;

– фарзандро бо воситахои зарурии таълими таъмин карда, барои таълими у шароити муносиб мухайё намоянд;

– риояи пушидани либосхои расмии мактабиро аз чониби фарзанд дар хамаи зинахои тахсилот таъмин ва назорат намоянд;

– ба фарзанди имконоти махдуди чисмони ва рухи доштаи худ барои тахсил кардан ва касбу хунар омухтан шароит мухайё сохта, иллати чисмони ва рухии уро пинхон накарда, дар сурати набудани шароит барои таълими фарзанд ба муассисахои дахлдори давлатии сохаи маориф, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли мурочиат намоянд;

– аз вазъи фарзанде, ки дар мактаб-интернатхо ва дигар муассисахои махсусгардонидашуда, новобаста ба шакли ташкилию хукукии онхо, таълиму тарбия мегирад, хабардор шуда, бо чунин муассисахо хамкори намоянд ва раванди таълими фарзандро дар ин муассисахо зери назорат гиранд;

-донишандузи ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омузгорон, хайъати кормандон ва рохбарияти муассисаи таълими оид ба таълими фарзанд мунтазам хамкори намоянд;

–  дар мачлисхои падару модарон ва дигар чорабинихои мактаби бо даъвати маъмурият тибки талаботи оинномаи муассисаи таълими ва дигар санадхои меъёрии хукуки иштирок намоянд;

– талаботи оинномаи муассисаи таълимиро, ки фарзандашон дар он чо таълим мегирад, ичро намоянд;

– чалби фарзандро барои гирифтани таълим дар таълимгоххои гайриконуни ё дар назди шахсони алохидаи бе ичозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд;

– таълими фарзандро дар хоричи кишвар бе розигии хаттии макомоти ваколатдори давлати ичозат надиханд;

– дигар ухдадорихоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, ичро намоянд.

 

БОБИ 3. УХДАДОРИХОИ ФАРЗАНДИ БОЛИГУ КОБИЛИ МЕХНАТ ДАР НИГОХУБИН ВА

ТАЪМИНИ ПАДАРУ МОДАР

 

Моддаи 10. Ухдадорихои фарзанди болигу кобили мехнат дар нигохубин ва таъмини падару модар

  1. Фарзанди болигу кобили мехнат ухдадор аст, ки падару модари худро нигохубин ва таъмин намуда, онхоро аз чихати модди ва маънави дастгири намояд.
  2. Дар холати ичро накардани ухдадорихои мазкур, фарзанди болигу кобили мехнат бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.

 

БОБИ 4. УХДАДОРИХОИ ОМУЗГОР, МАКОМОТИ ДАВЛАТИ, МУАССИСА ВА ДИГАР ТАШКИЛОТХОЕ, КИ МАСЪАЛАХОИ ВОБАСТА БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КУДАКРО

ТАНЗИМ МЕКУНАНД

 

Моддаи 11. Макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак

Масъалахои вобаста ба таълиму тарбияи кудак аз чониби макомоти ваколатдори давлати, ки аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, макомоти хифзи хукук, маориф, фарханг, тандурусти, мехнат ва хифзи ичтимоии ахоли, оид ба корхои дин, кор бо занон ва оила, кор бо чавонон, варзиш ва сайёхи, иттиходияхои чамъияти, муассиса ва дигар ташкилотхои сохави танзим карда мешаванд.

 

Моддаи 12. Ухдадорихои омузгор, макомоти давлати, муассиса ва дигар ташкилотхое, ки масъалахои вобаста ба таълиму тарбияи кудакро танзим мекунанд

  1. Макомоти давлати, муассиса ва дигар ташкилотхое, ки масъалахои вобаста ба таълиму тарбияи кудакро танзим мекунанд, ухдадорихои зерин доранд:

– ба раванди таълиму тарбия дар низоми тахсилоти умуми ва иловаги мусоидат намоянд;

– тарзи хаёти солимро таблиг ва кудакони болаёкатро дастгири намоянд;

– кудаконеро, ки дар пешгирии хукуквайронкунихо сахм гузоштаанд, хавасманд намоянд;

– падару модареро, ки хукуку ухдадорихои худро дар таълиму тарбияи фарзанд муваффакона ичро менамоянд, аз чихати модди ва маънави хавасманд гардонанд;

– оид ба пешгирии хукуквайронкунихо аз тарафи кудакон тадбирхо андешанд;

– хангоми аз тарафи падар ё модар риоя накардани талаботи оинномаи муассисаи таълими ва ухдадорихое, ки тибки Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар шудаанд,  бо тартиби мукарраргардида ба макомоти хифзи хукук мурочиат намоянд;

– дар муассисахои таълими бо максади расонидани кумаки педагоги, равони, методи ба падару модар “Рузхои падару модар”-ро ташкил намоянд;

– дигар чорабинихоро оид ба масъалахои таълиму тарбияи кудакон ва хифзи хукуку манфиатхои онхо ташкил намоянд;

– дигар ухдадорихоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, ичро намоянд.

  1. Ухдадорихои омузгор оид ба таълиму тарбияи кудак мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи маориф мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 13. Ухдадорихои шахсони вокеи ва хукуки оид ба хифзи хукук ва манфиатхои кудак

Хангоми аз таълиму тарбия дур мондани кудак ва ба амали номатлуб даст задани у, инчунин дар мавриди муайян кардани холатхое, ки ба хаёт ва саломатии кудак тахдид менамоянд, шахсони вокеи ва хукуки ухдадоранд, ки макомоти дахлдори давлатиро огох созанд.

 

БОБИ 5. ЧОРАХОИ ПЕШГИРИ ВА ЧАВОБГАРИ БАРОИ ИЧРО НАКАРДАНИ УХДАДОРИХО ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

 

Моддаи 14. Чорахои пешгири барои ичро накардан ё ба тарики дахлдор ичро накардани ухдадорихои падару модар

Падару модаре, ки вобаста ба вазъи саломати ва моддиашон наметавонанд ухдадорихои худро оид ба таълиму тарбияи фарзанд кисман ё пурра ичро намоянд, аз тарафи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ба табобат фаро гирифта, бо кор таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Чавобгарии падару модар ва омузгор дар таълиму тарбияи фарзанд

  1. Дар холати ичро накардан ё ба тарики дахлдор ичро накардани ухдадорихои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, падару модар ва омузгор тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
  2. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгарии баробар доранд.
  3. Падар ё модаре, ки аз фарзанд чудо зиндаги мекунанд, барои  ичро накардан ё ба тарики дахлдор ичро накардани ухдадорихои падару модар, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузори, чавобгар мебошанд.

 

Моддаи 16. Чавобгарии макомоти давлати, муассиса, дигар ташкилотхо ва шахсони мансабдори онхо, ки масъалахои вобаста ба таълиму тарбияи кудакро танзим мекунанд

Чавобгарии макомоти давлати, муассиса, дигар ташкилотхо ва шахсони мансабдори онхо, ки масъалахои вобаста ба таълиму тарбияи кудакро танзим мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 Президенти  

Чумхурии Точикистон                      Эмомали  РАХМОН

ш. Душанбе,

2 августи соли 2011,

№ 762

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …