Главная / Гуногун / МАРСИЯИ ДАРЕГИ ЗАМИН

МАРСИЯИ ДАРЕГИ ЗАМИН

Дар як гушаи гуристони деха, ки ба мисли лонаи паррандаи бошазада валангор буд, як аспу се гов ва чор-панч гусфанд бепарво мечарид. Ба димог буи порую араки хайвонот мезад. Вале аз ин холат одамоне, ки маросими дафни се маитро ба чо меоварданд, парвое набуд. Онхо саросемаю шитобзада гури сеюмро аз хок пур мекарданд. Хеч кас парвои асрори марги ин се тан маитро надошт. Танхо бод ин асрорро медонист. Чун муи оташдида дар худ печида, дар гуши гуртеппахо кисса мехонд.

дехаи булёни поён
дехаи булёни поён -кишлок

Ин деха чун хама дехахои кишвар, дехаест басо одди. Имсол табиати ин деха барвакт тиллоранг гашт. Ин момои Аминаро шод гардонд. Пиразан ин фасли солро бехад дуст медорад.

– Хазонрез не, тиллорез! – мегуфт у. – Табиат хазон мешавад, то ки аз нав эхё гардад.

Он руз як парча абри сип-сиёх аз кибла хесту охиста-охиста тамоми осмонро печонида гирифт.

– Ин абр бебало нест, – худ ба худ бо харос гуфт момои Амина.

Намози шом ин абри оси ба борон табдил ёфт. Чанд руз паи хам борон бошиддат борид. Хаво намнок ва сард шуд.

– Худоё, замину замон нам кашид! – бо начвое шикваолуд нолид момои Амина.

Хавои сарду сербориш ба чисми момои Амина таъсири бад расонд. Пиразане ки аз кучаи тиб харгиз гузар накарда буд, нотоб шуд. Аз як пахлу ба пахлуи дигар мегашт. Гох ба девор такя мекарду гохе ба болишт ва боз дароз мекашид. Вале дард хеч уро сар намедод. Руз рафту шаб омад. Дарди пиразан хуруч намуд. Оху афгонаш баланд гашт. Вале касе дарашро накушод. Ин алам ба дардаш зам шуд. Хориаш омад, оби чашмонаш беихтиёр равон гашт.

Момои Амина зане буд: хоксор, одди, хушхол, зиндадил, серхаракат ва бекина. Хар гох ки сухан дар хакки у равад:

– О-о-о, момои Амина! – мегуфтанд. – Худаш якто!

Ин суханон самимию пурмаъно буданд. Аввалан момои Амина сари танхо дошт. Сониян ин пиразани хушбину некбин ба хама мерасид.

– Одам ба одам зинда аст! – мегуфт у. – Занги одамро одам мешуяд!

Дар деха ягона момодоя буд, момои Амина. Тамоми чавонони деха дар руи дастони у ба дунёи равшан омадаанд гуем, хато намекунем. Касе ки бетоб мешуд уро мебурданд. «Дегдон» мебаст, «оби кайтарма» медод, «хас» пуф мекард. Кисса кутох: табиби хамакора ва хама буд у.

Тиреза равшан шуд.

– Субх дамид, субх, – гуфт у ва базур хеста, ба хонаи хамсоя рафт.

– Худо инсофата гирад, очаи Намоз, – гуфт момои Амина хазломез. – Як сари кадам намедарои ки мурдаи ё зинда. Шаб кариб мурда будам.

– Э, холо хама дар дами марганд, – сарду бедимог чавоб дод очаи Намоз.

Пиразан дарк намуд, ки очаи Намоз майли сухан надорад ва сари максад омада, илтимос кард:

– Садкаатон шавам, очаи Намоз, хамун «ёрии таъчили»-ра чег бизанед.

– Чи?! “Ёрии таъчили”? Кампир мегум аз мох фаромади чи?! – бо истехзо гуфт очаи Намоз. – Акнун «ёрии таъчили»-ра дар шаби хобат хам намебини!

Умеди момои Амина аз «ёрии таъчили» канд. Ва у ба рох даромад. Ланг-лангон, гох дар сари санге шишта, якчанд чакрим рохро пиёда тай намуда, ба дармонгох омада расид.

Дар кабулгохи дармонгох кариб хеч кас набуд. Духтараки сабзинаи ба абрувонаш усма кашида, аз паси шишае ки сурохии нимдавра дошт, “пешвоз” гирифт. “Биёед, пештар биёед!” – гуфт у ва калам гирифта, дар вараке ному насаб ва боз ким-чихо навишт. Сипас ба пиразан ру овард:

– Як сомони дихед.

– Аъ… лаббай? Як сомони дихам? Барои чи?

– “Барои чи, барои чи?!” – чигот андохт у. – Барои истори болезни.

– Истори болезни? О… ман нафакахур…

– Чи мехури, намехури, ин кори ту, – гап задан намонд пиразанро. – Мо бланкаро бо пули накд мехарем.

Момои Амина ноилоч як сомони ба духтар доду истори болезнро гирифта, ба кабули духтур рафт.

– Уху-уху! – баланд сулфида. – Мумкин-ми? – гуён, аз омаданаш дарак дод.

Табиб: чавони сиюпанч-чилсолаи зардинаи миёнакад, ки чалап-чалап сакич мехойид, уро тавре пешвоз гирифт, ки гуё модараш бошад.

– Мархабо, очачон! Хуш омадед, нури дида, точи сар! Аз омадани шумо утоки бенураки мо нур гирифт!

Момои Амина аз чунин истикбол худро гум карда, чашмонаш сиёхи зад. Табиб уро ба курси шинонда, сакичашро хоида-хоида боз ба гап даромад:

– Шуморо ба даргохи мо дард овардааст. Як дард чи сад дард дошта бошед, даво мекунем. Хама аз ман рози, хурсанд. «Шумо духтур не, чони одам. Дасти шумо сабук!» –мегуянд дар руям. Ман аз ин таърифхо илхом гирифта, барои хубтар хизмат намудан камарамро сахттар мебандам.

Пиразан мехрубонона ба руи у нигариста, ширин табассуме карда:

– Дар забони ширинат садка, бачам! – гуфт.

– Хуш, хучаин чи кор мекунад? Ё дар нафака, давлати пири меронад?

– На ину на он, – чавоб дод пиразан. – Кайхо аз азобу машакати ин дунё халос шуданд.

– Ха-а, чояшон чанат шавад. Хайр, хеч гап, фарзандон саломат бошанд шуд, – гуфт асроромез табиб ва боз пурсид: – Чанд фарзанд доред, дар кучохо кор мекунанд?

– Се писару як духтар доштам, – охи сард кашид пиразан. –Се писарамро чанги хонумонсуз ба коми худ кашид, духтарам аз касалии домана гузашт.

– Наход? Оббо! Хайр, хеч гап не. Хешу таборхо чи?

Пиразан аз ин пурсупос сахт ба хайрат афтод: охир хамаи ин саволхо ба касалии у чи алока дошта бошад? Табиб аз ин хомушии пиразан ба таври худ хулоса баровард.

– Бисёр нагз, бисёр нагз, – гуфт табиб ва боз ба пиразан руй овард:

– Хуш, кани онхоро бо чои корашон номбар кунед-ку.

– Кихоро?

– Хешу таборатонро.

– Ха-а-а… Ман дигар хеч кас надорам, писарам, як сари кокам, – дар чашмони пиразан ашк халка зад.

– Ха-а, ин тавр гуй, – якбора аз «шумо» ба «ту» гузашта, мад кашид табиб. Ва аз лабонаш ханда гурехта, табъаш хичил шуд.

Пиразан сабаби пурсупосу тагйир ёфтани холати уро фахмида, безобита шуд ва саросема гуфт:

– Аз бекасии ман хавотир нашавед, писарам. Бекас бошам хам, нокас нестам. Ха, имрузу пагох нафакаамро медиханд, оварда хамаашро ба дастатон медихам. Бовар кунед, ана Худои тори сар шохид.

– Ба мо хеч чиз лозим нест, – сарду тунд гуфт табиб. – Ту, кампир касал-пасал не.

– Чи-и? Касал не? – пиразан даме дар хайрат монда ба табиб нигарист, сипас гуфт: – Охир тамоми магз-магзи устухонхоям месузад.

– Ин ланг! – даст афшонда, гуфт табиб бо истехзо.

– Ланг? – тааччуб кард пиразан. – Ин касали нав-ми, писарам?

– Не, кухна! – бо тамасхур ру овард табиб. – Ин касали халки!

– Ха-а-а, халки гуед. Э, садкаи халк шавам, ачаб гапхое дорад…

– Шуд, кампир! – бо дурушти сухани пиразанро бурид табиб. – Гапа гоз надех, паси дар касалхо интизор.

– Маро табобат намекунед? – хайрон шуда, пурсид пиразан.

– Табобати ланг осон, – гуфт норозиёна табиб. – Ба хона рафта, як тезобаи тез мекунию мехури. Ана, баъд худро печонида хоб рав. Арак ки карди, тамом, сип-сихат.

– Э, акнун ман ба хона чи хел меравам…

– Чи хеле ки омадед, хамон хел меравед! – дагалона сухани пиразанро бурид табиб.

Пиразан аз сина охи бадарде кашид. Ин дам чинхои чабину руяш амиктару зиёдтар шуданд. Вай аз галаёни хиссиёти ба сараш омада гаранг шуда монд.

– Тамом, ба ту чавоб кампир, – гуфтани табиб уро ба худ овард.

Димогаш сухт, оташ гирифт ва бо хашм гуфт:

– Тамоми умр чони саги сиёх кандам, наход ба як табобат наарзам?!

– Миннат накун кампир! – дуг зад табиб. – Чони саги сиёх кандиву кор карди, маош гирифти!

– Шояд…

– Хой кампир! Шояд-пояд нест! Ту «дардат» – ро гуфти, ман «давояш» – ро. Боз чи лозим?! – бо овози омиронаю дагалаш гуфт табиб.

– Шояд мехобонед-а, писарам, – бо гардани кач зора кард пиразан.

– Чи?! Хобонам? Туя хобонда, чи кор мекунам?! Охир, ин чо гуристон не-ку! – бо лахни дагалонааш дод зад табиб. – Сайрамби кампира гусел кун, халал нарасонад.

Ин суханон чун нештар пиразанро озор дод. Ба дили у гаму андухи бепоён фишор овард. Якбора аз каъри чашмонаш дона-дона ашкхои сузон берун шуда, ба руи пурожангаш шориданд. Табиб нигохи газаболуде ба суи вай афканду:

– Следующий! – гуён, дод зад.

Пиразан як кад парида, ба худ омад.

– Тавба! – гиребон дошт пиразан ва бо таассуф сар чунбонд.

– Шукр гу, кампир! – гуфт Сайрамби, ки дар тан хилъати сап-сафед дошт. – Дар дигар чо туро хатто кабул намекарданд.

– Ха, дуруст мегуи, духтарам, шукр, сад шукр! – пиразан бо азобу мушкили аз чой хеста, аз уток баромад.

Як дарди пиразан сад дард шуда буд. Дар рохрав фишори хунаш якбора баланд шуд. Чашмонаш сиёхи зад. Такя ба девор дода, охиста руи фарш нишаст. Ва аз хуш рафт. Чанд бемори дар навбатистода давида тори сараш омаданд. Яке ба Сайрамбии бепарво гуфт:

– О, ту чи хел инсони берахми? Ягон сузандору кун.

– Дору пул меистад, ойимпочо! Кам не, гам не, хазор сум!

– Бечора пиразан, ба хуш ояд, пулатро медихад.

– Ту шохид мешави?

– Ха, мешавам. Тезтар сузандору кун.

Сайрамби ба пиразан дору гузаронд. Лахзае пас у ба хуш омада, чашм кушод.

– Хазор сум дихед, – хадаха гуфт Сайрамби. – Ана, инхо шохид, ки ман туро укол кардам.

– Хазор сум? – як кад парид пиразан. – Ман ягон танга надорам, духтарам.

– Чи?! Ох, пулам сухт! – фигон кашид Сайрамби.

Чароги умеди момои Амина ба об афтода, хомуш шуд. Хайрону харосон монд. Касе ба у эътибор намедод. Бо дили афгору бирён ва хайрону зор, сари калобааш гум, ланг-лангон, гох сари санге шишта, намози шом ба хона расид. Чигараш, магз-магзи устухонхояш месухт. Шаби дароз аз як пахлу ба пахуи дигар гашт. Оху афгонаш ба фалак печид. Вале касе дарашро накушод. Табаш баланд шуд. Уро гуё ба даруни оташ афканда буданд. Пайкараш, чисму чонаш месухт. Як гояти шаб табларзааш гирифт. Дир-дир меларзид. Дарди чонгудоз уро аз хуш бурд. Субх каме ба худ омад. Фарёди хурусро шунид. «Шукр» – гуфт зери лаб. Ва боз дарди чонгудоз уро аз хуш бурд. Се шабонаву се руз бе хушу беёд хобид. Шаби чорум момои Амина чон дод…

Вакте ки очаи Намозро дарди кудак гирифт, кампири Аминаро ба ёд оварданд.

– Бидав! – гуфт у ба шавхараш. – Момои Аминаро биёр! Тез, ки мемурам!

Ашраф ба хонаи кампир омада, уро садо кард. Вале пиразан посух надод.

– Гушхояш кар шудаги барин, – гуфт ба худ Ашраф ва ба хона даромад. Дид, ки пиразан дароз кашида, хоб аст.

– О, кампири беимоне! – гуфт Ашраф. – Руз нимруз шудаасту у холо хам хоб аст. Хез!

Вале кампир нахест. Ашраф даст ба танаш расонд, то уро бедор кунад. Ва аз сардии тани момои Амина гуё уро барк зад. Як ларзиду аз гояти хайрат шах шуда монд. Сипас мисли шахси моргазида чахида, аз чой хест. Ва хамзамон тамоми вучудашро тарс фаро гирифт. Давида берун баромад. Дар пешайвон якбора истод. Лахзае ба андеша рафту гашта, чун дузд ба хона даромад. Тамоми хонаро тагуру кард. На пул ёфту на моли арзишноке.

– Кампири беимон! – дашноме дод ва хамин лахза чашмаш ба тугунчаи токча афтод.

Онро гирифта кушод.

– Пул! – хурсандона нидо зад у ва саросема дахонашро бо дасташ пушида, ба чор су чашм давонд.

Не, касе нашунид. Пулро шумурд: дусад сомони. Хамрохи пулхо хатчае буд. Хонд: “Барои гуру чубам”.

– Эъ, бе ин хам гурат мекунанд, – гуфт ва пулро туф карда, ба кисса зад.

Завчааш уро танхо дида, хайрон шуд.

– Кампир нест, дараш руст, – гуфт шавхараш.

– Не-е?! – хайрати зан бештар шуд ва худ ба худ гут-гут кард: – Хай-войе, ин кампири гурсухта дайду шудаги. Боз шикамчарони рафтагист кампири беимон. Хабари маргат меомадаги руз бошад-а? Чашми туро хоки лахад сер мекунад. Оши гаматро хурам, беимон!

Ин лахза дарди зан авч гирифт. «Ох!» мегуфту лаб мегазид. Арак аз сару руяш мешорид. «Кампири беимон!» мегуфту дард мекашид. Дард мекашид ва хеч не, ки чашмаш равшан шавад. Аз зурии дард чанд бор аз хуш рафт. Сари субх нидои чонсузе бароварду таваллуд кард. Вале навзод фигон накашид. Вай бечон ба дунё омада буд. Субх дамиду очаи Намоз хам чон дод.

Дар гуристони валангору гариб ва аз хазон хам хазонтари деха се гури нав пайдо шуд. Пас аз тиловати оят хама саросема даст ба руй кашида, аз кабристон бадар рафтанд. Яке истоду ба гурхои бешумор нигариста, хитоб намуд:

– Оббо, хок хеч аз одам сери надоштааст-да!

– Ха, ачаб бетараххум аст замин!

Боди сарсони сахро гарк дар андухи хуршед, марсияи дареги заминро месуруд!

 8 октябри соли 2000

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …