Главная / Гуногун / МАРСИЯИ ДАРЕҒИ ЗАМИН

МАРСИЯИ ДАРЕҒИ ЗАМИН

Дар як гўшаи гўристони деҳа, ки ба мисли лонаи паррандаи бошазада валангор буд, як аспу се гов ва чор-панҷ гўсфанд бепарво мечарид. Ба димоғ бўи порую арақи ҳайвонот мезад. Вале аз ин ҳолат одамоне, ки маросими дафни се маитро ба ҷо меоварданд, парвое набуд. Онҳо саросемаю шитобзада гўри сеюмро аз хок пур мекарданд. Ҳеҷ кас парвои асрори марги ин се тан маитро надошт. Танҳо бод ин асрорро медонист. Чун мўи оташдида дар худ печида, дар гўши гўртеппаҳо қисса мехонд.

деҳаи булёни поён
деҳаи булёни поён -қишлоқ

Ин деҳа чун ҳама деҳаҳои кишвар, деҳаест басо оддӣ. Имсол табиати ин деҳа барвақт тиллоранг гашт. Ин момои Аминаро шод гардонд. Пиразан ин фасли солро беҳад дўст медорад.

– Хазонрез не, тиллорез! – мегуфт ў. – Табиат хазон мешавад, то ки аз нав эҳё гардад.

Он рўз як парча абри сип-сиёҳ аз қибла хесту оҳиста-оҳиста тамоми осмонро печонида гирифт.

– Ин абр бебало нест, – худ ба худ бо ҳарос гуфт момои Амина.

Намози шом ин абри осӣ ба борон табдил ёфт. Чанд рўз паи ҳам борон бошиддат борид. Ҳаво намнок ва сард шуд.

– Худоё, замину замон нам кашид! – бо наҷвое шикваолуд нолид момои Амина.

Ҳавои сарду сербориш ба ҷисми момои Амина таъсири бад расонд. Пиразане ки аз кўчаи тиб ҳаргиз гузар накарда буд, нотоб шуд. Аз як паҳлў ба паҳлўи дигар мегашт. Гоҳ ба девор такя мекарду гоҳе ба болишт ва боз дароз мекашид. Вале дард ҳеҷ ўро сар намедод. Рўз рафту шаб омад. Дарди пиразан хуруҷ намуд. Оҳу афғонаш баланд гашт. Вале касе дарашро накушод. Ин алам ба дардаш зам шуд. Хориаш омад, оби чашмонаш беихтиёр равон гашт.

Момои Амина зане буд: хоксор, оддӣ, хушҳол, зиндадил, серҳаракат ва бекина. Ҳар гоҳ ки сухан дар ҳаққи ў равад:

– О-о-о, момои Амина! – мегуфтанд. – Худаш якто!

Ин суханон самимию пурмаъно буданд. Аввалан момои Амина сари танҳо дошт. Сониян ин пиразани хушбину некбин ба ҳама мерасид.

– Одам ба одам зинда аст! – мегуфт ў. – Занги одамро одам мешўяд!

Дар деҳа ягона момодоя буд, момои Амина. Тамоми ҷавонони деҳа дар рўи дастони ў ба дунёи равшан омадаанд гўем, хато намекунем. Касе ки бетоб мешуд ўро мебурданд. «Дегдон» мебаст, «оби қайтарма» медод, «хас» пўф мекард. Қисса кўтоҳ: табиби ҳамакора ва ҳама буд ў.

Тиреза равшан шуд.

– Субҳ дамид, субҳ, – гуфт ў ва базўр хеста, ба хонаи ҳамсоя рафт.

– Худо инсофата гирад, очаи Намоз, – гуфт момои Амина ҳазломез. – Як сари қадам намедароӣ ки мурдаӣ ё зинда. Шаб қариб мурда будам.

– Э, ҳоло ҳама дар дами марганд, – сарду бедимоғ ҷавоб дод очаи Намоз.

Пиразан дарк намуд, ки очаи Намоз майли сухан надорад ва сари мақсад омада, илтимос кард:

– Садқаатон шавам, очаи Намоз, ҳамун «ёрии таъҷилӣ»-ра ҷеғ бизанед.

– Чӣ?! “Ёрии таъҷилӣ”? Кампир мегўм аз моҳ фаромадӣ чӣ?! – бо истеҳзо гуфт очаи Намоз. – Акнун «ёрии таъҷилӣ»-ра дар шаби хобат ҳам намебинӣ!

Умеди момои Амина аз «ёрии таъҷилӣ» канд. Ва ў ба роҳ даромад. Ланг-лангон, гоҳ дар сари санге шишта, якчанд чақрим роҳро пиёда тай намуда, ба дармонгоҳ омада расид.

Дар қабулгоҳи дармонгоҳ қариб ҳеҷ кас набуд. Духтараки сабзинаи ба абрувонаш ўсма кашида, аз паси шишае ки сўрохии нимдавра дошт, “пешвоз” гирифт. “Биёед, пештар биёед!” – гуфт ў ва қалам гирифта, дар варақе ному насаб ва боз ким-чиҳо навишт. Сипас ба пиразан рў овард:

– Як сомонӣ диҳед.

– Аъ… лаббай? Як сомонӣ диҳам? Барои чӣ?

– “Барои чӣ, барои чӣ?!” – ҷигот андохт ў. – Барои истори болезни.

– Истори болезни? О… ман нафақахўр…

– Чӣ мехўрӣ, намехўрӣ, ин кори ту, – гап задан намонд пиразанро. – Мо бланкаро бо пули нақд мехарем.

Момои Амина ноилоҷ як сомонӣ ба духтар доду истори болезнро гирифта, ба қабули духтур рафт.

– Ўҳў-ўҳў! – баланд сулфида. – Мумкин-мӣ? – гўён, аз омаданаш дарак дод.

Табиб: ҷавони сиюпанҷ-чилсолаи зардинаи миёнақад, ки чалап-чалап сақич мехойид, ўро тавре пешвоз гирифт, ки гўё модараш бошад.

– Марҳабо, очаҷон! Хўш омадед, нури дида, тоҷи сар! Аз омадани шумо утоқи бенураки мо нур гирифт!

Момои Амина аз чунин истиқбол худро гум карда, чашмонаш сиёҳӣ зад. Табиб ўро ба курсӣ шинонда, сақичашро хоида-хоида боз ба гап даромад:

– Шуморо ба даргоҳи мо дард овардааст. Як дард чӣ сад дард дошта бошед, даво мекунем. Ҳама аз ман розӣ, хурсанд. «Шумо духтур не, ҷони одам. Дасти шумо сабук!» –мегўянд дар рўям. Ман аз ин таърифҳо илҳом гирифта, барои хубтар хизмат намудан камарамро сахттар мебандам.

Пиразан меҳрубонона ба рўи ў нигариста, ширин табассуме карда:

– Дар забони ширинат садқа, бачам! – гуфт.

– Хўш, хуҷаин чӣ кор мекунад? Ё дар нафақа, давлати пирӣ меронад?

– На ину на он, – ҷавоб дод пиразан. – Кайҳо аз азобу машақати ин дунё халос шуданд.

– Ҳа-а, ҷояшон ҷанат шавад. Хайр, ҳеҷ гап, фарзандон саломат бошанд шуд, – гуфт асроромез табиб ва боз пурсид: – Чанд фарзанд доред, дар куҷоҳо кор мекунанд?

– Се писару як духтар доштам, – оҳи сард кашид пиразан. –Се писарамро ҷанги хонумонсўз ба коми худ кашид, духтарам аз касалии домана гузашт.

– Наход? Оббо! Хайр, ҳеҷ гап не. Хешу таборҳо чӣ?

Пиразан аз ин пурсупос сахт ба ҳайрат афтод: охир ҳамаи ин саволҳо ба касалии ў чӣ алоқа дошта бошад? Табиб аз ин хомўшии пиразан ба таври худ хулоса баровард.

– Бисёр нағз, бисёр нағз, – гуфт табиб ва боз ба пиразан рўй овард:

– Хўш, канӣ онҳоро бо ҷои корашон номбар кунед-ку.

– Киҳоро?

– Хешу таборатонро.

– Ҳа-а-а… Ман дигар ҳеҷ кас надорам, писарам, як сари қоқам, – дар чашмони пиразан ашк ҳалқа зад.

– Ҳа-а, ин тавр гўй, – якбора аз «шумо» ба «ту» гузашта, мад кашид табиб. Ва аз лабонаш ханда гурехта, табъаш хиҷил шуд.

Пиразан сабаби пурсупосу тағйир ёфтани ҳолати ўро фаҳмида, безобита шуд ва саросема гуфт:

– Аз бекасии ман хавотир нашавед, писарам. Бекас бошам ҳам, нокас нестам. Ҳа, имрўзу пагоҳ нафақаамро медиҳанд, оварда ҳамаашро ба дастатон медиҳам. Бовар кунед, ана Худои тори сар шоҳид.

– Ба мо ҳеҷ чиз лозим нест, – сарду тунд гуфт табиб. – Ту, кампир касал-пасал не.

– Чӣ-ӣ? Касал не? – пиразан даме дар ҳайрат монда ба табиб нигарист, сипас гуфт: – Охир тамоми мағз-мағзи устухонҳоям месўзад.

– Ин ланг! – даст афшонда, гуфт табиб бо истеҳзо.

– Ланг? – тааҷҷуб кард пиразан. – Ин касали нав-мӣ, писарам?

– Не, кўҳна! – бо тамасхур рў овард табиб. – Ин касали халқӣ!

– Ҳа-а-а, халқӣ гўед. Э, садқаи халқ шавам, аҷаб гапҳое дорад…

– Шуд, кампир! – бо дуруштӣ сухани пиразанро бурид табиб. – Гапа ғоз надеҳ, паси дар касалҳо интизор.

– Маро табобат намекунед? – ҳайрон шуда, пурсид пиразан.

– Табобати ланг осон, – гуфт норозиёна табиб. – Ба хона рафта, як тезобаи тез мекунию мехўрӣ. Ана, баъд худро печонида хоб рав. Арақ ки кардӣ, тамом, сип-сиҳат.

– Э, акнун ман ба хона чӣ хел меравам…

– Чӣ хеле ки омадед, ҳамон хел меравед! – дағалона сухани пиразанро бурид табиб.

Пиразан аз сина оҳи бадарде кашид. Ин дам чинҳои ҷабину рўяш амиқтару зиёдтар шуданд. Вай аз ғалаёни ҳиссиёти ба сараш омада гаранг шуда монд.

– Тамом, ба ту ҷавоб кампир, – гуфтани табиб ўро ба худ овард.

Димоғаш сўхт, оташ гирифт ва бо хашм гуфт:

– Тамоми умр ҷони саги сиёҳ кандам, наход ба як табобат наарзам?!

– Миннат накун кампир! – дўғ зад табиб. – Ҷони саги сиёҳ кандиву кор кардӣ, маош гирифтӣ!

– Шояд…

– Ҳой кампир! Шояд-пояд нест! Ту «дардат» – ро гуфтӣ, ман «давояш» – ро. Боз чӣ лозим?! – бо овози омиронаю дағалаш гуфт табиб.

– Шояд мехобонед-а, писарам, – бо гардани каҷ зора кард пиразан.

– Чӣ?! Хобонам? Туя хобонда, чӣ кор мекунам?! Охир, ин ҷо гўристон не-ку! – бо лаҳни дағалонааш дод зад табиб. – Сайрамбӣ кампира гусел кун, халал нарасонад.

Ин суханон чун нештар пиразанро озор дод. Ба дили ў ғаму андўҳи бепоён фишор овард. Якбора аз қаъри чашмонаш дона-дона ашкҳои сўзон берун шуда, ба рўи пурожангаш шориданд. Табиб нигоҳи ғазаболуде ба сўи вай афканду:

– Следующий! – гўён, дод зад.

Пиразан як қад парида, ба худ омад.

– Тавба! – гиребон дошт пиразан ва бо таассуф сар ҷунбонд.

– Шукр гў, кампир! – гуфт Сайрамбӣ, ки дар тан хилъати сап-сафед дошт. – Дар дигар ҷо туро ҳатто қабул намекарданд.

– Ҳа, дуруст мегўӣ, духтарам, шукр, сад шукр! – пиразан бо азобу мушкилӣ аз ҷой хеста, аз утоқ баромад.

Як дарди пиразан сад дард шуда буд. Дар роҳрав фишори хунаш якбора баланд шуд. Чашмонаш сиёҳӣ зад. Такя ба девор дода, оҳиста рўи фарш нишаст. Ва аз ҳўш рафт. Чанд бемори дар навбатистода давида тори сараш омаданд. Яке ба Сайрамбии бепарво гуфт:

– О, ту чӣ хел инсони бераҳмӣ? Ягон сўзандору кун.

– Дору пул меистад, ойимпочо! Кам не, ғам не, ҳазор сўм!

– Бечора пиразан, ба ҳўш ояд, пулатро медиҳад.

– Ту шоҳид мешавӣ?

– Ҳа, мешавам. Тезтар сўзандору кун.

Сайрамбӣ ба пиразан дору гузаронд. Лаҳзае пас ў ба ҳўш омада, чашм кушод.

– Ҳазор сўм диҳед, – ҳадаҳа гуфт Сайрамбӣ. – Ана, инҳо шоҳид, ки ман туро укол кардам.

– Ҳазор сўм? – як қад парид пиразан. – Ман ягон танга надорам, духтарам.

– Чӣ?! Оҳ, пулам сўхт! – фиғон кашид Сайрамбӣ.

Чароғи умеди момои Амина ба об афтода, хомўш шуд. Ҳайрону ҳаросон монд. Касе ба ў эътибор намедод. Бо дили афгору бирён ва ҳайрону зор, сари калобааш гум, ланг-лангон, гоҳ сари санге шишта, намози шом ба хона расид. Ҷигараш, мағз-мағзи устухонҳояш месўхт. Шаби дароз аз як паҳлў ба паҳўи дигар гашт. Оҳу афғонаш ба фалак печид. Вале касе дарашро накушод. Табаш баланд шуд. Ўро гўё ба даруни оташ афканда буданд. Пайкараш, ҷисму ҷонаш месўхт. Як ғояти шаб табларзааш гирифт. Дир-дир меларзид. Дарди ҷонгудоз ўро аз ҳуш бурд. Субҳ каме ба худ омад. Фарёди хурўсро шунид. «Шукр» – гуфт зери лаб. Ва боз дарди ҷонгудоз ўро аз ҳуш бурд. Се шабонаву се рўз бе ҳушу беёд хобид. Шаби чорум момои Амина ҷон дод…

Вақте ки очаи Намозро дарди кўдак гирифт, кампири Аминаро ба ёд оварданд.

– Бидав! – гуфт ў ба шавҳараш. – Момои Аминаро биёр! Тез, ки мемурам!

Ашраф ба хонаи кампир омада, ўро садо кард. Вале пиразан посух надод.

– Гўшҳояш кар шудагӣ барин, – гуфт ба худ Ашраф ва ба хона даромад. Дид, ки пиразан дароз кашида, хоб аст.

– О, кампири беимоне! – гуфт Ашраф. – Рўз нимрўз шудаасту ў ҳоло ҳам хоб аст. Хез!

Вале кампир нахест. Ашраф даст ба танаш расонд, то ўро бедор кунад. Ва аз сардии тани момои Амина гўё ўро барқ зад. Як ларзиду аз ғояти ҳайрат шах шуда монд. Сипас мисли шахси моргазида ҷаҳида, аз ҷой хест. Ва ҳамзамон тамоми вуҷудашро тарс фаро гирифт. Давида берун баромад. Дар пешайвон якбора истод. Лаҳзае ба андеша рафту гашта, чун дузд ба хона даромад. Тамоми хонаро тагўрў кард. На пул ёфту на моли арзишноке.

– Кампири беимон! – дашноме дод ва ҳамин лаҳза чашмаш ба тугунчаи тоқча афтод.

Онро гирифта кушод.

– Пул! – хурсандона нидо зад ў ва саросема даҳонашро бо дасташ пўшида, ба чор сў чашм давонд.

Не, касе нашунид. Пулро шумурд: дусад сомонӣ. Ҳамроҳи пулҳо хатчае буд. Хонд: “Барои гўру чўбам”.

– Эъ, бе ин ҳам гўрат мекунанд, – гуфт ва пулро туф карда, ба кисса зад.

Завҷааш ўро танҳо дида, ҳайрон шуд.

– Кампир нест, дараш руст, – гуфт шавҳараш.

– Не-е?! – ҳайрати зан бештар шуд ва худ ба худ ғут-ғут кард: – Ҳай-войе, ин кампири гўрсўхта дайду шудагӣ. Боз шикамчаронӣ рафтагист кампири беимон. Хабари маргат меомадагӣ рўз бошад-а? Чашми туро хоки лаҳад сер мекунад. Оши ғаматро хўрам, беимон!

Ин лаҳза дарди зан авҷ гирифт. «Оҳ!» мегуфту лаб мегазид. Арақ аз сару рўяш мешорид. «Кампири беимон!» мегуфту дард мекашид. Дард мекашид ва ҳеҷ не, ки чашмаш равшан шавад. Аз зўрии дард чанд бор аз ҳуш рафт. Сари субҳ нидои ҷонсўзе бароварду таваллуд кард. Вале навзод фиғон накашид. Вай беҷон ба дунё омада буд. Субҳ дамиду очаи Намоз ҳам ҷон дод.

Дар гўристони валангору ғариб ва аз хазон ҳам хазонтари деҳа се гўри нав пайдо шуд. Пас аз тиловати оят ҳама саросема даст ба рўй кашида, аз қабристон бадар рафтанд. Яке истоду ба гўрҳои бешумор нигариста, хитоб намуд:

– Оббо, хок ҳеҷ аз одам серӣ надоштааст-да!

– Ҳа, аҷаб бетараҳҳум аст замин!

Боди сарсони саҳро ғарқ дар андўҳи хуршед, марсияи дареғи заминро месуруд!

 8 октябри соли 2000

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …