МАРГИМУШ (Arsenicum), арсен, As, элементи химиявии гурухи V чадвали Менделеев; раками ат. 33, массаи ат. 74,921. Кристалли хокистарранги фулодгун. Изотопи собити А.-и табии 75As аст. Дар кишри замин массаи А. 1,7 • 10-4%, бештар дар намуди минералхои сулфури дучор мешавад. Якчанд намудхои аллотропии А. вучуд доранд. Собиттарини онхо А.-и хокистарранги харор. гуд. 817°С, зичиаш 5727 кг/м3 (дар харор. 20°С) мебошад. А.-ро дар хулахо, пайвастхои онро дар истехсоли шиша ва чини, хангоми коркарди пуст ва муина, дар кишоварзи чун захри химияви ва дар тиб чун дору истифода мебаранд. Хамаи пайвастхои халшавандаи А. захри котиланд.
Захролудии шадид аз пайвастхои М. кам дучор меояд. Ба организми одам пайвастхои М. асосан дар натичаи нафас кашидан, баъзан ба воситаи рохи меъдаю рудахо ворид мешаванд. Онхо дар организм дар устухонхо, чигар, гурда, пуст, муй ва нохунхо гирд меоянд. М. таъсири омософар низ дорад.
Барои пешгирии захролуди аз М. тоза нигох доштани хавои коргох, истифодаи либосхои махсус, респиратор, дастпушак, айнак ва г. мухим аст. Коргароне, ки бо пайвастхои М. тамос доранд, бояд сари хар чанд вакт аз муоинаи духтур гузаранд.
Ба дорухои М. ангидриди маргимуш (Acidum arsenicosum anhydrium), махлули арсенити калий (Liquor Kalii arsenitis), арсенати натрий (Natrii arsenas) мансубанд. Ангидриди маргимушро дар амалияи стоматология кор мефармоянд. Арсенити калий ва арсенати натрий дар якчояги бо стрихнин ба таркиби доруи «Дуплекс» дохил мешавад (онро барои муоличаи шаклхои сабуки камхуни кор мефармоянд).
Пайвастхои органикии М. ба спирохетхо, лейшманияхо, амёбаи исхоли хунин, трипаносомахо, плазмодияхо, трихомонадахо, баъзе гелминтхо таъсири марговар мерасонанд.
Истифодаи дорухои М. ба одамони аз 50-сола боло, хангоми беморихои шадиди сирояти (грипп, ангина ва г.), амрози шадиди меъдаю руда, захми меъда, беморихои дил, гепатитхо, нефрит, омоси гурда, диабети канди, бемории гадуди сипаршакл ва г. чоиз нест.
Ч.С. Лангариева.