Главная / Илм / МАНЗИЛ

МАНЗИЛ

manzilМАНЗИЛ, хона, маконест барои хифзи одам аз таъсири обу хаво (гармо, сармо, шамол, барфу борон), инчунин истирохат ва кору зиндагии инсон. Хона сохтан яке аз намудхои асоси ва фаъолияти нахустини бинокории инсон мебошад. Шаклхои М. ба дарачаи инкишофи куввахои истехсолкунанда, муносибатхои ичтимои, тарзи зист, хусусиятхои моддию маънави ва мухити географи вобаста аст. Дар замони чамоаи ибтидои одамон дар заминкан, чайла ва горхо зиндаги мекарданд. М.-хои якка муддати дароз дар бисёр халкхо, махсусан дар байни кучиён, боки монданд. Дар давраи пайдоиши чамъияти синфи ба сохти М. хусусиятхои моддию маънавии тоифахои гуногуни ахоли таъсир расонид. Дар чамоаи гуломдори дар баробари М.-хои оддии бенавоён ва гуломон, хонахои бохашамат, работ ва касрхо сохта мешуданд, ки хучрахои зиёди гуногун доштанд. Дар замони чамоаи феодали фарки ичтимоии М.-хо боз хам зиёд шуд. Заминдор ва наздикони у дар кушкхои мустахкам, дехконон дар хонахои факирона зиндаги мекарданд.
Шартхои умумии гигиении манзилгох. Сохтмони М. аз руи лоихаи якхела ва мувофики талаботи кабулшудаи гигиени ба амал бароварда мешавад. Хонахоро вобаста ба таъинот бо тарзхои гуногун месозанд: ба шакли квартира – барои зисти оила; чун мехмонхона – барои оилахои хурд ва одамони танхо, инчунин барои мусофирон; хобгох – барои муваккат зиндаги кардани донишчуён, коргарони сохтмон ва г.
Шароит ва бехбудии вазъи санитарии хона ба микдори ошёнахои бино вобаста аст. Аз руи ин аломат бинохо ба камкабат ва бисёркабат (зиёда аз 4 кабат) чудо мешаванд. Дар бинохои бисёркабат дарачаи хизмати санитарию техники баланд буда, дар онхо лифт, кубури ахлотпартои мутамарказ мавчуд аст. Дар айни замон касоне, ки дар бинохои камкабат зиндаги мекунанд, замини назди хучраи худро барои гулкорию нихолшинони истифода бурда метавонанд. Ба чунин бинохо дарахтон соя афканда, тобистон сокинонро аз гарми мухофизат мекунанд. Дар махалхое, ки бинохои камкабат мавчуданд, ахоли нисбат ба махалхои бинохояшон бисёркабат хеле кам аст.
Сохти манзил. Хонаи истикомати аз хучрахои гуногун (хучраи бачагон, хучраи хурокхури, хучраи хоб, хучраи кори) ва утокхои иловаги (дахлез, ошхона, ваннахона, мабраз, анборча) иборат мебошад.
Хонаро тавре бояд созанд, ки нагз шамол дода шавад, нури офтоб расад, хучрахои истикомати аз ошхона, ваннахона, мабраз, санузел ва зинопоя дур чой гирифта бошанд. Барои пухтупаз, шустушу, истирохат ва барохат чой гирифтани аъзои оила бояд шароити мусоид мухайё гардад. Чойгирии хучрахо ба таъиноти онхо низ вобаста аст. Рафохияти хучра ба сохти хона низ вобаста мебошад. Дар хучрае, ки сохти росткунчаи дарозруя дорад, чойгир намудани мебел мушкил аст (даруни ин гуна хона низ торик аст). Холо хучрахое месозанд, ки дарозии онхо аз 6 м зиёд нест. Агар таносуби дарози ва бари хучра аз 1:2 в 3:4 зиёд набошад, шакли он хучраро хеле хуб мехисобанд. Дар хамаи бинохо манзилхои кушодаи тобистона (балкон, пешайвон) сохта мешаванд.
Тахвияи манзил. Тахвияи хона ва тоза нигох доштани хавои он яке аз талаботхои асосии санитарию гигиении М. мебошад. Маълум аст, ки хавои хона бо гази карбон, намии хавои нафас ва заррачахои оби дахон, ки хангоми гуфтугу, сулфа, атса ва ханда ихроч шуда, микробхои зиёд, аз чумла микробхои бемориовар доранд, олуда мешавад. Бо пойафзор, либос, инчунин ба тавассути хавои берун ба хона чанг медарояд. Дар вакти кашидани сигор ба хаво никотин ва диг. моддахои захрнок ихроч мешаванд. Хангоми нодуруст истифода бурдани асбобхои гармкуни ва газ хавои хона бо оксиди карбон олуда шуда, мумкин аст боиси захролудии одамон гардад. Инчунин аз араки бадан, сару либос, баъзан аз рутубати девор, ошхона, мабраз ва г. дар хона буи нохуш пайдо мешавад.
Барои тозагии хавои М. бояд дар он гардиши хаво нагз бошад, яъне хавои хона бо хавои тоза иваз шуда истад. Ин кор тавассути тахвия (вентилятсия) муяссар мешавад. Барои тахвияи хуби табиии хаво дар тирезахо бодхон месозанд. Хачми бодхан аз 0,3 м2 набояд хурд бошад.
Барои салкин шудани хона, муътадил нигох доштани харорати он, тоза кардани хаво аз кондитсионер истифода мебаранд.
Равшаноии манзил. М.-ро бо рохи табии, сунъи ва омехта равшан мекунанд. Равшаноии табии аз хисоби нурхои рости офтоб аст. Равшаноии хуби М. тавассути ру ба чануб ва аз якдигар дар масофаи на камтар аз баландии бинои хамшафат сохтани бинохо ва бо рангхои равшан рангубор кардани онхо муяссар мегардад. Равшании хучра ба дарозии он низ вобаста аст. Хучрае, ки дарозиаш аз масофаи дукаратаи боли чорчубаи тиреза то фарш зиёд нест, равшании хуб дорад. Сохти тиреза, одатан, чоркунча буда, тарафи дарози онро дар хонахои баланд ба таври амуди ва дар хонахои паст ба таври уфуки чой медиханд. Тирезаи ифлос то 50 фоиз ва турпарда то 40 фоизи равшаниро нигох медорад. Девор ва шифти рангаш баланд равшании хонаро зиёд мекунад, зеро нур дар сатхи равшан борхо инъикос меёбад. Коэффитсиенти инъикос, ки баъд аз инъикос то кадом дарача боки мондани рушноиро нишон медихад, барои ранги зардтоб 0,70 – 0,80, сабзи равшан 0,42 – 0,47, хокистарранги паст 0,40 – 0,50, чигари 0,11, сабзи баланд 0,12 мебошад.
Барои равшании сунъи аз лампахои электрии каммасраф истифода мебаранд. Се тарзи равшансозии сунъии М. – и умуми, яктарафа ва омехта мавчуд аст. Равшансозии омехта макбултар аст, зеро дар ин хол дар баробари хона инчунин чои кор низ равшан карда мешавад.
Аз чихати бехдошт рушноие, ки барои фаъолияти кувваи босира зарур аст, бояд камаш 50 – 100 лк бошад. Нафакат иктидори лампа, балки сарпуш, чои истодаи чарог ва диг. омилхо низ хеле мухиманд. Руи шишаи чарогро зуд-зуд тоза бояд кард, зеро агар он ифлос бошад, пас аз як мох равшани 10 – 15 фоиз кам мешавад. Хангоми интихоби сарпуши лампа дар назар бояд дошт, ки дарозии мавчи нур гуногун аст. Нури сурх (дарозии мавчаш 760 нм) таъсири ангезанда дорад; нурхои дарозии мавчашон нисбатан кутох (сабз ва кабуд) оромибахшанд.
Барои равшансозии умумии хучраи баланд кандили иборат аз 3 – 5 лампаро тавсия мекунанд. Сарпушхо мумкин аст аз боло ё аз поён кушода бошанд. Дар хучраи баландиаш 2,7 – 2,8 м чароги иборат аз 2 – 3 лампаро овехтан лозим аст; чароги сарпушаш аз поён кушодаро ба кор бурдан чоиз нест, зеро дар хучраи начандон баланд лампахо ялаккос мезананд. Дар баъзе чои хона торшер (чароги поядор) мегузоранд, ки нури халоватбахш дорад; онро дар назди диван, курсихои нарм мондан хеле хуб аст.
Барои хуб равшан кардани чои кор чарогро тавре мегузоранд, ки рушнои аз тарафи чап буда, ба чашми кас аз пеш рост наафтад. Хангоми машгулият ё кор (махсусан барои бачахо) нафакат мизи кори, балки тамоми хона низ бояд равшан бошад. Хусусияти кор низ ба назар гирифта мешавад. Чунончи, агар ягон чизи сиёхро бо риштаи сиёх духтан хохед, хона бояд хеле равшан бошад. Чунин равшаниро лампаи иктидораш 100 вт дар масофаи такрибан 20 см ба вучуд меорад. Хангоми накшакаши когази ватман бо лампахои иктидори умумиашон 150 вт дар масофаи 80 – 100 см хуб равшан мешавад. Хангоми муддати дароз хондан ва навиштан аз чароги руимизи ё торшере, ки лампаи иктидораш 60 вт дорад, истифода бурдан лозим аст. Бояд ранги лампаи чарог сафед бошад.
Микроиклими М. ба нами, гардиши хаво, харорати дару деворхо вобаста аст. Азбаски омилхои микроиклим ба организм таъсири калон доранд, хона бояд доимо гармии муайян дошта бошад. Дарачаи харорати М. вобаста ба иклими мухит, фаъолияти чисмони, синну сол ва чинси одам хеле гуногун аст. Барои шахсе, ки дар холати ороми ё машгули кори сабуки чисмонист, он дар зимистон 20 – 220 , дар тобистон 20 – 250 (дар холати 30 – 60 фоиз будани намии нисби ва аз 0,25 м/сон. зиёд набудани суръати гардиши хаво) мебошад. Агар дар чои зисти одам тагийри харорат дар худуди 0,5 – 1,50 бошад, пас он шароити мувофики зист аст.
Дар доираи харорати муътадил то 10 фоиз каму зиёд шудани намии нисбии хаво ба организм чандон таъсир надорад. Дар шароити мусоиди микроиклим гардиши хаво дар зимистон аз 0,5 м/сон. ва тобистон аз 0,25 м/ сон. набояд зиёд бошад. Барои гармии муътадил зарур аст, ки тафовути харорати деворхо ва хавои хона аз 20 паст набошад.
Баъзан рутубати зиёд микроиклими хонаро хеле бад мекунад. Ин холат дар натичаи нодурустии шароити зист – нокифоя будани гарми ва тахвияи хона, бисёр будани сокинони он, дар хона чомашуи кардан ба вучуд меояд. Нами ба саломатии одам таъсири бад дорад. Аз намии нисбатан баланд (беш аз 70 фоиз) одам гармии баданашро бисёр талаф дода, хунук мехурад, ихрочи намии пусту шуш кам мешавад. Нами хусусан ба одамони гирифтори беморихои шуш, сил таъсири ногувор расонида, ба хуручи бемори мусоидат мекунад. Дар М. – и сернам микроорганизмхо нагз инкишоф меёбанд. Ба вайрон шудани хавои М. – и сернам занбуруг ва магорхое, ки дар кунчхои девор ва анчоми хона инкишоф ёфтаанд, низ мусоидат мекунанд. Озукавори низ нам кашида, зуд вайрон мешавад. Дар натичаи зуд-зуд шамол дода нагз гарм кардан намнокии хона нест мешавад. Барои даромадани нури офтоб пардаи хонаи сернамро тамоми руз кушода мемонанд. Девори ин гуна хонаро бо рангхои равгани ранг намекунанд, зеро дар руи ранг нами бештар чамъ мешавад.
Гармкуни сарфи назар аз тагйири обу хавои берун дар давоми шаборуз бояд харорати хонаро як хел (тагйири он, агар хона аз печка гарм бошад, то 4 – 60 ва агар аз системаи маркази гарм шавад, 2 – 30 кобили кабул аст) ва муътадил нигох дорад (фарки харорат дар самти уфуки аз тиреза то девори мукобил аз 20 ва дар самти амуди дар хар метр аз 10 зиёд набошад); ба хона махсули зарарноки сузиш ва гази губор набояд дохил шавад.
Барои гарм кардани хона аз печка истифод мебаранд. Хангоми кор фармудани печка ба чунин коидахо риоя намудан зарур аст: шабона ба печка то соати 20 алав мемонанд; дар назди печка сузишвори (ангишт, хезум) намегузоранд ва печкаи даргирифтаро ба назорати калонсолон вомегузоранд: хезум ва ангишти печкаро мунтазам кофта меистанд, то ки хамаи он баробар сузад; сарпуши дудкаши печкаро факат пас аз пурра сухтани сузишвори мепушонанд. Печкае, ки даричахои хавоногузар дошта, кисми чойгиршавии сузишвори ва дудкаши он аз руи конструксияи махсус сохта шудааст, бехтар ва хубтар аст. Дар чунин печка сузишвори охиста-охиста месузад ва он нагз гарм шуда, муддати дароз хунук намешавад. Истифодаи ин гуна печка барои одам хатари губоргири надорад.
Дар мавриди аз системаи гармидихии маркази гарм кардани М. оби чуш ё буг бо гулбахо чори шуда, ба радиаторхо меояд. Радиаторхоро дар девор ва зери тирезахо чойгир мекунанд. Харорати миёнаи сатхи радиаторхо бояд камаш 60 – 700 бошад. Дар М.-хои хозира аз усули гарм кардани девор, шифт ё фарш низ истифода мебаранд. Харорати сатхи чунин гармкунакхо аз харорати сатхи радиаторхо паст мебошад (барои сатхи шифт он дар худуди 28 – 300 , барои сатхи девор тахминан 40 – 450 аст).
Садоногузарони. Шавкуни куча ва асбобхои саноатии корхонахои хурде, ки дар бинохои истикомати чойгиранд, садои насос ва моторхои обкаши, садои лифт, вентилятор, инчунин шавкуне, ки аз галогулаи кудакон, садои баланди радиоприёмникхо ва г. ба амал меояд, ба одам таъсири хеле ногувор мерасонанд. Шавкун муассири кувваи сомеа ва системаи асаб мебошад. Хангоми шавкуни начандон баланд хоби кас душвор ва норохат мегардад.
Барои кам шудани шавкун дар М. чох ва кисми мошинии лифтхоро аз хучрахои истикомати дуртар месозанд; дар назди девори хучра гулбаи ахлотпартои ва бевосита дар зери хона тачхизоти мошини, обгармкуни, насос ва г. сохта намешаванд. Дар девори байни хонахо ва хучрахои дохили М. чой додани тачхизоти санитарию техники харгиз мумкин нест. Хамчунин дар бинохои истикомати чой додани стансияи фаръии трансфарматори, ошхонаю кахвахона барои зиёда аз 100 наф., ошхонахое, ки барои беш аз 500 кас хурок тайёр мекунанд манъ карда шудааст.
Талаботи гигиени барои баъзе хучрахои М. Дахлез хучрахоро аз шавкун ва хавои хунуки даромадгох мухофизат мекунад. Баробари ба дахлез даромадан, мехмон оид ба М. – и шумо таассуроти аввалин хосил мекунад. Одатан, дахлез хонаи дарозруяест, ки чанд дар дорад. Хангоми ороиши дахлез пеш аз хама ба он диккат бояд дод, ки дару деворхо ба хам мувофик бошанд. Барои ин ба девор то баландии дари калонтарин тахта мезананд ва ё хамаи дархоро чунон рангубор мекунанд, ки он ба ранги девору шифт мувофикат кунад. Девори дахлезро гулкогази рангаш хокистари ё зарди равшан, ки раххои борик дорад, хеле базеб мекунад. Дар дахлез бояд мебели одии зарури истад, то ки ба рубучин халал нарасонад. Бари либосовезак аз 1,3 – 1,4 м васеъ набуда, бояд 5 – 6 чангак дошта бошад. Хуб мешуд, агар дар назди либосовезак оинаи баркаде чой дода шавад. Аз тарафи чап ё рости оина чарог мегузоранд. Хангоми интихоб ва чойгир кардани либосовезак хурдсолонро фаромуш набояд кард; чангаки либосовезакро тавре бояд чой дод, ки ба он дасти кудак расад. Агар имкон бошад, дар дахлез барои пойафзор чевончаи паст мегузоранд.
Хучраи умуми (хонаи калон, мехмонхона), одатан, хучраи калонтарини М. аст. Ин хучра ба чанд максад кор фармуда мешавад. Мо рузона дар он ба ягон кор машгул мешавем, шабонгох, он чо тамоми аъзои оила чамъ шуда сухбат ва истирохат мекунанд, намоишхои телевизионро мебинанд.
Барои истирохат дар хонаи калон пеш аз хама мебелро дуруст чой додан лозим аст. Бо ин максад дар хона гушахои гуногун ташкил медиханд. Гушаи истирохатиро бояд тавре тартиб дод, ки дар ороиши умумии хона назаррас бошад. Онро дар назди тиреза чой дода бо гул ва растанихои хонаги оростан мувофики максад аст. Барои гушаи истирохат ягон кунчи оромро интихоб мекунанд. Одатан, дар гушаи истирохат мизи росткунчаи паст, диван (диван-кат) ва ду ё се курсии нарм, телевизор мегузоранд. Телевизорро дар болои мизи махсус тавре чой медиханд, ки экрани он ба чашмони одами дар руи диван ё кресло нишаста такрибан дар як самт бошад.
Аксаран дар мехмонхона барои навиштан миз мегузоранд. Мизи хатнависи ё тахтаи одди, ки дар назди тиреза истодааст, якчоя бо чевон барои дарс тайёр кардани кудакон мусоид аст.
Агар ошхона хурд бошаду факат барои пухтупаз кор ояд, пас мизи гизоро дар хучраи умуми мегузоранд. Тачриба нишон медихад, ки бисёр вакт дар мехмонхона факат бо мехмон хурок мехуранд. Вактхои дигар аъзои оила дар ошхона тановул мекунад. Дар ин хол гушаи истирохат ва чои хурокхуриро дар як хона чойгир кардан мумкин аст.
Дар хонаи умуми рахти хоб низ мегузоранд. Агар хона якхучраги бошад, барои кудак гушае чудо карда, онро ба мисли хонаи кудак оро медиханд.
Ба кисмхо чудо кардани хучраро чарогпоя ва колини бо хам шинами гушаи истирохат хело базеб мекунанд. Барои равшании хучра 3 – 4 чарогро истифода бурда, онхоро дар гушахои ба хам мувофик чой медиханд. Маъмулан, интихоби чарог ба он вобаста аст, ки мо онро ба кадом максад – барои равшан кардани тамоми хучра, руи миз, хамчун чароги наздикати ё барои хондани китоб кор мефармоем. Кадом чароге, ки набошад, бояд такрибан нисфи нури он барои равшан кардани тамоми хона равона шавад.
Одатан, тирезахои мехмонхонаро ру ба чанубу шарк, чануб ё чанубу гарб месозанд. Аз ин ру, чунин хона тамоми руз равшан буда, тобистон хеле гарм аст. Барои кам кардани равшани ва аз нури офтоб мухофизат намудани хона аз жалюзхо истифода мебаранд, ки аз дарун ба тиреза овехта мешаванд.
Ба фарши хона бештар ранги чигарии баланд молидан одат шудааст. Аммо ранги чигарии равшан ва зардтоб фаршро хеле хушнамуд мекунад. Ба фарши паркети лок мемоланд. Агар дар хона одам бошад, дар вакти лок кардани фарш ба тамоми тадбирхои эхтиёти риоя намудан лозим аст, зеро дар таркиби лок моддахои химияви мавчуданд ва онхо бухор шуда, ба организм таъсири номусоид мерасонанд. Хангоми локдихии фарши хона бодхани тирезаро мекушоянд ва сони хонаву либоси танро нагзакак шамол дода, дар таги душ бо собун шустушу мекунанд.
Хучраи кудак. Ба кудакон одатан, хучраи равшан, гарм ва офтобруяро чудо мекунанд. Баъзе волидайн хучраи кудаконро аз хад зиёд гарм нигох медоранд, ки ин хеле хатарнок аст, зеро кудак дар давоми руз дар як чо нанишаста, ба дигар хонахо низ давутоз мекунад. Ин фарки харорат ва намии хучрахо ба кудак таъсири номусоид мерасонад. Дар айни хол бояд кушид, ки микроиклими муътадили хучраи кудак катъи риоя карда шавад. Хонаро мунтазам, алалхусус дар зимистон, тавре шамол медиханд, ки бодгар ба вучуд наояд.
Дар хучраи кудак мебели махсуси кудакона мегузоранд. Дар хона набояд ягон ашёи барзиёд истода бошад. Мебелро тавре чой медиханд, ки ба рубучини хона халал нарасонад. Ба кудак барои бозихои серхаракат низ чой чудо кардан лозим аст (махсусан барои кудаки синни томактаби ва хурди мактаби). Дар хучраи кудак барои машгулият ва истирохат гушаи махсус тартиб медиханд. Гушаи кориро дар назди тиреза чойгир мекунанд, зеро он бояд равшан бошад. Дар чои кори кудаки синни томактаби барои бози ва машгулият (пластилинбози, расмкаши) мизи хурд ва барои бозичахо раф мегузоранд. Мизи бозии кудак бояд росткунча бошад, зеро хангоми машгулият дар паси мизи мудаввар кафаси синаи кудак ба руи миз чафс ва хангоми расмкаши оринчхои у овезон мешаванд (ин боиси хастагии кудак гардида, ба пайдоиши малакахои зарури халал мерасонад). Кудаки хурдсол аксар вакт дар руи фарш бози мекунад, аз ин ру дар чои бозии у ба руи фарш колинча, палос ва ё пойандоз густурдан лозим аст.
Мактаббача бояд барои тайёр кардани дарсхо мизи махсус дошта бошад ва онро дар назди тиреза тавре мегузоранд, ки равшани рост ё аз тарафи чап афтад. Агар миз баланд бошад, ба таги пой ягон кутти ё курсича гузошта, пойхои курсиро дарозтар мекунанд, то ки комати бача хангоми навиштан вазъи дуруст гирад. Вазъи нодуруст гирифтани бадан дар вакти навиштан боиси наздикбини ва качшавии сутунмухра мегардад. Барои машгулияти мактаббача тахтаи девори низ лозим аст. Мувофики каду комати бача баландию пастии тахтаро бо мурури вакт тагйир медиханд.
Хучраи кудак бояд хеле равшан бошад. Аз ин сабаб пардаи тирезаи онро напушонда, дару тиреза ва девору фаршро бо рангхои равшан рангубор мекунанд ё ба девор гулкогази кушодранг часпонда, мебели рангаш равшан мегузоранд. Махсусан шишаи тирезаи хучраро зуд-зуд шустан лозим аст. Барои равшан кардани тамоми хучра чарогро дар шифт ва дар он чое, ки кудак бози мекунад, меовезанд. Дар хучраи кудак шабчарог низ бояд бошад (иктидораш 8 – 15 Вт).
Чои машгулияти кудакро низ хуб равшан кардан лозим аст. Пеш аз хама аз асбобу анчоми пурчило бояд даст кашид, зеро он ба кувваи босира ва асабхои кудак таъсири манфи мерасонад. Миз ва ашёи руи он бояд ранги бечило дошта бошанд. Чилои ашё ба мавкеи чарог низ вобаста аст. Ба руи миз ё тахтаи кори оинаеро гузошта, дурустии чои чарогро муайян мекунанд; агар дар оина чарог намоён бошад (аз он нуктае, ки чашмони кудак чой гирифтаанд), пас когзи шаффофи китоб ва дафтар низ аз нури чарог чило медихад. Дар натича бача харфхоро нагз надида, чашмонаш зуд хаста мешаванд. Хангоми интихоби лампаи чароги руимизи пеш аз хама сатхи руи мизро ба назар мегиранд. Агар кудак хануз хурд бошад, барои у чароги девори хеле кулай аст, зеро онро болою поён карда, равиши нурро дар руи миз тагйир додан мумкин аст. Нури чарогро каме аз пеш аз тарафи чап равона мекунанд, ки масофаи он то сари кудак аз 40 см ва то руи миз аз 50 см кам набошад (лампа бояд аз зери сарпуш нанамояд). Агар кудак калон бошаду дар паси миз факат дарс тайёр кунад, пас барои равшании миз аз чароги руимизи истифода мебаранд.
Хучраи хоб. Вобаста ба масохати квартира (манзилгох) ва шумораи аъзои оила чанд намуди хучраи хоб мавчуд аст: хучра факат барои хоб, хучраи хоб якчоя бо хучраи кудак, хучра барои хоб ва машгулият. Хучрае, ки барои хоб муайян шудааст, бояд алохида ва ором бошад. Холо хучраи хобро тавре мечихозонанд, ки он рузона чун хучраи кори истифода бурда мешавад, зеро на хар кас имкон дорад дар ин хона гарнитури хоб гузорад. Дар назди тирезаи хучра барои машгулият мизи махсуси гуншаванда мегузоранд, ки хеле кулай аст.
Дар аксар М.-хои хозира чои чевонхоро пешаки муайян мекунанд. Барои равшан кардани хучраи хоб, гайр аз чароги умуми, инчунин чарогхои девори ва барои равшан сохтани миз чарогхои руимизи кор мефармоянд.
Ошхона бояд аз дигар хучрахо чудо бошад. Асбобу анчоми ошхона ба сохти М. ва шумораи аъзои оила вобаста аст. Мачмуи зарурии мебеле, ки ба талаботи гигиении пухтупаз мувофикат мекунад, чунин аст: миз-чевон барои шустану пора кардани махсулоти хуроки ва нигох доштани зарфхо; чевонхои девори барои гузоштани озукавории хушк ва косаю табак; плитаи гази (ё электри), яхдон ва дастшуяк.
Дар даруни чевончаи зери дастшуяк сатили ахлот, чоруб, латта ва диг. чизхои заруриро мегузоранд. Хавои ошхона бояд мунтазам иваз шуда истад. Агар тахвияи хаво бад бошад, дар ошхона нафакат харорат, балки нами низ меафзояд, зеро хангоми сухтани 1м3 газ 800 г об хосил мешавад.
Барои аз гази карбон ва дуд тоза кардани хавои ошхона дар болои плита электрофилтр овехтан мувофики максад аст. Аз чихати гигиени плитаи электри хубтар мебошад.
Фарши ошхонаро бо масолехе рупуш мекунанд, ки ба се талаботи гигиени мувофик аст (шаффоф, бадошт, «гарм»). Ин гуна масолех пластик мебошад. Пластик бадошт буда, нагз тоза мешавад. Фаршро бо кафел ё семент рупуш кардан чоиз нест; ин гуна фарш нагз тоза шавад хам, хеле хунук аст.
Девори ошхонаро бо ягон масолехи ба нами тобовар рупуш мекунанд (то ки бо латтаи нам ё исфанч пок карда шавад). Аз чихати гигиени ранги равгании равшан хеле хуб аст. Инчунин ба девори ошхона гулкогази шусташаванда низ мечаспонанд.
Дар ошхона ба равшании чои пухтупаз диккати махсус медиханд. Ба одаме, ки дар ошхона машгули пухтупаз аст, равшани бояд аз тарафи чап ё аз боло афтад.
Мустаро (санузел) аз ваннахона бо дастшуяк ва мабраз иборат буда, мавчудияти он дар хар як манзил хатмист. Ваннахона бояд ванна, дастшуяк, оби гарму хунук, сачоковезак ва чарог дошта бошад. Агар дар ваннахона оби гарм набошад, аз термекс ё колонкаи гази истифода мебаранд. Ваннахона ва мабраз бояд хамавакт тоза бошанд. Нишастгохи мабразро хар руз бо чуткаи махсус мешуянд.
Баъд аз оббози ваннаро нагзакак шустан лозим аст. Барои пош нахурдани оби душ дар ванна аз пардаи обногузар (плёнка) истифода мекунанд. Хангоми шустани ванна чои обрави онро аз бокимондахои собун, нахи дастмол ва муй, панчараи вентилятсиони (хаводаро)-ро аз чанг бояд тоза кард.

С. Р. Миралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …