Главная / Маданият ва санъат / МАНОРАХОИ САРГАХИ ЗАРАФШОН

МАНОРАХОИ САРГАХИ ЗАРАФШОН

МАНОРАХОИ САРГАХИ ЗАРАФШОН, силсилаи манорахои асрхои миёна дар болооби Зарафшон. Мувофики ривоятхои махалли дар болооби Зарафшон 7 манора вучуд доштааст, ки хар кадом дар назди масчиде вокеъ гардида будааст. Холо танхо 3 манора боки монда, ягонтои он масчидхо то замони мо нарасидаанд. Мувофики акидаи мухаккикон, ин манораро ба асрхои 10—11 мутаалликанд, чунки чори шуданн дини ислом дар ин чойхо махз ба хамин давра рост меояд.

Манораи дехаи Варзиманор (холо посёлкаи Айни) дар болои пойдевори чоркунчаи сангин (хар тарафаш 4-метри, баландиаш 1,7 м) баркарор аст. Танааш — мудаввари торафт борикшударафта. Холо баландии он 13,5 м аст. Аз кисми бархомондаи манора чунин хулоса бармеояд, ки он дар замонаш чандон баланд набудааст, чунки диаметри кисми болои манора камтар аз 2 м аст ва болои онро на кафасаи равоку сакфдори вазнин, балки айвончаи сабуки тахтаги мепушонд. Дар даруни манора сутуне хаст, ки ба танаи он зинапояи морпеч пайванд карда шудааст.

Девори манора похсаги буда, дар чор чояш халкахои аз хишти хом чидашуда дорад. Манораи дехаи Рара ба манораи зикршуда шабохат дорад. Вале асоси васеаш шаходат медихад, ки ин ёдгори аз манораи якум калонтар буд. Ин манора хам дар болои пойдевори сангин устувор аст. Баландии барчомондааш — 10 м. Танаи ин манора хам бо камархои аз хишти хом чидашуда оро ёфтааст. Як вактхо ин манора ба ансамбли меъморие (иборат аз ду масчид ва Мадраса) дохил мешуд ва он дар назди яке аз мачидхо меистод.

Манораи дехаи Фатиев бошад, бо мурури замон бисьёртар осеб дида, холо баландиаш танхо 6 м аст. Пойдевор надорад ва бевосита дар руи замин сохта шудааст. Даромадгохаш хеле боло чой гирифтааст. Зинаи морпечи дохилаш хароб гашта, танхо якчандтои он барчо мондааст. Манорахои саргахи 3арафшон на танхо таъиноти диии, балки ахамияти мудофиави низ доштанд. Шаклу усули сохташон манорахои дидбонии пешазисломиро ба хотир меоваранд ва ахамияти таърихиву мадани доранд. Ин ёдгорихо дар мухофизати давлатанд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …