Главная / Гуногун / МАМЛАКАТХОИ ЧАНУБТАРИ САХРОИ КАБИР ВА АФРИКАИ ЧАНУБИ (асри XIX)

МАМЛАКАТХОИ ЧАНУБТАРИ САХРОИ КАБИР ВА АФРИКАИ ЧАНУБИ (асри XIX)

Забткорихои мамлакатхои империалисти. Африкаи чанубтари Сахрои Кабирро одатан ба се хати аз Укёнуси Атлантик ва Укёнуси Хинд тулкашида таксим мекунанд: Судон (Гарби ва Шарки), Африкаи Тропики (Гарби ва Шарки), Африкаи Чануби ва чазираи Мадагаскар.

Дар нимаи дуюми асри XIX ва махсусан дар чоряки охирини ин аср дар байни мамлакатхои абаркудрати европави таксимоти мустамликавии ин минтакахо хеле муташаннич сурат мегирад. Дар зери замини чанубтари Сахрои Кабир ва Чануби Африка захирахои бешумори ашёи хоми киматбахо, аз он чумла, алмос ва тилло хобида буданд. Гайр аз ин саноати сармоядорони Европа ба бозорхои нав эхтиёч дошт. Барои дар муддати кутох ва харчи ками маблаг ворид намудани ашёи хоми африкави ва молхои европаиро ба чойхои дурдасттарин бурда расонидан зарур буд, ки дар ин чо роххои охану шохроххо, бандархою анборхо сохта шаванд. Хамаи ин ба сохибони заводхои маъдангудози ва мошинсозии давлатхои абаркудрати Европа барои бо тези афзудани даромад дурнамои умедбахш мекушоданд.

2_genri_stenli

Дар мубориза барои таксимоти Африка, Англия ва Фаронса ракибони хамдигар буданд. Баъди чанде ба катори ин давлатхо Германия, Белгия, Италия ва ИМА низ дохил гардиданд.

Дар солхои 60-уми асри XIX ширкатхои европави дар наздикии чои бо хам якшавии дарёхои Ваал ва Норинчи конхои алмос ва тилло ёфтанд. Аз Европа одамоне ба ин чо меомаланд, ки орзу доштанд сангхои киматбахо ва порахои тиллоро ёфта, зуд бой шаванд. Бо хамин сабаб тиллокобону заршуйхои европави дар чойхои ноободи Африкаи Чануби сокин шуда, шахру бошишгоххои аз он хурдтари мухочирони европавиро бунёд мекарданд. Камберли ва Иоханнесбург аз кабили хамин шахрхо буданд.

Импералистони англис барои он чидду чахд мекарданд, ки аз Кейптаун то Кохира мустамликахои бисёр ишгол кунанд. Дар ин рох ракибони асосии Англия Португалия ва чумхурихои бурхо буданд. Англия мустамликазабткунии худро хам дар самти шимоли (дар мамлакати зулусхо) ва хам дар шимолу гарби (дар Бечуаналенд) амали карда, мехост, ки тавассути мулкхои худ Норинчи ва Чумхурии Африкаи Чануби (Трансваал)-ро мухосира кунад. Охири солхои 70-ум Англия ба забти Зулуленд шуруъ кард. Пешвои олии зулусхо Кегчанво ба дифои мамлакат тайёрии хуб дида, артишро бо сипохи оташфишон мусаллах намуд. Соли 1878 англисхо ба Кетчайво талабнома пешниход карданд, ки ичрои он интихои истиклолияти Зулулендро дар назар дошт. Шурои пешвоёни зулусхо карор кард, ки ин талабномаи англисхо рад карда шавад. Баъди ин артиши британи ба мамлакати зулусхо зада даромад. Зулусхо ватани худро кахрамонона дифоъ мекарданд. Ин чанг шаш мох давом кард ва дар он Англия голиб баромада, даххо хазор зулусхоро кир карда, Зулулендро ба харобазор табдил дод. Истилогарони англис Кетчайворо асир гирифта, ба Лондон фиристоданд. Соли 1887 Англия Зулулендро расман ба хайати мустамликаи Натали худ хамрох кард. Дере нагузашта англисхо тамоми каламрави сохилхои Укёнуси Атлантикаро то Мозамбики Португалия ишгол карда, бурхоро аз бахр махрум сохтанд.

Империализми Германия низ аз ракибони худ акиб мондани набуд. Ва истилогарони германияви сармоядорон рох мекушоданд. Соли 1883 точири тамокуфуруши Бремен Людеритс тавассути маблаги ночиз ва 260 милтики кухна аз пешвоёни махалли каламрави наздисохилии Афрнкаи Чанубу Гарбиро аз резишгохи дарён Норинчи то бандари Аигре-Пекенаро харида гирифта, дар он чо корхонаю дуконхои худро бунёд мекунад. Дере нагузашта хамаи ин минтака махалли тахти пуштибонии Германия эълон карда шуд. Ашхоси аз тарафи хукумати Германия ваколатдошта бо усули англиси амал карда, бо пешвоёни гоггентогхо ва гереро дар бораи пуштибони онхо эътироф карда шудани Германия созишномахо ба имзо мерасонанд.

Немисхо Африкаи Чанубу Гарбиро ишгол карда, ахолии махаллиро берахмона истисмор мекарданд. Чавобан ба ин кабилахои готтентотхо ва гереро ба муборизаи озодихохи даст заданд, ки он зиёда аз 20 сол давом кард. Ин шуриш дар солхои 1904 – 1907 нихоят шадид буд. Мохи январи соли 1904 готтентотхо тахти рохбарии пешвои худ Хендрик Витбой шуриш бардоштанд. Дар ин шуриш кабилахои гереро низ фаъолона ширкат варзиданд. Чанги нобаробари готтентотхою гереро бар зидди Германия то соли 1908 давом кард. Дар ин чанг артиши Германия галаба кард. Баъди ин галаба империализми Германия дар Чанубу Гарбии Африка режими мустамликавии шадиди худро ташкил намуд.

Англия каламрави Бечуаналендро саросемавор забт кард, то ки чумхуриятхои бурхоро аз мустамликахои германияви чудо созад. Калахари барои мустамликадорони англис он кадар ахамияти калон надошта бошад хам, пуштибон будани худро эълон намуда, баъд заминхои нисбатан хосилхези дар чануби он бударо ба мустамликаи Кап хамрох кард. Дар ишголи байни дарёхои Замбези ва Лимпопо ширкати британии Африкаи Чануби, ки соли 1889 ташкил карда шуда буд, сахми калон гузоштааст ва махсусан рохбари вай Сасил Родс, Намояндагони Родс ба гардани пешвои олии кабилаи матабела Лобенгул шартномаеро бор карданд, ки он ба англисхо дар таксими каламрави мамлакати ин кабила ва истехсоли маъданхои кимматбахои вай хукукхои васеъ медод. Англисхо тавассути ин Созишномаи мушкилфахм дидаю дониста Лобенгудро фиреб доданд. Дар ин бора у борхо ба маликаи Британия Кабир Виктория арз намудааст. Соли 1893 англисхо бар зидди кабилаи матабела ба чанг даромаданд. Артиши матабела бар зидди артиши душмани бо сипохи замонавин оташфишон хуб мусаллахбуда истодагари карда натавониста шикаст хурд. Хазорон нафар чанговарони ин кабила аз тарафи англисхо кир карда шуданд. Англисхо мохи январи соли 1894 Лобенгудро хам катл карданд. Онхо мамлакати гораткарда ва гаркихуншудаи халкиятхои машон ва матабеларо бо номи англиси “Родезия” номгузори карданд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

buxoro

ВОКЕАХОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

Муборизахои Бобур Мирзо бе окибат монданд. Сарзамини Осиёи Миёна ба зери тасарруфи Шайбониён даромад. Вале …