Главная / Гуногун / МАМЛАКАТҲОИ ҶАНУБТАРИ САҲРОИ КАБИР ВА АФРИКАИ ҶАНУБӢ (асри XIX)

МАМЛАКАТҲОИ ҶАНУБТАРИ САҲРОИ КАБИР ВА АФРИКАИ ҶАНУБӢ (асри XIX)

Забткориҳои мамлакатҳои империалистӣ. Африкаи ҷанубтари Саҳрои Кабирро одатан ба се хати аз Уқёнуси Атлантик ва Уқёнуси Ҳинд тӯлкашида тақсим мекунанд: Судон (Ғарбӣ ва Шарқӣ), Африкаи Тропикӣ (Ғарбӣ ва Шарқӣ), Африкаи Ҷанубӣ ва ҷазираи Мадагаскар.

Дар нимаи дуюми асри XIX ва махсусан дар чоряки охирини ин аср дар байни мамлакатҳои абарқудрати европавӣ тақсимоти мустамликавии ин минтақаҳо хеле муташанниҷ сурат мегирад. Дар зери замини ҷанубтари Саҳрои Кабир ва Ҷануби Африка захираҳои бешумори ашёи хоми қиматбаҳо, аз он ҷумла, алмос ва тилло хобида буданд. Ғайр аз ин саноати сармоядорони Европа ба бозорҳои нав эҳтиёҷ дошт. Барои дар муддати кӯтоҳ ва ҳарчи ками маблағ ворид намудани ашёи хоми африкавӣ ва молҳои европаиро ба ҷойҳои дурдасттарин бурда расонидан зарур буд, ки дар ин ҷо роҳҳои оҳану шоҳроҳҳо, бандарҳою анборҳо сохта шаванд. Ҳамаи ин ба соҳибони заводҳои маъдангудозӣ ва мошинсозии давлатҳои абарқудрати Европа барои бо тезӣ афзудани даромад дурнамои умедбахш мекушоданд.

2_genri_stenli

Дар мубориза барои тақсимоти Африка, Англия ва Фаронса рақибони ҳамдигар буданд. Баъди чанде ба қатори ин давлатҳо Германия, Белгия, Италия ва ИМА низ дохил гардиданд.

Дар солҳои 60-уми асри XIX ширкатҳои европавӣ дар наздикии ҷои бо ҳам якшавии дарёҳои Ваал ва Норинҷӣ конҳои алмос ва тилло ёфтанд. Аз Европа одамоне ба ин ҷо меомаланд, ки орзӯ доштанд сангҳои қиматбаҳо ва пораҳои тиллоро ёфта, зуд бой шаванд. Бо ҳамин сабаб тиллокобону заршӯйҳои европавӣ дар ҷойҳои ноободи Африкаи Ҷануби сокин шуда, шаҳру бошишгоҳҳои аз он хурдтари муҳоҷирони европавиро бунёд мекарданд. Камберли ва Иоҳаннесбург аз қабили ҳамин шаҳрҳо буданд.

Импералистони англис барои он ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки аз Кейптаун то Қоҳира мустамликаҳои бисёр ишғол кунанд. Дар ин роҳ рақибони асосии Англия Португалия ва ҷумҳуриҳои бурҳо буданд. Англия мустамликазабткунии худро ҳам дар самти шимолӣ (дар мамлакати зулусҳо) ва ҳам дар шимолу ғарбӣ (дар Бечуаналенд) амалӣ карда, мехост, ки тавассути мулкҳои худ Норинҷӣ ва Ҷумҳурии Африкаи Ҷануби (Трансваал)-ро муҳосира кунад. Охири солҳои 70-ум Англия ба забти Зулуленд шурӯъ кард. Пешвои олии зулусҳо Кегчанво ба дифои мамлакат тайёрии хуб дида, артишро бо сипоҳи оташфишон мусаллаҳ намуд. Соли 1878 англисҳо ба Кетчайво талабнома пешниҳод карданд, ки иҷрои он интиҳои истиқлолияти Зулулендро дар назар дошт. Шурои пешвоёни зулусҳо қарор кард, ки ин талабномаи англисҳо рад карда шавад. Баъди ин артиши британӣ ба мамлакати зулусҳо зада даромад. Зулусҳо ватани худро қаҳрамонона дифоъ мекарданд. Ин ҷанг шаш моҳ давом кард ва дар он Англия ғолиб баромада, даҳҳо ҳазор зулусҳоро қир карда, Зулулендро ба харобазор табдил дод. Истилогарони англис Кетчайворо асир гирифта, ба Лондон фиристоданд. Соли 1887 Англия Зулулендро расман ба ҳайати мустамликаи Натали худ ҳамроҳ кард. Дере нагузашта англисҳо тамоми қаламрави соҳилҳои Уқёнуси Атлантикаро то Мозамбики Португалия ишғол карда, бурхоро аз баҳр маҳрум сохтанд.

Империализми Германия низ аз рақибони худ ақиб монданӣ набуд. Ва истилогарони германиявӣ сармоядорон роҳ мекушоданд. Соли 1883 тоҷири тамокуфурӯши Бремен Людеритс тавассути маблағи ночиз ва 260 милтиқи кӯҳна аз пешвоёни маҳаллӣ қаламрави наздисоҳилии Афрнкаи Ҷанубу Ғарбиро аз резишгоҳи дарён Норинҷӣ то бандари Аигре-Пекенаро харида гирифта, дар он ҷо корхонаю дуконҳои худро бунёд мекунад. Дере нагузашта ҳамаи ин минтақа маҳалли тахти пуштибонии Германия эълон карда шуд. Ашхоси аз тарафи ҳукумати Германия ваколатдошта бо усули англисӣ амал карда, бо пешвоёни гоггентогҳо ва гереро дар бораи пуштибони онҳо эътироф карда шудани Германия созишномаҳо ба имзо мерасонанд.

Немисҳо Африкаи Ҷанубу Ғарбиро ишғол карда, аҳолии маҳаллиро бераҳмона истисмор мекарданд. Ҷавобан ба ин қабилаҳои готтентотҳо ва гереро ба муборизаи озодихоҳӣ даст заданд, ки он зиёда аз 20 сол давом кард. Ин шӯриш дар солҳои 1904 – 1907 ниҳоят шадид буд. Моҳи январи соли 1904 готтентотҳо таҳти роҳбарии пешвои худ Хендрик Витбой шуриш бардоштанд. Дар ин шуриш қабилаҳои гереро низ фаъолона ширкат варзиданд. Ҷанги нобаробари готтентотҳою гереро бар зидди Германия то соли 1908 давом кард. Дар ин ҷанг артиши Германия ғалаба кард. Баъди ин ғалаба империализми Германия дар Ҷанубу Ғарбии Африка режими мустамликавии шадиди худро ташкил намуд.

Англия каламрави Бечуаналендро саросемавор забт кард, то ки ҷумҳуриятҳои бурҳоро аз мустамликаҳои германиявӣ ҷудо созад. Калахарӣ барои мустамликадорони англис он қадар аҳамияти калон надошта бошад ҳам, пуштибон будани худро эълон намуда, баъд заминҳои нисбатан ҳосилхези дар ҷануби он бударо ба мустамликаи Кап ҳамроҳ кард. Дар ишғоли байни дарёҳои Замбези ва Лимпопо ширкати британии Африкаи Ҷанубӣ, ки соли 1889 ташкил карда шуда буд, саҳми калон гузоштааст ва махсусан роҳбарӣ вай Сасил Родс, Намояндагони Родс ба гардани пешвои олии қабилаи матабела Лобенгул шартномаеро бор карданд, ки он ба англисҳо дар тақсими қаламрави мамлакати ин қабила ва истеҳсоли маъданҳои қимматбаҳои вай ҳуқуқҳои васеъ медод. Англисҳо тавассути ин Созишномаи мушкилфаҳм дидаю дониста Лобенгудро фиреб доданд. Дар ин бора ӯ борҳо ба маликаи Британия Кабир Виктория арз намудааст. Соли 1893 англисҳо бар зидди қабилаи матабела ба ҷанг даромаданд. Артиши матабела бар зидди артиши душмани бо сипоҳи замонавин оташфишон хуб мусаллаҳбуда истодагарӣ карда натавониста шикаст хӯрд. Ҳазорон нафар ҷанговарони ин қабила аз тарафи англисҳо қир карда шуданд. Англисҳо моҳи январи соли 1894 Лобенгудро ҳам қатл карданд. Онҳо мамлакати ғораткарда ва ғарқихуншудаи халқиятҳои машон ва матабеларо бо номи англисӣ “Родезия” номгузорӣ карданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …