Главная / Илм / МАКЪАД

МАКЪАД

anusМАКЪАД (Anus), интихои рудаи рост. Болотар аз сурохи М. дар луобпардаи руда «сутунча»-хои баркади мутавози ба назар мерасанд, ки фазои байни онхо новашакл буда, аз поён бо чини М. алокаманд аст; чини М. чайбча (киссача)-хо дорад. Новачахо ва чайбчахо дар якчояги хурфа (крипта)-хоро ба вучуд меоранд. Дар интихои сутунчахо пистонакхои М. (папиллахо) чой гирифтаанд. Дар чое, ки М. бо рудаи рост мегузарад, хати дандонашакл ё точмонанд вокеъ гаштааст; онхоро чинхои М. (дирготчахо) ба вучуд меоранд. М. аз халкамушак (сфинктер)-хои беруни ва дохили, хамчунин мушаке, ки М.-ро бардошта меистад, иборат аст.
Фаъолияти М. ва беморихои онро бо рохи муоинаи зохири, ангушт халондан, аноскопия, ректоскопия ва сфинктерометрия тадкик мекунанд.
Осебхои М. (даридани сфинктер) метавонанд дар давраи таваллуд, зарб хурдан, лат ёфтан, ворид сохтани ягон чисми сахт (мас., сараки хукна, хароратсанч) ба вукуъ пайванданд.
Ба беморихои асосии М.-и калонсолон бавосир, парапроктит, кафидаги (ниг. Кафидагии макъад), проктит, афтодани макъад, криптит, папиллит ва г. мансубанд. Криптит илтихоби чавфи М. аст. Дар мавриди он М. сузиш карда, эхсоси вучуд доштани чосми бегона пайдо мешавад. папиллит илтихоб ва гипертрофияи пистонакхои М. мебошад (бар асари кабзият, кафидаги, парапроктит пайдо мешавад). Дар М. омосхои гуногун низ ташаккул меёбанд.
Ад.: Абдурахмонов Ф. А., Анатомияи одам, ч. 1 – 2, Д., 1995, 1998; Лысов П. К., Анатомия, М., 2003.
КЛ
Сохтори макъад: 1 – мушаке, ки макъадро мебардорад; 2 – сфинктери беруни; 3 – сфинктери дохили; 4 – хати дандонашакл (точшакл); 5 – чавфхои макъад (криптахо); 6 – сутунчахо.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …