Главная / Илм / МАҚЪАД

МАҚЪАД

anusМАҚЪАД (Anus), интиҳои рӯдаи рост. Болотар аз сӯрохи М. дар луобпардаи рӯда «сутунча»-ҳои барқади мутавозӣ ба назар мерасанд, ки фазои байни онҳо новашакл буда, аз поён бо чини М. алоқаманд аст; чини М. ҷайбча (киссача)-ҳо дорад. Новачаҳо ва ҷайбчаҳо дар якҷоягӣ ҳурфа (крипта)-ҳоро ба вуҷуд меоранд. Дар интиҳои сутунчаҳо пистонакҳои М. (папиллаҳо) ҷой гирифтаанд. Дар ҷое, ки М. бо рӯдаи рост мегузарад, хати дандонашакл ё тоҷмонанд воқеъ гаштааст; онҳоро чинҳои М. (дирғотчаҳо) ба вуҷуд меоранд. М. аз ҳалқамушак (сфинктер)-ҳои берунӣ ва дохилӣ, ҳамчунин мушаке, ки М.-ро бардошта меистад, иборат аст.
Фаъолияти М. ва бемориҳои онро бо роҳи муоинаи зоҳирӣ, ангушт халондан, аноскопия, ректоскопия ва сфинктерометрия тадқиқ мекунанд.
Осебҳои М. (даридани сфинктер) метавонанд дар давраи таваллуд, зарб хӯрдан, лат ёфтан, ворид сохтани ягон ҷисми сахт (мас., сараки ҳуқна, ҳароратсанҷ) ба вуқӯъ пайванданд.
Ба бемориҳои асосии М.-и калонсолон бавосир, парапроктит, кафидагӣ (ниг. Кафидагии мақъад), проктит, афтодани мақъад, криптит, папиллит ва ғ. мансубанд. Криптит илтиҳоби ҷавфи М. аст. Дар мавриди он М. сӯзиш карда, эҳсоси вуҷуд доштани ҷосми бегона пайдо мешавад. папиллит илтиҳоб ва гипертрофияи пистонакҳои М. мебошад (бар асари қабзият, кафидагӣ, парапроктит пайдо мешавад). Дар М. омосҳои гуногун низ ташаккул меёбанд.
Ад.: Абдураҳмонов Ф. А., Анатомияи одам, ҷ. 1 – 2, Д., 1995, 1998; Лысов П. К., Анатомия, М., 2003.
КЛ
Сохтори мақъад: 1 – мушаке, ки мақъадро мебардорад; 2 – сфинктери берунӣ; 3 – сфинктери дохилӣ; 4 – хати дандонашакл (тоҷшакл); 5 – ҷавфҳои мақъад (криптаҳо); 6 – сутунчаҳо.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …