Главная / Чамъият / МАКОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

МАКОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАКОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 15-уми июни соли 2005, № 76

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2005, № 6, мод. 367) кабул гардидааст 

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

аз 15-уми июли соли 2005, № 102

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2005, № 7, мод.423) чонибдори гардидааст 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350, №7, мод. 652; с. 2008, №12, к. 1, мод. 981; с. 2009, № 5, мод. 314; с. 2011, №3, мод. 150, №6, мод. 428; с. 2012, №8, мод. 810; с. 2013, №7, мод. 497, мод. 498, №12, мод. 876; с. 2014, №3, мод. 139, №12, мод. 820; с. 2016, №3, мод. 125; Конуни конститутсионии ЧТ аз 30.05.2017 с., №1410)

 

БОБИ  1

КОИДАХОИ УМУМИ

Моддаи 1. Прокуратураи Чумхурии Точикистон

Прокуратураи Чумхурии Точикистон макоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатхои худ риояи дакик ва ичрои якхелаи конунхоро дар худуди Чумхурии Точикистон назорат мекунад.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

Прокуратураи Чумхурии Точикистон инчунин дигар вазифахоеро, ки Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Конуни конститутсионии мазкур ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон пешбини кардаанд, ичро менамояд.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни конститутсионии мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

прокурор – Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, муовини якум ва муовинони у, Сарпрокурори харбии Точикистон, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон, муовини якум ва муовинони онхо, сардорони раёсатхо (шуъбахо), муовини якум ва муовинони онхо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генерали, прокурорхои калон ва прокурорхои раёсатхо (шуъбахо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон, прокурорхои калон ва прокурорхои шуъбахои прокуратурахои вилоятхо, прокурорхои шахру нохияхо ва прокурорхои ба онхо баробаркардашуда, ки прокурорхои наклиёт, харбии гарнизонхо ва назорати ичрои конунхо дар муассисахои ислохиро дар бар мегиранд, муовини якум ва муовинони онхо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онхо, прокурор – криминалистхои калон ва прокурор-криминалистхо, ки дар доираи салохияташон фаъолият мекунанд; (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

кормандони прокурори – прокурорхо ва муфаттишон, инчунин дигар кормандони макомот ва муассисахои илмию таълимии прокуратура, ки рутбахои дарачави (рутбахои харби) доранд.

 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи макомоти прокуратураи

                    Чумхурии Точикистон

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи макомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни конститусионии мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 31.12.14с., №1166; Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 4. Вазифахои макомоти прокуратура

 

Вазифахои макомоти прокуратура аз таъмини волоияти конун, тахкими конуният ва тартиботи хукуки бо максади хифзи:

– сохибихтиёри, истиклолияти давлати, тамомияти арзи ва дахлнопазирии худуди Чумхурии Точикистон; (Конуни конст.ЧТ аз 31.12.14с., №1166; Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

– хукуки ичтимоию иктисоди, сиёси ва дигар хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

– асосхои сохтори демократии хокимияти давлати, вазъи хукукии макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, дигар макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти ва дини, хизбхои сиёси ва дигар сохторхои гайридавлати иборат мебошад.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

Ба зиммаи прокуратура ичрои вазифахое, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини карда нашудаанд, гузошта намешавад. Макомоти прокуратура тартиб ва тарзу усулхои гузаронидани тахлили хафвхои коррупсияро дар макомоти мазкур муайян намуда, онхоро дар амал татбик менамояд (Конуни конст.ЧТ аз 15.03.2016 с., №1272).

 

Моддаи 5. Самтхои асосии фаъолияти макомоти прокуратура

 

Самтхои асосии фаъолияти макомоти прокуратура аз инхо иборатанд:

-назорати риояи дакик ва ичрои якхелаи конунхо аз чониби вазоратхо, кумитахои давлати ва дигар идорахои Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, макомоти идораи харби, макомоти назорат, бонкхо, корхонахо, муассисахо, иттиходияхои чамъияти ва дини, хизбхои сиёси ва иттиходияхои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онхо, аз тарафи шахсони мансабдори онхо, инчунин ба конунхо мутобик будани санадхои хукукие, ки онхо мебароранд; (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

– назорат ба риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, ки хамчун арзиши оли эътироф гардидаанд, аз тарафи хамаи сохторхо ва шахсони мансабдоре, ки дар сархати якуми моддаи мазкур зикр шудаанд; (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

-назорат ба риоя ва ичрои конунхо аз тарафи макомоте, ки бар зидди чинояткори ва хукуквайронкунихои дигар мубориза мебаранд, инчунин макомоте, ки бо фаъолияти оперативию чустучуи, тахкик ва тафтишоти пешаки машгул мебошанд;

-хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрвандон, манфиатхои давлат, шаклхои гуногуни моликияти давлати ва гайридавлати дар мурофиаи суди;

-назорат ба риоя ва ичрои конунхо дар чойхои нигохдории боздоштшудагон, хабси пешаки, хангоми ичрои чазо ва дигар чорахои дорои хусусияти мачбуркуни, ки суд мукаррар мекунад;

– назорат ба риояи конунхо хангоми ичрои халномахои суди аз чониби ичрочиёни суд ва дигар макомоти ваколатдор; (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

-тафтишоти чиноятхо;

-тахияи чорахои пешгирии чиноятхо, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм (ифротгарои) ва дигар хукуквайронкунихо якчоя бо дигар макомоти давлати, иштирок дар кори такмилу тавзехи конунхо;

-хамохангсозии фаъолияти макомоти хифзи хукук оид ба мубориза бар зидди чинояткори ва пешгирии он  ва дигар хукуквайронкунихо;

-иштирок дар баррасии парвандахо аз чониби судхо;

-эътироз, шикоят ва ариза овардан нисбати фармон, халнома, хукм, таъинот ва карорхои судхо, ки хилофи конун мебошанд. (КЧТ аз 31.12.08с., №450)

Прокуратура мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон  дар доираи ваколатхои худ метавонад дар дигар самтхое, ки дахолати назорати прокурори зарур аст, фаъолият намояд.

 

Моддаи 6. Принсипхои ташкил ва фаъолияти макомоти прокуратура

 

Макомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон:

-низоми ягонаи марказонидашудае мебошад, ки ба он Прокурори генералии Чумхурии Точикистон сарвари мекунад ва прокурорхои поёни ба прокурорхои болои ва ба Прокурори генерали тобеъ мебошанд;

– дар худуди салохияти худ хукуку озодихои инсон ва шахрвандонро химоя мекунанд, баробарии онхоро дар назди конун, катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, тахсил,  молу мулк ва муътакидоти дигар таъмин менамоянд; (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

-то хадде, ки ба конун, хукуку озодихои шахрвандон ва манфиатхои нигахдории сирри давлати ё дигар сирре, ки конун хифз мекунад, хилоф набошад, ошкоро амал менамоянд, ба макомоти давлати ва идора, ахли чамъият дар бораи вазъи конуният, тадбирхои мустахкам намудани он хабар медиханд;

-барои сари вакт ошкор ва бартараф кардани хар гуна хукуквайронкуни, сарфи назар аз он ки ин кирдор аз тарафи ки содир мешавад, баркарор намудани хукукхои вайронкардашуда ва бо тартиби мукарраркардаи конун ба чавобгари кашидани гунахкорон чора меандешанд;

-ваколатхои худро дар асоси Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Конуни конститутсионии мазкур, конунхои Чумхурии Точикистон, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои меъёрии Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, ки дар доираи салохияташ кабул намудааст, ичро менамоянд.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 7. Дахолат накардан ба фаъолияти прокуратура

 

Дахолат кардани макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти ва дини, хизбхои сиёси ва иттиходияхои дигар, воситахои ахбори омма ва намояндагони онхо, инчунин шахсони мансабдор ба фаъолияти прокуратура дар амали намудани назорат ба ичрои конунхо, тафтиши чиноятхо ва дигар конунвайронкунихо манъ аст.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

Ба хар восита таъсир расонидан ба коркунони прокуратура бо максади монеъ шудан дар амали намудани фаъолияти вазифавиашон ё фишор овардан бо максади кабул кунонидани карори гайриконуни боиси чавобгарии пешбининамудаи конун мегардад.

Парвандахои чинояти ва хукуквайронкунии маъмури нисбат ба прокурорхо ва муфаттишони макомоти прокуратура аз тарафи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, оид ба чиноятхо ва хукуквайронкунихои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, инчунин аз чониби директори Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон огоз карда мешаванд.

 Дастгир намудан, мачбуран овардан, кофтукови шахсии прокурорхо ва муфаттишони макомоти прокуратура, азназаргузаронии молу мулк, воситахои наклиёт ва алока, ки онхо истифода мебаранд, хангоми дастгир намудани онхо дар вакти содир кардани чиноят тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад. (КЧТ аз 22.07.13с., №1015)

Прокурорхо ва муфаттишон вазифадор нестанд, ки оид ба мохияти парвандахо ва маводхои дар истехсолоташон буда ягон хел тавзехот диханд, онхоро барои шинос шудан пешниход кунанд, ба гайр аз холатхо ва тартибе, ки дар конунгузори пешбини шудаанд, инчунин дар холатхои гузаронидани санчишхо бо супориши Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Президенти Чумхурии Точикистон.

Хеч кас хукук надорад, ки маълумоти санчиш ва тафтишоти пешакиро то тамом шудани онхо ошкор кунад.

 

Моддаи 8. Хатми будани ичрои талаботи прокурор

 

Талаботи прокурор, ки аз ваколатхои дар Конуни конститутсионии мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бармеоянд, бояд хатман дар мухлати мукарраршуда ичро карда шаванд. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Ахбори омори ва ахбори дигар, маълумот, хуччатхо ё нусхахои онхо, ки барои амали намудани назорати прокурори ё тафтишоти чиноят заруранд, бо талаби прокурор ё муфаттиш ройгон дода мешаванд.

Шахсони мансабдор ва шахрвандон вазифадоранд, ки бо даъвати прокурор ё муфаттиш хозир шаванд ва аз руи мохияти масъалахое, ки дар рафти санчиш муайян карда мешаванд, баёнот диханд. Дар сурати саркаши аз хозиршави шахси мансабдор ё шахрванд бо карори прокурор ё муфаттиш ба воситаи макомоти милитсия мачбуран оварда мешавад. Ичрои ин карор аз лахзаи расидани карор дар бораи мачбуран овардан хатми мебошад.

Бе сабабхои узрнок аз тарафи шахсони мансабдор ва шахрвандон ичро накардани талаботи конунии прокурор ва муфаттиш, инчунин саркаши аз хозиршави бо даъвати онхо боиси чавобгарии пешбининамудаи конун мегардад.

 

Моддаи 9. Иштироки прокурор дар ичлосияхо ва чаласахои макомоти хокимияти

                      конунгузор, ичроия, макомоти махаллии хокимияти давлати ва худидоракунии

                      шахрак ва дехот

(Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Прокурори генералии Чумхурии Точикистон дар ичлосияхо, чаласахои якчоя ва алохидаи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон иштирок карда метавонад.

Прокурори Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, прокурорхои вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо, нохияхо, прокурорхои наклиёт, прокурорхои харбии гарнизонхо ва прокурори назорат аз руи ичрои конунхо дар муассисахои ислохи дар ичлосияхо ва чаласахои макомоти махаллии хокимияти давлатии дахлдор ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот иштирок мекунанд.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

Прокурор, муовини якум ва муовинони у, инчунин бо супориши онхо прокурорхои дигар хукук доранд дар баррасии пешниход ва эътирозхои худ ба макомоти махаллии намояндаги ва ичроияи хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликияташон, иштирок намоянд. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Прокурорхо наметавонанд ба хайати комиссия, кумитахо ва дигар макомоти коллегиалии аз тарафи макомоти хокимияти намояндаги ва ичроия ташкилкардашуда, агар онхо ба конуни будани санадхои хукукии аз тарафи ин макомот баровардашуда назорат кунанд, дохил шаванд.

 

Моддаи 10. Хамохангсозии фаъолияти макомоти хифзи хукук дар мубориза бар зидди

                        чинояткори

 

Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои тобеи он фаъолияти макомоти корхои дохили, макомоти амният, макомоти андоз, макомоти гумрук ва дигар макомоти хифзи хукукро оид ба мубориза бар зидди чинояткори хамоханг месозанд. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Бо максади таъмини хамохангсозии фаъолияти макомоте, ки дар кисми якуми моддаи мазкур зикр ёфтаанд, Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, Сарпрокурори харбии Точикистон, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон, прокурорхои шахру нохияхо ва прокурорхои ба онхо баробаркардашуда Шурои хамохангсозиро, ки макоми машварати буда, мувофики Низомнома дар бораи хамохангсозии фаъолияти макомоти хифзи хукук дар мубориза бар зидди чинояткори, ки аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда шудааст, даъват менамояд. Дар мачлисхои Шурои хамохангсози раисони судхои зинахои дахлдор иштирок карда метавонанд. Ичрои карорхои Шурои хамохангсози барои макомоти хифзи хукук хатми мебошад. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 11. Иштирок дар фаъолияти хукукэчодкуни

 

Прокурор дар рафти амали намудани ваколатхои худ хангоми зарурати такмилдихии санадхои меъёрии хукуки метавонад ба субъекти ваколатдоре, ки хукуки ташаббуси конунгузори дорад ё ба макоме, ки санади меъёрии хукукиро кабул кардааст, дар бораи кабул, ворид намудани тагйиру иловахо, ё аз эътибор сокит кардани санади меъёрии хукуки таклиф пешниход кунад.

 

Моддаи 12. Баррасии мурочиатхо

 

Макомоти прокуратура мурочиатхои шахсони вокеи ва хукукиро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барраси намуда, барои бартараф кардани хукуквайронкунихо чорахо меандешанд. Кароре, ки прокурор марбут ба баррасии мурочиатхо кабул намудааст, барои ба суд мурочиат кардани шахс чихати химояи хукук, озоди ва манфиатхои конунии худ монеъ шуда наметавонад.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

Агар шахс вобаста ба вазъи саломати, синну сол, гайри кобили амал будан ва дигар сабабхои узрнок хукук, озоди ва манфиатхои конунии худро химоя карда натавонад, прокурор хукук дорад чихати хифзи хукук, озоди ва манфиатхои конунии у ба суд бо ариза мурочиат кунад.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

БОБИ 2

НИЗОМ, СОХТОР ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАКОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Моддаи 13. Низом ва сохтори макомоти Прокуратураи Чумхурии Точикистон

 

Низоми макомоти Прокуратураи Чумхурии Точикистонро Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон, Сарпрокуратураи харби, прокуратураи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокуратураи наклиёти Точикистон, прокуратураи шахрхо, нохияхо ва прокуратурахои ба он баробаркардашуда, ташкил медиханд. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон дорои маркази илмию таълими мебошад.

Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои поёни хукуки идоракунии оперативии объектхои таъиноти ичтимои-маиши ва хочагидориро доранд.

Сохтори Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистонро Президенти Чумхурии Точикистон бо пешниходи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

Таъсиси макомоти прокуратура, азнавташкилдихи ва бархамдихии макомоти прокуратура аз тарафи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон сурат мегирад, вазъи хукуки ва салохияти онхоро Конуни конститутсионии мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 14. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Прокурори генералии Чумхурии

                        Точикистон ва муовинони у

 

Прокурори генералии Чумхурии Точикистон аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон бо ризоияти Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ба мухлати 5 сол таъин мешавад.

Прокурори генералии Чумхурии Точикистон дорои муовини якум ва муовинон мебошад, ки онхо аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон бо ризоияти Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Яке аз муовинони Прокурори генералии Чумхурии Точикистон Сарпрокурори харбии Чумхурии Точикистон мебошад.

Иттилоот дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, муовини якум ва муовинони у дар матбуот нашр мегардад.

 

Моддаи 15. Масъул будани Прокурори генералии Чумхурии Точикистон

 

Прокурори генералии Чумхурии Точикистон дар фаъолияти худ ба Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Президенти Чумхурии Точикистон масъул буда, дар бораи холати назорати риояи дакик ва ичрои якхелаи конунхо дар худуди Точикистон соле як маротиба ё аз руи зарурат хисобот медихад.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 16. Таъин намудани прокурорхо ба вазифа, тобеият ва асосхои аз вазифа озод

                        кардани онхо

 

Прокурори генералии Чумхурии Точикистон прокурори Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, прокурорхои вилоятхо, прокурори шахри Душанбе, прокурорхои наклиёт, прокурорхои шахрхо, нохияхо ва прокурорхои харбии гарнизонхо, прокурори назорат аз руи ичрои конунхо дар муассисахои ислохиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Ин прокурорхо ба Прокурори генералии Чумхурии  Точикистон хисоботдиханда мебошанд. Мухлати ваколати прокурорхо 5 сол аст.

Прокурорхо бо чунин асосхо аз вазифаашон пеш аз мухлат озод карда мешаванд:

– бо хохиши худ;

– бо сабаби ба истеъфо баромадан;

– бо сабаби ба кори дигар гузаштан ё ичро карда натавонистани вазифа бинобар вазъи саломати;

– бо сабаби интихоб шудан ба макомоти намояндаги; (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

– аз руи натичахои аттестатсия;

– барои риоя накардани талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мубориза бо коррупсия, танзими анъана ва чашну маросимхо; (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

– дар мавриди содир намудани чиноят, ки бо хукми эътибори конуни пайдонамудаи суд мукаррар карда шудааст;

– катъи шахрвандии Чумхурии Точикистон, сохиб шудан ба шахрвандии давлати дигар ё тарки доимии Чумхурии Точикистон;  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

– бинобар нафакагири Чумхурии Точикистон ё давлати хоричи будан;  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

– бо дигар асосхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мехнат пешбини кардааст.

Иттилооти ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани прокурорхо дар матбуоти махалли нашр мегардад.

 

Моддаи 17. Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон

 

Ба Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон Прокурори генералии Чумхурии Точикистон рохбари мекунад.

Дар Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон хайати мушовара дар хайати Прокурори генералии Чумхурии Точикистон (раис), муовини якум ва муовинони у (аз руи вазифа), дигар кормандони прокурори, ки Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъйин намудааст, ташкил карда мешавад. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Дар Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон раёсатхо ва шуъбахо мавчуданд, ки дар айни замон сардорон ва муовинони сардорони онхо мутобикан ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералии Чумхурии Точикистон мебошанд. Прокурори генерали инчунин ёрдамчиёни калон оид ба супоришхои махсус дорад. Дар раёсатхо ва шуъбахо прокурорхои калон ва прокурорхо (ёрдамчиён), прокурорхо-криминалистхо, муфаттишхои калон ва муфаттишхо оид ба корхои махсусан мухим хастанд.

Сардорони раёсатхо ва шуъбахо ва муовинони онхо, ёрдамчиёни калон, ёрдамчиёни Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, прокурорхои калон ва прокурорхои раёсатхо ва шуъбахо, прокурор-криминалистхо, инчунин муфаттишхои калон ва муфаттишхо оид ба корхои махсусан  мухим аз тарафи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Ба низоми Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон бо хукуки вохиди низоми Сарпрокуратураи харби, ки ба он муовини Прокурори генералии Чумхурии Точикистон Сарпрокурори харби рохбари мекунад, дохил мешавад.

Дар низоми Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон Маркази такмили ихтисоси кормандони макомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон амал мекунад, ки директор, муовин ва кормандони фаврии онро Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон нашрияхои махсуси хукукии худро дорад.

 

Моддаи 18. Ваколатхои Прокурори генералии Чумхурии Точикистон

 

Прокурори генералии Чумхурии Точикистон:

-низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Точикистонро сарвари мекунад ва ба фаъолияти он назорат менамояд;

– хайати мушовараи Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистонро ташкил мекунад ва дар чаласахои он раиси мекунад; (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

-ба макомоти Прокуратураи Чумхурии Точикистон кормандонро ба кор кабул ва аз кор озод мекунад;

-рохбарони вохидхои сохтори, сармухосиб, дигар кормандони Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

-низомномахои вохидхои низомии Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистонро тасдик мекунад;

-прокуратурахоро ташкил ва бархам медихад;

-фармонхо, амрхо, дастурхо, низомномаю дастурамалхо мебарорад, ки ичрои онхо аз тарафи хамаи коркунони макомоти Прокуратураи Чумхурии Точикистон хатми мебошад. Дар сурати хилофи конун буданашон ин санадхо тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузори тагйир дода ё бекор карда мешаванд;

-шумораи кормандони Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистонро дар худуди вохиди чудокардашуда ва фонди музди мехнат мукаррар менамояд;

-ваколати вохидхои сохтории Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистонро муайян мекунад;

-шумораи кормандон ва сохтори макомоти тобеи прокуратураро мукаррар мекунад;

-такмили ихтисоси кормандонро ба рох мемонад;

-хамчунин дигар ваколатхое дорад, ки Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Конуни конститутсионии мазкур ва дигар конунхо пешбини кардаанд.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 19. Прокуратураи Вилояти Мухтори  Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри

                        Душанбе ва прокуратураи наклиёти Точикистон

 

Ба прокуратураи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва прокуратураи наклиёти Точикистон прокурорхои дахлдор рохбари мекунанд, ки онхо дорои муовини якум ва муовинон буда, онхоро Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Дар прокуратурахои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва прокуратураи наклиёти Точикистон хайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба хайати он прокурори рохбарикунандаи прокуратура (раис), муовини якум ва муовинони у (аз руи вазифа) ва дигар кормандони прокурори дохил мешаванд.

Шумора ва хайати шахсии мушовара аз тарафи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон бо пешниходи прокурорхои дахлдор тасдик карда мешаванд.

Дар чаласахои хайати мушовараи прокуратураи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва прокуратураи наклиёти Точикистон прокурори дахлдор ва дар набудани у муовини якум ё яке аз муовинони у раиси мекунад. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Дар прокуратурахои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва прокуратураи наклиёти Точикистон раёсатхо ва шуъбахо ташкил карда мешаванд. Сардорон ва муовинони сардорони раёсатхо ва шуъбахо, ки дар як вакт ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорхои дахлдор мебошанд, бо розигии Прокурори генералии Чумхурии Точикистон аз чониби прокурорхои рохбарикунандаи ин прокуратурахо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Дар сохтори раёсатхо ва шуъбахо прокурорхои калон, прокурорхо, муфаттишони калон ва муфаттишхо оид ба корхои махсусан мухим мавчуданд, ки онхо аз тарафи прокурорхои дахлдор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва прокуратураи наклиёти Точикистон ба Прокурори генералии Чумхурии Точикистон оид ба тагйир додани хайати шахсии кормандони дастгохи худ таклифхо пешниход менамоянд.

 

Моддаи 20. Прокуратурахои шахрхо, нохияхо ва дигар прокуратурахои ба онхо

                        баробаркардашуда

 

Ба прокуратурахои шахрхо, нохияхо ва дигар прокуратурахои ба онхо баробаркардашуда прокурорхои дахлдор рохбари мекунанд. Онхо метавонанд муовини якум, муовинон, ёрдамчиёни калон, ёрдамчиён, муфаттишони калон ва муфаттишон дошта бошанд. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Муовини якум ва муовинони прокурорхо, кормандони дигари прокуратурахои шахрхо ва нохияхои тобеи чумхури аз тарафи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Муовини якум ва муовинони прокурорхои шахрхо ва нохияхои тобеи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят ва шахри Душанбе бо розигии  Прокурори генералии Чумхурии Точикистон аз тарафи прокурорхои дахлдори болои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Кормандони дигари ин прокуратурахо аз тарафи прокурорхои дахлдори болои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Муовинони прокурорхои наклиёти вилоятиро Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Прокурорхои шахрхо, нохияхо ва дигар прокурорхои ба онхо баробаркардашуда ба прокурорхои болои дар бораи тагйир додани шумораи кормандони дастгох таклифхо пешниход менамоянд.

Прокурорхои шахрхо, нохияхо ва дигар прокурорхои ба онхо баробаркардашуда дар доираи ваколатхои худ кормандони хидмати ёрирасонро ба кор кабул ва аз кор озод менамоянд.

 

Моддаи 21. Ваколатхои прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо,

                        шахри Душанбе ва прокурори наклиёти Точикистон

 

Прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва прокурори наклиёти Точикистон ба фаъолияти прокуратурахои шахрхо ва нохияхо дар асоси ичрои конунхои Чумхурии Точикистон, санадхои Прокурори генералии Чумхурии Точикистон рохбари намуда, фармонхо, дастурхо, амрхо мебароранд, ки ичрои онхо барои хамаи кормандони тобеъ хатми мебошад.

 

Моддаи 22. Хайати мушовараи макомоти прокуратура

 

Хайати мушовараи макомоти прокуратура макоми машварати буда, дар назди Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, Сарпрокурори харби, прокурори Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва прокурори наклиёти Точикистон ташкил карда мешаванд.

Ба хайати мушовара муовини якум ва муовинони прокурори дахлдор, дигар кормандони прокуратура дохил мешаванд. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Дар хайати мушовара мухимтарин масъалахое, ки ба фаъолияти макомоти прокуратура, вазъи кори назорат ба риояи конунхо, ичрои фармонхои Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, масъалахои кадрхо дахл доранд, барраси шуда, хисоботи сардорони раёсатхо ва шуъбахо, прокурорхои тобеъ ва дигар кормандони макомоти прокуратура шунида мешаванд.

Дар мачлисхои хайати мушовара мумкин аст баёноти рохбарони макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, шахсони мансабдор бинобар вайрон кардани конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукуки шунида шавад.

Карори хайати мушовара бо тарафдории аксарияти овозхои аъзои он кабул шуда, бо фармони прокурори дахлдор дар амал татбик карда мешавад.

Дар сурати ихтилофи назар дар байни прокурор ва аъзои хайати мушовара прокурор карорхои худро дар амал татбик менамояд.

Дастури кории хайати мушовара ва вазъи хукукии аъзои онро прокурори дахлдор муайян мекунад.

БОБИ  3

НАЗОРАТИ ПРОКУРОРИ

 

Моддаи 23. Предмети назорати умуми

 

Предмети назорати умуми инхо мебошанд:

-назорат ба ичрои конунхо аз чониби вазоратхо, кумитахои давлати, идорахои Чумхурии Точикистон, макомоти намояндаги ва ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, макомоти идораи харби, макомоти назорат, бонкхо, корхонахо, муассисахо, иттиходияхои чамъияти ва дини, хизбхои сиёси ва иттиходияхои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шаклхои моликияти онхо, аз тарафи шахсони мансабдори онхо, инчунин ба конунхо мутобикат намудани санадхои хукукие, ки онхо мебароранд;  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

– назорат ба риояи хукук ва озодихои инсон ва шахрванд, ки арзиши оли эътироф гардидаанд, аз чониби хамаи сохторхо ва шахсони мансабдоре, ки дар сарсатри якуми хамин модда нишон дода шудаанд; (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

-назорати конуни будани карорхои кабулкардаи макомоте, ки ба барраси намудани парвандахо оид ба хукуквайронкунии маъмури,  парвандахо, маводхо оид ба бахсхои иктисоди барои барраси дар судхои иктисоди, ба истиснои карорхои суд ваколатдоранд (31.12.08с №450);

-назорати риояи конунхое, ки ба муносибатхои иктисоди, байналмилали, хифзи мухити зист, гумрук, андоз ва фаъолияти иктисодии хоричи мансуб мебошанд.

Санчиши риояи конунхо аз руи аризахо ва дигар маълумотхо дар бораи вайрон кардани конуният, ки диккату эътибори бевоситаи прокурорро талаб менамояд, дар сурати зарурат бо ташаббуси прокурор гузаронида мешавад. Дахолати прокурор ба фаъолияти хочаги ва иваз намудани вазифаи макомоти тобеи идора ва макомоти назорат манъ аст. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 24. Ваколатхои прокурор хангоми назорати умуми

 

Прокурор хангоми назорати умуми хукук дорад:

-ба муассисахо, корхонахо, ташкилотхо, вазоратхо, кумитахои давлати, идорахо, бонкхо ва дигар сохторхои гайридавлати бо пешниходи шаходатномаи хизмати бе монеа, ба объектхои режими хангоми будани ичозати махсус ворид гардад ва бо хар гуна хуччатхои онхо шинос шавад;

-ичрои конунхоро дар асоси аризахо, шикоятхо, мурочиатхо ва дигар маълумотхо оид ба хукуквайронкуни санчад;

-барои гузаронидани санчиш кормандони дигар макомоти хифзи хукукро чалб намояд;

-барои санчиши карорхо, амру фармонхо ва дигар хуччатхо, маводхо, маълумоти омори ва дигар маълумотхоро (асл ё нусхаи онхоро) талаб намояд, дар бораи вазъи конуният ва чорахои таъмини он маълумот гирад;

-шахсони мансабдор, шахрвандонро даъват намояд ва аз онхо доир ба вайрон кардани конун баёнот талаб кунад.

Прокурор хукук дорад аз рохбарон ва шахсони мансабдор инхоро талаб намояд:

-гузаронидани санчиш ва тафтиши (ревизияи) фаъолияти корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои тахти назорат ва тобеияти онхо буда, инчунин дар холати зарури таъин кардани экспертиза;

-барои муайян кардани масъалахои бамиёномада чудо намудани мутахассисон;

-гузаронидани санчиши мавод, ахбор, мурочиатхое, ки ба прокуратура ворид шудаанд ва хабар дар бораи натичаи онхо.

Хангоми ошкор сохтани конунвайронкуни прокурор ё муовини у дар доираи салохияти худ хукук дорад:

-доир ба санадхои макомот ва ташкилотхо, инчунин шахсони мансабдор, ки хилофи конун мебошанд, эътироз биёрад;

-бо карори худ шахсонеро, ки гайриконуни дучори боздошти маъмури шудаанд, озод кунад;

-дар бораи бартараф намудани конунвайронкунихо,  сабабу шароити мусоидаткунандаи онхо таклифхо пешниход намояд;

– дар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои химояи хукук ва манфиатхои шахрвандон, давлат, инчунин корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, новобаста аз шакли моликияташон, аз чумла чихати баркарор кардани зарари расонидашуда, ба суд мурочиат кунад; (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

– мувофики тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон парвандаи чинояти, истехсолоти парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро огоз намояд, дар бораи ба чавобгарии интизоми ё модди кашидан истехсолот огоз кунад, маводро барои барраси ба макомоти дахлдор фиристонад; (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

-дар бораи бартараф кардани вайронкунии ошкорои конун амрхо дихад.

 

Моддаи 25. Эътирози прокурор

 

Эътироз доир ба санад, супориш ва дигар хуччатхои макомот ва шахсони мансабдоре, ки хилофи конун мебошанд, аз чониби прокурор ё муовинонаш ба макомоти интишордодаи ин санад ё макомоти болои оварда мешавад.

Прокурор дар эътирози худ масъалахои бекор кардани санад, ба конун мутобик гардонидани он, инчунин катъ кардани амали гайриконунии шахсони мансабдор, баркарор намудани хукукхои поймолшударо ба миён мегузорад.

Эътирози прокурор амали санади аз болояш эътирозовардашударо бозмедорад ва онро бояд макомоти дахлдор ё шахси мансабдор на дертар аз дах рузи баъди ворид шуданаш хатман барраси намояд.

Дар холати овардани эътироз нисбати карори макомоти махаллии намояндагии хокимияти давлати он бояд дар ичлосияи наздиктарин барраси шавад. Дар холатхои истиснои, ки бартараф намудани холатхои вайронкунии конунро талаб мекунад, прокурор хукук дорад барои баррасии эътироз мухлати кутохтар мукаррар намояд. Аз натичаи  барраси ба прокурор фавран хатти хабар дода мешавад.

Дар сурати барраси кардани эътироз дар макомоти машварати дар бораи рузи мачлис ба прокуроре, ки эътироз овардааст, хабар дода мешавад.

Эътироз мумкин аст то барраси шудани он аз чониби прокурори эътирозоварда ё прокурори болои бозхонда шавад.

Дар сурати бесабаб рад кардани эътироз ё дар мухлати мукарраршуда дида набаромадани он прокурор метавонад дар бораи гайриконуни донистани санад ба суд бо аризаи даъвоги мурочиат намояд. Пешниходи чунин ариза амали санади хукукиро бозмедорад.

 

Моддаи 26. Пешниходи прокурор

 

Пешниход дар бораи бартараф намудани конунвайронкунихо, сабабу шароитхои ба онхо мусоидаткарда аз чониби прокурор, муовини у ба маком, ташкилот ё шахси мансабдоре, ки барои бартараф кардани конунвайронкуни ваколат дорад, пешкаш мешавад ва он бояд фавран барраси шавад. Дар мухлати на дертар аз як мох бояд оид ба бартараф намудани конунвайронкуни, сабабу шароитхои ба онхо мусоидаткарда тадбирхои дахлдор андешида, аз натичаи он ба прокурор хатти хабар дода шавад.

Макоми машваратие, ки ба он пешниход фиристонида шудааст, дар бораи рузи мачлис ба прокурор хабар медихад ва прокурор хукук дорад, ки дар мухокимаи он иштирок намояд.

 

Моддаи 27. Карори прокурор

 

Прокурор, муовини у бо назардошти хусусияти конунвайронкуни аз тарафи шахси мансабдор ё шахрванд оид ба огоз намудани истехсолот дар бораи ба чавобгарии интизоми, модди ва маъмури кашидан ё дар бораи огоз кардани парвандаи чинояти карори асоснок мебарорад.

Карор дар бораи ба чавобгарии интизоми, модди ё чавобгарии маъмури кашидан дар муддати дах рузи баъди расидани он бояд аз тарафи шахси мансабдор ё макоми салохиятдор барраси шавад. Шикоят аз руи карори кабулшуда ичрои онро бознамедорад. Аз натичаи  барраси ба таври хатти ба прокурор хабар дода мешавад.

Дар холатхои зарури барои тафтиши чиноятхо прокурор хукук дорад бо чалби кормандони дигар макомоти хифзи хукук дар асоси карори худ гуруххои тафтишоти фаври таъсис дихад.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 28. Амри прокурор

 

Амри хатти дар бораи бартараф намудани конунвайронкуни аз тарафи прокурор, муовини якум ва муовинони онхо, ё шахси ваколатдоркардаи онхо ба маком, шахси мансабдор ё шахсони вокеи, ки ба вайрон кардани конун рох додаанд, пешниход карда мешавад. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Амри хатти дар мавридхое пешниход карда мешавад, ки конунвайронкуни хусусияти ошкоро дошта, ба манфиати давлат, корхона, муассиса, ташкилот, инчунин шахрвандон агар он фавран бартараф карда нашавад, зарари чидди расонида метавонад. Амр бояд бетаъхир ичро гардад, ки дар ин бора ба прокурор хабар дода мешавад.

Макомот, шахси мансабдор ё шахси вокеи метавонад аз хусуси амр ба прокурори болои шикоят кунад, ки у вазифадор аст шикоятро дар мухлати дах руз дида барояд.

 

Моддаи 29. Талабот нисбати хуччатхои мавриди эътиноии прокурор ва масъулият барои

                        ичро накардани онхо

 

Дар эътироз, пешниход, карор ё амри прокурор хатман зикр мегардад, ки кадом талаби конун аз тарафи ки вайрон карда шудааст, мохияти вайрон кардани конун дар чист ва шахсони мансабдор, макомот, ташкилотхо ва шахсони вокеи бояд дар кадом мухлат онро бартараф намоянд.

Шахсони мансабдор, макомоти салохиятдор ё шахсони вокеие, ки эътироз, пешниход, карор, амри прокурорро дар мухлаташ ичро накардаанд, беасос рад намудаанд ё барои бартараф намудани вайронкунии конун, ки дар пешниходи прокурор нишон дода шудааст, чора надидаанд, мувофики конун ба чавобгари кашида мешаванд.

БОБИ  4

НАЗОРАТИ ПРОКУРОРИ БА ИЧРОИ КОНУНХО АЗ ТАРАФИ МАКОМОТЕ, КИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВИ-ЧУСТУЧУИ,  ТАХКИКУ ТАФТИШИ ПЕШАКИРО БА АМАЛ МЕБАРОРАНД

 

Моддаи 30.  Предмети назорат

 

Предмети назорати прокурори ба ичрои конунхо аз тарафи макомоте, ки фаъолияти оперативи-чустучуи, тахкику тафтиши пешакиро ба амал мебароранд, инхо мебошанд:

-риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

-бо тартиби мукарраркардаи конун халлу фасл намудани аризахо ва хабархо дар бораи чиноятхои тайёршаванда, содиршаванда ва содиршуда; (КЧТ аз 25.03.11с., №688)

гузаронидани чорабинихои оперативи-чустучуи бо максади ошкор намудани чиноятхо ва чустучуи чинояткорон; (КЧТ аз 25.03.11с., №688)

-кофтукови далелхо оид ба парвандаи чинояти;

-гузаронидани тахкику тафтиши пешаки;

-конуни будани карорхои кабулкардаи онхо.

 

Моддаи 31. Ваколати прокурор дар сохаи фаъолияти оперативи-чустучуи ва тахкику

                        тафтиши пешаки

 

Прокурор дар доираи салохияташ хукук дорад:

-конуни будани гузаронидани чорабинихои оперативи-чустучуи, истифодаи воситахои илми-техникиро санчад;

-аз макомоти дахлдор парвандахои бахисобгирии оперативи, маводхо, хуччатхо ва дигар маълумотро дар бораи рафти фаъолияти оперативи-чустучуи барои тафтиш талаб намояд; (КЧТ аз 25.03.11с., №688)

-мурочиатхоро оид ба амал ва карори мансабдорони дахлдор санчад ва барраси намояд;

-карорхои гайриконуни ва беасоси мансабдорони макомотеро, ки фаъолияти оперативи-чустучуиро ба амал мебароранд, бекор кунад;

-ба муфаттиш ва тахкикбаранда барои мурочиат намудан бо дархост ба суд оид ба татбики чорахои пешгири дар намуди ба хабс ва хабси хонаги гирифтан, дар бораи дароз кардани мухлати онхо, чорахои мачбурии мурофиавии муваккатан дур кардан аз вазифа, хабси молу мулк, маблагхои амонати, суратхисобхои бонки, когазхои киматнок, кофтуков, ёфта гирифтан, хабс ва гирифтани муросилоти почтаю телеграф, хабархои телеграфи ва хабархои дигаре, ки тавассути шабакахои алокаи барки ва алокаи почта интикол меёбанд, гуш кардан ва сабти гуфтугуи телефони ё гуфтугухо бо истифодаи воситахои дигари алока ва дар дигар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба гузаронидани чорабинихои оперативи–чустучуи розиги дихад;

– барои татбики чораи пешгири дар намуди гарав розиги дихад; (КЧТ аз 28.12.13с., №1034)

-дигар амали пешбиникардаи конунро ичро намояд.

Ваколати прокурорро хангоми назорат ба риояи конунхо аз чониби макомоти тахкику тафтиши пешаки конунгузории мурофиавии чинояти муайян менамояд.

Дастури Прокурори генералии Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои тафтишу тахкики пешаки, ки танзими конуниро талаб намекунад, барои ичро хатми мебошад.

 

Моддаи 32. Тафтиши чиноят аз чониби макомоти прокуратура

 

Макомоти прокуратура аз руи парвандахои чинояти, ки конунгузории мурофиавии чинояти ба салохияти онхо вогузоштааст, тафтишот мегузаронад.

Прокурор хукук дорад, тафтиши хар гуна чиноятро ба истехсоли худ гирад ё онро ба прокурор ё муфаттиши тобеаш,   супорад. Прокурор инчунин метавонад парвандахои чиноятиро, ба истиснои парвандахо оиди чиноятхои хусусияти коррупсионидошта, ба дигар макомоти тафтишоти супорад.

 

Моддаи 33. Додани розиги барои татбики чорахои пешгири, чорахои дигари мачбурии

                        мурофиави ва амалхои тафтишоти

 

Хукуки додани ичозатро (санксияро) барои хабс инхо доранд:

Хукуки розиги доданро ба татбики чорахои пешгири дар намуди ба хабс ва хабси хонаги гирифтан, дар бораи дароз кардани мухлати онхо, гарав, ба татбики чорахои мачбурии мурофиавии муваккатан дур кардан аз вазифа, хабси молу мулк,  маблагхои амонати, суратхисобхои бонки, когазхои киматнок, кофтуков, ёфта гирифтан, хабс ва гирифтани муросилоти почтаю телеграф, хабархои телеграфи ва хабархои дигаре, ки тавассути шабакахои алокаи барки ва алокаи почта интикол меёбанд, гуш кардан ва сабти гуфтугуи телефони ё гуфтугухо бо истифодаи воситахои дигари алока ва дар дигар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба гузаронидани чорабинихои оперативи–чустучуи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон муовини якум ва муовинони у, Сарпрокурори харби ва муовинони у, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Чумхурии Точикистон, муовини якум ва муовинони онхо, прокурорхои шахрхо, нохияхо ва прокурорхои ба онхо баробаркардашуда доранд. (КЧТ аз 28.12.13с., №1034; аз 31.12.14с., №1166)

Хангоми халли масъалаи ба хабс, хабси хонаги гирифтан прокурор вазифадор аст, бо тамоми маводи парвандаи чинояти, ки барои гирифтан ба  хабс, хабси хонаги асос шуда метавонад, пурра шинос шуда, гумонбаршуда ва айбдоршавандаро дар мавриди зарури, гумонбаршуда ва айбдоршавандаи ноболигро бошад, дар хама гуна холат шахсан пурсиш намояд.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

Прокурор инчунин барои боздошту нигохдори дар хонахои кабулу таксимкуни, мукаррар намудани назорат ба рафтори шахси аз чазо озод кардашуда, ки ба махдуд кардани хукуку кафолатхои конститутсионии шахрвандон вобастаанд, баъди омузиши маводи пешниходшуда ва мавчуд будани асосхои кофи ичозат медихад.

Прокурор дар мавридхои пешбиникардаи санадхои хукукии байналмилали ва конун барои боздошти шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд ичозат медихад. Дар чунин мавридхо хукуки додани ичозат ба Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, муовини якум ва муовинони у, Сарпрокурори харбии Точикистон, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон, прокурорхои шахру нохияхо ва прокурорхои ба онхо баробаркардашуда тааллук дорад. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Тартиби додани розиги ба татбики чорахои пешгири, бекор кардан, тагйир додан ва дароз кардани мухлати онхо, татбики чорахои дигари мачбурии мурофиави ва амалхои тафтишоти мутобики конунгузории мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 28.12.13с., №1034)

БОБИ 5

ИШТИРОКИ ПРОКУРОР ХАНГОМИ АЗ ТАРАФИ СУДХО БАРРАСИ

КАРДАНИ ПАРВАНДАХО

  

Моддаи 34. Иштироки прокурор хангоми аз тарафи судхо барраси кардани парвандахо

 

Прокурорхо мувофики конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон хангоми баррасии парвандахо аз тарафи судхо дар мурофиаи суди иштирок менамоянд, нисбати фармонхо, халномахо, хукмхо, таъинот ва карорхои судхо, ки хилофи конун мебошанд, эътироз, шикоят ва ариза меоваранд. (КЧТ аз 31.12.08с., №450)

 

Моддаи 35. Ваколати прокурор дар мурофиаи суди

 

Прокурор иштирокчии мурофиаи суди буда, бо дигар иштироккунандагон хукуки баробар дорад.

Ваколати прокурори дар мачлиси суд иштироккунандаро конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 36. Иштироки прокурор хангоми баррасии парвандахои граждани, оилави, чинояти,

                       хукуквайронкунии маъмури ва иктисоди 

 

Дар баррасии парвандахои граждани, оилави, хукуквайронкунии маъмури ва иктисоди прокурор дар холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, иштирок мекунад ва оид ба парвандаи баррасишаванда хулоса медихад.

Иштироки прокурор дар баррасии судии парвандахои чинояти дар холатхое, ки конунгузории мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, хатмист. Прокурор метавонад дар хар давраи мурофиаи судии чинояти ба баррасии парванда ворид шавад.

Прокурор дар доираи салохияти худ дар мурофиаи судии чинояти айбдоркуниро аз номи давлат дастгири менамояд.  (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 37. Эътироз, шикояти  кассатсиони ва хусусии прокурор

 

Хукуки овардани эътирози кассатсиони ва хусусиро нисбати хукм, таъинот ва  карорхои судхо оид ба парвандахои чиноятии прокурор, муовини якум ва муовинони у дар доираи салохияташон,  сарфи назар аз иштирок дар баррасии парванда дар суди мархилаи якум, доранд. (КЧТ аз 31.12.08с., №450; аз 31.12.14с., №1166)

Ёрдамчии прокурор, прокурори раёсат ва шуъба метавонад танхо нисбат ба хукм, таъйинот, карор ва дигар санадхои суди оид ба парвандае, ки дар баррасии он иштирок кардааст, эътироз ва шикоят оварад. (КЧТ аз 31.12.08с., №450; аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 38. Аз суд талаб намудани парванда аз чониби прокурор

 

Прокурор, муовини якум ва муовинони у хукук доранд, ки дар доираи салохияташон хар парванда ё гурухи парвандахоро, ки аз руи онхо фармон, халнома, хукм, таъинот, карорхое, ки эътибори конуни пайдо намудаанд,  мутобики конунгузории мурофиавии чинояти, граждани ва иктисоди аз суд талаб карда гиранд. (КЧТ аз 31.12.08с., №450; аз 31.12.14с., №1166)

Баъди мукаррар намудани он, ки фармон, халнома, хукм, таъинот ё карори суд гайриконуни ё беасос аст, прокурор ба тарики назорат эътироз ва ариза меоварад. Агар ин берун аз салохияти у бошад, вай бо пешниход ба прокурори болои мурочиат менамояд, ки у эътироз оварад. (КЧТ аз 31.12.08с., №450)

 

Моддаи 39. Эътироз овардан ба хукм, фармон, халнома, таъйинот ва карори суд, ки

                        эътибори конуни пайдо кардаанд

                                                (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Хукуки овардани эътироз ба хукм, фармон, халнома, таъйинот ва карори суд ба инхо дода шудааст: (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

-ба Прокурори генералии Чумхурии Точикистон – нисбати хукм, фармон, халнома, таъинот ва карори хамаи судхои Чумхурии Точикистон ба истиснои карорхои Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон оид ба парвандахои граждани, Раёсати Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон оид ба парвандахои иктисоди, инчунин дар холатхои истиснои нисбати карорхои Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон оид ба парвандахои чинояти, дар сурате, ки ба вайронкунии чиддии конунхо рох дода шуда бошад; (КЧТ аз 31.12.08с., №450)

ба муовини якум ва муовинони Прокурори генералии Чумхурии Точикистон – нисбати хукм, таъинот ва карори хамаи судхо, оид ба парвандахои чинояти, ба истиснои карорхои Пленум ва Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 31.12.08с., №450; аз 31.12.14с., №1166)

-ба прокурори Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон, муовини якум ва муовинони онхо нисбати хукм, таъинот ва карори суди шахри, нохияви, инчунин ба карори коллегияи суди оид ба парвандахои чиноятии мутобикан суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, ки парвандаро ба тартиби кассатсиони барраси кардааст. (КЧТ аз 31.12.08с., №450; аз 31.12.14с., №1166)

Ба карори суд аз руи парвандахо дар бораи хукуквайронкунии маъмури прокурори  шахр, нохия, муовини якум ва муовинони у ё прокурорхои болои муовини якум ва муовинони онхо эътироз оварда метавонанд. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 40. Бозхонди эътироз, шикоят ва ариза

 

Эътироз, шикоят ва ариза нисбати хукм, фармон, халнома, таъинот  ва карори суд то огози баррасии он дар суд мумкин аст аз чониби прокуроре, ки эътироз, шикоят ва ариза овардааст ё прокурори болои бозхонда шавад. (КЧТ аз 31.12.08с., №450)

 

Моддаи 41. Боздоштани ичрои хукми  суд

 

Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, муовини якум ва муовинони у хукук доранд, ки то баррасии мурочиати шахрвандон ичрои хукмхои эътибори конуни пайдо накардаи судро боздоранд. (КЧТ аз 31.12.08с., №450; аз 31.12.14с., №1166; Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 42. Иштироки прокурор дар чаласахои Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди

                      Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон,

                       коллегияхои суди оид ба парвандахои граждани, оилави, чинояти, хукуквайронкунии

                       маъмури ва коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон, раёсати суди Вилояти

                      Мухтори Кухистони Бадахшон, раёсати судхои вилоятхо ва суди шахри Душанбе 

 

Иштироки Прокурори генералии Чумхурии Точикистон дар чаласахои Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон хатми мебошад.

Иштироки Прокурори генералии Чумхурии Точикистон дар чаласахои Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон, муовини якум ва муовини Прокурори генералии Чумхурии Точикистон дар чаласахои Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон хангоми баррасии парвандахои чинояти, коллегияхои суди оид ба парвандахои граждани, оилави, чинояти ва хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон, коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, инчунин прокурори наклиёти Точикистон аз руи парвандахое, ки ба салохияти прокурори наклиёти Точикистон мансубанд, дар чаласахои суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, суди шахри Душанбе хатми мебошад.

Прокурор дар баррасии парвандахо дар судхои иктисодии Чумхурии Точикистон бо тартиби муайянкардаи конунгузории мурофиавии иктисодии Чумхурии Точикистон иштирок менамояд.

Иштироки прокурор дар мурофиаи суди хангоми баррасии даъвои прокурор хатми мебошад.

(КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

 

 

Моддаи 43. Хукуки Прокурори генералии Чумхурии Точикистон барои мурочиат ба Суди

                        конститутсионии Чумхурии Точикистон, Суди Олии Чумхурии Точикистон ва

                        Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

 

Прокурори генералии Чумхурии Точикистон хукук дорад ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон оид ба масъалаи мутобики Конститутсия будани тавзехоти дастурии Пленумхои Суди Оли ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, инчунин оид ба масъалаи санчиши мутобики Конститутсия будани санадхои дорои хусусияти меъёрие, ки вазоратхо, кумитахои давлати, дигар макомоти давлати ва чамъияти кабул мекунанд, мурочиат намояд.

Прокурори генералии Чумхурии Точикистон хукук дорад, ки ба Пленуми Суди Оли ва Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар бораи ба судхо додани тавзехоти дастури оид ба масъалахои амалияи суди аз руи парвандахои граждани, иктисоди, чинояти ва хукуквайронкунии маъмури бо пешниход мурочиат намояд. (КЧТ аз 31.12.08с., №450)

Сарпрокурори харби, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва прокурори наклиёти Точикистон, прокурорхои шахрхо, нохияхо, прокурорхои харбии гарнизон, прокурори назорат аз руи ичрои конунхо дар муассисахои ислохи ва наклиёт (прокуратурахои поёни) метавонанд аз Прокурори генералии Чумхурии Точикистон дархост кунанд, ки дар бораи ба судхо додани тавзехоти дастури оид ба масъалахои татбики конунгузори хангоми баррасии парвандахои суди ба Пленумхои Суди Оли ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон таклиф пешниход намояд.

 

БОБИ  6

НАЗОРАТИ ПРОКУРОРИ ОИД БА РИОЯИ ИЧРОИ КОНУНХО АЗ ТАРАФИ

МАЪМУРИЯТИ ЧОЙХОИ НИГОХДОРИИ БОЗДОШТШУДАГОН, МАХБУСОН, МУАССИСА ВА МАКОМОТИ ИЧРОКУНАНДАИ ЧАЗОИ ЧИНОЯТИ,

ЧОРАХОИ МАЧБУРИИ ТАЪИНКАРДАИ СУД

(Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 44. Предмети назорат

 

Предмети назорат инхо мебошанд:

-конуни будани икомати шахс дар чои нигохдории боздоштшудагон, хонахои кабулу таксимкуни, чои хабси пешаки, муассиса ва макомоти ичрокунандаи чазо ва дигар чойхое, ки чорахои мачбурии таъинкардаи судро ичро менамоянд;

-риояи хукуку вазифахои бо конунгузории Чумхурии Точикистон мукарраршудаи боздоштшудагон, махбусон, махкумшудагон ва шахсоне, ки дучори чорахои мачбури шудаанд, тартиб ва шароити нигохдории онхо;

-конуни будани ичрои чазое, ки бо махруми аз озоди вобаста намебошад;

-конуни ва асоснокии озод кардани махкумшудагон аз адои чазо бинобар ба итмом расидани мухлати чазо, шартан, пеш аз мухлат аз адои чазо озод кардан, ба намуди чазои сабуктар иваз кардани кисми адонашудаи чазо аз руи бемори, маъюби, иваз кардани намуди муассисаи ислохи,  татбики санади авф ё бахшиши чазо.

 

Моддаи 45. Ваколатхои прокурор оид ба риояи ичрои конунхо дар чойхои нигахдории

                        боздоштшудагон, махбусон, муассиса ва макомоти ичрокунандаи чазои чинояти

                                                                (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Прокуроре, ки назорат мебарад, хукук дорад:

-хар вакт бидуни тафтиш ба макомот ва муассисахои дар сархати якуми моддаи 44 хамин Конун зикршуда дарояд;

-боздоштшудагон, хабсшудагон, махкумшудагон ва шахсонеро, ки ба чорахои мачбури гирифтор шудаанд, бозпурси намояд;

-бо хуччатхое, ки дар асоси онхо ин шахсон боздошта, хабс, махкум ё ба чорахои мачбури гирифтор шудаанд, бо хуччатхои оперативи-хизмати шинос шавад; (КЧТ аз 25.03.11с., №688)

-риояи дакик ва ичрои якхелаи конунхо ва санадхои хукукии байналмилалии Чумхурии Точикистон эътирофнамударо дар бораи хукуки инсон, муносибати инсондустона бо махбусон ва махкумшудагон талаб намояд;

-аз маъмурият мухайё кардани шароити таъмини хукуки боздоштшудагон, махбусон, махкумшудагон ва шахсони ба чорахои мачбури гирифторшударо талаб намояд, ба конунгузории Чумхурии Точикистон мутобик будани амру фармонхо ва карорхои маъмурияти макомот ва муассисахоеро, ки дар сархати якуми моддаи 44 Конуни мазкур зикр ёфтаанд, санчад, аз шахсони мансабдор баёнот талаб намояд, эътироз оварад, пешниход гузорад, парвандахои чинояти ё истехсолотро оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмури, интизоми ва модди огоз намояд;

-ба карорхои гайриконунии маъмурияти муассиса ё макомоти ичрокунандаи чазо дар бораи пешниход ё ради пешниходи шартан пеш аз мухлат озод кардани махкумшуда аз адои чазо, иваз кардани кисми адонанамудаи чазо ба чазои сабуктар эътироз оварад. То баррасии эътироз амали санади ба он эътирозовардашудаи  маъмурияти муассиса боздошта мешавад;

-чазохои интизомиро нисбати шахсони махбус ва махкумшуда, ки дар сурати вайрон кардани конун дода шудааст, бекор кунад, бо карори худ онхоро аз изолятори (тавкифгохи) чаримави, бинои навъи камерави, картсер, камераи яккаса, изолятори (тавкифгохи) интизоми фавран озод кунад; (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

-бо карори худ мутобики тартиби муайянкардаи конун шахси дар чойхои махруми аз озоди ё муассисахои ичрокунандаи чорахои мачбури гайриконуни нигохдошта, гайриконуни боздошташуда, ба хабси мачбури гирифторшуда ё дар муассисаи суди-равонпизишки чойгиршударо фавран озод кунад.

 

Моддаи 46. Хатми будани ичрои карор ва талабхои прокурор

 

Карор ва талабхои прокурор оид ба риояи тартиби мукаррарнамудаи конун ва шароити нигохдории боздоштшудагон, хабсшудагон, ба чазои махрум сохтан аз озоди ва дигар чазохо махкумшудагон, хамчунин шахсоне, ки нисбаташон чорахои мачбури истифода шудаанд ё онхо дар муассисахои суди-равонпизишки чойгир карда шудаанд, аз тарафи маъмурият, инчунин макомоте, ки хукми судхоро нисбати шахсони ба чазои махруми аз озоди алокаманд набуда ичро менамоянд, бояд хатман ичро карда шаванд.

БОБИ  7

ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУКУКИИ ПРОКУРАТУРА ОИД БА ХИМОЯИ ХУКУК ВА ОЗОДИХОИ ИНСОН ВА ШАХРВАНД, МУБОРИЗА БО ЧИНОЯТКОРИ, ДИГАР ХУКУКВАЙРОНКУНИХО

 

Моддаи 47. Предмети хамкории байналмилалии хукуки

 

Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон мутобики конунхо ва санадхои хукукии байналмилалии Чумхурии Точикистон эътирофнамуда хамкории байналмилалии хукукиро бо макомоти хифзи хукук ва дигар макомоти салохиятноки давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали ба максадхои зерин амали мегардонад:

-химояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, мубориза бо чинояткории муташаккилона, дигар чинояткори ва хукуквайронкунихо;

-чуброни зарари аз чинояткори расонидашуда, ичрои чазохои чинояти;

-расонидани кумаки хамдигарии хукуки аз руи парвандахои граждани, оилави ва чинояти;

-ошкор ва тафтиши чиноятхои трансмилли ва дигар чиноятхо, кофтукови шахсони чиноятсодиркарда, барои ба чавобгарии мукарраркардаи конун кашидан ё барои ичрои хукм додани онхо;

-пешгири кардани расмигардонии пул ва дигар воситахои бо рохи чиноят гуншуда, ба иктисодиёт воридшавии сармояхои бо рохи чиноят чамъшуда, инчунин дигар шаклхои чиноятхои иктисоди;

-такмил додани мураттабсозии байналмилалии хукуки, наздикшавии конунгузории милли дар сохаи мубориза бо чинояткори ва дигар хукуквайронкунихо.

Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон дар доираи салохияти худ бо макомоти дахлдори дигар давлатхо ва ташкилотхои байналмилали робитахои мустахкам баркарор менамояд, бо онхо хамкори мекунад, оид ба масъалахои ёрии хукуки ва мубориза бар зидди чинояткори шартномахо мебандад, дар тахияи шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон иштирок мекунад.

 

Моддаи 48. Принсипхои хамкории байналмилалии хукуки

 

Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон бо макомоти прокуратура, дигар макомоти хифзи хукуки мамлакатхои хоричи дар асоси принсипхои зерин хамкори мекунад:

-эхтиром кардани сохибихтиёрии давлатхо ва бемайлон риоя намудани конунгузории милли ва меъёрхои хукуки байналмилали;

-хамачониба ривоч додани хамкори ва эътимод дар байни макомоти хифзи хукук ва дигар макомоти салохиятноки мамлакатхои хамкорикунанда;

-афзалияти химояи хукуку озодихои шахрвандони мамлакатхои хамкорикунанда, инчунин меъёрхои аз тарафи умум эътирофгардидаи хукуки байналмилали;

-баробархукукии тарафхо;

-софдилона ичро кардани ухдадорихои байналмилали.

 

Моддаи 49. Ваколатхои прокурор оид ба хамкории байналмилали

 

Прокурори генералии Чумхурии Точикистон хангоми хамкории байналмилали хукуку ваколатхои пешбиникардаи конунхои Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалиеро, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, дар халли масъалахои зерин истифода мебарад: (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

-лоихаи барномахои байнидавлатии чорабинихоро дар мубориза бо чинояти муташаккилона ва дигар намудхои чиноятхои хавфнок дар худуди давлатхои хамкорикунанда тахия мекунад, дар ичрои чунин барномахо ширкат меварзад;

-гузаронидани амалиёти муштарак ва бомувофикаи тафтишоти ва дигар чорабинихоро оид ба тафтишот ва пешгирии чиноятхо дар худуди мамлакатхои хамкорикунанда ташкил менамояд ё ба он ёри мерасонад;

-кумаки бевоситаи ахбороти, ташкили, хукуки ва дигар ёрии пешбиникардаи конун ё шартномаи байналмилалиро ба макомоти хифзи хукуки мамлакатхои хамкорикунанда барои пешгири ва ошкор кардани чиноятхо, чустучуи чинояткорон, ичрои чазо ташкил менамояд ё амали мегардонад;

-дар тайёр кардани кадрхои макомоти прокуратура ва гузаронидани тадкикоти илми дар сохаи мубориза бо чинояткори, химояи хукук ва озодии инсон ва шахрванд кумак мерасонад ва кумак мегирад;

-дар фаъолияти ташкилотхои байналмилалии прокурорхо иштирок мекунад;

-доир ба лоихахои шартномахои байналмилали, инчунин дар бораи тагйиру иловахо ба шартномахои амалкунанда пешниходхо тахия менамояд;

-дигар ваколатхоро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои байналмилалии эътирофкардаи Чумхурии Точикистон пешбини кардаанд, ичро менамояд.

 

Моддаи 50. Воситахои хукукии хамкории байналмилалии  прокуратура

 

Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон дар чараёни хамкории байналмилалии хукуки мутобики меъёрхои хукуки байналмилали, конунхо ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, барои  расонидани ёрии хукуки, супоришхо оид ба экстрадитсияи (додани) хукуквайронкунандагон дархост мефиристад ва дигар мурочиатхоро, ки дар конунхо ва санадхои хукукии байналмилали пешбини шудаанд, ичро менамояд.

 

Моддаи 51. Назорат ба риояи конунхо хангоми амали гардонидани  хамкории

                         байналмилалии  хукуки

 

Прокурори генералии Чумхурии Точикистон хангоми ичрои чорахои расонидани кумаки хукуки дар чараёни хамкории байналмилалии хукуки бо макомоти хифзи хукуки давлати дигар ба риояи Конститутсияи Чумхурии Точикистон, конунхо назорат мебарад, дар холати зарури ба риояи конунгузории мурофиавии давлати дархосткунанда назорат мекунад, агар дар ин бора дар конун ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон нишондод ва хохиши муассисаи дархосткунанда мавчуд бошад ва агар меъёрхои дахлдор ба конунгузории давлате, ки супоришро ичро мекунад, мухолиф набошад, инчунин дигар ваколатхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон пешбини кардаанд, ичро менамояд.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 52.  Халли масъалахое, ки аз созишномахои байнидавлати ба миён меоянд

 

Прокурори генералии Чумхурии Точикистон мутобики созишномахои байнидавлати дар бораи кумаки хукуки масъалаи огоз ва тафтиш кардани парвандахои чинояти, гузаронидани тахкик, додани чинояткорон ё шахсоне, ки ба содир кардани чиноят гумонбар шудаанд, фиристонидани ахборот дар бораи  натичахои таъкиботи чинояти, инчунин дигар масъалахоеро, ки ин созишномахо пешбини кардаанд, хал менамояд.

БОБИ  8

ХИЗМАТ ДАР МАКОМОТ ВА МУАССИСАХОИ ПРОКУРАТУРА.

КАДРХОИ МАКОМОТИ ПРОКУРАТУРА

 

Моддаи 53. Талабот нисбати шахсоне, ки ба макомоти прокуратура ба кор кабул карда

                        мешаванд

 

Барои кор дар макомоти прокуратура шахсе кабул карда мешавад, ки танхо шахрвандии Чумхурии Точикистонро дошта, синнаш то 35-сола бошад, дорои тахсилоти олии хукукшиноси, сифатхои зарурии касби ва ахлоки буда, забони давлатиро донад, аз руи вазъи саломатиаш вазифахои ба зиммааш гузоштаро ичро карда тавонад.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

Шахсоне, ки аз руи ихтисосашон тачрибаи кофии амали надоранд, дар макомоти прокуратура ба мухлати як сол коромузи мекунанд.

Дар мавридхои истиснои Прокурори генералии Чумхурии Точикистон хукук дорад барои кутох намудани мухлати коромузи ё аз коромузи озод кардан карор кабул намояд. Тартиби гузаронидани коромузиро Прокурори генералии Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи прокурор ва муфаттиши прокуратура таъин мешаванд, савганди корманди прокуратураро бо мазмуни зайл ёд мекунанд:

«Дар рохи хизмати содиконаи конун кадам нихода, тантанавор савганд ёд мекунам, ки Конститутсияи Чумхурии Точикистон, конунхо ва ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистонро софдилона риоя менамоям, ба ягон хел качрави аз он рох намедихам, бар зидди хар гуна конунвайронкуни, сарфи назар аз он, ки онро ки содир кардааст, мубориза мебарам, барои самаранок бурдани назорати прокурори ва тафтишоти пешаки чидду чахд менамоям, манфиати шахс, чамъият ва давлатро фаъолона химоя мекунам; нисбати таклифхо, аризахо ва шикояти шахрвандон бо хушёри ва диккат муносибат мекунам, хангоми хал кардани такдири одамон бегарази ва адолатро риоя менамоям, сирри давлати ва сирри дигарро, ки конун хифз менамояд, катъи нигох медорам, тахассуси худро мунтазам такмил медихам, шарафи касбии худро азиз медорам, дар садокатманди, тозагии ахлоки, хоксори намунаи ибрат мешавам ва бехтарин анъанахои прокуратураро мукаддас дониста, боз хам ривоч медихам.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

Эътироф мекунам, ки агар ин савгандро шиканам, минбаъд барои дар макомоти прокуратура будан муносиб нестам».

Тартиби кабули савгандро Прокурори генералии Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, прокурорхои вилоятхо, прокурори шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон, шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 30 кам набошад ва дар макомоти прокуратура камаш 10 сол собикаи кори дошта бошанд, ки аз он 3 сол дар вазифахои рохбарикунандаи макомоти прокуратура ё дар вазифахои макомоти олии конунгузори ё ичроияи марказии хокимияти давлати кор карда бошанд. (КЧТ аз 14.03.14, № 1064)

Ба вазифаи прокурорхои нохияхо, шахрхо ва прокурорхои ба онхо баробаркардашуда шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 28 кам набошад ва собикаи кории касбиашон дар макомоти прокуратура аз 5 сол кам набошад.

Синни нихоии дар макомоти прокуратура хизмат намудани кормандон барои мардон то 63- солаги ва барои занон то 58-солаги мебошад.

Шахсоне, ки барои чинояткори махкум шудаанд, ба истиснои шахсони сафедкардашуда аз чониби судхо, наметавонанд ба вазифаи прокурор, ёрдамчии прокурор ва муфаттиши прокуратура таъин шаванд.

Прокурор наметавонад вазифаи дигарро ичро намояд, вакили макомоти намояндаги, узви хизб ва созмонхои сиёси бошад, бо сохибкори машгул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эчоди ва омузгори.

Собикаи хизмати дар макомоти прокуратура ва тартиби хисоби онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 54. Рутбахои дарачавии кормандони макомоти прокуратура

 

Ба прокурорхо ва муфаттишон, кормандони муассисахои илмию таълимии макомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон вобаста ба вазифаи ишголкардаашон ва собикаи кор рутбахои дарачави дода мешаванд.

Рутбахои дарачавии кормандони макомоти прокуратура аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  мукаррар карда мешаванд.

Тартиби додани рутбахои дарачави ва аз онхо махрум карданро Низомнома «Дар бораи рутбахои дарачавии кормандони макомоти Прокуратураи Чумхурии Точикистон», ки онро Президенти Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, муайян менамояд.

Тартиби додани рутбахои харби ба кормандони прокуратураи харби ва аз онхо махрум кардан мутобики боби 9 Конуни конститутсионии мазкур ба танзим дароварда мешавад. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Кормандони прокуратура аз руи тартибе, ки Прокурори генералии Чумхурии Точикистон муайян мекунад, аз аттестатсия мегузаранд.

 

Моддаи 55. Хавасмандгардони ва масъулияти интизомии кормандони макомоти прокуратура

 

Номгуи чорахои хавасмандгардони, масъулияти интизомии кормандони макомоти прокуратура ва тартиби татбики онхоро Низомнома дар бораи хавасмандгардони ва масъулияти интизомии кормандони макомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон, ки Президенти Чумхурии Точикистон бо пешниходи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, мукаррар менамояд.

Кормандони макомоти прокуратура барои эътирофи хизматхояшон дар назди Чумхурии Точикистон, махорати касби ва мехнати бисёрсолаи софдилона дар хизмати давлати, кори макомоти хифзи хукук, химояи хукук ва озодихои инсон ва шахрванд, таъмини риояи конуният аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон бо пешниходи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон бо мукофоти давлати сарфароз гардонида мешаванд.

Кормандони макомоти прокуратура барои махорати касби, дастовардхои мехнати, хизмати бисёрсолаи софдилона ва бенуксон аз чониби Прокурори генералии Чумхурии Точикистон бо унвони ифтихории «Корманди фахрии прокуратураи Точикистон» сазовор гардонида, ба онхо Нишони сарисинаги ва Ифтихорномаи Прокурори генералии  Чумхурии Точикистон супорида мешавад.

Низомнома дар бораи тартиби хавасмандгардони бо унвони ифтихории «Корманди фахрии прокуратураи Точикистон» ва Ифтихорномаи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон аз чониби Прокурори генералии Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Нисбати карорхои рохбарони макомоти прокуратура аз руи бахсхои мехнати ба прокурори болои ё суд шикоят кардан мумкин аст.

(КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

 

 

Моддаи 56. Таъминоти моддию ичтимоии кормандони прокуратура

 

Музди мехнати кормандони макомоти прокуратура аз маоши вазифави, иловапулихо барои рутбаи тахассуси (дарачави) ва собикаи хизмат иборат аст. Иловапули барои собикаи хизмат хамчунин ба он кормандони макомоти прокуратура дода мешавад, ки рутбаи тахассуси (дарачави) надоранд. Маоши вазифави, андоза ва тартиби додани иловапулихои кормандони макомоти прокуратураро барои рутбахои тахассуси (дарачави) ва собикаи хизмат Президенти Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Прокурорхо ва муфаттишон бо либоси ягонаи расми ба тарики ройгон тибки тартиб ва меъёрхои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон таъмин карда мешаванд.

Ба прокурорхо ва муфаттишон рухсатии харсолаи пулакии давомнокиаш 30 рузи таквими бо пардохтани рохпулии рафту омад ба чои истирохат дар худуди Чумхурии Точикистон дода мешавад.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

Ба прокурорхо ва муфаттишоне, ки дар махалли шароити иклимиаш душвор ва номусоид кор мекунанд, рухсатии харсолаи пулаки мутобики меъёрхои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон дода мешавад.

Рухсатии иловагии харсолаи пулаки барои собикаи кор ба прокурор ё муфаттиш дода мешавад:

баъди 5 сол – 3 рузи таквими;

баъди 10 сол – 5 рузи таквими;

баъди 15 сол – 10 рузи таквими;

баъди 20 сол – 15 рузи таквими.

Прокурорхо, муфаттишон ва аъзои оилахои онхо бо тартибе бо нафака таъмин мешаванд, ки конунгузории Чумхурии Точикистон барои хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо мукаррар кардааст.

Ба прокурорхо ва муфаттишон хангоми ба нафака баромадан, дар сурати доштани на камтар аз 10 соли собикаи хизмат дар макомоти прокуратура ё хангоми маъюби дар хачми музди мехнати семоха кумакпулии якдафъаина дода мешавад. (КЧТ аз 01.08.12с, №876)

Хангоми озод шудани шахсони мазкур аз хизмат бинобар содир кардани кирдори догдоркунанда ёрдампули дода намешавад.

Дар сурати вафоти прокурорхо ва муфаттишон баворисонаш дар хачми музди мехтати панчмоха кумакпулии якдафъаина дода мешавад. .(КЧТ аз 1.08.12с., №876)

Прокурорхо ва муфаттишон хангоми ичрои вазифаи хизматиашон дар асоси шаходатномаи хизмати хукук доранд, ки дар худуди Чумхурии Точикистон аз тамоми навъхои наклиёти чамъиятии хатти харакати байнинохияви, байнишахри, наздишахри ва махалли (ба гайр аз такси), дар кишлокхо аз тамоми наклиёти хамсафар, кормандони прокуратурахои наклиёти бошанд, дар худуди минтакахои хизматиашон аз тамоми навъхои наклиёти рохи охан, хавои, новобаста аз тобеияти идоравиашон, ройгон истифода баранд.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

Хангоми ба сафари хизмати баромадан онхо хукук доранд, ки дар мехмонхонахо чой брон кунанд, бенавбат чой гиранд ва барои тамоми навъхои наклиёт бенавбат чипта гиранд.

Ба прокурорхо ва муфаттишон, ки барои кори доими ба дигар чой фиристонида шудаанд, харочоти кучидан, рохпулии худ ва аъзои оилаашон пурра пардохта мешавад.

Макомоти махаллии хокимияти давлати вазифадоранд, ки ба прокурорхо ва муфаттишони ба вазифа таъиншуда, хамчунин ба эхтиёчмандони бехтар кардани шароити манзили ба шакли хучраи алохида аз хонаи фонди давлати ё фонди дигари манзили дар навбати аввал, вале на дертар аз 6 мох, новобаста аз муддати дар хамин махалли ахолинишин зиндаги карданашон, манзили истикоматии хизмати диханд. Прокурорхо ва муфаттишон ба масохати иловагии манзил хукук доранд.

Прокурорхо ва муфаттишон то ба онхо аз руи тартиби мукарраршуда барои зиндагонии доими додани хонаи истикомати барои чуброни пули ичораи хонахои истикомати хукук доранд.

Бо ризоияти прокурорхо ва муфаттишон ба онхо ба чои хонаи истикомати аз хисоби бучети чумхури карзи бефоиз барои харидан ё сохтани манзил дода мешавад.

Ба прокурорхо ва муфаттишон ва аъзои оилаи бо онхо хамрох зиндагикунанда дар хонахои фонди давлати ва фонди дигари манзили, аз чумла онхое, ки дар хонахои  хусусикардашуда зиндаги мекунанд, хонапули ва пардохти хизматрасонихои коммунали (ба истиснои барк ва газ), пули телефон, новобаста аз навъи фонди манзили 50 фоиз кам карда мешавад.

Дар хонахои истикоматие, ки прокурорхо ва муфаттишхо зиндаги мекунанд, бенавбат телефон гузаронида мешавад. Аз руи хамин тартиб дар муассисахои томактабии бачагона, мактаб-интернатхо, муассисахои табобатии тобистона барои фарзандони прокурорхо ва муфаттишон чой мухайё карда мешавад.

Кормандони макомоти прокуратура баъди баромадан ба нафака аз хукуку имтиёзхое, ки хамин Конуни конститутсиони пешбини кардааст, аз чумла аз таъминоти тиббии муассисахои табобатие, ки дар он чо ба кайд гирифта шудаанд, истифода мебаранд.

 

Моддаи 57. Чорахои химояи хукуки ва ичтимоии прокурорхо ва муфаттишхо

 

Прокурорхо ва муфаттишхо намояндагони хокимияти давлати буда, тахти химояи давлат карор доранд. Хешовандони наздики онхо, дар мавридхои истиснои бошад, шахсони дигар, ки ба хаёт ва саломатиашон ба максади монеъ шудан ба фаъолияти конунии прокурорхо ва муфаттишон касд карда мешавад, хамчунин моликияти онхо тахти чунин химоя карор доранд.

Тартиб ва шароити ба амал баровардани химояи давлатии прокурорхо ва муфаттишонро конун муайян мекунад.

Прокурорхо ва муфаттишон, ки вобаста ба ичрои вазифахои хизматиашон халок шудаанд, хамчунин прокурорхо ва муфаттишони аз хизмат чавобшудае, ки вобаста ба ичрои вазифахои хизматиашон дар натичаи чарохати чисмони гирифтан ё ба саломатиашон расонидани зиёни дигар вафот кардаанд, аз хисоби маблаге дафн карда мешаванд, ки барои бо пул таъмин кардани макомоти прокуратура чудо карда шудааст.

Прокурорхо ва муфаттишон барои ба таври доими гирифта гаштан ва нигох доштани силоњи оташфишони хизмати, воситахои махсус ва истифодаи онхо аз руи тартиби мукарраркардаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи милитсия» хукук доранд.

Прокурорхо ва муфаттишон аз хисоби маблагхои бучети чумхурияви ба хачми 8-каратаи музди миёнаи якмохаашон хатман сугуртаи шахсии давлати карда мешаванд.

Макомоти сугуртаи давлати маблаги сугуртаро дар мавридхои зайл медиханд:

-агар прокурор ё муфаттиш дар давраи кор дар натичаи расонидани чарохати чисмони ё зарари дигаре ба саломати, ки ба ичрои вазифахои хизматиашон вобаста аст, халок шуда бошанд, ба ворисонашон ба хачми 8-каратаи музди миёнаи якмохаи прокурор ё муфаттиш; (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

-ба прокурор ё муфаттиш ба иртиботи ичрои фаъолияти хизмати расонидани чарохати чисмони ё зарари дигаре ба саломатиашон, ки минбаъд ба фаъолияти касби машгул шудани онхоро гайриимкон мегардонад, ба хачми 6-каратаи музди миёнаи якмохаашон; (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

-ба прокурор ё муфаттиш ба иртиботи ичрои фаъолияти хизмати расонидани чарохати чисмони ё зарари дигаре ба саломатиашон, ки дар натичаи он кобилияти кориашон пурра гум нашуда, ба кобилияти минбаъд машгул шудан ба фаъолияти касби асар накардааст, ба маъюбони гурухи II ба хачми 5-каратаи музди миёнаи якмохаашон ва ба маъюбони гурухи III ба хачми 4-каратаи музди миёнаи якмохаашон. (КЧТ аз 1.08.12с.,№876) (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Агар ба прокурор ё муфаттиш ба иртиботи фаъолияти хизматиашон чарохати чисмони ё ба саломатиашон зарари дигаре расонида шавад, ки минбаъд бо фаъолияти касби машгул шудани онхоро гайриимкон мегардонад, барояшон хар мох фарки байни музди миёнаи якмоха ва нафакаи ба хамин муносибат таъиншуда, бидуни ба хисоб гирифтани маблаги пардохт, ки аз хисоби сугуртаи хатмии шахсии давлати гирифта шудааст, чубронпули дода мешавад.

Агар прокурор ё муфаттиш вобаста ба фаъолияти хизматиашон халок шаванд (вафот кунанд),  дар натичаи вобаста ба фаъолияти хизмати ба онхо чарохати чисмони ё ба саломатиашон зарари дигар расонидан вафот кунанд, ба аъзои гайри кобили мехнати оилае, ки дар таъминоти онхо мебошанд, фарки байни хиссаи барояшон баробаршавандаи кисми музди миёнаи мехнати халокшуда (вафоткарда) ва нафакаи бинобар гум кардани саробон барояшон таъиншуда, бидуни ба хисоб гирифтани маблаги пардохт, ки аз хисоби сугуртаи хатмии давлати гирифта шудааст, хар мох чубронпули дода мешавад. Барои муайян кардани ин кисми музди миёнаи мехнати халокшуда (вафоткарда) ба шумораи аъзои оилаи дар таъминоташбуда, аз чумла аъзои кобили мехнат таксим карда мешавад. (КЧТ аз 1.08.12с., №876) (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Барои оилаи халокшуда (вафоткарда) хукуки гирифтани манзили ободи истикомати бо шарту асосхое, ки то лахзаи халок шудани (вафот кардани) прокурор ё муфаттиш чой доштанд, нигох дошта мешавад.

Зараре, ки аз несту нобуд ё хароб кардани амволи прокурор ё муфаттиш ё ин ки амволи аъзои оилаи онхо вобаста ба ичрои вазифахои хизматиашон расидааст, дар хачми пурра, аз чумла фоидаи аз дастрафта бо тартиби мукарраркардаи конунгузори чуброн мегардад.

Асос барои надодани сугуртапули ва чубронпулии дар хамин модда пешбинишуда факат хукм ё карори суд нисбати шахсе шуда метавонад, ки ба халокшавии (вафот кардани) прокурор ё муфаттиш, ба онхо расонидани чарохати чисмони ё нобуду хароб кардани амволи ба онхо тааллукдошта айбдор дониста шудааст ва мувофики карори дахлдор мукаррар шудааст, ки ин ходиса ба ичрои вазифаи хизматиашон вобастаги надорад. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 58 бо КЧТ аз 22.07.13с., №974 хорич карда шуд

 

БОБИ 9

ХУСУСИЯТХОИ ТАШКИЛ ВА ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ МАКОМОТИ

ПРОКУРАТУРАИ ХАРБИ

 

Моддаи 59. Макомоти прокуратураи харби

 

Сарпрокуратураи харби, прокуратурахои харбии гарнизонхо (минбаъд макомоти прокуратураи харби) ба сохтори ягонаи макомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон дохил шуда, ба Прокурори генерали тобеъ мебошанд.

Ба макомоти прокуратураи харби муовини Прокурори генералии Чумхурии Точикистон-Сарпрокурори харби рохбари мекунад. Сохтор ва шумораи кормандони прокуратураи харби аз тарафи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Ваколатхои худро макомоти прокуратураи харби дар Куввахои Мусаллах, дигар кушунхо ва вохидхои харбии Чумхурии Точикистон, ки мутобики конунхои Чумхурии Точикистон ташкил шудаанд, ба амал мебароранд.

Дар Сарпрокуратураи харби хайати мушовара ташкил карда мешавад, ки дар он Сарпрокурори харби (раис), муовини якум ва у (аз руи вазифа) ва дигар кормандони прокуратураи харби дохил мешаванд. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Шумора ва хайати шахсии мушовара бо пешниходи Сарпрокурори харбии Чумхурии Точикистон аз тарафи Прокурори генерали муайян ва тасдик карда мешавад.

 

Моддаи 60. Ваколатхои прокурорхои харби

 

Сарпрокурори харби ва прокурорхои ба у тобеъ дар доираи салохияташон дорои ваколатхое мебошанд, ки Конуни  конститутсионии мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукуки мукаррар кардаанд ва новобаста аз рохбарияти макомоти идораи харби дар асоси конунхои Чумхурии Точикистон онхоро амали менамоянд. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Прокурорхои харби хукук доранд:

-дар мачлисхои хайати мушовара, шурохои харби, чаласахои машваратии макомоти идораи харби иштирок кунанд;

-ревизияву тафтишоти  гайриидорави таъин кунанд, ки харочоти гузаронидани онхоро мутобики карори прокурор макомоти идораи харбие мепардозанд, ки кисмхои харби ва муассисахои мавриди тафтиш карор гирифта дар таъминоти ин идора мебошанд;

-таъмини мухофизат, нигох доштан, посбони карда бурдани шахсони дар гаупвахтаи гарнизон ва кисмхои харби буда ва дар чойхои нигохдории боздоштшудагон ва махбусонро аз кисмхои дахлдори харби, посбонони кушуни дохили, макомот ва муассисахои корхои дохили талаб кунанд;

-аз гауптвахта, чойхои дигари нигохдории боздоштшудагон ва махбусон шахсонеро фавран озод кунанд, ки гайриконуни дар он чо нигох дошта мешаванд;

-дигар ваколатхои дар конунхои Чумхурии Точикистон пешбинишударо амали гардонанд.

 

Моддаи 61. Кадрхои прокуратураи харби

 

Ба вазифаи прокурорхо ва муфаттишони прокуратураи харби афсароне таъин карда мешаванд, ки ба хизмати харби даъват шудаанд ва ба талаботи моддаи 53 Конуни конститутсионии мазкур чавоб медиханд. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Муовини Прокурори генералии Чумхурии Точикистон – Сарпрокурори харби  аз руи тартиби мукарраркардаи кисми 2 моддаи 14 Конуни конститутсионии мазкур ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

Муовини аввал ва муовинони Сарпрокурори харбиро Прокурори генералии Чумхурии Точикистон бо пешниходи Сарпрокурори харбии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Прокурорхои харбии гарнизонхо, ки ба мухлати 5 сол аз тарафи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон бо пешниходи Сарпрокурори харби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, ба Сарпрокурори харби ва Прокурори генерали тобеъ буда, ба онхо хисобот медиханд.

Сардорони шуъбахои Сарпрокуратураи харбии Чумхурии Точикистон, муовини аввал ва муовинони прокурори харбии гарнизонхо бо пешниходи Сарпрокурори харбии Чумхурии Точикистон аз тарафи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Прокурорхои калони харби, прокурор-криминалисти калони харби, прокурорхои харби, ки дар як вакт ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Сарпрокурори харби мебошанд, муфаттишони калон ва муфаттишони оид ба корхои махсусан мухими Сарпрокуратураи харби, прокурор-криминалистони прокуратураи харби, ёрдамчиёни калон, ёрдамчиён, муфаттишони калон ва муфаттишони прокуратурахои харбии гарнизонхо аз тарафи Сарпрокурори харби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Афсарони макомоти прокуратураи харби вазъи хукукии хизматчиёни харбиро доранд ва дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби» хизмат карда, дорои тамоми хукуку имтиёзхое мебошанд, ки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи вазъи хукукии хизматчиёни харби» мукаррар кардааст.

Даъват ва дохил шудани шахрвандон ба хизмати харбии  макомоти прокуратураи харби, ба эхтиёт чавоб шудан ва ба истеъфо рафтанашон мувофики пешниходи Сарпрокурори харби мутобики тартиби мукарарраркардаи конун сурат мегирад.

Вазифахои прокурорхои харби ва муфаттишон  ва рутбахои ба онхо мувофик ба руйхати вазифахои харби дохиланд.

Рутбахои харби ба прокурорхо ва муфаттишони харби мувофики пешниходи Сарпрокурори харбии Чумхурии Точикистон мутобики тартибе ба амал бароварда мешавад, ки барои хизматчиёни харби мукаррар шудааст ва аз тарафи вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон дода мешавад. Рутбахои хайати олии афсариро Президенти Чумхурии Точикистон бо пешниходи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон медихад.

Рутбахои харбии афсарони макомоти прокуратураи харби ба рутбахои дарачавии кормандони прокуратура мувофик аст.

Прокурорхои харби ва муфаттишон мутобики Низомнома дар бораи макомоти прокуратураи харбии Чумхурии Точикистон ва Оинномаи интизомии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон хавасманд ва ба чавобгарии интизоми кашида мешаванд. Хукуки хавасманд кардан ва ба чавобгарии интизоми кашиданро Сарпрокурори харби ва Прокурори генералии Чумхурии Точикистон доранд.

Шумораи штатии хизматчиёни харби ва шахсони хайати граждани ба макомоти прокуратураи харби мувофикан аз хисоби Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар кушунхо ва вохидхои харби чудо карда мешавад. Шумораи хайати шахсии прокуратураи харби ба шумораи штатии Куввахои Мусаллах дохил мегардад.

Ташкил ва тартиби фаъолияти макомоти прокуратураи харби бо Низомнома «Дар бораи макомоти прокуратураи харбии Чумхурии Точикистон», ки Президенти Чумхурии Точикистон бо пешниходи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, ба танзим дароварда мешавад.

 

Моддаи 62. Таъминоти модди ва ичтимоии хизматчиёни харби ва кормандони макомоти

                         прокуратураи харби

 

Нисбати хизматчиёни харбии макомоти прокуратураи харби талаботи конунхои Чумхурии Точикистон, ки кафолатхои хукуки ва ичтимои, таъминоти нафака, тибби ва дигар намудхои таъминоти хизматчиёни харбиро мукаррар менамояд, татбик мегардад.

Ба шахсони хайати граждани, ки прокурор ва муфаттиши харби намебошанд, иловапули барои дарачахои тахассуси мувофики тартиб ва андозаи мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон пардохта мешавад.

 

Моддаи 63.  Таъминоти молияви ва моддию техникии макомоти прокуратураи харби

 

Таъминоти молиявии макомоти прокуратураи харби аз хисоби маблаги бучети чумхурияви сурат мегирад.

Таъминоти моддию техникии макомоти прокуратураи харби, барои онхо чудо кардани бинохои хизмати, наклиёт, воситахои алока ва дигар навъхои таъминот аз хисоби бучети чумхурияви амали мегардад.

Макомоти махаллии хокимияти давлати вазифадоранд прокуратурахои дар худудашон вокеъгардидаро бо бинои хизматии муносиб ва кормандони онхоро дар навбати аввал, вале на дертар аз 6 мох новобаста аз муддати дар хамин махалли ахолинишин зиндаги карданашон бо бинои хизматии истикомати таъмин намоянд.

Бинохои хизматии макомоти прокуратураи харбиро Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон ё кисмхои харбии наздиктарини чойгиршуда (новобаста аз тобеияташон) тибки конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон мухофизат мекунанд.

БОБИ 10

МАСЪАЛАХОИ ДИГАРИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ МАКОМОТИ ПРОКУРАТУРА

 

Моддаи 64. Муассисахои илмию таълими ва муассисахои дигари макомоти прокуратура

 

Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон метавонад барои тадкикоти илми, такмили ихтисоси кормандони прокуратура муассисахои илмию таълими ташкил карда, адабиёти махсус нашр кунад ва нашрияи худро дошта бошад.

Дар назди Прокурори генералии Чумхурии Точикистон барои омухтани таклифхо чихати бехтар намудани ташкил ва фаъолияти макомоти прокуратура Шурои илмию методи амал мекунад.

 

Моддаи 65. Таъминоти молияви ва моддию техники макомоти прокуратура

 

Таъминоти молияви ва моддию техникии макомоти прокуратура аз хисоби маблаги бучети чумхурияви сурат мегирад.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати агар лозим донанд, барои таъмири бинохои прокуратура, чихозонии техникии он аз хисоби маблаги бучети махалли ёри мерасонанд.

Тартиб ва меъёрхои таъминоти моддию техникии макомоти прокуратураро Хукумати Чумхурии Точикистон бо пешниходи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

Таъминоти молиявии фаъолияти макомоти прокуратура аз тарафи Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати вазифадоранд, ки макомоти прокуратураи дар худудашон чойгиршударо бо бинохои муносиби хизмати таъмин кунанд.  (Конуни конст.ЧТ аз 30.05.17 с., №1410)

Макомоти прокуратура аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон бо тартиби марказонидашуда аз хисоби маблаги бучети чумхурияви бо наклиёт ва воситахои техники таъмин карда мешаванд.

Мухофизати бинохо ва амволи прокуратура ба зиммаи макомоти корхои дохили гузошта мешавад.

 

Моддаи 66. Хисоботи омори

 

Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон якчоя бо вазорату идорахои дахлдор дар бораи чинояткори, ошкор кардани чиноятхо, кори тафтишоти ва назорати прокурори ба ичрои конунхо, инчунин тартиби ягонаи тахия ва ба макомоти Прокуратураи Чумхурии Точикистон пешниход кардани хисоботи омориро мукаррар мекунад.

 

Моддаи 67. Мухр ва Нишони макомоти прокуратура

 

Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон, Сарпрокуратураи харбии Точикистон, прокуратурахои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокуратураи наклиёти Точикистон, прокуратураи шахрхо, нохияхо, дигар прокуратурахои ба онхо баробаркардашуда ва Маркази такмили ихтисоси кормандони макомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон шахси хукуки буда, дорои мухр бо тасвири Нишони давлатии Чумхурии Точикистон ва номи пурраи прокуратура ба забони давлати мебошад.

Макомоти прокуратура дорои Нишони фарккунанда мебошад.

Низомнома дар бораи Нишони макомоти прокуратура, тасвир ва тавсифи он аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон бо пешниходи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

(КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 68. Шаходатномаи кормандони макомоти прокуратура

 

Кормандони макомоти прокуратура шаходатномаи хизмати доранд. Низомнома дар бораи шаходатномаи хизматии кормандони макомоти прокуратура ва намунаи он аз тарафи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Шаходатномаи хизмати хуччатест, ки шахсияти корманди прокуратура, рутбаи дарачави ва вазифаи у, хукуки гирифта гаштан ва нигох доштани силохро тасдик мекунад.

Шаходатномаи хизматии Прокурори генерали, муовини якум ва муовинони уро Президенти Чумхурии Точикистон медихад. (КЧТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 69. Дар бораи беэътибор донистани Конуни конститутсионии Чумхурии

                        Точикистон «Дар бораи макомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон»

 

Бинобар кабули Конуни конститутсионии мазкур Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи макомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон с.1996, № 5-6, моддаи 146, с.1997, № 9, моддаи 415) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 70. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни конститутсионии мазкур

 

Конуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                               Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе,   25 июли соли 2005,

№ 107

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …