Главная / Ҷамъият / МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июни соли 2005, № 76

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 6, мод. 367) қабул гардидааст 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15-уми июли соли 2005, № 102

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 7, мод.423) ҷонибдорӣ гардидааст 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350, №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, № 5, мод. 314; с. 2011, №3, мод. 150, №6, мод. 428; с. 2012, №8, мод. 810; с. 2013, №7, мод. 497, мод. 498, №12, мод. 876; с. 2014, №3, мод. 139, №12, мод. 820; с. 2016, №3, мод. 125; Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 с., №1410)

 

БОБИ  1

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар вазифаҳоеро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни конститутсионии мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

прокурор – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, сардорони раёсатҳо (шуъбаҳо), муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шуъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шуъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки прокурорҳои нақлиёт, ҳарбии гарнизонҳо ва назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро дар бар мегиранд, муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, прокурор – криминалистҳои калон ва прокурор-криминалистҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд; (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

кормандони прокурорӣ – прокурорҳо ва муфаттишон, инчунин дигар кормандони мақомот ва муассисаҳои илмию таълимии прокуратура, ки рутбаҳои дараҷавӣ (рутбаҳои ҳарбӣ) доранд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти прокуратураи

                    Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститусионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166; Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 4. Вазифаҳои мақомоти прокуратура

 

Вазифаҳои мақомоти прокуратура аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи:

– соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.14с., №1166; Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

– ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат мебошад.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

Ба зиммаи прокуратура иҷрои вазифаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда нашудаанд, гузошта намешавад. Мақомоти прокуратура тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хафвҳои коррупсияро дар мақомоти мазкур муайян намуда, онҳоро дар амал татбиқ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 15.03.2016 с., №1272).

 

Моддаи 5. Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура

 

Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура аз инҳо иборатанд:

-назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо, аз тарафи шахсони мансабдори онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд; (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

– назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдоре, ки дар сархати якуми моддаи мазкур зикр шудаанд; (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

-назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар мубориза мебаранд, инчунин мақомоте, ки бо фаъолияти оперативию ҷустуҷўӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ машғул мебошанд;

-ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ;

-назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, ҳабси пешакӣ, ҳангоми иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти маҷбуркунӣ, ки суд муқаррар мекунад;

– назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣ аз ҷониби иҷрочиёни суд ва дигар мақомоти ваколатдор; (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

-тафтишоти ҷиноятҳо;

-таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм (ифротгароӣ) ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, иштирок дар кори такмилу тавзеҳи қонунҳо;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он  ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

-иштирок дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо;

-эътироз, шикоят ва ариза овардан нисбати фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №450)

Прокуратура мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи ваколатҳои худ метавонад дар дигар самтҳое, ки дахолати назорати прокурорӣ зарур аст, фаъолият намояд.

 

Моддаи 6. Принсипҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратура

 

Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-низоми ягонаи марказонидашудае мебошад, ки ба он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварӣ мекунад ва прокурорҳои поёнӣ ба прокурорҳои болоӣ ва ба Прокурори генералӣ тобеъ мебошанд;

– дар ҳудуди салоҳияти худ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро ҳимоя мекунанд, баробарии онҳоро дар назди қонун, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил,  молу мулк ва мўътақидоти дигар таъмин менамоянд; (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

-то ҳадде, ки ба қонун, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои нигаҳдории сирри давлатӣ ё дигар сирре, ки қонун ҳифз мекунад, хилоф набошад, ошкоро амал менамоянд, ба мақомоти давлатӣ ва идора, аҳли ҷамъият дар бораи вазъи қонуният, тадбирҳои мустаҳкам намудани он хабар медиҳанд;

-барои сари вақт ошкор ва бартараф кардани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ, сарфи назар аз он ки ин кирдор аз тарафи кӣ содир мешавад, барқарор намудани ҳуқуқҳои вайронкардашуда ва бо тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон чора меандешанд;

-ваколатҳои худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи салоҳияташ қабул намудааст, иҷро менамоянд.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 7. Дахолат накардан ба фаъолияти прокуратура

 

Дахолат кардани мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, воситаҳои ахбори омма ва намояндагони онҳо, инчунин шахсони мансабдор ба фаъолияти прокуратура дар амалӣ намудани назорат ба иҷрои қонунҳо, тафтиши ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо манъ аст.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

Ба ҳар восита таъсир расонидан ба коркунони прокуратура бо мақсади монеъ шудан дар амалӣ намудани фаъолияти вазифавиашон ё фишор овардан бо мақсади қабул кунонидани қарори ғайриқонунӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.

Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба прокурорҳо ва муфаттишони мақомоти прокуратура аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, инчунин аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешаванд.

 Дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии прокурорҳо ва муфаттишони мақомоти прокуратура, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳо истифода мебаранд, ҳангоми дастгир намудани онҳо дар вақти содир кардани ҷиноят тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 22.07.13с., №1015)

Прокурорҳо ва муфаттишон вазифадор нестанд, ки оид ба моҳияти парвандаҳо ва маводҳои дар истеҳсолоташон буда ягон хел тавзеҳот диҳанд, онҳоро барои шинос шудан пешниҳод кунанд, ба ғайр аз ҳолатҳо ва тартибе, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои гузаронидани санҷишҳо бо супориши Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки маълумоти санҷиш ва тафтишоти пешакиро то тамом шудани онҳо ошкор кунад.

 

Моддаи 8. Ҳатмӣ будани иҷрои талаботи прокурор

 

Талаботи прокурор, ки аз ваколатҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, бояд ҳатман дар мўҳлати муқарраршуда иҷро карда шаванд. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Ахбори оморӣ ва ахбори дигар, маълумот, ҳуҷҷатҳо ё нусхаҳои онҳо, ки барои амалӣ намудани назорати прокурорӣ ё тафтишоти ҷиноят заруранд, бо талаби прокурор ё муфаттиш ройгон дода мешаванд.

Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки бо даъвати прокурор ё муфаттиш ҳозир шаванд ва аз рўи моҳияти масъалаҳое, ки дар рафти санҷиш муайян карда мешаванд, баёнот диҳанд. Дар сурати саркашӣ аз ҳозиршавӣ шахси мансабдор ё шаҳрванд бо қарори прокурор ё муфаттиш ба воситаи мақомоти милитсия маҷбуран оварда мешавад. Иҷрои ин қарор аз лаҳзаи расидани қарор дар бораи маҷбуран овардан ҳатмӣ мебошад.

Бе сабабҳои узрнок аз тарафи шахсони мансабдор ва шаҳрвандон иҷро накардани талаботи қонунии прокурор ва муфаттиш, инчунин саркашӣ аз ҳозиршавӣ бо даъвати онҳо боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.

 

Моддаи 9. Иштироки прокурор дар иҷлосияҳо ва ҷаласаҳои мақомоти ҳокимияти

                      қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии

                      шаҳрак ва деҳот

(Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонад.

Прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои нақлиёт, прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо ва прокурори назорат аз рўи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ дар иҷлосияҳо ва ҷаласаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иштирок мекунанд.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

Прокурор, муовини якум ва муовинони ӯ, инчунин бо супориши онҳо прокурорҳои дигар ҳуқуқ доранд дар баррасии пешниҳод ва эътирозҳои худ ба мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, иштирок намоянд. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Прокурорҳо наметавонанд ба ҳайати комиссия, кумитаҳо ва дигар мақомоти коллегиалии аз тарафи мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроия ташкилкардашуда, агар онҳо ба қонунӣ будани санадҳои ҳуқуқии аз тарафи ин мақомот баровардашуда назорат кунанд, дохил шаванд.

 

Моддаи 10. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди

                        ҷинояткорӣ

 

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти амният, мақомоти андоз, мақомоти гумрук ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамоҳанг месозанд. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоте, ки дар қисми якуми моддаи мазкур зикр ёфтаанд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда Шӯрои ҳамоҳангсозиро, ки мақоми машваратӣ буда, мувофиқи Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, даъват менамояд. Дар маҷлисҳои Шўрои ҳамоҳангсозӣ раисони судҳои зинаҳои дахлдор иштирок карда метавонанд. Иҷрои қарорҳои Шўрои ҳамоҳангсозӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳатмӣ мебошад. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 11. Иштирок дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ

 

Прокурор дар рафти амалӣ намудани ваколатҳои худ ҳангоми зарурати такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонад ба субъекти ваколатдоре, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад ё ба мақоме, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст, дар бораи қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо, ё аз эътибор соқит кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ таклиф пешниҳод кунад.

 

Моддаи 12. Баррасии муроҷиатҳо

 

Мақомоти прокуратура муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, барои бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳо меандешанд. Қароре, ки прокурор марбут ба баррасии муроҷиатҳо қабул намудааст, барои ба суд муроҷиат кардани шахс ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ монеъ шуда наметавонад.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

Агар шахс вобаста ба вазъи саломатӣ, синну сол, ғайри қобили амал будан ва дигар сабабҳои узрнок ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худро ҳимоя карда натавонад, прокурор ҳуқуқ дорад ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ӯ ба суд бо ариза муроҷиат кунад.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

БОБИ 2

НИЗОМ, СОХТОР ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 13. Низом ва сохтори мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Низоми мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураи шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокуратураҳои ба он баробаркардашуда, ташкил медиҳанд. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои маркази илмию таълимӣ мебошад.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои поёнӣ ҳуқуқи идоракунии оперативии объектҳои таъиноти иҷтимоӣ-маишӣ ва хоҷагидориро доранд.

Сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Таъсиси мақомоти прокуратура, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақомоти прокуратура аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, вазъи ҳуқуқӣ ва салоҳияти онҳоро Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 14. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Прокурори генералии Ҷумҳурии

                        Тоҷикистон ва муовинони ў

 

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 5 сол таъин мешавад.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои муовини якум ва муовинон мебошад, ки онҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Яке аз муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Иттилоот дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ў дар матбуот нашр мегардад.

 

Моддаи 15. Масъул будани Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул буда, дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Тоҷикистон соле як маротиба ё аз рўи зарурат ҳисобот медиҳад.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 16. Таъин намудани прокурорҳо ба вазифа, тобеият ва асосҳои аз вазифа озод

                        кардани онҳо

 

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёт, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо, прокурори назорат аз рўи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Ин прокурорҳо ба Прокурори генералии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд. Мўҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.

Прокурорҳо бо чунин асосҳо аз вазифаашон пеш аз мўҳлат озод карда мешаванд:

– бо хоҳиши худ;

– бо сабаби ба истеъфо баромадан;

– бо сабаби ба кори дигар гузаштан ё иҷро карда натавонистани вазифа бинобар вазъи саломатӣ;

– бо сабаби интихоб шудан ба мақомоти намояндагӣ; (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

– аз рўи натиҷаҳои аттестатсия;

– барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо коррупсия, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо; (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

– дар мавриди содир намудани ҷиноят, ки бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд муқаррар карда шудааст;

– қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ё тарки доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

– бинобар нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

– бо дигар асосҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат пешбинӣ кардааст.

Иттилооти ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани прокурорҳо дар матбуоти маҳаллӣ нашр мегардад.

 

Моддаи 17. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.

Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовара дар ҳайати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (раис), муовини якум ва муовинони ӯ (аз рўи вазифа), дигар кормандони прокурорӣ, ки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин намудааст, ташкил карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатҳо ва шўъбаҳо мавҷуданд, ки дар айни замон сардорон ва муовинони сардорони онҳо мутобиқан ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Прокурори генералӣ инчунин ёрдамчиёни калон оид ба супоришҳои махсус дорад. Дар раёсатҳо ва шўъбаҳо прокурорҳои калон ва прокурорҳо (ёрдамчиён), прокурорҳо-криминалистҳо, муфаттишҳои калон ва муфаттишҳо оид ба корҳои махсусан муҳим ҳастанд.

Сардорони раёсатҳо ва шўъбаҳо ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон, ёрдамчиёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо ва шўъбаҳо, прокурор-криминалистҳо, инчунин муфаттишҳои калон ва муфаттишҳо оид ба корҳои махсусан  муҳим аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Ба низоми Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи воҳиди низомӣ Сарпрокуратураи ҳарбӣ, ки ба он муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарпрокурори ҳарбӣ роҳбарӣ мекунад, дохил мешавад.

Дар низоми Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ки директор, муовин ва кормандони фаврии онро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрияҳои махсуси ҳуқуқии худро дорад.

 

Моддаи 18. Ваколатҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро сарварӣ мекунад ва ба фаъолияти он назорат менамояд;

– ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад ва дар ҷаласаҳои он раисӣ мекунад; (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

-ба мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандонро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;

-роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, сармуҳосиб, дигар кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

-низомномаҳои воҳидҳои низомии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

-прокуратураҳоро ташкил ва барҳам медиҳад;

-фармонҳо, амрҳо, дастурҳо, низомномаю дастурамалҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо аз тарафи ҳамаи коркунони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Дар сурати хилофи қонун буданашон ин санадҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ тағйир дода ё бекор карда мешаванд;

-шумораи кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳудуди воҳиди ҷудокардашуда ва фонди музди меҳнат муқаррар менамояд;

-ваколати воҳидҳои сохтории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад;

-шумораи кормандон ва сохтори мақомоти тобеи прокуратураро муқаррар мекунад;

-такмили ихтисоси кормандонро ба роҳ мемонад;

-ҳамчунин дигар ваколатҳое дорад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳо пешбинӣ кардаанд.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 19. Прокуратураи Вилояти Мухтори  Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри

                        Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон

 

Ба прокуратураи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон прокурорҳои дахлдор роҳбарӣ мекунанд, ки онҳо дорои муовини якум ва муовинон буда, онҳоро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Дар прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он прокурори роҳбарикунандаи прокуратура (раис), муовини якум ва муовинони ў (аз рўи вазифа) ва дигар кормандони прокурорӣ дохил мешаванд.

Шумора ва ҳайати шахсии мушовара аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди прокурорҳои дахлдор тасдиқ карда мешаванд.

Дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон прокурори дахлдор ва дар набудани ӯ муовини якум ё яке аз муовинони ӯ раисӣ мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Дар прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон раёсатҳо ва шўъбаҳо ташкил карда мешаванд. Сардорон ва муовинони сардорони раёсатҳо ва шўъбаҳо, ки дар як вақт ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои дахлдор мебошанд, бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби прокурорҳои роҳбарикунандаи ин прокуратураҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Дар сохтори раёсатҳо ва шўъбаҳо прокурорҳои калон, прокурорҳо, муфаттишони калон ва муфаттишҳо оид ба корҳои махсусан муҳим мавҷуданд, ки онҳо аз тарафи прокурорҳои дахлдор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйир додани ҳайати шахсии кормандони дастгоҳи худ таклифҳо пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 20. Прокуратураҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар прокуратураҳои ба онҳо

                        баробаркардашуда

 

Ба прокуратураҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар прокуратураҳои ба онҳо баробаркардашуда прокурорҳои дахлдор роҳбарӣ мекунанд. Онҳо метавонанд муовини якум, муовинон, ёрдамчиёни калон, ёрдамчиён, муфаттишони калон ва муфаттишон дошта бошанд. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Муовини якум ва муовинони прокурорҳо, кормандони дигари прокуратураҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Муовини якум ва муовинони прокурорҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе бо розигии  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокурорҳои дахлдори болоӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Кормандони дигари ин прокуратураҳо аз тарафи прокурорҳои дахлдори болоӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Муовинони прокурорҳои нақлиёти вилоятиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда ба прокурорҳои болоӣ дар бораи тағйир додани шумораи кормандони дастгоҳ таклифҳо пешниҳод менамоянд.

Прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда дар доираи ваколатҳои худ кормандони хидмати ёрирасонро ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд.

 

Моддаи 21. Ваколатҳои прокурорҳои Вилояти Мухтори Қўҳистони Бадахшон, вилоятҳо,

                        шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон

 

Прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон ба фаъолияти прокуратураҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар асоси иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, фармонҳо, дастурҳо, амрҳо мебароранд, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони тобеъ ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 22. Ҳайати мушовараи мақомоти прокуратура

 

Ҳайати мушовараи мақомоти прокуратура мақоми машваратӣ буда, дар назди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

Ба ҳайати мушовара муовини якум ва муовинони прокурори дахлдор, дигар кормандони прокуратура дохил мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Дар ҳайати мушовара муҳимтарин масъалаҳое, ки ба фаъолияти мақомоти прокуратура, вазъи кори назорат ба риояи қонунҳо, иҷрои фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои кадрҳо дахл доранд, баррасӣ шуда, ҳисоботи сардорони раёсатҳо ва шўъбаҳо, прокурорҳои тобеъ ва дигар кормандони мақомоти прокуратура шунида мешаванд.

Дар маҷлисҳои ҳайати мушовара мумкин аст баёноти роҳбарони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор бинобар вайрон кардани қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шунида шавад.

Қарори ҳайати мушовара бо тарафдории аксарияти овозҳои аъзои он қабул шуда, бо фармони прокурори дахлдор дар амал татбиқ карда мешавад.

Дар сурати ихтилофи назар дар байни прокурор ва аъзои ҳайати мушовара прокурор қарорҳои худро дар амал татбиқ менамояд.

Дастури кории ҳайати мушовара ва вазъи ҳуқуқии аъзои онро прокурори дахлдор муайян мекунад.

БОБИ  3

НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢ

 

Моддаи 23. Предмети назорати умумӣ

 

Предмети назорати умумӣ инҳо мебошанд:

-назорат ба иҷрои қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шаклҳои моликияти онҳо, аз тарафи шахсони мансабдори онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқат намудани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд;  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

– назорат ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз ҷониби ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдоре, ки дар сарсатри якуми ҳамин модда нишон дода шудаанд; (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

-назорати қонунӣ будани қарорҳои қабулкардаи мақомоте, ки ба баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,  парвандаҳо, маводҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ барои баррасӣ дар судҳои иқтисодӣ, ба истиснои қарорҳои суд ваколатдоранд (31.12.08с №450);

-назорати риояи қонунҳое, ки ба муносибатҳои иқтисодӣ, байналмилалӣ, ҳифзи муҳити зист, гумрук, андоз ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мансуб мебошанд.

Санҷиши риояи қонунҳо аз рўи аризаҳо ва дигар маълумотҳо дар бораи вайрон кардани қонуният, ки диққату эътибори бевоситаи прокурорро талаб менамояд, дар сурати зарурат бо ташаббуси прокурор гузаронида мешавад. Дахолати прокурор ба фаъолияти хоҷагӣ ва иваз намудани вазифаи мақомоти тобеи идора ва мақомоти назорат манъ аст. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 24. Ваколатҳои прокурор ҳангоми назорати умумӣ

 

Прокурор ҳангоми назорати умумӣ ҳуқуқ дорад:

-ба муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, бонкҳо ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ бе монеа, ба объектҳои режимӣ ҳангоми будани иҷозати махсус ворид гардад ва бо ҳар гуна ҳуҷҷатҳои онҳо шинос шавад;

-иҷрои қонунҳоро дар асоси аризаҳо, шикоятҳо, муроҷиатҳо ва дигар маълумотҳо оид ба ҳуқуқвайронкунӣ санҷад;

-барои гузаронидани санҷиш кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷалб намояд;

-барои санҷиши қарорҳо, амру фармонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, маводҳо, маълумоти оморӣ ва дигар маълумотҳоро (асл ё нусхаи онҳоро) талаб намояд, дар бораи вазъи қонуният ва чораҳои таъмини он маълумот гирад;

-шахсони мансабдор, шаҳрвандонро даъват намояд ва аз онҳо доир ба вайрон кардани қонун баёнот талаб кунад.

Прокурор ҳуқуқ дорад аз роҳбарон ва шахсони мансабдор инҳоро талаб намояд:

-гузаронидани санҷиш ва тафтиши (ревизияи) фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои таҳти назорат ва тобеияти онҳо буда, инчунин дар ҳолати зарурӣ таъин кардани экспертиза;

-барои муайян кардани масъалаҳои бамиёномада ҷудо намудани мутахассисон;

-гузаронидани санҷиши мавод, ахбор, муроҷиатҳое, ки ба прокуратура ворид шудаанд ва хабар дар бораи натиҷаи онҳо.

Ҳангоми ошкор сохтани қонунвайронкунӣ прокурор ё муовини ў дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад:

-доир ба санадҳои мақомот ва ташкилотҳо, инчунин шахсони мансабдор, ки хилофи қонун мебошанд, эътироз биёрад;

-бо қарори худ шахсонеро, ки ғайриқонунӣ дучори боздошти маъмурӣ шудаанд, озод кунад;

-дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо,  сабабу шароити мусоидаткунандаи онҳо таклифҳо пешниҳод намояд;

– дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, давлат, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, аз ҷумла ҷиҳати барқарор кардани зарари расонидашуда, ба суд муроҷиат кунад; (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

– мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ, истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз намояд, дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ё моддӣ кашидан истеҳсолот оғоз кунад, маводро барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор фиристонад; (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

-дар бораи бартараф кардани вайронкунии ошкорои қонун амрҳо диҳад.

 

Моддаи 25. Эътирози прокурор

 

Эътироз доир ба санад, супориш ва дигар ҳуҷҷатҳои мақомот ва шахсони мансабдоре, ки хилофи қонун мебошанд, аз ҷониби прокурор ё муовинонаш ба мақомоти интишордодаи ин санад ё мақомоти болоӣ оварда мешавад.

Прокурор дар эътирози худ масъалаҳои бекор кардани санад, ба қонун мутобиқ гардонидани он, инчунин қатъ кардани амали ғайриқонунии шахсони мансабдор, барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшударо ба миён мегузорад.

Эътирози прокурор амали санади аз болояш эътирозовардашударо бозмедорад ва онро бояд мақомоти дахлдор ё шахси мансабдор на дертар аз даҳ рўзи баъди ворид шуданаш ҳатман баррасӣ намояд.

Дар ҳолати овардани эътироз нисбати қарори мақомоти маҳаллии намояндагии ҳокимияти давлатӣ он бояд дар иҷлосияи наздиктарин баррасӣ шавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ки бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунро талаб мекунад, прокурор ҳуқуқ дорад барои баррасии эътироз мўҳлати кўтоҳтар муқаррар намояд. Аз натиҷаи  баррасӣ ба прокурор фавран хаттӣ хабар дода мешавад.

Дар сурати баррасӣ кардани эътироз дар мақомоти машваратӣ дар бораи рўзи маҷлис ба прокуроре, ки эътироз овардааст, хабар дода мешавад.

Эътироз мумкин аст то баррасӣ шудани он аз ҷониби прокурори эътирозоварда ё прокурори болоӣ бозхонда шавад.

Дар сурати бесабаб рад кардани эътироз ё дар мўҳлати муқарраршуда дида набаромадани он прокурор метавонад дар бораи ғайриқонунӣ донистани санад ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд. Пешниҳоди чунин ариза амали санади ҳуқуқиро бозмедорад.

 

Моддаи 26. Пешниҳоди прокурор

 

Пешниҳод дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда аз ҷониби прокурор, муовини ў ба мақом, ташкилот ё шахси мансабдоре, ки барои бартараф кардани қонунвайронкунӣ ваколат дорад, пешкаш мешавад ва он бояд фавран баррасӣ шавад. Дар мўҳлати на дертар аз як моҳ бояд оид ба бартараф намудани қонунвайронкунӣ, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда тадбирҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи он ба прокурор хаттӣ хабар дода шавад.

Мақоми машваратие, ки ба он пешниҳод фиристонида шудааст, дар бораи рўзи маҷлис ба прокурор хабар медиҳад ва прокурор ҳуқуқ дорад, ки дар муҳокимаи он иштирок намояд.

 

Моддаи 27. Қарори прокурор

 

Прокурор, муовини ў бо назардошти хусусияти қонунвайронкунӣ аз тарафи шахси мансабдор ё шаҳрванд оид ба оғоз намудани истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашидан ё дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ қарори асоснок мебарорад.

Қарор дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ё ҷавобгарии маъмурӣ кашидан дар муддати даҳ рўзи баъди расидани он бояд аз тарафи шахси мансабдор ё мақоми салоҳиятдор баррасӣ шавад. Шикоят аз рўи қарори қабулшуда иҷрои онро бознамедорад. Аз натиҷаи  баррасӣ ба таври хаттӣ ба прокурор хабар дода мешавад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ барои тафтиши ҷиноятҳо прокурор ҳуқуқ дорад бо ҷалби кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қарори худ гурўҳҳои тафтишоти фаврӣ таъсис диҳад.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 28. Амри прокурор

 

Амри хаттӣ дар бораи бартараф намудани қонунвайронкунӣ аз тарафи прокурор, муовини якум ва муовинони онҳо, ё шахси ваколатдоркардаи онҳо ба мақом, шахси мансабдор ё шахсони воқеӣ, ки ба вайрон кардани қонун роҳ додаанд, пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Амри хаттӣ дар мавридҳое пешниҳод карда мешавад, ки қонунвайронкунӣ хусусияти ошкоро дошта, ба манфиати давлат, корхона, муассиса, ташкилот, инчунин шаҳрвандон агар он фавран бартараф карда нашавад, зарари ҷиддӣ расонида метавонад. Амр бояд бетаъхир иҷро гардад, ки дар ин бора ба прокурор хабар дода мешавад.

Мақомот, шахси мансабдор ё шахси воқеӣ метавонад аз хусуси амр ба прокурори болоӣ шикоят кунад, ки ў вазифадор аст шикоятро дар мўҳлати даҳ рўз дида барояд.

 

Моддаи 29. Талабот нисбати ҳуҷҷатҳои мавриди эътиноии прокурор ва масъулият барои

                        иҷро накардани онҳо

 

Дар эътироз, пешниҳод, қарор ё амри прокурор ҳатман зикр мегардад, ки кадом талаби қонун аз тарафи кӣ вайрон карда шудааст, моҳияти вайрон кардани қонун дар чист ва шахсони мансабдор, мақомот, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ бояд дар кадом мўҳлат онро бартараф намоянд.

Шахсони мансабдор, мақомоти салоҳиятдор ё шахсони воқеие, ки эътироз, пешниҳод, қарор, амри прокурорро дар мўҳлаташ иҷро накардаанд, беасос рад намудаанд ё барои бартараф намудани вайронкунии қонун, ки дар пешниҳоди прокурор нишон дода шудааст, чора надидаанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

БОБИ  4

НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢ БА ИҶРОИ ҚОНУНҲО АЗ ТАРАФИ МАҚОМОТЕ, КИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶЎӢ,  ТАҲҚИҚУ ТАФТИШИ ПЕШАКИРО БА АМАЛ МЕБАРОРАНД

 

Моддаи 30.  Предмети назорат

 

Предмети назорати прокурорӣ ба иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, таҳқиқу тафтиши пешакиро ба амал мебароранд, инҳо мебошанд:

-риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-бо тартиби муқарраркардаи қонун ҳаллу фасл намудани аризаҳо ва хабарҳо дар бораи ҷиноятҳои тайёршаванда, содиршаванда ва содиршуда; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №688)

гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади ошкор намудани ҷиноятҳо ва ҷустуҷӯи ҷинояткорон; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №688)

-кофтукови далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ;

-гузаронидани таҳқиқу тафтиши пешакӣ;

-қонунӣ будани қарорҳои қабулкардаи онҳо.

 

Моддаи 31. Ваколати прокурор дар соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва таҳқиқу

                        тафтиши пешакӣ

 

Прокурор дар доираи салоҳияташ ҳуқуқ дорад:

-қонунӣ будани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, истифодаи воситаҳои илмӣ-техникиро санҷад;

-аз мақомоти дахлдор парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ, маводҳо, ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумотро дар бораи рафти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ барои тафтиш талаб намояд; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №688)

-муроҷиатҳоро оид ба амал ва қарори мансабдорони дахлдор санҷад ва баррасӣ намояд;

-қарорҳои ғайриқонунӣ ва беасоси мансабдорони мақомотеро, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро ба амал мебароранд, бекор кунад;

-ба муфаттиш ва таҳқиқбаранда барои муроҷиат намудан бо дархост ба суд оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, дар бораи дароз кардани мӯҳлати онҳо, чораҳои маҷбурии мурофиавии муваққатан дур кардан аз вазифа, ҳабси молу мулк, маблағҳои амонатӣ, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок, кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабс ва гирифтани муросилоти почтаю телеграф, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол меёбанд, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ ё гуфтугӯҳо бо истифодаи воситаҳои дигари алоқа ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–ҷустуҷӯӣ розигӣ диҳад;

– барои татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди гарав розигӣ диҳад; (ҚҶТ аз 28.12.13с., №1034)

-дигар амали пешбиникардаи қонунро иҷро намояд.

Ваколати прокурорро ҳангоми назорат ба риояи қонунҳо аз ҷониби мақомоти таҳқиқу тафтиши пешакӣ қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ муайян менамояд.

Дастури Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тафтишу таҳқиқи пешакӣ, ки танзими қонуниро талаб намекунад, барои иҷро ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 32. Тафтиши ҷиноят аз ҷониби мақомоти прокуратура

 

Мақомоти прокуратура аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ба салоҳияти онҳо вогузоштааст, тафтишот мегузаронад.

Прокурор ҳуқуқ дорад, тафтиши ҳар гуна ҷиноятро ба истеҳсоли худ гирад ё онро ба прокурор ё муфаттиши тобеаш,   супорад. Прокурор инчунин метавонад парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳо оиди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ба дигар мақомоти тафтишотӣ супорад.

 

Моддаи 33. Додани розигӣ барои татбиқи чораҳои пешгирӣ, чораҳои дигари маҷбурии

                        мурофиавӣ ва амалҳои тафтишотӣ

 

Ҳуқуқи додани иҷозатро (санксияро) барои ҳабс инҳо доранд:

Ҳуқуқи розигӣ доданро ба татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, дар бораи дароз кардани мӯҳлати онҳо, гарав, ба татбиқи чораҳои маҷбурии мурофиавии муваққатан дур кардан аз вазифа, ҳабси молу мулк,  маблағҳои амонатӣ, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок, кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабс ва гирифтани муросилоти почтаю телеграф, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол меёбанд, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ ё гуфтугӯҳо бо истифодаи воситаҳои дигари алоқа ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–ҷустуҷӯӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ ва муовинони ӯ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда доранд. (ҚҶТ аз 28.12.13с., №1034; аз 31.12.14с., №1166)

Ҳангоми ҳалли масъалаи ба ҳабс, ҳабси хонагӣ гирифтан прокурор вазифадор аст, бо тамоми маводи парвандаи ҷиноятӣ, ки барои гирифтан ба  ҳабс, ҳабси хонагӣ асос шуда метавонад, пурра шинос шуда, гумонбаршуда ва айбдоршавандаро дар мавриди зарурӣ, гумонбаршуда ва айбдоршавандаи ноболиғро бошад, дар ҳама гуна ҳолат шахсан пурсиш намояд.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

Прокурор инчунин барои боздошту нигоҳдорӣ дар хонаҳои қабулу тақсимкунӣ, муқаррар намудани назорат ба рафтори шахси аз ҷазо озод кардашуда, ки ба маҳдуд кардани ҳуқуқу кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандон вобастаанд, баъди омўзиши маводи пешниҳодшуда ва мавҷуд будани асосҳои кофӣ иҷозат медиҳад.

Прокурор дар мавридҳои пешбиникардаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонун барои боздошти шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд иҷозат медиҳад. Дар чунин мавридҳо ҳуқуқи додани иҷозат ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда тааллуқ дорад. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Тартиби додани розигӣ ба татбиқи чораҳои пешгирӣ, бекор кардан, тағйир додан ва дароз кардани мӯҳлати онҳо, татбиқи чораҳои дигари маҷбурии мурофиавӣ ва амалҳои тафтишотӣ мутобиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.13с., №1034)

БОБИ 5

ИШТИРОКИ ПРОКУРОР ҲАНГОМИ АЗ ТАРАФИ СУДҲО БАРРАСӢ

КАРДАНИ ПАРВАНДАҲО

  

Моддаи 34. Иштироки прокурор ҳангоми аз тарафи судҳо баррасӣ кардани парвандаҳо

 

Прокурорҳо мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо аз тарафи судҳо дар мурофиаи судӣ иштирок менамоянд, нисбати фармонҳо, ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд, эътироз, шикоят ва ариза меоваранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №450)

 

Моддаи 35. Ваколати прокурор дар мурофиаи судӣ

 

Прокурор иштирокчии мурофиаи судӣ буда, бо дигар иштироккунандагон ҳуқуқи баробар дорад.

Ваколати прокурори дар маҷлиси суд иштироккунандаро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 36. Иштироки прокурор ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ,

                       ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва иқтисодӣ 

 

Дар баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва иқтисодӣ прокурор дар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иштирок мекунад ва оид ба парвандаи баррасишаванда хулоса медиҳад.

Иштироки прокурор дар баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ дар ҳолатҳое, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҳатмист. Прокурор метавонад дар ҳар давраи мурофиаи судии ҷиноятӣ ба баррасии парванда ворид шавад.

Прокурор дар доираи салоҳияти худ дар мурофиаи судии ҷиноятӣ айбдоркуниро аз номи давлат дастгирӣ менамояд.  (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 37. Эътироз, шикояти  кассатсионӣ ва хусусии прокурор

 

Ҳуқуқи овардани эътирози кассатсионӣ ва хусусиро нисбати ҳукм, таъинот ва  қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятиӣ прокурор, муовини якум ва муовинони ӯ дар доираи салоҳияташон,  сарфи назар аз иштирок дар баррасии парванда дар суди марҳилаи якум, доранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №450; аз 31.12.14с., №1166)

Ёрдамчии прокурор, прокурори раёсат ва шўъба метавонад танҳо нисбат ба ҳукм, таъйинот, қарор ва дигар санадҳои судӣ оид ба парвандае, ки дар баррасии он иштирок кардааст, эътироз ва шикоят оварад. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №450; аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 38. Аз суд талаб намудани парванда аз ҷониби прокурор

 

Прокурор, муовини якум ва муовинони ў ҳуқуқ доранд, ки дар доираи салоҳияташон ҳар парванда ё гурўҳи парвандаҳоро, ки аз рўи онҳо фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот, қарорҳое, ки эътибори қонунӣ пайдо намудаанд,  мутобиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодӣ аз суд талаб карда гиранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №450; аз 31.12.14с., №1166)

Баъди муқаррар намудани он, ки фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ё қарори суд ғайриқонунӣ ё беасос аст, прокурор ба тариқи назорат эътироз ва ариза меоварад. Агар ин берун аз салоҳияти ў бошад, вай бо пешниҳод ба прокурори болоӣ муроҷиат менамояд, ки ў эътироз оварад. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №450)

 

Моддаи 39. Эътироз овардан ба ҳукм, фармон, ҳалнома, таъйинот ва қарори суд, ки

                        эътибори қонунӣ пайдо кардаанд

                                                (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Ҳуқуқи овардани эътироз ба ҳукм, фармон, ҳалнома, таъйинот ва қарори суд ба инҳо дода шудааст: (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

-ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори ҳамаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои гражданӣ, Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои иқтисодӣ, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ нисбати қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, дар сурате, ки ба вайронкунии ҷиддии қонунҳо роҳ дода шуда бошад; (ҚҶТ аз 31.12.08с., №450)

ба муовини якум ва муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – нисбати ҳукм, таъинот ва қарори ҳамаи судҳо, оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ба истиснои қарорҳои Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 31.12.08с., №450; аз 31.12.14с., №1166)

-ба прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо нисбати ҳукм, таъинот ва қарори суди шаҳрӣ, ноҳиявӣ, инчунин ба қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии мутобиқан суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ки парвандаро ба тартиби кассатсионӣ баррасӣ кардааст. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №450; аз 31.12.14с., №1166)

Ба қарори суд аз рўи парвандаҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ прокурори  шаҳр, ноҳия, муовини якум ва муовинони ӯ ё прокурорҳои болоӣ муовини якум ва муовинони онҳо эътироз оварда метавонанд. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 40. Бозхонди эътироз, шикоят ва ариза

 

Эътироз, шикоят ва ариза нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот  ва қарори суд то оғози баррасии он дар суд мумкин аст аз ҷониби прокуроре, ки эътироз, шикоят ва ариза овардааст ё прокурори болоӣ бозхонда шавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №450)

 

Моддаи 41. Боздоштани иҷрои ҳукми  суд

 

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ў ҳуқуқ доранд, ки то баррасии муроҷиати шаҳрвандон иҷрои ҳукмҳои эътибори қонунӣ пайдо накардаи судро боздоранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №450; аз 31.12.14с., №1166; Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 42. Иштироки прокурор дар ҷаласаҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди

                      Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

                       коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии

                       маъмурӣ ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати суди Вилояти

                      Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раёсати судҳои вилоятҳо ва суди шаҳри Душанбе 

 

Иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

Иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, инчунин прокурори нақлиёти Тоҷикистон аз рӯи парвандаҳое, ки ба салоҳияти прокурори нақлиёти Тоҷикистон мансубанд, дар ҷаласаҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе ҳатмӣ мебошад.

Прокурор дар баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянкардаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд.

Иштироки прокурор дар мурофиаи судӣ ҳангоми баррасии даъвои прокурор ҳатмӣ мебошад.

(ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

 

 

Моддаи 43. Ҳуқуқи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муроҷиат ба Суди

                        конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва

                        Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи мутобиқи Конститутсия будани тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба масъалаи санҷиши мутобиқи Конститутсия будани санадҳои дорои хусусияти меъёрие, ки вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ қабул мекунанд, муроҷиат намояд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ба Пленуми Суди Олӣ ва Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рўи парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо пешниҳод муроҷиат намояд. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №450)

Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурори назорат аз рўи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва нақлиёт (прокуратураҳои поёнӣ) метавонанд аз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост кунанд, ки дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои судӣ ба Пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.

 

БОБИ  6

НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢ ОИД БА РИОЯИ ИҶРОИ ҚОНУНҲО АЗ ТАРАФИ

МАЪМУРИЯТИ ҶОЙҲОИ НИГОҲДОРИИ БОЗДОШТШУДАГОН, МАҲБУСОН, МУАССИСА ВА МАҚОМОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ,

ЧОРАҲОИ МАҶБУРИИ ТАЪИНКАРДАИ СУД

(Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 44. Предмети назорат

 

Предмети назорат инҳо мебошанд:

-қонунӣ будани иқомати шахс дар ҷои нигоҳдории боздоштшудагон, хонаҳои қабулу тақсимкунӣ, ҷои ҳабси пешакӣ, муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ва дигар ҷойҳое, ки чораҳои маҷбурии таъинкардаи судро иҷро менамоянд;

-риояи ҳуқуқу вазифаҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи боздоштшудагон, маҳбусон, маҳкумшудагон ва шахсоне, ки дучори чораҳои маҷбурӣ шудаанд, тартиб ва шароити нигоҳдории онҳо;

-қонунӣ будани иҷрои ҷазое, ки бо маҳрумӣ аз озодӣ вобаста намебошад;

-қонунӣ ва асоснокии озод кардани маҳкумшудагон аз адои ҷазо бинобар ба итмом расидани мўҳлати ҷазо, шартан, пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан, ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо аз рўи беморӣ, маъюбӣ, иваз кардани намуди муассисаи ислоҳӣ,  татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазо.

 

Моддаи 45. Ваколатҳои прокурор оид ба риояи иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигаҳдории

                        боздоштшудагон, маҳбусон, муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазои ҷиноятӣ

                                                                (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Прокуроре, ки назорат мебарад, ҳуқуқ дорад:

-ҳар вақт бидуни тафтиш ба мақомот ва муассисаҳои дар сархати якуми моддаи 44 ҳамин Қонун зикршуда дарояд;

-боздоштшудагон, ҳабсшудагон, маҳкумшудагон ва шахсонеро, ки ба чораҳои маҷбурӣ гирифтор шудаанд, бозпурсӣ намояд;

-бо ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо ин шахсон боздошта, ҳабс, маҳкум ё ба чораҳои маҷбурӣ гирифтор шудаанд, бо ҳуҷҷатҳои оперативӣ-хизматӣ шинос шавад; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №688)

-риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофнамударо дар бораи ҳуқуқи инсон, муносибати инсондўстона бо маҳбусон ва маҳкумшудагон талаб намояд;

-аз маъмурият муҳайё кардани шароити таъмини ҳуқуқи боздоштшудагон, маҳбусон, маҳкумшудагон ва шахсони ба чораҳои маҷбурӣ гирифторшударо талаб намояд, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани амру фармонҳо ва қарорҳои маъмурияти мақомот ва муассисаҳоеро, ки дар сархати якуми моддаи 44 Қонуни мазкур зикр ёфтаанд, санҷад, аз шахсони мансабдор баёнот талаб намояд, эътироз оварад, пешниҳод гузорад, парвандаҳои ҷиноятӣ ё истеҳсолотро оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, интизомӣ ва моддӣ оғоз намояд;

-ба қарорҳои ғайриқонунии маъмурияти муассиса ё мақомоти иҷрокунандаи ҷазо дар бораи пешниҳод ё ради пешниҳоди шартан пеш аз мўҳлат озод кардани маҳкумшуда аз адои ҷазо, иваз кардани қисми адонанамудаи ҷазо ба ҷазои сабуктар эътироз оварад. То баррасии эътироз амали санади ба он эътирозовардашудаи  маъмурияти муассиса боздошта мешавад;

-ҷазоҳои интизомиро нисбати шахсони маҳбус ва маҳкумшуда, ки дар сурати вайрон кардани қонун дода шудааст, бекор кунад, бо қарори худ онҳоро аз изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ, бинои навъи камеравӣ, картсер, камераи яккаса, изолятори (тавқифгоҳи) интизомӣ фавран озод кунад; (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

-бо қарори худ мутобиқи тартиби муайянкардаи қонун шахси дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ё муассисаҳои иҷрокунандаи чораҳои маҷбурӣ ғайриқонунӣ нигоҳдошта, ғайриқонунӣ боздошташуда, ба ҳабси маҷбурӣ гирифторшуда ё дар муассисаи судӣ-равонпизишкӣ ҷойгиршударо фавран озод кунад.

 

Моддаи 46. Ҳатмӣ будани иҷрои қарор ва талабҳои прокурор

 

Қарор ва талабҳои прокурор оид ба риояи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва шароити нигоҳдории боздоштшудагон, ҳабсшудагон, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва дигар ҷазоҳо маҳкумшудагон, ҳамчунин шахсоне, ки нисбаташон чораҳои маҷбурӣ истифода шудаанд ё онҳо дар муассисаҳои судӣ-равонпизишкӣ ҷойгир карда шудаанд, аз тарафи маъмурият, инчунин мақомоте, ки ҳукми судҳоро нисбати шахсони ба ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманд набуда иҷро менамоянд, бояд ҳатман иҷро карда шаванд.

БОБИ  7

ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИИ ПРОКУРАТУРА ОИД БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД, МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ, ДИГАР ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО

 

Моддаи 47. Предмети ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ

 

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофнамуда ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятноки давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба мақсадҳои зерин амалӣ мегардонад:

-ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, дигар ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо;

-ҷуброни зарари аз ҷинояткорӣ расонидашуда, иҷрои ҷазоҳои ҷиноятӣ;

-расонидани кўмаки ҳамдигарии ҳуқуқӣ аз рўи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ;

-ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои трансмиллӣ ва дигар ҷиноятҳо, кофтукови шахсони ҷиноятсодиркарда, барои ба ҷавобгарии муқарраркардаи қонун кашидан ё барои иҷрои ҳукм додани онҳо;

-пешгирӣ кардани расмигардонии пул ва дигар воситаҳои бо роҳи ҷиноят ғуншуда, ба иқтисодиёт воридшавии сармояҳои бо роҳи ҷиноят ҷамъшуда, инчунин дигар шаклҳои ҷиноятҳои иқтисодӣ;

-такмил додани мураттабсозии байналмилалии ҳуқуқӣ, наздикшавии қонунгузории миллӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ бо мақомоти дахлдори дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ робитаҳои мустаҳкам барқарор менамояд, бо онҳо ҳамкорӣ мекунад, оид ба масъалаҳои ёрии ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ шартномаҳо мебандад, дар таҳияи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад.

 

Моддаи 48. Принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ

 

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти прокуратура, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ дар асоси принсипҳои зерин ҳамкорӣ мекунад:

-эҳтиром кардани соҳибихтиёрии давлатҳо ва бемайлон риоя намудани қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ;

-ҳамаҷониба ривоҷ додани ҳамкорӣ ва эътимод дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятноки мамлакатҳои ҳамкорикунанда;

-афзалияти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакатҳои ҳамкорикунанда, инчунин меъёрҳои аз тарафи умум эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ;

-баробарҳуқуқии тарафҳо;

-софдилона иҷро кардани ўҳдадориҳои байналмилалӣ.

 

Моддаи 49. Ваколатҳои прокурор оид ба ҳамкории байналмилалӣ

 

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳамкории байналмилалӣ ҳуқуқу ваколатҳои пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар ҳалли масъалаҳои зерин истифода мебарад: (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

-лоиҳаи барномаҳои байнидавлатии чорабиниҳоро дар мубориза бо ҷинояти муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди давлатҳои ҳамкорикунанда таҳия мекунад, дар иҷрои чунин барномаҳо ширкат меварзад;

-гузаронидани амалиёти муштарак ва бомувофиқаи тафтишотӣ ва дигар чорабиниҳоро оид ба тафтишот ва пешгирии ҷиноятҳо дар ҳудуди мамлакатҳои ҳамкорикунанда ташкил менамояд ё ба он ёрӣ мерасонад;

-кўмаки бевоситаи ахборотӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва дигар ёрии пешбиникардаи қонун ё шартномаи байналмилалиро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои ҳамкорикунанда барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо, ҷустуҷўи ҷинояткорон, иҷрои ҷазо ташкил менамояд ё амалӣ мегардонад;

-дар тайёр кардани кадрҳои мақомоти прокуратура ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд кўмак мерасонад ва кўмак мегирад;

-дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии прокурорҳо иштирок мекунад;

-доир ба лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин дар бораи тағйиру иловаҳо ба шартномаҳои амалкунанда пешниҳодҳо таҳия менамояд;

-дигар ваколатҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.

 

Моддаи 50. Воситаҳои ҳуқуқии ҳамкории байналмилалии  прокуратура

 

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, барои  расонидани ёрии ҳуқуқӣ, супоришҳо оид ба экстрадитсияи (додани) ҳуқуқвайронкунандагон дархост мефиристад ва дигар муроҷиатҳоро, ки дар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд, иҷро менамояд.

 

Моддаи 51. Назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми амалӣ гардонидани  ҳамкории

                         байналмилалии  ҳуқуқӣ

 

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои чораҳои расонидани кўмаки ҳуқуқӣ дар ҷараёни ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати дигар ба риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо назорат мебарад, дар ҳолати зарурӣ ба риояи қонунгузории мурофиавии давлати дархосткунанда назорат мекунад, агар дар ин бора дар қонун ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондод ва хоҳиши муассисаи дархосткунанда мавҷуд бошад ва агар меъёрҳои дахлдор ба қонунгузории давлате, ки супоришро иҷро мекунад, мухолиф набошад, инчунин дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

 

Моддаи 52.  Ҳалли масъалаҳое, ки аз созишномаҳои байнидавлатӣ ба миён меоянд

 

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи созишномаҳои байнидавлатӣ дар бораи кўмаки ҳуқуқӣ масъалаи оғоз ва тафтиш кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, гузаронидани таҳқиқ, додани ҷинояткорон ё шахсоне, ки ба содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд, фиристонидани ахборот дар бораи  натиҷаҳои таъқиботи ҷиноятӣ, инчунин дигар масъалаҳоеро, ки ин созишномаҳо пешбинӣ кардаанд, ҳал менамояд.

БОБИ  8

ХИЗМАТ ДАР МАҚОМОТ ВА МУАССИСАҲОИ ПРОКУРАТУРА.

КАДРҲОИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

 

Моддаи 53. Талабот нисбати шахсоне, ки ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда

                        мешаванд

 

Барои кор дар мақомоти прокуратура шахсе қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синнаш то 35-сола бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад, аз рӯи вазъи саломатиаш вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро иҷро карда тавонад.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

Шахсоне, ки аз рўи ихтисосашон таҷрибаи кофии амалӣ надоранд, дар мақомоти прокуратура ба мўҳлати як сол коромўзӣ мекунанд.

Дар мавридҳои истисноӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои кўтоҳ намудани мўҳлати коромўзӣ ё аз коромўзӣ озод кардан қарор қабул намояд. Тартиби гузаронидани коромўзиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи прокурор ва муфаттиши прокуратура таъин мешаванд, савганди корманди прокуратураро бо мазмуни зайл ёд мекунанд:

«Дар роҳи хизмати содиқонаи қонун қадам ниҳода, тантанавор савганд ёд мекунам, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро софдилона риоя менамоям, ба ягон хел каҷравӣ аз он роҳ намедиҳам, бар зидди ҳар гуна қонунвайронкунӣ, сарфи назар аз он, ки онро кӣ содир кардааст, мубориза мебарам, барои самаранок бурдани назорати прокурорӣ ва тафтишоти пешакӣ ҷидду ҷаҳд менамоям, манфиати шахс, ҷамъият ва давлатро фаъолона ҳимоя мекунам; нисбати таклифҳо, аризаҳо ва шикояти шаҳрвандон бо ҳушёрӣ ва диққат муносибат мекунам, ҳангоми ҳал кардани тақдири одамон беғаразӣ ва адолатро риоя менамоям, сирри давлатӣ ва сирри дигарро, ки қонун ҳифз менамояд, қатъӣ нигоҳ медорам, тахассуси худро мунтазам такмил медиҳам, шарафи касбии худро азиз медорам, дар садоқатмандӣ, тозагии ахлоқӣ, хоксорӣ намунаи ибрат мешавам ва беҳтарин анъанаҳои прокуратураро муқаддас дониста, боз ҳам ривоҷ медиҳам.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

Эътироф мекунам, ки агар ин савгандро шиканам, минбаъд барои дар мақомоти прокуратура будан муносиб нестам».

Тартиби қабули савгандро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 30 кам набошад ва дар мақомоти прокуратура камаш 10 сол собиқаи корӣ дошта бошанд, ки аз он 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура ё дар вазифаҳои мақомоти олии қонунгузорӣ ё иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ кор карда бошанд. (ҚҶТ аз 14.03.14, № 1064)

Ба вазифаи прокурорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 28 кам набошад ва собиқаи кории касбиашон дар мақомоти прокуратура аз 5 сол кам набошад.

Синни ниҳоии дар мақомоти прокуратура хизмат намудани кормандон барои мардон то 63- солагӣ ва барои занон то 58-солагӣ мебошад.

Шахсоне, ки барои ҷинояткорӣ маҳкум шудаанд, ба истиснои шахсони сафедкардашуда аз ҷониби судҳо, наметавонанд ба вазифаи прокурор, ёрдамчии прокурор ва муфаттиши прокуратура таъин шаванд.

Прокурор наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, бо соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ.

Собиқаи хизматӣ дар мақомоти прокуратура ва тартиби ҳисоби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 54. Рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти прокуратура

 

Ба прокурорҳо ва муфаттишон, кормандони муассисаҳои илмию таълимии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазифаи ишғолкардаашон ва собиқаи кор рутбаҳои дараҷавӣ дода мешаванд.

Рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти прокуратура аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешаванд.

Тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ва аз онҳо маҳрум карданро Низомнома «Дар бораи рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян менамояд.

Тартиби додани рутбаҳои ҳарбӣ ба кормандони прокуратураи ҳарбӣ ва аз онҳо маҳрум кардан мутобиқи боби 9 Қонуни конститутсионии мазкур ба танзим дароварда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Кормандони прокуратура аз рўи тартибе, ки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, аз аттестатсия мегузаранд.

 

Моддаи 55. Ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти интизомии кормандони мақомоти прокуратура

 

Номгӯи чораҳои ҳавасмандгардонӣ, масъулияти интизомии кормандони мақомоти прокуратура ва тартиби татбиқи онҳоро Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти интизомии кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муқаррар менамояд.

Кормандони мақомоти прокуратура барои эътирофи хизматҳояшон дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳорати касбӣ ва меҳнати бисёрсолаи софдилона дар хизмати давлатӣ, кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини риояи қонуният аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Кормандони мақомоти прокуратура барои маҳорати касбӣ, дастовардҳои меҳнатӣ, хизмати бисёрсолаи софдилона ва бенуқсон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони ифтихории «Корманди фахрии прокуратураи Тоҷикистон» сазовор гардонида, ба онҳо Нишони сарисинагӣ ва Ифтихорномаи Прокурори генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

Низомнома дар бораи тартиби ҳавасмандгардонӣ бо унвони ифтихории «Корманди фахрии прокуратураи Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Нисбати қарорҳои роҳбарони мақомоти прокуратура аз рӯи баҳсҳои меҳнатӣ ба прокурори болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст.

(ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

 

 

Моддаи 56. Таъминоти моддию иҷтимоии кормандони прокуратура

 

Музди меҳнати кормандони мақомоти прокуратура аз маоши вазифавӣ, иловапулиҳо барои рутбаи тахассусӣ (дараҷавӣ) ва собиқаи хизмат иборат аст. Иловапулӣ барои собиқаи хизмат ҳамчунин ба он кормандони мақомоти прокуратура дода мешавад, ки рутбаи тахассусӣ (дараҷавӣ) надоранд. Маоши вазифавӣ, андоза ва тартиби додани иловапулиҳои кормандони мақомоти прокуратураро барои рутбаҳои тахассусӣ (дараҷавӣ) ва собиқаи хизмат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Прокурорҳо ва муфаттишон бо либоси ягонаи расмӣ ба тариқи ройгон тибқи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.

Ба прокурорҳо ва муфаттишон рухсатии ҳарсолаи пулакии давомнокиаш 30 рўзи тақвимӣ бо пардохтани роҳпулии рафту омад ба ҷои истироҳат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

Ба прокурорҳо ва муфаттишоне, ки дар маҳалли шароити иқлимиаш душвор ва номусоид кор мекунанд, рухсатии ҳарсолаи пулакӣ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Рухсатии иловагии ҳарсолаи пулакӣ барои собиқаи кор ба прокурор ё муфаттиш дода мешавад:

баъди 5 сол – 3 рўзи тақвимӣ;

баъди 10 сол – 5 рўзи тақвимӣ;

баъди 15 сол – 10 рўзи тақвимӣ;

баъди 20 сол – 15 рўзи тақвимӣ.

Прокурорҳо, муфаттишон ва аъзои оилаҳои онҳо бо тартибе бо нафақа таъмин мешаванд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо муқаррар кардааст.

Ба прокурорҳо ва муфаттишон ҳангоми ба нафақа баромадан, дар сурати доштани на камтар аз 10 соли собиқаи хизмат дар мақомоти прокуратура ё ҳангоми маъюбӣ дар ҳаҷми музди меҳнати семоҳа кўмакпулии якдафъаина дода мешавад. (ҚҶТ аз 01.08.12с, №876)

Ҳангоми озод шудани шахсони мазкур аз хизмат бинобар содир кардани кирдори доғдоркунанда ёрдампулӣ дода намешавад.

Дар сурати вафоти прокурорҳо ва муфаттишон баворисонаш дар ҳаҷми музди меҳтати панҷмоҳа кӯмакпулии якдафъаина дода мешавад. .(ҚҶТ аз 1.08.12с., №876)

Прокурорҳо ва муфаттишон ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиашон дар асоси шаҳодатномаи хизматӣ ҳуқуқ доранд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми навъҳои нақлиёти ҷамъиятии хатти ҳаракати байниноҳиявӣ, байнишаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ (ба ғайр аз таксӣ), дар қишлоқҳо аз тамоми нақлиёти ҳамсафар, кормандони прокуратураҳои нақлиётӣ бошанд, дар ҳудуди минтақаҳои хизматиашон аз тамоми навъҳои нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, новобаста аз тобеияти идоравиашон, ройгон истифода баранд.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

Ҳангоми ба сафари хизматӣ баромадан онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар меҳмонхонаҳо ҷой брон кунанд, бенавбат ҷой гиранд ва барои тамоми навъҳои нақлиёт бенавбат чипта гиранд.

Ба прокурорҳо ва муфаттишон, ки барои кори доимӣ ба дигар ҷой фиристонида шудаанд, хароҷоти кўчидан, роҳпулии худ ва аъзои оилаашон пурра пардохта мешавад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ба прокурорҳо ва муфаттишони ба вазифа таъиншуда, ҳамчунин ба эҳтиёҷмандони беҳтар кардани шароити манзилӣ ба шакли ҳуҷраи алоҳида аз хонаи фонди давлатӣ ё фонди дигари манзилӣ дар навбати аввал, вале на дертар аз 6 моҳ, новобаста аз муддати дар ҳамин маҳалли аҳолинишин зиндагӣ карданашон, манзили истиқоматии хизматӣ диҳанд. Прокурорҳо ва муфаттишон ба масоҳати иловагии манзил ҳуқуқ доранд.

Прокурорҳо ва муфаттишон то ба онҳо аз рўи тартиби муқарраршуда барои зиндагонии доимӣ додани хонаи истиқоматӣ барои ҷуброни пули иҷораи хонаҳои истиқоматӣ ҳуқуқ доранд.

Бо ризоияти прокурорҳо ва муфаттишон ба онҳо ба ҷои хонаи истиқоматӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ қарзи бефоиз барои харидан ё сохтани манзил дода мешавад.

Ба прокурорҳо ва муфаттишон ва аъзои оилаи бо онҳо ҳамроҳ зиндагикунанда дар хонаҳои фонди давлатӣ ва фонди дигари манзилӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар хонаҳои  хусусикардашуда зиндагӣ мекунанд, хонапулӣ ва пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ (ба истиснои барқ ва газ), пули телефон, новобаста аз навъи фонди манзилӣ 50 фоиз кам карда мешавад.

Дар хонаҳои истиқоматие, ки прокурорҳо ва муфаттишҳо зиндагӣ мекунанд, бенавбат телефон гузаронида мешавад. Аз рўи ҳамин тартиб дар муассисаҳои томактабии бачагона, мактаб-интернатҳо, муассисаҳои табобатии тобистона барои фарзандони прокурорҳо ва муфаттишон ҷой муҳайё карда мешавад.

Кормандони макомоти прокуратура баъди баромадан ба нафақа аз ҳуқуқу имтиёзҳое, ки ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардааст, аз ҷумла аз таъминоти тиббии муассисаҳои табобатие, ки дар он ҷо ба қайд гирифта шудаанд, истифода мебаранд.

 

Моддаи 57. Чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии прокурорҳо ва муфаттишҳо

 

Прокурорҳо ва муфаттишҳо намояндагони ҳокимияти давлатӣ буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Хешовандони наздики онҳо, дар мавридҳои истисноӣ бошад, шахсони дигар, ки ба ҳаёт ва саломатиашон ба мақсади монеъ шудан ба фаъолияти қонунии прокурорҳо ва муфаттишон қасд карда мешавад, ҳамчунин моликияти онҳо таҳти чунин ҳимоя қарор доранд.

Тартиб ва шароити ба амал баровардани ҳимояи давлатии прокурорҳо ва муфаттишонро қонун муайян мекунад.

Прокурорҳо ва муфаттишон, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳалок шудаанд, ҳамчунин прокурорҳо ва муфаттишони аз хизмат ҷавобшудае, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон дар натиҷаи ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтан ё ба саломатиашон расонидани зиёни дигар вафот кардаанд, аз ҳисоби маблағе дафн карда мешаванд, ки барои бо пул таъмин кардани мақомоти прокуратура ҷудо карда шудааст.

Прокурорҳо ва муфаттишон барои ба таври доимӣ гирифта гаштан ва нигоҳ доштани силоњи оташфишони хизматӣ, воситаҳои махсус ва истифодаи онҳо аз рўи тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ҳуқуқ доранд.

Прокурорҳо ва муфаттишон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳаҷми 8-каратаи музди миёнаи якмоҳаашон ҳатман суғуртаи шахсии давлатӣ карда мешаванд.

Мақомоти суғуртаи давлатӣ маблағи суғуртаро дар мавридҳои зайл медиҳанд:

-агар прокурор ё муфаттиш дар давраи кор дар натиҷаи расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ё зарари дигаре ба саломатӣ, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон вобаста аст, ҳалок шуда бошанд, ба ворисонашон ба ҳаҷми 8-каратаи музди миёнаи якмоҳаи прокурор ё муфаттиш; (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

-ба прокурор ё муфаттиш ба иртиботи иҷрои фаъолияти хизматӣ расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ё зарари дигаре ба саломатиашон, ки минбаъд ба фаъолияти касбӣ машғул шудани онҳоро ғайриимкон мегардонад, ба ҳаҷми 6-каратаи музди миёнаи якмоҳаашон; (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

-ба прокурор ё муфаттиш ба иртиботи иҷрои фаъолияти хизматӣ расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ё зарари дигаре ба саломатиашон, ки дар натиҷаи он қобилияти кориашон пурра гум нашуда, ба қобилияти минбаъд машғул шудан ба фаъолияти касбӣ асар накардааст, ба маъюбони гурӯҳи II ба ҳаҷми 5-каратаи музди миёнаи якмоҳаашон ва ба маъюбони гурӯҳи III ба ҳаҷми 4-каратаи музди миёнаи якмоҳаашон. (ҚҶТ аз 1.08.12с.,№876) (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Агар ба прокурор ё муфаттиш ба иртиботи фаъолияти хизматиашон ҷароҳати ҷисмонӣ ё ба саломатиашон зарари дигаре расонида шавад, ки минбаъд бо фаъолияти касбӣ машғул шудани онҳоро ғайриимкон мегардонад, барояшон ҳар моҳ фарқи байни музди миёнаи якмоҳа ва нафақаи ба ҳамин муносибат таъиншуда, бидуни ба ҳисоб гирифтани маблағи пардохт, ки аз ҳисоби суғуртаи ҳатмии шахсии давлатӣ гирифта шудааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.

Агар прокурор ё муфаттиш вобаста ба фаъолияти хизматиашон ҳалок шаванд (вафот кунанд),  дар натиҷаи вобаста ба фаъолияти хизматӣ ба онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ ё ба саломатиашон зарари дигар расонидан вафот кунанд, ба аъзои ғайри қобили меҳнати оилае, ки дар таъминоти онҳо мебошанд, фарқи байни ҳиссаи барояшон баробаршавандаи қисми музди миёнаи меҳнати ҳалокшуда (вафоткарда) ва нафақаи бинобар гум кардани саробон барояшон таъиншуда, бидуни ба ҳисоб гирифтани маблағи пардохт, ки аз ҳисоби суғуртаи ҳатмии давлатӣ гирифта шудааст, ҳар моҳ ҷубронпулӣ дода мешавад. Барои муайян кардани ин қисми музди миёнаи меҳнати ҳалокшуда (вафоткарда) ба шумораи аъзои оилаи дар таъминоташбуда, аз ҷумла аъзои қобили меҳнат тақсим карда мешавад. (ҚҶТ аз 1.08.12с., №876) (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Барои оилаи ҳалокшуда (вафоткарда) ҳуқуқи гирифтани манзили ободи истиқоматӣ бо шарту асосҳое, ки то лаҳзаи ҳалок шудани (вафот кардани) прокурор ё муфаттиш ҷой доштанд, нигоҳ дошта мешавад.

Зараре, ки аз несту нобуд ё хароб кардани амволи прокурор ё муфаттиш ё ин ки амволи аъзои оилаи онҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон расидааст, дар ҳаҷми пурра, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ҷуброн мегардад.

Асос барои надодани суғуртапулӣ ва ҷубронпулии дар ҳамин модда пешбинишуда фақат ҳукм ё қарори суд нисбати шахсе шуда метавонад, ки ба ҳалокшавии (вафот кардани) прокурор ё муфаттиш, ба онҳо расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ё нобуду хароб кардани амволи ба онҳо тааллуқдошта айбдор дониста шудааст ва мувофиқи қарори дахлдор муқаррар шудааст, ки ин ҳодиса ба иҷрои вазифаи хизматиашон вобастагӣ надорад. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 58 бо ҚҶТ аз 22.07.13с., №974 хориҷ карда шуд

 

БОБИ 9

ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛ ВА ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ

ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ

 

Моддаи 59. Мақомоти прокуратураи ҳарбӣ

 

Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо (минбаъд мақомоти прокуратураи ҳарбӣ) ба сохтори ягонаи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, ба Прокурори генералӣ тобеъ мебошанд.

Ба мақомоти прокуратураи ҳарбӣ муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарпрокурори ҳарбӣ роҳбарӣ мекунад. Сохтор ва шумораи кормандони прокуратураи ҳарбӣ аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ваколатҳои худро мақомоти прокуратураи ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, ба амал мебароранд.

Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки дар он Сарпрокурори ҳарбӣ (раис), муовини якум ва ў (аз рўи вазифа) ва дигар кормандони прокуратураи ҳарбӣ дохил мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Шумора ва ҳайати шахсии мушовара бо пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори генералӣ муайян ва тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 60. Ваколатҳои прокурорҳои ҳарбӣ

 

Сарпрокурори ҳарбӣ ва прокурорҳои ба ў тобеъ дар доираи салоҳияташон дорои ваколатҳое мебошанд, ки Қонуни  конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд ва новобаста аз роҳбарияти мақомоти идораи ҳарбӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Прокурорҳои ҳарбӣ ҳуқуқ доранд:

-дар маҷлисҳои ҳайати мушовара, шўроҳои ҳарбӣ, ҷаласаҳои машваратии мақомоти идораи ҳарбӣ иштирок кунанд;

-ревизияву тафтишоти  ғайриидоравӣ таъин кунанд, ки хароҷоти гузаронидани онҳоро мутобиқи қарори прокурор мақомоти идораи ҳарбие мепардозанд, ки қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои мавриди тафтиш қарор гирифта дар таъминоти ин идора мебошанд;

-таъмини муҳофизат, нигоҳ доштан, посбонӣ карда бурдани шахсони дар гаупвахтаи гарнизон ва қисмҳои ҳарбӣ буда ва дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон ва маҳбусонро аз қисмҳои дахлдори ҳарбӣ, посбонони қўшуни дохилӣ, мақомот ва муассисаҳои корҳои дохилӣ талаб кунанд;

-аз гауптвахта, ҷойҳои дигари нигоҳдории боздоштшудагон ва маҳбусон шахсонеро фавран озод кунанд, ки ғайриқонунӣ дар он ҷо нигоҳ дошта мешаванд;

-дигар ваколатҳои дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ гардонанд.

 

Моддаи 61. Кадрҳои прокуратураи ҳарбӣ

 

Ба вазифаи прокурорҳо ва муфаттишони прокуратураи ҳарбӣ афсароне таъин карда мешаванд, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд ва ба талаботи моддаи 53 Қонуни конститутсионии мазкур ҷавоб медиҳанд. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарпрокурори ҳарбӣ  аз рўи тартиби муқарраркардаи қисми 2 моддаи 14 Қонуни конститутсионии мазкур ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

Муовини аввал ва муовинони Сарпрокурори ҳарбиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо, ки ба мўҳлати 5 сол аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, ба Сарпрокурори ҳарбӣ ва Прокурори генералӣ тобеъ буда, ба онҳо ҳисобот медиҳанд.

Сардорони шўъбаҳои Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони прокурори ҳарбии гарнизонҳо бо пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Прокурорҳои калони ҳарбӣ, прокурор-криминалисти калони ҳарбӣ, прокурорҳои ҳарбӣ, ки дар як вақт ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Сарпрокурори ҳарбӣ мебошанд, муфаттишони калон ва муфаттишони оид ба корҳои махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокурор-криминалистони прокуратураи ҳарбӣ, ёрдамчиёни калон, ёрдамчиён, муфаттишони калон ва муфаттишони прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо аз тарафи Сарпрокурори ҳарбӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Афсарони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбиро доранд ва дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» хизмат карда, дорои тамоми ҳуқуқу имтиёзҳое мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» муқаррар кардааст.

Даъват ва дохил шудани шаҳрвандон ба хизмати харбии  мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ба эҳтиёт ҷавоб шудан ва ба истеъфо рафтанашон мувофиқи пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбӣ мутобиқи тартиби муқарарраркардаи қонун сурат мегирад.

Вазифаҳои прокурорҳои ҳарбӣ ва муфаттишон  ва рутбаҳои ба онҳо мувофиқ ба рўйхати вазифаҳои ҳарбӣ дохиланд.

Рутбаҳои ҳарбӣ ба прокурорҳо ва муфаттишони ҳарбӣ мувофиқи пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартибе ба амал бароварда мешавад, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ муқаррар шудааст ва аз тарафи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Рутбаҳои ҳайати олии афсариро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.

Рутбаҳои ҳарбии афсарони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ба рутбаҳои дараҷавии кормандони прокуратура мувофиқ аст.

Прокурорҳои ҳарбӣ ва муфаттишон мутобиқи Низомнома дар бораи мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд. Ҳуқуқи ҳавасманд кардан ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашиданро Сарпрокурори ҳарбӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.

Шумораи штатии хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ҳайати гражданӣ ба мақомоти прокуратураи ҳарбӣ мувофиқан аз ҳисоби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ ҷудо карда мешавад. Шумораи ҳайати шахсии прокуратураи ҳарбӣ ба шумораи штатии Қувваҳои Мусаллаҳ дохил мегардад.

Ташкил ва тартиби фаъолияти мақомоти прокуратураи ҳарбӣ бо Низомнома «Дар бораи мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ба танзим дароварда мешавад.

 

Моддаи 62. Таъминоти моддӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти

                         прокуратураи ҳарбӣ

 

Нисбати хизматчиёни ҳарбии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафолатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, таъминоти нафақа, тиббӣ ва дигар намудҳои таъминоти хизматчиёни ҳарбиро муқаррар менамояд, татбиқ мегардад.

Ба шахсони ҳайати гражданӣ, ки прокурор ва муфаттиши ҳарбӣ намебошанд, иловапулӣ барои дараҷаҳои тахассусӣ мувофиқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

 

Моддаи 63.  Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ

 

Таъминоти молиявии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ сурат мегирад.

Таъминоти моддию техникии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, барои онҳо ҷудо кардани биноҳои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва дигар навъҳои таъминот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд прокуратураҳои дар ҳудудашон воқеъгардидаро бо бинои хизматии муносиб ва кормандони онҳоро дар навбати аввал, вале на дертар аз 6 моҳ новобаста аз муддати дар ҳамин маҳалли аҳолинишин зиндагӣ карданашон бо бинои хизматии истиқоматӣ таъмин намоянд.

Биноҳои хизматии мақомоти прокуратураи ҳарбиро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қисмҳои ҳарбии наздиктарини ҷойгиршуда (новобаста аз тобеияташон) тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат мекунанд.

БОБИ 10

МАСЪАЛАҲОИ ДИГАРИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

 

Моддаи 64. Муассисаҳои илмию таълимӣ ва муассисаҳои дигари мақомоти прокуратура

 

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои тадқиқоти илмӣ, такмили ихтисоси кормандони прокуратура муассисаҳои илмию таълимӣ ташкил карда, адабиёти махсус нашр кунад ва нашрияи худро дошта бошад.

Дар назди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омўхтани таклифҳо ҷиҳати беҳтар намудани ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратура Шўрои илмию методӣ амал мекунад.

 

Моддаи 65. Таъминоти молиявӣ ва моддию техники мақомоти прокуратура

 

Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мақомоти прокуратура аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ сурат мегирад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ агар лозим донанд, барои таъмири биноҳои прокуратура, ҷиҳозонии техникии он аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллӣ ёрӣ мерасонанд.

Тартиб ва меъёрҳои таъминоти моддию техникии мақомоти прокуратураро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Таъминоти молиявии фаъолияти мақомоти прокуратура аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки мақомоти прокуратураи дар ҳудудашон ҷойгиршударо бо биноҳои муносиби хизматӣ таъмин кунанд.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1410)

Мақомоти прокуратура аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби марказонидашуда аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ бо нақлиёт ва воситаҳои техникӣ таъмин карда мешаванд.

Муҳофизати биноҳо ва амволи прокуратура ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта мешавад.

 

Моддаи 66. Ҳисоботи оморӣ

 

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор дар бораи ҷинояткорӣ, ошкор кардани ҷиноятҳо, кори тафтишотӣ ва назорати прокурорӣ ба иҷрои қонунҳо, инчунин тартиби ягонаи таҳия ва ба мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисоботи омориро муқаррар мекунад.

 

Моддаи 67. Муҳр ва Нишони мақомоти прокуратура

 

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон, прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураи шаҳрҳо, ноҳияҳо, дигар прокуратураҳои ба онҳо баробаркардашуда ва Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи пурраи прокуратура ба забони давлатӣ мебошад.

Мақомоти прокуратура дорои Нишони фарқкунанда мебошад.

Низомнома дар бораи Нишони мақомоти прокуратура, тасвир ва тавсифи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

(ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 68. Шаҳодатномаи кормандони мақомоти прокуратура

 

Кормандони мақомоти прокуратура шаҳодатномаи хизматӣ доранд. Низомнома дар бораи шаҳодатномаи хизматии кормандони мақомоти прокуратура ва намунаи он аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Шаҳодатномаи хизматӣ ҳуҷҷатест, ки шахсияти корманди прокуратура, рутбаи дараҷавӣ ва вазифаи ў, ҳуқуқи гирифта гаштан ва нигоҳ доштани силоҳро тасдиқ мекунад.

Шаҳодатномаи хизматии Прокурори генералӣ, муовини якум ва муовинони ўро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад. (ҚҶТ аз 31.12.14с., №1166)

 

Моддаи 69. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии

                        Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Бинобар қабули Қонуни конститутсионии мазкур Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1996, № 5-6, моддаи 146, с.1997, № 9, моддаи 415) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 70. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур

 

Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе,   25 июли соли 2005,

№ 107

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …