Главная / Илм / МАЙНАПАРДА

МАЙНАПАРДА

maynapardaМАЙНАПАРДА (Meninges), ташкилаи иборат аз бофтахои пайванди, ки магзи сар ва хароммагзро фаро гирифтааст. М. вазифаи мухофизию тагзияви дошта, харакати хунро дар майна танзим менамояд.
М. сахт (Dura mater), анкабути (Arachnoidea mater) ва нарм ё раги (Pia mater) мешавад.
Пардаи сахти магзи сар аз ду варак иборат аст, ки байни хамдигар ва сатхи дохилии устухони косахонаи сар зич чой гирифтаанд. Он чанд шоха меронад (доси майнаи калон, чодари майнача ва г.), ки байни хиссахои майна ворид шуда, онхоро аз якдигар чудо мекунанд. Дар чойхои баромади шохахо пардаи сахт кабат-кабат шуда, чайбхои венавиро ба вучуд меорад. Ба чайбхо аз венахои майна, пардаи сахт, устухонхои чумчума хун меояд ва дар системаи венахои югии дохили чамъ мегардад.
Пардаи анкабути ба умки чуякхои майна намеравад, бинобар ин дар байни он ва пардаи нарм фазои зерианкабути ба вучуд меояд, ки аз моеъи майна ва хароммагз пур аст. Фазои зерианкабути дар баъзе чойхо фаррох гашта, зарфиятхо (систерна)-хоро ташкил мекунад.
Пардаи нарм аз ду лавхача иборат аст, ки дар байни онхо артерия ва венахои магзи сар чой гирифтаанд. Пардаи нарм бо бофтаи майна пайваст буда, дар ташаккули рагхои чигили меъдачахои майна (онхо моеъи майнаю хароммагзро хосил мекунанд) иштирок дорад.
Ба М. шохахои чуфти V, X ва XII-и асабхои чумчумаю майна, инчунин чигилхои асаби симпатии артерияхои суботии дохили ва сутунмухра хидмат мерасонанд. Пардаи сахт бар фарки пардаи нарм дардро эхсос мекунад; манбаи асосии иннерватсияи он асаби сетора аст. Иннерватсияи пардаи хароммагз ба тавассути шохахои асабхои хароммагз ва танаи асабхои симпати сурат мегирад.
Пардаи сахтро артерияхои чоги боло, сутунмухра, паси сар ва хонаи чашм бо хун таъмин месозанд. Анкабутпарда раг надорад. Пардаи нарм дорои шабакаи мурагхост. Дар М. рагхои лимфави ба мушохида нарасидаанд.
КЛ
Пардаи сахти майна: 1 – доси майнаи калон; 2 – чайби рост; 3 – чодари магзча; 4 – диафрагмаи зини турки; 5 – асаби босира ва артерияхои суботии дохили.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …