Главная / Илм / МАГЗИ УСТУХОН

МАГЗИ УСТУХОН

magzi-ustugonМАГЗИ УСТУХОН (Medulla ossium), узви хуну устухонофар ва хифзи биологии организм; дар чавфи моддаи исфанчии устухон чой гирифтааст.
Ташаккули М. у. дар тифли батн дар охири мохи сеюми рушди он хотима ёфта, дар моххои 4 – 5 ба фаъолият (хосил кардани хун) огоз мекунад. Дар навзодон массаи М. у. такр. 40 г (1,4% массаи бадан) аст. Бо мурури сабзиши устухон ва калон гаштани хачми чавф массаи М. у. афзуда, дар одами калон ба 2600 – 3000 г (такр. 4,6% массаи бадан) мерасад. М. у. хамчунин дар тачзияи эритроситхо, истифодаи охан, синтези гемоглобин иштирок намуда, захирагохи липидхо аст. Азбаски М. у. дар таркиби худ лимфоситхо ва фагоситхои мононуклеини дорад, дар аксуламалхои масуни (иммуни) ширкат менамояд.
М. у. сурх ва зард мешавад. М. у.-и сурх (миелоиди) бофтаи фаъоли хунофар аст; дар он хучайрахои хун (эритроситхо, гранулоситхо, лимфоситхо, моноситхо, тромбоситхо) ташаккул меёбанд. М. у.-и зард (чарби) чандон фаъол набуда, аз хучайрахои чарби таркиб ёфтааст. Дар бофтахои М. у. рагхои сершумори хунгард ва шабакаи мурагхои синусоиди мавчуданд, ки тавассути масомаи онхо бофтаи хунофари М. у. бевосита бо хун тамос дорад. Дар М. у. хучайрахои ноболиг ва болиги хун дучор меоянд; он хамчунин аз унсурхое, ки мансуби фагоситхои мононуклеини мебошанд, гани аст.
Таносуби М. у. – и сурх ва зард гуногун буда, ба синну сол, таъсири омилхои эндогени ва экзогени вобастаги дорад. Дар даврахои аввали кудаки дар устухонхои пахн ва найчашакл М. у.-и сурхи фаъол мавчуд аст, ки баъди 4 сол тадричан бо хучайрахои чарби иваз мешавад. Дар синни 25-солаги диафизи устухонхои найчашакл аз хучайрахои чарби пур мешавад; дар устухонхои пахн онхо такр. 50%-и чавфро ишгол менамоянд. Дар пиронсоли микдори хучайрахои чарби дар М. у. тадричан меафзояд.
Тахкики гистологии М. у. ба максади арзёбии вазъи хунофари, тасдики ташхиси беморихои хун, мас., камхуни, лейкозхо, хамчунин санчиши натичаи таъсири дорухо гузаронда мешавад. М. у.-ро бо усули трепанобиопсия мегиранд: бо сузани махсус устухони тихигох ё девораи пеши устухони чаног (сарсина)-ро шикофта, каме М. у.-ро берун меоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …