Главная / Илм / МАГАС

МАГАС

magasМАГАС, номи умумии хашаротест аз оилаи дуболахо. Дар дунё такр. 5 хаз. намуди М. мавчуд аст. Бадани М.-хо тира буда, баъзан зард, кабуд ё сабзи чилодор низ мешаванд. Хаёти аксари М.- хо бо манзили одам зич алокаманд аст. Баъзе намуди М.-хо аз растани, намудхои дигар аз моддахои пусидаи органики (начосати одаму хайвонот, пасмондаи хурок ва г.) гизо мегиранд; М.-хое низ хастанд, ки хуни одам ва хайвонотро мемаканд.
М.-хо ангезандаи бисёр беморихои одаму хайвонотро пахн мекунанд. М.- хои хунмак (мас., магаси тирамохи) барои макидани хун ба хайвоноти касал, сипас ба одам дарафтода, боиси пахн гаштани беморихои хавфнок – брутселлёз, сухтани, туляремия ва г. мегарданд. Дар Африка М.-хои хунмак (сетсе) интиколдихандаи трипаносомахо (ангезандаи бемории серхоби) мебошанд. М.-хои хунлес (мас., М.-и бозор) ангезандаи бемории чашм (трахома, конъюнктивити вогир)-ро пахн мекунанд.
Баъзе намуди М.-хо (хармагас ва магаси волфрат) зери пуст тухм мегузоранд. Агар кирминаи онхоро фавран нест насозанд, бофтахоро то худи устухон мехуранд. Фаъолияти кирминахои чунин М.- хо бо газаки чойхои осебдида, хунрави, инкишофи окила чараён мегирад (ниг. Миаз).
Гурухи ба истилох М.-хои хамахур (М.-хои мукаррари, кабуд, бахори ва г.) дар интишори беморихои сирояти басо фаъоланд. Чунин М.-хо аз хуроквори (нон, шир, гушт ва г.), пасмондаи хурок, инчунин начосати одаму хайвонот (аз он чумла беморон) гизо гирифта, хуроквориро бо ангезандахои бемории сил, касалихои руда (исхоли хунин, домана, паратифхо, вабо, гепатити А, гастроэнтерит ва г.) олуда мекунанд. М.-хо баъзе ангезандахои бемори (махсусан тухми киччахо)-ро дар пою хартумчаашон мекашонанд, ангезандахои дигар (мас., ангезандаи беморихои руда)-ро хангоми гизогири фуру мебарад ва минбаъд дар натичаи ихрочи начосат пахн мекунанд. Сирояту интишори ин ё он бемори ба манбаи гизо ва чои тухмгузории М.-хо вобаста аст.
Тадбирхои ободони ва тоза нигох доштани махалхои ахолинишин бахри мубориза бо М. ахамияти калон доранд. Дуруст сохтану истифода бурдани хочатхонахо, тоза кардани чоххои ахлот (камаш як маротиба дар 2 мох), гун кардан ва дар зарфхои махсус ба чойхои мукарраршуда бурда партофтани пасмондаи хурок, тур кашидан ба дару тирезаи бинохои истикомати, нигох доштани хурок дар чевонхои дарбаста ва г. аз чумлаи тадбирхои мубориза бо М.-хо махсуб меёбанд. Тадбирхои махви М.-хо бояд пеш аз хама дар чойхои гуншави ва тухмгузории онхо андешида шаванд. Барои нест кардани кирминаи М.-хо аз эмулсияи обии 0,2% -и трихлофос, 0,5 – 1,0%-и карбофос, 10%-и преолин ва г. истифода мебаранд.Дар чохи ахлот ва хочатхонахои умуми охаки хлордори хушк ва гексахлоран мепошанд. Дар фуруш аэрозолхои махсус (мас., дихлофос) хастанд, ки тавассути онхо нафакат М.-хо, балки хомушаку курпашшахоро низ нест кардан мумкин аст.

А.Саидов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

magnitoterapiya

МАГНИТОТЕРАПИЯ

МАГНИТОТЕРАПИЯ (Magnetotherapia), яке аз усулхои физиотерапия. Бо максади табобат майдони магнитии баланд ё пастбасомад, импулси …