Главная / Илм / ЛуБИЁИ ХИРСАК

ЛуБИЁИ ХИРСАК

lubiyoi-khirsakЛуБИЁИ ХИРСАК (Vikna erecta), гули гург, растаниест бисёрсола. Пояаш рост (15 – 20 см кад мекашад), баргаш дарозруя, гулаш бунафши сафедтоб, точгулаш мехчашакл, тухмаш махрутшакли киррадор. Апр. – июл гул карда, май – авг. мева мебандад. Л. х. дар мавзеъхои арчазор, маргзорхои субалпи ва даштхо, югану камолзор меруяд.
Дар тибби мардуми барги Л. х.-ро чой карда, хангоми исхоли хунин, заъфи меъдаю руда, галаёни хун, сардард, сарчархзани истифода мебаранд, хини дарди дандон дахонро обгардон мекунанд. Барги тару тозаи онро ба захм мегузоранд. Аз Л. х. доруи «Винкаметрин» гирифта шудааст, ки барои табобати бачадон истифода мегардад. Дорухои «Девинкан» ва «Барвинкан гидрохлорид», ки дар асоси Л. х. тахия шудаанд, ба сифати давохои фишорфарор (гипертонияи дарачахои I ва II), неврозхо, невритхо, нимфалач ва г. кор фармуда мешаванд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …