Главная / Илм / ЛУКЯНОВ Николай Борисович

ЛУКЯНОВ Николай Борисович

lukianovЛУКЯНОВ Николай Борисович (тав. 05. 11. 1938, ш. Душанбе), эпидемиолог, доктори илми тиб (1998), проф. (1999), Аълочии тандурустии ИЧШС. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1963). Духтури терапевт ва мудири беморхонаи дехотии нох. Москваи вил. Кулоб (холо нох. Хамадонии вил. Хатлон; 1965), рохбари амбулаторияи сайёри чаррогоххои ЧТ (1965 – 70), корманди хурди илмии шуъбаи эпидемиологияи Пажухишгохи эпидемиология ва гигиенаи Точикистон (холо Донишкадаи пешгирии беморихо; 1970 – 85), корманди калони илми, рохбари лабораторияи сирояти манобеи табии (1985 – 86), мудири шуъбаи эпидемиологияи Пажухишгохи эпидемиология ва гигиена ва хамзамон котиб, баъд чонишини раиси Филлиали чумхуриявии Чамъияти умумииттифокии илмии эпидемиологхо, микробиологхо ва паразитологхои ба номи И.Мечников (1986 – 99). Аз с. 1999 проф. (2002 – 04 мудир)-и кафедраи эпидемиологияи ДДТТ.
Дар мавзуи «Такмили назорати санитарию эпидемиологии бактерияхои беморихои руда, ки ба воситаи об мегузаранд ва тадбирхои пешгирии онхо дар Точикистон» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи 180 асару маколахои илми, аз чумла 2 монография, 153 маколаю тезис, 11 харита, 14 дастур ва тавсияи таълимию методи, 4 навоварист. Дар тахия ва омодасозии бисёр карору барномахои хукумати ширкат варзидааст. Тахти рохбарии у 1 наф. рисолаи доктори ва 3 наф. рисолахои номзади дифоъ намудаанд.
Ос.: К обеззараживанию вод малой канализации. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 1974, № 4; О воздушно-капельном механизме передачи гепатита А. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 1982, № 1; Лептоспироз людей и животных в южных районах Таджикистана. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 1992, № 4; Вирусный гепатит Е, Д., 1999; Таджикистан в зеркале медико-демографических процессов и общественного здоровья на постсоветском пространстве, Д., 2007.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …