Главная / Илм / ЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗ

ЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗ

limfogranulematozЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗ (Lymphagranulomatosis), бемории Хочкин, омоси саратонии бофтаи лимфави. С. 1832 духтури англис Т. Хочкин кашф намудааст. Дар хама синну сол дучор меояд. Сабаби пайдоиши бемори номаълум аст. Л. аз чахор давра иборат аст: давраи I – осеб ёфтани гуддахои лимфави дар як ё ду мавзеи омехта; давраи II – осеб ёфтани гуддахои лимфави дар ду ё чанд мавзеи аз хам чудо, вале дар як тарафи диафрагма; давраи III – осеб ёфтани гуддахои лимфави дар хар ду чониби диафрагма; давраи IV – осеб ёфтани гуддахои лимфави, магзи устухон, шуш, чигар, пуст ва г.
Дар аксари беморон Л. бо калон шудани як ё чанд гуддахои лимфавии канори огоз меёбад. Хангоми Л. баъзан пуст низ ба таври махсус ва номахсус дигаргун мешавад. Тагйироти номахсуси пуст бештар дучор меояд. Одатан дар заминаи пусти хушки хокистаргун, бештар дар хами дасту пойхо, гирехчахои баробари сари сузанак, ки хоришу сузиш мекунанд, ба вучуд меоянд (ранги онхо сурча аст).
Барои табобати Л. шуоъшифои ё химиотерапия ва ё харду усул дар якчояги кор фармуда мешавад. Дар даврахои I, II ва III-и бемори бештар аз шуоъшифои истифода мебаранд. Дар даврахои III ва IV бошад, одатан, химиотерапия таъин мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …