Главная / Илм / ЛИБОС

ЛИБОС

libosЛИБОС, номи умумии чизхое, ки инсон мепушад. Л. тани одамро аз таъсири мухит мухофизат карда, харорати баданро дар як дарачаи муайян нигох медорад. Ба мафхуми Л. каллапуш, пойафзол, дастпушак ва г. дохил мешаванд. Асбоби зинат ба Л. танхо чизи иловагист. Л. баробари икоматгох хамчун яке аз василахои мухофизат аз таъсири гуногуни беруна пайдо шуд.
Л. аз чумлаи ихтирооти кадимтарини инсон аст. Дар байни ёдгорихои палеолити даврахои охир тарошкордхои санги ва сузанхои устухони ёфт шудаанд, ки бо онхо пуст метарошиданд ва Л. медухтанд. Баробари пуст барг, алаф, пустлохи дарахт низ хамчун Л. истифода мешуданд. Шикорчиён ва мохигирон барои Л. пусти мохи, рудаи хайвоноти бахри, пару пусти парандагонро низ истифода мебурданд. Инсон дар давраи неолит санъати ресидан ва бофтанро ёд гирифта, барои тайёр намудани Л. нахи растанихои худруйро ба кор мебурд. Давраи гузариш ба чорводори ва дехкони ба одамон имконият дод, ки аз пашми чорвои хонаги ва нахи зироат (загир, канаб, пахта) матоъ тайёр кунанд. Инсон то ихтирои Л. баданро бо пуст ва миёну ронро бо чизхои дигар мепушид. Сонитар хелхои бисёри Л.: куртахои дарозу кутох, чакман, яктах, пешдоман, лунги, почома пайдо шуданд. Кафши чубин ё хасин, инчунин порчаи пусти чорво, ки ба пой мепечонданд пойафзоли оддитарин ва кадимтарин буд. Каллпуш ба чуз вазифаи асосиаш аз замонхои кадим нишони рамзи низ буда, мансубияти ичтимоии одамон (каллапуши дохиён, кохинон, каландарон) ва г.-ро нишон медод.
Л.-ро одатан мутобик ба мухити географи тайёр мекунанд ва матоъаш низ вобаста ба иклими минтакахои гуногун интихоб мешавад. Л.-и кадимтарини халкхои минтакаи тропикии чангал (Африка, Америкаи Чануби ва г.) руйпуши миёну рон, пешдоман, китфпушак буд. Дар вилоятхои хунуки муътадил ва нохияхои арктики Л. тамоми баданро мепушад. Л.- и минтакахои хунук ба Л.-и шимоли иклимаш муътадил ва шимоли дурдаст таксим мешавад, ки дуюмиро факат аз муина медузанд. Барои халкхои Сибир ду хели Л.-и муина – барои минтакаи наздишимоли нобурида, яъне бутун, ки аз сар мепушанд (эскимосхо, чукчихо, ненесхо ва г.), барои минтакахои чанубтар – бурида, яъне пешкушод (эвенкхо, ёкутхо ва г.) хос аст. Дар байни хиндиёни минтакаи чангалзори Америкаи Шимоли Л.- и чармини махсус пахн шудааст: занон куртаи дароз, мардон курта ва эзори дароз мепушанд. Намудхои Л. ба фаъолияти мехнатии инсон вобаста аст. Дар замони кадим занону мардони чорводори бодиянишин Л.- и махсуси барои саворагарди мувофик – эзори васеъ ва чома мепушиданд. Минбаъд дар рафти инкишофи чамъият таъсири тафовути мавкеи чамъияти ва оилави ба Л. афзуд. Дар байни Л.-и мардону занон, духтарону занон фарк пайдо шуд, Л.-хои рузмарра, идона, туёна, мотами ва г. ба миён омадаанд. Мувофики таксимоти мехнат шаклхои гуногуни Л.-хои косиби пайдо шуд. Л. аввалхо махсусияти этники (авлоди, кабилави) ва минбаъд умумимиллии халкхоро инъикос мекард. Дар Л., одатан, нобаробарихои ичтимоию иктисоди зохир мегардад. Мас., матоъ, ороиш, духти Л.-и бойхо, дехконон, рухониён аз якдигар фарки калн доштанд. Л. завки эстетикии ахли чамъиятро низ инъикос мекунад. Хусусияти бадеии Л. хамчун намуди санъати ороишу амали ва махсули амали бадеи аз он иборат аст, ки объекти эчодиёти худи инсон мебошад. Л. бо одам вобастагии том дорад. Дар духтан ва интихоби Л. ба таносуби аъзои бадан, синну сол, инчунин унсурхои чузъии зохирии одам (кад, ранги му, чашм ва г.) эътибор дода мешавад.
Зери Л. дар атрофи бадан харорати якхела (28 – 320), намнокии кам (20 – 40%) нигох дошта мешавад. Л. талафи гармиро кам карда, ба ин васила неруи организмро сарфа менамояд. Гайр аз ин, вай пустро аз осеби механики ва химияви, ифлоси, чангу губор эмин медорад. Л. дар мархалаи муайяни таърихи пайдо шуда, дар баробари манзил вобастагии одамро ба шароити иклим кам кард, барои мавчудият ва фаъолияти истехсолии у имконият фарохам овард.
Мутобикат ба иклим, шиддати кори мушакхо, хусусиятхои чинси, синну сол, вазъи саломати ва г. талаботи асоси ба Л. мебошад. Сохт ва андозаи Л. бояд ба тагйири обу хаво мувофик буда, ба озод нафас кашидан, гардиши хуну лимфа ва харакат халал нарасонад. Гайр аз ин Л. бояд ба талаботи муайяни техники ва иктисоди (пурдошт, арзон ва зебо) чавобгу бошад. Л. дар мавриди сармо бояд баданро гарм нигох дорад. Аз ин ру, барои Л.-и зимистона матоъи вазнин ва гафсро интихоб мекунанд.
Матои аз хад зиёд намкаш намиро аз бадан дур мекунад. Матоъхои табии (катони, пахтаги, абрешими ва г.) дорои хамин гуна хосият мебошаанд. Матоъхои синтезиро ба сифати кабати берунии Л. истифода бурдан мувофики максад аст. Хангоми интихоби Л.-и гафс бояд кушиш кард, ки пой, панчаи даст, инчунин сар ва камар гарм бошанд. Барои пешгирии хунук хурдан аз Л.-и бехад гарм (хусусан барои кудакон) худдори бояд намуд, зеро он боиси арак кардану тар шудани бадан мегардад.
Л.-и тобистона бояд баданро аз гарми мухофизат кунад, аз матоъи пахтагин ё катони духта шавад. Л.-и аз матоъи тунуку кушодранг духта касро аз шуои офтоб химоя мекунад. Л.-и сокинони нохияхои гармсер бояд баданро аз гармии токатфарсо эмин дорад. Аз нуктаи назари бехдошт барои онхо аз матоъхои катони, пахтаги ва абрешими тайёр кардани Л. айни муддаост. Матои синтези зуд ифлос мешавад, барк пайдо мекунад, нафаскашии пустро халалдор месозад ва боиси аллергия мегардад. Л.-и синтезиро зуд-зуд (мас., либоси тагро баъди 3 – 5 руз, чуроби капронро хар руз) шустан лозим аст.
Либоси кудакон бояд хавогузар ва васеъ бошад, баданро аз хунук хурдан ё бисёр гарм шудан эхтиёт кунад. Л.-и кудаконро мувофики хусусиятхои синну сол медузанд. Пусти кудак дар моххои аввали хаёт нозук буда, метавонад зуд захмдор шавад. Бинобар ин, Л.-и кудакро аз матои нарми намкаш ва бе тугма медузанд. Аз матои синтези духтани Л.-и кудакони хурдсол чоиз нест, чунки он боиси дамидани гармича ва ангезиши пуст мегардад.
Хар як кудак бояд даструймолча дошта бошад. Онро барои гум нашудан ва тоза истодан бо резин ба кисача баста мемонанд. Комбинезони астараш гарм барои кудакони синни томактаби Л.-и бештар мувофик аст. Матои гафси он бадани кудакро аз хавои сард мухофизат мекунад. Аксаран ба сифати Л.-и руй палтои сабук ё зимистонаро истифода мебаранд. Агар харорати хаво 5 – 100 бошад, ба кудакон пеш аз сайругашт гайр аз либоси таг, куртаи нимтанаи остиндароз (ё свитер) ва шими пашмин (ё эзор), ба пояшон чуроб мепушонанд. Вобаста ба обу хаво ба кудак ба чои свитери пашмин (ё куртаи нимтан) камзул (куртка)-и гафс ё палтои сабук пушондан мумкин аст. Агар хунукии хаво 50 бошад, ба кудакон гайр аз куртаи тагу костюми пашмин комбенизон ё камзули гафси гарм (ё палтои сабук), кулохи пашмин ва дастпушак мепушонанд. Дар мавриди 100 будани хаво, пушондани палтои гарм, телпак, дастпушаки гарм ва муза зарур аст. Телпак, албатта, пешони ва гуши кудакро, ки ба сармо чандон тобовар нестанд, бояд пушонад.
Волидайн аксаран дар вакти сайругашт дахону бинии кудакро бо руймол ё гарданбанд махкам мекунанд. Ин кор нодуруст аст, зеро кудак дар ин маврид бо бини муътадил нафас гирифта натавониста, бо дахон хавои сардро нафас мекашад. Гайр аз ин, руймол зуд нам кашида, хисси нофорам пайдо месозад.
Ба Л.-и кудак чиддан нигохубин карда онро зуд-зуд шустан лозим аст. Хар як кудак бояд Л.-и алохида дошта бошад. Л.-и кудаконро дар моххои аввали хаёт бояд албатта чушонид ва дарзмол кард; бо моддахои синтези шустани Л.-и кудакон манъ аст. Ниг. низ Кудаки ширмак, Синни мактаби, Синни навраси, Синни томактаби.
Либоси варзиши бояд ба фаъолияти организм (хангоми кори пуршиддати мушакхо) мусоидат кунад, ба шароити обу хаво, давомот ва суръати машкхои варзиши мувофик бошад. Л.-и варзиши бояд ба харакат халал нарасонад, аз хад зиёд тунук ва аз хад зиёд сабук набошад, то ки варзишгар бисёр гарм нашавад ё хунук нахурад. Матоъи Л.-и варзишро аз матои сабук ва хавогузарон (барои зуд ихроч шудани арак) медузанд. Он бояд аракро хуб чаббида, бемалол берун кунад. Талаботи номбурда махсусан барои Л.-и таг мухим аст. Дар ин бобат Л.-хои трикотажи талаботи гигиениро бештар конеъ мегардонанд; суфи хом ва карбос барои машгул шудан ба варзиш чандон мувофик нестанд. Л.-и варзишии зимистона бояд сабук бошад ва гармиро хуб нигох дорад. Л.-хои барои машк таъиншударо аз матои пахтагин, пашмин, трикотажи пашмин, матои синтези медузанд. Хангоми кухбарои ва походхои туристи дар хавои сард Л.-и шамолгардон зарур аст; барои хунук назадани баъзе узвхои бадан аз гушпушак, чуроби пашмин ва г. истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …