Главная / Илм / ЛАТИФАХО

ЛАТИФАХО

ТУЁНА ОЯД…

Шахсе ба дусташ узр овард:ч

– Бубахш, ман ба туят рафта наметавонам.

Вай дар чавоб гуфт:

– Боке не, туёна ояд!

 

ДАСТИ БАКУВВАТ НАДОРАМ

Зан духтарашро дуои бад карда, мегуфт:

– Ох, сари сахтам! Хама дугонахои ман кайхо биби шудаанду…

– Хайр?

– Хайр-хайр! О ту кай ба шавхар мебарои?

– Хеч гох!

– Барои чи?

– Чунки ба мисли шумо дастони бакувват надорам.

– О ба ин дасти бакувват чи дахл дорад?

– Дорад. Агар не, ман ба монанди шумо… ха-ха, ба монанди шумо ду халтаи пурборро чи хел аз магозаву бозорхо кашида меорам?..

Х О Б

Депутате аз сесия бармегашт.

Пурсиданд:

– Он чо чи мекарди?

Гуфт:

– Хоб!

ЧОНАМ МЕБАРОЯД

Рохзане сари рохи мардеро гирифта, амр кард:

– Пулро барор!

Мард гуфт:

– Ин аз имкон берун аст.

Рохзан хайрон шуда, пурсид:

– Чаро?

Мард чавоб дод:

– Чунки аз пул пештар чонам мебарояд!

ЧОЙ НАДОДАНД

Марде ба хонааш хурсанд омада, гуфт:

– Холо ман чавон будаам.

Занаш хандид:

– Ки гуфт?

Мард гуфт:

– Охир, дар автобус касе ба ман чой надод…

 

БЕХУНАР 

Зане ба дугонааш гуфт:

– Чаро шавхари маро зади?

Дугонааш чавоб дод:

– Охир, вай маро бусид…

Зан хандид:

– Э гам нахур, аз ин бештар хунаре надорад.

Дугонааш гуфт:

– Ман, охир, аз хамин бехунариаш ба газаб омадам!

 

ЗИРАК

Рубохе гуфт:

– Хеч мурге аз хурус зирактар нест.

Гуфтанд:

– Аз чи дони?

Гуфт:

– Аз он ки хеч ба дастам намеафтад.

 

ЧОЮ ЧАППОТИ 

Марде дар пешонаи биное навиштаи “Ошхонаи милли”-ро дида, чун гули коку шукуфт.

– Э, хайрият-е! Гами мардуми тахчоиро хам мехурдаанд! – гуён давида ба ошхона даромад.

Ва шодон аз пешхизмат пурсид:

– Чи доред, ака?

Вай дар чавоб гуфт:

– Чою чаппоти!

 

БЕИНСОФ 

Яке ба дигаре мегуфт, ки:

– Дарамро куфт-куфт, накушодам. Окибат дарамро шикаста даромаду аз гулуям гирифт.

Гуфт:

– Наход?! Ки будааст ин беинсоф?

Гуфт:

– Нарху наво!

 

ХАЗОР ЛАЪНАТ 

Пирамарде ба чавоне мегуфт:

– Пеш: “Хазор рахмат ба Партияи чоночон ва Хукумати Совети!” – мегуфтем.

Чавон гуфт:

– Акнун чи?

Пирамард гуфт:

– Намедонем ба ки: “Хазор лаънат!” – гуем.

 

ИХТИСОР 

Марде ба марде ру оварда, гуфт:

– Хеч намефахмам, ки чаро аз як район ду району аз як колхоз се колхоз ташкил карда истодаанд.

Марди дигари гуфт:

– О, президент аппараташро 40 фоиз ихтисор карда истодааст-ку!

Он мард гуфт:

– Ихтисори аппарати президент ба ташкили району колхозхо чи алока дорад?

Марди дигари гуфт:

– Кутохбин будаи! О, одамони ихтисоршударо ба корхои рохбари таъмин кардан лозим!

 

ТАЛОШ 

Писар аз падар пурсид:

– Депутатхо дар сессия чаро ин кадар шуру магал мекунанд?

Падар гуфт:

– Ин шуру магал не, талош аст.

Писар гуфт:

– Талоши чи?

Падар гуфт:

– Талоши мансаб.

 

“01”-У “03” 

Пирамард ба чавонмарде ру оварда, пурсид:

– Мегуянд, ки шабакаи алока хусуси гардонида шуд?

Чавонмард гуфт:

– Бале, шуд.

Пирамард гуфт:

– Ба халк чи монд?

Чавонмард гуфт:

– Ду телефон.

Пирамард гуфт:

– Кадомхо?

Чавонмард гуфт:

– “01”-у “03”.

 

БА ЧУЗ ИНСОФ 

Шахсе аз магозаи тичорати меомад.

Аз у пурсиданд:

– Он чо чи хаст?

Гуфт:

– Хама чиз ба чуз…

Гуфтанд:

– Ба чуз шири мург?!

Гуфт:

– Не, инсоф!

 

БАРОИ ХАМИН ФУРУШАНДА ШУД 

Марде “Харомхур! Каллоб! Беинсоф! Вичдонсухта!” – гуён, магозаро ба сар мебардошт.

Аз у пурсиданд:

– Чаро ин хел мегуед?

У гуфт:

– Ин бехаё на акл дорад, на инсофу на вичдон.

Гуфтанд:

– О, барои хамин фурушанда шудааст-дия!

 

КИ ХУЧАИН 

Аз марде пурсиданд:

– Дар оила ки хучаин: ту ва ё янга?

Вай дар чавоб гуфт:

– Ман, танхо хамён дар дасти янга.

 

К  А  Р  З 

Мардеро зарурате пеш омад, ба шиносаш гуфт:

– Пул доред?

Гуфт:

– Бале, дорам.

Гуфт:

– Ин тур бошад, хазор сум карз бидихед.

Гуфт:

– Намедихам.

Гуфт:

– Чаро?

Гуфт:

– Чун, ки бо даст дода, бо по давидани нестам.

 

Ё  Р  И

Марде назди часаде лолу хайрон меистод.

Рохгузаре аз у пурсид:

– Чи гап?

Гуфт:

– Табиб ба у ёрии аввалин расонд.

Гуфт:

– Хуш, чи тур?

Гуфт:

– Ва он ёрии охирин гашт.

 

ВОНАМУД 

Якеро гуфтанд, ки:

– Дар мамлакат чи хол аст?

У гуфт:

– Хама вонамуд аст.

Гуфтанд:

– Чи гуна?

Гуфт:

– Хукумат вонамуд мекунад, ки музд медихад, халк вонамуд мекунад, ки кор мекунад.

 

ХУДОРАХМАТИ 

Пиразане аз наберааш пурсид:

– Калон шави, ки мешави?

Наберааш зуд тутивор чавоб дод:

– Аввал апа мешавам, баъд арус мешавам, баъд модар мешавам, баъд момо мешавам.

Пиразан ба вачд омада, боз пурсид:

– Боз ки мешави?

Наберааш забон хоида чавоб дод:

– Баъд… Баъд худорахмати.

 

БАРОИ ЧИЗУ ЧОРААШ 

Мардеро, ки хамсараш аз хона баромада рафта буд, пурсиданд:

– Занат баргашта меомада бошад?

Гуфт:

– Хатман меояд.

Гуфтанд:

– Барои зистан?

Гуфт:

– Э – на! Барои бурдани чизу чорааш.

 

АЗ БЕРУН ПУШ 

Шахси бетамизе ба хонаи шиносаш ворид шуд ва гуфт:

– Дарро бипушам?

Чавоб шунид:

– Бале – аз берун!

 

ТИН – СУМ – ХАЗОР 

Дар замони рукуд мепурсиданд:

– Мол чанд тин?

Дар замони бозсози мепурсиданд:

– Мол чанд сум?

Кунун мепурсанд:

– Мол чанд хазор?

 

Ё  Р  И 

Донишомузе пиразани заиферо дид, ки турхалтаи пурборро базур мебарад. Ба у дилаш сухт, рахмаш омад. Аз ин ру ба у наздик шуда, гуфт:

– Ёри бидихам? – ва даст ба турхалтаи пиразан дароз кард.

Пиразан бо тамоми овоз дод зад:

– Ёри дихед!

 

К И  П Е Ш 

Аз донишчуе пурсиданд, ки:

– Ки пеш ба дунё омадааст: инсон ё тарс?

У гуфт:

– Тарс.

Гуфтанд:

– Чаро?

Гуфт:

– Агар инсон пеш ба дунё меомад, тарсро хеч гох ба дил рох намедод.

 

ЛОТЕРЕЯ 

Донишчу дар кашидани билет дудила шуда монд. Устод гуфт:

– Натарсида кашидан гир, имтихон хам чун лотерея аст.

Донишчу гуфт:

– Набошад, ман билет нею якбора бахо кашида гирам-чи?

 

НА БА ОН КАЛЛА АФТИДААСТ 

Ду чавонмард ру ба ру нишаста, сухбат мекарданд. Яке аз онхо гуфт:

– Ин идея хеч ба каллаи ман чой намегирад.

Дигари гуфт:

– Пас на ба он калла афтидааст.

 

В А С И Я Т 

Як шакарфуруш ба писараш васият кард:

– Вакте ки ман мурдам, хамин тарозуямонро хамрох ба зери хок мон.

Писар хайрон шуда, пурсид:

– Барои чи?

Падар гуфт:

– То ки гунохамро бо хамин тарозу баркашанд.

 

М А Н  О Н А М 

Яке аз дигаре пурсид, ки:

– Арак хуб аст ё коняк?

Дигари гуфт:

– Ман онам, ки хукм бар гайб накунам.

Аввали гуфт:

– Ман онам, ки тине берун аз чайб накунам.

 

ТУ ХАР РУЗ МЕОИ 

Чавонеро бори дуюм ба милисахона оварданд. Сардори милиса дархол уро шинохт ва гуфт:

– Шарм намедори-а? Ду бор шуд, ки ба ин чо меои.

Чавон густохона гуфт:

– Ту бояд шарм дори.

Сардори милиса хайрон шуда, пурсид:

– Барои чи?

Чавон посух дод:

– Ман хамаги ду бор ба ин чо омадам, ту бошх хар руз меои.

 

САБР МЕБОЯД 

Сардори идорае ба зердасташ гуфт:

– Ман хубам ё бад?

Зердаст гуфт:

– Чиро гуям?

Сардор гуфт:

– Хакикатро гуй!

Зердаст гуфт:

– Барои ин сабр мебояд.

Сардор гуфт:

– То кай?

Зердаст гуфт:

– То он рузе, ки ё ту аз кор рави, ё ман.

 

ХОБИ БАД 

Зан дар хоб дастак мезад ва фигон мекард. Шавхараш уро бедор кард ва сабаб пурсид.

Зан гуфт:

– Хоби баде дидам. Домуллое тори сарам дуо мехонд ва чони ман мебаромад.

Мард фигон кашид:

– Ох, мани аблах!

Зан гуфт:

– Чаро ин тур мегуи?

Мард гуфт:

– Охир, як лахза дертар бедор мекардам, намешуд.

 

Х А Л А Л 

Яке бо афсус мегуфт, ки:

– Ох, чи хел мехохам аз руи вичдон зиндаги кунам!

Дигари пурсид:

– Чи халал мерасонад?

Гуфт:

– Маош!

 

ТАФОВУТ 

Устод ба донишчуе гуфт:

– Капитализму сосиализмро шарх бидех.

Донишчу гуфт:

– Капитализм, ин яъне, ки одам одамро истисмор мекунад.

Устод гуфт:

– Хуш, сосиализм чи?

Донишчу гуфт:

– Бараъкс!

 

Ё   ХАР  СЕ 

Мард ба хона маст меояд. Токати хамсараш ток шуда, бо газаб дод мезанад:

– Ё ман ё арак?!

Мард бо захрханда нидо мекунад:

– Ё харсе!

Зан аз шиддати газаб ларзида, мепурсад:

– Сеюмаш ки?

Мард мегуяд:

– Зани хамсоя!

 

ОБИЛА ДОРАД 

Яке ба дигаре мегуяд:

– Ана хамин одам депутат аст.

Дигари гуфт:

– Аз кучо донисти?

Аввали гуфт:

– Нуки ангушташ обила дорад.

Дигари гуфт:

– Барои чи нуки ангушти депутат бояд обила дошта бошад?

Аввали гуфт:

– Охир, у рузи дароз факат тугмача зер мекунад.

 

Ф А Р К 

Шахсе аз шиносаш пурсид:

– Депутат аз студент чи фарк дорад?

Гуфт:

– Хеч фарке.

Гуфт:

– Барои чи?

Гуфт:

– Барои он ки хар ду хам танхо хангоми сессия кор мекунанд.

 

АЗ КАНОР АЁНТАР

 Депутате ба ягон чорабини хамрох намешуд. Аз у пурсиданд:

– Чаро ту хамеша дар канор меисти?

Гуфт:

– Аз канор хама чи аёнтар аст.

 

ЗАБОНАМ СУРХ 

Яке депутатро гуфт:

– Чаро дар сессияхо дахо намекушоед?

Депутат гуфт:

– Метарсам.

Гуфт:

– Аз чи?

Гуфт:

– Аз он ки забонам сурх.

Гуфт:

– Хайр, чи?

Гуфт:

– О, забони сурх сари сабзро медихад барбод!

 

ЛАВХА ИВАЗ ШУД 

Шахсе ба дусташ гуфт:

– Мегуянд, ки вазорататон консерн шудааст.  Ин гап рост аст?

У гуфт:

– Рост! Як сол шуд.

Гуфт:

– Набошад, ягон тагйирот шуд?

Гуфт:

– Шуд! Лавхаи дари вазоратро дигар карданд.

 

ХОХИШИ ДИЛ 

Чавонмардеро пурсиданд:

– Дилат чи мехохад?

Гуфт:

– Мехохад ба таври кухна кор кунаму ба таври нав маош гирам.

 

Ш О Х И 

Рустами шашсола бори нахуст аз шахр ба деха, ба хона бобояш омад. Ва дар кахдон шохиро дида, гуфт:

– Гов алафро бо вилкаи калон мехурдааст.

Бобо гуфт:

– Ин вилка не, шохи.

Набера гуфт:

– Ха, вилка бо точики шохи мешавад, гуед.

 

БАХРИ ПИР 

Анвар бори аввал бахрро дида, ба падараш гуфт:

– Ин бахр пир будааст.

Падар дар тааччуб монда, пурсид:

– Аз кучо фахмиди?

Писар чавоб дод:

– Бин, руяш пурожанг.

 

ШИРИНУ ТАЛХ 

Дар мачлисе яке аз хозирон пурсид:

– Чист, ки аввалаш ширину окибаташ талх?

Хозирон бо як овоз нидо намуданд:

– Ваъдаи депутат!

 

ТАНХО ДАНДОН 

Яке бо хурсанди эълом дошт, ки:

– Дандони акл баровардам.

Ба у гуфтанд:

– Хайрият, аз акл худо ба ту танхо дандон бахшид.

 

ДЕГИ ГАП 

Яке мегуфт, ки:

– Дар замони рукуд деги хурок мечушид.

Гуфтанд:

– Акнун чи?

Гуфт:

– Деги гап.

 

МЕТАРСАМ 

Зан ба сари шавхар ситеза мекунад:

– О, ту чаро ягон бор ба магозаву бозор намерави?!

Шавхар мегуяд:

– Метарсам.

Зан мепурсад, ки:

– Аз чи?

Шавхар посух медихад, ки:

– Аз нарххо.

 

БА ХОМУШИ РИОЯ КУНЕД 

Шахсе аз мачлис бармегашт.

Аз у пурсиданд, ки:

– Он чо чи гуфтанд?

Гуфт:

– Рафикон! Ба хомуши риоя кунед!

 

АЗ ТЕЛЕФОН 

Телефон занг зад. Мард гушакро бардошт:

– Ало! Гушам ба шумо! Аз кучо гап мезанед?

Аз он су гуфтанд:

– Аз телефон.

 

Т А Л А Б 

Аз сардори холабегаме пурсиданд, ки:

– Чаро аз тобеонатон кор талаб намекунед?

У гуфт:

– О, кор талаб кунам, онхо хам талаб мекунанд-дия.

Гуфтанд:

– Чиро?

Гуфт:

– Истеъфоямро.

 

Ч  А  Б  Р 

Устоде кори шогирд ба номи худ менавишт ва музд ба чайби хеш мезад. Шогирдро токат ток шуду гуфт:

– Ин чи чабр аст?

У гуфт:

– Чабри устод бех зи мехри падар.

 

АЗ КУЧО ЁБАМ 

Марде дигареро дид, ки ба чохи гам афтида.

Гуфташ:

– Чаро чамгини?

У гуфт:

– Хазорсумаеро майда кардан мехохам.

Гуфт:

– Хайр, майда кун.

Гуфт:

– О, он хазорсумаро аз кучо ёбам?!

 

ПАСТАМ КАРД 

– Аввал дар шастам кард.

– Баъд?

– Аз буса мастам кард.

– Баъд?

– Дар хезу частам кард.

– Баъд?

– Чун хоки сиёх пастам кард.

 

МУНОСИБАТ 

Шаб зан аз шуй ру гардонд. Шавхар бо хайрони гуфт:

– Ха, боз чи бало зад?

Зан хеле чидди гуфт:

– Ба муносибати бозоргони мегузарем.

 

ЧУНКИ ВАЗИРРО АЗ КОР ГИРИФТАНД 

Ду дуст дар куча ру ба ру омаданд. Яке аз дигаре пурсид:

– Шунидам, ки аз завчаат чудо шуди. Оё ин рост аст?

Дигари гуфт:

– Рост, чудо шудам.

Гуфт:

– Барои чи? Охир, як сол пеш базур сухтаю пухта хонадор шуда буди-ку?

Гуфт:

– Рост, лекин вазирро аз кор гирифтанд.

Гуфт:

– Вазир ба ин чи дахл дорад?

Гуфт:

– Охир, вазир падари завчаам буд-да!

 

ДУДИ ГАМ 

– Буи дуд меояд.

– Аз кучо?

– Аз Шурои Оли.

– Гуфтаниед, ки дар гами халк месузанд?

– Не, дар гами худ сигарет дуд мекунанд.

 

ДУ ПОНЗДАХ 

– Хамин бухрон чи бошад?

– Кризис!

– Кризисаш чи?

– Бухрон!

– Ха, ду понздах, як си гуед?

 

ИШТИХО ВА СИЁСАТ 

– Занак! Хо, занак!

– Ха, чи меги?

– О, хурока биёр.

– Токат кун, тамом шавад.

– Чи?

– Сессияи Шурои Оли.

– Чи-и?! Баъди як мох хурок овардании?!

 

ЖИВАЧКАДЕПУТАТ 

– Депутати моро Калушдепутат мегуянд. Аз шуморо чи?

– Живачкадепутат!

– Чи, ба шумо живачка таксим карда дода буд?

– Не, аз хоиданаша дахонамон дард карду аз у на садосту на нафъ.

 

НОМ МЕПУРСАМ 

– Шумо чи ном доред?

– Кимати!

– Шумо чи?

– Кахти!

– Шумо?

– Рахмати!

– О, ман бе шумо хам медонам, ки холо кимати, кахти аст, ха нагуфта бисёрихо рахмати мешаванд. Охир, ман ном мепурсам…

 

КАЛАНФУР 

Аз Афанди пурсиданд:

– Фарки байни мачлисхои замони карахти аз замони бозсози дар чист?

Афанди посух дод:

– Замони карахти шакар мепошиданд, холо бошад, каланфур.

 

Т У Х Ф А 

Шавхари золим аз завчааш пурсид:

– Чи тухфа биёрам, ки бароят нодир бошад:

Зани чон ба лаб омада, гуфт:

– Хати талок!

 

Д  У  З  Д 

Ду нафаре дар куча бари ба бар гом мезаданд. Яке ба дигаре бигуфт:

– Хо-о, чавоне рафта истодааст-ку, дузди гузарост!

Дигари гуфт:

– Аз кучо донисти?

Якуми гуфт:

– Дузд дуздро аз дур хам мешиносад.

 

КОРКУНИ САВДО ШАВ 

Якеро чон ба лаб омаду назди окиле рафта гуфт:

– Чи кор кунам, ки ба хеч касу хеч чиз мухточ нашавам?

Окил гуфташ:

– Раис шав.

Гуфт:

– Ин аз имкон берун аст.

Гуфташ:

– Пас вазир бишав.

Гуфт:

– Ин баробари аз осмон ситора кандан аст.

Гуфташ:

– Корманди савдо шав!

 

ЗАМОНА ДИГАР ШУД 

Яке ба дигаре мегуфт, ки:

– Замона дигар шуду мо хам.

Гуфт:

– Чи хел?

Гуфт:

– Замони рукуд чун ду кас ру ба ру меомад, ахволи саломати мепурсид.

Гуфт:

– Акнун чи?

Гуфт:

– Акнун меноланд.

Гуфт:

– Аз чи?

Гуфт:

– Аз нарху наво!

 

БЕХИТ ШАВ МЕГА 

Харидоре аз сабзифуруш пурсид:

– Бехиатон чанд шуд?

Фурушанда гардан ёзонда, аз хампахлуяш пурсид, ки:

– Чи мега?

Хампахлуяш посух дод:

– Аз афташ рекитёр аст, ки “бехит шав” мега.

 

МЕХРУБОНИ 

Марде ба хона ворид шудан замон ба завчааш руй овард:

– Азизам, сатили партовро дех, партофта биёям.

Зан кавок андохта, бо газаб гуфт:

– Боз маошатро ба сари шароб зади?!

 

АЗ КИ МЕТАЛАБЕМ 

Яке марди дунёдида аз сина охи сард бароварда, ба дусташ арз кард:

– Агар гузаштан ба бозори иктисоди хамин бошад, то ба бозор мерасем, ки хама гадо мешавем.

Дусташ ба у дида духта, гуфт:

– Чи, чи? Гадо мешавем?

Мард бигуфт:

– Бале! Гадо, яъне талбанда.

Гуфт:

– Он вакт аз ки металабем?!

 

К И Ё М А Т 

Муаллим аз талабае, ки “киёмат, киёмат” мегуфт, пурсид:

– Оё ту медони, ки кай киёмат мешавад?

Талаба посух дод, ки:

– Бале! Хар гохе, ки падари ман арак нушида, ба хона меояд.

 

ФИЛМИ МАЗХАКАВИ 

Писар аз дар сар халонда, гуфт:

– Дадо, дадо! Тез биёед!

Падар пурсид, ки:

– Ха, ягон вокеа рух дод?

Писар гуфт:

– Не, филми мустанади мазхакави сар мешавад.

Падар пурсид, ки:

– Номаш чист?

Писар дар чавоб гуфт:

– Сессияи Шурои Оли.

 

Н А М О И Ш 

Рузноманигор шахсеро ба сухбат кашида гуфт:

– Шумо симои точикро тамошо мекунед?

Он шахс гуфт:

– Ахён-ахён.

Гуфт:

– Кадом намоишаш ба шумо маъкул?

Гуфт:

– Намоиши сессияхои Шурои Оли.

Гуфт:

– Чаро?

Гуфт:

– Механди.

 

КАХРАМОН МЕШАВЕМ 

Депутате рузномаро бо кахр пора-пора карда партофт. Дигаре тааччуб карда, сабаб пурсид. Якуми ба хафт пушти рузнома лаънат хонда, гуфт:

– Боз дар бораи мо макола кардаанд.

Дигари бо хурсанди гуфт:

– О, баракс шод шудан лозим.

Якуми гуфт:

– Сафсата нахон! Чаро шод мешудаам?!

Дигари гуфт:

– О, кор хамин хел рафтан гирад, кахрамон мешавем.

Якуми гуфт:

– Кахрамон? Чи хел кахрамон?

Дигари гуфт:

– О, чои Мушфики ва Афандиро сохиб мешавем.

 

ДИЛИ БАДРО НЕ 

Табиб пас аз муоинаи дурудароз ба мизоч гуфт:

– Дардатон бад, бедаво.

Мизоч шурида, гуфт:

– О, хатто: “Дарди бадро давои бад!” мегуянд-ку?!

Табиб гуфт:

– Бале, вале на дили бадро!

 

ШАВКИ РАККОСА 

Дар туй яке ба гуши дигаре пичиррос зад:

– Мусики мурдаро ба ракс меорад, мегуянд, ки рост будааст. Бин, шавки раккоса чи тавр ба чуш омад.

Дигари гуфт:

– Кутохбин будаи! Шавки раккосаро мусики не, пулчаспони ба чуш овард.

 

САМТИ ХАРАКАТ 

Зан ба шавхараш писхандомез гуфт:

– Кулохро баракс пушидед-ку.

Шавхараш бадкахр шуда, гуфт:

– Дуруг мегуи. Охир, ту намедони, ки ман ба кадом тараф меравам.

 

ТАКСИМИ КОР 

Зан ба шавхар мегуяд:

– Хукуки зану мард баробар-а?

Шавхар мегуяд, ки:

– Бале!

Зан мегуяд:

– Акнун хамаи корхои хонаро ба навбат мекунем.

Шавхар мегуяд, ки:

– Ман рози. Ту хурок пухти, ман хурдам, шустани косаву табак навбати ту.

 

Ш И Т О Б

 Яке дар рох бошитоб мерафт.

Уро гуфтанд:

– Ба хайр? Кучо мешитоби?

Он мард гуфт:

– Ба магазин. Собун омадааст.

Ба у гуфтанд:

– Дер карди. Магазинчи собунро обу лой кард.

 

НАРХИ ОЗОД 

Чавоне шодон мегуфт:

– Чи хушбахти, нарххоро озод карданд.

Дигаре бо кахр гуфт:

– Хафтафахм, шоди не, гиря кун.

Гуфт:

– Чаро?

Гуфт:

– Нарххоро не, аждахои хафтсарро озод карданд. Акнун на танхо пуламонро, худамонро хам мехурад.

 

АРЗОНУ ФАРОВОН 

Мехмоне аз мири шахр пурсид:

– Дар шахри шумо чи арзону фаровон?

Афанди ки он чо хозир буд, гуфт:

– Ваъдаву фанду фиреб.

 

ХОНАСУЗ 

Яке бо алам нидо намуд:

– Хонасуз!

Дигаре бо хайрони пурсид:

– Ки?

Аввали гуфт:

– Кооперативхо!

 

ФОЛБИН 

Чавоне ба чавони дигаре гуфт, ки:

– Бо автобуси раками 18 омади.

У гуфт:

– Аз кучо фахмиди?

Гуфт:

– О, ягон тугма надори-ку.

 

ХАНДА 

Писаракеро пурсиданд:

– Оё модарат ягон бор механдад?

Гуфт:

– Мохе як бор – рузе, ки падарам маошашро меорад.

 

БАЧАИ КИ 

Мехмон аз писарбача пурсид:

– Бачаи ки мешави?

Гуфт:

– Бачаи шуи очам.

 

КАРИБ АЗ КАТ АФТАМ 

Ду хамкор рочеъ ба шавхархои худ сухбат мекарданд. Яке гуфт:

– Дугона, хамин шавхарат ачаб чавони шух-дия. Дируз бо у дар автобус вохурдам. Як латифахое накл кард, ки кариб аз болои кат афтам.

 

ДАРДИ БЕДАВО 

– Дардат бедаво.

– Чи-и? Ин чи хел дард?

– Хасуд.

– Акнун чи мешавад?

– Туро мехурад.

 

ХАЙРИЯТ 

– Дустам, мехмони нав муборак. Хурус-а?

– Ха, хурус!

– Ба ту монанд-ми?

– Не, ба занам.

– Уф-ф… Хайрият-е.

– Чаро “хайрият”?

– О, гумон доштам, ки ба ман монанд мешавад.

 

СИНОНИМ 

– Синоними калимахои чой, канд, шакар, орд, собун, калуш ва сатинро гуй?

– Тухми анко!

 

ОФТОБ МЕБАРОЯД 

– Акнун фарёди хурус! – гуфт таклидгар.

– Лозим не, накунед! – фарёд кард бачае аз толор.

– Барои чи?

– Чун хурус фарёд кунед, офтоб давида мебарояд.

 

АПАИ ЗУР 

– Апаи ман зур! Бо як кораш бобома бобокалон, момома момокалон, отама бобо, очама момо, хохарама хола, мана таго кард.

– О, чи кор кард апаат?

– Бача таваллуд кард.

 

ТАППАК 

– Гов чи медихад?

– Шир.

– Боз чи?

– Гусола.

– Боз чи?

– Таппак.

 

ДИЛВАСЕЪ 

– Дугоначон, дилатон чудо хам васеъ будааст-дия.

– Чи хел васеъ?

– О, ба он ишки бист мард чой гирифт-а!

ПЕШГИРИ 

– Либосатонро кашед, – гуфт духтур ба бемори навбати, духтари хеле зебо.

– Чаро-о-о?… Охир, гушам дард мекунад.

– “Чу узве ба дард оварад рузгор, дигар узвхоро намонад карор” – гуфтаанд. Вазифаи духтур пеш аз хама пешгирии касали. Аз ин ру, бояд аввал сихатии дигар узвхоятонро таъмин намоям.

 

ХАЙВОН 

– Ин хайвона хамин кадар ки задам, одам нашуд, – писарашро нишон дода, ба шиносаш хасрат кард мард. – Аз афташ хеч гох одам намешавад.

– Рост. Дар кучо диди, ки хайвон хайвона зада одам карда бошад.

 

ЛАЙЛИ ВА МАЧНУН 

– Номатон чи?

– Лайли!

– Ох, чи хушбахти! Номи ман Мачнун!

– Хушбахти не, бадбахти!

– Чаро?

– Кай Мачнун ба висоли Лахли расид?!

 

НАВ ПАНЧОХТА ГУЗАШТ 

– Ба Гулистон кадом автобус меравад? – пурсид муйсафед аз чавоне.

– Шасту хафтум, – чавоб дод чавон.

Баъди чанде чавон дид, ки муйсафед холо хам дар истгох нишастаат. У хайрон шуда, пурсид:

– Холо хам нарафтед, бобо?

Муйсафед гуфт:

– О, нав панчохта автобус гузашт, бачем.

 

ГУНОХ ВА ЧАЗО 

– Гунох чист?

– Чирк.

– Набошад, бо собун шуста мешудааст-да?

– Не, намешавад.

– Пас бо чи?

– Чазо!

 

СПОРТСМЕН 

Марде чавонеро ба мехмонони хоричи муаррифи карда, гуфт:

– Ин кас спортсмен.

– О-о, спортсмен! Аз кадом намуд?

– Давидан.

– О-о, медавад?

– Ха, аз кафои духтархо.

 

ОН ЧИ ДОД 

Танбале ду даст суи осмон бардошта, илтичо мекард:

– Худо, чонум, ки доди, нонум бидех!

Афанди, ки он чо хозир буд, гуфт:

– Худо намедихад, мегирад.

– Чиро мегирад?

– Он чи ки дод.

 

НИГОХ 

Марде чавонеро кашолакунон ба назди милиса овард ва гуфт:

– Моли маро дуздид.

– Аз кучо динистед, ки молатонро дуздид?

– Аз он ки ба ман бо тарсу ларз нигох кард.

 

ЗАРАР НАДОРАД 

– Э, хамааш гап, сигареткаши ба саломати зарар надорад.

– Рост, на хамеша зарар дорад.

– Чи хел?

– Танхо вакти зинда буданат.

 

ОВОЗАШ ГИРИФТ 

Ду нафар дар лаби кули калоне менишастанд. Ногахон аз кул овози имдодталабонае баланд шуд.

– Ёри дихед! Гарк мешавам!

– Рафтем, ёри дихем.

– Не, дод мезанад, яъне гарк нашудааст.

– Ана дигар дод намезанад, гарк шуд.

– Не, овозаш гирифт.

 

ОДАМ НАМЕШАМ 

– Одам мешай – намешай?!

– Намешам!

– Хар меши?

– Хов!

 

ИРОДА

Харидоре ба харидор мегуяд:

– Иродаи ин фурушанда мустахкам будааст.

– Аз кучо фахмиди?

– Нархи махсулоташро хеч паст намекунад.

ХАТАРНОК

Чавонмарде аз дусташ пурсид:

– Чаро ба ягон мансаби баланд сохиб намешави?

Дусташ гуфт, ки:

– Мансаби баланд хатарнок аст.

Чавонмард гуфт:

– Чияш хатарнок?

Гуфт:

– Афтиданаш.

 

ОВОЗИ ХАР

Ду чавони беадабу бадлафз ба асабхои пирамарде нохун мезаданд. Пирамард ангушти тахайюр ба дандони тафаккур гирифта, лаб намекушод. Яке аз беадабон гуфт:

– Бехосил фарёд дар гушхои хар!

Пирамардро сабр сар рафту гуфт:

– На, нофорам аст бар гушам овози хар!

 

НАМЕЗОЯД, ПАС НАР АСТ

Афандиро пурсиданд:

– Харат нар аст ё мода?

Гуфт:

– Намезояд, пас нар аст.

 

МАРД АЗ МАЙХОНА МЕОЯД

Марде ки бо ду борхалтаи пур аз бозор меомад, шиносашро ширакайф дида, гуфт:

– Номард, боз аз майхона меои?

Гуфт:

– Мард аз майхона меояд, номард аз бозор.

 

ТАЪЗИЯ

Бузургмехрро пурсиданд, ки:

– Бехтарин таърифнома кадом аст?

Гуфт:

– Таъзия.

РИШ МОНДИ-КУ

Тани гарм бе дард не, гуфтаги барин, дар руи Асад чизе баромад. Табиб гуфт, ки ришашро зинхор натарошад. Ва у мохе чанд риш натарошид. Ва аз Душанбе ба назди волидонаш рафт. Мeйсафеди падар уро дидан замон гуфт:

– Вах, ту чи кор карди?

– Чи кор кардам?

– Растохез шуди, бачагар!

– Ки гуфт ин гапи дуруга?

– О, риш монди-ку?!

 

МИЛЛИОНЕР ШУД

Шиносе ба шиносаш гуфт:

– Кориишкамзода раиси колхоз шуду…

У гуфт:

– Колхоз миллионер шуд?!

Гуфт:

– Колхоз не, раис миллионер шуд.

 

ЁРИПУЛИ

Дар як корхона корманде сохти моро нах зада, сохти капиталистиро таърифу тавсиф мекард, ки ба бекорон ёрипули медиханд. Аксарият ба акидаи у рози нашуданд. Гуфтанд, ки ана хамаи мо сол аз дуваздах мох коре намекунему маошу мукофот мегирем. О, ин аз он ёрдампули чи фарк дорад?

 

КУЛУХ БУД, КИ ВАЗИР ШУД

Яке бо охи сард гуфт:

– Хамине, ки вазираш таъин карданд, хамкурсам буд.

Гуфтанд:

– Рост? Набошад, хубаш медони?

Гуфт:

– Ха, аз кулух садо буду аз у не.

Гуфтанд:

– Пас чи хел вазир шуд?

Гуфт:

– Хех содда-е. О, аз у садо мебаромад вазир не, ту барин инженери одди мешуд.

 

ЗАН ГИРИФТ

Яке аз дусташ пурсид:

– Чаро сари Ахмад докапеч?

Дусташ гуфт:

– Чи, хабар надори?

Вай гуфт:

– Не.

Дусташ гуфт:

– О, у зан гирифт.

 

МУРГ НАДОРАМ

Шахсе бо кару фар мегуфт, ки:

– Ба хуруси хамсоя хушомад назанам!

Гуфтанд:

– Чаро?

Гуфт:

– Чунки мург надорам.

 

АЗ РУИ НАВБАТХО

Мехмоне ба мизбон зимни сухбат гуфт:

– Халки шумо хеле часуру далер будааст.

Мизбон бо хайрони гуфт:

– Аз чи шумо ба чунин хулоса омадед?

Мехмон гуфт:

– Аз руи навбатхо ва автобусу троллейбусхо.

 

ХАРИДУ ФУРУШ

Яке аз дигаре пурсид:

– «Одамони худи» кихоянд?

У гуфт:

– Онхое, ки харида шудаанд.

Гуфт:

– Хм-м… аз ин мебарояд, ки онхоро фурухтан мумкин?

 

ДАР ОМАДИ ГАП

– Мехохи президент шави?

– Не, намехохам!

– Чаро?

– Чунки мехохам дар гур ором бихобам.

 

ЧАВОБИ ВАЗИР

Аз вазири хочагии кишлок пурсиданд:

– Дар назди хочагии кишлок кадом монеахо истодааст?

Вазир гуфт:

– Онхо бисёранд.

Боз мепурсанд:

– Асосиашонро номбар мекардед?

Вазир гуфт:

– Асосиашон чор аст: бахор, тобистон, тирамох ва зимистон.

 

БА ЧУЗ АКЛИ РАСО

Марде бо кару фар дар ситоиши худ мегуфт:

– Аз хеч чизи дунё ками надорам.

Яке аз хозирбудагон гуфт:

– Бале, бале, ба чуз акли расо!

 

АХМАК НАШУДААМ

Марде хамкорашро кохиш намуд:

– О, чаро ягон бор лаб ба сухани танкид намекушои?

Гуфт:

– Ахмак нашудаам, ки пул дода, душман бихарам.

 

САВГО

Афанди ба фурудгохи хавоии Домодедовои Маскав расида, як нафаси чукур мекашаду фарёд мекунад:

– Насильщик!

Ду хаммол бо аробачахояшон хозир шуда, баробар мепурсанд:

– Хизмат?

Афанди мегуяд:

– Привет из солнечного Таджикистана!

– Тфу!..

 

ЛЕНИНИ БЕ ВОРИС 

Афанди бори дувум ба мавзолей даромада, Сталинро барии Ленин надид.

– У кучо шуд? – пурсид аз яке.

– Гуронданд!

– Инаш чи, бесохиб аст, ки касе намегуронадаш?!

 

НИМАША ДЕХ

– Рузнома чанд дирам?

– Шаст дирам.

– Мана си дирам нимаша дихед.

– Кадом нимаша?

– Ними програмадораша.

 

З А Н

– Зан!

– Ту зан!

– Не, ту зан!

– Ана! – гуфт ва ба бехи гарданаш якто мушти обдор фаровард.

– Чаро зади?

– О, худат гуфти, зан-ку…

 

ГУРУCНАНИШИНИ

– Ду хафта натофти?

– Дар майдони Озоди будам.

– Дар он чо чи кор карди?

– Гуруснанишини.

– О, фарбехтару тозатар шудаи-ку?

– О, се вакт хурокро аз махсулоти свежий тайёр мекарданд.

 

ДУ КАДР

– Харчи бигуем, бикунем! – гуфт кадри даври бозсози.

– Харчи бифармоянд, он кунем! – гуфт кадри даври карахти.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …