Главная / Илм / ЛАТИФАҲО

ЛАТИФАҲО

ТЎЁНА ОЯД…

Шахсе ба дўсташ узр овард:ҷ

– Бубахш, ман ба тўят рафта наметавонам.

Вай дар ҷавоб гуфт:

– Боке не, тўёна ояд!

 

ДАСТИ БАҚУВВАТ НАДОРАМ

Зан духтарашро дуои бад карда, мегуфт:

– Оҳ, сари сахтам! Ҳама дугонаҳои ман кайҳо бибӣ шудаанду…

– Хайр?

– Хайр-хайр! О ту кай ба шавҳар мебароӣ?

– Ҳеҷ гоҳ!

– Барои чӣ?

– Чунки ба мисли шумо дастони бақувват надорам.

– О ба ин дасти бақувват чӣ дахл дорад?

– Дорад. Агар не, ман ба монанди шумо… ҳа-ҳа, ба монанди шумо ду халтаи пурборро чӣ хел аз мағозаву бозорҳо кашида меорам?..

Х О Б

Депутате аз сесия бармегашт.

Пурсиданд:

– Он ҷо чӣ мекардӣ?

Гуфт:

– Хоб!

ҶОНАМ МЕБАРОЯД

Роҳзане сари роҳи мардеро гирифта, амр кард:

– Пулро барор!

Мард гуфт:

– Ин аз имкон берун аст.

Роҳзан ҳайрон шуда, пурсид:

– Чаро?

Мард ҷавоб дод:

– Чунки аз пул пештар ҷонам мебарояд!

ҶОЙ НАДОДАНД

Марде ба хонааш хурсанд омада, гуфт:

– Ҳоло ман ҷавон будаам.

Занаш хандид:

– Кӣ гуфт?

Мард гуфт:

– Охир, дар автобус касе ба ман ҷой надод…

 

БЕҲУНАР 

Зане ба дугонааш гуфт:

– Чаро шавҳари маро задӣ?

Дугонааш ҷавоб дод:

– Охир, вай маро бўсид…

Зан хандид:

– Э ғам нахўр, аз ин бештар ҳунаре надорад.

Дугонааш гуфт:

– Ман, охир, аз ҳамин беҳунариаш ба ғазаб омадам!

 

ЗИРАК

Рўбоҳе гуфт:

– Ҳеҷ мурғе аз хурўс зирактар нест.

Гуфтанд:

– Аз чӣ донӣ?

Гуфт:

– Аз он ки ҳеҷ ба дастам намеафтад.

 

ЧОЮ ЧАППОТӢ 

Марде дар пешонаи биное навиштаи “Ошхонаи миллӣ”-ро дида, чун гули қоқу шукуфт.

– Э, хайрият-е! Ғами мардуми таҳҷоиро ҳам мехўрдаанд! – гўён давида ба ошхона даромад.

Ва шодон аз пешхизмат пурсид:

– Чӣ доред, ака?

Вай дар ҷавоб гуфт:

– Чою чаппотӣ!

 

БЕИНСОФ 

Яке ба дигаре мегуфт, ки:

– Дарамро кўфт-кўфт, накушодам. Оқибат дарамро шикаста даромаду аз гулўям гирифт.

Гуфт:

– Наход?! Кӣ будааст ин беинсоф?

Гуфт:

– Нарху наво!

 

ҲАЗОР ЛАЪНАТ 

Пирамарде ба ҷавоне мегуфт:

– Пеш: “Ҳазор раҳмат ба Партияи ҷоноҷон ва Ҳукумати Советӣ!” – мегуфтем.

Ҷавон гуфт:

– Акнун чӣ?

Пирамард гуфт:

– Намедонем ба кӣ: “Ҳазор лаънат!” – гўем.

 

ИХТИСОР 

Марде ба марде рў оварда, гуфт:

– Ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро аз як район ду району аз як колхоз се колхоз ташкил карда истодаанд.

Марди дигарӣ гуфт:

– О, президент аппараташро 40 фоиз ихтисор карда истодааст-ку!

Он мард гуфт:

– Ихтисори аппарати президент ба ташкили району колхозҳо чӣ алоқа дорад?

Марди дигарӣ гуфт:

– Кўтоҳбин будаӣ! О, одамони ихтисоршударо ба корҳои роҳбарӣ таъмин кардан лозим!

 

ТАЛОШ 

Писар аз падар пурсид:

– Депутатҳо дар сессия чаро ин қадар шўру мағал мекунанд?

Падар гуфт:

– Ин шўру мағал не, талош аст.

Писар гуфт:

– Талоши чӣ?

Падар гуфт:

– Талоши мансаб.

 

“01”-У “03” 

Пирамард ба ҷавонмарде рў оварда, пурсид:

– Мегўянд, ки шабакаи алоқа хусусӣ гардонида шуд?

Ҷавонмард гуфт:

– Бале, шуд.

Пирамард гуфт:

– Ба халқ чӣ монд?

Ҷавонмард гуфт:

– Ду телефон.

Пирамард гуфт:

– Кадомҳо?

Ҷавонмард гуфт:

– “01”-у “03”.

 

БА ҶУЗ ИНСОФ 

Шахсе аз мағозаи тиҷоратӣ меомад.

Аз ў пурсиданд:

– Он ҷо чӣ ҳаст?

Гуфт:

– Ҳама чиз ба ҷуз…

Гуфтанд:

– Ба ҷуз шири мурғ?!

Гуфт:

– Не, инсоф!

 

БАРОИ ҲАМИН ФУРЎШАНДА ШУД 

Марде “Ҳаромхўр! Қаллоб! Беинсоф! Виҷдонсўхта!” – гўён, мағозаро ба сар мебардошт.

Аз ў пурсиданд:

– Чаро ин хел мегўед?

Ў гуфт:

– Ин беҳаё на ақл дорад, на инсофу на виҷдон.

Гуфтанд:

– О, барои ҳамин фурўшанда шудааст-дия!

 

КӢ ХЎҶАИН 

Аз марде пурсиданд:

– Дар оила кӣ хўҷаин: ту ва ё янга?

Вай дар ҷавоб гуфт:

– Ман, танҳо ҳамён дар дасти янга.

 

Қ  А  Р  З 

Мардеро зарурате пеш омад, ба шиносаш гуфт:

– Пул доред?

Гуфт:

– Бале, дорам.

Гуфт:

– Ин тур бошад, ҳазор сўм қарз бидиҳед.

Гуфт:

– Намедиҳам.

Гуфт:

– Чаро?

Гуфт:

– Чун, ки бо даст дода, бо по давиданӣ нестам.

 

Ё  Р  Ӣ

Марде назди ҷасаде лолу ҳайрон меистод.

Роҳгузаре аз ў пурсид:

– Чӣ гап?

Гуфт:

– Табиб ба ў ёрии аввалин расонд.

Гуфт:

– Хўш, чӣ тур?

Гуфт:

– Ва он ёрии охирин гашт.

 

ВОНАМУД 

Якеро гуфтанд, ки:

– Дар мамлакат чӣ ҳол аст?

Ў гуфт:

– Ҳама вонамуд аст.

Гуфтанд:

– Чӣ гуна?

Гуфт:

– Ҳукумат вонамуд мекунад, ки музд медиҳад, халқ вонамуд мекунад, ки кор мекунад.

 

ХУДОРАҲМАТӢ 

Пиразане аз наберааш пурсид:

– Калон шавӣ, кӣ мешавӣ?

Наберааш зуд тўтивор ҷавоб дод:

– Аввал апа мешавам, баъд арўс мешавам, баъд модар мешавам, баъд момо мешавам.

Пиразан ба ваҷд омада, боз пурсид:

– Боз кӣ мешавӣ?

Наберааш забон хоида ҷавоб дод:

– Баъд… Баъд худораҳматӣ.

 

БАРОИ ЧИЗУ ЧОРААШ 

Мардеро, ки ҳамсараш аз хона баромада рафта буд, пурсиданд:

– Занат баргашта меомада бошад?

Гуфт:

– Ҳатман меояд.

Гуфтанд:

– Барои зистан?

Гуфт:

– Э – на! Барои бурдани чизу чорааш.

 

АЗ БЕРУН ПЎШ 

Шахси бетамизе ба хонаи шиносаш ворид шуд ва гуфт:

– Дарро бипўшам?

Ҷавоб шунид:

– Бале – аз берун!

 

ТИН – СЎМ – ҲАЗОР 

Дар замони рукуд мепурсиданд:

– Мол чанд тин?

Дар замони бозсозӣ мепурсиданд:

– Мол чанд сўм?

Кунун мепурсанд:

– Мол чанд ҳазор?

 

Ё  Р  Ӣ 

Донишомўзе пиразани заиферо дид, ки тўрхалтаи пурборро базўр мебарад. Ба ў дилаш сўхт, раҳмаш омад. Аз ин рў ба ў наздик шуда, гуфт:

– Ёри бидиҳам? – ва даст ба тўрхалтаи пиразан дароз кард.

Пиразан бо тамоми овоз дод зад:

– Ёрӣ диҳед!

 

К Ӣ  П Е Ш 

Аз донишҷўе пурсиданд, ки:

– Кӣ пеш ба дунё омадааст: инсон ё тарс?

Ў гуфт:

– Тарс.

Гуфтанд:

– Чаро?

Гуфт:

– Агар инсон пеш ба дунё меомад, тарсро ҳеҷ гоҳ ба дил роҳ намедод.

 

ЛОТЕРЕЯ 

Донишҷў дар кашидани билет дудила шуда монд. Устод гуфт:

– Натарсида кашидан гир, имтиҳон ҳам чун лотерея аст.

Донишҷў гуфт:

– Набошад, ман билет нею якбора баҳо кашида гирам-чӣ?

 

НА БА ОН КАЛЛА АФТИДААСТ 

Ду ҷавонмард рў ба рў нишаста, сўҳбат мекарданд. Яке аз онҳо гуфт:

– Ин идея ҳеҷ ба каллаи ман ҷой намегирад.

Дигарӣ гуфт:

– Пас на ба он калла афтидааст.

 

В А С И Я Т 

Як шакарфурўш ба писараш васият кард:

– Вақте ки ман мурдам, ҳамин тарозуямонро ҳамроҳ ба зери хок мон.

Писар ҳайрон шуда, пурсид:

– Барои чӣ?

Падар гуфт:

– То ки гуноҳамро бо ҳамин тарозу баркашанд.

 

М А Н  О Н А М 

Яке аз дигаре пурсид, ки:

– Арақ хуб аст ё коняк?

Дигарӣ гуфт:

– Ман онам, ки ҳукм бар ғайб накунам.

Аввалӣ гуфт:

– Ман онам, ки тине берун аз ҷайб накунам.

 

ТУ ҲАР РЎЗ МЕОӢ 

Ҷавонеро бори дуюм ба милисахона оварданд. Сардори милиса дарҳол ўро шинохт ва гуфт:

– Шарм намедорӣ-а? Ду бор шуд, ки ба ин ҷо меоӣ.

Ҷавон густохона гуфт:

– Ту бояд шарм дорӣ.

Сардори милиса ҳайрон шуда, пурсид:

– Барои чӣ?

Ҷавон посух дод:

– Ман ҳамагӣ ду бор ба ин ҷо омадам, ту бошҳ ҳар рўз меоӣ.

 

САБР МЕБОЯД 

Сардори идорае ба зердасташ гуфт:

– Ман хубам ё бад?

Зердаст гуфт:

– Чиро гўям?

Сардор гуфт:

– Ҳақиқатро гўй!

Зердаст гуфт:

– Барои ин сабр мебояд.

Сардор гуфт:

– То кай?

Зердаст гуфт:

– То он рўзе, ки ё ту аз кор равӣ, ё ман.

 

ХОБИ БАД 

Зан дар хоб дастак мезад ва фиғон мекард. Шавҳараш ўро бедор кард ва сабаб пурсид.

Зан гуфт:

– Хоби баде дидам. Домуллое тори сарам дуо мехонд ва ҷони ман мебаромад.

Мард фиғон кашид:

– Оҳ, мани аблаҳ!

Зан гуфт:

– Чаро ин тур мегўӣ?

Мард гуфт:

– Охир, як лаҳза дертар бедор мекардам, намешуд.

 

Х А Л А Л 

Яке бо афсўс мегуфт, ки:

– Оҳ, чӣ хел мехоҳам аз рўи виҷдон зиндагӣ кунам!

Дигарӣ пурсид:

– Чӣ халал мерасонад?

Гуфт:

– Маош!

 

ТАФОВУТ 

Устод ба донишҷўе гуфт:

– Капитализму сосиализмро шарҳ бидеҳ.

Донишҷў гуфт:

– Капитализм, ин яъне, ки одам одамро истисмор мекунад.

Устод гуфт:

– Хўш, сосиализм чӣ?

Донишҷў гуфт:

– Бараъкс!

 

Ё   ҲАР  СЕ 

Мард ба хона маст меояд. Тоқати ҳамсараш тоқ шуда, бо ғазаб дод мезанад:

– Ё ман ё арақ?!

Мард бо заҳрханда нидо мекунад:

– Ё ҳарсе!

Зан аз шиддати ғазаб ларзида, мепурсад:

– Сеюмаш кӣ?

Мард мегўяд:

– Зани ҳамсоя!

 

ОБИЛА ДОРАД 

Яке ба дигаре мегўяд:

– Ана ҳамин одам депутат аст.

Дигарӣ гуфт:

– Аз куҷо донистӣ?

Аввалӣ гуфт:

– Нўки ангушташ обила дорад.

Дигарӣ гуфт:

– Барои чӣ нўки ангушти депутат бояд обила дошта бошад?

Аввалӣ гуфт:

– Охир, ў рўзи дароз фақат тугмача зер мекунад.

 

Ф А Р Қ 

Шахсе аз шиносаш пурсид:

– Депутат аз студент чӣ фарқ дорад?

Гуфт:

– Ҳеҷ фарқе.

Гуфт:

– Барои чӣ?

Гуфт:

– Барои он ки ҳар ду ҳам танҳо ҳангоми сессия кор мекунанд.

 

АЗ КАНОР АЁНТАР

 Депутате ба ягон чорабинӣ ҳамроҳ намешуд. Аз ў пурсиданд:

– Чаро ту ҳамеша дар канор меистӣ?

Гуфт:

– Аз канор ҳама чӣ аёнтар аст.

 

ЗАБОНАМ СУРХ 

Яке депутатро гуфт:

– Чаро дар сессияҳо даҳо намекушоед?

Депутат гуфт:

– Метарсам.

Гуфт:

– Аз чӣ?

Гуфт:

– Аз он ки забонам сурх.

Гуфт:

– Хайр, чӣ?

Гуфт:

– О, забони сурх сари сабзро медиҳад барбод!

 

ЛАВҲА ИВАЗ ШУД 

Шахсе ба дўсташ гуфт:

– Мегўянд, ки вазорататон консерн шудааст.  Ин гап рост аст?

Ў гуфт:

– Рост! Як сол шуд.

Гуфт:

– Набошад, ягон тағйирот шуд?

Гуфт:

– Шуд! Лавҳаи дари вазоратро дигар карданд.

 

ХОҲИШИ ДИЛ 

Ҷавонмардеро пурсиданд:

– Дилат чӣ мехоҳад?

Гуфт:

– Мехоҳад ба таври кўҳна кор кунаму ба таври нав маош гирам.

 

Ш О Х Ӣ 

Рустами шашсола бори нахуст аз шаҳр ба деҳа, ба хона бобояш омад. Ва дар каҳдон шохиро дида, гуфт:

– Гов алафро бо вилкаи калон мехўрдааст.

Бобо гуфт:

– Ин вилка не, шохӣ.

Набера гуфт:

– Ҳа, вилка бо тоҷикӣ шохӣ мешавад, гўед.

 

БАҲРИ ПИР 

Анвар бори аввал баҳрро дида, ба падараш гуфт:

– Ин баҳр пир будааст.

Падар дар тааҷҷуб монда, пурсид:

– Аз куҷо фаҳмидӣ?

Писар ҷавоб дод:

– Бин, рўяш пурожанг.

 

ШИРИНУ ТАЛХ 

Дар маҷлисе яке аз ҳозирон пурсид:

– Чист, ки аввалаш ширину оқибаташ талх?

Ҳозирон бо як овоз нидо намуданд:

– Ваъдаи депутат!

 

ТАНҲО ДАНДОН 

Яке бо хурсандӣ эълом дошт, ки:

– Дандони ақл баровардам.

Ба ў гуфтанд:

– Хайрият, аз ақл худо ба ту танҳо дандон бахшид.

 

ДЕГИ ГАП 

Яке мегуфт, ки:

– Дар замони рукуд деги хўрок меҷўшид.

Гуфтанд:

– Акнун чӣ?

Гуфт:

– Деги гап.

 

МЕТАРСАМ 

Зан ба сари шавҳар ситеза мекунад:

– О, ту чаро ягон бор ба мағозаву бозор намеравӣ?!

Шавҳар мегўяд:

– Метарсам.

Зан мепурсад, ки:

– Аз чӣ?

Шавҳар посух медиҳад, ки:

– Аз нархҳо.

 

БА ХОМЎШӢ РИОЯ КУНЕД 

Шахсе аз маҷлис бармегашт.

Аз ў пурсиданд, ки:

– Он ҷо чӣ гуфтанд?

Гуфт:

– Рафиқон! Ба хомўшӣ риоя кунед!

 

АЗ ТЕЛЕФОН 

Телефон занг зад. Мард гўшакро бардошт:

– Ало! Гўшам ба шумо! Аз куҷо гап мезанед?

Аз он сў гуфтанд:

– Аз телефон.

 

Т А Л А Б 

Аз сардори холабеғаме пурсиданд, ки:

– Чаро аз тобеонатон кор талаб намекунед?

Ў гуфт:

– О, кор талаб кунам, онҳо ҳам талаб мекунанд-дия.

Гуфтанд:

– Чиро?

Гуфт:

– Истеъфоямро.

 

Ҷ  А  Б  Р 

Устоде кори шогирд ба номи худ менавишт ва музд ба ҷайби хеш мезад. Шогирдро тоқат тоқ шуду гуфт:

– Ин чӣ ҷабр аст?

Ў гуфт:

– Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.

 

АЗ КУҶО ЁБАМ 

Марде дигареро дид, ки ба ҷоҳи ғам афтида.

Гуфташ:

– Чаро ҷамгинӣ?

Ў гуфт:

– Ҳазорсўмаеро майда кардан мехоҳам.

Гуфт:

– Хайр, майда кун.

Гуфт:

– О, он ҳазорсўмаро аз куҷо ёбам?!

 

ПАСТАМ КАРД 

– Аввал дар шастам кард.

– Баъд?

– Аз бўса мастам кард.

– Баъд?

– Дар хезу ҷастам кард.

– Баъд?

– Чун хоки сиёҳ пастам кард.

 

МУНОСИБАТ 

Шаб зан аз шўй рў гардонд. Шавҳар бо ҳайронӣ гуфт:

– Ҳа, боз чӣ бало зад?

Зан хеле ҷиддӣ гуфт:

– Ба муносибати бозоргонӣ мегузарем.

 

ЧУНКИ ВАЗИРРО АЗ КОР ГИРИФТАНД 

Ду дўст дар кўча рў ба рў омаданд. Яке аз дигаре пурсид:

– Шунидам, ки аз завҷаат ҷудо шудӣ. Оё ин рост аст?

Дигарӣ гуфт:

– Рост, ҷудо шудам.

Гуфт:

– Барои чӣ? Охир, як сол пеш базўр сўхтаю пухта хонадор шуда будӣ-ку?

Гуфт:

– Рост, лекин вазирро аз кор гирифтанд.

Гуфт:

– Вазир ба ин чӣ дахл дорад?

Гуфт:

– Охир, вазир падари завҷаам буд-да!

 

ДУДИ ҒАМ 

– Бўи дуд меояд.

– Аз куҷо?

– Аз Шўрои Олӣ.

– Гуфтаниед, ки дар ғами халқ месўзанд?

– Не, дар ғами худ сигарет дуд мекунанд.

 

ДУ ПОНЗДАҲ 

– Ҳамин бўҳрон чӣ бошад?

– Кризис!

– Кризисаш чӣ?

– Бўҳрон!

– Ҳа, ду понздаҳ, як сӣ гўед?

 

ИШТИҲО ВА СИЁСАТ 

– Занак! Ҳо, занак!

– Ҳа, чӣ мегӣ?

– О, хўрока биёр.

– Тоқат кун, тамом шавад.

– Чӣ?

– Сессияи Шўрои Олӣ.

– Чӣ-ӣ?! Баъди як моҳ хўрок оварданиӣ?!

 

ЖИВАЧКАДЕПУТАТ 

– Депутати моро Калўшдепутат мегўянд. Аз шуморо чӣ?

– Живачкадепутат!

– Чӣ, ба шумо живачка тақсим карда дода буд?

– Не, аз хоиданаша даҳонамон дард карду аз ў на садосту на нафъ.

 

НОМ МЕПУРСАМ 

– Шумо чӣ ном доред?

– Қиматӣ!

– Шумо чӣ?

– Қаҳтӣ!

– Шумо?

– Раҳматӣ!

– О, ман бе шумо ҳам медонам, ки ҳоло қиматӣ, қаҳтӣ аст, ҳа нагуфта бисёриҳо раҳматӣ мешаванд. Охир, ман ном мепурсам…

 

ҚАЛАНФУР 

Аз Афандӣ пурсиданд:

– Фарқи байни маҷлисҳои замони карахтӣ аз замони бозсозӣ дар чист?

Афандӣ посух дод:

– Замони карахтӣ шакар мепошиданд, ҳоло бошад, қаланфур.

 

Т Ў Ҳ Ф А 

Шавҳари золим аз завҷааш пурсид:

– Чӣ тўҳфа биёрам, ки бароят нодир бошад:

Зани ҷон ба лаб омада, гуфт:

– Хати талоқ!

 

Д  У  З  Д 

Ду нафаре дар кўча бари ба бар гом мезаданд. Яке ба дигаре бигуфт:

– Ҳо-о, ҷавоне рафта истодааст-ку, дузди гузарост!

Дигарӣ гуфт:

– Аз куҷо донистӣ?

Якумӣ гуфт:

– Дузд дуздро аз дур ҳам мешиносад.

 

КОРКУНИ САВДО ШАВ 

Якеро ҷон ба лаб омаду назди оқиле рафта гуфт:

– Чӣ кор кунам, ки ба ҳеҷ касу ҳеҷ чиз мўҳтоҷ нашавам?

Оқил гуфташ:

– Раис шав.

Гуфт:

– Ин аз имкон берун аст.

Гуфташ:

– Пас вазир бишав.

Гуфт:

– Ин баробари аз осмон ситора кандан аст.

Гуфташ:

– Корманди савдо шав!

 

ЗАМОНА ДИГАР ШУД 

Яке ба дигаре мегуфт, ки:

– Замона дигар шуду мо ҳам.

Гуфт:

– Чӣ хел?

Гуфт:

– Замони рукуд чун ду кас рў ба рў меомад, аҳволи саломатӣ мепурсид.

Гуфт:

– Акнун чӣ?

Гуфт:

– Акнун меноланд.

Гуфт:

– Аз чӣ?

Гуфт:

– Аз нарху наво!

 

БЕХИТ ШАВ МЕГА 

Харидоре аз сабзифурўш пурсид:

– Бехиатон чанд шуд?

Фурўшанда гардан ёзонда, аз ҳампаҳлўяш пурсид, ки:

– Чӣ мега?

Ҳампаҳлўяш посух дод:

– Аз афташ рекитёр аст, ки “бехит шав” мега.

 

МЕҲРУБОНӢ 

Марде ба хона ворид шудан замон ба завҷааш рўй овард:

– Азизам, сатили партовро деҳ, партофта биёям.

Зан қавоқ андохта, бо ғазаб гуфт:

– Боз маошатро ба сари шароб задӣ?!

 

АЗ КӢ МЕТАЛАБЕМ 

Яке марди дунёдида аз сина оҳи сард бароварда, ба дўсташ арз кард:

– Агар гузаштан ба бозори иқтисодӣ ҳамин бошад, то ба бозор мерасем, ки ҳама гадо мешавем.

Дўсташ ба ў дида дўхта, гуфт:

– Чӣ, чӣ? Гадо мешавем?

Мард бигуфт:

– Бале! Гадо, яъне талбанда.

Гуфт:

– Он вақт аз кӣ металабем?!

 

Қ И Ё М А Т 

Муаллим аз талабае, ки “қиёмат, қиёмат” мегуфт, пурсид:

– Оё ту медонӣ, ки кай қиёмат мешавад?

Талаба посух дод, ки:

– Бале! Ҳар гоҳе, ки падари ман арақ нўшида, ба хона меояд.

 

ФИЛМИ МАЗҲАКАВӢ 

Писар аз дар сар халонда, гуфт:

– Дадо, дадо! Тез биёед!

Падар пурсид, ки:

– Ҳа, ягон воқеа рух дод?

Писар гуфт:

– Не, филми мустанади мазҳакавӣ сар мешавад.

Падар пурсид, ки:

– Номаш чист?

Писар дар ҷавоб гуфт:

– Сессияи Шўрои Олӣ.

 

Н А М О И Ш 

Рўзноманигор шахсеро ба сўҳбат кашида гуфт:

– Шумо симои тоҷикро тамошо мекунед?

Он шахс гуфт:

– Аҳён-аҳён.

Гуфт:

– Кадом намоишаш ба шумо маъқул?

Гуфт:

– Намоиши сессияҳои Шўрои Олӣ.

Гуфт:

– Чаро?

Гуфт:

– Механдӣ.

 

ҚАҲРАМОН МЕШАВЕМ 

Депутате рўзномаро бо қаҳр пора-пора карда партофт. Дигаре тааҷҷуб карда, сабаб пурсид. Якумӣ ба ҳафт пушти рўзнома лаънат хонда, гуфт:

– Боз дар бораи мо мақола кардаанд.

Дигарӣ бо хурсандӣ гуфт:

– О, баракс шод шудан лозим.

Якумӣ гуфт:

– Сафсата нахон! Чаро шод мешудаам?!

Дигарӣ гуфт:

– О, кор ҳамин хел рафтан гирад, қаҳрамон мешавем.

Якумӣ гуфт:

– Қаҳрамон? Чӣ хел қаҳрамон?

Дигарӣ гуфт:

– О, ҷои Мушфиқӣ ва Афандиро соҳиб мешавем.

 

ДИЛИ БАДРО НЕ 

Табиб пас аз муоинаи дурудароз ба мизоҷ гуфт:

– Дардатон бад, бедаво.

Мизоҷ шўрида, гуфт:

– О, ҳатто: “Дарди бадро давои бад!” мегўянд-ку?!

Табиб гуфт:

– Бале, вале на дили бадро!

 

ШАВҚИ РАҚҚОСА 

Дар тўй яке ба гўши дигаре пичиррос зад:

– Мусиқӣ мурдаро ба рақс меорад, мегўянд, ки рост будааст. Бин, шавқи раққоса чӣ тавр ба ҷўш омад.

Дигарӣ гуфт:

– Кўтоҳбин будаӣ! Шавқи раққосаро мусиқӣ не, пулчаспонӣ ба ҷўш овард.

 

САМТИ ҲАРАКАТ 

Зан ба шавҳараш писхандомез гуфт:

– Кулоҳро баракс пўшидед-ку.

Шавҳараш бадқаҳр шуда, гуфт:

– Дурўғ мегўӣ. Охир, ту намедонӣ, ки ман ба кадом тараф меравам.

 

ТАҚСИМИ КОР 

Зан ба шавҳар мегўяд:

– Ҳуқуқи зану мард баробар-а?

Шавҳар мегўяд, ки:

– Бале!

Зан мегўяд:

– Акнун ҳамаи корҳои хонаро ба навбат мекунем.

Шавҳар мегўяд, ки:

– Ман розӣ. Ту хўрок пухтӣ, ман хўрдам, шустани косаву табақ навбати ту.

 

Ш И Т О Б

 Яке дар роҳ бошитоб мерафт.

Ўро гуфтанд:

– Ба хайр? Куҷо мешитобӣ?

Он мард гуфт:

– Ба магазин. Собун омадааст.

Ба ў гуфтанд:

– Дер кардӣ. Магазинчӣ собунро обу лой кард.

 

НАРХИ ОЗОД 

Ҷавоне шодон мегуфт:

– Чӣ хушбахтӣ, нархҳоро озод карданд.

Дигаре бо қаҳр гуфт:

– Ҳафтафаҳм, шодӣ не, гиря кун.

Гуфт:

– Чаро?

Гуфт:

– Нархҳоро не, аждаҳои ҳафтсарро озод карданд. Акнун на танҳо пуламонро, худамонро ҳам мехўрад.

 

АРЗОНУ ФАРОВОН 

Меҳмоне аз мири шаҳр пурсид:

– Дар шаҳри шумо чӣ арзону фаровон?

Афандӣ ки он ҷо ҳозир буд, гуфт:

– Ваъдаву фанду фиреб.

 

ХОНАСЎЗ 

Яке бо алам нидо намуд:

– Хонасўз!

Дигаре бо ҳайронӣ пурсид:

– Кӣ?

Аввалӣ гуфт:

– Кооперативҳо!

 

ФОЛБИН 

Ҷавоне ба ҷавони дигаре гуфт, ки:

– Бо автобуси рақами 18 омадӣ.

Ў гуфт:

– Аз куҷо фаҳмидӣ?

Гуфт:

– О, ягон тугма надорӣ-ку.

 

ХАНДА 

Писаракеро пурсиданд:

– Оё модарат ягон бор механдад?

Гуфт:

– Моҳе як бор – рўзе, ки падарам маошашро меорад.

 

БАЧАИ КӢ 

Меҳмон аз писарбача пурсид:

– Бачаи кӣ мешавӣ?

Гуфт:

– Бачаи шўи очам.

 

ҚАРИБ АЗ КАТ АФТАМ 

Ду ҳамкор роҷеъ ба шавҳарҳои худ сўҳбат мекарданд. Яке гуфт:

– Дугона, ҳамин шавҳарат аҷаб ҷавони шўх-дия. Дирўз бо ў дар автобус вохўрдам. Як латифаҳое нақл кард, ки қариб аз болои кат афтам.

 

ДАРДИ БЕДАВО 

– Дардат бедаво.

– Чӣ-ӣ? Ин чӣ хел дард?

– Ҳасуд.

– Акнун чӣ мешавад?

– Туро мехўрад.

 

ХАЙРИЯТ 

– Дўстам, меҳмони нав муборак. Хурўс-а?

– Ҳа, хурўс!

– Ба ту монанд-мӣ?

– Не, ба занам.

– Уф-ф… Хайрият-е.

– Чаро “хайрият”?

– О, гумон доштам, ки ба ман монанд мешавад.

 

СИНОНИМ 

– Синоними калимаҳои чой, қанд, шакар, орд, собун, калўш ва сатинро гўй?

– Тухми анқо!

 

ОФТОБ МЕБАРОЯД 

– Акнун фарёди хурўс! – гуфт тақлидгар.

– Лозим не, накунед! – фарёд кард бачае аз толор.

– Барои чӣ?

– Чун хурўс фарёд кунед, офтоб давида мебарояд.

 

АПАИ ЗЎР 

– Апаи ман зўр! Бо як кораш бобома бобокалон, момома момокалон, отама бобо, очама момо, хоҳарама хола, мана тағо кард.

– О, чӣ кор кард апаат?

– Бача таваллуд кард.

 

ТАППАК 

– Гов чӣ медиҳад?

– Шир.

– Боз чӣ?

– Гўсола.

– Боз чӣ?

– Таппак.

 

ДИЛВАСЕЪ 

– Дугонаҷон, дилатон ҷудо ҳам васеъ будааст-дия.

– Чӣ хел васеъ?

– О, ба он ишқи бист мард ҷой гирифт-а!

ПЕШГИРӢ 

– Либосатонро кашед, – гуфт духтур ба бемори навбатӣ, духтари хеле зебо.

– Чаро-о-о?… Охир, гўшам дард мекунад.

– “Чу узве ба дард оварад рўзгор, дигар узвҳоро намонад қарор” – гуфтаанд. Вазифаи духтур пеш аз ҳама пешгирии касалӣ. Аз ин рў, бояд аввал сиҳатии дигар узвҳоятонро таъмин намоям.

 

ҲАЙВОН 

– Ин ҳайвона ҳамин қадар ки задам, одам нашуд, – писарашро нишон дода, ба шиносаш ҳасрат кард мард. – Аз афташ ҳеҷ гоҳ одам намешавад.

– Рост. Дар куҷо дидӣ, ки ҳайвон ҳайвона зада одам карда бошад.

 

ЛАЙЛӢ ВА МАҶНУН 

– Номатон чӣ?

– Лайлӣ!

– Оҳ, чӣ хушбахтӣ! Номи ман Маҷнун!

– Хушбахтӣ не, бадбахтӣ!

– Чаро?

– Кай Маҷнун ба висоли Лаҳлӣ расид?!

 

НАВ ПАНҶОҲТА ГУЗАШТ 

– Ба Гулистон кадом автобус меравад? – пурсид мўйсафед аз ҷавоне.

– Шасту ҳафтум, – ҷавоб дод ҷавон.

Баъди чанде ҷавон дид, ки мўйсафед ҳоло ҳам дар истгоҳ нишастаат. Ў ҳайрон шуда, пурсид:

– Ҳоло ҳам нарафтед, бобо?

Мўйсафед гуфт:

– О, нав панҷоҳта автобус гузашт, бачем.

 

ГУНОҲ ВА ҶАЗО 

– Гуноҳ чист?

– Чирк.

– Набошад, бо собун шуста мешудааст-да?

– Не, намешавад.

– Пас бо чӣ?

– Ҷазо!

 

СПОРТСМЕН 

Марде ҷавонеро ба меҳмонони хориҷӣ муаррифӣ карда, гуфт:

– Ин кас спортсмен.

– О-о, спортсмен! Аз кадом намуд?

– Давидан.

– О-о, медавад?

– Ҳа, аз қафои духтарҳо.

 

ОН ЧӢ ДОД 

Танбале ду даст сўи осмон бардошта, илтиҷо мекард:

– Худо, ҷонум, ки додӣ, нонум бидеҳ!

Афандӣ, ки он ҷо ҳозир буд, гуфт:

– Худо намедиҳад, мегирад.

– Чиро мегирад?

– Он чӣ ки дод.

 

НИГОҲ 

Марде ҷавонеро кашолакунон ба назди милиса овард ва гуфт:

– Моли маро дуздид.

– Аз куҷо динистед, ки молатонро дуздид?

– Аз он ки ба ман бо тарсу ларз нигоҳ кард.

 

ЗАРАР НАДОРАД 

– Э, ҳамааш гап, сигареткашӣ ба саломатӣ зарар надорад.

– Рост, на ҳамеша зарар дорад.

– Чӣ хел?

– Танҳо вақти зинда буданат.

 

ОВОЗАШ ГИРИФТ 

Ду нафар дар лаби кўли калоне менишастанд. Ногаҳон аз кўл овози имдодталабонае баланд шуд.

– Ёрӣ диҳед! Ғарқ мешавам!

– Рафтем, ёрӣ диҳем.

– Не, дод мезанад, яъне ғарқ нашудааст.

– Ана дигар дод намезанад, ғарқ шуд.

– Не, овозаш гирифт.

 

ОДАМ НАМЕШАМ 

– Одам мешай – намешай?!

– Намешам!

– Хар мешӣ?

– Ҳов!

 

ИРОДА

Харидоре ба харидор мегўяд:

– Иродаи ин фурўшанда мустаҳкам будааст.

– Аз куҷо фаҳмидӣ?

– Нархи маҳсулоташро ҳеҷ паст намекунад.

ХАТАРНОК

Ҷавонмарде аз дўсташ пурсид:

– Чаро ба ягон мансаби баланд соҳиб намешавӣ?

Дўсташ гуфт, ки:

– Мансаби баланд хатарнок аст.

Ҷавонмард гуфт:

– Чияш хатарнок?

Гуфт:

– Афтиданаш.

 

ОВОЗИ ХАР

Ду ҷавони беадабу бадлафз ба асабҳои пирамарде нохун мезаданд. Пирамард ангушти таҳайюр ба дандони тафаккур гирифта, лаб намекушод. Яке аз беадабон гуфт:

– Беҳосил фарёд дар гўшҳои хар!

Пирамардро сабр сар рафту гуфт:

– На, нофорам аст бар гўшам овози хар!

 

НАМЕЗОЯД, ПАС НАР АСТ

Афандиро пурсиданд:

– Харат нар аст ё мода?

Гуфт:

– Намезояд, пас нар аст.

 

МАРД АЗ МАЙХОНА МЕОЯД

Марде ки бо ду борхалтаи пур аз бозор меомад, шиносашро ширакайф дида, гуфт:

– Номард, боз аз майхона меоӣ?

Гуфт:

– Мард аз майхона меояд, номард аз бозор.

 

ТАЪЗИЯ

Бузургмеҳрро пурсиданд, ки:

– Беҳтарин таърифнома кадом аст?

Гуфт:

– Таъзия.

РИШ МОНДӢ-КУ

Тани гарм бе дард не, гуфтагӣ барин, дар рўи Асад чизе баромад. Табиб гуфт, ки ришашро зинҳор натарошад. Ва ў моҳе чанд риш натарошид. Ва аз Душанбе ба назди волидонаш рафт. Мeйсафеди падар ўро дидан замон гуфт:

– Ваҳ, ту чӣ кор кардӣ?

– Чӣ кор кардам?

– Растохез шудӣ, бачағар!

– Кӣ гуфт ин гапи дурўға?

– О, риш мондӣ-ку?!

 

МИЛЛИОНЕР ШУД

Шиносе ба шиносаш гуфт:

– Қорӣишкамзода раиси колхоз шуду…

Ў гуфт:

– Колхоз миллионер шуд?!

Гуфт:

– Колхоз не, раис миллионер шуд.

 

ЁРИПУЛӢ

Дар як корхона корманде сохти моро наҳ зада, сохти капиталистиро таърифу тавсиф мекард, ки ба бекорон ёрипулӣ медиҳанд. Аксарият ба ақидаи ў розӣ нашуданд. Гуфтанд, ки ана ҳамаи мо сол аз дуваздаҳ моҳ коре намекунему маошу мукофот мегирем. О, ин аз он ёрдампулӣ чӣ фарқ дорад?

 

КУЛЎХ БУД, КИ ВАЗИР ШУД

Яке бо оҳи сард гуфт:

– Ҳамине, ки вазираш таъин карданд, ҳамкурсам буд.

Гуфтанд:

– Рост? Набошад, хубаш медонӣ?

Гуфт:

– Ҳа, аз кулўх садо буду аз ў не.

Гуфтанд:

– Пас чӣ хел вазир шуд?

Гуфт:

– Ҳеҳ содда-е. О, аз ў садо мебаромад вазир не, ту барин инженери оддӣ мешуд.

 

ЗАН ГИРИФТ

Яке аз дўсташ пурсид:

– Чаро сари Аҳмад докапеч?

Дўсташ гуфт:

– Чӣ, хабар надорӣ?

Вай гуфт:

– Не.

Дўсташ гуфт:

– О, ў зан гирифт.

 

МУРҒ НАДОРАМ

Шахсе бо кару фар мегуфт, ки:

– Ба хурўси ҳамсоя хушомад назанам!

Гуфтанд:

– Чаро?

Гуфт:

– Чунки мурғ надорам.

 

АЗ РЎИ НАВБАТҲО

Меҳмоне ба мизбон зимни сўҳбат гуфт:

– Халқи шумо хеле ҷасуру далер будааст.

Мизбон бо ҳайронӣ гуфт:

– Аз чӣ шумо ба чунин хулоса омадед?

Меҳмон гуфт:

– Аз рўи навбатҳо ва автобусу троллейбусҳо.

 

ХАРИДУ ФУРЎШ

Яке аз дигаре пурсид:

– «Одамони худӣ» киҳоянд?

Ў гуфт:

– Онҳое, ки харида шудаанд.

Гуфт:

– Ҳм-м… аз ин мебарояд, ки онҳоро фурўхтан мумкин?

 

ДАР ОМАДИ ГАП

– Мехоҳӣ президент шавӣ?

– Не, намехоҳам!

– Чаро?

– Чунки мехоҳам дар гўр ором бихобам.

 

ҶАВОБИ ВАЗИР

Аз вазири хоҷагии қишлоқ пурсиданд:

– Дар назди хоҷагии қишлоқ кадом монеаҳо истодааст?

Вазир гуфт:

– Онҳо бисёранд.

Боз мепурсанд:

– Асосиашонро номбар мекардед?

Вазир гуфт:

– Асосиашон чор аст: баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон.

 

БА ҶУЗ АҚЛИ РАСО

Марде бо кару фар дар ситоиши худ мегуфт:

– Аз ҳеҷ чизи дунё камӣ надорам.

Яке аз ҳозирбудагон гуфт:

– Бале, бале, ба ҷуз ақли расо!

 

АХМАҚ НАШУДААМ

Марде ҳамкорашро коҳиш намуд:

– О, чаро ягон бор лаб ба сухани танқид намекушоӣ?

Гуфт:

– Ахмақ нашудаам, ки пул дода, душман бихарам.

 

САВҒО

Афандӣ ба фурудгоҳи ҳавоии Домодедовои Маскав расида, як нафаси чуқур мекашаду фарёд мекунад:

– Насильщик!

Ду ҳаммол бо аробачаҳояшон ҳозир шуда, баробар мепурсанд:

– Хизмат?

Афандӣ мегўяд:

– Привет из солнечного Таджикистана!

– Тфу!..

 

ЛЕНИНИ БЕ ВОРИС 

Афандӣ бори дувум ба мавзолей даромада, Сталинро барии Ленин надид.

– Ў куҷо шуд? – пурсид аз яке.

– Гўронданд!

– Инаш чӣ, бесоҳиб аст, ки касе намегўронадаш?!

 

НИМАША ДЕҲ

– Рўзнома чанд дирам?

– Шаст дирам.

– Мана си дирам нимаша диҳед.

– Кадом нимаша?

– Ними програмадораша.

 

З А Н

– Зан!

– Ту зан!

– Не, ту зан!

– Ана! – гуфт ва ба бехи гарданаш якто мушти обдор фаровард.

– Чаро задӣ?

– О, худат гуфтӣ, зан-ку…

 

ГУРУCНАНИШИНӢ

– Ду ҳафта натофтӣ?

– Дар майдони Озодӣ будам.

– Дар он ҷо чӣ кор кардӣ?

– Гуруснанишинӣ.

– О, фарбеҳтару тозатар шудаӣ-ку?

– О, се вақт хўрокро аз маҳсулоти свежий тайёр мекарданд.

 

ДУ КАДР

– Ҳарчи бигўем, бикунем! – гуфт кадри даври бозсозӣ.

– Ҳарчи бифармоянд, он кунем! – гуфт кадри даври карахтӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …