Главная / Чамъият / Конуни ЧТ Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо (Оин)

Конуни ЧТ Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо (Оин)

Конуни Чумхурии Точикистон  Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо  дар Чумхурии Точикистон  (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2007, №6, мод.428;  соли 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; Конунхои ЧТ аз 30.05.2017 с., №1428; аз 28.08.2017 с., №1461)

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Чумхурии Точикистон»

Конуни мазкур бо такозои рушди чомеа анъана ва чашну маросимро танзим намуда, ба хифзи арзишхои асили фарханги милли ва эхтиром ба суннатхои мардуми барои баланд бардоштани сатхи ичтимоию иктисодии хаёти шахрвандони Чумхурии Точикистон равона гардидааст.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Максад, вазифа ва доираи амали Конуни мазкур

Максади Конуни мазкур аз химояи манфиатхои ичтимоии мардуми Точикистон, мусоидат барои паст кардани сатхи камбизоати ва гирифтани пеши рохи харочоти зиёдати, ки ба манфиатхои иктисоди ва фазои маънавии хаёти шахрвандон зарари чидди ворид менамоянд, иборат аст. Конун хамчунин барои таъмини хукуку озодихои шахрвандон ва тартиботи чамъияти равона карда шудааст.

Вазифаи Конуни мазкур танзими анъана ва чашну маросим дар асоси дастовардхои фарханги милли ва тамаддуни чахони мебошад.

Амали Конуни мазкур ба макомоти давлати, ташкилоту муассисахо ва корхонахо, сарфи назар аз тобеияти идорави ва шакли моликият, хамчунин хамаи шахсони вокеи, новобаста ба вазъи ичтимои ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.

Акаллиятхои милли дар доираи мукаррароти Конуни мазкур дар баргузории анъана ва чашну маросими суннатиашон озод мебошанд.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

анъана- мачмуи арзишхои модди ва маънавии мероси ичтимоию фархангии чомеа ва ё гуруххои алохидаи чамъияти буда, аз насл ба насл мегузарад;

маросим – мачмуи амалхои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гуруххои ичтимоиро ба падидахои мухими хаёти фархангии чомеа мукаррар менамояд;

чашн – тачлили руйдодхо ва ё санахои таърихию фарханги, чамъияти, касби ва оилави мебошад.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи танзими анъана ва чашну маросим

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи танзими анъана ва чашну маросим ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  ва санадхои хукуки байналмилалие, ки онхоро Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. МАКОМОТ ОИД БА ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ЧАШНУ МАРОСИМХО ВА САЛОХИЯТИ ОНХО

Моддаи 4. Макоми вакотардор оид ба танзими анъана ва чашну маросим

Ичрои талаботи Конуни мазкур аз тарафи макоми ваколатдро, ки Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад, амали карда мешавад. (кчт 21.07.10. №636)

Моддаи 5. Комиссияхои доимии махалли

Чихати амали намудани Конуни мазкур дар назди макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии вилоятхо, шахру нохияхо ва чамоатхои шахраку дехоти кишвар комиссияхои доимии махалли таъсис дода мешаванд.

Низомномаи комиссияхои доимии махаллиро Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхо ва чамоати шахраку дехот тасдик мекунанд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Низомномаи намунавии комиссияхои доимии махаллиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461) 

Моддаи 51. Комиссияхои чамъияти

(КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Дар вазорату идорахо, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию хукуки, ки дар онхо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияхои чамъияти таъсис дода мешаванд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Фаъолияти комиссияхои чамъияти тибки Конуни мазкур ва низомнома, ки аз чониби рохбарони вазорату идорахо, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо тасдик карда мешавад, ба рох монда мешавад. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Низомномаи намунавии комиссияхои чамъиятиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Комиссияхои чамъияти риояи талаботи Конуни мазкурро аз чониби кормандони вазорату идорахо, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки дар онхо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, чихати пешгирии конунвайронкуни дар ин самт тадбирхои зарури меандешанд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Конуни мазкур комиссияхои чамъияти дар мухлати се руз ба макоми ваколатдор ва ё комиссияхои доимии махалли дар ин бора хабар медиханд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 6. Ваколати Макоми ваколатдор ва комиссияхои доимии махалли оид ба танзими анъана ва чашну маросим

Макоми ваколатдор ва комиссияхои доимии вилояти, шахрию нохияви ва чамоатхои шахраку дехот оид ба танзими анъана ва чашну маросим дорои ваколатхои зерин мебошанд:

– назорат оид ба танзими анъана ва чашну маросим тибки талаботи Конуни мазкур  ва дигар санадхои меъёрии хукуки;

– тахияи тавсия ва дастурхои амали барои камхарч гузаронидани чашну маросим;

фахмондани талаботи конунгузори ва додани тавсияхо ба шахсоне, ки чашну маросимро мегузаронанд(КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

ба кайд гирифтани туйи домодию аруси ва маросими азодори, инчунин пешбурди омор дар ин самт; (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

– андешидани чорахо чихати пешгирии риоя накардани талаботи Конуни мазкур;  (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

– таъмини хамкори байни макомоти давлати ва иттиходияхои чамъияти оид ба танзими анъана ва чашну маросим ва ташкили корхои маърифатию таргиботи дар байни ахоли;

– расонидани ёрии амали ба раисони махаллахо, шуъбахои сабти асноди холати шахрванди, шахсони вокеи ва хукуки дар танзими чашну маросим;

– таблиги адабиёти илмию оммави оид ба танзими анъана ва чашну маросим;

– талаб кардани маълумот дар бораи ичрои санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба танзими анъана ва чашну маросим аз вазорату идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии вилоятхо, шахру нохияхо, ташкилоту муассисахо, корхонахо ва иттиходияхои чамъияти, сарфи назар аз шакли моликияташон.

Дар холати риоя нашудани мукаррароти Конуни мазкур Макоми ваколатдор ва комиссияхои доимии махалли санади зарури тахия намуда, онро барои татбики чорахои таъсиррасонии хукуки ба макомоти дахлдор пешниход менамоянд.

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ЧАШНУ МАРОСИМИ РАСМИ ВА ОИЛАВИ

Моддаи 7. Чашнхои расми 

Чашнхои Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон, Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Вахдати милли, Навруз, Сада, Мехргон, идхои Рамазон, Курбон ва дигар идхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон баргузор мегарданд.

Дар сатхи давлати чашн гирифтани санаи таъсиси идораву муассисахо, ташкилотхои давлати, хамчунин зодруз ва ёдбуди шахсоне, ки ба давлат ва чамъият хизматхои шоиста кардаанд, тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

Оростани зиёфати расми ба муносибати таъйин шудан ба вазифаи давлати, гирифтани рутба, унвон, мукофотхои давлати ва дарачахои илмию тахассуси манъ аст.

Дар рузхои иди Рамазон ва Курбон дастархони маънави ва камхарчи идона ороста шуда, ба исрофкори ва зиёдарави рох додан манъ аст. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 8. Зодруз

Чашни зодруз ба таври ихтиёри танхо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Моддаи 9. Хатнасур

Хатнасур ба таври ихтиёри танхо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Хатна бо розигии падару модар аз рузи таваллуди писар то рузи бистуми баъди таваллуд дар муассисахои тиббии дахлдор бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти ба таври ройгон гузаронида мешавад. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Маъракахои номгузори, гахворабандон, чиллагурезон, муйсаргирони тифл ва дигар маъракахои ба таваллуди кудак вобаста дар доираи оила, бе забхи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Гузаронидани маъракаи акика манъ аст.

Падару модар ва дигар шахсони онхоро ивазкунанда метавонанд аз маблагхои сарфашуда то расидан ба синни балогат дар бонкхо ба номи писаронашон суратхисоб кушоянд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Шахсони вокеи ва хукуки, ки имконияти молияви доранд, метавонанд бо иштироки комиссияхои доимии махалли хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилахои камбизоатро баргузор намоянд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро макоми ваколатдор муаяйн менамояд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461) 

Моддаи 10. Туйи домодию аруси

Туйи домодию аруси дар давоми на бештар аз ду руз ба таври ихтиёри бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши туй барои то 200 нафар аз хисоби хар ду чониб гузаронида мешавад.

Ташкили маъракахои фотихаи туй, маслихатоши, идонабари, сандукбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, кудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, руйбунин, чодарканон, муборакбоди, шахтозон (рохбандон), такдими сарупо барои мехмонони тарафайн ва хешу табори домоду арус, ба истиснои такдими тухфахо барои домоду арус ва падару модари онхо манъ аст.

Маросими домодталабон ва арусбинон ба таври ихтиёри дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд.

Падару модари домоду арус ва ё шахсони онхоро ивазкунанда бо маслихати тарафайн метавонанд ба чойи додани оши туй маблаги онро чихати бехтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Хамсарон хукук доранд, ки тибки мукаррароти Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон байни худ ахдномаи никох банданд.

Маросими кайди давлатии акди никох дар макомоти сабти асноди холати шахрванди ва чамоатхо бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронида мешавад.

Шахсони вокеи ва хукуки, ки имконияти молияви доранд, метавонанд бо иштироки комиссияхои доимии махалли туйи домодию арусии хайриявии чавононро аз оилахои камбизоат баргузор намоянд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Тартиби гузаронидани туйхои домодию арусии хайриявиро макоми ваколатдор муайян менамояд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 11. Маросими дафну азодори

Маросими чаноза бе махдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.  

Маросими «се», «чил» ва «сол» бе забхи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Дар маросимхои дафну азодори забхи чорво ва додани таом, ташкили «оши сари тахта», «душанбеги», «чумъаги», «хафт», «бист», «шашмохаги», хамчунин додани пули накд ва дигар ашё, ба истиснои хакки хизмати кабркан ва мурдашуй, манъ аст.

Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро макоми ваколатдор муайян менамояд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 12. Маросими хач

Маъракахои гусел ва пешвози хочиён дар доираи оила гузаронида мешаванд.

Ташкили маъракахои хочиталабон хочизиёрат ва хочиоши катъиян манъ аст.

Тартиби сафари шахрвандонро барои адои хач ва умра Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 13. Чои баргузории чашну маросим 

Чашну маросим дар майдончахои (хавлихои) назди бинохои истикомати, дохили хонахои шахси ва ё дар тарабхонахо, кахвахонахо, ошхонахо ва ё туйхонахо бо риояи тартиботи чамъияти гузаронида мешавад.

Маросими мавлудхони ба таври ихтиёри танхо дар масчидхо бе чамъовари ва додани маблаги пули ва таом сурат мегирад.

Дар чашну маросим пошидан ва часпондани пул манъ аст.

БОБИ 4. ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНИ ДАР ЧАШНУ МАРОСИМХО 

Моддаи 14. Тартиби хизматрасонии чашну маросим аз тарафи муассисахои фарханги, тарабхонахо ва ошхонахо 

Хизматрасонии хунармандон дар тую маъракахо дар асоси шартномаи тарафайн бо риояи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Маъмурияти кахвахонахо, ошхонахо, тарабхонахо ва туйхонахо ухдадоранд хизматрасонии тую маъракахоро дар асоси шартномаи тарафайн ба рох монда, хангоми баргузории тую маъракахо талаботи Конуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон ва вакти баргузории онхо риоя намоянд.

Тую маъракахо дар шахрхо дар рузхои истирохат аз соати 8 то соати 22 ва дар рузхои кори аз соати 18 то соати 22, дар шахраку дехот (аз чумла шахраку дехоти тобеи шахр) дар рузхои истирохат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рузхои кори аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тую маъракахо то се соат мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

БОБИ 41. УХДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОКЕИ ВА ХУКУКИ ХАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТУЮ МАЪРАКАХО

(КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 141. Ухдадории шахсони вокеи ва хукуки хангоми гузаронидани тую маъракахо (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Шахсони вокеи ва хукуки ухдадоранд чашну маросимро бо риояи талаботи Конуни мазкур баргузор карда, макоми ваколатдор ва комиссияхои доимии махаллиро доир ба баргузории туйи домодию аруси ва маросими азодори хабардор намоянд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Шахсони вокеи ва хукуки ухдадоранд рукнхои  фарханги милли, аз чумла забони давлати ва либосхои миллиро хифз намоянд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)  

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 15. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Аъзои Хукумат, раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, дигар шахсони мансабдори давлати, хизматчиёни давлати, судяхо, кормандони макомоти прокуратура, амният, корхои дохили, назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони макомоти дигари хифзи хукук, хизматчиёни харби барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур аз чониби онхо ва фарзандонашон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз мансаб озод карда мешаванд. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 16. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти Чумхурии Точикистон                                                  Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе 8  июни соли 2007 №272

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

nasroni-2

ПАЙДОИШИ РАВИЯХОИ ГУНОГУН ДАР ДИНИ НАСРОНИ

Дар натичаи тагйиротхои гуногуни ичтимои, парокандагии давлати Империяи Рим соли 395 он ба ду кисм …