Главная / Чамъият / Конунгузории андози Чумхурии Точикистон ва амали он (Моддаи 2-и КА)

Конунгузории андози Чумхурии Точикистон ва амали он (Моддаи 2-и КА)

Моддаи 2. Конунгузории андози Чумхурии Точикистон ва амали он

  1. Конунгузории андози Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, санадхои меъёрии хукукии мутобики он кабулшуда ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон, ки муносибатхои андозиро ба танзим медароранд, иборат мебошад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Мафхумхо ва истилохоти конунгузории граждани, оилави ва сохахои дигари конунгузории Чумхурии Точикистон, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд, бо хамон маъное татбик мегарданд, ки дар хамин  сохахои конунгузори  истифода  мешаванд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.
  3. Дар холати мухолифат байни мукаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукуки бо максадхои андозбанди мукаррароти Кодекси мазкур истифода бурда мешаванд. Санадхои меъёрии хукукие, ки масъалахои андозбандиро дар бар мегиранд, бояд ба мукаррароти Кодекси мазкур мутобикат намоянд.
  4. Ба конунгузории гайриандози ворид намудани мукаррарот оид ба муносибатхои андози манъ аст, ба истиснои:

tanzim-kalid

-мукаррарот дар бораи хукуквайронкунихои маъмури, ки бо конунгузори оид ба хукуквайронкунихои маъмури пешбини  шудаанд;

– мукаррарот оид ба чиноятхои сохаи андоз, ки бо конунгузории чинояти пешбини шудаанд;

– мукаррарот оид ба афзалияти ухдадорихои андоз, ки бо конунгузори оид ба муфлисшави пешбини шудаанд;

– мукаррарот оид ба андоз, ки бо конунгузории гумрук пешбини шудаанд;

– мукаррароте, ки бо конунгузори оид ба бочи давлати пешбини шудаанд;

– мукаррароте, ки бо конунгузори дар бораи бучети давлати барои соли таквимии дахлдор пешбини шудаанд;

– мукаррароте, ки бо конунгузори дар бораи дигар пардохтхои  хатми ба бучет пешбини шудаанд;

– мукаррарот оид ба андозхое, ки босозишномахои сармоягузори, консессионива карзи (гранти), инчунин бодигар санадхои хукукии байналмилалипешбинишуда, ки аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тасдик карда шудаанд;

  1. Барои давлату хукуматхои хоричи, ташкилотхои байналмилали, намояндагихои дипломатию консулгарии давлату хукуматхои хоричи ва кормандони дипломатию консулии онхо, инчунин намояндагихои ташкилотхои байналмилали, кормандони онхо ва аъзои оилаи шахсони дар боло номбаршуда озод намудан аз андозхо ва истифодаи дигар имтиёзхои мутобики Кодекси мазкур пешниходшаванда ё санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон пешбинишуда, тибки расмиёти мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон таъмин карда мешаванд.
  2. Имтиёзхои пешбининамудаи санадхои хукукии байналмилали дар бораи пешгирии андозбандии дукарата нисбат ба резиденти давлатихоричи татбик намегарданд, агар ин резидентро дигар шахсе, ки резиденти чунин давлат нест, барои ба даст овардани имтиёзхо истифода барад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …