Главная / Ҷамъият / Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он (Моддаи 2-и КА)

Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он (Моддаи 2-и КА)

Моддаи 2. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он

  1. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи он қабулшуда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки муносибатҳои андозиро ба танзим медароранд, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Мафҳумҳо ва истилоҳоти қонунгузории гражданӣ, оилавӣ ва соҳаҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд, бо ҳамон маъное татбиқ мегарданд, ки дар ҳамин  соҳаҳои қонунгузорӣ  истифода  мешаванд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
  3. Дар ҳолати мухолифат байни муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсадҳои андозбандӣ муқаррароти Кодекси мазкур истифода бурда мешаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои андозбандиро дар бар мегиранд, бояд ба муқаррароти Кодекси мазкур мутобиқат намоянд.
  4. Ба қонунгузории ғайриандозӣ ворид намудани муқаррарот оид ба муносибатҳои андозӣ манъ аст, ба истиснои:

tanzim-kalid

-муқаррарот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки бо қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ пешбинӣ  шудаанд;

– муқаррарот оид ба ҷиноятҳои соҳаи андоз, ки бо қонунгузории ҷиноятӣ пешбинӣ шудаанд;

– муқаррарот оид ба афзалияти ўҳдадориҳои андоз, ки бо қонунгузорӣ оид ба муфлисшавӣ пешбинӣ шудаанд;

– муқаррарот оид ба андоз, ки бо қонунгузории гумрук пешбинӣ шудаанд;

– муқаррароте, ки бо қонунгузорӣ оид ба боҷи давлатӣ пешбинӣ шудаанд;

– муқаррароте, ки бо қонунгузорӣ дар бораи буҷети давлатӣ барои соли тақвимии дахлдор пешбинӣ шудаанд;

– муқаррароте, ки бо қонунгузорӣ дар бораи дигар пардохтҳои  ҳатмӣ ба буҷет пешбинӣ шудаанд;

– муқаррарот оид ба андозҳое, ки босозишномаҳои сармоягузорӣ, консессионӣва қарзӣ (грантӣ), инчунин бодигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣпешбинишуда, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд;

  1. Барои давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатию консулгарии давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва кормандони дипломатию консулии онҳо, инчунин намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони онҳо ва аъзои оилаи шахсони дар боло номбаршуда озод намудан аз андозҳо ва истифодаи дигар имтиёзҳои мутобиқи Кодекси мазкур пешниҳодшаванда ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинишуда, тибқи расмиёти муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.
  2. Имтиёзҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар бораи пешгирии андозбандии дукарата нисбат ба резиденти давлатихориҷӣ татбиқ намегарданд, агар ин резидентро дигар шахсе, ки резиденти чунин давлат нест, барои ба даст овардани имтиёзҳо истифода барад.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …