Главная / Гуногун / Коидаи ба кор омода кардани мошинаи дарздузи

Коидаи ба кор омода кардани мошинаи дарздузи

 

Дар вакти кор дар мошинаи дарздузи хатман тарзи гузаронидани риштаи болои ва поёни, чо ба чо кардани сузан, танзими сифати дарзхо, дарозии дарзро донистан лозим аст. Гузаронидани риштаи боло Барои гузаронидани риштаи болои бояд паси хам якчанд амалхоро ичро кард.

Аввал бояд сузанро дар холати боло намудани дасти сарчарх (калисаи маховикро) мегардонем. Баъд бо ричаг лапкаи пружиниро мебардорем. Галтаки риштаро ба тирчае, ки дар болои дастаи мошин чойгир аст, меандозанд. Нуги риштаро аз галтак кашида, даруни сурохии риштаравонкунак мефароранд ва аз даруни сурохии пружина мебароранд.

moshin-dutan

Баъди ин риштаро ба боло равона карда, аз даруни сурохии риштакашак мегузаронанд, ки он дар ин вакт бояд дар холати боло нигох дошта шуда бошад. Сипас, риштаро ба риштаравонак дароварда, баъди он ба сурохии сузан медароранд. Дар холати риштагузарони сузан бояд боло бошад. Нуги риштаро дарозтар 10-15 см мемонанд, то хангоми риштаи пудро баровардан аз сузан набарояд.

Паихамии гузаронии ресмони боло дар машинахои барки Пур кардани найча бо ришта. Риштаи пуд кисми поёни ресмони мошинро пеш аз гузаронидан, аввал бояд найчаро бо ришта пур мекунем, галтакро ба галтакгузорак мегузорем ва риштаро аз байни шайбаи риштагузорак мегузаронем.

Хангоми канда шудани ресмони болои пеш аз хама дурустии риштагузориро бояд санчид, баъд тарангии онро суст кардан зарур аст, барои ин регулятори танзимкунандаро 3-4 бор ба чап тоб додан лозим аст. хангоми аз хад зиёд таранг будани ресмони поёни регулятори танзим поён регулятори танзимкунандаи пружинаи сараки найчаро каме холи бояд кард. хангоми аз хад зиёд давр задани галтак (дар ин маврид аз галтак ресмон бештар кушода мешавад). Дар ин маврид ба зери галтак як пора матои гафс мегузоранд.

Мувофики акрабаки соат якчанд гирд риштаро мепечонем. Найчаро ба шпиндели найчапуркунак гузашта, сиконаки онро махкам мекунем, яъне месиконем. Сарчархро ба харакат дароварда, найчаро бо ришта пур мекунем то ришта бо кади баланди найча пур шуданаш боздошта, шпиндели найчапуркунакро кушода, найчаро мегирем ва риштаро меканем. Пур кардани найчаро бо ресмон дар найча пуркунанда машк кунед.

Гузаронидани риштаи поёни (риштаи пуд) Баъди найчаро пур кардан бо моку махкам мекунем. Дар ин холати нуги риштаи найча ба дарозии 10-15 см аз моку берун монда шавад. Сипас дар холати боло бурдани сузан, мокуи найча ба мокухона (сархонаи моку) чо карда мешавад.

Сарпуши мокухонаро (мокугузоракро) пушида, мехвари чархро махкам карда, нуги риштаи торро, ки ба сузан гузаронида шудааст, бо дасти чап дошта (охиста-охиста бо дасти рост чархро тоб дода, сузанро ба харакат медарорем, яъне ба сархонаи моку даровардаро мебарорем.

Дар натича нуги риштаи пуд мебарояд. Нуги харду риштахо (риштахои тору пуд))-ро баробар карда ба пушти пошна мегузаронем, мошина ба дарздузи тайёр мешавад.

Ресмони поёни дар мавриди бад кор кардани риштапечонак (ба галтаки найча) канда мешавад, дар айни хол ба найча аз меъёр зиёд ресмон мепечад. Ресмонро ба найча тавре бояд печонд, ки он дар канори галтак аз хад зиёд напечад ба галтак хамвор ва бо як маром печад ва канори найча 1,5-2 мм аз ресмон холи монад.

Тоза кардани кисми мокугузаронак

Харакати вазнини мошини дарздузи аз сабаби чиркин шудани рохи мокугузорак аст. Рохи чиркиншуда дар натичаи риштахои кандашуда, нодуруст гузаронидани риштаи моку, патхои матоъ ва чанг ба амал меояд.

Барои тоза кардани харакати рохи мокугузорак бояд механизми сузанро ба холати боло бардоштан лозим аст.

Баъд мокуро аз мокугузорак мегирем бо гардиши кулфи пружинаи ба тарафи худ, чархи болои хамиро гирифта мокуро мегирем.

Мокухонаро бо щётка ё мукалам аз чангу чирк ва риштахои кандашуда тоза мекунем. Баъд хамаи кисмхоро бо навбат ба чояш мегузорем.

Мокухонаро доим тоза карда истодан лозимаст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …