Главная / Гуногун / Қоидаи ба кор омода кардани мошинаи дарздӯзӣ

Қоидаи ба кор омода кардани мошинаи дарздӯзӣ

 

Дар вақти кор дар мошинаи дарздӯзӣ хатман тарзи гузаронидани риштаи болоӣ ва поёнӣ, ҷо ба ҷо кардани сӯзан, танзими сифати дарзҳо, дарозии дарзро донистан лозим аст. Гузаронидани риштаи боло Барои гузаронидани риштаи болоӣ бояд паси ҳам якчанд амалҳоро иҷро кард.

Аввал бояд сӯзанро дар ҳолати боло намудани дасти сарчарх (калисаи маховикро) мегардонем. Баъд бо ричаг лапкаи пружиниро мебардорем. Ғалтаки риштаро ба тирчае, ки дар болои дастаи мошин ҷойгир аст, меандозанд. Нӯги риштаро аз ғалтак кашида, даруни сӯроҳии риштаравонкунак мефароранд ва аз даруни сӯрохии пружина мебароранд.

moshin-dutan

Баъди ин риштаро ба боло равона карда, аз даруни сӯрохии риштакашак мегузаронанд, ки он дар ин вақт бояд дар ҳолати боло нигоҳ дошта шуда бошад. Сипас, риштаро ба риштаравонак дароварда, баъди он ба сӯрохии сӯзан медароранд. Дар ҳолати риштагузаронӣ сӯзан бояд боло бошад. Нӯги риштаро дарозтар 10-15 см мемонанд, то ҳангоми риштаи пудро баровардан аз сӯзан набарояд.

Паиҳамии гузаронии ресмони боло дар машинаҳои барқи Пур кардани найча бо ришта. Риштаи пуд қисми поёни ресмони мошинро пеш аз гузаронидан, аввал бояд найчаро бо ришта пур мекунем, ғалтакро ба ғалтакгузорак мегузорем ва риштаро аз байни шайбаи риштагузорак мегузаронем.

Ҳангоми канда шудани ресмони болоӣ пеш аз ҳама дурустии риштагузориро бояд санҷид, баъд тарангии онро суст кардан зарур аст, барои ин регулятори танзимкунандаро 3-4 бор ба чап тоб додан лозим аст. ҳангоми аз ҳад зиёд таранг будани ресмони поёни регулятори танзим поён регулятори танзимкунандаи пружинаи сараки найчаро каме холӣ бояд кард. ҳангоми аз ҳад зиёд давр задани ғалтак (дар ин маврид аз ғалтак ресмон бештар кушода мешавад). Дар ин маврид ба зери ғалтак як пора матои ғафс мегузоранд.

Мувофиқи ақрабаки соат якчанд гирд риштаро мепечонем. Найчаро ба шпиндели найчапуркунак гузашта, сиқонаки онро маҳкам мекунем, яъне месиқонем. Сарчархро ба ҳаракат дароварда, найчаро бо ришта пур мекунем то ришта бо қади баланди найча пур шуданаш боздошта, шпиндели найчапуркунакро кушода, найчаро мегирем ва риштаро меканем. Пур кардани найчаро бо ресмон дар найча пуркунанда машқ кунед.

Гузаронидани риштаи поёнӣ (риштаи пуд) Баъди найчаро пур кардан бо моку маҳкам мекунем. Дар ин ҳолати нӯги риштаи найча ба дарозии 10-15 см аз моку берун монда шавад. Сипас дар ҳолати боло бурдани сӯзан, мокуи найча ба мокухона (сархонаи моку) ҷо карда мешавад.

Сарпӯши мокухонаро (мокугузоракро) пӯшида, меҳвари чархро маҳкам карда, нӯги риштаи торро, ки ба сӯзан гузаронида шудааст, бо дасти чап дошта (оҳиста-оҳиста бо дасти рост чархро тоб дода, сӯзанро ба ҳаракат медарорем, яъне ба сархонаи моку даровардаро мебарорем.

Дар натиҷа нӯги риштаи пуд мебарояд. Нӯги харду риштаҳо (риштаҳои тору пуд))-ро баробар карда ба пушти пошна мегузаронем, мошина ба дарздӯзӣ тайёр мешавад.

Ресмони поёнӣ дар мавриди бад кор кардани риштапечонак (ба ғалтаки найча) канда мешавад, дар айни ҳол ба найча аз меъёр зиёд ресмон мепечад. Ресмонро ба найча тавре бояд печонд, ки он дар канори ғалтак аз ҳад зиёд напечад ба ғалтак ҳамвор ва бо як маром печад ва канори найча 1,5-2 мм аз ресмон холӣ монад.

Тоза кардани қисми мокугузаронак

Ҳаракати вазнини мошини дарздӯзӣ аз сабаби чиркин шудани роҳи мокугузорак аст. Роҳи чиркиншуда дар натиҷаи риштаҳои кандашуда, нодуруст гузаронидани риштаи моку, патҳои матоъ ва чанг ба амал меояд.

Барои тоза кардани ҳаракати роҳи мокугузорак бояд механизми сӯзанро ба ҳолати боло бардоштан лозим аст.

Баъд мокуро аз мокугузорак мегирем бо гардиши қулфи пружинаи ба тарафи худ, чархи болои хамиро гирифта мокуро мегирем.

Мокухонаро бо щётка ё мӯқалам аз чангу чирк ва риштаҳои кандашуда тоза мекунем. Баъд ҳамаи қисмҳоро бо навбат ба ҷояш мегузорем.

Мокухонаро доим тоза карда истодан лозимаст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …