Главная / Гуногун / Китоби кухна чаро чопи харфаш хуб аст

Китоби кухна чаро чопи харфаш хуб аст

Савол: Холо дар чумхурии мо як тарзи китобчопкуни расм шудааст, ки китоби нав чоп шуда пас аз як сол худ аз худ харфхояш мепарранд. Дар он замони кухан чи хел китоб мебароварданд, ки ин кадар умри дароз медиданд?

Чавоб: Ба харду саволатон хам чавоби каноатбахш дода наметавонам. Вале хаминро мегуям, ки хануз Ибн ал-Чузи дар китоби “Мунтазам”-и худ чунин гуфта буд: “Пайравони Мони китобхои уро бо харчи калон бо оби тиллою нукра менавиштанд. Соли 923 дар даромадгохи умумии касри Багдод суратхои Мониро бо 14 халта китобхои  у оташ заданд. Аз байни гулхан катрахои тилло ва нукра шорида ба замин мерехтанд. Адам Метс дар китоби “Эхёи мусалмони” мегуяд, ки дар соли 921 милоди котилон, ба мисли насрониён, ахли тасаввуф Халлочро ба катл расонида, оташ заданд. Китобхои у бо оби тилло дар когазхои чини навишта шуда, муковахояшон аз чарм, порча ва шохи иборат буданд.

Мувофики маълумоти Субки дар “Табокот” матни санади ба вазифаи козикалон таин шудани Абдул Чабборро худи вазири подшох Ибни Аббад ба ухта гирифта, дар як саифаи когази самарканди бо оби тилло навиша, онро дар як гилофи аз устугони фил сохта шуда, чой дод. Дар асри 11 ин хуччати нодирро бо хамрохии Куръон ва дигар чизхои нодир ба вазири подшох Низом ал-Мулк такдим карданд.

Хулоса, кадри китоб дар Асрхои Миёна ба дарачае баланд шуд, ки то асри 11, яъне то галабаи пурраи туркхо, масчидеро дар Осиёи Миёнаву Багдод намедидед,  ки вай китобхонаи худро надошта бошад. “Масчиди бе китобхонаро ба мисли хонаи бе шамъ мепиндоштанд.” Аз гуфтаи Адам Метс бармеояд, ки кулли ашрофону саромадони давлат ба мафхуми боигари факат китобдориро мепиндоштанд ва бо ифтихор аз захираву дороии китоби худ лаб во менамуданд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …