Главная / Гуногун / Китоби кўҳна чаро чопи ҳарфаш хуб аст

Китоби кўҳна чаро чопи ҳарфаш хуб аст

Савол: Ҳоло дар ҷумҳурии мо як тарзи китобчопкунӣ расм шудааст, ки китоби нав чоп шуда пас аз як сол худ аз худ ҳарфҳояш мепарранд. Дар он замони кўҳан чӣ хел китоб мебароварданд, ки ин қадар умри дароз медиданд?

Ҷавоб: Ба ҳарду саволатон ҳам ҷавоби қаноатбахш дода наметавонам. Вале ҳаминро мегўям, ки ҳанўз Ибн ал-Ҷузӣ дар китоби “Мунтазам”-и худ чунин гуфта буд: “Пайравони Монӣ китобҳои ўро бо ҳарчи калон бо оби тиллою нуқра менавиштанд. Соли 923 дар даромадгоҳи умумии қасри Бағдод суратҳои Мониро бо 14 халта китобҳои  ў оташ заданд. Аз байни гулхан қатраҳои тилло ва нуқра шорида ба замин мерехтанд. Адам Метс дар китоби “Эҳёи мусалмонӣ” мегўяд, ки дар соли 921 милодӣ қотилон, ба мисли насрониён, аҳли тасаввуф Ҳаллоҷро ба қатл расонида, оташ заданд. Китобҳои ў бо оби тилло дар қоғазҳои чинӣ навишта шуда, муқоваҳояшон аз чарм, порча ва шоҳӣ иборат буданд.

Мувофиқи маълумоти Субкӣ дар “Табоқот” матни санади ба вазифаи қозикалон таин шудани Абдул Ҷабборро худи вазири подшоҳ Ибни Аббад ба ўхта гирифта, дар як саифаи қоғази самарқандӣ бо оби тилло навиша, онро дар як ғилофи аз устуғони фил сохта шуда, ҷой дод. Дар асри 11 ин ҳуҷҷати нодирро бо ҳамроҳии Қуръон ва дигар чизҳои нодир ба вазири подшоҳ Низом ал-Мулк тақдим карданд.

Хулоса, қадри китоб дар Асрҳои Миёна ба дараҷае баланд шуд, ки то асри 11, яъне то ғалабаи пурраи туркҳо, масҷидеро дар Осиёи Миёнаву Бағдод намедидед,  ки вай китобхонаи худро надошта бошад. “Масҷиди бе китобхонаро ба мисли хонаи бе шамъ мепиндоштанд.” Аз гуфтаи Адам Метс бармеояд, ки кулли ашрофону саромадони давлат ба мафҳуми боигарӣ фақат китобдориро мепиндоштанд ва бо ифтихор аз захираву дороии китоби худ лаб во менамуданд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

tramp

Трамп пас аз президентӣ чӣ кор хоҳад кард?

Доналд Трамп, президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳида, ба охири мӯҳлати ваколаташ наздик мешавад. Пас аз бохт …