Главная / Илм / Китоби Биология ва Ботаника

Китоби Биология ва Ботаника

Китоби дарсии Биология барои синфи 9, 10 ва 11 барои хамаи хонандагон маълум аст, ки аз чопи китоби якум Биология «Инсон ва сихатии у» зиёда аз 7-сол сипари гаштааст. Дар ин муддат дар фанхои анатомия, физиология ва гигиена тагйиротхои гуногун ба амал омадаанд. Аз ин лихоз зарур донистем, ки ба хонандагони гироми ин навигарихоро дар китоби мазкур чой дихем.

biologiya-kitobКитоб аз руи барномаи таълими барои мактабхои тахсилоти хамагони, ки Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон тасдик кардааст, навишта шудааст. Муаллифи ин китоб аз кулли устодони мактабхои
хамагонии Чумхурии Точикистон барои ирсол намудани фикру акидахои худ оид ба китоби чопшудаи соли 2001 сипосгузор аст ва дар навбати худ ба кадри имкон хамаи камбудихои пешниходшударо дар китоби нав ислох намудааст.

Аз сабаби он, ки дар бисёр пешниходхо устодон хостаанд, ки китоби мазкур «Анатомия ва физиологияи одам» номгузори шавад ва мо ба ин розигии худро баён менамоем ва минбаъд китоби нав бо номи «Анатомия ва физиологияи одам» нашр карда мешавад.

Тансихати бахту саодати хар як фард буда, шарти асосии ривоч додани самаранокии мехнати шахс, пуриктидор намудани иктисодиёти мамлакат ва фаровонии халк мебошад. Аксари одамон намедонанд, ки организмашон чигуна захирахои зиёди чисмонию рухи дорад, онхо дарк карда наметавонанд, ки ин захирахоро чи хел истифода баранд ва инкишоф диханд. Одамон барои нигох доштани саломатии худ пеш аз хама сохти организми худ, фаъолияти мукарарии узвхо, конуниятхои инкишоф, тараккиёт ва афзоиши онро донистанашон зарур аст. Инчунин барои нигох доштан ва такмил додани хусусиятхои биологи, ки ба монанди дигар мавчудот, ба инсон низ мансуб аст, донистан ва ташкили шароитхои зарури талаб карда мешавад. Барои донистани онхо фанхои анатомия, физиология ва гигиена ёри мерасонанд:
Анатомия – аз калимаи юнони гирифта шуда, маънояш “чаррохи мекунам ва меомузам” мебошад. Илмест, ки сохти организми одамро меомузад.

Физиология – аз калимаи юнони гирифта шуда, маънояш “табиат” аст. Илмест, ки функсияи хамаи узвхои баданро дар пурраги ва алохидаги меомузад.
Анатомия ва физиология байни якдигар алокаи хело хам зич доранд. Надонистани сохтори ин ё он узв, хусусияти кори вай сабабхои пайдошавии беморихои гуногун ва фарохам наовардани шароити муътадили кории онхо мегардад.

Гигиена – аз калимаи юнони гирифта шуда, маънояш “бехдошти саломатии организм” мебошад. Ба вазифаи ин фан пеш аз хама омузиши шароити хаёт, мехнат, истирохати одамон барои нигох доштан, мустахкам намудани саломати, хифз намудан аз беморихои гуногун дохил мешавад.

Дар тараккиёти ин се фан бисёр олимони бузург сахми худро гузоштаанд. Аввалин шахсе, ки оид ба сохти бадани одам маълумоти сершумор додааст, олим ва духтури Юнони кадим Хиппократ (460-377) мебошад. У яке аз аввалинхо шуда мафхумхоро дар бораи сохти бадани инсон чамъ овардааст.

Баъдан табиб, файласуфи машхури точик Абуали ибни Сино акидахои Хиппократро хаматарафа ривочу равнак дода, маълумоти сершумореро дар бораи беморихои гуногун пешниход кардааст. У дар китоби машхури худ “Ал-конун” (Конуни тиб), ки аз панч чилд иборат аст, дар бораи фанхои дар боло номбаршуда хаматарафа маълумот додааст. Китоби Абуали ибни Сино зиёда аз 600 сол инчониб дар тамоми чахон барои шифокорон дастурамали асоси буда, то хол онро истифода мебаранд. Мувофики фармудаи Сино об ва хавои
ифлос боиси пайдоиши беморихои гуногун мегардад.

Дар тараккиёти фанхои анатомия ва физиология инчунин сахми олимони рус Н.И. Пирогов, И.М. Сеченов, С.П. Боткин, Н.И. Павлов, В.М. Бехтерев, А.А. Орбели назаррас аст. Онхо аввалин шуда назарияи «нервизм»-ро кашф карданд ва нишон доданд, ки барои ба хаячон омадан ва фаъол намудани кори организм системаи асаб роли калон мебозад ва манбаи асосии чавоби организм ба ангезандахои беруна ва дохила мебошад.
Системаи асаб кори хамаи система ва узвхоро танзим намуда, мутобикати организмро ба шароити мавчуда таъмин менамояд.

Саломати – вохиди ягонаи холатхои биологи, рухи ва чисмонии организми одам буда, нисбати фаъолияти мехнатии хар як шахс дар мувозинат мебошад. Дар замони хозира барои ташхиси беморон асбобхои хозиразамон мавчуданд. Солхои охир аз нав хуруч кардани беморихои сирояткунанда дар чумхурии мо мушохида карда шуд, ки дар натичаи он одамони зиёде фавтиданд.

Ба мушкилоти иктисодию сиёси нигох накарда, давлати сохибистиклоли Точикистон барои пешгири ва тамоман аз байн бурдани ин беморихо кушиши зиёдеро ба харч дод. Дар муддати кутох дар чумхурии мо теъдоди одамоне, ки ба ин беморихо гирифтор шуданд, хеле зиёд шуд. Давлати мо гамхории худро махсусан барои пиронсолон ва кудакон дарег намедорад. Ин имконият медихад, ки насли ояндаи миллати мо солим ба воя расад. Аммо нишондодхои соли охир муайян кард, ки дар чумхурии мо нашъаманди афзуда истодааст, ки он ва ба насли ояндаи мо зарари калон мерасонад. Хамаи мо бояд дар пешгири ва аз байн бурдани ин бемори ба давлати худ кумак намоем.

Хамин тавр, хар як одами бо сохт ва вазифахои организми худ шинос буда, метавонад коидахои бехдошти организми худро риоя кунад. Коидахои бехдошти шахси ва чамъиятиро дар амал истифода бурда, шумо метавонед организми худро пуркувват намоед, обутоб дихед, худро аз хар гуна беморихо эмин доред, чисман инкишоф ёбед, одами бардаму солим ва кобилу хамакор бошед ва ба ватани азизи худ хизмат кунед.

  1. Гирифтани китоби Биология барои синфи 9 дар формати электрони — PDF (скачат) >>>>>
  2. Гирифтани китоби Биология барои синфи 10 дар формати электрони — PDF (скачат) >>>>>

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …