Главная / Чамъият / Карор аз руи натичахои санчиши андоз

Карор аз руи натичахои санчиши андоз

Моддаи 36-и Кодекси Андоз. Карор аз руи натичахои санчиши андоз

  1. Баъди ба охир расидани санчиши хуччатии андоз дар холати ошкор гардидани вайронкунихо макомоти андоз карор (огохинома) дар бораи натичахои санчиши хуччатии андоз (минбаъд – огохинома) дар шакли муайяннамудаи макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон кабул мекунад, ки он дар давоми 15 рузи кории баъди санаи ба охир расидани санчиши хуччатии андоз ба андозсупоранда фиристода мешавад.
  2. Дар холати мавчуд набудани маълумот оид ба махалли чойгиршавии андозсупоранда, мухлати ичрои огохинома оид ба натичахои санчиши хуччатии андоз то лахзаи ба андозсупорандаи мазкур супоридани огохинома боздошта мешавад.
  3. Баъди ба охир расидани санчиши амалиётии андоз дар холати ошкор гардидани хукуквайронкунихо аз чониби макомоти андоз тибки тартиби мукаррарнамудаи боби 13 Кодекси мазкур истехсолот оид ба парвандахои хукуквайронкунихои андоз амали карда мешавад.
  4. Бакайдгирии огохинома (дар холати ошкор гардидани вайронкуни) ва санади санчиши хуччатии андозро макоми андоз тахти як ракам анчом медихад.
  5. Андозсупорандае, ки дар бораи маблагхои хисобшудаи андоз, чарима ва фоизхо огохинома гирифтааст, агар оид ба натичахои санчиши андоз шикоят накарда бошад, ухдадор аст дар мухлатхои дар огохинома зикршуда онро ичро намояд. Зимнан мухлати ичрои огохинома бояд на дертар аз 10 рузи кори пас аз супоридани огохинома мукаррар карда шавад.
  6. Дар холате, ки агар баъди анчом ёфтани санчиши андоз вайронкунии конунгузории андоз мукаррар нашуда бошад, огохинома кабул карда намешавад.
  7. Дар огохинома аз руи натичахои санчиши андоз, ки ба талаботи сархати бисту дуюми кисми 1 моддаи 90 Кодекси мазкур чавобгу мебошанд, бояд кайд гардад, ки дар давоми 10 рузи кори пас аз тартиб додани огохинома маводи санчиши андоз тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба макомоти дахлдори хифзи хукук барои барраси дода мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …