Главная / Ҷамъият / Қарор аз рўи натиҷаҳои санҷиши андоз

Қарор аз рўи натиҷаҳои санҷиши андоз

Моддаи 36-и Кодекси Андоз. Қарор аз рўи натиҷаҳои санҷиши андоз

  1. Баъди ба охир расидани санҷиши ҳуҷҷатии андоз дар ҳолати ошкор гардидани вайронкуниҳо мақомоти андоз қарор (огоҳинома) дар бораи натиҷаҳои санҷиши ҳуҷҷатии андоз (минбаъд – огоҳинома) дар шакли муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад, ки он дар давоми 15 рўзи кории баъди санаи ба охир расидани санҷиши ҳуҷҷатии андоз ба андозсупоранда фиристода мешавад.
  2. Дар ҳолати мавҷуд набудани маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда, мўҳлати иҷрои огоҳинома оид ба натиҷаҳои санҷиши ҳуҷҷатии андоз то лаҳзаи ба андозсупорандаи мазкур супоридани огоҳинома боздошта мешавад.
  3. Баъди ба охир расидани санҷиши амалиётии андоз дар ҳолати ошкор гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби мақомоти андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи боби 13 Кодекси мазкур истеҳсолот оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои андоз амалӣ карда мешавад.
  4. Бақайдгирии огоҳинома (дар ҳолати ошкор гардидани вайронкунӣ) ва санади санҷиши ҳуҷҷатии андозро мақоми андоз таҳти як рақам анҷом медиҳад.
  5. Андозсупорандае, ки дар бораи маблағҳои ҳисобшудаи андоз, ҷарима ва фоизҳо огоҳинома гирифтааст, агар оид ба натиҷаҳои санҷиши андоз шикоят накарда бошад, ўҳдадор аст дар мўҳлатҳои дар огоҳинома зикршуда онро иҷро намояд. Зимнан мўҳлати иҷрои огоҳинома бояд на дертар аз 10 рўзи корӣ пас аз супоридани огоҳинома муқаррар карда шавад.
  6. Дар ҳолате, ки агар баъди анҷом ёфтани санҷиши андоз вайронкунии қонунгузории андоз муқаррар нашуда бошад, огоҳинома қабул карда намешавад.
  7. Дар огоҳинома аз рўи натиҷаҳои санҷиши андоз, ки ба талаботи сархати бисту дуюми қисми 1 моддаи 90 Кодекси мазкур ҷавобгў мебошанд, бояд қайд гардад, ки дар давоми 10 рўзи корӣ пас аз тартиб додани огоҳинома маводи санҷиши андоз тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ барои баррасӣ дода мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …