Главная / Чамъият / Камбагали духтарони точикро кучо мебарад

Камбагали духтарони точикро кучо мебарад

Ман Санам, хабдахсолаам. Падар надорам. Модари бечораам дар сахро кор карда, рузи ман ва ду хохарамро бо як азоб мегузаронад.  Зиндагиамон хеле бад аст.

Духтари аълохон будам, вале се сол пеш мактабро тарк кардам. Хамсинфонам либосхои хуб доштанду ба холи мани чандапуш механдиданд. Дар танаффуси калон онхо ба ошхона даромада хурок мехурданду ман бо дахони воз мемондам. Пули китоб ва дигар лавозимоти мактабиро дода натавониста, хамеша дар назди муаллимон сурху сафед мешудам. Билохира бепули маро мачбур кард, ки тарки мактаб намоям.

duxtaron

Камбагали айб нест мегуянд, вале ин гап сафсатта ва дуруг аст. Камбагалро касе одам намешуморад. Дар ин замона саг кадр дорад, вале одами камбагал не. Ин хакикати талх аст. Инсоф, муруват, дасти афтодаро гирифтан калимаву иборахои зебоянд, вале дар асл вучуд надоранд. Имону инсоф афсонае беш нест. Ин гапхоро барои фиреб кардани мардуми камбагал бофта баровардаанд. Инро ман аз тачрибаи талхи зиндагии худам мегуям. Худованд ба ман хусну чамоли зебо додааст. Бачахои хамсоя ва хатто падаронашон бо ман бо чашми шахват назар карда, гап мепартоянд, хатто як хочии хамдехаамон, ки панч вакт намозашро дар масчид мехонад, ошкоро ба ман пешниход кард, ки агар як бор ба огушаш дароям, сару либос харида медихад. Хамин кадар имон доранд, хамин кадар Худоро мешиносанд ин одамони зохиран худопараст ва такводор!

Маро касе келин кардан намехохад, чунки бадномзада хастам. Хамсояхои худозадаамон вакте диданд, ки дасташон ба домони мани камбагал намерасад, бо тухмат тамгаи фохишаро ба ман часпондаанд. Худо шохид аст, ки хама гапхои ин одамони беимон дуругу тухмат аст, вале касе ба ман бовар намекунад. Масчиди дехаи мо хонаи Худо не, гайбатхона гаштааст. Барои ибодат ба хонаи Худо рафта, то як поси шаб зану духтархои мардумро гайбат карда мешинанд.

Пеши худ ахд кардам, ки зани ягон маймун ё албасти мешавам, вале зани чунин мардони номард не. Дилам аз одаму олам мондааст, баъзан шайтон васваса мекунад, ки эй духтар, баро рав, бо чавонони пулдор кайфу сафо кун, бехтарин либосро мепуши, гули хурокро мехури ва рохати зиндагиро мебини, аммо боз гиребони тавба медорам, чунки аз Худо шарм медорам, аз расвогии рузи киёмат метарсам.

Шабхо бо модару хохараконамон дарро куфл карда хоб меравем, то ягон марди бехудо ба хонаамон зада надарояд. Аслан ин дар кудрати моро хифз кардан надорад, зеро чунон фарсуда аст, ки бо як мушт пора- пора мешавад, аммо ёри мискину бечорагон Худост. Мо хар шаб такдири худро ба дасти Худованд супурда ба бистари хоб медароем.

Рости,  ин зиндагии сагона ба дилам задааст, мехостам худкуши кунам, вале як рохгузар маро начот дод. Як марди бегона бори нахуст маро «духтарам» гуфту модарамро «хохарам». Умедатро аз Худо накан, Худованд мехрубон аст гуён, чунон насихатхое кад, ки дар умрам аз касе нашунида будам. Он рахгузарро шояд Худо фиристод, шояд фаришта ё малоика буд, зеро чи хеле, ки омад, хамон хел ноаён баромада рафт.

Бо вучуди ин, ман дигар ба касе бовар надорам. Ба назарам чунин менамояд, ки аз одам дида хайвони вахшитар дар тамоми дунё нест.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …