Главная / Чамъият / Кадом намуди андозхоро Сохибкорони инфироди месупоранд.

Кадом намуди андозхоро Сохибкорони инфироди месупоранд.

Андози бизнесменхо чикадар аст?

Маълумот дар бораи онки чикадар маблаг ва кадом намуди андозхоро сохибкорони инфиродие, ки дар асоси Шаходатнома фаъолият менамоянд ба хазинаи кишвар хар мох месупоранд, дар ин сахифа навишта шудааст.

Андоз налогСохибкорони инфироди чунин намудхои андозро бо хачми зерин хар мох ба бучаи давлат медиханд:

  1. Андози ягона дар хачми 6% аз даромади умумие, ки дар натичаи фуруш ва ё хизматрасони намудан ба даст оварда шудааст ва ё 16% аз фоидаи соф (агар харочотхоро тасдики расми карда тавонад);
  2. Андоз аз даромади шахсони вокеъи дар хачми 13% аз хачми маоши додашуда нисбати кормандони кирошуда. Маблаги камтарини ин намуди андоз дар як мох ба 97,5 сомони баробар буда нисбати хар як корманд хисоб карда мешавад. Маблаги андоз аз маблаги хадди акали маош дар хачми 749 сомони (вобаста аз намуди фаъолият) дар мох хисоб карда мешавад;
  3. Андози ичтимои дар хачми 25% аз хачми маоши гирифташуда. Маблаги ин намуди андоз дар як мох на кам аз 187,3 сомони баробар буда нисбати хар як корманд хисоб карда мешавад. Маблаги андоз аз маблаги хадди акали маош дар хачми 749 сомони дар мох хисоб карда мешавад;
  4. Пардохт ба фонди нафака дар хачми 1% аз маоиши додашуда, ки маблаги ё он на кам аз 7,5 сомони дар мохи таквими ташкил медихад.

Маълумот дар соли 2020 мувофик буда бо назардошти тагийр ёфтани конунгузори ва бахусус дар Кодекси Андози Чумхурии Точикистон хачми андозхо метавонад дигар шавад.

Бояд зикр кард, ки зери мафхуми «Маош» ки дар боло кайд карда шудааст инчунин дигар даромадхо ба монади бонус ва мукофот дар назар дошта шудааст.

Хамин тавр хачми умумии андозхо ки тибки Шаходатнома аз чониби Сохибкорони инфироди фаъолият ба рох монда мешавад маблаги на кам аз 292,1 сомони дар як мох ташкил мекунад.

Агар ин маълумот ба шумо писанд омад пас тарики шабакахои ичтимои ирсол намоед ва ё шарх дихед.

Ташаккур!

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …