Главная / Ҷамъият / Кадом намуди андозҳоро Соҳибкорони инфиродӣ месупоранд.

Кадом намуди андозҳоро Соҳибкорони инфиродӣ месупоранд.

Андози бизнесменҳо чиқадар аст?

Маълумот дар бораи онки чиқадар маблағ ва кадом намуди андозҳоро соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси Шаҳодатнома фаъолият менамоянд ба хазинаи кишвар ҳар моҳ месупоранд, дар ин саҳифа навишта шудааст.

Андоз налогСоҳибкорони инфиродӣ чунин намудҳои андозро бо ҳаҷми зерин ҳар моҳ ба буҷаи давлат медиҳанд:

  1. Андози ягона дар ҳаҷми 6% аз даромади умумие, ки дар натиҷаи фуруш ва ё хизматрасонӣ намудан ба даст оварда шудааст ва ё 16% аз фоидаи соф (агар харочотхоро тасдики расми карда тавонад);
  2. Андоз аз даромади шахсони воқеъӣ дар ҳаҷми 13% аз ҳаҷми маоши додашуда нисбати кормандони кирошуда. Маблағи камтарини ин намуди андоз дар як моҳ ба 97,5 сомонӣ баробар буда нисбати ҳар як корманд ҳисоб карда мешавад. Маблағи андоз аз маблағи ҳадди ақали маош дар ҳаҷми 749 сомонӣ (вобаста аз намуди фаъолият) дар моҳ ҳисоб карда мешавад;
  3. Андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми 25% аз ҳаҷми маоши гирифташуда. Маблағи ин намуди андоз дар як моҳ на кам аз 187,3 сомонӣ баробар буда нисбати ҳар як корманд ҳисоб карда мешавад. Маблағи андоз аз маблағи ҳадди ақали маош дар ҳаҷми 749 сомонӣ дар моҳ ҳисоб карда мешавад;
  4. Пардохт ба фонди нафақа дар ҳаҷми 1% аз маоиши додашуда, ки маблағи ё он на кам аз 7,5 сомони дар моҳи тақвимӣ ташкил медиҳад.

Маълумот дар соли 2020 мувофиқ буда бо назардошти тағийр ёфтани қонунгузорӣ ва бахусус дар Кодекси Андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми андозҳо метавонад дигар шавад.

Бояд зикр кард, ки зери мафҳуми «Маош» ки дар боло қайд карда шудааст инчунин дигар даромадҳо ба монади бонус ва мукофот дар назар дошта шудааст.

Ҳамин тавр ҳаҷми умумии андозҳо ки тибқи Шаҳодатнома аз ҷониби Соҳибкорони инфиродӣ фаъолият ба роҳ монда мешавад маблағи на кам аз 292,1 сомонӣ дар як моҳ ташкил мекунад.

Агар ин маълумот ба шумо писанд омад пас тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол намоед ва ё шарҳ диҳед.

Ташаккур!

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …