Главная / Илм / КУЧАЛА

КУЧАЛА

kuchalaКУЧАЛА (Eminium alberii), кучула, сагкуш гиёхест бисёрсолаи захрнок. Баргаш думчадароз (кисми зиёдаш дар зери хок чой гирифтааст), 3-парраи панчашакл. Гулпояаш дароз (10 – 25 см). Одатан апр. – май мешукуфад, май – июн мева мекунад. Факат дар Осиёи Маркази (чан. гарби Помиру Олой, гарби Кабуддог) меруяд. Дар Точикистон дар баландии 500 – 1800 м аз с. б. месабзад. К. буи бад дорад. Лундахои онро барои захролудонии муш, гург, сагхои девона истифода мебаранд. Хангоми захролуди аз К. узвхои хозима осеб меёбанд. Шоридани ашк, сузиши чашмон, ба вучуд омадани нишонахои зуком, рафтани оби дахон, бехузур шудани дил, кай, дард кардани шикам аломатхои захролуди аз К. мебошанд. Бинобар ин хангоми сарукор доштан бо он эхтиёт бояд шуд. Мардуми тахчои лундахои К.-ро барои муоличаи тарбод кор мефармоянд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Дуруди точ

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим Аллохумма салли ало сайидино ва мавлоно Мухаммадин сохиби-т-точи ва-л-меърочи ва-л-буроки ва-л-алам. Исмуху мактубу-м-марфуу-м-машфуу-м-манкушун фи-л-лавхи …