Главная / Чугрофия / КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИ (МАЧМУИ ТАБИЙ)

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИ (МАЧМУИ ТАБИЙ)

Кабати географи ва биосфера. Мо акнун медонем, ки кураи Замин аз табакаи даруни ва берунй иборат аст. Табакахои берунии Заминро литосфера, гидросфера ташкил менамоянд. Инхо табакахои нбтидои буда, алокаманди ва ба хам таъсиррасонии онхо барои инкишоф ва хаётгузаронии организмхо шароити мусоид фарохам меоварад. Дар натича организмхо на факат сатхи Замин, инчунин кабати болои гидросфера ва кабати поёнии атмосфераро (микроорганизмхо) фаро гирифтаанд. Онхо дар якчоягй табакаи нисбатан чавони Замин – биосфераро ташкил менамоянд.

Мачмуи табакахои Заминро табакаи географи меноманд. Он табакаи пайваста ва муттасили Замин буда, кисми  поёнии атмосфера. кабати болоии литосфера, тамоми гидросфера ва биосфераро дар бар мегирад. Хусусияти хоси табакахои Замин аз он иборат аст, ки дар байни онхо  мубодилаи мунтазами модда ва энергия (кувва) вучуд дорад.

Бо ёрии он табакахои Замин ба якдигар таъсир мерасонанд. Онро чунин тасаввур кардан мумкин аст: бо таъсири гармии нури Офтоб об аз сатхи хушки ва укёнус бухор гардида, бо хамрохии чангу губоре, ки бод аз сатхи Замин мебардорад, ба атмосфера дохил мешавад. Баъд ба шакли боришоти атмосфери ба Замин бармегардад. Як кисми боришот пиряххоро хосил мекунанд, кисми дигарашон дар сатхи Замин чори шуда, кулхо ва дарёхоро ба вучуд меоваранд, ки дар таркиби онхо  доимо микдори муайяни моддахои атмосфера мавчуд аст. Кисми сеюми он ба кабати чинсхои ковоки листофсера дохил мешавад.

Оби сатхи Замин ва гази карбонати хаворо растанихо гирифта, дар чараёни фотосинтез моддахои органики хосил мекунанд. Моддахои органикиро инсон ва хайвонот хамчун гизо истифода мебаранд. Гази карбонати хаво ва моддахои минералиро, ки дар иби укёнус хал гардидаанд, хайвоноти оби хазм мекунанд ва ба устухони онхо  мегузарад.

Пас аз фавтидани ханвонот скелети онхо  дар зери укёнус тахшин шуда, аз онхо  чинсхои кухй хосил мешаванд. Гармии кисми  поёнии атмосфера ба гармшавии сатхи Замин вобаста мебошад. Хамин тавр, ба хам алокаманди ва ба хам таъсиррасомии табакахои Замин шарти ягонагии табакаи географи мебошад, ки дар он хаёт, аз чумла чамъияти инсони инкишоф ёфтааст.

Комилекси табии. Табакаи географи, ки тамоми Заминро ихота кардааст, якхела нест. Он хам дар хамвори ва хам дар баландихо фарк мекунад. Ин фаркият бо ташаккул ёфтани комнлексхои гуногуни табии (табакаи географи, минтакахою нохияхои табий ва гайра) дар сатхи Замин зохир мешавад.

Калимаи комплекс аз забони лотини гирифта шудааст, ки маънои “пайвастагй”-ро ифода мекунад. Ба ин мазмун хар як комплекси табии (хох калон ва хох хурд) аз унсурхои асосии ба хамдигар алокаманд иборат мебошад. Онхоро кисми таркибии комплсксхои табий хам мегуянд, ки унсурхои зеринро дар бар мегирад: чинсхои кухи, хаво, об, наботот. хайвонот ва хок. Хар яки онхо, катьи назар аз он ки бо конуниятхои хос инкишоф меёбанд, чузъи комплексхои табии мебошанд.

Зеро махз дар натичаи бо хам алокаманди ва ба хам таъсиррасонии онхо дар хамвори ва баландихои сатхи Замин комплексхои гуногунмикёс ташаккул ёфтаанд. Сабаби нохамвории сатхи Замин нобаробар таксим шудани харорат ва боришот мебошад. Бинобар ин хар як комплекси табий бо хусусияти хоси релеф, харорат, боришот, обу хаво, оби сатхи Замин, дарё ва кулхо, оби зеризамини, наботот ва хайвонот ва хоки худ фарк мекунад. Мачмуи онхоро шароити табии мегуянд. Вобаста ба микёси комплексхои табий шароити табиии онхо якхела ва гуногун мешавад. Калонтарин комплексхои табии – табакаи географи, минтакахои табий, укёнусхо ва материкхо шароити табиии гуногун доранд. Аз хамин сабаб худуди онхоро ба комплексхои калон, хурд ва миёна чудо мекунанд.

Комплексхои табиии хурди теппаи алохида, кисмхои алохидаи водии дарё (мачро, дарёбод, суфаи назди дарёбод) ва гайра нисбатан шароити якхелаи табий доранд, Онхо  ба комплексхои табиии хурдтарин чудо намешаванд. Хамин тавр, комплекси табий хамчоягии комунии кисмхои табиат аст, ки онхо  бо хамдигар зич пайвастанд.

Хангоми тагйир ёфтани яке аз кисмхои таркиби кисмхои бокимондаи он хам тагйир меёбанд. Комилекси табий холат ё намуди ибтидоии худро тагйир медихад ва аз байн меравад. Масалан, комплекси табиии теппаи алохидаро мегирем. Aгap мо сатхи онро гирдогирд чуфт накарда, кундаланг шудгор кунем, дар он холат боришот хокро зуд шуста мебарад. Баробари шуста шудани хок дигар кисмхои таркибии табиат низ тагйир меёбанд.

Cавол ва супориш

  1. Кадом табакахоро табакахои берунии Замин мегуянд?
  2. Табакаи географи чист?
  3. Хусусияти хоси табакаи географи аз чи иборат аст?
  4. Комплекси табии чист ва он аз кадом унсурхо иборат аст?
  5. Комплекси табиии махали худро тавсиф намоед.
  6. Барои чй дар руи Замин комплексхои табии гуногунанд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

xona

МАХАЛХОИ АХОЛИНИШИН

Хелхои махалхои ахолинншин. Давраи дуру дароз инсон аз табиат зич вобаста буд. Одамон гурух-гурух дар …