Главная / Ҷуғрофия / КОМПЛЕКСҲОИ ТАБИӢ (МАҶМӮИ ТАБИЙ)

КОМПЛЕКСҲОИ ТАБИӢ (МАҶМӮИ ТАБИЙ)

Қабати географӣ ва биосфера. Мо акнун медонем, ки кураи Замин аз табақаи дарунӣ ва берунй иборат аст. Табақаҳои берунии Заминро литосфера, гидросфера ташкил менамоянд. Инҳо табақаҳои нбтидоӣ буда, алоқамандӣ ва ба ҳам таъсиррасонии онҳо барои инкишоф ва ҳаётгузаронии организмҳо шароити мусоид фароҳам меоварад. Дар натиҷа организмҳо на фақат сатҳи Замин, инчунин қабати болои гидросфера ва қабати поёнии атмосфераро (микроорганизмҳо) фаро гирифтаанд. Онҳо дар якҷоягй табақаи нисбатан ҷавони Замин – биосфераро ташкил менамоянд.

Маҷмӯи табақахои Заминро табақаи географӣ меноманд. Он табақаи пайваста ва муттасили Замин буда, қисми  поёнии атмосфера. қабати болоии литосфера, тамоми гидросфера ва биосфераро дар бар мегирад. Хусусияти хоси табақахои Замин аз он иборат аст, ки дар байни онҳо  мубодилаи мунтазами модда ва энергия (қувва) вуҷуд дорад.

Бо ёрии он табақахои Замин ба якдигар таъсир мерасонанд. Онро чунин тасаввур кардан мумкин аст: бо таъсири гармии нури Офтоб об аз сатҳи хушкӣ ва уқёнус бухор гардида, бо ҳамроҳии чангу ғуборе, ки бод аз сатҳи Замин мебардорад, ба атмосфера дохил мешавад. Баъд ба шакли боришоти атмосферӣ ба Замин бармегардад. Як қисми боришот пиряхҳоро ҳосил мекунанд, қисми дигарашон дар сатҳи Замин ҷорӣ шуда, кӯлҳо ва дарёхоро ба вуҷуд меоваранд, ки дар таркиби онҳо  доимо миқдори муайяни моддаҳои атмосфера мавҷуд аст. Қисми сеюми он ба қабати ҷинсҳои ковоки листофсера дохил мешавад.

Оби сатҳи Замин ва гази карбонати ҳаворо растаниҳо гирифта, дар ҷараёни фотосинтез моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд. Моддаҳои органикиро инсон ва ҳайвонот ҳамчун ғизо истифода мебаранд. Гази карбонати ҳаво ва моддаҳои минералиро, ки дар иби уқёнус ҳал гардидаанд, ҳайвоноти обӣ ҳазм мекунанд ва ба устухони онҳо  мегузарад.

Пас аз фавтидани ҳанвонот скелети онҳо  дар зери уқёнус таҳшин шуда, аз онҳо  ҷинсҳои кӯҳй ҳосил мешаванд. Гармии қисми  поёнии атмосфера ба гармшавии сатҳи Замин вобаста мебошад. Ҳамин тавр, ба ҳам алоқамандӣ ва ба ҳам таъсиррасомии табақаҳои Замин шарти ягонагии табақаи географӣ мебошад, ки дар он ҳаёт, аз ҷумла ҷамъияти инсонӣ инкишоф ёфтааст.

Комилекси табиӣ. Табақаи географӣ, ки тамоми Заминро иҳота кардааст, якхела нест. Он ҳам дар ҳамворӣ ва ҳам дар баландиҳо фарқ мекунад. Ин фарқият бо ташаккул ёфтани комнлексҳои гуногуни табиӣ (табакаи географӣ, минтақахою ноҳияҳои табий ва ғайра) дар сатҳи Замин зоҳир мешавад.

Калимаи комплекс аз забони лотинӣ гирифта шудааст, ки маънои “пайвастагй”-ро ифода мекунад. Ба ин мазмун ҳар як комплекси табиӣ (хох калон ва хох хурд) аз унсурҳои асосии ба ҳамдигар алоқаманд иборат мебошад. Онҳоро қисми таркибии комплсксҳои табий ҳам мегӯянд, ки унсурҳои зеринро дар бар мегирад: ҷинсҳои кӯҳӣ, ҳаво, об, наботот. ҳайвонот ва хок. Ҳар яки онҳо, катьи назар аз он ки бо қонуниятҳои хос инкишоф меёбанд, чузъи комплексхои табиӣ мебошанд.

Зеро маҳз дар натиҷаи бо ҳам алоқамандӣ ва ба ҳам таъсиррасонии онҳо дар ҳамворӣ ва баландихои сатҳи Замин комплексҳои гуногунмиқёс ташаккул ёфтаанд. Сабаби ноҳамвории сатҳи Замин нобаробар тақсим шудани ҳарорат ва боришот мебошад. Бинобар ин ҳар як комплекси табий бо хусусияти хоси релеф, ҳарорат, боришот, обу ҳаво, оби сатҳи Замин, дарё ва кӯлҳо, оби зеризаминӣ, наботот ва ҳайвонот ва хоки худ фарқ мекунад. Маҷмӯи онҳоро шароити табиӣ мегӯянд. Вобаста ба миқёси комплексҳои табий шароити табиии онҳо якхела ва гуногун мешавад. Калонтарин комплексхои табиӣ – табақаи географӣ, минтакаҳои табий, уқёнусҳо ва материкҳо шароити табиии гуногун доранд. Аз ҳамин сабаб ҳудуди онҳоро ба комплексхои калон, хурд ва миёна ҷудо мекунанд.

Комплексхои табиии хурди теппаи алоҳида, қисмҳои алоҳидаи водии дарё (мачро, дарёбод, суфаи назди дарёбод) ва ғайра нисбатан шароити якхелаи табий доранд, Онҳо  ба комплексҳои табиии хурдтарин ҷудо намешаванд. Ҳамин тавр, комплекси табий ҳамҷоягии комунии қисмҳои табиат аст, ки онҳо  бо ҳамдигар зич пайвастанд.

Ҳангоми тағйир ёфтани яке аз қисмҳои таркибӣ қисмҳои боқимондаи он ҳам тағйир меёбанд. Комилекси табий ҳолат ё намуди ибтидоии худро тағйир медиҳад ва аз байн меравад. Масалан, комплекси табиии теппаи алоҳидаро мегирем. Aгap мо сатҳи онро гирдогирд ҷуфт накарда, кӯндаланг шудгор кунем, дар он ҳолат боришот хокро зуд шуста мебарад. Баробари шуста шудани хок дигар қисмҳои таркибии табиат низ тағйир меёбанд.

Cавол ва супориш

  1. Кадом табақаҳоро табақахои берунии Замин мегӯянд?
  2. Табақаи географӣ чист?
  3. Хусусияти хоси табақаи географӣ аз чӣ иборат аст?
  4. Комплекси табиӣ чист ва он аз кадом унсурҳо иборат аст?
  5. Комплекси табиии маҳали худро тавсиф намоед.
  6. Барои чй дар рӯи Замин комплексҳои табиӣ гуногунанд?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …