Главная / Илм / КОДИРи Тавфик Рафикзода

КОДИРи Тавфик Рафикзода

nophoto-manКОДИРи Тавфик Рафикзода (тав. 14. 01. 1948, ш. Хучанд), уролог, доктори илмхои тиб (1993), проф. (1994), Аълочии тандурустии ЧТ, Корманди шоистаи Точикистон (2002), дорандаи Чоизаи Бунёди Оли Сомон (1995). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1971). Ординатори клиникии кафедраи урологияи ДДТТ (1971 – 73), духтури урологи Беморхонаи клиникии чумхуриявии №3 (холо Маркази миллии тиббии ЧТ; 1973 – 76), ассистент (1976 – 87), дотсент (1987 – 94), проф. (1994 – 95) ва мудири кафедраи урологияи ДДТТ (1995 – 98). Хамзамон с-хои 1977 – 82 раиси кумитаи иттифоки касаба, 1986 – 90 муовини ректор оид ба равобити байналмилали, 1994 – 95 муовини ректор оид ба корхои муоличави ва тарбияви буд. Мудири кафедраи урология (1998 – 2003), мудири кафедраи урология ва андрология (2003 – 08) ва директори шуъбаи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Точикистон дар ш. Хучанд (аз 2008). Сарурологи Вазорати тандурустии ЧТ (аз 1995). Дар мавзуи «Кобилияти кории гурдаи беморони гирифтори уролитиаз пеш ва баъд аз чаррохи дар шароити иклими гарм» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Патогенез ва роххои муътадилгардонии муоличаи нефроуретеролитиази гурдаи ягона» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 370 асару маколахои илми, аз чумла 25 китоб, 6 дастури таълими, 13 дастурамали таълими, 3 фарзияи илми, 3 ихтироъ, 4 усули нави табобат. К. урологи чуянда аст. Тавассути корбасту хамохангсозии тиб бо усулхои физикаи чисми сахт, гидравлика, оптика ва акустика бори нахуст хосиятхои физикиву деформатсиявии санги гурдаро ошкор сохта, дар заминаи он усули нави литотрипсияи сангхоро пешниход кард. Феномени нави «муйрагхои лимфавии гирдигилофи»-ро кашф намуд, хампайвастии беморихои гурда ва ихтилоли магзи сару бунёди рухиро тахкик кард. Тахти рохбарии у 8 наф. рисолаи номзади дифоъ намудаанд. К. асосгузори шуъбаи равобити байналхалки (1986) ва хадамоти корхои тарбиявии ДДТТ (1994), Чамъияти урологхои Душанбе (2000), Ассотсиатсияи урологхои Точикистон (2003), шуъбаи андрология БКЧ №3 (1995), Маркази чумхуриявии урология (1998) мебошад. Бо мукофоти Президенти ЧТ «Барои хизмати шоён дар рушди маълумоти оли ва илми чумхури» кадр карда шудааст (1996).
Ос.: Санги гурда ва роххои пешоб, Д., 1975; Воспалительное заболевание мочеполовых органов, Д., 1990; Хаёти чинси, Д., 1991; Обструктивная уропатия, Д., 1992; Бемории санги бавл, Д., 1993; Неотложная урология и нефрология, Киев, 1996; Лугати мухтасари руси-точикии пешобшиноси, Д., 1994; Клинические лекции по урологии, Д., 1996; Мунтахаби дарсхои пешобшиноси, Д., 2000; Метафилактикаи бемории санги пешоб, Д., 2008; Лугати истилохоти пешобшиноси, Д., 2008; Простатит, Хучанд, 2011.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …