Главная / Чамъият / КОДЕКСИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ

КОДЕКСИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ

КОДЕКСИ МУРОФИАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, к. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, ќ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; Конунхои ЧТ аз 30.05.2017 с., №1419; аз 02.01.2018 с., №1476) 

shatra

КИСМИ I. КИСМИ УМУМИ.. 11

ФАСЛИ I. МУКАРРАРОТИ УМУМИ.. 11
БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ.. 11
Моддаи 1. Конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон. 11
Моддаи 2. Вазифахои конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмури. 12
Моддаи 3. Амали Кодекси мазкур дар макон. 12
Моддаи 4. Амали Кодекси мазкур дар замон. 12
Моддаи 5. Мафхумхои асоси. 12
Моддаи 6. Пешгирии  хукуквайронкунии  маъмури. 13

БОБИ 2. ПРИНСИПХОИ КОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН.. 14

Моддаи 7. Принсипхои конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон. 14
Моддаи 8. Принсипи конуният. 14
Моддаи 9. Хифзи судии хукук, озоди ва манфиатхои конунии шахс. 14
Моддаи 10. Баробари дар назди конун ва суд. 15
Моддаи 11. Хифзи шаъну шараф ва эътибори кори. 15
Моддаи 12. Таъмини  амният хангоми барасмиятдарори ва пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури   15
Моддаи 13. Ошкоро  будани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 15
Моддаи 14. Ёрии хукуки дар пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури. 15
Моддаи 15. Эхтимолияти бегунохи. 15
Моддаи 16. Амали кардани адолати суди. 16
Моддаи 17. Мустакилияти судяхо. 16
Моддаи 18. Забони пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури. 16

ФАСЛИ II. ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ.. 16
БОБИ 3. МУКАРРАРОТИ АСОСИ.. 16

Моддаи 19. Мукаррароти умуми оид ба пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва вазифахои он   16
Моддаи 20. Холатхое, ки пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро истисно менамоянд. 17
Моддаи 21. Баррасии ошкорои парвандахои хукуквайронкунии маъмури. 17
Моддаи 22. Дархостхо. 17
Моддаи 23. Харочот вобаста ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 17

Моддаи 24. Супоридани  мавод  ба  прокуратура. 18

Моддаи 25. Бахисобгирии мухлат. 18

БОБИ 4. ХУКУКУ УХДАДОРИХОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ПАРВАНДАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ.. 19

Моддаи 26. Хукуку ухдадорихои шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад. 19

Моддаи  27. Намояндагони конуни. 19

Моддаи 28. Намояндагони шахси хукуки. 19

Моддаи  29. Химоятгар ва намоянда. 20

Моддаи  30. Чабрдида. 20

Моддаи 31. Шохид. 21

Моддаи  32. Шахси холис. 21

Моддаи 33. Мутахассис. 21

Моддаи  34. Коршинос (эксперт). 22

Моддаи 35. Тарчумон. 22

Моддаи 36. Прокурор. 23

Моддаи 37. Чуброни харочоти чабрдида, шохид, коршинос, тарчумон  ва шахсони холис. 23

БОБИ 5. ХОЛАТХОЕ, КИ ИМКОНИЯТИ ИШТИРОКРО ДАР МУРОФИАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ ИСТИСНО МЕКУНАНД.. 23

Моддаи 38. Холатхое, ки иштироки судя, макомоти ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) дар мурофиаи хукуквайронкунии маъмури истисно мекунанд. 24

Моддаи 39. Холатхое, ки иштироки такрории судя, макоми ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури истисно мекунанд. 24

Моддаи 40. Рад кардани судя ва шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати. 24

Моддаи 41. Тартиби халли раддияе, ки нисбат ба судя ва шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати арз шудааст. 25

Моддаи 42. Рад кардани прокурор. 25

Моддаи 43. Рад кардани котиби мачлиси суд. 25

Моддаи 44. Рад кардани тарчумон. 25

Моддаи 45. Рад кардани коршинос. 26

Моддаи 46. Рад кардани мутахассис. 26

Моддаи 47. Холатхое, ки иштироки химоятгар ва намояндаи чабрдидаро дар парвандаи хукуквайронкунии маъмури истисно мекунанд. 26

БОБИ 6. ДАЛЕЛХО ВА ИСБОТКУНИ.. 26

Моддаи  48. Далелхо. 26

Моддаи 49. Холатхое, ки тибки парвандаи хукуквайронкунии маъмури исбот карда мешаванд. 27

Моддаи 50. Баёноти шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, баёноти чабрдида ва шохидон. 27

Моддаи 51. Экспертиза. 27

Моддаи 52. Гирифтани намунахо. 28

Моддаи 53. Далелхои шайъи. 28

Моддаи 54. Хуччатхо. 28

Моддаи 55. Нишондоди воситахои техникии махсус. 29

Моддаи 56. Супоришу дархост оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 29

Моддаи 57. Талаб кардани маълумот. 29

Моддаи  58. Баходихии далелхо. 29

БОБИ 7. ЧОРАХОИ ТАЪМИНКУНАНДАИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ.. 29

Моддаи 59. Номгуи чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 30

Моддаи  60. Овардани шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, ба чойи тартибдихии протоколи хукуквайронкунии маъмури. 30

Моддаи  61. Дастгиркунии маъмури. 31

Моддаи  62. Протоколи дастгиркунии маъмури. 32

Моддаи 63. Мухлати дастгиркунии маъмури. 32

Моддаи 64. Чой ва тартиби нигохдории шахсони дастгиршуда. 33

Моддаи 65. Мачбуран овардан. 33

Моддаи 66. Азназаргузаронии шахси ва азназаргузаронии молу мулк. 33

Моддаи 67. Азназаргузаронии бино ва худудхое, ки ба шахсони хукуки ё сохибкорони инфироди тааллук доранд ва азназаргузаронии молу мулк ва хуччатхои дар онхо мавчудбуда. 34

Моддаи 68. Азназаргузаронии воситаи наклиёт. 34

Моддаи 69. Гирифтани  молу мулк ва хуччатхо. 35

Моддаи 70. Нархгузории молу мулк ва дигар чизу чораи киматбахои гирифташуда. 36

Моддаи 71. Боздошт кардани воситаи наклиёт. 36

Моддаи 72. Манъ кардани воситаи наклиёт. 37

Моддаи 73. Дур кардан аз идоракунии воситахои наклиёт, муайян кардани холати масти. 37

Моддаи 74. Хабси воситаи наклиёт ва молу мулк. 38

Моддаи 75. Муваккатан манъ кардани фаъолият. 38

Моддаи 76. Мухлати муваккатан манъ кардани фаъолият. 39

Моддаи 77. Хукуки шикоят кардан аз чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 39

БОБИ 8. БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ МУРОФИАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ.. 39

Моддаи 78. Протоколи хукуквайронкунии маъмури. 39

Моддаи 79. Мазмуни протоколи хукуквайронкунии маъмури. 40

Моддаи 80. Тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури. 40

Моддаи 81. Огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 40

Моддаи 82. Тартиби огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 41

Моддаи 83. Аз чониби прокурор огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 41

Моддаи 84. Мухлати тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури. 41

Моддаи 85. Фиристодани протоколи хукуквайронкунии маъмури, карори прокурор дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури барои барраси. 42

Моддаи 86. Тафтишоти маъмури. 42

Моддаи 87. Холатхое, ки протоколи хукуквайронкунии маъмури тартиб дода намешавад. 43

Моддаи 88. Катъ кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури то баррасии парванда. 43

КИСМИ II. КИСМИ МАХСУС. 43

ФАСЛИ III. СУД, МАКОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИ (ШАХСОНИ МАНСАБДОР), КИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИРО БАРРАСИ МЕНАМОЯНД.. 43

БОБИ 9. ТОБЕИЯТИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ  ВА ТАРТИБИ БАРРАСИИ ОНХО.. 43

Моддаи 89. Суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ваколатдоранд. 44

Моддаи 90. Тобеияти парвандахои хукуквайронкунии маъмури. 44

Моддаи 91. Ваколати шахсони мансабдор. 44

Моддаи 92. Тобеияти парвандахои хукуквайронкунии маъмури дар мавриди бархам додан, аз нав ташкил кардан ё табдили номи макомоти ваколатдори давлатии баррасикунандаи парвандахои хукуквайронкунии маъмури. 44

БОБИ 10. СУД, МАКОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИ (ШАХСОНИ МАНСАБДОР), КИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИРО БАРРАСИ МЕНАМОЯНД.. 45

Моддаи 93. Суд. 45

Моддаи 94. Макомоти назорат дар сохаи мехнат ва шугли ахоли. 45

Моддаи 95. Макомоти тандурусти. 45

Моддаи 96. Макомоти назорати  истифода ва хифзи мухити зист. 46

Моддаи 961. Макоми танзимкунандаи давлати дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони. 46

Моддаи 97. Макомоти назорати маводи нашъаовар. 46

Моддаи 98. Макомоти корхои дохили. 47

Моддаи 99. Макомоти мухочирати мехнати. 47

Моддаи 100. Макомоти заминсози ва геодези. 47

Моддаи 101. Макомоти назорати геологи. 48

Моддаи 102. Макомоти назорати бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкори. 48

Моддаи 103. Макомоти хифзи захирахои об. 48

Моддаи 104. Макомоти назорати хочагии чангал ва шикор. 48

Моддаи 105. Макомоти фарханг. 49

Моддаи 106. Макомоти назорати давлатии фитосанитари ва карантини растани. 49

Моддаи 107. Макомоти назорати техники дар сохаи кишоварзи. 49

Моддаи 108. Макомоти зотпарвари. 49

Моддаи 109. Бозрасии назорати давлатии тухми. 49

Моддаи 110. Макомоти назорати байтори. 50

Моддаи 111. Макомоти назорат ва танзим дар сохаи наклиёт. 50

Моддаи 112. Макомоти назорати танзими алока ва иттилоотони. 50

Моддаи 113. Макомоти телевизион ва радио. 50

Моддаи 114. Макомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия  ва нозироти савдо. 50

Моддаи 115. Макомоти назорати энергетики. 51

Моддаи 116. Макомоти назорати шахрсози. 51

Моддаи 117. Макомоти хочагии манзилию коммунали. 51

Моддаи 118. Макомоти ваколатдори давлати оид ба дин. 51

Моддаи 119. Макомоти хизмати давлати. 51

Моддаи 120. Макомоти адлия. 52

Моддаи 121. Макомоти андоз. 52

Моддаи 1211. Макомоти сугуртаи ичтимои ва нафака. 52

Моддаи 122. Макомоти  хифзи сирри давлати. 52

Моддаи 123. Макомоти омор. 53

Моддаи 124. Макомоти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасони. 53

Моддаи 125. Макомоти таъминкунандаи хифзи хуччатхои Фонди бойгонии милли. 53

Моддаи 126. Макомоти ваколатдори назорати истифодаи амволи давлати. 53

Моддаи 127. Макомоти назорати ташкилотхои карзи. 53

Моддаи 128. Макомоти зиддиинхисори. 54

Моддаи 129. Макомоти молия. 54

Моддаи 130. Макомоти гумрук. 54

Моддаи 131. Макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия. 54

Моддаи 132. Комиссариатхои харби. 55

БОБИ 11. БАРРАСИИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ.. 55

Моддаи 133. Тайёри барои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 55

Моддаи 134. Таъинот ва кароре, ки хангоми тайёри барои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури кабул карда мешавад. 55

Моддаи 135. Махали баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 56

Моддаи 136. Мухлатхои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 56

Моддаи 137. Тартиби баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури ва мавкуф гузоштани онхо. 57

Моддаи 138. Протоколи баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 57

Моддаи 139. Тартибот дар мачлиси суди. 58

Моддаи 140. Карор ва таъинот оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 58

Моддаи 141. Маълумотхое, ки дар карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури нишон дода мешаванд. 58

Моддаи 142. Эълон кардани карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури ва супоридани. 59

Моддаи 143. Маълумотхое, ки дар таъинот оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури нишон дода мешаванд. 60

Моддаи 144. Ба маълумоти ахли чомеа расонидани карори таъини чазои маъмури. 60

Моддаи 145. Пешниход дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитхое, ки ба содир шудани хукуквайронкунии маъмури мусоидат намудаанд. 60

Моддаи 146. Якчоя кардани парвандахои хукуквайронкунии маъмури. 60

Моддаи 147. Чудо кардани парвандахои хукуквайронкунии маъмури ё мавод. 61

ФАСЛИ IV. АЗ НАВ БАРРАСИ КАРДАНИ КАРОРХО.. 61

БОБИ 12. АЗ НАВ БАРРАСИ КАРДАНИ  КАРОРХОИ СУД, МАКОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИ (ШАХСОНИ МАНСАБДОР) ОИД БА ПАРВАНДАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ.. 61

Моддаи 148. Хукуки шикоят кардан ва эътироз овардан ба карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 61

Моддаи 149. Тартиби  шикоят кардан ва эътироз овардан ба карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 61

Моддаи 150. Мухлати шикоят кардан ва эътироз овардан  ба карор  оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 62

Моддаи 151. Тартиби баркарор кардани мухлати шикоят кардан ва эътироз овардан. 62

Моддаи 152. Огох кардани тарафхо аз шикоят ва эътирози пешниходшуда. 63

Моддаи 153. Тайёри барои баррасии шикоят ва эътироз оид ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 63

Моддаи 154. Окибатхои шикоят кардан ва эътироз овардан. 63

Моддаи 155. Мухлатхои баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 63

Моддаи 156. Баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 64

Моддаи 157. Карор аз руи шикоят ва эътироз ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 64

Моддаи 158. Эълон кардани карор аз руи натичаи баррасии шикоят ва эътироз. 65

Моддаи 159. Аз нав барраси кардани карори макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) оид ба шикоят ва эътироз. 65

Моддаи 160. Окибатхои бекор гардидани карор бо катъ кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури   65

БОБИ 13. БА ТАРИКИ КАССАТСИОНИ БАРРАСИ КАРДАНИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ   66

Моддаи 161. Мавзуи мухокимаи суди дар мархилаи кассатсиони. 66

Моддаи 162. Хайати  суд  хангоми  баррасии  парванда ба тарики  кассатсиони. 66

Моддаи 163. Мухлатхои баррасии парванда дар суди мархилаи кассатсиони. 66

Моддаи 164. Мухтавои шикоят ё эътирози кассатсиони. 66

Моддаи 165. Таъини мачлиси суди мархилаи кассатсиони. 66

Моддаи 166. Тартиби баррасии парванда аз чониби суди мархилаи кассатсиони. 67

Моддаи 167. Хадди баррасии парванда дар суди мархилаи кассатсиони. 67

Моддаи 168. Кароре, ки суди мархилаи кассатсиони кабул мекунад. 67

Моддаи 169. Асосхо барои бекор кардан ё тагйир додани карор дар суди мархилаи кассатсиони. 68

Моддаи 170. Яктарафа ё нопурра будани тафтишоти маъмури ё суди. 68

Моддаи 171. Ба холатхои вокеии кор мувофик набудани хулосаи суд,  ки дар карор ифода ёфтааст. 68

Моддаи  172. Ба таври чидди вайрон кардани конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмури. 68

Моддаи 173. Нодуруст татбик карда шудани конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури. 69

Моддаи 174. Номувофикии чазои таъиннамудаи суд. 69

Моддаи 175. Нораво будани вазнин кардани чазои шахси хукуквайрокунии маъмури содирнамуда ё нисбати у татбик кардани конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии вазнинтар дар суди мархилаи кассатсиони. 69

Моддаи 176. Бекор кардани карор ва катъ кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 70

Моддаи 177. Бекор кардани таъиноте, ки бо он пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури катъ карда шудааст. 70

Моддаи 178. Окибатхои бекор кардани карор ё таъинот. 70

Моддаи 179. Тагйир додани карор. 70

Моддаи 180.  Мазмуни таъиноти кассатсиони. 71

Моддаи 181. Хадди хукукхои суди мархилаи кассатсиони. 71

Моддаи 182. Ба ичро расонидани таъиноти суди мархилаи кассатсиони. 71

БОБИ 14. БА ТАРИКИ НАЗОРАТИ БАРРАСИ КАРДАНИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ.. 71

Моддаи 183. Ба тарики назорати шикоят кардан ё эътироз овардан аз таъинот ва карори суд, ки эътибори конуни пайдо кардаанд. 72

Моддаи 184. Тартиби пешниходи эътироз ё шикояти назорати. 72

Моддаи 185. Мухлати ба тарики назорати аз нав барраси кардани таъинот ва карори суд. 72

Моддаи 186. Мухтавои эътироз ё шикояти назорати. 72

Моддаи 187. Тартиби бе барраси баргардонидани эътироз ё шикояти назорати. 73

Моддаи 188. Амалхо оид ба эътироз ё шикояти назоратии воридшуда. 73

Моддаи 189. Талаб карда гирифтани парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 74

Моддаи 190. Хайати суд ва тартиби баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз руи эътироз ё шикоят  74

Моддаи 191. Таъинот ва карори суде, ки эътироз ё шикоятро барраси менамояд. 75

Моддаи 192. Асосхои бекор кардан ё тагйир додани таъинот ва карори эътибори конуни пайдокардаи суд   75

Моддаи 193. Хадди хукукхои суди мархилаи назорати. 75

Моддаи 194. Хатми будани дастурхои суде, ки ба тарики назорати парвандаро барраси кардааст. 76

Моддаи 195. Мазмуни таъинот ё карор. 76

Моддаи 196. Баррасии парванда баъд аз бекор карда шудани карор ё таъиноти суди мархилаи кассатсиони   76

БОБИ 15. АЗ НАВ САР КАРДАНИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ БИНОБАР ХОЛАТХОИ НАВ ОШКОРШУДА.. 76

Моддаи 197. Асосхои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 76

Моддаи 198. Судхое, ки карор ё таъинотро вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси менамоянд   77

Моддаи 199. Пешниходи ариза дар бораи аз нав барраси кардани карор ё таъинот вобаста ба холатхои нав ошкоргардида. 77

Моддаи 200. Тартиби баррасии ариза дар бораи аз нав барраси кардани карор ё таъинот вобаста ба холатхои нав ошкоргардида. 77

Моддаи 201. Таъинот дар бораи аз нав барраси кардани карор ё таъинот вобаста ба холатхои нав ошкоргардида. 77

Моддаи 202. Мухлатхои аз нав сар  кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 78

Моддаи 203. Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 78

Моддаи 204. Амали прокурор баъди анчоми санчиш.. 78

Моддаи 205. Аз чониби суд хал кардани масъалаи аз нав баркарор кардани пешбурд аз руи парванда. 79

Моддаи 206. Таъиноти (карори) суде, ки пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё хулосаи прокурорро барраси мекунад. 79

Моддаи 207. Пешбурди  парванда  баъди бекор кардани карорхо. 79

ФАСЛИ V. ХУСУСИЯТХОИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ КАТЕГОРИЯХОИ АЛОХИДА.. 79

БОБИ 16. ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ НИСБАТ БА НОБОЛИГОН.. 79

Моддаи 208. Тартиби пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури нисбат ба ноболигон. 80

Моддаи 209. Холатхое, ки доир ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбат ба ноболигон бояд мукаррар карда шаванд. 80

Моддаи 210. Ба пешбурди алохида чудо кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбат ба ноболиг  80

Моддаи 211. Тартиби даъвати ноболиг. 80

Моддаи 212. Баёнот гирифтан аз шахси ноболиги хукуквайронкунии маъмури содиркарда,  шохид ва чабрдидаи ноболиг. 80

Моддаи 213. Иштироки омузгор ва равоншинос. 80

Моддаи 214. Иштироки намояндаи конунии  ноболиг дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури   81

Моддаи 215. Катъ  кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури бо татбики чорахои тарбияви. 81

ФАСЛИ VI. ИЧРОИ КАРОРХО.. 81

БОБИ 17. ИЧРОИ КАРОРХО ВОБАСТА БА ТАЪИНИ ЧАЗОИ МАЪМУРИ.. 81

Моддаи 216. Эътибори конуни пайдо кардани карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 81

Моддаи 217. Хатми будани ичрои карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 82

Моддаи 218. Ичрои карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 82

Моддаи 219. Ба ичро расонидани карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури. 82

Моддаи 220. Ба таъхир гузоштан ва ба мухлатхо чудо кардани ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури. 82

Моддаи 221. Боздоштани ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури. 83

Моддаи 222. Ичрои карор дар бораи боздоштан ва ё манъ кардани фаъолияти сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки. 83

Моддаи 223. Катъи ичрои карори таъин кардани чазои маъмури. 83

Моддаи 224. Халли масъалахои вобаста ба ичрои карори таъин кардани чазои маъмури ба шахси ноболиг  83

Моддаи 225. Мухлати идома ёфтани ичрои карори таъин кардани чазои маъмури. 84

Моддаи 226. Ба охир расидани пешбурди ичрои карори таъин  кардани чазои маъмури. 84

Моддаи 227. Ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури нисбати шахсе, ки берун аз каламрави Чумхурии Точикистон истикомат мекунад ё карор дорад ва дар каламрави Чумхурии Точикистон молу мулк надорад. 85

БОБИ 18. ТАРТИБИ ИЧРОИ НАМУДХОИ ЧУДОГОНАИ ЧАЗОИ МАЪМУРИ.. 85

Моддаи 228. Ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури дар намуди огохи. 85

Моддаи 229. Ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури дар  намуди чарима. 85

Моддаи 230. Ба охир расидани пешбурди  ичрои карор оид ба  татбики чазои маъмури дар намуди чарима  86

Моддаи 231. Ичрои карори боздошти маъмурии амали ичозатнома барои машгул шудан ба намудхои муайяни фаъолият. 86

Моддаи 232. Ичрои карор оид ба махрум кардан аз ичозатнома барои машгул шудан ба намудхои муайяни фаъолият. 86

Моддаи 233. Ичрои карор оид ба махрум кардани шахси вокеи аз хукуки махсус. 86

Моддаи 234. Тартиби ичрои карори махрум кардани шахси вокеи аз хукуки идораи воситахои наклиёт. 86

Моддаи 235. Хисоб кардани мухлатхои махрум кардани шахси вокеи аз хукуки махсус. 87

Моддаи 236. Ичрои карори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият. 87

Моддаи 237. Ичрои карори бо подош гирифтани ашёе, ки олоти содир кардани хукуквайронкунии маъмури ё объекти бевоситаи он мебошад. 88

Моддаи 238. Ичрои карори мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани хукуквайронкунии маъмури ё объекти бевоситаи он мебошад. 88

Моддаи 239. Ичрои карори бо рохи маъмури аз каламрави Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд. 88

Моддаи 240. Тартиби ичрои карори бо рохи маъмури аз каламрави Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд. 88

Моддаи 241. Ичрои карори таъин кардани чазои маъмури дар  намуди хабси маъмури. 89

Моддаи 242. Тартиби ичрои чазои маъмури дар намуди хабси маъмури. 89

Моддаи 243. Тартиб ва мухлати ичрои карор оид ба чуброни зарари модди. 89

Моддаи 244. Окибатхои ичро накардани карор оид ба чуброни  зарари модди. 89

Моддаи  245. Баргардонидани ичрои карор. 89

Моддаи 246. Халли масъалахо дар бораи баргардонидани ичрои карор аз чониби суди мархилаи якум.. 90

Моддаи 247. Халли масъалахо дар бораи баргардонидани ичрои карор аз чониби суди мархилаи кассатсиони ё назорати. 90

БОБИ 19. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ.. 90

Моддаи 248. Тартиби мавриди амал карор додани Кодекси мазкур. 90

 

 

 

КИСМИ I. КИСМИ УМУМИ

 

ФАСЛИ I. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

 

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1. Конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон 

Конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)

Моддаи 2. Вазифахои конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Вазифахои конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмури аз инхо иборатанд:

– мукаррар кардани тартиби барасмиятдарори ва пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури;

– химояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

– химояи манфиатхои конунии чамъият, давлат ва ташкилотхо, ки аз хукуквайронкунии маъмури зарар дидаанд;

– ба чавобгарии маъмури кашидани шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда;

– таъмини баррасии саривакти ва дурусти парвандахои хукуквайронкунии маъмури аз чониби суд ва макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор);

– риояи меъёрхои мурофиаи хукуквайронкунии маъмури хангоми татбики конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури;

– кафолати химояи манфиатхои конунии иштирокчиёни  мурофиаи  хукуквайронкунии  маъмури ва шахсони дигар;

– мукаррар кардани тартиби ичрои карорхо оид ба татбики чазои маъмури ва санадхо оид ба татбики чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури.

  1. Мурофиаи хукуквайронкунии маъмури барои тахкими конуният ва тартиботи хукуки, пешгирии хукуквайронкунихои маъмури, эхтироми конун, хукуку озодихои инсон ва шахрванд, таъмини баррасии одилонаи парвандахои хукуквайронкунии маъмури аз чониби суд ва макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) равона карда шудааст.

Моддаи 3. Амали Кодекси мазкур дар макон 

  1. Дар  худуди Чумхурии Точикистон пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури мувофики Кодекси мазкур сурат мегирад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  2. Мукаррароти Кодекси мазкур, инчунин хангоми пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури оид ба хукуквайронкунихое татбик мегарданд, ки дар хавопаймо,  киштихои бахри ва дарёи, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон дар обхои кушод ё фазои хавои тахти  парчам  ё нишонаи фарккунандаи Чумхурии Точикистон харакат мекунанд, содир шудаанд.
  3. Дар худуди Чумхурии Точикистон конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмурии  давлати хоричи аз тарафи макомоти тафтишот ва судхои давлати хоричи ва ё бо супориши онхо аз тарафи макомоти дахлдор дар холате татбик мегардад, агар дар санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, пешбини шуда бошад.

Моддаи 4. Амали Кодекси мазкур дар замон

Пешбурди  парвандахои хукуквайронкунии маъмури дар асоси конуне анчом дода мешавад, ки дар вакти пешбурди парвандаи мазкур амал мекунад.

Моддаи 5. Мафхумхои асоси 

Мафхумхои асосие, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд:

иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури – макомот ва шахсоне, ки таъкиби маъмуриро анчом медиханд, инчунин шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад (чабрдида, намояндаи конуни ва намоянда, химоятгар), инчунин прокурор, коршинос (эксперт), мутахассис, шохид, шахси холис, тарчумон;

намояндагони конуни – падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, васиён, парасторони шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад ё чабрдида;
– намояндаи шахси хукуки – корманди корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар асоси ваколатнома ё хуччатхои таъсисии шахси хукуки баромад мекунад;

макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) – макомоти давлати ва шахсони мансабдори онхо, ки мутобики Кодекси мазкур парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро пешбурд ва барраси менамоянд;

прокурор – Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, Сарпрокурори харби, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон, муовинони онхо, сардорони раёсатхо (шуъбахо) ва муовинони онхо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генерали, прокурорхои калон ва прокурорхои раёсатхо (шуъбахо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон, прокурорхои калон ва прокурорхои шуъбахои прокуратурахои вилоятхо ва ба онхо баробаркардашуда, прокурорхои нохияхо, шахрхо, харбии гарнизонхо, назорати ичрои конунхо дар муассисахои ислохи, муовинон, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онхо, ки дар доираи салохияташон фаъолият мекунанд;

раисикунанда – судяе, ки дар мачлиси суд хангоми дастачамъона ё танхо барраси кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури раиси мекунад;

суд – макомоти хокимияти суди, ки ба низоми судии Чумхурии Точикистон шомил буда, парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро ба таври дастачамъи ва ё танхо барраси мекунад (Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, судхои харби, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоятхо ва шахри Душанбе);

суди мархилаи якум – суде, ки ваколати мохиятан барраси ва кабул кардани карори нахустини судиро оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури дорад;

суди мархилаи кассатсиони – суде, ки парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро аз руи шикоят ва эътироз нисбат ба таъинот ва карори эътибори конуни пайдонакардаи суди мархилаи якум барраси мекунад;

суди мархилаи назорати – суде, ки парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро аз руи шикоят, эътироз нисбат ба карор ва ё таъиноти эътибори конуни пайдокардаи суди мархилаи якум ва ё таъиноти суди мархилаи кассатсиони барраси менамояд;

судя – шахси мансабдоре, ки барои амали намудани адолати суди бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъин ё интихоб гардидааст;

карор – санаде, ки аз чониби суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур кабул карда шудааст;

таъинот – санади судие, ки суди мархилаи якум дар чараёни мурофиаи суди оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури баровардааст, инчунин санаде, ки судхои мархилахои кассатсиони ва назорати, гайр аз раёсати судхо дар вакти аз нав барраси намудани санадхои эътибори конуни пайдонамудаи суд кабул кардаанд;

таъкиби маъмури – фаъолияти мурофиавие, ки макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) бо максади муайян кардани кирдори бо Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон манъшуда ва шахсе, ки онро содир кардааст, ба чавобгарии маъмури кашидани у, хамчунин барои таъмин кардани татбики чазо ва ё дигар чорахои мачбури нисбат ба чунин шахс анчом медиханд;

хешовандони наздик – падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, бародарон ва хохарон, бобо, биби (модаркалон), набера, инчунин хамсар;

химоятгар (намоянда) – шахсест, ки хангоми пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури хукук ва манфиатхои конунии шахси хукуквайронкунии маъмури содиркардаро (чабрдидаро) хифз намуда, бо хар восита ва усули манънакардаи конун ёрии хукуки мерасонад.

 Моддаи 6. Пешгирии  хукуквайронкунии  маъмури 

Суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) вазифадоранд оид ба пешгири, ошкор ва бартараф кардани сабаб ва  шароитхое, ки ба содир шудани хукуквайронкунии маъмури мусоидат менамоянд, инчунин дар рухияи шуурноки ва масъулиятноки, риояи дакик ва ичрои якхелаи конунхо тарбия кардани шахрвандон чорахо андешанд.

БОБИ 2. ПРИНСИПХОИ КОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Моддаи 7. Принсипхои конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон

Конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон ба принсипхои зерин асос меёбад:

– конуният;

– хифзи судии хукук, озоди ва манфиатхои конунии шахс;

– баробари дар назди конун ва суд;

– хифзи шаъну шараф ва эътибори кори;

– таъмини амният хангоми барасмиятдарори ва пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури;

– ошкоро  будани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури;

– ёрии хукуки дар пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури;

– эхтимолияти бегунохи;

– амали кардани адолати суди;

– мустакилияти судяхо;

– забони пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури.

Моддаи 8. Принсипи конуният 

  1. Суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) дар вакти пешбурд ва баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури вазифадоранд меъёрхои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя намуда, дакик ва якхела татбик намоянд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  2. Агар суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор)  дар вакти баррасии парванда муайян кунанд, ки меъёри татбикшавандаи конунгузори хукуку озодихои конститутсионии шахсро халалдор ва ё махдуд мекунад, ухдадоранд пешбурди парвандаро боздошта, ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон оид ба мутобикатии ин меъёр ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон мурочиат намоянд. Пас аз гирифтани карори Суди конститутсиони пешбурди парванда аз нав огоз карда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)

Моддаи 9. Хифзи судии хукук, озоди ва манфиатхои конунии шахс 

  1. Ба хар шахс хифзи судии хукук, озоди ва манфиатхои конуниаш кафолат дода мешавад. Хар шахс метавонад оид ба химоя кардани хукукхои вайронгаштааш ба суд мурочиат намояд ва хукук дорад талаб намояд, ки парвандаи уро суди босалохият, мустакил ва бегараз, ки тибки конун таъсис ёфтааст, барраси намояд.
  2. Суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) вазифадоранд химояи хукук, озоди ва манфиатхои конунии  иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии  маъмуриро таъмин намоянд, чихати татбики онхо шароит мухайё  созанд, барои конеъ кардани талабу дархостхои конунии онхо чораандеши кунанд.
  3. Дар сурати бо амали гайриконунии суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) расонидани зарари модди ба шахсони вокеи ва хукуки суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) оид ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури вазифадоранд барои талофии он чорахо андешанд.
  4. Товони зараре, ки ба шахс хангоми пешбурд ва баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар натичаи риоя накардани хукуку озодихои у расонида шудааст, тибки мукаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон руёнида мешавад.

Моддаи 10. Баробари дар назди конун ва суд 

Хама дар назди конун ва суд баробаранд. Давлат ба хар кас, катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, тахсил ва молу мулк‚ хукуку озодихоро кафолат медихад.

Моддаи 11. Хифзи шаъну шараф ва эътибори кори 

  1. Хангоми пешбурд ва баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури амал ва кабули кароре, ки шаъну шараф ё  эътибори кориро паст мезананд, инчунин ба хаёт ва саломатии иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури тахдид менамоянд, манъ аст.
  2. Зарари маънавие, ки хангоми пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба шахс аз харакатхои гайриконунии судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) расонида шудааст, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад.

Моддаи 12. Таъмини  амният хангоми барасмиятдарори ва пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури 

Хангоми мавчуд будани маълумоти кофи дар бораи он ки ба иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури, инчунин хешовандони наздики онхо бо куштор, зуровари, несту нобуд кардан ё зарар расонидан ба молу мулк ё дигар амали гайриконунии хавфнок тахдид мекунанд, судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) дар чараёни барасмиятдарори ва пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури ухдадоранд дар доираи салохияти худ чихати хифзи хаёт, саломати, шаъну шараф ва молу мулки ин шахсон чорахои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро андешанд.

 

Моддаи 13. Ошкоро  будани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури ба таври ошкоро гузаронида мешавад.
  2. Мухокима дар мачлиси пушидаи суди оид ба парвандахои дорои маълумоти сирри давлати, инчунин оид ба дигар парвандахое, ки конун пешбини намудааст, гузаронида мешавад. Мухокима дар мачлиси пушидаи суди, инчунин хангоми конеъ кардани дархости шахсони иштирокчии парванда, ки ба зарурати нигох доштани сирри тичорати ё дигар сирре, ки конун хифз менамояд, ишора мекунанд, ба дахлнопазирии хаёти шахси ё дигар холатхое, ки ошкоро мухокима кардани онхо барои баррасии дурусти парванда халал мерасонанд ва ё боиси ифшои сирри зикршуда ё вайрон шудани хукук ва манфиатхои конунии шахсон мегарданд, имконпазир аст.
  3. Шахсони иштирокчии парванда ва шахсони дар мачлиси кушодаи суди хузурдошта хукук доранд дар шакли хатти ё тарики воситахои аудиои чараёни мухокимаи судиро аз чои нишаст сабт кунанд. Истифодаи воситахои суратгири, сабти аудио, видео, пахши чараёни мачлиси суди тарики радио ва телевизион танхо бо ичозати судя рох дода мешавад. Вакти  ичрои ин амалхоро раисикунанда метавонад махдуд намояд. Ин амалхо набояд ба рафти мурофиаи суди халал расонанд.

Моддаи 14. Ёрии хукуки дар пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури

Хар шахс хукук дорад, дар рафти пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури  аз ёрии хукуки истифода намояд.

Моддаи 15. Эхтимолияти бегунохи 

  1. Шахси вокеи, сохибкори инфироди, шахси мансабдор ё хукукие, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури огоз карда шудааст, то гунохаш дар содир кардани хукуквайронкунии маъмури тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур исбот нагардад ва бо карори эътибори конуни пайдокардаи суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки дар доираи салохияти худ парвандаро барраси кардаанд, мукаррар карда нашавад, бегунох дониста мешавад.
  2. Шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида мешавад, ухдадор нест, ки бегунохии худро исбот намояд.
  3. Шубхахои бартарафнашаванда дар хусуси гунахгор будани шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида мешавад, ба манфиати у маънидод карда мешаванд.

Моддаи 16. Амали кардани адолати суди 

  1. Салохияти суд тибки тартиби дар Кодекси мазкур пешбинишуда амали карда мешавад ва  худсарона дигар намудани он мумкин нест.
  2. Карори суд аз руи парвандае, ки бо вайронкунии тобеият барраси шудааст, ё бо баромадан аз хадди ваколатхо ва ё бе назардошти меъёрхои Кодекси мазкур кабул шудааст ва боиси вайрон гаштани принсипхои дар боби мазкур зикргардида гаштааст, гайриконуни буда, бекор карда мешавад.
  3. Карори суд мутобики меъёрхои Кодекси мазкур аз тарафи суди болои аз нав барраси карда мешавад.

Моддаи 17. Мустакилияти судяхо 

  1. Судяхо дар фаъолияти худ мустакил буда, танхо ба Конститутсия ва конун итоат мекунанд.
  2. Дахолат ба фаъолияти судяхо манъ аст.

Моддаи 18. Забони пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури

  1. Пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури ба забони давлати баргузор мегардад.
  2. Иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури, ки забони мурофиаро намедонанд, хукуки ба забони модариашон ё забони дигаре, ки онро медонанд, арз кардан, баёнот додан, изхори дархост кардан, шинос шудан бо маводи парвандаро дошта, бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур ба онхо хизматрасонии тарчумон таъмин карда мешавад.
  3. Хуччатхои мурофиави, ки мутобики Кодекси мазкур ба иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури аз чониби суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки ин хуччатхоро тахия намудаанд, дода мешаванд, ба таври дахлдор тасдик карда шуда, бояд ба забоне, ки онхо медонанд, тарчума шуда бошанд.

ФАСЛИ II. ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ     


БОБИ 3. МУКАРРАРОТИ АСОСИ

Моддаи 19. Мукаррароти умуми оид ба пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва вазифахои он

 

  1. Пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва баррасии онхо аз чониби судяхо, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ваколат доранд, мутобики Кодекси  мазкур  амали карда мешаванд.
  2. Пешбурди  парвандахои хукуквайронкунии маъмури,  ба истиснои холатхои пешбининамудаи моддаи 87 Кодекси мазкур, бояд на дертар аз  дах шабонарузи огоз кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури анчом дода шавад.
  3. Вазифахои пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури аз халли парванда тибки конунгузори, андешидани чорахо чихати бартараф кардани сабаб ва шароитхое, ки ба содир  намудани  хукуквайронкунии маъмури мусоидат менамоянд, дар  рухияи  риояи  конунхо  тарбия намудани шахрвандон ва тахкими конуният иборат мебошанд.

Моддаи 20. Холатхое, ки пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро истисно менамоянд 

Дар холатхои зерин пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури огоз карда намешавад ё пешбурди парвандахои  огозгардида  катъ карда мешавад:

– набудани ходисаи хукуквайронкунии маъмури;

– набудани аломатхои таркиби  хукуквайронкунии маъмури, аз чумла дар лахзаи содир намудани кирдори (амал ё беамалии) зиддихукуки  ба  синни  ба чавобгарии  маъмури кашидан, ки Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини кардааст, нарасидани шахси вокеи ё номукаллафии шахси вокеие, ки чунин кирдорро содир намудааст;

– дар холати зарурати нихои содир шудани кирдори (амал ё беамалии) шахс;

– кабул шудани санади авф, ки он татбики чазои маъмуриро бартараф менамояд;

– аз эътибор сокит донистани конуне, ки чавобгарии маъмуриро мукаррар намудааст;

– гузаштани мухлати ба чавобгарии маъмури кашидан;

– доир ба хамон як  кирдори (амал ё беамалии) зиддихукуки  аз чониби шахсе, ки нисбати у пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури анчом  дода  мешавад,  мавчуд  будани  карори  судя,  макомоти ваколатдори  давлати (шахсони мансабдор) дар бораи таъин намудани чазои маъмури ё карори катъ кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ё карор дар бораи огози парвандаи чинояти;

– фавти шахси вокеи ё шахси мансабдори хукуквайронкунии маъмури содирнамуда;

– бархам хурдани шахси хукуки.

Моддаи 21. Баррасии ошкорои парвандахои хукуквайронкунии маъмури 

  1. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба таври ошкоро барраси карда мешавад.
  2. Бо максади баланд бардоштани накши тарбиявии пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури ва пешгирии содиршавии хукуквайронкунии маъмури парвандаи хукуквайронкунии маъмури мумкин аст бевосита дар чойи кор, тахсил  ё истикомати шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, барраси карда шавад.

Моддаи 22. Дархостхо 

  1. Иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури хукук доранд ба таври хатти ё шифохи дархостхо намоянд ва ин дархостхо аз чониби судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони  мансабдоре), ки парвандаи  мазкур  дар  пешбурди  онхо карор дорад,  бояд хатман барраси карда шаванд.
  2. Аз натичаи баррасии дархост  бояд  карор дар бораи рад кардан ё конеъ гардонидани он аз чониби судя дар шакли таъинот ва аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) дар шакли карор кабул карда шавад.

Моддаи 23. Харочот вобаста ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Харочот вобаста ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз инхо иборатанд:

– маблагхои ба шохидон, шахсони холис, мутахассисон,  коршиносон (экспертхо) ва тарчумонхо пардохтшаванда;

– маблагхои барои нигохдори, интикол (тахвил) ва тахкики далелхои шайъи харчшуда.

  1. Дар холатхои бо Кодекси мазкур пешбинишуда харочот  вобаста ба пешбурди парвандаи  хукуквайронкунии маъмури нисбати шахси вокеи аз хисоби шахси вокеи пардохт карда мешавад.
  2. Харочот вобаста ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури  нисбати  шахси  хукуки, ба истиснои  маблагхои ба тарчумон пардохтгардида аз хисоби шахси хукуки руёнида мешавад. Маблагхое, ки ба тарчумон вобаста ба баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбати шахси хукуки пардохт шудааст, аз хисоби Бучети давлатии Чумхурии Точикистон пардохта мешаванд.
  3. Харочот  вобаста  ба  пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури  нисбат ба шахсони вокеи ва хукуки хангоми катъ гардидани  пешбурди парвандаи хукуквайронкунии  маъмури  нисбати онхо дар холатхои дар Кодекси мазкур пешбинигардида аз хисоби Бучети давлатии Чумхурии Точикистон пардохта мешавад.
  4. Андозаи харочот вобаста ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар асоси хуччатхои ба парванда хамрох кардашуда, ки мавчудият ва хачми масрафхои ба харочот нисбатдодашударо тасдик мекунанд, муайян карда мешавад.
  5. Халли  масъалахои харочот вобаста ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар карор дар бораи таъин кардани чазои маъмури ё катъ  кардани  пешбурди  парвандаи  хукуквайронкунии маъмури нишон дода мешавад.

Моддаи 24. Супоридани  мавод  ба  прокуратура 

Агар хангоми баррасии  парвандаи хукуквайронкунии маъмури судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) ба хулоса оянд, ки  дар кирдори шахсе, ки кирдори зиддихукуки содир кардааст, аломатхои таркиби чиноят мавчуд мебошанд, онхо пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро катъ карда, маводро ба  прокуратураи махалли содиршавии хукуквайронкунии маъмури  месупоранд.

Моддаи 25. Бахисобгирии мухлат 

  1. Мухлати мукаррарнамудаи Кодекси мазкур бо соат, шабонаруз, мох ва сол ба хисоб гирифта мешавад. Дар хисоби мухлат соат ва рузе, ки чараёни мухлат огоз мегардад, ба хисоб гирифта намешавад. Ин коида ба хисоби мухлати дастгиркунии маъмури дахл надорад. Ба хисоби мухлат, инчунин вакти гайрикори низ зам карда мешавад.
  2. Дар хисоби мухлат бо мох ё сол, мухлат дар рузи дахлдори мохи охирин хотима меёбад, агар ин мох санаи дахлдор надошта бошад, мухлат дар рузи охирини хамин мох ба охир мерасад. Агар хатми мухлат ба рузи гайрикори рост ояд, рузи охирини мухлат рузи якуми кории баъди он руз фарорасида ба хисоб меравад, ба гайр аз холатхои хисоби мухлат хангоми дастгиркунии маъмури ва ба хабси маъмури  гирифтан.
  3. Хангоми дастгиркунии маъмури мухлат аз лахзаи татбики вокеии ин чора ба хисоб гирифта мешавад.
  4. Мухлат гузаронидашуда ба хисоб намеравад, ба шарте ки шикоят ё дигар санад то гузаштани мухлат дар почта ва барои шахсони ба хабси маъмури гирифташуда бошад, то гузаштани мухлат ба маъмурияти махали ичрои хабси маъмури супорида шуда бошанд. Вакти супоридани шикоят ё дигар хуччатхо ба почта аз руи мухри почта ва вакти супоридани он ба маъмурияти махали ичрои хабси маъмури тибки сабти коргузори ё шахси мансабдори ин муассисахо муайян карда мешавад.
  5. Аз чониби шахси мансабдор риоя кардани мухлати муайяншуда бо сабти дахлдор дар хуччати мурофиави тасдик карда мешавад. Гирифтани хуччат, ки бояд ба иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури супорида шавад, бо забонхати ба парванда хамрохгардидаи онхо тасдик мегардад.

БОБИ 4. ХУКУКУ УХДАДОРИХОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ПАРВАНДАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ

Моддаи 26. Хукуку ухдадорихои шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад 

  1. Шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, хукук дорад бо хамаи маводи парванда шинос шавад, баёнот дихад, далелхо оварад, дархост ва раддия изхор намояд, аз ёрии хукукии химоятгар истифода барад, бо забони модариаш сухан кунад, хангоми надонистани забони пешбурди парванда аз хизмати тарчумон истифода барад, аз болои карори кабулшуда шикоят намояд, инчунин тибки Кодекси мазкур аз дигар хукукхои мурофиави истифода барад.
  2. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар хузури шахсе барраси карда мешавад, ки нисбати у парванда пеш бурда мешавад. Дар гоибии ин шахс парванда танхо ба шарте барраси мегардад, ки агар дар бораи ба таври дахлдор ва саривакт хабардор карда шудани ин шахс оид ба махал ва вакти баррасии парванда маълумот мавчуд бошад ва аз чониби ин шахс дар бораи мавкуф гузоштани баррасии парванда дархост пешниход нашуда бошад  ё чунин дархост рад карда шуда бошад.
  3. Судя, макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) баррасикунандаи парвандаи хукуквайронкунии маъмури хукук доранд иштироки хатмии шахсеро, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, хангоми баррасии парванда зарур шуморанд. Хангоми баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури, ки барои содир кардани он чазои маъмури дар намуди хабси маъмури ё бо рохи маъмури берун кардани шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд аз худуди Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, иштироки шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, хатми мебошад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Хангоми саркаши кардани шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури огоз гардидааст, аз хозир шудан бо даъвати судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) мутобики Кодекси мазкур чораи мачбуран овардани у татбик карда мешавад. 

Моддаи  27. Намояндагони конуни 

  1. Химояи хукуку манфиатхои конунии шахси вокеи, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад ё намояндаи конунии шахси вокеии чабрдида, ки ноболиг мебошад ё бинобар вазъи чисмони ё рухи имконияти мустакилона амали намудани хукукхои худро надорад, аз тарафи намояндагони конунии у анчом дода мешавад.
  2. Муносибати хешованди ё ваколати дахлдори шахсоне, ки намояндагони конунии шахси вокеи мебошанд, бо хуччатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
  3. Намояндагони конунии шахси вокеи ва чабрдида дорои хукуку ухдадорихои тибки Кодекси мазкур пешбинишудаи шахсоне мебошанд, ки ба сифати намояндаи онхо амал мекунанд.
  4. Хангоми баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмурие, ки аз чониби ноболиг содир шудааст, иштироки намояндаи конунии у хатмист. Дар сурати саркаши кардани намояндаи конунии ноболиг аз хозиршави мумкин аст у мутобики Кодекси мазкур мачбуран оварда шавад.

Моддаи 28. Намояндагони шахси хукуки 

  1. Хукуку манфиатхои конунии шахси хукуки, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад ё шахси хукукие, ки чабрдида эътироф шудааст, аз тарафи намояндагони онхо химоя карда мешаванд.
  2. Намояндагони шахси хукуки мутобики Кодекси мазкур рохбари он, инчунин дигар шахсе мебошад, ки мутобики конун ё хуччатхои таъсиси макоми шахси хукуки эътироф гардидааст. Ваколати намояндаи шахси хукуки бо хуччатхои собиткунандаи вазъи хизматии у тасдик карда мешавад.
  3. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбат ба шахси хукукие, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, бо иштироки намоянда ва ё химоятгари у барраси карда мешавад. Дар гоибии ин шахсон барраси кардани парванда танхо дар сурате мумкин аст, ки дар бораи огохии саривакти ва дахлдори ин шахсон доир ба махал ва вакти баррасии парванда маълумот мавчуд бошад ё онхо дар бораи мавкуф гузоштани баррасии парванда дархост пешниход накарда бошанд ва ё чунин дархост рад карда шуда бошад.
  4. Хангоми баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбат ба шахси хукукие, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки ин парванда дар баррасии онхо мебошад, хукук доранд иштироки хатмии намояндаи шахси хукукиро зарур шуморанд.
  5. Хангоми аз хозир шудан саркаши кардани намояндаи шахси хукуки, у дар асоси таъиноти судя, карори макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки дар пешбурди онхо парвандаи хукуквайронкунии маъмури карор дорад, мувофики Кодекси мазкур аз чониби макомоти корхои дохили мачбуран оварда мешавад.

Моддаи  29. Химоятгар ва намоянда 

  1. Дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури барои расонидани ёрии хукуки ба шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, мумкин аст, химоятгар ва барои расонидани ёрии хукуки ба чабрдида намоянда иштирок намояд.
  2. Ба сифати химоятгар ё намоянда барои иштирок дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури химоятгар ё шахси дигар рухсат дода мешавад.
  3. Ваколати химоятгар ё  шахси дигар, ки ёрии хукуки мерасонад, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
  4. Ба химоятгар ва намоянда барои иштирок дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз лахзаи тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури ичозат дода мешавад. Хангоми дастгиркунии маъмурии шахси вокеи бинобар содир гардидани хукуквайронкунии маъмури ба химоятгар барои иштирок дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз лахзаи дастгиркунии маъмури ичозат дода мешавад.
  5. Химоятгар ва намоянда, ки барои иштирок дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури ичозат дода шудааст, хукук доранд бо хамаи маводи парванда шинос шаванд, далелхо пешниход кунанд, дархост ва раддия изхор намоянд, дар баррасии парванда иштирок намоянд, нисбат ба татбики чорахои таъминкунии пешбурди парванда шикоят намоянд ва мутобики Кодекси мазкур аз дигар хукукхои мурофиави истифода баранд.
  6. Иштироки химоятгар дар пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури хатмист,  агар:

– дар ин бора шахсе, ки нисбати у  парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, дархост пешниход кунад;

– шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, ноболиг бошад;

– шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад,  бинобар  камбудихои чисмонию  рухи  хукуки  худро оид ба химоя мустакилона амали карда натавонад;

– шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, забони  пешбурди мурофиаро надонад.

Моддаи  30. Чабрдида 

  1. Чабрдида шахси вокеи ё хукукие дониста мешавад, ки ба вай дар натичаи содиршавии хукуквайронкунии маъмури зарари чисмони, модди ё маънави расонида шудааст.
  2. Чабрдида хукук дорад, мутобики Кодекси мазкур бо хамаи маводи парвандаи хукуквайронкунии маъмури шинос шавад, баёнот дихад, далелхо пешниход кунад, дархост ва раддия изхор намояд, аз ёрии хукуки истифода барад, ба карори кабулшуда шикоят намояд ва аз дигар хукукхои мурофиави истифода барад.
  3. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури бо иштироки чабрдида барраси карда мешавад. Дар гоибии у парванда, мумкин аст, танхо ба шарте барраси гардад, ки дар бораи саривакт ва ба таври дахлдор хабардор кардани чабрдида доир ба махал ва вакти баррасии парванда маълумот мавчуд бошад ва аз у дар бораи мавкуф гузоштани баррасии парванда дархост ворид нашуда бошад ё чунин дархост рад карда шуда бошад.
  4. Чабрдида мумкин аст мутобики Кодекси мазкур ба сифати шохид пурсида шавад.

Моддаи 31. Шохид

 

  1. Ба сифати шохид дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури шахсе пурсида мешавад, ки ба у ягон холати барои парванда ахамиятдошта, маълум аст. Агар шохид манбаи маълумоти баённамудаашро нишон дода натавонад, чунин маълумот далел ба хисоб намеравад.
  2. Шохид хукук дорад:

– ба мукобили худ, хешовандони наздикаш нишондод надихад;

– бо забони модари ё забони дигаре, ки онро медонад, баёнот дихад;

– аз кумаки ройгони тарчумон истифода барад;

– доир ба дурустии сабт кардани баёноти у дар протокол эрод гирад.

  1. Шохид ухдадор аст бо даъвати судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди у карор дорад, дар мухлати мукарраргардида хозир шавад ва баёноти дуруст дихад, хамаи маълумотеро, ки вобаста ба парванда ба у маълум аст, хабар дихад, ба саволхои гузошташуда чавоб дихад ва бо имзояш дар протоколи дахлдор дурустии нишондоди худро тасдик намояд.
  2. Хангоми пурсиши шохиди ноболиги ба синни чордах нарасида иштироки намояндаи конунии у, омузгор ё равоншинос хатми мебошад.
  3. Шохид огох карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста додани нишондоди бардуруг ба чавобгарии маъмури кашида мешавад.
  4. Барои рад намудан ё саркаши кардан аз ичрои ухдадорихои пешбининамудаи кисми 3 хамин модда шохид тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.

Моддаи  32. Шахси холис 

  1. Дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз чониби шахси мансабдори ваколатдоре, ки дар пешбурди у парвандаи хукуквайронкунии маъмури карор дорад, ба сифати шахси холис метавонад шахси болиге, ки ба натичаи парванда манфиатдор нест, чалб карда шавад. Шумораи шахсони холис хангоми ичрои амалхои мурофиави набояд аз ду нафар кам бошад.
  2. Иштироки шахсони холис дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур хатми мебошад. Шахси холис дар протокол вокеияти дар хузури у ичро шудани амалхои мурофиави, мазмун ва натичахои онхоро бо имзои худ тасдик мекунад.
  3. Дар бораи иштироки шахсони холис дар протокол кайди дахлдор карда мешавад.
  4. Шахси холис хукук дорад доир ба харакатхои ичрошаванда  дархосту эродхо баён намояд. Дархосту эродхо бояд ба протокол ворид карда шаванд.
  5. Хангоми зарурат шахси холис метавонад мутобики Кодекси мазкур ба сифати шохид пурсида шавад.

Моддаи 33. Мутахассис 

  1. Ба сифати мутахассис барои иштирок дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури, шахсе, ки ба натичаи парванда манфиатдор набуда, барои мусоидат дар ошкору асоснок кардан ва дарёфти далелхо, инчунин истифодаи воситахои техники, дорои донишу тачрибаи махсус мебошад, метавонад чалб карда шавад.
  2. Мутахассис хукук дорад:

– бо маводхои парванда дар кисме,  ки ба у зарур аст шинос шавад;

– бо ичозати судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки дар пешбурди у парвандаи хукуквайронкунии маъмури карор дорад, ба шахсе, ки нисбати у пешбурди ин парванда сурат мегирад, инчунин ба чабрдида ва шохидон саволхо дихад;

– вобаста ба амалхои анчомдихандаи худ дархостхо баён намояд, ки онхо бояд ба протокол ворид карда шаванд.

  1. Мутахассис ухдадор аст:

– бо даъвати судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки дар пешбурди у парвандаи хукуквайронкунии маъмури  карор дорад, хозир шавад;

– дар ичрои амалхое, ки дониши махсусро такозо мекунанд, бо максади ошкору асоснок кардан ва дарёфти далелхо иштирок кунад,  амалхои аз чониби у содиршавандаро шарху эзох дихад;

– бо имзои худ вокеияти ичрои амалхои зикргардида ва мазмуну натичахои онхоро тасдик намояд.

  1. Мутахассис огох карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста додани хулосаи бардуруг ба чавобгарии маъмури кашида мешавад.
  2. Барои рад намудан ё саркаши кардан аз ичрои ухдадорихои пешбининамудаи кисми 3 хамин модда мутахассис тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.

Моддаи  34. Коршинос (эксперт) 

  1. Ба сифати коршинос (эксперт) – (минбаъд – коршинос)  мумкин аст, шахсе, ки ба натичаи парванда манфиатдор нест ва дорои дониши махсус дар сохаи илм, техника, фарханг, санъат, касбу хунар ва дигар донишхо мебошад, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулосаи эксперти кифоя мебошад, чалб гардад.
  2. Коршинос хукук дорад:

– аз додани хулоса даст кашад, ба шарте ки масъалахои дар назди у гузошташуда аз доираи дониши махсуси у берун ё маводи ба у пешниходшуда барои додани хулоса нокифоя бошанд;

– бо маводи ба экспертиза дахлдоштаи парвандаи хукуквайронкунии маъмури шинос шавад, ба у пешниход намудани маводи иловагиро, ки барои додани хулоса заруранд, дархост намояд;

– бо ичозати судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди у карор дорад, ба шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, ба чабрдида ва шохидон доир ба мавзуи экспертиза саволхои дахлдор дихад;

– дар хулосаи худ холатхоеро, ки хангоми экспертиза мукаррар гардида, барои парванда ахамият доранд, вале оид ба онхо саволхо гузошта нашудааст, зикр намояд;

– хангоми баррасии парванда иштирок намояд.

  1. Коршинос ухдадор аст:

– бо даъвати судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури, дар пешбурди у карор дорад, хозир шавад;

– доир ба масъалахои дар наздаш гузошташуда хулосаи холисона ва дар бобати мазмуни хулоса шарху эзохоти зарури дихад.

  1. Коршинос огох карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста додани хулосаи бардуруг ба чавобгарии маъмури кашида мешавад.
  2. Барои рад намудан ё саркаши кардан аз ичрои ухдадорихои дар кисми 3 хамин модда пешбинишуда коршинос тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.

Моддаи 35. Тарчумон 

  1. Ба сифати тарчумон метавонад шахсе, ки ба натичаи парванда манфиатдор нест, забонхоро медонад ва ё дорои кобилияти дарки ишорахои гунгу кархо мебошад, ки барои пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури зарур мебошад, чалб карда шавад.
  2. Тарчумон аз тарафи судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди у карор дорад, таъин карда мешавад.
  3. Тарчумон хукук дорад:

– бо протоколи амали тафтиши, ки хангоми пешбурди он иштирок дошт, инчунин бо протоколи мачлиси суд шинос шавад ва ба онхо эрод гирад, ки бояд дар протокол дарч шавад;

– агар у дониши барои тарчума зарури надошта бошад, аз иштирок дар парванда даст кашад.

  1. Тарчумон ухдадор аст:

– бо даъвати судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди у карор дорад, хозир шавад;

– матни ба у супоридашударо пурра ва дакик тарчума намояд ва бо имзои худ дурустии тарчумаро дар протоколи дахлдор тасдик намояд.

  1. Тарчумон огох карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста нодуруст тарчума кардан ба чавобгарии маъмури кашида мешавад.
  2. Барои рад намудан ё саркаши кардан аз ичрои ухдадорихои дар кисми 4 хамин модда пешибинишуда тарчумон тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.

Моддаи 36. Прокурор 

  1. Прокурор хукук дорад:

– конуни будани амали макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури, дар пешбурди онхо карор дорад, санчад;

– аз макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) маводи парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро талаб намояд;

– карорхои макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) -ро дар хусуси рад намудан аз огози  парвандаи хукуквайронкунии маъмури бекор намуда, маводро барои санчиши иловаги  ирсол намояд ё  парвандаи хукуквайронкунии маъмури огоз намояд;

– карорхои макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор)-ро дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури бекор намуда, парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро катъ намояд;

– парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро огоз намояд;

– ба санадхои суди ва карори макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) нисбати парвандаи хукуквайронкунии маъмури, сарфи назар аз иштирок дар баррасии парванда эътироз оварад;

– аз руи карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмурие, ки онро огоз кардааст, инчунин нисбати ноболигон эътироз оварад;

– дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури иштирок намояд, дархост пешниход кунад, доир ба масъалахои хангоми баррасии парванда ба миёномада хулоса дихад;

– бо максади халли ариза ва шикоятхо ё ин, ки зимни санчиши риояи конунхо парвандахои дахлдорро, ки карорхои онхо эътибори конуни пайдо кардаанд, талаб намояд, нисбати онхо эътироз оварад;

– доир ба масъалахои татбики чорахои таъминкунандаи  пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури пешниход намояд ё эътироз оварад;

– ваколатхои дигареро, ки Кодекси мазкур мукаррар кардааст, амали намояд.

  1. Дар бораи махал ва вакти баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмурие, ки аз тарафи ноболиг содир шудааст ё бо ташаббуси прокурор огоз гардидааст, ба прокурор хабар дода мешавад.

Моддаи 37. Чуброни харочоти чабрдида, шохид, коршинос, тарчумон  ва шахсони холис

  1. Ба чабрдида, шохид, коршинос, тарчумон ва шахсони холис тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон харочоти хозиршави бо даъвати судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки дар пешбурди онхо парвандаи хукуквайронкунии маъмури карор дорад, арзиши рохкирои ин шахсон аз махали истикомат ё будубош ба чойи пешбурди парванда ва бозгашт, агар он бо сукунат дар махали дигар вобаста бошад, арзиши кирои манзили истикомати, инчунин харочоти шабонарузи чуброн карда мешавад.
  2. Шахсоне, ки оид ба пешбурди парванда ба сифати чабрдида, шохид, коршинос, тарчумон ва шахсони холис даъват шудаанд, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон музди миёнаи чойи кор ба мухлатхое пардохта мешавад, ки барои хозир шудан ба суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди онхо карор дорад, сарф намудаанд. 

БОБИ 5. ХОЛАТХОЕ, КИ ИМКОНИЯТИ ИШТИРОКРО ДАР МУРОФИАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ ИСТИСНО МЕКУНАНД 

Моддаи 38. Холатхое, ки иштироки судя, макомоти ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) дар мурофиаи хукуквайронкунии маъмури истисно мекунанд

  1. Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) наметавонанд дар мурофиаи хукуквайронкунии маъмури  иштирок намоянд, агар:

– тибки конун барои пешбурд ва баррасии хамин парвандаи хукуквайронкунии маъмури ваколатдор набошанд;

– оид ба хамин парвандаи хукуквайронкунии маъмури чабрдида ё шохид бошанд;

– дар хамин парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба сифати коршинос, мутахассис, тарчумон, шахси холис, прокурор, котиби мачлиси суд ва  химоятгар иштирок карда бошанд;

– худи онхо, хешовандони наздикашон бевосита ё бавосита ба халли парванда манфиатдор бошанд;

– холатхое мавчуд бошанд, ки бегаразии судя, макомоти ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) зери шубха гузоранд.

  1. Дар холатхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи мазкур судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) вазифадоранд аз иштирок дар парванда даст кашанд.

Моддаи 39. Холатхое, ки иштироки такрории судя, макоми ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури истисно мекунанд 

  1. Судяе, ки дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар суди мархилаи якум иштирок кардааст, хангоми баррасии хамон парванда ба тарики кассатсиони ё назорати, хамчунин дар сурати бекор шудани  карор (таъинот) дар бораи катъ кардани пешбурди парвандае, ки аз тарафи у кабул карда шудааст, хамзамон хангоми аз нав барраси кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар суди мархилаи якум иштирок карда наметавонад.
  2. Судяе, ки дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар суди мархилаи кассатсиони иштирок намудааст, дар баррасии хамон парванда дар суди мархилахои якум ё назорати, хамчунин хангоми аз нав барраси кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар суди мархилаи кассатсиони баъди бекор шудани таъиноти бо иштироки у баровардашуда иштирок карда наметавонад.
  3. Судяе, ки дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар суди мархилаи назорати иштирок намудааст, дар баррасии хамон парванда дар судхои мархилахои якум ва кассатсиони иштирок карда наметавонад.
  4. Шахсони мансабдоре, ки парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро барраси намудаанд пас аз бекор шудани карори кабулкардаашон наметавонанд, дар баррасии хамин парванда иштирок намоянд.

Моддаи 40. Рад кардани судя ва шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати 

  1. Хангоми мавчуд будани холатхои пешбининамудаи моддахои 38 ва 39 Кодекси мазкур судя ва шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати вазифадоранд аз иштирок дар парвандаи хукуквайронкунии маъмури даст кашанд. Бо хамон асосхо ба судя ва шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати аз тарафи иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури, ки дар Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, мумкин аст раддия арз  карда шавад.
  2. Раддия бояд асоснок карда, то огози баррасии парванда аз чониби судя ё шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати арз шавад. Арзи дертари раддия танхо дар холатхое ичозат дода мешавад, ки асоси раддия ба суд, шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати ё ба шахси изхоркунандаи раддия пас аз огози тафтиши суди аён гардида бошад. Судя, ки ба у раддия арз шудааст, хукук дорад доир ба ин масъала баёнот дихад.

Моддаи 41. Тартиби халли раддияе, ки нисбат ба судя ва шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати арз шудааст 

  1. Масъалаи рад кардани судя, инчунин дигар иштирокчиёни мурофиа, ки дар давраи мурофиаи суди арз шудааст, аз чониби суд тавассути баровардани таъинот дар хонаи машварати хал карда мешавад.
  2. Раддияе, ки нисбат ба яке аз судяхо хангоми дастачамъона барраси кардани парванда арз шудааст, аз тарафи судяхои дигар дар гоибии у хал карда мешавад. Радшаванда хукук дорад то ба хонаи машварати даромадани суд баёноташро дар бораи раддияи ба у арзшуда изхор намояд. Хангоми баробар будани овозхо низ судя рад кардашуда хисоб меёбад.
  3. Раддияе, ки ба якчанд судя ё хайати пурраи суд арз шудааст, аз чониби хайати пурраи хамон суд бо аксарияти овозхо хал карда мешавад.
  4. Раддия нисбат ба судяе, ки парвандаро танхо барраси мекунад, аз чониби у тавассути кабули карор хал карда мешавад.
  5. Дар баробари аз чониби яке аз тарафхо нисбат ба судя, котиби мачлиси суд, тарчумон, коршинос, мутахассис арз шудани раддия дар навбати аввал масъалаи рад кардани судя хал карда мешавад.
  6. Раддияе, ки ба шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати арз шудааст, аз чониби у барраси карда мешавад.
  7. Дар холати конеъ намудани арзи раддия парвандаи хукуквайронкунии маъмури, шикоят ё дархост барои барраси ба дигар судя ё дигар шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати супорида мешавад.

Моддаи 42. Рад кардани прокурор 

  1. Прокурор хангоми мавчуд будани асосхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур вазифадор аст аз иштирок дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури даст кашад.
  2. Агар прокурор дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури иштирок карда бошад, барои иштироки минбаъдаи у дар парванда монеа шуда наметавонад.
  3. Бо асосхои пешбининамудаи моддаи 38 Кодекси мазкур ба прокурор метавонанд шахси ба чавобгарии маъмури кашидашаванда, намояндаи конунии у, химоятгар, инчунин чабрдида ва намояндагони у раддия арз кунанд.
  4. Масъалаи рад кардани прокурор хангоми баррасии судии парванда аз чониби суд хал карда мешавад.

Моддаи 43. Рад кардани котиби мачлиси суд 

  1. Мукаррароти кисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур ба котиби мачлиси суд низ дахл доранд. Иштироки каблии у дар парванда ба сифати котиби мачлиси суд барои рад кардани у асос шуда наметавонад.
  2. Масъалаи рад кардани котиби мачлиси суд аз чониби суд ё судяе, ки парвандаро барраси менамояд, хал карда мешавад.

Моддаи 44. Рад кардани тарчумон 

  1. Тарчумон хангоми мавчуд будани асосхои дар кисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида, хамчунин дар холате, ки бесалохиятии у ошкор мегардад, дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури иштирок карда наметавонад.
  2. Хангоми мавчуд будани ин асосхо шахси ба чавобгарии маъмури кашидашаванда, намояндаи конунии у, химоятгар, инчунин чабрдида ва намояндагони у нисбат ба тарчумон раддия арз карда метавонанд.
  3. Дар холати ошкор гардидани бесалохиятии тарчумон шохиде, ки нишондодашро тарчумон тарчума кардааст, нисбат ба у раддия арз карда метавонад.
  4. Каблан ба сифати тарчумон иштирок кардани шахс дар парванда барои рад кардани у асос шуда наметавонад.
  5. Масъалаи рад кардани тарчумон хангоми пешбурди парванда мутаносибан аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) ё прокурор, дар мурофиаи суди аз чониби суд ё судяе, ки парвандаро барраси мекунад, хал карда мешавад.

Моддаи 45. Рад кардани коршинос

  1. Коршинос дар холатхои зерин наметавонад дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури иштирок кунад:

– хангоми мавчуд будани асосхои дар кисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида;

– агар у тахти вобастагии хизмати ё дигар вобастагии макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) ё прокурор, судя, шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, химоятгар ё чабрдида ё намояндагони онхо карор дошт ё карор дошта бошад;

– агар у оид ба хамин парванда санчиш (ревизия) анчом дода бошад;

– дар холати ошкор гардидани бесалохиятии у.

  1. Иштироки каблии коршинос дар парванда ба сифати мутахассис ва ё ба сифати коршинос барои рад кардани у асос шуда наметавонад.
  2. Масъалаи рад кардани коршинос бо тартиби пешбининамудаи кисми 5 моддаи 44 Кодекси мазкур хал карда мешавад.

Моддаи 46. Рад кардани мутахассис 

  1. Мутахассис хангоми мавчуд будани асосхои дар моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури иштирок карда наметавонад.
  2. Иштироки каблии мутахассис дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба сифати мутахассис барои рад кардани у асос шуда наметавонад.
  3. Масъалаи рад кардани мутахассис бо тартиби пешбининамудаи кисми 5 моддаи 44 Кодекси мазкур хал карда мешавад.

Моддаи 47. Холатхое, ки иштироки химоятгар ва намояндаи чабрдидаро дар парвандаи хукуквайронкунии маъмури истисно мекунанд 

  1. Химоятгар ва намояндаи чабрдида хукук надоранд дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури иштирок кунанд, агар:

– каблан дар парванда ба сифати судя, прокурор, корманди макомоти давлатии анчомдихандаи назорат ва санчиши риояи коидахое бошанд, ки риоя накардани ин коидахо барои огози ин парванда асос шудааст, котиби мачлиси суд, шохид, коршинос, мутахассис, тарчумон ё шахси холис иштирок карда бошанд;

– бо судя, прокурор, шахси мансабдори макомоти ваколатдори давлати ё котиби мачлиси суд, ки дар тафтиш ё баррасии судии хамин парванда иштирок мекунанд, муносибатхои хешутабори дошта бошанд.

  1. Масъалаи рад кардани химоятгар ва намояндаи чабрдида, бо тартиби пешбининамудаи кисми 5 моддаи 44 Кодекси мазкур хал карда мешавад.

БОБИ 6. ДАЛЕЛХО ВА ИСБОТКУНИ 

Моддаи  48. Далелхо 

  1. Ба сифати далел оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури хама гуна маълумоти вокеие дониста мешавад, ки дар асоси он тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парванда дар пешбурди у карор дорад, чой доштан ё надоштани хукуквайронкунии маъмури, гунахгории шахси вокеи ё хукукии ба чавобгарии маъмури кашидашаванда, инчунин дигар холатхои барои халли дурусти парванда мухимро мукаррар менамояд.
  2. Маълумоти дар кисми 1 хамин модда зикргардида, бо протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар протоколхои дар Кодекси мазкур пешбинишуда, инчунин бо баёноти шахси ба чавобгарии маъмури кашидашаванда, чабрдида, шохидон ё шархи мутахассис, хулосаи экспертиза,  нишондоди воситахои махсуси техники бо расм аз сабтхои ин воситахо, дигар хуччатхо ва далелхои шайъи мукаррар карда мешаванд.
  3. Истифодаи далелхое, ки бо вайрон кардани талаботи конун ба даст оварда шудаанд, манъ аст.

Моддаи 49. Холатхое, ки тибки парвандаи хукуквайронкунии маъмури исбот карда мешаванд 

Вобаста ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури холатхои зерин бояд исбот карда шаванд:

– мавчудияти ходисаи хукуквайронкунии маъмури;

– шахсе, ки кирдори (амал ё беамалии) зиддихукукиро, ки барои он мутобики Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон чавобгарии маъмури пешбини шудааст, содир намудааст;

– гунахгории шахс дар содир намудани хукуквайронкунии маъмури;

– холатхои сабуккунанда ва вазнинкунандаи чавобгарии маъмури;

– хусусият ва андозаи зарари тибки хукуквайронкунии маъмури расонидашуда;

– холатхои истиснокунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури;

– мавчуд будани асоси супоридани маводи хукуквайронкунии маъмури барои барраси дар чойи истикомат, кор ё тахсил;

– сабаб ва шароитхое, ки барои содиршавии хукуквайронкунии маъмури мусоидат кардаанд;

– дигар холатхое, ки барои халли дурусти парвандаи хукуквайронкунии маъмури ахамият доранд.

Моддаи 50. Баёноти шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, баёноти чабрдида ва шохидон

 

  1. Баёноти шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад ва баёноти чабрдида, шохидон аз маълумоте иборат мебошанд, ки ба парванда марбутанд ва аз тарафи ин шахсон ба тарзи хатти ё шифохи дода шудаанд.
  2. Баёноти шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, баёноти чабрдида ва шохидон дар протоколи хукуквайронкунии маъмури, протоколи татбики чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури инъикос гардида ё ба таври хатти навишта, ба парванда хамрох карда мешаванд.

Моддаи 51. Экспертиза 

  1. Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди онхо карор дорад, хангоми ба миён омадани зарурати истифодаи дониши махсуси сохаи илм, техника, санъат, касбу хунар ва гайра барои пешбурди парванда дар бораи таъин намудани экспертиза таъинот ё карор мебароранд. Таъинот ё карор барои ичро аз тарафи коршиносон ва муассисахое, ки ба онхо гузаронидани экспертиза супорида шудааст, хатми мебошад.
  2. Дар таъинот ё карор инхо зикр мешаванд:

– санаи таъин кардани экспертиза;

– насаб, ном ва номи падар, вазифаи шахс ё номи макоме, ки экспертизаро таъин кардааст;

– асосхо барои таъин намудани экспертиза;

– насаб, ном ва номи падари коршинос ё номи муассисае, ки дар он бояд экспертиза гузаронида шавад;

– саволхои дар назди коршинос гузошташуда;

– номгуйи маводи ба ихтиёри коршинос пешниходшаванда.

  1. Дар таъинот ё карор хамчунин бояд дар бораи ба коршинос фахмонидани хукуку ухдадорихои у ва огох кардани коршинос дар бораи ба чавобгарии маъмури кашидан барои дидаю дониста додани хулосаи бардуруг зикр карда шавад. Саволхои дар назди коршинос гузошташуда ва хулосаи у наметавонанд аз доираи дониши махсуси коршинос берун бошанд.
  2. Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди онхо карор дорад, ухдадоранд то лахзаи барои ичро фиристодани таъинот ё карор шахсеро, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, инчунин чабрдидаро бо он шинос намоянд, ба онхо аз чумла хукукхояшонро дар бораи изхори радкуни ба коршинос, изхори дархост дар бораи ба сифати коршинос чалб намудани шахсони пешниходшуда ва хукуки додани саволхоро, ки дар хулосаи коршинос бояд чавобашон зикр шавад, ба онхо фахмонанд.
  3. Коршинос хулосаро аз номи худ ба тарики хатти пешниход менамояд. Дар хулосаи коршинос бояд нишон дода шавад, ки тадкикот аз тарафи ки ва дар кадом асос гузаронида шудааст, мазмуни он аз чи иборат аст, инчунин бояд ба саволхои дар назди коршинос гузошташуда чавобхои асоснок дода шавад.
  4. Хулосаи коршинос барои судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди у карор дорад, хатми намебошад, вале норозиги нисбат ба хулосаи коршинос бояд асоснок  карда шавад.

Моддаи 52. Гирифтани намунахо 

  1. Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро пеш мебаранд, хукук доранд, намунахои хат ва намунахои молро барои экспертиза гиранд.
  2. Дар мавриди зарурат хангоми гирифтани намунахо суратгири ва навори кино, сабти овоз ва видео, дигар тарзи мукарраршудаи кайди далелхои шайъи истифода бурда мешаванд.
  3. Дар бораи гирифтани намунахо тибки тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур протокол тартиб дода мешавад.

Моддаи 53. Далелхои шайъи 

  1. Дар зери мафхуми далелхои шайъи оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури олоти содиркуни ё ашёи хукуквайронкунии маъмури, аз чумла олоти содиркуни ё ашёи хукуквайронкунии маъмури, ки дорои изхои (накши пайи) он мебошанд,  фахмида мешаванд.
  2. Далелхои шайъи хангоми зарурат сурат гирифта, ё ба дигар тарзи муайяншуда кайд гардида, ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури хамрох карда мешаванд. Мавчудияти далелхои шайъи дар протоколи хукуквайронкунии маъмури ё дигар протоколи пешбининамудаи Кодекси мазкур кайд карда мешаванд.
  3. Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди онхо карор дорад, ухдадоранд доир ба таъмини нигохдории далелхои шайъи то мохиятан барраси кардани парванда чорахои зарури андешанд ва баъди барраси гардидани парванда дар хусуси далелхои шайъи карори дахлдор кабул намоянд.

Моддаи 54. Хуччатхо 

  1. Хуччатхо ба шарте хамчун далел эътироф карда мешаванд, ки маълумоти дар онхо дарчгардида ё тасдикнамудаи шахсони вокеи, мансабдор ва шахсони хукуки барои пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури ахамият дошта  бошанд.
  2. Хуччатхо метавонанд дорои маълумотхое бошанд, ки ба тарзи хатти ва дар дигар шакл кайд шудаанд. Маводи суратгири ва навори кино, сабти овоз ва видео, махзанхои иттилооти, махзанхои маълумот ва дигар хомилхои иттилооти метавонанд хамчун хуччат эътироф шаванд.
  3. Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди онхо  карор дорад, ухдадоранд доир ба таъмини нигохдории хуччатхо то мохиятан барраси намудани парванда чорахои зарури андешанд ва баъди анчоми баррасии парванда дар хусуси онхо карори дахлдор кабул намоянд.
  4. Агар хуччатхо дорои нишонахои дар моддаи 53 Кодекси мазкур зикргардида бошанд, далели шайъи эътироф мешаванд.

Моддаи 55. Нишондоди воситахои техникии махсус 

  1. Дар зери мафхуми воситахои техникии махсус воситахои  (асбобхои)  андозагири ва низоми худкори идоракуни дар сохаи наклиёт фахмида  мешаванд, ки тибки тартиби мукарраргардида ба сифати воситаи (асбоби) андозагири ва ё сабти хукуквайронкунии маъмури тасдик шуда, дорои сертификати дахлдор мебошанд ва аз санчиши дахлдор гузаштаанд.
  2. Нишондоди воситахои техникии махсус дар холати тартиб додани  протоколи хукуквайронкунии маъмури дар он сабт ва кайд карда мешаванд.

Моддаи 56. Супоришу дархост оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди онхо карор дорад, хукук доранд, бо максади ба даст овардани далелхо оид ба хамин парванда ба макомоти худуди дахлдор дархост ирсол намоянд ё ба шахси мансабдори макомоти худуди дахлдор дар бораи ичрои амалхои алохидаи пешбининамудаи Кодекси мазкур супориш диханд.
  2. Супориш ё дархост оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури бояд дар мухлати на дертар аз дах шабонарузи гирифтани ин супориш ё дархост ичро карда шавад.
  3. Муносибатхои хамкории мутакобилаи макомоти анчомдихандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури бо макомоти салохиятдори давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали мутобики тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Моддаи 57. Талаб кардани маълумот 

Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар барраси ва пешбурди онхо карор дорад, хукук доранд, дар бораи талаб карда гирифтани маълумоти барои халли масъалахои парванда зарури таъинот ё карор бароранд. Маълумоти талаб кардашуда, бояд дар давоми се шабонарузи баъд аз гирифтани таъинот ё карор фиристода шавад. Маълумот оид ба хукуквайронкунии маъмури, ки боиси татбики чазои хабси маъмури ё бо рохи маъмури берун кардан аз худуди Чумхурии Точикистон мегардад, бояд фавран фиристода шавад. Дар сурати гайриимкон будани пешниходи ин маълумот, пешниходкунандаи маълумот вазифадор аст дар мухлати се шабонаруз ба судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдоре), ки таъинот ё карорро баровардаанд, дар ин бора ба тарзи хатти хабар диханд.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)

Моддаи  58. Баходихии далелхо

Судя, макоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) анчомдихандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури далелхоро мутобики конун ва акидаи ботинии худ, ки ба тахлили хаматарафа, пурра ва вокеъбинонаи тамоми холатхои парванда асос ёфтааст, бахо медиханд. Ягон далел пешаки кувваи муайянкунандаро надорад.

БОБИ 7. ЧОРАХОИ ТАЪМИНКУНАНДАИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ 

Моддаи 59. Номгуи чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Бо максади пешгирии хукуквайронкунии маъмури, мукаррар намудани шахсияти шахси хукуквайронкунии маъмури содирнамуда ва алокамандии у ба содир намудани хукуквайронкунии маъмури, тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури, ба шарте ки тартиб додани он дар чойи содиршавии хукуквайронкунии маъмури гайриимкон бошад, таъмини баррасии саривакти ва дурусти парванда ва ичрои карори дар бораи парванда кабулгардида, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) хукук доранд, дар доираи ваколати худ чорахои зерини таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро нисбати шахсони вокеи татбик намоянд:

– овардани шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, ба чойи тартибдихии протоколи хукуквайронкунии маъмури;

– дастгиркунии маъмури;

– мачбуран овардан;

– азназаргузаронии шахси ва воситаи наклиёт, киштихои хурдхачми оби, хуччатхо, бино ва молу мулк;

– гирифтани молу мулк ва хуччатхо;

– дур намудан аз идора кардани воситаи наклиёт ё киштихои хурдхачми оби;

– муоина ва шаходаткунонии тибби барои муайян намудани холати масти;

– боздошт намудани воситаи наклиёт, киштии хурдхачми оби, манъ кардани истифодаи онхо;

– хабси мол, воситаи наклиёт ва дигар молу мулк;

– муваккатан манъ кардани фаъолият.

  1. Нисбат ба шахсони хукуки мумкин аст чорахои зерини таъминкунандаи  пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик карда шаванд:

– азназаргузаронии биною худудхо ва молу мулки ба шахси хукуки тааллукдошта, воситаи наклиёт, инчунин хуччатхои дахлдор;

– гирифтани хуччатхо ва молу мулки ба шахси хукуки тааллукдошта;

– боздошт намудани воситаи наклиёт, киштии хурдхачми оби, манъ кардани истифодаи онхо;

– хабси мол, воситаи наклиёт ва дигар молу мулк;

– муваккатан манъ кардани фаъолият.

  1. Зараре, ки ба шахсони вокеи ва хукуки дар натичаи гайриконуни татбик намудани чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури расонида шудааст, бояд тибки конунгузории граждании Чумхурии Точикистон чуброн карда шавад.

 

Моддаи  60. Овардани шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, ба чойи тартибдихии протоколи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Овардани шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, яъне ба чойи тартибдихии протоколи хукуквайронкунии маъмури мачбуран овардани шахси ба чавобгарии маъмури кашидашаванда ва намояндаи шахси хукуки бо максади тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури, агар тартиб додани протокол хатми бошад, хангоми гайриимкон будани дар чояш тартиб додани он ва ё шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, хуччатхои муайянкунандаи шахсият надошта бошад ва набудани шохидоне, ки дар бораи вай маълумоти заруриро дода метавонанд, аз чониби шахсони зерин анчом дода мешавад:

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти корхои дохили хангоми ошкор шудани хукуквайронкунии маъмури, ки мутобики моддаи 98 Кодекси мазкур парвандахоро оид ба он макомоти корхои дохили барраси менамоянд ё хукуквайронкунии маъмурие, ки макомоти корхои дохили дар бораи он мутобики Кодекси мазкур протокол тартиб медиханд, инчунин хангоми ба онхо мурочиат намудани шахсони мансабдоре, ки барои тартиб додани протоколхои хукуквайронкунии маъмурии муайян ваколатдоранд, хангоми ошкор намудани хама гуна хукуквайронкунии маъмури – ба бинои хизматии макомоти корхои дохили, дигар макомоти ваколатдори давлати ё бинои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот;

– аз чониби хизматчиёни харбии Кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ва шахсони мансабдори посбонии харбикунонидашуда хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури ва расонидани зарар ба молу мулк ё иншооти тахти мухофизаташон карордошта ё суикасд ба чунин молу мулк ё иншоот алокаманд, инчунин бо дохил шудан ба минтакаи тахти мухофизаташон карордошта – ба бинои хизматии макомоти корхои дохили, бинои хизматии посбонон ё бинои хизматии чузъу томхои кисми харби ё бинои хизматии макомоти идоракунии Кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон;

– аз чониби хизматчиёни харбии Кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмурии тибки Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбинигардида дар сохаи хифзи тартиботи чамъияти, тартиби идоракуни, ахлоки чамъияти ва амнияти чамъияти – ба бинои хизматии макомоти корхои дохили ё бинои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот;

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти Бозрасии давлатии автомобили хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури вобаста ба коидахои бехатарии харакат дар рох ва истифодаи воситахои наклиёт – ба бинои хизматии макомоти корхои дохили ё бинои хизматии дигар макомоти давлати;

– аз чониби шахсони мансабдори Бозрасии харбии автомобили хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури вобаста ба коидахои бехатарии харакат дар рох ва истифодаи воситахои наклиёт аз чониби ронандагони воситахои наклиёти Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон – ба бинои комендатураи харби ё кисми харби;

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти назорати риояи конунгузори дар бораи хифз ва истифодаи мухити зист, фонди чангал, олами хайвонот ва наботот, захирахои мохи, коидахои шикор ва мохидори хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури дар сохаи дахлдор – ба бинои хизматии макомоти корхои дохили ё бинои дигар макомоти давлати;

– аз чониби хизматчиёни харбии макомоти сархади, дигар хизматчиёни харби, шахсони мансабдори макомоти корхои дохили, инчунин дигар шахсони ичрокунандаи вазифаи хифзи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури доир ба химоя ва хифзи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон – ба бинои хизматии макомоти сархадбон, бинои хизматии макомоти корхои дохили, бинои хизматии кисми харби ё бинои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот;

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти гумрук хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури дар сохаи конунгузори оид ба гумрук – ба бинои хизматии макомоти гумрук;

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти андоз хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури дар сохаи конунгузори оид ба андоз – ба бинои хизматии макомоти андоз;

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти назорати маводи нашъаовар, хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури дар ин соха – ба бинои хизматии макомоти назорати маводи нашъаовар  ё макомоти корхои дохили;

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури дар ин соха – ба бинои макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия;

– аз чониби хизматчиёни харби ва кормандони макомоти системаи ичрои чазои чинояти хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури дар муассисахои системаи ичрои чазои чинояти ва тавкифгоххои тафтишоти – ба бинои хизматии муассисаи системаи ичрои чазои чинояти ё макомоти корхои дохили.

  1. Шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, аз руи имкон бояд дар мухлати кутох ба бинои хизматии макомоти дар кисми 1 моддаи мазкур зикргардида оварда шуда, у барои тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури наметавонад аз ду соат зиёд нигох дошта шавад.
  2. Дар бораи овардани шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст протокол тартиб дода мешавад ё дар протоколи хукуквайронкунии маъмури ва ё дар протокол дар бораи дастгиркунии маъмури сабти дахлдор карда мешавад. Нусхаи протокол дар бораи овардани шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, ба шахси овардашуда бо хохиши у супорида мешавад.

Моддаи  61. Дастгиркунии маъмури 

  1. Дастгиркунии маъмури, яъне махдудкунии муваккатии озодии шахси вокеи мумкин аст дар холатхои истиснои татбик карда шавад, ба шарте ки он барои таъмини баррасии саривакти ва дурусти парванда, инчунин чихати ичрои карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури зарур бошад.
  2. Дастгиркунии маъмурии шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, аз чониби шахсони мансабдори ваколатдори макомоти зерин амали карда мешавад:

– макомоти корхои дохили;

– макомоти гумрук;

– макомоти чангал ва шикор;

– посбонии харбикунонидашуда;

– Бозрасии давлатии автомобили;

– Бозрасии харбии автомобили;

– Кушунхои сархадии макомоти давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон;

– капитанхои киштихои хурдхачми оби ва хавопаймо;

– макомоти давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон;

– макомоти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон;

– макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон.

  1. Дар бораи чои нигохдории дастгиршуда фавран ба яке аз хешовандони наздик, маъмурияти чойи кор (тахсил) ва химоятгари он  хабар дода мешавад.
  2. Дар бораи дастгиркунии маъмурии ноболиг фавран падару модар ё дигар намояндагони конунии у огох карда мешаванд.
  3. Ба шахси дастгиршуда хукуку ухдадорихои тибки Кодекси мазкур пешбинишуда фахмонида шуда, дар ин бора дар протоколи дастгиркунии маъмури сабти дахлдор карда мешавад.
  4. Прокурор хукук дорад дар бораи озод намудани шахси гайриконуни дастгиршуда карор кабул намояд, ки он бояд фавран ичро карда шавад.

Моддаи  62. Протоколи дастгиркунии маъмури 

  1. Дар бораи дастгиркунии маъмурии шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда протокол тартиб дода мешавад, ки дар он вакт ва махали тартибдихии он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахси дастгиршуда, вакт, чой, сабаб ва асосхои дастгиркуни нишон дода мешаванд.
  2. Ба протоколи хукуквайронкунии маъмури шахси мансабдори ваколатдори онро тартибдода ва шахси дастгиршуда имзо мегузоранд. Дар сурати аз имзои протокол саркаши кардани шахси дастгиршуда  дар ин бора дар протокол шахси онро тартибдода кайд мекунад. Нусхаи протоколи дастгиркунии маъмури ба шахси дастгиршуда бо гирифтани дастхат ва ё имзои у супорида мешавад.

Моддаи 63. Мухлати дастгиркунии маъмури 

  1. Мухлати дастгиркунии маъмурии шахсе, ки хукуквайронкунии маъмуриро содир кардааст, ба истиснои холатхое, ки дар кисмхои 2 ва 3 хамин модда пешбини шудаанд, наметавонад аз се соат зиёд бошад. Дар холатхои истиснои, бинобар зарурати махсус нисбат ба шахсони махали истикоматашон номуайян мумкин аст бо ичозати суд мухлати дастгиркунии маъмури то дах шабонаруз мукаррар карда шавад.
  2. Шахсе, ки нисбаташ пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури оид ба вайрон намудани низоми Сархади давлатии Чумхурии Точикистон, тартиби будубош дар Чумхурии Точикистон ва конунгузории сохаи гумрук сурат мегирад, дар холати зарурат барои мукаррар намудани шахсият ё барои муайян намудани холатхои хукуквайронкунии маъмури ба мухлати то 24 соат аз лахзаи дастгиркуни бо ба таври хатти хабар додан ба прокурор ё ба мухлати то дах шабонаруз бо ичозати суд тахти дастгиркунии маъмури карор дода мешавад, ба шарте ки у хуччатхои тасдиккунандаи шахсиятро надошта бошад.
  3. Шахсе, ки нисбати у пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури сурат мегирад ва барои содир намудани он ба сифати яке аз чазои маъмури дар намуди хабси маъмури пешбини гардида бошад, мумкин аст ба тарики маъмури то парвандаро барраси кардани судя дастгир карда шавад ва дар ин бора аз лахзаи дастгиркуни ба таври хатти ба прокурор хабар дода мешавад. Дар ин холат мухлати дастгиркунии маъмури аз лахзаи дастгиркуни наметавонад аз 24 соат зиёд бошад.
  4. Мухлати дастгиркуни ва нигохдории шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванд, ки барои вайрон намудани низоми раводид ва будубош дастгир карда шудаанд тибки мукаррароти Кодекси мазкур ба танзим дароварда мешавад. Бо дархости Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, муовинони у, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон ва муовинони онхо дар холатхои истиснои суд метавонад мухлати нигохдории ин шахсонро то як мох дароз намояд.
  5. Мухлати дастгиркунии маъмури аз лахзаи овардани шахси хукуквайронкунии маъмуриро содирнамуда ва мухлати дастгиркунии маъмурии шахси дар холати масти карордошта, ки бо хуччати шаходаткунонии тибби тасдик шудааст, аз лахзаи хушёр шудани у хисоб карда мешавад.

Моддаи 64. Чой ва тартиби нигохдории шахсони дастгиршуда 

  1. Шахсони дастгиршуда дар бинохои барои ин максад чудокардашудаи макомоти пешбининамудаи кисми 2 моддаи 61 Кодекси мазкур ё дар муассисахои махсуси тибки тартиби мукарраргардида аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати таъсисгардида нигох дошта мешаванд. Ин бинохо бояд ба талаботи санитари ва нигохдори чавобгуй буда, аз тарафи шахсони дастгиршуда имконияти худсарона тарк кардани онхоро истисно намоянд.
  2. Шароити нигохдории шахсони дастгиршуда, меъёри озука ва тартиби хизматрасонии тиббии чунин шахсонро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  3. Мардхо, занхо ва ноболигоне, ки нисбати онхо чораи дастгиркунии маъмури татбик мегардад, аз хам чудо нигох дошта мешаванд.

Моддаи 65. Мачбуран овардан 

  1. Дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур нисбат ба шахси вокеи ва ё намояндаи шахси хукукие, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад ё нисбат ба намояндаи конунии шахси ноболиги ба чавобгарии маъмури кашидашаванда, инчунин нисбат ба шохид чораи мачбуран овардан татбик карда мешавад.
  2. Мачбуран овардан аз чониби макомоти корхои дохили дар асоси санади суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро барраси менамоянд, бо тартиби мукаррарнамудаи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 66. Азназаргузаронии шахси ва азназаргузаронии молу мулк 

  1. Азназаргузаронии шахси ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси вокеи аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори дар моддаи 61 Кодекси мазкур пешбинигардида анчом дода мешаванд.
  2. Азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси вокеи (бори дасти, багоч, олоти шикор ва мохигири, махсули сайд ва дигар ашёхо) бе вайрон намудани яклухтии сохти он аз руйи зарурат бо максади ошкор кардани олот ё ашёи хукуквайронкунии маъмури аз чониби шахсони мансабдори ваколатдор дар хузури ду нафар шахсони холис сурат мегирад.
  3. Азназаргузаронии шахси аз чониби шахси ваколатдор, ки бо шахси азназаргузаронидашаванда хамчинс мебошад, дар хузури ду нафар шахсони холиси хамчинс анчом дода мешавад.
  4. Дар холатхои истиснои хангоми мавчуд будани асосхои кофии гумонбари дар бораи он, ки шахси вокеи мумкин аст бо худ силох ё дигар ашёи ба сифати силох истифодашаванда дошта бошад, азназаргузаронии шахси ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи ин шахси вокеи метавонад бе иштироки шахсони холис гузаронида шуда, дар ин бора ба протокол кайд гузошта мешавад.
  5. Хангоми зарурат дар вакти азназаргузаронии шахси ва азназаргузаронии молу мулк мумкин аст суратгири, навори кино, сабти видео ва дигар воситахои мукарраршудаи кайди далелхои шайъи татбик карда шаванд.
  6. Азназаргузаронии молу мулк, бори дасти, багоч, олоти шикор ва мохигири, махсули сайд ва дигар ашёхо дар хузури шахсе гузаронида мешавад, ки молу мулк тахти истифода ё моликияти у карор доранд. Дар холатхои таъхирнопазир молу мулк ва ашёхои зикргардида мумкин аст, дар гоибии сохибмулк (сохиб), бо иштироки ду нафар шахсони холис аз назар гузаронида шаванд.
  7. Дар бораи азназаргузаронии шахси ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси вокеи протокол тартиб дода мешавад  ё дар протоколи хукуквайронкунии маъмури ва ё дар протоколи дастгиркунии маъмури кайди дахлдор карда мешавад. Дар протоколи азназаргузаронии шахси ё азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси вокеи вакт ва махали тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахси вокеии мавриди азназаргузаронии шахси кароргирифта, маълумот дар бораи намуд, микдор ва дигар нишонахои хаммонандсозии молу мулк, аз чумла маълумот дар бораи навъ, тамга, модел, кутр, силсила, ракам ва дигар нишонахои хаммонандсозии силох, микдор ва намуди тир, намуд ва нишонахои хуччатхои зимни азназаргузарони дарёфтгардида ё бо худ доштаи шахси вокеи сабт карда мешавад.
  8. Дар протоколи азназаргузаронии шахси ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси вокеи оид ба истифодаи суратгири, навори кино, сабти видео ва дигар воситахои мукарраршудаи кайди далелхои шайъи кайд карда мешавад. Маводи хангоми азназаргузаронии шахси ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси вокеи бо истифода аз суратгири, навори кино, сабти видео ва дигар воситахои мукарраршудаи кайди далелхои шайъи гирифташуда ба протоколи дахлдор замима карда мешаванд.
  9. Протоколи азназаргузаронии шахси ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси вокеи аз чониби шахси мансабдори онро тартибдода, шахсе, ки нисбати у пешбурди  парвандаи хукуквайронкунии маъмури сурат мегирад ё сохиби молу мулки мавриди азназаргузарони карордодашуда ва шахсони холис имзо карда мешавад. Дар холати аз имзои протокол саркаши кардани шахсе, ки нисбаташ пешбурди  парванда сурат мегирад, сохиби молу мулки мавриди азназаргузарони кароргирифта дар протокол дар ин бора кайд карда мешавад. Нусхаи протоколи азназаргузаронии шахси ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси вокеи ба сохиби молу мулк бо хохиши у бо гирифтани дастхат супорида мешавад.
  10. Азназаргузаронии шахси ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси вокеи дар макомоти гумрук бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси гумруки Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Моддаи 67. Азназаргузаронии бино ва худудхое, ки ба шахсони хукуки ё сохибкорони инфироди тааллук доранд ва азназаргузаронии молу мулк ва хуччатхои дар онхо мавчудбуда 

  1. Азназаргузаронии бино ва худудхои ба шахсони хукуки ё сохибкорони инфироди тааллукдошта, ки барои фаъолияти сохибкори истифода мешаванд ва азназаргузаронии молу мулк ва хуччатхои дар онхо мавчудбуда дар хузури намояндаи шахси хукуки, сохибкори инфироди ё намояндаи у ва ду нафар шахсони холис аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор)  тибки Кодекси мазкур анчом дода мешавад.
  2. Дар бораи азназаргузаронии бино, худудхое, ки ба шахсони хукуки ё сохибкорони инфироди тааллук доранд ва молу мулку хуччатхои дар онхо мавчудбуда протокол тартиб дода шуда, дар он сана ва махали тартибдихи, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахси хукуки ё сохибкори инфиродии дахлдор, инчунин маълумот дар бораи намояндаи у, бино ва худудхои мавриди азназаргузарони карордодашуда, намуд, микдор ва дигар аломатхои хаммонандсозии молу мулк, инчунин маълумот дар бораи намуд ва нишонахои хуччатхо зикр мегарданд.
  3. Протоколи азназаргузаронии биною худудхои ба шахси хукуки ё сохибкори инфироди тааллукдошта, молу мулк ва хуччатхои дар онхо мавчудбуда аз чониби шахси мансабдори онро тартибдода, намояндаи шахси хукуки, сохибкори инфироди, инчунин аз чониби шахсони холис имзо карда мешавад. Дар сурати аз имзои протокол саркаши кардани намояндаи шахси хукуки ё сохибкори инфироди ё намояндаи он аз ин хусус дар протокол сабти дахлдор карда мешавад. Нусхаи протоколи азназаргузаронии биною худудхои ба шахси хукуки ё сохибкори инфироди тааллукдошта ва молу мулку хуччатхои дар онхо мавчудбуда ба намояндаи шахси хукуки ё сохибкори инфироди бо гирифтани дастхат супорида мешавад.

Моддаи 68. Азназаргузаронии воситаи наклиёт 

  1. Азназаргузаронии хама гуна воситахои наклиёт (аз чумла киштихои хурдхачми оби), яъне муоинаи воситаи наклиёт, ки бе вайронкунии яклухтии сохти он сурат мегирад, бо максади дарёфт кардани олоти содиркуни ё ашёи хукуквайронкунии маъмури анчом дода мешавад.
  2. Азназаргузаронии воситаи наклиёт аз чониби шахсони мансабдори ваколатдори дар Кодекси мазкур зикргардида дар хузури ду нафар шахсони холис амали карда мешавад.
  3. Азназаргузаронии воситаи наклиёт дар хузури шахсе сурат мегирад, ки у сохиби наклиёт аст. Дар холатхои таъхирнопазир азназаргузаронии воситаи наклиёт, мумкин аст, дар гоибии сохиби он, вале бо иштироки шахсони холис анчом дода шавад.
  4. Ба протоколи азназаргузаронии воситаи наклиёт шахси мансабдори онро тартибдода ва шахсе, ки нисбати у пешбурди  парвандаи хукуквайронкунии маъмури сурат мегирад ё шахсе, ки сохиби воситаи наклиёт мебошад, инчунин шахсони холис имзо мегузоранд. Дар холати аз имзои протокол саркаши кардани шахсе, ки нисбати у пешбурди  парвандаи хукуквайронкунии маъмури сурат мегирад ё шахсе, ки сохиби воситаи наклиёти аз назар гузаронидашаванда мебошад, дар ин бора дар протокол сабти дахлдор карда мешавад. Нусхаи протоколи азназаргузаронии воситаи наклиёт ба сохиби воситаи наклиёт ва ё шахси идоракунандаи наклиёт бо гирифтани дастхат супорида мешавад.

Моддаи 69. Гирифтани  молу мулк ва хуччатхо 

  1. Молу мулк ва хуччатхое, ки бевосита олот ё ашёи  хукуквайронкунии маъмури буда, хангоми дастгиркуни ё азназаргузаронии шахси ё азназаргузаронии молу мулк ошкор гардидаанд, танхо бо максади таъмини баррасии хаматарафаи парванда ва ичрои чазои маъмури бо рохи мусодира ё бо подош гирифтани ашёи хукуквайронкунии маъмури танхо дар асоси санади суди гирифта мешаванд.
  2. Молу мулке, ки олоти содиркуни ё ашёи хукуквайронкунии маъмури мебошанд ва хуччатхои барои парвандаи хукуквайронкунии маъмури хамчун далел ахамиятдошта, ки зимни азназаргузаронии биною худудхои ба шахсони хукуки тааллукдошта ва молу воситаи наклиёт ё дигар молу мулки дар онхо вучуддошта, инчунин хуччатхои тааллукдоштаи онхо ошкор гардидаанд, аз чониби шахсони мансабдори ваколатдор, ки Кодекси мазкур пешбини мекунад, дар хузури ду нафар шахсони холис гирифта шуда, дар чойхои махсусгардонидашуда, ки макомоти ваколатдори давлати мукаррар намудаанд то мохиятан барраси гардидани парванда нигох дошта мешаванд. (ЌЉТ аз 25.12.15с., № 1263)
  3. Молу мулк ва ашёи гирифташуда, ки мухлати нигохдориашон махдуд ва ашёхои муомилоти гражданиашон махдуд, инчунин зудвайроншаванда, бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон барои фуруш, коркард ё нигохдори ба ташкилотхои дахлдор супорида мешаванд ва агар нигох доштанашон гайриимкон бошанд, нобуд карда мешаванд.
  4. Суд дар вакти кабули карори махрум кардан аз хукуки махсус хамзамон дар бораи гирифтани шаходатнома оид ба хукуки махсус ва ба макоми дахлдор супоридани он таъинот кабул менамояд.
  5. Дар сурати кабули карори махрум кардан аз хукуки идора кардани воситаи наклиёти намуди муайян ва эътибори конуни пайдо кардани карор, шаходатномаи ронандаги баргардонида намешавад, инчунин талони кайди вайронкунии замимаи он ва ичозати муваккатии хукуки идоракунии воситаи наклиёти намуди муайян, гирифта мешаванд.
  6. Дар сурати кабули карори таъини чарима ва эътибори конуни пайдо кардани карор шаходатномаи ронандаги барои хукуки идора кардани воситаи наклиёти намуди муайян ва талони кайди вайронкунии замимаи он баъди пардохти чарима баргардонида мешаванд.
  7. Дар бораи гирифтани  молу мулк  ва хуччатхо протокол тартиб дода мешавад ё дар протоколи овардан ё дар протоколи дастгиркунии маъмури кайди дахлдор карда мешавад. Дар протоколи хукуквайронкунии маъмури дар бораи гирифтани   шаходатномаи ронандаги, шаходатномаи тракторчи-машинист, шаходатномаи киштирон ё шаходатномаи хавонавард сабти зарури  карда мешавад.
  8. Дар протоколи гирифтани  молу мулк  ва хуччатхо дар бораи намуд ва нишонахои хуччатхои гирифташаванда, намуд, микдор ва дигар аломатхои хаммонандсозии молу мулки гирифташуда, аз чумла дар бораи намуд, тамга, модел, кутр, силсила, ракам ва дигар аломатхои хаммонандсозии силох, намуд ва микдори тир маълумот сабт карда мешавад.
  9. Дар холатхои зарури хангоми гирифтани молу мулк ва хуччатхо суратгири ва навори кино, сабти аудио, видео ва дигар усулхои мукарраршудаи кайди далелхои шайъи татбик мегарданд.
  10. Ба протоколи гирифтани молу мулк ва хуччатхо шахси мансабдори онро тартибдода, шахсе, ки аз у молу мулк ва хуччатхо гирифта шудаанд ва шахсони холис имзо мегузоранд. Дар сурати аз имзои протокол саркаши кардани шахсе, ки аз у молу мулк ва хуччатхо гирифта шудаанд, дар он кайди дахлдор карда мешавад. Нусхаи протокол ба шахсе, ки аз у молу мулк ва хуччатхо гирифта шудаанд ё ба намояндаи конунии вай бо гирифтани дастхат супорида мешавад.
  11. Дар холатхои зарури молу мулк ва хуччатхои гирифташуда дар чойи гирифтан борпеч ва мухр карда мешаванд. Молу мулк ва хуччатхои гирифташуда то баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар чойхои муайяннамудаи шахси мансабдор, ки молу мулк ва хуччатхоро гирифтааст, тибки тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон нигох дошта мешаванд.
  12. Силохи оташфишон ва тирхои он, инчунин дигар намуди силоху лавозимоти чангии гирифташуда бо тартиби мукаррарнамудаи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон нигох дошта мешаванд. Нисбат ба шахсе, ки хукуквайронкунии маъмуриро зимни ичрои вазифахои хизматиаш содир намудааст, ин чорахо танхо дар холатхои таъхирнопазир татбик карда мешаванд.
  13. Воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхои гирифташуда, инчунин спирти этили ва машрубот, ки чавобгуйи талаботи хатмии стандартхо, коидахои санитари ва меъёрию гигиени нестанд, бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон барои коркард  ё нобуд кардан фиристонида мешаванд. Намунахои воситахои нашъадор, моддахои психотропи, прекурсорхо, спирти этили ва машруботе, ки бояд нобуд карда шаванд, то эътибори конуни пайдо кардани карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури нигох дошта мешаванд.

Моддаи 70. Нархгузории молу мулк ва дигар чизу чораи киматбахои гирифташуда 

  1. Арзиши молу мулки гирифташуда дар асоси нарххои танзимшавандаи давлати муайян карда мешавад, агар чунин нарххо мукаррар гардида бошанд. Дар дигар холатхо арзиши молу мулки  гирифташуда дар асоси арзиши бозории онхо муайян карда мешавад. Дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон арзиши молу мулки гирифташуда дар асоси хулосаи коршинос муайян карда мешавад.
  2. Асъори хоричии ба сифати ашёи хукуквайронкунии маъмури гирифташуда ба курби амалкунандаи дар рузи содир кардани хукуквайронкунии маъмури мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон, бо асъори миллии Чумхурии Точикистон хисоби карда мешавад.

Моддаи 71. Боздошт кардани воситаи наклиёт 

  1. Воситаи наклиёт дар холатхои зерин боздошт карда мешавад:

– бо худ надоштани хуччатхои пешбининамудаи коидахои харакат дар рох;

– бо худ надоштани хуччатхо дар бораи хукуки идоракуни ё истифодаи воситаи наклиёт ё гузаштани мухлати эътиборнокии онхо;

– идора кардани воситаи наклиёт аз тарафи шахс дар холати масти;

– бидуни ичозати дахлдор ё гузаштани мухлати эътиборнокии онхо идоракунии  воситахои наклиёт бо пардахои пахлуи ва яклухти акиб, ки дар сохтори воситахои наклиёт аз тарафи истехсолкунанда пешбини нашудаанд, бо шишахои сиёху хира, ки нургузарониашон ба меъёрхои мукарраршудаи стандартхои давлати (ГОСТ) мутобикат намекунад, идоракунии воситахои наклиёт бо шишахои ойинаги, ба истиснои пардачахо дар шишахои автобусхо, инчунин ба истиснои воситахои наклиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки руйхати  онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад;

– идора кардани воситахои наклиёте, ки ракамхои кисмхо ва агрегатхо ё аломатхои бакайдгирии давлатии онхо бо ягон усул пинхон, сохтакори ё тагйир дода шудаанд ва ё ракамхои кисмхо ва агрегатхояшон бо навиштачоти хуччатхои бакайдгирии зикргардида мутобикат намекунанд ё бар хилофи тартиби мукарраршуда ба кайд гирифта шудаанд ё  аломатхои бакайдгири надоранд;

– халалдор кардани харакат дар рох тавассути вайрон кардани коидахои истгохи воситахои наклиёт хангоми дар чойи хукуквайронкуни хозир набудани ронанда.

  1. Кормандони макомоти назоратии истифода ва хифзи табиат, назорати хочагии чангал ва шикор дар мавзеъ ва холатхои зерин метавонанд воситахои наклиётро манъ намоянд:

– дар худуди мамнуъгоххо, парваришгоххо ва худудхои табиии махсус мухофизатшаванда;

– дар худуди шикоргоххо, минтакахои мохидори, чойи зисти хайвоноти вахши ва паррандахо;

– дар худуди фонди захираи давлатии чангал ва замин;

– дар холатхои мавчуд будани маълумот оид ба истифодаи наклиёти мазкур барои вайрон кардани худудхои зикргардида ва мохидорию шикори гайриконуни.

  1. Оид ба боздошт кардани воситаи наклиёт, манъ кардани истифодаи он дар протоколи хукуквайронкунии маъмури кайди дахлдор карда ё протоколи алохида тартиб дода мешавад. Нусхаи протокол дар бораи боздошт кардани воситаи наклиёт ё манъи истифодаи он ба шахсе, ки нисбати у ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик карда шудааст, супорида мешавад. Протокол дар бораи боздошт кардани воситаи наклиёт, ки барои харакати дигар воситахои наклиёт халал мерасонад, дар сурати набудани ронанда, инчунин хангоми халалдор кардани харакат дар рох дар натичаи риоя накардани коидахои истгохи воситахои наклиёт дар холати хозир набудани ронанда дар чойи хукуквайронкуни ё истгохи махсуси нигохдошти муваккатии маъмури дар хузури ду нафар шахсони холис тартиб дода мешавад.
  2. Боздошт намудани воситаи наклиёт ё манъ кардани истифодаи он, мумкин аст то бартараф кардани камбудихо идома ёбад, ба истиснои холатхое, ки сабаби боздошт ё манъ кардани истифодаи он дар чояш бартараф карда шавад. Дар ин холат дар бораи боздошт кардани воситаи наклиёт ё манъ кардани истифодаи он протокол тартиб дода намешавад. Пас аз барраси гардидани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ва эътибори конуни пайдо кардани карор наклиёти боздоштшуда ба сохиби у ва ё шахси идоракунанда баргардонида мешавад.
  3. Воситаи наклиёти боздоштшуда дар истгоххои махсуси нигохдошти муваккати аз чониби шахсони ваколатдор бо сабти муайян дар протоколи хукуквайронкунии маъмури нигох дошта мешавад.
  4. Мухлати боздошт кардани воситаи наклиёт аз лахзаи дар истгохи махсус гузоштани воситаи наклиёт хисоб карда мешавад.

Моддаи 72. Манъ кардани воситаи наклиёт 

  1. Кормандони Бозрасии давлатии автомобили дар холатхои зерин метавонанд воситаи наклиётро манъ намоянд:

– риоя накардани коидахои харакат дар рох;

– дар наклиёт мавчуд будани нишонахои вайрони ва ё ба талаботи мавчуда чавобгуй набудани кисмхои он;

– агар хангоми харакати воситаи наклиёт кобилияти идоракунии ронанда шубхаовар бошад;

– агар маълумот дар бораи дар кофтуков карор доштани воситаи наклиёти мазкур мавчуд бошад.

  1. Хангоми манъ кардани воситаи наклиёт муайян шудани холатхои идоракунии воситаи наклиёти аз муоинаи давлатии техники нагузашта ё дорои нуксонхо ё ба воситахои наклиёт бе ичозати макомоти ваколатдори давлати насб кардани воситахои равшанидихандаи ба стандарт чавобгуйнабуда ё тачхизоти махсуси садодиханда ё риоя накардани коида ва меъёрхои истифодаи тракторхо, мошинхои худгард, рохсоз ва дигар мошину тачхизот бо рохи кушода гирифтани аломатхои бакайдгирии давлати то бартараф кардани сабабхои манъ кардан, истифодаи воситаи наклиёт манъ карда мешавад.
  2. Мухлати манъи истифодаи воситахои наклиёт аз лахзаи кушода гирифтани аломатхои бакайдгирии давлати хисоб карда мешавад.

Моддаи 73. Дур кардан аз идоракунии воситахои наклиёт, муайян кардани холати масти 

  1. Шахси идоракунандаи намуди муайяни воситаи наклиёт хангоми ошкор гардидани асосхои дар кисми 1 моддаи 71 Кодекси мазкур оид ба боздошт кардани воситаи наклиёт зикргардида, бояд аз идоракунии воситахои наклиёт дур карда шавад. Агар барои гумонбар шудани у дар холати масти асосхои кофи мавчуд бошанд, барои мукаррар кардани холати мастиаш дар чойи дастгиркуни бо истифодаи воситахои махсус санчиши холати масти гузаронида мешавад ё у ба муассисахои тибби барои муоинаи тибби фиристонида мешавад.
  2. Дур кардан аз идоракунии намуди муайяни воситаи наклиёт ва гузаронидан ё фиристонидан ба муоинаи тибби барои мукаррар кардани холати масти аз чониби шахсони мансабдори ваколатдори Бозрасии давлатии автомобили сурат мегирад, ки ба онхо хукуки назорати давлати ва назорат аз руйи бехатарии харакат дар рох ва истифодаи воситахои наклиёт дода шудааст.
  3. Дар бораи дур кардан аз идоракунии воситаи наклиёт, инчунин фиристонидан ба муоинаи тибби барои мукаррар кардани холати масти протоколи дахлдор тартиб дода, нусхаи он бо дастхат ба шахсе супорида мешавад, ки дар хакки у ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик гардидааст.
  4. Дар протоколи дур кардан аз идоракунии воситаи наклиёт, инчунин дар протоколи фиристонидан ба муоинаи тибби барои муайян кардани холати масти, вакт, махал, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори протоколро тартибдода, асоси дур кардан аз идоракунии воситаи наклиёт ва фиристонидан ба муоинаи тибби, маълумот дар бораи воситаи наклиёт ва шахсе сабт карда мешавад, ки нисбати у ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик гардидааст.
  5. Протоколи дур кардан аз идоракунии воситаи наклиёт, инчунин протоколи фиристонидан ба муоинаи тибби барои муайян кардани холати масти аз чониби шахси мансабдори онро тартибдода ва шахсе, ки нисбати у ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик карда шудааст, имзо карда мешавад. Дар сурати аз имзои протокол саркаши кардани шахсе, ки нисбати у ин чораи таъминкунии пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик гардидааст, дар ин бора дар протокол кайди дахлдор карда мешавад.
  6. Бо муоинаи тибби тасдик кардани холати масти ва ба расмият даровардани натичаи он бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  7. Санади бо муоинаи тибби тасдик кардани холати масти ба протоколи дахлдор замима карда мешавад.

Моддаи 74. Хабси воситаи наклиёт ва молу мулк  

  1. Хабси воситаи наклиёт ва молу мулки дар он буда, ки олоти содиркунии хукуквайронкунии маъмури мебошанд,  дар тартиб додани руйхати ин молу мулк ифода гардида, ба шарте татбик карда мешавад, ки амнияту нигохдории онхоро бе гирифтан таъмин кардан гайриимкон бошад. Воситаи наклиёт ва молу мулки бахабсгирифташуда метавонанд барои нигохдории масъулиятнок ба шахсони дигаре супорида шаванд, ки аз тарафи шахсони мансабдори чораи хабсро татбиккунанда таъин шудаанд.
  2. Воситаи наклиёт ва молу мулки дар он буда аз тарафи шахсони мансабдори пешбининамудаи Кодекси мазкур дар хузури шахсе, ки айни хол молу мулк тахти ихтиёрдории у карор дорад ва дар хузури ду нафар шахсони холис ба хабс гирифта мешавад.
  3. Дар бораи хабси воситаи наклиёт ва молу мулки дар он буда протокол тартиб дода шуда, карор кабул карда мешавад. Дар протокол ва карори хабси воситаи наклиёт ва молу мулк сана ва махалли тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахсе, ки нисбати у чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик гардидааст ва дар бораи шахсе, ки сохиби эхтимолии молу мулк, воситаи наклиёт ва дигар молу мулки ба хабс гирифташуда мебошад, руйхат ва аломатхои хаммонандсозии онхо нишон дода мешаванд. Маводи хангоми хабс бо истифодаи суратгири ва навори кино, сабти видео, дигар усулхои мукарраргардидаи кайди далелхои шайъи гирифташуда ба протокол замима карда мешавад.
  4. Дар холатхои зарури воситаи наклиёт ва молу мулки бахабсгирифташуда борпеч ё мухр карда мешаванд.
  5. Нусхаи протокол ва карори хабси молу мулк, воситаи наклиёт ва дигар молу мулк ба шахсе, ки нисбати у ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик шудааст ё ба намояндаи конунии у супорида мешавад.
  6. Хангоми бегонакуни ё пинхон кардани молу мулк, воситаи наклиёт ва дигар молу мулки бахабсгирифташудаи шахсе, ки нисбати у ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик шудааст ё махфуздорандаи он молу мулк мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.
  7. Хабси воситаи наклиёт ва молу мулки дигар аз тарафи макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) дар боби 9 Кодекси мазкур пешбинигардида, бо ичозати суд амали карда мешавад.

Моддаи 75. Муваккатан манъ кардани фаъолият 

  1. Муваккатан манъ кардани фаъолият аз он иборат аст, ки то аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) барраси гардидани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба мухлати кутох фаъолияти ташкилотхо, филиалхо, намояндагихо, вохидхои сохтории ташкилотхо, китъахои истехсоли, инчунин истифодаи агрегатхо, бинохо ва иншоот, анчом додани баъзе намудхои фаъолият (кор ва хизматрасони) катъ карда мешавад. Фаъолият мумкин аст дар сурате муваккатан манъ карда шавад, ки барои содир кардани хукуквайронкунии маъмури таъин кардани чазо бо тарики боздошти маъмурии фаъолият пешбини шуда бошад. Фаъолият метавонад танхо дар холатхои истисноие муваккатан манъ гардад, ки он барои пешгирии тахдиди  бевосита ба хаёт ё саломатии одамон ва зухуроти эпидемия, эпизоотия, захролудшавии (ифлосшавии) объектхои тахти карантин карордошта бо объектхои карантини, фарорасии фалокатхои радиатсиони ё техногени ва расонидани зарари чидди ба холат ё сифати мухити зист зарур ва пешгирии холатхои зикргардида бо дигар воситахо гайриимкон бошад.
  2. Муваккатан манъ кардани фаъолият аз чониби шахси мансабдори ваколатдор мутобики Кодекси мазкур бо тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури сурат мегирад.
  3. Дар бораи муваккатан манъ кардани фаъолият карор кабул карда мешавад, ки дар он асосхои татбики ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури, сана ва махалли тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори карорро кабулкарда, маълумот дар бораи шахсе, ки нисбати у пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури сурат мегирад, инчунин дар бораи объекти фаъолияташ муваккатан манъшуда, рузи катъи вокеии фаъолият ва баёноти шахрванде, ки фаъолияти сохибкориро бе таъсиси шахси хукуки амали менамояд ё намояндаи шахси хукуки нишон дода мешаванд.
  4. Ба протоколи муваккатан манъ кардани фаъолият, ки чихати ичрои карор дар бораи муваккатан манъ кардани фаъолият тартиб дода мешавад, шахси мансабдори онро тартибдода ва шахрванде, ки фаъолияти сохибкориро бе таъсиси шахси хукуки амали менамояд ё намояндаи шахси хукуки имзо мегузоранд. Дар сурати ба протокол имзо нагузоштани яке аз шахсони зикргардида аз тарафи шахси мансабдор дар протокол кайди дахлдор гузошта мешавад.
  5. Нусхаи протоколи муваккатан манъ кардани фаъолият тибки дастхат ба шахрванде, ки фаъолияти сохибкориро бе таъсиси шахси хукуки амали менамояд ё ба намояндаи шахси хукуки супорида мешавад.

Моддаи 76. Мухлати муваккатан манъ кардани фаъолият 

  1. Мухлати муваккатан манъ кардани фаъолият набояд аз дах шабонаруз зиёд бошад.
  2. Мухлати муваккатан манъ кардани фаъолият аз рузи катъи вокеии фаъолияти ташкилотхо, филиалхо, намояндагихо, вохидхои сохтории онхо, китъахои истехсоли, инчунин истифодаи агрегатхо, бинохо ва иншоот ва ичрои намудхои чудогонаи фаъолият (кор ва хизматрасони) хисоб карда мешавад.

Моддаи 77. Хукуки шикоят кардан аз чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Шахсе, ки нисбати у чорахои таъмини  пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик гаштааст, хукук дорад дар бораи онхо ба суд ё макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои шикоят намояд.
  2. Бо талаби шахси вокеи ё намояндаи шахси хукуки ба у фавран нусхаи протоколхо ва дигар маводи дахлдор, ки барои таъмини хифзи хукук ва манфиатхои конунии шахси нисбаташ чорахои таъминкунандаи пешбурди ин парванда татбикгардида зарур мебошанд, супорида мешаванд.
  3. Вобаста ба натичаи баррасии шикоят дар бораи конеъ гардонидан ё рад кардани шикоят карор кабул карда мешавад.
  4. Шикоят овардан аз хусуси чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои барои шикоят нисбат ба татбики ин чорахо ба суд мамониат намекунад.
  5. Зараре, ки дар натичаи амалхои гайриконунии шахси мансабдор расонида шудааст, бояд мутобики коидахои мукаррарнамудаи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон руёнида шавад.

БОБИ 8. БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ МУРОФИАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ 

Моддаи 78. Протоколи хукуквайронкунии маъмури 

Дар бораи содир шудани хукуквайронкунии маъмури аз  чониби  шахси мансабдори ваколатдор тибки талаботи Кодекси мазкур протоколи хукуквайронкунии маъмури тартиб дода мешавад.

Моддаи 79. Мазмуни протоколи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Дар протоколи хукуквайронкунии маъмури сана ва махалли  тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахсе, ки протоколро тартиб додааст, маълумот дар бораи шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, махал, вакти содиршави,  ходиса ва мохияти хукуквайронкунии маъмури, моддаи Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон, ки чавобгариро барои ин хукуквайронкунии маъмури  пешбини менамояд,  насаб, ном ва номи падар, сурогаи шохидон ва чабрдидахо (агар бошанд), баёноти шахсони вокеи, мансабдор, ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати онхо парвандаи хукуквайронкунии маъмури огоз карда шудааст, хохиши онхо дар бораи иштироки химоятгар ё бе иштироки у (оид ба парвандахое, ки иштироки химоятгар дар онхо хатми нест) ва дигар маълумоти барои халли парванда зарур  сабт  карда  мешаванд.
  2. Хангоми тартиб додани протоколи хукуквайронкунии  маъмури ба шахсони вокеи,  мансабдор ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати онхо парвандаи хукуквайронкунии маъмури огоз карда шудааст, инчунин ба химоятгар ва дигар  иштирокчиёни  баррасии  парванда хукуку ухдадорихои тибки Кодекси мазкур пешбинигардида фахмонида шуда, он дар  протокол сабт карда мешавад.
  3. Ба шахсони вокеи, мансабдор ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати онхо парвандаи хукуквайронкунии маъмури огоз карда шудааст, бояд имконияти шиносшави бо протоколи  хукуквайронкунии маъмури ва маводи ба он замимагардида дода шавад. Шахсони зикргардида хукук доранд бо иштироки химоятгар баёнот дода, доир ба мазмуни протокол мулохизахои худро изхор намоянд, ки  онхо ба протокол замима карда мешаванд.
  4. Ба протоколи хукуквайронкунии маъмури шахси мансабдор, ки онро тартиб  додааст, инчунин шахсони вокеи,  мансабдор ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати онхо парвандаи хукуквайронкунии  маъмури огоз карда  шудааст, химоятгар, шохидон ва чабрдидахо (агар бошанд) имзо мегузоранд. Агар чунин шахсон аз имзо кардани протокол  саркаши намоянд, доир ба ин холат дар  протокол аз чониби шахси мансабдор, ки протоколро барои шиносшави пешниход намудааст, сабти дахлдор ворид карда мешавад.
  5. Ба шахсони вокеи, мансабдор ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати онхо парвандаи хукуквайронкунии маъмури  огоз карда шудааст, инчунин ба чабрдида тибки дастхат нусхаи протоколи хукуквайронкунии маъмури супорида мешавад.

Моддаи 80. Тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Протоколи хукуквайронкунии маъмури тибки талаботи Кодекси мазкур аз чониби шахсони  мансабдоре, ки мутобики боби 10 Кодекси мазкур барои пешбурд ва ё баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ваколатдоранд, дар доираи ваколатхои худ тартиб дода мешавад.
  2. Ба  гайр  аз  холатхои  пешбининамудаи кисми 1 хамин модда шахсони мансабдори макомоти ичроияи маркази ва махаллии хокимияти давлати, ташкилотхо, вохидхои сохтори ва сохторхои худудии онхо, инчунин дигар макомоти давлати мутобики вазифаю  ухдадорихои назоратии худ, ки бо санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон ба зиммаи онхо вогузор шудааст хукук доранд, протоколи хукуквайронкунии маъмури тартиб диханд. Дар ин холат шахсони мансабдори ваколатдори зикргардида протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар маводи замимагардидаи  парвандаро дар мухлати на дертар аз се шабонарузи баъди тартиб додани он ба судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки хукук доранд парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро барраси намоянд, ирсол мекунанд.

Моддаи 81. Огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Барои огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури  инхо асос мегарданд:

– аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки ваколати тартиб додани протоколи хукуквайронкунии  маъмуриро  доранд, бевосита ошкор кардани маълумотхои кофи, ки аз мавчудияти ходисаи  хукуквайронкунии  маъмури шаходат медиханд;

– маводе, ки аз макомоти хифзи хукук ва дигар макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхои чамъияти ворид шуда, дорои маълумоте мебошанд, ки аз мавчудияти ходисаи хукуквайронкунии маъмури шаходат медиханд;

– хабару аризахои шахсони вокеи ва хукуки, инчунин хабари воситахои ахбори омма, ки дорои маълумоти сахех ва вокеии гувохидихандаи мавчудияти ходисаи хукуквайронкунии маъмури мебошанд.

  1. Мавод, хабар ва  ариза дар бораи ходисаи хукуквайронкунии маъмури аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур мавриди барраси ва санчиш карор дода мешаванд.
  2. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) танхо дар  сурати мавчуд будани яке аз асосхои пешбининамудаи кисми 1 хамин модда ва  маълумоти кофи, ки аз мавчудияти ходисаи хукуквайронкунии маъмури гувохи медиханд, огоз карда мешавад.
  3. Хангоми набудани асосхои кофи шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи маводи хукуквайронкунии маъмури дар бораи рад кардани огози парвандаи хукуквайронкунии маъмури карори асоснок мебарорад.

Моддаи 82. Тартиби огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури

  1. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз лахзаи кабули  таъинот ё карор дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури огозгардида хисоб мешавад.
  2. Дар карор ё таъинот дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури вакт ва махалли кабул кардани карор ё таъинот, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси карор ё таъинотро тартибдода, асос барои огози парвандаи хукуквайронкунии маъмури, маълумоте, ки аз мавчуд будани ходисаи хукуквайронкунии  маъмури  гувохи медихад, моддаи Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон, ки чавобгариро барои ин хукуквайронкунии маъмури пешбини  менамояд, нишон дода мешаванд. Хангоми  кабули  карор ё таъинот дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба шахсони вокеи, мансабдор ё намояндаи  шахси хукуки, ки нисбати онхо карор ё таъинот кабул карда шудааст, инчунин ба дигар иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури хукуку ухдадорихои онхо, ки тибки Кодекси мазкур пешбини гардидаанд, фахмонида, дар ин бора дар карор ё таъинот сабт карда мешавад.
  3. Нусхаи карор ё таъинот дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба шахсони вокеи, мансабдор ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати онхо карор ё таъинот кабул карда шудааст, инчунин ба чабрдида дар давоми як шабонаруз бо гирифтани забонхат супорида ё фиристода мешавад.

Моддаи 83. Аз чониби прокурор огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои тобеи у хангоми  назорати риояи дакик ва ичрои якхелаи конунхо дар худуди Чумхурии Точикистон хукук доранд вобаста ба хама гуна хукуквайронкунихои маъмурие, ки барои содир  кардани  онхо  тибки Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон чавобгарии маъмури пешбини шудааст, парвандаи хукуквайронкунии  маъмури огоз намоянд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  2. Прокурор дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури карор кабул мекунад, ки он бояд дорои маълумоти пешбининамудаи моддаи 86 Кодекси мазкур бошад. Карори мазкур дар мухлатхои мукаррарнамудаи моддаи 85 Кодекси мазкур ба макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) барои барраси фиристода мешавад.

Моддаи 84. Мухлати тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Протоколи хукуквайронкунии маъмури фавран баъди ошкор кардани хукуквайронкунии маъмури тартиб дода мешавад.
  2. Хангоми зарурати ба таври иловаги муайян кардани холатхои парванда ё маълумот дар бораи шахсони вокеи, мансабдор ё хукуки, ки нисбати онхо парвандаи хукуквайронкунии маъмури огоз мегардад, протоколи хукуквайронкунии маъмури на дертар аз  се шабонарузи  баъди ошкор кардани хукуквайронкунии маъмури тартиб дода мешавад.
  3. Хангоми  гузаронидани тафтишоти маъмури протоколи хукуквайронкунии маъмури баъди ба охир расидани тафтишот дар мухлатхои пешбининамудаи моддаи 86 Кодекси мазкур тартиб дода мешавад.

Моддаи 85. Фиристодани протоколи хукуквайронкунии маъмури, карори прокурор дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури барои барраси 

  1. Протоколи тартибдодаи макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) ё карори прокурор оид ба огоз кардани  парвандаи  хукуквайронкунии  маъмури дар давоми  се шабонаруз  ба  судя,  макомоти  ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) равон  карда мешаванд.
  2. Протокол ва ё карори прокурор дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури, ки содир кардани он боиси хабси маъмури ё бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун  кардан  мегардад,  баъди  тартиб додан фавран барои барраси ба судя супорида мешаванд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  3. Хангоми ба макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) бо асосхои пешбинигардидаи кисми 1 моддаи 134 Кодекси мазкур баргардонидани протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар маводи парванда макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) мазкур камбудихои нишондодашударо дар давоми то се шабонаруз ислох намуда, протокол ва дигар маводи парвандаро такроран ба судя, макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) баррасикунандаи парванда мефиристонанд ё мутобики талаботи Кодекси мазкур дигар карор кабул менамоянд.

Моддаи 86. Тафтишоти маъмури 

  1. Агар баъди ошкор кардани хукуквайронкунии маъмури дар сохаи конунгузории зиддиинхисори, бонки, асъори, андоз ва гумрук, конунгузори дар бораи монополияхои табии, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли, хифзи мухити зист, коидахои харакат дар рох, наклиёт, танзими  давлатии истехсол ва муомилоти спирти этили, машрубот, инчунин махсулоти тамоку, бехатари  аз сухтор, конунгузори дар бораи реклама, хукукхои муаллифи ва  хукукхои вобаста ба он, химояи хукуки истеъмолкунандагон, интихобот ва раъйпурси, ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият зарурати  анчом додани экспертиза ва дигар харакатхои мурофиави ба миён омада, вакти зиёдро талаб намоянд,  дар ин сурат тафтишоти маъмури гузаронида мешавад.
  2. Карор дар бораи огоз кардани  парвандаи хукуквайронкунии маъмури ва гузаронидани тафтишоти маъмури аз чониби шахси  мансабдоре,  ки  тибки талаботи  моддаи 80 Кодекси мазкур барои тартиб додани протокол дар бораи хукуквайронкунии маъмури ваколатдор мебошад, дар шакли карор, аз чониби прокурор низ, дар шакли карор фавран баъди ошкор гардидани хукуквайронкунии  маъмури кабул  карда мешавад.
  3. Тафтишоти  маъмури дар чойи содиршави ё ошкор   гардидани хукуквайронкунии маъмури гузаронида мешавад. Тафтишоти маъмури оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури, ки аз чониби шахси мансабдори ваколатдор оид ба тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури огоз карда шудааст, аз чониби худи у ва бо карори сардори макоме, ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди он карор дорад ё муовини у аз чониби шахси дигари мансабдори ваколатдор оид ба тартиб додани санади хукуквайронкунии маъмурии ин макомот гузаронида мешавад.
  4. Мухлати тафтишоти маъмури наметавонад аз як мох зиёд бошад. Дар холатхои истиснои дар асоси дархости шахси мансабдори ваколатдоре, ки дар баррасии у парвандаи хукуквайронкунии  маъмури карор дорад, ин мухлат мумкин аст аз чониби  шахси мансабдори болои ба мухлати на зиёдтар аз як мох, нисбати  парвандахо оид ба риоя накардани конунгузори дар бораи монополияхои табии, конунгузории зиддиинхисори ва коидахои гумрук бошад, аз чониби сардорони макомоти болои ба мухлати то се мох дароз карда шавад.
  5. Баъди ба охир расидани тафтишоти маъмури протоколи хукуквайронкунии маъмури тартиб дода мешавад ё дар бораи катъ кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури карор кабул карда мешавад.

Моддаи 87. Холатхое, ки протоколи хукуквайронкунии маъмури тартиб дода намешавад

  1. Хангоми  содир  кардани хукуквайронкунии маъмури,  ки чазои маъмури барои он дар намуди огохи пешбини шудааст, протоколи хукуквайронкунии маъмури тартиб дода намешавад ва огохии намунаи мукарраргардида ба расмият дароварда мешавад.
  2. Хангоми содир гардидани хукуквайронкунихои маъмури, ки дар моддахои 317 кисми 1, 324, 333 кисми 2, 338 кисми 1, 340 кисмхои 1 ва 2 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, протоколи хукуквайронкунии маъмури тартиб дода намешавад. Чазои маъмури дар бланкаи намунааш аз тарафи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мукарраргардида ба расмият дароварда мешавад ва дар сурати ситонидани чарима дар махалли содиршавии хукуквайронкунии маъмури, ба шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, пардохтномаи намунаи мукарраргардида дода мешавад. (ЌЉТ аз 25.12.15с., № 1263; (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  3. Хангоми тавассути воситахои махсуси техникии низоми худкори идоракуни дар сохаи наклиёт сабт шудани хукуквайронкунихои маъмурие, ки дар моддахои 310 кисми 3, 314, 317, 318, 324, 325 ва 326 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, протоколи хукуквайронкунии  маъмури  тартиб  дода  намешавад. Дар ин холат ба сохиби воситаи наклиёт расми сабти видеои холати хукуквайронкуни ва амрномаи намунааш аз тарафи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мукарраргардида бо зикри андозаи чаримаи маъмурии таъиншуда фиристонида мешаванд. (ЌЉТ аз 25.12.15с., № 1263)
  4. Агар шахси содирнамудаи хукуквайронкунии маъмури мавчудияти холати хукуквайронкунии маъмури ва чазои маъмурии бо тартиби пешбининамудаи кисмхои 1-3 хамин модда таъиншударо мавриди бахс карор дихад, протоколи хукуквайронкунии маъмури тартиб дода шуда, он бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур пешбурд ва барраси карда мешавад.
  5. Сохиби воситаи наклиёт аз чавобгарии маъмури барои хукуквайронкунии маъмурии дар кисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда, ки бо воситаи наклиёти ба у тааллукдошта содир шудааст, озод карда мешавад, агар хангоми санчиши мурочиат ё аризаи у шахси идоракунандаи воситаи наклиёт дар вакти сабти хукуквайронкуни муайян карда шавад ё муайян гардад, ки дар натичаи харакатхои гайриконунии шахсони дигар воситаи наклиёт аз ихтиёрдории у гирифта шудааст.

Моддаи 88. Катъ кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури то баррасии парванда 

Хангоми мавчуд будани яке аз холатхои дар моддаи 20 Кодекси мазкур пешбинишуда макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии  маъмури дар пешбурди  онхо карор дорад, бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 142 Кодекси мазкур дар бораи катъ кардани пешбурди парвандаи  хукуквайронкунии  маъмури  карор кабул мекунанд.

КИСМИ II. КИСМИ МАХСУС

 

ФАСЛИ III. СУД, МАКОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИ (ШАХСОНИ МАНСАБДОР), КИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИРО БАРРАСИ МЕНАМОЯНД

 

БОБИ 9. ТОБЕИЯТИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ  ВА ТАРТИБИ БАРРАСИИ ОНХО

Моддаи 89. Суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ваколатдоранд 

Парвандахои хукуквайронкунии маъмури аз чониби инхо барраси карда мешаванд:

– Суди Олии Чумхурии Точикистон – дар холатхои пешбининамудаи  конунгузории Чумхурии Точикистон ва Кодекси мазкур;

– Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе, судхои шахри ва нохияви – дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур;

– Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоятхо ва шахри Душанбе – дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур;
– судхои харби – дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур;

– макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) – дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур.

Моддаи 90. Тобеияти парвандахои хукуквайронкунии маъмури 

Суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро барраси менамоянд, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва Кодекси мазкур тахти тобеияти онхо карор доранд.

Моддаи 91. Ваколати шахсони мансабдор 

  1. Шахсони мансабдори ваколатдори макомоти ваколатдори давлати парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро дар доираи ваколатхои худ танхо хангоми ичрои вазифахои хизмати барраси карда метавонанд.
  2. Номгуй ва доираи ваколатхои шахсони мансабдоре, ки парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро барраси менамоянд, бо  Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
  3. Суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) хангоми баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури санадхои дахлдор кабул мекунанд.

Моддаи 92. Тобеияти парвандахои хукуквайронкунии маъмури дар мавриди бархам додан, аз нав ташкил кардан ё табдили номи макомоти ваколатдори давлатии баррасикунандаи парвандахои хукуквайронкунии маъмури

 

  1. Дар мавриди бархам додани макомоти ваколатдори давлатии дар боби 10 Кодекси мазкур пешбинишуда, то ба хамин боб ворид намудани тагйиру иловахои дахлдор парвандахои хукуквайронкунии маъмурии тобеи онхо аз чониби судя барраси карда мешаванд.
  2. Дар мавриди табдил додан, аз нав ташкил кардан ва ё тагйир ёфтани тобеияти макомоти ваколатдори давлатии дар боби 10 Кодекси мазкур пешбинишуда, то ба хамин боб ворид намудани тагйиру иловахои дахлдор парвандахои хукуквайронкунии маъмурии тобеи онхо аз чониби макомоте барраси карда мешаванд, ки вазифахои макомоти ваколатдори давлатии мазкур ба зиммаи онхо гузошта шудааст.
  3. Дар мавриди тагйир ёфтани номи макомоти ваколатдори давлатии дар боби 10 Кодекси мазкур пешбинишуда, то ба хамин боб ворид намудани тагйиру иловахои дахлдор шахсони мансабдори ин макомот ичрои ваколатхои худро вобаста ба баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури давом медиханд.

 

БОБИ 10. СУД, МАКОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИ (ШАХСОНИ МАНСАБДОР), КИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИРО БАРРАСИ МЕНАМОЯНД

Моддаи 93. Суд  

  1. Суд дар доираи салохияти худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 57-107, 126, 130 кисми 2, (КЧТаз 23.11.15 с., №1235), 131, 132, 150, 153, 154, 166 кисми 2, 171, 172 , 182, 189, 198 кисми 2, 205, 207, 208, 210-214, 288, 297, 309 кисми 1, 311 кисмхои 2 ва 3 (танхо нисбат ба шахсони хукуки), 312, 313, 316, 328 кисми 1, 329 кисмхои 1 ва 2, 332, 333 кисмхои 1 ва 3, (КЧТ аз 18.03.15с., №1180) 334,  336 кисми 2, 337, 339 кисми 2, 345, 352, 353, 358, 373 -376, 377 кисми 1, 437, 4371, 448, 460, 465, 467, 471, 4711, (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1135), 472, 474 кисми 2, 4741, 475 – 481, 485 кисми 3, 487, 490, 492, 497-500, 507 кисми 3, 508 кисми 2, 510-512, 514, 518, 5271–5274 (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1094), 528-534, 5341, 536, 538 кисми 2, 540, 541, 5541,(ЌЉТ аз 8.08.15с., № 1221) 560 кисми 2, 577, 578 кисмхои 1 ва 2, 579, 585 кисми 1, 592, 593 кисми 1, 594 кисми 1, 595 кисми 1, 596, 597, 628 кисми 2, 629, 637, 639, 642 кисми 2, 644, 649, 656, 657 ва 679 кисми 2 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд,  барраси менамояд.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  2. Парвандахои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо аз номи суд судяи Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе, судхои шахр ва нохияхо ба таври дастачамъи ва ё танхо барраси мекунанд.
  3. Суд ба гайр аз  парвандахои дар кисми 1 хамин модда пешбинишуда новобаста аз тобеият парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро, ки чазои маъмури дар намуди чарима ба андозаи аз сесад нишондиханда барои хисобхо зиёд аст (ба истиснои парвандахои хукуквайронкунии маъмури дар сохаи андоз ва конунгузории зиддиинхисори), махрум кардан аз ичозатномаи машгул шудан ба намуди муайяни фаъолият, махрум кардани шахсони вокеи аз хукуки махсус, бо подош гирифтани ашё ва ё мусодираи ашё, ки олоти содир кардани хукуквайронкунии маъмури ё объекти бевоситаи он мебошад, бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд, инчунин хабси маъмури пешбини шудааст, барраси менамояд. (ЌЉТ аз 8.08.15с., № 1221; (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоятхо ва шахри Душанбе парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро вобаста ба холатхои беэхтироми нисбати суд, ки аз чониби шахсони дар мурофиаи суди иштироккунанда содир шуда, он дар мурофиаи  суди ошкор шудааст, барраси менамоянд.
  5. Судхои харби парвандахои хукуквайронкунии маъмурии дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо, ки аз чониби хизматчиёни харби содир шудаанд, барраси менамоянд.

Моддаи 94. Макомоти назорат дар сохаи мехнат ва шугли ахоли

(ЌЉТ аз 8.08.15с., № 1222) 

  1. Макомоти назорат дар сохаи мехнат ва шугли ахоли дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 94 -104, 108, 109, 133-137 ва 139 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд. (ЌЉТ аз 8.08.15с., № 1222)
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорат дар сохаи мехнат ва шугли ахоли сардори Хадамоти назорат дар сохаи мехнат ва шугли ахоли ва рохбарони сохторхои он дар  Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, минтакахо, шахрхо ва нохияхо хукук доранд. (ЌЉТ аз 8.08.15с., № 1222)

Моддаи 95. Макомоти тандурусти 

  1. Макомоти тандурусти дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 110 –123  Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти тандурусти инхо хукук доранд:

– сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тибби, сардорони раёсатхои он  дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва намояндагии он дар минтакаи Кулоб оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 110, 119, 120, 122 ва 123 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

– сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевти, сардорони раёсатхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон,  вилоятхо ва намояндагии он дар минтакаи Кулоб оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 121 ва 122 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини  шудаанд;

– сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи, сардухтурони давлатии санитарии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахру нохияхо, сардухтурони санитарии муассисаи назорати санитарии давлатии шахру нохияхо оид ба хукуквайронкунии маъмурие,  ки дар моддахои 112-118 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

– директори Маркази чумхуриявии илмии хун, сардорони марказхои хуни Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва намояндагии он дар минтакаи Кулоб оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 111 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.

Моддаи 96. Макомоти назорати  истифода ва хифзи мухити зист 

  1. Макомоти назорати истифода ва хифзи мухити зист дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 125, 147, 177, 190, 191, 197, 203, 204, 206, 209, 215-228, 231-244, 250, 266 ва 269 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1419)
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати истифода ва хифзи мухити зист рохбарони сохторхои макомоти назорати истифода ва хифзи мухити зист дар шахру нохияхо ва муовинони онхо хукук доранд.

Моддаи 961. Макоми танзимкунандаи давлати дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1419) 

  1. Макоми танзимкунандаи давлати дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони дар доираи салохияти худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 124 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1419)
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макоми танзимкунандаи давлати дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони директори Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва директорони филиалхои он хукук доранд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1419)

Моддаи 97. Макомоти назорати маводи нашъаовар 

  1. Макомоти назорати маводи нашъаовар дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 127 ва 128 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати маводи нашъаовар директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, муовинони у ва рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо хукук доранд.

Моддаи 98. Макомоти корхои дохили 

  1. Макомоти корхои дохили дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 127 – 129, 130 кисми 1 (КЧТаз 23.11.15 с., №1235), 229, 230, 276, 277, 285-287, 289-295, 298, 299, 301-304, 307, 308, 309 кисми 2, 310, 314, 315, 317-321, 322 (дар кисми риоя накардани тартиби мукарраргардидаи кашонида бурдани воситахои наклиёти механики), 323-327, 328 кисми 2, 329 кисми 3, 330, 331, 333 кисми 2, 335, 336 кисмхои 1 ва 3, 338, 339 кисми 1, 340-344, 346, 461-464, 466, 468-470, 473, 482-484, 485 кисмхои 1 ва 2, 486, 488, 489, 491, 493-496, 513 (ба истиснои парвандахои хукуквайронкунии маъмури дар сохаи гумрук), 517, 539 ва 640 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, барраси менамоянд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти корхои дохили инхо хукук доранд:

– сардорони шуъбахо (зершуъбахо)-и худудии макомоти корхои дохили дар шахру нохияхо, дар наклиёт ва муовинони онхо оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 127 – 129, 130 кисми 1 (КЧТаз 23.11.15 с., №1235), 276, 277, 285, 286, 289 (дар наклиёти рохи охан, оби ва хавопаймо), 295, 298, 299,  301-304, 307, 308, 309 кисми 2, 461-464, 466, 468-470, 482-484, 485 кисмхои 1 ва 2, 486, 488, 489, 491, 513 (ба истиснои парвандахои хукуквайронкунии маъмури дар сохаи гумрук), 517, 539 ва 640 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

– сардори раёсат (шуъба, зершуъбаи хайати Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корхои дохили), шуъбахои Бозрасии  давлатии автомобилии раёсатхои Вазорати корхои дохили дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, минтака ва нохияи Рашт ва муовинони онхо, сардорони зершуъбахои хайати онхо, зершуъбахои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корхои дохили дар шахрхо ва нохияхо ва дар сурати набудани чунин зершуъбахо Бозраси  калони давлатии автомобили  оид  ба хукуквайронкунии маъмурие,  ки дар моддахои 229, 230, 289-294, 310, 314, 315, 317-321, 322 (дар кисми риоя накардани тартиби мукарраргардидаи кашонида бурдани воситахои наклиёти механики), 323-327, 328 кисми 2, 329 кисми 3, 330, 331, 333 кисми 2, 335, 336 кисмхои 1 ва 3, 338, 339 кисми 1, 340-344 ва 346 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)

– сардори сарраёсат ва муовинони у, сардорони шуъбахои назорати давлатии бехатари аз сухтор, сардорони раёсатхо ва шуъбахои Хадамоти давлатии оташнишони ва муовинони онхо дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхо оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 287 ва 473 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

– сардори Хадамоти шиносномавию бакайдгири ва муовинони у, сардорони хадамотхои шиносномавию бакайдгири дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва сардорони бахшхои шиносномавию бакайдгири дар шахру нохияхо оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 469, 470 ва 493-496 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

– нозирони рох оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 317 кисми 1, 324, 333 кисми 2, 338 кисми 1, 340 кисмхои 1 ва 2 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476).

Моддаи 99. Макомоти мухочирати мехнати

  1. Макомоти мухочирати мехнати дар доираи  ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 138 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти мухочирати мехнати сардори Хадамоти мухочирати Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон ва сардорони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхо хукук доранд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1337).

Моддаи 100. Макомоти заминсози ва геодези 

  1. Макомоти заминсози ва геодези дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 141-146, 148, 149, 151, 152, 155-164, 676-678, 679 кисми 1, 680-682 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти заминсози ва геодези инхо хукук доранд:

– сардори раёсати назорати давлатии замин, сардорони шуъбахои хамин раёсат, рохбарон ва муовинони рохбарони сохторхои макомоти давлатии заминсози ва геодези дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 141-146, 148, 149, 151, 152, 155-164 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

– сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии геодези, делимитатсия ва демаркатсияи сархад оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 676-678, 679 кисми 1, 680-682 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.

Моддаи 101. Макомоти назорати геологи 

  1. Макомоти назорати геологи дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 165, 166 кисмхои 1 ва 3, 167-170 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати геологи  сардори макомоти назорати геологи ва рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва вилоятхо хукук доранд.

Моддаи 102. Макомоти назорати бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкори 

  1. Макомоти назорати бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкори дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 165-170, 172, 387, 389, 390, 404-406 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкори рохбарони нозироти макомоти назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкори ва рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва вилоятхо хукук доранд.

Моддаи 103. Макомоти хифзи захирахои об 

  1. Макомоти танзими истифода ва хифзи захирахои об дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 173-176, 178 ва 179 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти хифзи захирахои об  рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо хукук доранд.

Моддаи 104. Макомоти назорати хочагии чангал ва шикор 

  1. Макомоти назорати хочагии чангал ва шикор дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 180, 181, 183-188, 192-196, 198 кисми 1, 199-202 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд,  барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати хочагии чангал ва шикор рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо хукук доранд. 

Моддаи 105. Макомоти фарханг 

  1. Макомоти фарханг дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 245-248, 378-381, 509, 520 ва 521 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти фарханг вазири фарханг, муовинони у ва рохбарони сохторхои макомоти фарханг дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо хукук доранд.

Моддаи 106. Макомоти назорати давлатии фитосанитари ва карантини растани 

  1. Макомоти назорати давлатии фитосанитари ва карантини растани дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар  моддахои 249, 251-256, 259-261, 265, 267, 268, 280-284 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати давлатии фитосанитари ва карантини растани сардори макомот (сарнозири давлатии фитосанитари ва карантини растании Чумхурии Точикистон) ва сарнозирони сохторхои макомоти назорати давлатии фитосанитари ва карантини растани дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо хукук доранд.

Моддаи 107. Макомоти назорати техники дар сохаи кишоварзи

  1. Макомоти назорати техники дар сохаи кишоварзи дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 257, 258, 262 ва 263 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати техники дар сохаи кишоварзи нозирони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо хукук доранд.

Моддаи 108. Макомоти зотпарвари 

  1. Макомоти зотпарвари дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 264 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудааст, барраси менамояд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти зотпарвари сардори Хадамоти зотпарварии Чумхурии Точикистон хукук дорад. 

Моддаи 109. Бозрасии назорати давлатии тухми

  1. Бозрасии назорати давлатии тухми дар  доираи ваколатхои худ парвандахои  хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 265,  2651 -2655 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, барраси менамояд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи Бозрасии назорати давлатии тухми сардори Бозраси (сарнозири давлатии назорати тухми дар Чумхурии Точикистон),  муовини сардори Бозраси (муовини сарнозири давлатии назорати тухми дар Чумхурии Точикистон) ва сарнозирони сохторхои Бозраси дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо хукук доранд.

Моддаи 110. Макомоти назорати байтори

  1. Макомоти назорати байтори дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 270-275, 278 ва 279 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати байтори  рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахру нохияхо, фурудгоххо, вокзалхо ва дидбонгоххои сархади  хукук доранд.

Моддаи 111. Макомоти назорат ва танзим дар сохаи наклиёт 

  1. Макомоти назорат ва танзим дар сохаи наклиёт дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 290-294, 296, 297, 300, 305, 306, 311 ( ба истиснои шахсони хукуки), 322 (ба истиснои кисми риоя накардани тартиби мукарраргардидаи кашонида бурдани воситахои наклиёти механики) ва 323 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорат ва танзим дар сохаи наклиёт рохбарони сохторхои он дар шахру нохияхо хукук доранд.

Моддаи 112. Макомоти назорати танзими алока ва иттилоотони

  1. Макомоти назорати танзими алока ва иттилоотони дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 347-351, 354-357, 359-369 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати танзими алока ва иттилоотони сардори Хадамоти алока ва иттилоотони, рохбарони сохторхои он дар шахру нохияхо ва муовинони онхо хукук доранд.

Моддаи 113. Макомоти телевизион ва радио 

  1. Макомоти телевизион ва радио дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 370-372 ва 642 кисми 1 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамояд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти телевизион ва радио сардори Бозрасии давлатии назорат дар сохаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон хукук дорад.

Моддаи 114. Макомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия  ва нозироти савдо

  1. Макомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 377 кисми 2, 624-627, 628 кисми 1, 630-636, 638, 641, 643, 645 ва 646 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Чумхурии Точикистон – сарнозири давлатии Чумхурии Точикистон оид ба назорати стандартхо, воситахои ченак ва коидахои савдо, муовинони у, рохбарони марказхои вилоятию минтакавии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Чумхурии Точикистон, сарнозирони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятию минтакави оид ба назорати стандартхо, воситахои ченак ва коидахои савдо, хукук доранд.

Моддаи 115. Макомоти назорати энергетики 

  1. Макомоти назорати энергетики дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 382-404  Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати энергетики сарнозир оид ба назорат дар сохаи энергетика ва муовинони у, нозири калон оид ба назорат дар сохаи энергетика ва рохбарони сохторхои макомоти назорати энергетики дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо хукук доранд.

Моддаи 116. Макомоти назорати шахрсози 

  1. Макомоти назорати шахрсози дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 407-436, 438-447 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон  пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати шахрсози сардорон ва нозирони Хадамоти назорати шахрсози, сардорони хадамотхои назорати шахрсози дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо ва нохияхо хукук доранд.

Моддаи 117. Макомоти хочагии манзилию коммунали 

  1. Макомоти хочагии манзилию коммунали дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 449-459 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд,  барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти хочагии манзилию коммунали рохбарони сохторхои он дар шахру нохияхо хукук доранд.

Моддаи 118. Макомоти ваколатдори давлати оид ба дин 

  1. Макомоти ваколатдори давлати оид ба дин дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 474 кисми 1, 4742, 4743 ва 4744 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти ваколатдори давлати оид ба дин инхо хукук доранд:

– раиси Кумитаи оид ба корхои дини назди Хукумати Чумхурии Точикистон, муовини якум ва муовинони у оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 474 кисми 1, 4742, 4743 ва 4744 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд;

– рохбарони сохторхо оид ба корхои дин дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхо оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 474 кисми 1, 4742 ва 4743 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд.

Моддаи 119. Макомоти хизмати давлати 

  1. Макомоти хизмати давлати дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 501 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти хизмати давлати директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Чумхурии Точикистон ва рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва минтакаи Кулоб хукук доранд (КЧТ аз 15.03.16 с., №1280).

Моддаи 120. Макомоти адлия 

  1. Макомоти адлия дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 502-503 ва 505 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти адлия вазири адлия, сардорони раёсати адлия ва муовинони онхо дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва вилоятхо хукук доранд.

Моддаи 121. Макомоти андоз 

  1. Макомоти андоз дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 504, 599-618, 620 ва 623 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти андоз рохбари макомоти марказии андоз ва муовинони у, рохбарони макомоти худудии андоз дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхо ва муовинони онхо, рохбарони нозироти андозсупорандагони калон, нозироти андозсупорандагони миёна ва муовинони онхо, рохбарони шуъбахо ва бахшхои бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхо, сардорони шуъбахои нозироти андозсупорандагони калон ва нозироти андозсупорандагони миёна дар вилоятхо, шахри Душанбе ва муовинони онхо хукук доранд. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1135) 

Моддаи 1211. Макомоти сугуртаи ичтимои ва нафака 

  1. Макомоти сугуртаи ичтимои ва нафака дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 140, 619, 621 ва 622 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъйини чазои маъмури аз номи макомоти сугуртаи ичтимои ва нафака директори Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва сардорони раёсатхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе хукук доранд.

(ЌЉТ аз 8.08.15с., № 1222) 

Моддаи 122. Макомоти  хифзи сирри давлати

  1. Макомоти хифзи сирри давлати дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 506, 507 кисмхои 1 ва 2, 508 кисми 1 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти хифзи сирри давлати сардори Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва вилоятхо хукук доранд.

Моддаи 123. Макомоти омор

  1. Макомоти омор дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 515 ва 516  Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти омор инхо хукук доранд:

– директори Агентии омори назди Президенти Чумхурии Точикистон, муовини якум ва муовинони у, сардорони сарраёсатхо ва муовинони онхо дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, сардорони раёсат, шуъба ва бахшхои шахрхо ва нохияхо оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 515 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

– директори Агентии омори назди Президенти Чумхурии Точикистон, муовини якум ва муовинони у, сардорони сарраёсатхо ва муовинони онхо дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 516 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.  (ЌЉТ аз 8.08.15с., № 1223)

Моддаи 124. Макомоти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасони 

  1. Макомоти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасони дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 519 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасони директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон, рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва минтакахо хукук доранд.

Моддаи 125. Макомоти таъминкунандаи хифзи хуччатхои Фонди бойгонии милли

  1. Макомоти таъминкунандаи хифзи хуччатхои Фонди бойгонии милли дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 522-525 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти таъминкунандаи хифзи хуччатхои Фонди бойгонии милли сардори Саридораи бойгонии милли ва рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва минтакахо хукук доранд.

Моддаи 126. Макомоти ваколатдори назорати истифодаи амволи давлати 

  1. Макомоти ваколатдори назорати истифодаи амволи давлати дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 526, 527, 650-655 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамояд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти ваколатдори назорати истифодаи амволи давлати сардори макомоти ваколатдори назорати истифодаи амволи давлати хукук дорад.

Моддаи 127. Макомоти назорати ташкилотхои карзи 

  1. Макомоти назорати ташкилотхои карзи дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 535, 537 ва 538 кисми 1 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамояд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати ташкилотхои карзи  раиси Бонки миллии Точикистон ва муовинони у хукук доранд.

Моддаи 128. Макомоти зиддиинхисори  

  1. Макомоти зиддиинхисори дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 542 – 554, 555 – 558 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд. (ЌЉТ аз 8.08.15с., № 1221)
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти зиддиинхисори сардори Хадамоти зиддиинхисории назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва муовинони у,  рохбарони сохторхои он  ва муовинони онхо дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе хукук доранд. (ЌЉТ аз 8.08.15с., № 1221)

Моддаи 129. Макомоти молия 

  1. Макомоти молия дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 559, 560 кисмхои 1, 3 ва 4, 561-569, 647 ва 648 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти молия инхо хукук доранд:

– директори Агентии рушди бозори когазхои киматнок ва бакайдгирии махсусгардонидашуда ва рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 559, 560 кисмхои 1, 3 ва 4, 561-569 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

– рохбари макоми ваколатдори ичозатномадихи вобаста ба фаъолияти аудитори ва рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва вилоятхо доир ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 647 ва 648 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.

Моддаи 130. Макомоти гумрук 

  1. Макомоти гумрук дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 570-576, 578 кисмхои 3 ва 4, 580-584, 585 кисми 2, 586-591, 593 кисми 2, 594 кисми 2, 595 кисми 2 ва 598 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти гумрук рохбари макоми ваколатдор оид ба  масъалахои фаъолияти гумруки ва муовинони у,  сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди хукуквайронкунихои гумруки, сардори Раёсати минтакавии гумруки, гумрук, дидбонгохи гумруки ва муовинони онхо хукук доранд.

Моддаи 131. Макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия 

  1. Макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 658-675 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия директори Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, муовинони у, рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва минтакахо хукук доранд.

Моддаи 132. Комиссариатхои харби 

  1. Комиссариатхои харби дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 683-691 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи комиссариатхои харби комиссарони харбии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо хукук доранд.

БОБИ 11. БАРРАСИИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ

Моддаи 133. Тайёри барои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди онхо карор дорад, хангоми тайёри барои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури масъалахои зеринро муайян менамоянд:

– баррасии хамин парванда тахти салохияти у карор дорад ё не;

– холатхое, ки имконияти баррасии парвандаи мазкурро аз чониби ин судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) истисно менамоянд, вучуд доранд ё не;

– протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар протоколхо дуруст тартиб дода шудаанд ё не, инчунин маводи тибки Кодекси мазкур пешбинигардидаи парванда дуруст ба расмият дароварда шудааст ё не;

– барои мохиятан барраси кардани парванда маводи  чамъовардашуда кифоя аст ё не, инчунин маводи зарурии иловаги барои парванда талаб карда гирифта шудааст ё не;

– холатхое, ки пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро истисно мекунанд, чой доранд ё не;

– аз чониби шахсони иштирокчии пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури ягон дархост ё раддия ворид шудааст ё не.

Моддаи 134. Таъинот ва кароре, ки хангоми тайёри барои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури кабул карда мешавад 

  1. Хангоми тайёри барои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури масъалахои зерин хал гардида, доир ба онхо таъинот ё карор кабул карда мешавад:

– дар бораи таъин кардани вакт ва махали баррасии парванда;

– дар бораи даъвати шахсони дар моддахои 26-34 ва 36 Кодекси мазкур пешбинигардида;

– дар бораи талаб карда гирифтани маводи зарурии иловаги барои парванда;

– дар бораи таъини экспертиза;

– дар бораи мавкуф гузоштани баррасии парванда;

– дар бораи боздоштани баррасии парванда;

– дар бораи ба макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки протоколро тартиб додаанд, баргардонидани протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар маводи парванда бинобар аз тарафи шахсони ба он ваколатдорнабуда тартиб додани протокол ва ба расмият даровардани дигар маводи парванда ё нодуруст тартиб додани протокол ва нодуруст ба расмият даровардани маводи дигари парванда ва ё нопуррагии маводи пешниходшуда, ки наметавонад зимни баррасии парванда пурра карда шавад;

– дар бораи аз руйи тобеият барои барраси супоридани протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар маводи парванда, агар судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар маводи парванда барои барраси  ба онхо ворид шудаанд, салохияти баррасии парвандаро надошта бошанд ё хангоме, ки дар бораи радкунии судя, хайати макоми коллегиали ё шахси мансабдор таъинот бароварда шуда бошад.

  1. Хангоми мавчуд будани холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур дар бораи катъ кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури карор кабул карда мешавад.
  2. Хангоми мавкуф гузоштани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури бинобар бе сабабхои узрнок ба мурофиа хозир нашудани шахсони дар Кодекси мазкур пешбинигардида судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки ин парвандаро барраси менамоянд, дар бораи мачбуран овардани ин шахсон таъинот ё карор мебароранд, агар ба мурофиа хозир нашудани онхо барои хаматарафа, пурра, вокеъбинона ва саривакт муайян кардани холатхои парванда ва мутобики конун хал гардидани он мамониат намояд.
  3. Хангоми бемор шудан ва ё дар сафар будани шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури барраси мегардад, дигар иштирокчиёни пешбурди парванда, инчунин ба миён омадани дигар холатхое, ки баррасии парвандаро бе иштироки онхо ва дар мухлати муайяншуда истисно мекунад, баррасии парвандаи маъмури то бартараф шудани холатхое, ки барои боздоштани он асос мегарданд, боздошта мешавад. Дар ин бора судя таъинот ва макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) карор кабул мекунанд.

Моддаи 135. Махали баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар махали содиршавии хукуквайронкунии маъмури барраси карда мешавад, ба истиснои холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур. Бо дархости шахсе, ки нисбати у  парвандаи хукуквайронкунии маъмури барраси карда мешавад, инчунин дар мавридхои дигар, мумкин аст, парванда дар махали истикомати ин шахс барраси гардад.
  2. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури, ки боиси махрум кардан аз хукуки идораи воситаи наклиёт мегардад, метавонад дар махали бакайдгирии воситаи наклиёт барраси карда шавад.
  3. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбати хизматчии харби дар суди харбии гарнизоне, ки дар худуди фаъолияти он хукуквайронкуни содир шудааст, барраси карда мешавад.

Моддаи 136. Мухлатхои баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар мухлати бист шабонаруз аз лахзаи протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар маводи парвандаро гирифтани судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки барои баррасии парванда ваколатдор мебошанд, барраси карда мешавад.
  2. Дар сурати ворид шудани дархост аз чониби иштирокчиёни пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури ё хангоми зарурати ба таври иловаги муайян кардани холатхои ин парванда аз чониби судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаро барраси менамоянд, мухлати баррасии парванда метавонад на бештар аз як мох дароз карда шавад. Дар бораи дароз кардани мухлат судя, макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) баррасикунандаи парванда таъинот ё карори асоснок мебароранд.
  3. Парвандахои хукуквайронкунии маъмури оид ба конунгузори дар бораи интихобот ва раъйпурси дар мухлати  панч шабонаруз аз лахзаи протоколи хукуквайронкунии маъмури ва дигар маводи парвандаро гирифтани судя барраси карда мешаванд. Ин мухлат  дароз карда намешавад.
  4. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури, ки содир кардани он боиси татбики чазои хабси маъмури ё бо рохи маъмури берун кардан аз худуди Чумхурии Точикистон мегардад, дар рузи гирифтани протоколи хукуквайронкунии маъмури барраси карда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  5. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури, ки барои содир кардани он чазои маъмури метавонад дар намуди боздошти маъмурии фаъолият таъин карда шавад, бояд аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) дар мухлати на дертар аз панч шабонаруз аз лахзаи катъи вокеии фаъолияти ташкилот, филиалхо, намояндагихо, вохидхои сохтории шахси хукуки, китъахои истехсоли ва истифодаи агрегатхо, объектхо, биною иншоот, намудхои алохидаи фаъолият (кор ва хизматрасони) барраси карда шавад. Мухлати муваккатан манъ кардани фаъолият ба мухлати боздошти маъмурии фаъолият дохил карда мешавад.

Моддаи 137. Тартиби баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури ва мавкуф гузоштани онхо 

  1. Хангоми баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури:

– эълон карда мешавад, ки парвандаро ки барраси менамояд, кадом парванда барраси мегардад, ки ва барои содир кардани кадом хукуквайронкунии маъмури ба чавобгарии маъмури кашида мешавад;

– мукаррар карда мешавад, ки оё шахси вокеи ё намояндаи конунии у ё намояндаи шахси хукукие, ки нисбати онхо парвандаи хукуквайронкунии маъмури барраси карда мешавад, инчунин дигар иштирокчиёни баррасии парванда ба мурофиа хозир шудаанд ё не;

– санчида мешавад, ки оё намояндаи конунии шахси вокеи ё намояндаи шахси хукуки, химоятгар ва намоянда барои иштирок дар баррасии ин парванда ваколат доранд ё не;

– муайян карда мешавад, ки оё иштирокчиёни баррасии парванда бо тартиби мукарраргардида дар бораи вакт ва махалли баргузории мухокима огох карда шудаанд ё не, инчунин сабабхои хозир нашудани иштирокчиёни баррасии парванда муайян карда, аз руйи он дар бораи баррасии парванда дар гоибии ин шахсон  ё мавкуф гузоштани баррасии парванда карор кабул карда мешавад;

– ба шахсони иштирокчии баррасии парванда хукуку ухдадорихои онхо фахмонида мешавад;

– дархост ва раддияхои изхоршуда барраси карда мешаванд.

  1. Таъинот дар бораи мавкуф гузоштани баррасии парванда дар холатхои зерин бароварда мешавад:

– хангоми ворид шудани аризаи худрадкуни ё радкунии судя, узви макоми коллегиали ё шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи парванда;

– радкунии мутахассис, коршинос ё тарчумон, агар радкунии зикршуда барои мохиятан барраси кардани парванда мамониат намояд;

– хангоми зарурати хозиршавии шахсони иштирокчии баррасии парванда ё талаб кардани маводи иловаги барои баррасии парванда ё таъини экспертиза;

– мачбуран овардани шахсе, ки иштироки у зимни баррасии парванда мутобики кисми 3 моддаи 134 Кодекси мазкур хатми дониста шудааст;

– дар дигар махал барраси кардани  парванда мутобики моддаи 135 Кодекси мазкур.

  1. Дар сурати идома ёфтани баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури тартиби тадкики далелхо муайян карда мешавад, протоколи хукуквайронкунии маъмури ва хангоми зарурат дигар маводи парванда низ эълон карда мешаванд. Баёноти шахси вокеи ё намояндаи шахси хукукие, ки нисбати онхо парвандаи хукуквайронкунии маъмури барраси карда мешавад ва шахсони дигари иштирокчии баррасии парванда, шархи мутахассис ва хулосаи коршинос шунида мешаванд, далелхои дигар тадкик гардида, хангоми иштироки прокурор дар баррасии парванда хулосаи у шунида мешавад.
  2. Хангоми зарурат мутобики Кодекси мазкур амалхои дигари мурофиави низ анчом дода мешаванд.

Моддаи 138. Протоколи баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури

  1. Оид ба баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури хатман протокол тартиб дода мешавад.
  2. Дар протоколи баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури нишон дода мешаванд:

– вакт ва махали баррасии парванда;

– вазифа, насаб, ном ва номи падари судя ва котиби мачлиси суд ё шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи парванда;

– ходисаи хукуквайронкунии маъмурии баррасишаванда;

– маълумот дар бораи ба мурофиа хозир шудани шахсони иштирокчии баррасии парванда ва дар бораи огох кардани шахсони гоиб бо тартиби мукарраргардида;

– радкунихо, дархостхо ва натичаи баррасии онхо;

– баёнот, гувохи, шарх ва хулосаи шахсони дахлдори иштирокчии баррасии парванда;

– хуччатхое, ки зимни баррасии парванда тадкик карда шудаанд.

  1. Ба протоколи баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури раисикунанда ва котиби мачлиси суд, шахси мансабдори макомоти ваколатдори давлати имзо мегузоранд.

Моддаи 139. Тартибот дар мачлиси суди 

  1. Мухокимаи суди дар шароите, ки барои кори муътадили суд ва амнияти иштирокчиёни мурофиа мусоид аст, гузаронида мешавад.
  2. Хангоми ба толори мачлиси суд ворид шудани суд, судя бо хитоби котиби мачлиси суд “Суд меояд, хохишмандам аз чой бархезед!” хамаи хозирин аз чой бармехезанд.
  3. Дар рафти мурофиа иштирокчиёни мухокимаи суди аз чой бармехезанд ва хар гох ба суд бо ибораи “Мухтарам суд” мурочиат мекунанд, нишондод медиханд ва арзи изхорот мекунанд. Сарфи назар кардани коидахои мазкур танхо бо ичозати раисикунанда мумкин аст.
  4. Хамаи иштирокчиёни мухокимаи суди, хамчунин хамаи шахрвандони дар толори мачлиси суд хозирбуда бояд амри раисикунандаро дар бобати риояи тартибот дар мачлиси суд ичро намоянд.
  5. Дар сурати итоат накардани иштирокчиёни парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба амри судя ё риоя накардани тартибот хангоми мачлиси суди, хамчунин барои аз тарафи шахс содир кардани кирдоре, ки аз беэътиноии ошкоро ба суд ё коидахои дар суд мукарраршуда шаходат медихад, аз чониби суд, судя ё шахси мансабдори ваколатдори макомоти корхои дохили тибки талаботи Кодекси мазкур протоколи хукуквайронкунии маъмури ва маводи зарури тартиб дода, ба раиси суди дахлдор пешниход карда мешавад.
  6. Раиси суд протоколи хукуквайронкунии маъмури ва маводи заруриро барои бегаразона ва мохиятан барраси кардан ба дигар судя месупорад. Судя протоколи хукуквайронкунии маъмури ва маводи заруриро омухта, дар сурати мавчуд будани асосхои кофи нисбати шахси хукуквайронкунии маъмуриро содирнамуда парвандаи хукуквайронкунии маъмури огоз карда, онро мувофики талаботи Кодекси мазкур барраси менамояд.

Моддаи 140. Карор ва таъинот оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури

  1. Аз руи натичаи баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури, мумкин аст, чунин карорхо кабул карда шаванд:

– дар бораи таъин кардани чазои маъмури;

– дар бораи катъ кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури.

  1. Карор дар бораи катъ кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар холатхои зерин кабул карда мешавад:

– мавчуд будани яке аз холатхои истиснокунандаи пешбурди парванда, ки дар Кодекси мазкур пешбини шудааст;

– дар асоси талаботи Кодекси мазкур эълон кардани огохии шифохи;

– катъ кардани пешбурди парванда ва супоридани маводи парванда ба прокурор, агар ин кирдор (харакат ё бехаракати) дорои нишонахои таркиби чиноят бошад.

  1. Аз руи натичаи баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури чунин таъинот бароварда мешавад:

– дар бораи супоридани парванда ба макоми ваколатдори давлати ё шахси мансабдоре, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои таъин кардани намуд ё андозаи дигари чазои маъмури ё татбики дигар чорахои таъсиррасони ваколатдор мебошад;

– дар бораи супоридани парванда аз руи тобеият, агар муайян гардад, ки парвандаи мазкур ба салохияти хамин судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) тааллук надорад.

  1. Ба карор ё таъинот оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури судя, шахси мансабдори макомоти ваколатдори давлати, ки таъинот ё карорро кабул кардааст, имзо мегузоранд.

Моддаи 141. Маълумотхое, ки дар карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури нишон дода мешаванд 

  1. Дар карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури бояд маълумотхои зерин  нишон дода шаванд:

– вазифа, насаб, ном ва номи падари судя ё шахси мансабдори ваколатдоре, ки карор кабул кардааст;

– вакт ва махалли баррасии парванда;

– маълумот дар бораи шахсе, ки нисбати у парванда барраси гардидааст;

– холатхое, ки зимни баррасии парванда мукаррар карда шудаанд;

– моддаи Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон, ки чавобгарии маъмуриро барои содир кардани хукуквайронкунии маъмури ё асосхои катъ кардани пешбурди парвандаро пешбини менамояд;

– асосноккунии карор вобаста ба парванда;

– мухлат ва тартиби шикоят кардан ва эътироз овардан ба карор.

  1. Хангоми таъин кардани чаримаи маъмури дар карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба гайр аз маълумоти дар кисми 1 хамин модда зикргардида бояд андозаи чарима ва дар бораи кабулкунандаи чарима маълумот оварда шавад, ки он мутобики коидахои тартиб додани хуччатхои пардохт барои интиколи маблаги чаримаи маъмури зарур мебошад.
  2. Агар хангоми халли масъалаи аз тарафи судя таъин кардани чазои маъмури барои хукуквайронкунии маъмури хамзамон масъалаи чуброни зарари молумулки хал карда шавад, он гох дар карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури андозаи зарари чуброншаванда, мухлат ва тартиби пардохти он  зикр мегардад.
  3. Хангоми аз чониби макомоти ваколатдор таъин кардани чазои маъмури дар намуди боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият масъалахои марбут ба чорахои зарурии таъмини ичрои ин чазои маъмури низ хал карда мешаванд, ки онхо аз манъ кардани фаъолияти шахрвандоне, ки фаъолияти сохибкориро бе таъсиси шахси хукуки амали менамоянд, шахсони хукуки, филиалхо, намояндагихо, вохидхои сохтории шахсони хукуки, китъахои истехсоли ва истифодаи агрегатхо, объектхо, биною иншоот, намудхои алохидаи фаъолият (кор ва хизматрасони) иборат мебошанд.
  4. Дар карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури бояд масъалаи молу мулк ва хуччатхои гирифташуда ва молу мулки ба хабс гирифташуда хал карда шавад, ба шарте ки нисбати онхо чазои маъмури дар намуди мусодира ё бо подош гирифтан татбик нашуда бошад ва ё набояд татбик шавад. Хамзамон бояд:

– молу мулк ва хуччатхое, ки аз муомилоти граждани гирифта нашудаанд, ба сохиби конуниашон баргардонида шаванд ва агар сохибашон мукаррар карда нашуда бошанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба моликияти давлат гузаронида шаванд;

– молу мулки аз муомилоти граждани гирифташуда ба ташкилотхои дахлдор супорида  ё нобуд карда шаванд;

– хуччатхое, ки далели шайъи мебошанд, дар тамоми мухлати нигохдории парванда нигох дошта шаванд ё мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба шахсони манфиатдор супорида шаванд.

  1. Дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар протоколи хукуквайронкунии маъмури дар бораи чораи чазои маъмури кайди дахлдор сабт карда мешавад.
  2. Карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури, агар нисбати он шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад, баъди ба охир расидани мухлати овардани шикоят ё эътироз аз болои он, эътибори конуни пайдо мекунад. Дар сурати овардани эътироз, шикоят ё пешниход нисбати карор баъди аз чониби макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои, суди болои барраси гаштани парванда ин карор эътибори конуни пайдо мекунад.

Моддаи 142. Эълон кардани карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури ва супоридани нусхаи он 

  1. Карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури баъди ба охир расидани баррасии парванда фавран эълон карда мешавад.
  2. Нусхаи карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба шахси вокеи ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати онхо кабул шудааст, ба прокурор агар дар баррасии парванда иштирок дошта бошад, инчунин ба чабрдида бо хохиши у бо гирифтани имзо супорида ё ба ин шахсон дар мухлати се шабонарузи баъди кабули карор равон карда мешавад.
  3. Оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбати шахсе, ки ба у силохи оташфишон ва лавозимоти чанги (тирхо) тибки адои вазифаи хизмати вобаста карда ё барои истифодаи муваккати супорида шудааст, нусхаи карор дар бораи таъин кардани чазои маъмури ба ташкилоти дахлдор фиристода мешавад.

Моддаи 143. Маълумотхое, ки дар таъинот оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури нишон дода мешаванд 

  1. Дар таъинот оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури маълумотхои зерин  нишон дода мешаванд:

– вазифа, насаб, ном ва  номи падари судяе, ки таъинотро баровардааст;

– сана ва махалли баррасии ариза, дархост ва маводи парванда;

– маълумот дар бораи шахсе, ки ба ин парванда аризаю дархост намудааст ё нисбати у маводи парванда барраси гардидааст;

– мазмуни аризаю дархост;

– холатхое, ки зимни баррасии ариза, дархост ва маводи парванда мукаррар карда шудаанд;

– кароре, ки аз руи натичаи баррасии ариза, дархост ва маводи парванда кабул гардидааст.

  1. Дар таъинот оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури судяе, ки таъинотро баровардааст, имзо мекунад.

Моддаи 144. Ба маълумоти ахли чомеа расонидани карори таъини чазои маъмури 

Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро барраси менамоянд, хангоми зарурат метавонанд нусхаи карори таъин кардани чазои маъмуриро барои маълумот ба чойи кор, тахсил ё истикомати шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудааст, фиристонанд ё аз натичаи баррасии ин парвандахо аз тарики воситахои ахбори омма ба ахли чомеа иттилоъ диханд.

Моддаи 145. Пешниход дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитхое, ки ба содир шудани хукуквайронкунии маъмури мусоидат намудаанд 

  1. Судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро барраси кардаанд, хангоми мукаррар кардани сабаб ва шароитхое, ки ба содир шудани хукуквайронкунии маъмури мусоидат намудаанд, ба ташкилотхои дахлдор ва шахсони мансабдори ваколатдор барои бартараф кардани сабаб ва шароитхои ба содиршавии хукуквайронкунии маъмури мусоидаткунанда пешниход ирсол менамоянд.
  2. Ташкилотхо ва шахсони мансабдори ваколатдор ухдадоранд, ки пешниходро барраси намуда, дар бораи бартараф кардани сабабу шароитхои ба содиршавии хукуквайронкунии маъмури мусоидаткунанда дар мухлати як мохи баъди гирифтани пешниход доир ба чорахои андешидашуда ба судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) чавоб ирсол намоянд.
  3. Агар хангоми баррасии судии парвандаи хукуквайронкунии маъмури мукаррар карда шавад, ки зимни барасмиятдарори, тафтишоти маъмури ва баррасии он мукаррароти хамин Кодекс ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон риоя нашудаанд, судя хукук дорад нисбат ба онхое, ки ба камбуди рох додаанд, таъиноти хусуси ирсол намояд.

Моддаи 146. Якчоя кардани парвандахои хукуквайронкунии маъмури 

  1. Бо карори судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) мумкин аст, парвандахо оид ба содир кардани як ё якчанд хукуквайронкунии маъмури, парвандахо нисбати як шахс дар содир кардани якчанд хукуквайронкунии маъмурие, ки аз чониби як макомот пеш бурда ё барраси мегарданд, якчоя карда шаванд.
  2. Мухлати пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмурие, ки дар он якчанд парвандахои хукуквайронкунии маъмури якчоя карда шудаанд, аз рузи огози парвандае ба хисоб гирифта мешавад, ки аввал огоз шудааст. Ба мухлати умумии  парвандахои якчоякардашуда тамоми вакти вокеии таквимие, ки ба пешбурди он сарф шудааст, дохил карда мешавад.

Моддаи 147. Чудо кардани парвандахои хукуквайронкунии маъмури ё мавод 

  1. Судя ва макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) дар чараёни пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури хукук доранд дар холатхои зарури кисми онро нисбат ба шахсони зерин, ки  хукуквайронкунии маъмури содир кардаанд, ба пешбурди алохида чудо кунанд:

– шахсе, ки махалли зисташ номаълум аст;

– шахсе, ки ба бемории вазнин гирифтор аст;

– ноболиг, ки дар як парвандаи хукуквайронкунии маъмури якчоя бо шахси болиг ба чавобгарии маъмури кашида мешавад.

  1. Чудо кардани парванда ба шарте мумкин аст, ки он ба баррасии хамачониба ва холисонаи парвандаи тахти пешбурд карордошта таъсир нарасонад. Аз парвандаи хукуквайронкунии маъмури маводе, ки барои огоз кардан ва тафтиши парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар бораи хукуквайронкунии ошкоршуда зарур мебошад, мумкин аст чудо карда шавад.
  2. Чудо кардани парванда ё мавод бо карори суд ё макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) анчом дода мешавад. Ба парвандаи чудокардашуда бояд маводи зарури дар шакли асл ё нусхаи он замима гардад. 

ФАСЛИ IV. АЗ НАВ БАРРАСИ КАРДАНИ КАРОРХО

БОБИ 12. АЗ НАВ БАРРАСИ КАРДАНИ  КАРОРХОИ СУД, МАКОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИ (ШАХСОНИ МАНСАБДОР) ОИД БА ПАРВАНДАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ

Моддаи 148. Хукуки шикоят кардан ва эътироз овардан ба карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури

 

  1. Аз чониби шахсони дар моддахои 26-30 ва 36 Кодекси мазкур пешбинишуда оид ба карорхои парвандахои хукуквайронкунии маъмури, ки эътибори конуни пайдо накардаанд, ба таври зерин шикоят кардан ё эътироз овардан мумкин аст:

– карорхои аз тарафи судя кабулгардида – ба суди болои;

– карорхои аз тарафи макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) кабулгардида – ба макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои ё ба суди нохия (шахр);

  1. Агар шикоят оид ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури хам ба суд ва хам ба макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои оварда шуда бошад, онро суд барраси менамояд.
  2. Шикоят аз хусуси карор ё таъинот дар бораи рад кардани огози парвандаи хукуквайронкунии маъмури мутобики коидахои мукаррарнамудаи боби мазкур пешниход карда мешавад.

Моддаи 149. Тартиби  шикоят кардан ва эътироз овардан ба карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Шикоят ва эътироз ба карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки оид ба ин парванда карор кабул кардаанд, супорида мешавад ва онхо вазифадоранд дар мухлати се шабонарузи баъди ворид шудани шикоят ё эътироз онро бо тамоми маводи парванда ба суди болои, макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои фиристонанд.
  2. Шикоят ва эътирози овардашуда оид ба карори судя дар бораи таъин кардани чазои маъмури дар намуди чазои хабси маъмури ва бо рохи маъмури берун кардан аз худуди Чумхурии Точикистон бояд дар рузи гирифтани он ба суди болои фиристода шавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  3. Шикоят ва эътирозро барои барраси бевосита ба суди болои, макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои пешниход кардан мумкин аст. Дар ин маврид макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки ба онхо шикоят ва эътироз ворид шудааст, вазифадоранд дар мухлати се шабонаруз парванда оид ба хукуквайронкунии маъмуриро аз макоми онро баррасикарда талаб карда гиранд. Дар сурати бевосита ба суди болои шикоят кардан ва эътироз овардан оид ба карори судя дар бораи таъин кардани чазои маъмури дар намуди бо рохи маъмури  берун кардан аз худуди Чумхурии Точикистон, суди болои дар рузи гирифтани шикоят ва эътирози мазкур парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро аз суде, ки онро барраси кардааст, талаб карда мегирад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Агар баррасии шикоят ва эътироз оид ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури тахти салохияти суди болои, судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) карор надошта бошад, дар ин холат шикоят ва эътироз дар мухлати се шабонаруз барои барраси аз руи тобеият фиристода мешавад.
  5. Барои шикоят ва эътироз аз болои карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури бочи давлати пардохта намешавад.
  6. Карорхои судя, макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои, суди болои, ки аз руи шикоят ва эътироз кабул гардидаанд, аз лахзаи эълон кардани карор эътибори конуни пайдо намуда, дар мухлати се шабонаруз барои ичро фиристода мешаванд. Ин карорхоро танхо ба тарики назорати аз нав барраси кардан мумкин аст.

Моддаи 150. Мухлати шикоят кардан ва эътироз овардан  ба карор  оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Ба карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар мухлати дах шабонаруз шахсони дар моддахои 26-30 ва 36 Кодекси мазкур пешбинишуда метавонанд аз лахзаи супорида шудани  нусхаи карор ё гирифтани он шикоят ва эътироз  намоянд.
  2. Ба карорхо оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии вобаста ба риоя накардани конунгузори дар бораи интихобот ва раъйпурси дар мухлати панч шабонарузи баъди супоридан ё гирифтани нусхаи карор шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.
  3. Ба карор дар бораи бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд дар мухлати як шабонаруз аз лахзаи эълон кардани он шикоят ва эътироз овардан мумкин аст. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Шикоят ва эътирозхое, ки бо гузаронидани мухлат арз шудаанд, мавриди барраси карор дода намешаванд.

Моддаи 151. Тартиби баркарор кардани мухлати шикоят кардан ва эътироз овардан

  1. Дар сурати бо сабаби узрнок гузаронидани мухлати шикоят кардан ва эътироз овардан бо дархости шахсе, ки нисбати у карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури кабул шудааст, ин мухлат мумкин аст  аз чониби судя ё макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро барраси кардаанд, баркарор карда шавад. Хангоми баррасии дархост дар бораи баркарор кардани мухлати шикоят кардан ва эътироз овардан, судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) хукук доранд, шахсеро, ки дархостро пешниход кардааст, барои додани баёнот ё хулоса даъват кунанд. Дархост дар бораи баркарор кардани мухлати шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст дар мухлати то як мох аз рузи эълон кардани карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури пешниход карда шавад.
  2. Дар бораи баркарор ё рад кардани дархост оид ба баркарор кардани мухлати шикоят кардан таъинот ё карор бароварда мешавад.
  3. Аз болои таъинот ё карор дар хусуси рад кардани баркарор кардани мухлати гузаронидашуда, ба суди болои шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст.

Моддаи 152. Огох кардани тарафхо аз шикоят ва эътирози пешниходшуда 

  1. Дар хусуси шикоят ва эътирози воридшуда судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки карор баровардаанд, шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда, химоятгар, чабрдида ё намояндаи у, инчунин намояндагони конунии онхоро, агар эътироз ё шикоят ба манфиати онхо дахолат кунад, огох намуда, мефахмонанд, ки онхо хукук доранд, бо шикоят ё эътироз шинос шаванд ва ба таври хатти эродхои худро ба шикоят ё эътироз пешниход кунанд.
  2. Бо хохиши онхо суд нусхаи эътироз ё шикоятро  ба онхо месупорад.
  3. Эродхое, ки нисбат ба эътироз ё шикоят расидаанд‚ ба парванда хамрох карда мешаванд.

Моддаи 153. Тайёри барои баррасии шикоят ва эътироз оид ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Хангоми тайёри барои баррасии шикоят ва эътироз оид ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури  судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор):

– муайян менамоянд, ки оё холатхои истиснокунандаи имконияти аз чониби ин судя ё шахси мансабдори ваколатдор барраси гардидани парванда, инчунин холатхои истиснокунандаи пешбурди парванда вучуд доранд ё не;

– дархостхоро барраси мекунанд, хангоми зарурат экспертиза таъин менамоянд, маводи иловагиро талаб карда мегиранд, шахсонеро, ки иштироки онхо дар баррасии шикоят хатми мебошад, даъват менамоянд;

– агар барраси тахти салохияти онхо карор надошта бошад, шикоятро бо тамоми маводи парванда аз руи тобеият ирсол менамоянд.

Моддаи 154. Окибатхои шикоят кардан ва эътироз овардан 

  1. Шикоят кардан ва эътироз овардан ичрои карорро ба истиснои ичрои карор оид ба таъин кардани чазо дар намуди хабси маъмури бозмедорад.
  2. Пас аз гузаштани мухлати барои шикоят кардан ё эътироз овардан муайянгардида судяе, ки карорро баровардааст, парвандаро бо шикоят, эътироз ва эродхои нисбат ба он расида ба суди мархилаи кассатсиони мефиристад ва дар ин бора  шахсонеро, ки  шикоят ё эътироз овардаанд, огох мекунад.
  3. Шахсе, ки аз руи карор шикоят кардааст ва эътироз овардааст, хукук дорад онро то огози мачлиси суди мархилаи кассатсиони бозхонад.
  4. Шахсе, ки аз руи карор шикоят кардааст ва эътироз овардааст, хукук дорад онро тагйир дихад ё шикоят ё эътирози худро бо далелхои нав пурра кунад. Зимнан дар эътирози иловагии прокурор ё дар шикояти шахс дар бораи тагйир додани шикоят, хамчунин дар шикояти иловагии чабрдида ё намояндагони онхо, ки пас аз гузаштани мухлати овардани шикоят ё эътироз ба карор пешниход шудааст‚ дар бораи бад кардани вазъи шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудааст, агар чунин талаб дар шикоят ё эътирози пештар овардашуда чой надошта бошад, масъала гузоштан мумкин нест.

Моддаи 155. Мухлатхои баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Шикоят ва эътироз вобаста ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури бояд дар мухлати дах шабонарузи баъди ворид шудани шикоят ва эътироз бо тамоми маводи парванда аз тарафи коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмури, судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) барраси карда шаванд.
  2. Шикоят ва эътироз вобаста ба карорхои парвандахои хукуквайронкунии маъмурие, ки ба вайрон кардани конунгузори дар бораи интихобот ва раъйпурси алокаманд мебошанд, бояд дар мухлати панч шабонарузи баъди ворид шудани онхо барраси карда шаванд.
  3. Шикоят ва эътироз вобаста ба карори чазо дар намуди хабси маъмури ё бо рохи маъмури берун кардан аз худуди Чумхурии Точикистон бояд дар мухлати як шабонарузи баъди шикоят ва эътироз овардан барраси гарданд, ба шарте ки шахси ба чавобгарии маъмури кашидашаванда тахти хабси маъмури карор дошта бошад ё бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун карда шавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Шикоят ва эътироз вобаста ба карори таъин кардани чазои маъмури хамчун боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият бояд дар мухлати панч шабонарузи баъди ба макомоти болои ворид шудани шикоят ва эътироз бо тамоми мавод барраси гарданд.

Моддаи 156. Баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури  

  1. Шикоят ва эътироз вобаста ба карори макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз чониби судя, макоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) болои барраси карда мешаванд.
  2. Хангоми баррасии шикоят ё эътироз вобаста ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури:

– эълон карда мешавад, ки шикоят ё эътирозро ки барраси менамояд, кадом шикоят ё эътироз барраси мегардад ва ки шикоят ё эътироз овардааст;

– хозир будани шахси вокеи ё намояндаи конунии у ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати у оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури карор кабул карда шудааст, инчунин хозир будани шахсони барои иштирок дар баррасии шикоят даъватшуда муайян карда мешавад;

– ваколати намояндаи конунии шахси вокеи ё намояндаи шахси хукуки, химоятгар ва намоянда санчида мешавад;

– сабабхои хозир нашудани иштирокчиёни пешбурди парванда муайян карда мешавад ва дар бораи баррасии шикоят ё эътироз дар гоибии чунин шахсон ё оид ба мавкуф гузоштани баррасии шикоят ё эътироз карор кабул карда мешавад;

– хукук ва ухдадорихои иштирокчиёни пешбурди парванда фахмонида мешаванд;

– раддия ва дархостхои изхоршуда хал карда мешаванд;

– шикоят ё эътироз эълон карда мешавад;

– мувофики маводи мавчудаи парванда ва ба таври иловаги пешниходгардида конуни ва асоснок будани карори кабулшуда, аз чумла баёноти шахси вокеи ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати у оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури карор кабул гардидааст, санчида, хангоми зарурат баёноти дигар шахсони дар баррасии шикоят иштироккунанда, шархи мутахассис ва хулосаи коршинос шунида, дигар далелхо тадкик карда мешаванд, инчунин амалхои дигари мурофиави мутобики Кодекси мазкур анчом дода мешаванд;

– дар баррасии парванда агар прокурор иштирок дошта бошад, хулосаи у шунида мешавад.

  1. Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки шикоят ва эътирозро барраси менамоянд, бо вачххои шикоят ва эътироз махдуд нашуда, парвандаро дар хачми пурра месанчанд.

Моддаи 157. Карор аз руи шикоят ва эътироз ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури

  1. Аз руи натичаи баррасии шикоят ва эътироз ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури судя, макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои яке аз карорхои зеринро кабул  менамоянд:

– дар бораи бетагйир монондани карор ва конеъ нагардонидани шикоят ва эътироз;

– дар бораи тагйир додани карор, ба шарте ки дар ин холат чазои маъмурии мукарраргардида вазнин нашавад  ё бо дигар тарз холати шахсе, ки нисбати у карор кабул гардидааст, вазнин нагардад;

– дар бораи бекор кардани карор ва катъ кардани пешбурди парванда хангоми мавчуд будани яке аз холатхои пешбининамудаи  Кодекси мазкур, ки пешбурди парвандаро истисно менамоянд, инчунин хангоми исбот нашудани холатхое, ки дар асоси онхо оид ба парванда карор кабул гардида буд;

– дар бораи бекор кардани карор ва баргардонидани парванда барои баррасии нав ба макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) хангоми ба таври чидди риоя нагардидани талаботи меъёрхои мурофиавии пешбининамудаи Кодекси мазкур, агар он ба баррасии хаматарафа, пурра ва вокеъбинонаи парванда мамониат карда бошад, инчунин бинобар зарурати татбики конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури, ки боиси таъин кардани чазои маъмурии нисбатан вазнинтар мегардад, агар чабрдида дар хусуси сабукии чазои маъмурии аз руи ин парванда таъингардида  шикоят карда ё прокурор эътироз оварда бошад;

– дар бораи бекор кардани карор ва фиристодани парванда барои барраси аз руи тобеият, агар хангоми баррасии шикоят ва эътироз мукаррар карда шавад, ки карор аз тарафи макоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) бесалохият кабул карда шудааст.

  1. Аз руи натичаи баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз чониби судя таъинот, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) карор кабул карда мешаванд, ки бояд маълумоти пешбининамудаи моддахои 133 ва 180 Кодекси мазкурро дошта бошанд.
  2. Нусхаи таъинот ё карори аз руи шикоят ва эътироз вобаста ба карори парвандаи  хукуквайронкунии маъмури кабулгардида, ба шахсе, ки нисбати у ин таъинот ё карор бароварда шудааст, дар мухлати се шабонаруз, ба чабрдида бошад, бо хохиши у фиристонида мешавад.
  3. Агар хангоми баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури муайян гардад, ки баррасии он тахти салохияти ин судя ё макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) карор надорад, дар хусуси аз руи тобеият фиристодани шикоят ва эътироз  таъинот ё карор бароварда мешавад.

Моддаи 158. Эълон кардани карор аз руи натичаи баррасии шикоят ва эътироз

  1. Карори аз руи натичаи баррасии шикоят ва эътироз кабулшуда баъди кабули он фавран эълон мегардад.
  2. Нусхаи карори аз руи натичаи баррасии шикоят ва эътироз кабулшуда дар мухлати се шабонарузи баъди кабул гардиданаш ба шахси вокеи ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати онхо карор кабул гардида буд, инчунин ба чабрдида хангоми шикоят кардани у ва ба прокуроре, ки эътироз оварда буд супорида ё фиристода мешавад.
  3. Карори аз руи натичаи баррасии шикоят ва эътироз оид ба хабси маъмури кабулшуда дар рузи кабул гардидани он ба маълумоти макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) масъули ичрои карор, ба шахсе, ки нисбати у ин карор кабул гардидааст, ба чабрдида, инчунин ба маълумоти прокурор расонида мешавад.

Моддаи 159. Аз нав барраси кардани карори макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) оид ба шикоят ва эътироз 

  1. Аз хусуси карори оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури кабулкардаи макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) ё аз хусуси карори аз руйи шикоят ва эътироз аз болои ин карор кабулкардаи макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои ба суди махали баррасии парванда шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст.
  2. Шикоят ва эътироз аз хусуси карори кабулнамудаи судя вобаста ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури ё аз хусуси карори судя аз руйи шикоят ва эътироз аз хусуси ин карор ба суди болои оварда мешаванд.
  3. Минбаъд шикоят ва эътироз аз болои карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури тибки тартиб ва мухлатхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур оварда мешаванд.
  4. Нусхаи карор дар мухлати се шабонарузи баъди кабули он ба шахсони дар моддахои 26-30 ва 36 Кодекси мазкур пешбинишуда фиристода мешавад.

 

Моддаи 160. Окибатхои бекор гардидани карор бо катъ кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Бекор кардани карор бо катъ кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури боиси баргардонидани маблаг, ашёи бо подош гирифташуда ва мусодирашуда, инчунин бекор кардани дигар махдудиятхои марбут бо карори каблан кабулшуда мегардад. Хангоми баргардонида натавонистани ашё, арзиши он мутобики арзиши рузи  содиршавии хукуквайронкунии маъмури руёнида мешавад.
  2. Дар бораи бекор кардани карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар холатхои зарури ё бо хохиши шахсе, ки нисбати у карор бекор гардидааст, ба чойи кор, тахсил ва ё истикомати ин шахс хабар дода мешавад.
  3. Зараре, ки ба шахс дар натичаи таъин кардани чазои маъмури дар намуди хабси маъмури расонида шудааст, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн карда  мешавад.

БОБИ 13. БА ТАРИКИ КАССАТСИОНИ БАРРАСИ КАРДАНИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ 

Моддаи 161. Мавзуи мухокимаи суди дар мархилаи кассатсиони

Суди мархилаи кассатсиони аз руи шикоят ва эътирози кассатсиони конуни, асоснок ва одилона будани  карорхои судиро месанчад.

Моддаи 162. Хайати  суд  хангоми  баррасии  парванда ба тарики  кассатсиони 

Парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар суди мархилаи кассатсиони аз тарафи суд дар хайати се нафар судя барраси карда мешавад.

Моддаи 163. Мухлатхои баррасии парванда дар суди мархилаи кассатсиони 

  1. Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти ва шахри Душанбе бояд парвандаи тибки шикоят ё эътирози кассатсиони расидаро дар мухлати на дертар аз дах шабонаруз аз рузи ворид шуданаш барраси кунанд. Хангоми  мавчуд будани холатхои истиснои раиси суди дахлдор метавонад бо карори худ ин мухлатро то дах шабонаруз дароз кунад.
  2. Суди Олии Чумхурии Точикистон парвандаи тибки шикоят ё эътирози кассатсиони расидаро бояд дар мухлати на дертар аз  бист шабонаруз  аз рузи ворид шуданаш барраси кунад. Дар холатхои истиснои Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё муовини у метавонанд бо карори худ ин мухлатро то як мох дароз кунанд.
  3. Дар сурати дароз кардани мухлати баррасии парванда дар суди мархилаи кассатсиони иштирокчиёни парванда бояд пешаки огох карда шаванд.

Моддаи 164. Мухтавои шикоят ё эътирози кассатсиони 

Шикоят ё эътирози  кассатсиони  инхоро бояд  дар бар гирад:

– номи суде, ки ба карори он шикоят ё эътироз оварда шудааст;

– маълумот дар хусуси шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст (насаб, ном ва номи падар ва вазъи мурофиавии у), чои  истикомат ва махали будубоши у;

– карор ё таъиноте, ки аз он шикоят ё ба он эътироз оварда шудааст, суд ё макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки ин карорро баровардааст;

– вачххои шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст, нодурустии  карор ё таъинот дар чи ифода мегардад  ва хохиши у аз чи иборат аст;

– номгуи маводе, ки ба шикоят ё эътироз замима карда шудааст;

– имзои шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст.

Моддаи 165. Таъини мачлиси суди мархилаи кассатсиони 

  1. Хангоми бо шикоят ё эътирози кассатсиони ворид шудани парванда раиси суди мархилаи кассатсиони ё муовини у оид ба парванда хайати коллегияи кассатсиони ва судяи маърузакунандаро таъин намуда, раисикунанда вакт ва махали баррасии парвандаро муайян мекунад.
  2. Дар бораи вакт ва махали баррасии парванда дар мачлиси суди мархилаи кассатсиони тарафхо бояд огох карда шаванд. Масъалаи даъвати шахси ба чавобгарии маъмури кашидашудае, ки тахти хабси маъмури карор дорад, аз чониби суд хал карда мешавад. Шахси ба чавобгарии маъмури кашидашудае, ки тахти хабси маъмури  карор дошта, хохиши иштирок кардан дар баррасии шикояташ ё эътирози хилофи манфиати у овардаи прокурор кардааст, бояд ба мачлиси суди мархилаи кассатсиони оварда шавад.
  3. Хозир нашудани шахсоне, ки дар бораи вакт ва махали баргузории мачлиси суди мархилаи кассатсиони саривакт огох гардидаанд, барои баррасии парванда монеа шуда наметавонад.
  4. Шахсоне, ки мутобики моддахои 26-30 ва 36  Кодекси мазкур ба онхо хукуки шикоят кардан ва эътироз овардан дода шудааст, инчунин химоятгари шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда ё намояндаи чабрдида, ки пас аз баровардани карор ё таъинот  супориши онхоро кабул кардаанд, дар хама холатхо ба мачлиси суди мархилаи кассатсиони рох дода мешаванд. Бо хохиши онхо барои асоснок кардани шикоят ё эътироз ё эрод гирифтан ба онхо сухан дода мешавад.

Моддаи 166. Тартиби баррасии парванда аз чониби суди мархилаи кассатсиони 

  1. Раисикунанда мачлиси судро кушода, эълон мекунад, ки кадом парванда ва дар асоси шикоят ё эътирози кассатсионии ки мавриди барраси карор мегирад. Пас аз ин раисикунанда муайян мекунад, ки аз руи ин парванда кихо хозир шудаанд ва баъд суд масъаларо дар бораи имконияти баррасии парванда хал менамояд. Сипас раисикунанда хайати суд, прокурор ва тарчумонро эълон мекунад ва ба шахсони ба суд хозиршуда хукуки изхори рад карданро фахмонида, аз онхо мепурсад, ки аризахои радкуни доранд ё не. Оид ба радкунии арзшуда суд таъинот мебарорад.
  2. Раисикунанда аз шахсони хозиршуда дар бораи дархости онхо мепурсад ва суд аз руи баррасии дархост таъинот мебарорад.
  3. Баррасии парванда бо иттилооти судяи маърузакунанда огоз ёфта, у мохияти парванда ва вачххои шикоят ё эътирозро баён мекунад. Пас аз маъруза шахсони шикоят ё эътироз арзкарда вачххои худро асоснок мекунанд. Дар сурати пешниходи маводи иловаги раисикунанда ё судяи маърузакунанда онхоро эълон мекунад ва барои шиносои ба прокурор ва шахсони дар моддахои 26-30 Кодекси мазкур пешбинишуда медихад, агар онхо дар мурофиа иштирок дошта бошанд. Пас аз ин шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда, чабрдида, химоятгарони онхо ва намояндагони конунии онхо, агар дар мурофиа иштирок дошта бошанд, баёнот медиханд. Баъди додани баёнот суд хулосаи прокурорро мешунавад ва барои баровардани таъинот ба хонаи машварати меравад.
  4. Маводи иловагии пешниходгардида набояд бо рохи гузаронидани амалхои тафтиши ба даст оварда шуда бошад.
  5. То сар шудани мачлиси суд шахсе, ки аз карор ё таъинот шикоят ё ба он эътироз овардааст, хукук дорад шикоят ё эътирози худро бозхонад. Прокурори болои хукук дорад, ки эътирози овардаи прокурори поёниро бозпас хонад.

Моддаи 167. Хадди баррасии парванда дар суди мархилаи кассатсиони

Суд бо вачххои дар шикоят ё эътирози кассатсиони овардашуда вобаста набуда, парвандаро дар хачми пуррааш нисбати хамаи шахсоне, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардаанд, аз чумла нисбат ба онхое, ки шикоят ё эътирози кассатсиони наовардаанд, месанчад.

Моддаи 168. Кароре, ки суди мархилаи кассатсиони кабул мекунад 

Хангоми бо тартиби кассатсиони барраси кардани парванда суд яке аз карорхои зеринро кабул мекунад:

– карор ё таъинотро бетагйир ва шикоят ё эътирозро беканоат мемонад;

– карор ё таъинотро  бекор ва парвандаро катъ менамояд;

– карорро тагйир медихад;

– карор ё таъинотро  бекор мекунад ва парвандаро барои санчиши нав ё ба мухокимаи нави суди мефиристонад.

Моддаи 169. Асосхо барои бекор кардан ё тагйир додани карор дар суди мархилаи кассатсиони 

Барои бо тартиби кассатсиони бекор кардан ё тагйир додани карор инхо асос шуда метавонанд:

– яктарафа ё нопурра будани санчиши хукуквайронкунии маъмури ё суди;

– мувофикат накардани хулосаи суд, ки дар карор  баён шудааст, ба холатхои вокеии парванда;

– ба таври чидди вайрон карда шудани конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмури;

– нодуруст татбик карда шудани конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури;

– номувофикии чазои таъиншуда ба вазнинии хукуквайрокунии маъмури ва шахсияти шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда.

Моддаи 170. Яктарафа ё нопурра будани тафтишоти маъмури ё суди 

  1. Тафтишоти  маъмури ё суди яктарафа ё нопурра ба хисоб мераванд, агар зимни анчом додани онхо холатхои барои баровардани карор ахамияти чиддидошта, муайян карда нашуда бошанд.
  2. Тафтишоти маъмури ё суди дар хама холат яктарафа ё нопурра эътироф карда мешаванд, агар доир ба парванда:

– шахсоне нопурсида монда бошанд, ки нишондодхои онхо барои парванда ахамияти чидди доранд ё экспертизае гузаронида нашуда бошад, ки мувофики конун гузаронидани он хатмист, хамзамон хуччатхое талаб карда гирифта ё далелхои шайъие дарёфт нагардида, ба парванда хамрох карда нашуда бошанд, ки ахамияти чидди доранд;

– холатхое тахкик нашуда бошанд, ки дар таъиноти суди парвандаи маъмуриро ба тафтиши нави маъмури ё мухокимаи нави суди фиристода нишон дода шудаанд;

– маълумот оид ба шахсияти шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда пурра муайян карда нашуда бошад.

Моддаи 171. Ба холатхои вокеии кор мувофик набудани хулосаи суд,  ки дар карор ифода ёфтааст 

Карор ба холатхои вокеии кор номувофик эътироф карда мешавад, агар:

– хулосаи суд бо далелхое, ки дар мачлиси суд тахкик шудаанд, тасдик нашавад;

– суд холатхоеро, ки ба хулосаи он таъсири чидди расонида метавонистанд, ба хисоб нагирифта бошад;

– далелхои ба хам мукобил, ки барои хулосаи суд ахамияти чидди доранд, мавчуд бошанду дар карор нишон дода нашуда бошад, ки суд бо кадом асосхо баъзе аз  ин далелхоро кабул карда, далелхои дигарро рад намудааст;

– хулосаи суд, ки дар карор ифода ёфтааст, ихтилофхо дошта бошанду барои хал кардани масъалаи гунахгор будан ё бегунохии шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда, барои дурустии татбик кардани конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури ё барои муайян кардани чораи чазо таъсир расонанд ё худ таъсир расонда метавониста бошанд.

Моддаи  172. Ба таври чидди вайрон кардани конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Ба таври чидди вайрон кардани конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмури чунин вайронкунии принсипхо ва дигар мукаррароти Кодекси мазкур хангоми пешбурди парванда эътироф карда мешавад, ки бо рохи махрум ё махдуд кардани хукукхои ба шахсони дар парванда иштироккунанда кафолатдодаи конун, риоя накардани расмияти пешбурди суди ё бо рохи дигар ба тахкики хамачониба, пурра ва холисонаи холатхои парванда халал расонида, барои баровардани карори одилонаи суди таъсир расонидаанд ё метавонистанд таъсир расонанд.
  2. Карор дар чунин холатхо бояд бекор карда шавад:

– вакте ки яктарафа ё нопурра будани тафтишоти суди натичаи сахван аз барраси истисно кардани далелхои имконпазир ё беасос рад кардани пешниходи тараф дар тахкики далелхое бошад, ки барои парванда ахамият дошта метавонистанд;

– тахкик накардани далелхое, ки бояд хатман тахкик мешуданд (набудани хулосаи коршинос, хангоме ки он хатми мебошад, ичро накардани таъиноти суде, ки парвандаро аз мухокимаи пешаки барои тафтишоти иловагии маъмури фиристодааст ва гайра).

  1. Карор дар хар холат бояд бекор карда шавад, агар:

– хангоми мавчуд будани асосхои пешбининамудаи Кодекси мазкур парвандаи  хукуквайронкунии маъмури аз чониби суд катъ нагардида бошад;

– парванда дар гоибии шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда барраси гардида бошад, ба гайр аз холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур;

– парванда бе иштироки химоятгар барраси шудааст, хангоме ки иштироки у тибки конун хатми мебошад ё бо тарзи дигар хукуки шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда барои доштани химоятгар вайрон карда шуда бошад;

– дар суд хукуки  шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда дар бобати истифодаи забони модари ё хизмати тарчумон вайрон карда шуда бошад;

– хангоми баровардани карор махфи будани машварати суди вайрон карда шуда бошад;

–  карор аз тарафи судя имзо нашуда бошад;

– дар парванда протоколи баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури набошад.

Моддаи 173. Нодуруст татбик карда шудани конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури 

Конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури нодуруст татбикшуда ба хисоб меравад, агар:

– суд конунеро, ки бояд татбик карда мешуд, татбик накарда бошад;

– суд конунеро, ки бояд татбик карда намешуд, татбик карда бошад;

– суд конунро нодуруст маънидод кардааст, ки он ба мазмуни дакики конун мухолиф бошад.

Моддаи 174. Номувофикии чазои таъиннамудаи суд 

Чазои таъиннамудаи суд ба вазнинии кирдор ва шахсияти шахси хукуквайронкунии маъмури содирнамуда дар холате номувофик дониста мешавад, ки агар он аз доираи пешбиникардаи конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури берун набаромада бошад хам, вале аз руи намуд ва андозаи худ, чи аз чихати сабуки ва чи аз чихати вазниниаш баръало беадолатона мебошад.

Моддаи 175. Нораво будани вазнин кардани чазои шахси хукуквайрокунии маъмури содирнамуда ё нисбати у татбик кардани конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии вазнинтар дар суди мархилаи кассатсиони 

  1. Суд дар вакти ба тарики кассатсиони барраси кардани парванда метавонад чазоеро, ки суди мархилаи якум таъин кардааст, сабуктар намояд ё ин ки конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии сабуктарро татбик кунад, вале хукук надорад, ки чазоро вазнин намояд ва хамчунин конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии вазнинтарро татбик кунад.
  2. Карорро бо зарурати татбики конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии вазнинтар ё худ барои сабук будани чазо факат дар хамон мавридхо бекор кардан мумкин аст, ки бо хамин асосхо прокурор эътироз оварда ё чабрдида шикоят карда бошад. 

Моддаи 176. Бекор кардани карор ва катъ кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

Суд парвандаро бо тартиби кассатсиони барраси карда, хангоми мавчуд будани асосхои пешбининамудаи Кодекси мазкур карорро бекор ва пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро катъ мекунад.

Моддаи 177. Бекор кардани таъиноте, ки бо он пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури катъ карда шудааст 

  1. Таъиноте, ки бо он нисбати шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури катъ карда шудааст,  дар суди мархилаи кассатсиони танхо аз руи эътирози прокурор ё шикояти чабрдида ё намояндаи у,  ки бо асосхои катъкуни рози нестанд, мумкин аст бекор карда шавад.
  2. Таъинот дар бораи катъ кардани парванда ё дигар кароре, ки ба манфиати шахси хукуквайронкунии маъмури содирнамуда бароварда шудааст, наметавонад бинобар ба таври чидди вайрон кардани конунгузориии мурофиаи хукуквайронкунии маъмури, ба истиснои холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур бекор карда шавад.

Моддаи 178. Окибатхои бекор кардани карор ё таъинот 

  1. Суд хангоми бекор кардани карор ё таъинот дар таъиноти кассатсиони  нишон медихад, ки пешбурди парванда бояд аз санчиши нав, тафтиши нави маъмури ё аз мухокимаи нави суди сар карда шавад.
  2. Дар сурати бекор кардани карор ё таъинот бинобар зарурати гунахгор донистан дар содиркунии хукуквайронкунии маъмурии вазнинтар ё кирдоре, ки аз руи холатхои вокеи аз кирдори дар ибтидо гунахгор дониста чиддан фарк мекунад, парванда тавассути суде, ки карор ё таъинот баровардааст, барои тафтиши нав ба хамон макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) равон карда мешавад.
  3. Дар сурати бекор кардани карор ё таъинот бо сабаби рох додан ба вайронкунии конун хангоми баррасии парванда дар суд, парванда барои баррасии нав ба хамон суде, ки карор ё таъинотро баровардааст, дар хайати нав ё ба суди дигар ирсол карда мешавад.

Моддаи 179. Тагйир додани карор 

  1. Агар зимни баррасии парванда ба тарики кассатсиони муайян карда шавад, ки суди мархилаи якум мукаррароти конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмуриро нодуруст татбик кардааст ё чазои таъинкарда ба вазнинии хукуквайронкуни ва шахсияти шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудааст мувофик нест, суди мархилаи кассатсиони метавонад парвандаро ба баррасии нав нафиристода, ба карор тагйирот ворид намояд, ба шарте ки чазои тагйирдодашуда аз чазои дар ибтидо таъиншуда зиёд набошад ва ё мукаррароти нисбатан вазнини конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури татбик нагардад.
  2. Суди мархилаи кассатсиони хукук надорад ба карор тагйироте ворид намояд, ки ба холатхои дар карори суди мархилаи якум мукарраркарданашуда ё ин ки ба далелхои дар он истифоданашуда асос ёфта бошад.

Моддаи 180.  Мазмуни таъиноти кассатсиони 

  1. Дар таъиноти кассатсиони инхо бояд зикр гарданд:

– вакт ва махалли баровардани  таъинот;

– номи суд ва хайати коллегияи кассатсиони, ки таъинотро  баровардааст;

– шахсоне, ки зимни баррасии парванда дар суди мархилаи кассатсиони иштирок доштанд;

– шахсоне, ки шикоят ё эътирози кассатсиони арз намудаанд;

– мохияти шикоят ё эътироз;

– мазмуни кисми хулосавии карор ё таъиноте, ки аз он шикоят карда ё эътироз оварда шудааст;

– асосхои кабули карор дар суди мархилаи кассатсиони;

– карори суди мархилаи кассатсиони оид ба шикоят ё эътироз.

  1. Кисми баёнияи таъинот дарчи мухтасари вачххои шахсеро, ки шикоят кардааст ё эътироз овардааст, эродхои дигар шахсони иштирокчии суди мархилаи кассатсиони, инчунин асосхои кабул кардани карорро дар бар мегирад. Агар шикоят ё эътироз конеъ гардонида нашуда бошад, асосхое, ки тибки онхо шикоят ё эътироз беасос ё камахамият дониста шудааст, нишон дода мешаванд. Хангоми бекор  кардан ё тагйир додани карор нишон дода мешавад, ки талаботи кадом моддахои конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури ё мурофиаи хукуквайронкунии маъмури вайрон карда шудааст ва ин вайронкунихо аз чихо иборатанд, асосхое, ки тибки онхо чазои таъиннамудаи суди мархилаи якум гайриодилона эътироф шудааст. Дар сурати ба санчиши нав ва ё мухокимаи нави суди фиристодани парванда нишон дода мешавад, ки кадом вайронкунихои конун бояд бартараф карда шаванд. Дар айни замон суди мархилаи кассатсиони хукук надорад оид ба исботшуда ё исботнашуда будани кирдори хукуквайронкунии маъмури, оид ба хаккони ё нодурустии ин ё он далел ва бартарии як далел нисбат ба далели дигар, оид ба татбики конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури дар бораи чазо аз чониби суди мархилаи якум, дар бораи чораи чазо масъалахоро пешаки хал намояд.
  2. Таъинот дар хонаи машварати бароварда шуда, ба он хамаи хайати суд имзо мегузоранд ва пас аз баргаштани хайати суд аз хонаи машварати фавран эълон карда мешавад.

Моддаи 181. Хадди хукукхои суди мархилаи кассатсиони 

  1. Суди мархилаи кассатсиони хукук дорад дар холати зарури оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури экспертизаи суди таъин карда, баррасии парвандаро боздорад, маводи иловагии пешниходшударо тахкик кунад, инчунин ба карори суд дигар тагйиротро, ки вазъи шахси хукуквайронкунии маъмури содирнамударо бадтар намекунанд, ворид намояд.
  2. Дар сурати ду маротиба бекор шудани санади суди вобаста ба парвандаи мушаххас, суди мархилаи кассатсиони ин парвандаро барои мохиятан барраси кардан ба пешбурди худ кабул менамояд.

Моддаи 182. Ба ичро расонидани таъиноти суди мархилаи кассатсиони 

  1. Таъиноти суди мархилаи кассатсиони барои ичро дар мухлати на дертар аз хафт шабонарузи баъди баровардани он якчоя бо парванда ба суде, ки карор ё таъинотро баровардааст, фиристода мешавад.
  2. Таъиноте, ки мувофики он шахси хукуквайронкунии маъмури содирнамуда бояд аз хабси маъмури озод карда шавад, фавран ичро карда мешавад, агар ин шахс дар мачлиси суди мархилаи кассатсиони иштирок дошта бошад. Дар холатхои дигар нусхаи  таъинот чихати ичрои карори аз хабси маъмури озод кардани шахси хукуквайронкунии маъмури содирнамуда фавран ба маъмурияти махалли тахти хабси маъмури нигохдори фиристода мешавад.

БОБИ 14. БА ТАРИКИ НАЗОРАТИ БАРРАСИ КАРДАНИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ 

Моддаи 183. Ба тарики назорати шикоят кардан ё эътироз овардан аз таъинот ва карори суд, ки эътибори конуни пайдо кардаанд 

  1. Эътироз ё шикоят дар бораи аз нав барраси кардани таъинот ва карори суд, ки эътибори конуни пайдо кардаанд, ба истиснои карорхои Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон, ба суди мархилаи назорати аз чониби прокурор, шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудааст, химоятгар, чабрдида ва намояндаи конунии у тибки мукаррароти боби мазкур пешниход карда мешавад.
  2. Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, муовинони у, Сарпрокурори харби, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон ба карорхои суд, ки эътибори конуни пайдо кардаанд, ба тарики назорати эътироз оварда метавонанд.
  3. Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон, муовинони у бо максади таъмини тачрибаи ягонаи суди хукук доранд бевосита ба суди мархилаи назорати барои аз нав барраси кардани карорхои эътибори конуни пайдокардаи суд ба тарики назорати эътироз оваранд.
  4. Шахси шикояткарда хукук дорад онро бозхонад. Прокурори эътироз оварда ва прокурори болои низ хукуки бозхонди онро доранд. Бозхонди эътироз ё шикоят то огози мачлиси судие, ки дар он эътироз ё шикоят бояд барраси гардад, имконпазир аст.

Моддаи 184. Тартиби пешниходи эътироз ё шикояти назорати 

  1. Эътироз ё шикояти назорати бевосита ба суди мархилаи назорати, ки хукуки аз нав барраси кардани карорхои судии эътибори конуни пайдокардаро дорад, пешниход карда мешавад.
  2. Эътироз ё шикояти назорати ба карорхои судии зерин пешниход мегарданд:

– оид ба таъиноти суди мархилаи кассатсионии Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе оид ба таъинот ва карори эътибори конуни пайдокардаи судхои шахр ва нохия – мутаносибан ба Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти ва шахри Душанбе;

– оид ба таъинот ва ё карори эътибори конуни пайдокардаи судхои шахру нохияхои тобеи чумхури, оид ба таъинот ва ё карори эътибори конуни пайдокардаи Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти ва шахри Душанбе, агар ин таъинот ё карор дар Суди Олии Чумхурии Точикистон мавриди баррасии кассатсиони карор нагирифта бошад, оид ба карори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти ва шахри Душанбе, оид ба таъинот ва ё карори эътибори конуни пайдокардаи Суди Олии Чумхурии Точикистон, агар онхо ба тарики кассатсиони мавриди барраси карор нагирифта бошанд – ба коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон;

– нисбати таъиноти коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон – ба Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон.

Моддаи 185. Мухлати ба тарики назорати аз нав барраси кардани таъинот ва карори суд 

Ба тарики назорати аз нав барраси кардани таъинот ё карори суд вобаста ба зарурати татбики конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии нисбатан вазнинтар, сабукии чазо ё бо дигар асосхо, ки холати шахси хукуквайронкунии маъмури содиркардаро вазнин мекунанд, инчунин аз нав барраси кардани таъинот ё карори суд дар бораи катъ кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар давоми шаш мох аз рузи эътибори конуни пайдо кардани онхо имконпазир аст.

Моддаи 186. Мухтавои эътироз ё шикояти назорати 

  1. Эътироз ё шикояти назорати бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– номи суде, ки ба он шикоят ё эътирози назорати ирсол мегардад;

– насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назорати пешниход кардааст, махалли истикомат ё будубош ва мавкеи мурофиавии у дар парванда;

– зикри судхое, ки парвандаро ба сифати суди мархилаи якум ё мархилаи кассатсиони ё назорати барраси намудаанд ва мухтавои санадхои судии кабулнамудаи онхо;

– зикри санадхои суди, ки тахти эътироз ё шикояти назорати карор гирифтаанд;

– ишора ба вайрон кардани конун хангоми пешбурди парванда;

– хохиши шахсе, ки эътироз ё шикоят пешниход кардааст.

  1. Агар эътироз ё шикояти назорати каблан ба мархилаи назорати пешниход шуда бошад, дар он бояд ба карори кабулнамудаи суд ишора карда шавад.
  2. Ба шикояти назорати бояд шахси онро пешниходнамуда ё намояндаи у имзо кунад. Ба шикояти назорати, ки намоянда пешниход кардааст, бояд ваколатнома ё хуччати дигари тасдиккунандаи ваколати намоянда замима гардад. Эътирози назорати бояд аз чониби прокуроре, ки эътироз овардааст, имзо карда шавад.
  3. Ба эътироз ё шикояти назорати нусхаи санадхои нисбат ба парванда кабулнамудаи суд ва хуччатхои дигари мурофиавии тасдиккунандаи вачххои дар шикоят ё эътироз овардашуда, ки ба таври дахлдор тасдик карда шудаанд, замима мегарданд.
  4. Маводи иловагии пешниходгардида набояд бо рохи гузаронидани амалхои мурофиавии хукуквайронкунии маъмури ба даст оварда шаванд.

Моддаи 187. Тартиби бе барраси баргардонидани эътироз ё шикояти назорати

 

Эътироз ё шикояти назорати аз чониби судя дар мухлати дах шабонаруз аз рузи воридшави ба суди мархилаи назорати дар холатхои зерин бе барраси баргардонида мешавад:

– эътироз ё шикоят чавобгуи талаботи Кодекси мазкур набошад;

– эътироз ё шикоятро шахсе пешниход карда бошад, ки барои мурочиат кардан ба суди мархилаи назорати хукук надорад;

– мухлати пешниходи эътироз ё шикоят нисбат ба санадхои суди бо тартиби назорати гузаронида шуда бошад;

– то кабули эътироз ё шикоят барои мохиятан барраси кардани он дар хусуси баргардонидан ё бозхонди онхо дархост ворид шуда бошад;

– эътироз ё шикоят бар хилофи тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниход шуда бошад.

Моддаи 188. Амалхо оид ба эътироз ё шикояти назоратии воридшуда

  1. Эътироз ё шикояти назорати баъди ба суди дахлдор ворид шудан бо тартиби мукарраргардида барои барраси ба судяи хамин суд супорида мешавад. Эътироз ё шикояти назорати бояд дар мухлати  бист шабонаруз барраси карда шавад. Эътироз ё шикояти назорати амали карори тахти эътироз ё шикоят кароргирифтаро бозмедорад.
  2. Судяе, ки шикоят ё эътирозро барраси менамояд, парвандаи хукуквайронкунии маъмурии дахлдорро аз суди поёни талаб мекунад.
  3. Судя эътироз ё шикояти назоратиро омухта, яке аз карорхои зеринро кабул менамояд:

– дар бораи беканоат монондани эътироз ё шикояти назорати;

– дар бораи огоз кардани пешбурди назорати ва ба баррасии суди мархилаи назорати додани эътироз ё шикояти назорати.

  1. Карори судя бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– сана ва махалли кабул кардани карор;

– номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки карорро кабул кардааст;

– насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниход намудааст;

– ишора ба санадхои судии мавриди шикоят ва эътироз кароргирифта;

– асосхои кабули карор.

  1. Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва муовинони у, раисони Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти ва суди шахри Душанбе хукук доранд бо карори судя дар бораи беканоат монондани эътироз ё шикояти назорати рози нашаванд. Дар ин маврид шахсони номбурда карори судяро бекор карда, мутобики сархати дуюми кисми 3 хамин модда карор мебароранд. Эътирози Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон бевосита дар суди мархилаи назорати барраси мегардад.
  2. Нусхаи карор ба шахси эътирозоварда ё шикояткарда равон карда мешавад.

Моддаи 189. Талаб карда гирифтани парвандаи хукуквайронкунии маъмури

  1. Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, муовинони у, Сарпрокурори харби, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон ва муовинони онхо метавонанд парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро, ки санади судии аз руи он кабулшуда эътибори конуни пайдо кардааст, бо максади омузиши конуни ва асоснок будани ин санадхо ё барраси кардани масъалаи пешниходи эътирози назорати аз суди дахлдор талаб намоянд.
  2. Прокурорхои шахру нохияхо ва прокурорхои ба онхо баробаркардашуда аз судхои шахру нохияхо хукуки талаб карда гирифтани парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро доранд ва дар мавридхои зарури ба прокурори болои дар хусуси ба таври назорати овардани эътироз пешниход ирсол менамоянд.

Моддаи 190. Хайати суд ва тартиби баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз руи эътироз ё шикоят 

  1. Парванда ба тарики назорати дар коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон дар хайати се нафар судя, дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе ва Суди Олии Чумхурии Точикистон дар хайати на камтар аз се ду хиссаи аъзои Раёсат барраси карда мешавад.
  2. Дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба тарики назорати инхо иштирок мекунанд:

– дар Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон – Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ё муовинони у;

– дар коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон – прокуроре, ки аз чониби Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ваколатдор шудааст;

– дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти ва шахри Душанбе – мувофикан прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон ё муовинони онхо.

  1. Суде, ки парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро ба тарики назорати барраси менамояд, хукук дорад шахси хукуквайронкунии маъмури содиркардаро ба мачлиси суд даъват намояд.
  2. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз лахзаи ба баррасии суди мархилаи назорати супоридан бояд дар мухлати на дертар аз  бист шабонаруз  барраси карда шавад.
  3. Дар мавридхои зарури ба мачлиси суд, ки дар он парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба тарики назорати барраси мегардад, барои додани баёнот шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда, химоятгари у, чабрдида ва намояндаи у, намояндаи шахси хукуки даъват карда мешаванд. Ба шахсони ба мачлиси суд даъватшуда имконияти бо эътироз ва  шикоят шинос шудан дода мешавад.
  4. Дар хусуси парвандаи хукуквайронкунии маъмури раиси суд ё бо супориши у яке аз аъзои Раёсат ё судяе, ки пеш дар баррасии  ин парванда иштирок накардааст, маъруза мекунад. Маърузачи  холатхои парванда, мазмуни таъинот, карор, эътироз ё шикоятро баён мекунад. Ба маърузачи судяхое, ки парвандаро барраси менамоянд, инчунин прокурор саволхо дода метавонанд. Агар дар мачлиси суд шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда, химоятгар ё намояндагони конунии у ва чабрдида иштирок дошта бошанд, онхо баъди маърузаи судя хукуки додани баёноти шифохиро доранд.
  5. Тарафхо баъд аз баромади маърузачи хулосаи прокурорро оид ба эътироз ё шикояти назорати шунида, пас аз он толори мачлиси судро тарк мекунанд.
  6. Дар мухокимаи эътироз ё шикоят мувофикан аъзои Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе, Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон, инчунин мувофикан Сарпрокурори харбии Чумхурии Точикистон, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон ва муовинони онхо иштирок менамоянд. Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон карор мебароранд, ки онхо бо тарафдории аз се ду хиссаи овозхои аъзои раёсат, ки дар мачлиси суд иштирок кардаанд, кабул карда мешаванд. Хангоми баробар будани овозхои тарафдор ва мукобил эътироз ё шикояти дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон баррасишуда радкардашуда эътироф мешавад.
  7. Коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмури дар хонаи машварати карор мебарорад ва он бо аксарияти овозхо кабул карда мешавад.
  8. Кисми хулосавии карори баровардашуда дар мачлиси суд аз чониби раисикунанда ё яке аз судяхо эълон карда мешавад.

Моддаи 191. Таъинот ва карори суде, ки эътироз ё шикоятро барраси менамояд

  1. Дар натичаи ба тарики назорати барраси кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури, суд метавонад:

– эътироз ё шикоятро рад намояд;

– таъинот ва карорхои баровардашударо бекор кунад ва пешбурди парвандаро катъ намояд ё онро ба санчиши нав, тафтиши маъмурии нав, ё ки барои баррасии нави суди равон кунад;

– таъиноти кассатсиони, инчунин таъинот ва карорхои минбаъдаи судро бекор кунад ва парвандаро ба баррасии нави кассатсиони равон кунад;

– таъинот ва карорхоеро, ки ба тарики назорати бароварда шудаанд, бекор кунад, карори суд ва таъиноти кассатсиониро бетагйир мононад, ё ин ки тагйир дихад;

– ба таъинот ё карори суд тагйирот дохил кунад.

  1. Агар хангоми баррасии судии парвандаи хукуквайронкунии маъмури риоя накардани хукук ва озодихои шахрванд, инчунин риоя нашудани мукаррароти конун чихати пешбурд ва баррасии судии парванда ошкор карда шаванд, суд, судя хукук доранд нисбат ба онхое, ки ба камбуди рох додаанд, таъиноти (карори) хусуси бароранд.

 

Моддаи 192. Асосхои бекор кардан ё тагйир додани таъинот ва карори эътибори конуни пайдокардаи суд 

Таъиноти суди мархилаи якум, карори судя, таъиноти суди  мархилаи кассатсиони, таъинот ва карори  мархилаи  назорати дар мавридхое бояд бекор карда ё тагйир дода шаванд, ки суди эътирозро баррасикунанда эътироф намояд, ки бо ин таъинот ё карор суди мархилаи якум карори гайриконуни ё беасос баровардааст ё суди болои таъинот ё карореро, ки пеш аз ин оид ба хамин парванда мавчуд буд, беасос бетагйир монондааст, бекор кардааст ё тагйир додааст ё агар дар вакти барраси кардани парванда дар суди болои ба чунин конунвайронкунихо рох дода шуда бошад, ки онхо ба дурустии таъинот ё карори баровардаи суди мазкур таъсир кардаанд ё таъсир карда метавонистанд.

Моддаи 193. Хадди хукукхои суди мархилаи назорати 

  1. Хангоми ба тарики назорати барраси кардани парванда амали суд бо вачххои эътироз ё шикоят махдуд карда намешавад ва суд вазифадор аст, ки хамаи маводи парвандаро дар хачми пуррааш санчад.
  2. Суд дар вакти ба тарики назорати барраси кардани парванда метавонад чазоеро, ки нисбати шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда таъин карда шудааст, сабуктар намояд ё конун оид ба хукуквайронкунии сабуктарро татбик намояд, масъалахои дигари вобаста ба тагйир додани санадхои судиро хал кунад, аммо хукук надорад, ки чазоро вазнин кунад ё  конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии вазнинтарро татбик намояд.
  3. Агар суди мархилаи назорати эътироф намояд, ки дар суди мархилаи якум ё суди мархилаи кассатсиони парвандаи хукуквайронкунии маъмури нодуруст катъ карда шудааст, хамчунин чазои дар хакки шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда таъиншуда бо сабаби сабукиаш ба кирдори содиршуда номувофик аст, дар он сурат хукук дорад карор ё таъинотро бекор кунад ва парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро барои баррасии нави суди мувофикан ба суди мархилаи якум ё кассатсиони равон кунад.
  4. Агар ба беасос катъ кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ё гайриконуни сабук кардани чазои шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда дар вакти ба тарики назорати барраси кардани парванда рох дода шуда бошад, мархилаи болоии назорати хукук дорад, таъинот ё карори мархилаи поёнии назоратиро бекор кунад ва карорхои суди мархилаи якум ё таъиноти мархилаи кассатсиониро бетагйир мононад. 

Моддаи 194. Хатми будани дастурхои суде, ки ба тарики назорати парвандаро барраси кардааст

  1. Дастурхои суди мархилаи назорати дар вакти баррасии такрории хамин парванда барои судхои мархилахои поёни хатми мебошанд.
  2. Суде, ки парвандаро ба тарики назорати барраси менамояд, хукук надорад холатхоеро, ки дар карор муайян карда нашудаанд ё рад карда шуда буданд, мукаррар кунад ё ин ки исботшуда шуморад, хамчунин хукук надорад, ки масъалахои исботшуда ё исботнашуда будани гунох, эътиборноки ё беэътибории ин ё он далел ва бартарии баъзе далелхоро назар ба дигарашон, татбик кардани ин ё он конунро аз тарафи суди мархилаи якум ва масъалаи чораи чазои маъмуриро пешаки хал намояд.
  3. Суде, ки парвандаро ба тарики назорати барраси карда, таъиноти суди мархилаи кассатсиониро бекор мекунад, хукук надорад, хулосахоеро, ки суди мархилаи кассатсиони мумкин аст дар вакти маротибаи дуюм барраси кардани парванда барорад, пешаки муайян намояд.

Моддаи 195. Мазмуни таъинот ё карор 

  1. Кароре, ки хангоми баррасии парванда Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон, Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе ё таъиноте, ки коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон ба тарики назорати баровардаанд, бояд ба талаботи  Кодекси мазкур мувофик бошанд.
  2. Таъинотро хамаи хайати суд, карорро раисикунандаи мачлиси Раёсат имзо мекунанд.
  3. Таъинот ё карори суд якчоя бо эътироз ё шикоят ба парванда хамрох карда мешавад.

Моддаи 196. Баррасии парванда баъд аз бекор карда шудани карор ё таъиноти суди мархилаи кассатсиони 

  1. Баъд аз бекор карда шудани карор ё таъиноти суди мархилаи кассатсиони парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз руи тартиби умуми барраси  карда мешавад.
  2. Вазнин кардани чазо ё татбик кардани конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии вазнинтар дар вакти парвандаро аз нав барраси кардани суди мархилаи якум факат ба шарте мумкин аст, ки карор ба тарики назорати барои сабук будани чазо ё худ бинобар зарур будани татбики конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии  вазнинтар бекор карда шуда бошад.

БОБИ 15. АЗ НАВ САР КАРДАНИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ БИНОБАР ХОЛАТХОИ НАВ ОШКОРШУДА 

Моддаи 197. Асосхои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Карорхои суд ё макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки эътибори конуни пайдо кардаанд, метавонанд бекор карда шаванд ва пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури бинобар холатхои нав ошкоршуда аз нав сар карда шавад.
  2. Асосхои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури бо сабаби холатхои нав ошкоршуда аз инхо иборатанд:

– дидаю дониста нишондоди бардуруг додани чабрдида ё шохид, хулосаи коршинос, хамчунин калбаки будани далелхои шайъи   ва дигар хуччатхо ё дидаю дониста нодуруст тарчума кардан, ки боиси кабули   карори гайриконуни ё беасос шудаанд ва бо карори эътибори конуни пайдокардаи суд ё макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) мукаррар шудаанд;

– амали чинояткоронаи суд, прокурор, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки боиси кабули карори гайриконуни ва беасос шудаанд ва бо карори эътибори конуни пайдокардаи суд ё макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) мукаррар шудаанд;

– аз чониби Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон хилофи Конститутсияи Чумхурии Точикистон эътироф кардани конуне, ки суд, прокурор, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) зимни барасмиятдарори ва баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмурии  мушаххас татбик намудаанд.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)

Моддаи 198. Судхое, ки карор ё таъинотро вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз нав барраси менамоянд 

Карор ё таъиноти эътибори конуни пайдокардаи суди мархилаи якумро вобаста ба холатхои нав ошкоргардида суде, ки карор ё таъинотро баровардааст, аз нав барраси менамояд. Аз нав барраси кардани карор ё таъиноти суди мархилаи кассатсиони ё назоратиро вобаста ба холатхои нав ошкоргадида, ки дар асоси онхо санади суди мархилаи якум тагйир дода шудааст, суде анчом медихад, ки санадро тагйир додааст.

Моддаи 199. Пешниходи ариза дар бораи аз нав барраси кардани карор ё таъинот вобаста ба холатхои нав ошкоргардида 

  1. Ариза дар бораи аз нав барраси кардани карор ё таъинот вобаста ба холатхои нав ошкоргардида аз чониби шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда ва чабрдида ба суде пешниход мегардад, ки ин карор ё таъинотро баровардааст.
  2. Ба ариза хуччатхои дахлдоре, ки барои аз нав барраси кардани санадхои суди заруранд, замима карда мешаванд.
  3. Чунин ариза метавонад дар давоми мухлати ба чавобгарии маъмури кашидан барои хукуквайронкунии маъмурии содиршуда, вале на дертар аз се мох аз рузи ошкор гардидани асосхо барои аз нав барраси кардани карор ё таъинот пешниход шавад.

Моддаи 200. Тартиби баррасии ариза дар бораи аз нав барраси кардани карор ё таъинот вобаста ба холатхои нав ошкоргардида

Суд аризаро дар бораи аз нав барраси кардани карор ё таъинот вобаста ба холатхои нав ошкоргардида дар мачлиси суди барраси менамояд. Аризадиханда, дар холатхои зарури чабрдида ва прокурор оид ба вакт ва махали баргузории мачлиси суди огох карда мешаванд, аммо хозир нашудани онхо барои баррасии ариза монеа намегардад.

Моддаи 201. Таъинот дар бораи аз нав барраси кардани карор ё таъинот вобаста ба холатхои нав ошкоргардида 

  1. Суд аризаро дар бораи аз нав барраси кардани карор ё таъинот вобаста ба холатхои нав ошкоргардида барраси намуда, аризаи пешниходгардидаро конеъ мегардонад ва карор ё таъинотро бекор мекунад ё аз нав барраси кардани онхоро рад менамояд.
  2. Оид ба таъинот дар хусуси конеъ гардонидани ариза чихати аз нав барраси кардани карор ё таъинот вобаста ба холатхои нав ошкоргардида пешниходи шикоят манъ аст.
  3. Хангоми бекор кардани карор ё таъинот парванда тибки коидахои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур барраси карда мешавад.

Моддаи 202. Мухлатхои аз нав сар  кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Аз нав барраси кардани карори эътибори конуни пайдокардаи суд ё макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) бинобар холатхои нав ошкоршуда ба манфиати шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудааст, бо хеч гуна мухлат махдуд карда намешавад.
  2. Фавти шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудааст, барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури бинобар холатхои нав ошкоршуда бо максади катъ кардани парвандаи у монеъ намегардад.
  3. Аз нав барраси кардани карор доир ба катъи парванда, хамчунин аз нав барраси кардани карор бо сабабхои сабукии чазо ё зарурати нисбат ба шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудааст татбик кардани конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии нисбатан вазнинтар танхо дар давоми мухлатхои ба чавобгарии маъмури кашидан ва на дертар аз се  мох  аз рузи ошкор шудани холатхои нав мумкин аст.
  4. Рузи ошкор шудани холатхои нав хисоб карда мешавад:

– рузи эътибори конуни пайдо кардани карори Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон оид ба хилофи Конститутсияи Чумхурии Точикистон эътироф кардани конуне, ки зимни барасмиятдарори ва баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмурии мушаххас татбик карда шудааст;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)

– дар холатхои пешбининамудаи кисми 2 моддаи 197 Кодекси мазкур рузи эътибори конуни пайдо кардани таъинот, карор, хукм нисбат ба шахсоне, ки дар додани нишондод ва хулосаи бардуруг, пешниходи далелхои калбаки, тарчумаи нодуруст ё амали  чинояткоронае, ки хангоми барасмиятдарори ва баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури  содир шудаанд, гунахгоранд. 

Моддаи 203. Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Хукуки аз нав сар кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури бинобар холатхои нав ошкоргардида, ба истиснои холати дар кисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда ба прокурор тааллук дорад.
  2. Аризахои шахрвандон, хабархои шахсони мансабдори ташкилотхо, хамчунин маълумоти дар чараёни барасмиятдарори ва баррасии дигар парвандахои хукуквайронкунии маъмури ошкоршуда сабабхои аз нав сар кардани пешбурд бинобар ошкор шудани холатхои нав мегарданд.
  3. Аз нав барраси кардани карори эътибори конуни пайдокардаи суд бинобар холатхои нав ошкоргардида тибки кисми 1 моддаи 205 Кодекси мазкур бо пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон аз чониби Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон дар мухлати на дертар аз як мох аз лахзаи ворид шудани пешниход барраси мегардад.

Моддаи 204. Амали прокурор баъди анчоми санчиш

  1. Баъди анчом ёфтани санчиши холатхои нав ошкоршуда, дар сурати мавчуд будани асосхо барои аз нав сар кардани пешбурд аз руи парванда, прокурор парвандаро бо хулосаи худ ва нусхаи карорро  дар холатхои пешбининамудаи кисми 2 моддаи 197 Кодекси мазкур ба суди дахлдор мефиристонад.
  2. Дар сурати мавчуд набудани асосхо барои аз нав огоз кардани пешбурд аз руи парванда прокурор бо карори асосноки худ пешбурди аз чониби у бинобар холатхои нав ошкоршуда огозгардидаро катъ мегардонад.
  3. Карор дар бораи катъ гардидани пешбурд аз руи парванда ба маълумоти шахсони манфиатдор расонида, ба онхо фахмонида мешавад, ки онхо хукук доранд нисбат ба карор ба суд шикоят кунанд ва суд   салохият дорад масъалаи аз нав огоз кардани пешбурдро аз руи парвандаи мазкур бинобар холатхои нав ошкоршуда хал намояд.

 

Моддаи 205. Аз чониби суд хал кардани масъалаи аз нав баркарор кардани пешбурд аз руи парванда 

  1. Пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё хулосаи прокурор доир ба зарурати аз нав огоз кардани пешбурд аз руи парванда бинобар холатхои нав ошкоршуда бо тартиби зайл барраси мегардад:

– дар бораи карори суди нохия (шахр) – аз чониби Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти ва шахри Душанбе;

– дар бораи карори суди нохия (шахр)-хои тобеи чумхури, карори Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе ва карори судхои харбии гарнизонхо – аз чониби коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон;

– дар бораи карори коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон – аз чониби Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон.

  1. Баррасии каблии парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба тарики кассатсиони ё назорати ба баррасии он дар хамон мархилаи суди чихати аз нав огоз кардани пешбурд бинобар холатхои нав ошкоршуда монеъ намегардад.
  2. Пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё хулосаи прокурор дар бораи аз нав огоз кардани пешбурд аз руи парванда бинобар холатхои нав ошкоршуда дар мачлиси суд мувофики коидахои мукаррарнамудаи   Кодекси мазкур барраси карда мешавад.

Моддаи 206. Таъиноти (карори) суде, ки пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё хулосаи прокурорро барраси мекунад 

Суд пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё хулосаи прокурорро дар бораи аз нав сар кардани пешбурд аз руи парванда бинобар холатхои нав ошкоршуда барраси карда, яке аз таъинотхои зеринро мебарорад:

– доир ба бекор кардани карор ва равон кардани парванда барои гузаронидани санчиши иловаги  ё мурофиаи нави суди;

– дар бораи бекор кардани карор ва оид ба катъи парванда, вакте ки санчиши иловаги ё мурофиаи нави суди барои кабули карори нихои аз руи парванда талаб карда намешавад;

– дар  хусуси рад кардани пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё хулосаи прокурор.

Моддаи 207. Пешбурди  парванда  баъди бекор кардани карорхо 

Пешбурди санчиш ва мурофиаи суди аз руи парванда баъди бекор кардани карорхо оид ба он бинобар холатхои нав ошкоршуда, хамчунин шикоят кардан аз карорхои нав баровардаи суд ё эътироз овардан ба онхо бо тартиби умуми анчом дода мешавад.

 

ФАСЛИ V. ХУСУСИЯТХОИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ КАТЕГОРИЯХОИ АЛОХИДА

 

БОБИ 16. ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ НИСБАТ БА НОБОЛИГОН

 

Моддаи 208. Тартиби пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури нисбат ба ноболигон 

  1. Мукаррароти  боби мазкур оид ба парвандахо нисбат ба шахсе,  ки дар лахзаи содир кардани хукуквайронкунии маъмури ба хаждахсолаги  нарасидааст,  татбик мегарданд.
  2. Тартиби пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури  нисбат ба ноболигон бо  мукаррароти умумии Кодекси мазкур,  инчунин бо назардошти моддахои боби мазкур муайян карда мешавад.

Моддаи 209. Холатхое, ки доир ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбат ба ноболигон бояд мукаррар карда шаванд 

  1. Хангоми гузаронидани мурофиаи хукуквайронкунии маъмури аз руи парвандахои хукуквайронкунии маъмури нисбат ба ноболигон дар баробари исботи холатхои дар боби 5  Кодекси мазкур зикршуда бояд холатхои зерин муайян карда шаванд:

– синну соли ноболиг (сана, мох ва соли таваллуд);

– шароити зиндаги ва таълиму тарбия,  дарачаи  инкишофи  зехни,  ирода  ва рухи,  хислат ва мичоз,  талабот ва завку рагбат;

– таъсири шахсони калонсол ва ноболигони дигар.

  1. Ноболиге, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури барраси мегардад, мумкин аст, дар вакти баррасии холатхое, ки метавонанд ба у таъсири манфи расонанд, аз мухокима берун карда шавад.

Моддаи 210. Ба пешбурди алохида чудо кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбат ба ноболиг 

Парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбат ба ноболиге, ки дар содир кардани хукуквайронкунии маъмури  якчоя бо калонсолон иштирок кардааст, ба истехсолоти алохида чудо карда мешавад.

Моддаи 211. Тартиби даъвати ноболиг Ноболиг ба  воситаи  падару  модар ё намояндагони дигари конунии у ва агар ноболиг дар муассисаи  махсуси  кудакон  бошад  ба воситаи маъмурияти ин муассиса ба суд, макомоти ваколатдори давлати ё ба назди шахсони мансабдор даъват карда мешавад.

Моддаи 212. Баёнот гирифтан аз шахси ноболиги хукуквайронкунии маъмури содиркарда,  шохид ва чабрдидаи ноболиг 

Гирифтани баёнот аз шахси ноболиги хукуквайронкунии маъмури содиркарда, шохид ва чабрдидаи ноболиг наметавонад дар  як руз бетанаффус зиёда аз як соат ва дар мачмуъ бештар аз ду  соат давом ёбад.

Моддаи 213. Иштироки омузгор ва равоншинос

  1. Хангоми гирифтани баёноти ноболиг, хамчунин ноболиге, ки нокисулакл дониста шудааст,  иштироки омузгор ва равоншинос хатмист.
  2. Омузгор ва равоншинос хукук  доранд  ба ноболиге, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, саволхо диханд ва баъди ба охир расидани гирифтани баёнот бо  он шинос шаванд ва доир ба дурусти ва пуррагии сабтхои он мулохизахояшонро навишта диханд. Ин хукукро суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) пеш аз гирифтани баёнот ба омузгор ё равоншинос мефахмонанд.

Моддаи 214. Иштироки намояндаи конунии  ноболиг дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Намояндаи конунии ноболиг барои иштирок дар парвандаи хукуквайронкунии маъмури бо карори суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) аз лахзаи гирифтани баёноти аввал аз ноболиг рох дода мешавад. Хангоми ичозат додан барои иштирок дар парванда ба намояндаи конуни хукукхои пешбининамудаи кисми 2 хамин модда фахмонида мешаванд.
  2. Намояндаи конуни хукук дорад:

– донад, ки ноболиг барои содир кардани кадом хукуквайронкунии маъмури  айбдор  карда мешавад;

– хангоми гузаронидани амалхои мурофиавие, ки Кодекси мазкур пешбини мекунад, иштирок намояд;

– бо протоколи мачлиси суди шинос шавад ва доир ба дурусти ва пуррагии сабтхои он ба тарзи хатти эрод пешниход намояд;

– дархост ва раддия дихад;

– оид ба амалхо ва карорхои суд, макомоти ваколатдори давлати  (шахсони мансабдор) шикоят пешниход намояд;

– далелхо пешниход кунад;

– бо тамоми маводи парванда шинос шавад, аз он хама гуна маълумотро ба андозаи дилхох руйнавис намояд.

 

Моддаи 215. Катъ  кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури бо татбики чорахои тарбияви 

Агар дар чараёни баррасии парванда оид ба хукуквайронкунии маъмури мукаррар  гардад, ки ноболиг ин кирдорро бори аввал содир  кардааст ва ислохи у бе татбики чазои маъмури имкон дошта бошад суд, прокурор ва макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) хукук  доранд, ки парвандаро нисбат ба ноболиг бо  татбики  чорахои  тарбияви катъ намоянд. Ин гуна карор танхо дар холате кабул шуда метавонад, ки ба он ноболиг ва намояндаи  конунии у рози бошанд. Нусхаи карор дар  бораи катъ кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбат ба ноболиг бо татбики чорахои зикршуда ба комиссия оид ба хукуки кудак фиристонида мешавад.

ФАСЛИ VI. ИЧРОИ КАРОРХО 

БОБИ 17. ИЧРОИ КАРОРХО ВОБАСТА БА ТАЪИНИ ЧАЗОИ МАЪМУРИ

 

Моддаи 216. Эътибори конуни пайдо кардани карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

Карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар холатхои зерин эътибори конуни пайдо менамояд:

– баъди ба охир расидани мухлати шикоят ё эътироз овардан нисбат ба карор, агар оид ба карор шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад;

– баъди ба охир расидани мухлати шикоят ё эътироз овардан вобаста ба карори аз натичаи шикоят ва эътироз кабулгардида, агар вобаста ба ин карор шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад, ба истиснои холатхое, ки бо карори мазкур карори каблан кабулгардида бекор  карда шуда бошад;

– фавран баъди кабули карор аз натичаи баррасии шикоят ё эътирозе, ки вобаста ба он шикоят карда намешавад, ба истиснои холатхое, ки бо карори зикршуда карори каблан кабулгардида бекор карда шуда бошад.

Моддаи 217. Хатми будани ичрои карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури барои ичро аз чониби макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин шахсони мансабдор, шахрвандон ва иттиходияхои онхо, шахсони хукуки, сарфи назар аз шакли ташкилию хукукиашон хатмист.
  2. Карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури бояд аз лахзаи эътибори конуни пайдо кардани он ичро карда шавад.

Моддаи 218. Ичрои карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Ичрои карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Хангоми баррасии шикоят ё эътироз нисбат ба карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури ё нисбат ба карорхои минбаъда оид ба шикоят ё эътироз карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури, ки эътибори конуни пайдо кардааст, дар мухлати се шабонарузи баъди эътибори конуни пайдо кардани он ба судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки барои амали кардани карор ваколатдор мебошанд, фиристонида мешавад.
  3. Агар нисбат ба карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар мухлатхои мукарраргардида шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад, карори мазкур дар мухлати се шабонарузи баъди эътибори конуни пайдо кардани он, хангоми баррасии шикоят ё эътироз бошад, дар мухлати се шабонарузи баъди аз суд, макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) карорро кабулнамуда ворид шудани карор доир ба ин шикоят ё эътироз ба макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки барои амали кардани карор ваколатдоранд, фиристонида мешавад.
  4. Карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар мухлати се шабонарузи баъди эътибори конуни пайдо кардани он ба макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки барои амали кардани карор ваколатдор аст, фиристонида мешавад.

Моддаи 219. Ба ичро расонидани карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон ба ичро расонида мешавад.
  2. Дар сурати кабул гардидани якчанд карор доир ба таъин кардани чазои маъмури нисбати хамон як шахс хар як карор дар алохидаги ба ичро расонида мешавад.

Моддаи 220. Ба таъхир гузоштан ва ба мухлатхо чудо кардани ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури 

  1. Хангоми мавчуд будани холатхое, ки дар мухлатхои мукарраргардида ичрои карори таъин кардани чазои маъмуриро дар намуди хабси маъмури, махрум сохтан аз хукуки махсус ё дар намуди чаримаи маъмури имконнопазир мегардонанд, судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки карорро кабул кардааст, метавонад ичрои карорро ба мухлати то як мох ба таъхир гузорад.
  2. Вазъи моддии шахси ба чавобгарии маъмури кашидашударо ба инобат гирифта, пардохти чаримаи маъмури метавонад аз чониби судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки карорро кабул кардааст, ба муддати то се мох ба мухлатхо чудо карда шавад. 

Моддаи 221. Боздоштани ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури 

  1. Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки дар бораи таъин кардани чазои маъмури карор кабул кардаанд, дар сурати шикоят ё эътироз овардан нисбат ба карори эътибори конуни пайдонамуда ичрои ин карорро то баррасии шикоят ё эътироз бозмедоранд. Дар бораи боздоштани ичрои карор таъинот ё карор бароварда, хангоми зарурат он фавран ба макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) фиристонида мешавад, ки ин таъинот ё карорро ичро менамояд.
  2. Эътироз овардан нисбат ба карори хабси маъмури ё боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият ичрои ин карорро бознамедорад.

Моддаи 222. Ичрои карор дар бораи боздоштан ва ё манъ кардани фаъолияти сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки 

  1. Макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) тибки карори кабулгардида дар мухлати дах шабонаруз кисман ё пурра кори ташкилотро манъ карда, истифодаи бино, иншоот, кисмхои бино ва иншоот, анбор, хатхои алока ва гармиро боз медоранд.
  2. Макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) тибки карори кабулгардида дар мухлати дах шабонаруз фаъолияти шахси хукукиро манъ менамоянд ва  макомоти оморро  дар ин бора огох месозанд.

Моддаи 223. Катъи ичрои карори таъин кардани чазои маъмури 

Судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки дар бораи таъин кардани чазои маъмури карор кабул намудааст, дар холатхои зерин ичрои карорро катъ менамояд:

– хангоми кабули санади авф, агар чунин санад ба татбики чазои маъмури монеъ шавад;

– дар сурати бекор кардан ё беэътибор донистани конун ё мукаррароти алохидаи он, ки чавобгарии маъмуриро барои кирдори содиргардида мукаррар менамояд;

– хангоми фавти шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда ё бо тартиби мукарраргардида фавтида эълон шудани у;

– агар аз тарафи Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон конун ё мукаррароти алохидаи он, ки чавобгарии маъмуриро мукаррар менамояд, хилофи Конститутсияи Чумхурии Точикистон эътироф шуда бошад;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)

– хангоми гузаштани мухлати идомаи ичрои карори таъин кардани чазои маъмури, ки дар Кодекси мазкур мукаррар шудааст;

– дар сурати кабул гардидани карори катъи ичрои карор дар бораи таъин кардани чазои маъмури дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур.

Моддаи 224. Халли масъалахои вобаста ба ичрои карори таъин кардани чазои маъмури ба шахси ноболиг 

  1. Масъалахои ба таъхир гузоштан, боздоштан ё катъ кардани ичрои карор дар бораи таъин кардани чазои маъмури, инчунин руёнидани чаримаи маъмурии ба шахси ноболиг таъиншуда аз падару модар ё намояндаи конунии у аз тарафи судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки чунин карорро кабул кардаанд, дар мухлати се шабонарузи баъди ба миён омадани асос барои халли масъалаи дахлдор барраси мешаванд.
  2. Шахсоне, ки барои халли масъалахои дар кисми 1 хамин модда зикргардида манфиатдоранд, дар бораи вакт ва махалли барраси хабардор карда мешаванд. Бе сабабхои узрнок хозир нашудани шахсони манфиатдор барои халли масъалахои дахлдор монеъ шуда наметавонад.
  3. Карор оид ба масъалахои ба таъхир гузоштан, ба мухлатхо чудо кардан ё боздоштани ичрои карор дар бораи таъин кардани чазои маъмури, инчунин руёнидани чаримаи маъмурии нисбати шахси ноболиг таъингардида аз падару модар ё намояндаи конунии у дар намуди таъинот бароварда мешавад. Нусхаи таъинот ба шахси вокеи ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати онхо ин таъинот бароварда шудааст, инчунин ба чабрдида тибки дархост супорида мешавад. Хангоми хозир набудани шахсони зикргардида нусхаи таъинот ба онхо дар давоми се шабонарузи баъди баровардани он фиристонида, дар ин бора дар парванда кайди дахлдор карда мешавад.
  4. Масъалаи катъ кардани ичрои карори таъин кардани чазои маъмури дар шакли карор кабул карда мешавад.

Моддаи 225. Мухлати идома ёфтани ичрои карори таъин кардани чазои маъмури 

  1. Карори таъин кардани чазои маъмури ичро карда намешавад, агар он дар мухлати як сол аз лахзаи эътибори конуни пайдо карданаш мавриди ичро карор нагирифта бошад.
  2. Идома ёфтани мухлати пешбининамудаи кисми 1 хамин модда дар сурате катъ мегардад, ки шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда аз ичрои карори таъин кардани чазои маъмури саркаши намояд. Хисоби мухлат дар чунин холат аз рузи ошкор шудани шахси зикргардида ё молу мулку даромади у, ки мутобики карори таъин кардани чазои маъмури нисбат ба онхо мумкин аст чаримаи маъмури татбик карда шавад, аз нав огоз мегардад.
  3. Хангоми ба таъхир гузоштан ё боздоштани ичрои карори таъин кардани чазои маъмури мутобики Кодекси мазкур идома ёфтани мухлати ичро то гузаштани мухлати ба таъхир гузоштан ё мухлати боздоштани ичро боздошта мешавад.
  4. Хангоми ба мухлатхо чудо кардани ичрои карори таъин кардани чазои маъмури, давомнокии мухлати ичро ба ин мухлат дароз карда мешавад.

Моддаи 226. Ба охир расидани пешбурди ичрои карори таъин  кардани чазои маъмури

  1. Карори таъин кардани чазои маъмури, ки пурра ичро шудааст, бо кайди дахлдор дар бораи чазои маъмурии ичрогардида аз чониби макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки карорро ба ичро расонидааст, ба судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки ин карорро кабул кардааст, баргардонида мешавад.
  2. Карори таъин кардани чазои маъмури, ки ичрои он таъмин нагардидааст ё нопурра ичро шудааст, аз чониби макоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) ичрокунандаи карор ба судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки ин карорро кабул кардааст, дар холатхои зерин баргардонида мешавад:

– агар дар сурогаи зикрнамудаи судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки карорро кабул кардааст, шахси вокеии ба чавобгарии маъмури кашидашуда истикомат, кор ё тахсил накунад ё шахси хукукии ба чавобгарии маъмури кашидашуда ё молу мулки шахсони зикргардида, ки ба он метавонад чазои маъмури таъин шавад, дар он сурога карор надошта бошанд;

– агар шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда молу мулк ё даромаде надошта бошад, ки ба он чазои маъмури таъин карда шавад ва тадбирхои оид ба дарёфти молу мулки чунин шахс андешидашуда бенатича монда бошанд;

– агар мухлати давомнокии ичрои карори таъин кардани чазои маъмури, ки Кодекси мазкур пешбини намудааст, гузашта бошад.

  1. Дар холатхои пешбининамудаи сархатхои якум ва дуюми кисми 2 хамин модда макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки карори таъин кардани чазои маъмури тахти ичрои у мебошад, санади дахлдор тартиб медихад ва он аз чониби макоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) болои тасдик карда мешавад.
  2. Баргардонидани карор оид ба таъин кардани чазои маъмури аз руи асосхои пешбининамудаи сархатхои якум ва дуюми кисми 2 хамин модда барои ичро кабул кардани карори нав дар доираи мухлати пешбининамудаи Кодекси мазкур монеа шуда наметавонад.
  3. Агар мухлати давомнокии ичрои карор гузашта бошад ва ичрои он таъмин нагардида бошад ё нопурра ичро шуда бошад, карор мутобики талаботи Кодекси мазкур ба судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки карорро кабул кардааст, баргардонида мешавад.

Моддаи 227. Ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури нисбати шахсе, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат мекунад ё карор дорад ва дар худуди Чумхурии Точикистон молу мулк надорад

(КЧТ аз 02.01.18 с., №1476) 

Ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури нисбати шахсе, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат мекунад ё карор дорад ва дар худуди Чумхурии Точикистон молу мулк надорад, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва созишномахои байналмилалии Точикистон бо давлате, ки ин шахс дар худуди он истикомат мекунад ё карор дорад, инчунин бо давлате, ки молу мулки шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда дар худуди он мебошад, амали мегардад.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)

БОБИ 18. ТАРТИБИ ИЧРОИ НАМУДХОИ ЧУДОГОНАИ ЧАЗОИ МАЪМУРИ 

Моддаи 228. Ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури дар намуди огохи

Карор оид ба таъин кардани чазои маъмури дар намуди огохи аз чониби судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки ин карорро кабул намудааст, баъди эътибори конуни пайдо кардани карор бо рохи супоридан ё фиристодани нусхаи карор мутобики талаботи Кодекси мазкур ичро карда мешавад.

Моддаи 229. Ичрои карор оид ба таъин кардани чазои маъмури дар  намуди чарима 

  1. Чаримаи маъмури аз чониби шахсони вокеи, шахсони мансабдор ё шахсони хукуки, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудаанд, бояд дар мухлати на дертар аз си шабонарузи баъди эътибори конуни пайдо кардани карор дар бораи таъин кардани чаримаи маъмури ё аз лахзаи гузаштани мухлати батаъхирандози ё ба мухлатхо чудо кардан, ки Кодекси мазкур пешбини намудааст, ичро карда шавад.
  2. Агар шахси ноболиг даромади мустакил надошта бошад, чаримаи маъмури аз падару модар ё намояндаи конунии у ситонида мешавад.
  3. Маблаги чаримаи маъмури аз чониби шахсони вокеи, шахсони мансабдор ё шахсони хукуки, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудаанд, ба Бучети давлати  мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  4. Хангоми аз кор озод шудани шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда ё мавчуд набудани имконияти ситонидани чарима аз музди мехнат ё дигар даромади у, маъмурияти ташкилот дар мухлати дах шабонаруз аз рузи аз кор озод шудан ё ба вучуд омадани дигар холатхои гайриимкон гаштани ситонидани чарима, хуччатро оид ба таъин кардани чарима ба суд, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки онро кабул намудааст, бо нишон додани чойи кори нави шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда (агар муайян бошад), сабаби гайриимкон будани ситонидани чарима, бо кайди маблаги аз музди мехнат нигох дошташуда (агар нигох дошта шуда бошад) бармегардонад.
  5. Хангоми дар мухлати пешбининамудаи Кодекси мазкур ичро накардани карор оид ба таъйин кардани чазои маъмури дар намуди чарима, ичрои  мачбурии карори мазкур бо  тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи истехсолоти ичро» амали карда мешавад. (ЌЉТ аз 25.12.15с., № 1263)

Моддаи 230. Ба охир расидани пешбурди  ичрои карор оид ба  татбики чазои маъмури дар намуди чарима 

Карор оид ба татбики чазои маъмури, ки аз руи он ситонидани чаримаи маъмури пурра амали гардидааст, бо кайди ичрои он ба суд ё макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки ин карорро кабул кардааст, баргардонида мешавад.

Моддаи 231. Ичрои карори боздошти маъмурии амали ичозатнома барои машгул шудан ба намудхои муайяни фаъолият 

  1. Карор оид ба боздошти маъмурии амали ичозатнома барои машгул шудан ба намудхои муайяни фаъолият аз тарафи макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) ичро карда мешавад, ки у мутобики конун хукук дорад, барои хамин намуди фаъолият ичозатнома дихад.
  2. Карор оид ба боздошти маъмурии амали ичозатнома барои машгул шудан ба намудхои муайяни фаъолият дар мухлати дах шабонаруз бо рохи бозхонди ин ичозатнома ба мухлати боздошти амали он ичро карда мешавад.

Моддаи 232. Ичрои карор оид ба махрум кардан аз ичозатнома барои машгул шудан ба намудхои муайяни фаъолият 

Карори кабулгардида оид ба бекор кардани ичозатнома барои машгул шудан ба намудхои муайяни фаъолият дар мухлати дах шабонаруз аз тарафи макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) бо рохи бозпас гирифтани ичозатнома ичро карда мешавад.

Моддаи 233. Ичрои карор оид ба махрум кардани шахси вокеи аз хукуки махсус 

  1. Карори судя дар бораи махрум кардани шахси вокеи аз хукуки идораи воситаи наклиёт аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори макомоти дахлдори корхои дохили ичро карда мешавад.
  2. Карори судя дар бораи махрум кардани шахси вокеи аз хукуки идораи воситахои наклиёти техники (трактор, мошинахои худгард ва дигар намудхои техникаи кишоварзи) аз чониби шахсони мансабдори ваколатдори макомоти назорати давлатии холати техники ичро карда мешавад.
  3. Карори судя дар бораи махрум кардани шахси вокеи аз хукуки идораи киштихои хурдхачм аз тарафи шахсони мансабдори макомоти ваколатдори давлати ба ичро расонида мешавад.
  4. Карори судя дар бораи махрум кардани шахси вокеи аз хукуки истифодаи воситахои радиоэлектрони ё тачхизоти баландбасомад аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори макомоти анчомдихандаи  назорати давлатии сохаи алока ичро карда мешавад.
  5. Карори судя дар бораи махрум кардани шахси вокеи аз хукуки шикор аз тарафи шахсони мансабдори макомоти ваколатдори назорати давлатии риояи коидахои шикор ичро карда мешавад.

Моддаи 234. Тартиби ичрои карори махрум кардани шахси вокеи аз хукуки идораи воситахои наклиёт 

  1. Карори махрум кардани шахси вокеи аз хукуки идораи воситаи наклиёти намуди дахлдор ё дигар намудхои техника мувофикан бо рохи гирифтани шаходатномаи ронандаги ё шаходатномаи хукуки идораи киштихои хурдхачм ё шаходатномаи тракторчи-мошинист ичро карда мешавад, агар ронанда, киштирон ё тракторист-мошинист аз хукуки идораи хамаи намуди воситахои наклиёт, киштихои хурдхачм ва техникаи дигар махрум карда шуда бошад. Агар ронанда аз хукуки идораи на хамаи намуди воситахои наклиёт махрум карда шуда бошад, дар шаходатномаи ронандаги кайд карда мешавад, ки у аз хукуки идораи кадом намуди воситаи наклиёт махрум карда шудааст ва шаходатномаи хукуки идораи воситаи наклиёт баргардонида мешавад.
  2. Карори махрум кардани шахси вокеи аз хукуки истифодаи воситахои радиоэлектрони ё тачхизоти баландбасомад бо рохи гирифтани ичозатномаи махсус барои истифодаи воситахои радиоэлектрони ё тачхизоти баландбасомад ичро карда мешавад. Тартиби гирифтани ичозатномаи махсус барои истифодаи воситахои радиоэлектрони ё тачхизоти баландбасомад аз тарафи макомоти ваколатдори давлати, ки назорати давлатии сохаи алокаро дар Чумхурии Точикистон ба зимма доранд, мукаррар карда мешавад.
  3. Карори махрум кардани шахси вокеи аз хукуки шикор бо рохи гирифтани шаходатномаи шикорчи ичро карда мешавад.
  4. Баъди ба охир расидани мухлати чазои махрум кардани шахси вокеи аз хукуки махсус хуччатхое, ки аз шахси ба ин намуди чазои маъмури ба чавобгари кашидашуда гирифта шуда буданд, ба у баргардонида мешаванд.

Моддаи 235. Хисоб кардани мухлатхои махрум кардани шахси вокеи аз хукуки махсус 

  1. Давомнокии мухлати махрум кардани шахси вокеи аз хукуки махсус аз рузи эътибори конуни пайдо кардани карор дар бораи таъин кардани чазои маъмури дар намуди махрум кардани шахси вокеи аз хукуки махсуси дахлдор огоз мегардад.
  2. Дар сурати аз супоридани шаходатномаи дахлдор (ичозати махсус) ё дигар хуччатхо саркаши кардани шахси аз хукуки махсус махрумгардида мухлати махрум кардан аз хукуки махсус катъ мегардад. Давомнокии мухлати махрум кардани шахси вокеи аз хукуки махсус аз рузи аз чониби ин шахс супоридан ё аз у гирифтани шаходатномаи дахлдор (ичозати махсус) ё дигар хуччатхо огоз мегардад.
  3. Давомнокии мухлати махрум кардани шахси вокеи аз хукуки махсус хангоми нисбат ба шахси аз хукуки махсус махрумгардида барои бори дигар таъин кардани чазои маъмури дар намуди махрум кардан аз хамон як хукуки махсус аз рузи дигари баъди ба охир расидани мухлати чазои маъмурии каблан татбикшуда огоз мегардад.

Моддаи 236. Ичрои карори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият 

  1. Карори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият баъди кабул гардидани чунин карор ичро карда мешавад.
  2. Хангоми боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият гузоштани мухру сургуч ба биною манзил, чои нигохдории мол ва дигар арзишхои модди, хазинахо, инчунин дигар тадбирхо доир ба ичрои чорахои пешбининамудаи карори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият, ки барои ичрои чазои маъмури бо рохи боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият зарур мебошанд, татбик карда мешаванд. Дар сурати ба таври маъмури боздоштани намуди муайяни фаъолият ба татбики чорахое рох дода намешавад, ки метавонанд боиси окибатхои баркарорнашаванда барои пешбурд, инчунин барои фаъолият ва нигох доштани объектхои таъминоти хаёти  гарданд.
  3. Агар мукаррар карда шавад, ки холатхои барои таъини чазои маъмури дар намуди боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият асосшуда бартараф гардидаанд, боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият дар асоси дархости шахрванди бе таъсиси шахси хукуки ба фаъолияти сохибкори машгулбуда пеш аз мухлат катъ мегардад.
  4. Баъди тадкики хуччатхои пешниходгардида макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) дар бораи катъ кардани ичрои чазои маъмури бо рохи боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият ё рад кардани конеъгардонии дархост карор кабул менамояд. Дар карор дар бораи пеш аз мухлат катъ кардани боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият маълумоти пешбиникардаи моддаи 141 Кодекси мазкур, инчунин санаи аз нав ба фаъолият огоз кардани шахрванди бе таъсиси шахси хукуки ба фаъолияти сохибкори машгулбуда ё шахси хукуки, филиалхо, намояндагихо, вохидхои сохтори, китъахои истехсолии он, инчунин истифодаи тачхизот, объектхо, бино ва иншоот, анчом додани намудхои алохидаи фаъолият (кор ва хизматрасони) нишон дода мешаванд.

Моддаи 237. Ичрои карори бо подош гирифтани ашёе, ки олоти содир кардани хукуквайронкунии маъмури ё объекти бевоситаи он мебошад 

  1. Карори судя дар бораи бо подош гирифтани ашёе, ки олоти содир кардани хукуквайронкунии маъмури ё объекти бевоситаи он мебошад, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичро карда мешавад.
  2. Ба фуруш баровардани ашёхои гирифташуда, ки олоти содир кардани хукуквайронкунии маъмури ё объекти бевоситаи он мебошанд, тибки тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

Моддаи 238. Ичрои карори мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани хукуквайронкунии маъмури ё объекти бевоситаи он мебошад 

  1. Карори судя дар бораи мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани хукуквайронкунии маъмури ё объекти бевоситаи он мебошад, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва карор дар бораи мусодираи cилох, тир, лавозимоти чанги, воситахои нашъадор ва моддахои психотропи бошад, аз тарафи макомоти корхои дохили ичро карда мешавад.
  2. Нусхахои мусодирагардидаи асархо ва фонограммахо, маводу тачхизоти барои ичрои онхо истифодашаванда ва дигар олоти содиркунии хукуквайронкунии маъмури тибки тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур бояд нобуд карда шаванд, ба истиснои холатхои супоридани нусхахои мусодирагардидаи асархо ё фонограммахо дар асоси хохиши шахсе, ки дорандаи хукукхои муаллифи ё хукукхои вобаста ба он мебошад.

Моддаи 239. Ичрои карори бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд

(КЧТ аз 02.01.18 с., №1476) 

Карори бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд аз тарафи макомоти зерин ичро карда мешавад:  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)

– макомоти хифзи сархад хангоми содир кардани хукуквайронкунии маъмурие, ки низоми Сархади давлати ё низоми нуктахои гузаргохии Сархади давлатии Чумхурии Точикистонро риоя  накардаанд;

– макомоти корхои дохили хангоми содир кардани хукуквайронкунии маъмурие, ки низоми будубош (сукунат) дар Чумхурии Точикистон ва ё коидахои мухочиратро риоя накардаанд.

Моддаи 240. Тартиби ичрои карори бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд

(КЧТ аз 02.01.18 с., №1476) 

  1. Ичрои карори бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд бо рохи расман супоридани шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд ба намояндаи расмии давлате, ки ин шахс ба худуди он берун карда мешавад ё бо рохи мустакилона аз худуди Чумхурии Точикистон баромада рафтани шахсе, ки мавриди бо рохи маъмури берун кардан карор гирифтааст, анчом дода мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  2. Дар бораи бо рохи маъмури берун кардани шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд аз гузаргоххои Сархади давлатии Чумхурии Точикистон макомоти давлати хоричи, ки бо рохи маъмури баровардани ин шахс ба худуди он ё тавассути худуди он сурат мегирад, огох карда мешавад, агар тибки шартномаи байналмилалии Чумхурии Точикистон бо ин давлат бо рохи маъмури берун кардан пешбини гардида бошад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  3. Агар тибки шартномаи байналмилалии Чумхурии Точикистон ба намояндаи давлати хоричи супоридани шахсе, ки бояд аз худуди Чумхурии Точикистон берун карда шавад, пешбини нагардида бошад, дар ин холат шахс дар махалли муайяннамудаи макомоти хифзи сархад бо рохи маъмури берун карда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Ичрои карори бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванд дар шакли санади яктарафа ё дутарафа ба расмият дароварда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  5. Шахрванди хоричи ё шахси бешахрвандро то рузи бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардан дар чойхои махсус нигох доштан мумкин аст. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)

Моддаи 241. Ичрои карори таъин кардани чазои маъмури дар  намуди хабси маъмури 

  1. Карори судя дар бораи таъин кардани чазои маъмури дар намуди хабси маъмури аз тарафи макомоти корхои дохили баъди кабули чунин карор фавран ичро карда мешавад.
  2. Шахсоне, ки нисбати онхо чазои хабси маъмури таъин карда шудааст, дар чойхои муайяннамудаи макомоти корхои дохили нигох дошта мешаванд.
  3. Мухлати дастгиркунии маъмури ба мухлати хабси маъмури хисоб карда мешавад.

Моддаи 242. Тартиби ичрои чазои маъмури дар намуди хабси маъмури 

  1. Шахсоне, ки барои содир кардани хукуквайронкунии маъмури ба хабси маъмури гирифта шудаанд, ба корхои чисмони чалб карда мешаванд.
  2. Тартиби ичрои чазои хабси маъмури ва ташкили истифодаи мехнати шахсони ба хабси маъмури гирифташуда тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
  3. Шахсоне, ки нисбати онхо чазои хабси маъмури таъин карда шудааст, дар давраи дар хабси маъмури карор доштанашон дар чойи кори асоси ба онхо музди мехнат пардохта намешавад. 

Моддаи 243. Тартиб ва мухлати ичрои карор оид ба чуброни зарари модди 

  1. Карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури оид ба чуброни зарари модди тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур, конунгузории граждании Чумхурии Точикистон ва Кодекси мурофиавии граждании Чумхурии Точикистон ичро карда мешавад.
  2. Карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури оид ба чуброни зарари модди хуччати ичроия ба хисоб меравад.
  3. Зарари модди аз чониби шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст бояд дар давоми се мохи баъди ба у супорида шудани карор, вале дар сурати шикоят кардан ё эътироз овардан дар мухлати на дертар аз си шабонарузи баъди хабардор кардан аз хусуси конеъ нагардонидани шикоят ё эътироз чуброн карда шавад.

Моддаи 244. Окибатхои ичро накардани карор оид ба чуброни  зарари модди 

Хангоми дар мухлати пешбининамудаи Кодекси мазкур ичро накардани карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури оид ба чуброни зарари модди, ичрои карори мазкур барои руёнидани зарар  бо тартиби мукаррарнамудаи  Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи истехсолоти ичро” амали карда мешавад.

Моддаи  245. Баргардонидани ичрои карор

Хангоми бекор кардани карори ичрогардида ва баъди баррасии нави парванда баровардани карор дар бораи пурра ё кисман бекор кардани чавобгарии маъмури ё таъинот оид ба катъи мурофиаи парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба шахсе, ки нисбаташ чазои маъмури татбик карда шудааст, бояд хама молу мулке, ки аз у мутобики санади бекоргардидаи суд гирифта шуда буд, баргардонида шавад (баргардонидани ичрои карор).

Моддаи 246. Халли масъалахо дар бораи баргардонидани ичрои карор аз чониби суди мархилаи якум 

  1. Суде, ки ба он парванда барои баррасии нав супорида шудааст, ухдадор аст бо ташаббуси худ масъалаи баргардонидани ичрои карорро барраси намуда, онро дар карор ё таъиноти наве, ки бо он баррасии парванда катъ мегардад, хал намояд.
  2. Агар суди парвандаро аз нав баррасинамуда масъалаи баргардонидани ичрои карори бекоркардаро хал накунад, шахси манфиатдор хукук дорад дар доираи мухлати даъво ба хамин суд дар хусуси баргардонидани ичрои карор ариза дихад. Ин ариза дар мачлиси суди барраси карда мешавад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вакт ва махалли баргузории мачлиси суд огох карда шуда, хозир нашудани онхо барои халли масъалаи дар назди суд гузошташуда монеа намегардад.
  3. Нисбат ба санади судии кабулшуда дар бораи баргардонидани ичрои карор мумкин аст бо асос ва тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур шикояти кассатсиони ё шикояти хусуси пешниход карда шавад.

Моддаи 247. Халли масъалахо дар бораи баргардонидани ичрои карор аз чониби суди мархилаи кассатсиони ё назорати 

  1. Суде, ки парвандаро бо тартиби кассатсиони ё тартиби назорати барраси менамояд, агар бо таъинот ё карори худ бахсро мохиятан хал кунад ё баррасии парвандаро катъ намояд ё аризаро барраси накунад, ухдадор аст масъалаи баргардонидани ичрои карорро хал намояд ё барои хал кардани он ба суди мархилаи якум ирсол намояд.
  2. Агар дар таъинот ё карори суди болои нисбат ба масъалаи баргардонидани ичрои карор ягон супориш мавчуд набошад, шахси манфиатдор метавонад ба суди мархилаи якум аризаи дахлдор пешниход кунад.

БОБИ 19. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 248. Тартиби мавриди амал карор додани Кодекси мазкур

 Кодекси мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

word
Скачать файл – Этот закон)

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                 Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 22 июли соли 2013,

№ 975

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …