Главная / Чамъият / КОДЕКСИ ГУМРУКИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОДЕКСИ ГУМРУКИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ФАСЛИ I. МУКАРРАРОТИ УМУМИ.. 13

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ АСОСИ.. 13

Моддаи 1. Танзими гумруки ва фаъолияти гумруки дар Чумхурии Точикистон. 13

Моддаи 2. Худуди гумруки ва сархади гумрукии Чумхурии Точикистон. 13

Моддаи 3. Санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти гумруки. 14

Моддаи 4. Тартиби мавриди амал карор додани санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар  14

Моддаи 5. Кувваи бозгашти санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи. 14

Моддаи 6. Талабот ба санадхои конунгузории гумрук, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии  14

Моддаи 7. Истифодаи тадбирхои танзими тарифи гумруки, мамнуият ва махдудиятхои мувофики  15

Моддаи 8. Тартиби бахисобгирии мухлатхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс. 15

Моддаи 9. Муносибат бо маълумоте, ки макомоти гумрук гирифтааст. 15

Моддаи 10. Мафхумхои асоси. 16

Боби 2. ПРИНСИПХОИ АСОСИИ ИНТИКОЛИ МОЛ ВА ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ АЗ САРХАДИ ГУМРУКИ.. 18

Моддаи 11. Интиколи мол (аз чумла асъор ва сарватхои асъори) ва воситахои наклиёт аз сархади  18

Моддаи 12. Риояи мамнуият ва махдудиятхо хангоми интиколи мол ва воситахои наклиёт аз. 18

Моддаи 13. Расмиёти гумруки ва назорати гумруки. 19

Моддаи 14. Истифодабари ва ихтиёрдории мол ва воситахои наклиёт. 19

Моддаи 15. Ухдадори оид ба татбики амалиёти гумруки барои ичозати мол. 19

Моддаи 16. Кафолатхо барои ичрои пурраи ухдадорихои мукаррарнамудаи хамин Кодекс. 19

БОБИ 3. АМАЛХО ДАР СОХАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКИ.. 19

Моддаи 17. Амалхо дар сохаи фаъолияти гумруки. 20

Моддаи 18. Реестри шахсони дар сохаи фаъолияти гумруки амалкунанда. 20

Моддаи 19. Дохил намудани шахси хукуки ба Реестри шахсони дар сохаи фаъолияти гумруки. 20

Моддаи 20. Шаходатномаи ба яке аз реестрхо дохил намудани шахсоне, ки дар сохаи. 20

Моддаи 21. Хорич намудани шахси хукуки аз реестрхои шахсоне, ки дар сохаи фаъолияти. 21

БОБИ 4. ИТТИЛОЪДИХИ ВА МУШОВАРА.. 21

Моддаи 22. Гирифтани иттилоот оид ба сабабхои кабули карор, амали (беамалии) содиршуда. 21

Моддаи 23. Иттилоот дар бораи санадхои меъёрии хукукии сохаи фаъолияти гумруки. 22

Моддаи 24. Машварат оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ва дигар масъалахое, ки тахти. 22

Боби 5. ОМОРИ ГУМРУКИ.. 22

Моддаи 25. Омори гумрукии тичорати хоричии Чумхурии Точикистон. 22

Моддаи 26. Омори гумрукии махсус. 23

Моддаи 27. Хуччатхо ва маълумоте, ки барои максадхои омори истифода мешаванд. 23

Боби 6. КИШВАРИ ИСТЕХСОЛКАРДАИ МОЛ, НОМГУИ МОЛХОИ ФАЪОЛИЯТИ ИКТИСОДИИ ХОРИЧИ.. 23

Моддаи 28. Сохаи истифодаи хамин боб. 23

Моддаи 29. Муайян намудани кишвари истехсолкардаи мол. 23

Моддаи 30. Моле, ки пурра дар ин кишвар истехсол карда шудааст. 23

Моддаи 31. Мизони (критерияхои) коркарди кифоя. 24

Моддаи 32. Хусусиятхои муайян намудани кишвари истехсолкардаи мол. 24

Моддаи 33. Тасдики кишвари истехсолкардаи мол. 25

Моддаи 34. Декларатсияи истехсоли мол. 25

Моддаи 35. Сертификати истехсоли мол. 25

Моддаи 36. Пешниходи хуччатхои тасдиккунандаи кишвари истехсолкардаи мол. 26

Моддаи 37. Шартхои иловагии ичозати мол хангоми муайян намудани кишвари истехсолкардаи. 27

Моддаи 38. Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи. 27

Моддаи 39. Пешбурди Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи. 27

Моддаи 40. Таснифоти (классификатсияи) мол. 28

Моддаи 41. Кабули карори пешаки. 28

Моддаи 42. Дархост дар бораи кабули карори пешаки. 28

Моддаи 43. Мохияти хукуки ва мухлати амали карори пешаки. 28

Моддаи 44. Катъи амал, тагйир додан ё бозхондани карори пешаки. 29

Боби 7. ШИКОЯТ  АЗ КАРОР, АМАЛИ (БЕАМАЛИИ) МАКОМОТИ ГУМРУК ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ОНХО.. 29

Моддаи 45. Хукук барои шикоят. 29

Моддаи 46. Тартиби пешниходи шикоят. 29

Моддаи 47. Тартиби пешниходи шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва. 30

Моддаи 48. Мухлати пешниходи шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси  30

Моддаи 49. Баркарор намудани мухлати пешниходи шикоят нисбати карор, амали (беамалии) 30

Моддаи 50. Шакл ва мазмуни шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва шахсони  30

Моддаи 51. Окибати пешниходи шикоят нисбати карор, амали макоми гумрук ё шахси. 31

Моддаи 52. Асосхо барои мохиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати карор, амали. 31

Моддаи 53. Бозхонди шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси. 31

Моддаи 54. Макоми гумруке, ки шикоятро нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё. 31

Моддаи 55. Мухлати баррасии шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси. 31

Моддаи 56. Карори макомоти гумрук оид ба шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми. 32

Моддаи 57. Тартиби соддагардонидашудаи шикоят нисбати карор, амали (беамалии) шахси. 32

ФАСЛИ II. расмиёти ГУМРУКИ.. 32

Боби 8. МУКАРРАРОТИ АСОСИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ГУМРУКИ.. 33

Моддаи 58. Доираи истифодаи хамин боб. 33

Моддаи 59. Тартиби барасмиятдарории гумруки. 33

Моддаи 60. Огоз ва анчоми барасмиятдарории гумруки. 33

Моддаи 61. Ичозати макоми гумрук барои анчом додани амалиёти гумруки. 33

Моддаи 62. Махал ва вакти барасмиятдарории гумрукии мол. 34

Моддаи 63. Хуччатхо ва маълумоте, ки барои барасмиятдарории гумруки заруранд. 34

Моддаи 64. Иштироки шахсони манфиатдор ва намояндагони онхо хангоми барасмиятдарории. 34

Моддаи 65. Забони барасмиятдарории гумруки. 35

Моддаи 66. Барасмиятдарории гумруки ва назорати дигар макомоти давлати. 35

Моддаи 67. Тартиби дар навбати аввал барасмиятдарории гумруки. 35

Моддаи 68. Расмиёти соддагардонидашудаи махсус барои  барасмиятдарории гумрукии шахсони  35

БОБИ 9. РАСИДАНИ МОЛУ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ  БА ХУДУДИ ГУМРУКИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН.. 36

Моддаи 69. Махал ва вакти расидани мол ва воситахои наклиёт ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон. 36

Моддаи 70. Тадбирхое, ки хангоми садама ва таъсири кувваи рафънопазир ё дигар холатхо. 36

Моддаи 71. Огохонидани пешакии макомоти гумрук дар бораи расидани мол ва воситахои наклиёт ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон. 36

Моддаи 72. Пешниходи хуччатхо ва маълумот дар бораи расидани мол ва воситахои наклиёт ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон. 37

Моддаи 73. Хуччатхо ва маълумоте, ки хангоми хамлу накли байналмилали тавассути наклиёти. 37

Моддаи 74. Хуччатхо ва маълумоте, ки хангоми хамлу накли байналмилали тавассути наклиёти. 37

Моддаи 75. Хуччатхо ва маълумоте, ки хангоми хамлу накли байналмилали тавассути наклиёти. 38

Моддаи 76. Хуччатхо ва маълумоте, ки хангоми интиколи байналмилали тавассути наклиёти рохи  39

Моддаи 77. Амалиёт бо молу воситахои наклиёт дар махали расидани онхо. 39

Моддаи 78. Борфарори ва азнавборкуни дар махали расидани мол. 39

Боби 10. ТРАНЗИТИ ДОХИЛИИ ГУМРУКИ.. 40

Моддаи 79. Транзити дохилии гумруки. 40

Моддаи 80. Ичозат барои транзити дохилии гумруки. 40

Моддаи 81. Декларатсияи транзити. 41

Моддаи 82. Мухлати транзити дохилии гумруки. 42

Моддаи 83. Хаммонандсозии (идентификатсияи) мол ва хуччатхои он. 42

Моддаи 84. Тачхизонидани воситахои наклиёт, контейнерхо ва бордонхои чудошаванда хангоми  43

Моддаи 85. Махали расонидани мол хангоми транзити дохилии гумруки. 44

Моддаи 86. Тадбирхо барои таъмини риояи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон. 44

Моддаи 87. Мушоияти гумруки. 45

Моддаи 88. Вазифахои интиколдиханда хангоми транзити дохилии гумруки. 45

Моддаи 89. Азнавборкуни, борфарори, борбардори ва дигар амалиёт нисбати мол. 46

Моддаи 90. Чавобгарии интиколдиханда ва экспедитор хангоми транзити дохилии гумруки. 46

Моддаи 91. Тадбирхои хангоми садама ва (ё) таъсири кувваи рафънопазир андешидашаванда, ки. 46

Моддаи 92. Анчоми расмиёти транзити дохилии гумрукии мол. 47

Боби 11. БОРКАШОНИ ГУМРУКИ.. 47

Моддаи 93. Боркашони гумруки. 47

Моддаи 94. Шартхои дохил намудан ба Реестри боркашонхои гумруки. 47

Моддаи 95. Ариза дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонхои гумруки. 48

Моддаи 96. Шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонхои гумруки. 48

Моддаи 97. Вазифахои боркашони гумруки. 49

Моддаи 98. Бозхонди шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонхои гумруки. 49

Боби 12. НИГАХДОРИИ МУВАККАТИИ МОЛ.. 49

Моддаи 99. Нигахдории муваккатии мол. 49

Моддаи 100. Анборхои нигахдории муваккати. 49

Моддаи 101. Чойгиронии мол дар анборхои нигахдории муваккати. 49

Моддаи 102. Хуччатхое, ки барои чойгиронии молхо дар анбори нигахдории муваккати заруранд  50

Моддаи 103. Мухлати нигахдории муваккатии мол. 50

Моддаи 104. Амалиёт бо моле, ки тахти нигахдории муваккати карор дорад. 50

Моддаи 105. Моли корношоям, харобгардида ва вайроншуда. 51

Моддаи 106. Навъхои анборхои нигахдории муваккати. 51

Моддаи 107. Талабот нисбати ободони, тачхизони ва махали чойгиршавии анборхои нигахдории муваккати. 51

Моддаи 108. Сохибони анборхои нигахдории муваккати. 51

Моддаи 109. Шартхои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати. 52

Моддаи 110. Ариза барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати. 52

Моддаи 111. Шаходатнома барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати  53

Моддаи 112. Вазифахои сохиби анборхои нигахдории муваккати. 53

Моддаи 113. Бозхондани шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати. 53

Моддаи 114. Амалиёт бо мол хангоми аз Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати хорич намудани сохиби анбори нигахдории муваккати. 54

Моддаи 115. Нигахдории мол дар анборхои нигахдории муваккатии макомоти гумрук. 54

Моддаи 116. Хусусиятхои нигахдории муваккатии моле, ки тавассути наклиёти рохи охан интикол  54

Моддаи 117. Нигахдории муваккати дар анбори гирандаи мол. 55

Моддаи 118. Чойгир намудани мол дар анборхои нигахдории муваккати аз чониби макомоти. 55

БОБИ 13. БАРОВАРДАНИ МОЛ ВА ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ АЗ ХУДУДИ ГУМРУКИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН.. 55

Моддаи 119. Махал ва мухлати баровардани мол ва воситахои наклиёт аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон. 55

Моддаи 120. Пешниходи хуччатхо ва маълумот. 55

Моддаи 121. Боркунии мол ба воситаи наклиёте, ки аз худуди Чумхурии Точикистон хорич мешавад  56

Моддаи 122. Талабот нисбати мол хангоми баровардани он аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон  56

БОБИ 14. ДЕКЛАРАТСИЯ КАРДАНИ МОЛ.. 56

Моддаи 123. Моле, ки бояд декларатсия карда шавад. 56

Моддаи 124. Декларатсия кардани мол. 56

Моддаи 125. Махали декларатсия кардани мол. 57

Моддаи 126. Декларант. 57

Моддаи 127. Хукуку вазифахои декларант. 58

Моддаи 128. Хусусиятхои хоси декларатсия кардани моли мухталифи марбут ба як партия. 58

Моддаи 129. Мухлати пешниходи декларатсияи гумруки. 59

Моддаи 130. Декларатсияи пешакии мол. 59

Моддаи 131. Пешниходи хуччатхо хангоми декларатсия кардани мол. 59

Моддаи 132. Кабули декларатсияи гумруки. 60

Моддаи 133. Ворид намудани тагйиру иловахо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукии. 60

Моддаи 134. Бозхондани декларатсияи гумруки. 61

Моддаи 135. Декларатсияи гумрукии нопурра. 61

Моддаи 136. Декларатсияи гумрукии даври. 61

Моддаи 137. Хусусиятхои декларатсияи моли ватани хангоми содир намудани онхо аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон. 62

Моддаи 138. Декларатсияи гумрукии муваккатии даврии моли ватани. 62

БОБИ 15. БРОКЕРИ ГУМРУК (НАМОЯНДА) 63

Моддаи 139. Брокери гумрук (намоянда) 63

Моддаи 140. Шартхои дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) 64

Моддаи 141. Ариза дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) 64

Моддаи 142. Шаходатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук. 64

Моддаи 143. Хукукхои брокери гумрук (намоянда) 65

Моддаи 144. Вазифахо ва масъулияти брокери гумрук (намоянда) 65

Моддаи 145. Бозхондани шаходатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук. 65

Моддаи 146. Мутахассиси барасмиятдарории гумруки. 66

Моддаи 147. Аттестатсияи мувофикат ба талаботи тахассуси (квалификатсиони) 66

Моддаи 148. Тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаходатномаи тахассусии  66

БОБИ 16. ИЧОЗАТИ МОЛ.. 66

Моддаи 149. Асосхо барои ичозати мол. 66

Моддаи 150. Ичозати мол то пешниходи декларатсияи гумруки. 67

Моддаи 151. Ичозати шарти. 67

Моддаи 152. Мухлати ичозати мол. 68

Моддаи 153. Шартхои иловагии ичозати мол. 68

Моддаи 154. Ичозати мол хангоми кушодани парвандаи хукуквайронкунихои маъмури. 69

БОБИ 17. МУКАРРАРОТИ УМУМИИ МАРБУТ БА НИЗОМИ ГУМРУКИ.. 69

Моддаи 155. Намудхои низоми гумруки. 69

Моддаи 156. Интихоб ва тагйир додани низоми гумруки. 70

Моддаи 157. Чойгир намудани мол тахти низоми гумруки. 70

Моддаи 158. Риояи мамнуият ва махдудиятхо хангоми тахти низоми гумруки чойгир намудани. 70

Моддаи 159. Хуччатхо ва маълумоти тасдиккунандаи риояи низоми гумруки. 70

Моддаи 160. Кафолати риояи низоми гумруки. 70

Моддаи 161. Ухдадорихои тасдики риояи шартхои нигахдории мол тахти низоми гумруки. 70

Моддаи 1611. Масъулияти барои риоя накардани шарту талаботи низоми гумруки. 70

Моддаи 162. Окибати ситонидани мол аз руи парвандаи хукуквайронкунихои маъмури дар. 71

БОБИ 18. ИЧОЗАТ БАРОИ МУОМИЛОТИ ОЗОД.. 71

Моддаи 163. Мазмуни низоми гумрукии ичозат барои муомилоти озод. 71

Моддаи 164. Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии ичозат барои муомилоти. 71

БОБИ 19. СОДИРОТ. 71

Моддаи 165. Мазмуни низоми гумрукии содирот. 72

Моддаи 166. Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии содирот. 72

БОБИ 20. ТРАНЗИТИ ГУМРУКИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ.. 72

Моддаи 167. Мазмуни низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилали. 72

Моддаи 168. Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии транзити гумрукии. 72

Моддаи 169. Нисбати коидахои транзити гумрукии байналмилали истифода бурдани коидахои. 72

Моддаи 170. Азнавборкунии моли транзити ва дигар амалиёт нисбати моли транзити. 72

Моддаи 171. Анчоми низоми гумруки. 73

Моддаи 172.  Хусусиятхои истифодаи низоми гумруки. 73

БОБИ 21. КОРКАРД ДАР ХУДУДИ ГУМРУКИ.. 73

Моддаи 173. Мазмуни низоми гумрукии коркард дар худуди гумруки. 73

Моддаи 174. Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии коркард дар худуди гумруки  74

Моддаи 175. Хаммонандсозии махсули моли коркардшуда. 74

Моддаи 176. Амалиёт доир ба коркарди мол. 74

Моддаи 177. Мухлати коркарди мол. 74

Моддаи 178. Меъёри баромади махсули коркард. 75

Моддаи 179.      Рухсатнома барои коркарди мол дар худуди гумруки. 75

Моддаи 180.      Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол. 76

Моддаи 181.      Бозхондани рухсатнома барои коркарди мол. 77

Моддаи 182.      Озод намудани махсули коркард аз бочи гумрукии содироти ва чори намудани. 77

Моддаи 183.      Партовхои коркарди мол. 77

Моддаи 184.      Пасмондахои коркарди мол. 78

Моддаи 185.      Анчом ва боздошти низоми гумруки. 78

Моддаи 186.      Чуброни баробарарзиш (эквиваленти) 79

БОБИ 22. КОРКАРД БАРОИ МУОМИЛОТИ ОЗОД.. 79

Моддаи 187.      Мазмуни низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод. 79

Моддаи 188.      Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии коркард барои. 79

Моддаи 189. Хаммонандсозии мол дар махсули коркарди он. 80

Моддаи 190.      Амалиёт доир ба коркарди мол. 80

Моддаи 191.      Мухлати коркарди мол. 80

Моддаи 192.      Рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод. 80

Моддаи 193.      Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол. 80

Моддаи 194.      Партовхо ва пасмондахо. 81

Моддаи 195.      Анчоми низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод. 81

Моддаи 196.      Хусусиятхои истифодаи меъёрхои бочи гумруки нисбати махсули коркард. 81

БОБИ 23. КОРКАРД БЕРУН АЗ ХУДУДИ ГУМРУКИ.. 82

Моддаи 197.      Мазмуни низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки. 82

Моддаи 198.      Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрук коркард берун аз худуди гумруки  82

Моддаи 199.      Хаммонандсозии мол бо махсули коркард. 82

Моддаи 200.      Амалиёт доир ба коркарди мол. 83

Моддаи 201.     Мухлати коркарди мол. 83

Моддаи 202.      Меъёри махсули коркард бо максади гумруки. 83

Моддаи 203.      Рухсатнома барои коркарди мол. 84

Моддаи 204.      Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол. 84

Моддаи 205.      Бозхондани рухсатнома барои коркарди мол. 85

Моддаи 206.      Иваз намудани махсули коркард ба моли хоричи. 85

Моддаи 207.      Истифодаи кисман ё пурра озод намудани махсули коркард аз пардохти бочхои. 85

Моддаи 208.      Анчоми низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки. 86

БОБИ 24. ВОРИДОТИ МУВАККАТИ.. 86

Моддаи 209.      Мазмуни низоми гумрукии воридоти муваккати. 87

Моддаи 210.      Шартхои тахти низоми гумрукии воридоти муваккати карор додани мол. 87

Моддаи 211.      Махдудиятхо барои истифода ва ихтиёрдории моли муваккатан вориднамуда. 87

Моддаи 212.      Истифодаи бочхои гумруки ва андоз. 87

Моддаи 213.      Мухлати воридоти муваккатии мол. 88

Моддаи 214.      Анчоми амали низоми гумруки ва боздоштани он. 89

БОБИ 25. АНБОРИ ГУМРУКИ.. 89

Моддаи 215.      Мазмуни низоми гумрукии анбори гумруки. 89

Моддаи 216.      Анборхои гумруки. 89

Моддаи 217.      Шартхои тахти низоми гумруки карор додани мол. 90

Моддаи 218.      Мухлати нигахдории мол дар анбори гумруки. 90

Моддаи  219.      Амалиёт бо моли дар анбори гумруки карордошта. 90

Моддаи 220.      Аз пардохти бочхои гумруки ва андоз озод кардани моли содироти ё. 91

Моддаи 221.      Моли корношоям, вайроншуда ё харобшуда. 91

Моддаи 222.      Муайян намудани арзиши мол хангоми ичозат барои муомилоти озод. 91

Моддаи 223.      Анчоми амали низоми гумруки. 92

Моддаи 224.      Навъхои анбори гумруки. 92

Моддаи 225.      Талабот нисбати ободони, тачхизони ва махали чойгиршавии анборхои гумруки. 92

Моддаи 226.      Сохиби анбори гумруки. 92

Моддаи 227.      Шарти дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки. 93

Моддаи 228.      Ариза барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки. 93

Моддаи 229.      Шаходатнома дар барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки. 94

Моддаи 230.      Вазифахо ва масъулияти сохиби анбори гумруки. 94

Моддаи 231.      Бозхондани шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри сохибони. 94

Моддаи 232.      Амалиёт бо мол хангоми хорич намудани сохиби анбори гумруки аз Реестри. 94

Моддаи 233.      Нигахдории мол дар анборхои гумрукии макомоти гумрук. 95

БОБИ 26. РЕИМПОРТ. 95

Моддаи 234.      Мазмуни низоми гумрукии реимпорт. 95

Моддаи 235.      Шартхои тахти низоми гумрукии реимпорт карор додани мол. 95

Моддаи 236.      Баргардонидани маблаги бочхои гумрукии воридоти, андозхо, субсидияхо ва. 96

Моддаи 237.      Хуччат ва маълумоте, ки барои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии. 96

Моддаи 238.      Баргардонидани маблаги бочхои гумрукии содироти хангоми реимпорти мол. 97

БОБИ 27. РЕЭКСПОРТ. 97

Моддаи 239.      Мазмуни низоми гумрукии реэкспорт. 97

Моддаи 240.      Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии реэкспорт. 97

Моддаи 241.      Татбики бочхои гумруки ва андоз хангоми реэкспорти мол. 97

Моддаи 242.      Татбики низоми гумрукии реэкспорт нисбати моле, ки барои муомилоти озод. 98

БОБИ 28. НОБУДКУНИ.. 98

Моддаи 243.      Мазмуни низоми гумрукии нобудкуни. 98

Моддаи 244.      Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии нобудкуни. 98

Моддаи 245.      Мухлат ва махали нобудкуни. 98

Моддаи 246.      Татбики низоми гумрукии нобудкуни нисбати моле, ки дар натичаи садама ё. 99

Моддаи 247.      Партовхои моли нобудкардашуда. 99

БОБИ 29. ДАСТ КАШИДАН БА МАНФИАТИ ДАВЛАТ. 99

Моддаи 248.      Мазмуни низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат. 99

Моддаи 249.      Шартхои чойгир кардани мол тахти низоми гумрукии даст кашидан ба. 99

Моддаи 250.      Статуси моле, ки шахс аз он ба манфиати давлат даст кашидааст. 99

Моддаи 251.      Масъулият барои татбики низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат. 100

БОБИ 30. СОДИРОТИ МУВАККАТИ.. 100

Моддаи 252.      Мазмуни низоми гумрукии содироти муваккати. 100

Моддаи 253.      Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии содироти муваккати. 100

Моддаи 254.      Мухлати содироти муваккати. 100

Моддаи 255.      Истифодаи бочхои гумрукии содироти. 100

Моддаи 256.      Анчоми низоми гумрукии содироти муваккати. 101

Моддаи 257.      Масъулият вобаста ба пардохти бочхои гумруки. 101

БОБИ 31. САВДОИ БЕБОЧ.. 101

Моддаи 258.      Мазмуни низоми гумрукии савдои бебоч. 101

Моддаи 259.      Талабот нисбати ободони ва тачхизонии бинои магозаи савдои бебоч. 102

Моддаи 260.      Шарти дохил намудан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч. 102

Моддаи 261.      Ариза барои дохил кардан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч. 102

Моддаи 262.      Вазифахо ва масъулияти сохиби магозаи савдои бебоч. 103

Моддаи 263.      Шаходатнома барои дохил кардан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч. 103

БОБИ 32. МИНТАКАИ ОЗОДИ ГУМРУКИ.. 104

Моддаи 264.      Таъиноти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки. 104

Моддаи 265.      Моле, ки барои чойгир намудан тахти низоми гумрукии минтакаи озоди. 104

Моддаи 266. Амалиёте, ки нисбат ба молхои тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки. 104

Моддаи 267.      Мухлати чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки. 105

Моддаи 268.      Тадбирхо оид ба таъмини риояи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон. 105

Моддаи 269.      Бахисобгирии моле, ки дар минтакахои озоди гумруки мавчуд  аст. 105

Моддаи 270.      Ситонидани бочхои гумруки, андозхо ва истифодаи тадбирхои мамнуият ва. 106

Моддаи 271.      Хусусиятхои барасмиятдарории гумрукии мол тахти низоми гумрукии минтакаи. 106

Моддаи 272. Анчоми низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки. 106

БОБИ 33. АНБОРИ ОЗОД.. 106

Моддаи 273.      Таъиноти низоми гумрукии анбори озод. 106

Моддаи 274.      Моле, ки барои чойгир кардан дар анбори озод ичозат дода мешавад. 107

Моддаи 275.      Амалиёте, ки бо мол дар анбори озод анчом дода мешавад. 107

Моддаи 276.      Мухлати нигахдории мол дар анборхои озод. 107

Моддаи 277.      Назорати гумруки ва барасмиятдарории гумрукии моли тахти низоми гумрукии. 107

Моддаи 278.      Бахисобгирии моли дар анборхои озод чойгиршуда. 108

Моддаи 279.      Вазифахои сохиби анбори озод. 108

Моддаи 280.      Ситонидани бочхои гумруки, андоз ва татбики тадбирхои мамнуият ва. 108

Моддаи 281.      Талабот нисбати фаъолияти анбори озод. 108

Моддаи 282.      Рухсатнома барои фаъолият ба сифати сохиби анбори озод. 109

Моддаи 283.      Ариза барои ичрои фаъолият ба сифати сохиби анбори озод. 109

Моддаи 284.      Боздоштани амали рухсатнома чихати фаъолият ба сифати сохиби анбори озод. 110

Моддаи 285.      Бозхондани рухсатнома барои фаъолият ба сифати сохиби анбори озод. 110

БОБИ 34. ИНТИКОЛИ ЗАХИРАХО.. 110

Моддаи 286.      Мазмуни низоми гумрукии интиколи захирахо. 111

Моддаи 287.      Чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии интиколи захирахо. 111

Моддаи 288.      Шартхои озодкуни аз пардохти бочхои гумруки ва андоз. 111

Моддаи 289.      Истифодаи захирахо. 112

БОБИ 35. НИЗОМХОИ ГУМРУКИИ МАХСУС.. 112

Моддаи 290.      Моле, ки тахти низомхои гумрукии махсус карор дода мешавад. 112

Моддаи 291.      Мазмуни низоми гумрукии махсус, тартиб ва шартхои тахти низоми гумрукии. 113

БОБИ 36. ИНТИКОЛИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ. 113

Моддаи 292.      Низоми гумрукие, ки нисбати воситахои наклиёт истифода бурда мешавад. 113

Моддаи 293.      Воридоти муваккатии воситахои наклиёт. 113

Моддаи 294.      Мухлати воридоти муваккатии воситахои наклиёт. 114

Моддаи 295.      Амалиёт бо воситахои наклиёти муваккатан воридгардида. 114

Моддаи 296.      Содироти муваккатии воситахои наклиёт. 114

Моддаи 297.      Мухлати содироти муваккатии воситахои наклиёт. 114

Моддаи 298.      Воридоти бозпаси воситахои наклиёти муваккатан содиргардида. 115

Моддаи 299.      Тагйир додани низоми гумрукии содироти муваккати. 115

Моддаи 300.      Воридоти муваккати ва содироти муваккатии тачхизот ва кисмхои эхтиёти. 115

Моддаи 301.      Барасмиятдарории гумрукии воситахои наклиёт, кисмхои эхтиёти ва тачхизот. 116

Моддаи 302.       Интиколи киштихои дарёи ва хавопаймоёне, ки барои хамлу накли. 116

БОБИ 37. ИНТИКОЛИ МОЛ АЗ ЧОНИБИ ШАХСОНИ ВОКЕИ.. 117

Моддаи 303.      Интиколи мол аз чониби шахсони вокеи барои истифодаи шахси, оилави, 117

Моддаи 304.      Ворид ва содир намудани молу воситахои наклиёт барои истифодаи шахси ва. 117

Моддаи 305.      Воридоти муваккатии мол аз чониби шахсони вокеи. 118

Моддаи 306.      Содироти муваккатии мол аз чониби шахсони вокеи. 119

Моддаи 307.      Барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз чониби шахси вокеи барои истифодаи. 119

Моддаи 308.      Декларатсия кардани моли шахсони вокеи. 119

Моддаи 309.      Пардохти бочхои гумруки ва андоз аз чониби шахсони вокеи. 120

Моддаи 310.      Арзиши гумрукии моле, ки шахсони вокеи интикол медиханд. 120

Моддаи 311.      Кисмхои эхтиёти ва сузишвори барои воситахои наклиёти аз чониби шахсони. 121

Моддаи 312.      Маълумот дар бораи коидахои интиколи мол аз чониби шахсони вокеи аз. 121

БОБИ 38. ИНТИКОЛИ МОЛ ДАР МУРОСИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПОЧТА.. 121

Моддаи 313.      Муросилоти байналмилалии почта. 121

Моддаи 314.      Мамнуият ва махдудиятхои воридоти мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ва содироти он аз ин худуд хангоми ирсол дар муросилоти байналмилалии почта. 121

Моддаи 315.      Барасмиятдарории гумрукии моли дар муросилоти байналмилалии почта. 122

Моддаи 316. Азназаргузаронии гумруки ва тафтиши гумрукии муросилоти байналмилалии. 122

Моддаи 317. Бочхои гумруки ва андоз нисбати моли дар муросилоти байналмилалии почта. 123

Моддаи 318.      Транзити гумрукии дохилии муросилоти байналмилалии почта. 123

Моддаи 319.      Транзити муросилоти байналмилалии почта. 124

БОБИ 39. ИНТИКОЛИ МОЛ АЗ ТАРАФИ КАТЕГОРИЯХОИ АЛОХИДАИ ШАХСОНИ ХОРИЧИ   124

Моддаи 320.      Сохаи истифодаи хамин боб. 124

Моддаи 321.      Интиколи мол аз тарафи намояндагони дипломатии давлатхои хоричи. 124

Моддаи 322.      Интиколи мол аз тарафи сардори намояндагии дипломатии давлати хоричи ва. 124

Моддаи 323.      Интиколи мол аз тарафи аъзои хайати маъмури – техникии намояндагии. 124

Моддаи 324.      Имтиёзхои гумрукие, ки ба аъзои хайати дипломатии намояндагии давлати. 125

Моддаи 325.      Интиколи мол аз тарафи муассисахои консулгарии давлатхои хоричи ва аъзои. 125

Моддаи 326.      Интиколи почтаи дипломати ва вализаи консулгарии давлатхои хоричи аз. 125

Моддаи 327.      Имтиёзхои гумруки ба курерхои дипломати ва консулии хоричи. 125

Моддаи 328.      Имтиёзхои гумруки барои намояндагон ва аъзои хайати вакилони давлатхои. 125

Моддаи 329.      Интиколи мол аз тарафи хайати дипломати, шахсони мансабдори консулгари, намояндагон ва аъзои хайати вакилони давлатхои хоричи, ки ба тарики транзит аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон убур мекунанд. 126

Моддаи 330.      Имтиёзхои гумруки барои ташкилотхои байналмилалии байнидавлати ва. 126

БОБИ 40. ИНТИКОЛИ МОЛ ТАВАССУТИ КУБУР  ВА БО ХАТХОИ ИНТИКОЛИ БАРК. 126

Моддаи 331.      Сохаи истифодаи хамин боб. 126

Моддаи 332.      Воридоту содироти мол тавассути кубур. 126

Моддаи 333.      Тартиби декларатсия кардани моле, ки тавассути кубур интикол дода мешавад. 126

Моддаи 334.      Татбики меъёрхои бочхои гумруки, андозхо ва тартиби супоридани онхо хангоми  127

Моддаи 335.      Татбики мамнуият ва махдудиятхое, ки мувофики санадхои меъёрии хукукии. 128

Моддаи 336.      Хусусиятхои воридот, содирот ва декларатсия кардани моле, ки тавассути хати. 128

Моддаи 337.      Таъмини пардохтхои гумруки. 128

Моддаи 338.      Истифода набурдани талабот оид ба хаммонандсозии моле, ки тавассути кубур ва хатхои барк интикол дода мешавад. 128

Моддаи 339.      Интиколи моли ватани байни ду нуктаи гумрукии дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон вокеъбуда тавассути худуди давлати хоричи. 128

ФАСЛИ III. ПАРДОХТХОИ ГУМРУКИ ВА ХИРОЧХОИ ГУМРУКИ.. 129

БОБИ 41. ХОЛАТХОИ УМУМИИ МАРБУТ  БА ПАРДОХТХОИ ГУМРУКИ ВА ХИРОЧХОИ ГУМРУКИ. НАВЪХОИ ПАРДОХТХОИ ГУМРУКИ ВА ХИРОЧХО.. 129

Моддаи 340. Пардохтхои гумруки ва намудхои онхо. 129

Моддаи 341.      Бочхои гумруки. 129

Моддаи 342. Намудхои ставкахои бочхои гумруки. 129

Моддаи 343  бо КЧТ аз 1.08.12с., №881 хорич карда шуд. 129

Моддаи 344. Намудхои хоси бочхо. 129

Моддаи 345. Озодкунии молхои алохида  аз пардохти бочхои гумруки. 130

Моддаи 346. Имтиёзхои тарифи. 130

Моддаи 347.      Хирочхои гумруки ва намудхои онхо. 130

Моддаи 348.      Андозаи хирочхои гумруки. 131

Моддаи 349.      Ба миён омадан ва катъи ухдадории пардохти бочхои гумруки ва андоз. 131

Моддаи 350.      Шахсоне, ки барои пардохти бочхои гумруки ва андоз масъуланд. 131

Моддаи 351.      Махдудиятхо оид ба маблаги умумии бочхои гумруки ва андоз нисбати моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшаванда. 132

БОБИ 42. МУАЙЯН НАМУДАНИ АРЗИШИ ГУМРУКИИ МОЛ.. 132

Моддаи 352.      Арзиши гумрукии мол. 132

Моддаи 353.      Муайян кардани арзиши гумрукии моли содироти. 132

Моддаи 354.      Усулхои муайян кардани арзиши гумрукии моли воридоти. 133

Моддаи 355.      Усули муайян кардани арзиши гумруки тибки нархи муомилотии моли. 133

Моддаи 3551. Харочоти созишномахои молияви. 135

Моддаи 3552. Арзиши хомили таъминоти барномави. 136

Моддаи 356.     Усули муайян кардани арзиши гумруки тибки нархи муомилоти моли шабех. 136

Моддаи 357.     Усули муайян намудани арзиши гумруки тибки нархи муомилоти моли хамчинс. 137

Моддаи 358.      Усули муайян намудани арзиши гумруки дар асоси тархи арзиш.. 137

Моддаи 359.     Усули муайян намудани арзиши гумруки дар асоси чамъи арзиш.. 138

Моддаи 360. Усули эхтиётии муайян намудани арзиши гумруки. 138

Моддаи 361.      Пешниходи хуччатхо барои тасдики арзиши гумрукии арзшуда. 139

Моддаи 362.      Шартхои арзи арзиши гумрукии мол. 139

Моддаи 363.      Тасхехи арзиши гумрукии мол. 140

Моддаи 364.      Хукуку вазифахои декларант хангоми муайян намудани арзиши гумрукии мол. 141

Моддаи 365.      Хукуку вазифахои макоми гумрук чихати муайян намудани арзиши гумрукии. 141

Моддаи 366.      Ичозати шартии мол бо истифодаи маълумоти нархгузории макомоти гумрук. 142

БОБИ 43. ХИСОБИ БОЧХОИ ГУМРУКИ ВА АНДОЗ. 142

Моддаи 367.      Объекти ситонидани бочхои гумруки ва андоз. 142

Моддаи 368.      Тартиби муайян кардан ва арзи арзиши гумрукии мол. 142

Моддаи 369.      Тартиби хисоб кардани бочхои гумруки ва андоз. 143

Моддаи 370.      Истифодаи меъёрхои бочхои гумруки ва андоз. 143

Моддаи 371.     Мубодилаи арзи хоричи бо максади хисоб кардани бочхои гумруки ва андоз. 144

Моддаи 372.      Хисоб кардани бочхои гумруки ва андоз хангоми интиколи гайриконунии мол аз  144

БОБИ 44. ТАРТИБ ВА МУХЛАТИ ПАРДОХТИ  БОЧХОИ ГУМРУКИ ВА АНДОЗ. 144

Моддаи 373.      Пардохткунандагони бочхои гумруки ва андоз. 144

Моддаи 374.      Мухлати пардохти бочхои гумруки ва андоз. 145

Моддаи 375.     Пешпардохтхо. 145

Моддаи 376.      Тартиб ва шаклхои пардохти бочхои гумруки ва андоз. 146

Моддаи 377.      Ичрои ухдадори оид ба пардохти бочхои гумруки ва андоз. 146

БОБИ 45. ТАГЙИРИ МУХЛАТИ ПАРДОХТИ  БОЧИ ГУМРУКИ ВА АНДОЗ. 146

Моддаи 378. Шартхои умумии тагйири мухлати пардохти бочхои гумруки ва андоз. 146

Моддаи 379. Асосхои батаъхиргузори ё тамдиди мухлати пардохти бочхои гумруки ва андоз. 147

Моддаи 380. Холатхое, ки батаъхиргузори ё тамдиди мухлатро истисно менамоянд. 147

Моддаи 381. Фоизхо барои батаъхиргузори ё тамдиди мухлати пардохти бочхои гумруки ва. 147

БОБИ 46. ТАЪМИНИ ПАРДОХТИ  БОЧХОИ ГУМРУКИ ВА АНДОЗ. 147

Моддаи 382.     Шартхои умумии таъмини пардохти бочхои гумруки ва андоз. 147

Моддаи 383.      Андозаи таъмини пардохти бочхои гумруки ва андоз. 148

Моддаи 384.      Таъмини супоридани пардохтхои гумруки аз тарафи шахсоне, ки дар сохаи гумрук фаъолият мекунанд. 148

Моддаи 385.      Усулхои таъмини пардохти бочхои гумруки ва андоз. 149

Моддаи 386.      Ба гарав гузоштани мол ва амволи дигар. 149

Моддаи 387.      Кафолати бонки. 149

Моддаи 388 .      Тартиби дохил намудани бонкхо ба реестр. 149

Моддаи 389.      Хорич кардани бонкхо аз реестр. 150

Моддаи 390.      Супоридани маблаг ба суратхисоби депозитии макоми гумрук (гарави пули) 151

Моддаи 391.      Замонат. 151

БОБИ 47. СИТОНИДАНИ ПАРДОХТХОИ ГУМРУКИ.. 151

Моддаи 392.      Коидахои умумии ситонидани мачбурии бочхои гумруки ва андоз. 151

Моддаи 393.      Фоизхо. 152

Моддаи 394. Талабномаи супоридани пардохти бочи гумруки ва андоз. 152

Моддаи 395.      Чорахое, ки макомоти гумрук хангоми ичро накардани талабномаи супоридани. 153

БОБИ 48. БАРГАРДОНИДАНИ БОЧХОИ ГУМРУКИ, АНДОЗ ВА МАБЛАГИ ДИГАР. 153

Моддаи 396.      Баргардонидани бочхои гумруки ва андози барзиёд супорида ва ё барзиёд. 153

Моддаи 397.     Холатхои дигари баргардонидани бочхои гумруки ва андоз. 154

Моддаи 398.      Баргардонидани гарави пули. 154

ФАСЛИ IV. НАЗОРАТИ ГУМРУКИ.. 155

БОБИ 49. КОИДАХОИ УМУМИЕ, КИ БА НАЗОРАТИ  ГУМРУКИ ТААЛЛУК ДОРАНД.. 155

Моддаи 399.      Усулхои гузаронидани назорати гумруки. 155

Моддаи 400.      Мухлати тафтиши декларатсияи гумруки, дигар хуччатхо ва мол хангоми. 156

Моддаи 401.      Молу воситахои наклиёте, ки тахти назорати гумруки карор доранд. 156

Моддаи 402. Назорати минбаъдаи гумкури. 156

Моддаи 403.      Минтакахои назорати гумруки. 157

Моддаи 404.      Пешниходи хуччатхо ва маълумоте, ки барои назорати гумруки заруранд. 157

Моддаи 405.      Пешниходи хисобот бо максади назорати гумруки. 158

Моддаи 406.      Норавоии расонидани зарари гайриконуни дар вакти назорати гумруки. 158

БОБИ 50. ШАКЛ ВА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ НАЗОРАТИ ГУМРУКИ.. 158

Моддаи 407.      Шаклхои назорати гумруки. 158

Моддаи 408.      Тафтиши хуччату маълумот. 159

Моддаи 409.      Пурсиши шифохи. 159

Моддаи 410.      Гирифтани тавзехот. 159

Моддаи 411.      Мушохидаи гумруки. 159

Моддаи 412.      Азназаргузаронии гумрукии молу воситахои наклиёт. 159

Моддаи 413.      Муоинаи гумрукии молу воситахои наклиёт. 160

Моддаи 414.      Муоинаи шахс. 161

Моддаи 415.      Тафтиши маркировкаи мол бо маркахои махсус, дар онхо мавчуд будани. 161

Моддаи 416.      Азназаргузаронии бино ва худуди он. 162

Моддаи 417.      Санчиши гумруки. 162

Моддаи 418.  Ба хабс гирифтан ё ситонидани амвол хангоми санчиши гумруки. 165

БОБИ 51. ЭКСПЕРТИЗА ВА ТАХКИК ХАНГОМИ  НАЗОРАТИ ГУМРУКИ.. 166

Моддаи 419.      Мукаррар кардани экспертиза хангоми назорати гумруки. 167

Моддаи 420.      Хулосаи коршинос. 167

Моддаи 421.      Экспертизаи иловаги ва такрори. 168

Моддаи 422.      Хукук ва масъулияти коршинос. 168

Моддаи 423.      Хукуки декларант, шахси дигари нисбати мол ва (ё) воситахои наклиёт. 168

Моддаи 424.      Чошни ва намуна. 168

Моддаи 425.      Иштироки мутахассис хангоми гузаронидани назорати гумруки. 169

Моддаи 426.      Чалби мутахассисони макомоти дигари давлати барои мусоидат ба назорати. 170

БОБИ 52. БАХОДИХИ ВА ИДОРАИ ТАВАККАЛ (РИСК) 170

Моддаи 427.      Мафхуми умуми ва максади истифодаи идораи таваккал. 170

Моддаи 428.      Категорияхои таваккал. 170

Моддаи 429.      Фаъолияти макомоти гумрук оид ба баходихи ва идораи таваккал. 170

БОБИ 53. МУКАРРАРОТИ ИЛОВАГИИ МАРБУТ  БА НАЗОРАТИ ГУМРУКИ.. 171

Моддаи 430.     Озод кардан аз шаклхои муайяни назорати гумруки. 171

Моддаи 431.      Маълумот дар бораи шахс. 171

Моддаи 432.      Истифодаи воситахои техники, киштию хавопаймохо хангоми назорати гумруки. 172

Моддаи 433.      Бор кардану фаровардани молу воситахои наклиёт ва дигар амалиёти барои. 172

Моддаи 434. Хаммонандсозии молу воситахои наклиёт. 172

Моддаи 435.      Ваколатхои иловагии макомоти гумрук хангоми ошкор кардани моли гайриконуни ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон овардашуда. 173

Моддаи 436.     Истифодаи натичаи назорати гумруки хангоми пешбурди парвандаи. 173

БОБИ 54. АНДЕШИДАНИ ЧОРАХО НИСБАТИ МОЛИ АЛОХИДА АЗ ТАРАФИ МАКОМОТИ ГУМРУК.. 173

Моддаи 437.     Асос барои боздошти ичозати мол. 173

Моддаи 438.      Аризаи сохибхукук ва тартиби баррасии он. 174

Моддаи 439.      Реестри гумрукии объектхои моликияти зехни. 174

Моддаи 440.     Мухлате, ки макомоти гумрук барои боздошти ичозати мол чора меандешанд. 175

Моддаи 441.      Боздошти ичозати мол. 175

Моддаи 4411.  Ваколатхои иловагии макомоти гумрук оид ба назорати гумрукии молхои. 175

Моддаи 442.      Пешниходи маълумот. Гирифтани чошни ва намуна. 177

Моддаи 443.      Бекор кардани карор дар бораи боздошти ичозати мол. 177

Моддаи 444. Моле, ки нисбати он макомоти гумрук чорахои боздошти ичозати молро. 177

ФАСЛИ V. НАЗОРАТИ ГУМРУКИ ДАР СОХАИ НАЗОРАТИ АСЪОР  ВА  СОДИРОТИ.. 177

БОБИ 55. ВАЗИФАХОИ МАКОМОТИ ГУМРУК ДАР СОХАИ НАЗОРАТИ АСЪОР. 177

Моддаи 445.      Вазифахои макомоти гумрук дар сохаи назорати асъор. 177

Моддаи 446.      Ваколати макомоти гумрук дар сохаи назорати асъор. 178

БОБИ 56. НАЗОРАТИ СОДИРОТИ, КИ МАКОМОТИ ГУМРУК АНЧОМ МЕДИХАНД.. 178

Моддаи 447.      Макомоти гумрук хамчун макоми назорати содироти. 178

Моддаи 448.      Салохияти макомоти гумрук дар сохаи назорати содироти. 178

Моддаи 449.      Риояи махфияти маълумот. 178

ФАСЛИ VI. БА МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТИ ГУЗАРОНИДАНИ МОЛУ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ ВА ИХТИЁРДОРИИ ОНХО.. 178

БОБИ 57. АСОСХО ВА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ МОЛУ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ БА МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТИ.. 178

Моддаи 450.      Асосхо барои гузаронидани мол ва воситахои наклиёт ба моликияти давлати. 178

Моддаи 451.      Тартиби гузаронидани мол ва воситахои наклиёт ба моликияти давлати бо. 179

Моддаи 452.     Асосхои ба моликияти давлати гузаронидани мол ва воситахои наклиёт, ки тахти. 179

БОБИ 58. ИХТИЁРДОРИИ МОЛУ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТИ  БА МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТИ ГУЗАРОНИДАШУДА.. 179

Моддаи 453.      Тартиби ихтиёрдории мол ва воситахои наклиёти ба моликияти давлати. 179

Моддаи 454.      Ихтиёрдории моле, ки мухлати нигахдории муваккатии он ё мухлати. 179

Моддаи 455. Ихтиёрдории мол ва воситахои наклиёте, ки далели шайъии парвандахои. 179

Моддаи 456.      Тартиб ва усулхои ихтиёрдории молу воситахои наклиёт. 180

Моддаи 457.      Ихтиёрдории маблаги аз фуруши молу воситахои наклиёт бадастомада. 180

Моддаи 458.      Хукуки макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки чихати. 180

Моддаи 459.      Хусусияти ихтиёрдории намудхои алохидаи мол. 181

ФАСЛИ VII. МАКОМОТИ ГУМРУК.. 181

БОБИ 59. МАКОМОТИ ГУМРУК ВА ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ ОНХО.. 181

Моддаи 460.      Макомоти гумрук ва мавкеи онхо дар системаи макомоти давлатии Чумхурии. 181

Моддаи 461.      Сохтори макомоти гумрук. 181

Моддаи 462.      Вазифахои макомоти гумрук. 182

Моддаи 463. Парчам ва аломати фарккунандаи макомоти гумрук. 183

Моддаи 464.     Махали чойгиршавии макомоти гумрук. 183

Моддаи 465.     Махали анчом додани амалиёти гумрукии макомоти гумрук. 183

Моддаи 466.      Вакти кории макомоти гумрук. 183

Моддаи 467.     Салохияти макомоти гумрук. 183

Моддаи 468.      Хукукхои макомоти гумрук хангоми татбики назорати гумруки бо истифода аз. 184

Моддаи 469.     Хукуки макомоти гумрук нисбати воситахои наклиёти автомобилие, ки моли. 185

Моддаи 470.     Фаъолияти мутакобила ва хамкории макомоти гумрук бо дигар макомоти. 185

Моддаи 471.      Назорати идории фаъолияти макомоти гумрук. 186

Моддаи 472.      Чавобгарии макомоти гумрук ва шахсони мансабдори онхо. 186

Моддаи 473.     Шартхои истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва яроки оташфишон аз. 186

Моддаи 474.      Истифодаи кувваи чисмони аз тарафи шахсони мансабдори макомоти гумрук. 186

Моддаи 475.     Истифодаи воситахои махсус аз тарафи шахсони мансабдори макомоти гумрук. 187

Моддаи 476.     Истифодаи яроки оташфишон аз тарафи шахсони мансабдори макомоти гумрук. 187

Моддаи 477.     Маблаггузори ва таъминоти моддию техникии фаъолияти макомоти гумрук. 188

Моддаи 478.      Чойгиронии объектхои макомоти гумрук. 188

Моддаи 479.      Хифзи маълумот дар бораи фаъолияти макомоти гумрук. 188

Моддаи 480.      Муассисахо ва корхонахои вохиди давлатии макомоти гумрук. 188

Моддаи 481.      Амволи макомоти гумрук ва ташкилотхои макомоти гумрук. 188

БОБИ 60. ТАРТИБИ АДОИ ХИЗМАТ ДАР МАКОМОТИ ГУМРУК.. 189

Моддаи 482.  Хизмат дар макомоти гумрук. 189

Моддаи 483.      Кабул ба хизмат дар макомоти гумрук. 189

Моддаи 484.     Махдудиятхо хангоми адои хизмат дар макомоти гумрук. 190

Моддаи 485.      Маълумот дар бораи даромади кормандони макомоти гумрук ва амволе, ки. 190

Моддаи 486.     Савганди шахси мансабдори макомоти гумрук. 190

Моддаи 487.     Рутбахои махсуси шахсони мансабдори макомоти гумрук. 190

Моддаи 488.     Асосхои катъи хизмат дар макомоти гумрук. 191

Моддаи 489.     Хукуку вазифахои кормандони макомоти гумрук. 191

Моддаи 490.      Хавасмандгардонии кормандони макомоти гумрук. 192

Моддаи 491.     Чазохои интизоми барои кормандони макомоти  гумрук. 192

Моддаи 492. Тартиби ба вазифа таъин намудани шахсони мансабдори макомоти гумрук, чойивазкуни (ротатсия) ва ба кори дигар гузаронидани онхо. 192

Моддаи 493.     Тартиботи дохилии фаъолияти макомоти гумрук. 193

Моддаи 494.     Хусусиятхои ба рухсатии мехнати баромадани кормандони макомоти гумрук. 193

Моддаи 495.     Музди мехнати кормандони макомоти гумрук. 193

Моддаи 496.     Хифзи хукуки ва ичтимоии кормандони макомоти гумрук. 194

Моддаи 497.     Таъминоти моддию маишии кормандони макомоти гумрук ва аъзои оилаи онхо. 194

Моддаи 498.     Тайёр намудани кадрхои макомоти гумрук. 195

Моддаи 499.     Либоси расмии кормандони макомоти гумрук. 195

Моддаи 500.     Таъмини нафакаи кормандони макомоти гумрук. 195

Моддаи 5001. Махдудиятхо вобаста ба синну сол, ки барои хизмат дар макомоти гумрук. 195

Моддаи 5002. Кумакпулии якваќта ба кормандони аз хизмат љавобшудаи маќомоти гумрук. 196

Моддаи 501.     Баркароркунии кормандони макомоти гумрук ба хизмат дар макомоти гумрук. 196

БОБИ 61. СИСТЕМАХОИ ИТТИЛООТИ ВА ТЕХНОЛОГИЯХОИ ИТТИЛООТИ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКИ.. 196

Моддаи 502.     Системахои иттилооти, технологияхои иттилооти ва воситахои таъмини онхо, 196

Моддаи 503.     Сертификатонии системахои иттилооти, технолгияхои иттилооти, воситахои. 197

Моддаи 504.     Захирахои иттилоотии макомоти гумрук. 197

Моддаи 505.      Системахои иттилооти, технологияхои иттилооти ва воситахои таъмини онхо, 197

Моддаи 506.     Хифзи иттилоот ва хукукхои субъектхои дар чараёни иттилооти ва иттилоотони. 197

БОБИ 62. ТАХВИЛИ НАЗОРАТШАВАНДАИ МОЛИ  АЗ САРХАДИ ГУМРУКИ ИНТИКОЛШАВАНДА.. 198

Моддаи 507.      Хусусиятхои тахвили назоратшавандаи моле, ки аз сархади гумруки интикол. 198

Моддаи 508.     Ситонидан ва ё иваз намудани моли аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон. 198

 

 

Кодекси мазкур асосхои хукуки, иктисоди ва ташкилии фаъолияти гумрукро муайян намуда, ба химояи истиклолият ва амнияти иктисодии Чумхурии Точикистон, фаъол сохтани муносибатхои иктисодии Чумхурии Точикистон дар системаи муносибатхои иктисодии чахони, таъмини химояи хукуки шахрвандон, субъектхои хочагидори ва макомоти давлати ва аз чониби онхо риоя намудани ухдадорихо дар сохаи фаъолияти гумруки нигаронида шудааст.

 

ФАСЛИ I. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

 

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ АСОСИ

 

Моддаи 1. Танзими гумруки ва фаъолияти гумруки дар Чумхурии Точикистон

 

  1. Танзими гумруки аз мукаррар намудани тартиб ва коидахое иборат мебошад, ки шахсон хангоми риоя намудани онхо хукуки аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон (минбаъд – сархади гумруки) интикол додани мол ва воситахои наклиётро амали менамоянд.

Танзими гумруки мувофики хамин Кодекс ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

  1. Фаъолияти гумруки мачмуи усулхо ва воситахои таъмини риояи тадбири танзими гумрукию тарифи, мамнуият ва махдудиятхоеро дар бар мегирад, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими давлатии фаъолияти иктисодии хоричи вобаста бо интиколи мол ва воситахои наклиёт аз сархади гумруки мукаррар шудааст.
  2. Рохбарии умумии фаъолияти гумрукиро Хукумати Чумхурии Точикистон амали менамояд. (КЧТ аз 3.07.12с., №845)

Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки бо максадхои гумруки татбики мустакими вазифахоро дар сохаи фаъолияти гумруки ва истифодаи якхелаи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон аз чониби хамаи макомоти гумрук дар худуди Чумхурии Точикистон таъмин менамояд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Чумхурии Точикистон дар хамкорихои байналмилали дар сохаи танзими гумруки бо максади хамохангсози ва мутаносибии конунгузории Чумхурии Точикистон ба меъёрхои хукукии байналмилали ва амалияи умумиэътирофшудаи байналмилали иштирок менамояд.

 

Моддаи 2. Худуди гумруки ва сархади гумрукии Чумхурии Точикистон

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

  1. Худуди Чумхурии Точикистон худуди ягонаи гумрукии Чумхурии Точикистонро ташкил медихад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Дар худуди Чумхурии Точикистон метавонанд минтакахои озоди иктисоди чойгир бошанд, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ташкил шуда, кисми минтакаи гумрукии Чумхурии Точикистон ба хисоб мераванд. Моли дар худуди минтакахои озоди иктисоди чойгиршуда бо максади истифодаи бочхои гумруки ва андоз, инчунин мамнуият ва махдудияти дорои хусусияти иктисоди, ки тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян шудаанд, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хамчун моли берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон чойгиршуда ба хисоб мераванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Доираи худуди гумрукии Чумхурии Точикистон, инчунин доираи худуди дар кисми 2 хамин модда нишондодашуда сархади гумрукии Чумхурии Точикистон мебошанд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Сархади гумруки, ба истиснои доираи худуди минтакахои дар кисми 2 хамин модда муайяншуда ба Сархади давлати мувофик аст. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 3. Санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти гумруки

 

  1. Санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти гумруки ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Кодекс, конунхо, санадхои меъёрии хукуки, ки кабули онхоро хамин Кодекс пешбини намудааст, инчунин санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон иборат мебошад. (кЧТ аз 14.11.16 с., №1366)
  2. Конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон муносибатхои вобаста ба фаъолияти гумруки, аз чумла муносибатхои мукаррар намудани тартиби интиколи мол ва воситахои наклиёт аз сархади гумруки, муносибатхоеро, ки дар чараёни барасмиятдарории гумруки ва назорати гумруки ба миён меоянд, шикоят нисбати санад, амали (беамалии) макомоти гумрук ва шахсони мансабдори онхо, инчунин муносибатхо оид ба мукаррар намудан ва татбики низоми гумруки, муайян, татбик намудан, тагйир додан ва ситонидани пардохтхои гумрукиро танзим менамояд.
  3. Агар дар санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон нисбат ба мукаррароти хамин Кодекс меъёрхои дигар мукаррар шуда бошанд, меъёрхои санадхои хукукии байналмилали татбик мегарданд.

 

Моддаи 4. Тартиби мавриди амал карор додани санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти гумруки

 

Санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти гумруки бо тартиби пешбининамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки» мавриди амал карор дода мешаванд.  (кЧТ аз 15.03.2016 с., №1298)

 

Моддаи 5. Кувваи бозгашти санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти гумруки

 

  1. Амали санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи муносибатхои хукуки дар сохаи фаъолияти гумруки нисбати муносибатхои хукукие, ки то чори намудани онхо ба миён омадаанд, ба истиснои холатхое, ки агар дар худи санадхо ё санадхо оид ба татбики онхо мухлатхои дигар зикр нашуда бошанд, татбик карда намешавад.
  2. Меъёрхои мукарраркунанда ё вазнинкунандаи чавобгари ё вогузорандаи ухдадорихои иловаги ба зиммаи субъектхои муносибатхои хукукии гумруки кувваи бозгашт надоранд.
  3. Меъёрхои сабуккунандаи чавобгарии иштирокчиёни муносибатхои хукукии гумруки кувваи бозгашт доранд.

 

Моддаи 6. Талабот ба санадхои конунгузории гумрук, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки

 

  1. Мукаррароти санадхои конунгузории гумрук, санадхои меъёрии хукуки дар сохаи фаъолияти гумруки бояд чунон баён гарданд, ки хар як шахс хукук ва вазифахои худ, аз чумла хангоми интиколи мол ва воситахои наклиёт аз сархади гумруки ичрои кадом амал, кай ва тартиби ичрои онро дакик донад.
  2. Санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки, ки дорои хусусияти умумихатми мебошанд, бо розигии макомоти давлатии ваколатдор, аз чумла бо макомоти ваколатдори сохаи фаъолияти савдои хоричи кабул карда мешавад.
  3. Хеч кас барои вайрон кардани коидахои гумруки ба чавобгари кашида намешавад, ба шарте ки ин вайронкуни аз сабаби носахехи ва гуногунфахмии меъёрхои хукукии дар санадхои меъёрии хукукии фаъолияти гумруки мавчуда ба миён омада бошад. (ЗРТ от 3.07.12г., №845)
  4. Нисбати санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки, ки ба хукуку манфиатхои конунии шахсони сохаи фаъолияти сохибкори ва дигар навъи фаъолияти иктисоди дахл мекунад, тибки тартиби суди, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 7. Истифодаи тадбирхои танзими тарифи гумруки, мамнуият ва махдудиятхои мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраршуда

 

Дар фаъолияти гумруки тадбирхои танзими гумрукию тарифи, мамнуият ва махдудиятхои мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраргардида, ки дар рузи кабули декларатсияи гумруки амал мекунанд, истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 8. Тартиби бахисобгирии мухлатхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс

 

  1. Мукаррар намудани рузи огоз ва рузи анчоми мухлатхои мувофики хамин Кодекс мукарраршуда, ки барои давра ё рузи фарорасии ходиса муайян мегардад, мувофики тартиби пешбининамудаи хамин Кодекс мукаррар карда мешавад.
  2. Агар мувофики хамин Кодекс барои бахисобгирии мухлатхо тартиби махсус мукаррар нашуда бошад, барои муайян кардани рузи огоз ва рузи анчоми мухлатхо дар фаъолияти гумруки коидахои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, бо назардошти холатхои пешбининамудаи кисми 3 моддаи 129 хамин Кодекс истифода мегарданд.

 

Моддаи 9. Муносибат бо маълумоте, ки макомоти гумрук гирифтааст

 

  1. Хама гуна маълумоте, ки макомоти гумрук гирифтааст, дар асоси санадхои меъёрии хукукии гумрук, дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, санадхои макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки танхо барои максадхои гумруки истифода бурда мешаванд.
  2. Макомоти гумрук ва шахсони мансабдори онхо, дигар шахсони ба маълумот ичозатдошта, ки дар кисми 1 хамин модда зикр шудаанд, тибки конун ва ё карордод хукук надоранд маълумоти дорои сирри давлати, тичорати, бонки, андоз ё дигар сирри конунан хифзшавандаро ифшо намоянд, барои максадхои шахси истифода баранд ё ба шахси сеюм, аз чумла ба макомоти давлати диханд, ба истиснои холатхое, ки дар хамин Кодекс ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар гардидаанд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Макомоти гумрук метавонанд тибки тартиби бо макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ва макоми давлатии ваколатдор мувофикашуда, бо риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба химояи сирри давлати, тичорати, бонки, андоз ва дигар сирри конунан хифзшаванда ва дигар маълумоти махфи (конфиденсиали) маълумоти гирифтаашонро ба макоми давлатии ваколатдор диханд, агар чунин маълумот барои ин макомот чихати ичрои вазифахои мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба зиммаашон гузошташуда зарур бошад.

Макомоти ваколатдори давлати, шахсони мансабдори онхо, шахсони дигаре, ки тибки конун ба маълумоти махфии аз макомоти гумрук гирифташуда ичозат доранд, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хукук надоранд чунин маълумотро ифшо намоянд, пахн кунанд, ба максадхои шахси истифода баранд ё онро ба шахси сеюм диханд.

  1. Маълумоти дар кисми 1 хамин модда зикршуда, ки сирри давлати, тичорати, бонки, андоз ё дигар сирри конунан хифзшавандаро ташкил медихад ва дигар маълумоти махфи (конфиденсиали) дорои низоми махсуси хифз ва ичозат мебошад.
  2. Гум кардани хуччатхои дорои сирри давлати, тичорати, бонки, андоз ё дигар сирри конунан хифзшаванда, маълумоти махфи (конфиденсиали), ифшои чунин маълумот, истифодаи онхо барои максадхои шахси ё додани онхо ба шахси сеюм боиси чавобгарии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.

5.Маълумоти махфи оид ба амалиёти воридотию содиротии мушаххаси фаъолияти иктисодии хоричи танхо ба суд ва макомоти тафтишоти пешаки вобаста ба тафтиши парвандахои чинояти пешниход карда мешавад. (КЧТ аз 3.07.12с., №874)

 

Моддаи 10. Мафхумхои асоси

 

  1. Дар хамин Кодекс мафхумхои асоси ба маънои зайл истифода бурда мешаванд:

1) амалиёти гумруки – амалхои алохида нисбати мол ва воситахои наклиёт, ки аз чониби шахсон ва макомоти гумрук хангоми барасмиятдарории гумрукии мол ва воситахои наклиёт ичро карда мешаванд;

2) андозхо – андоз аз арзиши иловашуда ва аксизхо, ки макомоти гумрук вобаста ба интиколи мол аз сархади гумруки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон меситонанд;

3) андозхои дохили – андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки хангоми муомилоти мол дар худуди Чумхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ситонида мешавад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

4) боркашон (интиколдиханда) – шахсе, ки молро аз сархади гумруки ва тахти назорати гумруки дар доираи худуди гумрукии Чумхурии Точикистон интикол медихад ё барои истифодаи воситаи наклиёт масъул аст;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

5) брокери гумруки (намоянда) – миёнараве, ки амалиёти гумрукиро аз номи декларант ва (ё) бо супориши он ё шахси дигар, ки ба зиммаи у чунин масъулият гузошта шудааст, ичро мекунад ё ба вай хукук дода шудааст, ки амалиёти гумрукиро мувофики хамин Кодекс анчом дихад;

6) воридоти мол ва (ё) воситахои наклиёт ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон – интиколи вокеии мол ва (ё) воситахои наклиёт ба худуди гумруки ва хамаи дигар амалхои мувофики хамин Кодекс пешбинишуда бо мол ва (ё) воситахои наклиёт то замони ичозати онхо аз чониби макомоти гумрук;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

7) воситахои наклиёт – хама гуна киштии дарёи (аз чумла лихтерхои худгард ва гайрихудгард, баржахо, инчунин киштихои болдор), киштихои дорои болиштхои пурбод, тайёрахо, наклиёти автомобили (аз чумла ядакхо, нимядакхо, воситахои наклиёти омехта) ё вохиди харакаткунандаи рохи оханро дар бар мегирад, ки барои хамлу накли байналмилалии интиколи пулакии шахсон ё хамлу накли пулаки ва ройгони бори саноати ва тичорати истифода мешаванд, инчунин кисмхои эхтиётии штати, олот ва тачхизот, сузишворию равганхои молидании дар бакхои штати мавчуда, агар онхо якчоя бо воситахои наклиёт интикол дода шаванд;

8) декларант – шахсе, ки молро декларатсия мекунад ё аз номи у мол декларатсия карда мешавад;

9) декларатсияи гумрук – хуччати дорои шакли муайян, ки дар он тибки хамин Кодекс маълумоти барои макомоти гумрук зарури зикр карда мешавад;

10) интиколи мол ва (ё) воситахои наклиёт аз сархади гумруки – бо усулхои гуногун ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид кардан ё аз он содир кардани молу воситахои наклиёт;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

11) интиколи гайриконунии мол ва (ё) воситахои наклиёт аз сархади гумруки – амали воридот ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ё содироти мол ва (ё) воситахои наклиёт аз ин худуд бо вайрон намудани тартиби мукаррарнамудаи хамин Кодекс;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

12) ичозати мол – амали макомоти гумрук, ки ба шахсони манфиатдор барои истифода ва (ё) ихтиёрдории мол тибки низоми гумруки ичозат медихад;

13) ичозати шарти – ичозати мол ва воситахои наклиёт бо махдудиятхо ва шартхои мукарраршуда оид ба истифода ва ихтиёрдории онхо;

14) макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки – макоми давлатии дахлдор, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон барои таъмини бевоситаи ичрои вазифахо дар сохаи фаъолияти гумруки ва истифодаи якхелаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз тарафи хамаи макомоти гумрук дар худуди Чумхурии Точикистон ваколатдор шудааст;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

15) макомоти гумрук – макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ва вохидхои тобеи он, ба истиснои холатхое, ки дар хамин Кодекс макомоти гумруки давлатхои хоричи ёдовар шудаанд;

16) мол – хама гуна амволи манкули хам ба максадхои тичорати ва хам гайритичорати аз сархади гумруки интиколшаванда, инчунин воситахои наклиёти марбут ба амволи гайриманкул, ки аз сархади гумруки интикол дода мешаванд. Воситахои наклиёти дар банди 7 хамин кисм нишондодашуда ба мол тааллук надоранд;

17) моли ватани – моле, ки барои максадхои гумрук дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дорои статуси муомилоти озод  мебошад, яъне моле, ки аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон содир нашудааст ва пурра дар Чумхурии Точикистон истехсол гардидааст, моли барои муомилоти озод дар худуди Чумхурии Точикистон ичозатдодашуда ва моле, ки дар Чумхурии Точикистон аз моли барои муомилоти озод дар худуди Чумхурии Точикистон ичозатдодашуда истехсол гардидааст;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

18) моли хоричи — моле, ки моли ватани хисобида намешавад;

19) моли тахти назорати гумруки карордошта – моли хоричие, ки то замони ичозати он ба муомилоти озод, интиколи вокеии мол аз сархади гумруки хангоми содирот ё худ то замони нобудкунии он, ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид карда шудааст, инчунин моли ватани аз замони содироти он аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон то замони интиколи вокеии он аз сархади гумруки;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

20) муомилоти озод – муомилоти мол дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бидуни мамнуият ва махдудиятхои пешбининамудаи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

21) назорати гумруки – мачмуи тадбирхое, ки макомоти гумрук бо максади таъмини риояи конунгузории гумрукии Чумхурии Точикистон амали менамоянд;

22) низоми гумруки – расмиёти гумрукие мебошад, ки мачмуи талабот ва шартхо, аз чумла тартиби нисбати мол ва воситахои наклиёт истифода бурдани бочхои гумруки ва андоз, мамнуият ва махдудиятхои санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин макоми мол ва воситахои наклиётро ба максадхои гумруки вобаста бо максади интиколи онхо аз сархади гумруки ва истифодабари дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ё берун аз ин худуд дар бар мегирад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

23) расмиёти гумруки – мачмуи мукаррароте, ки статуси мол ва воситахои наклиёти аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон интиколшавандаро барои максадхои гумруки муайян менамояд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

24) содироти мол ва (ё) воситахои наклиёт аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон – пешниходи декларатсияи гумруки ё анчом додани амалхои дар сархати дуюми хамин банд зикршуда, ки мустакиман ба содироти мол ва (ё) воситахои наклиёт, инчунин дигар амалхои мувофики хамин Кодекс барои мол ва воситахои наклиёт то замони интиколи хакикии онхо аз сархади гумруки пешбинишуда нигаронида шудааст.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Ба амалхое, ки мустакиман ба содироти мол ва (ё) воситахои наклиёт аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон нигаронида шудаанд, амали дохил шудани (вуруди) шахси вокеии аз Чумхурии Точикистон хоричшаванда ба минтакаи назорати гумруки, ворид шудани воситахои наклиёт ба нуктаи гузаргох аз сархади давлатии Чумхурии Точикистон бо максади баровардани он аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон, супоридани мол ба ташкилотхои наклиёти ва (ё) муросилоти байналмилали тавассути ташкилотхои (муассисахои) алокаи почта барои ирсол берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон, амали шахс чихати бо мол ва воситахои наклиёт мустакиман баромадан аз сархади гумруки берун аз махалхое, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда шудаанд, ба хисоб меравад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

25) статуси (макоми) мол ва воситахои наклиёт барои максадхои гумруки – мавчуд будан ё набудани мамнуият ва махдудиятхо барои хукуки истифода ва ихтиёрдории мол ва воситахои наклиёт, ки мувофики хамин Кодекс мукаррар шудааст;

26) шахсони манфиатдор – шахсоне, ки манфиати онхо тавассути карор, амали (беамалии) макомоти гумрук нисбати мол ва воситахои наклиёт мустакиман ва инфироди дахолат карда мешавад, агар аз хамин Кодекс тартиби дигаре барнаояд;

27) шахсон – шахси вокеи ва хукуки, агар аз хамин Кодекс тартиби дигаре барнаояд;

28) шахсони хоричи – шахсоне, ки шахсони ватани хисобида намешаванд;

29) шахсони ватани – шахрванди Чумхурии Точикистон, шахси бешахрванд, ки дар Чумхурии Точикистон махали истикомати доими дорад, сохибкори инфироди, ки дар худуди Чумхурии Точикистон мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шудааст, инчунин шахси хукукие, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис ёфтааст;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

30) шахси хукукии ватани – шахси хукукие, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис ёфтааст;

31) экспедитор – шахсе, ки мувофики шартномаи экспедитсияи наклиёти мутобики конунгузории граждании Чумхурии Точикистон амал мекунад;

32) хуччатхои тичорати – хисобнома – фактура (инвойс), варакахои боррасони ва бастабанд ва дигар хуччатхое, ки мувофики санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, дигар анъанахои муомилоти кори хангоми анчом додани фаъолияти иктисодии хоричи ва дигар фаъолият истифода мегарданд ва онхо тибки конун, созишномаи тарафхо ё анъанахои муомилоти кори барои тасдики анчом додани ахдхо вобаста ба интиколи мол аз сархади гумруки истифода бурда мешаванд, агар аз хамин Кодекс тартиби дигаре барнаояд;

33) хуччатхои гумруки – хуччатхое, ки танхо барои максадхои гумруки тахия шудаанд;

34) хуччатхои наклиёти (борбари) –коносамент, борхат ё дигар хуччатхое, ки мавчудият ва мазмуни шартномаро барои интиколи мол тасдик менамоянд ва хангоми интиколи байналмилали хамрохикунандаи мол ва воситахои наклиёт мебошанд;

35) молхои калбаки– молхои дорои объектхои моликиятизехниибо вайроннамудани хукукхои сохибхукук таёргардида ва (ё) аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон хифз мешавад;

36) сохибхукук – шахсе, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон дорои хукук истиснои ба объекти моликияти зехни мебошад;

37) боздошти ичозат – дар тсурати чой доштани шубха оид ба калбаки будани молхо аз чониби макомоти гумрук тамдид  гардидани мухлати кабули карор дар бораи ичозати онхо, ки мутобики низоми интихобгардидаи гумруки интикол дода мешавад;

38) фехристи гумрукии объектхои моликияти зехни – номгуи молхои дорои объектхои моликияти зехнии мутобики ко           нунгузории Чумхурии Точикистон хифзшаванда;

39) Мамнуият ва мањдудиятњочорањои њимояи манфиати иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар савдои хориљї, воридоти мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон, содироти он аз ин ќаламрав, аз љумла системаи чорањои назорати содирот, тасдиќи мутобиќат ба стандартњо ва талабот оид ба бехатарии мол, аз љумла регламентњои техники, талаботи байторї, фитосанигарї, карантинї, санитарию эпидемиологи, фармасевтї ва радиатсионї, инчунин сертификата мутобиќат, ки мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќї ва (ё) санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон муќаррар гардидаанд.(ЌЉТ аз 28.12.12с., №906)

  1. Хамаи мафхумхои дигар дар хамин Кодекс мутобики мазмуне, ки дар дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар гардидаанд, истифода бурда мешаванд.

 

БОБИ 2. ПРИНСИПХОИ АСОСИИ ИНТИКОЛИ МОЛ ВА ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ АЗ САРХАДИ ГУМРУКИ

 

Моддаи 11. Интиколи мол (аз чумла асъор ва сарватхои асъори) ва воситахои наклиёт аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон

  1. Хамаи шахсон барои интиколи мол ва воситахои наклиёт аз сархади гумруки, ба истиснои холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон, тибки тартиби мукаррарнамудаи хамин Кодекс хукуки баробар доранд.
  2. Мол ва воситахои наклиёт аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи хамин Кодекс интикол дода мешаванд.

Тартиби интиколи асъори Чумхурии Точикистон, когазхои киматноки бо асъори Чумхурии Точикистон ифодаёфта, асъори хоричи ва сарватхои асъории дигар тибки хамин Кодекс ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим мегардад.

 

Моддаи 12. Риояи мамнуият ва махдудиятхо хангоми интиколи мол ва воситахои наклиёт аз сархади гумруки

  1. Моле, ки воридоташ ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ карда шудааст, аз чониби макомоти гумрук боздошта шуда, нисбати онхо тадбирхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон татбик мегарданд. Агар дар хамин Кодекс ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, чунин мол бояд бетаъхир аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бароварда шавад. Ин молро интиколдиханда мебарорад. Хангоми набудани имконоти баровардан ё фавран набаровардан ин мол бояд дар анбори нигахдории муваккати ё махали дигаре, ки минтакахои назорати гумруки мебошанд (моддаи 403), аз хисоби шахсони дар моддаи 15 хамин Кодекс зикргардида чойгир карда шавад. Мухлати нихоии нигахдории чунин мол 3 шабонаруз муайян карда шудааст, агар мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон нисбати моли алохида мухлати дигаре мукаррар нашуда бошад. Моли мазкур хангоми ба охир расидани ин мухлат мувофики боби 58 хамин Кодекс ихтиёрдори карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Моле, ки воридоти он ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон махдуд карда шудааст (ва дар холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс аз чониби макомоти гумрук ичозат дода мешавад), бо риояи талабот ва шартхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон барои воридот ичозат дода мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Моле, ки содироташ аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон манъ аст, бояд аслан содир карда нашавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Моле, ки содироташ аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон махдуд карда шудааст, бо риояи талабот ва шартхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон барои содирот ичозат дода мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Харочоти декларантхо, интиколдихандагон ё шахсони алохида вобаста ба риояи мамнуият ва махдудиятхо барои воридоти мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ё содироти он аз ин худуд мувофики моддаи 15 хамин Кодекс аз чониби макомоти гумрук чуброн карда намешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 13. Расмиёти гумруки ва назорати гумруки

  1. Хамаи мол ва воситахои наклиёте, ки аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон интикол дода мешаванд, тибки тартиб ва шартхои муайяннамудаи хамин Кодекс бояд хатман мавриди барасмиятдарори ва назорати гумруки карор гиранд.
  2. Хангоми амали намудани расмиёт ва назорати гумруки макомоти гумрук ва шахсони мансабдори онхо хукук надоранд талабот ва махдудиятхоеро мукаррар намоянд, ки дар санадхои меъёрии хукукии гумрук ва ё дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини нашудаанд.

 

Моддаи 14. Истифодабари ва ихтиёрдории мол ва воситахои наклиёт

  1. Хеч кас ба истифодабари ва ихтиёрдории мол ва воситахои наклиёт то замони ичозати онхо хукук надорад, ба истиснои тартиб ва шартхое, ки хамин Кодекс мукаррар намудааст.
  2. Баъди ичозати мол ва воситахои наклиёт истифодабари ва ихтиёрдории онхо тибки низоми арзгардидаи гумруки анчом дода мешавад.

 

Моддаи 15. Ухдадори оид ба татбики амалиёти гумруки барои ичозати мол

Агар хамин Кодекс тартиби дигаре мукаррар накарда бошад, ухдадори оид ба татбики амалиёти гумрукиро барои ичозати мол инхо ба зимма мегиранд:

1) агар мол аз сархади гумруки тибки ахди фаъолияти иктисодии хоричи аз чониби шахси ватани басташуда интикол дода шавад – шахси ватание, ки чунин ахдро бастааст ё аз номи у ё бо супориши у ахд ба имзо расидааст;

2) агар мол аз сархади гумруки бе бастани ахд аз чониби шахси ватани интикол дода шавад – шахсе, ки дар худуди Чумхурии Точикистон хукуки сохиби ё хукуки истифодабарии молро дорад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) шахсони дигаре, ки тибки конунгузории граждании Чумхурии Точикистон ва (ё) хамин Кодекс бо моли тахти назорати гумруки карордошта барои ичрои амали дорои ахамияти хукуки аз номи худ ба сифати дахлдор баромад карда метавонанд.

 

Моддаи 16. Кафолатхо барои ичрои пурраи ухдадорихои мукаррарнамудаи хамин Кодекс

Дар холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон нисбати мол макомоти гумрук хукук доранд аз шахси кафолатдиханда ичрои ухдадорихояшро мувофики мукаррароти хамин Кодекс, аз чумла чихати пардохти бочхои гумруки ва андоз мувофики боби 46 хамин Кодекс талаб намоянд.

 

БОБИ 3. АМАЛХО ДАР СОХАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКИ

  

Моддаи 17. Амалхо дар сохаи фаъолияти гумруки

Фаъолияти шахси хукуки ба сифати боркашони гумруки, сохибони анборхои нигахдории муваккати, сохибони анборхои гумруки, сохибони магозахои савдои бебоч ва брокерхои гумруки (намояндахо), бо шарти мувофикан дохил намудан ба Реестри боркашонхои гумруки, Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати, Реестри сохибони анборхои гумруки, Реестри сохибони магозахои савдои бебоч ё Реестри брокерхои гумруки (намояндахо) (минбаъд дар хамин боб Реестри шахсони дар сохаи фаъолияти гумруки амалкунанда) ичозат дода мешавад.

 

Моддаи 18. Реестри шахсони дар сохаи фаъолияти гумруки амалкунанда

  1. Реестри шахсони дар сохаи фаъолияти гумруки амалкунанда мувофики тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ба рох монда мешавад.
  2. Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки вазифадор аст на камтар аз як маротиба дар хар се мох Реестри шахсони дар сохаи фаъолияти гумруки амалкунандаро дар воситахои ахбори омма нашр намояд.

 

Моддаи 19. Дохил намудани шахси хукуки ба Реестри шахсони дар сохаи фаъолияти гумруки амалкунанда

  1. Шахси хукуки ба Реестри шахсони дар сохаи фаъолияти гумруки амалкунанда мутобики шартхои мукарраркардаи хамин Кодекс дохил карда мешавад. Барои дохил намудан ба ин реестрхо музд ситонида намешавад.
  2. Барои дохил намудан ба яке аз Реестрхои шахсоне, ки дар сохаи фаъолияти гумруки амал мекунанд, шахси хукуки ба макомоти гумрук бо аризаи хаттии дорои маълумоти пешбининамудаи хамин Кодекс ва хуччатхои тасдиккунандаи маълумоти дар ин ариза нишондодашуда, бо номгуи мукаррарнамудаи хамин Кодекс мурочиат менамояд.
  3. Хуччатхои дар кисми 2 хамин модда пешбинишуда метавонанд дар шакли асл ва ё нусхаи бо тартиби чори тасдикшудаи онхо пешниход карда шаванд.

Баъди анчоми баррасии ариза макоми гумрук вазифадор аст бо хохиши тарафи аризадиханда нусхаи аслии хуччатхои пешниходшударо ба вай баргардонад.

  1. Макоми гумрук аризаро дар давоми на дертар аз 30 рузи кабул барраси менамояд. Макоми гумрук хулосаро хангоми кабули карор чихати ба реестри дахлдор дохил намудани аризадиханда ба макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мефиристад. Барои ба расмият даровардани карори макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки макоми гумрук ба аризадиханда дар бораи дохил карда шудани у ба чунин реестр шаходатнома медихад. Аризадиханда хукук дорад фаъолияти дахлдорро дар сохаи фаъолияти гумруки аз рузи гирифтани шаходатнома огоз намояд.

Макоми гумрук хукук дорад ба реестри дахлдор дохил карда шудани аризадихандаро танхо дар сурати шартхои ба реестри дахлдор дохил намуданро риоя накардани у, ки хамин Кодекс пешбини намудааст, рад намояд. Карор дар бораи рад баъди кабул шуданаш ба шакли хатти фавран ба аризадиханда расонида мешавад.

  1. Макоми гумруке, ки аризаро барраси менамояд, хукук дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз макомоти давлати хуччатхои тасдиккунандаи маълумоти аризадихандаро талаб намояд. Шахсони мазкур вазифадоранд дар давоми дах рузи гирифтани дархост хуччатхо ё маълумоти дархостшударо пешниход намоянд.

 

Моддаи 20. Шаходатномаи ба яке аз реестрхо дохил намудани шахсоне, ки дар сохаи фаъолияти гумруки амал мекунанд

  1. Шаходатномаи ба яке аз реестрхо дохил намудани шахсоне, ки дар сохаи фаъолияти гумруки амал мекунанд (баъдан дар хамин боб – шаходатнома), аз руи намунаи муайянкардаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки дода мешавад. Шаходатнома бояд маълумоти хамин Кодекс пешбининамударо дошта бошад. Шаходатномаро ба шахси дигар додан мумкин нест.
  2. Дар бораи тагйирёбии маълумоти дар ариза ё дар хуччатхои замимави зикршуда мутобики кисми 2 моддаи 19 хамин Кодекс шахси хукуки (вориси хукукии вай), ки дар яке аз реестрхои шахсони дар сохаи фаъолияти гумруки амалкунанда дохил карда шудааст, вазифадор аст макоми гумрукро ба таври хатти дар давоми панч рузи сар задани ходисаи дахлдор ё аз рузи ба шахс маълум шудани он огох намояд.

Макоми гумрук дар давоми 5 рузи кори мутобикати маълумоти нави зикршударо ба шартхое, ки барои дохил намудани шахси хукуки ба яке аз реестрхо мукаррар шудаанд, месанчад ва агар маълумоти дар шаходатнома зикршаванда тагйир ёбад, мутобики тартиби мукаррарнамудаи кисми 4 моддаи 19 хамин Кодекс масъалаи додани шаходатномаи навро барраси менамояд.

  1. Шаходатнома аз тарафи макоми гумрук танхо дар холатхои пешбининамудаи моддахои 98, 113, 145, 231 ва кисми 4 моддаи 263 хамин Кодекс бозхонда мешавад.

Карор дар бораи бозхонди шаходатнома аз тарафи макоми гумрук ба шахси хукукие, ки нисбати у чунин карор кабул шудааст, бояд рузи дигари кабули карор ба таври хатти бо фахмонидани сабаби кабули чунин карор расонида шавад. Ин карор ба рохбар ё намояндаи ваколатдори шахси хукуки бо гирифтани имзо ё дигар намуди тасдиккунандаи далел ва санаи кабули ин карор супорида мешавад. Агар шахсони номбаршуда аз гирифтани ин карор саркаши кунанд, он бо мактуби супориши ба воситаи почта равон карда мешавад.

Карор дар бораи бозхонди шаходатнома баъд аз 15 рузи кабули чунин карор эътибори конуни пайдо мекунад.

Намунаи карор дар бораи бозхонди шаходатнома аз тарафи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки тасдик карда мешавад.

  1. Бозхонди шаходатнома боиси аз реестри дахлдор хорич кардани шахси хукукие, ки дар сохаи фаъолияти гумруки амал мекунад, мегардад.
  2. Аризаи дохил намудан ба реестри дахлдор пас аз бозхонди шаходатнома, баъди бартараф намудани сабабхое, ки барои чунин бозхонд асос гардидаанд ва дар холатхои бозхонди шаходатнома бо сабаби якчанд маротиба ба чавобгарии маъмури кашида шудани шахси хукуки баъди ба охир расидани мухлате, ки шахс тахти чазои маъмури карор дошт, барраси карда мешавад.

 

Моддаи 21. Хорич намудани шахси хукуки аз реестрхои шахсоне, ки дар сохаи фаъолияти гумруки амал мекунанд

  1. Шахси хукуки аз реестрхои шахсоне, ки дар сохаи фаъолияти гумруки амал мекунанд, дар холатхои зерин хорич карда мешавад:

1) бо хохиши хамин шахс аз рузи дигари аз чониби макоми гумрук гирифтани аризаи хаттии шахс хангоми хорич намудан аз реестри дахлдор;

2) баъди ба охир расидани мухлати амали шаходатномае, ки кисми 2 моддаи 96, кисми 3 моддаи 111, кисми 2 моддаи 142, кисми 3 моддаи 229 ва кисми 3 моддаи 263 хамин Кодекс мукаррар кардааст, аз рузи дигари ба охир расидани чунин мухлат;

3) хангоми кабул намудани карори бозхонди шаходатнома – аз рузи эътибори конуни пайдо кардани чунин карор;

4) хангоми бархам додани шахси хукуки баъди як рузи аз чониби макоми бакайдгиранда ба Реестри ягонаи давлатии шахси хукуки кайд намудани шахси хукукие, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон дар чараёни бархамхури фаро мерасад;

5) хангоми боздоштани фаъолияти шахси хукуки дар натичаи азнавташкилдихи, ба истиснои дигаргунсози – аз рузи дигаре, ки азнавташкилдихии шахси хукуки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба охиррасида хисоб мешавад.

  1. Аз Реестри шахсони дар сохаи фаъолияти гумруки амалкунанда хорич кардани шахси хукуки ин шахсро (вориси хукукии уро) аз ухдадорихои ба охир расонидани амалиёти гумрук оид ба интикол ё нигохдошти моли тахти назорати гумруки карордошта ё ичрои дигар амале, ки ухдадории ичрои он то хорич намудани шахси хукуки аз Реестри дахлдор тибки тартиби мукаррарнамудаи хамин Кодекс ба миён омадааст, озод намекунад.

 

БОБИ 4. ИТТИЛОЪДИХИ ВА МУШОВАРА

 

Моддаи 22. Гирифтани иттилоот оид ба сабабхои кабули карор, амали (беамалии) содиршуда

  1. Шахсе, ки нисбати вай аз чониби макоми гумрук ё шахси мансабдор карор кабул гардидааст ё амале анчом дода шудааст, инчунин шахсе, ки то гузашти мухлати муайян нисбати вай карор кабул нашудааст ё ки бояд ичро гардад, вале ичро нашудааст, хукук дорад ба ин макоми гумрук оид ба сабаб ва асосхои кабул шудани карор ё амали ичрошуда ё сабабхои кабул нашудани карор ё анчом надодани амали дахлдор мурочиат намояд, агар ин мустакиман ё ба таври инфироди ба хукук ва манфиатхои шахси номбаршуда дахл дошта бошад.
  2. Дархост бояд дар давоми шаш мохи кабули карор, ичрои амал (беамали) ё ба анчом расидани мухлати кабули онхо ё ичрои амал ё аз рузе, ки ин шахс оид ба кабули карор ё анчом додани амал (беамали) огох гардидааст, пешниход карда шавад.
  3. Шахси манфиатдор барои пешниходи маълумоти зарури метавонад хам хатти ва хам шифохи бо дархост мурочиат намояд. Дархости шифохи бояд аз чониби макоми гумрук дар рузи кабули дархост барраси карда шавад. Хангоми додани дархости хатти ба он бояд дар давоми 10 рузи гирифтани дархостнома хатти чавоб дода шавад.

 

Моддаи 23. Иттилоот дар бораи санадхои меъёрии хукукии сохаи фаъолияти гумруки

  1. Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ва дигар макомоти гумрук дастрасии ройгони иттилоотро вобаста ба санади хукукии амалкунандаи сохаи фаъолияти гумруки, аз чумла бо истифодаи технологияхои иттилооти таъмин менамоянд.
  2. Макомоти гумрук дар хусуси санади хукукии тахияшаванда, инчунин оид ба тагйиру иловахо ба санади хукукии эътибори конуни пайдонакарда дар сохаи фаъолияти гумруки, аз чумла бо истифодаи технологияхои иттилооти дастрасии иттилоотро таъмин менамоянд, ба истиснои холатхое, ки огохсозии кабли оид ба тахияи санадхои хукуки барои гузаронидани назорати гумруки монеа мешавад ё ба паст гардидани самаранокии онхо мусоидат менамояд.
  3. Макоми ваколатдор оид ба масъалахои гумруки дар нашрияхои расмии худ чопи санадхои хукукиеро, ки хамин макомот кабул кардаанд, инчунин санадхои конунгузории гумруки ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро дар сохаи фаъолияти гумруки таъмин менамояд.

 

Моддаи 24. Машварат оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ва дигар масъалахое, ки тахти салохияти макомоти гумрук карор доранд

  1. Хангоми машварат бояд на танхо иттилооти даххостшуда, балки хама гунна иттилооти ба кор иртиботдоштае, ки макомоти гумрук ба маълумоти шахси манфиатдор расонидани онро мувофики максад медонанд, пешниход гардад. (ЗРТ от 03.07.2012г., №845)

Макомоти гумрук ба шахсони манфиатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки, ки тахти салохияти ин макомот карор доранд, машварат медиханд. Сардори макоми гумрук (шахси ивазкунандаи вай) шахсони мансабдори макомоти гумрукро, ки ба гузаронидани машварат ваколатдоранд, муайян менамояд. Иттилоот оид ба дархости шахси манфиатдор дар мухлати кутохтарин, вале на дертар аз як мохи гирифтани чунин дархост пешниход карда мешавад.

  1. Машварат аз чониби макомоти гумрук хам шифохи ва хам хатти ройгон дода мешавад. Бо талаби шахси манфиатдор макоми гумрук вазифадор аст иттилоотро дар шакли хатти пешниход намояд, ки он барои кабули карор ё ичрои амал (беамали) аз чониби макомоти гумрук хангоми анчом додани амалиёти гумруки нисбати мол ва воситахои наклиёт асос шуда наметавонад.
  2. Макомоти гумрук барои зараре, ки дар натичаи тахрифи матни санади хукукии бе огохони ва назорати онхо интишоршуда расонида шудааст, инчунин барои зараре, ки дар натичаи машварати гайритахассусии шахсони барои гузаронидани чунин машварат салохиятнадошта расонида шудааст, масъул намебошанд.

 

БОБИ 5. ОМОРИ ГУМРУКИ

 

Моддаи 25. Омори гумрукии тичорати хоричии Чумхурии Точикистон

  1. Ба максади тахлили вазъи тичорати хоричии Чумхурии Точикистон, назорати воридоти пардохтхои гумруки ба бучети давлати, назорати асъор, тахлили холат, афзоиш ва рушди тичорати хоричии Чумхурии Точикистон, баланси савдою пардохт ва дар мачмуъ иктисодиёт макомоти гумрук чамъовари ва коркарди маълумотро оид ба интиколи мол аз сархади гумруки анчом дода, маълумоти омори тичорати хоричии Чумхурии Точикистонро ба Хукумати Чумхурии Точикистон ва дигар макомоте, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд, пешниход мекунанд.

Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки маълумоти омори гумрукиро оид ба тичорати хоричии Чумхурии Точикистон ба ташкилотхои байналмилали тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон ва конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход менамояд.

Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки маълумоти омори макомоти гумрукро оид ба тичорати хоричии Чумхурии Точикистон мувофики тартиб ва мухлати мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон интишор менамояд.

  1. Омори гумрукии тичорати хоричии Чумхурии Точикистон тибки хамин Кодекс ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пеш бурда мешавад.
  2. Омори гумрукии тичорати хоричии Чумхурии Точикистон тибки методологияе, ки мукоисаи маълумотро оид ба тичорати Чумхурии Точикистон ва хамкорони тичорати хоричии он таъмин менамояд, пеш бурда мешавад.

 

Моддаи 26. Омори гумрукии махсус

  1. Макомоти гумрук бо максади ичрои вазифахои ба зиммаашон гузошташуда омори гумрукии махсусро мувофики тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои гумрук ба рох мемонанд.
  2. Маълумоти омори гумрукии махсус аз чониби макомоти гумрук танхо барои максадхои гумруки истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 27. Хуччатхо ва маълумоте, ки барои максадхои омори истифода мешаванд

  1. Барои максадхои омор хуччатхо ва маълумоте, ки шахсон тибки мукаррароти хамин Кодекс пешниход мекунанд, истифода бурда мешаванд.
  2. Нисбати иттилооте, ки барои максадхои омор истифода мешавад, мукаррароти пешбининамудаи моддаи 9 хамин Кодекс татбик мегардад.

 

Боби 6. КИШВАРИ ИСТЕХСОЛКАРДАИ МОЛ, НОМГУИ МОЛХОИ ФАЪОЛИЯТИ ИКТИСОДИИ ХОРИЧИ

 

Моддаи 28. Сохаи истифодаи хамин боб

  1. Муайян намудани кишвари истехсолкардаи мол тибки мукаррароти пешбининамудаи хамин боб дар хамаи холатхое, ки истифодаи тадбирхои танзими тарифи гумруки ва мамнуияту махдудиятхои тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраршуда ба кишвари истехсолкардаи мол вобаста бошад, муайян карда мешавад.
  2. Коидахои муайян намудани кишвари истехсолкардаи мол бо максади татбики тарифхои имтиёзнок (преференсияхо) ё беимтиёзи сиёсати тичорат мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 29. Муайян намудани кишвари истехсолкардаи мол

  1. Кишвари истехсолкардаи мол кишваре ба хисоб меравад, ки дар он мол пурра истехсол шудааст (моддаи 30) ё тибки мизони мукаррарнамудаи хамин Кодекс ё тартиби муайяннамудаи хамин Кодекс мавриди коркарди хамачониба карор гирифтааст (моддаи 31). Хамзамон кишвари истехсолкардаи мол метавонад гурухи кишвархо ё иттиходи гумрукхои кишвархо ё минтака ё кисми кишвар фахмида шавад, агар ин барои муайян намудани кишвари истехсолкардаи мол зарур бошад.
  2. Бо дархости декларант ё шахси дигари манфиатдор макомоти гумрук оид ба муайян намудани кишвари истехсолкардаи мол тибки моддахои 41 – 44 хамин Кодекс карори пешаки кабул менамоянд.

 

Моддаи 30. Моле, ки пурра дар ин кишвар истехсол карда шудааст

Моли пурра дар ин кишвар истехсолкардашуда инхо хисобида мешаванд:

1) канданихои фоиданоке, ки аз каъри замини хамин кишвар ва худуди бахрхо ва каъри бахрхои он гирифта шудаанд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) махсулоти растани, ки дар хамин кишвар парвариш ва чамъовари карда шудаанд;

3) чорвое, ки дар хамин кишвар тавлид ва парвариш ёфтааст;

4) махсулоти дар хамин кишвар аз чорвои дар он чо парваришёфта гарифта шудааст;

5) махсулоте, ки дар натичаи шикор ё мохидори дар хамин кишвар гирифта шудааст;

6) махсулоти шикори мохи аз бахр ва дигар махсулоти мохи, ки дар киштии бахрии хамин кишвар коркард шудааст;

7) махсулоте, ки дар киштихои коркарди бахрии хамин кишвар пурра аз махсулоти дар банди 6 хамин модда зикршуда гирифта шудааст;

8) махсулоти аз каъри бахрхо ва сарватхои зери замини берун аз худуди бахрии хамин давлат гирифташуда, ба шарте ки хамин давлат барои коркарди каъри ин бахр ва сарватхои зери замини хукуки истиснои дошта бошад; (ЗРТ от 03.07.2012г., №845; (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

9) шикастапорахо ва партовхо (ашёи дуюмдарача), ки дар натичаи истехсолот ё амалиёти дигар оид ба коркард дар ин ё он кишвар истехсол шудаанд, инчунин махсулоти каблан истифодашуда, ки дар хамин кишвар чамъовари гардида, танхо барои коркарди он ба сифати ашё ба кор меояд;

10) махсулоти технологияхои оли, ки дар объектхои кайхоние гирифта шудааст, ки дар фазои кайхони карор доранд, агар хамин кишвар кишвари бакайдгирии объекти дахлдори кайхони бошад;

11) моле, ки дар хамин кишвар махз аз махсулоти дар бандхои 1 – 10 хамин модда зикргардида тайёр шудааст;

12) кувваи барке, ки дар худуди хамин кишвар истехсол шудааст.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 31. Мизони (критерияхои) коркарди кифоя

  1. Агар дар истехсоли мол ду ё зиёда кишвар иштирок намояд, кишвари истехсолкардаи мол кишваре хисоб меёбад, ки дар он амалиёти охирини коркард ё истехсоли моли тибки мукаррароти хамин модда чавобгуи мизони коркарди дахлдор мебошад, сурат гирифтааст.
  2. Агар нисбати намуди моли алохида ё ягон кишвар хусусиятхои муайян намудани кишвари истехсолкардаи моле, ки ба худуди Чумхурии Точикистон ворид шудааст, тибки кисми 4 хамин модда махсус зикр нагардад, коидаи умуми татбик карда мешавад. Мол махсули хамон кишваре ба хисоб меравад, ки агар дар натичаи амалиёти коркард ё истехсоли мол рамзи таснифотии мол нисбати Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи дар сатхи хама гуна чор аломати аввали он тагйир ёфта бошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421; (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)
  3. Сарфи назар аз мукаррароти пешбининамудаи кисми 2 хамин модда, ин амалиётхо чавобгуи мизони дахлдори коркард хисобида намешаванд:

1) амалиёти хифзи мол хангоми нигахдошт ва интиколи он;

2) амалиёти омода намудани мол барои фуруш ва интикол (таксими партияи мол), ташкили ирсолот, навбанди, бастабандии нав);

3) амалиёти оддии сарчамъ кардан ва амалиёти дигаре, ки ичрои он холати молро мувофики тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон куллан тагйир намедихад;

4) якчоякунии моле, ки дар кишвархои мухталиф истехсол шудааст, агар хусусияти махсулоти нихои аз хусусияти моли якчояшаванда фарки калон надошта бошад.

  1. Барои муайян намудани кишвари истехсолкардаи мол мувофики тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон мизони коркарди куллии мол низ дар чунин холатхо истифода бурда мешавад:

1) анчом додани амалиёти муайяни истехсоли ё технологи барои он, ки кишвари истехсолкардаи мол хамон кишваре хисобида шавад, ки амалиёт дар он сурат гирифтааст,

2) тагйир додани арзиши мол, хангоме  ки хиссаи фоизии арзиши масолехи истифодашуда ё арзиши изофашуда ба хиссаи мукарраргардидаи нархи махсулоти нихои  баробар мешавад (коидаи хиссаи адвалори).

  1. Хангоми муайян намудани тартиби татбики мизони коркарди дахлдори моли алохидае, ки аз кишвархои барояшон тарифи имтиёзнок фарохамовардаи Чумхурии Точикистон ворид мешавад. Бо максади пешниходи тарифи имтиёзнок Хукумати Чумхурии Точикистон хукук дорад шартхои истифодаи хариди мустаким ва интиколи мустакими молро муайян намояд.

 

Моддаи 32. Хусусиятхои муайян намудани кишвари истехсолкардаи мол

  1. Моли ба партияхо чудокардашуда ё васл карданашудае, ки бинобар шароити истехсоли ё наклиёти имконияти як партия карда фиристоданаш вучуд надорад, хамчунин моле, ки як партияаш иштибохан ба чанд партия таксим карда шудааст, бо хохиши декларант хангоми муайян кардани кишвари истехсолкардаи мол бояд хамчун моли ягона, яклухт дониста шавад.
  2. Шартхои истифодаи кисми 1 хамин модда аз инхо иборатанд:

1) пешаки огохонидани макоми гумрук аз моли ба кисмхо чудо кардашуда ё васл карданашудае, ки ё  бо якчанд партия фиристода шудааст, бо зикри сабаби чунин молрасони ва пешниходи мушаххасоти хар як дастаи мол бо зикри рамзи таснифотии мол мувофики Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи, арзиш ва кишвари истехсолкардаи мол, ки ба хар як дастаи мол дахл дорад ё пешниходи хуччати тасдиккунандаи иштибохан ба чанд даста таксим карда шудани мол;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)

2) тамоми дастаи молро аз як давлат фиристодани як боррасон,

3) декларатсия кардани тамоми дастаи мол дар як макоми гумрук,

4) ворид намудани тамоми дастаи мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дар мухлате, ки аз рузи декларатсияи гумрукиро кабул кардани макоми гумрук ё ба анчом расидани мухлати пешниходи декларатсия кардани дастаи аввали мол бештар аз як сол набошад. Бо дархости асосноки декларант ин мухлат аз чониби макоми гумрук ба мухлати барои ворид намудани тамоми дастаи ин мол зарури дароз карда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Тачхизот, кисмхои эхтиёти ва асбобу анчоме, ки барои истифодаи мошину тачхизот ва дастгоху воситахои наклиёт заруранд, махсули хамон кишваре ба хисоб мераванд, ки мошину тачхизот, дастгоху воситахои наклиёт ба онхо марбутанд, ба шарте ки ин тачхизоту кисмхои эхтиёти ва асбобу анчом хамрохи хамин мошину тачхизот, дастгоххо ё воситахои наклиёт ба микдоре якчоя оварда ва истифода бурда шаванд, ки маъмулан онхоро бо ин тачхизот мефиристанд.
  2. Бастабанде, ки дар он мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид карда мешавад, низ махсули хамон кишваре дониста мешавад, ки дар он мол истехсол шудааст, ба истиснои холатхое, ки бастабанди мол бояд алохида декларатсия карда шавад. Дар ин холат кишвари истехсоли бастабанд алохида аз кишвари истехсолкардаи мол муайян карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 33. Тасдики кишвари истехсолкардаи мол

  1. Барои тасдики кишвари истехсолкардаи мол макоми гумрук хукук дорад аз ин кишвар мувофики холатхои пешбининамудаи моддаи 36 хамин Кодекс пешниходи хуччатхои тасдиккунандаи кишвари истехсолкардаи молро талаб намояд.
  2. Хуччатхои тасдиккунандаи кишвари истехсолкардаи мол аз ин ё он кишвар декларатсияи истехсоли мол (моддаи 34) ё дар холатхои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон сертификати истехсоли мол мебошад (моддаи 35).

 

Моддаи 34. Декларатсияи истехсоли мол

  1. Хуччати тасдиккунандаи кишвари истехсолкардаи мол тибки хамин Кодекс метавонад декларатсияи истехсоли мол бошад, ки дар шакли озод тахия шудааст, ба шарте ки дар он маълумот оид ба муайян намудани кишвари истехсолкардаи мол зикр шуда бошад. Ба сифати чунин декларатсия метавонанд хуччатхои тичорати ва дигар хуччатхои мансуб ба мол истифода гарданд, ки дорои маълумот оид ба кишвари истехсолкардаи мол буда, аз чониби тайёркунанда, фурушанда ё содиркунанда вобаста ба содир намудани мол тахия шудаанд.
  2. Агар дар декларатсияи истехсоли мол маълумот оид ба кишвари истехсолкардаи мол ба мизоне асос ёфта бошад, ки аз мизони дар Чумхурии Точикистон (моддахои 30 ва 31) истифодашаванда фарк мекунад, кишвари истехсолкардаи мол мувофики мизоне муайян карда мешавад, ки дар Чумхурии Точикистон истифода мегардад.

 

Моддаи 35. Сертификати истехсоли мол

  1. Сертификати истехсоли мол хуччатест, ки кишвари истехсолкардаи молро бе чунучаро тасдик менамояд ва аз чониби макоми ваколатдор ё ташкилотхои хамин кишвар ё кишвархои содиркунанда дода шудааст, агар дар кишвари содиркунанда сертификат дар асоси маълумоти кишвари истехсолкардаи мол дода шавад.

Агар дар сертификати истехсоли мол маълумот оид ба кишвари истехсолкардаи мол ба мизоне асос ёфта бошад, ки аз мизони дар Чумхурии Точикистон (моддахои 30 ва 31) истифодашаванда фарк дорад, кишвари истехсолкардаи мол мувофики мизоне муайян карда мешавад, ки дар Чумхурии Точикистон истифода мегардад.

  1. Хангоми содир намудани мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон сертификати истехсоли мол, агар сертификати мазкур мувофики шартхои карордод, мувофики коидахои миллии кишвари воридкунандаи мол зарур бошад ё агар мавчуд будани сертификати мазкур тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон пешбини шуда бошад, аз чониби макомот ё ташкилоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Макомот ва ташкилотхое, ки сертификати истехсоли молро додаанд, вазифадоранд нусхаи он ва дигар хуччатхоеро, ки дар асоси онхо кишвари истехсолкардаи мол тасдик шудааст, дар давоми чор сол нигах доранд.

  1. Сертификати истехсоли мол хамзамон бо декларатсияи гумруки ва дигар хуччатхо хангоми барасмиятдарории гумрукии моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшаванда пешниход карда мешавад. Хангоми гум кардани сертификат нусхаи расман тасдикшудаи он кабул карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар сертификати истехсоли мол ба таври зарури ба расмият дароварда нашуда бошад (тасхехшуда, ифлос, тасхехоти тасдикнашуда, имзо ва мухрхои дахлдор надорад, маълумоти дар сертификат зикршуда имконият намедихад муносибати он бо моли декларатсияшаванда мукаррар карда шавад, дар сертификат кишвари истехсолкардаи мол ё меъёрхои он, ки дар асоси онхо дар бораи кишвари истехсолкардаи мол хулоса бароварда шудааст, аник муайян карда нашудааст, ба шарте ки зикри ин мизон тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон ё конунгузории Чумхурии Точикистон хатми бошад) ё агар муайян гардад, ки сертификат дорои маълумоти носахех мебошад, макоми гумрук хукук дорад ба макомоти салохиятдор ё ташкилотхои давлати, ки сертификати кишвари истехсолкардаи молро додаанд, бо хохиши пешниходи хуччатхои иловаги ё дакиксозандаи маълумот мурочиат намояд.
  3. Макоми гумрук хукук дорад ба макомоти салохиятдор ё ташкилотхои кишваре, ки сертификати истехсоли молро додаанд, бо хохиши пешниходи хуччатхои иловаги ё дакиксозандаи маълумот, инчунин бо максади гузаронидани санчиши чузъи мурочиат намояд. Гузаронидани чунин санчиш барои ба муомилот ичозат додани мол дар асоси маълумот оид ба кишвари истехсолкардаи он, ки хангоми барасмиятдарории гумрукии он истифода шудааст, монеа шуда наметавонад.

 

Моддаи 36. Пешниходи хуччатхои тасдиккунандаи кишвари истехсолкардаи мол

  1. Хангоми воридоти мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон хуччати тасдиккунандаи кишвари истехсолкардаи мол дар сурате нишон дода мешавад, ки Чумхурии Точикистон ба давлати истехсолкардаи чунин мол тибки санадхои хукукии байналмилалии Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон имтиёзхои тарифи фарохам оварад. Дар ин холат хуччати тасдиккунандаи кишвари истехсолкардаи мол хамзамон бо пешниходи декларатсияи гумруки ба макомоти гумрук манзур мегардад. Дар айни замон имтиёзхои тарифии фарохамоварда метавонанд бо зарурати пешниходи сертификати кишвари истехсолкардаи мол тибки намунаи муайяни пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон асоснок карда шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Макомоти гумрук хукук доранд хуччати тасдиккунандаи кишвари истехсолкардаи молро, дар холатхои алохида танхо хангоми муайян намудани носахехии маълумоти зикргардида оид ба кишвари истехсолкардаи мол, ки барои татбики меъёри бочи гумруки ва андоз ва (ё) мамнуият ва махдудиятхои тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраргардида таъсир мерасонанд, талаб намоянд.

  1. Сарфи назар аз мукаррароти пешбининамудаи кисми 1 хамин модда пешниходи хуччати тасдиккунандаи кишвари истехсолкардаи мол дар холатхои зайл талаб карда намешавад:

1) агар моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшаванда ба низоми гумрукии байналмилалии транзит ё низоми гумрукии воридоти муваккати бо пешниходи пурра озод намудан аз пардохти бочхои гумруки ва андоз манзур шуда бошад, ба истиснои холатхое, ки макомоти гумрук нишонахоеро ошкор намудаанд, ки кишвари истехсолкардаи мол давлате мебошад, ки воридоти молаш ба Чумхурии Точикистон ё транзити он аз худуди Чумхурии Точикистон тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон ё санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ аст;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) агар арзиши умумии моли аз сархади гумруки интиколшаванда, ки дар як вакт ва бо як усул, аз тарафи як интиколдиханда ба номи як кабулкунанда, дар як воситаи наклиёт, бо як борхати молу наклиёт фиристодашуда, то 400 маоши хадди акал баробар бошад;

3) агар мол аз сархади гумруки аз чониби шахси вокеи тибки боби 37 хамин Кодекс интикол дода шавад;

4) дар холатхои дигаре, ки  санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд.

 

Моддаи 37. Шартхои иловагии ичозати мол хангоми муайян намудани кишвари истехсолкардаи он

  1. Дар холатхои мавчуд набудани хуччатхои тасдиккунандаи кишвари истехсолкардаи мол ё хангоми ошкор шудани нишонахои он ки хуччатхои пешниходшуда дуруст ба расмият дароварда нашудаанд ва (ё) дорои маълумоти носахех мебошанд, то пешниходи хуччатхои тасдиккунандаи кишвари истехсолкардаи мол ё дакиккунандаи маълумот:

1) агар макомоти гумрук нишонахоеро ошкор намуда бошанд, ки кишвари истехсолкардаи мол кишварест, ки муносибати тичоратию сиёси бо он низоми мусоидаткунандаи миллиро пешбини наменамояд ё пардохти бочхои гумруки аз руи меъёрхои зикргардида пешниход карда мешавад бочхои гумрукии мол бояд аз руи меъёрхое пардохта шаванд,  ки  онхо нисбати моли кишваре истифода мешаванд, ки муносибатхои тичоратию сиёси бо онхо низоми нисбатан мусоидаткунандаи миллиро пешбини накардаанд;

2) агар макоми гумрук нишонахои онро ошкор намояд, ки кишвари истехсолкардаи мол давлатест, ки нисбати воридоти моли он тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ё санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон махдудият мукаррар карда шудааст, барои муомилоти мол ба шарти аз чониби декларант пешниход шудани хуччатхое ичозат дода мешавад, ки риоя гардидани махдудиятхои мукарраршуда ё таъмини пардохти бочхои зиддидемпинги ё чуброниро тасдик намояд;

3) агар макоми гумрук нишонахоеро ошкор кунад, ки кишвари истехсолкардаи мол кишваре буда метавонад, ки воридоти моли он ба Чумхурии Точикистон тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ карда шудааст, дар ин холат барои муомилоти мол ичозат дода намешавад.

  1. Нисбати моли дар банди 1 кисми 1 хамин модда зикргардида низоми имтиёзнок ё низоми нисбатан мусоидаткунандаи милли татбик (баркарор) мешавад, агар баъди 1 соли кабули декларатсияи гумруки аз чониби макоми гумрук кишвари истифодаи чунин мол тасдик гардад. Дар ин холат маблаги бочхои гумруки ва андози пардохтшуда мувофики моддаи 397 хамин Кодекс баргардонида мешавад.

 

Моддаи 38. Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи

  1. Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон, бо назардошти амалияи байналмилалии системаи таснифоти кабулгардидаи мол тасдик карда мешавад.
  2. Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи барои андешидани тадбири танзими гумрукию тарифи ва гайритарифи, инчунин намудхои дигари фаъолияти иктисодии хоричи, пешбурди омори гумрукии тичорати хоричии Чумхурии Точикистон истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 39. Пешбурди Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи

Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричиро пеш мебарад.

Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки:

1) Чумхурии Точикистонро дар созмонхои байналмилали дар бобати тахия, ворид намудани тагйиру иловахо, тафсир ва татбики асосхои байналмилалии Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи намояндаги мекунад;

2) ба ворид намудани тагйиру иловахо ба асосхои байналмилалии Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи, тавзехи байналмилалии онхо ва карорхо оид ба тафсири ин асосхо назорат менамояд;

3) ба Хукумати Чумхурии Точикистон чихати мутобикгардонии Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи ба асосхои байналмилалии он пешниход манзур медорад;

4) бо макомоти давлатии манфиатдор чихати тахия ва ворид намудани тагйиру иловахо ба Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи пешниходот тартиб медихад;

5) нусхаи назоратии Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричиро тахия намуда, хамзамон ба талабот нигох медорад;

6) нашри Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи тавзехи байналмилали ва карорхо оид ба тафсири асосхои байналмилалиро таъмин менамояд;

7) карорхои ичрояшон хатмиро оид ба таснифоти моли алохида тахия, тасдик ва нашр менамояд;

8) вазифахои дигареро, ки барои пешбурди Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи заруранд, ба чо меоварад.

  

Моддаи 40. Таснифоти (классификатсияи) мол

  1. Мол хангоми декларатсиякунони дар макомоти гумрук (боби 14) бояд мавриди таснифот карор гирад, яъне нисбати мол тибки Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи рамзи таснифоти муайян карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)
  2. Мувофики дархости декларант макомоти гумрук оид ба таснифи мол мувофики моддахои 41 – 44 хамин Кодекс пешаки карор кабул менамоянд.
  3. Дар холатхои муайян намудани вайронкунии коидахои таснифи мол хангоми декларатсиякунони макоми гумрук хукук дорад молро мустакилона тасниф намояд.
  4. Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки дар хусуси таснифи намудхои алохидаи мол карор кабул карда, нашр менамояд.
  5. Карорхои макомоти гумрук дар хусуси таснифи мол хатми мебошанд. Декларант хукук дорад нисбати чунин карорхо мувофики боби 7 хамин Кодекс шикоят намояд.

 

Моддаи 41. Кабули карори пешаки

  1. Макомоти ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ва макомоти гумруки, ки аз чониби он муайян карда мешаванд, тибки дархости шахси манфиатдор мувофики Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи дар бораи таснифоти мол нисбати моли мушаххас, дар бораи истехсоли мол аз кишвари мушаххас (кишвари истехсолкардаи мол) карори пешаки кабул менамояд.
  2. Шакл ва тартиби кабули карори пешаки аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян карда мешавад.

 

Моддаи 42. Дархост дар бораи кабули карори пешаки

  1. Шахсе, ки ба кабули карори пешаки манфиатдор аст, ба макоми дахлдори гумрук нисбати кабули карори пешаки дархостнома ирсол менамояд.

Ин дархостнома бояд барои кабули карори пешаки дорои хамаи маълумоти зарури бошад. Ба дархостнома бояд чошнию намуна, тафсиру  сурат, тасвир, накша, хуччатхои тичорати, техники ва дигар хуччатхо замима карда шаванд.

Дархостнома дар бораи кабули карори пешаки дар мухлати мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мурочиати шахрвандон» барраси мегардад.

  1. Агар маълумоти дар дархостномаи кабули карори пешаки зикрнамудаи аризадиханда барои кабули карори пешаки нокифоя бошад, макоми гумрук дар давоми 30 рузи гирифтани чунин дархостнома аризадихандаро аз зарурати пешниходи маълумоти иловаги огох менамояд ва мухлати пешниходи онро таъин мекунад. Хангоми дар мухлати муайяншуда пешниход накардани маълумоти иловаги дархостнома дар бораи кабули карори пешаки рад карда мешавад.

Рад намудани дархостномаи кабули карори пешаки ба мурочиати такрории аризадиханда, ки кабули карори пешакиро дархост кардааст, монеа намегардад, ба шарти рафъ карда шудани сабабхое, ки боиси радди дархостномаи мазкур гардида буданд.

 

Моддаи 43. Мохияти хукуки ва мухлати амали карори пешаки

Карори пешаки барои хамаи макомоти гумрук хатми мебошад. Карори пешаки аз рузи кабул гардиданаш ба мухлати 3 сол амал мекунад, ба шарте  ки он тагйир наёфта ё бозхонд нашуда ё амали он тибки моддаи 44 хамин Кодекс катъ нашуда бошад.

 

Моддаи 44. Катъи амал, тагйир додан ё бозхондани карори пешаки

  1. Макомоти гумрук метавонанд дар бораи катъи амали карори пешаки, тагйир додан ё бозхондани карори пешакии кабулнамудаи худ ё макомоти поёнии гумрук (тагйир додан ё бозхондани карори пешаки, ки худашон ё макомоти поёнии гумрук кабул кардаанд) танхо дар холатхои мукаррарнамудаи хамин модда карор кабул кунанд.

Карор дар бораи катъи амал, тагйир додан ва бозхондани карори пешаки ба шахсе, ки барояш карори пешаки дода шудааст, дар шакли хатти, дар рузи дигари кабул гардидани карор дар бораи катъи амал, тагйир додан ё бозхондани карори пешаки фиристода мешавад.

  1. Агар карор дар бораи амали карори пешаки дар асоси хуччатхои калбакии пешниходнамудаи аризадиханда кабул шуда бошад, он бекор карда мешавад. Карор дар бораи катъи амали карори пешаки аз рузи кабули карори пешаки эътибори конуни пайдо мекунад.
  2. Карори пешаки дар бораи таснифоти мол хангоми аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки кабул намудани карор дар бораи таснифоти моли алохида, ки ичрои он барои макомоти гумрук хатми мебошад, инчунин дар сурати ошкор намудани норасоихо хангоми кабули карори пешаки тагйир дода мешавад.

Тагйирот дар мухлати дар карори тагйир додани карори пешаки зикршуда, аммо на камтар аз 3 мохи баъди рузи кабули карор дар бораи ворид намудани тагйирот ба карори пешаки эътибор пайдо мекунад.

  1. Кабули карори пешаки метавонад дар холатхои зайл бозхонда шавад:

1) хангоми тагйирёбии Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи, аз чониби Ташкилоти умумичахонии гумруки кабул шудани карорхои таснифотие, ки барои татбик дар Чумхурии Точикистон хатми мебошанд;

2) агар тибки созишномахои байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон ё санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон марбут ба масъалахои муайян намудани кишвари истехсолкардаи мол тартиб ва шартхои дигари муайян намудани кишвари истехсолкардаи мол мукаррар карда шуда бошанд.

Карор дар бораи бозхонди карори пешаки бояд дар давоми 3 рузи баъди интишори санадхои номбаршуда кабул гардад ва хамзамон бо он эътибори конуни пайдо мекунад.

  1. Карор дар бораи тагйир додан ё бекор кардани карори пешаки оид ба муайян намудани кишвари истехсолкардаи мол метавонад аз чониби суд аз нав барраси гардад.

 

БОБИ 7. ШИКОЯТ  АЗ КАРОР, АМАЛИ (БЕАМАЛИИ) МАКОМОТИ ГУМРУК ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ОНХО

 

Моддаи 45. Хукук барои шикоят

Хар шахс хукук дорад нисбати карор, амали (беамалии) макомоти гумрук ё шахсони мансабдори онхо шикоят намояд, ба шарте  ки бо чунин карор, амал (беамали) ба акидаи ин шахс, хукуку озоди ва манфиатхои конунии у поймол карда ё барои амали гаштани онхо монеахо эчод шуда ё гайриконуни ба зиммаи у ухдадории нав гузошта шуда бошад.

 

Моддаи 46. Тартиби пешниходи шикоят

  1. Аз карор, амали (беамалии) макомоти гумрук ё шахсони мансабдори онхо ба макомоти гумрук, прокуратура ва (ё) суд шикоят кардан мумкин аст.

Пешниходи шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва шахсони мансабдори онхо ба макомоти гумрук имконияти хамзамон ё минбаъд ба прокуратура ё суд пешниход намудани шикоятномаи дорои хамин мазмунро истисно наменамояд. Шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макомоти гумрук ва шахсони мансабдори онхо, ки ба макомоти гумрук, прокуратура ё суд ирсол шудааст, аз чониби хамин макомот барраси мегардад.

  1. Тартиби пешниходи шикоят, тартиби барраси ва тартиби халли шикояти ба прокуратура ва суд фиристодашавандаро конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  2. Тартиби пешниходи шикоят, барраси ва халли шикояте, ки ба макомоти гумрук нисбати карор, амали (беамалии) макомоти гумрук ё шахсони мансабдори онхо ирсол шудааст, тибки хамин боб мукаррар гардида, хангоми шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макомоти гумрук ва шахсони мансабдори он истифода бурда мешавад, ба истиснои карорхои макомоти гумрук (шахсони мансабдори макомоти гумрук) нисбати парвандахо оид ба хукуквайронкунихои маъмури.

 

Моддаи 47. Тартиби пешниходи шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва шахсони мансабдори он ба макомоти гумрук

  1. Нисбати карор, амали (беамалии) макомоти гумрук ба макоми болоии гумрук шикоят карда мешавад.

Шикоят нисбати амали (беамалии) шахси мансабдори макоми гумрук ба макоми гумрукие, ки ин шахс хизматро адо мекунад (вазифаи давлатиро ишгол менамояд) ва агар нисбати карори амали (беамалии) сардори макоми гумрук бошад, ба макоми болоии гумрук арз карда мешавад.

Шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он метавонад мустакиман ба макоми болоии гумрук, инчунин тавассути макоми гумруке, ки нисбати карор, амали (беамалии) он ё сардори он шикоят пешниход шудааст, дода шавад.

  1. Макоми гумрук, ки нисбати карор, амали (беамалии) он ё сардори он шикоят пешниход шудааст, онро бо маводи тасдиккунанда ба макоми болоии гумрук дар давоми 5 рузи ворид шуданаш ирсол менамояд.

Агар макоми гумруке, ки нисбати карор, амали (беамалии) макомоти гумрук ва шахсони мансабдори онхо шикоят гирифтааст, хукуки баррасиро надошта бошад, вазифадор аст дар мухлати 5 руз онро ба макоми гумруке фиристад, ки бояд мувофики хамин модда шикоятро барраси намояд ва дар ин бора шахси шикоятнамударо ба таври хатти огох созад.

  1. Шикоят нисбаи ба карор, амали (беамалии) макомоти ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ба хамин маком пешниход карюда мешавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 48. Мухлати пешниходи шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он

Шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он метавонад дар мухлати як мох, вале хангоми пешниходи шикоят нисбати карор оид ба андешидани чазои маъмури дар холатхои зерин дар давоми дах руз пешниход карда шавад:

1) аз рузе, ки шахс дар бораи поймол гардидани хукук, озоди ё манфиатхои конуни, гузоштани махдудият чихати амали намудани онхо ё гайриконуни ба зиммаи вай гузоштани ухдадорихо огох шудааст ё бояд огох мегардид;

2) аз рузи гузаштани мухлати мукарраршуда барои кабули карор ё ичрои амал аз чониби макоми гумрук ё шахси мансабдори он, ки кабул ва ичрои амал мувофики хамин Кодекс пешбини шудааст.

 

Моддаи 49. Баркарор намудани мухлати пешниходи шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва шахси мансабдори он

  1. Хангоми гузаронидани мухлати пешниходи шикоят бо сабабхои узрнок он метавонад тибки аризаи шахси нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он бо шикоят мурочиатнамуда аз чониби макоми гумруки ваколатдори баррасии чунин шикоят баркарор карда шавад.
  2. Мухлати гузаронидашудаи шикоят хангоми вокеан барои барраси кабул намудани шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва шахсони мансабдори он баркароршуда хисоб меёбад.

 

Моддаи 50. Шакл ва мазмуни шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва шахсони мансабдори он

  1. Шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва шахси мансабдори он дар шакли хатти супорида мешавад ва бояд аз чониби аризадиханда имзо карда шавад.
  2. Шахсе, ки бо шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва шахси мансабдори он мурочиат намудааст, метавонад хуччатхои тасдиккунандаи холатхои дар шикоят зикршударо пешкаш нанамояд. Агар пешниходи чунин хуччатхо барои баррасии шикояти мазкур дорои ахамияти калон бошад ва ин хуччатхо дар макоми гумруке, ки нисбати карор, амали (беамалии) он ва шахси мансабдори он шикоят шудааст, мавчуд набошад, макоми гумруки баррасикунандаи шикояти мазкур хукук дорад онхоро аз шахси шикоятнамуда талаб кунад. Дар ин холат мухлати баррасии шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва шахси мансабдори он то пешниходи хуччатхои талабнамудаи макоми гумрук, вале на бештар аз 3 мох боздошта мешавад. Хангоми аз чониби шахс пешниход нашудани хуччатхои талабнамудаи макоми гумрук карор нисбати шикояти мазкур бе назардошти далелхое, ки барои тасдики онхо хуччатхо пешниход нашудаанд, кабул карда мешавад.

 

Моддаи 51. Окибати пешниходи шикоят нисбати карор, амали макоми гумрук ё шахси мансабдори он

  1. Пешниходи шикоят нисбати карор, амали макоми гумрук ва шахси мансабдори он ичрои карор ва амали тахти шикоят карордоштаро бознамедорад.
  2. Хангоми мавчуд будани асосхои кофи барои гумони он, ки шикоят нисбати карор ё амал мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон нест, инчунин дар холате ки агар бознадоштани ичрои карор, амал метавонад хусусияти бебозгашт дошта бошад, макоми гумруки баррасикунандаи шикоят хукук дорад ичрои карор ва (ё) амали шикоятшавандаро то кабули карор вобаста ба мохияти шикоят пурра ё кисман боздорад.

 

Моддаи 52. Асосхо барои мохиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва шахси мансабдори он

  1. Агар мухлати мукарраргардидаи пешниходи шикоят риоя нашуда бошад ва шахс дар бораи баркарор намудани мухлати гузаронидаи пешниходи шикоят бо ариза мурочиат накарда бошад ё худ аризаи баркароркунии мухлати гузашта барои шикоят рад карда шуда бошад, макоми гумрук метавонад баррасии шикоятро нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва ё шахси мансабдори он мохиятан рад намояд.
  2. Карор хангоми мохиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва шахси мансабдори он бояд дар давоми 3 рузи воридшавии шикояти мазкур кабул карда шавад.
  3. Оид ба карори макомоти гумрук дар бораи мохиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ва шахси мансабдори он ба макоми болоии гумрук ё суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 53. Бозхонди шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он

  1. Шахсе, ки нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он бо шикоят мурочиат кардааст, метавонад то кабули карор оид ба шикоят дар хама холат шикояти худро бозхонад.
  2. Шикояти такрори оид ба хамин масъала метавонад дар доираи мухлати мукаррарнамудаи моддаи 48 хамин Кодекс пешниход карда шавад.

 

Моддаи 54. Макоми гумруке, ки шикоятро нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он барраси менамояд

  1. Шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук аз чониби макоми болоии гумрук барраси карда мешавад.
  2. Шикоят нисбати карор, амали (беамалии) шахси мансабдори макоми гумрук аз чониби макоми гумруке, ки ин шахс дар он хизмат менамояд (вазифаи давлатиро ишгол менамояд) ва шикоят нисбати карор, амали (беамалии) сардори макоми гумрук аз чониби макоми болоии гумрук барраси карда мешавад.
  3. Аз номи макоми гумрук карор дар бораи шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори онро сардори хамин макоми гумрук ё шахси мансабдори аз чониби он ваколатдоршуда кабул менамояд. Хамзамон шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он наметавонад аз чониби шахси мансабдоре, ки карори тахти шикоят карордоштаро кабул кардааст, амали (беамалии) тахти шикоят карордоштаро анчом додааст ё шахсе, ки нисбат ба мансаби ишголнамудаи он поёнтар карор дорад, барраси гардад.

 

Моддаи 55. Мухлати баррасии шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он

Шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он бояд аз чониби макоми гумрук дар давоми як мох аз рузи воридшави ва дар холатхое, ки омузиш ва тафтиши иловаги талаб карда намешавад – дар давоми на зиёда аз 15 руз барраси гардад.

Агар барои баррасии шикоят гузаронидани тафтиши махсус, дархости хуччатхои иловаги ё худ кабули дигар чорахо такозо гардад, сардори макоми гумруки баррасикунандаи шикоят метавонад мухлати халли шикоятро на бештар аз як мох тамдид намояд ва дар ин бора ба аризадиханда хатти, бо зикри сабаби тамдид хабар дихад. Мухлати умумии баррасии шикоят набояд аз ду мох зиёд бошад.

 

Моддаи 56. Карори макомоти гумрук оид ба шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он

  1. Амал чихати татбики карори макоми гумрук дар бораи конеъ намудани шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук, шахси мансабдори он бояд аз чониби макомоти гумрук, ки карор, амали (беамалии) макоми гумрук, шахси мансабдори он гайриконуни дониста шудааст, дар давоми 5 рузи кори аз рузи ворид шудани ин карор ба ин макомот анчом дода шавад, агар дар карори мазкур мухлати дигаре муайян нашуда бошад.

Зараре, ки ба аризадиханда дар натичаи сари вакт ичро накардани карор расонида шудааст, мувофики моддаи 472 хамин Кодекс чуброн карда мешавад.

  1. Шахси мансабдори макоми гумрук, ки шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори онро аз номи макоми гумрук барраси менамояд, хангоми ошкор намудани нишонахои гунохи шахси мансабдори макомоти гумрук ё ичрои номатлуби вазифахои ба зиммаи шахси мансабдори макоми гумрук гузошташуда барои чалби ин шахси мансабдор ба чавобгарии интизоми тибки тартиби мукарраргардида тадбирхо меандешад.
  2. Нусхаи кароре, ки оид ба баррасии шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он кабул гардидааст, ба шахси бо шикоят мурочиаткарда дар доираи мухлатхои мукаррарнамудаи моддаи 55 хамин Кодекс фиристода мешавад. Дар карор далелу асосхои кабули он, инчунинмаълумот дар боари хукуки шахсибо шикоят мурочиатнамуда ба овардани шикояти манбаъд нисбат ба карори мазкур бо тартиби мукарарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бояд нишон дода шавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)
  3. Оид ба карори макоми гумрук нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он ба макоми болоии гумрук ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 57. Тартиби соддагардонидашудаи шикоят нисбати карор, амали (беамалии) шахси мансабдори макоми гумрук

  1. Тибки тартиби соддагардонидашуда нисбати карор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук ё дидбонгохи гумруки вобаста ба интиколи мол аз сархади гумруки, ки арзиши он аз 400 маоши хадди акал бештар намебошад, шикоят кардан мумкин аст.
  2. Тартиби соддагардонидашудаи шикоят нисбати карор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук аз шикояти шифохии шахс мувофикан ба шахси мансабдори макоми болоии гумрук ё дидбонгохи гумруки ва дар сурати шикоят нисбати карор, амали (беамалии) сардори дидбонгохи гумрук – ба сардори гумрук, ки дар минтакаи фаъолияти он чунин дидбонгохи гумрук карор дорад, иборат мебошад.
  3. Баррасии шикоят нисбати карор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук ба тартиби соддагардонидашуда бетаъхир анчом дода шуда, карор нисбати он фавран кабул карда мешавад.
  4. Хангоми шикоят тибки тартиби соддагардонидашуда бо хохиши шахси нисбати карор, амали (беамалии) шахси мансабдори макоми гумрук бо шикоят мурочиатнамуда шахси мансабдори макоми гумрук, ки ин шикоятро барраси менамояд, дар бораи баррасии шикоят тибки тартиби соддагардонидашуда акт тахия менамояд, ки он дар бораи шахси мансабдори баррасикунандаи шикоят, шахси бо шикоят мурочиатнамуда, мазмуни мухтасари шикоят ва карори кабулшуда маълумотро дар бар мегирад. Хангоми рад кардани баррасии шикоят нисбати карор, амали (беамалии) шахси мансабдори макоми гумрук тибки тартиби соддагардонидашуда дар хамин акт сабабхои чунин рад нишон дода мешавад. Шакли актро макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян менамояд. Акти баррасии шикоятро нисбати карор, амали (беамалии) шахси мансабдори макоми гумрук бо тартиби соддагардонидашуда шахси мансабдори макоми гумрук, ки шикоятро барраси намудааст ва шахсе, ки бо шикоят мурочиат кардааст, имзо мегузоранд. Нусхаи акт дар бораи баррасии шикоят нисбати карор, амали (беамалии) шахси мансабдори макоми гумрук тибки тартиби соддагардонидашуда ба шахси бо шикоят мурочиатнамуда супорида мешавад.
  5. Баррасии шикоят нисбати карор, амали (беамалии) шахси мансабдори макоми гумрук тибки тартиби соддагардонидашуда ва кабули карор барои шикоят нисбати карор, амали (беамалии) макоми гумрук ё шахси мансабдори он тибки тартиби умуми монеъ шуда наметавонад.

 

ФАСЛИ II. РАСМИЁТИ ГУМРУКИ

 

ЗЕРФАСЛИ 1. БАРАСМИЯТДАРОРИИ ГУМРУКИ

 

Боби 8. МУКАРРАРОТИ АСОСИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ГУМРУКИ

 

Моддаи 58. Доираи истифодаи хамин боб

Мукаррароти хамин боб хамаи амалиёти гумрукии мол ва воситахои наклиёти аз сархади гумруки интиколшавандаро дар бар мегирад.

 

Моддаи 59. Тартиби барасмиятдарории гумруки

  1. Барасмиятдарории гумруки тибки тартиби мукаррарнамудаи хамин Кодекс, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки тибки он кабул гардидаанд, анчом дода мешавад.
  2. Талаботи макомоти гумрук хангоми барасмиятдарории гумруки бояд асоснок ва тибки талаботи мукаррарнамудаи хамин Кодекс ва зарурияти таъмини риояи конунгузории Чумхурии Точикистон махдуд карда шаванд.
  3. Тартиб ва технологияи барасмиятдарории гумруки вобаста ба намуди моли аз сархади гумруки интиколшаванда, навъи наклиёти барои чунин интикол истифодашаванда, гурухи шахсони интиколдихандаи мол ва воситахои наклиёт мукаррар карда мешавад.
  4. Амалиёти гумруки сарфи назар аз кишвари истехсолкардаи мол, давлати ирсолкунанда ва таъиноти мол баробар татбик мешавад.

 

Моддаи 60. Огоз ва анчоми барасмиятдарории гумруки

  1. Барасмиятдарори гумрукии мол чунин огоз меёбад:

1) хангоми воридоти мол – дар лахзаи пешниходи декларатсияи каблии гумруки ба макоми гумрук ё хуччатхо тибки моддаи 72 хамин Кодекс (вобаста ба он, ки кадом амал аввал анчом дода мешавад) ва дар холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс бошад, аризаи шифохи ё анчоми амалхои дигаре, ки дар бораи нияти шахс чихати барасмиятдарории гумруки гувохи медиханд;

2) хангоми содироти мол – дар лахзаи пешниходи декларатсияи гумруки ва дар холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс бошад, – аризаи шифохи ё анчоми амалхои дигаре, ки дар бораи нияти шахс чихати барасмиятдарории гумруки гувохи медихад.

  1. Барасмиятдарории гумруки бо ичрои амалиёти гумруки, ки тибки хамин Кодекс барои нисбати мол кабул намудани расмиёти гумруки, чойгир намудани мол тахти низоми гумруки ё анчом додани амали ин низом, агар ин низоми гумруки дар мухлати муайян амал намояд, инчунин барои хисоб ва пардохти бочхои гумруки ва андоз заруранд, хотима меёбад.

 

Моддаи 61. Ичозати макоми гумрук барои анчом додани амалиёти гумруки

  1. Агар барои анчом додани амалиёти гумрукии алохида ичозати макоми гумрук зарур бошад, чунин ичозат бетаъхир, баъди он, ки шахси мансабдори ваколатдори макоми гумрук итминон пайдо намояд, ки шартхои зарурии мукаррарнамудаи хамин Кодекс барои гирифтани чунин ичозат ичро шудаанд, дар мухлати на дертар аз санчиши декларатсияи гумруки, хуччатхои дигар ва санчиши мол (кисми 1 моддаи 400) дода мешавад.

Агар санчиши риояи шартхои додани ичозат баъди додани он тавонад бе зарар барои назорати гумруки анчом пазирад ва агар хангоми минбаъд ошкор намудани риоя нашудани чунин шарт вайрон кардани конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон тавонад бартараф гардад, ичозат то гузаронидани санчиш дода мешавад.

  1. Агар дар хамин Кодекс пешбини шуда бошад, ки ичозат аз чониби макоми гумрук дар шакли хатти дода мешавад, тартиби додани чунин ичозат ва шакли онро макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мукаррар менамояд.
  2. Ичозати макоми гумрук инчунин аз чониби макоми гумрук анчом додани амалхои дигар низ ба хисоб меравад.

 

Моддаи 62. Махал ва вакти барасмиятдарории гумрукии мол

  1. Барасмиятдарории гумрукии мол дар махалхои чойгиршавии макомоти гумрук дар вакти кори ин макомот анчом дода мешавад.
  2. Бо дархости асосноки декларант ё шахси дигари манфиатдор амалиёти алохидаи гумруки хангоми барасмиятдарории гумруки метавонад берун аз махали чойгиршави ва берун аз вакти кори макомоти гумрук тибки моддахои 465 ва 466 хамин Кодекс анчом дода шаванд.

 

Моддаи 63. Хуччатхо ва маълумоте, ки барои барасмиятдарории гумруки заруранд

  1. Барои барасмиятдарории гумруки шахсони дар хамин Кодекс муайянгардида бояд ба макомоти гумрук хуччатхо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумруки заруриро пешниход намоянд.

Макомоти гумрук хукук доранд хангоми барасмиятдарории гумруки пешниходи танхо хамон хуччатхо ва маълумотеро талаб намоянд, ки барои таъмини риояи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон заруранд ва пешниходи онхо тибки хамин Кодекс пешбини шудааст.

  1. Номгуи хуччатхо ва маълумот, талабот нисбати маълумоте, ки барои барасмиятдарории гумруки нисбати расмиёти мушаххаси гумруки ва низомхои гумруки заруранд, аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки тибки хамин Кодекс муайян карда мешавад. Хамзамон макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки хукук дорад номгуи маълумот ва хуччатхои барои барасмиятдарории гумруки заруриро бо назардошти гурухи шахсони интиколдихандаи мол ва воситахои наклиёт, навъи мол, максади истифодаи мол, талаботи низомхои гумруки ё навъи наклиёте, ки барои интиколи мол аз сархади гумруки истифода мешавад, ихтисор намояд. Мухлати пешниходи хуччатхо ва маълумоти зарури барои барасмиятдарории гумруки, агар хамин Кодекс тартиби дигаре муайян накарда бошад, аз тарафи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мукаррар карда мешавад.
  2. Номгуи хуччатхо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумруки зарури бояд расман интишор карда шаванд. Санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки, ки номгуи хуччатхо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумруки заруриро муайян менамояд, мутобики моддаи 4 хамин Кодекс эътибори конуни пайдо мекунад.
  3. Агар хамин Кодекс ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигаре пешбини накарда бошанд, шакли хуччатхои гумрукиро макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян мекунад.
  4. Бо максади соддагардони ва суръатбахшии барасмиятдарории гумруки макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки бо макомоти гумрукии давлатхои хоричи дар бораи эътирофи муштараки хуччатхои барои максадхои гумруки истифодашаванда созишнома ба имзо мерасонад.
  5. Макомоти гумрук хукук надоранд кабули хуччатхои барои барасмиятдарории гумруки заруриро аз сабаби дар онхо мавчуд будани маълумоти носахех, ки ба муайян намудани андозаи пардохти бочхои гумруки ва андоз, ба кабули карори макомоти гумрук нисбати мамнуият ва махдудиятхо тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон таъсир намерасонад, рад намоянд. Хангоми радди макоми гумрук чихати кабули хуччатхои зикршуда ин маком шахси пешниходнамудаи хуччатхоро дар бораи сабабхои рад огох менамояд. Бо дархости хамин шахс макоми гумрук огохии мазкурро дар шакли хатти пешниход менамояд.
  6. Хуччатхои зарури барои барасмиятдарории гумруки метавонанд дар шакли асл ё нусха пешниход карда шаванд, ки онхоро шахси пешниходнамуда, декларант ё макоми ваколатдоре, ки чунин хуччатро додааст, тасдик намудаанд ё ба таври нотариали тасдик шудаанд. Хангоми пешниходи нусхаи хуччатхои мазкур, ки шахси пешниходнамуда ё декларант тасдик кардааст, макоми гумрук тибки зарурат мувофикати нусхаи чунин хуччатхоро бо асли онхо мукоиса менамояд, сипас нусхаи асли ин хуччатхо ба шахси пешниходнамуда баргардонида мешавад.
  7. Хуччатхои барои барасмиятдарории гумруки зарури метавонанд тибки хамин Кодекс дар шакли хуччатхои электрони пешниход карда шаванд.

 

Моддаи 64. Иштироки шахсони манфиатдор ва намояндагони онхо хангоми барасмиятдарории гумруки

Шахсони манфиатдор ё намояндагони онхо хукук доранд ва бо талаботи макомоти гумрук вазифадоранд хангоми барасмиятдарории гумруки иштирок намоянд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 65. Забони барасмиятдарории гумруки

Барасмиятдарории гумруки, аз чумла пур кардани хуччатхои барои барасмиятдарории гумруки зарури, ба истиснои холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс, бо забони давлати ё забони муоширати байни миллатхо анчом дода мешавад. Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки хукук дорад холатхои дигареро муайян намояд, ки макомоти гумрук барои максадхои гумруки метавонанд хуччатхо ва маълумотро бо забонхои хоричие, ки шахсони мансабдори гумруки ин забонро медонанд, кабул кунанд.

 

Моддаи 66. Барасмиятдарории гумруки ва назорати дигар макомоти давлати

Барасмиятдарори танхо баъди анчом додани назорати давлатии санитарию карантини, карантинию фитосанитари, байтори ва намудхои дигари назорати давлатии воридоти мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ё содироти онхо аз ин худуд сурат гирад, агар мол тибки санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, бо назардошти мукаррароти пешбининамудаи кисми 3 моддаи 77 хамин Кодекс бояд хатман мавриди чунин назорат карор гиранд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 67. Тартиби дар навбати аввал барасмиятдарории гумруки

Хангоми ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид намудан ва аз худуди он содир намудани моле, ки барои рафъи окибати офатхои табии, садамахо ва фалокат заруранд, инчунин моли зудвайроншаванда, хайвоноти зинда, маводи радиоактиви, муросилоти байналмилалии почта, бори экспресс, иттилоот ва маводи дигар барои воситахои ахбори омма, маводи барои макомоти олии хокимият таъингардида ва дигар моли шабех барасмиятдарории гумрукии онхо ба таври соддагардонидашуда ва дар навбати аввал анчом дода мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 68. Расмиёти соддагардонидашудаи махсус барои  барасмиятдарории гумрукии шахсони алохида

  1. Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки барои барасмиятдарории гумрукии шахсони алохида расмиёти соддагардонидашудаи махсусро мукаррар менамояд, ки:

1) дар рузи мурочиат ба макомоти гумрук нисбати онхо истифодаи расмиёти соддагардонидашудаи махсуси эътибори конуни пайдокарда ва карорхои ичронашуда оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмури дар сохаи фаъолияти гумруки вучуд надорад;

2) онхо пешбурди бахисобгирии хуччатхои тичоратии худро тибки тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ба рох мондаанд, ки имкон медихад макомоти гумрук маълумоти дар он чойдоштаро бо маълумоти хангоми барасмиятдарории гумруки ба макомоти гумрук пешниходгардида мукоиса намоянд;

3) онхо дар мухлати на камтар аз 3 сол фаъолияти иктисодии хоричиро анчом медиханд.

  1. Шахсе, ки мехохад аз расмиёти махсуси соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумруки истифода барад, ба макомоти гумрук бо аризаи хатти чихати истифодаи расмиёти соддагардонидашудаи махсуси барасмиятдарории гумруки мурочиат менамояд. Дар ин ариза маълумот дар бораи аризадиханда ва фаъолияти иктисодии хоричии у зикр мегардад. Аризадиханда бояд дар бораи рози будани худ чихати пешбурди бахисобгирии хуччатхои тичорати тибки тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки, ки имкон медихад макомоти гумрук маълумоти дар он чойдоштаро бо маълумоти хангоми барасмиятдарории гумруки ба макомоти гумрук пешниходгардида мукоиса намоянд, ухдадории хатти пешниход кунад, инчунин ба дастрас будани системаи бахисобгирии мазкур ба шахсони мансабдори макомоти гумрук розиги дихад.
  2. Барасмиятдарории гумрукии расмиёти соддагардонидашудаи махсус барои шахсоне, ки ба воридоти мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон машгуланд, мукаррар гардида, метавонанд декларатсияхои гумрукии даври (моддаи 136), ичозати мол хангоми пешниходи маълумоти зарури барои хаммонандсозии мол (моддаи150), барасмиятдарории гумруки дар объектхои чунин шахсхо, нигахдории мол дар анборхои худ ва дигар расмиёти соддагардонидашудаи пешбининамудаи хамин Кодексро пешбини намоянд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Барасмиятдарории гумрукии расмиёти соддагардонидашудаи махсус наметавонад мукаррароти озод намудани шахсро аз риояи талабот ва шартхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар бобати пардохтхои пурра ва саривактии гумруки, риояи мамнуият ва махдудиятхои тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраргардида, инчунин риояи низомхои гумрукиро дар бар гирад.

 

БОБИ 9. РАСИДАНИ МОЛУ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ  БА ХУДУДИ ГУМРУКИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Моддаи 69. Махал ва вакти расидани мол ва воситахои наклиёт ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Расидани мол ва воситахои наклиёт ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дар гузаргоххо аз сархади давлатии Чумхурии Точикистон, ки тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар шудааст, дар вакти кории макомоти гумрук (моддаи 466), ичозат дода мешавад. Дар махалхои дигар мол ва воситахои наклиёт ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон метавонанд тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон расонида шаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки тадбирхои эхтиётро, ки интиколдиханюда барои пешгирии истифодаи беичозати мол ва воситахои наклиёт дар худуди гумруки хангоми расиданашон беруназ вакти кори макоми гумрук бояд андешад, муайян менамояд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845; (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Барои расидани намудхои моли алохида ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон нуктахои гузаргоххоро аз сархади давлатии Чумхурии Точикистон Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Баъди гузаштан аз сархади гумруки интиколдиханда вазифадор аст мол ва воситахои наклиёти овардаи худро дар нуктаи гузаргох ё махалхои дигари дар кисми 1 хамин модда (махали расидан) зикршуда расонад ва онхоро ба макомоти гумрук пешниход кунад. Дар айни замон тагйири холати мол ё вайрон кардани бастабандии онхо, инчунин тагйирдихи, бархамдихи, нобудсози ё вайронкунии тамгаю мухрхо ва воситахои дигари хаммонандсози ичозат дода намешавад.
  2. Макомоти гумрук вазифадоранд дар шакли оммафахм оид ба нуктахои гузаргоххо аз сархади давлатии Чумхурии Точикистон, махдудиятхои мукарраршуда ва вакти кори макомоти гумрук маълумот пешниход намоянд.
  3. Мукаррароти хамин модда нисбати моле, ки тавассути наклиёти дарёи ё хавои аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон, бе таваккуф дар бандар ё фурудгохи дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон чойгирбуда убур мекунанд, татбик намегардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 70. Тадбирхое, ки хангоми садама ва таъсири кувваи рафънопазир ё дигар холатхо андешида мешаванд

  1. Агар молрасони аз махали убури сархади гумруки ба махали расидан катъ гардад, инчунин агар киштихои дарёи ва хавопаймо ночор таваккуф кунанд ё фуруд оянд ё дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дар натичаи садама ва таъсири кувваи рафънопазир ё холатхои дигари барои боррасони монеашаванда таваккуф ва фуруд дар махалхои муайяншуда номумкин бошад, интиколдиханда вазифадор аст барои хифзи молу воситахои наклиёт тамоми тадбирхоро андешад ва фавран дар бораи ин холатхо ва махали чойгиршавии молу воситахои наклиёт ба наздиктарин макоми гумрук хабар дихад, инчунин молро ба наздиктарин макоми гумрук интикол дихад (агар воситаи наклиёти у зарар дида бошад) ё интиколи онхоро ба хама гуна чойи дигар, ки макоми гумрук нишон додааст, таъмин намояд.
  2. Макомоти гумрук харочоти интиколдиханда ва дигар шахсонро, ки вобаста ба риояи талаботи хамин модда ба миён омадааст, чуброн намекунанд.

 

Моддаи 71. Огохонидани пешакии макомоти гумрук дар бораи расидани мол ва воситахои наклиёт ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Маъмурияти дидбонгохи гузаргох аз сархади давлатии Чумхурии Точикистон (рохбарияти фурудгох, аэродром, бандархо, истгоххои рохи охан, стансияхо) макоми гумрукро каблан дар бораи махал ва вакти расидани воситахои наклиёт дар нуктахои гузаргох аз сархади давлатии Чумхурии Точикистон тибки тартиби бо маъмурияти гузаргохи мазкур ва макоми гумрук тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мувофикашуда огох менамояд.

 

Моддаи 72. Пешниходи хуччатхо ва маълумот дар бораи расидани мол ва воситахои наклиёт ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Хангоми расидани мол ва воситахои наклиёт ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон интиколдиханда вазифадор аст ба макомоти гумрук хуччатхо ва маълумоти пешбининамудаи моддахои 73 – 76 хамин Кодексро вобаста ба навъи наклиёте, ки дар он хамлу накли байналмилали амали мегардад, пешниход намояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки хукук дорад руйхати маълумоти дар моддахои 73 – 76 хамин Кодекс пешбинишударо ихтисор намояд. Макоми гумрук хукук надорад аз интиколдиханда пешниходи маълумоти дигарро талаб намояд.

Агар хуччатхои дар моддахои 73 – 76 хамин модда пешбинишуда дорои маълумоти зарури набошанд, интиколдиханда вазифадор аст ба макоми гумрук маълумоти нокифояро бо рохи пешниходи хуччатхои дигари иловагии ба таври озод тахияшуда хабар дихад.

  1. Интиколдиханда хукук дорад ба макоми гумрук хуччатхо ва маълумотро то вокеан расидани мол ва воситахои наклиёт ба худуди гумрукии Точикистон пешниход намояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Интиколдиханда хукук дорад хуччатхоро (кисми хуччатхоро) тибки хамин Кодекс ва тибки тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки дар шакли хуччатхои электрони пешниход намояд.
  3. Хангоми аз чониби интиколдиханда пешниход кардани хуччатхо бо забони хоричи макомоти гумрук хангоми зарурат хукук доранд танхо тарчумаи маълумоти пешбининамудаи моддахои 73 – 76 хамин Кодексро ба забони давлати ё забони муоширати байналмилали талаб намоянд.
  4. Аз номи интиколдиханда хуччатхо ва маълумотро метавонад шахсе, ки бо супориши вай амал мекунад, пешниход намояд.

 

Моддаи 73. Хуччатхо ва маълумоте, ки хангоми хамлу накли байналмилали тавассути наклиёти автомобили пешниход карда мешаванд

  1. Хангоми хамлу накли байналмилали тавассути наклиёти автомобили интиколдиханда ба макоми гумрук маълумоти зеринро хабар медихад:

1) дар бораи кайди давлатии воситахои наклиёт;

2) ном ва сурогаи интиколдихандаи мол;

3) номи давлати ирсолкунанда ва давлати таъиноти мол;

4) ном ва сурогаи фиристанда ва гирандаи мол;

5) дар бораи фурушанда ва кабулкунандаи мол мувофики хуччатхои тичоратие, ки интиколдиханда дорад;

6) дар бораи микдори чойхои бор, маркировкаи онхо ва навъи бастабандии мол;

7) номгуй, инчунин рамзи мол мувофики талаботи байналмилалии тавзех ва рамзгузории мол дар сатхи на камтар аз 4 раками аввал;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)

8) вазни умумии мол (бо кг) ё хачми мол (бо метри мукааб) ба истиснои моли калонхачм;

9) дар бораи мавчудияти моле, ки воридоташон ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон манъ ё махдуд карда шудаанд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

10) дар бораи махал ва таърихи тахияи борхати наклиётии байналмилали;

  1. Интиколдиханда маълумоти дар кисми 1 хамин модда зикршударо бо рохи ба макоми гумрук пешниход намудани хуччатхои зерин хабар медихад:

1) хуччатхо ба воситаи наклиёт;

2) борхати наклиётии байналмилали;

3) хуччатхои тичорати ба моли интиколшаванда, ки интиколдиханда дорад.

 

Моддаи 74. Хуччатхо ва маълумоте, ки хангоми хамлу накли байналмилали тавассути наклиёти дарёи пешниход карда мешаванд

  1. Хангоми хамлу накли байналмилали тавассути наклиёти дарёи интиколдиханда ба макоми гумрук маълумоти зеринро хабар медихад:

1) дар бораи кайди кишти ва мансубияти миллии он:

2) номгу ва тавсифи кишти:

3) ному насаби капитан:

4) ному насаб ва сурогаи агенти кишти:

5) дар бораи теъдоди мусофирони кишти, ному насаби онхо, шахрванди (табаият), таърих ва махали таваллуд, бандари таваккуф ва фуруд:

6) дар бораи теъдод ва хайати экипаж:

7) номгуи бандари сафар ва бандари даромади кишти

8) номгуй, теъдоди умуми ва тавсифи мол:

9) дар бораи теъдоди чойхои бор, маркировкаи онхо ва навъи бастабандии мол:

10) номгуи бандари боргири ва бандари борфарори:

11) раками коносаментхо ё дигар хуччатхое, ки мавчудият ва мазмуни карордоди интиколи бахриро барои моли дар бандари мазкур холишаванда тасдик менамояд;

12) номгуи бандархои фаровардани моли дар кишти бокимонда,

13) номгуи бандархои аввалаи ирсоли мол;

14) номгуи захирахое, ки дар кишти мавчуданд ва нишон додани теъдоди онхо;

15) тавзехи чойгиркунии мол дар кишти;

16) дар бораи мавчуд будани (мавчуд набудани) муросилоти почтахои байналмилали дар кишти;

17) дар бораи мавчуд будани (мавчуд набудани) моле, ки ворид кардани онхо ба худуди гумрукии Точикистон манъ ё махдуд аст, аз чумла асъори Чумхурии Точикистон ва арзишхои асъори, ки хайати экипаж бо худ дорад, дорувори, ки дар таркибашон воситахои нашъадор, маводи сахттаъсир, моддахои психотропи ва захрнок мавчуд аст;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

18) дар бораи мавчуд будани (мавчуд набудани) моли хатарнок, аз чумла яроку лавозимоти чанги.

  1. Интиколдиханда маълумоти дар кисми 1 хамин модда зикршударо бо рохи ба макоми гумрук пешниход намудани хуччатхои зерин хабар медихад:

1) декларатсияи умуми;

2) декларатсияи бор;

3) декларатсияи захирахо дар кишти;,

4) декларатсия дар бораи ашёи шахсии хайати экипажи кишти;

5) таъиноти кишти;

6) руйхати мусофирон;

7) хуччате, ки Конвенсияи умумичахонии почта такозо менамояд;

8) коносаментхо ва дигар хуччатхое, ки мавчудият ва мазмуни карордоди интиколи дарёиро тасдик мекунанд.

 

Моддаи 75. Хуччатхо ва маълумоте, ки хангоми хамлу накли байналмилали тавассути наклиёти хавои пешниход карда мешаванд

  1. Хангоми хамлу накли байналмилали тавассути наклиёти хавои интиколдиханда ба макомоти гумрук маълумоти зеринро хабар медихад:

1) зикри аломати мансубияти милли ва аломати бакайдгирии хавопаймо;

2) раками рейс, зикри самти парвоз, нуктаи парвоз, чойи фуруди хавопаймо;

3) номи истифодабарандаи хавопаймо;

4) теъдоди хайати экипаж;

5) дар бораи теъдоди мусофирон, ном ва насаби онхо; номгуи махалхои саворшави ва фурудоии онхо;

6) зикри навъи мол;

7) раками борхат, микдори чой дар хар як борхат;

8) номи нуктаи боргири ва борфарори;

9) дар бораи микдори захирахои кишти, ки ба он бор карда ё фароварда мешаванд;

10) дар бораи мавчуд будани (мавчуд набудани) муросилоти почтахои байналмилали дар киштии хавои;

11) дар бораи мавчуд будани (мавчуд набудани) моле, ки ворид кардани он ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон манъ ё махдуд аст, аз чумла асъори Чумхурии Точикистон ва арзишхои асъори, ки хайати экипаж бо худ дорад, дорувори, ки дар таркибашон воситахои нашъадор, маводи сахттаъсир, моддахои психотропи ва захрнок мавчуданд, инчунин аслиха ва лавозимоти чанги.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Интиколдиханда маълумоти дар кисми 1 хамин модда зикршударо бо рохи ба макоми гумрук пешниход намудани хуччатхои зерин хабар медихад:

1) хуччати мукаррарии (стандартии) интиколдиханда, ки мувофики созишномаи байналмилали дар сохаи авиатсияи граждани (декларатсияи генерали) пешбини шудааст;

2) хуччати дорои маълумот дар бораи моли тавассути хавопаймо интиколшаванда (борхат);

3) хуччати дорои маълумот дар бораи захирахои хавопаймо,

4) борхати бори хавопаймо;

5) хуччати дорои маълумот оид ба интиколи мусофирон ва багочи онхо (руйхати мусофирон);

6) хуччате, ки Конвенсияи умумичахонии почта такозо менамояд.

 

Моддаи 76. Хуччатхо ва маълумоте, ки хангоми интиколи байналмилали тавассути наклиёти рохи охан пешниход карда мешаванд

  1. Хангоми хамлу накли байналмилали тавассути наклиёти рохи охан интиколдиханда ба макоми гумрук маълумоти зеринро хабар медихад:

1) номгу ва сурогаи ирсолкунандаи бор;

2) номгу ва сурогаи кабулкунандаи бор;

3) номгуи истгохи ирсолкунанда ва истгохи таъиноти мол;

4) дар бораи теъдоди чойи бор, оид ба маркировкаи он ва навъи бастабандии мол;

5) номгу, инчунин рамзи мол тибки Системаи хамохангшудаи тасниф ва рамзгузории мол ё Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи, дар сатхи на камтар аз  4 раками аввал;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)

6) вазни умумии мол (бо кг);

7) ракамхои хаммонандсозии контейнерхо.

  1. Интиколдиханда маълумоти дар кисми 1 хамин модда зикршударо бо рохи нишон додани хуччатхои зерин хабар медихад:

1) борхати рохи охан;

2) хуччатхои тичорати барои интиколи мол, ки дар ихтиёри интиколдиханда мавчуданд.

 

Моддаи 77. Амалиёт бо молу воситахои наклиёт дар махали расидани онхо

  1. Баъди расидани мол ва ба макоми гумрук пешниход намудани хуччату маълумоти дахлдор молро метавон фаровард, ба дигар воситаи наклиёт бор кард (моддаи 78), дар анбори муваккати чой кард (боби 12), ба низоми муайяни гумруки ё транзити дохилии гумруки арзшуда ворид намуд (боби 10).
  2. Аз лахзаи пешниходи мол ба махали боррасони чунин мол статуси тахти нигахдошти муваккати карордоштаро мегирад. Бо анчом ёфтани мухлати нихоии нигахдории муваккати (моддаи 103) макомоти гумрук моли мазкурро тибки боби 57 хамин Кодекс ихтиёрдори менамоянд.
  3. Агар макомоти гумрук санчиши молеро анчом диханд, ки нисбати воридоти он ба Чумхурии Точикистон тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мамнуият ва махдудиятхо мукаррар шудаанд ва таъмини риояи онхо инчунин тахти салохияти дигар макомоти давлати низ мебошад, макомоти гумрук хамохангсозии ин амалиёт ва баробар анчом додани онхоро таъмин менамоянд.
  4. Воситахои наклиёт бояд тибки боби 36 хамин Кодекс ба расмияти гумруки дароварда шаванд.

 

Моддаи 78. Борфарори ва азнавборкуни дар махали расидани мол

  1. Борфарори ва азнавборкунии мол аз воситахои наклиёте, ки ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид шудааст, дар махали расидан ва дар вакти кори макомоти гумрук, дар махали махсус барои чунин максадхо пешбинигардида анчом дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Дар чойхои дигар ва (ё) дар вакти гайрикории макоми гумрук борфарори ва азнавборкунии мол бо ичозати макоми гумрук, ки бо дархости шахси манфиатдор тибки моддахои 465 ва 466 хамин Кодекс дода шудааст, анчом дода мешавад.

  1. Чойи борфарори ва азнавборкунии он минтакаи назорати гумруки хисобида мешавад. Чойи мазкур бояд тарзе сохта ва мучаххаз гардад, ки хифзи молро таъмин намояд ва имконияти ба он дохилшавии шахсоне, ки дар борфарори ва борбардори иштирок наменамоянд, истисно карда шавад.
  2. Бо дархости шахсе, ки дар бандархо амалиётро бо мол анчом медихад, мол метавонад дар чойхои борфарори ва азнавборкуни бе чойгиркунони дар анборхои нигахдории муваккати дар мухлати барои ичрои амалиёт зарури, вале дар доираи мухлати муайяннамудаи моддаи 103 хамин Кодекс, нигох дошта шаванд.
  3. Хангоми гум кардани мол ё бе ичозати макомоти гумрук додани он ба шахсони сеюм масъулият барои пардохти бочхои гумруки ва андоз мутобики хамин Кодекс ба зиммаи шахсе мебошад, ки ин амалиётро анчом медихад.
  4. Фаровардани моле, ки воридоти он ба Чумхурии Точикистон тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ шудааст, ичозат дода намешавад.

 

Боби 10. ТРАНЗИТИ ДОХИЛИИ ГУМРУКИ

 

Моддаи 79. Транзити дохилии гумруки

  1. Транзити дохилии гумруки расмиёти гумрукие мебошад, ки мувофики он моли хоричи тавассути худуди гумрукии Точикистон бидуни ситонидани бочи гумруки, андоз ва татбики тадбирхои мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраршуда интикол дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Транзити дохилии гумруки хангоми интиколи мол аз махали расидани он то махали чойгиршавии макоми гумруки таъинот (моддаи 92), аз махали чойгиршавии мол хангоми декларатсиякунонии он то махали баровардани он аз худуди гумрукии Точикистон, байни анборхои нигахдории муваккати, анборхои гумруки, инчунин дар холатхои дигари интиколи моли хоричи дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон истифода бурда мешавад, агар ба ин мол таъмини пардохти бочхои гумруки ва андоз пешбини нашуда бошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Мукаррароти хамин боб нисбати моле, ки тавассути наклиёти хавои интикол дода мешавад, агар хавопаймо хангоми парвоз дар хати сайри доимии байналмилали дар махали расидани мол муваккатан ё ночор (ба сабаби техники) бе фаровардани кисми мол фуруд ояд, инчунин нисбати моли тавассути кубур ё хати барк интиколшаванда татбик намегардад.
  4. Интиколи мол тибки расмиёти транзити дохилии гумруки метавонад аз чониби хама гуна интиколдиханда, аз чумла боркашони гумруки анчом дода шавад.

 

Моддаи 80. Ичозат барои транзити дохилии гумруки

  1. Транзити дохилии гумруки бо ичозати хаттии макоми гумрук, ки дар минтакаи фаъолияти он интиколи мол тибки расмиёти транзити дохилии гумруки (макоми гумруки ирсолкунанда) огоз мегардад, ичозат дода мешавад.
  2. Ичозат ба транзити дохилии гумруки ба инхо дода мешавад:

1) ба интиколдиханда;

2) ба экспедитор, агар вай шахси ватани бошад;

3) ба шахсоне, ки дар кисми 6 хамин модда зикр шудаанд.

  1. Ба транзити дохилии гумруки бо риояи шартхои зерин ичозат дода мешавад:

1) агар воридоти мол ба Чумхурии Точикистон мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ нашуда бошад;

2) агар нисбати моли воридшаванда дар махали расидани он назорати сархади ва дигар намуди назорати давлати гузаронида шуда бошад, дар холате, ки агар мол тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар махали расидани он бояд тахти чунин назорат карор гирад;

3) агар нисбати мол њуљљатњои тасдиќкунандаи риояи мањдудиятњо мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар њолати интиќоли ин мол тавассути ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон пешнињод шуда бошанд;(ЌЉТ аз 28.12.12с. №906)

4) агар нисбати ин мол хуччати назоратии расидани мол (моддаи 81) пешниход шуда бошад;

5) агар мол бо аломатхои хаммонандсози таъмин бошад:

6) агар воситаи наклиёт ба таври зарури мучаххаз бошад, дар холате, ки мол тахти пломбахо ва мухрхои гумруки интикол дода шавад (моддаи 84);

7) агар барои таъмини риояи конунгузории Чумхурии Точикистон тадбирхо андешида шуда бошанд (моддаи 86).

  1. Ичозат ба транзити дохилии гумруки баъди пешниходи мол ба макоми гумруки ирсолкунанда фавран, баъди он, ки макоми гумрук ба риояи шартхои мукаррарнамудаи кисми 3 хамин модда итминон хосил мекунад, аммо на дертар аз як шабонарузи кабули хуччати назоратии расидани мол дода мешавад (моддаи 81). Хуччати назорати расидани мол аз чониби макоми гумруки ирсолкунанда дар мухлати 30 дакика кабул карда мешавад, агар он ба хамаи талаботи мукарраршуда чавобгу бошад.

Хангоми додани ичозат барои транзити дохилии гумруки макоми гумруки ирсолкунанда мухлати транзити дохилии гумруки (моддаи 82) ва махали расонидани молро муайян менамояд (моддаи 85).

  1. Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки метавонад чихати ичозат надодани интиколдиханда ё экспедитор ба транзити дохилии гумруки, ки якчанд маротиба ухдадории худро оид ба интиколи мол тибки транзити дохилии гумруки ичро нанамудааст, агар тибки карор маълум гардад, ки оид ба конунвайронкунихои маъмури дар фаъолияти гумруки нисбати он чавобгарии маъмури андешида шудааст ва хатто агар яке аз ин карорхо ичро нашуда бошад ё хамин интиколдиханда ё экспедитор ухдадорихояшро оид ба пардохти бочхои гумруки ва андоз тибки моддаи 90 хамин Кодекс ичро накарда бошад, карор кабул намояд. Карори мазкур бояд дар мухлати 5 рузи баъди пардохти чаримаи маъмури, бочхои гумруки ва андоз тибки моддаи 90 хамин Кодекс бекор карда шуда, дар ин бора интиколдиханда ё экспедитор, ки нисбати онхо чунин карор кабул шудааст, дар мухлати мукарраршуда дар шакли хатти огох карда мешаванд.
  2. Хангоми интиколи мол тибки транзити дохилии гумруки ба махали расидани мол (моддаи 85), ки махали чойгиршавии макоми гумрук хисоб намешавад, ичозати транзити дохилии гумруки ба таври истисно ба шахсе дода мешавад, ки тибки хамин Кодекс ба зиммааш нигахдории мол ва ичрои дигар амалиёт бо мол дар махали расидани мол гузошта шудааст. Дар ин холат шахси мазкур ухдадорихо ва масъулиятхои барои экспедитор мукаррарнамудаи хамин бобро бо назардошти холатхои кисми 5 моддаи 92 хамин Кодекс ба зимма дорад.
  3. Агар ичозат ба транзити дохилии гумруки барои риоя нашудани бандхои 1 – 3 кисми 3 хамин модда дода нашавад, макоми гумрук хукук дорад ба интиколдиханда ичозат дихад, ки молро ба анбори нигахдории муваккати ё дигар чойхои минтакаи назорати гумруки хисобшаванда интикол дихад, бо шарти мушоияти гумрукии воситахои наклиёте, ки тавассути онхо мол интикол дода мешавад.

Эзох: 1. Бо максади истифодаи хамин боб тахти мафхуми воситахои наклиёт инчунин воситахои наклиёте фахмида мешаванд, ки дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон мол тавассути онхо интикол дода мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Бо максади истифодаи хамин боб тахти мафхуми экспедитор шахсе фахмида мешавад, ки тибки карордоди экспедитсияи наклиёти мутобики конунгузории граждании Чумхурии Точикистон амал мекунад.

 

Моддаи 81. Декларатсияи транзити

  1. Ба сифати декларатсияи транзити макоми гумруки интиколдиханда хуччатхои тичорати, наклиёти (борбари) ва (ё) хуччатхои гумрукии дорои маълумоти дар кисми 2 хамин модда зикршударо кабул мекунад.
  2. Барои гирифтани ичозат ба транзити дохилии гумруки интиколдиханда (экспедитор) ба макоми гумруки интиколдиханда маълумоти зеринро пешниход менамояд:

1) дар бораи ном ва чои интиколдиханда (кабулкунанда) тибки хуччатхои наклиёти;

2) дар бораи мамлакати интиколдихандаи (мамлакати таъинот) мол;

3) дар бораи ном ва чои интиколдихандаи мол ё экспедитор, агар экспедитор барои транзити дохилии гумруки ичозат гирифта бошад;

4) дар бораи воситаи наклиёте, ки тавассути он бор дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон интикол дода мешавад, хангоми боркашони тавассути наклиёти автомобили бошад – хамчунин дар бораи ронандаи воситаи наклиёт;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

5) дар бораи намуд ё ном, микдор ва нархи мол тибки хуччатхои тичорати, наклиёти (борбари), вазн ё хачм, рамзи мол, тибки Системаи хамохангшудаи тавсифот ва рамзгузории мол ё Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи дар сатхи на камтар аз чор аломати аввал;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)

6) дар бораи микдори умумии чои бор;

7) дар бораи махали таъиноти мол;

8) дар бораи ба накша гирифтани азнавборкуни ё дигар амалиёти борбардори ё борфарори дар рох;

9) дар бораи ба накша гирифтани мухлати интиколи мол (моддаи 82);

10) дар бораи хати сайр, агар интиколи мол бо хатхои сайри муайян ба чо оварда шавад (кисми 3 моддаи 86).

  1. Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки хукук дорад номгуи маълумоти дар кисми 2 хамин модда зикршударо бо назардошти категорияи шахс, молу воситахои наклиёти интиколшаванда, навъи мол, инчунин вобаста ба навъи наклиёт ихтисор намояд.
  2. Агар хуччатхои тибки кисми 1 хамин модда пешниходшуда хамаи маълумоти дар кисми 2 хамин модда зикршударо надошта бошанд, ин маълумот иловатан, бо рохи ба шакли хатти дохил намудани маълумоти нокифоя ба декларатсияи транзити пешниход карда мешавад. Шакли декларатсияи транзити ва тартиби пур кардани онро макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян менамояд.
  3. Макоми гумрук хукук надорад аз интиколдиханда ё экспедитор дигар маълумотро, ба истиснои маълумоти дар кисми 2 хамин модда зикргардида, талаб намояд.
  4. Дар хусуси кабули хуччатхо ба сифати декларатсияи транзити тибки кисми 1 хамин модда шахси мансабдори макоми гумрук дар чунин хуччатхо тибки намуна ва тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки сабт мегузорад.
  5. Декларатсияи транзитиро ба шакли хуччати электрони пешниход кардан мумкин аст. Тартиби пешниходи декларатсияи транзити ба шакли хуччати электрони ва тартиби истифодаи онро дар транзити гумрукии дохили макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки тибки хамин Кодекс муайян менамояд.
  6. Дар холатхои пешбининамудаи санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон ба сифати декларатсияи транзити хуччатхое, ки чунин санадхо мукаррар кардаанд, истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 82. Мухлати транзити дохилии гумруки

1.Мухлати нихоии транзити дохилии гумруки, агар интикол тавассути наклиёти автомобили ва рохи охан сурат гирад, наметавонад аз мухлати ба хисоби 2000 км дар як мох муайяншуда зиёд бошад ва дар холате, ки агар интикол тавассути наклиёти хавои сурат гирад – ин мухлат аз рузи гирифтани ичозат барои транзити дохилии гумруки набояд аз се руз зиёд бошад.

2.Хангоми гирифтани ичозат ба транзити дохилии гумруки мухлати транзити дохилии гумруки аз чониби макоми гумруки ирсолкунанда дар доираи мухлати мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда, вобаста ба аризаи интиколдиханда (экспедитор), мухлати мукаррарии интиколи мол, навъи наклиёт ва имкониятхои воситаи наклиёт, хати сайри он ва дигар шароити хамлу накл мукаррар карда мешавад.

3.Бо дархости асосноки шахси манфиатдор макоми гумрук мухлати мукаррарнамудаи транзити дохилии гумрукиро дар доираи мухлати мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда тамдид менамояд. Агар хангоми интиколи мол тибки расмиёти транзити дохилии гумруки интиколдиханда дар мухлати аввали мукарраргардида аз сабаби садама ё таъсири кувваи рафънопазир молро расонида натавонад, бо ичозати макоми гумрук дар шакли хатти мухлати транзити дохилии гумруки метавонад ба мухлати зиёда аз мухлати нихоии мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда тамдид карда шавад.

 

Моддаи 83. Хаммонандсозии (идентификатсияи) мол ва хуччатхои он

1.Макоми гумруки ирсолкунанда хаммонандсозии молеро, ки ба расмиёти гумрукии транзити дохилии гумруки фаро гирифта шудаанд, бо максади таъмини имконияти аз чониби макоми гумруки таъинот (кисми 1 моддаи 92) ошкор намудани аломати гирифтани бор, чойгузории бор дар наклиёт ё ичрои ягон амалиёт бо бор, агар амалхои мазкур хангоми интиколи ин мол мувофики транзити дохилии гумруки сурат гирифта бошанд, анчом медихад.

2.Бо максади хаммонандсозии мол макоми гумруки ирсолкунанда хукук дорад воситахои зеринро истифода намояд:

1) гузоштани пломбахои гумруки ва мухрхо ба наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда;

2) гузоштани нишонхои хаммонандсозии раками, харфи ё маркировкаи дигар, гузоштани пломба ва мухрхо ба чойхои бори алохида;

3) гузоштани штамп;

4) гирифтани чошнихо ва намунахо;

5) тавсифи мол ва воситахои наклиёт;

6) истифодаи накшахо, суратхои калонхачм тахияшуда, фотосуратхо, видеосабтхо, ороишхо;

7) истифодаи накшахои тахиянамудаи шахсони мансабдори макомоти гумрук, суратхои калонхачм тахияшуда, фотосуратхо, видеосабтхо, ороишхо;

8) воситахои дигари имкондихандаи хаммонандсозии мол, инчунин пломбаи ирсолкунандаи мол.

3.Хаммонандсозии мол бо рохи гузоштани пломбаю мухри гумруки ба воситахои наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда бо риояи шартхои мукаррарнамудаи моддаи 84 хамин Кодекс амали карда мешавад.

Дар холатхои дигар хаммонандсозии мол бо истифодаи воситахои дигари мукаррарнамудаи кисми 2 хамин модда анчом дода мешавад.

4.Макомоти гумрук инчунин пломбахои гумруки ё воситахои дигари хаммонандсозии макомоти гумруки давлатхои хоричиро истифода мебаранд, ба истиснои холатхое, ки агар:

1) пломбахои гумруки ё воситахои дигари хаммонандсози аз чониби макоми гумруки ирсолкунанда нокифоя ё ба мизони муайяннамудаи кисми 1 моддаи 84 хамин Кодекс беэътимод хисобида шаванд;

2) макоми гумруки ирсолкунанда муоинаи гумрукии молро анчом дихад.

Агар макомоти гумрук пломбахои гумруки ё воситахои дигари хаммонандсозии макомоти гумруки давлатхои хоричиро истифода баранд, барои тагйир додан, нест ё нобуд кардан ё хароб намудани ин воситахои хаммонандсози мамнуиятхои пешбининамудаи хамин Кодекс нисбати воситахои хаммонандсозии макомоти гумруки Чумхурии Точикистон татбик мегарданд.

  1. Макомоти гумрук хаммонандсозии хуччатхои наклиёти (борбари), инчунин хуччатхои тичоратии моли дар ихтиёри интиколдиханда бударо барои максадхои гумруки амали менамоянд.

Барои максадхои хаммонандсозии хуччатхо макомоти гумрук хукук доранд воситахои зеринро истифода баранд:

1) гузоштани мухр ва штамп дар хуччатхо;

2) гузоштани воситахои махсуси часпанда ва махсуси химояти;

3) чойгир намудани хуччатхои зарури барои максадхои гумруки дар кисматхои боргузории воситахои наклиёт, контейнерхо ё бордонхои чудошаванда, ки ба онхо пломбаю мухри гумруки гузошта мешаванд;

4) гузоштани хуччатхои зарури барои максадхои гумруки дар сейф – лифофахо.

 

Моддаи 84. Тачхизонидани воситахои наклиёт, контейнерхо ва бордонхои чудошаванда хангоми интиколи мол тахти пломба ва мухрхои гумруки

  1. Воситахои наклиёт, контейнерхо ё бордонхои чудошаванда барои интиколи мол тахти пломбаю мухри гумруки ичозат дода мешаванд, ба шарте агар пломбаю мухри гумруки мустакиман ба хамин воситахои наклиёт, контейнерхо ва бордонхои чудошаванда тарзе гузошта шуда бошанд, ки сохт ва тачхизонии онхо имкон медихад:

1) пломбаю мухри гумруки ба таври одди ва эътимодбахш гузошта шаванд;

2) мол аз кисми борчои пломбашудаи воситаи наклиёт бе гузоштани пайхои назарраси кушодани борчои воситаи наклиёт ё хароб кардани пломбаю мухри гумруки мол ба борчойхои воситаи наклиёт гирифта ё гузошта нашаванд;

3) дар воситахои наклиёт ва борчои он барои пинхон намудани мол чойхои махфи набошанд;

4) хамаи чойхое, ки дар онхо мол гузошта шудаанд, барои азназаргузаронии гумруки дастрас бошанд.

  1. Талаботи мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда нисбати наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда ичрошуда хисобида мешаванд, агар воситаи наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда чавобгуи талаботи техникие бошад, ки макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мукаррар менамояд.
  2. Дар бораи ичозат додани воситаи наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда ба интиколи мол тахти пломбаю мухри гумруки макоми гумруки ирсолкунанда карор кабул менамояд, агар воситаи наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда пешаки ба интикол тахти пломбаю мухри гумруки ичозат дода нашуда бошад.

Карори мазкур аз чониби макоми гумруки ирсолкунанда дар рузи мурочиати шахси манфиатдор кабул карда мешавад.

  1. Мувофикати воситаи наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда ба талаботи дар кисмхои 1 ва 2 хамин модда зикргардида метавонанд сари вакт, бо рохи гирифтани гувохнома дар бораи ичозат додани воситаи наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда ба интиколи мол тахти пломбаю мухри гумруки тасдик карда шавад.

Гувохнома дар бораи ичозат додани воситаи наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда ба интиколи мол тахти пломбаю мухри гумруки бо тартиби зайл дода мешавад:

1) инфироди;

2) вобаста ба конструксияи (навъи) воситаи наклиёт ё бордони чудошаванда.

Гувохнома дар бораи ичозат додани воситаи наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда ба интиколи мол тахти пломбаю мухри гумруки аз тарафи макоми гумрук дар асоси аризаи шахси манфиатдор дар давоми 5 рузи гирифтани аризаи мазкур дода мешавад. Гувохномаи мазкур то даврае амал мекунад, ки дар конструксияи воситаи наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда тагйирот сурат нагирад. Гувохнома дар бораи ичозат додани воситаи наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда ба интиколи мол тахти пломбаю мухри гумруки хангоми ба шахси дигар гузаштани хукуки сохибии воситаи наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда эътибори худро нигох медорад. Шакли гувохнома дар бораи ичозат додани воситаи наклиёт, контейнер ё бордони чудошаванда барои интиколи мол тахти пломбаю мухри гумруки ва тартиби додани онхо аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мукаррар карда мешавад.

  1. Макомоти гумрук пешаки ичозат додани воситаи наклиёт, контейнер ё бордони чудошавандаро барои интиколи мол тахти пломбаю мухри гумруки, ба истиснои холатхои зерин, талаб наменамоянд:

1) агар интиколи молро боркаши гумруки анчом дода бошад (боби 11);

2) ичозати пешаки дар санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон пешбини шуда бошад.

 

Моддаи 85. Махали расонидани мол хангоми транзити дохилии гумруки

1.Махали расонидани молро хангоми транзити дохилии гумруки макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки дар асоси маълумот дар бораи махали таъиноти дар хуччатхои наклиёти (борбари) зикргардида муайян менамояд. Махали расонидани мол минтакаи назорати гумрукие мебошад, ки дар худуди фаъолияти макоми гумруки таъинот карор дорад (кисми 1 моддаи 92). Хамзамон моли интиколшаванда аз чойхои расидааш (моддаи 69) ба махали чойгиршавии макоми гумрук расонида мешавад (моддаи 464).  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2.Дар сурати тагйир додани махали таъинот мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи наклиёт хангоми транзити дохилии гумруки интиколдиханда хукук дорад ба макоми гумрук бо дархости тагйир додани махали расонидани бор мурочиат намояд. Дар ин холат интиколдиханда метавонад ба хама гуна макоми гумруке, ки дар хати сайри он мавчуд аст, бо ариза, ки дар шакли озод тахия шудааст, дар мавриди тагйир додани махали таъинот мурочиат намояд ва хуччатхои тасдиккунандаи тагйир додани махали таъинот, инчунин хуччатхои пешбининамудаи кисми 3 моддаи 92 хамин Кодексро пешниход кунад.

Карор дар бораи тагйир додани махали расонидани бор аз чониби макоми гумрук дар рузи дигари гирифтани ариза ва хуччатхои дар сархати 1 хамин кисм зикргардида кабул карда мешавад. Карори мазкур бо рохи анчом додани транзити дохилии гумруки нисбати моле, ки махали расонидани он тагйир дода шудааст ва додани ичозати нав ба транзити дохилии гумруки (моддаи 80) ба расмият дароварда мешавад. Ичозати нав ба транзити дохилии гумруки дар рузи кабули карор дар бораи тагйир додани махали расонидани бор дода мешавад.

 

Моддаи 86. Тадбирхо барои таъмини риояи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон хангоми транзити дохилии гумруки

  1. Интиколи мол ва воситахои наклиёт тибки расмиёти транзити дохилии гумруки хангоми риояи шартхои зерин амали мегардад:

1) моле, ки воридоташ ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ва содироташ аз каламрави гумрукии Чумхурии Точикистон манъ карда нашудааст;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2)барасмиятдарории декларатсияи транзити тибки моддаи 81 хамин Кодекс,

3) таъмини яке аз тадбирхои интиколи мол ва воситахои наклиёт тибки кисми 2 хамин модда.

  1. Ба тадбирхои таъмини назорати боррасони ва воситахои наклиёт тибки расмиёти гумрукии транзити дохилии гумруки инхо дохил мешаванд:

1)таъмини пардохти бочхои гумруки ва андоз бо рохи дохил намудани маблаг ба кассаи макоми гумрук ё ба хисобномаи хама гуна макоми гумрук (гарави пули);

2)таъмини пардохти бочхои гумруки ва андоз бо рохи ба гарав гузоштани амвол;

3)кафолати бонк;

4)интиколи мол аз чониби боркашони гумруки;

5)мушоияти гумрукии мол;

6)дигар тадбирхои пешбининамудаи санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон;

Шахси интиколдихандаи мол ва воситахои наклиёт хукук дорад яке аз тадбирхои номбаршударо интихоб намояд.

  1. Хангоми интиколи мол тибки расмиёти транзити дохилии гумруки тавассути наклиёти рохи охан мукаррароти кисми 2 хамин модда истифода намешавад.
  2. Тадбири таъмини расонидани мол ва воситахои наклиёт тибки транзити дохилии гумруки хангоми интикол дар асоси санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон тавассути наклиёти хавои ва боркашонхои гумруки истифода намешавад.
  3. Руйхати моле, ки интиколаш дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо пардохти хатмии бочхои гумруки ва андоз таъмин мегардад, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян ва тасдик карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Дар холатхои пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон Хукумати Чумхурии Точикистон хукук дорад хати сайри интиколи намудхои алохидаи молро тибки транзити дохилии гумруки мукаррар намояд. Дар холатхои дигар хати сайр барои интиколи намудхои дигари мол, ки хангоми интиколи он тавассути худуди гумруки ходисахои муттасил вайрон кардани конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шудааст ё тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мамнуият ва махдудиятхо мукаррар гардидааст, муайян карда мешавад. Хамзамон хати сайрро интиколдиханда интихоб менамояд. Хати сайри аз чониби интиколдиханда арзшуда хангоми интиколи мол барои у хатми мебошад. Тагйир додани хати сайр бо ичозати хаттии макоми гумрук мумкин аст. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 87. Мушоияти гумруки

  1. Мушоияти гумруки – хамрохи кардани воситахои наклиёти интиколдихандаи мол тибки транзити дохилии гумруки мебошад, ки аз чониби шахсони мансабдори макомоти гумрук танхо бо максади таъмини риояи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон хангоми транзити дохилии гумруки анчом дода мешавад.
  2. Макоми гумрук хукук дорад оид ба мушоияти гумруки дар холатхои зерин карор кабул кунад:

1)агар таъмини пардохти бочи гумруки дар асоси банди 1 кисми 2 моддаи 86 хамин Кодекс пешниход карда нашавад;

2)интиколи намудхои алохидаи мол, ки дар асоси системаи тахлили хатар ва идораи онхо тибки хамин Кодекс муайян карда шуда бошад;

3)аз чониби интиколдиханда акаллан як маротиба дар тули сол аз рузи мурочиат барои ичозати транзити дохилии гумрукии мол ба чойи таъинот расонида нашудааст ва он тибки карори эътибори конуни пайдокарда дар хусуси таъини чазои маъмури аз руи парвандаи конуншиканихо дар сохаи фаъолияти гумруки тасдик шуда бошад;

4)баргашта баровардани моле, ки иштибохан ба Чумхурии Точикистон ворид шудааст ё моле, ки воридоти он манъ аст, агар махали интиколи вокеии моли зикршуда аз сархади гумруки хангоми содироти он бо махали чойгиршавии ин мол мувофикат накунад;

5)интиколи мол тибки кисмхои 6 ва 7 моддаи 80 хамин Кодекс;

6)интиколи моле, ки тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон нисбати он мамнуият ва махдудият мукаррар шудааст.

3.Барои мушоияти гумруки дар хачми муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон хирочи гумруки ситонида мешавад.

 

Моддаи 88. Вазифахои интиколдиханда хангоми транзити дохилии гумруки

Хангоми интиколи мол тибки транзити дохилии гумруки интиколдиханда вазифадор аст:

1)               мол ва хуччатхои онро мувофики мухлати муайяннамудаи макоми гумрук ба махали расонидани мол тибки хати сайри дахлдор интикол дихад, агар ин хати сайри муайян ё арзшуда бошад;

2)               хифзи мол, пломбаю мухри гумруки ё дигар воситахои хаммонандкуниро таъмин намояд, агар онхо истифода шуда бошанд;

3)               нисбати мол бе ичозати макомоти гумрук ба азнавборкуни, борфарори, борбардори ва амалиёти дигарро ичозат надихад, ба истиснои азнавборкунии бор ба наклиёти дигар, ки мувофики кисми 1 моддаи 89 хамин Кодекс пешбини шудааст.

 

Моддаи 89. Азнавборкуни, борфарори, борбардори ва дигар амалиёт нисбати мол

  1. Азнавборкуни, борфарори, борбардори ва дигар намуди амалиёт, ки тибки транзити дохилии гумруки анчом дода мешавад, бо ичозати макоми гумруки ирсолкунанда (кисми 1 моддаи 80) ё макоми гумруке, ки дар минтакаи он амалиёти дахлдор амали мегардад, анчом дода мешавад. Агар аз нав бор кардани мол аз як воситаи наклиёт ба воситаи дигари наклиёт бе вайрон кардани пломбаю мухри гумруки имконпазир бошад, чунин амал баъди огохонидани пешакии макоми гумрук ичозат дода мешавад. Тартиби огохониданро маками ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муаян менамояд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)
  2. Макоми гумрук метавонад барои амалиёти боркунии мол дар холатхое ичозат надихад, ки агар он боиси нобудшавии мол ё тагйирёбии хосияти он гардад.

 

Моддаи 90. Чавобгарии интиколдиханда ва экспедитор хангоми транзити дохилии гумруки

1.Хангоми нарасонидани моли хоричи ба макоми гумруки таъинот (кисми 1 моддаи 92) интиколдиханда ё экспедитор, агар барои транзити дохилии гумруки экспедитор ичозат гирифта бошад, вазифадор аст бочхои гумрукии воридоти ва андозхоро тибки хамин Кодекс пардозад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)

Агар молро интиколдиханда ба кабулкунанда ё шахси дигар бе ичозати макоми гумрук дода бошад, шахсе, ки ин борро ба сохиби гирифтааст, барои пардохти бочхои гумруки ва андоз масъул мебошад, агар муайян карда шавад, ки хангоми гирифтани ин мол ин шахс аз вайрон кардани коидахои гумрукии Чумхурии Точикистон огох буд ё бояд онро медонист.

  1. Интиколдиханда ва экспедитор барои пардохти бочхои гумруки ва андоз масъул нестанд, дар сурате, ки агар ин мол дар натичаи садама, ходисаи рафънопазир ё талафи табии дар шароити оддии интикол (борбари) нобуд шудааст ё тамоман талаф шуда бошад.

Макомоти гумрук хукук надоранд ба интиколдиханда ё экспедитор дар асоси он, ки интикол тавассути хати сайри муайяншуда сурат нагирифтааст ё мухлати муайяншудаи транзити дохилии гумруки риоя нашудааст, оид ба пардохти бочхои гумруки ва андоз талабот пеш гузоранд, агар шароиту талаботи дигари муайянкардаи хамин боб ичро шуда бошад.

  1. Дар сурати хангоми транзити дохилии гумруки аз нав бор кардани мол аз як воситаи наклиёт ба воситаи дигари наклиёт масъулияти пардохти бочхои гумруки ва андоз ба зиммаи интиколдихандае (экспедиторе) хохад буд, ки барои транзити дохилии гумруки ичозат гирифтааст.
  2. Хангоми интиколи мол тавассути наклиёти рохи охан мутобики транзити дохилии гумруки масъулият барои пардохти бочхои гумруки ва андоз ба зиммаи рохи охан, ки молро талаф кардааст ё онро бе ичозати макомоти гумрук додааст, гузошта мешавад. Талабот оид ба супоридани пардохтхои гумруки ва андоз аз чониби макомоти гумруки рохи охани таъинот пешниход карда мешавад. Мукаррароти хамин кисм нисбати холатхое, ки агар ичозати транзити дохилии гумруки ба экспедитор дода шуда бошад, инчунин хангоми интиколи мол тибки муросилоти мустакими омехта, агар ичозати транзити дохилии гумруки ба интиколдихандаи навъи дигари наклиёт дода шуда бошад, татбик намегардад.

 

Моддаи 91. Тадбирхои хангоми садама ва (ё) таъсири кувваи рафънопазир андешидашаванда, ки монеи интиколи мол ва воситахои наклиёт хангоми транзити дохилии гумруки мегарданд

Хангоми садама ва (ё) таъсири кувваи рафънопазир интиколдиханда вазифадор аст:

1) барои таъмини нигахдории мол ва воситахои наклиёт тамоми тадбирхои заруриро андешад;

2) дар бораи ходисаи рухдода ба макоми дахлдори ваколатдори давлати ва минбаъд ба макоми гумруки наздиктарин бетаъхир хабар дихад. Макоми гумруки огохёфта вазифадор аст бетаъхир макоми гумруки ирсолкунанда ва таъинотро огох намояд, инчунин дар бораи имконияти интиколи минбаъдаи мол бо риояи коидахои транзити дохилии гумруки карор кабул кунад.

Макомоти гумрук харочоти интиколдихандаро вобаста ба андешидани тадбирхои дар хамин модда пешбинишуда чуброн намекунанд.

 

Моддаи 92. Анчоми расмиёти транзити дохилии гумрукии мол

  1. Макоми гумруке, ки дар он транзити дохилии гумруки (макоми гумруки таъинот) хотима меёбад, анчоми транзити дохилии гумрукии молро дар мухлати кутохтарини имконпазир, вале на дертар аз 24 соат аз лахзаи бакайдгирии расидани воситаи наклиёт, бо рохи ба интиколдиханда додани гувохнома дар бораи анчоми транзити дохилии гумруки тибки намунаи муайянкардаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ба расмият медарорад, агар хангоми санчиши хуччатхо ва хаммонандсозии мол хамин макоми гумрук вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистонро ошкор накарда бошад.
  2. Макоми гумруки таъинот вазифадор аст расидани воситаи наклиётро ба махали боррасони дар мухлати 2 соат аз лахзаи аз чониби интиколдиханда пешниход кардани хуччатхои дар кисми 3 хамин модда зикршуда ба кайд гирад ва фавран, баъди бакайдгири ба интиколдиханда дар бораи расидани воситаи наклиёт тибки намунаи муайянкардаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки тасдикнома дихад.
  3. Барои анчоми транзити дохилии гумруки интиколдиханда вазифадор аст ба макоми гумруки таъиноти мол, хуччати назорати расидани мол (моддаи 81), инчунин хуччатхои дигари барои мол доштаашро дар давоми 1 соати расидани воситаи наклиёт ба махали молрасони ва хангоме, ки агар мол берун аз вакти кории макоми гумрук расида бошад – дар давоми як соати огози кори хамин макоми гумрук пешниход намояд. Хангоми интиколи мол тавассути наклиёти рохи охан мухлати пешниходи хуччатхои мазкур набояд аз 12 соат зиёд бошад.
  4. Дар махали молрасони то анчоми транзити дохилии гумруки воситахои наклиёт дар минтакаи тахти назорати гумруки чойгир карда мешаванд. Чойгиркунии воситахои наклиёт дар минтакаи назорати гумруки барои хар вакту соат ичозат дода мешавад.
  5. Хангоми интиколи мол ба махали молрасони, ки махали чойгиршавии макоми гумрук (кисми 6 моддаи 80) намебошад, транзити дохилии гумруки метавонад бе пешниходи мол ба макоми гумруки таъинот хотима ёбад.

Шахси барои транзити дохилии гумруки ичозатгирифта вазифадор аст молро барои нигахдори кабул намуда, ба ичрои амале, ки боиси тагйир ёфтани холати мол, вайроншавии бастабанди он мегардад, рох надихад, истифода ва ихтиёрдории онро то лахзаи аз чониби макоми гумрук тасдик наёфтани расонидани мол ба анборхои нигахдории муваккати, анбори гумруки ё чойи дигар, ки тибки коидахои мукаррарнамудаи хамин боб чун чойи молрасони муайян шудааст, таъмин намояд. Зимнан, мол бояд дар бинои алохида ё дар майдони ихоташуда, бо лавхаи дорои иттилооте, ки хаммонандсозии онро имконпазир мегардонад, чой дода шавад.

Барои анчом додани транзити дохилии гумруки дар макоми гумруки таъинот хамзамон бо хуччатхои дар кисми 3 хамин модда зикршуда дар давоми як шабонарузи расидани воситахои наклиёт ба махали молрасони хуччатхои тасдиккунандаи кабули мол пешниход карда мешавад. Дар давоми се рузи пешниход шудани хуччатхои зикршуда макоми гумрук расидани молро тибки намуна ва тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки тасдик менамояд.

 

БОБИ 11. БОРКАШОНИ ГУМРУКИ

 

Моддаи 93. Боркашони гумруки

  1. Боркашони гумруки шахси хукукии ватание буда метавонад, ки ба Реестри боркашонхои гумруки дохил карда шудааст.
  2. Боркашони гумруки интиколи моли тахти назорати гумруки бударо тибки холат ва шартхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс анчом медихад.
  3. Боркашони гумруки хукук дорад минтакаи фаъолияти худро бо минтакаи як (якчанд) макоми гумрук (макомоти гумрук) махдуд созад.
  4. Муносибати боркашони гумрукии мол бо ирсолкунандагони мол ё экспедиторхо дар асоси шартнома мукаррар мегардад. Аз чониби боркашони гумруки набастани шартнома оид ба интиколи мол хангоми мавчудияти имконияти бастани чунин шартнома ичозат дода намешавад.

 

Моддаи 94. Шартхои дохил намудан ба Реестри боркашонхои гумруки

Шартхои ба Реестри боркашонхои гумруки дохил намудан аз инхо иборатанд:

1) фаъолият чихати интиколи бор дар мухлати на камтар аз ду сол;

2) таъмини супоридани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

3) мавчуд будани ичозатнома (литсензия) барои фаъолият дар сохаи интиколи бор, агар ба чунин намуди фаъолият мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ичозат дода шавад;

4)               дар ихтиёр доштани (тахти моликият, пешбурди хочагидори, идоракунии оперативи ё тахти ичора) воситахои наклиёти барои интиколи мол истифодашаванда, аз чумла воситахои наклиёти барои интиколи мол бо пломбаю мухри гумруки муносиб (моддаи 84);

5)               мавчудияти шартнома дар бораи сугуртаи хавфи масъулияти шахрвандии худ, ки мумкин аст дар натичаи зарар ба моли тибки шартномаи интикол ба интиколдиханда супурдашуда ё аз сабаби вайрон кардани ухдадорихое, ки аз карордод бармеояд, расад. Маблаги сугурта наметавонад аз андозаи 6000 – нишондиханда барои хисобхо камтар бошад.

Эзох: Бо максади истифодаи хамин боб тахти воситахои наклиёт инчунин воситахои наклиёте, ки дар худуди Чумхурии Точикистон бор мекашонанд, дар назар дошта шудааст.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 95. Ариза дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонхои гумруки

  1. Шахс ба Реестри боркашонхои гумруки дар асоси аризаи у, мувофики мукаррароти моддахои 93 ва 94 хамин Кодекс дохил карда мешавад.
  2. Ариза дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонхои гумруки бояд инхоро дар бар гирад:

1) мурочиат ба макоми гумрук бо хохиши дохил намудан ба Реестри боркашонхои гумруки;

2) маълумот дар бораи номгуй, шакли ташкилию хукуки, махали чойгиршави, оид ба кушодани суратхисобхои бонки, инчунин маълумот дар бораи микдори сармояи оинномавии (чамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномави ё аъзохаккии аризадиханда;

3) маълумот дар бораи мухлати ичрои фаъолият дар сохаи интиколи бор ;

4) маълумот дар бораи нияти махдуд кардани минтакаи фаъолияти худ дар худуди минтакаи як (якчанд) макоми гумрук (макомоти гумрук) ё махдуд накардани минтакаи фаъолияти худ;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

5) маълумот дар бораи воситахои наклиёти тахти сохибии худ карордошта (микдори умуми, тавсифи техники), ки барои истифода хангоми ичрои фаъолият хамчун боркашони гумруки пешбини мегардад, аз чумла оид ба воситахои наклиёти барои интиколи мол бо пломбахо ва мухрхои гумруки муносиб (моддаи 84);

6) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

7) маълумот дар бораи шартномаи (шартномахои) сугурта кардани хавфи масъулияти шахрвандии аризадиханда.

  1. Ба ариза барои дохил намудан ба Реестри боркашонхои гумруки ичозатнома оид ба ичрои фаъолият дар сохаи интиколи бор, агар чунин намуди фаъолият мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ичозат дода шавад, инчунин хуччатхои зерини тасдиккунандаи маълумоти пешниходшуда замима мегарданд:

1) маълумот дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки;

2) хуччатхои тасдиккунандаи хукуки ихтиёрдории воситахои наклиёте, ки барои истифода чихати ичрои фаъолият ба сифати боркашони гумруки ба инобат гирифта шудаанд;

3) маълумот дар бораи ичозат доштани воситахои наклиёт барои интиколи мол бо пломба ва мухрхои гумруки;

4) хуччатхои тасдиккунандаи таъмини супоридани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

5) тасдикномахои бонкхо дар бораи дар онхо кушода шудани суратхисобхо;

6) шартномаи (полиси) сугурта.

 

Моддаи 96. Шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонхои гумруки

  1. Шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашони гумруки инхоро дар бар мегирад:

1) номи боркаши гумруки, зикри шакли ташкилию хукуки ва махали чойгиршави;

2) маълумот дар бораи хачм ва шакли таъмини супоридани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

3) нишон додани минтакаи фаъолияти боркаши гумруки, хангоме, ки он фаъолияти худро дар худуди минтакаи фаъолияти як (якчанд) макоми гумрук (макомоти гумрук) махдуд карда бошад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонхои гумруки дар давоми се сол эътибор дорад.

 

Моддаи 97. Вазифахои боркашони гумруки

Боркаши гумруки вазифадор аст:

1) шарт ва талаботи мукаррарнамудаи хамин Кодексро хангоми интиколи моле, ки тахти назорати гумруки карор доранд, риоя кунад;

2) бахисобгирии моли тахти назорати гумруки карордоштаро ба рох монад ва ба макомоти гумрук дар бораи интиколи чунин мол хисобот пешниход намояд (моддаи 405).

3) бочу андозхои гумрукиро дар холатхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи 90 хамин Кодекс пардозад;

4) махфияти маълумоти аз ирсолкунанда, кабулкунандаи мол ё экспедитор гирифтаро нигох дорад.

 

Моддаи 98. Бозхонди шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонхои гумруки

Шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашони гумруки дар холатхои зерин аз чониби макоми гумрук бозхонда мешавад:

1) аз чониби боркашони гумруки риоя нашудани хатто яке аз шартхои дохил намудан ба Реестри боркашони гумруки, ки моддаи 94 хамин Кодекс мукаррар кардааст;

2) аз чониби боркашони гумруки риоя нашудани ухдадорихои пешбининамудаи банди 3 моддаи 97 хамин Кодекс;

3) аз сабаби ичро накардани ухдадорихо чалби чандинкаратаи боркаши гумруки ба чавобгарии маъмури барои содир намудани хукуквайронкунии маъмури дар сохаи фаъолияти гумруки.

 

БОБИ 12. НИГАХДОРИИ МУВАККАТИИ МОЛ

 

Моддаи 99. Нигахдории муваккатии мол

Нигахдории муваккатии мол расмиёти гумрукие мебошад, ки тибки он моли хоричи бидуни пардохти бочхои гумруки ва андоз ва бе татбики махдудиятхои нисбати он мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, то ичозат додани он мутобики низоми муайяни гумруки ё то чойгиркунии онхо тахти расмиёти дигари гумруки тахти назорати гумруки нигох дошта мешавад.

 

Моддаи 100. Анборхои нигахдории муваккати

  1. Нигахдории муваккатии мол дар анборхои нигахдории муваккати анчом дода мешавад, агар хамин боб тартиби дигаре мукаррар накарда бошад.

Анборхои нигахдории муваккати бинохои махсус чудогардида ва барои чунин максадхо тачхизонидашуда ва (ё) майдончахои кушодае мебошанд, ки ба талаботи мукаррарнамудаи моддаи 107 хамин Кодекс мувофиканд.

  1. Анборхои нигахдории муваккати минтакаи назорати гумруки ба шумор мераванд.
  2. Мол мумкин аст дар хама гуна анбори нигахдории муваккати, бо назардошти махдудиятхои пешбининамудаи хамин Кодекс чойгир карда шавад.

 

Моддаи 101. Чойгиронии мол дар анборхои нигахдории муваккати

  1. Дар анборхои нигахдории муваккати мумкин аст хама гуна моли хоричи, аз чумла моле чойгир карда шавад, ки ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо вайрон кардани тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ворид карда шудааст (кисми 1 моддаи12). (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Моле, ки мумкин аст ба моли дигар зарар расонад ё шароитхои махсуси нигахдориро талаб кунад, бояд дар анборхо ё дар бинохои алохидаи анборхои нигахдории муваккати, ки барои нигахдории чунин мол мутобик гардонида шудаанд, бо риояи талаботи хатмии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нигох дошта шавад.
  3. Анборхои нигахдории муваккати мумкин аст дар холатхои пешбининамудаи моддахои 418 ва 435 хамин Кодекс барои нигахдории мол истифода бурда шаванд.

 

Моддаи 102. Хуччатхое, ки барои чойгиронии молхо дар анбори нигахдории муваккати заруранд

  1. Хуччати тасдиккунандаи чойгиронии молхо дар анбори нигахдории муваккати декларатсияи мухтасар аст.
  2. Декларатсияи мухтасар на дертар аз рузи дигари кори баъд аз ба макоми гумрук пешниход намудани мол ва воситахои наклиёт манзур мегардад. Агра дар давоми ин мухлат молхо тахти низоми гумрукии муайян чой дода шавад, декларатсияи мухтасар пешниход намегардад.
  3. Декларатсияи мухтасар бояд дорои маълумоте бошад, ки дар хуччатхои молхамрохикунандаи нишон дода шудаасту, барои хамоханкунии молхо зарур аст, инчунин дорои маълумот оид ба чойи нигахдории муваккатии молхои воридшуда бошад.
  4. Шакли декларатсия мухтасар ва тартиби пур кардани онро макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мукаррар менамояд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 103. Мухлати нигахдории муваккатии мол

  1. Мухлати нигахдории муваккатии мол ду мох мебошад.

Макоми гумрук дар асоси дархости асосноки шахси манфиатдор мухлати мазкурро тамдид мекунад. Тартиби тамдиди мухлат аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мукаррар мегардад.

Мухлати нихоии нигахдории муваккатии мол 4 мох мебошад, агар хамин модда мухлати дигареро мукаррар накарда бошад.

  1. Моли зуд вайроншаванда мумкин аст дар анбори нигахдории муваккати дар доираи мухлати хифзи сифати он, ки истифодаи ин молро тибки таъиноташ имконпазир месозад, нигох дошта шавад, вале ин мухлат набояд аз мухлати мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда бештар бошад.
  2. Дар холатхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи 12 ва кисми 8 моддаи 418 хамин Кодекс нигахдории муваккатии мол дар мухлати дар ин моддахо зикршуда анчом дода мешавад. Тамдиди ин мухлатхо ичозат дода намешавад.
  3. Бахисобгирии мухлати нигахдории муваккатии мол аз рузи чойгиронии он дар анбори нигахдории муваккати ё аз рузе огоз мешавад, ки мол тибки хамин Кодекс дорои статуси моли ба таври муваккати нигахдоришаванда мегардад. Дар сурати истифодаи транзити дохилии гумруки хангоми интиколи мол аз махали расидан ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон то махали чойгиршавии макоми гумрук бахисобгирии мухлати нигахдории муваккатии ин мол аз рузи анчоми транзити дохилии гумруки аз нав огоз мегардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Мол баъди анчоми мухлатхои пешбининамудаи хамин модда мутобики боби 57 хамин Кодекс ихтиёрдори карда мешавад.

 

Моддаи 104. Амалиёт бо моле, ки тахти нигахдории муваккати карор дорад

  1. Шахсони ваколатдори мол ва намояндагони онхо хукук доранд бо моли тахти нигахдории муваккати карордошта амалиёти мукаррарии барои таъмини нигахдории бетагйири мол заруриро анчом диханд (аз чумла молро аз назар гузаронанд ва чен кунанд, дар худуди анбори нигахдории муваккати чойхои онро иваз намоянд), ба шарте агар ин амалхо боиси тагйири холат, вайроншавии бастабандхо ва (ё) тагйир додани воситахои хаммонандкунии гузошташуда нагарданд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Амалиёти дар кисми 1 хамин модда зикрнашударо (аз чумла, гирифтани чошни ва намунаи мол, таъмири бастбанди мол, инчунин амалиёти баровардани мол аз анборхои нигахдории муваккати ва интиколи минбаъдаи он) шахсони ваколатдори мол ва намояндагони он бо ичозати макоми гумрук анчом медиханд.

Макоми гумрук хукук дорад чунин амалиётро танхо дар сурате рад намояд, ки агар ичрои он боиси талафот ва тагйирёбии холати мол гардад.

 

Моддаи 105. Моли корношоям, харобгардида ва вайроншуда

Моле, ки дар натичаи садама ё таъсири кувваи рафънопазир дар давраи нигахдории муваккатии мол корношоям, вайрон ё хароб гаштааст, бояд тахти низоми гумрукии арзнамудаи декларант чой дода шавад, чунон ки агар он ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дар шакли корношоям, харобгардида ё вайроншуда ворид карда шудааст.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 106. Навъхои анборхои нигахдории муваккати

  1. Анборхои нигахдории муваккати метавонанд пушида ва кушода бошанд.
  2. Анборхои нигахдории муваккати, агар барои истифодаи хама гуна мол ва хама гуна шахс дастрас бошанд, анборхои кушода ба хисоб мераванд.
  3. Анборхои нигахдории муваккати, агар барои нигахдории моли сохиби анбор (моддаи 108) ё барои нигахдории моли муайян, аз чумла муомилоташ махдуд ва (ё) талабкунандаи шароити махсуси нигахдори пешбини шуда бошанд, анборхои пушида мебошанд.

 

Моддаи 107. Талабот нисбати ободони, тачхизони ва махали чойгиршавии анборхои нигахдории муваккати

  1. Бинохо ва (ё) майдончахои кушода, ки барои истифода ба сифати анборхои нигахдории муваккати таъин гардидаанд, бояд тавре обод ва тачхизонида шаванд, ки хифзи молро таъмин намоянд ва дастрасии шахсони бегонаро (ки кормандони анбор нестанд, нисбати мол ваколатдор ё намояндаи шахси ваколатдор нисбати мол намебошанд) имконнопазир гардонанд, инчунин имконият диханд, ки назорати гумруки нисбати чунин мол анчом дода шавад. Тартиби огохониданро маками ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муаян менамояд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)
  2. Бинохо ё майдончахои кушода, ки барои истифода ба сифати анборхои нигахдории муваккати пешбини шудаанд, бояд дорои худуди мухофизатшаванда бошанд, ки воситахои наклиёти интиколдихандаи мол дар мухлати барои анчом додани транзити дохилии гумруки зарури таваккуф кунанд. Ин худуд минтакаи назорати гумруки хисоб карда мешавад. Воситахои наклиётие, ки бори тахти назорати гумрукиро интикол медиханд, метавонанд ба ин минтака дар хама вакти шабонаруз дохил шаванд.
  3. Мутобики кисмхои 1 ва 2 хамин модда макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки барои ободони, тачхизони ва махали чойгиршавии анборхои нигахдории муваккати бо максади таъмини назорати гумруки талаботи хатми мукаррар менамояд.
  4. Бо карори макоми гумрук талаботи алохидаи барои ободони ва тачхизонии анборхои пушида пешбининамудаи хамин модда метавонад нисбати анборхои дар худуди корхонахо карордошта, ки сохиби онхо фаъолияти истехсолиро анчом медихад, истифода нагардад, агар меъёрхои мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда риоя карда шавад.

Эзох: Бо максади истифодаи хамин модда тахти мафхуми воситаи наклиёт воситаи наклиёте фахмида мешавад, ки тавассути он дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон мол интикол дода мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 108. Сохибони анборхои нигахдории муваккати

  1. Сохиби анбори нигахдории муваккати шахси хукукии ватание буда метавонад, ки ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати дохил карда шуда бошад.
  2. Сохиби анбори нигахдории муваккати нигахдории моли тахти назорати гумруки карордоштаро тибки холат ва шартхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс таъмин менамояд.
  3. Муносибати сохиби анбори нигахдории муваккати бо шахсоне, ки моли худро дар он нигах медоранд, дар асоси шартнома ба рох монда мешавад. Агар барои бастани шартнома чихати нигахдории мол дар анбори нигахдории муваккати шароит мавчуд бошад (ба истиснои анбори пушида, ки барои нигахдории моли сохиби анбор истифода мегардад), сохиби анбори гумруки наметавонад аз бастани шартнома саркаши кунад.
  4. Сохибони анборхои нигахдории муваккати метавонанд макомоти гумрук бошанд, ки бе дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати ба фаъолият ба сифати сохибони анборхои нигахдории муваккати (моддаи 115) машгуланд. Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки вазифадор аст номгуи анборхои нигахдории муваккатиеро, ки сохибони онхо макомоти гумрук мебошанд, инчунин тагйироти ба ин номгуй дохилшударо на камтар аз як маротиба дар шаш мох дар нашрияхои расмии худ чоп кунад.

 

Моддаи 109. Шартхои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати

  1. Шартхои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати аз инхо иборатанд:

1) сохибии (тахти моликият, пешбурди хочагидори ё тахти ичора будани) анборхои кушода, бино ва (ё) майдончахои кушодаи барои истифодаи нигахдории муваккати ва ба сифати анборхои нигахдории муваккати таъингардида, ки чавобгуи талаботи мукарраргардида мебошанд ( моддаи 107);

2) таъмини супоридани пардохтхои гумруки мувофики моддаи 384 хамин Кодекс;

3) мавчудияти карордод дар бораи сугуртаи хавфи масъулияти шахрвандии худ, ки мумкин аст дар натичаи расонидани зарар ба моли тахти нигахдори мавчудбудаи шахси дигар ё вайрон кардани шартхои дигари нигахдори бо шахсони дигар фаро расад. Маблаги сугурта, ки дар доираи он сугуртакунанда ухдадор шудааст хангоми фарорасии хар як холати сугурта зарари ба моликияти шахсон расонидашударо чуброн намояд, тибки масохати муфид ё хачми муфид ба хисоб гирифта шуда, агар ба сифати анбори гумруки майдончаи кушода истифода шуда бошад, аз хисоби хачми 5 – нишондиханда барои хисобхо барои хар як метри мураббаи масохати муфид ё агар ба сифати анбори гумруки бино истифода шуда бошад, аз хисоби хачми 2 – нишондиханда барои хисобхо барои хар як метри мукааби масохати муфид мукаррар карда мешавад, вале он наметавонад аз хачми 8000 – нишондиханда барои хисобхо камтар бошад.

  1. Агар сохибии бино ва (ё) майдончаи кушода дар асоси шартномаи ичора амали гардад, пас чунин шартнома бояд ба мухлати на камтар аз як сол аз рузи додани ариза чихати дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати баста шавад.

 

Моддаи 110. Ариза барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати

  1. Шахс ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати дар асоси аризаи чавобгуи талаботи мукаррарнамудаи моддахои 108 – 109 хамин Кодекс дохил карда мешавад.
  2. Ариза барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати бояд инхоро дар бар гирад:

1) мурочиат ба макомоти гумрук барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати;

2) маълумот дар бораи номгуй, шакли ташкилию хукуки, махали чойгиршави, кушодани суратхисобхои бонки, инчунин андозаи сармояи оинномавии (чамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномави ё аъзохаккии аризадиханда;

3) маълумот дар бораи навъи анбори нигахдории муваккати (барои анбори пушида, инчунин асоснокии зарурат ва ба максад мувофик будани интихоби чунин анбор);

4) маълумот дар бораи бинохо ва (ё) майдончахои кушодае, ки дар ихтиёри аризадиханда карор дошта, барои истифода ба сифати анбори нигахдории муваккати дар назар гирифта шудаанд, махали чойгиршавии онхо, ободони, тачхизони ва таъминоти моддию техники;

5) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

6) маълумот дар бораи шартномаи (шартномахои) сугуртаи хавфи масъулияти шахрвандии аризадиханда.

  1. Ба аризаи дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати хуччатхои зерине, ки тасдиккунандаи маълумоти пешниходшуда мебошанд, замима мегарданд:

1) гувохнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки;

2) хуччатхои тасдиккунандаи хукуки ихтиёрдории бинохо ва (ё) майдончахои кушода, ки барои истифода хамчун анбори нигахдории муваккати таъин гардидаанд;

3) лоихахо ва накшахои бинохо ва (ё) майдончахои кушода, ки барои истифода хамчун анбори нигахдории муваккати таъин гардидаанд;

4) хуччатхои тасдиккунандаи таъмини супоридани пардохтхои  гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

5) тасдикномахои бонкхо дар бораи дар ин бонкхо кушодани суратхисобхо;

6) шартномаи (полиси) сугурта.

  1. Барои хар бинои аз нигохи худуд махсусгардонидашуда ва (ё) хар майдончаи кушодаи аз нигохи худуд махсусгардонидашуда, ки барои истифода хамчун анбори нигахдории муваккати таъингардида, аризаи алохида пешниход карда мешавад.

 

Моддаи 111. Шаходатнома барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати

  1. Сохиби анбори нигахдории муваккати ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати ба хар як бинои худудан махсусгардонидашуда ё хар майдончаи кушодаи худудан махсусгардонидашуда, ки ба сифати анбори нигахдории муваккати истифода мегардад, дохил карда мешавад. Ба хар як бинои худудан махсусгардонидашуда ё хар майдончаи кушодаи худудан махсусгардонидашуда, ки ба сифати анбори нигахдории муваккати истифода мегардад, барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати шаходатномаи алохида дода мешавад.
  2. Шаходатнома барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати инхоро дар бар мегирад:

1) номи сохиби анбори нигахдории муваккати,  шакли хукукию ташкилии он ва зикри махали чойгиршавиаш;

2) маълумот дар бораи хукуки ихтиёрдории бино ва (ё) майдончаи кушода, ки ба сифати анбори нигахдории муваккати истифода бурда мешавад;

3) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

4) зикри навъи анбори нигахдории муваккати;

5) зикри махали чойгиршавии анбори нигахдории муваккати.

  1. Шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати дар давоми се сол эътибор дорад.

 

Моддаи 112. Вазифахои сохиби анборхои нигахдории муваккати

  1. Сохиби анбори нигахдории муваккати вазифадор аст:

1) шарт ва талаботи мукаррарнамудаи хамин Кодексро нисбати нигахдории мол, ки тахти назорати гумруки карор доранд, таъмин намояд.

2) бахисобгирии нигахдории моли тахти назорати гумруки карордоштаро анчом дода, ба макомоти гумрук дар бораи нигахдории ин мол (моддаи 405) хисобот пешниход намояд;

3) хифзи моли дар анборхои нигахдории муваккати мавчуда ва воситахои наклиёти дар худуди хамшафати он бударо, ки минтакаи назорати гумруки хисоб мешавад, таъмин намояд,

4) имконияти чойгиркунии шабонарузии мол ва воситахои наклиётро дар анборхои нигахдории муваккати ё дар худуди хамшафат ба анбор, ки минтакаи назорати гумруки хисоб мешавад, таъмин намояд,

5) бе ичозати макоми гумрук имконнопазирии дастрасии шахсони бегонаро ба мол ва воситахои наклиёти дар анбори мазкур ё худуди хамшафати он таъмин намояд,

6) дар холатхои пешбининамудаи кисми 2 хамин модда, инчунин дар холатхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи 90 хамин Кодекс, агар сохиби анбори нигахдории муваккати ба транзити дохилии гумруки ичозат дошта бошад, бочи гумруки ва андозро мепардозад.

  1. Сохиби анбори нигахдории муваккати хангоми талаф ё бе ичозати макомоти гумрук додани моли дар анборхои нигахдории муваккати чойгиршуда барои супурдани бочхои гумруки ва андоз масъул мебошад. Сохиби анбори нигахдории муваккати барои пардохти бочхои гумруки ва андоз танхо хангоме масъул намебошад, ки агар мол дар натичаи садама, таъсири кувваи рафънопазир ё нобудшавии табии дар шароити мукаррарии нигахдори тамоман талаф ёфта бошад.

 

Моддаи 113. Бозхондани шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати

Шаходатнома барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати дар холатхои зерин бозхонда мешавад:

1) аз чониби сохиби анбори нигахдории муваккати риоя нашудани хатто яке аз шартхои талаботи Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати, ки моддаи 109 хамин Кодекс мукаррар кардааст;

2) аз чониби сохиби анбори нигахдории муваккати риоя нашудани талаботи банди 6 кисми 1 моддаи 112 хамин Кодекс;

3) чалби чандкаратаи сохиби анбори нигахдории муваккати ба чавобгарии маъмури барои содир кардани хукуквайронкунии маъмури дар сохаи фаъолияти гумруки.

 

Моддаи 114. Амалиёт бо мол хангоми аз Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати хорич намудани сохиби анбори нигахдории муваккати

Хангоми бозхондани шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати ё хорич намудани сохиби анбори нигахдории муваккати аз ин Реестр моли дар анбори нигахдории муваккати карордошта бояд аз хисоби вай, дар давоми 2 мохи баъди рузи хоричшави фарорасанда ба анбори дигари нигахдории муваккати гузаронида шавад. Аз рузи дигари баъди хорич кардани сохиби анбори нигахдории муваккати аз Реестри сохибони анборхои нигахдории муваккати ба чойгиркунии мол дар анбори нигахдории муваккати ичозат дода намешавад.

 

Моддаи 115. Нигахдории мол дар анборхои нигахдории муваккатии макомоти гумрук

  1. Анборхои нигахдории муваккатии макомоти гумрук анборхои кушода буда, бояд ба талаботи мукаррарнамудаи моддаи 107 хамин Кодекс чавобгу бошанд.
  2. Хангоми нигахдории мол дар анборхои нигахдории муваккатии макомоти гумрук муносибатхои мутакобилаи макомоти гумрук бо шахсоне, ки молро дар ин анборхо чойгир намудаанд, тибки хамин Кодекс ва Кодекси граждании Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад. Нисбати шартномае, ки макоми гумрук бо шахси чойдихандаи мол дар анбори нигахдории муваккати мебандад, талаботи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон, ки барои шартномаи оммави мукаррар шудаанд, татбик мегардад. Агар барои бастани шартнома чихати нигахдории мол дар анбори нигахдории муваккати шароит мавчуд бошад, сохиби анбори гумруки наметавонад аз бастани шартнома саркаши кунад.

Барои нигахдори дар анбори нигахдории муваккати кабул намудани мол макоми гумрук ба шахси молро чойгирнамуда мувофики намунаи муайянкардаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки квитансия медихад.

  1. Хукук, вазифа ва масъулияти макомоти гумрук вобаста ба нигахдории мол аз чониби ин макомот аз мохияти ухдадорихо тибки мукаррароти умумии нигахдори бармеояд, ки конунгузории граждании Чумхурии Точикистон, бо назардошти мукаррароти хамин Кодекс пешбини намудааст.

Макоми гумрук барои пардохти бочхои гумруки ва андоз хангоми талаф шудани моли дар анбори нигахдории муваккати карордошта чавобгар мебошад, ба истиснои холатхое, ки агар мол дар натичаи садама, таъсири кувваи рафънопазир ё талафи табии дар шароити муътадили нигахдори тамоман нобуд шуда бошад.

  1. Барои нигахдории мол дар анбори нигахдории муваккатии макоми гумрук мувофики шартнома музд ситонида мешавад. Хакки пардохт барои нигахдории мол дар анбори нигахдории муваккати мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 116. Хусусиятхои нигахдории муваккатии моле, ки тавассути наклиёти рохи охан интикол дода мешавад

  1. Тибки дархости рохи охан нигахдории муваккатии моли тавассути наклиёти рохи охан интиколёбанда то фаровардани он мустакиман дар воситахои наклиёти дар хатхои рохи охан карордоштаи ин рохи охан, дар чойхое, ки анбори нигахдории муваккати нестанд ва махали чойгиршавии он бо макомоти гумрук мувофика шудааст, ичозат дода мешавад.

Махалхои мазкур минтакаи назорати гумруки ба шумор мераванд. Рохи охан вазифадор аст амнияти молро таъмин намуда, дастрасии шахсони бегонаро ба он истисно намояд.

  1. Моле, ки дар воситахои наклиёт дар минтакаи назорати гумруки нигахдори мешавад, тибки хамин модда барои максади гумруки хамчун моли тахти нигахдории муваккати карордошта барраси мегардад. Фаровардани бор ва интиколи он ба махалхои дигар бо ичозати макоми гумрук анчом дода мешавад.
  2. Хангоми талафи моли дар воситахои наклиёти дар минтакаи назорати гумруки карордошта ё бе ичозати макомоти гумрук додани он, масъулияти пардохти бочхои гумруки ва андозхо ба зиммаи рохи охан мебошад.

 

 Моддаи 117. Нигахдории муваккати дар анбори гирандаи мол

  1. Бо ичозати макоми гумрук нигахдории муваккати метавонад дар анборхои гирандаи мол дар холати зайл анчом дода шавад:

1) хангоми истифодаи расмиёти махсуси соддагардонидашуда барои шахсони алохида (моддаи 68);

2) хангоми зарурати нигахдории муваккатии моле, ки шароити махсуси нигахдориро такозо менамояд, агар дар махали наздиктарин барои нигахдории чунин мол анбори махсусгардонидашуда мавчуд набошад.

  1. Хангоми додани ичозат барои нигахдории муваккати дар анборхои кабулкунандаи мол макоми гумрук хукук дорад таъмини супоридани пардохтхои гумрукиро талаб намояд.
  2. Кабулкунандаи бор хангоми нигахдории мол дар анбор худ вазифадор аст хамаи дигар талаботи хамин моддаро риоя намояд. Дар анборхои кабулкунандаи мол ба нигахдории моли хоричие, ки ба шахсони сеюм таалук доранд, ичозат дода намешавад.

 

Моддаи 118. Чойгир намудани мол дар анборхои нигахдории муваккати аз чониби макомоти гумрук

  1. Дар холатхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи 12, моддахои 418 ва 435 хамин Кодекс мол метавонад дар анборхои нигахдории муваккатии макомоти гумрук чойгир карда шавад.

Подош барои нигахдори ва чуброни харочот ба сохиби анборхои нигахдории муваккати дар холатхои зикргардида аз хисоби шахсони дар хамин моддахо мукарраршуда анчом дода мешавад.

  1. Агар харочоти нигахдори аз хисоби воситахои бучети давлати сурат гирад, ин харочот ба сохиби анбори нигахдории муваккати аз чониби макомоти гумрук дар доираи хачми зарури ва харочоти хуччатан тасдикгардида, ки сохиби анбори нигахдории муваккати масраф намудааст, чуброн карда мешавад.

 

БОБИ 13. БАРОВАРДАНИ МОЛ ВА ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ АЗ ХУДУДИ ГУМРУКИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 119. Махал ва мухлати баровардани мол ва воситахои наклиёт аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Баровардани мол ва воситахои наклиёт аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон (минбаъд – баровардани мол ва воситахои наклиёт) дар нуктахои гузаргоххо аз Сархади давлатии Чумхурии Точикистон, ки тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян шудаанд ва дар вакти кории макомоти гумрук (моддаи 466) ичозат дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Мукаррароти хамин модда нисбати моли тавассути роххои дарёи ва хавои интиколёбанда, ки аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон бе таваккуф дар бандархо ё фурудгоххои вокеъ дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон убур мекунанд, татбик намегардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 120. Пешниходи хуччатхо ва маълумот

  1. Мол ва воситахои наклиёт бо ичозати макомоти гумрук бароварда мешаванд.
  2. Барои гирифтани ичозат аз макоми гумрук чихати баровардани мол ва воситахои наклиёт ба макоми гумрук хуччатхои гумрукии тасдиккунандаи нигахдории ин мол тахти низоми гумруки, ки баровардани молро аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон пешбини менамояд, пешниход карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. То баровардани мол ва воситахои наклиёти интиколдиханда вазифадор аст ба макоми гумрук хуччатхо ва маълумоти пешбининамудаи моддахои 73 – 76 хамин Кодексро вобаста ба навъи наклиёти интиколдихандаи моли байналмилали пешниход намояд.

Агар хуччатхои пешниходшуда дорои маълумоти пешбининамудаи моддахои 73 – 76 хамин Кодекс набошанд, интиколдиханда вазифадор аст ба макоми гумрук маълумоти заруриро бо усули пешниходи дигар хуччатхои дар ихтиёраш буда ё хуччатхои иловагие, ки дар шакли соддагардонидашуда тахия намудааст, манзур дорад.

Макоми гумрук хукук надорад аз интиколдиханда маълумоти дар моддахои 73 – 76 хамин Кодекс пешбининашударо талаб намояд.

Аз номи интиколдиханда хуччатхо ва маълумотро метавонад хар шахси дигари ваколатдорнамудаи у пешниход намояд.

 

Моддаи 121. Боркунии мол ба воситаи наклиёте, ки аз худуди Чумхурии Точикистон хорич мешавад

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Боркунии мол ба воситаи наклиёти аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон хоричшаванда баъди аз чониби макоми гумрук кабул кардани декларатсияи гумруки ва дар хуччатхои бору наклиёт гузоштани штампи «Ба боркуни ичозат дода шудааст», ичозат дода мешавад, ба истиснои холатхое, ки агар хангоми барасмиятдарории гумрукии мол макоми гумрук пешниходи молро барои санчиш талаб нанамояд, инчунин агар интиколи мол тибки низоми гумрукии транзити байналмилалии гумруки карор дошта бошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Шахсони мансабдори макомоти гумрук бо максади азназаргузаронии мол хукук доранд хангоми боркунии он ба наклиёти аз худуди Чумхурии Точикистон убуркунанда иштирок намоянд. Дар ин холат мол дар махале, ки чойгиронии он бо макомоти гумрук мувофика шудааст ва дар вакти кории макоми гумрук бор карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Бо дархости шахси манфиатдор макоми гумрук хукук дорад ба боркунии берун аз вакти кории ин маком тибки моддаи 466 хамин Кодекс ичозат дихад.

 

Моддаи 122. Талабот нисбати мол хангоми баровардани он аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Мол бояд аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон вокеан тибки хамон теъдод ва холате, ки хангоми чойгиронии он тахти низоми муайяни гумруки карор дошт, бароварда шавад, ба истиснои тагйирёбии теъдод ва холати мол дар натичаи фарсудашавии табии, талаф ё тагйирёбии хосияти табиии мол хангоми интиколи муътадил, инчунин тагйирёбии теъдоди он дар натичаи кисмате, ки дар воситаи наклиёти интиколдиханда боки мемонад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Хангоми талаф ё дигар шудани холати мол дар натичаи садама ё таъсири кувваи рафънопазир ва дар холатхои пешбининамудаи регламент ва стандартхои амалкунандаи техникии Чумхурии Точикистон бошад, хангоми тагйир ёфтани маълумот дар бораи микдори мол аз сабаби норасоии усули андозагири шахс барои риоя накардани мукаррароти хамин модда чавобгар намебошад.
  3. Хангоми пешниходи мол ба макоми гумруки махали баровардани он ва дархости декларант макоми гумрук микдори моли вокеан баровардашударо тасдик менамояд.

 

БОБИ 14. ДЕКЛАРАТСИЯ КАРДАНИ МОЛ

 

Моддаи 123. Моле, ки бояд декларатсия карда шавад

Мол хангоми интикол аз сархади гумруки, тагйири низоми гумруки, инчунин дар холатхои дигари пешбининамудаи моддахои 183, 184, 247 ва 435 хамин Кодекс бояд декларатсия карда ба макоми гумрук пешниход шавад.

 

Моддаи 124. Декларатсия кардани мол

  1. Мол бо рохи ба макомоти гумрук дар шакли мукарраршуда арз намудани маълумоти боэътимод дар бораи мол, низоми гумрукии он ва маълумоти дигари барои максадхои гумрук зарури (ба таври хатти, шифохи, конклюденти ва электрони) декларатсия карда мешавад.

Мол аз чониби декларант ё брокери гумрук (намоянда) (боби 15) бо интихоби декларант декларатсия карда мешавад.

  1. Шакл ва тартиби декларатсия кардани мол дар холатхое, ки хамин Кодекс танзим нанамудааст, аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян карда мешавад.
  2. Руйхати маълумоте, ки бояд дар декларатсияи гумруки зикр гардад, танхо бо маълумоте махдуд мегардад, ки барои максадхои хисоб ва ситонидани бочхои гумруки ва андоз, ташаккули омори гумруки ва татбики конунгузории гумрукии Чумхурии Точикистон зарур мебошанд.
  3. Хангоми истифодаи декларатсияи гумруки ба сифати хуччати бахисобгири бо максади назорати асъор, ки макомоти гумрук анчом медиханд, дар декларатсияи гумруки бояд маълумоте низ зикр шаванд, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор барои чунин максадхо заруранд.
  4. Декларатсияи гумруки аз чониби тартибдихандаи он тасдик ва аз чониби корманди ин шахси хукуки имзо карда мешавад. Декларатсия бо рохи гузоштани мухр тасдик карда мешавад, агар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон шахси тартибдихандаи декларатсияи гумруки мухр дошта бошад.
  5. Номгуи маълумоте, ки бояд дар декларатсияи гумруки зикр гардад ва шакли пешниходи онхо бояд расман чоп карда шаванд. Санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки, ки номгуи маълумоти дар декларатсияи гумруки зикршавандаро муайян мекунанд, тибки моддаи 4 хамин Кодекс эътибори конуни пайдо мекунанд.

 

Моддаи 125. Махали декларатсия кардани мол

  1. Декларатсияи гумруки мумкин аст ба хар макоми гумруки дорои хукуки кабули декларатсия пешниход гардад.
  2. Бо максади таъмини самаранокии назорати риояи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки хукук дорад макоми гумруки дахлдорро барои декларатсияи намудхои алохидаи мол танхо дар ин холатхо муайян кунад:

1) хангоми зарурати истифодаи тачхизоти махсусгардонидашуда ва (ё) донишхои махсус барои барасмиятдарории гумрукии чунин мол ба монанди арзишхои фарханги, аслиха, техникаи харби ва лавозимоти чанги, маводи радиоактиви ва тачзияшаванда;

2) вобаста ба навъи наклиёти мавриди истифодаи интиколи моли байналмилали истифодашаванда (автомобили, дарёи, хавои, рохи охан, кубури ва хати интиколи барк);

3) хангоми интиколи намудхои алохидаи мол аз сархади гумруки, ки нисбати онхо вайронкунии конунгузории гумруки муттасил ба кайд гирифта шудааст ё мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мамнуият ва махдудият мукаррар гардидааст;

4) хангоми зарурати назорати махсуси моли алохидаи дорои объекти моликияти зехни (интеллектуали) тибки номгуи мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон.

  1. Дар сурати пешниходи декларатсияи гумруки ба макоми дигари гумрук, ки кисми 2 хамин модда муайян намудааст, декларатсияи гумруки дар рузи пешниход аз чониби макоми гумрукие, ки декларатсияи гумрукиро гирифтааст, ба макомоти гумрукии дахлдор фиристода мешавад.

Мухлати кабули декларатсияи гумруки (моддаи 132) дар чунин холат ба мухлате тамдид мегардад, ки барои ирсоли он зарур аст, вале набояд аз ду рузи кори зиёд бошад.

  1. Санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки, ки чойи декларатсияи баъзе навъхои молро муайян кардааст, тибки моддаи 4 хамин Кодекс эътибори конуни пайдо мекунанд.

 

Моддаи 126. Декларант

  1. Ба сифати декларант шахсони дар моддаи 15 хамин Кодекс зикргардида, инчунин дигар шахсоне, ки тибки конунгузории граждании Чумхурии Точикистон дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо риояи мукаррароти кисми 2 хамин модда хукуки ихтиёрдории молро доранд, метавонанд баромад намоянд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Танхо шахси ватани декларант буда метавонад, ба истиснои холатхои интиколи мол аз сархади гумруки:

1) аз чониби шахсони вокеи барои истифодаи шахси, оилави, хонаводаги ва дигар эхтиёчоте, ки ба фаъолияти сохибкори марбут нест;

2) аз чониби шахсони хоричие, ки аз имтиёзхои гумруки тибки боби 39 хамин Кодекс истифода мебаранд;

3) аз чониби ташкилотхои хоричие, ки намояндагиашон дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон тибки тартиби мукарраргардида ба кайд гирифта (аккредитатсия) шудаанд, хангоми ариза ба макоми гумрук тахти низомхои гумрукии воридоти муваккати, реэкспорт, транзит, инчунин низоми гумрукии ичозат барои муомилоти озоди мол, ки барои истифодаи шахсии хамин намояндагихо ворид карда мешаванд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

4) аз чониби интиколдихандагони хоричи хангоми арзи низоми гумрукии транзит;

5) дигар холатхое, ки шахси хоричи барои ихтиёрдории мол дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон берун аз доираи муомилоти иктисодии хоричи хукук дорад ва яке аз тарафхои он шахси ватани мебошад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 127. Хукуку вазифахои декларант

  1. Хангоми декларатсияи мол ва ичрои дигар амалхои гумруки, ки барои ичозати мол зуруранд, декларант хукук дорад:

1) моли декларатсияшавандаро аз чумла то пешниходи декларатсияи гумруки аз назар гузаронад ва онхоро чен кунад;

2) бо ичозати макоми гумрук чошни ва намунаи моли декларатсияшавандаи ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшавандаро гирад. Декларатсияи гумрукии алохида барои гирифтани чошни ва намунаи мол ба шарте пешниход карда намешавад, ки агар чунин чошни ва намуна дар декларатсияи гумрукии мол нишон дода шаванд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) хангоми азназаргузаронии моли декларатсияшаванда (моддахои 412 ва 413), дар сурати аз чониби шахси мансабдори макоми гумрук гирифтани чошни ва намунаи мол иштирок кунад (моддаи 424);

4) бо натичахои тадкикотхои дар макоми гумрук мавчудаи чошни ва намунаи моли декларатсияшавандаи худ шинос шавад;

5) барои декларатсия кардани мол дар шакли хуччатхои электрони хуччатхо ва маълумоти заруриро тибки хамин Кодекс пешниход намояд;

6) аз дигар ваколатхо ва хукукхои пешбининамудаи хамин Кодекс истифода барад.

  1. Хангоми декларатсия кардани мол ва анчом додани дигар расмиёти гумруки декларант вазифадор аст:

1) ба макоми гумрук декларатсияи гумруки, маълумот ва хуччатхои заруриро пешниход намояд (моддаи 131);

2) бо талаби макоми гумрук моли декларатсияшавандаро пешниход намояд;

3) тибки фасли 3 хамин Кодекс бочхои гумруки ва андозро пардозад ё пардохти онхоро таъмин намояд.

 

Моддаи 128. Хусусиятхои хоси декларатсия кардани моли мухталифи марбут ба як партия

  1. Бо хохиши декларант моли мухталифи як партия метавонад бо нишон додани як рамзи таснифотии Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи декларатсия карда шавад, ба шарте агар ба ин рамзи таснифоти мувофикат кунанд: (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)

1) меъёри нисбатан баланди бочхои гумруки (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347);

2) меъёри нисбатан баланди аксизи гумруки (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347);

3) меъёри нисбатан баланди андоз аз арзиши изофашуда (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347);

4) коди ин мол ба сатхи 4 раками аввал мувофикат кунад.

  1. Маълумот дар бораи номгуй ва теъдоди моли як партия аз чониби декларант бо рохи пешниходи руйхати мол арз карда мешавад. Ба сифати чунин руйхат шархи номнависи (спетсификатсияи) бор, варакаи бастабанди, руйихат ва дигар хуччатхои шабех истифода бурда мешавад. Барои максадхои гумруки руйхати мол ба сифати кисми таркибии декларатсияи гумруки барраси карда мешавад.
  2. Агар нисбати яке аз моли дар як партия мавчуда тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон махдудият мукаррар шуда бошад, декларатсияи чунин мол бо зикри як рамзи таснифоти мувофики Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи декларантро аз риояи чунин махдудият озод намекунад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)
  3. Бо максади санчиши риояи мукаррароти кисми 3 хамин модда макоми гумрук хукук дорад аз декларант пешниходи маълумоти аниккунандаи баъзе моли декларатсияшавандаро талаб кунад.

 

Моддаи 129. Мухлати пешниходи декларатсияи гумруки

  1. Декларатсияи гумрукии моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшаванда, ба истиснои холатхои пешбининамудаи моддахои 150, 309 ва 316 хамин Кодекс, дар мухлати на дертар аз 15 рузи баъди пешниходи мол ба макоми гумруки махали расидани он ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ё аз рузи анчоми транзити дохилии гумруки пешниход карда мешавад, агар мол дар махали расидани он декларатсия карда нашуда бошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар мухлати дар кисми 1 хамин модда зикршуда барои чамъоварии хуччатхо ва маълумот барои декларант нокифоя бошад, бо мурочиатномаи асосноки декларант макоми гумрук мухлати пешниходи декларатсияи гумрукиро тамдид мекунад. Тамдиди мухлати пешниходи декларатсияи гумруки бояд боиси вайрон кардани мухлати нигахдории муваккатии мол нагардад.
  3. Агар анчоми мухлати пешниходи декларатсияи гумруки ба рузи гайрикории макоми гумрук рост ояд, рузи анчоми ин мухлат рузи минбаъдаи кории макоми гумрук хисобида мешавад.
  4. Декларатсияи гумруки барои моли аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон содиршаванда, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи моддаи 336 хамин Кодекс, то баровардани онхо аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон пешниход карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 130. Декларатсияи пешакии мол

  1. Декларатсияи гумрукии моли хоричи метавонад то лахзаи расидани он ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ё то анчоми транзити дохилии гумруки пешниход карда шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар барои максадхои гумруки истифодаи хуччатхои наклиёти (борбари) ё тичоратии мушоияткунандаи мол зарур бошад, макоми гумрук хангоми декларатсияи пешакии мол нусхаи ин хуччатхои тасдикнамудаи декларантро мегирад ва хангоми зарурат, баъди расидани мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон маълумоти дар нусхаи хуччатхои мазкур мавчударо бо маълумоти нусхахои асл мукоиса менамояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Баъди анчоми санчиши декларатсияи гумруки ва пардохти маблаги бочхои гумруки ва андоз то расидани мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон чунин декларатсияи гумруки метавонад ба сифати хуччати ягона чихати истифодаи расмиёти гумруки нисбати ин мол истифода гардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Агар мол ба макоми гумруки декларатсияи гумрукиро кабулкарда тибки кисми 1 хамин модда дар давоми 15 рузи кабули он пешниход нашавад, декларатсияи гумруки пешниходнашуда ба хисоб меравад.

 

Моддаи 131. Пешниходи хуччатхо хангоми декларатсия кардани мол

  1. Декларатсияи бори гумруки ба макоми гумрук бояд хамзамон бо пешниходи нусхаи электрони ва хуччатхои барои максади гумруки зарурии пешбининамудаи хамин модда пешниход карда шавад.

Шакли нусхаи электронии декларатсияи бори гумрукиро макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян менамояд.

  1. Декларант метавонад нусхаи хуччати тасдиккунандаи маълумоти арзшударо дар асоси ухдадори чихати пешниходи хуччати дахлдор ба макоми гумрук дар мухлати санчиши декларатсияи гумруки пешниход намояд, агар чунин хуччат барои кабули карор дар бораи ичозати додани мол хатми бошад.

Агар пешниходи хуччатхои алохида дар мухлати зикргардида имконнопазир бошад, дар асоси аризаи асосноки декларант макомоти гумрук ичозат медиханд нусхаи онхо бо пешниходи минбаъдаи хуччатхо дар мухлати барои чамъоварии онхо зарури, вале на дертар аз 30 рузи таквимии баъди бакайдгирии декларатсияи гумруки манзур карда шаванд. Декларант барои пешниход накардани хуччатхо дар мухлати мукарраршуда ё нишон додани маълумоти носахех дар нусхаи хуччатхои каблан пешниходнамуда масъул мебошад.

Агар ба макоми гумрук пештар хуччатхое пешниход шуда бошанд, ки тибки онхо барасмиятдарории гумрукии мачмуи минбаъдаи мол сурат гирифтааст, дар ин холат пешниходи нусхаи чунин хуччатхо кифоя аст.

  1. Агар дар коргузории макоми гумрук хуччатхое боки монанд, ки барои кабули карор чихати ичозат додани мол заруранд, макоми гумрук барои декларант дар нусхаи ин хуччатхо бо зикри макоми гумруке, ки дар он ин хуччатхо нигох дошта мешаванд, сабти дахлдор мегузорад. Ин сабт бо мухри дорои раками шахсии шахси мансабдори макоми гумрук тасдик карда мешавад.
  2. Карордод, хисобнома–фактурахо (инвойсхо), хуччатхои наклиёти, хуччатхои тасдиккунандаи пардохти бочхои гумруки ва андоз баъди ичозати мол бояд ба декларант баргардонида шаванд ва онхо дар давоми се соли бакайдгирии декларатсияи бори гумруки нигох дошта мешаванд.
  3. Декларатсияи гумруки ба макоми гумрук бояд хамзамон бо хуччатхое пешниход гардад, ки дар асоси онхо декларатсияи гумруки пур карда шудааст. Ба ин гуна хуччатхо мансубанд:

          1) хуччатхое, ки ваколатхои шахси пешниходкунандаи декларатсияи гумрукиро тасдик менамоянд;

          2) шартномахои хариду фуруши байналмилалй ё дигар шартномахое, ки хангоми анчоми ахдхои иктисодии хоричй баста шудаанд, дар мавриди ахдхои яктарафаи иктисодии хоричй бошад, хуччатхои дигаре, ки мазмуни ин гуна ахдхоро ифода мекунанд, инчунин хуччатхои тичоратй;
        3)хуччатхои наклиётй (марбут ба хамлу накл);

        4)хуччатхое, ки риояи мамнуият ва махдудиятхоро тасдик менамоянд;

       5)хуччатхое, ки супоридан ва (ё) таъмини пардохти бочхои гумруки ва андозхоро тасдик менамоянд; (ЌЉТ аз 28.12.12с. №906)

 

Моддаи 132. Кабули декларатсияи гумруки

  1. Далели пешниходи декларатсияи гумруки ва манзур доштани хуччатхои зарури дар рузи гирифтани онхо аз чониби макоми гумрук сабт мегардад. Макоми гумрук бо дархости шахси пешниходкардаи декларатсияи гумруки дар бораи гирифтани декларатсияи гумруки ва пешниходи хуччатхои зарури (аз чумла дар шакли хуччати электрони) бетаъхир тасдикнома медихад.
  2. Макоми гумрук декларатсияи гумрукии пешниходшударо дар рузи расидани он кабул менамояд, ба истиснои холатхое, ки агар:

1) декларатсияи гумруки ба макоми гумруке пешниход шуда бошад, ки хукуки кабули декларатсияи гумрукиро надорад;

2) декларатсияи гумруки аз чониби шахсе пешниход шуда бошад, ки ба ин кор ваколатдор набошад;

3) дар декларатсияи гумруки маълумоти зарури зикр нашуда бошад (моддаи 124);

4) декларатсияи гумруки имзо нашуда бошад ё ба таври зарури тасдик нашуда бошад ё мувофики шакли мукарраршуда тахия нагардида бошад;

5) хангоми пешниходи декларатсияи гумруки хуччатхои барои барасмиятдарории гумруки зарури пешниход нашуда бошанд, ба истиснои хуччатхое, ки метавонанд баъди кабули декларатсияи гумруки мутобики кисми 9 моддаи 131 хамин Кодекс пешниход карда шаванд;

6) нисбати моли декларатсияшаванда амале, ки бояд мутобики хамин Кодекс пеш аз пешниход ё хамзамон бо пешниходи декларатсияи гумруки анчом дода шавад, сурат нагирифта бошад.

  1. Декларатсияи гумруки аз лахзаи кабул хамчун хуччати тасдиккунандаи далели дорои ахамияти хукуки эътибор пайдо мекунад.
  2. Агар декларатсияи гумруки аз чониби макоми гумрук кабул нашуда бошад, чунин декларатсия барои максади гумруки пешниходнашуда дониста мешавад.
  3. Макоми гумрук сабабхои кабул накардани декларатсияи гумрукиро ба шахси пешниходкунандаи декларатсия на дертар аз рузи дигари пешниход шудани декларатсияи гумруки огох менамояд. Бо дархости шахси пешниходкунандаи декларатсияи гумруки чунин огохинома дар шакли хатти манзур мегардад.

 

Моддаи 133. Ворид намудани тагйиру иловахо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукии арзшуда

  1. Бо дархости асосноки хаттии декларант ба маълумоти каблан дар декларатсияи гумрукии кабулшуда арзнамудаи у тагйиру иловахо ворид кардан мумкин аст.
  2. Тагйиру иловахо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукии кабулгардида арзшуда бо ичозати макоми гумрук зимни риояи шартхои зерин имконпазир аст:

1) агар макоми гумрук дар лахзаи гирифтани дархости декларант носахехии маълумоти дар декларатсияи гумруки зикршударо муайян накарда бошад, ба истиснои холати ошкорсозии носахехихое, ки ба кабули карор дар бораи ичозати мол таъсир намерасонанд;

2) агар макоми гумрук то лахзаи гирифтани дархости декларант санчиши молро огоз накарда бошад;

3) агар тагйиру иловахои воридшаванда ба кабули карор дар бораи додани ичозат ба мол таъсир нарасонанд ва боиси зарурати тагйир додани маълумоте нагарданд, ки ба муайян кардани андозаи маблаги пардохти бочхои гумруки ва истифодаи мамнуияту махдудиятхои тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраршуда таъсир расонанд.

  1. Шахсони мансабдори макомоти гумрук хукук надоранд бо ташаббуси худ ё супориш ё хохиши шахсони манфиатдор декларатсияи гумрукиро пур кунанд, тагйир диханд ё маълумоти дар декларатсияи гумруки арзшударо пурра кунанд, ба истиснои ворид намудани танхо он маълумоте, ки тахти салохияти макомоти гумрук карор дорад, инчунин тагйир додан ё пурра кардани маълумоти рамзгузоришудае, ки барои коркарди мошини истифода мешавад, ба шарте агар чунин маълумот дар шакли рамзгузоринашуда дар декларатсияи гумруки мавчуд бошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)

 

Моддаи 134. Бозхондани декларатсияи гумруки

  1. Тибки мурочиати хаттии декларант декларатсияи гумрукии кабулшуда барои моли хоричи мумкин аст аз чониби у пеш аз додани ичозат ба чунин мол барои арз тахти низоми дигари гумруки бозхонда шавад.

Бозхондани декларатсияи гумруки бо ичозати хаттии макоми гумрук имконпазир аст, агар пеш аз гирифтани ин дархост макоми гумрук носахехии маълумоти дар декларатсияи гумруки зикршударо муайян накарда бошад, ба истиснои холати ошкор шудани носахехихое, ки ба кабули карор дар бораи додани ичозат ба мол таъсир намерасонад.

Хангоми додани ичозат барои бозхондани декларатсияи гумруки макоми гумрук барои пешниходи декларатсияи гумрукии нав мухлат муайян мекунад ва ин мухлат наметавонад аз рузи додани ичозати бозхонд бештар аз 15 руз бошад. Бозхондани декларатсияи гумруки барои дароз кардани мухлати пардохти бочхои гумруки ва андоз асос шуда наметавонад.

  1. Тибки мурочиати хаттии декларант декларатсияи гумрукии кабулшуда барои моли ватани, ки аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон содир карда мешавад, мумкин аст аз чониби вай сарфи назар аз максади чунин бозхонд, кабл аз баровардани мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон, аз чумла, баъди додани ичозати чойгиркунии мол тахти низоми гумрукии арзшуда бозхоста шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Бозхондани декларатсияи гумруки бо ичозати хаттии макоми гумрук ичозат дода мешавад, ба шарте агар макоми гумрук то гирифтани дархости декларант носахехии маълумоти дар декларатсияи гумруки зикршударо муайян накарда бошад, ба истиснои холати ошкорсозии носахехихое, ки ба кабули карор дар бораи чойгиркунии мол тахти низоми гумрукии арзшуда таъсир намерасонанд.

Ба ин мол барои пешниходи декларатсияи гумрукии нав мухлат мукаррар намегардад.

 

Моддаи 135. Декларатсияи гумрукии нопурра

  1. Агар декларант бинобар сабабхои ба у вобастанабуда барои пур кардани декларатсияи гумруки дорои маълумоти зарури набошад, макоми гумрук метавонад ба пешниходи декларатсияи гумрукии нопурра ичозат дихад, ба шарте агар дар он барои ичозат додани мол, хисоб ва супурдани пардохтхои гумруки, тасдиккунандаи риояи махдудиятхо мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраршуда, инчунин имкондихандаи хаммонандсозии мол тибки мачмуи хусусиятхои микдори ва сифати маълумоти зарури дарч шуда бошад.

Декларант хангоми пешниходи декларатсияи гумрукии нопурра дар шакли хатти ухдадори ба зимма мегирад, ки маълумоти нокифояро дар мухлати муайяннамудаи макоми гумрук пурра хохад кард ва ин муддат наметавонад аз рузи кабули декларатсияи гумрукии нопурра аз чониби макоми гумрук бештар аз 45 руз бошад.

  1. Агар макоми гумрук декларатсияи гумрукии нопурраро кабул кунад, дар ин сурат хамон талабот ва шартхои конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон, аз чумла тартиби хисоб ва супурдани пардохтхои гумрукие истифода мегардад, ки дар холатхои пешниходи ибтидоии декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда истифода бурда шудааст.

 

Моддаи 136. Декларатсияи гумрукии даври

  1. Хангоми интиколи мунтазами хамон як мол аз чониби хамон як шахс макоми гумрук хукук дорад барои пешниходи декларатсияи гумрукии даври ба хама моли аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон дар давраи муайян интиколшаванда ичозат дихад.
  2. Мол метавонад хамчун хамон як мол барраси шавад, агар он мувофики Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи рамзи таснифотии якхела дошта бошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)
  3. Мол хангоме хамчун мунтазам аз чониби хамон як шахс аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон интиколёбанда хисобида мешавад, ки агар хамон як шахс дар давоми 30 рузи таквими расонидани як Номгуи молхоро 3 маротиба ё бештар анчом дихад.
  4. Барои максади гумруки чун мачмуи ягона (партия) хамон як моле барраси карда мешавад, ки аз як нуктаи гузаргох интикол ёфта, барасмиятдарории гумрукии он дар хамон як макоми гумрук, дар давоми 30 рузи таквими, тибки як шартномаи (карордоди) тичорати хоричи, сарфи назар аз теъдоди молрасонии алохида, анчом дода мешавад.
  5. Бочхо ва андозхои гумруки то кабули декларатсияи даврии гумруки ё дар рузи кабули он пардохта мешаванд.
  6. Хангоми барасмиятдарории мол бо истифодаи расмиёти даврии декларатсия санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки дар рузи аз чониби макомоти гумрук кабул кардани декларатсияи даврии гумруки амал мекунанд, истифода бурда мешаванд.
  7. Декларатсияи даври бо рохи пешниходи декларатсияи даврии гумруки то огози давраи расидани мол (воридот ё содирот) амали мешавад. Зимнан декларатсияи гумрукии даври барои мачмуи ягонаи мол пур карда мешавад.
  8. Дар давоми 10 рузи таквимии баъди анчоми давраи молрасони, ки дар чараёни он интиколи мол бо истифодаи расмиёти декларатсияи даври сурат гирифтааст, декларатсияи пурраи гумрукии бор бо назардошти микдори вокеии моли ворид ва содиршуда пешниход карда мешавад.
  9. Агар воридоти мол дар хачме, ки аз хачми дар декларатсияи гумрукии даври зикргардида фарк кунад, декларатсияи пурраи гумрукии бор бо назардошти микдори вокеии бори воридшуда пур карда мешавад. Дар ин сурат декларатсияи даврии гумруки барои даврахои минбаъдаи молрасони бо назардошти ин тагйирот пур карда мешавад.
  10. Тартиби барасмиятдарории гумрукии мол бо истифодаи декларатсияи даврии гумруки аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян карда мешавад.

 

Моддаи 137. Хусусиятхои декларатсияи моли ватани хангоми содир намудани онхо аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Хангоми содир намудани моли ватани аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо хохиши декларант тартиби соддагардонидашудаи декларатсия тибки моддахои 135, 136 ва 138 хамин Кодекс истифода бурда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Тартиби соддагардонидашудаи декларатсия кардани моли ватани дар сурате истифода мешавад, ки агар он ба назорати гумруки мамоният накунад ва декларантро аз риояи талабот ва шартхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, аз чумла дар бобати пурра ва саривакт пардохтани бочхои гумруки ва андоз, риояи мамнуият ва махдудияти мукаррар намудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин риояи низоми гумрукии муайяншуда озод нанамояд.

Дар сурати аз чониби макоми гумрук рад намудани истифодаи тартиби соддагардонидашудаи декларатсияи моли ватани макоми гумрук дар ин бора декларантро тибки кисми 5 моддаи 132 хамин Кодекс, бо зикри шартхое, ки барои татбики ин тартиб заруранд, огох месозад.

  1. Моле, ки тавассути хати кубур ва бо хати барк интикол меёбад, тибки тартиби муайяннамудаи боби 40 хамин Кодекс декларатсия карда мешавад.

 

Моддаи 138. Декларатсияи гумрукии муваккатии даврии моли ватани

  1. Хангоми содироти моли ватани аз худуди Чумхурии Точикистон, ки нисбаташ барои барасмиятдарории гумруки имконияти пешниходи маълумоти аник вучуд надорад, бо тартиби маъмулии тичорати хоричи декларатсикунонии муваккатии даврии мол бо рохи пешниходи декларатсияи муваккати ичозат дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Баъди баровардани моли ватани аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон декларант вазифадор аст декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашударо ба хама моли ватании дар давоми мухлати муайян интиколдодашуда пешниход намояд. Декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда, дар мухлати мукаррарнамудаи макоми гумрук тибки аризаи декларант пешниход карда мешавад. Хангоми мукаррар намудани чунин мухлат, мухлате, ки ба декларант чихати гирифтани маълумоти барои декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда зарури ба инобат гирифта мешавад. Мухлати нихоии пешниходи декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда аз рузи дигари тамом шудани мухлати баровардани моли декларатсияшуда 90 рузро ташкил медихад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Мухлате, ки дар тули он эхтимоли баровардани моли декларатсияшавандаи ватани бо истифодаи декларатсияи гумрукии муваккати сурат мегирад, аз чониби декларант муайян карда мешавад. Ин давра нисбати моли ватание, ки тахти андозбандии содироти карор мегирад ё нисбат ба он мамнуият ва махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон истифода мешавад, наметавонад аз як мохи таквими зиёд бошад, вале декларатсияи гумрукии муваккати дар мухлати на бештар аз 15 руз то огози ин давра аз чониби макоми гумрук кабул карда мешавад.
  4. Дар декларатсияи гумрукии муваккати арзи маълумот бо назардошти нияти содироти микдори эхтимолии моли ватани дар давоми мухлати муайян, арзиши гумрукии шарти (нарх), ки тибки накшаи интиколи микдори моли ватани аз сархади гумруки, инчунин вобаста ба шартхои пешбининамудаи ахди фаъолияти иктисоди хоричи хусусияти истеъмолии моли ватани ва тартиби муайян кардани нархи онхо дар рузи пешниходи декларатсияи гумрукии муваккати муайян мегардад, ичозат дода мешавад.

Баровардани моли ватани аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бештар аз микдори дар декларатсияи гумрукии муваккати арзшуда, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи кисмхои 1 ва 2 моддаи 122 хамин Кодекс, ичозат дода намешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Хангоми истифодаи декларатсияи гумрукии муваккати мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар рузи аз тарафи макоми гумрук кабул намудани ин декларатсия истифода бурда мешаванд. Меъёрхои бочхои воридоти дар рузи кабули декларатсияи гумрукии муваккати аз тарафи макоми гумрук, ба истиснои холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс, кабул карда мешаванд (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).
  2. Бочхои гумрукии содироти якчоя бо пешниходи декларатсияи гумрукии муваккати ба макоми гумрук супорида мешаванд. Агар маблаги пардохтшавандаи бочхои гумрукии содироти дар натичаи дакиксозии маълумоти дар кисми 4 хамин модда зикргардида зиёд шавад, маблаги иловагии бочхои гумрукии содироти якчоя бо декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда пардохта мешавад. Дар чунин холат пина хисоб карда намешавад. Маблаги барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи бочхои гумрукии содироти тибки моддаи 396 хамин Кодекс баргардонида мешавад.

Мушахассоти пардохти бочхои гумрукии содироти хангоми интиколи мол тавассути кубур ё хати барк мутобики моддахои 312 ва 314 хамин Кодекс муайян карда мешавад.

  1. Агар баъди гузашти 4 мох аз рузи кабули декларатсияи муваккатии гумруки моли ватани аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бароварда нашаванд, декларатсияи гумрукие, ки дар он баровардани чунин мол арз шудааст, пешниходнашуда ба хисоб меравад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Макоми гумрук бо дархости асосноки шахси манфиатдор мухлати мазкурро тамдид мекунад, вале он набояд бештар аз 4 мохи дигар бошад.

 

БОБИ 15. БРОКЕРИ ГУМРУК (НАМОЯНДА)

 

Моддаи 139. Брокери гумрук (намоянда)

  1. Брокери гумрук (намоянда) шахси хукукии ватание буда метавонад, ки ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) ба кайд гирифта шудааст (моддаи 140). Корхонаи давлати наметавонад брокери гумрук (намоянда) бошад.
  2. Брокери гумрук (намоянда) мувофики хамин Кодекс аз номи декларант ё шахсони манфиатдори дигар тибки супориши онхо амалиёти гумрукиро анчом медихад.
  3. Брокери гумрук (намоянда) хукук дорад доираи фаъолияти худро бо ичрои амалиёти гумруки нисбати намудхои муайяни мол, мувофики Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи ё нисбати моли аз сархади гумруки бо воситахои навъи муайяни наклиёт интиколшаванда, инчунин ичрои амалиёти алохидаи гумруки ё минтакаи фаъолият дар доираи минтакаи фаъолияти як (якчанд) макоми гумрук (макомоти гумрук) махдуд созад.
  4. Муносибати брокери гумрук (намоянда) бо декларантхо ва шахсони дигари манфиатдор дар асоси шартнома ба рох монда мешавад. Аз чониби брокери гумрук (намоянда) рад намудани бастани шартнома хангоми мавчудияти шартхои кобили кабули бастани он ичозат дода намешавад.

 

Моддаи 140. Шартхои дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон)

Шартхои дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) аз инхо иборатанд:

1) мавчудияти на камтар аз ду мутахассиси барасмиятдарории гумрукии дорои шаходатномаи тахассуси дар штати дархосткунанда (моддаи 146);

2) мавчудияти сармояи ибтидоии оинномавии (чамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномави ё аъзохаккии дархосткунанда;

3) таъмини пардохти бочхои гумруки ва андоз мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

4) мавчудияти шартномаи сугуртаи хавфи масъулияти шахрвандии худ, ки мумкин аст бар асари расонидани зарар ба молу мулки шахсони муаррифишаванда ё вайрон шудани шартномахо бо ин шахсон ба миён ояд. Маблаги сугурта наметавонад аз андозаи 6000 – нишондиханда барои хисобхо камтар бошад.

 

Моддаи 141. Ариза дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон)

  1. Шахс ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) дар асоси ариза, ки чавобгуи талаботи мукаррарнамудаи моддахои 139 ва 140 хамин Кодекс мебошад, дохил карда мешавад.
  2. Ариза дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) бояд инхоро дар бар гирад:

1)               мурочиат ба макоми гумрук бо хохиши дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон);

2)               маълумот дар бораи номгуй, шакли ташкилию хукуки, махали чойгиршави, оид ба суратхисобхои бонкии кушодаи аризадиханда, инчунин маълумот дар бораи номгуй ва махали чойгиршавии вохидхои сохторхои хоси он, ки тавассути он аризадиханда ба сифати брокери гумрук (намоянда) дар рузи додани ариза мехохад фаъолият кунад;

3)               маълумот дар бораи андозаи сармояи оинномавии (чамъшавандаи) супоридашуда ё сахмхои аъзохаккии аризадиханда;

4)               маълумот дар бораи нияти махдуд кардани сохаи фаъолияти худ ба амалиёти гумруки нисбати моли алохида мувофики Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи ё нисбати моле, ки тавассути воситаи наклиёти алохида дар худуди гумруки интикол дода мешаванд, инчунин анчом додани амалиёти алохидаи гумруки ё минтакаи фаъолият дар доираи минтакаи фаъолияти як (якчанд) макоми гумрук (макомоти гумрук) ё ичрои фаъолияти худ бе чунин махдудият;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

5)               маълумот дар бораи мавчуд будани мутахассисони барасмиятдарории гумруки дар штати аризадиханда дар рузи пешниходи ариза;

6)               маълумот дар бораи таъмини супурдани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

7)               маълумот оид ба шартномаи (шартномахои) сугуртаи хавфи масъулияти шахрвандии аризадиханда.

  1. Ба аризаи дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) хуччатхои тасдиккунандаи маълумоти зерин пешниход карда мешаванд:

1) шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки;

2) шаходатномахои тахассусии мутахассисони барасмиятдарории гумрукие, ки кормандони аризадиханда мебошанд;

3) хуччатхои тасдиккунандаи таъмини супурдани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс,

4 тасдикномаи бонкхо дар бораи дар онхо кушода шудани суратхисобхо;

5 шартномаи (полиси) сугурта.

 

Моддаи 142. Шаходатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон)

  1. Шаходатнома дар хусуси дохил намудани ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) инхоро дар бар мегирад:

1) номи брокери (намояндаи) гумрук, зикри шакли ташкилию хукуки ва махали чойгиршави, вохидхои сохтории хоси он, ки вазифахои брокери гумрукро анчом медиханд;

2) маълумот дар бораи хачм ва шакли таъмини супоридани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

3) маълумот дар бораи махдудият гардонидани сохаи фаъолияти брокерони гумрук (намояндагон), агар онхо муаяйн шуда бошанд.

  1. Шаходатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) дар муддати панч сол эътибор дорад.

 

Моддаи 143. Хукукхои брокери гумрук (намоянда)

  1. Хангоми анчом додани амалиёти гумруки брокери гумрук (намоянда) дорои хамон хукукест, ки шахси брокери гумрук (намоянда) – ро чихати намояндагии манфиатхои худ дар муносибат бо макомоти гумрук ваколатдорнамуда доро мебошад.
  2. Брокери гумрук (намоянда) хукук дорад дар назди макомоти гумрук барои ичрои ухдадорихои супурдани пардохтхои гумруки ба сифати супоришдихандаи шахсе, ки уро намояндаги мекунад баромад намояд, агар тибки хамин Кодекс пешниходи таъмини пардохти онхо талаб карда шавад.
  3. Брокери гумрук хукук дорад аз номи шахсе, ки уро намояндаги мекунад, пешниходи хуччатхо ва маълумоти заруриро барои максади гумруки, аз чумла дорои маълумоти сирри тичорати, бонки, дигар маълумоти конунан хифзшаванда, дигар маълумоти махфиро талаб намояд ва чунин хуччати маълумотро дар мухлате, ки риояи талаботи хамин Кодексро таъмин менамояд, дастрас кунад.
  4. Хангоми бастани шартнома бо шахсе, ки уро намояндаги мекунад, брокери гумрук (намоянда) хукук дорад:

1) барои гуруххои алохидаи шахсоне, ки уро намояндаги мекунанд, нисбати нарххои мукарраршуда тахфиф (скидка) ва дигар имтиёзхо пешниход намояд;

2) ба сифати шартхои имзои шартнома бо шахсе, ки уро намояндаги мекунад, талаби таъмини ичрои ухдадорихои ин шахсро тибки конунгузории граждании Чумхурии Точикистон мукаррар намояд.

 

Моддаи 144. Вазифахо ва масъулияти брокери гумрук (намоянда)  

  1. Вазифахои брокери гумрук (намоянда) хангоми барасмиятдарории гумруки тибки талабот ва шартхои нисбати амалхои гумрукии барои чой додани мол тахти низоми гумрукии зарури ё расмиёти дигари гумруки мукаррарнамудаи хамин Кодекс муайян шудааст. Далели анчом додани чунин амалхо ба зиммаи брокери гумрук ухдадории ичрои амалхои марбут ба анчоми амали низоми гумруки, инчунин дигар ухдадорихоеро, ки тибки хамин Кодекс танхо ба зиммаи шахси дар моддаи 15 хамин Кодекс зикршуда, интиколдиханда ё шахси дигар гузошта шудааст, намегузорад.
  2. Брокери гумрук (намоянда) бочхои гумруки ва андозро мепардозад, агар мазмуни низоми гумрукии барои декларатсияи мол муайян гардида пардохти онхоро пешбини карда бошад. Барои супоридани бочхои гумруки ва андоз, ки бояд тибки хамин Кодекс хангоми декларатсияи мол пардохта шавад, брокери гумрук (намоянда) дорои хамон масъулияте мебошад, ки декларант ба зимма дорад.
  3. Маълумоти аз шахсони намояндагишаванда дастрасшуда, ки дорои сирри бонки, тичорати ва дигар сирри конунан хифзшаванда ё дигар маълумоти махфи мебошанд, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунхои Чумхурии Точикистон бояд ифшо карда нашаванд ё аз чониби брокери гумрук (намоянда) ва кормандони он барои максадхои шахси, додан ба шахси дигар истифода бурда нашаванд.
  4. Брокери гумрук (намоянда) вазифадор аст бахисобгирии молхоеро, ки нисбати онхо амалиёти гумруки мегузаронад, анчом дихад ва ба макомоти гумрук дар бораи амалиёти гумрукии гузаронидашуда хисобот пешниход намояд (моддаи 405).
  5. Брокери гумрук (намоянда) вазифадор аст бо талаби макоми гумрук нусхаи электронии декларатсияи гумрукиро пешниход намояд.
  6. Ухдадори ва масъулияти брокери гумрук (намоянда) дар назди макомоти гумрук наметавонад дар асоси шартномаи брокери гумрук (намоянда) бо шахси намояндагишаванда махдуд гардад.

 

Моддаи 145. Бозхондани шаходатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон)           

Шаходатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) дар холатхои зерин аз тарафи макоми гумрук бозхонда мешавад:

1) аз чониби брокерони гумрук (намояндагон) риоя нашудани хатто яке аз талаботи дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намоянда), ки моддаи 140 хамин Кодекс мукаррар кардааст;

2) аз сабаби ичро накардани вазифахо чалби чандинкаратаи брокери гумрук (намоянда) ба чавобгарии маъмури барои хукуквайронкунии маъмури дар сохаи фаъолияти гумруки.

 

Моддаи 146. Мутахассиси барасмиятдарории гумруки

  1. Мутахассиси барасмиятдарории гумруки шахси вокеие мебошад, ки чавобгуи талаботи тахассуси мукаррарнамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки буда, дорои шаходатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумруки мебошад.
  2. Мутахассиси барасмиятдарории гумруки фаъолияти худро ба сифати корманди брокери гумрук (намоянда) анчом медихад.

 

Моддаи 147. Аттестатсияи мувофикат ба талаботи тахассуси (квалификатсиони)           

  1. Аттестатсияи мувофикат ба талаботи тахассуси (минбаъд – аттестатсия) – санчиши тахассусии шахси вокеи мебошад, ки барои гирифтани шаходатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумруки довталаб аст. Аттестатсия дар шакли имтихони тахассуси гузаронида мешавад. Ба шахсоне, ки бомуваффакият имтихони тахассусиро месупоранд, шаходатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумруки дода мешавад. Шаходатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумруки бо мухлати амал махдуд карда намешавад.
  2. Талабот нисбат ба довталабон барои гирифтани шаходатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумруки, тартиби гузаронидани атесстатсия, номгуи хучатхое, ки хамзамон боа риза дар бораи ичозати гузаштан аз аттестатсия супорида мешаванд, барномахои таълими тахассуси ва тартиби супоридани имтихони тахассусиро макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян менамояд. Барои супроидани имтихонхои тахассуси хамаи шахсоне, ки чавобгуи талаботи барои довталабон мукккаргардида мебошад, сарфи назар аз тайёрии тахассусии онхо, барои супоридани имтихонхои тахассуси ичозат дода мешавад. Имтихони тахассусиро макомоти гумруке кабул мекунад, ки аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян гардидаанд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)
  3. Хар як мутахассиси барасмиятдарории гумруки вазифадор аст дар хар ду соли баъди соли гирифтани шаходатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумруки, тибки барномаи такмили дарачаи тахассуси, ки макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки дар хачми 40 соати академи тасдик кардааст, бо таълим фаро гирифта шавад. Таълим оид ба барномахои баланд бардоштани тахассус аз чониби шахсоне анчом дода мешавад, ки барои пешбурди фаъолияти таълими дорои ичозатнома мебошанд.

 

Моддаи 148. Тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаходатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумруки

 

Тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаходатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумруки аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян карда мешавад  (кЧТ аз 15.03.2016 с., №1298).

 

БОБИ 16. ИЧОЗАТИ МОЛ

 

            Моддаи 149. Асосхо барои ичозати мол

  1. Ичозати мол аз чониби макомоти гумрук дар мухлати пешбининамудаи моддаи 152 хамин Кодекс бо риояи шартхои зерин анчом дода мешавад:

1) агар хангоми барасмиятдарории гумруки ва тафтиши мол аз чониби макомоти гумрук вайронкунии конунгузории гумрукии Чумхурии Точикистон ошкор нашуда бошад, ба истиснои холатхое, ки вайронкунихои ошкоршудаи барои огози парвандаи хукуквайронкунии маъмури асоснабуда, бартараф шуда бошанд ва моли тахти вайронкуни карордошта набояд ситонида ё мусодира гардад, наметавонанд минбаъд ба сифати далели шайъи мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон талаб карда шавад;

2) агар ба макоми гумрук њуљљатњои тасдиккунандаи риояи махдудиятхои мукарраркардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ё санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон, пешниход шуда бошанд, ба истиснои холатхое, ки хамин хуччатхо мумкин аст баъди ичозати мол пешниход карда шаванд; (ЌЉТ аз 28.12.12с. №906)

3) агар аз чониби декларант талабот ва шартхои зарури барои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии интихобгардида ё истифодаи расмиёти дахлдор тибки хамин Кодекс риоя гардида бошанд;

4) агар бочхои гумруки ва андози мол пардохта шуда бошанд ё таъмини супоридани пардохти онхо мувофики боби 46 хамин Кодекс пешниход шуда бошанд.

  1. Ичозати моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридгардида ба муомилоти озод бо шарти ворид гардидани маблаги бочхои гумруки ва андоз ба бучет анчом дода мешавад. Хангоми ворид нагардидани маблаги бочхои гумруки ва андозхо ба бучет мол шартан ичозатдодашуда хисобида мешавад. Бо талаби шахсе, ки бочхои гумруки ва андозро пардохтааст, макоми давлатии ваколатдори сохаи молия дар бораи ба бучет ворид шудани маблаг маълумот пешниход менамояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Макоми давлатии ваколатдори  сохаи молия дар бораи ба бучет гузаронидани маблаг ба макоми гумрук бояд фавран маълумот пешниход намояд, аз  чумла тавассути мубодилаи электрони.

  1. Ичозати мол метавонад мувофики моддаи 441 хамин Кодекс боздошта шавад.
  2. Рухсати чойгир намудани моли ватании аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон содиршавандаро тахти низоми гумруки макомоти гумрук вобаста ба ичозати мол медихад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 150. Ичозати мол то пешниходи декларатсияи гумруки

  1. Хангоми ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид намудани моли дар моддаи 67 хамин Кодекс зикршуда, инчунин хангоми истифодаи расмиёти махсуси соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумруки тибки моддаи 68 хамин Кодекс, ичозати мол то лахзаи пешниходи декларатсияи гумруки имконпазир аст, ба шарте агар декларант хуччатхо ё дигар санадхои тичоратиро, ки дорои маълумоти барои хаммонандсозии мол истифодашаванда мебошанд, инчунин хуччатхо ва маълумоти тасдиккунандаи риояи махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро пешниход карда бошад, ба истиснои холатхое, ки чунин хуччатхо ва маълумот баъди кабули карори ичозати мол пешниход гардида, пардохтхои гумруки ё супоридани онхо мувофики тартиби муайяннамудаи боби 46 хамин Кодекс таъмин карда шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ичозати мол то пешниходи декларатсияи гумруки ичозат дода мешавад, агар декларант дар бораи аз чониби вай пешниход кардани декларатсияи гумруки, хуччатхои зарури ва маълумот дар мухлати мукаррарнамудаи макоми гумрук, ки наметавонад аз 45 рузи баъди ичозати мол ё мухлати дигари барои пешниходи хуччатхо ва маълумоти алохида мукаррарнамудаи хамин Кодекс бештар бошад, ухдадории хатти пешниход намояд.
  3. Хангоми ичозати мол то пешниходи декларатсияи гумруки меъёрхои пардохти бочхои гумруки ва андоз, таносуби курби асъори хоричи, махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки дар рузи ичозати моли мазкур амал мекунанд, истифода бурда мешаванд (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).

 

Моддаи 151. Ичозати шарти

  1. Ичозати шартии мол дар холатхои зайл анчом дода мешавад, ки:

1) агар имтиёзхои пардохти бочхои гумруки ва андоз тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дорои махдудиятхо оид ба истифодабари ва ихтиёрдории мол бошанд;

2) агар мол тахти низоми гумрукии анбори гумруки, анбори озод, минтакаи озоди гумруки, савдои бебоч, коркарди мол дар худуди гумруки, коркарди мол барои муомилоти озод, воридоти муваккати, реэкспорт, транзити гумрукии байналмилали, нобудкуни, инчунин тахти низомхои махсус, ки нисбати моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшаванда истифода мегарданд, чойгир шуда бошанд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) агар ичозати мол бе пешниходи хуччатхо ва маълумоти тасдиккунандаи риояи махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон анчом дода шуда бошад;

  1. Моли шартан ичозатдодашуда, ки нисбати он тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барои пардохти бочхои гумруки ва андоз имтиёз фарохам оварда шудааст, метавонад танхо барои максадхое истифода шавад, ки ба шартхои фарохам овардани имтиёз мутобик аст.

Ба шахси сеюм додани моле, ки макомоти гумрук онро бе пешниходи хуччатхои тасдиккунандаи риояи махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ичозат додаанд, аз чумла бо рохи фуруш ё бегона кардан бо дигар усулхо ва дар холатхое, ки махдудият ба воридоти моли номбаршуда бо сабаби санчиши сифат ва бехатарии ин мол мукаррар шудааст, ичозати он барои истифода (кор фармудан, истеъмол) дар хама шаклхо манъ аст.

  1. Моли шартан ичозатдодашуда дорои статуси моли хоричи буда, тахти назорати гумруки карор мегирад.
  2. Моли барои муомилоти озод арзшуда шартан ичозатдодашуда ба хисоб меравад, агар нисбати он батаъхиргузори ё тамдиди мухлати пардохти бочхои гумруки ва андоз фарохам оварда шуда бошад ё агар ба бучет маблаги бочхои гумруки ва андоз ворид нашуда бошад.

 

Моддаи 152. Мухлати ичозати мол

  1. Макомоти гумрук ичозати молро тибки моддаи 149 хамин Кодекс дар давоми 2 рузи кори аз лахзаи кабули декларатсияи гумруки, пешниходи дигар хуччатхо ва маълумоти зарури, инчунин пешниходи мол ба макомоти гумрук анчом медиханд, ба истиснои холати тамдиди мухлати гузаронидани санчиши мол тибки кисми 2 моддаи 400 хамин Кодекс.
  2. Хангоми истифодаи декларатсияи пешаки (моддаи 130) ичозати мол баъди пешниход шуданаш ба макоми гумрук анчом дода мешавад.

 

Моддаи 153. Шартхои иловагии ичозати мол

  1. Хангоми аз чониби макоми гумрук дар рафти тафтиши декларатсияи гумруки, дигар хуччатхои хангоми декларатсияи мол пешниходшуда ва декларатсияшаванда ошкор намудани риоя накардани шартхои ичозати пешбининамудаи моддаи 149 хамин Кодекс ичозати мол дода намешавад.

Макоми гумрук бетаъхир декларантро огох менамояд, ки махз кадом шартхои ичозати мол риоя нашудааст, декларант бояд махз кадом амалеро анчом дихад, ки барои риояи шартхои ичозати мол мутобики мукаррароти хамин модда заруранд.

  1. Агар макоми гумрук ошкор намояд, ки хангоми декларатсияи мол маълумоти носахех пешниход шудаанд, ки ба андозаи пардохти бочхои гумруки ва андоз тибки холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс таъсир мерасонанд, макоми гумрук ба декларант бетаъхир оид ба тасхехи ин маълумот ва аз нав хисоби кардани андозаи пардохти бочхои гумруки ва андоз талабнома мефиристад. Дар талабномаи макоми гумрук бояд зикр гардад, ки махз кадом маълумоти зарури барои ичозати мол бояд тасхех карда шавад.
  2. Дар сурати аз чониби макоми гумрук ошкор намудани нишонахои гувохидихандаи он, ки маълумоти хангоми декларатсияи мол арзшуда, ки ба андозаи пардохти бочхои гумруки ва андоз таъсир мерасонанд, метавонанд носахех бошанд ё маълумоти арзшуда ба таври дахлдор тасдик нашудаанд, макоми гумрук тибки тартиби мукаррарнамудаи хамин Кодекс бо хама гуна усули пешбининамудаи хамин Кодекс санчиши иловаги мегузаронад.

Ичозати мол аз чониби макоми гумрук ба шарти таъмини пардохти бочхои гумруки ва андоз, ки ба таври иловаги оид ба натичаи чунин санчиш хисоб карда мешаванд, амали мегардад. Макоми гумрук ба декларант дар шакли хатти оид ба хачми зарурии таъмини пардохти гумруки маълумот медихад.

  1. Агар макоми гумрук ошкор намояд, ки хангоми декларатсияи мол маълумоти носахех арз шудааст, ки барои нисбати мол истифода бурдани мамнуият ва махдудияти мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон таъсир мерасонанд, дар холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс макоми гумрук ба декларант барои тасхехи чунин маълумот ва пешниходи хуччатхо барои тасдики риояи махдудиятхои дахлдор талабнома пешниход менамояд. Дар талабномаи макоми гумрук бояд зикр гардад, ки махз кадом маълумотро барои муомилоти озод бояд тасхех кард ва махз кадом хуччати тасдиккунандаи риояи махдудияти дахлдор бояд пешниход карда шавад.
  2. Дар сурати аз чониби макоми гумрук ошкор намудани нишонахои гувохидихандаи он, ки маълумоти хангоми декларатсияи мол арзгардида барои истифодаи мамнуият ё махдудияти нисбати мол мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон таъсир мерасонанд, метавонанд носахех бошанд ё маълумоти арзшуда ба таври дахлдор тасдик нашудааст, макоми гумрук тибки тартиби мукаррарнамудаи хамин Кодекс бо хама гуна усули пешбининамудаи хамин Кодекс санчиши иловаги мегузаронад.

Ичозати молро макоми гумрук ба шарти аз чониби декларант пешниход шудани хуччатхои тасдиккунандаи риояи махдудияти дахлдор анчом медихад. Макоми гумрук дар шакли хатти ба декларант хабар медихад, ки барои ин махз кадом хуччатхо бояд пешниход карда шаванд.

  1. Дар холатхои пешбининамудаи кисмхои 2 ва 4 хамин модда ичозати мол дар рузи дигари аз чониби декларант ичро шудани талаботи макоми гумрук ва пардохти маблаги дахлдори бочхои гумруки ва андоз анчом дода мешавад, агар чунин пардохти иловаги талаб карда шавад, ба истиснои холатхое, ки мол ситонида ё тибки конунгузории чиноятию мурофиавии Чумхурии Точикистон ё конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хукуквайронкунии маъмури ба хабс гирифта шуда бошад.

Дар холатхои пешбининамудаи кисмхои 3 ва 5 хамин модда ичозати мол дар рузи дигари пешниходи таъмини пардохти бочхои гумруки ва андоз ё аз лахзаи пешниходи хуччатхои тасдиккунандаи риояи махдудиятхои дахлдор анчом дода мешавад.

Агар дар натичаи тасхехи маълумоти хангоми барасмиятдарории мол арзшуда маблаги бочхои гумруки ва андози барои пардохт муайяншуда нисбати маблаги арзнамудаи декларант барои ичозати мол камтар бошад, ичозат додани ин мол то ичрои талаботи дар кисмхои 2 ва 3 хамин модда зикргардида сурат мегирад.

  1. Амалхои пешбининамудаи хамин модда бояд аз чониби декларант дар доираи мухлатхои нигахдории муваккатии мукаррарнамудаи хамин Кодекс анчом дода шавад.

 

Моддаи 154. Ичозати мол хангоми кушодани парвандаи хукуквайронкунихои маъмури

Хангоми кушодани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ичозати мол метавонад тибки моддаи 153 хамин Кодекс бо карори сардори макоми гумрук, ки шахси мансабдори он парвандаро огоз намудааст, то хатми баррасии парванда анчом дода шавад, агар мол ба сифати далели шайъи ситонида ё мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хукуквайронкунихои маъмури ба хабс гирифта нашуда бошад.

 

ЗЕРФАСЛИ II. НИЗОМИ ГУМРУКИ

 

БОБИ 17. МУКАРРАРОТИ УМУМИИ МАРБУТ БА НИЗОМИ ГУМРУКИ

 

Моддаи 155. Намудхои низоми гумруки

Бо максади татбики конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими гумруки нисбати мол намудхои зерини низоми гумруки мукаррар карда мешаванд:

1)               ичозат барои муомилоти озод;

2)               содирот;

3)               транзити гумрукии байналмилали;

4)               коркард дар худуди гумруки;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

5)               коркард барои муомилоти озод;

6)               коркард берун аз худуди гумруки;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

7)               воридоти муваккати;

8)               анбори гумруки;

9)               реимпорт;

10)             реэкспорт;

11)             нобудкуни;

12)             даст кашидан ба манфиати давлат;

13)             содироти муваккати;

14)             савдои бебоч;

15)             минтакаи озоди гумруки;

16)             анбори озод;

17)             интиколи захирахо;

18)             низомхои гумрукии махсус.

 

Моддаи 156. Интихоб ва тагйир додани низоми гумруки

  1. Воридоти мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ва содироти он аз ин каламрав шахсро вазифадор менамояд, ки молро тахти яке аз низоми гумрукии мукаррарнамудаи хамин зерфасл чойгир кунад ва ин низоми гумрукиро риоя намояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Шахс хукук дорад, ки мувофики хамин Кодекс хар навъи низоми гумрукиро дар доираи мухлати барои хар низом мукарраргардида интихоб намояд ё низоми онро тагйир дихад.

 

Моддаи 157. Чойгир намудани мол тахти низоми гумруки

  1. Чойгир намудани мол тахти низоми гумруки аз чониби макоми гумрук мувофики хамин Кодекс ичозат дода мешавад.
  2. Хангоми аз чониби шахс риоя кардани низоми гумрукии арзшуда ва шартхои ичозати мол (моддаи 149) макоми гумрук вазифадор аст барои тахти низоми гумрукии арзшуда чойгир намудани мол ичозат дихад.
  3. Рузи чойгир намудани мол тахти низоми гумруки рузи ичозати мол аз чониби макоми гумрук хисоб мешавад.

 

Моддаи 158. Риояи мамнуият ва махдудиятхо хангоми тахти низоми гумруки чойгир намудани мол

Мамнуият ва махдудиятхоеро, ки дорои хусусияти иктисоди намебошанд ва мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда шудаанд, шахсон вазифадоранд сарфи назар аз низоми гумрукии арзшуда, риоя намоянд.

 

Моддаи 159. Хуччатхо ва маълумоти тасдиккунандаи риояи низоми гумруки

  1. Барои тахти низоми гумруки чойгир намудани мол ба макомоти гумрук танхо хуччату маълумоте пешниход карда мешаванд, ки риояи шартхои тахти низоми гумруки чойгир намудани молро мувофики хамин зерфасл тасдик менамоянд.
  2. Макоми гумрук хукук дорад танхо хуччату маълумотеро талаб намояд, ки барои тасдики риояи шартхои нигахдории мол тахти низоми гумрукии арзшуда ва риояи ин низоми гумруки мувофики хамин Кодекс заруранд.

 

Моддаи 160. Кафолати риояи низоми гумруки

Хангоми додани ичозат барои чойгир намудани мол тахти низоми гумруки, ки мундаричаи он пурра ё кисман озод намудан аз бочхои гумруки ва андоз ё баргардонидани маблаги пардохтшуда ва (ё) истифода набурдани мамнуият ва махдудияти дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро пешбини менамояд, макоми гумрук хукук дорад пешниходи таъмини супоридани пардохтхои гумруки (боби 46), пешниходи ухдадори оид ба содироти бозпаси моли муваккатан воридгардида ва дигар кафолатхои ичрои ухдадорихои мукаррарнамудаи хамин зерфаслро талаб намояд.

 

Моддаи 161. Ухдадорихои тасдики риояи шартхои нигахдории мол тахти низоми гумруки

Ухдадории тасдики риояи шартхои нигахдории мол тахти низоми гумрукии арзшуда, ки мазмуни он пардохти кисман ё пурраи бочхои гумруки ва андоз ё баргардонидани маблаги пардохтшуда ва (ё) истифода набурдани мамнуият ва махдудияти дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро пешбини менамояд, ба зиммаи декларант гузошта мешавад.

 

Моддаи 1611. Масъулияти барои риоя накардани шарту талаботи низоми гумруки

1.Масъулият барои риоя накарюдани шарту талаботи низоми гумруки ба зиммаи шахсоне, ки хамин Кодекс муайян намудааст, гузашта мешавад.

  1. Шахсон барои риоя накар.дани шарту талаботи низоми гумруки нисбат ба мол ё махсули коркарди он, ки тахти назорати гумруки карор доранд, дар зерин масъулият надоранд:

– нобудшави, осебпазири, вайроншави ё талафи бебозгашти онхо дар натичаи садама ё таъсири кувваи рафънопазир;

– тагйирёбии теъдод ё холати онхо дар натичаи фарсудашавии табии, талафоташон дар шароити муътадили интикол, нигахдори ва истифода (экспулатасия), агар амалиётхои мазкур дар доираи низоми гумрукии интихобшуда амали шаванд;

-аз сохиби шахси ваколатдор бо карор ё дар натиачаи амалхои макомояти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон ё давлатхои хоричи сокит шудани онхо.

  1. Ухдадории тасдик намудани холатхое,ки боиси талафот осебпазирии молхо, тагйирёбии теъдодва холати онхо шудаанд, ба зиммаи шахсоне, ки барои риояи низоми гумруки масъуланд, вогузор мегарда. Холатхое, ки дар худуди давлатхои хоричи рухдодаанд, аз чониби консулгарии дар хорича будаи Чумхурии Точикистон ё макомоти салохиятдори давлате, ки дар худудаш холатхои зикршуда рухдодаанд, тасдик карда мешавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845; КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 162. Окибати ситонидани мол аз руи парвандаи хукуквайронкунихои маъмури дар сохаи фаъолияти гумруки

  1. Дар сурати ситонидани моли тахти низоми гумруки чойгиршуда оид ба парвандаи хукуквайронкунихои маъмури дар сохаи фаъолияти гумруки амали низоми гумруки нисбати ин мол боздошта мешавад.
  2. Агар карори эътибори конуни пайдокарда оид ба хукуквайронкунихои маъмури дар сохаи фаъолияти гумруки мусодираи моли тахти низоми гумруки чойгиршударо пешбини накарда бошад, амали низоми гумруки нисбати ин мол баркарор карда мешавад.

Хангоми баркарор намудани амали низоми гумруки фоизхо, ки  хисоб кардан ва пардохтани онхо тибки хамин зерфасл пешбини гардидаанд, барои давраи боздоштани амали низоми гумруки хисоб карда ва пардохта намешаванд.

  1. Агар ба чавобгарии маъмури кашида шудани шахс ба риоя накардани низоми гумруки вобаста бошад ва риоя накардани он боиси имконнопазирии истифодаи минбаъдаи хамин низоми гумруки гардад, низоми гумруки бояд мутобики зерфасли мазкур дар давоми 15 рузи баъди эътибор пайдо кардани карори дахлдор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури, анчом дода шавад.

 

БОБИ 18. ИЧОЗАТ БАРОИ МУОМИЛОТИ ОЗОД

  

Моддаи 163. Мазмуни низоми гумрукии ичозат барои муомилоти озод

Ичозат барои муомилоти озод низоми гумрукие мебошад, ки мувофики он моли хоричи бе махдудият барои истифода ва истеъмол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид карда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 164. Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии ичозат барои муомилоти озод

  1. Ичозати мол барои муомилоти озод бо шартхои зайл анчом дода мешавад:

1) пардохти бочхои гумруки ва андоз;

2) риояи махдудиятхое, ки хусусияти иктисоди надоранд ва мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар гардидаанд;

3) ичрои талаботи дигари пешбининамудаи хамин Кодекс ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

4) анчоми барасмиятдарории гумруки.

  1. Дар сурати риоя накардани шартхои зикргардида мол мувофики моддаи 151 хамин Кодекс шартан ичозат дода мешавад.

 

БОБИ 19. СОДИРОТ

 

Моддаи 165. Мазмуни низоми гумрукии содирот

Содирот низоми гумрукие мебошад, ки мувофики он моли ватани аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бе махдудият барои истифода ва истеъмол берун аз ин худуд содир карда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  

Моддаи 166. Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии содирот

  1. Содироти мол ба шарти пардохти бочи гумрукии содироти бо тартиби пешбининамудаи хамин Кодекс ва риояи махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
  2. Хангоми содироти мол озод кардан аз пардохт, баргардонидан ё чуброни андозхои дохили мутобики конунгузории андози Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

 

БОБИ 20. ТРАНЗИТИ ГУМРУКИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

 

Моддаи 167. Мазмуни низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилали

Транзити гумрукии байналмилали низоми гумрукие мебошад, ки мувофики он моли хоричи дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон тахти назорати гумруки байни чойи расидани онхо ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ва чойи баровардани онхо аз ин худуд (агар ин як кисми рохе бошад, ки берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон огоз мегардад ва хотима меёбад) бидуни пардохти бочхои гумруки ва андоз, инчунин бидуни истифодаи мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон интикол дода мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 168. Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилали

  1. Тахти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилали хама гуна моли хоричиро чойгир намудан мумкин аст, ба истиснои моле, ки транзиташ мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон манъ карда шудааст.
  2. Мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон метавонанд шартхои иловагии тахти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилали чойгир намудани мол мукаррар карда шаванд.

 

Моддаи 169. Нисбати коидахои транзити гумрукии байналмилали истифода бурдани коидахои пешбининамудаи хамин Кодекс оид ба транзити дохилии гумруки

  1. Хангоми транзити гумрукии байналмилали тартиби додани ичозат аз чониби макоми гумрук барои транзити гумрукии байналмилали ва муайян намудани мухлати транзити гумрукии байналмилали, хаммонандсозии мол ва чорахои таъмини конунгузории гумрукии Чумхурии Точикистон тибки коидахои мукаррарнамудаи моддахои 80 – 86 хамин Кодекс нисбати транзити дохилии гумруки ва нисбати транзити гумрукии байналмилали татбикшаванда анчом дода мешавад.
  2. Нисбати хукук, ухдадори ва масъулияти интиколдиханда ё экспедитор хангоми транзити гумрукии байналмилали мукаррароти пешбининамудаи кисмхои 1 ва 2 моддаи 88, инчунин моддахои 90 ва 91 хамин Кодекс татбик карда мешавад.

 

Моддаи 170. Азнавборкунии моли транзити ва дигар амалиёт нисбати моли транзити

  1. Аз нав бор кардани моли транзити аз наклиёте, ки тавассути он мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид гардидааст, ба наклиёте, ки мол аз ин худуд бароварда мешавад, танхо бо ичозати макоми гумруке анчом дода мешавад, ки дар минтакаи фаъолияти он чунин амалиёти моли сурат мегирад. Агар моли транзити ба наклиёти дигар бе кандани тамга ва мухрхои гузошташудаи гумруки бор карда шаванд, чунин азнавборкуни бо огохонидани пешакии макоми гумрук ичозат дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ба анбор чойгир кардани (нигахдори, ба кисмхо чудо намудан, чамъ намудани партияхои зиёди мол ва дигар чунин амалиёт) моли транзити дар минтакаи гумрукии Чумхурии Точикистон бо риояи талабот ва шартхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс ичозат дода мешавад.
  3. Нисбати моли транзити ичрои амалиёте, ки дар кисмхои 1 ва 2 хамин модда пешбини нашудаанд, танхо хангоме ичозат дода мешавад, ки агар он вобаста ба хатари вокеии нобудшави, гумшави, тамоман талафшави ё бенихоят вайроншавии мол ва (ё) воситахои наклиёт анчом дода шавад.

 

Моддаи 171. Анчоми низоми гумруки

  1. Транзити гумрукии байналмилали бо баровардани моли транзити аз минтакаи гумрукии Чумхурии Точикистон анчом меёбад.

Интиколдиханда вазифадор аст, ки моли транзити, декларатсияи транзити ва дигар хуччатхои моли транзитии бо максади транзити гумрукии байналмилалии мол истифодашавандаро ба макоми гумруки таъинот пешниход намояд (кисми 1 моддаи 92). Макоми гумруки таъинот вазифадор аст барои ба анчом расонидани транзити гумрукии байналмилали амалиёти зарурии гумрукиро ичро намуда, дар рузи пешниходи моли транзити ва хуччатхои транзити барои баровардани мол ва воситахои наклиёт (моддаи 120) ичозат дихад.

Хангоми баровардани моли транзити бо партияхои алохида транзити гумрукии байналмилали баъди баровардани партияи охирини мол аз минтакаи гумрукии Чумхурии Точикистон анчомёфта ба хисоб меравад.

  1. Транзити гумрукии байналмилали дар сурати риояи талабот ва шартхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс метавонад инчунин хангоми тахти низоми дигари гумруки чойгир намудани мол ба анчом расад.

 

Моддаи 172.  Хусусиятхои истифодаи низоми гумруки

  1. Агар махали расидани моли транзити ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо махали бароварданаш аз ин худуди гумруки мутобик ояд, транзити гумрукии байналмилали бо тартиби соддагардонидашуда ичозат дода мешавад. Интиколдиханда ё экспедитор танхо он хуччату маълумотеро пешниход мекунад, ки хангоми расидани мол ва воситахои наклиёт зарур аст (моддаи 72) ва ичозат барои транзит бошад – дар рузи пешниходи мол ва хуччату маълумот ба макоми гумрук дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар моли транзити дар махали дар кисми 1 хамин модда зикршуда аз воситаи наклиёте, ки хангоми ворид намудан истифода шудааст, ба наклиёте бор карда шавад, ки хангоми баровардани мол истифода мешавад, азнавборкуни танхо бо ичозати макоми гумрук ичозат дода мешавад. Чунин ичозат ба интиколдиханда ё экспедитор хангоми пешниход намудани хуччату маълумоти пешбининамудаи моддаи 72 хамин Кодекс дода мешавад.

Макоми гумрук танхо дар холатхое, ки агар амалиёти моли нисбати моли транзити боиси аз байн рафтан ё тагйирёбии хусусияти истеъмолии он мегардад, метавонад ба ичрои амалиёти моли ичозат надихад.

 

БОБИ 21. КОРКАРД ДАР ХУДУДИ ГУМРУКИ

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Моддаи 173. Мазмуни низоми гумрукии коркард дар худуди гумруки

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Коркард дар худуди гумруки низоми гумрукие мебошад, ки хангоми он моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон овардашуда барои максади ичрои амалиёти коркард дар мухлати муайяншуда (мухлати коркарди мол), бо озодкунии шартии пурра аз пардохти бочхои гумруки ва андоз ва минбаъд содир намудани махсули коркардашуда берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дар мухлати муайян истифода мегардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Нисбати моли воридоти, ки тахти низоми гумрукии коркард дар худуди гумруки чойгир карда шудааст, хамаи мамнуият ва махдудиятхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода бурда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 174. Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии коркард дар худуди гумруки

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Коркард дар худуди гумруки дар сурати мавчуд будани ичозати макоми гумрук анчом дода мешавад (моддаи 179). (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Коркарди мол дар худуди гумруки ичозат дода мешавад, агар макомоти гумрук моли барои коркард воридшударо ба махсули коркард хаммонанд карда тавонанд (моддаи 175), ба истиснои холатхое, ки агар низоми гумруки бо содироти махсули коркард, ки дар натичаи коркарди мол хосил шудааст ва мувофики моддаи 186 хамин Кодекс эквиваленти моли воридшуда мебошад, анчом ёбад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Тахти низоми гумрукии коркард дар худуди гумруки, бо риояи талабот ва шартхои пешбининамудаи хамин Кодекс, метавонад моли хоричие чойгир карда шавад, ки пештар тахти низомхои дигари гумруки карор дошт. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Хукумати Чумхурии Точикистон холатхоеро муайян менамояд, ки нисбати намудхои муайяни моли воридшуда коркард дар худуди гумруки ичозат дода намешавад, инчунин чихати ичозат додани мол барои ичрои амалиёти коркард тибки низоми гумрукии коркард дар худуди гумруки, бо назардошти хифзи манфиатхои истехсолкунандагони ватани махдудиятхои микдори ё арзиширо мукаррар намояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 175. Хаммонандсозии махсули моли коркардшуда

  1. Барои хаммонандсозии махсули моли воридотии коркардшуда метавонанд усулхои зайле истифода шаванд, ки агар ин усулхо вобаста ба хусусияти мол ва амалиёт оид ба коркарди мол кобили истифода бошанд:

1) аз чониби аризадиханда, коркардкунанда ё шахси мансабдори макоми гумрук гузоштани мухр, штамп, маркировкаи раками ва гайра ба моли воридшуда;

2) тавсифи пурраи моли воридшуда, суратгири ва тасвири он дар масштаб;

3) мукоисаи натичаи тахкики чошни ва намунахои моли воридшуда ва махсули коркарди он;

4) истифодаи ракамхои силсилави  (серияви) ё дигар маркировкаи истехсолкунандаи моли воридшуда.

  1. Кобили истифода будани усули хаммонандсозии моли барои коркард ба худуди гумруки воридшударо бо махсули коркард макоми гумрук вобаста ба хусусияти мол ва амалиёти коркарди он мукаррар менамояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Бо дархости аризадиханда ва розигии макоми гумрук барои максадхои гумруки хаммонандсозии зикршуда метавонад бо рохи пешниходи маълумоти дакик оид ба ашё, мавод, кисмхои такмилие, ки дар истехсолот ба кор бурда мешаванд, инчунин технологияи истехсоли махсули коркард ё бо рохи назорати гумруки хангоми амалиёти коркарди мол таъмин карда шавад.

 

Моддаи 176. Амалиёт доир ба коркарди мол

Амалиёт доир ба коркарди мол тахти низоми гумрукии коркард дар худуди гумруки амалхои зайлро дар бар мегирад:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) коркард ё такмили худи мол;

2) истехсоли моли нав, аз чумла насб, васл ё ба кисмхо чудо кардани мол;

3) таъмири мол, аз чумла баркарорсози, ивази кисмхои асоси ва баркарор кардани хусусиятхои истеъмоли;

4) коркарди моле, ки барои истехсоли махсули моли коркардашуда мусоидат менамояд ё онро осон мекунад, хатто агар ин мол кисман ё пурра дар чараёни коркард мавриди истеъмол карор гирад.

 

Моддаи 177. Мухлати коркарди мол

  1. Мухлати коркарди мол аз чониби аризадиханда бо розигии макоми гумрук мукаррар карда мешавад ва наметавонад аз ду сол зиёд бошад.
  2. Мукаррар намудани мухлати коркарди мол дар худуди гумруки бо назардошти давомнокии чараёни коркарди мол ва мухлате, ки барои ихтиёрдории махсули коркарди он зарур аст, муайян карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Агар шахси барои коркард ичозатгирифта дар мухлати муайян, бе вайрон кардани талабот ва шартхои дар хамин боб зикргардида, бо сабабхои ба у новобаста низоми гумрукиро ба охир расонида натавонад, бо пешниходи асосноки шахси барои коркард ичозатгирифта мухлати аввалаи коркард дар доираи мухлати мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда тамдид карда мешавад.
  4. Чараёни вакти коркарди мол аз рузи чойгир намудани он тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки ва дар сурати бо партияи алохида ворид намудани мол аз рузи воридоти партияи аввали он огоз мегардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 178. Меъёри баромади махсули коркард

  1. Меъёри баромади махсули коркард (микдор ё таркиби фоизии махсули коркард, ки дар натичаи коркарди микдори муайяни моли овардашуда хосил шудааст) аз чониби аризадиханда бо розигии макоми гумрук бо назардошти шароити вокеие, ки мол мавриди коркард карор мегирад ба истиснои холатхои дар кисми 3 хамин модда пешбиншуда муайян карда мешавад.
  2. Хангоми мувофикаи микдори баромади махсули коркардшуда макоми гумрук хулосаи ташкилотхои экспертиро (аз чумла лабораторияхои гумрукиро), ки ба чараёни мушаххаси технологи асос ёфтааст, ба инобат мегирад.
  3. Агар амалиёт оид ба коркарди моли дорои хусусияти доими маъмулан мувофики шартхои муайяни техники ичро шуда, боиси истехсоли махсули коркарди сифатан бетагйир гардад, макомоти давлатии аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ваколатдоршуда барои максади гумруки меъёри стандартии баромади махсули коркардро мукаррар мекунад.
  4. Тавсиф, сифат ва микдори махсули коркард баъди мувофикаи баромади нихоии махсули коркардшуда пурра муайян карда мешавад.

 

Моддаи 179.          Рухсатнома барои коркарди мол дар худуди гумруки

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Барои коркарди мол дар худуди гумруки хар як шахси манфиатдори ватани, аз чумла шахсе, ки мустакиман амалиёти коркарди махсулотро анчом намедихад, метавонад рухсатнома гирад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Рухсатномаи коркарди мол аз чониби макоми гумрук дар асоси аризаи шахси манфиатдор дода мешавад.
  3. Дар рухсатномаи коркарди мол инхо зикр карда мешаванд:

1) тавсиф, сифат ва микдори махсулоте, ки барои коркард таъин гардидааст ва махсули коркардшудаи он;

2) амалиёти вобаста ба коркарди мол ва тарзи ичрои он;

3) меъёри баромади махсули коркард;

4) усулхои хаммонандсозии моли воридшуда бо махсули коркард;

5) мухлати коркарди мол;

6) дигар маълумоте, ки аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян карда мешавад ва барои максадхои гумруки зарур аст.

Намунаи рухсатномаро барои коркарди мол макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян менамояд.

  1. Рухсатнома барои коркарди мол дар мухлати муайяншудаи коркарди мол амал мекунад.
  2. Шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, дар мухлати амали он хукук дорад онро бо ичозати хаттии макоми гумрук (моддаи 61) ба шахси дигари ватани супорад, ба шарте ки ин шахс ухдадор шавад, ки минбаъд низ талабот ва шартхои дар моддахои 173 – 180 хамин Кодекс мукарраршударо риоя менамояд. Хамзамон шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, бояд ба макоми гумрук оид ба ичрои талабот ва шартхои мукаррарнамудаи хамин модда барои даврае, ки мол мутобики низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки истифода шудааст, хисобот дихад, инчунин агар мутобики хамин Кодекс дар ин давра холатхое ба миён оянд, ки пардохти бочхои гумруки ва андозро такозо мекунанд, бочхои гумруки ва андозро пардозад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Шахсе, ки ба у барои коркарди мол рухсатнома дода шудааст, бояд ухдадор шавад, ки талабот ва шартхои мувофики хамин боб мукарраргардидаро риоя менамояд, инчунин агар риояи низоми гумруки бо кафолат таъмин бошад (моддаи 160), хуччатхои заруриро ба номи худ ба расмият дарорад. Шахси мазкур аз рузи аз чониби макоми гумрук кабул намудани карор дар бораи додани рухсатнома барои коркарди мол дорои хукук ва ухдадорихое мебошад, ки хамин Кодекс нисбати шахси барои коркарди мол рухсатнома гирифта мукаррар намудааст.

  1. Бо шарти аз чониби аризадиханда риоя гардидани талабот ва шартхои мукаррарнамудаи хамин боб рухсатнома барои коркарди мол метавонад то овардани мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ва баъди он дода шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, мутобики кисми 2 моддаи 350 хамин Кодекс барои пардохти бочхои гумруки ва андоз масъул мебошад.

 

Моддаи 180.          Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол

  1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба макоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот пешниход мешавад:

1) дар бораи аризадиханда;

2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустакиман амалиёти коркарди молро ичро менамояд;

3) дар бораи моле, ки барои коркард таъин гардидааст, махсули коркард, инчунин партову пасмондахо;

4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, тарз ва мухлати ичрои он;

5) дар бораи чойгиршавии иктидорхои истехсолие, ки тавассути онхо амалиёти коркарди мол ичро карда мешавад;

6) дар бораи меъёри махсули коркард;

7) дар бораи усулхои хаммонандсозии моли воридшуда бо махсули коркард;

8) дар бораи ивази моли воридшуда бо моли эквиваленти;

9) дар бораи мухлати коркарди мол.

  1. Намунаи ариза ва тарзи пешниходи дорои маълумоте, ки дар он мебошад, аз чониби макоми ваколатдор оид ба фаъолияти гумруки мукаррар карда мешавад.

Ба ариза хуччатхои тасдиккунандаи маълумоти арзшуда замима мегардад.

  1. Макоми гумрук ариза ва хуччатхои замимагардидаро дар давоми 30 рузи гирифтани он барраси менамояд. Дар ин муддат макоми гумрук риояи талабот ва шартхои мукарраргардидаро тафтиш намуда, оид ба мувофикаи меъёри арзшудаи махсули коркард ва мухлати коркарди мол карор кабул мекунад.

Макоми гумрук хукук дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз макомоти давлати хуччатхои тасдиккунандаи маълумоти дар кисми 1 хамин модда зикргардидаро дархост намояд. Шахсони зикргардида дар давоми 10 рузи гирифтани дархост вазифадоранд хуччатхои талабшударо пешниход намоянд. Хамзамон макоми гумрук хукук дорад мухлати баррасии аризаро то ду мох аз рузи кабул тамдид намояд.

Рухсатнома барои коркарди мол ва хуччатхои ба он замимашуда аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ба кайд гирифта мешавад. Хангоми риоя накардани талабот ва шартхои мукарраршуда макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки хукук дорад рухсатномаи коркарди молро надихад.

  1. Ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумруки оид ба чойгиронии мол тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки истифода бурда мешавад, ба шарте ки хангоми воридоти мол ва содироти минбаъдаи махсули коркардшуда он хамзамон ба хамон як макоми гумрук пешниход гардида, ба расмият дароварда шавад, агар: (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) максади тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки карор додани он аз таъмир, аз чумла таъмири ройгон иборат бошад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) арзиши гумрукии моле, ки тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки карор дорад, набояд аз хачми 600 – нишондиханда барои хисобхо зиёд бошад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) пасмондаи моли каблан овардашуда мутобики кисми 1 моддаи 184 хамин Кодекс тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки чой дода шавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Агар ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумруки истифода шавад, мухлати баррасии он набояд аз мухлати тафтиши декларатсияи гумруки, ки кисми 1 моддаи 400 хамин Кодекс мукаррар кардааст, зиёд бошад.
  2. Макоми гумрук танхо дар холате, ки агар аризадиханда хангоми пешниходи он талабот ва шартхои мукаррарнамудаи моддахои 173 – 180 хамин Кодексро ичро накунад, инчунин хангоми аз чониби макоми гумрук кабул намудани карори мувофика накардани меъёри арзшудаи махсули коркард ва мухлати коркарди мол додани рухсатномаро рад менамояд.

Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз чониби макоми гумрук бояд асоснок карда шуда, сабаби он зикр гардад. Оиди надодани рухсатнома аризадиханда хатти огох карда мешавад.

 

Моддаи 181.          Бозхондани рухсатнома барои коркарди мол

  1. Рухсатномаи барои коркарди мол додашуда аз чониби макоми гумрук бозхонда мешавад, агар чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки дар асоси кисми 4 моддаи 174 хамин Кодекс мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ичозат дода нашавад.
  2. Карор дар бораи бозхондани рухсатнома аз рузи эътибори конуни пайдо кардани санади дахлдори Хукумати Чумхурии Точикистон амал мекунад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Хангоми бозхондани рухсатномаи барои коркарди мол тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки додашуда тибки рухсатномаи бозхондашуда коркарди мол рухсат дода намешавад ва нисбати моле, ки то бозхондани рухсатнома тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки карор дорад, мувофики хамин боб ба охир расонидани низоми гумрукии мазкур ичозат дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Намунаи бозхондани рухсатнома барои коркарди мол аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 182.          Озод намудани махсули коркард аз бочи гумрукии содироти ва чори намудани мамнуият ва махдудиятхо нисбати махсули коркард

  1. Хангоми содироти махсули коркард аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бочхои гумрукии содироти пардохта намешаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Нисбати содироти махсули коркард хамаи мамнуият ва махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон татбик мегарданд.

 

Моддаи 183.          Партовхои коркарди мол

  1. Нисбати партовхое, ки дар натичаи коркарди мол дар худуди гумруки ба вучуд меоянд, бочхои гумруки ва андоз пардохта мешаванд, чуноне, ки агар ин партовхо дар хамон холат ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид карда шудаанд, ба истиснои холатхое, ки ин партовхо аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бароварда шудаанд ё дар шакле коркард шудаанд, ки барои истифодаи тичоратии минбаъда дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон корношоям мебошанд ва наметавонанд бо усули аз нигохи иктисоди судманд ба холати аввалаашон баргардонида шаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Партовхое, ки аз онхо бочхои гумруки ва андоз ситонида мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.

  1. Бо максади ситонидани бочхои гумруки ва андоз партовхо чун моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридгардида хисоб карда мешаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Арзиши гумрукии партовхо мутобики конунгузории андози Чумхурии Точикистон, бо назардошти мушаххасоти мукарраркардаи кисми 3 хамин модда муайян карда мешавад.

  1. Хангоми муайян карда натавонистани арзиши гумрукии партовхо бо усули нархи ахдномавии моли овардашуда, усули арзиши ахдномави ба моли шабех ё усули арзиши моли хамчинс мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, арзиши гумрукии партовхо бо яке аз арзишхои зерин муайян карда мешавад:

1) нархи фуруши партовхо хангоми фуруши ибтидоии онхо дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ба харидоре, ки бо ягон аъзои муомилот оид ба коркарди мол алокаманд нест;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) нархи фуруши моли шабех ё хамчинси партовхо, агар ин мол дар натичаи коркарди шабех, бо истифодаи низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки истехсол шуда бошад ва агар нархи фуруш хангоми фуруши ибтидоии он дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ба харидоре, ки бо ягон аъзои муомилот оид ба коркарди мол алокаманд нест;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) нархи ахдномавии моле, ки ба нархи партовхо шабех ё хамчинс мебошад, агар ин мол хамчун моли содироти ба Чумхурии Точикистон фурухта шуда бошад ва ба Чумхурии Точикистон дар хамон вакт ё такрибан дар хамон вакте, ки декларатсияи партовхо сурат гирифтааст, ворид карда шуда бошад;

4) нархи фуруши моли ба партовхо шабех ё хамчинси дар бозори дохилии Чумхурии Точикистон байни фурушандаю харидори ба хамдигар вобастаги надошта, бо тархи андозхое, ки хангоми фуруши мол дар Чумхурии Точикистон пардохта мешавад.

 

Моддаи 184.          Пасмондахои коркарди мол

  1. Пасмондаи моли тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки чойгир шударо аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бе пардохти бочхои гумрукии содироти баровардан ё тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон карор додан мумкин аст. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Аз пасмондаи бароварданашуда маблаги бочу андозхои воридотии гумруки ситонида мешавад, чуноне, ки агар ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дар хамин шакл ворид шуда бошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Пасмондахое, ки барои онхо бочхои гумруки ва андоз пардохта мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.

Маблаги бочхои гумруки ва андоз бо назардошти хачми микдор ё арзиши пасмондахо мутаносибан ба маблаги бочхои гумруки ва андоз муайян карда мешавад, чуноне, ки агар моли дар натичаи коркарди он чунин пасмондахо хосилшуда дар рузи тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки ба муомилоти озод бароварда шуда бошад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 185.          Анчом ва боздошти низоми гумруки

  1. Дар мухлати на дертар аз рузи анчоми мухлати коркард (моддаи 177) низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки бояд бо содироти махсули коркард аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон анчом ёбад ё моли воридшуда ва махсули коркарди он тахти низоми дигари гумруки чойгир карда шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар махсули коркард аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо якчанд партия бароварда шавад, мукоисаи нихоии микдори махсули коркарди дар рухсатномаи коркарди мол (моддаи 179) зикршуда метавонад давра ба давра, баъди баровардани махсули коркард, акаллан дар се мох як маротиба ва дар давоми 30 рузи баровардани партияи охирини махсули коркард гузаронида шавад. Агар дар натичаи чунин мукоиса шахсе, ки рухсатномаи коркардро дар худуди гумруки гирифтааст, бочхои гумруки ва андоз супорад, аз чунин маблаги пардохтхои гумруки фоиз ситонида намешавад, ба шарте агар пардохт дар давоми 10 рузи ба таври хатти кабул шудани карори макоми гумрук оид ба зарурияти пардохти зикршуда анчом дода шавад. Макоми гумрук дар рузи дигари кабули карор ба шахсе, ки рухсатномаи коркарди молро гирифтааст, оид ба зарурияти пардохти бочхои гумруки ва андоз огохинома мефиристад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки метавонад бо ичозат додани моли барои коркард овардашуда ва (ё) махсули коркарди онхо барои муомилоти озод ё чойгир намудани онхо тахти дигар низоми гумруки, бо риояи шарту талаботи мукарраркардаи хамин Кодекс анчом ёбад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Бо ичозат додани моли барои коркард овардашуда ва (ё) махсули коркарди онхо барои муомилоти озод маблагхои бочхои гумруки ва андоз тарзе пардохта мешаванд, ки агар моли овардашуда дар рузи чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки карор гирифта бошад, инчунин фоизхо аз маблаги зикршуда дар хачми мукарраркардаи Кодекси андози Чумхурии Точикистон тарзе пардохта мешаванд, ки агар нисбати ин маблагхо аз рузи чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки мухлат дароз карда шудааст. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  5. Бо талаби шахси манфиатдор амали низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки мумкин аст дар чунин холатхо боздошта шавад: (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) хангоми чойгир намудани махсули коркард дар анбори гумруки мутобики кисми 3 моддаи 217 хамин Кодекс;

2) хангоми чойгир намудани махсули коркард тахти дигар низомхои гумрукие, ки ичозат барои муомилоти озодро пешбини наменамоянд.

  1. Боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки боиси боздоштани мухлати коркарди мол мегардад (моддаи 177). Фоиз ва бочу андозхое, ки мутобики хамин модда дар назар дошта шудааст, дар давраи боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки хисоби ва пардохт карда намешаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Дар давраи боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки ичрои амалиёт оид ба коркарди мол (моддаи 176) ичозат дода намешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки метавонад хангоми бе тагйир баровардани моли овардашуда низ хотима ёбад (бо усули реэкспорт). (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 186.          Чуброни баробарарзиш (эквиваленти)

  1. Бо ичозати макоми гумрук моли овардашудае, ки тахти низоми гумрукии коркарди мол дар худуди гумруки чойгир шудааст, метавонад бо дигар мол, аз чумла бо моли ватани иваз карда шавад, агар он тибки намуд, сифат ва хусусияти техники ба моли овардашуда монанд бошад (чуброни баробарарзиш). (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Махсулоте, ки дар натичаи коркарди моли баробарарзиш хосил шудааст, мутобики мукаррароти хамин боб, хамчун махсули коркарди моли овардашуда барраси мегардад.
  3. Моли баробарарзиш бо максадхои гумруки дорои статуси моли овардашуда буда, моли овардашуда бошад – статуси моли баробарарзишро дорад.
  4. Агар чуброни баробарарзиш ичозат дода шавад, содироти моли коркардшуда бо шарти будани рухсатномаи коркард то овардани мол барои коркард ба худуди гумруки ичозат дода мешавад. Барои воридоти чунин мол макомоти гумрук мухлат мукаррар менамоянд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

БОБИ 22. КОРКАРД БАРОИ МУОМИЛОТИ ОЗОД

 

Моддаи 187.          Мазмуни низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод

  1. Коркард барои муомилоти озод низоми гумрукие мебошад, ки мувофики он моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон овардашуда бо максади ичрои амалиёти коркард дар мухлати муайяншуда (мухлати коркарди мол), бо пурра шартан озод кардан аз бочи гумруки ва баровардани махсули коркардшуда барои муомилоти озод бо пардохти бочхои гумруки тибки меъёрхое, ки нисбати махсули коркард кабул карда шудааст, истифода бурда мешавад. (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347; (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Нисбати моле, ки тахти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод чойгир шудааст, хамаи мамнуият ва махдудиятхои мукарраркардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 188.          Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод

  1. Мол тахти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод бо шартхои зерин ичозат дода мешавад:

1) агар рухсатномаи макоми гумрук мавчуд бошад (моддаи 192);

2) пешниходи хулосаи макоми давлатии ваколатдор оид ба меъёри махсули коркард тибки намунаи мукаррарнамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки бо мувофикаи макоми давлатии ваколатдор;

3) хаммонандсозии махсули коркард бо моли хоричи аз чониби макомоти гумрук (моддаи 189);

4) таъмини ичрои талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон, аз чумла таъмини имконнопазирии гирифтани молу махсули коркард бидуни назорати гумруки, фарохам овардани шароит барои назорати гумруки, таъмини дастрасии макомоти гумрук ба мол, хисоби мол ва ичрои амалиёт бо онхо, инчунин додани хисобот;

5) имконнопазирии баркарор намудани махсули коркард ба холати ибтидои бо усули аз нигохи иктисоди судманд;

6) маблаги бочхои гумрукии барои махсули коркард пардохтшаванда аз маблаге, ки дар рузи чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод бояд пардохта шавад, камтар аст, чуноне агар онхо барои муомилоти озод ичозат дода мешуданд;

7) воридоти мол барои коркард аз чониби шахсе, ки мустакиман ба коркарди мол машгул мебошад.

  1. Низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод аз чониби шахсе арз карда мешавад, ки мутобики хамин Кодекс ба сифати декларант баромад карда метавонад.
  2. Моли хоричие, ки пештар тахти низомхои дигари гумруки карор дошт, бо риояи талабот ва шартхои пешбининамудаи хамин Кодекс метавонад тахти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод чойгир карда шавад.
  3. Руйихати молеро, ки тахти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод чойгир намудан мумкин нест, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 189. Хаммонандсозии мол дар махсули коркарди он

Хангоми хаммонандсозии мол ба махсули коркарди он усулхои пешбининамудаи моддаи 175 хамин Кодекс истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 190.          Амалиёт доир ба коркарди мол

Амалиёт доир ба коркарди мол тахти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод амали зайлро дар бар мегирад:

1) коркард ва такмили худи мол;

2) истехсоли моли нав, аз чумла васл, насб ё ба кисмхо чудо кардани мол.

 

Моддаи 191.          Мухлати коркарди мол

  1. Мухлати коркарди мол бо розигии макоми гумрук аз чониби аризадиханда мукаррар карда мешавад ва наметавонад аз як сол зиёд бошад.
  2. Мухлати коркарди мол барои муомилоти озод бо назардошти давомнокии чараёни коркарди он мукаррар карда мешавад.
  3. Агар шахси барои коркард ичозатгирифта бе вайрон кардани талабот ва шартхои дар хамин боб зикргардида натавонад дар мухлати муайян бо сабабхои ба у новобаста низоми гумрукиро ба охир расонад, тибки аризаи асосноки шахси барои коркард ичозатгирифта мухлати ибтидоии коркард дар доираи мухлатхои мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда дароз карда мешавад.
  4. Мухлати коркарди мол аз рузи чойгир намудани он тахти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод ва хангоми кисман ворид намудани мол аз рузи воридоти партияи аввали он огоз мегардад.

  

Моддаи 192.          Рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод

  1. Рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод аз чониби макоми гумрук дар асоси аризаи декларант дода мешавад (кисми 1 моддаи 193).
  2. Дар рухсатнома инхо зикр карда мешаванд:

1) тавсиф, сифат ва микдори моли барои коркард воридшуда ва махсули коркарди он;

2) амалиёт нисбати коркарди мол ва усули ичрои он;

3) меъёри махсули коркард;

4) усулхои хаммонандсозии махсули моли воридотии коркардшуда;

5) мухлати коркарди мол;

6) дигар маълумоте, ки аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян карда мешавад ва барои максади гумруки зарур аст.

Намунаи рухсатнома барои коркарди мол аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мукаррар карда мешавад.

  1. Рухсатнома барои коркарди мол дар мухлати муайяншудаи коркарди мол амал мекунад.
  2. Рухсатнома барои коркарди мол то чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод дода мешавад.
  3. Рухсатномаи гирифтаро ба шахси дигар додан мумкин нест.
  4. Мутобики кисми 2 моддаи 350 хамин Кодекс шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, барои пардохти бочхои гумруки ва андоз масъул мебошад.

 

Моддаи 193.          Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол

  1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба макоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот дода мешавад:

1) дар бораи аризадиханда;

2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустакиман амалиёти коркарди молро ичро менамояд;

3) дар бораи моле, ки барои коркард таъин гардидааст, махсули коркард, инчунин партову пасмондахо;

4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, усул ва мухлати ичрои он;

5) дар бораи махали чойгиршавии иктидорхои истехсолие, ки тавассути онхо амалиёти коркарди мол ичро карда мешавад;

6) дар бораи меъёри махсули коркард;

7) дар бораи усулхои хаммонандсозии  махсули моли воридотии коркардшуда;

8) дар бораи мухлати коркарди мол.

  1. Намунаи ариза ва пешниходи маълумоте, ки дар онхо мебошанд, аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мукаррар карда мешавад.

Ба ариза хуччатхои тасдиккунандаи маълумоти пешниходшуда замима мегардад.

  1. Макоми гумрук ариза ва хуччатхои ба он замимагардидаро дар давоми 30 рузи кабули онхо барраси менамояд. Дар давоми ин мухлат макоми гумрук риояи талабот ва шартхои мукарраргардидаро тафтиш менамояд, инчунин оид ба мувофикаи мухлати коркарди мол меъёри махсули коркарди он, ки мутобики коидахои мукаррарнамудаи моддаи 178 хамин Кодекс муайян карда мешавад, карор кабул мекунад.

Макоми гумрук хукук дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз макомоти давлати хуччатхои тасдиккунандаи маълумоти дар кисми 1 хамин модда зикргардидаро талаб намояд. Ин шахсон вазифадоранд дар давоми 10 рузи гирифтани дархост хуччатхои талабшударо пешниход намоянд. Хамзамон макоми гумрук хукук дорад мухлати баррасии аризаро аз рузи кабул карда гирифтанаш то ду мох дароз кунад.

Рухсатнома барои коркарди мол ва хуччатхои ба он замимашуда аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ба кайд гирифта мешавад. Хангоми риоя накардани талабот ва шартхои мукарраршуда макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки хукук дорад додани рухсатномаи коркарди молро рад намояд.

  1. Макоми гумрук танхо дар холате, ки агар хангоми додани ариза аризадиханда талабот ва шартхои мукаррарнамудаи моддахои 187 – 193 хамин Кодексро ичро накунад, инчунин хангоми аз чониби макоми гумрук кабул намудани карори мувофика нашудани маълумоти арзшуда метавонад рухсатнома надихад.

Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз чониби макоми гумрук бояд асоснок карда шавад. Оид ба надодани рухсатнома аризадиханда хатти огох карда мешавад.

 

Моддаи 194.          Партовхо ва пасмондахо

Нисбати партовхое, ки дар натичаи коркарди мол барои муомилоти озод ба вучуд меояд, инчунин пасмондаи моли тахти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод карордошта коидахои пешбининамудаи моддахои 183 ва 184 хамин Кодекс татбик мешаванд.

 

Моддаи 195.          Анчоми низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод

  1. Низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод баъди ичозати махсули коркард барои муомилоти озод анчом меёбад. Хангоми ичозати махсули коркард барои муомилоти озод бочхои гумруки бо назардошти меъёрхои барои махсули коркард муайяншуда хисоб карда мешаванд. Арзиши гумруки ва микдори махсули коркард дар рузи ичозат додани онхо барои муомилоти озод муайян карда мешавад (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).
  2. 2. Дар мавридхои истиснои ва бо тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод баъди бо риояи шартхои барои интихоб ва (ё) иваз намудани низомхои гумруки пешбини намудаи хамин Кодекс тахти низоми гумрукии дигар корор додани махсули коркард низ анчом меёобад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 196.          Хусусиятхои истифодаи меъёрхои бочи гумруки нисбати махсули коркард

(кЧТ аз 23.07.16 с., №1347)

Нисбати махсули коркард меъёри бочхои гумрукии мамлакате истифода бурда мешавад, ки моли барои коркард овардашударо истехсол намудааст. Агар дар чараёни коркард моли хоричие истифода шавад, ки мамлакатхои гуногун истехсол намудаанд, меъёри бочхои гумруки бо назардошти хусусиятхои зайл татбик карда мешавад (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347):

1) агар дар натичаи коркард рамзи таснифоти тибки Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи дар сатхи хама гуна чор нишони аввал тагйир ёфта бошад, нисбати махсули коркард ставкаи бочхои гумруки хамчун нисбати моли воридотии мамлакатхое истифода мегардад, ки Чумхурии Точикистон бо онхо дар муносибатхои тичоратию сиёси низоми ба миллат нисбатан мусоидаткунандаро фарохам овардааст;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)

2) дар дигар холатхо ставкаи бочхои гумруки тибки кишвари истехсолкардаи моли хоричие татбик мегардад, ки арзиши гумрукии он нисбатан баланд аст.

 

БОБИ 23. КОРКАРД БЕРУН АЗ ХУДУДИ ГУМРУКИ

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Моддаи 197.          Мазмуни низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Коркард берун аз худуди гумруки низоми гумрукие мебошад, ки мувофики он моли ватани аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо максади ичрои амалиёти коркард дар мухлати муайяншуда (мухлати коркард) бароварда шуда, минбаъд махсули коркарди он бо кисман ё пурра озод намудан аз бочхои гумруки ва андоз мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ворид карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон мувофики низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки бо шартан пурра озод намудан аз бочхои содироти бароварда мешавад. Нисбати моли содиршаванда мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон истифода бурда намешаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Хангоми содироти мол мувофики низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки он аз пардохти андозхои дохили озод карда намешавад ва инчунин андозхои дохили баргардонида ё чуброн карда намешаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 198.          Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрук коркард берун аз худуди гумруки

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Коркард берун аз худуди гумруки бо рухсатномаи макоми гумрук ичозат дода мешавад (моддаи 203). (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар макоми гумрук моли содиршударо бо махсули коркардшуда хаммонанд карда тавонад (моддаи 199), коркард берун аз худуди гумруки ичозат дода мешавад, ба истиснои холатхое ки иваз кардани махсули коркард ба моли хоричи мувофики моддаи 206 хамин Кодекс амали карда шуда бошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Барои чойгиронии мол тахти низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки мол барои максадхои гумруки бояд дорои статуси ичозат ба муомилоти озод ё дар Чумхурии Точикистон истехсол шуда бошад. Тахти низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки карор додани моле ичозат дода мешавад, ки нисбати он имтиёз оид ба пардохти бочхои гумруки ва андоз, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон фарохам оварда шудааст, агар ин амалиёт оид ба коркарди мол аз таъмир иборат бошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Хукумати Чумхурии Точикистон хукук дорад холатхоеро муайян намояд, ки коркарди мол берун аз худуди гумруки нисбати баъзе намудхои муайяни мол манъ карда шавад, инчунин нисбати ичозати мол барои амалиёти коркард берун аз худуди гумруки, бо назардошти химояи манфиати истехсолкунандагони ватани махдудиятхои арзиши ё микдориро мукаррар намояд. Ин мамнуият ва махдудиятхо мутобики моддаи 4 хамин Кодекс дар амал татбик мегарданд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 199.          Хаммонандсозии мол бо махсули коркард

  1. Барои хаммонандсозии моли содироти ва махсули коркарди он усулхои зайл истифода мешаванд, агар ин усулхо бо назардошти хусусияти мол ва амалиёти вобаста ба коркарди он кобили кабул бошанд:

1) аз чониби аризадиханда ё шахси мансабдори макоми гумрук гузоштани мухр, штамп, маркировкаи раками ва гайра ба махсулоти содироти;

2) тавсифи пурраи моли содироти, суратгири ва тасвири он дар масштаб;

3) мукоисаи натичаи тахкики пешакии чошни ва намунаи моли овардашуда ва махсули коркарди он;

4) истифодаи ракамхои силсилави ё дигар тамгахои истехсолкунандаи моли содиршуда;

5) тасдики далелноки он, ки моли содироти тахти амалиёти коркард  карор гирифтааст;

6) усулхои дигари хаммонандсозии мол, ки истифодаи технологияи замонавиро дар назар дорад.

  1. Кобили кабул будани усули арзшудаи хаммонандсозии махсули моли барои коркарди берун аз худуди гумруки содиршударо макоми гумрук бо назардошти хусусияти мол ва анчом додани амалиёти коркарди он мукаррар менамояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Бо дархости аризадиханда ва розигии макоми гумрук хаммонандсозии зикршуда барои максадхои гумруки бо рохи тахкики маълумоти муфассали пешниходшуда оид ба ашё, мавод ва кисмхои такмилие, ки дар истехсолот истифода мешаванд, инчунин технологияи истехсоли махсули коркард таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 200.          Амалиёт доир ба коркарди мол

Амалиёт доир ба коркарди мол хангоми низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки амали зайлро дар бар мегирад:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) коркард ва такмили худи мол;

2) истехсоли моли нав, аз чумла насб, васл ё ба кисмхо чудо кардани он;

3) таъмири мол, аз чумла баркарорсози, иваз кардани кисмхои таркиби ва баркарорсозии хусусияти истеъмолии он;

 

Моддаи 201.          Мухлати коркарди мол

  1. Мухлати коркарди мол бо розигии макоми гумрук аз чониби декларант мукаррар карда мешавад ва наметавонад аз ду сол бештар бошад.
  2. Мухлати коркарди мол берун аз худуди гумруки бо назардошти давомнокии чараёни коркарди мол, мухлате, ки барои интиколи махсули коркард зарур аст, дар доираи мухлати мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда муайян карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Бо аризаи асосноки шахси барои коркарди мол ичозатгирифта мухлати ибтидоии коркард дар доираи мухлати мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда дароз карда мешавад.
  4. Мухлати коркарди мол аз рузи чойгир намудани он тахти низоми гумрукии коркарди мол берун аз худуди гумруки ва дар сурати бо партия содир намудани мол аз рузи чойгир намудани партияи аввали он огоз мегардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 202.          Меъёри махсули коркард бо максади гумруки

  1. Меъёри баромади махсули коркард (микдор ё таркиби фоизии махсули коркард, ки дар натичаи коркарди микдори муайяни моли содиршуда хосил гардидааст) аз чониби декларант бо розигии макоми гумрук, бо назардошти шароите, ки коркарди мол сурат мегирад, ба истиснои холатхои дар кисми 4 хамин модда пешбинишуда муайян мегардад, агар ин барои максади назорати гумруки зарур бошад. Меъёри махсули коркард то ворид намудани махсули коркард ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Меъёри мувофикашудаи микдори махсули коркарди молро макоми гумрук дар асоси хуччатхои пешниходнамудаи декларант, ки дорои маълумот оид ба чараёни технологии коркард мебошад, амали менамояд. Хангоми мувофикаи махсули коркард макомоти гумрук хулосаи ташкилотхои экспертиро (аз чумла лабораторияхои гумруки), ки ба чараёни мушаххаси технологии коркард асос ёфтаанд, ба инобат мегирад.
  3. Тавсиф, сифат ва микдори махсули коркард баъди мувофикаи махсули коркард пурра муайян карда мешавад.
  4. Агар амалиёт нисбати моле, ки аслан дорои хусусияти доими мебошад, маъмулан мувофики шартхои муайяни техники ичро шавад ва боиси истехсоли махсули коркарди сифатан бетагйир гардад, дар ин холат макоми ваколатдор барои максади гумруки меъёри стандартии баромади махсули коркардро мукаррар мекунад.

Хангоми истифодаи меъёрхои стандартии махсули коркард ба максади гумруки воридоти мол ба микдори зиёда аз меъёри мукарраршудаи махсули моли коркардшуда бо пурра ё кисман озод намудан аз пардохти бочхои гумруки ва андоз ичозат дода намешавад.

 

Моддаи 203.          Рухсатнома барои коркарди мол

  1. Содироти мол барои коркард берун аз худуди гумруки хангоми мавчуд будани рухсатномаи коркарди мол берун аз худуди гумруки ичозат дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Рухсатномаи коркарди мол берун аз худуди гумруки аз чониби макоми гумрук ба декларант дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Дар рухсатнома инхо зикр мешаванд:

1) тавсиф, сифат ва микдори моли барои коркард таъингардида ва махсули коркарди он;

2) амалиёт нисбати коркарди мол ва тарзи ичрои он;

3) меъёри махсули коркард, агар он муайян карда шуда бошад (кисми 4 моддаи 202) ё дар рузи додани рухсатнома мувофика шуда бошад;

4) усулхои хаммонандсозии махсули моли содиротии коркард;

5) мухлати коркарди мол;

6) дигар маълумоте, ки аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян карда мешавад ва барои максади гумруки зарур аст.

Намунаи рухсатномаро барои коркарди мол макоми ваколатдор оид ба масъалахои гумруки мукаррар менамояд.

  1. Рухсатнома барои коркарди мол дар мухлати муайяншудаи коркард амал мекунад.
  2. Мутобики кисми 2 моддаи 350 хамин Кодекс шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, барои пардохти бочхои гумруки ва андоз масъул мебошад.

 

Моддаи 204.          Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол

  1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба макоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот пешниход карда мешавад:

1) дар бораи аризадиханда;

2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустакиман амалиёти коркарди молро ичро менамояд, ва махали чойгиршавии он (онхо);

3) дар бораи моли мавриди коркард;

4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, усул ва мухлати ичрои он;

5) дар бораи меъёри махсули коркард, агар он мукаррар шуда бошад (кисми 4 моддаи 202) ё агар дар рузи пешниходи ариза ин меъёр аз чониби декларант муайян шуда бошад;

6) дар бораи моли коркардшаванда ва микдори эхтимолии он;

7) дар бораи усулхои хаммонандсозии махсули моли содиротии коркардшуда бо махсули коркард;

8) дар бораи иваз намудани махсули коркард ба моли хоричи;

9) дар бораи мухлати коркарди мол.

  1. Намунаи ариза ва тарзи пешниходи маълумотро макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мукаррар менамояд.

Ба ариза хуччатхои тасдиккунандаи маълумоти пешниходшуда замима мегардад.

  1. Макоми гумрук ариза ва хуччатхои ба он замимагардидаро дар давоми 30 рузи кабул карда гирифтани он барраси менамояд. Дар давоми ин мухлат макоми гумрук маълумоти дар ариза зикршударо санчида, инчунин оид ба мувофикаи меъёри арзшудаи махсули коркард ва мухлати коркарди он карор кабул мекунад.

Макоми гумрук хукук дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз макомоти давлати хуччатхои тасдиккунандаи маълумоти арзшударо талаб намояд. Хамзамон макоми гумрук хукук дорад мухлати баррасии аризаро ба мухлати на бештар аз ду мох аз рузи кабул дароз намояд.

Рухсатномаи коркарди мол ва хуччатхои ба он замимашуда аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ба кайд гирифта мешаванд. Дар сурати риоя накардани талабот ва шартхои мукарраргардида макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки метавонад додани рухсатномаи коркарди молро рад намояд.

  1. Ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумруки барои моле, ки тахти низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки содир мегардад, истифода мешавад, ба шарте агар мол бо як партия содир шавад ва дар холатхое, ки: (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) агар максади тахти низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки карор додани мол аз таъмири он иборат бошад, аз чумла музднок ичрошаванда;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) агар  арзишии гумрукии моле, ки тахти низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки карор дорад, бояд аз хачми 2000 – нишондиханда барои хисобхо зиёд набошад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Агар ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумруки истифода шавад, мухлати баррасии он бояд аз мухлати тафтиши декларатсияи гумруки, ки кисми 1 моддаи 400 хамин Кодекс мукаррар кардааст, зиёд набошад. Дар ин холат махсули коркард хангоми баровардани он бояд аз чониби хамон макоми гумрукие декларатсия карда шавад, ки барои коркард рухсатнома додааст.
  2. Макоми гумрук танхо дар холате, ки агар хангоми додани ариза аризадиханда талабот ва шартхои мукаррарнамудаи хамин бобро ичро накунад, инчунин хангоми аз чониби макоми гумрук кабул намудани карор дар бораи мувофика накардани маълумоти арзшудаи махсули коркард ва мухлати коркарди он додани рухсатномаро рад менамояд.

Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз чониби макоми гумрук бояд асоснок карда шуда, сабаби он зикр гардад. Оид ба надодани рухсатнома аризадиханда хатти огох карда мешавад.

 

Моддаи 205.          Бозхондани рухсатнома барои коркарди мол

  1. Рухсатномаи барои коркарди мол додашуда аз чониби макоми гумрук бозхонда мешавад, агар дар асоси кисми 4 моддаи 198 хамин Кодекс мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба чойгир кардани мол тахти низоми гумрукии коркарди мол берун аз худуди гумруки ичозат дода нашавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Карор дар бораи бозхонди рухсатнома аз рузи эътибори конуни пайдо кардани санадхои дахлдори меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амал мекунад.
  3. Хангоми бозхонди рухсатномаи коркарди мол ба чойгир кардани мол тахти низоми гумрукии коркарди мол берун аз худуди гумруки мувофики рухсатномаи бозхондшуда коркарди он ичозат дода намешавад, вале нисбати моле, ки то боз хондани рухсатнома тахти низоми гумрукии коркарди мол берун аз худуди гумруки чойгир карда шудааст, ичозат дода мешавад, ки низоми гумруки мутобики хамин боб анчом дода шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Намунаи бозхондани рухсатномаи коркарди молро макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мукаррар менамояд.

 

Моддаи 206.          Иваз намудани махсули коркард ба моли хоричи

  1. Мувофики дархости асосноки декларант ва ичозати макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки иваз намудани махсули моли коркардшудаи хоричи ичозат дода мешавад, агар:

1) он вобаста ба тавсиф, микдор, арзиш, сифат ва хусусиятхои техники ба махсули коркард мувофикат намояд;

2) рамзи моли хоричи тибки Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи бо рамзи махсули коркард тибки ин Номгуй дар сатхи чор раками аввал мувофикат намояд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)

  1. Дар холатхои дигар ивази махсулоти коркарди моли хоричи бо рохи азнавбарасмиятдарории рухсатномаи коркарди мол бо тартиби мукаррарнамудаи моддаи 204 хамин Кодекс ичозат дода мешавад.

 

Моддаи 207.          Истифодаи кисман ё пурра озод намудани махсули коркард аз пардохти бочхои гумруки ва андоз

  1. Агар максади коркард таъмири кафолатноки (ройгони) моли баровардашуда бошад, махсули коркарди он аз бочхои гумруки ва андоз пурра озод карда мешавад.

Нисбати моле, ки каблан дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ба муомилоти озод ичозат дода шудааст, агар хангоми ичозати он ба муомилоти озод мавчудияти норасои, ки боиси таъмир гардидааст, ба инобат гирифта шуда бошад, озодкунии пурра аз бочхои гумруки ва андоз ичозат дода намешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Дар холатхои дигар барои моли махсули коркард, ба истиснои аксизхо кисман озодкунии он аз бочхои гумруки ва андоз ичозат дода мешавад, ки ин бо тартиби зайл амали мегардад:

1) андозаи маблаги пардохтшавандаи бочхои гумруки хамчун фаркияти маблаги бочи гумрукии воридоти, ки нисбати махсули коркардшаванда истифода мегардад ва маблаги бочхои гумрукии воридотие, ки метавонист нисбати моли содиршаванда истифода бурда шавад, муайян мегардад, чуноне, ки агар он ба муомилоти озод ичозат дода шавад ва агар ба махсули коркард меъёрхои махсуси бочхои гумруки истифода шавад ва амалиёти коркард таъмири кафолатнок (ройгон) набошад ё бо назардошти арзиши амалиёти коркард, ки хангоми набудани хуччатхои тасдиккунандаи арзиши ин амалиёт метавонад хамчун фаркияти байни арзиши гумруки, хачми умумии махсулоти истехсолшавандаи махсули коркард ва арзиши гумрукии моли барои коркард содиршуда муайян карда шавад (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347);

2) андозаи маблаги пардохтшавандаи андоз аз арзиши иловашуда бо назардошти арзиши амалиёти коркард муайян карда мешавад, ки дар сурати набудани хуччатхои тасдиккунандаи ин амалиёт метавонад хамчун фаркияти байни арзиши гумрукии хачми умумии махсули коркарди ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридгардида ва арзиши гумрукии моли барои коркард содиршуда муайян карда шавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Аксизхо нисбати махсули коркард пурра супорида мешаванд, ба истиснои холатхое, ки максади амалиёти коркарди мол аз таъмири кафолатноки (ройгони) моли содиршуда иборат бошад.
  2. Хангоми воридоти махсули коркард бо гузашти мухлати коркард (моддаи 201), инчунин хангоми риоя нанамудани дигар талабот ва шартхои хамин боб ё тасдики онхо ба таври номатлуб, низоми пурра ва кисман озодкунии онхо аз бочхои гумруки ва андоз фарохам оварда намешавад.

 

Моддаи 208.          Анчоми низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки бо ворид намудани махсули коркард ба каламрави гумрукии Чумхурии Точикистон ё тавассути усули дигари пешбининамудаи хамин модда анчом меёбад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар махсули коркард ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо якчанд партия ворид шавад, мукоисаи нихоии микдори махсули коркарди дар рухсатномаи коркарди мол (моддаи 203) зикршуда метавонад давра ба давра, баъди воридоти махсули коркард, вале на бештар аз як маротиба дар се мох ва дар давоми 30 рузи баъди ворид намудани партияи охирини махсули коркард гузаронида шавад. Агар дар натичаи чунин мукоиса шахсе, ки рухсатномаи коркардро дар худуди гумруки гирифтааст, бояд бочхои гумруки ва андоз супорад, аз чунин маблаги пардохти бочхои гумруки ва андоз фоиз ситонида намешавад, ба шарте агар пардохт дар давоми 10 рузи кории ба таври хатти кабул шудани карори макоми гумрук оид ба зарурати пардохти зикршуда анчом дода шавад. Макоми гумрук дар рузи дигари баъди кабули карор ба декларант оид ба зарурати пардохти бочхои гумруки ва андоз огохинома мефиристад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Низоми гумрукии коркарди мол берун аз худуди гумруки метавонад бо воридоти бозпаси моли (реимпорт) аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон содиршуда ё чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии нисбати моли содироти истифодашаванда, бо риояи талабот ва шартхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс анчом дода шавад. Тагйир додани низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки ба низоми гумрукии содирот ичозат дода намешавад, агар мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон баргашта овардани моли барои коркард содиршуда ва махсули онхо хатми бошанд. Тагйир додани низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки ба низоми гумрукие, ки нисбати моли содироти истифода мешаванд, бе пешниходи вокеии мол ба макоми гумрук ичозат дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Хангоми тагйир додани низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки ба низоми гумрукии содирот нисбати моли баровардашуда бояд маблаги бочхои гумрукии содироти, агар онхо мукаррар шуда бошанд, инчунин фоизи маблаги мазкур пардохта шавад, ба монанди он, ки дар рузи кабули декларатсияи гумруки барои содирот батаъхирандозии пардохти бочи гумрукии содироти фарохам оварда шудааст.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Агар махсули коркард тахти низоми гумрукие карор гирад, ки ичозати молро ба муомилоти озод пешбини намекунад, маблаги бочхои гумруки ва андоз нисбати ин мол наметавонад аз маблаги мувофики бандхои 2 ва 3 моддаи 207 хамин Кодекс хисобшаванда, бе хисоби фоизхо, ба истиснои холатхои пешбининамудаи кисми 5 хамин модда, зиёд бошад.
  2. Агар махсули коркарди моле оварда шавад, ки то содирот нисбати он оид ба пардохти бочхои гумруки ва андоз имтиёзхо фарохам оварда шудаанд (кисми 3 моддаи 198), хангоми ичозати чунин мол ба муомилоти озод хамзамон бо маблаги бочхои гумруки ва андоз мувофики моддаи 207 хамин Кодекс мукарраршуда бояд бочхои гумрукии воридоти ва андоз, ки нисбати мол то содирот барои коркард фарохам оварда шудаанд, пардохта шаванд.

 

БОБИ 24. ВОРИДОТИ МУВАККАТИ

 

Моддаи 209.          Мазмуни низоми гумрукии воридоти муваккати

Воридоти муваккати низоми гумрукие мебошад, ки хангоми он моли хоричи дар мухлати муайян (мухлати воридоти муваккати) дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо пурра ё кисман озод намудан аз бочи гумруки ва андоз, бидуни истифодаи тадбирхои мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисоди нисбати ин мол, ки мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян шудааст, ба шарти содироти бозпаси он дар мухлати муайян аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон тахти назорати гумруки истифода бурда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 210.          Шартхои тахти низоми гумрукии воридоти муваккати карор додани мол

  1. Воридоти муваккати бо шарте ичозат дода мешавад, ки агар молро макоми гумрук хангоми содироти бозпаси он (реэкспорт) хаммонанд карда тавонад, ба истиснои холатхое, ки тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон иваз намудани моли муваккатан воридгардида бо хамин навъи мол ичозат дода мешавад.
  2. Макоми гумрук хукук дорад аз шахсе, ки низоми гумрукии воридоти муваккатиро арз менамояд, пешниходи кафолати ичрои ухдадорихои мукаррарнамудаи хамин Кодексро (моддаи 160) талаб намояд, аз чумла барои бозпас содир намудании моли муваккатан вориднамуда ухдадори ба зимма гирад.
  3. Тахти низоми гумрукии воридоти муваккати метавонад моли хоричие чойгир карда шавад, ки каблан бо риояи талабот ва шартхои пешбининамудаи хамин Кодекс тахти низомхои дигари гумруки карор дошт.

 

Моддаи 211.          Махдудиятхо барои истифода ва ихтиёрдории моли муваккатан вориднамуда

  1. Аз моли муваккатан вориднамуда шахсе метавонад истифода барад, ки барои воридоти муваккати дорои рухсатномаи макоми гумрук бошад.
  2. Бо ичозати макоми гумрук моли муваккатан воридгардидаро барои истифода ба шахси дигар, ки метавонад тибки моддаи 126 хамин Кодекс декларант бошад, додан мумкин аст.

Моли муваккатан воридшуда ба шахси дигар бо ичозати макоми гумрук дода мешавад, агар ин шахс дар назди макоми гумрук ухдадор шавад, ки шартхои низоми гумрукии воридоти муваккатиро риоя менамояд. Хамзамон шахси каблан барои воридоти муваккати ичозатгирифта бояд бочхои гумруки ва андозро барои даврае, ки ин шахс истифодаи молро тибки низоми гумрукии воридоти муваккати анчом додааст, пардозад, агар нисбати мол озодкунии кисмани шартии пардохти бочхои гумруки ва андоз тибки кисми 2 моддаи 212 хамин Кодекс татбик гардад. Агар риояи низоми гумрукии воридоти муваккатии гумруки бо кафолат таъмин гардад (моддаи 160), шахсе, ки ба он моли муваккатан воридгардида супурда мешавад, бояд хуччатхои дахлдорро ба номи худ ба расмият дарорад. Шахси мазкур аз рузи ичозати макоми гумрук барои додани моли муваккатан воридшуда ба шахси дигар аз хукук ва ухдадорихои барои шахси дорои ичозат барои воридоти муваккати мукаррарнамудаи хамин Кодекс истифода мебарад ва онхоро ичро мекунад.

  1. Моли муваккатан воридшуда бояд дар холати бетагйир нигох дошта шавад, ба истиснои тагйири он дар натичаи фарсудашавии табии ё талафи табии хангоми шароити муътадили интикол (борбари), нигахдори ва истифода. Нисбати моли муваккатан воридшуда ичрои амалиёти зарури чихати таъмини нигахдории он, аз чумла таъмир (ба истиснои таъмири асоси ва модернизатсияи он), хизматрасонии техники ва дигар амалиёте, ки барои нигахдории хусусиятхои истифодабарии мол дар холате, ки он дар рузи чойгиркуни тахти низоми воридоти муваккати карор дошта ичозат дода мешавад.
  2. Ихтиёрдории моли муваккатан воридшуда бо усулхои пешбининанамудаи хамин модда манъ мебошад.
  3. Додани мол ба шахси дигар тибки кисми 2 хамин модда мухлати воридоти муваккатиро боз намедорад ва тамдид наменамояд.

 

            Моддаи 212.          Истифодаи бочхои гумруки ва андоз

  1. Номгуи гурухи моли бо шарти пурра озод намудан аз пардохти бочхои гумруки ва андоз муваккатан воридшаванда, инчунин шартхои чунин озодкуни аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Озодкунии пурраи шарти аз пардохти бочхои гумруки ва андоз ичозат дода мешавад, агар воридоти муваккатии мол ба иктисоди Чумхурии Точикистон зарари назарраси иктисоди нарасонад, аз чумла дар холатхои:

1) воридоти муваккатии контейнерхо, тагмонхо ва намудхои дигари зарфхо ва бастабандхо, ки барои истифодаи чандинкарата таъин гардидаанд;

2) агар воридоти муваккатии мол дар доираи рушди муносибатхои тичоратии хоричи, робитахои байналмилали дар сохаи илм, санъат, кинематография, варзиш, сайёхи, гузаронидани намоишгоххо ва ярмаркахо анчом дода шавад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) агар максади воридоти муваккати аз расонидани кумаки байналмилали иборат бошад;

4) агар воридоти муваккати бо шартхои лизинги анчом дода шавад.

  1. Нисбати гуруххои дигари мол, инчунин хангоми риоя нашудани шартхои озодкунии пурраи шарти аз пардохти бочхои гумруки ва андози мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда озодкунии кисман шарти барои пардохти бочхои гумруки ва андоз истифода бурда мешавад. Хангоми озодкунии кисмии шарти аз пардохти бочхои гумруки ва андоз барои хар як мохи пурра ва нопурраи таквимии нигахдории мол дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон 3 фоизи маблаги бочхо ва андозхо пардохта мешавад, чуноне, ки агар он хангоми ичозати мол барои муомилоти озод пардохта шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Хангоми озодкунии кисман шарти аз пардохти бочхои гумруки ва андоз маблаги бочхои гумруки ва андоз хангоми чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии воридоти муваккати ё давра ба давра, бо интихоби шахсе, ки барои воридоти муваккати ичозат гирифтааст, пардохта мешавад. Пардохти даврии маблаги бочхои гумруки ва андоз бо розигии макоми гумрук аз чониби шахсе муайян карда мешавад, ки барои воридоти муваккати ичозат гирифтааст. Хамзамон мухлати мушаххаси пардохти бочхои гумруки ва андоз бо назардошти он муайян мегардад, ки ин маблаг бояд то огози давраи дахлдор пардохта шавад.
  3. Маблаги умумии бочхои гумруки ва андоз, ки хангоми воридоти муваккати бо озодкунии кисман шарти аз пардохти бочхои гумруки ва андоз ситонида мешавад, бояд аз маблаги пардохти бочхои гумруки ва андозе, ки мебоист дар рузи чойгирони тахти низоми гумрукии воридоти муваккати ба муомилоти озод ичозат дода шавад, бе назардошти фоизхо барои гузаронидани мухлати пардохти бочхои гумруки, андоз ва фоизхое, ки метавонанд тибки сархати 4 кисми 2 моддаи 214 хамин Кодекс хисоб карда шаванд, зиёд набошад.
  4. Агар маблаги бочхои гумруки ва андоз, ки хангоми озодкунии кисман шарти аз пардохти бочхои гумруки ва андоз ситонида шудаанд ба маблаги бочхои гумруки ва андозе, ки мебоист дар рузи чойгирони тахти низоми гумрукии воридоти муваккати ба муомилоти озод ичозатшуда баробар шавад, мол барои муомилоти озод ичозатшуда ба хисоб меравад, ба шарте агар нисбати мол махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукарраркардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон татбик нагарданд ё махдудиятхое, ки дар рузи чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии воридоти муваккати истифода шудаанд, бекор карда шаванд.
  5. Хангоми чойгир намудани моли воридоти муваккати тахти низомхои дигари гумруки маблаги бочхои гумруки ва андозе, ки хангоми озодкунии кисман шарти аз пардохти бочхои гумруки ва андоз пардохта шудаанд, баргардонида намешавад.
  6. Масъулияти пардохти бочхои гумруки ва андоз тибки кисми 2 моддаи 350 хамин Кодекс ба зиммаи шахсе гузошта мешавад, ки барои воридоти муваккати рухсатнома дорад.

 

Моддаи 213.          Мухлати воридоти муваккатии мол

  1. Мухлати воридоти муваккатии мол на бештар аз 2 сол мебошад.

Барои молхои алохида, аз чумла молхое, ки бо шартхои лизинг ворид мешаванд, Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад барои воридоти муваккати нисбат ба мухлати нихоии муайяннамудаи сархати якуми хамин банд мухлати нисбатан кутох ё давомнокро мукаррар намояд.

  1. Мухлати воридоти муваккатии мол дар асоси аризаи шахси барои ичозати воридоти муваккати мурочиаткарда, бо назардошти максад ва холатхои чунин воридот аз чониби макоми гумрук дар доираи мухлати дар кисми 1 хамин модда зикршуда мукаррар карда мешавад.
  2. Дар асоси мурочиати асосноки шахси дорои ичозат барои воридоти муваккати ва хангоми вайрон накардани талабот ва шартхои пешбининамудаи хамин боб мухлати мукарраргардидаи воридоти муваккатии мол бо карори макоми гумрук дар доираи мухлати дар кисми 1 хамин модда зикршуда тамдид карда мешавад.

 

Моддаи 214.          Анчоми амали низоми гумруки ва боздоштани он

  1. Мол бояд аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон на дертар аз рузи охирини гузаштани мухлати воридоти муваккатии мол, ки макоми гумрук мукаррар намудааст (моддаи (213), содир карда шавад ё мутобики хамин Кодекс тахти низоми дигари гумруки карор дода шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Низоми гумрукии воридоти муваккати метавонад бо ичозати мол барои муомилоти озод анчом ёбад.

Хангоми анчоми низоми гумрукии воридоти муваккати ба ичозати мол барои муомилоти озод арзиши гумруки ва теъдоди мол дар рузи тахти низоми гумрукии воридоти муваккати чойгиркунии мол, аммо меъёри пардохти бочхои гумруки ва андоз, ба истиснои холатхои пешбининамудаи кисми 5 моддаи 212 хамин Кодекс, дар рузи ичозати мол барои муомилоти озод муайян карда мешаванд. Декларант хукук дорад хангоми камшавии арзиши гумрукии мол ё камшавии теъдоди он, ки дар натичаи фарсудашавии табии ё талафи табии дар шароити мукаррарии интикол, нигахдори ва истифода, инчунин дар натичаи садама ва таъсири кувваи рафънопазир ба миён омадаанд, мурочиат намояд. Тасхехи арзиши гумрукии мол ва (ё) микдори онхо метавонад анчом дода шавад, агар декларант ба макоми гумрук маълумоти сахех ва бо хуччатхо тасдикшударо пешниход намояд (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).

Хангоми муайян намудани маблаги бочхои гумруки ва андозе, ки бояд хангоми ичозати мол ба муомилоти озод пардохта шаванд, бахисобгирии маблаги пардохти гумрукии хангоми озодкунии кисман аз бочхои гумруки ва андоз тибки кисми 2 ва 3 моддаи 212 хамин Кодекс супоридашуда сурат мегирад.

Хангоми ичозати мол барои муомилоти озод, ки нисбати он озодкунии кисман шарти аз пардохти бочхои гумруки ва андоз татбик шудааст, барои даврае, ки чунин озодкуни истифода гардидааст, фоизхо аз маблаги бочхои гумруки ва андоз бояд пардохта шаванд, чуноне, ки агар нисбати ин маблаг аз рузи татбики озодкунии кисман аз пардохти бочхои гумруки ва андоз тамдиди мухлат фарохам оварда шудааст, ба истиснои холатхое, ки дар кисми 5 моддаи 212 хамин Кодекс пешбини шудааст.

  1. Амали низоми гумрукии воридоти муваккати дар холатхои зайл боздошта мешавад:

1) хангоми ба хабс гирифтани моли воридотии муваккати ё ситонидани онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

2) хангоми чойгир намудани моли воридотии муваккати ба анбори гумруки тибки кисми 3 моддаи 217 хамин Кодекс;

3) бо хохиши шахси дорои ичозати воридоти муваккати хангоми чойгир намудани моли воридотии муваккати, ки нисбати он озодкунии кисман аз пардохти бочхои гумруки ва андоз истифода шудаанд, тахти низоми дигари гумруки, ки ичозати молро барои муомилоти озод пешбини намекунад.

Баъди анчоми мухлати боздошт амали низоми гумрукии воридоти муваккати баркарор карда мешавад.

Хангоми баркарор намудани амали низоми гумрукии воридоти муваккати фоизхо, ки хисоб ва пардохти онхо мувофики хамин боб пешбини шудааст, барои давраи боздоштани амали низоми гумрукии воридоти муваккати хисоб ва пардохта намешаванд.

 

БОБИ 25. АНБОРИ ГУМРУКИ

 

Моддаи 215.          Мазмуни низоми гумрукии анбори гумруки

   Анбори гумруки низоми гумрукие мебошад, ки хангоми он моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшуда бидуни пардохти бочхои гумруки ва андоз ва бе истифодаи мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тахти назорати гумруки нигох дошта шуда, вале моли барои содирот таъингардида мувофики шартхои пешбининамудаи хамин боб тахти назорати гумруки нигох дошта мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 216.          Анборхои гумруки

  1. Анборхои гумруки бинои махсус чудокардашуда ва мучаххаз барои максади нигахдории мол ва (ё) майдончахои кушодае мебошанд, ки ба талаботи мукаррарнамудаи моддаи 225 хамин Кодекс мувофиканд.

Моли тахти низоми гумрукии анборхои гумруки чойгиршуда дар анборхои гумруки нигахдори карда мешавад, ба истиснои моле, ки дар кисми 4 моддаи 217 хамин Кодекс зикр шудааст.

  1. Анборхои гумруки минтакаи назорати гумруки мебошанд.
  2. Мол метавонад дар хама гуна анборхои гумруки, бо назардошти махдудиятхои пешбининамудаи хамин Кодекс чойгир карда шавад.

 

Моддаи 217.          Шартхои тахти низоми гумруки карор додани мол

  1. Тамоми намуди мол, ба истиснои моле, ки мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон воридот ва содироташ аз Чумхурии Точикистон манъ аст, инчунин моли дигаре, ки нисбати он махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон татбик мегарданд ва номгуи онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд, инчунин моле, ки мухлати истифодабарии он дар рузи пешниход тахти низоми гумрукии анбори гумруки аз мухлати мукаррарнамудаи кисми 2 моддаи 218 хамин Кодекс камтар аст, нигох дошта шавад.
  2. Моле, ки метавонад ба моли дигар зарар оварад ё шароити махсуси нигахдориро талаб мекунад, бояд дар анборхои гумруки ё бинохои алохидаи анборхои гумрукии барои нигахдошти чунин мол махсус чихозонидашуда, бо риояи хатмии талаботи муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нигох дошта шавад.
  3. Тахти низоми гумрукии анбори гумруки метавонад моле чойгир карда шавад, ки каблан тахти низомхои дигари гумруки карор дошт. Дар анборхои гумруки дар холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс метавонад моли хоричи бо максади боздоштани амали низоми гумрукие, ки ичозати молро барои муомилоти озод пешбини наменамояд, чойгир карда шавад.
  4. Тахти низоми гумрукии анбори гумруки бидуни чойгиркунии вокеии мол ба анбори гумрукии молхое, ки аз сабаби хачми калон доштанашон дар анбори гумрукии дар наздики карордошта нигахдори кардани онхо имконнопазир аст, дар сурати ичозати хаттии макоми гумрук ичозат дода мешавад. Дар чунин холат шахсе, ки низоми гумрукии анбори гумрукиро арз намудааст, бояд ба макоми гумрук таъмини супоридани пардохтхои гумрукиро, ки метавонист хангоми барои муомилоти озод ичозат додани мол супорад, пешниход намояд, инчунин хамаи дигар талабот ва шартхои пешбининамудаи хамин бобро риоя кунад. Хамзамон бо хама усул ба шахси дигар барои истифода ё ихтиёрдори додани мол, аз чумла бегона кардани мол дар мухлати нигахдории он тахти низоми гумрукии анбори гумруки манъ аст.

 

Моддаи 218.          Мухлати нигахдории мол дар анбори гумруки

  1. Мол метавонад дар мухлати то 3 сол дар анбори гумруки нигох дошта шавад.
  2. Моли дорои мухлати махдуди истифода ё фуруш бояд аз низоми гумрукии анбори гумруки бароварда, тахти низомхои дигари гумруки арз карда шавад ва аз анбори гумруки дар давоми 180 рузи то гузаштани мухлати махдуди зикршуда бароварда шавад, ба истиснои моли зуд вайроншаванда, ки нисбати он макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки метавонад мухлати кутохтарро мукаррар намояд.
  3. Мухлати нигахдории молро шахсе, ки молро дар анбори гумруки чойгир кардааст, дар декларатсияи гумруки, дар доираи мухлати пешбининамудаи хамин модда муайян менамояд.
  4. Дар асоси дархости асосноки шахсе, ки молро дар анбори гумруки чойгир намудааст, макоми гумрук метавонад мухлати нигахдории молро дар доираи мухлати пешбининамудаи хамин модда тамдид намояд.

 

Моддаи  219.         Амалиёт бо моли дар анбори гумруки карордошта

  1. Шахсони ваколатдори мол ва намояндагони онхо хукук доранд бо моли дар анбори гумруки нигахдоришаванда амалиёти мукаррарии барои эхтиёт заруриро бо нигох доштани тагйирнопазирии мол анчом диханд, молро аз назар гузаронанд ва чен кунанд, дар худуди анбори гумруки чойи онро иваз кунанд, ба шарте агар ин амалиёт боиси тагйир ёфтани холати мол, вайрон шудани бастабандии он ва (ё) тагйирёбии воситахои гузошташудаи хаммонандсози нагардад.
  2. Амалиёти дар кисми 1 хамин модда зикрнашуда, аз чумла гирифтани чошни ва намунаи мол, амалиёти оддии насб, инчунин амалхои зарури чихати омодасозии мол барои фуруш, хамлу накл, аз чумла ба партияхо чудо намудан, барои баровардан омода сохтан, навъбанди, борбанди, аз нав бастан, маркировка ва дигар амалхои барои бехдошти сифати мол нигаронидашуда аз чониби шахсони ваколатдори мол ва намояндаи онхо бо ичозати макоми гумрук анчом дода мешавад.

Макоми гумрук хукук дорад танхо дар холате, ки агар ичрои ин амалхо боиси талафи мол ё тагйир ёфтани хосияти мол гардад, барои гузарондани чунин амалхо ичозат надихад.

  1. Нисбати гирифтани чошни ва намунахо аз моли хоричи бояд бочхои гумрукии воридоти ва андозхо пардохта шаванд, чуноне, ки агар ин мол барои муомилоти озод ичозат дода шудааст, ба истиснои холатхое, ки намунаи мол ба анбори гумруки дар давоми 1 мох баргардонда мешавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)
  2. Бегона кардани моли дар анбори гумруки нигахдоришаванда, додани хукуки сохиби, истифода ва ихтиёрдории он ба шахси дигар, ба истиснои моли дар кисми 4 моддаи 217 хамин Кодекс зикршуда, ба шарти каблан ба таври хатти огох намудани макоми гумрук ичозат дода мешавад. Хамзамон шахси хукуки амволиро бадастоварда ба макоми гумрук дар бораи риояи минбаъдаи талабот ва шартхои нисбати ин мол мукарранамудаи хамин боб ба таври хатти ухдадори пешниход менамояд. Аз рузи дигари баъди аз чониби макоми гумрук гирифтани ин ухдадори шахси сохиби хукуки амволи ба мол аз хукук ва ухдадорихое, ки хамин Кодекс нисбати шахси молро дар анбори гумруки чойгиркарда муайян намудааст, истифода мебарад.
  3. Бо ичозати хаттии макоми гумрук интиколи мол аз як анбори гумруки ба анбори дигари гумруки то анчоми мухлати дар моддаи 218 хамин Кодекс мукарраршуда ичозат дода мешавад. Хамзамон мухлати нигахдории мол дар анбори гумруки катъ ва боздошта намешавад.

 

Моддаи 220.          Аз пардохти бочхои гумруки ва андоз озод кардани моли содироти ё баргардонидани маблаги бочхои гумруки ва андози пардохтшуда

  1. Хангоми тахти низоми гумруки карор додани моли хоричие, ки каблан тахти низоми гумрукии дигар карор дошт ва барои баровардан аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон таъин шудааст, аз чунин мол бочхои гумрукии воридоти ва андоз пардохта намешавад ё маблаги супоридашудаи бочхои гумруки ва андоз мувофики боби 48 хамин Кодекс баргардонида мешаванд, агар озод кардани мол аз бочхои гумруки ва андоз ё баргардондани маблаг хангоми вокеан баровандани мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон пешбини шуда бошад. Хангоми содир накардани молхо аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон маблаги бочхои гумрукии воридоти ва андоз, ки аз онхо озодкуни аз пардохт ё баргардонидани маблаг истифода шуда буд, инчунин фоизи онхо бояд пардохта шавад. Хисоби маблаги барои бочхои гумруки ва андоз супоридашаванда, инчунин фоизхо дар асоси коидахои анчоми низоми гумрукии кабли ва мувофики шартхои чойгир кардани мол тахти низоми гумрукии арзшуда, ки аз тарафи декларант барои истифодаи мол дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон муайян шудааст, анчом дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Хангоми чойгир намудани моли ватании барои содирот аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон таъингардида дар анбори гумруки тибки низоми гумрукии содирот озодкуни аз пардохт, баргардондани маблаги андозхои дохили фарохам оварда мешавад, агар чунин озодкуни, чуброн ё баргардонидани маблаг хангоми содироти вокеии ин мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон мувофики конунгузории андози Чумхурии Точикистон пешбини шуда бошад. Хангоми анчом надодани содироти вокеии чунин мол дар давоми шаш мох аз рузи чойгир намудани онхо дар анбори гумруки маблаги мазкур бо хисоби фоизхо, дар хачми мукаррарнамудаи Кодекси андози Чумхурии Точикистон, тибки тартиби барои ситондани пардохтхои гумруки пешбининамудаи хамин Кодекс ситонида мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 221.          Моли корношоям, вайроншуда ё харобшуда

Моле, ки дар натичаи садама, таъсири кувваи рафънопазир дар давраи нигахдории мол дар анбори гумруки корношоям, вайрон ё хароб шудааст, бояд тахти низоми гумрукии муайян чойгир карда шавад, чуноне, ки агар он ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон хангоми корношоями, вайроншуда ё харобшуда ворид карда шуда бошад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 222.          Муайян намудани арзиши мол хангоми ичозат барои муомилоти озод

                Агар барои максадхои хисоби бочхои гумруки ва андоз мувофики хамин Кодекс арзиши гумрукии мол ё теъдоди он баъди нигахдории мол дар анбори гумруки истифода гардад, хангоми ичозати мол барои муомилоти озод арзиши гумрукии мол ва (ё) теъдоди он дар рузи ичозати мол барои муомилоти озод муайян карда мешавад.

 

Моддаи 223.          Анчоми амали низоми гумруки

  1. Мол дар анбори гумруки (моддаи 218) бояд мувофики талабот ва шартхои пешбининамудаи хамин Кодекс дар муддати на дертар аз рузи гузаштани мухлати нигахдории он тахти низоми дигари гумруки карор дода шавад.

Ихтиёрдории моли мазкур баъди анчоми ин мухлат мувофики фасли Vу хамин Кодекс анчом дода мешавад.

  1. Моли тахти низоми анбори гумруки бударо тахти низоми дигари гумруки танхо шахсе метавонад чойгир намояд, ки нисбати ин мол ваколатдор аст.
  2. Хангоми аз анбори гумруки ичозат додани моле, ки каблан тахти низоми гумрукии воридоти муваккати карор дошт, бо максади истифодаи минбаъдаи он дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон мувофики хамин низом, мухлати воридоти муваккатии мол баркарор карда мешавад. Хангоми ичозати чунин мол барои муомилоти озод хисоби пардохти бочхои гумруки ва андоз мувофики моддаи 214 хамин Кодекс анчом дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Нисбати моли дар анбори гумруки нигахдоришаванда низоми гумрукии нобудкуни метавонад аз чониби сохиби анбори гумруки бо назардошти мукаррароти кисми 2 хамин модда арз карда шавад.

 

Моддаи 224.          Навъхои анбори гумруки

  1. Анборхои гумруки метавонанд кушода ва пушида бошанд.

Анборхои гумруки, агар онхо барои нигахдошти хама гуна мол ва истифода барои хар шахс дастрас бошанд, анбори кушода хисоб мешаванд.

Агар анборхои гумруки танхо барои нигахдории моли сохиби анбори гумруки таъин гардида бошанд, анбори пушида хисоб мешаванд (моддаи 226).

  1. Номгуи молхоеро, ки наметавонанд дар анборхои навъи пушида нигох дошта шаванд, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  2. Анборхои гумрукии пушида ва кушода метавонанд барои нигахдории моли алохидае, ки нигахдории махсусро талаб менамояд ё моле, ки метавонад ба моли дигар зарар расонад (анборхои гумрукии махсус), истифода бурда шаванд.

 

Моддаи 225.          Талабот нисбати ободони, тачхизони ва махали чойгиршавии анборхои гумруки

  1. Бино ва (ё) майдонхои барои истифода ба сифати анбори гумруки таъиншуда бо максади таъмини назорати гумруки бояд тарзе сохта ва тачхизонида шаванд, ки амнияти нигахдории молро таъмин намуда, дастрасии шахсони бегонаро (шахсоне, ки кормандони анбор нестанд, нисбати мол ваколат надоранд ё намояндаи шахси дорои чунин ваколатхо намебошанд) имконнопазир созад, инчунин барои назорати гумруки нисбати ин мол имконият фарохам орад. Махали чойгиршавии анбори гумруки бо назардошти манфиати ташкилоти тичорати ва шахсони манфиатдори дигар муайян карда мешавад.
  2. Мувофики кисми 1 хамин модда макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки барои ободонии бино, тачхизот ва махали чойгиршавии бинохо ва майдонхои кушодаи барои истифодаи анбори гумруки таъиншуда талаботи хатмиро мукаррар менамояд.

 

Моддаи 226.          Сохиби анбори гумруки

  1. Сохиби анбори гумруки метавонад шахси хукукии ватани бошад, ки ба Реестри сохибони анборхои гумруки дохил карда шудааст.
  2. Сохиби анбори гумруки нигахдории моли тахти назорати гумруки бударо тибки холат ва шартхои пешбининамудаи хамин Кодекс анчом медихад.
  3. Муносибати сохиби анбори гумруки бо шахсоне, ки молро дар анборхои гумруки барои нигахдори чойгир намудаанд, дар асоси шартнома ба рох монда мешавад. Набастани шартнома аз чониби сохиби анбори гумрукии кушода хангоми мавчудияти шароити муносиби бастани он ичозат дода намешавад.
  4. Сохибони анборхои гумруки метавонанд макомоти гумрукие бошанд, ки ба сифати сохиби анбори гумруки, бе дохил намудани онхо ба Реестри сохибони анборхои гумруки фаъолият намоянд. Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки вазифадор аст на камтар аз як маротиба дар шаш мох мунтазам нашри номгуи анборхои гумрукиро, ки сохиби он макоми гумрук хисоб мешавад, инчунин тагйиру иловахо ба онхоро дар нашрияхои расми таъмин намояд.

 

Моддаи 227.          Шарти дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки

  1. Шартхои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки аз инхо иборатанд:

1) сохибии (тахти моликият, пешбурди хочагидори ё тахти ичора) бино ва (ё) майдончахои кушодаи барои истифода ба сифати анбори гумруки коршоям ва чавобгуи талаботи мукарраргардида (моддаи 225);

2) таъмини супоридани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

3) шартнома дар бораи сугуртаи хавфи масъулияти шахрвандии худ, ки метавонад дар натичаи расонидани зарар ба моли дигар шахсон, ки тахти нигахдори карор гирифтааст ё вайрон кардани шартхои дигари нигахдори бо шахсони дигар фаро расад. Маблаги сугурта, ки дар доираи он сугуртакунанда ухдадор мешавад хангоми фарорасии хар як холати сугурта зарари ба моликияти шахсон расонидашударо чуброн намояд, тибки масохати муфид ё хачми муфид хисоб карда мешавад ва агар ба сифати анбори гумруки майдончаи кушода истифода шуда бошад – дар хачми 5 – нишондиханда барои хисобхо барои хар як метри мураббаи масохати муфид ё агар ба сифати анбори гумруки бино истифода шуда бошад – дар хачми 2 – нишондиханда барои хисобхо барои хар як метри мукааби масохати муфид истифода бурда шавад, вале наметавонад аз хачми 8000 – нишондиханда барои хисобхо камтар бошад

  1. Агар сохибии бино ва (ё) майдончаи кушода дар асоси шартномаи ичора анчом дода шавад, дар ин сурат шартнома бояд ба мухлати на камтар аз се сол аз рузи пешниходи ариза чихати дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки баста шавад.

 

Моддаи 228.          Ариза барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки

  1. Шахс ба Реестри сохибони анборхои гумруки дар асоси аризаи чавобгуи талаботи мукаррарнамудаи моддаи 226 хамин Кодекс дохил карда мешавад.
  2. Ариза барои дохилшави ба Реестри сохибони анборхои гумруки бояд инхоро дар бар гирад:

1) мурочиат ба макоми гумрук бо ариза барои дохилшави ба Реестри сохибони анборхои гумруки;

2) маълумот дар бораи номгуй, шакли ташкилию хукуки, махали чойгиршави, кушодани суратхисобхои бонки, инчунин андозаи сармояи оинномавии (чамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномави ё аъзохаккии аризадиханда;

3) маълумот дар бораи навъи анбори гумруки (барои анбори пушида, инчунин асоснокии зарурат ва ба максад мувофик будани интихоби ин анбор);

4) маълумот дар бораи бинохо ва (ё) майдончахои кушодае, ки дар ихтиёри аризадиханда карор дошта, барои истифода ба сифати анбори гумруки таъин гардидааст, махали чойгиршави, ободони, тачхизони ва таъминоти моддию техникии онхо;

5) маълумот дар бораи таъмини пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

6) маълумот дар бораи шартномаи (шартномахои) сугуртаи хавфи масъулияти шахрвандии аризадиханда.

  1. Ба аризаи барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки хуччатхои зерини тасдиккунандаи маълумоти пешниходшуда замима мегарданд:

1) шаходатнома дар бораи сабти давлатии шахси хукуки;

2) хуччатхои тасдиккунандаи хукуки сохибии бинохо ва (ё) майдончахои кушода, ки барои истифода ба сифати анбори нигахдории муваккати таъин гардидаанд;

3) тарххо ва накшахои бинохо ва (ё) майдончахои кушода, ки барои истифода ба сифати анбори нигахдории муваккати таъин гардидаанд;

4) хуччатхои тасдиккунандаи супурдани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

5) тасдикномахои бонкхо дар бораи кушодани суратхисобхо;

6) шартномаи (полиси) сугурта;

  1. Барои хар бинои худудан алохида ва (ё) хар майдончаи кушодаи худудан алохида, ки барои истифода ба сифати анбори гумруки таъин гардидааст, аризаи алохида пешниход карда мешавад.

 

 Моддаи 229.         Шаходатнома дар барои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки

  1. Дохил намудани сохиби анбори гумруки ба Реестри сохибони анборхои гумруки нисбати хар як бинои худудан алохида ва (ё) хар як майдончаи кушодаи худудан алохида, ки ба сифати анбори гумруки истифода мегардад, анчом дода мешавад. Ба хар як бинои худудан алохида ва (ё) хар як майдончаи кушодаи худудан алохида дар бораи дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки шаходатнома дода мешавад.
  2. Шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки инхоро дар бар мегирад:

1) номи сохиби анбори гумруки ва нишон додани номгуи шакли ташкилию хукуки ва махали чойгиршави;

2) маълумот дар бораи хукуки сохибии бино ва (ё) майдончаи кушода, ки ба сифати анбори гумруки истифода мешавад;

3) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтхои гумруки тибки талаботи пешбининамудаи моддаи 384 хамин Кодекс;

4) нишон додани навъи анбори гумруки;

5) нишон додани махали чойгиршавии анбори гумруки.

  1. Шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки дар давоми панч сол эътибор дорад.

 

Моддаи 230.          Вазифахо ва масъулияти сохиби анбори гумруки

  1. Сохиби анбори гумруки вазифадор аст:

1)               шарт ва талаботи мукаррарнамудаи хамин Кодексро нисбати нигахдории мол дар анборхои гумруки риоя намояд;

2)               бахисобгирии моли нигахдоришавандаро анчом дода, ба макомоти гумрук дар бораи нигахдории ин мол хисобот пешниход намояд (моддаи 405);

3)               амнияти моли дар анборхои гумруки нигахдоришавандаро таъмин намояд;

4)               дастрасии шахсони бегонаро ба моли нигахдоришаванда бе ичозати макомоти гумрук имконнопазир созад;

5)               бочхои гумруки ва андозро дар холатхои пешбининамудаи кисми 2 хамин модда, инчунин дар холатхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи 90 хамин Кодекс пардозад, агар сохиби анбори гумруки дорои ичозат ба транзити дохилии гумруки бошад.

  1. Сохиби анбори гумруки нисбати моли дар анбори гумруки нигахдоришаванда, хангоми гум кардан ё бе ичозати макоми гумрук додани мол барои пардохти бочхои гумруки ва андоз масъул мебошад. Сохиби анбори гумруки барои пардохти бочхои гумруки, андозхо танхо хангоме масъул намебошад, ки агар мол дар натичаи садама, таъсири кувваи рафънопазир ё талафи табии хангоми нигахдории мукаррари нобуд ё тамоман талаф шуда бошад.

 

Моддаи 231.          Бозхондани шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки

Шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки метавонад аз чониби макоми гумрук дар холатхои зерин бозхонда шавад:

1)               аз чониби сохиби анбори гумруки риоя нашудани хатто яке аз шартхои дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки, ки тибки моддаи 227 хамин Кодекс мукаррар шудааст;

2)               аз чониби сохиби анбори гумруки риоя нашудани ухдадорихои пешбининамудаи банди 5 кисми 1 моддаи 230 хамин Кодекс;

3)               агар сохиби анбори гумруки чандин маротиба барои хукуквайронкунии маъмури дар сохаи фаъолияти гумруки ба чавобгарии маъмури чалб шуда бошад.

 

Моддаи 232.          Амалиёт бо мол хангоми хорич намудани сохиби анбори гумруки аз Реестри сохибони анборхои гумруки

Хангоми бозхондани шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри сохибони анборхои гумруки ё хорич намудани сохиби анбори гумруки аз Реестри сохибони анборхои гумруки бо дигар асосхо моли дар анборхои гумруки нигахдоришаванда бояд аз хисоби вай дар мухлати ду мох аз рузи хоричшави дар анбори дигари гумруки чойгир карда шаванд. Сохиби анбори гумруки вазифадор аст шахсонеро, ки моли худро дар анборхои гумруки карор додаанд, дар давоми 3 рузи хорич намудани вай аз Реестри сохибони анборхои гумруки огох намояд. Аз рузи дигари хорич намудани сохиби анбори гумруки аз Реестри сохибони анборхои гумруки чойгиркунии мол дар ин анборхои гумруки манъ мебошад.

 

Моддаи 233.          Нигахдории мол дар анборхои гумрукии макомоти гумрук

  1. Анборхои гумрукии макомоти гумрук анборхои кушода хисоб мешаванд ва бояд чавобгуи талаботи мукаррарнамудаи моддаи 225 хамин Кодекс бошанд.
  2. Хангоми нигахдории мол дар анборхои гумруки муносибати муттакобилаи макомоти гумрук бо шахсоне, ки моли худро дар анборхои гумруки чой медиханд, мутобики хамин Кодекс ва Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ба рох монда мешавад. Нисбати шартномаи макоми гумрук бо шахсе, ки моли худро дар анборхои гумруки чойгир менамояд, талаботи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон, ки барои шартномаи оммави пешбини шудааст, татбик мегардад. Аз чониби макоми гумрук набастани шартномаи нигахдории мол хангоми мавчудияти имконияти бастани он ичозат дода намешавад.

Кабули мол барои нигахдори аз чониби макоми гумрук дар анборхои гумруки бо додани квитантсияи дорои намунаи муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ба шахси сохиби бор тасдик карда мешавад.

  1. Хукук, вазифахо ва масъулияти макоми гумрук марбут ба нигахдории мол дар анборхои гумруки аз мохияти масъулияти мувофики мукаррароти умумии нигахдори пешбининамудаи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон, бо назардошти мукаррароти хамин Кодекс бармеояд.

Макоми гумрук дар сурати гум шудани моли дар анборхои гумруки нигахдоришаванда барои пардохти бочхои гумруки ва андоз чавобгар мебошад, ба истиснои холатхое, ки агар мол дар натичаи садама, таъсири кувваи рафънопазир ё талафи табии хангоми нигахдории мукаррари нобуд ё тамоман талаф шуда бошад.

 

БОБИ 26. РЕИМПОРТ

 

Моддаи 234.          Мазмуни низоми гумрукии реимпорт

  1. Реимпорт низоми гумрукие мебошад, ки мувофики он моли каблан аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон содиршуда ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон мувофики мухлатхои мукарраршуда (банди 2 кисми 1 моддаи 235), бе пардохти бочхои гумруки ва андоз ва бе татбики мамнуият ва махдудияти дорои хусусиятхои иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ворид карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Моли тахти низоми гумрукии реимпорт чойгиршуда барои максади гумруки чун ичозатшуда барои муомилоти озод барраси карда мешавад.

 

Моддаи 235.          Шартхои тахти низоми гумрукии реимпорт карор додани мол

  1. Тахти низоми гумрукии реимпорт карор додани мол ичозат дода мешавад, агар:

1)               хангоми содир намудани мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон он дорои статуси тахти муомилоти озод карордошта ё махсули коркарди моли хоричи бошад (боби 21);  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2)               мол дар чараёни 3 соли баъд аз рузи дигари интиколи моли мазкур аз сархади гумруки хангоми содироти он аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон тахти низоми гумрукии реимпорт арз шудааст. Тибки дархости асосноки шахси манфиатдор макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мухлати мазкурро нисбати тачхизоти дар сохтмон, истехсолоти саноати, истихрочи канданихои фоиданок ва дигар максадхои шабех бо шарти риояи хамаи дигар мукаррароти хамин боб тамдид менамояд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3)               мол дар хамон холате, ки аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон содир шуда буд, бетагйир боки монда бошад, ба истиснои тагйирот дар натичаи фарсудашавии табии ё талафи табии хангоми шароити муътадили интикол, нигахдори ва истифода;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

4)               маблаги бочхои гумруки, андозхо, субсидияхо ва дигар маблагхое, ки бояд хангоми реимпорти мол ба бучети давлати (моддаи 236) баргардонида шаванд, пардохта шуда бошад.

  1. Истифодаи мол берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо максади ба даст овардани фоида, инчунин ичрои амалиёти зарури барои таъмини нигахдории он, аз чумла таъмир (ба истиснои таъмири асоси ва модернизатсия), хизматрасонии техники ва дигар амале, ки барои нигахдории хусусиятхои истифодабарии мол заруранд ва нигох доштани мол дар холате, ки он дар рузи содирот аз худуди и гумрукии Чумхурии Точикистон карор дошт, барои чойгир намудани он тахти низоми гумрукии реимпорт монеа шуда наметавонад, ба истиснои холатхое, ки ичрои амалхои таъмир боиси баланд шудани арзиши мол нисбат ба арзиши он дар рузи содирот нагардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3.Тахти низоми гумрукии реимпорт метавонад моле чойгир карда шавад, ки каблан тахти низомхои дигари гумруки карор дошт.

  1. Карор додани молхо тахти низоми гумрукии реимпорт бошарти риояи италаботи кисми 1 хамин мода хамчунин дармавриди ичозат дода мешавад, ки агар танхокисми аз молхои каблан содир шуда воридгардад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 236.          Баргардонидани маблаги бочхои гумрукии воридоти, андозхо, субсидияхо ва дигар маблаг хангоми реимпорти мол

  1. Хангоми реимпорти мол ба бучети давлати бояд ин маблаг баргардонида шавад:

1) маблаги бочхои гумрукии воридоти, андозхо ва (ё) фоизи онхо, агар маблаги чунин бочхои гумруки, андозхо ва (ё) фоизхо ситонида нашуда бошад ё вобаста ба содироти мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон баргардонида шуда бошад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) маблаги андозхои дохили, субсидияхо ва дигар маблаги пардохтнашуда ё каблан мустакиман ё гайримустаким ба сифати пардохт, имтиёз гирифташуда ё аз сабаби содироти мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон чуброн гардидааст.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Маблаги бочхои гумрукии воридоти ва андозхои тибки коидахои мукаррарнамудаи кисми 4 моддаи 185 хамин Кодекс барои муайян намудани маблаги барои пардохти бочхои гумруки ва андоз зарури хангоми ичозати махсули коркарди мол барои муомилоти озод хисоб карда мешавад.

Маблаги андозхои дохили дар асоси меъёрхои дар рузи кабули декларатсияи гумруки хангоми баровардани мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон амалкунанда ва арзиши гумрукии мол ва (ё) теъдоди он, ки хангоми баровардани он аз худуди Чумхурии Точикистон муайян шудааст, хисоб карда мешавад.  (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347; (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Тартиби хисоби маблаги субсидия ва дигар маблаги дар кисми 2 хамин модда зикрнашуда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. Хукумати Чумхурии Точикистон хукук дорад холатхоеро мукаррар намояд, ки хамзамон бо ин маблаг фоизхои он дар хачми мукаррарнамудаи Кодекси андози Чумхурии Точикистон ситонида шавад.
  2. Маблагхои бочхои гумруки, андозхо, субсидияхо ва дигар фоизхое, ки мувофики хамин модда пешбини шудааст, аз чониби макомоти гумрук мувофики тартиби мукаррарнамудаи хамин Кодекс ситонида мешаванд.

 

Моддаи 237.          Хуччат ва маълумоте, ки барои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии реимпорт заруранд

  1. Барои гирифтани ичозати чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии реимпорт декларант ба макоми гумрук дар бораи шароитхои баровардани мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон, инчунин дар бораи таъмири мол, агар чунин амалиёт бо мол берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон гузаронида шуда бошанд, маълумот пешниход мекунад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Барои тасдики маълумоти дар кисми 1 хамин модда зикршуда декларант ба макоми гумрук декларатсияи гумрукиро, ки хангоми содироти мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон кабул шуда буд, хуччатхои тасдиккунандаи рузи убури мол аз сархади гумруки хангоми содирот, хуччатхои тасдиккунандаи риояи талаботи моддаи 236 хамин Кодекс, инчунин дигар хуччатхои тасдиккунандаи маълумоти арзшударо пешниход менамояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 238.          Баргардонидани маблаги бочхои гумрукии содироти хангоми реимпорти мол

  1. Маблаги пардохтшудаи бочхои гумрукии содироти хангоми реимпорти мол баргардонида мешавад, агар мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон тибки низоми гумрукии реимпорт дар давоми на дертар аз 6 мохи баъди убури мол аз сархади гумруки хангоми содироти он аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид карда шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Маблаги бочхои содиротии гумрукии пардохтшуда бо карори макомоти гумрук аз чониби макомоти ваколатдори молия тибки хамин Кодекс баргардонида мешавад.

 

БОБИ 27. РЕЭКСПОРТ

 

Моддаи 239.          Мазмуни низоми гумрукии реэкспорт

Реэкспорт  низоми гумрукие мебошад, ки мувофики он моли каблан ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридгардида аз ин худуд бидуни пардохт ё баргардонидани бочхои гумрукии воридоти ва андозхо, бе татбики мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусиятхои иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон содир карда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 240.          Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии реэкспорт

  1. Тахти низоми гумрукии реэкспорт мол бо шартхои зайл чойгир карда мешавад:

1)               баровардани молхое, ки дар чойхои нигахдории муваккати карор доранд то чойгиркунии онхо тахти низоми муайяни гумруки;

2)               баровардани моли каблан барасмиятдаровардашуда тахти низоми гумрукии ичозати мол барои муомилоти озод, бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 242 хамин Кодекс;

3)               содироти молхои хоричи, ки тахти амалиёти коркард карор нагирифтаанд ва каблан тахти низоми гумрукии коркард дар худуди гумруки ва коркарди мол барои муомилоти озод чойгир карда шудаанд:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

4)               содироти молхои хоричи, ки каблан тахти низомхои гумрукии анбори гумруки, минтакаи озоди гумруки, анбори озод, воридоти муваккати ва савдои бебоч карор дода шудаанд; (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)

5)               содироти молхои хоричии ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридкардашуда бо вайрон кардани талаботи манъи воридоти онхо тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон (кисми 1 моддаи 12).  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Тартиби барасмиятдарории гумрукии моли реэкспортшаванда аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мукаррар карда мешавад.
  2. Реэкспорти моли зераксизи дар сурати таъмини пардохти бочхои гумруки, андозхо ё мушоияти гумруки анчом дода мешавад.
  3. Санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва (ё) санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон метавонанд шартхои иловагии чойгир намудани молро тахти низоми гумрукии реэкспорт мукаррар намоянд.

 

Моддаи 241.          Татбики бочхои гумруки ва андоз хангоми реэкспорти мол

  1. Хангоми реэкспорти мол озодкуни аз пардохти бочхои гумрукии воридоти ва андозхо фарохам оварда мешавад ё баргардонидани таъмини пардохти бочхои гумруки ва андоз анчом дода мешавад, агар чунин озодкуни ё баргардонидан хангоми анчоми низоми гумруки, ки тибки он мол дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон карор дошт, пешбини шуда бошад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845; КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Хангоми содир намудани моли реэкспортшаванда бочхои гумрукии содироти пардохта намешаванд.

  

Моддаи 242.          Татбики низоми гумрукии реэкспорт нисбати моле, ки барои муомилоти озод ичозат дода шудааст

  1. Молхои барои муомилоти озод ичозатдодашуда, ки онхо дар рузи убури сархади гумруки дорои камбудихо буданд ё ба тарзи дигар ба теъдод, сифат, тавсиф, бастабанди ё дигар шартхои муомилоти иктисодии хоричи мувофикат намекарданд ва аз хамин сабабхо ба ирсолкунандаи бор ё ба шахси дигари зикрнамудаи он баргардонида мешаванд, метавонанд тахти низоми гумрукии реэкспорт чойгир карда шаванд, агар ин молхо:

1) дар Чумхурии Точикистон истифода ва таъмир нашуда бошанд, ба истиснои холатхое, ки мол барои муайян намудани камбуди ё дигар холатхое, ки боиси баргардонидани онхо гардидаанд, истифода шуда бошанд;

2) метавонанд аз чониби макомоти гумрук хаммонанд карда шаванд;

3) дар давоми 6 мох аз рузи ичозати онхо барои муомилоти озод бароварда шаванд.

  1. Хангоми реэкспорти мол тибки кисми 1 хамин модда маблаги пардохтшудаи бочхои гумруки ва андоз мутобики моддаи 397 хамин Кодекс баргардонида мешаванд.

 

БОБИ 28. НОБУДКУНИ

 

Моддаи 243.          Мазмуни низоми гумрукии нобудкуни

Нобудкуни низоми гумрукие мебошад, ки мувофики он моли хоричи тахти назорати гумруки, бе пардохти бочхои гумруки ва андоз, инчунин бе татбики мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон нобуд карда мешавад.

 

Моддаи 244.          Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии нобудкуни

  1. Нобудкунии мол ичозат дода мешавад, агар моли тахти нобудкуни карордошта бо усули аз нигохи иктисоди судманд ба шакли аввалааш баркарор карда нашавад.
  2. Нобудкуни нисбати гурухи молхои зерин ичозат дода намешавад:

1)               арзиши фарханги;

2)               намудхои хайвонот ва растанихое, ки тахти хатари нобудшави карор доранд, узв ва махсули онхо (дериватхо), ба истиснои холатхое, ки нобудкунии онхо барои максадхои пешгирии эпидемия ва холатхои эпизооти анчом дода мешавад;

3)               моли аз чониби макомоти гумрук ба сифати гарав кабулшуда, то анчоми муносибатхои вобаста ба гарав;

4)               моли аз чониби макоми давлатии ваколатдор ситонидашуда ё моле, ки нисбати он тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хабси амвол пешбини шудааст;

5)               дигар молхое, ки номгуи онхоро метавонад Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар намояд.

  1. Нобудкунии мол ичозат дода намешавад, агар:

1) нобуд кардани мол ба мухити зист зарари чидди расонад ё мустакиман ё гайримустаким ба хаёт ва саломати одамон хатари чидди дошта бошад;

2) мол бо рохи истеъмол аз руи таъиноти мукаррариаш нобуд карда шавад;

3) барои макомоти давлатии Чумхурии Точикистон боиси харочот гардад.

 

Моддаи 245.          Мухлат ва махали нобудкуни

  1. Мухлати нобудкунии молро макоми гумрук дар асоси аризаи декларант, бо назардошти вакти дахлдор барои гузаронидани амали нобудкунии намуди моли арзшуда ва мухлате, ки барои интиколи мол бо воситаи наклиёт аз махали чойгиршави ба махали нобудкуни зарур аст, мукаррар карда мешавад.
  2. Махали нобудкунии молро декларант бо розигии макоми гумрук, бо назардошти талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи мухити зист муайян менамояд.

 

Моддаи 246.          Татбики низоми гумрукии нобудкуни нисбати моле, ки дар натичаи садама ё таъсири кувваи рафънопазир талаф ёфтааст

  1. Низоми гумрукии нобудкуни метавонад нисбати моли нобудкардашуда, тамоман талафшуда ё дар натичаи садама ё таъсири кувваи рафънопазир харобгардида татбик карда шавад.
  2. Хангоми чойгир намудани моли нобудшаванда ё харобгашта тахти низоми гумрукии нобудкуни мукаррароти кисми 1 моддаи 244 ва моддаи 247 хамин Кодекс татбик карда мешавад.

 

Моддаи 247.          Партовхои моли нобудкардашуда

  1. Аз партовхое, ки дар натичаи нобудкунии моли хоричи ба миён омадаанд, бояд бочхои гумруки ва андоз ситонида шаванд, чуноне, ки агар партовхои мазкур ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дар хамин холат ворид гардида бошанд, ба истиснои холатхое, ки ин партовхо аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бароварда шудаанд ё чунон коркард шудаанд, ки барои истифодаи минбаъдаи тичорати дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон корношоям буда, онхоро бо усули аз нигохи иктисоди судманд баркарор кардан ва ба холати аввала баргардонидан имконнопазир аст. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Партовхое, ки аз онхо бочхои гумруки ва андоз ситонида мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.

  1. Барои максадхои ситонидани бочхои гумруки ва андоз партовхо чун моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридгардида дониста мешаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Арзиши гумрукии партовхо тибки коидахои пешбининамудаи моддаи 183 хамин Кодекс муайян карда мешавад.
  3. Масъулияти пардохти бочхои гумруки ва андоз барои партовхо ба зиммаи декларант гузошта мешавад.

 

БОБИ 29. ДАСТ КАШИДАН БА МАНФИАТИ ДАВЛАТ

 

Моддаи 248.          Мазмуни низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат

   Даст кашидан ба манфиати давлат низоми гумрукие мебошад, ки хангоми он мол ройгон, бидуни ситонидани бочхои гумруки ва андоз, инчунин бидуни истифодаи мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба моликияти давлат гузаронида мешавад.

 

Моддаи 249.          Шартхои чойгир кардани мол тахти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат

  1. Даст кашидан аз мол ба манфиати давлат набояд боиси харочоти макомоти давлатии Чумхурии Точикистон гардад, ки чуброни он аз хисоби маблаги аз фуруши мол бадастомада имконнопазир аст.
  2. Тахти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат моле, ки муомилоти он мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ карда шудааст, карор дода намешавад.

Моле, ки муомилоташон мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ аст, дар асоси карори суд, бо истифодаи мусодира тибки хукуквайронкунии маъмури дар сохаи фаъолияти гумруки ба моликияти давлат гузаронида мешаванд.

  1. Номгуи мушаххаси молеро, ки наметавонад тахти низоми гумрукии даст кашидан аз мол ба манфиати давлат карор дода шавад, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 250.          Статуси моле, ки шахс аз он ба манфиати давлат даст кашидааст

  1. Молхое, ки тахти низоми гумрукии даст кашидан аз мол ба манфиати давлат карор гирифтаанд, тибки хамин Кодекс ба моликияти давлат гузаронида мешаванд.
  2. Аз лахзаи ба макомоти гумрук додани моле, ки шахс аз он ба манфиати давлат даст кашидааст, ин мол бо максади гумруки дорои статуси ичозат барои муомилоти озод дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ба хисоб меравад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 251.          Масъулият барои татбики низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат

Масъулият барои хукуки ихтиёрдории мол бо рохи чойгир намудани он тахти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат ба зиммаи декларант гузошта мешавад. Макомоти гумрук хеч гуна даъвои амволии шахсони  нисбати мол ваколатдорро, ки аз он декларант ба манфиати давлат даст кашидааст, чуброн намекунанд.

 

БОБИ 30. СОДИРОТИ МУВАККАТИ

 

Моддаи 252.          Мазмуни низоми гумрукии содироти муваккати

  1. Содироти муваккати низоми гумрукие мебошад, ки хангоми он моли ватани метавонад дар мухлати муайян берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон, бо озодкунии пурраи шарти аз ситонидани бочхои гумрукии содироти ва бе татбики мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, истифода бурда шавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Хангоми содироти муваккатии мол озодкуни аз андозхои дохили, баргардонидан ё чуброни он татбик намегардад.

 

Моддаи 253.          Шартхои чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии содироти муваккати

  1. Мол тахти низоми гумрукии содироти муваккати дар холатхои зерин чойгир карда мешавад:

1)               таъмини хаммонандсозии мол аз чониби макомоти гумрук хангоми воридоти бозпаси он;

2)               пешниходи ухдадори дар бораи воридоти бозпаси мол тибки намунаи тасдикнамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки;

3)               таъмини пардохти бочхои гумрукии содироти.

  1. Чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии содироти муваккати барои моле, ки содироти он аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон манъ аст, мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ичозат дода намешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 254.          Мухлати содироти муваккати

  1. Мухлати умумии содироти муваккатии мол на зиёда аз се сол мебошад.

Мухлати содироти муваккати аз чониби макоми гумрук тибки аризаи декларант, бо назардошти максад ва шартхои чунин содирот ва мукаррароти кисми 2 хамин модда муайян карда мешавад. Бо дархости асосноки шахси мазкур мухлати арзшудаи содироти муваккати бо назардошти мукаррароти кисми 2 хамин модда, вале на бештар аз як сол тамдид карда мешавад.

  1. Барои намудхои алохидаи мол, ки воридоти бозпаси он хангоми содироти муваккати мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хатми мебошад, Хукумати Чумхурии Точикистон мухлати нихоии содироти муваккатиро мукаррар менамояд.

 

Моддаи 255.          Истифодаи бочхои гумрукии содироти

  1. Хангоми содироти муваккатии мол озодкунии пурраи шарти аз пардохти бочхои гумрукии содироти фарохам оварда мешавад.
  2. Хангоми баргашта наовардани моли муваккатан содиршуда маблаги бочхои гумрукии содироти бо назардошти арзиши мол ва (ё) теъдоди он хангоми содирот, инчунин меъёрхои бочхои гумрукии дар рузи арзшавии мол тахти низоми гумрукии содироти муваккати амалкунанда пардохта мешаванд. Фоизхо аз ин маблаг дар хачми мукаррарнамудаи Кодекси андози Чумхурии Точикистон пардохта мешаванд, ба мисли он ки барои ин маблагхо дар рузи чойгиркунии моли ватани тахти низоми гумрукии содироти муваккати тамдиди мухлат фарохам оварда шуда бошад.

 

Моддаи 256.          Анчоми низоми гумрукии содироти муваккати

  1. Моли муваккатан содиргардида ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон на дертар аз рузи ба охир расидани мухлати содироти муваккати (моддаи 254) бояд баргардонида шавад ё мувофики хамин Кодекс тахти низоми дигари гумруки арз карда шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Бо дархости шахсе, ки молро тахти низоми гумрукии содироти муваккати карор додааст, макоми гумрук барои иваз намудани низоми гумрукии содироти муваккати ба низоми гумрукии содирот, бо риояи шарт ва талаботи пешбининамудаи хамин Кодекс ичозат медихад, ба истиснои холатхое, ки агар мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон моли муваккатан содиршуда бояд хатман ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон баргардонда шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Хангоми ба шахси хоричи додани моли муваккатан содиршуда шахсе, ки молро тахти низоми гумрукии содироти муваккати карор додааст, ба истиснои холатхои пешбининамудаи кисми 2 хамин модда, вазифадор аст низоми гумрукии содироти муваккатиро ба низоми гумрукии содирот иваз намояд.
  4. Тагйири низоми гумрукии содироти муваккати ба низоми дигар, ки нисбати моли содироти истифода мегардад, бидуни пешниходи вокеии мол ба макоми гумрук ичозат дода мешавад.

 

Моддаи 257.          Масъулият вобаста ба пардохти бочхои гумруки

Масъулият вобаста ба пардохти бочхои гумруки мувофики кисми 2 моддаи 350 хамин Кодекс ба зиммаи шахсе гузошта мешавад, ки молро тахти низоми гумрукии содироти муваккати карор додааст.

 

БОБИ 31. САВДОИ БЕБОЧ

 

Моддаи 258.          Мазмуни низоми гумрукии савдои бебоч

  1. Савдои бебоч низоми гумрукие мебошад, ки хангоми он молхои хоричии ба худуди Чумхурии Точикистон воридшуда ё молхои ватани ба тарики чакана ба шахсони вокеии берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон сафаркунанда мустакиман дар магозаи савдои бебоч, бидуни пардохти бочхои гумруки ва андоз, инчунин бе татбики мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон фурухта мешаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Тахти низоми гумрукии савдои бебоч хамаи мол чой дода мешавад, ба истиснои моле, ки воридот ва содироти он ба Чумхурии Точикистон, муомилоти он дар худуди Чумхурии Точикистон манъ аст, инчунин дигар молхое, ки номгуи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Молхои дар кисми 1 хамин модда зикршуда дар магозахои савдои бебоч тахти назорати гумруки дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон, дар нуктахои гузаргох аз Сархади давлатии Чумхурии Точикистон фурухта мешаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Моли дар магозахои савдои бебоч фурухташаванда мувофики тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки бояд дорои воситахои хаммонандсози бошад.
  5. Хангоми карор додани моли ватани тахти низоми гумрукии савдои бебоч озодкуни аз пардохти андозхои дохили, баргардонидан ё чуброни он мувофики конунгузории андози Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
  6. Хангоми чойгир намудани моли хоричи тахти низоми савдои бебоч маблаги бочи гумрукии воридоти ва андоз баргардонида мешавад, агар баргардонии онхо хангоми содироти вокеии мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон мувофики хамин Кодекс пешбини шуда бошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  7. Декларанти моли тахти низоми гумрукии савдои бебоч чойгиршаванда метавонад танхо сохиби магозаи савдои бебоч бошад.
  8. Сохиби магозаи савдои бебоч метавонад танхо шахси хукукии ватание бошад, ки ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч дохил карда шудааст.
  9. Моле, ки барои таъмини фаъолияти магозаи савдои бебоч истифода мегардад, набояд тахти низоми гумрукии савдои бебоч чой дода шавад.
  10. Магозаи савдои бебоч мувофики тартиби мукарраркардаи низом дар нуктахои гузаргохи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон дар сурати мавчуд будани хуччатхои бакайдгири ва ичозат барои фуруши чаканаи мол, агар хатми будани онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини карда бошад, кушода мешавад.
  11. Ичозати мол мувофики низоми гумрукии савдои бебоч баъди гирифтани шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч имконпазир мебошад.

 

Моддаи 259.          Талабот нисбати ободони ва тачхизонии бинои магозаи савдои бебоч

  1. Бинои магозаи савдои бебоч метавонад аз толори савдо, бинохои ёрирасон ва анборхо иборат бошад.

Бинохои мазкур бояд тарзе мучаххаз бошанд, ки фуруши молро танхо дар толорхои магозаи савдои бебоч анчом дода, инчунин хифзи мол ва имконияти назорати гумрукиро нисбати онхо таъмин намоянд.

  1. Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки барои ободонии анборхои магозаи савдои бебоч талаботи хатмиро мукаррар мекунад, агар чунин анборхо берун аз нуктахои гузаргох аз сархади давлатии Чумхурии Точикистон мувофики тартиби пешбининамудаи моддаи 107 хамин Кодекс чойгир шуда бошанд.
  2. Толорхои савдои магоза бояд тарзе чойгир шаванд, ки монда рафтани молхои аз магозаи савдои бебоч харидшударо дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон истисно намоянд, аз чумла ба дасти шахсони вокеие, ки дар ин худуд мемонанд, додани онхоро имконнопазир гардонанд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Бинои магозаи савдои бебоч минтакаи назорати гумруки ба шумор меравад.
  4. Агар бино дар асоси шартномаи ичора ихтиёрдори карда шавад, пас бояд ин шартнома ба мухлати на камтар аз се сол аз рузи додани ариза барои дохилшави ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч баста шавад.

 

Моддаи 260.          Шарти дохил намудан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч

  1. Шартхои дохил намудан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч аз инхо иборатанд:

1) сохибии биное (тахти моликият, пешбурди хочагидори ё тахти ичора), ки барои истифодаи он ба сифати магозаи савдои бебоч муносиб ва чавобгуи талаботи мукарраргардида бошад (моддаи 259);

2) таъмини супоридани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

3) шартномаи сугуртаи хавфи масъулияти шахрвандии худ, ки метавонад дар натичаи расонидани зарар ба моли шахсони дигар, ки ба фуруш монда шудааст ё вайрон кардани шартхои дигари фуруш бо шахсони дигар фаро расад. Маблаги сугурта, ки дар доираи он сугуртакунанда ухдадор мешавад хангоми фарорасии хар як холати сугурта зарари ба моликияти шахсон расонидашударо чуброн намояд, тибки масохат ё хачми муфид дар хачми 2 – нишондиханда барои хисобхо барои хар як метри мукааби масохати муфид муайян карда мешавад, вале наметавонад аз хачми 3000 – нишондиханда барои хисобхо камтар бошад.

 

Моддаи 261.          Ариза барои дохил кардан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч

  1. Шахс ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч дар асоси аризае, ки чавобгуи шартхои мукаррарнамудаи моддахои 258 – 260 хамин Кодекс мебошад, дохил карда мешавад.
  2. Ариза барои дохил кардан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч бояд инхоро дар бар гирад:

1)               мурочиат ба макоми гумрук барои дохил кардан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч;

2)               маълумот дар бораи номгуй, шакли ташкилию хукуки, махали чойгиршави, оид ба кушодани суратхисобхои бонки, инчунин маълумот дар бораи микдори сармояи оинномавии (чамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномави ё аъзохаккии аризадиханда;

3)               маълумот дар бораи бинохои дар ихтиёри аризадиханда карордошта, ки барои истифода ба сифати магозаи савдои бебоч таъин шудаанд, дар бораи махали чойгиршавии он, ободони, тачхизони ва таъминоти моддию техникии он;

4)               маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

5) маълумот дар бораи шартномаи (шартномахои) сугурта кардани хавфи масъулияти шахрвандии аризадиханда.

  1. Ба аризаи барои дохил шудан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч хуччатхои зерине, ки тасдиккунандаи маълумоти пешниходшуда мебошанд, замима мегарданд:

1) шаходатнома дар бораи сабти давлатии шахси хукуки;

2) хуччатхои тасдиккунандаи хукуки сохибии бинохое, ки барои истифода хамчун магозаи савдои бебоч таъин гардидаанд;

3) тархи накшаи бинохо, ки барои истифода хамчун магозаи савдои бебоч таъин шудаанд;

4) хуччатхои тасдиккунандаи таъмини супоридани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

5) тасдикномахои бонкхо дар бораи кушодани суратхисобхо;

6) шартномаи (полиси) сугурта.

  1. Барои хар як бинои худудан алохида, ки барои истифодаи магозаи бебоч пешбини шудааст, аризаи алохида пешниход карда мешавад.

 

Моддаи 262.          Вазифахо ва масъулияти сохиби магозаи савдои бебоч

  1. Сохиби магозаи савдои бебоч вазифадор аст:

1) талабот ва шартхои низоми гумрукии савдои бебочро риоя кунад;

2) талаботи ободони ва тачхизонии магозаи савдои бебочро риоя кунад (моддаи 260);

3) имконияти барои максадхои дигар истифода бурдани молеро, ки ба магозаи савдои бебоч барои фуруш ворид шудаанд, истисно намояд;

4) бакайдгирии моли ба магозаи савдои бебоч воридшуда ва фуруши онро анчом дода, ба макомоти гумрук хисобот пешниход намояд (моддаи 405);

5) моли тахти низоми гумрукии савдои бебоч карордоштаро танхо дар бинохои ёрирасон ва анборхои магозаи савдои бебоч нигох дорад;

6) дар холатхои пешбининамудаи кисми 2 хамин модда ва кисми 2 моддаи 263 хамин Кодекс, инчунин дар холатхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи 90 хамин Кодекс бочхои гумруки ва андозро пардозад, ба шарте, агар сохиби магозаи савдои бебоч ичозати транзити дохилии гумрукиро дошта бошад;

7) талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро дар сохаи савдо бо назардошти хусусиятхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс риоя кунад;

8) дар сурати баста шудани магозаи бебоч макоми гумрукро огох намояд.

  1. Сохиби магозаи савдои бебоч барои пардохти бочхои гумруки ва андози моли тахти низоми гумрукии савдои бебоч карордошта хангоми гум кардани моли хоричи ё истифодаи он бо максадхои дигари гайри фуруши чакана дар магозаи савдои бебоч ба шахсони вокеие, ки аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон хорич мешаванд, мутобики талабот ва шартхои мукаррарнамудаи хамин боб масъулият дорад. Сохиби магозаи савдои бебоч барои пардохти бочхои гумруки ва андоз танхо дар сурате масъул намебошад, ки агар мол дар натичаи садама, таъсири кувваи рафънопазир ё талафи табии дар шароити муътадили нигахдори ва фуруш нобуд ё тамоман гум шуда бошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 263.          Шаходатнома барои дохил кардан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч

  1. Дохил кардан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч нисбати хар як бинои худудан алохида, ки ба сифати магозаи савдои бебоч истифода бурда мешавад, татбик мегардад. Барои хар як бинои худудан алохида дар бораи дохил кардан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч шаходатномаи алохида дода мешавад.
  2. Шаходатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч инхоро дар бар мегирад:

1)               номи сохиби магозаи савдои бебоч ва нишон додани шакли ташкилию хукуки, махали чойгиршавии он;

2) маълумот дар бораи хукуки сохибии бино, ки ба сифати магозахои савдои бебоч истифода бурда мешавад;

3) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтхои

гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

4) нишон додани махали чойгиршавии магозаи савдои бебоч.

  1. Шаходатнома дар бораи дохил кардан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч дар давоми панч сол эътибор дорад.
  2. Шаходатнома дар бораи дохил кардан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебочро макоми гумрук метавонад дар холатхои зерин бозхонад:

1) аз тарафи сохиби магозаи савдои бебоч риоя нашудани хатто яке аз шартхои мукаррарнамудаи боби 31 хамин Кодекс барои фаъолият ба сифати сохиби магозаи савдои бебоч;

2) аз тарафи сохиби магозаи савдои бебоч риоя нашудани яке аз шартхои пешбининамудаи банди 5 кисми 1 моддаи 230 хамин Кодекс ;

3) хангоми якчанд маротиба чалб намудани сохиби магозаи савдои бебоч ба чавобгарии маъмури барои хукуквайронкунии маъмури дар сохаи фаъолияти гумруки.

  1. Хангоми бозхондани шаходатнома дар бораи дохил кардан ба Реестри сохибони магозахои савдои бебоч:

1) моли хоричии тахти низоми гумрукии савдои бебоч карордошта бояд дар давоми 15 рузи баъди бозхонди шаходатномаи мазкур тахти низоми дигари гумруки карор дода шавад;

2) маблаги андозхои дохилие, ки аз моли ватании тахти низоми гумрукии савдои бебоч чойгиршуда ва дар магозаи савдои бебоч карордошта баргардонида шудаанд, бо хисоб кардани фоизхои мукаррарнамудаи Кодекси андози Чумхурии Точикистон, ки дар давраи чойгир намудани мол дар магозаи савдои бебоч амал менамуданд, тибки тартиби мукаррарнамудаи хамин Кодекс барои ситонидани бочхои гумруки ва андоз пардохта мешавад;

3) моли тахти низоми гумрукии савдои бебоч карордошта баъди як рузи бозхонди шаходатнома барои максади гумруки хамчун моли тахти низоми нигахдории муваккати чойгиршуда дониста мешавад. Фуруши чунин мол, инчунин чойгир намудани моли дигар дар магозаи савдои бебоч ичозат дода намешавад.

  1. Бозхонди шаходатнома дар бораи дохил кардан ба Реестри сохибони магозаи савдои бебоч сохиби магозаи савдои бебочро аз риояи талабот ва ичрои ухдадорихои мукаррарнамудаи хамин Кодекс озод наменамояд.

 

БОБИ 32. МИНТАКАИ ОЗОДИ ГУМРУКИ

 

Моддаи 264.          Таъиноти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки

  1. Минтакаи озоди гумруки низоми гумрукие мебошад, ки хангоми он молхои хоричи ва ватани дар худуди сархади дахлдор дар минтакахои озоди иктисоди, бо рохи пурра ё кисман озод намудан аз пардохти бочхои гумруки ва андоз, инчунин бе истифодаи мамнуият ва махдудияти дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чойгир ва истифода бурда мешаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Минтакаи озоди иктисоди хамчун худуде, ки дар он низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки амал мекунад, мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ташкил карда мешавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845; КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 265.          Моле, ки барои чойгир намудан тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки ичозат дода мешавад

  1. Тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки моле ичозат дода мешавад, ки барои ноил шудан ба максадхои ташкили минтакаи озоди иктисоди зарур аст, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.
  2. Номгуи молхои барои ноил шудан ба максадхои ташкили минтакаи озоди иктисоди зарури тибки Низомномаи минтакаи озоди гумруки, ки мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тасдик мегардад, мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 266. Амалиёте, ки нисбат ба молхои тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки чойгиршуда  ва молхое, ки зимни амалиёти коркарди молхои тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки чойгиршуда хосил шулаанд, анчом дода мешаванд

  1. Бо молхои тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки чойгиршуда ичрои амалиёти истехсоли ва тичоратии дигар, ба истеснои фуруши чаканаи онхо, мувофики номгуи мукарарнамудаи Низомномаи минтакаи озодии иктисоди ичозат дода мешавад.
  2. 2. ХукуматиЧумхурии Точикистон метавонад номгуи молхоеро, ки барои чойгиркарданашонтахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумрукчозатдода намешавад, муайян намояд, инчунин мамнуият ва махдудиятхоро барои анчом доданиамалиёти алохида бо молхое, ки тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки чойгир карда шудаанд, мукаррар намояд.
  3. Молхое, ки тахти низоми гумукии минтакаи озоди гумруки чойгир карда шудаанд, метавонад тахти низоми гумрукии дигар, аз чумла низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки бо максади чойгир кардаашон дар минтакаи озоди иктисодии дигар ё тахти расмиёти гумруки бо риояи талаботу шартхои мукарарнамудаи хамин Кодекс ва (ё) санадхои дигар меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти гумруки чойгир карда шаванд.
  4. Молхое, ки дар натичаи амалиёти коркарди молхои тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки чойгиркардашуда хосил шудаанд, метавонанд тахти низомхои гумрукии ичозат барои муомилоти озод, содирот, реэкспорт, нобудкуни, дасткашидан ба манфиати давлат, инчунин тахти низоми гумрукии минтакаи озодии гумруки бо максади чойгир кардаашон дар минтакаи озоди иктисодии дигар бо риояи талаботу шартхои мукрнамудаи хамин Кодекс ва (ё) санадхои дигари меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти гумруки чойгир карда шаванд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845; кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).

 

Моддаи 267.          Мухлати чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки

  1. Мол метавонад тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки бе махдудияти мухлат чойгир карда шавад, ба шарте агар минтакаи озоди иктисоди фаъолият намояд.
  2. Хангоми бархам додани минтакаи озоди иктисоди, молхое, ки тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки чойгир карда шудаанд ва молхое, ки дар натичаи амалиёти коркарди молхои тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки чойгиркардашуда хосил шудаанд, бояд дар давоми мухлати анчомёбии расмиёти бархамдихии минтакаи озоди иктисоди ки санадхои меъёрии хукукуии Чумхурии Точкистон мукарар намудааст, тахти низоми гумруки ё расмиёти гумруки мутобики кисмхои 3 ва 4 моддаи 266 хамин Кодекс чойгир карда шаванд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро мукарар накарда бошад.
  3. Содироти берун аз худуди минтакаи озоди иктисодии молхо, ки тахти низоми гумрукии митакаи озоди гумруки чойгир карда шудаанд ва молхое, ки дар начаи амалиёти коркарди молхои тахти низоми гумрукии митакаи озоди гумруки чойгиркардашуда хосил шудаанд, ба шарте ичозат дода мешавад, ки молхои мазкур тахти низоми гумруки ё расмиёти гумруки мутобики кисмхои 3 ва 4 моддаи 266 хамин Кодекс чойгир шаванд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро мукарар накарда бошад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 268.          Тадбирхо оид ба таъмини риояи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон дар минтакахои озоди гумруки

  1. Худуде, ки барои ташкил кардани минтакаи озоди иктисоди пешбини шудааст, бояд тарзе ободу тачхизонида шавад, ки тавонад риояи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, аз чумла имконияти анчом додани назорати гумрикиро нисбат ба молхои тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки чойгиршуда таъмин намояд. Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки талаботи хатмиро дар хусуси ободу тачхизонидани худудде, ки барои ташкил кардани минтакаи озоди иктисоди пешбини шудааст, мукарар менамояд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)
  2. Рохбари маъмурияти минтакаи озоди иктисоди вазифадор аст:

1) имконияти интиколи молу воситахои наклиётро аз худуди озоди гумруки бидуни назорати гумруки истисно намояд;

2) ба макомоти гумрук чихати фаъолият оид ба назорати гумрукии воридоту содироти мол ва воситахои наклиёт аз сархади минтакаи озоди гумруки шароити зарури фарохам орад;

3) талаботи макомоти гумрукро оид ба риояи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти гумруки ичро намояд.

 

Моддаи 269.          Бахисобгирии моле, ки дар минтакахои озоди гумруки мавчуд  аст

  1. 1. Шахсоне, ки дар минтакахои озоди иктисоди фаъолият доранд, бахисобгирии молхои тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки чойгиршуда ва амалиёт бо онхо ба рох мемонанд ва ба макомоти гумрук дар хусуси онхо бо тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолдияти гумруки хисобот медиханд.
  2. Хама гуна тагйироте, ки бо молхои тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки чойгиршуда рух додааст, дар хуччатхои бахисобгири бояд инъикос карда шавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 270.          Ситонидани бочхои гумруки, андозхо ва истифодаи тадбирхои мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисоди

  1. Хангоми чойгиронии молхо тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки озодкунии пурра ва ё кисман аз пардохти бочхои гумруки ва андоз амали гардида, вале тадбирхои мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон татбик намешаванд. Хангоми содироти ин мол аз минтакаи озоди иктисоди ба кисмати дигари худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бочхои гумруки ва андоз ситонида мешаванд ва тадбирхои мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мутобики шартхои арзшудаи низоми гумруки татбик карда мешаванд.
  2. Далели истехсоли мол дар худуди минтакаи озоди иктисоди бо сертификати истехсоли мол тасдик карда мешавад. Хангоми набудани сертификати мазкур мол ба таври зайл барраси карда мешавад: (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) хангоми содироти мол берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо максади ситонидани бочхои гумрукии содироти ва кабули тадбири мамнуият ва махдудиятхо, ки мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар гардидаанд, хамчун молхои ватани;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) хангоми воридоти мол ба кисми дигари худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо максади ситонидани бочхои гумрукии воридоти ва кабули тадбири мамнуият ва махдудиятхо, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар гардидаанд, хамчун молхои хоричи.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 271.          Хусусиятхои барасмиятдарории гумрукии мол тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки

  1. Барасмиятдарории гумрукии молхои, ки ба худуди минтакаи озоди иктисоди ворид мешавад ва тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки карор мегирад, инчунин молхое, ки нисбати ба онхо низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки тагйир меёбад, бояд бо тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки амали гарданд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)
  2. Хангоми тагйир додани низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки ба низоми дигари гумруки барасмиятдарории гумрукии молхо, истифодаи тадбирхои мансуб ба мамнуият ва махдудиятхои мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраршуда, супоридани бочхои гумруки ва андозхо мувофики шарт ва талаботи низоми гумрукии интихобгардида амали мегарданд. Хамзамон арзиши гумрукии мол нисбати моли истифодашаванда бо назардошти меъёрхои амортизатсиони хангоми истифода (ба кор бурдан) тибки низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки, ки мувофики конунгузории андози Чумхурии Точикистон мукаррар гардидааст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 272. Анчоми низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки

Низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки хангоми тахти низоми гумруки ё расмиёти гумруки мутобики кисмхои 3 ва 4 моддаи 266 хамин Кодекс чойгиркардани молхои,тахти низоми гумрукии минтакаи озоди гумруки чойгиркардашуда ва (ё) молхое, ки дар натичаи амалиёти коркарди молхои тахти низоми гумруки минтакаи озоди гумруки чойгиршуда хосил шудаанд, анчом меёобад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)

 

БОБИ 33. АНБОРИ ОЗОД

 

Моддаи 273.          Таъиноти низоми гумрукии анбори озод

  1. Анбори озод низоми гумрукие мебошад, ки хангоми он мол дар бинохои (махалхои) дахлдори ба сифати анбори озод истифодашаванда бидуни ситонидани бочхои гумруки, андозхо, татбики мамнуияту махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, чойгир ва истифода бурда мешаванд.
  2. Анбори озод дар асоси пешниходи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ва макоми давлатии ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти тичорати хоричи бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад (минбаъд дар хамин боб – пешниход).

 

Моддаи 274.          Моле, ки барои чойгир кардан дар анбори озод ичозат дода мешавад

Дар низоми гумрукии анбори озод чойгиркунии моле ичозат дода мешавад, ки барои коркард таъин гардидааст, инчунин моле, ки бо кумаки он амалиёти коркард анчом дода мешавад, ба истиснои моли манъшудае, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини кардааст.

 

Моддаи 275.          Амалиёте, ки бо мол дар анбори озод анчом дода мешавад

  1. Дар анбори озод ичрои амалиёти зерин ичозат дода мешавад:

1) Барои таъмини нигахдории ин мол – поккори, шамолдихи, хушккуни (аз чумла ташкили гармидихи), ташкили низоми харорати муътадили нигахдори (хунуккуни, яхкунони, гармкуни,) чойгирони дар бастабандхои мухофизати, молидани равганхои мухофизати ва консервантхо, молидани маводи зидди занг, дохил кардани маводи пешгирикунанда;

2) оид ба омодасозии мол барои фуруш ва интикол – таксим ба партияхо, ташкили ирсол, навъбанди, бастабанди, бастабандии нав, маркировка, боркуни, борфарори, аз нав бор кардан, амалиёти маъмулии марбут ба такмил ё омода сохтан ба холати кори, чойивазкунии мол дар худуди анбор бо максади чойгиронии судманд, чойгиронии мол барои овезахои намоиши, тест;

3) оид ба коркард – истехсоли (коркарди мол), аз чумла насб ва мутобикгардони, ки хангоми он моли воридшуда хусусияти асосии худро нигох медорад, коркарди худи мол, ки хангоми он моли хоричи хусусияти хоси худро аз даст дода, дар махсули коркард таснифоти худро нигох медорад ва имкон медихад моли воридоти бо махсули коркард хаммонанд карда шавад ва хаммонандсози шарти мухими коркард, таъмири мол, аз чумла баркарорсози ва истифодаи баъзе молхое мебошад, ки барои осон гардонидани истехсоли махсули коркард аз истеъмоли пурра ё кисмани онхо дар чараёни коркард таъин гардидаанд;

4) барои истифодаи мол ба сифати тачхизоти технологи ва кисмхои эхтиётии онхо, техникахои борбардорию борфарори ва дигар воситахои дар анбори озод истифодашаванда.

  1. Амалиёт бо моли дар анборхои озод чойгиршуда, ки дар бандхои 1 ва 2 кисми 1 хамин модда зикр шудаанд, бо огохонидани макомоти гумрук сурат гирифта, набояд рамзи молро мувофики Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи тагйир диханд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)

Бо моле, ки дар анбори озод тахти нигахдории муваккати карор доранд, метавонад амалиёти пешбининамудаи банди 1 кисми 1 хамин модда анчом дода шавад.

Хангоми бо моли хоричии дар анбори озод чойгиршуда анчом додани амалиёт бо максади истехсоли махсули коркард истифодаи моли ватани ба сифати маводи иловаги ва унсурхои иловаги ичозат дода мешавад.

  1. Бо максади таъмини риояи конунгузории Чумхурии Точикистон ва татбики назорати гумруки Хукумати Чумхурии Точикистон хукук дорад барои ичрои амалиёт бо моли дар анборхои озод нигахдоришаванда мамнуият ва махдудиятхои алохидаро мукаррар намояд.

 

Моддаи 276.          Мухлати нигахдории мол дар анборхои озод

Мол дар анбори озод метавонад бе махдуд намудани мухлат нигох дошта шавад, ба шарте, агар анбори озод фаъолият намояд.

 

Моддаи 277.          Назорати гумруки ва барасмиятдарории гумрукии моли тахти низоми гумрукии анбори озод чойгиршаванда

Назорати гумруки ва барасмиятдарории гумрукии моли тахти низоми гумрукии анбори озод чойгиршаванда, инчунин аз анборхои озод содиршаванда тибки тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки анчом дода мешавад.

 

Моддаи 278.          Бахисобгирии моли дар анборхои озод чойгиршуда

  1. Сохибони анборхои озод бахисобгирии моли дар анбори озод чойгиршуда, инчунин амалиёти бо ин мол ичрошударо анчом дода, ба макомоти гумрук мувофики тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки хисобот пешниход менамоянд.
  2. Барои бахисобгирии моли дар анбори озод чойгиршуда, инчунин амалиёти бо ин мол ичрошуда, метавонанд хуччатхои барои пешбурди фаъолияти хисобдори ва хисоботдихи тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон таъиншуда истифода гарданд, ба шарте агар дар ин хуччатхо номгу ва аломатхои хаммонандсозии мол, теъдод, маълумот дар бораи чойгир намудани онхо дар худуди анбори озод, хама гуна тагйироти дар анборхо бо онхо суратгирифта инъикос гарданд.

 

Моддаи 279.          Вазифахои сохиби анбори озод

Сохиби анбори озод вазифадор аст:

1) мутобикати анбори озодро бо талаботи мукарраршуда дар давоми мухлати фаъолияти анбори озод таъмин намояд;

2) мухофизати мол ва мувофикати амалиёти бо онхо гузаронидашавандаро тибки конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон таъмин намояд;

3) ба назорати гумруки мусоидат намояд;

4) бидуни назорати гумруки гирифтани моли дар анбори озод нигахдоришавандаро истисно намояд;

5) шартхои таъсис ва фаъолияти анбори озодро риоя кунад, инчунин талаботи макомоти гумрук, аз чумла таъмини дастрас будани молро ичро намояд;

6) барои татбики назорати гумруки ва барасмиятдарории гумруки ба макомоти гумрук тибки тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бино, тачхизот ва воситахои алокаро дар анбори озод фарохам орад;

7) бахисобгирии моли дар анборхои озод чойгиршударо анчом дода, ба макомоти гумрук дар бораи амалиёти бо он гузаронидашуда тибки тартиби мукаррарнамудаи моддаи 278 хамин Кодекс хисобот пешниход кунад.

 

Моддаи 280.          Ситонидани бочхои гумруки, андоз ва татбики тадбирхои мамнуият ва махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон

  1. Хангоми чойгир намудани моли ватани ва хоричи дар анборхои озод бочхои гумруки ва андоз ситонида намешаванд ва тадбирхои мамнуият ва махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ба истиснои талабот оид ба амнияти мол, татбик намегарданд. Хангоми аз анборхои озод ба кисми дигари худуди гумрукии Чумхурии Точикистон баровардани мол бочхои гумруки ва андоз ситонида мешаванд ва тадбирхои мамнуият ва махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар асоси шартхои арзшудаи низоми гумруки, ба истиснои воридоти моли ватани, татбик мегарданд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Хангоми содироти мол аз анборхои озод берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бочхои гумруки ва тадбирхои ба мамнуият ва махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон нисбати моли зайл татбик намегарданд: (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) моли хоричи;

2) дар анборхои озод истехсолшуда;

3) дар анборхои озод коркардшуда.

  1. Истехсоли мол дар анборхои озод бо сертификати истехсоли мол тасдик карда мешавад. Хангоми мавчуд набудани сертификати мазкур мол чунин барраси карда мешавад:

1) хангоми содироти мол берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо максади ситонидани бочхои гумрукии содироти ва кабули тадбири мамнуият ва махдудиятхои  мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, хамчун моли ватани;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) хангоми воридоти мол ба кисми дигари худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо максади ситонидани бочхои гумрукии воридоти, андозхо ва татбики тадбирхои мамнуият ва махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, хамчун моли хоричи.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 281.          Талабот нисбати фаъолияти анбори озод

  1. Биное, ки барои таъсис ва фаъолияти анбори озод пешбини шудааст, бояд чавобгуи талаботи зерин бошад:

1) тахти моликияти шахсии сохиби анбор бошад ё ба мухлати на камтар аз 3 сол аз лахзаи додани ариза барои гирифтани рухсатнома ба ичора гирифта шуда бошад;

2) андозаи (периметри) он муайян ва ихота карда шуда бошад;

3) дар худуди анбори озод бино ва иншооте, ки марбути анбор нестанд,бояд вучуд надошта бошанд;

4) дорои чое бошад, ки барои азназаргузаронии мол зарур аст;

5) барои амалиёти коркарди мол обод ва мучаххаз бошад.

  1. Анборхои озод бояд дар тамоми давраи фаъолияти худ чавобгуи талаботи мукарраргардида бошанд.

 

Моддаи 282.          Рухсатнома барои фаъолият ба сифати сохиби анбори озод

  1. Анбори озод дар асоси карори Хукумати Чумхурии Точикистон ва баъди гирифтани рухсатнома аз макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки чихати фаъолият ба сифати сохиби анбори озод таъсис дода мешавад.
  2. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати сохиби анбори озод ба шахси хукуки дода мешавад, ки сохиби майдончаи барои таъсиси анбори озод таъингардида мебошад ё онро тибки хукуки пешбурди хочагидори ё идораи фаври ихтиёрдори мекунад, ба шарте, ки пардохти бочхои гумруки ва андозро мутобики моддаи 384 хамин Кодекс таъмин карда бошад.
  3. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати сохиби анбори гумруки ба хар як бинои худудан алохида, ки ба сифати анбори озод истифода мегардад, дода мешавад. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати сохиби анбори озод инхоро дар бар мегирад:

1) номи макоми гумрук;

2) номгуй ва шакли ташкилию хукуки;

3) номгуи навъи фаъолият;

4) маълумот дар бораи хукуки ихтиёрдории бино, ки ба сифати анбори озод истифода бурда мешавад;

5) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

6) зикри махали чойгиршавии анбори озод;

7) ракам ва санаи карори Хукумати Чумхурии Точикистон;

8) раками мушаххаси андозсупоранда;

9) раками бакайдгири ва санаи додани рухсатнома;

  1. Мухлати амали рухсатнома барои фаъолият ба сифати сохиби анбори озод махдуд карда намешавад.
  2. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати сохиби анбор ба шахси дигар дода намешавад.

 

Моддаи 283.          Ариза барои ичрои фаъолият ба сифати сохиби анбори озод

  1. Пешниход барои кабули карор чихати ичрои фаъолият ба сифати сохиби анбори озод дар асоси аризаи шахс сурат мегирад. Ариза барои фаъолият ба сифати сохиби анбори озод бояд инхоро дар бар гирад:

1) мурочиат бо хохиши баррасии хуччатхо барои фаъолият ба сифати сохиби анбори озод;

2) маълумот дар бораи номгуй, шакли ташкилию хукуки, махали чойгиршави, суратхисобхои кушодашудаи бонки, инчунин андозаи сармояи оинномавии (чамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномави ё аъзохаккии аризадиханда;

3) маълумот дар бораи бинохо, ки дар ихтиёри аризадиханда карор дошта, барои истифода ба сифати анбори озод таъин гардидаанд, махали чойгиршави, ободони, тачхизони ва таъминоти моддию техникии онхо;

4) маълумот дар бораи таъмини пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

5) маълумот дар бораи шартномаи (шартномахои) сугуртаи хавфи масъулияти шахрвандии аризадиханда.

  1. Ба ариза барои фаъолият ба сифати сохиби анбори озод хуччатхои зерине, ки тасдиккунандаи маълумоти пешниходшуда мебошанд, замима мегарданд:

1) шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки;

2) хуччатхои тасдиккунандаи хукуки сохибии бинохо, ки барои истифода хамчун анбори нигахдории муваккати таъин шудаанд;

3) тарху накшахои бинохо, ки барои истифода хамчун анбори нигахдории муваккати таъин шудаанд;

4) хуччатхои тасдиккунандаи таъмини пардохтхои гумруки мутобики моддаи 384 хамин Кодекс;

5) тасдикномаи бонкхо дар бораи кушодани суратхисобхо дар онхо.

  1. Хангоми тагйир ёфтани маълумоти дар ариза ва хуччатхо дарчшуда сохиби анбори озод бояд макоми гумрукро на дертар аз 30 рузи таквими аз санаи ворид намудани тагйирот огох намояд.

 

Моддаи 284.          Боздоштани амали рухсатнома чихати фаъолият ба сифати сохиби анбори озод

  1. Хангоми аз чониби сохиби анбор риоя нашудани талабот ва ухдадорихои мукаррарнамудаи хамин Кодекс амали рухсатнома метавонад бо карори макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки бо зикри сабабхои боздоштани он, ба мухлати 6 мох боздошта шавад.
  2. Карор дар бораи боздоштани амали рухсатнома бо фармоиши рохбари макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки бо зикри сабаби бозхонди он кабул карда мешавад.
  3. Амали рухсатнома аз рузи интишори фармоиши дахлдор боздошта мешавад. Хангоми боздоштани амали рухсатнома чойгир намудани мол дар анбори озод манъ аст. Моле, ки то боздоштани амали ичозатнома дар анбори озод чойгир шуда буд, бояд аз чониби сохиби анбори озод бетагйир нигох дошта шавад.
  4. Амали рухсатнома баъди бартараф намудани сабабхои боздоштани амали он ва интишори фармоиши дахлдори макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки баркарор мегардад.

 

Моддаи 285.          Бозхондани рухсатнома барои фаъолият ба сифати сохиби анбори озод

  1. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати сохиби анбори озодро макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки дар холатхои зерин метавонад бозхонад:

1) дидаю дониста пешниход намудани маълумоти бардуруг;

2) аз чониби сохиби анбори озод ичро нашудани талаботи дар рухсатнома мавчуда;

3) бартараф нанамудани сабабхое, ки каблан боиси боздоштани амали рухсатнома гардидаанд;

4) аз чониби суд ба сохиби анбори озод манъ кардани фаъолият оид ба хизматрасонии анбори озод

5) катъи фаъолият ба сифати сохиби анбори озод бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон ;

6) агар сохиби анбори озод чандин маротиба барои вайрон кардани конунгузории маъмури дар сохаи фаъолияти гумруки ба чавобгарии маъмури чалб шуда бошад;

7) азнавташкилдихи ё бархам додани анбори озод мувофики санади меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.

  1. Карор дар бораи бозхондани рухсатнома бо фармоиши макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки, бо асосноксозии чунин карор ба расмият дароварда мешавад.
  2. Бозхондани рухсатнома аз рузи кабули фармоиш амали мегардад.
  3. Хангоми бозхондани рухсатнома сохиби анбори озод вазифадор аст дар давоми 15 рузи таквимии баъди гирифтани карор дар бораи бозхондани рухсатнома онро ба макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки баргардонад.
  4. Аризаи такрори дар бораи додани рухсатнома чихати фаъолият ба сифати сохиби анбори озод метавонад баъди ду сол аз рузи интишори фармоиш дар бораи бозхондани рухсатнома, дар сурати бартараф намудани сабабхое, ки боиси кабули карор гардида буданд, барраси карда шавад.
  5. Хангоми катъи фаъолияти анбори озод моли тахти низоми гумрукии анбори озод чойгиршуда метавонад тахти дигар низоми гумруки арз карда шавад ё нисбати ин мол амали низоми гумрукии анбори озод дар давоми си рузи таквими аз рузи кабули карор дар бораи катъи амали рухсатнома бояд анчом дода шавад.

Дар холатхои дар анбори озод мавчуд будани моли тахти амалиёти коркард карордошта макоми гумрук шахсеро, ки молро дар анбори гумруки чой додааст, дар бораи бархам хурдани анбори озод огох менамояд. Дар ин холат амали низоми гумрукии анбори озод нисбати ин мол то анчоми охирин амали коркард нигох дошта мешавад.

 

БОБИ 34. ИНТИКОЛИ ЗАХИРАХО

 

Моддаи 286.          Мазмуни низоми гумрукии интиколи захирахо

  1. Интиколи захирахо низоми гумрукие мебошад, ки хангоми он моли барои истифода дар киштихои дарёи, хавопаймо ва каторахо таъингардида, ки барои интиколи пулакии байналмилалии мусофирон ё интиколи пулаки ва бепули байналмилалии моли саноати ё тичорати истифода мешаванд, инчунин моли барои фуруш ба хайати экипаж ва мусофирони чунин киштихои дарёи, хавопаймо таъингардида аз сархади гумруки бидуни пардохти бочхои гумруки ва андоз ва бидуни татбики мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, интикол дода мешаванд.
  2. Хангоми содироти моли тахти низоми гумрукии интиколи захирахо чойгиршуда озодкуни аз пардохт, баргардонидан ё чуброни андозхои дохили анчом дода намешавад, агар конунгузории андози Чумхурии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошад.

 

Моддаи 287.          Чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии интиколи захирахо

1.Тахти низоми гумрукии интиколи захирахо чойгир намудани моли зерин ичозат дода мешавад (минбаъд дар хамин боб – захирахо), ки:

1) барои таъмини муътадили истифодабари ва хизматрасонии техникии киштихои дарёи, хавопаймо ва каторахо дар хати сайр ё дар нуктахои истгоххои фосилави ё истгох (аз чумла сузишвори, равганхои молидани) заруранд;

2) барои истифодаи мусофирон ва хайати экипажи киштихои дарёи, хавопаймо ё мусофирон ва кормандони бригадахои каторахо пешбини шудаанд, сарфи назар аз он, ки ин захирахо фурухта мешаванд ё не;

3) барои фуруш ба мусофирон ва хайати экипажи киштихои дарёи ва хавопаймо бе максади истифодаи онхо дар сахни ин наклиёт пешбини шудаанд.

  1. Захирахо тахти низоми гумрукии интиколи захира сарфи назар аз давлати бакайдгири ва мансубияти миллии киштихои дарёи, хавопаймо ва каторахо чойгир карда мешаванд.
  2. Тахти низоми гумрукии интиколи захирахо чойгир намудани кисмхои эхтиёти ва тачхизоте, ки барои таъмини истифодаи муътадил ва хизматрасонии техникии киштихои дарёи, хавопаймо ва каторахо дар хати сайр ё дар нуктахои истгоххои фосилави ё истгох таъин гардидаанд, ичозат дода намешавад.
  3. Низоми гумрукии интиколи захира нисбати захирахо хангоми истифодаи киштихои дарёи бо максади тичорати, хавопаймои авиатсияи граждани, давлати ва озмоиши (экспериментали), ба истиснои холатхои истифодаи воситахои наклиёт аз чониби шахсони вокеи барои истифодаи шахси (боби 37) татбик карда мешавад.

 

Моддаи 288.          Шартхои озодкуни аз пардохти бочхои гумруки ва андоз

  1. Хангоми ба худуди Чумхурии Точикистон ворид намудани захирахое, ки барои таъмини истифодабарии муътадил дар сахни киштихои дарёи, хавопаймо ва каторахо карор доранд, бочхои гумруки ва андоз пардохта намешаванд, ба шарте агар ин захирахо хангоми таваккуфи ин кишти, хавопаймо ва каторахо дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дар онхо боки монда бошанд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Хангоми ворид намудани захирахое, ки дар каторахо карор доранд ва барои таъмини муътадили истифода ва хизматрасонии техникии онхо, инчунин барои истифодаи мусофирон ва кормандони бригадахои каторахо таъин гардидаанд, бочхои гумруки ва андоз ситонида намешаванд, ба шарте агар ин захирахо хангоми таваккуфи каторахо дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дар онхо боки монанд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Хангоми чойгир намудани моли хоричие, ки барои фуруш ба мусофирон ва хайати экипажи киштихои дарёи, хавопаймо бе максади истифодаи онхо дар ин хавопаймо ва киштихо таъин гардидаанд, тахти низоми гумрукии интиколи захирахо озодкуни аз пардохти бочхои гумруки ва андози воридоти хангоми фуруши ин мол берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо назардошти кисми 3 моддаи 289 хамин Кодекс фарохам оварда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Хангоми аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон баровардани захирахои дар киштихои дарёи ё хавопаймохо карордошта бочхои гумрукии содироти ситонида намешаванд, агар ин захирахо ба микдори муайян, вобаста ба теъдоди хайати мусофирон, экипаж ва давомнокии сафар барои таъмини муътадили истифода ва хизматрасонии техникии ин хавопаймо ва киштихо, бо назардошти захирахои дар ин наклиёт мавчудбуда бароварда шаванд.
  5. Хангоми аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон баровардани захирахои барои истифодаи муътадил ва хизматрасонии техникии каторахо зарури, инчунин захирахои барои истеъмоли мусофирон ва кормандони бригадахои каторахо таъингардида бочхои гумрукии содироти ситонида намешаванд, агар ин захирахо ба микдори барои таъмини истифодаи муътадил ва хизматрасонии техникии каторахо, инчунин барои истеъмоли мусофирон ва кормандони бригадахои катора дар хати сайр, бо назардошти захираи дар катора мавчудбуда бароварда шаванд.
  6. Захирахо метавонанд бо ичозати макоми гумрук муваккатан фароварда шаванд, мутаносибан ба дигар хавопаймо, киштихо ва каторахо, ки интиколи байналмилалии мол ва мусофиронро анчом медиханд, бор карда шаванд, агар шартхои пешбининамудаи хамин боб риоя гардад.

 

Моддаи 289.          Истифодаи захирахо

  1. Захирахои барои истеъмоли мусофирон ва хайати экипажи киштихои дарёи таъингардида ва захирахо барои таъмини истифодаи муътадил ва хизматрасонии техникии киштихо зарури метавонанд дар ин киштихо хангоми таваккуф дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ба микдори муайян, вобаста ба теъдоди хайати мусофирон, экипаж, давомнокии таваккуф, аз чумла вакти таъмири киштихои дарёи дар махали таъмир (док, верф) ё заводхои таъмир истеъмол ва истифода бурда шаванд, агар экипаж дар ин холатхо киштиро тарк накунад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Хангоми фуруди ба накша гирифташудаи хавопаймо дар як ё якчанд фурудгоххое, ки дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон вокеъ мебошанд, захирахои барои таъмини истифодабарии муътадил ва хизматрасонии техникии ин хавопаймо ва барои истеъмоли хайати экипаж хангоми дар нуктахои фурудгох ва хангоми парвоз байни ин нуктахо карор доштани хавопаймо таъингардида метавонанд дар нуктахои фуруд ва хангоми парвоз байни ин нуктахо истифода бурда шаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Захирахое, ки барои фуруш ба мусофирон ва хайати экипажи хавопаймо бидуни максади истеъмоли онхо дар хавопаймо таъин гардидаанд, метавонанд хангоми дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон карор доштани ин хавопаймо фурухта шаванд, ба шарте ки онхо дар ин хавопаймохо фурухта шаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Захирахои барои истеъмоли мусофирони каторахо ва кормандони бригадахои катора ва захирахои барои таъмини муътадили истифода ва хизматрасонии техникии ин каторахо зарури метавонанд дар каторахо хангоми харакат ё таваккуф дар истгоххои фосилави ё истгоххо дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ба микдори муайян, вобаста ба теъдоди мусофирон ва кормандони бригадахои катора, инчунин давомнокии таваккуф ва вакти харакат дар хати сайр истеъмол ва истифода бурда шаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  5. Макомоти гумрук хукук доранд интиколдихандаро вазифадор намоянд, ки барои таъмини риояи истифодаи захирахои пешбининамудаи хамин боб хангоми дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон карор доштани киштихои дарёи, хавопаймо ё каторахо тадбирхои зарури андешанд. Бо карори макоми гумрук ба чойхое, ки захирахо нигох дошта мешаванд, метавонад тамга ва мухри гумруки гузошта шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

БОБИ 35. НИЗОМХОИ ГУМРУКИИ МАХСУС

 

Моддаи 290.          Моле, ки тахти низомхои гумрукии махсус карор дода мешавад

Низоми гумрукии махсус нисбати моли зерине, ки аз сархади гумруки интикол дода мешавад, мукаррар мегардад:

1)               моли аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон содиршаванда, ки барои таъмини фаъолияти сафоратхо, консулгарихо, намояндагихои назди созмонхои байналмилали ва дигар намояндагихои расмии Чумхурии Точикистон дар хорича таъин гардидааст;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2)               моле, ки аз сархади гумруки байни кисмхои харбии Чумхурии Точикистон вокеъ дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ва берун аз ин худуд карордошта интикол дода мешавад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3)               моле, ки аз сархади гумруки интикол дода шуда, барои пешгири ва рафъи офатхои табии ва дигар холатхои фавкулодда таъин гардидааст, аз чумла моле, ки барои таксими ройгон ба шахсони дар натичаи холатхои фавкулодда зарардида таъин шудааст ва моле, ки барои амалиёти садамавию начотдихи, дигар амалхои таъхирнопазир ва фаъолияти ташкилотхои садамавию начотдихи зарур аст;

4)               моле, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон бароварда мешавад ва барои таъмини фаъолияти муассисахои тибби, варзишию табобати ва муассисахои дигари ичтимои таъин гардида, амволи онхо тахти моликияти Чумхурии Точикистон карор доранд, инчунин барои аз чониби корхонахои ватани гузаронидани корхои илмию тадкикоти ба манфиати Чумхурии Точикистон дар асосхои гайритичорати истифода бурда мешавад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

5)               моли ватани, ки байни макомоти гумрук аз худуди давлати хоричи интикол дода мешаванд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 291.          Мазмуни низоми гумрукии махсус, тартиб ва шартхои тахти низоми гумрукии махсус карор додани мол

  1. Низоми гумрукии махсус озодкунии пурраи молро аз бочхои гумруки, андозхо, инчунин нисбати онхо истифода нашудани мамнуият ва махдудияти дорои хусусияти иктисоди, ки мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар шудаанд, пешбини менамояд.
  2. Баргардонидани маблаги бочхои гумруки ва андоз, инчунин озод намудан аз пардохт, баргардонидан ё чуброни андозхои дохили хангоми чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии махсус анчом дода намешавад, ба истиснои холатхое, ки агар низоми гумрукии махсус интихобшуда ба низоми гумрукии содирот тагйир дода шуда бошад.
  3. Талабот ва шартхои дигари чойгир намудани мол тахти низоми гумрукии махсус, инчунин махдудиятхо барои истифода ва ихтиёрдории мол, ки тахти низоми гумрукии зикргардида карор дода шудааст, аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки мукаррар карда мешавад.

 

ЗЕРФАСЛИ 3. РАСМИЁТИ ГУМРУКИИ МАХСУС

 

БОБИ 36. ИНТИКОЛИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ

 

Моддаи 292.          Низоми гумрукие, ки нисбати воситахои наклиёт истифода бурда мешавад

Воситахои наклиёт аз сархади гумруки тибки тартиби пешбининамудаи хамин боб, тахти низомхои гумрукии воридоти муваккати ва содироти муваккати интикол дода мешаванд.

 

Моддаи 293.          Воридоти муваккатии воситахои наклиёт

  1. Воридоти муваккатии воситахои наклиёт ба сархади гумрукии Чумхурии Точикистон бо пурра озод намудан аз пардохти бочхои гумруки ва андоз, бо риояи шартхои зерин ичозат дода мешавад:

1) агар воситаи наклиёт ба номи шахси хоричи ва (ё) дар худуди давлати хоричи ба кайд гирифта шуда бошад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) агар воситаи наклиёти ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридгардида аз чониби шахсони хоричи истифода бурда шавад, ба истиснои холатхое, ки воситаи наклиёт аз чониби шахси ватании ба таври дахлдор аз чониби шахси хоричи ваколатдоршуда истифода мегардад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) агар воситахои наклиёт дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон барои хамлу накли дохили истифода бурда нашавад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

4) агар воситахои наклиёт баъди воридот ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ба ичора дода нашавад.   (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон хукук дорад холатхои воридоти муваккатии воситахои наклиётро ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо озодкунии пурра аз бочхои гумруки ва андоз мукаррар намояд, агар воситаи наклиёти муваккатан воридгардида аз чониби шахси ватани истифода бурда шавад ё ба номи шахси ватани ба кайд гирифта шуда бошад, инчунин агар дигар шартхои пешбининамудаи бандхои 1 – 4 кисми 1 хамин модда риоя карда нашуда бошанд, ба шарте, ки дар давоми мухлати воридоти муваккатии воситаи наклиёт хукуки моликият ба воситаи наклиёт ба шахси ватани нагузарад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар озодкунии пурра аз пардохти бочхои гумруки ва андоз мувофики кисмхои 1 ва 2 хамин модда истифода нагардад, инчунин агар шартхое, ки хангоми он озодкунии пурра аз пардохти бочхои гумруки ва андоз риоя карда нашаванд, нисбати воситахои наклиёт тибки тартиби барои моли муваккатан воридшаванда мукаррарнамудаи хамин Кодекс (моддаи 212) кисман озод кардан аз пардохти бочхои гумруки ва андоз истифода мегардад.
  3. Низоми гумрукии воридоти муваккати нисбати воситахои наклиёт хангоми содироти бозпаси он дар мухлатхои муайяннамудаи моддаи 294 хамин Кодекс анчом меёбад. Бо ичозати макоми гумрук низоми гумрукии воридоти муваккати нисбати воситахои наклиёти муваккатан воридгардида метавонад инчунин тибки коидахои барои анчоми низоми гумрукии воридоти муваккатии мол муайяннамудаи моддаи 214 хамин Кодекс анчом дода шавад.

 

Моддаи 294.          Мухлати воридоти муваккатии воситахои наклиёт

  1. Содироти бозпаси воситаи наклиёти муваккатан воридгардида бояд бетаъхир, баъди ичрои амалиёти наклиётие, ки барои он чунин воситаи наклиёт ворид гардидааст, анчом дода шавад.
  2. Дар холатхои истиснои макоми гумрук бо максади татбики назорати гумруки метавонад бо назардошти аризаи интиколдиханда, инчунин бо назардошти хамаи холатхои марбут ба амалиёти эхтимолии наклиёти мухлати воридоти муваккатии воситахои наклиётро мукаррар намояд.

Дар асоси дархости асосноки шахси манфиатдор макоми гумрук мухлати ибтидоии мукарраргардидаи воридоти муваккатиро тамдид менамояд.

 

Моддаи 295.          Амалиёт бо воситахои наклиёти муваккатан воридгардида

Бо воситахои наклиёти муваккатан воридгардида анчом додани амалиёти маъмули вобаста ба хизматрасонии техники ва таъмир, ки хангоми харакат ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ё истифодаи онхо дар ин каламрав такозо мегардад, ичозат дода мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 296.          Содироти муваккатии воситахои наклиёт

  1. Содироти муваккатии воситаи наклиёт ба шарте ичозат дода мешавад, ки агар ин воситаи наклиёт дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дар муомилоти озод бошад ва ба номи шахси ватани, ба истиснои холатхои пешбинишудаи кисми 3 хамин модда ба кайд гирифта шуда бошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Хангоми содироти муваккатии воситахои наклиёт бочхои гумруки ситонида намешаванд.
  3. Содироти муваккатии воситахои наклиёте, ки каблан ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо кисман озод намудан аз пардохти бочхои гумруки ва андоз муваккатан ворид гардидаанд, ичозат дода мешавад, агар содироти муваккатиро шахси ватание анчом дихад, ки воситаи наклиёт тибки хукуки моликият ба у таалук надорад, сарфи назар аз он, ки ин воситаи наклиёт ба номи шахси ватани ба кайд гирифта шудааст ё на. Хамзамон низоми гумрукии воридоти муваккати нисбати ин воситахои наклиёт дар кисми пардохти бочхои гумруки ва андоз то анчоми амали ин низом тибки коидахои мукаррарнамудаи моддаи 214 хамин Кодекс татбик карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Содироти муваккатии воситаи наклиёт, сарфи назар аз он, ки кадом шахс ва бо кадом максад онро берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон истифода мебарад, ичозат дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 297.          Мухлати содироти муваккатии воситахои наклиёт

Бо максади татбики назорати гумруки макоми гумрук метавонад мухлати содироти муваккатии воситахои наклиётро тибки аризаи интиколдиханда, бо назардошти хамаи холатхои вобаста ба анчом додани амалиёти эхтимолии наклиёти мукаррар намояд.

Мутобики дархости асосноки шахси манфиатдор макоми гумрук мухлати ибтидоии мукарраршудаи содироти муваккатиро тамдид менамояд.

 

Моддаи 298.          Воридоти бозпаси воситахои наклиёти муваккатан содиргардида

  1. Хангоми ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бозпас ворид намудани воситаи наклиёти муваккатан содиргардида бочхои гумруки ва андоз ситонида намешаванд, агар воситаи наклиёт берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон тахти амалиёти коркард карор нагирифта бошад, ба истиснои: (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) амалиёти таъмир, хизматрасонии техники ва амалиёти шабехе, ки барои таъмини нигахдори ва истифодаи он заруранд, инчунин нигахдории он дар холате, ки дар рузи тахти низоми гумрукии содироти муваккати чойгир намудан карор дошт;

2) амалиёти вобаста ба таъмир, ки мувофики талаботи конун ё шартнома ройгон анчом дода мешавад;

3) амалиёти таъмир, аз чумла таъмири асоси барои баркарорсозии воситаи наклиёт баъди осеб дидани он аз сабаби садама ё таъсири кувваи рафънопазир, ки берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон рух додааст.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Агар воситаи наклиёте, ки нисбати он берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон амалиёти таъмир ва (ё) амалиёти дигар сурат гирифтааст, мувофики талаботи кисми 1 хамин модда аз пардохти бочхои гумруки ва андоз озод карда нашавад, нисбати ин воситаи наклиёт тибки тартиби пешбининамудаи моддаи 207 хамин Кодекс оид ба ситонидани бочхои гумруки ва андоз хангоми воридоти махсули коркардашуда мувофики низоми гумрукии коркард берун аз худуди гумруки бо кисман озод намудан аз бочхои гумруки ва андоз истифода мегардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Хангоми муайян намудани арзиши амалиёти коркард харочоти интиколи воситаи наклиёт ба махали коркард ва баръакс ба инобат гирифта намешавад, агар чунин интикол ба хамлу накли байналмилалии мол ё мусофирон алокаманд бошад.

 

Моддаи 299.          Тагйир додани низоми гумрукии содироти муваккати

  1. Нисбати воситахои наклиёти муваккатан содиршуда бо риояи талабот ва шартхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс тагйир додани низоми гумрукии содироти муваккати ба низоми гумрукии содирот ё низоми дигари гумруки ичозат дода мешавад.
  2. Хангоми ба шахси хоричи додани хукуки моликият ба наклиёти муваккатан содиргардида шахсе, ки воситаи наклиётро тахти низоми гумрукии содироти муваккати карор додааст, вазифадор аст низоми гумрукии содироти муваккатиро ба низоми гумрукии содирот иваз намояд.
  3. Тагйир додани низоми гумрукии содироти муваккати бе пешниходи вокеии воситаи наклиёт ба макоми гумрук ичозат дода мешавад.

 

Моддаи 300.          Воридоти муваккати ва содироти муваккатии тачхизот ва кисмхои эхтиёти

  1. Тачхизоти махсуси якчоя бо воситаи наклиёт муваккатан воридгардида, ки барои борбардори, борфарори, коркард ва мухофизати мол пешбини шудааст, сарфи назар аз он, ки алохида аз воситаи наклиёт истифода мегардад ё на, бояд тахти шартан пурра озод намудан аз бочхои гумруки ва андоз карор гирад.
  2. Кисмхои эхтиёти ва тачхизоти муваккатан воридшаванда, ки барои таъмир, хизматрасонии техники ё истифодаи воситаи наклиёт таъин гардидаанд шартан пурра аз бочхои гумруки ва андоз озод карда мешаванд.
  3. Кисмхои эхтиётии муваккатан содиршуда, ки барои таъмир ва хизматрасонии техникии воситаи наклиёти муваккатан содиршуда, бо максади иваз намудани кисмхо ва тачхизоте, ки хангоми содироти муваккатии воситаи наклиёт дар он насб шуда буданд, хангоми содироти муваккатии онхо аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон аз бочхои гумруки ва андоз шартан пурра озод карда мешаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Воридоти кисмхои эхтиёти ва тачхизоти истифодашуда ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо озодкунии пурра аз бочхои гумрукии воридоти ва андозхо, ки нисбати онхо низоми гумрукии реимпорт истифода мегардад, ичозат дода мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 301.          Барасмиятдарории гумрукии воситахои наклиёт, кисмхои эхтиёти ва тачхизот

  1. Барасмиятдарории гумрукии воситахои наклиёт, кисмхои эхтиёти ва тачхизот бо тартиби соддагардонидашуда дар махали расидани онхо дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ё дар махали баромади он аз ин худуд анчом дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Барасмиятдарории гумрукии воситахои наклиёт дар махалхои чойгиршавии макомоти гумрук хангоми вакти кории онхо сурат мегирад.

  1. Хангоми барасмиятдарории гумрукии воситахои наклиёт макомоти гумрук мутаносибан ба сифати декларатсияи вуруд ва хуруч хуччатхои стандартии интиколдихандаро, ки тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон дар сохаи наклиёт пешбини шудааст, истифода мебаранд, агар онхо дар бораи воситаи наклиёт, хати сайр, бор, захирахо, дар бораи экипаж ва мусофирон, максадхои воридоти (содироти) воситаи наклиёт ва (ё) номгуи кисмхои эхтиёти, тачхизоти бо максади таъмир ва истифодаи воситаи наклиёт интиколшаванда маълумотро дар бар гиранд.

Агар дар хуччатхои пешниходшудаи стандартии интиколдиханда хамаи маълумоти дахлдор мавчуд набошад, маълумоти нокифоя ба макомоти гумрук мутаносибан тавассути декларатсияи вуруд ва хуруч, дар намунаи муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки пешниход карда мешавад. Дар ин холат хуччатхои стандартии пешниходшаванда мутаносибан хамчун кисми таркибии декларатсияи вуруд ва хуруч барраси карда мешаванд.

Макоми гумрук хукук надорад пешниходи маълумоти дигарро талаб намояд.

Декларатсияи вуруд ва хуруч аз чониби интиколдиханда хангоми ворид шудани воситаи наклиёт ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ё хорич шудан аз ин худуд пешниход карда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Чойгир намудани воситахои наклиёт тахти низомхои гумрукии воридоти муваккати ва содироти муваккати дар холатхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи 293, моддаи 296 ва кисми 1 моддаи 298 хамин Кодекс бо пешниходи декларатсияи вуруд ва хуруч анчом дода мешавад.

Дар холатхои дигар декларатсияи воситахои наклиёт тибки коидахои барои декларатсияи мол мукаррарнамудаи хамин Кодекс анчом дода мешавад (боби 14).

Агар кисмхои эхтиёти ва тачхизот мувофики моддаи 300 хамин Кодекс аз сархади гумруки хамзамон бо воситаи наклиёт гузаронида шаванд, арзи маълумот дар бораи онхо дар декларатсияи вуруд ва хуруч, ки барои ин воситаи наклиёт пешниход шудааст, ичозат дода мешавад.

  1. Агар талабот нисбати хуччатхои ба макоми гумрук хангоми вуруд ва хуручи воситахои наклиёт пешниходшаванда мувофики санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон дар сохаи наклиёт муайян гардида бошад, барои максадхои гумруки хуччатхои пешбининамудаи ин санадхо истифода бурда мешаванд.
  2. Агар воситаи наклиёт ба ин ё он низоми гумруки барои максадхои гумруки хамчун мол арз нашуда бошад, аз лахзаи барасмиятдарории гумрукии воситаи наклиёт он мутаносибан тахти низоми гумрукии воридоти муваккати ё содироти муваккати карордошта хисобида мешавад, ки ин боиси ухдадории шахс чихати риояи шартхои низомхои мазкури гумруки мегардад.
  3. Барасмиятдарории гумрукии кисмхои эхтиёти ва тачхизоти ивазшуда, ки ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид мешаванд, тибки коидахои барасмиятдарории гумрукии моле сурат мегирад, ки мувофики низоми гумрукии реимпорт ворид гардидаанд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Кисмхои эхтиёти ва тачхизоти истифодашуда, вале бозпас содирнагардида бояд ба муомилоти озод ичозат дода шаванд ё бо риояи талабот ва шартхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс тахти низоми дигари гумруки карор дода шаванд.

 

Моддаи 302.           Интиколи киштихои дарёи ва хавопаймоёне, ки барои хамлу накли байналмилалии мол ва мусофирон истифода намешаванд

  1. Киштихои дарёие, ки муваккатан аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон бо максадхои истифодаи зайл содир карда мешаванд: (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) барои амалиёти чустучуи, начотдихи ва ядаки (буксир);

2) барои корхои гидротехники, зериобию техники ва корхои дигари шабех;

3) барои назорати санитари, карантини ва назорати дигар;

4) бо максадхои таълими, варзиши ва фарханги, инчунин барои дигар максадхо аз худуди гумруки хангоми содироти муваккати ва воридоти бозпаси онхо тибки коидахои пешбининамудаи хамин боб интикол дода мешаванд, ба истиснои воситахои наклиёте, ки шахсони вокеи барои истифодаи шахси, оилави, хочагидори ва дигар холатхои ба фаъолияти сохибкори алокаманд набуда интикол медиханд.  худуди

  1. Хавопаймои граждани, давлати ва тачрибави, ки барои хамлу накли байналмилалии мол ва мусофирон истифода намешавад, аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон хангоми содироти муваккати ва воридоти бозпаси он тибки коидахои мукаррарнамудаи хамин боб интикол дода мешавад.

 

БОБИ 37. ИНТИКОЛИ МОЛ АЗ ЧОНИБИ ШАХСОНИ ВОКЕИ

 

Моддаи 303.          Интиколи мол аз чониби шахсони вокеи барои истифодаи шахси, оилави, хочагидори ва дигар амалхое, ки ба пешбурди фаъолияти сохибкори алокаманд нестанд

  1. Моли барои истифодаи шахси, оилави, хочагидори ва дигар эхтиёчоти шахси вокеи таъингардида, ки ба пешбурди фаъолияти сохибкори алокаманд нест (минбаъд – барои истифодаи шахси), аз чониби хамин шахси вокеи аз сархади гумруки тибки мукаррароти хамин боб, вале дар кисмате, ки хамин боб танзим нанамудааст – тибки тартиби умумии мукаррарнамудаи хамин Кодекс интикол дода мешавад.
  2. Таъиноти молро макоми гумрук дар асоси аризаи шахси вокеи оид ба моли аз сархади гумруки интиколшаванда, вобаста ба хусусият ва теъдоди мол, инчунин мунтазамии интиколи мол аз сархади гумруки муайян менамояд.
  3. Тартиби интиколи моли таъиноти истифодаи шахси аз сархади гумруки аз чониби шахсони вокеи пурра озод намудан аз пардохти бочхои гумруки ва андозхо, татбики меъёри ягонаи бочхои гумруки ва андоз, ситонидани пардохтхои гумруки дар шакли пардохти мачмуии гумруки, инчунин истифода набурдани мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисоди, ки тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар шудаанд, тасдики хатмии мутобикати мол ва тартиби соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукиро дар бар мегирад (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).

 

Моддаи 304.          Ворид ва содир намудани молу воситахои наклиёт барои истифодаи шахси ва ситонидани бочхои гумруки ва андоз аз чунин молу воситахои наклиёт

  1. Нисбати моле, ки шахсони вокеи дар доираи меъёрхои вазни (микдори) ва арзишии муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ворид менамоянд, ба истиснои моле, ки воридоти он ба Чумхурии Точикистон манъ аст, озодкунии пурра аз пардохти бочхо, андозхо (тартиби воридоти имтиёзнок) фарохам оварда мешавад.

Нисбати воситахои наклиёт, инчунин моле, ки арзиши он аз меъёри имтиёзнок зиёд  аст, дар кисмати чунин афзоиш меъёри ягонаи бочхои гумруки ва андоз (тартиби воридоти соддагардонидашуда) татбик карда мешавад. Арзиши нихоии моли воридоти барои шахсони вокеи хангоми истифодаи тартиби соддагардонидашуда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. Тартиби татбики меъёри ягонаи бочхои гумруки ва андозро Хукумати Чумхурии Точикистон дар асоси андозаи миёнаи меъёри мукарраршудаи бочхои гумруки ва андозе муайян менамояд, ки нисбати молу воситахои наклиёте, ки ба микдори нисбатан зиёд аз чониби шахсони вокеи аз сархади гумруки интикол дода мешаванд, истифода мегардад (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).

Озодкунии пурра аз пардохти бочхои гумруки ва андоз ё ставкахои ягонаи бочхои гумруки ва андоз дар доираи андозахои микдории муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон татбик карда мешавад.

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон барои воридоти мол аз чониби шахсони вокеи бо истифодаи озодкунии пурра аз пардохти бочхои гумруки ва андоз ё кабули меъёри ягонаи бочхои гумруки ва андоз нисбати моли зераксизи, моле, ки нисбати он тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои воридот ба Чумхурии Точикистон махдудиятхои теъдоди мукаррар шудаанд, махдудиятхои (вазни) микдори ё арзиши мукаррар менамояд (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон холатхоеро муайян менамояд, ки нисбати моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон аз чониби шахсони вокеии ба синни муайян нарасида, инчунин шахсони сархади гумрукиро муттасил убуркунанда воридшаванда озодкунии пурра аз пардохти бочхои гумруки ва андоз фарохам оварда намешавад ё озодкуни аз пардохт дар доираи нисбатан камтар фарохам оварда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Хукумати Чумхурии Точикистон хукук дорад холатхоеро муайян намояд, ки озодкуни аз пардохти бочхои гумруки ва андоз ё меъёрхои ягонаи бочхои гумруки ва андоз нисбати моли аз тарафи шахсони вокеи хангоми кучидан ба чойи зисти доими интиколшаванда, моли аз чониби гурезахо ва мухочирони ичбори воридшаванда, инчунин нисбати моликияти мероси дар хачми бештар аз андозаи муайяннамудаи кисми 1 хамин модда татбик гардад (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).
  4. Нисбати арзишхои фархангии аз чониби шахсони вокеи воридшаванда озодкунии пурра аз пардохти бочхои гумруки ва андоз ба шарти декларатсиякунонии хаттии онхо, инчунин бакайдгирии махсусе, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар бораи содирот ва воридоти арзишхои фарханги пешбини намудааст, фарохам оварда мешавад.
  5. Моли тибки хамин модда ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшаванда, инчунин аз ин худуд содиршаванда барои максадхои гумруки мутаносибан хамчун барои муомилоти озод ичозатшуда ё тахти низоми гумрукии содирот содиршуда барраси мегардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  6. Нисбати моли аз чониби шахсони вокеи содиршаванда озодкуни аз пардохт, баргардонидан ё чуброни андозхои дохили тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории андози Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
  7. Нисбати моле, ки барои онхо тартиби соддагардонидашуда ё имтиёзноки интиколи мол аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон пешбини нашудааст, тартиби умумии барасмиятдарории гумруки ва пардохти бочхои гумруки ва андоз, ки хамин Кодекс мукаррар намудааст, татбик карда мешавад.
  8. Мукаррароти хамин модда нисбати моле, ки шахсони вокеи муваккатан ворид (содир) ва бозпас содир (ворид) менамоянд, татбик намегардад.

Эзох. Барои максадхои татбики хамин боб тахти мафхуми воситахои наклиёт воситаи наклиёти автомобили ва ядакхо, киштихои дарёи ва хавопаймо хамзамон бо кисмхои эхтиётии онхо ва дигар кисму тачхизоти маъмулии онхо, ки шахсони вокеи танхо барои истифодаи шахси ворид ё содир менамоянд, дар назар дошта шудааст.

 

Моддаи 305.          Воридоти муваккатии мол аз чониби шахсони вокеи

  1. Нисбати моли муваккатан ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон аз тарафи шахсони вокеии хоричи воридшаванда озодкунии пурра аз пардохти бочхои гумруки ва андоз хангоме фарохам оварда мешавад, ки агар ин мол танхо барои истифодаи шахси дар давраи буду боши муваккатии онхо дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид карда шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Озодкуни аз пардохти бочхои гумруки ва андози пешбининамудаи кисми 1 хамин модда нисбати воситахои наклиёти ба шахсони вокеии хоричи таалукдошта ё аз чониби онхо ичорашуда ё барои истифодаи муваккати гирифташуда ё ба тарики дигар истифодашаванда, ки ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон хамзамон бо вуруди шахси хоричи ё то вуруд ё баъди вуруди вай оварда шудаанд, татбик мегардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Воситахои наклиёте, ки аз чониби шахсони вокеи барои интиколи пулакии шахсон ё барои хамлу накли моли саноати ё тичорати оварда мешаванд, аз сархади гумруки тибки коидахои мукаррарнамудаи боби 36 хамин Кодекс интикол дода мешаванд.

  1. Дар холате, ки агар моли муваккатан воридшуда бояд мувофики кисми 2 моддаи 308 хамин Кодекс ба таври хатти декларатсия шавад, мухлати воридоти муваккатиро макоми гумрук дар асоси аризаи шахси вокеии хоричи, бо назардошти давомнокии буду боши вай дар Чумхурии Точикистон, дар доираи мухлати муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон, тибки кисми 4 хамин модда мукаррар менамояд.

Бо дархости асосноки шахси вокеии хоричи мухлати воридоти муваккатии мукаррарнамудаи макоми гумрук метавонад дар доираи мухлати муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тибки кисми 4 хамин модда тамдид карда шавад.

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад мухлати нихоии воридоти муваккатиро нисбати намуди алохидаи мол, аз чумла воситахои наклиёти муваккатан ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон аз чониби шахсони вокеии хоричи воридшаванда мукаррар намояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Моли муваккатан воридгардида, аз чумла воситахои наклиёт метавонанд аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон аз тарики хама гуна макоми гумрук бозпас содир карда шаванд. Хангоми содироти моли муваккатан воридгардида бочхои гумруки ва андоз ситонида намешаванд, мамнуияту махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон татбик карда намешаванд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Содироти бозпаси моли муваккатан воридшуда, аз чумла воситахои наклиёт метавонад анчом дода нашавад, агар ба ин мол, аз чумла воситахои наклиёт дар натичаи садама ё таъсири кувваи рафънопазир зарари чидди расонида шуда бошад.
  4. Шахсони вокеии ватани метавонанд муваккатан воситахои наклиётро ворид намоянд, ба шарте агар ин воситахои наклиёт дар худуди давлати хоричи ба кайд гирифта шуда, дар мачмуъ мухлати воридоти муваккати дар тули як соли таквими вобаста ба хар як воситаи наклиёти муваккатан воридшаванда аз се мохи таквими зиёд набошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 306.          Содироти муваккатии мол аз чониби шахсони вокеи

  1. Шахсони вокеии ватани хукук доранд аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон молро барои истифодаи шахси ба мухлати буду боши муваккатии худ дар худуди давлати хоричи бо пурра озодкуни аз пардохти бочхои гумруки ва андоз муваккатан содир ва бозпас ворид намоянд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Дар асоси аризаи шахси вокеи макоми гумрук хаммонандсозии (моддаи 434) моли муваккатан содиршавандаро анчом медихад, агар чунин хаммонандсози ба воридоти бозпас, бо пурра озодкуни аз пардохти бочхои гумруки ва андоз мусоидат намояд. Дар бораи хаммонандсозии моли дар декларатсияи гумруки дарчкардашуда, як нусхаи он ба шахси вокеии содирнамудаи мол баргардонида мешавад. Мавчуд набудани чунин хаммонандсози барои бозпас ворид намудани ин мол аз чониби шахсони вокеи, бо озод намудан аз пардохти бочхои гумруки ва андоз монеъ намегардад.

 

Моддаи 307.          Барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз чониби шахси вокеи барои истифодаи шахси интикол дода мешавад

  1. Барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз чониби шахсони вокеи барои истифодаи шахси интикол дода мешавад, мувофики тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки тибки хамин Кодекс анчом дода мешавад.
  2. Шахсони вокеи, ки бо воситахои наклиёти худ, инчунин воситахои наклиёти таъиноти тичорати ё катора сархади гумрукиро убур мекунанд, чун коида метавонанд воситаи наклиётро тарк накарда, амалиёти гумрукиро анчом диханд.
  3. Мол, аз чумла воситахои наклиёте, ки шахсони вокеи барои истифодаи шахси интикол медиханд, дар холатхои зерин дар анборхои нигахдории муваккати чойгир карда мешаванд:

1)               бо хохиши шахсони мазкур;

2)               агар барасмиятдарории фаврии гумрукии мол ва (ё) пардохти бочхои гумруки ва андоз бо сабабхои аз макомоти гумрук вобастанабуда имконнопазир бошад.

  1. Нигахдории муваккатии мол тибки тартиби мукаррарнамудаи боби 12 хамин Кодекс аз хисоби шахсоне, ки моли онхо дар анборхои нигахдории муваккати карор доранд, сурат мегирад.
  2. Бо максади соддагардонии барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз чониби шахсони вокеи тавассути наклиёти автомобили ва рохи охан интикол дода мешаванд, макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки хукук дорад бо хадамоти гумруки давлати хаммарз дар хусуси барасмиятдарории муштараки гумруки ва назорати гумрукии моли мазкур созишнома бандад.

 

Моддаи 308.          Декларатсия кардани моли шахсони вокеи

  1. Моли шахсони вокеи, ки дар борчомаи дасти ва багоч интикол дода мешавад, хангоми убури Сархади давлатии Чумхурии Точикистон декларатсия карда мешавад.
  2. Дар шакли хатти моли зайл, аз чумла воситахои наклиёт декларатсия карда мешавад:

1) моле, ки шахсони вокеи дар шакли багочи хамрохинашаванда интикол медиханд;

2) моле, ки ба сурогаи шахсони вокеи барои истифодаи шахси фиристода мешавад, ба истиснои моле, ки тавассути почтаи байналмилали ирсол мегардад;

3) моле, ки мувофики санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон воридоташ махдуд карда шудааст ё арзиш ва (ё) теъдодаш аз махдудияти муайянгардидаи интиколи мол бо озодкуни аз пардохти бочхои гумруки ва андоз аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон бештар мебошад (моддаи 304);

4) моле, ки содироташ мувофики санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон махдуд карда шудааст;

5) моле, ки хангоми содироти он санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон декларатсияи хатмиро дар шакли хатти пешбини кардаанд;

6) воситахои наклиёт.

  1. Дар холатхое, ки дар кисми 2 хамин модда зикр нашудаанд, мол ба таври шифохи декларатсия карда мешавад.

Шахси вокеи хукук дорад бо хохиши худ молеро, ки тавассути сархади гумруки интикол медихад ва декларатсияи хаттии он хатми намебошад, дар шакли хатти декларатсия кунад.

  1. Тибки холатхо ва тартибе, ки макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян мекунад, моли дар шакли шифоят декларатсияшаванда бо риояи анчом додани амалхое декларатсия карда мешавад, ки дар борчомаи дасти ва багочи хамрохишавандаи шахси вокеи мавчуд набудани молеро тасдик менамоянд, ки бояд дар шакли хатти декларатсия карда шавад (декларатсия дар шакли конклюденти), мавчуд нест. Бо ин максад дар нуктахои гузаргох барои убури шахсони вокеи чойхои махсус ишорашудае таъин мегарданд, ки шахс метавонад шакли декларатсия кардани молро интихоб намояд. Агар шахси вокеи аз тарики чойи махсуси муайяншуда гузарад, ки барои убури шахсоне таъин гардидааст, ки дар борчомаи дасти ва багоч моли барои декларатсияи хатти зарури надоранд, он хамчун арз ба макомоти гумрук дар хусуси дар ихтиёри ин шахс мавчуд набудани моли дар шакли хатти декларатсияшаванда барраси мегардад.
  2. Моли шахсони ноболиги то синни 16 – сола аз чониби падар ё модар, фарзандхонда, васи, парастор ё хамрохикунанда ва хангоми хуручи (вуруди) муташаккилона ва вуруди (хуручи) муташаккилонаи гурухи шахсони ноболиг бе хамрохи кардани падар ё модар, фарзандхонда, васи ё парастор – аз чониби рохбари ин гурух декларатсия карда мешавад.
  3. Нисбати моли аз сархади гумруки хамчун багочи хамрохинашаванда интиколшаванда декларатсияи гумруки бояд хангоми воридоти чунин мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дар мухлати мукаррарнамудаи моддаи 129 хамин Кодекс ва хангоми содироти онхо – хамзамон бо пешниходи мол ба макоми гумрук манзур мегардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Моли аз сархади гумруки чун багочи хамрохинашаванда интиколшаванда метавонад аз чониби шахси интиколдиханда ё шахси дигаре, ки тибки бовариномаи шахси интиколдихандаи мол амал мекунад, декларатсия карда шавад.

Моли багочи хамрохинашавандаи шахси ноболиги то синни 16 – сола аз чониби падар ё модар, фарзандхонда, васи, парастор ё шахсоне, ки тибки бовариномаи шахсони мазкур амал мекунанд, декларатсия карда мешавад.

 

Моддаи 309.          Пардохти бочхои гумруки ва андоз аз чониби шахсони вокеи

  1. Бочхои гумруки ва андоз аз чониби шахсони вокеи хангоми декларатсияи мол дар шакли хатти, дар асоси ордери кассавии гумруки, ки намунаи онро макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки муайян менамояд, пардохта мешавад. Як нусхаи ордери кассавии гумруки ба шахсе, ки бочхои гумруки ва андозро пардохтаст, супорида мешавад.
  2. Бочхои гумруки, андозхо нисбати моле, ки аз сархади гумруки барои истифодаи шахси интикол дода мешавад, аз чониби шахсони вокеи дар шакли пардохти мачмуии гумруки (пардохт дар шакли маблаги умумии бочхои гумруки, андозхо, бе таксими кисмии онхо ба кисми таркибии бочхо, андозхо) ё тибки меъёри ягонаи бочи гумруки супорида мешаванд (моддаи 304) (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).

 

Моддаи 310.          Арзиши гумрукии моле, ки шахсони вокеи интикол медиханд

  1. Арзиши гумрукии мол аз чониби шахсе, ки молро интикол медихад, хангоми декларатсия кардани онхо арз карда мешавад. Барои тасдики арзиши гумрукии арзшуда шахси вокеи метавонад чекхо, хисобномахо ва дигар хуччатхои тасдиккунандаи дастрас намудани моли декларатсияшаванда ва арзиши онхоро пешниход намояд.
  2. Хангоми аз чониби шахсони вокеи барои истифодаи шахси ворид намудани мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ба арзиши гумрукии мол харочоти боррасони то фурудгоххо, бандархои дарёи ва махали дигари расонидани мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дохил карда намешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Хангоми мавчуд набудани хуччатхо ва маълумоти тасдиккунандаи дурустии муайян кардани арзиши гумрукии моли арзнамудаи шахси вокеи, макоми гумрук метавонад арзиши гумрукии молро мустакилона, дар асоси маълумоте, ки дар каталогхои ташкилотхои хоричии машгули фуруши махсулот мавчуд буда ё дар асоси маълумоти дигари нархие, ки нисбати моли шабех дар ихтиёри макоми гумрук карор доранд, муайян намояд.

Хангоми истифодаи маълумоти нархии мазкур макоми гумрук тасхехи арзиши гумрукии молро вобаста ба сифати мол, талабот нисбати он дар бозор, кишвари истехсолкардаи мол, вакти истехсол ва дигар омилхои ба нарх таъсиркунанда анчом медихад.

 

Моддаи 311.          Кисмхои эхтиёти ва сузишвори барои воситахои наклиёти аз чониби шахсони вокеи интиколшаванда

  1. Кисмхои эхтиётие, ки барои таъмири воситахои наклиёти муваккатан аз чониби шахсони вокеи ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшуда заруранд, метавонанд муваккатан бо пурра озодкуни аз бочхои гумруки ва андоз ба мухлати на зиёда аз мухлати воридоти муваккатии воситахои наклиёт ворид карда шаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Сузишвории воситахои наклиёт, ки дар бакхои мувофики конструксияи воситаи наклиёт насбшуда мавчуданд ва ин воситахои наклиётро аз сархади гумруки шахсони вокеи интикол медиханд, метавонад бе пардохти бочхои гумруки ва андоз ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид ё мутаносибан аз худуди он хорич карда шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 312.          Маълумот дар бораи коидахои интиколи мол аз чониби шахсони вокеи аз сархади гумруки

Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ва макомоти дигари гумрук дастрасии маълумотро дар бораи коидахои интиколи мол аз чониби шахсони вокеи, аз чумла тавассути пахши варакахои иттилооти дар муассисахои наклиёти ва сайёхи бо забони давлати, забони муоширати байни миллатхо ва забонхои хоричи, инчунин тавассути тахияи лавхахои иттилооти дар махалхои барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз чониби шахсони вокеи интикол карда мешаванд, таъмин менамоянд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

БОБИ 38. ИНТИКОЛИ МОЛ ДАР МУРОСИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПОЧТА

  

Моддаи 313.          Муросилоти байналмилалии почта

  1. Бо максади татбики хамин боб тахти мафхуми муросилоти байналмилалии почта муросилоти почтае фахмида мешавад, ки барои ба хоричи худуди гумрукии Чумхурии Точикистон фиристодани муросилоти почтаи ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридгардида ё худ ба тарики транзит аз ин худуд интиколшаванда кабул карда мешавад. Ба муросилоти байналмилалии почта инхо мансубанд: (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) мактубхо (одди, фармоиши, бо эълони арзиш);

2) кортхои почтави (одди, фармоиши);

3) бандерол ва халтахои махсуси «М» (одди, фармоиши) ;

4) секограммахо (одди, фармоиши);

5) лифофахои хурд (фармоиши);

6) муросилот (мукаррари, бо эълони арзиш);

7) муросилоти байналмилалии экспресс – почта.

  1. Муассисахои алокаи почта хукук надоранд муросилоти байналмилалии почтаро бе ичозати макоми гумрук ба гирандаи онхо супоранд ё берун аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ирсол намоянд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 314.          Мамнуият ва махдудиятхои воридоти мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ва содироти он аз ин худуд хангоми ирсол дар муросилоти байналмилалии почта

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Дар муросилоти байналмилалии почта ба ирсоли моли зерин ичозат дода намешавад:

1) моле, ки мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон воридоти он ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ва содироти он аз ин худуд манъ шудааст;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) моле, ки ирсоли он мувофики санадхои Иттиходи умумичахонии почта манъ шудааст;

3) моле, ки нисбаташ мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон махдудият мукаррар шудааст ва номгуи онро  Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

  1. Нисбати моле, ки барои воридоти он ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ё содироти он аз ин худуд мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ё санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон махдудиятхо мукаррар карда шудаанд, гиранда ё фиристандаи моли мазкур ё шахсони аз номи онхо амалкунанда вазифадоранд хангоми барасмиятдарории гумруки њуљљатњои тасдиккунандаи риояи ин гуна махдудиятхоро пешниход намоянд. (ЌЉТ аз 28.12.12с. №906; КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Нисбати моле, ки дар муросилоти байналмилалии почта фиристода мешаванд, мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар холатхои зерин татбик карда намешаванд:

1) агар мол ба сурогаи шахсони вокеи фиристода шуда, барои истифодаи шахси таъин гардида бошад;

2) дар дигар холатхои муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон.

  1. Ситонидани моле, ки ирсоли он дар муросилоти байналмилалии почта манъ ва (ё) махдуд карда шудааст, хамчунин ихтиёрдории он мувофики хамин Кодекс аз тарафи макомоти гумрук ва дар кисмати танзимнакардаи хамин Кодекс – бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

 

Моддаи 315.          Барасмиятдарории гумрукии моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда

  1. Моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшавандаи дорои хуччатхои хамрохикунанда, ки дар санадхои Иттиходи умумичахонии почта пешбини шудаанд, мутобики хамин Кодекс бо назардошти хусусиятхои пешбининамудаи хамин боб ба расмият дароварда мешавад.
  2. Моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда бо тартиби афзалиятнок ва дар мухлати кутохтарин, ки наметавонад аз 3 руз бештар бошад, ба расмият дароварда мешавад. Мухлати аники барасмиятдарори аз чониби макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки дар якчояги бо макоми идоракунии фаъолияти сохаи алокаи почта муайян карда мешавад.
  3. Барасмиятдарории гумрукии моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда дар махалхои мубодилаи байналмилалии почта, ба истиснои холати пешбининамудаи кисми 6 хамин модда ба расмият дароварда мешаванд. Объектхои алокаи почта, ки чойхои мубодилаи байналмилалии почта ба хисоб мераванд, аз тарафи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки якчоя бо макоми идоракунии фаъолияти сохаи алокаи почта муайян карда мешаванд.
  4. Агар хамаи маълумоте, ки ба макомоти гумрук барои максадхои гумруки заруранд, дар хуччатхои пешбининамудаи санадхои Иттиходи умумичахонии почта ва хамрохикунандаи муросилоти байналмилалии почта мавчуд бошанд, ба истиснои холатхои пешбининамудаи кисми 5 хамин модда, пешниходи декларатсияи гумрукии алохида талаб карда намешавад.
  5. Декларатсиякунонии мол бо рохи пешниходи декларатсияи алохидаи гумруки дар холатхои зерин талаб карда мешавад, агар:

1) арзиши моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшаванда аз андозаи мукаррарнамудаи кисми якуми моддаи 317 хамин Кодекс, ки барои интиколи мол дар муросилоти байналмилалии почта бе пардохти бочхои гумруки ва андоз мукаррар шудааст, зиёд бошад, ба истиснои холатхое, ки мол барои истифодаи шахси, оилави, хонаводаги ва дигар максадхои новобаста ба фаъолияти сохибкори, ба унвони шахсони вокеи фиристонида мешавад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) содироти мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон аз тарафи фиристонандаи мол ба макоми гумрук тасдик шуда бошад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшаванда барои карор додан тахти низоми гумрукие таъин гардида бошад, ки он ба муомилоти озод баровардани молро пешбини намекунад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Барасмиятдарории моле, ки мувофики кисми 5 хамин модда нисбати онхо бояд декларатсияи алохидаи гумруки пешниход карда шавад, аз чониби макомоти гумрукие, ки дар минтакаи фаъолияти онхо гирандахо ё фиристонандахои мол чойгиранд, тибки тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки бо мувофикаи макоми идоракунии фаъолияти сохаи алокаи почта амали мегардад.
  2. Барасмиятдарории моли аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дар муросилоти байналмилалии почта содиршаванда, ки нисбати он мувофики кисми 5 хамин модда пешниходи декларатсияи алохидаи гумруки пешбини шудааст, то супоридани ин мол ба муассисоти алокаи почта барои ирсол анчом дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 316. Азназаргузаронии гумруки ва тафтиши гумрукии муросилоти байналмилалии почта

  1. Муассисоти алокаи почта бо талаби макомоти гумрук муросилоти байналмилалии почтаро барои азназаргузаронии гумруки ва муоинаи гумруки пешниход менамоянд. Усулхои чунин пешниходро макомоти гумрук муайян менамоянд.
  2. Макомоти гумрук пешниходи намудхои зерини муросилоти воридшавандаи почтаро талаб наменамоянд:

1) кортхои почта ва мактуб;

2) адабиёт барои нобиноён.

Хангоми мавчуд будани асоси кофи дар бораи он ки дар байни чунин муросилоти почта моли воридоташ ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон манъ ё махдудкардашуда хаст, инчунин хангоми азназаргузаронии гумруки ва муоинаи гумруки дар асоси санчиши интихоби ё тасодуфи макомоти гумрук хукук доранд пешниходи ин муросилоти почтаро талаб намоянд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Макомоти гумрук хукук доранд аз муассисахои алокаи почта талаб намоянд, ки муросилоти байналмилалии почтаи содиротиро, ки макомоти гумрук дар асоси санчиши интихоби ё тасодуфи онро аз назар мегузаронанд ё муоина мекунанд, нишон диханд.
  2. Хангоми азназаргузаронии гумруки ё муоинаи гумруки аз воситахои техникии назорати гумруки хаддалимкон бештар истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 317. Бочхои гумруки ва андоз нисбати моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда

  1. Агар арзиши моле, ки дар муросилоти байналмилалии почта фиристонида мешавад, дар мухлати як хафта ба унвони як гиранда аз микдори 150 – нишондиханда барои хисобхо зиёд набошад, аз он бочхои гумруки ва андоз ситонида намешаванд.
  2. Нисбати моле, ки ба унвони шахсони вокеи барои истифодаи шахси ирсол шудаанд, кисман ё пурра озод кардан аз пардохти бочхои гумруки ва андоз истифода мегардад. Хукумати Чумхурии Точикистон мувофики моддаи 304 хамин Кодекс нисбати моле, ки арзиши он аз арзиши моли бе пардохти бочхои гумруки ва андоз ирсолшаванда зиёдтар мебошад, нисбати чунин афзоиш меъёрхои ягонаи бочхои гумруки ва андоз мукаррар менамояд (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).
  3. Бочхои гумруки ва андоз нисбати моле, ки барояш декларатсияи алохидаи гумруки такозо намегардад, аз тарафи макомоти гумрукие, ки дар чойхои мубодилаи байналмилалии почта молро ба расмият медароранд бо истифодаи ордери мудохилоти гумрук (кисми якуми моддаи 309) хисоб карда мешаванд. Маблаги бочхои гумруки ва андоз дар асоси маълумот доир ба арзиши моле, ки дар хуччатхои пешбининамудаи санадхои Иттиходи умумичахонии почта зикр шудаанд ва барои максадхои гумруки истифода мегарданд, хисоб карда мешавад. Нисбати муросилоти байналмилалии почта, ки арзишаш эълон карда шудааст, маблаги бочхои гумруки ва андоз дар асоси хамин арзиши эълонгардида танхо дар сурате хисоб карда мешавад, ки агар он аз арзиши дар хуччатхои барои максадхои гумруки баёншуда зиёдтар бошад.
  4. Муросилоти байналмилалии почтаи дорои моле, ки макоми гумрук пардохтхои гумрукии онро хисоб кардааст, ба гирандаи мол дар чойхои мубодилаи байналмилалии почта танхо баъди пардохтхои гумрукиро пурра гирифтани муассисаи алокаи почта супурда мешавад. Бочи гумруки дар асоси бланкаи хаволаи почтавии маблаге, ки аз тарафи шахси мансабдори макомоти гумрук пур карда шудааст, ситонида мешавад. Пардохти хаволаи почтави аз хисоби шахсе сурат мегирад, ки бочи гумрукиро пардохтааст ва он набояд аз 1 фоизи мабалаги пардохти ситонидашаванда зиёд бошад. Бланкахои хаволаи почтавии маблагхо ба макомоти гумрук ройгон дода мешаванд.
  5. Хангоми гум кардани муросилоти байналмилалии почта, бе ичозати макомоти гумрук ба гиранда додани он чавобгарии супоридани пардохтхои гумруки ба зиммаи муассисаи алокаи почтае мебошад, ки муросилоти почтаро гум кардааст ё супурдааст.
  6. Бочхои гумруки ва андоз нисбати моли дар кисми 5 моддаи 315 хамин Кодекс зикршуда бо тартиби мукаррарнамудаи фасли ууу хамин Кодекс хисоб карда, пардохта мешавад.

 

Моддаи 318.          Транзити гумрукии дохилии муросилоти байналмилалии почта

Расмиёти транзити гумрукии дохили  (боби 10) дар муросилоти байналмилалии почта бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки дар мувофика бо макоми идоракунандаи фаъолият дар сохаи алокаи почта дар асоси талабот ва махдудиятхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс истифода карда мешавад.

 

Моддаи 319.          Транзити муросилоти байналмилалии почта

Муросилоти байналмилалии почта, ки аз худуди Чумхурии Точикистон ба тарики транзит интикол мегардад, мувофики санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон ба расмият дароварда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

БОБИ 39. ИНТИКОЛИ МОЛ АЗ ТАРАФИ КАТЕГОРИЯХОИ АЛОХИДАИ ШАХСОНИ ХОРИЧИ

 

Моддаи 320.          Сохаи истифодаи хамин боб

  1. Мукаррароти хамин боб нисбати моле, ки намояндагихои дипломати, консулгари ва дигар намояндагихои расмии давлатхои хоричи, ташкилотхои байналмилали, аъзои ин намояндагиву муассисахо, хамчунин нисбати моли мавриди истифодаи шахси ва хонаводагии категорияи алохидаи шахсони хоричии дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дорои имтиёзу афзалият ва (ё) масуният аз худуди гумруки интикол медиханд, тибки санадхои меъёрии хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон татбик карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Барасмиятдарории гумрукии моли дар кисми якуми хамин модда зикргардида бо тартиби соддагардонидашуда анчом дода мешавад.

 

Моддаи 321.          Интиколи мол аз тарафи намояндагони дипломатии давлатхои хоричи

Намояндагихои дипломатии давлатхои хоричии мукими Чумхурии Точикистон метавонанд моли барои истифодаи расмии намояндагихо таъингардидаро бо озод намудан аз пардохти бочхои гумруки, андозхо ва бидуни татбик намудани мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи  санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон   ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид кунанд ва аз ин худуд содир намоянд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 322.          Интиколи мол аз тарафи сардори намояндагии дипломатии давлати хоричи ва аъзои хайати дипломатии намояндагии давлати хоричи

  1. Сардори намояндагии дипломатии давлати хоричи ва аъзои хайати дипломатии намояндагии давлати хоричи, хамчунин аъзои оилаи хамзисти онхо метавонанд моли таъиноти истифодаи шахси ва хонаводаги, аз чумла моли таъиноти ниёзи аввалия пешбинигардидаро бо озод намудан аз бочхои гумруки ва андоз бе истифодаи мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид ва аз он содир намоянд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Багочи шахсии сардори намояндагии дипломатии давлати хоричи, аъзои хайати дипломатии давлати хоричи, хамчунин аъзои оилаи хамзисти онхо аз муоинаи гумруки озод мебошанд, ба шарте агар асосхои чиддии эхтимоли он мавчуд набошад, ки багоч дорои моли барои истифодаи шахси ва хонаводаги таъиннагардида ё ки моле мебошад, ки воридоташ ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ва содироташ аз ин худуд мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон манъ карда шудааст ё бо коидахои карантини танзим карда мешавад. Муоинаи гумруки бояд танхо дар хузури шахсони дар хамин модда зикршуда ё намояндагони ваколатдори онхо гузаронида шавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 323.          Интиколи мол аз тарафи аъзои хайати маъмури – техникии намояндагии дипломатии давлати хоричи

Агар аъзои хайати маъмури–техникии намояндагии дипломатии давлати хоричи ва аъзои оилаи хамзисти онхо дар Чумхурии Точикистон доими зиндаги накунанд ва шахрвандони Чумхурии Точикистон набошанд, метавонанд моли таъиноти ниёзи аввалия ва барои истифодаи шахси ва хонаводаги пешбинигардидаро бо озод намудан аз пардохти бочхои гумруки ва андоз ва бидуни ба ин мол татбик намудани мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид намоянд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 324.          Имтиёзхои гумрукие, ки ба аъзои хайати дипломатии намояндагии давлати хоричи, ба аъзои хайати маъмури–техники ва хизматрасони пешниход карда мешаванд

Дар асоси созишномаи махсус бо давлати хоричи, бо назардошти усули муносибатхои мутакобила бо давлати алохидаи хоричи имтиёзхои гумрукии ба аъзои хайати дипломатии намояндагии давлати хоричи пешбининамудаи хамин Кодекс метавонанд ба аъзои маъмури –техники ва хизматрасонии ин намояндаги, инчунин аъзои оилаи онхо, ки дар Чумхурии Точикистон доими зиндагони намекунанд ва шахрвандони Чумхурии Точикистон намебошанд, дар асоси принсипи хамкори бо давлати хоричи татбик гарданд.

 

Моддаи 325.          Интиколи мол аз тарафи муассисахои консулгарии давлатхои хоричи ва аъзои хайати онхо

  1. Ба муассисахои консулгарии давлатхои хоричи, шахсони мансабдори консулгарихои хоричи, аз чумла ба сардори муассисахои консулгарии давлати хоричи, ба хидматчиёни муассисахои консулгарии давлати хоричи, хамчунин ба аъзои оилаи онхо имтиёзхои гумрукии мувофики хамин Кодекс барои намояндагии хайати дипломатии давлатхои хоричи ё хайати дахлдори намояндагии дипломатии давлати хоричи пешбинишуда фарохам оварда мешавад.
  2. Дар асоси созишномаи махсус бо давлати хоричи ба кормандони хайати хизматрасонии муассисаи консулгарии давлати хоричи, хамчунин аъзои оилаи онхо, ки дар Чумхурии Точикистон доими зиндагони намекунанд, тибки принсипи хамкори бо давлати алохидаи хоричи имтиёзхои гумрукие, ки мувофики хамин Кодекс барои аъзои дахлдори хайати дипломатии намояндагии давлатхои хоричи пешбини гардидааст, фарохам оварда мешавад.

 

Моддаи 326.          Интиколи почтаи дипломати ва вализаи консулгарии давлатхои хоричи аз сархади гумруки

  1. Почтаи дипломати ва вализаи консулгарии давлатхои хоричиро, ки аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон интикол дода мешаванд, кушодан ва боздоштан мумкин нест. Хангоми мавчудияти асосхои чиддии эхтимоли он, ки дар вализаи консули хуччатхо ва (ё) моли дар кисми 3 хамин модда зикрнашуда чой доранд, макоми гумрук хукук дорад талаб намояд, ки вализаи консули аз тарафи шахси ваколатдори давлати хоричи дар хузури корманди макоми гумрук кушода шавад. Хангоми рози нашудан ба кушодани вализаи консули он ба махали ирсолкунанда баргардонида мешавад.
  2. Хамаи чойхои почтаи дипломати ва вализахои консули бояд ишорахои аёни зохирие дошта бошанд, ки аз хусусияти ин чойхо гувохи медиханд.
  3. Почтаи дипломати метавонад танхо хуччат ва моли дипломатиро, ки барои истифодаи расми пешбини шудааст ва вализаи консули бошад танхо мукотибаи расми, хуччат ё молеро дар бар гирад, ки мустакиман барои истифодаи расми пешбини шудааст.

 

Моддаи 327.          Имтиёзхои гумруки ба курерхои дипломати ва консулии хоричи

Курерхои дипломати ва консулии давлатхои хоричи метавонанд ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон моли барои истифодаи шахси ва хонаводаги таъингардидаро тибки принсипи муносибатхои мутакобила бо давлати алохидаи хоричи бидуни муоинаи гумруки ва пардохти бочхои гумруки, андозхо ва истифодаи мамнуият ва махдудиятхои дорои хусусияти иктисодии мукаррарнамудаи  санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид кунанд ва аз ин худуд содир намоянд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 328.          Имтиёзхои гумруки барои намояндагон ва аъзои хайати вакилони давлатхои хоричи

Ба намояндагони давлатхои хоричи, аъзои хайати вакилони парлумон ва хукумат, инчунин дар асоси муносибатхои мутакобила бо аъзои хайати вакилони давлатхои хоричи, ки ба Чумхурии Точикистон барои иштирок дар гуфтушунидхои байналмилали, конференсияхо ва мачлисхои байналмилали ё бо супоришхои дигари расми меоянд, имтиёзхои гумрукии барои аъзои хайати дипломатии намояндагони давлатхои хоричи пешбининамудаи хамин Кодекс фарохам оварда мешаванд. Ин гуна имтиёзхо барои аъзои оилаи хамрохикунандаи онхо низ фарохам оварда мешаванд.

 

Моддаи 329.          Интиколи мол аз тарафи хайати дипломати, шахсони мансабдори консулгари, намояндагон ва аъзои хайати вакилони давлатхои хоричи, ки ба тарики транзит аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон убур мекунанд

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Ба аъзои хайати дипломатии намояндагихои давлатхои хоричи ва шахсони мансабдори консулгарии давлатхои хоричи, аъзои оилаи онхо, ки дар моддаи 328 хамин Кодекс зикр шудаанд ва ба тарики транзит аз Чумхурии Точикистон убур мекунанд, имтиёзхои ба аъзои хайати дипломатии намояндаги пешбининамудаи хамин Кодекс фарохам оварда мешавад.

 

Моддаи 330.          Имтиёзхои гумруки барои ташкилотхои байналмилалии байнидавлати ва байнихукумати, намояндагихои давлатхои хоричии назди онхо, хамчунин барои кормандони ин ташкилоту намояндагихо

Имтиёзхои гумруки барои ташкилотхои байналмилалии байнидавлати ва байнихукумати, намояндагихои давлатхои хоричии назди онхо, хамчунин барои хайати ин ташкилоту намояндагихо ва аъзои оилаи онхо мувофики санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 40. ИНТИКОЛИ МОЛ ТАВАССУТИ КУБУР  ВА БО ХАТХОИ ИНТИКОЛИ БАРК

 

Моддаи 331.          Сохаи истифодаи хамин боб

Интиколи мол аз сархади гумруки тавассути кубур ва бо хатхои интиколи барк тибки мукаррароти хамин боб, аммо дар кисмате, ки хамин боб танзим нанамудааст, бо тартиби умумии мукаррарнамудаи хамин Кодекс анчом дода мешавад.

 

Моддаи 332.          Воридоту содироти мол тавассути кубур

  1. Воридоти мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ва содироти мол аз ин худуд тавассути кубур баъди кабули декларатсияи гумруки ва ичозати макоми гумрук тибки шартхои дар он арзшудаи низоми гумруки ичозат дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Хангоми пешниходи декларатсияи гумруки пешниходи вокеии мол талаб карда намешавад.
  3. Хангоми воридоти мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ё содироти мол аз ин худуд тавассути кубур ба омезиши мол ва инчунин тагйири микдору холати сифатии мол дар натичаи таъсири хусусиятхои технологии интикол ва хусусиятхои хоси мол тибки меъёрхои техники ва стандартхои миллии дар Чумхурии Точикистон амалкунанда рох дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Расмиёти гумрукии нигохдории муваккати ва транзити дохилии гумруки нисбати моле, ки тавассути кубур интикол дода мешавад, истифода карда намешавад.

 

Моддаи 333.          Тартиби декларатсия кардани моле, ки тавассути кубур интикол дода мешавад

  1. Хангоми интиколи мол тавассути кубур ба декларатсиякунонии муваккатии даврии мол мувофики коидахои муайяннамудаи моддаи 138 хамин Кодекс бо назардошти хусусиятхои пешбинишудаи хамин модда ичозат дода мешавад.

Декларатсиякунонии муваккатии даври бо рохи пешниход намудани декларатсияи муваккатии гумруки ба амал бароварда мешавад.

Дар декларатсияи муваккати арзи маълумот бо назардошти максади воридот ё содироти теъдоди тахминии мол дар давоми вакти муайян, ки аз мухлати амали карордоди савдои хоричи зиёд нест, арзиши баходихии гумрукии шарти, ки мувофики теъдоди мол муайян гардида, барои интикол аз сархади гумруки пешбини шудааст ва (ё) тибки шартхои пешбиникардаи карордоди савдои хоричи барои муайян намудани нархи моли мазкур ичозат дода мешавад.

Пешниходи як декларатсияи муваккати ба моле, ки аз тарафи хамон як шахс ворид ва содир карда шуда, мувофики шартхои як низоми гумруки чихати ичрои ухдадорихо нисбати якчанд карордоди савдои хоричи (аз чумла бо шартхои мухталифи тахвили мол, нархгузори ва пардохт тибки шартхои мухталиф) интикол дода мешавад, ичозат дода мешавад.

  1. Декларатсияи гумрукии муваккати аз тарафи декларант дар се мох як маротиба, вале барои гази табии як маротиба дар як соли таквими, яъне то таърихи 20 – уми мохи пеш аз фарорасии ин давра пешниход карда мешавад.

Агар дар давоми як мохи таквимии тахвил шартхои тахвили мол ва (ё) теъдоди моли дар декларатсияи гумрукии муваккатии аз тарафи макомоти гумрук кабулкардашуда тагйир ёбанд, барои пешниходи декларатсияи гумрукии муваккатии иловаги дар давоми як мохи тахвил ичозат дода мешавад.

  1. Декларант вазифадор аст як ё якчанд декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври зарури пуркардашудаи моли воридоти ва содиротиро барои хар як мохи таквимии тахвили мол пешниход намояд. Декларатсияи гумрукии пурра бояд то таърихи 20 – уми мохи ояндаи (навбатии) баъд аз мохи таквимии тахвили хармоха пешниход карда шавад. Макоми гумрук дар асоси мурочиати асосноки декларант мухлати пешниходи декларатсияи гумрукии пурраро тамдид менамояд, вале на бештар аз 90 руз. Тамдиди мухлати пешниходи декларатсияи гумрукии пурра мухлати пардохти бочхои гумруки ва андозро тамдид наменамояд.
  2. Агар моли дар декларатсияи гумрукии муваккатии барои воридот ё содирот арзшуда дар давоми як мохи таквими ворид ё вокеан содир нашавад, декларант вазифадор аст макоми гумрукро то анчом ёфтани мухлати пешниходи декларатсияи гумрукии пурра хатти огох намояд.

 

Моддаи 334.          Татбики меъёрхои бочхои гумруки, андозхо ва тартиби супоридани онхо хангоми интиколи мол тавассути кубур

(кЧТ аз 23.07.16 с., №1347)

  1. Бочхои гумруки барои моли аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон содиршаванда барои хар мохи таквимии тахвили мол тибки меъёрхои бочхои гумрукии содиротие, ки дар таърихи 15 – уми мохи молрасони амал мекунанд, супорида мешаванд. (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347; КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

На камтар аз 50 фоизи маблаги бочхои гумрукии содироти, ки дар асоси маълумоти дар декларатсияи гумрукии муваккати дарчгардида хисоб карда шудаанд, дар мухлати то таърихи 20 – уми мохе, ки пеш аз мохи таквимии тахвил фаро мерасад, супорида мешаванд. Хамзамон маблаги бочи гумрукии содироти дар асоси микдори моле хисоб карда мешавад, ки мутаносибан ба як мохи молрасони баробар аст, ба шарте, агар дар декларатсияи гумрукии муваккати давраи молрасонии зиёдтар аз як мохи таквими дарч шуда бошад.

Дар холати пешниходи декларатсияи гумрукии муваккати мувофики сархати дуюми кисми 2 моддаи 333 хамин Кодекс бочхои гумрукии содироти дар мухлати на дертар аз рузи кабули чунин декларатсия пурра супорида мешаванд.

Кисмати бокимондаи маблаги бочхои гумрукии содироти, ки дар асоси маълумоти аник дар бораи моли содиршуда ва меъёрхои бочхои гумрукии содиротии дар таърихи 15 – уми мохи гузаштаи молрасони амалкунанда дар мухлати то таърихи 20 – уми мохи ояндаи таквимии тахвил супорида мешаванд (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).

  1. Хангоми воридоти мол тавассути кубур бочхои гумрукии воридоти ва андозхо то таърихи 20 – уми мохи пеш аз фарорасии хар як мохи таквимии молрасони дар асоси маълумоти дар декларатсияи муваккатии гумруки дарчгардида пардохта мешаванд. Барои максадхои хисоб кардан ва супоридани бочхои гумруки ва андоз меъёрхои бочхои гумруки ва андози то таърихи 15 – уми мохи пеш аз фарорасии мохи тахвил амалкунанда татбик карда мешаванд (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).

Маълумоти аникшуда оид ба воридоти мол барои хар як мохи таквимии тахвил ба макомоти гумрук то таърихи 20 – уми мохи ояндае, ки баъд аз мохи таквимии тахвил фаро мерасад, пешниход карда мешавад. Агар маблаги пардохтшавандаи бочхои гумруки ва андоз дар натичаи маълумоти аникшуда зиёд шавад, маблаг бояд хамзамон бо пешниходи маълумоти аникшуда пардохта шавад. Дар ин холат фоизхо хисоб карда намешаванд.

Маблагхои барзиёд супоридашуда мутобики моддаи 396 хамин Кодекс баргардонида мешаванд.

 

Моддаи 335.          Татбики мамнуият ва махдудиятхое, ки мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда шудаанд

Хангоми интиколи мол тавассути кубур мамнуият ва махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  дар рузи кабули декларатсияи гумрукии муваккати татбик карда мешаванд.

 

Моддаи 336.          Хусусиятхои воридот, содирот ва декларатсия кардани моле, ки тавассути хати барк интикол дода мешавад

  1. Ба воридоти мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ё содироти он аз ин худуд, ки бо хати барк интикол дода мешавад, бе ичозати пешакии макомоти гумрук, бо шарти декларатсиякунонии минбаъда ва пардохти бочхои гумруки ва андоз тибки коидахои мукаррарнамудаи хамин модда ичозат дода мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Расмиёти гумрукии нигахдории муваккати ва транзити дохилии гумруки нисбати моле, ки бо хати барк интикол дода мешавад, татбик карда намешаванд.
  3. Кувваи барки аз сархади гумруки интиколшаванда бо рохи пешниходи декларатсияи гумруки дар мухлати то таърихи 20 – уми мохи ояндае, ки баъд аз хар як мохи таквимии тахвили мол фаро мерасад, декларатсия карда мешавад. Макоми гумрук дар асоси мурочиати асосноки декларант метавонад мухлати пешниходи декларатсияи гумрукиро то 5 руз тамдид намояд.
  4. Микдори кувваи барки вокеи, ки бо тачхизоти хисобкунандаи дар махалхои аз нигохи технологи зарур насбгардида ва инъикоскунандаи интиколи барк муайян карда мешавад, бояд декларатсия карда шавад.

Микдори кувваи барки байни ду давлат интиколшаванда хамчун салдои интикол (маблаги алгебравии интиколи кувваи барк дар самтхои мутакобилаи байнидавлатии интиколи барки хама гуна шиддат) барои хар мохи таквими муайян карда мешавад.

Хисоби салдои интикол ба андозаи хачми талафи кувваи барк, ки хангоми интиколи он дар шабакахо ба миён омадааст, тасхех карда мешавад.

Декларатсиякунони дар асоси санадхои тахвили вокеии кувваи барк тибки карордоди тичорати хоричи ба рох монда мешавад.

  1. Бочхои гумруки ва андоз дар мухлати на дертар аз рузи пешниходи декларатсияи гумрукии моле, ки аз сархади гумруки дар давоми як мохи таквими интикол меёбанд, супорида мешаванд.

 

Моддаи 337.          Таъмини пардохтхои гумруки

Макоми гумрук хукук дорад пешниходи таъмини супоридани пардохтхои гумрукиро талаб намояд, аз чумла дар холате, ки агар декларант фаъолияти иктисодии хоричии худро камтар аз як сол ба рох монда бошад. Андозаи супоридани таъмини пардохтхои гумруки мутобики моддаи 383 хамин Кодекс муайян карда мешавад.

 

Моддаи 338.          Истифода набурдани талабот оид ба хаммонандсозии моле, ки тавассути кубур ва хатхои барк интикол дода мешавад

Моли тавассути кубур ва хати барк интиколшаванда хаммонанд карда намешавад, ки ин ба макомоти гумрук барои ба максади гумруки мукаррар намудани теъдод, сифат ва дигар хусусиятхои мол бо истифодаи маълумоти хуччатхо, нишондоди ченкунакхо ва дигар асбобхои ченкуни монеъ намешавад.

 

Моддаи 339.          Интиколи моли ватани байни ду нуктаи гумрукии дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон вокеъбуда тавассути худуди давлати хоричи

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

Интиколи моли ватани тавассути кубур ва хатхои интиколи барк байни ду нуктаи гумрукии дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон вокеъбуда тавассути худуди давлати хоричи, тибки коидахои мукаррарнамудаи боби 35 хамин Кодекс нисбати низоми махсуси интиколи моли ватани байни макомоти гумруки тавассути худуди давлати хоричи интикол дода мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

ФАСЛИ III. ПАРДОХТХОИ ГУМРУКИ ВА ХИРОЧХОИ ГУМРУКИ

 

БОБИ 41. ХОЛАТХОИ УМУМИИ МАРБУТ  БА ПАРДОХТХОИ ГУМРУКИ ВА ХИРОЧХОИ ГУМРУКИ. НАВЪХОИ ПАРДОХТХОИ ГУМРУКИ ВА ХИРОЧХО

 

Моддаи 340. Пардохтхои гумруки ва намудхои онхо

  1. Ба пардохтхои гумруки дохил мешаванд:

1) бочи гумруки;

2) андоз аз арзиши иловашуда, ки хангоми воридоти мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ситонида мешавад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) аксиз, ки хангоми воридоти мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ситонида мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Пардохтхои гумруки ситонида мешаванд, агар онхо мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян шуда бошанд.
  2. Бочхои махсус, зиддидемпинги ва чуброни, ки мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд, тибки коидахои пешбининамудаи хамин Кодекс нисбати ситонидани бочхои гумрукии воридоти пардохт карда мешаванд.
  3. Пардохткунандагон, тартиби хисоб ва пардохти андозхоеро, ки мартуб ба пардохтхои гумрукианд, конунгузории андози Чумхурии Точикистон бо назардошти хусусиятхои пешбининамудаи хамин Кодекс муайян менамояд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 341.          Бочхои гумруки

  1. Бочхои гумруки хангоми декларатсия кардани мол дар низомхои гумрукие, ки шартхои тахти ин низом чойгиркунони супурдани бочхои гумрукиро таъмин мекунанд, мувофики хамин Кодекс пардохта мешаванд.
  2. Меъёрхои бочхои гумрукиро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд ва мувофики моддаи 4 хамин Кодекс эътибор пайдо мекунад (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).

 

Моддаи 342. Намудхои ставкахои бочхои гумруки

(кЧТ аз 23.07.16 с., №1347)

 

Меъёрхои бочхои гумруки ба чунин гуруххо таксим мешаванд (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347):

1) адвалори – ба арзиши гумрукии моли мавриди андозбанди кароргирифта бо фоиз хисоб карда мешаванд;

2) махсус – тибки хачми мукарраршудаи вохиди моли мавриди андозбанди кароргирифта хисоб карда мешаванд;

3) омехта – хар ду навъи зикршудаи меъёрхои пардохти гумрукиро дар бар мегиранд (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).

 

Моддаи 343  бо КЧТ аз 1.08.12с., №881 хорич карда шуд.

 

Моддаи 344. Намудхои хоси бочхо

Бочхои  хоси  гумруки  (махсус, зиддидемпинги ва чуброни) нисбат ба молхои воридоти метавонанд муваккатан мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти савдои хоричи ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон татбик карда шаванд. (КЧТ аз 1.08.12с., №881)

 

Моддаи 345. Озодкунии молхои алохида  аз пардохти бочхои гумруки

Намудхои зерини воридоти мол аз пардохти бочхои гумруки озод карда мешавад:

1) воридоти пули миллї ва (ё) асъори хориљї (ба ѓайр аз маќсадњои нумизматї), инчунин ќоѓазњои ќиматнок;

2) воридоти металлњои ќиматбањо ва сангњои киматбањо аз љониби Бонки миллии Тољикистон ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон барои Хазинаи давлатии сарватњо;

3) воридоти моле, ки ройгон ба маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон дода мешаванд, воридоти мол ба сифати кумаки башардустона, воридоти моле, ки ба ташкилотњои эхсонкорї ба маќсади рафъи оќибати офатњои табиї, садама ва фалокатњо ройгон дода мешавад;

4) воридоти техникаи таъиноти кишоварзї, таљњизоти истењсолию технологи ва маснуоти такмилии (комплектии) онњо, ки маљмуи ягонаи технологиро ташкил медињанд. Номгуи техникаи таъиноти кишоварзї  таљњизоти истењсолию технолога ва маснуоти такмилї ба он мутобиќи номгуи моли фаъолияти иќтисодии хориљї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад;

5) воридоти дорувории тиббї, таљњизоти тиббї, фармасевтї ва асбобњои тиббї мувофиќи номгуи муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон;

6) воридоти моле, ки барои татбиќи лоињањои сармоягузории Њукумати Љумхурии Тољикистон дар доираи маблаѓњои созишномањои грантї (ќарзї) амалї маешаванд;

7) воридоти мол барои сохтумони объектњои махсусан муњим, ки номгуи  онњоро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд; (ЌЉТ аз 18.03.15с., №1189)

8) воридоти мол барои иљрои корњо, ки барномањои корї ва сметањои харољот тибќи тартиби муќаррарнамудаи созишнома оид ба таќсими мањсулот, ки мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон

Дар бораи созишномањо оид ба таќсими мањсулот» тасдиќ гардидаанд. Дар сурати ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон тањвил шудани (ба истиснои содироти) моли мазкур бољњои гумруки мутобиќи Кодекси мазкур ва дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пардохта мешаванд. Номгуи њуљљатњое, ки тибќи пешнињоди онњо воридоти мол аз пардохти бољи гумрукї озод карда мешавад, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад;

  • воридоти мол (ба истиснои моли зераксизї) тибќи номгуї ва њаљми муайянкардаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки бевосита истењсолкунандагон барои истењсоли алюминийи аввалия анљом медињанд;
  • воридоти нахи пахта ва алюминийи аввалия;

11) воридоти махсулоти махсуси истифодаи фардй барои маъюбон мувофики номгуе, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад; (ЌЉТ аз 28.12.12с., №906)

12) воридоти техникаи харби, агрегатхои асоси, силох,  лавозимоти чанги ва дастгоххои парвозкунандаи таъиноти мудофиавидошта,  инчунин  кисмхои эхтиёти ба онхо;  (ЌЉТ аз 28.12.13с., №1035)

13) воридоти тачхизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёхи (аз чумла мехмонхона, осоишгох ва истирохатгоххои табобати, марказхои сайёхи ва дигар иншооти сайёхи). Руйхати иншооти сайёхи, номгуй, микдори тачхизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1422)

(Банди 13 моддаи 345 аз 1 январи соли 2017 мавриди амал карор дода шавад)

 

Моддаи 346. Имтиёзхои тарифи

  1. Тахти мафхуми имтиёзхои тарифи чунин имтиёзе фахмида мешавад, ки хангоми татбики сиёсати тичоратии Чумхурии Точикистон бо тартиби яктарафа шартхои муносибатхои мутакобила ё нисбати моли аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон интиколшаванда, баргардонидани бочи каблан пардохташуда, озод кардан аз пардохти бочи гумруки, кам кардани меъёри бочи гумруки, мукаррар намудани квотахои тарифи барои воридоти (содироти) имтиёзноки мол пешниход карда мешавад (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347).
  2. Имтиёзхои тарифи мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 347.          Хирочхои гумруки ва намудхои онхо

Ба хирочхои гумруки дохил мешаванд:

1) хирочи гумруки барои барасмиятдарории гумруки;

2) хирочи гумруки барои мушоияти гумруки;

3) хирочи гумруки барои нигахдории мол дар анборхои макоми гумрук;

4) хирочи гумруки  барои додани шаходатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумруки.

 

Моддаи 348.          Андозаи хирочхои гумруки

  1. Хангоми барасмиятдарории молу воситахои наклиёт, мушоияти гумрукии мол ва воситахои наклиёт, нигохдории мол дар анборхои макоми гумрук, инчунин барои додани шаходатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумруки хирочхои гумруки тибки тартиб ва андозаи муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ситонида мешаванд.
  2. Хирочхои гумруки аз чихати андоза бояд бо арзиши тахминии хизматрасони махдуд шуда бошанд ва набояд асоси гайримустакими химояи моли ватани ё бо максади ситонидани бочу хироч асоси андозбандии моли хоричи хангоми воридоти он гарданд.

 

Моддаи 349.          Ба миён омадан ва катъи ухдадории пардохти бочхои гумруки ва андоз. Холатхое, ки бочхои гумруки ва андоз пардохта намешаванд

  1. Хангоми интиколи мол аз сархади гумруки ухдадории пардохти бочхои гумруки ва андоз дар холати зайл ба миён меоянд:

1) хангоми воридоти мол – аз лахзаи убури сархади гумруки;

2) хангоми содироти мол – аз лахзаи пешниходи декларатсияи гумруки ё анчом додани амалхое, ки максад аз онхо мустакиман содир намудани мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон аст.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Бочхои гумруки ва андоз супорида намешаванд, агар:

1) мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ё хамин Кодекс:

– аз мол бочхои гумруки ва андоз ситонида нашаванд;

– агар мол аз пардохти бочхои гумруки ва андоз шартан пурра озод карда шуда бошад – дар давраи амали ин гуна озодкуни ва бо риояи шартхое, ки дар натичаи онхо мол аз пардохти бочу андозхо озод карда шудааст;

2) агар то ичозат барои муомилоти озод ва хангоми аз тарафи шахсон вайрон нашудани талаботу шартхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс моли хоричи бар асари садама ва ё таъсири кувваи рафънопазир ё дар натичаи фарсудашавии табии ва ё талаф дар шароити мукаррарии интикол, нигахдори ва истифодабари тамоман нобуд ё тамоман талаф шуда бошад;

3) агар мол мувофики хамин Кодекс ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба моликияти давлати гузаронида шавад.

  1. Нисбати моле, ки барои муомилоти озод дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст ва ё аз ин худуд содир карда шудааст, дар холатхои пешбининамудаи Кодекси андози Чумхурии Точикистон ухдадории пардохти бочхои гумруки ва андоз катъ меёбад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 350.          Шахсоне, ки барои пардохти бочхои гумруки ва андоз масъуланд

  1. Шахси масъул барои пардохти бочхои гумруки ва андоз декларант ба хисоб меравад. Агар мол аз тарафи брокери гумрук (намоянда) декларатсия карда шавад, у мувофики кисми 2 моддаи 144 хамин Кодекс барои пардохти бочхои гумруки ва андоз шахси масъул хисоб меёбад.
  2. Хангоми риоя нашудани мукаррароти хамин Кодекс дар бораи истифодабари ва ихтиёрдории мол ё ичрои дигар талаботу шартхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс барои татбики расмиёти гумруки ва низоми гумруки, ки мазмуни онхо пурра ё кисман аз супурдани бочхои гумруки ва андоз озод карданро пешбини менамояд, шахсони барои супурдани бочхои гумруки ва андоз масъул дар холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс сохиби анбори нигахдории муваккати, сохиби анбори гумруки, интиколдиханда, шахсоне, ки ба зиммаи онхо масъулияти риояи низомхои гумруки гузошта шудааст, хисоб мешаванд.
  3. Хангоми насупурдани бочхои гумруки ва андоз, аз чумла хангоми нодуруст хисоб кардан ва (ё) дер супурдани онхо дар назди макомоти гумрук шахсе чавобгар аст, ки масъулияти супурдани бочхои гумруки ва андозро ба зимма дорад.
  4. Хангоми интиколи гайриконунии молу воситахои наклиёт аз сархади гумруки масъулияти супурдани бочхои гумруки ва андоз ба ухдаи шахси интиколдихандаи гайриконунии молу воситахои наклиёт ва ба зиммаи шахсе мебошад, ки дар интиколи гайриконуни иштирок мекунад, агар онхо аз чунин интиколи гайриконунии молу воситахои наклиёт огох буданд ва ё бояд огох мебуданд, хангоми воридот бошад, инчунин шахсоне масъуланд, ки молу воситахои наклиёти гайриконуни воридшударо барои худ харида гирифтаанд ва ё моликияти худ карор додаанд, ба шарте ки хангоми харидан гайриконуни ворид шудани онхоро медонистанд ё худ бояд огох мебуданд, ки ин вачх ба таври зарури тибки тартиби муайянкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик шудааст. Агар шахсони номбаршуда дар содироту воридоти гайриконунии молу воситахои наклиёт ба сифати декларант амал карда бошанд, онхо барои супурдани бочхои гумруки ва андоз, чунин масъулиятро ба зимма доранд.

 

Моддаи 351.          Махдудиятхо оид ба маблаги умумии бочхои гумруки ва андоз нисбати моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшаванда

Маблаги умумии бочхои гумруки ва андоз нисбати моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшаванда наметавонад аз маблаги бочхои гумруки ва андозе, ки бояд супорида шаванд, зиёд бошад, чуноне ки агар мол барои муомилоти озод хангоми ворид шуданаш ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон, бе супурдани фоиз ичозат дода шудааст, ба истиснои холатхое, ки маблаги бочхои гумруки ва андоз дар натичаи тагйир ёфтани меъёрхои бочхои гумруки ва андоз зиёд мешавад ва нисбати мол меъёрхои бочхои гумруки ва андози дар рузи кабули декларатсияи гумруки амалкунанда аз тарафи макоми гумрук хангоми арзи тагйири низоми гумруки татбик мегардад. Дар ин холат маблаги супоридаи бочхои гумруки ва андоз, ки хангоми истифодаи низоми гумрукии пешина пардохта шудааст, хангоми супурдани маблаги бочхои гумруки ва андоз мувофики шартхои низоми аз нав интихобшудаи гумруки ба хисоб гирифта мешавад.  (кЧТ аз 23.07.16 с., №1347; КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

БОБИ 42. МУАЙЯН НАМУДАНИ АРЗИШИ ГУМРУКИИ МОЛ

 

Моддаи 352.          Арзиши гумрукии мол

Арзиши гумрукии мол арзиши молест, ки аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон интикол ёфта, мутобики хамин боб муайян мегардад ва ба максадхои зерин истифода бурда мешавад:

1) тахти пардохтхо ва хирочхои гумруки карор додани мол;

2) ба кор бурдани тадбирхои дигари танзими давлатии фаъолияти иктисодии хоричии Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 353.          Муайян кардани арзиши гумрукии моли содироти

  1. Арзиши гумрукии моле, ки аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон содир мешавад, дар асоси нархи муомилотие, ки вокеан пардохта шудааст ва ё хангоми фуруши он барои содирот бояд пардохта шавад, муайян карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Хангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол харочоти зерин ба нархи муомилот дохил карда мешавад, ба шарте агар он каблан дохил карда нашуда бошад:

1) харочоти расондани мол то фурудгох, бандар ё махали дигари содироти мол аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

– арзиши хамлу накл;

– харочоти борбардори ва борфарори, аз нав бор кардан ва аз чое ба чое кашондани мол;

2) арзиши сугурта;

3) харочоти фурушанда:

– музди комиссиони ва брокери;

– арзиши контейнер ё зарфхои дигари серистифода, ба шарте, агар мутобики Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи он хамчун вохиди тому ягона бо моли арзёбишаванда барраси гардад;

– арзиши бастабанди, аз чумла арзиши масолехи бастабанди ва корхои вобаста ба бастабанди;

4) роялти ва хирочи додани ичозатнома барои моли арзёбишавандае, ки бояд фурушанда мустакиман ва ё гайримустаким хамчун шарти фуруши моли арзёбишаванда супорад, ба шарте, агар чунин роялти ва хироч ба нархе, ки вокеан супурда шудааст ё бояд супорида шавад, дохил нашуда бошад;

5) кисми даромад аз фуруши минбаъда, ки мустакиман ва ё гайримустаким фурушанда мегирад;

6) андозхое, ки дар худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ситонида мешаванд, ба шарте  ки мутобики конунгузории андози Чумхурии Точикистон ё санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон онхо ба фурушанда вобаста ба баровардани мол аз худуди Чумхурии Точикистон чуброн карда намешаванд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Хангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол аз нархи муомилоти пардохту харочоти зерин хорич карда мешаванд, ба шарте агар онхо каблан ба нархи муомила дохил шуда, бо хуччат тасдик карда шуда бошанд:

1) харочоти насб, васл, танзими тачхизот ё расонидани кумаки техникии баъди содир кардани чунин тачхизот аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) харочоти расондани мол баъди содир кардани он аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) арзиши сугуртаи расондани мол баъди содироти он аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

4) бочхои гумруки ва андозе, ки дар давлати воридкунанда пардохта мешаванд.

  1. Дар сурати вучуд надоштани нархи муомилоти арзиши гумрукии моли содироти дар асоси нусхаи хуччати мухосибавии фурушандаи содиркунанда дар бораи харочоти вобаста ба истехсол ё харид, нигохдори ва интиколи моли содироти, ки аз тарафи декларант пешниход мешавад, муайян карда мешавад. Дар баробари ин харочоти дар кисми 2 хамин модда зикршуда низ ба хисоб гирифта мешавад.
  2. Дар сурати мавчуд набудани маълумоти тасдиккунандаи арзиши гумрукии арзшудаи моли содироти арзиши гумрукии чунин мол тибки маълумот дар бораи моли шабех ва ё хамчинс, ки макоми гумрук дар ихтиёр дорад, аз чумла тибки маълумоте, ки бо истифода аз натичаи экспертизаи мустакил пешниход шудаааст, муайян мегардад.

 

Моддаи 354.          Усулхои муайян кардани арзиши гумрукии моли воридоти

  1. Арзиши гумрукии моле, ки ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид карда мешавад, бо истифодаи усулхои зерин муайян карда мешавад: (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) тибки нархи муомилоти моли воридшаванда;

2) тибки нархи муомилоти моли шабех;

3) тибки нархи муомилоти моли хамчинс;

4) тархи арзиш;

5) чамъ кардани арзиш;

6) усули эхтиёти.

  1. Усули асосии муайян кардани арзиши гумрукии мол усулест, ки ба нархи муомилотии моли воридоти асос ёфтааст.
  2. Дар сурати имконнопазирии истифодаи усули асоси паёпай усулхои номбаршуда ба кор бурда мешаванд. Зимнан кадом усули минбаъда баъди он истифода мешавад, ки арзиши гумрукии молро бо истифода аз усули кабли муайян кардан имконнопазир бошад. Дар асоси аризаи декларант усулхои тарх ва чамъ кардани арзиш бо тартиби баръакс анчом дода мешавад.
  3. Маълумот барои муайян кардани арзиши гумрукии мол бо яке аз усулхои дар кисми 1 хамин модда пешбинигардида бояд мутобики принсипхои хисоби мухосибавии Чумхурии Точикистон пешниход карда шавад.

 

Моддаи 355.          Усули муайян кардани арзиши гумруки тибки нархи муомилотии моли воридоти

1.Арзиши вокеан пардохтшуда ё пардохтшаванда маблаги пурраи пардохт барои молхои воридоти мебошад, ки аз тарафи харидор ба фурушанда ё ба манфиати фурушанда ба амал бароварда шудааст ё ба амал бароварда мешавад. Шарт нест, ки пардохт танхо дар шакли гузаронидани маблаг ифода ёбад, он метавонад ба воситаи аккредитив ё хуччатхои гардиши гузаронида шавад. Пардохт метавонад мустаким ё гайримустаким амали карда шавад. Арзиши гумрукии моли ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон воридшаванда нархест, ки вокеан пардохт шудааст ё бояд хангоми фуруши он барои содирот ба Чумхурии Точикистон пардохта шавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №845; КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2.Хангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол харочоти зерин ба нархи муомила илова карда мешавад, ба шарте агар он каблан дохил карда нашуда бошад:

1) харочоти расонидани мол ба фурудгох, бандар ё махали дигари ворид кардани мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

– арзиши интикол;

– харочоти борбардори, борфарори, аз нав бор кардан ва аз чое ба чое кашондани мол;

2) арзиши сугурта;

3) харочоти харидор;

– музди комиссиони ва брокери, ба истиснои музди комиссионии хариди мол;

– арзиши контейнер ё зарфхои дигари серистифода, ба шарте агар мутобики Номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи он хамчун вохиди тому ягона бо моли арзёбишаванда барраси гардад;

– арзиши бастабанд, аз чумла арзиши масолехи бастабанди ва корхои вобаста ба бастабанди;

4) кисми дахлдори арзиши зерини моле (кору хизматрасоние), ки мустакиман ё гайримустаким аз тарафи харидор ба фурушанда ройгон ё бо нархи арзон барои истифода вобаста ба истехсол ё фуруши моли арзёбишавандаи содироти пешниход шуда буд:

– ашёи хом, кисмхо, моли нимтайёр ва махсулоти дигари такмили, ки кисми таркибии моли арзёбишаванда ба шумор меравад;

– асбобу анчом, штампу колабхо ва ашёи шабехи дигаре, ки хангоми истехсоли моли арзёбишаванда ба кор бурда шудаанд;

– масолехе, ки дар истехсоли моли арзёбишаванда харч шудааст (равганхои молидани, сузишвори ва гайра);

– тадкикоти мухандиси, корхои конструкторию тачрибави, дизайн, ороиши бадеи, нигораву накшахое, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон ичро шуда, бевосита барои истехсоли моли арзёбишаванда заруранд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

5) роялти ва хироч барои додани ичозатнома ба моли арзёбишавандае, ки бояд харидор мустакиман ё гайримустаким хамчун шарти фуруши моли арзёбишаванда супорад, ба шарте агар чунин роялти ва хироч ба нархе, ки вокеан супурда шудааст ё бояд супорида шавад, дохил нашуда бошад;

6) хачми кисми даромади мустаким ё гайримустакими фурушанда аз хама гуна фуруши минбаъда, супурдан ё истифодаи моли арзёбишаванда.

  1. Дар сурати расондани як партия моли номгуи гуногун харочоте, ки бояд ба арзиши гумрукии хар яке аз моли воридоти дохил карда, барои тамоми партияи мол таъин гардидааст, мутаносибан тибки хачме, ки бо таносуби арзиши хар мол нисбати арзиши партияи мол муайян мегардад, мукаррар карда мешавад.
  2. Хангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол пардохтхо ва харочот бо шарте дохил карда намешаванд, ки онхо аз нархи барои моли воридоти вокеан пардохтшуда ё пардохтшаванда тарх карда шуда бошанд:

1) харочоти насб, васл, танзими тачхизот ё расонидани ёрии техники баъди ворид кардани чунин тачхизот ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) харочоти расонидан баъди ворид шудани мол ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) бочхои гумруки ва андозе, ки дар давлати воридоти мол супурда мешаванд.

  1. Усули вобаста ба нархи муомилоти моли воридоти барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода бурда намешавад, агар:

1) нисбати хукук барои ихтиёрдори ё истифода мавчуд будани махдудият аз чониби харидори моли арзёбишаванда, ба истиснои:

– махдудиятхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар кардаанд;

– махдудиятхои минтакаи чугрофи, ки дар он мумкин аст мол бозфуруши шавад;

– махдудиятхое, ки ба арзиши мол таъсири чидди намерасонанд;

2) ба Чумхурии Точикистон мувофики муомилоте, ки нишонахои хариду фуруш надорад, мол чунин ворид карда шудааст:

– ройгон;

– бо шарти консигнатсия, ки молрасониро барои фуруш дар Чумхурии Точикистон бе гузаштани хукуки моликият ба воридкунанда пешбини менамояд;

– ба унвони филиалхои (намояндагихои) худ, ки дар худуди Чумхурии Точикистон карор доранд, аз тарафи шахси хукукии хоричи;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1421)

– мувофики карордоди ичораи молиявии молу мулк (лизинг);

– бо максади нигахдошти муваккати;

– хамчун партови истехсолот бо максади истифодабарии гайритичории он;

– бо максади ивази кардани моли (маснуоти такмили) дорои сифати номатлубе, ки барояш мухлати кафолат мукаррар шудааст;

– тибки дигар муомилот;

3) фуруш ё нархи муомилот ба риояи шартхое вобастаги дорад, ки бахисобгирии таъсири онхо имконнопазир аст  ва аз ин сабаб арзиши муомилот барои муайян кардани арзиши гумруки кобили кабул намебошад:

– шартномаи мубодила (мена);

– шартномахои пешбиникунандаи амалиёти толлинги;

– шартномахои контрактатсия;

– дигар намудхои шартномахо;

4) маълумоте, ки декларант хангоми арзи арзиши гумруки истифода бурдааст, бо санадхо тасдик нашудааст ва ё микдоран муайяншаванда ва эътимодбахш намебошанд;

5) иштирокчиёни муомила шахсони ба якдигар вобастаанд ва арзиши муомила барои муайян кардани арзиши гумруки мутобики талаботи хамин модда хамчун асос кобили кабул намебошад. Зимнан мафхуми шахсони ба якдигар вобаста ба маънои шахсонест, ки яке аз нишонахои зеринро конеъ мекунанд:

– яке аз иштирокчиёни муомила ё шахси мансабдори яке аз иштирокчиёни муомила хамзамон шахси мансабдори иштирокчии дигари муомила мебошад;

– ширкаткунандагони муомила сохиби муштараки корхона хисоб мешаванд;

– иштирокчиёни муомила бо муносибатхои мехнати алокаманданд;

– яке аз шахсон мустакиман ва ё гайримустаким панч ва ё бештар аз панч фоизи сахмияхои овоздихандаи дар муомилаи хар яке аз иштирокчиёни муомила буда ё аъзохакии дар сармояи оинномавии хар кадоми иштирокчиёни муомиларо молик аст ё назорат менамояд;

– иштирокчиёни муомила тахти назорати мустаким ва ё гайримустакими шахси сеюм карор доранд;

– иштирокчиёни муомила муштаракан шахси сеюмро ба таври мустаким ва ё гайримустаким назорат менамоянд;

– яке аз иштирокчиёни муомила тахти назорати мустаким ва ё гайримустакими иштирокчии муомила карор дорад;

– иштирокчиёни муомила ё шахсони мансабдори онхо хешовандони наздиканд.

  1. Вобастагии мутакобилаи иштирокчиёни муомила барои гайри кобили кабул хисоб кардани нархи муомила асоси кофи буда наметавонад. Дар ин холат макоми гумрук бояд холатхои иловагии муомиларо омузад ва нархи онро, агар вобастагии мутакобила ба нарх таъсир накарда бошад, мумкин аст барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода барад.
  2. Агар макоми гумрук далел ва асосе дошта бошад, ки вобастагии мутакобилаи иштирокчиёни муомила ба нархи мол таъсир кардааст, ба декларант (бо хохиши декларант ба шакли хатти) дар хусуси имконияти пешниходи маълумоти иловаги тавсия медихад, ки ба нархи мол таъсир нарасондани вобастагии мутакобиларо тасдик менамояд.
  3. Бо ташаббуси декларант мумкин аст арзиши муомила хамчун асоси муайян кардани арзиши гумрукии мол кабул шавад, ба шарте агар декларант исбот