Главная / Ҷамъият / КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ.. 13

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ.. 13

Моддаи 1. Танзими гумрукӣ ва фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 13

Моддаи 2. Ҳудуди гумрукӣ ва сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 13

Моддаи 3. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ. 14

Моддаи 4. Тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  14

Моддаи 5. Қувваи бозгашти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи. 14

Моддаи 6. Талабот ба санадҳои қонунгузории гумрук, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии  14

Моддаи 7. Истифодаи тадбирҳои танзими тарифи гумрукӣ, мамнўият ва маҳдудиятҳои мувофиқи  15

Моддаи 8. Тартиби баҳисобгирии мўҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс. 15

Моддаи 9. Муносибат бо маълумоте, ки мақомоти гумрук гирифтааст. 15

Моддаи 10. Мафҳумҳои асосӣ. 16

Боби 2. ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ИНТИҚОЛИ МОЛ ВА ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ АЗ САРҲАДИ ГУМРУКӢ.. 18

Моддаи 11. Интиқоли мол (аз ҷумла асъор ва сарватҳои асъорӣ) ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади  18

Моддаи 12. Риояи мамнўият ва маҳдудиятҳо ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз. 18

Моддаи 13. Расмиёти гумрукӣ ва назорати гумрукӣ. 19

Моддаи 14. Истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёт. 19

Моддаи 15. Ўҳдадорӣ оид ба татбиқи амалиёти гумрукӣ барои иҷозати мол. 19

Моддаи 16. Кафолатҳо барои иҷрои пурраи ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс. 19

БОБИ 3. АМАЛҲО ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ.. 19

Моддаи 17. Амалҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ. 20

Моддаи 18. Реестри шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда. 20

Моддаи 19. Дохил намудани шахси ҳуқуқӣ ба Реестри шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ. 20

Моддаи 20. Шаҳодатномаи ба яке аз реестрҳо дохил намудани шахсоне, ки дар соҳаи. 20

Моддаи 21. Хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ аз реестрҳои шахсоне, ки дар соҳаи фаъолияти. 21

БОБИ 4. ИТТИЛОЪДИҲӢ ВА МУШОВАРА.. 21

Моддаи 22. Гирифтани иттилоот оид ба сабабҳои қабули қарор, амали (беамалии) содиршуда. 21

Моддаи 23. Иттилоот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ. 22

Моддаи 24. Машварат оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва дигар масъалаҳое, ки таҳти. 22

Боби 5. ОМОРИ ГУМРУКӢ.. 22

Моддаи 25. Омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 22

Моддаи 26. Омори гумрукии махсус. 23

Моддаи 27. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки барои мақсадҳои оморӣ истифода мешаванд. 23

Боби 6. КИШВАРИ ИСТЕҲСОЛКАРДАИ МОЛ, НОМГЎИ МОЛҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ.. 23

Моддаи 28. Соҳаи истифодаи ҳамин боб. 23

Моддаи 29. Муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол. 23

Моддаи 30. Моле, ки пурра дар ин кишвар истеҳсол карда шудааст. 23

Моддаи 31. Мизони (критерияҳои) коркарди кифоя. 24

Моддаи 32. Хусусиятҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол. 24

Моддаи 33. Тасдиқи кишвари истеҳсолкардаи мол. 25

Моддаи 34. Декларатсияи истеҳсоли мол. 25

Моддаи 35. Сертификати истеҳсоли мол. 25

Моддаи 36. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол. 26

Моддаи 37. Шартҳои иловагии иҷозати мол ҳангоми муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи. 27

Моддаи 38. Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ. 27

Моддаи 39. Пешбурди Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ. 27

Моддаи 40. Таснифоти (классификатсияи) мол. 28

Моддаи 41. Қабули қарори пешакӣ. 28

Моддаи 42. Дархост дар бораи қабули қарори пешакӣ. 28

Моддаи 43. Моҳияти ҳуқуқӣ ва мўҳлати амали қарори пешакӣ. 28

Моддаи 44. Қатъи амал, тағйир додан ё бозхондани қарори пешакӣ. 29

Боби 7. ШИКОЯТ  АЗ ҚАРОР, АМАЛИ (БЕАМАЛИИ) МАҚОМОТИ ГУМРУК ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ОНҲО.. 29

Моддаи 45. Ҳуқуқ барои шикоят. 29

Моддаи 46. Тартиби пешниҳоди шикоят. 29

Моддаи 47. Тартиби пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва. 30

Моддаи 48. Мўҳлати пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси  30

Моддаи 49. Барқарор намудани мўҳлати пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) 30

Моддаи 50. Шакл ва мазмуни шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахсони  30

Моддаи 51. Оқибати пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали мақоми гумрук ё шахси. 31

Моддаи 52. Асосҳо барои моҳиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати қарор, амали. 31

Моддаи 53. Бозхонди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси. 31

Моддаи 54. Мақоми гумруке, ки шикоятро нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё. 31

Моддаи 55. Мўҳлати баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси. 31

Моддаи 56. Қарори мақомоти гумрук оид ба шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми. 32

Моддаи 57. Тартиби соддагардонидашудаи шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси. 32

ФАСЛИ II. расмиёти ГУМРУКӢ.. 32

Боби 8. МУҚАРРАРОТИ АСОСИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ГУМРУКӢ.. 33

Моддаи 58. Доираи истифодаи ҳамин боб. 33

Моддаи 59. Тартиби барасмиятдарории гумрукӣ. 33

Моддаи 60. Оғоз ва анҷоми барасмиятдарории гумрукӣ. 33

Моддаи 61. Иҷозати мақоми гумрук барои анҷом додани амалиёти гумрукӣ. 33

Моддаи 62. Маҳал ва вақти барасмиятдарории гумрукии мол. 34

Моддаи 63. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ заруранд. 34

Моддаи 64. Иштироки шахсони манфиатдор ва намояндагони онҳо ҳангоми барасмиятдарории. 34

Моддаи 65. Забони барасмиятдарории гумрукӣ. 35

Моддаи 66. Барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати дигар мақомоти давлатӣ. 35

Моддаи 67. Тартиби дар навбати аввал барасмиятдарории гумрукӣ. 35

Моддаи 68. Расмиёти соддагардонидашудаи махсус барои  барасмиятдарории гумрукии шахсони  35

БОБИ 9. РАСИДАНИ МОЛУ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ  БА ҲУДУДИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.. 36

Моддаи 69. Маҳал ва вақти расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 36

Моддаи 70. Тадбирҳое, ки ҳангоми садама ва таъсири қувваи рафънопазир ё дигар ҳолатҳо. 36

Моддаи 71. Огоҳонидани пешакии мақомоти гумрук дар бораи расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 36

Моддаи 72. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумот дар бораи расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 37

Моддаи 73. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти. 37

Моддаи 74. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти. 37

Моддаи 75. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти. 38

Моддаи 76. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми интиқоли байналмилалӣ тавассути нақлиёти роҳи  39

Моддаи 77. Амалиёт бо молу воситаҳои нақлиёт дар маҳали расидани онҳо. 39

Моддаи 78. Борфарорӣ ва азнавборкунӣ дар маҳали расидани мол. 39

Боби 10. ТРАНЗИТИ ДОХИЛИИ ГУМРУКӢ.. 40

Моддаи 79. Транзити дохилии гумрукӣ. 40

Моддаи 80. Иҷозат барои транзити дохилии гумрукӣ. 40

Моддаи 81. Декларатсияи транзитӣ. 41

Моддаи 82. Мўҳлати транзити дохилии гумрукӣ. 42

Моддаи 83. Ҳаммонандсозии (идентификатсияи) мол ва ҳуҷҷатҳои он. 42

Моддаи 84. Таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт, контейнерҳо ва бордонҳои ҷудошаванда ҳангоми  43

Моддаи 85. Маҳали расонидани мол ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ. 44

Моддаи 86. Тадбирҳо барои таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон. 44

Моддаи 87. Мушоияти гумрукӣ. 45

Моддаи 88. Вазифаҳои интиқолдиҳанда ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ. 45

Моддаи 89. Азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва дигар амалиёт нисбати мол. 46

Моддаи 90. Ҷавобгарии интиқолдиҳанда ва экспедитор ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ. 46

Моддаи 91. Тадбирҳои ҳангоми садама ва (ё) таъсири қувваи рафънопазир андешидашаванда, ки. 46

Моддаи 92. Анҷоми расмиёти транзити дохилии гумрукии мол. 47

Боби 11. БОРКАШОНИ ГУМРУКӢ.. 47

Моддаи 93. Боркашони гумрукӣ. 47

Моддаи 94. Шартҳои дохил намудан ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ. 47

Моддаи 95. Ариза дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ. 48

Моддаи 96. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ. 48

Моддаи 97. Вазифаҳои боркашони гумрукӣ. 49

Моддаи 98. Бозхонди шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ. 49

Боби 12. НИГАҲДОРИИ МУВАҚҚАТИИ МОЛ.. 49

Моддаи 99. Нигаҳдории муваққатии мол. 49

Моддаи 100. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ. 49

Моддаи 101. Ҷойгиронии мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ. 49

Моддаи 102. Ҳуҷҷатҳое, ки барои ҷойгиронии молҳо дар анбори нигаҳдории муваққатӣ заруранд  50

Моддаи 103. Мўҳлати нигаҳдории муваққатии мол. 50

Моддаи 104. Амалиёт бо моле, ки таҳти нигаҳдории муваққатӣ қарор дорад. 50

Моддаи 105. Моли корношоям, харобгардида ва вайроншуда. 51

Моддаи 106. Навъҳои анборҳои нигаҳдории муваққатӣ. 51

Моддаи 107. Талабот нисбати ободонӣ, таҷҳизонӣ ва маҳали ҷойгиршавии анборҳои нигаҳдории муваққатӣ. 51

Моддаи 108. Соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ. 51

Моддаи 109. Шартҳои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ. 52

Моддаи 110. Ариза барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ. 52

Моддаи 111. Шаҳодатнома барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ  53

Моддаи 112. Вазифаҳои соҳиби анборҳои нигаҳдории муваққатӣ. 53

Моддаи 113. Бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ. 53

Моддаи 114. Амалиёт бо мол ҳангоми аз Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ хориҷ намудани соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ. 54

Моддаи 115. Нигаҳдории мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатии мақомоти гумрук. 54

Моддаи 116. Хусусиятҳои нигаҳдории муваққатии моле, ки тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол  54

Моддаи 117. Нигаҳдории муваққатӣ дар анбори гирандаи мол. 55

Моддаи 118. Ҷойгир намудани мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ аз ҷониби мақомоти. 55

БОБИ 13. БАРОВАРДАНИ МОЛ ВА ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ АЗ ҲУДУДИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.. 55

Моддаи 119. Маҳал ва мўҳлати баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 55

Моддаи 120. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумот. 55

Моддаи 121. Боркунии мол ба воситаи нақлиёте, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мешавад  56

Моддаи 122. Талабот нисбати мол ҳангоми баровардани он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон  56

БОБИ 14. ДЕКЛАРАТСИЯ КАРДАНИ МОЛ.. 56

Моддаи 123. Моле, ки бояд декларатсия карда шавад. 56

Моддаи 124. Декларатсия кардани мол. 56

Моддаи 125. Маҳали декларатсия кардани мол. 57

Моддаи 126. Декларант. 57

Моддаи 127. Ҳуқуқу вазифаҳои декларант. 58

Моддаи 128. Хусусиятҳои хоси декларатсия кардани моли мухталифи марбут ба як партия. 58

Моддаи 129. Мўҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ. 59

Моддаи 130. Декларатсияи пешакии мол. 59

Моддаи 131. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҳангоми декларатсия кардани мол. 59

Моддаи 132. Қабули декларатсияи гумрукӣ. 60

Моддаи 133. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукии. 60

Моддаи 134. Бозхондани декларатсияи гумрукӣ. 61

Моддаи 135. Декларатсияи гумрукии нопурра. 61

Моддаи 136. Декларатсияи гумрукии даврӣ. 61

Моддаи 137. Хусусиятҳои декларатсияи моли ватанӣ ҳангоми содир намудани онҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 62

Моддаи 138. Декларатсияи гумрукии муваққатии даврии моли ватанӣ. 62

БОБИ 15. БРОКЕРИ ГУМРУК (НАМОЯНДА) 63

Моддаи 139. Брокери гумрук (намоянда) 63

Моддаи 140. Шартҳои дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) 64

Моддаи 141. Ариза дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) 64

Моддаи 142. Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук. 64

Моддаи 143. Ҳуқуқҳои брокери гумрук (намоянда) 65

Моддаи 144. Вазифаҳо ва масъулияти брокери гумрук (намоянда) 65

Моддаи 145. Бозхондани шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук. 65

Моддаи 146. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ. 66

Моддаи 147. Аттестатсияи мувофиқат ба талаботи тахассусӣ (квалификатсионӣ) 66

Моддаи 148. Тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи тахассусии  66

БОБИ 16. ИҶОЗАТИ МОЛ.. 66

Моддаи 149. Асосҳо барои иҷозати мол. 66

Моддаи 150. Иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ. 67

Моддаи 151. Иҷозати шартӣ. 67

Моддаи 152. Мўҳлати иҷозати мол. 68

Моддаи 153. Шартҳои иловагии иҷозати мол. 68

Моддаи 154. Иҷозати мол ҳангоми кушодани парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ. 69

БОБИ 17. МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ МАРБУТ БА НИЗОМИ ГУМРУКӢ.. 69

Моддаи 155. Намудҳои низоми гумрукӣ. 69

Моддаи 156. Интихоб ва тағйир додани низоми гумрукӣ. 70

Моддаи 157. Ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукӣ. 70

Моддаи 158. Риояи мамнўият ва маҳдудиятҳо ҳангоми таҳти низоми гумрукӣ ҷойгир намудани. 70

Моддаи 159. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоти тасдиқкунандаи риояи низоми гумрукӣ. 70

Моддаи 160. Кафолати риояи низоми гумрукӣ. 70

Моддаи 161. Ўҳдадориҳои тасдиқи риояи шартҳои нигаҳдории мол таҳти низоми гумрукӣ. 70

Моддаи 1611. Масъулияти барои риоя накардани шарту талаботи низоми гумрукӣ. 70

Моддаи 162. Оқибати ситонидани мол аз рўи парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар. 71

БОБИ 18. ИҶОЗАТ БАРОИ МУОМИЛОТИ ОЗОД.. 71

Моддаи 163. Мазмуни низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод. 71

Моддаи 164. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти. 71

БОБИ 19. СОДИРОТ. 71

Моддаи 165. Мазмуни низоми гумрукии содирот. 72

Моддаи 166. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии содирот. 72

БОБИ 20. ТРАНЗИТИ ГУМРУКИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ.. 72

Моддаи 167. Мазмуни низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ. 72

Моддаи 168. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии. 72

Моддаи 169. Нисбати қоидаҳои транзити гумрукии байналмилалӣ истифода бурдани қоидаҳои. 72

Моддаи 170. Азнавборкунии моли транзитӣ ва дигар амалиёт нисбати моли транзитӣ. 72

Моддаи 171. Анҷоми низоми гумрукӣ. 73

Моддаи 172.  Хусусиятҳои истифодаи низоми гумрукӣ. 73

БОБИ 21. КОРКАРД ДАР ҲУДУДИ ГУМРУКӢ.. 73

Моддаи 173. Мазмуни низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ. 73

Моддаи 174. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ  74

Моддаи 175. Ҳаммонандсозии маҳсули моли коркардшуда. 74

Моддаи 176. Амалиёт доир ба коркарди мол. 74

Моддаи 177. Мўҳлати коркарди мол. 74

Моддаи 178. Меъёри баромади маҳсули коркард. 75

Моддаи 179.      Рухсатнома барои коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ. 75

Моддаи 180.      Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол. 76

Моддаи 181.      Бозхондани рухсатнома барои коркарди мол. 77

Моддаи 182.      Озод намудани маҳсули коркард аз боҷи гумрукии содиротӣ ва ҷорӣ намудани. 77

Моддаи 183.      Партовҳои коркарди мол. 77

Моддаи 184.      Пасмондаҳои коркарди мол. 78

Моддаи 185.      Анҷом ва боздошти низоми гумрукӣ. 78

Моддаи 186.      Ҷуброни баробарарзиш (эквивалентӣ) 79

БОБИ 22. КОРКАРД БАРОИ МУОМИЛОТИ ОЗОД.. 79

Моддаи 187.      Мазмуни низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод. 79

Моддаи 188.      Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркард барои. 79

Моддаи 189. Ҳаммонандсозии мол дар маҳсули коркарди он. 80

Моддаи 190.      Амалиёт доир ба коркарди мол. 80

Моддаи 191.      Мўҳлати коркарди мол. 80

Моддаи 192.      Рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод. 80

Моддаи 193.      Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол. 80

Моддаи 194.      Партовҳо ва пасмондаҳо. 81

Моддаи 195.      Анҷоми низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод. 81

Моддаи 196.      Хусусиятҳои истифодаи меъёрҳои боҷи гумрукӣ нисбати маҳсули коркард. 81

БОБИ 23. КОРКАРД БЕРУН АЗ ҲУДУДИ ГУМРУКӢ.. 82

Моддаи 197.      Мазмуни низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ. 82

Моддаи 198.      Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрук коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ  82

Моддаи 199.      Ҳаммонандсозии мол бо маҳсули коркард. 82

Моддаи 200.      Амалиёт доир ба коркарди мол. 83

Моддаи 201.     Мўҳлати коркарди мол. 83

Моддаи 202.      Меъёри маҳсули коркард бо мақсади гумрукӣ. 83

Моддаи 203.      Рухсатнома барои коркарди мол. 84

Моддаи 204.      Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол. 84

Моддаи 205.      Бозхондани рухсатнома барои коркарди мол. 85

Моддаи 206.      Иваз намудани маҳсули коркард ба моли хориҷӣ. 85

Моддаи 207.      Истифодаи қисман ё пурра озод намудани маҳсули коркард аз пардохти боҷҳои. 85

Моддаи 208.      Анҷоми низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ. 86

БОБИ 24. ВОРИДОТИ МУВАҚҚАТӢ.. 86

Моддаи 209.      Мазмуни низоми гумрукии воридоти муваққатӣ. 87

Моддаи 210.      Шартҳои таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ қарор додани мол. 87

Моддаи 211.      Маҳдудиятҳо барои истифода ва ихтиёрдории моли муваққатан вориднамуда. 87

Моддаи 212.      Истифодаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 87

Моддаи 213.      Мўҳлати воридоти муваққатии мол. 88

Моддаи 214.      Анҷоми амали низоми гумрукӣ ва боздоштани он. 89

БОБИ 25. АНБОРИ ГУМРУКӢ.. 89

Моддаи 215.      Мазмуни низоми гумрукии анбори гумрукӣ. 89

Моддаи 216.      Анборҳои гумрукӣ. 89

Моддаи 217.      Шартҳои таҳти низоми гумрукӣ қарор додани мол. 90

Моддаи 218.      Мўҳлати нигаҳдории мол дар анбори гумрукӣ. 90

Моддаи  219.      Амалиёт бо моли дар анбори гумрукӣ қарордошта. 90

Моддаи 220.      Аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод кардани моли содиротӣ ё. 91

Моддаи 221.      Моли корношоям, вайроншуда ё харобшуда. 91

Моддаи 222.      Муайян намудани арзиши мол ҳангоми иҷозат барои муомилоти озод. 91

Моддаи 223.      Анҷоми амали низоми гумрукӣ. 92

Моддаи 224.      Навъҳои анбори гумрукӣ. 92

Моддаи 225.      Талабот нисбати ободонӣ, таҷҳизонӣ ва маҳали ҷойгиршавии анборҳои гумрукӣ. 92

Моддаи 226.      Соҳиби анбори гумрукӣ. 92

Моддаи 227.      Шарти дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ. 93

Моддаи 228.      Ариза барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ. 93

Моддаи 229.      Шаҳодатнома дар барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ. 94

Моддаи 230.      Вазифаҳо ва масъулияти соҳиби анбори гумрукӣ. 94

Моддаи 231.      Бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соҳибони. 94

Моддаи 232.      Амалиёт бо мол ҳангоми хориҷ намудани соҳиби анбори гумрукӣ аз Реестри. 94

Моддаи 233.      Нигаҳдории мол дар анборҳои гумрукии мақомоти гумрук. 95

БОБИ 26. РЕИМПОРТ. 95

Моддаи 234.      Мазмуни низоми гумрукии реимпорт. 95

Моддаи 235.      Шартҳои таҳти низоми гумрукии реимпорт қарор додани мол. 95

Моддаи 236.      Баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукии воридотӣ, андозҳо, субсидияҳо ва. 96

Моддаи 237.      Ҳуҷҷат ва маълумоте, ки барои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии. 96

Моддаи 238.      Баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ ҳангоми реимпорти мол. 97

БОБИ 27. РЕЭКСПОРТ. 97

Моддаи 239.      Мазмуни низоми гумрукии реэкспорт. 97

Моддаи 240.      Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии реэкспорт. 97

Моддаи 241.      Татбиқи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми реэкспорти мол. 97

Моддаи 242.      Татбиқи низоми гумрукии реэкспорт нисбати моле, ки барои муомилоти озод. 98

БОБИ 28. НОБУДКУНӢ.. 98

Моддаи 243.      Мазмуни низоми гумрукии нобудкунӣ. 98

Моддаи 244.      Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии нобудкунӣ. 98

Моддаи 245.      Мўҳлат ва маҳали нобудкунӣ. 98

Моддаи 246.      Татбиқи низоми гумрукии нобудкунӣ нисбати моле, ки дар натиҷаи садама ё. 99

Моддаи 247.      Партовҳои моли нобудкардашуда. 99

БОБИ 29. ДАСТ КАШИДАН БА МАНФИАТИ ДАВЛАТ. 99

Моддаи 248.      Мазмуни низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат. 99

Моддаи 249.      Шартҳои ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукии даст кашидан ба. 99

Моддаи 250.      Статуси моле, ки шахс аз он ба манфиати давлат даст кашидааст. 99

Моддаи 251.      Масъулият барои татбиқи низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат. 100

БОБИ 30. СОДИРОТИ МУВАҚҚАТӢ.. 100

Моддаи 252.      Мазмуни низоми гумрукии содироти муваққатӣ. 100

Моддаи 253.      Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ. 100

Моддаи 254.      Мўҳлати содироти муваққатӣ. 100

Моддаи 255.      Истифодаи боҷҳои гумрукии содиротӣ. 100

Моддаи 256.      Анҷоми низоми гумрукии содироти муваққатӣ. 101

Моддаи 257.      Масъулият вобаста ба пардохти боҷҳои гумрукӣ. 101

БОБИ 31. САВДОИ БЕБОҶ.. 101

Моддаи 258.      Мазмуни низоми гумрукии савдои бебоҷ. 101

Моддаи 259.      Талабот нисбати ободонӣ ва таҷҳизонии бинои мағозаи савдои бебоҷ. 102

Моддаи 260.      Шарти дохил намудан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ. 102

Моддаи 261.      Ариза барои дохил кардан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ. 102

Моддаи 262.      Вазифаҳо ва масъулияти соҳиби мағозаи савдои бебоҷ. 103

Моддаи 263.      Шаҳодатнома барои дохил кардан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ. 103

БОБИ 32. МИНТАҚАИ ОЗОДИ ГУМРУКӢ.. 104

Моддаи 264.      Таъиноти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ. 104

Моддаи 265.      Моле, ки барои ҷойгир намудан таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди. 104

Моддаи 266. Амалиёте, ки нисбат ба молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ. 104

Моддаи 267.      Мўҳлати ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ. 105

Моддаи 268.      Тадбирҳо оид ба таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон. 105

Моддаи 269.      Баҳисобгирии моле, ки дар минтақаҳои озоди гумрукӣ мавҷуд  аст. 105

Моддаи 270.      Ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва истифодаи тадбирҳои мамнўият ва. 106

Моддаи 271.      Хусусиятҳои барасмиятдарории гумрукии мол таҳти низоми гумрукии минтақаи. 106

Моддаи 272. Анҷоми низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ. 106

БОБИ 33. АНБОРИ ОЗОД.. 106

Моддаи 273.      Таъиноти низоми гумрукии анбори озод. 106

Моддаи 274.      Моле, ки барои ҷойгир кардан дар анбори озод иҷозат дода мешавад. 107

Моддаи 275.      Амалиёте, ки бо мол дар анбори озод анҷом дода мешавад. 107

Моддаи 276.      Мўҳлати нигаҳдории мол дар анборҳои озод. 107

Моддаи 277.      Назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии моли таҳти низоми гумрукии. 107

Моддаи 278.      Баҳисобгирии моли дар анборҳои озод ҷойгиршуда. 108

Моддаи 279.      Вазифаҳои соҳиби анбори озод. 108

Моддаи 280.      Ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андоз ва татбиқи тадбирҳои мамнўият ва. 108

Моддаи 281.      Талабот нисбати фаъолияти анбори озод. 108

Моддаи 282.      Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод. 109

Моддаи 283.      Ариза барои иҷрои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод. 109

Моддаи 284.      Боздоштани амали рухсатнома ҷиҳати фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод. 110

Моддаи 285.      Бозхондани рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод. 110

БОБИ 34. ИНТИҚОЛИ ЗАХИРАҲО.. 110

Моддаи 286.      Мазмуни низоми гумрукии интиқоли захираҳо. 111

Моддаи 287.      Ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии интиқоли захираҳо. 111

Моддаи 288.      Шартҳои озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 111

Моддаи 289.      Истифодаи захираҳо. 112

БОБИ 35. НИЗОМҲОИ ГУМРУКИИ МАХСУС.. 112

Моддаи 290.      Моле, ки таҳти низомҳои гумрукии махсус қарор дода мешавад. 112

Моддаи 291.      Мазмуни низоми гумрукии махсус, тартиб ва шартҳои таҳти низоми гумрукии. 113

БОБИ 36. ИНТИҚОЛИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ. 113

Моддаи 292.      Низоми гумрукие, ки нисбати воситаҳои нақлиёт истифода бурда мешавад. 113

Моддаи 293.      Воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт. 113

Моддаи 294.      Мўҳлати воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт. 114

Моддаи 295.      Амалиёт бо воситаҳои нақлиёти муваққатан воридгардида. 114

Моддаи 296.      Содироти муваққатии воситаҳои нақлиёт. 114

Моддаи 297.      Мўҳлати содироти муваққатии воситаҳои нақлиёт. 114

Моддаи 298.      Воридоти бозпаси воситаҳои нақлиёти муваққатан содиргардида. 115

Моддаи 299.      Тағйир додани низоми гумрукии содироти муваққатӣ. 115

Моддаи 300.      Воридоти муваққатӣ ва содироти муваққатии таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ. 115

Моддаи 301.      Барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёт, қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизот. 116

Моддаи 302.       Интиқоли киштиҳои дарёӣ ва ҳавопаймоёне, ки барои ҳамлу нақли. 116

БОБИ 37. ИНТИҚОЛИ МОЛ АЗ ҶОНИБИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ.. 117

Моддаи 303.      Интиқоли мол аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, 117

Моддаи 304.      Ворид ва содир намудани молу воситаҳои нақлиёт барои истифодаи шахсӣ ва. 117

Моддаи 305.      Воридоти муваққатии мол аз ҷониби шахсони воқеӣ. 118

Моддаи 306.      Содироти муваққатии мол аз ҷониби шахсони воқеӣ. 119

Моддаи 307.      Барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз ҷониби шахси воқеӣ барои истифодаи. 119

Моддаи 308.      Декларатсия кардани моли шахсони воқеӣ. 119

Моддаи 309.      Пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз ҷониби шахсони воқеӣ. 120

Моддаи 310.      Арзиши гумрукии моле, ки шахсони воқеӣ интиқол медиҳанд. 120

Моддаи 311.      Қисмҳои эҳтиётӣ ва сўзишворӣ барои воситаҳои нақлиёти аз ҷониби шахсони. 121

Моддаи 312.      Маълумот дар бораи қоидаҳои интиқоли мол аз ҷониби шахсони воқеӣ аз. 121

БОБИ 38. ИНТИҚОЛИ МОЛ ДАР МУРОСИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПОЧТА.. 121

Моддаи 313.      Муросилоти байналмилалии почта. 121

Моддаи 314.      Мамнўият ва маҳдудиятҳои воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ин ҳудуд ҳангоми ирсол дар муросилоти байналмилалии почта. 121

Моддаи 315.      Барасмиятдарории гумрукии моли дар муросилоти байналмилалии почта. 122

Моддаи 316. Азназаргузаронии гумрукӣ ва тафтиши гумрукии муросилоти байналмилалии. 122

Моддаи 317. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли дар муросилоти байналмилалии почта. 123

Моддаи 318.      Транзити гумрукии дохилии муросилоти байналмилалии почта. 123

Моддаи 319.      Транзити муросилоти байналмилалии почта. 124

БОБИ 39. ИНТИҚОЛИ МОЛ АЗ ТАРАФИ КАТЕГОРИЯҲОИ АЛОҲИДАИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ   124

Моддаи 320.      Соҳаи истифодаи ҳамин боб. 124

Моддаи 321.      Интиқоли мол аз тарафи намояндагони дипломатии давлатҳои хориҷӣ. 124

Моддаи 322.      Интиқоли мол аз тарафи сардори намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ ва. 124

Моддаи 323.      Интиқоли мол аз тарафи аъзои ҳайати маъмурӣ – техникии намояндагии. 124

Моддаи 324.      Имтиёзҳои гумрукие, ки ба аъзои ҳайати дипломатии намояндагии давлати. 125

Моддаи 325.      Интиқоли мол аз тарафи муассисаҳои консулгарии давлатҳои хориҷӣ ва аъзои. 125

Моддаи 326.      Интиқоли почтаи дипломатӣ ва вализаи консулгарии давлатҳои хориҷӣ аз. 125

Моддаи 327.      Имтиёзҳои гумрукӣ ба курерҳои дипломатӣ ва консулии хориҷӣ. 125

Моддаи 328.      Имтиёзҳои гумрукӣ барои намояндагон ва аъзои ҳайати вакилони давлатҳои. 125

Моддаи 329.      Интиқоли мол аз тарафи ҳайати дипломатӣ, шахсони мансабдори консулгарӣ, намояндагон ва аъзои ҳайати вакилони давлатҳои хориҷӣ, ки ба тариқи транзит аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон убур мекунанд. 126

Моддаи 330.      Имтиёзҳои гумрукӣ барои ташкилотҳои байналмилалии байнидавлатӣ ва. 126

БОБИ 40. ИНТИҚОЛИ МОЛ ТАВАССУТИ ҚУБУР  ВА БО ХАТҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ. 126

Моддаи 331.      Соҳаи истифодаи ҳамин боб. 126

Моддаи 332.      Воридоту содироти мол тавассути қубур. 126

Моддаи 333.      Тартиби декларатсия кардани моле, ки тавассути қубур интиқол дода мешавад. 126

Моддаи 334.      Татбиқи меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва тартиби супоридани онҳо ҳангоми  127

Моддаи 335.      Татбиқи мамнўият ва маҳдудиятҳое, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии. 128

Моддаи 336.      Хусусиятҳои воридот, содирот ва декларатсия кардани моле, ки тавассути хати. 128

Моддаи 337.      Таъмини пардохтҳои гумрукӣ. 128

Моддаи 338.      Истифода набурдани талабот оид ба ҳаммонандсозии моле, ки тавассути қубур ва хатҳои барқ интиқол дода мешавад. 128

Моддаи 339.      Интиқоли моли ватанӣ байни ду нуқтаи гумрукии дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда тавассути ҳудуди давлати хориҷӣ. 128

ФАСЛИ III. ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ВА ХИРОҶҲОИ ГУМРУКӢ.. 129

БОБИ 41. ҲОЛАТҲОИ УМУМИИ МАРБУТ  БА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ВА ХИРОҶҲОИ ГУМРУКӢ. НАВЪҲОИ ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ВА ХИРОҶҲО.. 129

Моддаи 340. Пардохтҳои гумрукӣ ва намудҳои онҳо. 129

Моддаи 341.      Боҷҳои гумрукӣ. 129

Моддаи 342. Намудҳои ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ. 129

Моддаи 343  бо ҚҶТ аз 1.08.12с., №881 хориҷ карда шуд. 129

Моддаи 344. Намудҳои хоси боҷҳо. 129

Моддаи 345. Озодкунии молҳои алоҳида  аз пардохти боҷҳои гумрукӣ. 130

Моддаи 346. Имтиёзҳои тарифӣ. 130

Моддаи 347.      Хироҷҳои гумрукӣ ва намудҳои онҳо. 130

Моддаи 348.      Андозаи хироҷҳои гумрукӣ. 131

Моддаи 349.      Ба миён омадан ва қатъи ўҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 131

Моддаи 350.      Шахсоне, ки барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъуланд. 131

Моддаи 351.      Маҳдудиятҳо оид ба маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда. 132

БОБИ 42. МУАЙЯН НАМУДАНИ АРЗИШИ ГУМРУКИИ МОЛ.. 132

Моддаи 352.      Арзиши гумрукии мол. 132

Моддаи 353.      Муайян кардани арзиши гумрукии моли содиротӣ. 132

Моддаи 354.      Усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии моли воридотӣ. 133

Моддаи 355.      Усули муайян кардани арзиши гумрукӣ тибқи нархи муомилотии моли. 133

Моддаи 3551. Хароҷоти созишномаҳои молиявӣ. 135

Моддаи 3552. Арзиши ҳомили таъминоти барномавӣ. 136

Моддаи 356.     Усули муайян кардани арзиши гумрукӣ тибқи нархи муомилоти моли шабеҳ. 136

Моддаи 357.     Усули муайян намудани арзиши гумрукӣ тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс. 137

Моддаи 358.      Усули муайян намудани арзиши гумрукӣ дар асоси тарҳи арзиш.. 137

Моддаи 359.     Усули муайян намудани арзиши гумрукӣ дар асоси ҷамъи арзиш.. 138

Моддаи 360. Усули эҳтиётии муайян намудани арзиши гумрукӣ. 138

Моддаи 361.      Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои тасдиқи арзиши гумрукии арзшуда. 139

Моддаи 362.      Шартҳои арзи арзиши гумрукии мол. 139

Моддаи 363.      Тасҳеҳи арзиши гумрукии мол. 140

Моддаи 364.      Ҳуқуқу вазифаҳои декларант ҳангоми муайян намудани арзиши гумрукии мол. 141

Моддаи 365.      Ҳуқуқу вазифаҳои мақоми гумрук ҷиҳати муайян намудани арзиши гумрукии. 141

Моддаи 366.      Иҷозати шартии мол бо истифодаи маълумоти нархгузории мақомоти гумрук. 142

БОБИ 43. ҲИСОБИ БОҶҲОИ ГУМРУКӢ ВА АНДОЗ. 142

Моддаи 367.      Объекти ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 142

Моддаи 368.      Тартиби муайян кардан ва арзи арзиши гумрукии мол. 142

Моддаи 369.      Тартиби ҳисоб кардани боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 143

Моддаи 370.      Истифодаи меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 143

Моддаи 371.     Мубодилаи арзи хориҷӣ бо мақсади ҳисоб кардани боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 144

Моддаи 372.      Ҳисоб кардани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми интиқоли ғайриқонунии мол аз  144

БОБИ 44. ТАРТИБ ВА МЎҲЛАТИ ПАРДОХТИ  БОҶҲОИ ГУМРУКӢ ВА АНДОЗ. 144

Моддаи 373.      Пардохткунандагони боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 144

Моддаи 374.      Мўҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 145

Моддаи 375.     Пешпардохтҳо. 145

Моддаи 376.      Тартиб ва шаклҳои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 146

Моддаи 377.      Иҷрои ўҳдадорӣ оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 146

БОБИ 45. ТАҒЙИРИ МЎҲЛАТИ ПАРДОХТИ  БОҶИ ГУМРУКӢ ВА АНДОЗ. 146

Моддаи 378. Шартҳои умумии тағйири мўҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 146

Моддаи 379. Асосҳои батаъхиргузорӣ ё тамдиди мўҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 147

Моддаи 380. Ҳолатҳое, ки батаъхиргузорӣ ё тамдиди мўҳлатро истисно менамоянд. 147

Моддаи 381. Фоизҳо барои батаъхиргузорӣ ё тамдиди мўҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва. 147

БОБИ 46. ТАЪМИНИ ПАРДОХТИ  БОҶҲОИ ГУМРУКӢ ВА АНДОЗ. 147

Моддаи 382.     Шартҳои умумии таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 147

Моддаи 383.      Андозаи таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 148

Моддаи 384.      Таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ аз тарафи шахсоне, ки дар соҳаи гумрук фаъолият мекунанд. 148

Моддаи 385.      Усулҳои таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 149

Моддаи 386.      Ба гарав гузоштани мол ва амволи дигар. 149

Моддаи 387.      Кафолати бонкӣ. 149

Моддаи 388 .      Тартиби дохил намудани бонкҳо ба реестр. 149

Моддаи 389.      Хориҷ кардани бонкҳо аз реестр. 150

Моддаи 390.      Супоридани маблағ ба суратҳисоби депозитии мақоми гумрук (гарави пулӣ) 151

Моддаи 391.      Замонат. 151

БОБИ 47. СИТОНИДАНИ ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ.. 151

Моддаи 392.      Қоидаҳои умумии ситонидани маҷбурии боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 151

Моддаи 393.      Фоизҳо. 152

Моддаи 394. Талабномаи супоридани пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз. 152

Моддаи 395.      Чораҳое, ки мақомоти гумрук ҳангоми иҷро накардани талабномаи супоридани. 153

БОБИ 48. БАРГАРДОНИДАНИ БОҶҲОИ ГУМРУКӢ, АНДОЗ ВА МАБЛАҒИ ДИГАР. 153

Моддаи 396.      Баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ва ё барзиёд. 153

Моддаи 397.     Ҳолатҳои дигари баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз. 154

Моддаи 398.      Баргардонидани гарави пулӣ. 154

ФАСЛИ IV. НАЗОРАТИ ГУМРУКӢ.. 155

БОБИ 49. ҚОИДАҲОИ УМУМИЕ, КИ БА НАЗОРАТИ  ГУМРУКӢ ТААЛЛУҚ ДОРАНД.. 155

Моддаи 399.      Усулҳои гузаронидани назорати гумрукӣ. 155

Моддаи 400.      Мўҳлати тафтиши декларатсияи гумрукӣ, дигар ҳуҷҷатҳо ва мол ҳангоми. 156

Моддаи 401.      Молу воситаҳои нақлиёте, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд. 156

Моддаи 402. Назорати минбаъдаи гумкурӣ. 156

Моддаи 403.      Минтақаҳои назорати гумрукӣ. 157

Моддаи 404.      Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки барои назорати гумрукӣ заруранд. 157

Моддаи 405.      Пешниҳоди ҳисобот бо мақсади назорати гумрукӣ. 158

Моддаи 406.      Норавоии расонидани зарари ғайриқонунӣ дар вақти назорати гумрукӣ. 158

БОБИ 50. ШАКЛ ВА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ НАЗОРАТИ ГУМРУКӢ.. 158

Моддаи 407.      Шаклҳои назорати гумрукӣ. 158

Моддаи 408.      Тафтиши ҳуҷҷату маълумот. 159

Моддаи 409.      Пурсиши шифоҳӣ. 159

Моддаи 410.      Гирифтани тавзеҳот. 159

Моддаи 411.      Мушоҳидаи гумрукӣ. 159

Моддаи 412.      Азназаргузаронии гумрукии молу воситаҳои нақлиёт. 159

Моддаи 413.      Муоинаи гумрукии молу воситаҳои нақлиёт. 160

Моддаи 414.      Муоинаи шахс. 161

Моддаи 415.      Тафтиши маркировкаи мол бо маркаҳои махсус, дар онҳо мавҷуд будани. 161

Моддаи 416.      Азназаргузаронии бино ва ҳудуди он. 162

Моддаи 417.      Санҷиши гумрукӣ. 162

Моддаи 418.  Ба ҳабс гирифтан ё ситонидани амвол ҳангоми санҷиши гумрукӣ. 165

БОБИ 51. ЭКСПЕРТИЗА ВА ТАҲҚИҚ ҲАНГОМИ  НАЗОРАТИ ГУМРУКӢ.. 166

Моддаи 419.      Муқаррар кардани экспертиза ҳангоми назорати гумрукӣ. 167

Моддаи 420.      Хулосаи коршинос. 167

Моддаи 421.      Экспертизаи иловагӣ ва такрорӣ. 168

Моддаи 422.      Ҳуқуқ ва масъулияти коршинос. 168

Моддаи 423.      Ҳуқуқи декларант, шахси дигари нисбати мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт. 168

Моддаи 424.      Чошнӣ ва намуна. 168

Моддаи 425.      Иштироки мутахассис ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ. 169

Моддаи 426.      Ҷалби мутахассисони мақомоти дигари давлатӣ барои мусоидат ба назорати. 170

БОБИ 52. БАҲОДИҲӢ ВА ИДОРАИ ТАВАККАЛ (РИСК) 170

Моддаи 427.      Мафҳуми умумӣ ва мақсади истифодаи идораи таваккал. 170

Моддаи 428.      Категорияҳои таваккал. 170

Моддаи 429.      Фаъолияти мақомоти гумрук оид ба баҳодиҳӣ ва идораи таваккал. 170

БОБИ 53. МУҚАРРАРОТИ ИЛОВАГИИ МАРБУТ  БА НАЗОРАТИ ГУМРУКӢ.. 171

Моддаи 430.     Озод кардан аз шаклҳои муайяни назорати гумрукӣ. 171

Моддаи 431.      Маълумот дар бораи шахс. 171

Моддаи 432.      Истифодаи воситаҳои техникӣ, киштию ҳавопаймоҳо ҳангоми назорати гумрукӣ. 172

Моддаи 433.      Бор кардану фаровардани молу воситаҳои нақлиёт ва дигар амалиёти барои. 172

Моддаи 434. Ҳаммонандсозии молу воситаҳои нақлиёт. 172

Моддаи 435.      Ваколатҳои иловагии мақомоти гумрук ҳангоми ошкор кардани моли ғайриқонунӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда. 173

Моддаи 436.     Истифодаи натиҷаи назорати гумрукӣ ҳангоми пешбурди парвандаи. 173

БОБИ 54. АНДЕШИДАНИ ЧОРАҲО НИСБАТИ МОЛИ АЛОҲИДА АЗ ТАРАФИ МАҚОМОТИ ГУМРУК.. 173

Моддаи 437.     Асос барои боздошти иҷозати мол. 173

Моддаи 438.      Аризаи соҳибҳуқуқ ва тартиби баррасии он. 174

Моддаи 439.      Реестри гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ. 174

Моддаи 440.     Мўҳлате, ки мақомоти гумрук барои боздошти иҷозати мол чора меандешанд. 175

Моддаи 441.      Боздошти иҷозати мол. 175

Моддаи 4411.  Ваколатҳои иловагии мақомоти гумрук оид ба назорати гумрукии молҳои. 175

Моддаи 442.      Пешниҳоди маълумот. Гирифтани чошнӣ ва намуна. 177

Моддаи 443.      Бекор кардани қарор дар бораи боздошти иҷозати мол. 177

Моддаи 444. Моле, ки нисбати он мақомоти гумрук чораҳои боздошти иҷозати молро. 177

ФАСЛИ V. НАЗОРАТИ ГУМРУКӢ ДАР СОҲАИ НАЗОРАТИ АСЪОР  ВА  СОДИРОТӢ.. 177

БОБИ 55. ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ГУМРУК ДАР СОҲАИ НАЗОРАТИ АСЪОР. 177

Моддаи 445.      Вазифаҳои мақомоти гумрук дар соҳаи назорати асъор. 177

Моддаи 446.      Ваколати мақомоти гумрук дар соҳаи назорати асъор. 178

БОБИ 56. НАЗОРАТИ СОДИРОТӢ, КИ МАҚОМОТИ ГУМРУК АНҶОМ МЕДИҲАНД.. 178

Моддаи 447.      Мақомоти гумрук ҳамчун мақоми назорати содиротӣ. 178

Моддаи 448.      Салоҳияти мақомоти гумрук дар соҳаи назорати содиротӣ. 178

Моддаи 449.      Риояи махфияти маълумот. 178

ФАСЛИ VI. БА МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ ГУЗАРОНИДАНИ МОЛУ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ВА ИХТИЁРДОРИИ ОНҲО.. 178

БОБИ 57. АСОСҲО ВА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ МОЛУ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ БА МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ.. 178

Моддаи 450.      Асосҳо барои гузаронидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба моликияти давлатӣ. 178

Моддаи 451.      Тартиби гузаронидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба моликияти давлатӣ бо. 179

Моддаи 452.     Асосҳои ба моликияти давлатӣ гузаронидани мол ва воситаҳои нақлиёт, ки таҳти. 179

БОБИ 58. ИХТИЁРДОРИИ МОЛУ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ  БА МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ ГУЗАРОНИДАШУДА.. 179

Моддаи 453.      Тартиби ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёти ба моликияти давлатӣ. 179

Моддаи 454.      Ихтиёрдории моле, ки мўҳлати нигаҳдории муваққатии он ё мўҳлати. 179

Моддаи 455. Ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёте, ки далели шайъии парвандаҳои. 179

Моддаи 456.      Тартиб ва усулҳои ихтиёрдории молу воситаҳои нақлиёт. 180

Моддаи 457.      Ихтиёрдории маблағи аз фурўши молу воситаҳои нақлиёт бадастомада. 180

Моддаи 458.      Ҳуқуқи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҷиҳати. 180

Моддаи 459.      Хусусияти ихтиёрдории намудҳои алоҳидаи мол. 181

ФАСЛИ VII. МАҚОМОТИ ГУМРУК.. 181

БОБИ 59. МАҚОМОТИ ГУМРУК ВА ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО.. 181

Моддаи 460.      Мақомоти гумрук ва мавқеи онҳо дар системаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии. 181

Моддаи 461.      Сохтори мақомоти гумрук. 181

Моддаи 462.      Вазифаҳои мақомоти гумрук. 182

Моддаи 463. Парчам ва аломати фарқкунандаи мақомоти гумрук. 183

Моддаи 464.     Маҳали ҷойгиршавии мақомоти гумрук. 183

Моддаи 465.     Маҳали анҷом додани амалиёти гумрукии мақомоти гумрук. 183

Моддаи 466.      Вақти кории мақомоти гумрук. 183

Моддаи 467.     Салоҳияти мақомоти гумрук. 183

Моддаи 468.      Ҳуқуқҳои мақомоти гумрук ҳангоми татбиқи назорати гумрукӣ бо истифода аз. 184

Моддаи 469.     Ҳуқуқи мақомоти гумрук нисбати воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки моли. 185

Моддаи 470.     Фаъолияти мутақобила ва ҳамкории мақомоти гумрук бо дигар мақомоти. 185

Моддаи 471.      Назорати идории фаъолияти мақомоти гумрук. 186

Моддаи 472.      Ҷавобгарии мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо. 186

Моддаи 473.     Шартҳои истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон аз. 186

Моддаи 474.      Истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти гумрук. 186

Моддаи 475.     Истифодаи воситаҳои махсус аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти гумрук. 187

Моддаи 476.     Истифодаи яроқи оташфишон аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти гумрук. 187

Моддаи 477.     Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти мақомоти гумрук. 188

Моддаи 478.      Ҷойгиронии объектҳои мақомоти гумрук. 188

Моддаи 479.      Ҳифзи маълумот дар бораи фаъолияти мақомоти гумрук. 188

Моддаи 480.      Муассисаҳо ва корхонаҳои воҳиди давлатии мақомоти гумрук. 188

Моддаи 481.      Амволи мақомоти гумрук ва ташкилотҳои мақомоти гумрук. 188

БОБИ 60. ТАРТИБИ АДОИ ХИЗМАТ ДАР МАҚОМОТИ ГУМРУК.. 189

Моддаи 482.  Хизмат дар мақомоти гумрук. 189

Моддаи 483.      Қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук. 189

Моддаи 484.     Маҳдудиятҳо ҳангоми адои хизмат дар мақомоти гумрук. 190

Моддаи 485.      Маълумот дар бораи даромади кормандони мақомоти гумрук ва амволе, ки. 190

Моддаи 486.     Савганди шахси мансабдори мақомоти гумрук. 190

Моддаи 487.     Рутбаҳои махсуси шахсони мансабдори мақомоти гумрук. 190

Моддаи 488.     Асосҳои қатъи хизмат дар мақомоти гумрук. 191

Моддаи 489.     Ҳуқуқу вазифаҳои кормандони мақомоти гумрук. 191

Моддаи 490.      Ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти гумрук. 192

Моддаи 491.     Ҷазоҳои интизомӣ барои кормандони мақомоти  гумрук. 192

Моддаи 492. Тартиби ба вазифа таъин намудани шахсони мансабдори мақомоти гумрук, ҷойивазкунӣ (ротатсия) ва ба кори дигар гузаронидани онҳо. 192

Моддаи 493.     Тартиботи дохилии фаъолияти мақомоти гумрук. 193

Моддаи 494.     Хусусиятҳои ба рухсатии меҳнатӣ баромадани кормандони мақомоти гумрук. 193

Моддаи 495.     Музди меҳнати кормандони мақомоти гумрук. 193

Моддаи 496.     Ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кормандони мақомоти гумрук. 194

Моддаи 497.     Таъминоти моддию маишии кормандони мақомоти гумрук ва аъзои оилаи онҳо. 194

Моддаи 498.     Тайёр намудани кадрҳои мақомоти гумрук. 195

Моддаи 499.     Либоси расмии кормандони мақомоти гумрук. 195

Моддаи 500.     Таъмини нафақаи кормандони мақомоти гумрук. 195

Моддаи 5001. Маҳдудиятҳо вобаста ба синну сол, ки барои хизмат дар мақомоти гумрук. 195

Моддаи 5002. Кумакпулии якваќта ба кормандони аз хизмат љавобшудаи маќомоти гумрук. 196

Моддаи 501.     Барқароркунии кормандони мақомоти гумрук ба хизмат дар мақомоти гумрук. 196

БОБИ 61. СИСТЕМАҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ.. 196

Моддаи 502.     Системаҳои иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо, 196

Моддаи 503.     Сертификатонии системаҳои иттилоотӣ, технолгияҳои иттилоотӣ, воситаҳои. 197

Моддаи 504.     Захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук. 197

Моддаи 505.      Системаҳои иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо, 197

Моддаи 506.     Ҳифзи иттилоот ва ҳуқуқҳои субъектҳои дар ҷараёни иттилоотӣ ва иттилоотонӣ. 197

БОБИ 62. ТАҲВИЛИ НАЗОРАТШАВАНДАИ МОЛИ  АЗ САРҲАДИ ГУМРУКӢ ИНТИҚОЛШАВАНДА.. 198

Моддаи 507.      Хусусиятҳои таҳвили назоратшавандаи моле, ки аз сарҳади гумрукӣ интиқол. 198

Моддаи 508.     Ситонидан ва ё иваз намудани моли аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 198

 

 

Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти гумрукро муайян намуда, ба ҳимояи истиқлолият ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол сохтани муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидорӣ ва мақомоти давлатӣ ва аз ҷониби онҳо риоя намудани ўҳдадориҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нигаронида шудааст.

 

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

 

Моддаи 1. Танзими гумрукӣ ва фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Танзими гумрукӣ аз муқаррар намудани тартиб ва қоидаҳое иборат мебошад, ки шахсон ҳангоми риоя намудани онҳо ҳуқуқи аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сарҳади гумрукӣ) интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиётро амалӣ менамоянд.

Танзими гумрукӣ мувофиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

  1. Фаъолияти гумрукӣ маҷмўи усулҳо ва воситаҳои таъмини риояи тадбири танзими гумрукию тарифӣ, мамнўият ва маҳдудиятҳоеро дар бар мегирад, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста бо интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ муқаррар шудааст.
  2. Роҳбарии умумии фаъолияти гумрукиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №845)

Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мақсадҳои гумрукӣ татбиқи мустақими вазифаҳоро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва истифодаи якхелаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳамаи мақомоти гумрук дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи танзими гумрукӣ бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва мутаносибии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва амалияи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ иштирок менамояд.

 

Моддаи 2. Ҳудуди гумрукӣ ва сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

  1. Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди ягонаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷойгир бошанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, қисми минтақаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Моли дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷойгиршуда бо мақсади истифодаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин мамнўият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун моли берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда ба ҳисоб мераванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Доираи ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин доираи ҳудуди дар қисми 2 ҳамин модда нишондодашуда сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Сарҳади гумрукӣ, ба истиснои доираи ҳудуди минтақаҳои дар қисми 2 ҳамин модда муайяншуда ба Сарҳади давлатӣ мувофиқ аст. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 3. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ

 

  1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Кодекс, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки қабули онҳоро ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. (қҶТ аз 14.11.16 с., №1366)
  2. Қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои вобаста ба фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла муносибатҳои муқаррар намудани тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ, муносибатҳоеро, ки дар ҷараёни барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ ба миён меоянд, шикоят нисбати санад, амали (беамалии) мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин муносибатҳо оид ба муқаррар намудан ва татбиқи низоми гумрукӣ, муайян, татбиқ намудан, тағйир додан ва ситонидани пардохтҳои гумрукиро танзим менамояд.
  3. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба муқаррароти ҳамин Кодекс меъёрҳои дигар муқаррар шуда бошанд, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 4. Тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ

 

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мавриди амал қарор дода мешаванд.  (қҶТ аз 15.03.2016 с., №1298)

 

Моддаи 5. Қувваи бозгашти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ

 

  1. Амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нисбати муносибатҳои ҳуқуқие, ки то ҷорӣ намудани онҳо ба миён омадаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар дар худи санадҳо ё санадҳо оид ба татбиқи онҳо мўҳлатҳои дигар зикр нашуда бошанд, татбиқ карда намешавад.
  2. Меъёрҳои муқарраркунанда ё вазнинкунандаи ҷавобгарӣ ё вогузорандаи ўҳдадориҳои иловагӣ ба зиммаи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ қувваи бозгашт надоранд.
  3. Меъёрҳои сабуккунандаи ҷавобгарии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ қувваи бозгашт доранд.

 

Моддаи 6. Талабот ба санадҳои қонунгузории гумрук, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ

 

  1. Муқаррароти санадҳои қонунгузории гумрук, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бояд чунон баён гарданд, ки ҳар як шахс ҳуқуқ ва вазифаҳои худ, аз ҷумла ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ иҷрои кадом амал, кай ва тартиби иҷрои онро дақиқ донад.
  2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки дорои хусусияти умумиҳатмӣ мебошанд, бо розигии мақомоти давлатии ваколатдор, аз ҷумла бо мақомоти ваколатдори соҳаи фаъолияти савдои хориҷӣ қабул карда мешавад.
  3. Ҳеҷ кас барои вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ ба ҷавобгарӣ кашида намешавад, ба шарте ки ин вайронкунӣ аз сабаби носаҳеҳӣ ва гуногунфаҳмии меъёрҳои ҳуқуқии дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ мавҷуда ба миён омада бошад. (ЗРТ от 3.07.12г., №845)
  4. Нисбати санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар навъи фаъолияти иқтисодӣ дахл мекунад, тибқи тартиби судӣ, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 7. Истифодаи тадбирҳои танзими тарифи гумрукӣ, мамнўият ва маҳдудиятҳои мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда

 

Дар фаъолияти гумрукӣ тадбирҳои танзими гумрукию тарифӣ, мамнўият ва маҳдудиятҳои мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ки дар рўзи қабули декларатсияи гумрукӣ амал мекунанд, истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 8. Тартиби баҳисобгирии мўҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс

 

  1. Муқаррар намудани рўзи оғоз ва рўзи анҷоми мўҳлатҳои мувофиқи ҳамин Кодекс муқарраршуда, ки барои давра ё рўзи фарорасии ҳодиса муайян мегардад, мувофиқи тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
  2. Агар мувофиқи ҳамин Кодекс барои баҳисобгирии мўҳлатҳо тартиби махсус муқаррар нашуда бошад, барои муайян кардани рўзи оғоз ва рўзи анҷоми мўҳлатҳо дар фаъолияти гумрукӣ қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 129 ҳамин Кодекс истифода мегарданд.

 

Моддаи 9. Муносибат бо маълумоте, ки мақомоти гумрук гирифтааст

 

  1. Ҳама гуна маълумоте, ки мақомоти гумрук гирифтааст, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии гумрук, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ танҳо барои мақсадҳои гумрукӣ истифода бурда мешаванд.
  2. Мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо, дигар шахсони ба маълумот иҷозатдошта, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, тибқи қонун ва ё қарордод ҳуқуқ надоранд маълумоти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ё дигар сирри қонунан ҳифзшавандаро ифшо намоянд, барои мақсадҳои шахсӣ истифода баранд ё ба шахси сеюм, аз ҷумла ба мақомоти давлатӣ диҳанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Мақомоти гумрук метавонанд тибқи тартиби бо мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақоми давлатии ваколатдор мувофиқашуда, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ва дигар сирри қонунан ҳифзшаванда ва дигар маълумоти махфӣ (конфиденсиалӣ) маълумоти гирифтаашонро ба мақоми давлатии ваколатдор диҳанд, агар чунин маълумот барои ин мақомот ҷиҳати иҷрои вазифаҳои мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон гузошташуда зарур бошад.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ, шахсони мансабдори онҳо, шахсони дигаре, ки тибқи қонун ба маълумоти махфии аз мақомоти гумрук гирифташуда иҷозат доранд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд чунин маълумотро ифшо намоянд, паҳн кунанд, ба мақсадҳои шахсӣ истифода баранд ё онро ба шахси сеюм диҳанд.

  1. Маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, ки сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ё дигар сирри қонунан ҳифзшавандаро ташкил медиҳад ва дигар маълумоти махфӣ (конфиденсиалӣ) дорои низоми махсуси ҳифз ва иҷозат мебошад.
  2. Гум кардани ҳуҷҷатҳои дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ё дигар сирри қонунан ҳифзшаванда, маълумоти махфӣ (конфиденсиалӣ), ифшои чунин маълумот, истифодаи онҳо барои мақсадҳои шахсӣ ё додани онҳо ба шахси сеюм боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

5.Маълумоти маҳфӣ оид ба амалиёти воридотию содиротии мушаххаси фаъолияти иқтисодии хориҷӣ танҳо ба суд ва мақомоти тафтишоти пешакӣ вобаста ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №874)

 

Моддаи 10. Мафҳумҳои асосӣ

 

  1. Дар ҳамин Кодекс мафҳумҳои асосӣ ба маънои зайл истифода бурда мешаванд:

1) амалиёти гумрукӣ – амалҳои алоҳида нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт, ки аз ҷониби шахсон ва мақомоти гумрук ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт иҷро карда мешаванд;

2) андозҳо – андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, ки мақомоти гумрук вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меситонанд;

3) андозҳои дохилӣ – андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки ҳангоми муомилоти мол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

4) боркашон (интиқолдиҳанда) – шахсе, ки молро аз сарҳади гумрукӣ ва таҳти назорати гумрукӣ дар доираи ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳад ё барои истифодаи воситаи нақлиёт масъул аст;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

5) брокери гумрукӣ (намоянда) – миёнараве, ки амалиёти гумрукиро аз номи декларант ва (ё) бо супориши он ё шахси дигар, ки ба зиммаи ў чунин масъулият гузошта шудааст, иҷро мекунад ё ба вай ҳуқуқ дода шудааст, ки амалиёти гумрукиро мувофиқи ҳамин Кодекс анҷом диҳад;

6) воридоти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон – интиқоли воқеии мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукӣ ва ҳамаи дигар амалҳои мувофиқи ҳамин Кодекс пешбинишуда бо мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт то замони иҷозати онҳо аз ҷониби мақомоти гумрук;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

7) воситаҳои нақлиёт – ҳама гуна киштии дарёӣ (аз ҷумла лихтерҳои худгард ва ғайрихудгард, баржаҳо, инчунин киштиҳои болдор), киштиҳои дорои болиштҳои пурбод, тайёраҳо, нақлиёти автомобилӣ (аз ҷумла ядакҳо, нимядакҳо, воситаҳои нақлиёти омехта) ё воҳиди ҳаракаткунандаи роҳи оҳанро дар бар мегирад, ки барои ҳамлу нақли байналмилалии интиқоли пулакии шахсон ё ҳамлу нақли пулакӣ ва ройгони бори саноатӣ ва тиҷоратӣ истифода мешаванд, инчунин қисмҳои эҳтиётии штатӣ, олот ва таҷҳизот, сўзишворию равғанҳои молидании дар бакҳои штатӣ мавҷуда, агар онҳо якҷоя бо воситаҳои нақлиёт интиқол дода шаванд;

8) декларант – шахсе, ки молро декларатсия мекунад ё аз номи ў мол декларатсия карда мешавад;

9) декларатсияи гумрук – ҳуҷҷати дорои шакли муайян, ки дар он тибқи ҳамин Кодекс маълумоти барои мақомоти гумрук зарурӣ зикр карда мешавад;

10) интиқоли мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ – бо усулҳои гуногун ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан ё аз он содир кардани молу воситаҳои нақлиёт;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

11) интиқоли ғайриқонунии мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ – амали воридот ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз ин ҳудуд бо вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

12) иҷозати мол – амали мақомоти гумрук, ки ба шахсони манфиатдор барои истифода ва (ё) ихтиёрдории мол тибқи низоми гумрукӣ иҷозат медиҳад;

13) иҷозати шартӣ – иҷозати мол ва воситаҳои нақлиёт бо маҳдудиятҳо ва шартҳои муқарраршуда оид ба истифода ва ихтиёрдории онҳо;

14) мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ – мақоми давлатии дахлдор, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бевоситаи иҷрои вазифаҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва истифодаи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳамаи мақомоти гумрук дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шудааст;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

15) мақомоти гумрук – мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва воҳидҳои тобеи он, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ҳамин Кодекс мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ ёдовар шудаанд;

16) мол – ҳама гуна амволи манқули ҳам ба мақсадҳои тиҷоратӣ ва ҳам ғайритиҷоратӣ аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда, инчунин воситаҳои нақлиёти марбут ба амволи ғайриманқул, ки аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода мешаванд. Воситаҳои нақлиёти дар банди 7 ҳамин қисм нишондодашуда ба мол тааллуқ надоранд;

17) моли ватанӣ – моле, ки барои мақсадҳои гумрук дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои статуси муомилоти озод  мебошад, яъне моле, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир нашудааст ва пурра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол гардидааст, моли барои муомилоти озод дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда ва моле, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моли барои муомилоти озод дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда истеҳсол гардидааст;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

18) моли хориҷӣ — моле, ки моли ватанӣ ҳисобида намешавад;

19) моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта – моли хориҷие, ки то замони иҷозати он ба муомилоти озод, интиқоли воқеии мол аз сарҳади гумрукӣ ҳангоми содирот ё худ то замони нобудкунии он, ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, инчунин моли ватанӣ аз замони содироти он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон то замони интиқоли воқеии он аз сарҳади гумрукӣ;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

20) муомилоти озод – муомилоти мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни мамнўият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

21) назорати гумрукӣ – маҷмўи тадбирҳое, ки мақомоти гумрук бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;

22) низоми гумрукӣ – расмиёти гумрукие мебошад, ки маҷмўи талабот ва шартҳо, аз ҷумла тартиби нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт истифода бурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, мамнўият ва маҳдудиятҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақоми мол ва воситаҳои нақлиётро ба мақсадҳои гумрукӣ вобаста бо мақсади интиқоли онҳо аз сарҳади гумрукӣ ва истифодабарӣ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз ин ҳудуд дар бар мегирад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

23) расмиёти гумрукӣ – маҷмўи муқаррароте, ки статуси мол ва воситаҳои нақлиёти аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшавандаро барои мақсадҳои гумрукӣ муайян менамояд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

24) содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон – пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ё анҷом додани амалҳои дар сархати дуюми ҳамин банд зикршуда, ки мустақиман ба содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт, инчунин дигар амалҳои мувофиқи ҳамин Кодекс барои мол ва воситаҳои нақлиёт то замони интиқоли ҳақиқии онҳо аз сарҳади гумрукӣ пешбинишуда нигаронида шудааст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Ба амалҳое, ки мустақиман ба содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, амали дохил шудани (вуруди) шахси воқеии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷшаванда ба минтақаи назорати гумрукӣ, ворид шудани воситаҳои нақлиёт ба нуқтаи гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баровардани он аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоридани мол ба ташкилотҳои нақлиётӣ ва (ё) муросилоти байналмилалӣ тавассути ташкилотҳои (муассисаҳои) алоқаи почта барои ирсол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амали шахс ҷиҳати бо мол ва воситаҳои нақлиёт мустақиман баромадан аз сарҳади гумрукӣ берун аз маҳалҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ба ҳисоб меравад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

25) статуси (мақоми) мол ва воситаҳои нақлиёт барои мақсадҳои гумрукӣ – мавҷуд будан ё набудани мамнўият ва маҳдудиятҳо барои ҳуқуқи истифода ва ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёт, ки мувофиқи ҳамин Кодекс муқаррар шудааст;

26) шахсони манфиатдор – шахсоне, ки манфиати онҳо тавассути қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт мустақиман ва инфиродӣ дахолат карда мешавад, агар аз ҳамин Кодекс тартиби дигаре барнаояд;

27) шахсон – шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, агар аз ҳамин Кодекс тартиби дигаре барнаояд;

28) шахсони хориҷӣ – шахсоне, ки шахсони ватанӣ ҳисобида намешаванд;

29) шахсони ватанӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳали истиқомати доимӣ дорад, соҳибкори инфиродӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, инчунин шахси ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

30) шахси ҳуқуқии ватанӣ – шахси ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст;

31) экспедитор – шахсе, ки мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад;

32) ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ – ҳисобнома – фактура (инвойс), варақаҳои боррасонӣ ва бастабанд ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар анъанаҳои муомилоти корӣ ҳангоми анҷом додани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва дигар фаъолият истифода мегарданд ва онҳо тибқи қонун, созишномаи тарафҳо ё анъанаҳои муомилоти корӣ барои тасдиқи анҷом додани аҳдҳо вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ истифода бурда мешаванд, агар аз ҳамин Кодекс тартиби дигаре барнаояд;

33) ҳуҷҷатҳои гумрукӣ – ҳуҷҷатҳое, ки танҳо барои мақсадҳои гумрукӣ таҳия шудаанд;

34) ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борбарӣ) –коносамент, борхат ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудият ва мазмуни шартномаро барои интиқоли мол тасдиқ менамоянд ва ҳангоми интиқоли байналмилалӣ ҳамроҳикунандаи мол ва воситаҳои нақлиёт мебошанд;

35) молҳои қалбакӣ– молҳои дорои объектҳои моликиятизеҳниибо вайроннамудани ҳуқуқҳои соҳибҳуқуқ таёргардида ва (ё) аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз мешавад;

36) соҳибҳуқуқ – шахсе, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқ истисноӣ ба объекти моликияти зеҳнӣ мебошад;

37) боздошти иҷозат – дар тсурати ҷой доштани шубҳа оид ба қалбакӣ будани молҳо аз ҷониби мақомоти гумрук тамдид  гардидани мӯҳлати қабули қарор дар бораи иҷозати онҳо, ки мутобиқи низоми интихобгардидаи гумрукӣ интиқол дода мешавад;

38) феҳристи гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ – номгӯи молҳои дорои объектҳои моликияти зеҳнии мутобиқи қо           нунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда;

39) Мамнўият ва мањдудиятњочорањои њимояи манфиати иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар савдои хориљї, воридоти мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон, содироти он аз ин ќаламрав, аз љумла системаи чорањои назорати содирот, тасдиќи мутобиќат ба стандартњо ва талабот оид ба бехатарии мол, аз љумла регламентњои техники, талаботи байторї, фитосанигарї, карантинї, санитарию эпидемиологи, фармасевтї ва радиатсионї, инчунин сертификата мутобиќат, ки мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќї ва (ё) санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон муќаррар гардидаанд.(ЌЉТ аз 28.12.12с., №906)

  1. Ҳамаи мафҳумҳои дигар дар ҳамин Кодекс мутобиқи мазмуне, ки дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, истифода бурда мешаванд.

 

БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ИНТИҚОЛИ МОЛ ВА ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ АЗ САРҲАДИ ГУМРУКӢ

 

Моддаи 11. Интиқоли мол (аз ҷумла асъор ва сарватҳои асъорӣ) ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҳамаи шахсон барои интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ҳуқуқи баробар доранд.
  2. Мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс интиқол дода мешаванд.

Тартиби интиқоли асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаёфта, асъори хориҷӣ ва сарватҳои асъории дигар тибқи ҳамин Кодекс ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

 

Моддаи 12. Риояи мамнўият ва маҳдудиятҳо ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ

  1. Моле, ки воридоташ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, аз ҷониби мақомоти гумрук боздошта шуда, нисбати онҳо тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд. Агар дар ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, чунин мол бояд бетаъхир аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шавад. Ин молро интиқолдиҳанда мебарорад. Ҳангоми набудани имконоти баровардан ё фавран набаровардан ин мол бояд дар анбори нигаҳдории муваққатӣ ё маҳали дигаре, ки минтақаҳои назорати гумрукӣ мебошанд (моддаи 403), аз ҳисоби шахсони дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикргардида ҷойгир карда шавад. Мўҳлати ниҳоии нигаҳдории чунин мол 3 шабонарўз муайян карда шудааст, агар мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати моли алоҳида мўҳлати дигаре муқаррар нашуда бошад. Моли мазкур ҳангоми ба охир расидани ин мўҳлат мувофиқи боби 58 ҳамин Кодекс ихтиёрдорӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Моле, ки воридоти он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст (ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз ҷониби мақомоти гумрук иҷозат дода мешавад), бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот иҷозат дода мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Моле, ки содироташ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, бояд аслан содир карда нашавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Моле, ки содироташ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст, бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содирот иҷозат дода мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Хароҷоти декларантҳо, интиқолдиҳандагон ё шахсони алоҳида вобаста ба риояи мамнўият ва маҳдудиятҳо барои воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти он аз ин ҳудуд мувофиқи моддаи 15 ҳамин Кодекс аз ҷониби мақомоти гумрук ҷуброн карда намешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 13. Расмиёти гумрукӣ ва назорати гумрукӣ

  1. Ҳамаи мол ва воситаҳои нақлиёте, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, тибқи тартиб ва шартҳои муайяннамудаи ҳамин Кодекс бояд ҳатман мавриди барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ қарор гиранд.
  2. Ҳангоми амалӣ намудани расмиёт ва назорати гумрукӣ мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо ҳуқуқ надоранд талабот ва маҳдудиятҳоеро муқаррар намоянд, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии гумрук ва ё дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд.

 

Моддаи 14. Истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёт

  1. Ҳеҷ кас ба истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёт то замони иҷозати онҳо ҳуқуқ надорад, ба истиснои тартиб ва шартҳое, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст.
  2. Баъди иҷозати мол ва воситаҳои нақлиёт истифодабарӣ ва ихтиёрдории онҳо тибқи низоми арзгардидаи гумрукӣ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 15. Ўҳдадорӣ оид ба татбиқи амалиёти гумрукӣ барои иҷозати мол

Агар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, ўҳдадорӣ оид ба татбиқи амалиёти гумрукиро барои иҷозати мол инҳо ба зимма мегиранд:

1) агар мол аз сарҳади гумрукӣ тибқи аҳди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби шахси ватанӣ басташуда интиқол дода шавад – шахси ватание, ки чунин аҳдро бастааст ё аз номи ў ё бо супориши ў аҳд ба имзо расидааст;

2) агар мол аз сарҳади гумрукӣ бе бастани аҳд аз ҷониби шахси ватанӣ интиқол дода шавад – шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи соҳибӣ ё ҳуқуқи истифодабарии молро дорад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) шахсони дигаре, ки тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ҳамин Кодекс бо моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта барои иҷрои амали дорои аҳамияти ҳуқуқӣ аз номи худ ба сифати дахлдор баромад карда метавонанд.

 

Моддаи 16. Кафолатҳо барои иҷрои пурраи ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мол мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд аз шахси кафолатдиҳанда иҷрои ўҳдадориҳояшро мувофиқи муқаррароти ҳамин Кодекс, аз ҷумла ҷиҳати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи боби 46 ҳамин Кодекс талаб намоянд.

 

БОБИ 3. АМАЛҲО ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ

  

Моддаи 17. Амалҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ

Фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ба сифати боркашони гумрукӣ, соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, соҳибони анборҳои гумрукӣ, соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ ва брокерҳои гумрукӣ (намояндаҳо), бо шарти мувофиқан дохил намудан ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ, Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ, Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ ё Реестри брокерҳои гумрукӣ (намояндаҳо) (минбаъд дар ҳамин боб Реестри шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда) иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 18. Реестри шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда

  1. Реестри шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба роҳ монда мешавад.
  2. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ вазифадор аст на камтар аз як маротиба дар ҳар се моҳ Реестри шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунандаро дар воситаҳои ахбори омма нашр намояд.

 

Моддаи 19. Дохил намудани шахси ҳуқуқӣ ба Реестри шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда

  1. Шахси ҳуқуқӣ ба Реестри шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда мутобиқи шартҳои муқарраркардаи ҳамин Кодекс дохил карда мешавад. Барои дохил намудан ба ин реестрҳо музд ситонида намешавад.
  2. Барои дохил намудан ба яке аз Реестрҳои шахсоне, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амал мекунанд, шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти гумрук бо аризаи хаттии дорои маълумоти пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти дар ин ариза нишондодашуда, бо номгўи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс муроҷиат менамояд.
  3. Ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда метавонанд дар шакли асл ва ё нусхаи бо тартиби ҷорӣ тасдиқшудаи онҳо пешниҳод карда шаванд.

Баъди анҷоми баррасии ариза мақоми гумрук вазифадор аст бо хоҳиши тарафи аризадиҳанда нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо ба вай баргардонад.

  1. Мақоми гумрук аризаро дар давоми на дертар аз 30 рўзи қабул баррасӣ менамояд. Мақоми гумрук хулосаро ҳангоми қабули қарор ҷиҳати ба реестри дахлдор дохил намудани аризадиҳанда ба мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мефиристад. Барои ба расмият даровардани қарори мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мақоми гумрук ба аризадиҳанда дар бораи дохил карда шудани ў ба чунин реестр шаҳодатнома медиҳад. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад фаъолияти дахлдорро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ аз рўзи гирифтани шаҳодатнома оғоз намояд.

Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад ба реестри дахлдор дохил карда шудани аризадиҳандаро танҳо дар сурати шартҳои ба реестри дахлдор дохил намуданро риоя накардани ў, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, рад намояд. Қарор дар бораи рад баъди қабул шуданаш ба шакли хаттӣ фавран ба аризадиҳанда расонида мешавад.

  1. Мақоми гумруке, ки аризаро баррасӣ менамояд, ҳуқуқ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз мақомоти давлатӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти аризадиҳандаро талаб намояд. Шахсони мазкур вазифадоранд дар давоми даҳ рўзи гирифтани дархост ҳуҷҷатҳо ё маълумоти дархостшударо пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 20. Шаҳодатномаи ба яке аз реестрҳо дохил намудани шахсоне, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амал мекунанд

  1. Шаҳодатномаи ба яке аз реестрҳо дохил намудани шахсоне, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амал мекунанд (баъдан дар ҳамин боб – шаҳодатнома), аз рўи намунаи муайянкардаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дода мешавад. Шаҳодатнома бояд маълумоти ҳамин Кодекс пешбининамударо дошта бошад. Шаҳодатномаро ба шахси дигар додан мумкин нест.
  2. Дар бораи тағйирёбии маълумоти дар ариза ё дар ҳуҷҷатҳои замимавӣ зикршуда мутобиқи қисми 2 моддаи 19 ҳамин Кодекс шахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии вай), ки дар яке аз реестрҳои шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда дохил карда шудааст, вазифадор аст мақоми гумрукро ба таври хаттӣ дар давоми панҷ рўзи сар задани ҳодисаи дахлдор ё аз рўзи ба шахс маълум шудани он огоҳ намояд.

Мақоми гумрук дар давоми 5 рўзи корӣ мутобиқати маълумоти нави зикршударо ба шартҳое, ки барои дохил намудани шахси ҳуқуқӣ ба яке аз реестрҳо муқаррар шудаанд, месанҷад ва агар маълумоти дар шаҳодатнома зикршаванда тағйир ёбад, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи 19 ҳамин Кодекс масъалаи додани шаҳодатномаи навро баррасӣ менамояд.

  1. Шаҳодатнома аз тарафи мақоми гумрук танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 98, 113, 145, 231 ва қисми 4 моддаи 263 ҳамин Кодекс бозхонда мешавад.

Қарор дар бораи бозхонди шаҳодатнома аз тарафи мақоми гумрук ба шахси ҳуқуқие, ки нисбати ў чунин қарор қабул шудааст, бояд рўзи дигари қабули қарор ба таври хаттӣ бо фаҳмонидани сабаби қабули чунин қарор расонида шавад. Ин қарор ба роҳбар ё намояндаи ваколатдори шахси ҳуқуқӣ бо гирифтани имзо ё дигар намуди тасдиқкунандаи далел ва санаи қабули ин қарор супорида мешавад. Агар шахсони номбаршуда аз гирифтани ин қарор саркашӣ кунанд, он бо мактуби супоришӣ ба воситаи почта равон карда мешавад.

Қарор дар бораи бозхонди шаҳодатнома баъд аз 15 рўзи қабули чунин қарор эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

Намунаи қарор дар бораи бозхонди шаҳодатнома аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқ карда мешавад.

  1. Бозхонди шаҳодатнома боиси аз реестри дахлдор хориҷ кардани шахси ҳуқуқие, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амал мекунад, мегардад.
  2. Аризаи дохил намудан ба реестри дахлдор пас аз бозхонди шаҳодатнома, баъди бартараф намудани сабабҳое, ки барои чунин бозхонд асос гардидаанд ва дар ҳолатҳои бозхонди шаҳодатнома бо сабаби якчанд маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани шахси ҳуқуқӣ баъди ба охир расидани мўҳлате, ки шахс таҳти ҷазои маъмурӣ қарор дошт, баррасӣ карда мешавад.

 

Моддаи 21. Хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ аз реестрҳои шахсоне, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амал мекунанд

  1. Шахси ҳуқуқӣ аз реестрҳои шахсоне, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амал мекунанд, дар ҳолатҳои зерин хориҷ карда мешавад:

1) бо хоҳиши ҳамин шахс аз рўзи дигари аз ҷониби мақоми гумрук гирифтани аризаи хаттии шахс ҳангоми хориҷ намудан аз реестри дахлдор;

2) баъди ба охир расидани мўҳлати амали шаҳодатномае, ки қисми 2 моддаи 96, қисми 3 моддаи 111, қисми 2 моддаи 142, қисми 3 моддаи 229 ва қисми 3 моддаи 263 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, аз рўзи дигари ба охир расидани чунин мўҳлат;

3) ҳангоми қабул намудани қарори бозхонди шаҳодатнома – аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин қарор;

4) ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ баъди як рўзи аз ҷониби мақоми бақайдгиранда ба Реестри ягонаи давлатии шахси ҳуқуқӣ қайд намудани шахси ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни барҳамхўрӣ фаро мерасад;

5) ҳангоми боздоштани фаъолияти шахси ҳуқуқӣ дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ, ба истиснои дигаргунсозӣ – аз рўзи дигаре, ки азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охиррасида ҳисоб мешавад.

  1. Аз Реестри шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда хориҷ кардани шахси ҳуқуқӣ ин шахсро (вориси ҳуқуқии ўро) аз ўҳдадориҳои ба охир расонидани амалиёти гумрук оид ба интиқол ё нигоҳдошти моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта ё иҷрои дигар амале, ки ўҳдадории иҷрои он то хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ аз Реестри дахлдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба миён омадааст, озод намекунад.

 

БОБИ 4. ИТТИЛОЪДИҲӢ ВА МУШОВАРА

 

Моддаи 22. Гирифтани иттилоот оид ба сабабҳои қабули қарор, амали (беамалии) содиршуда

  1. Шахсе, ки нисбати вай аз ҷониби мақоми гумрук ё шахси мансабдор қарор қабул гардидааст ё амале анҷом дода шудааст, инчунин шахсе, ки то гузашти мўҳлати муайян нисбати вай қарор қабул нашудааст ё ки бояд иҷро гардад, вале иҷро нашудааст, ҳуқуқ дорад ба ин мақоми гумрук оид ба сабаб ва асосҳои қабул шудани қарор ё амали иҷрошуда ё сабабҳои қабул нашудани қарор ё анҷом надодани амали дахлдор муроҷиат намояд, агар ин мустақиман ё ба таври инфиродӣ ба ҳуқуқ ва манфиатҳои шахси номбаршуда дахл дошта бошад.
  2. Дархост бояд дар давоми шаш моҳи қабули қарор, иҷрои амал (беамалӣ) ё ба анҷом расидани мўҳлати қабули онҳо ё иҷрои амал ё аз рўзе, ки ин шахс оид ба қабули қарор ё анҷом додани амал (беамалӣ) огоҳ гардидааст, пешниҳод карда шавад.
  3. Шахси манфиатдор барои пешниҳоди маълумоти зарурӣ метавонад ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ бо дархост муроҷиат намояд. Дархости шифоҳӣ бояд аз ҷониби мақоми гумрук дар рўзи қабули дархост баррасӣ карда шавад. Ҳангоми додани дархости хаттӣ ба он бояд дар давоми 10 рўзи гирифтани дархостнома хаттӣ ҷавоб дода шавад.

 

Моддаи 23. Иттилоот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ

  1. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва дигар мақомоти гумрук дастрасии ройгони иттилоотро вобаста ба санади ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин менамоянд.
  2. Мақомоти гумрук дар хусуси санади ҳуқуқии таҳияшаванда, инчунин оид ба тағйиру иловаҳо ба санади ҳуқуқии эътибори қонунӣ пайдонакарда дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дастрасии иттилоотро таъмин менамоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки огоҳсозии қаблӣ оид ба таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ барои гузаронидани назорати гумрукӣ монеа мешавад ё ба паст гардидани самаранокии онҳо мусоидат менамояд.
  3. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ дар нашрияҳои расмии худ чопи санадҳои ҳуқуқиеро, ки ҳамин мақомот қабул кардаанд, инчунин санадҳои қонунгузории гумрукӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таъмин менамояд.

 

Моддаи 24. Машварат оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва дигар масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти мақомоти гумрук қарор доранд

  1. Ҳангоми машварат бояд на танҳо иттилооти даххостшуда, балки ҳама гунна иттилооти ба кор иртиботдоштае, ки мақомоти гумрук ба маълумоти шахси манфиатдор расонидани онро мувофиқи мақсад медонанд, пешниҳод гардад. (ЗРТ от 03.07.2012г., №845)

Мақомоти гумрук ба шахсони манфиатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки таҳти салоҳияти ин мақомот қарор доранд, машварат медиҳанд. Сардори мақоми гумрук (шахси ивазкунандаи вай) шахсони мансабдори мақомоти гумрукро, ки ба гузаронидани машварат ваколатдоранд, муайян менамояд. Иттилоот оид ба дархости шахси манфиатдор дар мўҳлати кўтоҳтарин, вале на дертар аз як моҳи гирифтани чунин дархост пешниҳод карда мешавад.

  1. Машварат аз ҷониби мақомоти гумрук ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ ройгон дода мешавад. Бо талаби шахси манфиатдор мақоми гумрук вазифадор аст иттилоотро дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд, ки он барои қабули қарор ё иҷрои амал (беамалӣ) аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми анҷом додани амалиёти гумрукӣ нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт асос шуда наметавонад.
  2. Мақомоти гумрук барои зараре, ки дар натиҷаи таҳрифи матни санади ҳуқуқии бе огоҳонӣ ва назорати онҳо интишоршуда расонида шудааст, инчунин барои зараре, ки дар натиҷаи машварати ғайритахассусии шахсони барои гузаронидани чунин машварат салоҳиятнадошта расонида шудааст, масъул намебошанд.

 

БОБИ 5. ОМОРИ ГУМРУКӢ

 

Моддаи 25. Омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ба мақсади таҳлили вазъи тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ, назорати асъор, таҳлили ҳолат, афзоиш ва рушди тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланси савдою пардохт ва дар маҷмўъ иқтисодиёт мақомоти гумрук ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотро оид ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ анҷом дода, маълумоти омори тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, пешниҳод мекунанд.

Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ маълумоти омори гумрукиро оид ба тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ маълумоти омори мақомоти гумрукро оид ба тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиб ва мўҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор менамояд.

  1. Омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда мешавад.
  2. Омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи методологияе, ки муқоисаи маълумотро оид ба тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорони тиҷорати хориҷии он таъмин менамояд, пеш бурда мешавад.

 

Моддаи 26. Омори гумрукии махсус

  1. Мақомоти гумрук бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда омори гумрукии махсусро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрук ба роҳ мемонанд.
  2. Маълумоти омори гумрукии махсус аз ҷониби мақомоти гумрук танҳо барои мақсадҳои гумрукӣ истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 27. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки барои мақсадҳои оморӣ истифода мешаванд

  1. Барои мақсадҳои омор ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки шахсон тибқи муқаррароти ҳамин Кодекс пешниҳод мекунанд, истифода бурда мешаванд.
  2. Нисбати иттилооте, ки барои мақсадҳои омор истифода мешавад, муқаррароти пешбининамудаи моддаи 9 ҳамин Кодекс татбиқ мегардад.

 

Боби 6. КИШВАРИ ИСТЕҲСОЛКАРДАИ МОЛ, НОМГЎИ МОЛҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

 

Моддаи 28. Соҳаи истифодаи ҳамин боб

  1. Муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол тибқи муқаррароти пешбининамудаи ҳамин боб дар ҳамаи ҳолатҳое, ки истифодаи тадбирҳои танзими тарифи гумрукӣ ва мамнўияту маҳдудиятҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба кишвари истеҳсолкардаи мол вобаста бошад, муайян карда мешавад.
  2. Қоидаҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол бо мақсади татбиқи тарифҳои имтиёзнок (преференсияҳо) ё беимтиёзи сиёсати тиҷорат муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 29. Муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол

  1. Кишвари истеҳсолкардаи мол кишваре ба ҳисоб меравад, ки дар он мол пурра истеҳсол шудааст (моддаи 30) ё тибқи мизони муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ё тартиби муайяннамудаи ҳамин Кодекс мавриди коркарди ҳамаҷониба қарор гирифтааст (моддаи 31). Ҳамзамон кишвари истеҳсолкардаи мол метавонад гурўҳи кишварҳо ё иттиҳоди гумрукҳои кишварҳо ё минтақа ё қисми кишвар фаҳмида шавад, агар ин барои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол зарур бошад.
  2. Бо дархости декларант ё шахси дигари манфиатдор мақомоти гумрук оид ба муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол тибқи моддаҳои 41 – 44 ҳамин Кодекс қарори пешакӣ қабул менамоянд.

 

Моддаи 30. Моле, ки пурра дар ин кишвар истеҳсол карда шудааст

Моли пурра дар ин кишвар истеҳсолкардашуда инҳо ҳисобида мешаванд:

1) канданиҳои фоиданоке, ки аз қаъри замини ҳамин кишвар ва ҳудуди баҳрҳо ва қаъри баҳрҳои он гирифта шудаанд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) маҳсулоти растанӣ, ки дар ҳамин кишвар парвариш ва ҷамъоварӣ карда шудаанд;

3) чорвое, ки дар ҳамин кишвар тавлид ва парвариш ёфтааст;

4) маҳсулоти дар ҳамин кишвар аз чорвои дар он ҷо парваришёфта гарифта шудааст;

5) маҳсулоте, ки дар натиҷаи шикор ё моҳидорӣ дар ҳамин кишвар гирифта шудааст;

6) маҳсулоти шикори моҳӣ аз баҳр ва дигар маҳсулоти моҳӣ, ки дар киштии баҳрии ҳамин кишвар коркард шудааст;

7) маҳсулоте, ки дар киштиҳои коркарди баҳрии ҳамин кишвар пурра аз маҳсулоти дар банди 6 ҳамин модда зикршуда гирифта шудааст;

8) маҳсулоти аз қаъри баҳрҳо ва сарватҳои зери заминӣ берун аз ҳудуди баҳрии ҳамин давлат гирифташуда, ба шарте ки ҳамин давлат барои коркарди қаъри ин баҳр ва сарватҳои зери заминӣ ҳуқуқи истисноӣ дошта бошад; (ЗРТ от 03.07.2012г., №845; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

9) шикастапораҳо ва партовҳо (ашёи дуюмдараҷа), ки дар натиҷаи истеҳсолот ё амалиёти дигар оид ба коркард дар ин ё он кишвар истеҳсол шудаанд, инчунин маҳсулоти қаблан истифодашуда, ки дар ҳамин кишвар ҷамъоварӣ гардида, танҳо барои коркарди он ба сифати ашё ба кор меояд;

10) маҳсулоти технологияҳои олӣ, ки дар объектҳои кайҳоние гирифта шудааст, ки дар фазои кайҳонӣ қарор доранд, агар ҳамин кишвар кишвари бақайдгирии объекти дахлдори кайҳонӣ бошад;

11) моле, ки дар ҳамин кишвар маҳз аз маҳсулоти дар бандҳои 1 – 10 ҳамин модда зикргардида тайёр шудааст;

12) қувваи барқе, ки дар ҳудуди ҳамин кишвар истеҳсол шудааст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 31. Мизони (критерияҳои) коркарди кифоя

  1. Агар дар истеҳсоли мол ду ё зиёда кишвар иштирок намояд, кишвари истеҳсолкардаи мол кишваре ҳисоб меёбад, ки дар он амалиёти охирини коркард ё истеҳсоли моли тибқи муқаррароти ҳамин модда ҷавобгўи мизони коркарди дахлдор мебошад, сурат гирифтааст.
  2. Агар нисбати намуди моли алоҳида ё ягон кишвар хусусиятҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи моле, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, тибқи қисми 4 ҳамин модда махсус зикр нагардад, қоидаи умумӣ татбиқ карда мешавад. Мол маҳсули ҳамон кишваре ба ҳисоб меравад, ки агар дар натиҷаи амалиёти коркард ё истеҳсоли мол рамзи таснифотии мол нисбати Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар сатҳи ҳама гуна чор аломати аввали он тағйир ёфта бошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)
  3. Сарфи назар аз муқаррароти пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, ин амалиётҳо ҷавобгўи мизони дахлдори коркард ҳисобида намешаванд:

1) амалиёти ҳифзи мол ҳангоми нигаҳдошт ва интиқоли он;

2) амалиёти омода намудани мол барои фурўш ва интиқол (тақсими партияи мол), ташкили ирсолот, навбандӣ, бастабандии нав);

3) амалиёти оддии сарҷамъ кардан ва амалиёти дигаре, ки иҷрои он ҳолати молро мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан тағйир намедиҳад;

4) якҷоякунии моле, ки дар кишварҳои мухталиф истеҳсол шудааст, агар хусусияти маҳсулоти ниҳоӣ аз хусусияти моли якҷояшаванда фарқи калон надошта бошад.

  1. Барои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизони коркарди куллии мол низ дар чунин ҳолатҳо истифода бурда мешавад:

1) анҷом додани амалиёти муайяни истеҳсолӣ ё технологӣ барои он, ки кишвари истеҳсолкардаи мол ҳамон кишваре ҳисобида шавад, ки амалиёт дар он сурат гирифтааст,

2) тағйир додани арзиши мол, ҳангоме  ки ҳиссаи фоизии арзиши масолеҳи истифодашуда ё арзиши изофашуда ба ҳиссаи муқарраргардидаи нархи маҳсулоти ниҳоӣ  баробар мешавад (қоидаи ҳиссаи адвалорӣ).

  1. Ҳангоми муайян намудани тартиби татбиқи мизони коркарди дахлдори моли алоҳидае, ки аз кишварҳои барояшон тарифи имтиёзнок фароҳамовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешавад. Бо мақсади пешниҳоди тарифи имтиёзнок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад шартҳои истифодаи хариди мустақим ва интиқоли мустақими молро муайян намояд.

 

Моддаи 32. Хусусиятҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол

  1. Моли ба партияҳо ҷудокардашуда ё васл карданашудае, ки бинобар шароити истеҳсолӣ ё нақлиётӣ имконияти як партия карда фиристоданаш вуҷуд надорад, ҳамчунин моле, ки як партияаш иштибоҳан ба чанд партия тақсим карда шудааст, бо хоҳиши декларант ҳангоми муайян кардани кишвари истеҳсолкардаи мол бояд ҳамчун моли ягона, яклухт дониста шавад.
  2. Шартҳои истифодаи қисми 1 ҳамин модда аз инҳо иборатанд:

1) пешакӣ огоҳонидани мақоми гумрук аз моли ба қисмҳо ҷудо кардашуда ё васл карданашудае, ки ё  бо якчанд партия фиристода шудааст, бо зикри сабаби чунин молрасонӣ ва пешниҳоди мушаххасоти ҳар як дастаи мол бо зикри рамзи таснифотии мол мувофиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, арзиш ва кишвари истеҳсолкардаи мол, ки ба ҳар як дастаи мол дахл дорад ё пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иштибоҳан ба чанд даста тақсим карда шудани мол;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)

2) тамоми дастаи молро аз як давлат фиристодани як боррасон,

3) декларатсия кардани тамоми дастаи мол дар як мақоми гумрук,

4) ворид намудани тамоми дастаи мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлате, ки аз рўзи декларатсияи гумрукиро қабул кардани мақоми гумрук ё ба анҷом расидани мўҳлати пешниҳоди декларатсия кардани дастаи аввали мол бештар аз як сол набошад. Бо дархости асосноки декларант ин мўҳлат аз ҷониби мақоми гумрук ба мўҳлати барои ворид намудани тамоми дастаи ин мол зарурӣ дароз карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва асбобу анҷоме, ки барои истифодаи мошину таҷҳизот ва дастгоҳу воситаҳои нақлиёт заруранд, маҳсули ҳамон кишваре ба ҳисоб мераванд, ки мошину таҷҳизот, дастгоҳу воситаҳои нақлиёт ба онҳо марбутанд, ба шарте ки ин таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ ва асбобу анҷом ҳамроҳи ҳамин мошину таҷҳизот, дастгоҳҳо ё воситаҳои нақлиёт ба миқдоре якҷоя оварда ва истифода бурда шаванд, ки маъмулан онҳоро бо ин таҷҳизот мефиристанд.
  2. Бастабанде, ки дар он мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, низ маҳсули ҳамон кишваре дониста мешавад, ки дар он мол истеҳсол шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки бастабанди мол бояд алоҳида декларатсия карда шавад. Дар ин ҳолат кишвари истеҳсоли бастабанд алоҳида аз кишвари истеҳсолкардаи мол муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 33. Тасдиқи кишвари истеҳсолкардаи мол

  1. Барои тасдиқи кишвари истеҳсолкардаи мол мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз ин кишвар мувофиқи ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 36 ҳамин Кодекс пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи молро талаб намояд.
  2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол аз ин ё он кишвар декларатсияи истеҳсоли мол (моддаи 34) ё дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати истеҳсоли мол мебошад (моддаи 35).

 

Моддаи 34. Декларатсияи истеҳсоли мол

  1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол тибқи ҳамин Кодекс метавонад декларатсияи истеҳсоли мол бошад, ки дар шакли озод таҳия шудааст, ба шарте ки дар он маълумот оид ба муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол зикр шуда бошад. Ба сифати чунин декларатсия метавонанд ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои мансуб ба мол истифода гарданд, ки дорои маълумот оид ба кишвари истеҳсолкардаи мол буда, аз ҷониби тайёркунанда, фурўшанда ё содиркунанда вобаста ба содир намудани мол таҳия шудаанд.
  2. Агар дар декларатсияи истеҳсоли мол маълумот оид ба кишвари истеҳсолкардаи мол ба мизоне асос ёфта бошад, ки аз мизони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 30 ва 31) истифодашаванда фарқ мекунад, кишвари истеҳсолкардаи мол мувофиқи мизоне муайян карда мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад.

 

Моддаи 35. Сертификати истеҳсоли мол

  1. Сертификати истеҳсоли мол ҳуҷҷатест, ки кишвари истеҳсолкардаи молро бе чунучаро тасдиқ менамояд ва аз ҷониби мақоми ваколатдор ё ташкилотҳои ҳамин кишвар ё кишварҳои содиркунанда дода шудааст, агар дар кишвари содиркунанда сертификат дар асоси маълумоти кишвари истеҳсолкардаи мол дода шавад.

Агар дар сертификати истеҳсоли мол маълумот оид ба кишвари истеҳсолкардаи мол ба мизоне асос ёфта бошад, ки аз мизони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 30 ва 31) истифодашаванда фарқ дорад, кишвари истеҳсолкардаи мол мувофиқи мизоне муайян карда мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад.

  1. Ҳангоми содир намудани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати истеҳсоли мол, агар сертификати мазкур мувофиқи шартҳои қарордод, мувофиқи қоидаҳои миллии кишвари воридкунандаи мол зарур бошад ё агар мавҷуд будани сертификати мазкур тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад, аз ҷониби мақомот ё ташкилоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Мақомот ва ташкилотҳое, ки сертификати истеҳсоли молро додаанд, вазифадоранд нусхаи он ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар асоси онҳо кишвари истеҳсолкардаи мол тасдиқ шудааст, дар давоми чор сол нигаҳ доранд.

  1. Сертификати истеҳсоли мол ҳамзамон бо декларатсияи гумрукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукии моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми гум кардани сертификат нусхаи расман тасдиқшудаи он қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар сертификати истеҳсоли мол ба таври зарурӣ ба расмият дароварда нашуда бошад (тасҳеҳшуда, ифлос, тасҳеҳоти тасдиқнашуда, имзо ва мўҳрҳои дахлдор надорад, маълумоти дар сертификат зикршуда имконият намедиҳад муносибати он бо моли декларатсияшаванда муқаррар карда шавад, дар сертификат кишвари истеҳсолкардаи мол ё меъёрҳои он, ки дар асоси онҳо дар бораи кишвари истеҳсолкардаи мол хулоса бароварда шудааст, аниқ муайян карда нашудааст, ба шарте ки зикри ин мизон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ бошад) ё агар муайян гардад, ки сертификат дорои маълумоти носаҳеҳ мебошад, мақоми гумрук ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдор ё ташкилотҳои давлатӣ, ки сертификати кишвари истеҳсолкардаи молро додаанд, бо хоҳиши пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё дақиқсозандаи маълумот муроҷиат намояд.
  3. Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдор ё ташкилотҳои кишваре, ки сертификати истеҳсоли молро додаанд, бо хоҳиши пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё дақиқсозандаи маълумот, инчунин бо мақсади гузаронидани санҷиши ҷузъӣ муроҷиат намояд. Гузаронидани чунин санҷиш барои ба муомилот иҷозат додани мол дар асоси маълумот оид ба кишвари истеҳсолкардаи он, ки ҳангоми барасмиятдарории гумрукии он истифода шудааст, монеа шуда наметавонад.

 

Моддаи 36. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол

  1. Ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол дар сурате нишон дода мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати истеҳсолкардаи чунин мол тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои тарифӣ фароҳам оварад. Дар ин ҳолат ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол ҳамзамон бо пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ба мақомоти гумрук манзур мегардад. Дар айни замон имтиёзҳои тарифии фароҳамоварда метавонанд бо зарурати пешниҳоди сертификати кишвари истеҳсолкардаи мол тибқи намунаи муайяни пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок карда шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи молро, дар ҳолатҳои алоҳида танҳо ҳангоми муайян намудани носаҳеҳии маълумоти зикргардида оид ба кишвари истеҳсолкардаи мол, ки барои татбиқи меъёри боҷи гумрукӣ ва андоз ва (ё) мамнўият ва маҳдудиятҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъсир мерасонанд, талаб намоянд.

  1. Сарфи назар аз муқаррароти пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол дар ҳолатҳои зайл талаб карда намешавад:

1) агар моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба низоми гумрукии байналмилалии транзит ё низоми гумрукии воридоти муваққатӣ бо пешниҳоди пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз манзур шуда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақомоти гумрук нишонаҳоеро ошкор намудаанд, ки кишвари истеҳсолкардаи мол давлате мебошад, ки воридоти молаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё транзити он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) агар арзиши умумии моли аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда, ки дар як вақт ва бо як усул, аз тарафи як интиқолдиҳанда ба номи як қабулкунанда, дар як воситаи нақлиёт, бо як борхати молу нақлиёт фиристодашуда, то 400 маоши ҳадди ақал баробар бошад;

3) агар мол аз сарҳади гумрукӣ аз ҷониби шахси воқеӣ тибқи боби 37 ҳамин Кодекс интиқол дода шавад;

4) дар ҳолатҳои дигаре, ки  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

Моддаи 37. Шартҳои иловагии иҷозати мол ҳангоми муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи он

  1. Дар ҳолатҳои мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол ё ҳангоми ошкор шудани нишонаҳои он ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дуруст ба расмият дароварда нашудаанд ва (ё) дорои маълумоти носаҳеҳ мебошанд, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол ё дақиқкунандаи маълумот:

1) агар мақомоти гумрук нишонаҳоеро ошкор намуда бошанд, ки кишвари истеҳсолкардаи мол кишварест, ки муносибати тиҷоратию сиёсӣ бо он низоми мусоидаткунандаи миллиро пешбинӣ наменамояд ё пардохти боҷҳои гумрукӣ аз рўи меъёрҳои зикргардида пешниҳод карда мешавад боҷҳои гумрукии мол бояд аз рўи меъёрҳое пардохта шаванд,  ки  онҳо нисбати моли кишваре истифода мешаванд, ки муносибатҳои тиҷоратию сиёсӣ бо онҳо низоми нисбатан мусоидаткунандаи миллиро пешбинӣ накардаанд;

2) агар мақоми гумрук нишонаҳои онро ошкор намояд, ки кишвари истеҳсолкардаи мол давлатест, ки нисбати воридоти моли он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият муқаррар карда шудааст, барои муомилоти мол ба шарти аз ҷониби декларант пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳое иҷозат дода мешавад, ки риоя гардидани маҳдудиятҳои муқарраршуда ё таъмини пардохти боҷҳои зиддидемпингӣ ё ҷуброниро тасдиқ намояд;

3) агар мақоми гумрук нишонаҳоеро ошкор кунад, ки кишвари истеҳсолкардаи мол кишваре буда метавонад, ки воридоти моли он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, дар ин ҳолат барои муомилоти мол иҷозат дода намешавад.

  1. Нисбати моли дар банди 1 қисми 1 ҳамин модда зикргардида низоми имтиёзнок ё низоми нисбатан мусоидаткунандаи миллӣ татбиқ (барқарор) мешавад, агар баъди 1 соли қабули декларатсияи гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумрук кишвари истифодаи чунин мол тасдиқ гардад. Дар ин ҳолат маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози пардохтшуда мувофиқи моддаи 397 ҳамин Кодекс баргардонида мешавад.

 

Моддаи 38. Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

  1. Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти амалияи байналмилалии системаи таснифоти қабулгардидаи мол тасдиқ карда мешавад.
  2. Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои андешидани тадбири танзими гумрукию тарифӣ ва ғайритарифӣ, инчунин намудҳои дигари фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, пешбурди омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 39. Пешбурди Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро пеш мебарад.

Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ:

1) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар созмонҳои байналмилалӣ дар бобати таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо, тафсир ва татбиқи асосҳои байналмилалии Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ намояндагӣ мекунад;

2) ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба асосҳои байналмилалии Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тавзеҳи байналмилалии онҳо ва қарорҳо оид ба тафсири ин асосҳо назорат менамояд;

3) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқгардонии Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба асосҳои байналмилалии он пешниҳод манзур медорад;

4) бо мақомоти давлатии манфиатдор ҷиҳати таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешниҳодот тартиб медиҳад;

5) нусхаи назоратии Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро таҳия намуда, ҳамзамон ба талабот нигоҳ медорад;

6) нашри Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тавзеҳи байналмилалӣ ва қарорҳо оид ба тафсири асосҳои байналмилалиро таъмин менамояд;

7) қарорҳои иҷрояшон ҳатмиро оид ба таснифоти моли алоҳида таҳия, тасдиқ ва нашр менамояд;

8) вазифаҳои дигареро, ки барои пешбурди Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ заруранд, ба ҷо меоварад.

  

Моддаи 40. Таснифоти (классификатсияи) мол

  1. Мол ҳангоми декларатсиякунонӣ дар мақомоти гумрук (боби 14) бояд мавриди таснифот қарор гирад, яъне нисбати мол тибқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ рамзи таснифотӣ муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)
  2. Мувофиқи дархости декларант мақомоти гумрук оид ба таснифи мол мувофиқи моддаҳои 41 – 44 ҳамин Кодекс пешакӣ қарор қабул менамоянд.
  3. Дар ҳолатҳои муайян намудани вайронкунии қоидаҳои таснифи мол ҳангоми декларатсиякунонӣ мақоми гумрук ҳуқуқ дорад молро мустақилона тасниф намояд.
  4. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар хусуси таснифи намудҳои алоҳидаи мол қарор қабул карда, нашр менамояд.
  5. Қарорҳои мақомоти гумрук дар хусуси таснифи мол ҳатмӣ мебошанд. Декларант ҳуқуқ дорад нисбати чунин қарорҳо мувофиқи боби 7 ҳамин Кодекс шикоят намояд.

 

Моддаи 41. Қабули қарори пешакӣ

  1. Мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақомоти гумрукӣ, ки аз ҷониби он муайян карда мешаванд, тибқи дархости шахси манфиатдор мувофиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар бораи таснифоти мол нисбати моли мушаххас, дар бораи истеҳсоли мол аз кишвари мушаххас (кишвари истеҳсолкардаи мол) қарори пешакӣ қабул менамояд.
  2. Шакл ва тартиби қабули қарори пешакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 42. Дархост дар бораи қабули қарори пешакӣ

  1. Шахсе, ки ба қабули қарори пешакӣ манфиатдор аст, ба мақоми дахлдори гумрук нисбати қабули қарори пешакӣ дархостнома ирсол менамояд.

Ин дархостнома бояд барои қабули қарори пешакӣ дорои ҳамаи маълумоти зарурӣ бошад. Ба дархостнома бояд чошнию намуна, тафсиру  сурат, тасвир, нақша, ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо замима карда шаванд.

Дархостнома дар бораи қабули қарори пешакӣ дар мўҳлати муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» баррасӣ мегардад.

  1. Агар маълумоти дар дархостномаи қабули қарори пешакӣ зикрнамудаи аризадиҳанда барои қабули қарори пешакӣ нокифоя бошад, мақоми гумрук дар давоми 30 рўзи гирифтани чунин дархостнома аризадиҳандаро аз зарурати пешниҳоди маълумоти иловагӣ огоҳ менамояд ва мўҳлати пешниҳоди онро таъин мекунад. Ҳангоми дар мўҳлати муайяншуда пешниҳод накардани маълумоти иловагӣ дархостнома дар бораи қабули қарори пешакӣ рад карда мешавад.

Рад намудани дархостномаи қабули қарори пешакӣ ба муроҷиати такрории аризадиҳанда, ки қабули қарори пешакиро дархост кардааст, монеа намегардад, ба шарти рафъ карда шудани сабабҳое, ки боиси радди дархостномаи мазкур гардида буданд.

 

Моддаи 43. Моҳияти ҳуқуқӣ ва мўҳлати амали қарори пешакӣ

Қарори пешакӣ барои ҳамаи мақомоти гумрук ҳатмӣ мебошад. Қарори пешакӣ аз рўзи қабул гардиданаш ба мўҳлати 3 сол амал мекунад, ба шарте  ки он тағйир наёфта ё бозхонд нашуда ё амали он тибқи моддаи 44 ҳамин Кодекс қатъ нашуда бошад.

 

Моддаи 44. Қатъи амал, тағйир додан ё бозхондани қарори пешакӣ

  1. Мақомоти гумрук метавонанд дар бораи қатъи амали қарори пешакӣ, тағйир додан ё бозхондани қарори пешакии қабулнамудаи худ ё мақомоти поёнии гумрук (тағйир додан ё бозхондани қарори пешакӣ, ки худашон ё мақомоти поёнии гумрук қабул кардаанд) танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда қарор қабул кунанд.

Қарор дар бораи қатъи амал, тағйир додан ва бозхондани қарори пешакӣ ба шахсе, ки барояш қарори пешакӣ дода шудааст, дар шакли хаттӣ, дар рўзи дигари қабул гардидани қарор дар бораи қатъи амал, тағйир додан ё бозхондани қарори пешакӣ фиристода мешавад.

  1. Агар қарор дар бораи амали қарори пешакӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакии пешниҳоднамудаи аризадиҳанда қабул шуда бошад, он бекор карда мешавад. Қарор дар бораи қатъи амали қарори пешакӣ аз рўзи қабули қарори пешакӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
  2. Қарори пешакӣ дар бораи таснифоти мол ҳангоми аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ қабул намудани қарор дар бораи таснифоти моли алоҳида, ки иҷрои он барои мақомоти гумрук ҳатмӣ мебошад, инчунин дар сурати ошкор намудани норасоиҳо ҳангоми қабули қарори пешакӣ тағйир дода мешавад.

Тағйирот дар мўҳлати дар қарори тағйир додани қарори пешакӣ зикршуда, аммо на камтар аз 3 моҳи баъди рўзи қабули қарор дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори пешакӣ эътибор пайдо мекунад.

  1. Қабули қарори пешакӣ метавонад дар ҳолатҳои зайл бозхонда шавад:

1) ҳангоми тағйирёбии Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии гумрукӣ қабул шудани қарорҳои таснифотие, ки барои татбиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд;

2) агар тибқи созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол тартиб ва шартҳои дигари муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол муқаррар карда шуда бошанд.

Қарор дар бораи бозхонди қарори пешакӣ бояд дар давоми 3 рўзи баъди интишори санадҳои номбаршуда қабул гардад ва ҳамзамон бо он эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

  1. Қарор дар бораи тағйир додан ё бекор кардани қарори пешакӣ оид ба муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол метавонад аз ҷониби суд аз нав баррасӣ гардад.

 

БОБИ 7. ШИКОЯТ  АЗ ҚАРОР, АМАЛИ (БЕАМАЛИИ) МАҚОМОТИ ГУМРУК ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ОНҲО

 

Моддаи 45. Ҳуқуқ барои шикоят

Ҳар шахс ҳуқуқ дорад нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ё шахсони мансабдори онҳо шикоят намояд, ба шарте  ки бо чунин қарор, амал (беамалӣ) ба ақидаи ин шахс, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ў поймол карда ё барои амалӣ гаштани онҳо монеаҳо эҷод шуда ё ғайриқонунӣ ба зиммаи ў ўҳдадории нав гузошта шуда бошад.

 

Моддаи 46. Тартиби пешниҳоди шикоят

  1. Аз қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ё шахсони мансабдори онҳо ба мақомоти гумрук, прокуратура ва (ё) суд шикоят кардан мумкин аст.

Пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахсони мансабдори онҳо ба мақомоти гумрук имконияти ҳамзамон ё минбаъд ба прокуратура ё суд пешниҳод намудани шикоятномаи дорои ҳамин мазмунро истисно наменамояд. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо, ки ба мақомоти гумрук, прокуратура ё суд ирсол шудааст, аз ҷониби ҳамин мақомот баррасӣ мегардад.

  1. Тартиби пешниҳоди шикоят, тартиби баррасӣ ва тартиби ҳалли шикояти ба прокуратура ва суд фиристодашавандаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  2. Тартиби пешниҳоди шикоят, баррасӣ ва ҳалли шикояте, ки ба мақомоти гумрук нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ё шахсони мансабдори онҳо ирсол шудааст, тибқи ҳамин боб муқаррар гардида, ҳангоми шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори он истифода бурда мешавад, ба истиснои қарорҳои мақомоти гумрук (шахсони мансабдори мақомоти гумрук) нисбати парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ.

 

Моддаи 47. Тартиби пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахсони мансабдори он ба мақомоти гумрук

  1. Нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ба мақоми болоии гумрук шикоят карда мешавад.

Шикоят нисбати амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук ба мақоми гумрукие, ки ин шахс хизматро адо мекунад (вазифаи давлатиро ишғол менамояд) ва агар нисбати қарори амали (беамалии) сардори мақоми гумрук бошад, ба мақоми болоии гумрук арз карда мешавад.

Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он метавонад мустақиман ба мақоми болоии гумрук, инчунин тавассути мақоми гумруке, ки нисбати қарор, амали (беамалии) он ё сардори он шикоят пешниҳод шудааст, дода шавад.

  1. Мақоми гумрук, ки нисбати қарор, амали (беамалии) он ё сардори он шикоят пешниҳод шудааст, онро бо маводи тасдиқкунанда ба мақоми болоии гумрук дар давоми 5 рўзи ворид шуданаш ирсол менамояд.

Агар мақоми гумруке, ки нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо шикоят гирифтааст, ҳуқуқи баррасиро надошта бошад, вазифадор аст дар мўҳлати 5 рўз онро ба мақоми гумруке фиристад, ки бояд мувофиқи ҳамин модда шикоятро баррасӣ намояд ва дар ин бора шахси шикоятнамударо ба таври хаттӣ огоҳ созад.

  1. Шикоят нисбаи ба қарор, амали (беамалии) мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба ҳамин маком пешниҳод карюда мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 48. Мўҳлати пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он

Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он метавонад дар мўҳлати як моҳ, вале ҳангоми пешниҳоди шикоят нисбати қарор оид ба андешидани ҷазои маъмурӣ дар ҳолатҳои зерин дар давоми даҳ рўз пешниҳод карда шавад:

1) аз рўзе, ки шахс дар бораи поймол гардидани ҳуқуқ, озодӣ ё манфиатҳои қонунӣ, гузоштани маҳдудият ҷиҳати амалӣ намудани онҳо ё ғайриқонунӣ ба зиммаи вай гузоштани ўҳдадориҳо огоҳ шудааст ё бояд огоҳ мегардид;

2) аз рўзи гузаштани мўҳлати муқарраршуда барои қабули қарор ё иҷрои амал аз ҷониби мақоми гумрук ё шахси мансабдори он, ки қабул ва иҷрои амал мувофиқи ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 49. Барқарор намудани мўҳлати пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он

  1. Ҳангоми гузаронидани мўҳлати пешниҳоди шикоят бо сабабҳои узрнок он метавонад тибқи аризаи шахси нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он бо шикоят муроҷиатнамуда аз ҷониби мақоми гумруки ваколатдори баррасии чунин шикоят барқарор карда шавад.
  2. Мўҳлати гузаронидашудаи шикоят ҳангоми воқеан барои баррасӣ қабул намудани шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахсони мансабдори он барқароршуда ҳисоб меёбад.

 

Моддаи 50. Шакл ва мазмуни шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахсони мансабдори он

  1. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он дар шакли хаттӣ супорида мешавад ва бояд аз ҷониби аризадиҳанда имзо карда шавад.
  2. Шахсе, ки бо шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он муроҷиат намудааст, метавонад ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳои дар шикоят зикршударо пешкаш нанамояд. Агар пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо барои баррасии шикояти мазкур дорои аҳамияти калон бошад ва ин ҳуҷҷатҳо дар мақоми гумруке, ки нисбати қарор, амали (беамалии) он ва шахси мансабдори он шикоят шудааст, мавҷуд набошад, мақоми гумруки баррасикунандаи шикояти мазкур ҳуқуқ дорад онҳоро аз шахси шикоятнамуда талаб кунад. Дар ин ҳолат мўҳлати баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои талабнамудаи мақоми гумрук, вале на бештар аз 3 моҳ боздошта мешавад. Ҳангоми аз ҷониби шахс пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои талабнамудаи мақоми гумрук қарор нисбати шикояти мазкур бе назардошти далелҳое, ки барои тасдиқи онҳо ҳуҷҷатҳо пешниҳод нашудаанд, қабул карда мешавад.

 

Моддаи 51. Оқибати пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали мақоми гумрук ё шахси мансабдори он

  1. Пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали мақоми гумрук ва шахси мансабдори он иҷрои қарор ва амали таҳти шикоят қарордоштаро бознамедорад.
  2. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои гумони он, ки шикоят нисбати қарор ё амал мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, инчунин дар ҳолате ки агар бознадоштани иҷрои қарор, амал метавонад хусусияти бебозгашт дошта бошад, мақоми гумруки баррасикунандаи шикоят ҳуқуқ дорад иҷрои қарор ва (ё) амали шикоятшавандаро то қабули қарор вобаста ба моҳияти шикоят пурра ё қисман боздорад.

 

Моддаи 52. Асосҳо барои моҳиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он

  1. Агар мўҳлати муқарраргардидаи пешниҳоди шикоят риоя нашуда бошад ва шахс дар бораи барқарор намудани мўҳлати гузаронидаи пешниҳоди шикоят бо ариза муроҷиат накарда бошад ё худ аризаи барқароркунии мўҳлати гузашта барои шикоят рад карда шуда бошад, мақоми гумрук метавонад баррасии шикоятро нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва ё шахси мансабдори он моҳиятан рад намояд.
  2. Қарор ҳангоми моҳиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он бояд дар давоми 3 рўзи воридшавии шикояти мазкур қабул карда шавад.
  3. Оид ба қарори мақомоти гумрук дар бораи моҳиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он ба мақоми болоии гумрук ё суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 53. Бозхонди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он

  1. Шахсе, ки нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он бо шикоят муроҷиат кардааст, метавонад то қабули қарор оид ба шикоят дар ҳама ҳолат шикояти худро бозхонад.
  2. Шикояти такрорӣ оид ба ҳамин масъала метавонад дар доираи мўҳлати муқаррарнамудаи моддаи 48 ҳамин Кодекс пешниҳод карда шавад.

 

Моддаи 54. Мақоми гумруке, ки шикоятро нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он баррасӣ менамояд

  1. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук аз ҷониби мақоми болоии гумрук баррасӣ карда мешавад.
  2. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук аз ҷониби мақоми гумруке, ки ин шахс дар он хизмат менамояд (вазифаи давлатиро ишғол менамояд) ва шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) сардори мақоми гумрук аз ҷониби мақоми болоии гумрук баррасӣ карда мешавад.
  3. Аз номи мақоми гумрук қарор дар бораи шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори онро сардори ҳамин мақоми гумрук ё шахси мансабдори аз ҷониби он ваколатдоршуда қабул менамояд. Ҳамзамон шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он наметавонад аз ҷониби шахси мансабдоре, ки қарори таҳти шикоят қарордоштаро қабул кардааст, амали (беамалии) таҳти шикоят қарордоштаро анҷом додааст ё шахсе, ки нисбат ба мансаби ишғолнамудаи он поёнтар қарор дорад, баррасӣ гардад.

 

Моддаи 55. Мўҳлати баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он

Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он бояд аз ҷониби мақоми гумрук дар давоми як моҳ аз рўзи воридшавӣ ва дар ҳолатҳое, ки омўзиш ва тафтиши иловагӣ талаб карда намешавад – дар давоми на зиёда аз 15 рўз баррасӣ гардад.

Агар барои баррасии шикоят гузаронидани тафтиши махсус, дархости ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё худ қабули дигар чораҳо тақозо гардад, сардори мақоми гумруки баррасикунандаи шикоят метавонад мўҳлати ҳалли шикоятро на бештар аз як моҳ тамдид намояд ва дар ин бора ба аризадиҳанда хаттӣ, бо зикри сабаби тамдид хабар диҳад. Мўҳлати умумии баррасии шикоят набояд аз ду моҳ зиёд бошад.

 

Моддаи 56. Қарори мақомоти гумрук оид ба шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он

  1. Амал ҷиҳати татбиқи қарори мақоми гумрук дар бораи қонеъ намудани шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук, шахси мансабдори он бояд аз ҷониби мақомоти гумрук, ки қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук, шахси мансабдори он ғайриқонунӣ дониста шудааст, дар давоми 5 рўзи корӣ аз рўзи ворид шудани ин қарор ба ин мақомот анҷом дода шавад, агар дар қарори мазкур мўҳлати дигаре муайян нашуда бошад.

Зараре, ки ба аризадиҳанда дар натиҷаи сари вақт иҷро накардани қарор расонида шудааст, мувофиқи моддаи 472 ҳамин Кодекс ҷуброн карда мешавад.

  1. Шахси мансабдори мақоми гумрук, ки шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори онро аз номи мақоми гумрук баррасӣ менамояд, ҳангоми ошкор намудани нишонаҳои гуноҳи шахси мансабдори мақомоти гумрук ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммаи шахси мансабдори мақоми гумрук гузошташуда барои ҷалби ин шахси мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ тибқи тартиби муқарраргардида тадбирҳо меандешад.
  2. Нусхаи қароре, ки оид ба баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он қабул гардидааст, ба шахси бо шикоят муроҷиаткарда дар доираи мўҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 55 ҳамин Кодекс фиристода мешавад. Дар қарор далелу асосҳои қабули он, инчунинмаълумот дар боари ҳуқуқи шахсибо шикоят муроҷиатнамуда ба овардани шикояти манбаъд нисбат ба қарори мазкур бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нишон дода шавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)
  3. Оид ба қарори мақоми гумрук нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он ба мақоми болоии гумрук ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 57. Тартиби соддагардонидашудаи шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук

  1. Тибқи тартиби соддагардонидашуда нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук ё дидбонгоҳи гумрукӣ вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ, ки арзиши он аз 400 маоши ҳадди ақал бештар намебошад, шикоят кардан мумкин аст.
  2. Тартиби соддагардонидашудаи шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук аз шикояти шифоҳии шахс мувофиқан ба шахси мансабдори мақоми болоии гумрук ё дидбонгоҳи гумрукӣ ва дар сурати шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) сардори дидбонгоҳи гумрук – ба сардори гумрук, ки дар минтақаи фаъолияти он чунин дидбонгоҳи гумрук қарор дорад, иборат мебошад.
  3. Баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук ба тартиби соддагардонидашуда бетаъхир анҷом дода шуда, қарор нисбати он фавран қабул карда мешавад.
  4. Ҳангоми шикоят тибқи тартиби соддагардонидашуда бо хоҳиши шахси нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук бо шикоят муроҷиатнамуда шахси мансабдори мақоми гумрук, ки ин шикоятро баррасӣ менамояд, дар бораи баррасии шикоят тибқи тартиби соддагардонидашуда акт таҳия менамояд, ки он дар бораи шахси мансабдори баррасикунандаи шикоят, шахси бо шикоят муроҷиатнамуда, мазмуни мухтасари шикоят ва қарори қабулшуда маълумотро дар бар мегирад. Ҳангоми рад кардани баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук тибқи тартиби соддагардонидашуда дар ҳамин акт сабабҳои чунин рад нишон дода мешавад. Шакли актро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд. Акти баррасии шикоятро нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук бо тартиби соддагардонидашуда шахси мансабдори мақоми гумрук, ки шикоятро баррасӣ намудааст ва шахсе, ки бо шикоят муроҷиат кардааст, имзо мегузоранд. Нусхаи акт дар бораи баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук тибқи тартиби соддагардонидашуда ба шахси бо шикоят муроҷиатнамуда супорида мешавад.
  5. Баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук тибқи тартиби соддагардонидашуда ва қабули қарор барои шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он тибқи тартиби умумӣ монеъ шуда наметавонад.

 

ФАСЛИ II. РАСМИЁТИ ГУМРУКӢ

 

ЗЕРФАСЛИ 1. БАРАСМИЯТДАРОРИИ ГУМРУКӢ

 

Боби 8. МУҚАРРАРОТИ АСОСИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ГУМРУКӢ

 

Моддаи 58. Доираи истифодаи ҳамин боб

Муқаррароти ҳамин боб ҳамаи амалиёти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукӣ интиқолшавандаро дар бар мегирад.

 

Моддаи 59. Тартиби барасмиятдарории гумрукӣ

  1. Барасмиятдарории гумрукӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он қабул гардидаанд, анҷом дода мешавад.
  2. Талаботи мақомоти гумрук ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ бояд асоснок ва тибқи талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва зарурияти таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шаванд.
  3. Тартиб ва технологияи барасмиятдарории гумрукӣ вобаста ба намуди моли аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда, навъи нақлиёти барои чунин интиқол истифодашаванда, гурўҳи шахсони интиқолдиҳандаи мол ва воситаҳои нақлиёт муқаррар карда мешавад.
  4. Амалиёти гумрукӣ сарфи назар аз кишвари истеҳсолкардаи мол, давлати ирсолкунанда ва таъиноти мол баробар татбиқ мешавад.

 

Моддаи 60. Оғоз ва анҷоми барасмиятдарории гумрукӣ

  1. Барасмиятдарори гумрукии мол чунин оғоз меёбад:

1) ҳангоми воридоти мол – дар лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи қаблии гумрукӣ ба мақоми гумрук ё ҳуҷҷатҳо тибқи моддаи 72 ҳамин Кодекс (вобаста ба он, ки кадом амал аввал анҷом дода мешавад) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс бошад, аризаи шифоҳӣ ё анҷоми амалҳои дигаре, ки дар бораи нияти шахс ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ гувоҳӣ медиҳанд;

2) ҳангоми содироти мол – дар лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс бошад, – аризаи шифоҳӣ ё анҷоми амалҳои дигаре, ки дар бораи нияти шахс ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ гувоҳӣ медиҳад.

  1. Барасмиятдарории гумрукӣ бо иҷрои амалиёти гумрукӣ, ки тибқи ҳамин Кодекс барои нисбати мол қабул намудани расмиёти гумрукӣ, ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукӣ ё анҷом додани амали ин низом, агар ин низоми гумрукӣ дар мўҳлати муайян амал намояд, инчунин барои ҳисоб ва пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз заруранд, хотима меёбад.

 

Моддаи 61. Иҷозати мақоми гумрук барои анҷом додани амалиёти гумрукӣ

  1. Агар барои анҷом додани амалиёти гумрукии алоҳида иҷозати мақоми гумрук зарур бошад, чунин иҷозат бетаъхир, баъди он, ки шахси мансабдори ваколатдори мақоми гумрук итминон пайдо намояд, ки шартҳои зарурии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои гирифтани чунин иҷозат иҷро шудаанд, дар мўҳлати на дертар аз санҷиши декларатсияи гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои дигар ва санҷиши мол (қисми 1 моддаи 400) дода мешавад.

Агар санҷиши риояи шартҳои додани иҷозат баъди додани он тавонад бе зарар барои назорати гумрукӣ анҷом пазирад ва агар ҳангоми минбаъд ошкор намудани риоя нашудани чунин шарт вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонад бартараф гардад, иҷозат то гузаронидани санҷиш дода мешавад.

  1. Агар дар ҳамин Кодекс пешбинӣ шуда бошад, ки иҷозат аз ҷониби мақоми гумрук дар шакли хаттӣ дода мешавад, тартиби додани чунин иҷозат ва шакли онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд.
  2. Иҷозати мақоми гумрук инчунин аз ҷониби мақоми гумрук анҷом додани амалҳои дигар низ ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 62. Маҳал ва вақти барасмиятдарории гумрукии мол

  1. Барасмиятдарории гумрукии мол дар маҳалҳои ҷойгиршавии мақомоти гумрук дар вақти кори ин мақомот анҷом дода мешавад.
  2. Бо дархости асосноки декларант ё шахси дигари манфиатдор амалиёти алоҳидаи гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ метавонад берун аз маҳали ҷойгиршавӣ ва берун аз вақти кори мақомоти гумрук тибқи моддаҳои 465 ва 466 ҳамин Кодекс анҷом дода шаванд.

 

Моддаи 63. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ заруранд

  1. Барои барасмиятдарории гумрукӣ шахсони дар ҳамин Кодекс муайянгардида бояд ба мақомоти гумрук ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро пешниҳод намоянд.

Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ пешниҳоди танҳо ҳамон ҳуҷҷатҳо ва маълумотеро талаб намоянд, ки барои таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд ва пешниҳоди онҳо тибқи ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст.

  1. Номгўи ҳуҷҷатҳо ва маълумот, талабот нисбати маълумоте, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ нисбати расмиёти мушаххаси гумрукӣ ва низомҳои гумрукӣ заруранд, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тибқи ҳамин Кодекс муайян карда мешавад. Ҳамзамон мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад номгўи маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро бо назардошти гурўҳи шахсони интиқолдиҳандаи мол ва воситаҳои нақлиёт, навъи мол, мақсади истифодаи мол, талаботи низомҳои гумрукӣ ё навъи нақлиёте, ки барои интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ истифода мешавад, ихтисор намояд. Мўҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зарурӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ, агар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муайян накарда бошад, аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Номгўи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ бояд расман интишор карда шаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки номгўи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро муайян менамояд, мутобиқи моддаи 4 ҳамин Кодекс эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
  3. Агар ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошанд, шакли ҳуҷҷатҳои гумрукиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян мекунад.
  4. Бо мақсади соддагардонӣ ва суръатбахшии барасмиятдарории гумрукӣ мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мақомоти гумрукии давлатҳои хориҷӣ дар бораи эътирофи муштараки ҳуҷҷатҳои барои мақсадҳои гумрукӣ истифодашаванда созишнома ба имзо мерасонад.
  5. Мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд қабули ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро аз сабаби дар онҳо мавҷуд будани маълумоти носаҳеҳ, ки ба муайян намудани андозаи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ба қабули қарори мақомоти гумрук нисбати мамнўият ва маҳдудиятҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир намерасонад, рад намоянд. Ҳангоми радди мақоми гумрук ҷиҳати қабули ҳуҷҷатҳои зикршуда ин мақом шахси пешниҳоднамудаи ҳуҷҷатҳоро дар бораи сабабҳои рад огоҳ менамояд. Бо дархости ҳамин шахс мақоми гумрук огоҳии мазкурро дар шакли хаттӣ пешниҳод менамояд.
  6. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ метавонанд дар шакли асл ё нусха пешниҳод карда шаванд, ки онҳоро шахси пешниҳоднамуда, декларант ё мақоми ваколатдоре, ки чунин ҳуҷҷатро додааст, тасдиқ намудаанд ё ба таври нотариалӣ тасдиқ шудаанд. Ҳангоми пешниҳоди нусхаи ҳуҷҷатҳои мазкур, ки шахси пешниҳоднамуда ё декларант тасдиқ кардааст, мақоми гумрук тибқи зарурат мувофиқати нусхаи чунин ҳуҷҷатҳоро бо асли онҳо муқоиса менамояд, сипас нусхаи асли ин ҳуҷҷатҳо ба шахси пешниҳоднамуда баргардонида мешавад.
  7. Ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ метавонанд тибқи ҳамин Кодекс дар шакли ҳуҷҷатҳои электронӣ пешниҳод карда шаванд.

 

Моддаи 64. Иштироки шахсони манфиатдор ва намояндагони онҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ

Шахсони манфиатдор ё намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд ва бо талаботи мақомоти гумрук вазифадоранд ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ иштирок намоянд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 65. Забони барасмиятдарории гумрукӣ

Барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҷумла пур кардани ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, бо забони давлатӣ ё забони муоширати байни миллатҳо анҷом дода мешавад. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад ҳолатҳои дигареро муайян намояд, ки мақомоти гумрук барои мақсадҳои гумрукӣ метавонанд ҳуҷҷатҳо ва маълумотро бо забонҳои хориҷие, ки шахсони мансабдори гумрукӣ ин забонро медонанд, қабул кунанд.

 

Моддаи 66. Барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати дигар мақомоти давлатӣ

Барасмиятдарорӣ танҳо баъди анҷом додани назорати давлатии санитарию карантинӣ, карантинию фитосанитарӣ, байторӣ ва намудҳои дигари назорати давлатии воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти онҳо аз ин ҳудуд сурат гирад, агар мол тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти муқаррароти пешбининамудаи қисми 3 моддаи 77 ҳамин Кодекс бояд ҳатман мавриди чунин назорат қарор гиранд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 67. Тартиби дар навбати аввал барасмиятдарории гумрукӣ

Ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди он содир намудани моле, ки барои рафъи оқибати офатҳои табиӣ, садамаҳо ва фалокат заруранд, инчунин моли зудвайроншаванда, ҳайвоноти зинда, маводи радиоактивӣ, муросилоти байналмилалии почта, бори экспресс, иттилоот ва маводи дигар барои воситаҳои ахбори омма, маводи барои мақомоти олии ҳокимият таъингардида ва дигар моли шабеҳ барасмиятдарории гумрукии онҳо ба таври соддагардонидашуда ва дар навбати аввал анҷом дода мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 68. Расмиёти соддагардонидашудаи махсус барои  барасмиятдарории гумрукии шахсони алоҳида

  1. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукии шахсони алоҳида расмиёти соддагардонидашудаи махсусро муқаррар менамояд, ки:

1) дар рўзи муроҷиат ба мақомоти гумрук нисбати онҳо истифодаи расмиёти соддагардонидашудаи махсуси эътибори қонунӣ пайдокарда ва қарорҳои иҷронашуда оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ вуҷуд надорад;

2) онҳо пешбурди баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои тиҷоратии худро тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба роҳ мондаанд, ки имкон медиҳад мақомоти гумрук маълумоти дар он ҷойдоштаро бо маълумоти ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ба мақомоти гумрук пешниҳодгардида муқоиса намоянд;

3) онҳо дар мўҳлати на камтар аз 3 сол фаъолияти иқтисодии хориҷиро анҷом медиҳанд.

  1. Шахсе, ки мехоҳад аз расмиёти махсуси соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукӣ истифода барад, ба мақомоти гумрук бо аризаи хаттӣ ҷиҳати истифодаи расмиёти соддагардонидашудаи махсуси барасмиятдарории гумрукӣ муроҷиат менамояд. Дар ин ариза маълумот дар бораи аризадиҳанда ва фаъолияти иқтисодии хориҷии ў зикр мегардад. Аризадиҳанда бояд дар бораи розӣ будани худ ҷиҳати пешбурди баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки имкон медиҳад мақомоти гумрук маълумоти дар он ҷойдоштаро бо маълумоти ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ба мақомоти гумрук пешниҳодгардида муқоиса намоянд, ўҳдадории хаттӣ пешниҳод кунад, инчунин ба дастрас будани системаи баҳисобгирии мазкур ба шахсони мансабдори мақомоти гумрук розигӣ диҳад.
  2. Барасмиятдарории гумрукии расмиёти соддагардонидашудаи махсус барои шахсоне, ки ба воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд, муқаррар гардида, метавонанд декларатсияҳои гумрукии даврӣ (моддаи 136), иҷозати мол ҳангоми пешниҳоди маълумоти зарурӣ барои ҳаммонандсозии мол (моддаи150), барасмиятдарории гумрукӣ дар объектҳои чунин шахсҳо, нигаҳдории мол дар анборҳои худ ва дигар расмиёти соддагардонидашудаи пешбининамудаи ҳамин Кодексро пешбинӣ намоянд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Барасмиятдарории гумрукии расмиёти соддагардонидашудаи махсус наметавонад муқаррароти озод намудани шахсро аз риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати пардохтҳои пурра ва саривақтии гумрукӣ, риояи мамнўият ва маҳдудиятҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, инчунин риояи низомҳои гумрукиро дар бар гирад.

 

БОБИ 9. РАСИДАНИ МОЛУ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ  БА ҲУДУДИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Моддаи 69. Маҳал ва вақти расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳо аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, дар вақти кории мақомоти гумрук (моддаи 466), иҷозат дода мешавад. Дар маҳалҳои дигар мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тадбирҳои эҳтиётро, ки интиқолдиҳанюда барои пешгирии истифодаи беиҷозати мол ва воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди гумрукӣ ҳангоми расиданашон беруназ вақти кори мақоми гумрук бояд андешад, муайян менамояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Барои расидани намудҳои моли алоҳида ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои гузаргоҳҳоро аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Баъди гузаштан аз сарҳади гумрукӣ интиқолдиҳанда вазифадор аст мол ва воситаҳои нақлиёти овардаи худро дар нуқтаи гузаргоҳ ё маҳалҳои дигари дар қисми 1 ҳамин модда (маҳали расидан) зикршуда расонад ва онҳоро ба мақомоти гумрук пешниҳод кунад. Дар айни замон тағйири ҳолати мол ё вайрон кардани бастабандии онҳо, инчунин тағйирдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, нобудсозӣ ё вайронкунии тамғаю мўҳрҳо ва воситаҳои дигари ҳаммонандсозӣ иҷозат дода намешавад.
  2. Мақомоти гумрук вазифадоранд дар шакли оммафаҳм оид ба нуқтаҳои гузаргоҳҳо аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳдудиятҳои муқарраршуда ва вақти кори мақомоти гумрук маълумот пешниҳод намоянд.
  3. Муқаррароти ҳамин модда нисбати моле, ки тавассути нақлиёти дарёӣ ё ҳавоӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе таваққуф дар бандар ё фурудгоҳи дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда убур мекунанд, татбиқ намегардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 70. Тадбирҳое, ки ҳангоми садама ва таъсири қувваи рафънопазир ё дигар ҳолатҳо андешида мешаванд

  1. Агар молрасонӣ аз маҳали убури сарҳади гумрукӣ ба маҳали расидан қатъ гардад, инчунин агар киштиҳои дарёӣ ва ҳавопаймо ночор таваққуф кунанд ё фуруд оянд ё дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи садама ва таъсири қувваи рафънопазир ё ҳолатҳои дигари барои боррасонӣ монеашаванда таваққуф ва фуруд дар маҳалҳои муайяншуда номумкин бошад, интиқолдиҳанда вазифадор аст барои ҳифзи молу воситаҳои нақлиёт тамоми тадбирҳоро андешад ва фавран дар бораи ин ҳолатҳо ва маҳали ҷойгиршавии молу воситаҳои нақлиёт ба наздиктарин мақоми гумрук хабар диҳад, инчунин молро ба наздиктарин мақоми гумрук интиқол диҳад (агар воситаи нақлиёти ў зарар дида бошад) ё интиқоли онҳоро ба ҳама гуна ҷойи дигар, ки мақоми гумрук нишон додааст, таъмин намояд.
  2. Мақомоти гумрук хароҷоти интиқолдиҳанда ва дигар шахсонро, ки вобаста ба риояи талаботи ҳамин модда ба миён омадааст, ҷуброн намекунанд.

 

Моддаи 71. Огоҳонидани пешакии мақомоти гумрук дар бораи расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Маъмурияти дидбонгоҳи гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарияти фурудгоҳ, аэродром, бандарҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, стансияҳо) мақоми гумрукро қаблан дар бораи маҳал ва вақти расидани воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби бо маъмурияти гузаргоҳи мазкур ва мақоми гумрук тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда огоҳ менамояд.

 

Моддаи 72. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумот дар бораи расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Ҳангоми расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақомоти гумрук ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73 – 76 ҳамин Кодексро вобаста ба навъи нақлиёте, ки дар он ҳамлу нақли байналмилалӣ амалӣ мегардад, пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад рўйхати маълумоти дар моддаҳои 73 – 76 ҳамин Кодекс пешбинишударо ихтисор намояд. Мақоми гумрук ҳуқуқ надорад аз интиқолдиҳанда пешниҳоди маълумоти дигарро талаб намояд.

Агар ҳуҷҷатҳои дар моддаҳои 73 – 76 ҳамин модда пешбинишуда дорои маълумоти зарурӣ набошанд, интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақоми гумрук маълумоти нокифояро бо роҳи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигари иловагии ба таври озод таҳияшуда хабар диҳад.

  1. Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳо ва маълумотро то воқеан расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳоро (қисми ҳуҷҷатҳоро) тибқи ҳамин Кодекс ва тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар шакли ҳуҷҷатҳои электронӣ пешниҳод намояд.
  3. Ҳангоми аз ҷониби интиқолдиҳанда пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо бо забони хориҷӣ мақомоти гумрук ҳангоми зарурат ҳуқуқ доранд танҳо тарҷумаи маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73 – 76 ҳамин Кодексро ба забони давлатӣ ё забони муоширати байналмилалӣ талаб намоянд.
  4. Аз номи интиқолдиҳанда ҳуҷҷатҳо ва маълумотро метавонад шахсе, ки бо супориши вай амал мекунад, пешниҳод намояд.

 

Моддаи 73. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ пешниҳод карда мешаванд

  1. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқолдиҳанда ба мақоми гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:

1) дар бораи қайди давлатии воситаҳои нақлиёт;

2) ном ва суроғаи интиқолдиҳандаи мол;

3) номи давлати ирсолкунанда ва давлати таъиноти мол;

4) ном ва суроғаи фиристанда ва гирандаи мол;

5) дар бораи фурўшанда ва қабулкунандаи мол мувофиқи ҳуҷҷатҳои тиҷоратие, ки интиқолдиҳанда дорад;

6) дар бораи миқдори ҷойҳои бор, маркировкаи онҳо ва навъи бастабандии мол;

7) номгўй, инчунин рамзи мол мувофиқи талаботи байналмилалии тавзеҳ ва рамзгузории мол дар сатҳи на камтар аз 4 рақами аввал;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)

8) вазни умумии мол (бо кг) ё ҳаҷми мол (бо метри мукааб) ба истиснои моли калонҳаҷм;

9) дар бораи мавҷудияти моле, ки воридоташон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд карда шудаанд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

10) дар бораи маҳал ва таърихи таҳияи борхати нақлиётии байналмилалӣ;

  1. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо бо роҳи ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:

1) ҳуҷҷатҳо ба воситаи нақлиёт;

2) борхати нақлиётии байналмилалӣ;

3) ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ба моли интиқолшаванда, ки интиқолдиҳанда дорад.

 

Моддаи 74. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти дарёӣ пешниҳод карда мешаванд

  1. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти дарёӣ интиқолдиҳанда ба мақоми гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:

1) дар бораи қайди киштӣ ва мансубияти миллии он:

2) номгў ва тавсифи киштӣ:

3) ному насаби капитан:

4) ному насаб ва суроғаи агенти киштӣ:

5) дар бораи теъдоди мусофирони киштӣ, ному насаби онҳо, шаҳрвандӣ (табаият), таърих ва маҳали таваллуд, бандари таваққуф ва фуруд:

6) дар бораи теъдод ва ҳайати экипаж:

7) номгўи бандари сафар ва бандари даромади киштӣ

8) номгўй, теъдоди умумӣ ва тавсифи мол:

9) дар бораи теъдоди ҷойҳои бор, маркировкаи онҳо ва навъи бастабандии мол:

10) номгўи бандари боргирӣ ва бандари борфарорӣ:

11) рақами коносаментҳо ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудият ва мазмуни қарордоди интиқоли баҳриро барои моли дар бандари мазкур холишаванда тасдиқ менамояд;

12) номгўи бандарҳои фаровардани моли дар киштӣ боқимонда,

13) номгўи бандарҳои аввалаи ирсоли мол;

14) номгўи захираҳое, ки дар киштӣ мавҷуданд ва нишон додани теъдоди онҳо;

15) тавзеҳи ҷойгиркунии мол дар киштӣ;

16) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) муросилоти почтаҳои байналмилалӣ дар киштӣ;

17) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) моле, ки ворид кардани онҳо ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд аст, аз ҷумла асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои асъорӣ, ки ҳайати экипаж бо худ дорад, доруворӣ, ки дар таркибашон воситаҳои нашъадор, маводи сахттаъсир, моддаҳои психотропӣ ва заҳрнок мавҷуд аст;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

18) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) моли хатарнок, аз ҷумла яроқу лавозимоти ҷангӣ.

  1. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо бо роҳи ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:

1) декларатсияи умумӣ;

2) декларатсияи бор;

3) декларатсияи захираҳо дар киштӣ;,

4) декларатсия дар бораи ашёи шахсии ҳайати экипажи киштӣ;

5) таъиноти киштӣ;

6) рўйхати мусофирон;

7) ҳуҷҷате, ки Конвенсияи умумиҷаҳонии почта тақозо менамояд;

8) коносаментҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудият ва мазмуни қарордоди интиқоли дарёиро тасдиқ мекунанд.

 

Моддаи 75. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ пешниҳод карда мешаванд

  1. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ интиқолдиҳанда ба мақомоти гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:

1) зикри аломати мансубияти миллӣ ва аломати бақайдгирии ҳавопаймо;

2) рақами рейс, зикри самти парвоз, нуқтаи парвоз, ҷойи фуруди ҳавопаймо;

3) номи истифодабарандаи ҳавопаймо;

4) теъдоди ҳайати экипаж;

5) дар бораи теъдоди мусофирон, ном ва насаби онҳо; номгўи маҳалҳои саворшавӣ ва фурудоии онҳо;

6) зикри навъи мол;

7) рақами борхат, миқдори ҷой дар ҳар як борхат;

8) номи нуқтаи боргирӣ ва борфарорӣ;

9) дар бораи миқдори захираҳои киштӣ, ки ба он бор карда ё фароварда мешаванд;

10) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) муросилоти почтаҳои байналмилалӣ дар киштии ҳавоӣ;

11) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) моле, ки ворид кардани он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд аст, аз ҷумла асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои асъорӣ, ки ҳайати экипаж бо худ дорад, доруворӣ, ки дар таркибашон воситаҳои нашъадор, маводи сахттаъсир, моддаҳои психотропӣ ва заҳрнок мавҷуданд, инчунин аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо бо роҳи ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:

1) ҳуҷҷати муқаррарии (стандартии) интиқолдиҳанда, ки мувофиқи созишномаи байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ (декларатсияи генералӣ) пешбинӣ шудааст;

2) ҳуҷҷати дорои маълумот дар бораи моли тавассути ҳавопаймо интиқолшаванда (борхат);

3) ҳуҷҷати дорои маълумот дар бораи захираҳои ҳавопаймо,

4) борхати бори ҳавопаймо;

5) ҳуҷҷати дорои маълумот оид ба интиқоли мусофирон ва бағоҷи онҳо (рўйхати мусофирон);

6) ҳуҷҷате, ки Конвенсияи умумиҷаҳонии почта тақозо менамояд.

 

Моддаи 76. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми интиқоли байналмилалӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан пешниҳод карда мешаванд

  1. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқолдиҳанда ба мақоми гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:

1) номгў ва суроғаи ирсолкунандаи бор;

2) номгў ва суроғаи қабулкунандаи бор;

3) номгўи истгоҳи ирсолкунанда ва истгоҳи таъиноти мол;

4) дар бораи теъдоди ҷойи бор, оид ба маркировкаи он ва навъи бастабандии мол;

5) номгў, инчунин рамзи мол тибқи Системаи ҳамоҳангшудаи тасниф ва рамзгузории мол ё Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, дар сатҳи на камтар аз  4 рақами аввал;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)

6) вазни умумии мол (бо кг);

7) рақамҳои ҳаммонандсозии контейнерҳо.

  1. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо бо роҳи нишон додани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:

1) борхати роҳи оҳан;

2) ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ барои интиқоли мол, ки дар ихтиёри интиқолдиҳанда мавҷуданд.

 

Моддаи 77. Амалиёт бо молу воситаҳои нақлиёт дар маҳали расидани онҳо

  1. Баъди расидани мол ва ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷату маълумоти дахлдор молро метавон фаровард, ба дигар воситаи нақлиёт бор кард (моддаи 78), дар анбори муваққатӣ ҷой кард (боби 12), ба низоми муайяни гумрукӣ ё транзити дохилии гумрукӣ арзшуда ворид намуд (боби 10).
  2. Аз лаҳзаи пешниҳоди мол ба маҳали боррасонӣ чунин мол статуси таҳти нигаҳдошти муваққатӣ қарордоштаро мегирад. Бо анҷом ёфтани мўҳлати ниҳоии нигаҳдории муваққатӣ (моддаи 103) мақомоти гумрук моли мазкурро тибқи боби 57 ҳамин Кодекс ихтиёрдорӣ менамоянд.
  3. Агар мақомоти гумрук санҷиши молеро анҷом диҳанд, ки нисбати воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнўият ва маҳдудиятҳо муқаррар шудаанд ва таъмини риояи онҳо инчунин таҳти салоҳияти дигар мақомоти давлатӣ низ мебошад, мақомоти гумрук ҳамоҳангсозии ин амалиёт ва баробар анҷом додани онҳоро таъмин менамоянд.
  4. Воситаҳои нақлиёт бояд тибқи боби 36 ҳамин Кодекс ба расмияти гумрукӣ дароварда шаванд.

 

Моддаи 78. Борфарорӣ ва азнавборкунӣ дар маҳали расидани мол

  1. Борфарорӣ ва азнавборкунии мол аз воситаҳои нақлиёте, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, дар маҳали расидан ва дар вақти кори мақомоти гумрук, дар маҳали махсус барои чунин мақсадҳо пешбинигардида анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Дар ҷойҳои дигар ва (ё) дар вақти ғайрикории мақоми гумрук борфарорӣ ва азнавборкунии мол бо иҷозати мақоми гумрук, ки бо дархости шахси манфиатдор тибқи моддаҳои 465 ва 466 ҳамин Кодекс дода шудааст, анҷом дода мешавад.

  1. Ҷойи борфарорӣ ва азнавборкунии он минтақаи назорати гумрукӣ ҳисобида мешавад. Ҷойи мазкур бояд тарзе сохта ва муҷаҳҳаз гардад, ки ҳифзи молро таъмин намояд ва имконияти ба он дохилшавии шахсоне, ки дар борфарорӣ ва борбардорӣ иштирок наменамоянд, истисно карда шавад.
  2. Бо дархости шахсе, ки дар бандарҳо амалиётро бо мол анҷом медиҳад, мол метавонад дар ҷойҳои борфарорӣ ва азнавборкунӣ бе ҷойгиркунонӣ дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар мўҳлати барои иҷрои амалиёт зарурӣ, вале дар доираи мўҳлати муайяннамудаи моддаи 103 ҳамин Кодекс, нигоҳ дошта шаванд.
  3. Ҳангоми гум кардани мол ё бе иҷозати мақомоти гумрук додани он ба шахсони сеюм масъулият барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи ҳамин Кодекс ба зиммаи шахсе мебошад, ки ин амалиётро анҷом медиҳад.
  4. Фаровардани моле, ки воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, иҷозат дода намешавад.

 

Боби 10. ТРАНЗИТИ ДОХИЛИИ ГУМРУКӢ

 

Моддаи 79. Транзити дохилии гумрукӣ

  1. Транзити дохилии гумрукӣ расмиёти гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ тавассути ҳудуди гумрукии Тоҷикистон бидуни ситонидани боҷи гумрукӣ, андоз ва татбиқи тадбирҳои мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда интиқол дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Транзити дохилии гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол аз маҳали расидани он то маҳали ҷойгиршавии мақоми гумруки таъинот (моддаи 92), аз маҳали ҷойгиршавии мол ҳангоми декларатсиякунонии он то маҳали баровардани он аз ҳудуди гумрукии Тоҷикистон, байни анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, анборҳои гумрукӣ, инчунин дар ҳолатҳои дигари интиқоли моли хориҷӣ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад, агар ба ин мол таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз пешбинӣ нашуда бошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Муқаррароти ҳамин боб нисбати моле, ки тавассути нақлиёти ҳавоӣ интиқол дода мешавад, агар ҳавопаймо ҳангоми парвоз дар хати сайри доимии байналмилалӣ дар маҳали расидани мол муваққатан ё ночор (ба сабаби техникӣ) бе фаровардани қисми мол фуруд ояд, инчунин нисбати моли тавассути қубур ё хати барқ интиқолшаванда татбиқ намегардад.
  4. Интиқоли мол тибқи расмиёти транзити дохилии гумрукӣ метавонад аз ҷониби ҳама гуна интиқолдиҳанда, аз ҷумла боркашони гумрукӣ анҷом дода шавад.

 

Моддаи 80. Иҷозат барои транзити дохилии гумрукӣ

  1. Транзити дохилии гумрукӣ бо иҷозати хаттии мақоми гумрук, ки дар минтақаи фаъолияти он интиқоли мол тибқи расмиёти транзити дохилии гумрукӣ (мақоми гумруки ирсолкунанда) оғоз мегардад, иҷозат дода мешавад.
  2. Иҷозат ба транзити дохилии гумрукӣ ба инҳо дода мешавад:

1) ба интиқолдиҳанда;

2) ба экспедитор, агар вай шахси ватанӣ бошад;

3) ба шахсоне, ки дар қисми 6 ҳамин модда зикр шудаанд.

  1. Ба транзити дохилии гумрукӣ бо риояи шартҳои зерин иҷозат дода мешавад:

1) агар воридоти мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашуда бошад;

2) агар нисбати моли воридшаванда дар маҳали расидани он назорати сарҳадӣ ва дигар намуди назорати давлатӣ гузаронида шуда бошад, дар ҳолате, ки агар мол тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали расидани он бояд таҳти чунин назорат қарор гирад;

3) агар нисбати мол њуљљатњои тасдиќкунандаи риояи мањдудиятњо мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар њолати интиќоли ин мол тавассути ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон пешнињод шуда бошанд;(ЌЉТ аз 28.12.12с. №906)

4) агар нисбати ин мол ҳуҷҷати назоратии расидани мол (моддаи 81) пешниҳод шуда бошад;

5) агар мол бо аломатҳои ҳаммонандсозӣ таъмин бошад:

6) агар воситаи нақлиёт ба таври зарурӣ муҷаҳҳаз бошад, дар ҳолате, ки мол таҳти пломбаҳо ва мўҳрҳои гумрукӣ интиқол дода шавад (моддаи 84);

7) агар барои таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида шуда бошанд (моддаи 86).

  1. Иҷозат ба транзити дохилии гумрукӣ баъди пешниҳоди мол ба мақоми гумруки ирсолкунанда фавран, баъди он, ки мақоми гумрук ба риояи шартҳои муқаррарнамудаи қисми 3 ҳамин модда итминон ҳосил мекунад, аммо на дертар аз як шабонарўзи қабули ҳуҷҷати назоратии расидани мол дода мешавад (моддаи 81). Ҳуҷҷати назорати расидани мол аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда дар мўҳлати 30 дақиқа қабул карда мешавад, агар он ба ҳамаи талаботи муқарраршуда ҷавобгў бошад.

Ҳангоми додани иҷозат барои транзити дохилии гумрукӣ мақоми гумруки ирсолкунанда мўҳлати транзити дохилии гумрукӣ (моддаи 82) ва маҳали расонидани молро муайян менамояд (моддаи 85).

  1. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ метавонад ҷиҳати иҷозат надодани интиқолдиҳанда ё экспедитор ба транзити дохилии гумрукӣ, ки якчанд маротиба ўҳдадории худро оид ба интиқоли мол тибқи транзити дохилии гумрукӣ иҷро нанамудааст, агар тибқи қарор маълум гардад, ки оид ба қонунвайронкуниҳои маъмурӣ дар фаъолияти гумрукӣ нисбати он ҷавобгарии маъмурӣ андешида шудааст ва ҳатто агар яке аз ин қарорҳо иҷро нашуда бошад ё ҳамин интиқолдиҳанда ё экспедитор ўҳдадориҳояшро оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи моддаи 90 ҳамин Кодекс иҷро накарда бошад, қарор қабул намояд. Қарори мазкур бояд дар мўҳлати 5 рўзи баъди пардохти ҷаримаи маъмурӣ, боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи моддаи 90 ҳамин Кодекс бекор карда шуда, дар ин бора интиқолдиҳанда ё экспедитор, ки нисбати онҳо чунин қарор қабул шудааст, дар мўҳлати муқарраршуда дар шакли хаттӣ огоҳ карда мешаванд.
  2. Ҳангоми интиқоли мол тибқи транзити дохилии гумрукӣ ба маҳали расидани мол (моддаи 85), ки маҳали ҷойгиршавии мақоми гумрук ҳисоб намешавад, иҷозати транзити дохилии гумрукӣ ба таври истисно ба шахсе дода мешавад, ки тибқи ҳамин Кодекс ба зиммааш нигаҳдории мол ва иҷрои дигар амалиёт бо мол дар маҳали расидани мол гузошта шудааст. Дар ин ҳолат шахси мазкур ўҳдадориҳо ва масъулиятҳои барои экспедитор муқаррарнамудаи ҳамин бобро бо назардошти ҳолатҳои қисми 5 моддаи 92 ҳамин Кодекс ба зимма дорад.
  3. Агар иҷозат ба транзити дохилии гумрукӣ барои риоя нашудани бандҳои 1 – 3 қисми 3 ҳамин модда дода нашавад, мақоми гумрук ҳуқуқ дорад ба интиқолдиҳанда иҷозат диҳад, ки молро ба анбори нигаҳдории муваққатӣ ё дигар ҷойҳои минтақаи назорати гумрукӣ ҳисобшаванда интиқол диҳад, бо шарти мушоияти гумрукии воситаҳои нақлиёте, ки тавассути онҳо мол интиқол дода мешавад.

Эзоҳ: 1. Бо мақсади истифодаи ҳамин боб таҳти мафҳуми воситаҳои нақлиёт инчунин воситаҳои нақлиёте фаҳмида мешаванд, ки дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мол тавассути онҳо интиқол дода мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Бо мақсади истифодаи ҳамин боб таҳти мафҳуми экспедитор шахсе фаҳмида мешавад, ки тибқи қарордоди экспедитсияи нақлиётӣ мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

 

Моддаи 81. Декларатсияи транзитӣ

  1. Ба сифати декларатсияи транзитӣ мақоми гумруки интиқолдиҳанда ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, нақлиётӣ (борбарӣ) ва (ё) ҳуҷҷатҳои гумрукии дорои маълумоти дар қисми 2 ҳамин модда зикршударо қабул мекунад.
  2. Барои гирифтани иҷозат ба транзити дохилии гумрукӣ интиқолдиҳанда (экспедитор) ба мақоми гумруки интиқолдиҳанда маълумоти зеринро пешниҳод менамояд:

1) дар бораи ном ва ҷои интиқолдиҳанда (қабулкунанда) тибқи ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ;

2) дар бораи мамлакати интиқолдиҳандаи (мамлакати таъинот) мол;

3) дар бораи ном ва ҷои интиқолдиҳандаи мол ё экспедитор, агар экспедитор барои транзити дохилии гумрукӣ иҷозат гирифта бошад;

4) дар бораи воситаи нақлиёте, ки тавассути он бор дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад, ҳангоми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ бошад – ҳамчунин дар бораи ронандаи воситаи нақлиёт;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

5) дар бораи намуд ё ном, миқдор ва нархи мол тибқи ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, нақлиётӣ (борбарӣ), вазн ё ҳаҷм, рамзи мол, тибқи Системаи ҳамоҳангшудаи тавсифот ва рамзгузории мол ё Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар сатҳи на камтар аз чор аломати аввал;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)

6) дар бораи миқдори умумии ҷои бор;

7) дар бораи маҳали таъиноти мол;

8) дар бораи ба нақша гирифтани азнавборкунӣ ё дигар амалиёти борбардорӣ ё борфарорӣ дар роҳ;

9) дар бораи ба нақша гирифтани мўҳлати интиқоли мол (моддаи 82);

10) дар бораи хати сайр, агар интиқоли мол бо хатҳои сайри муайян ба ҷо оварда шавад (қисми 3 моддаи 86).

  1. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад номгўи маълумоти дар қисми 2 ҳамин модда зикршударо бо назардошти категорияи шахс, молу воситаҳои нақлиёти интиқолшаванда, навъи мол, инчунин вобаста ба навъи нақлиёт ихтисор намояд.
  2. Агар ҳуҷҷатҳои тибқи қисми 1 ҳамин модда пешниҳодшуда ҳамаи маълумоти дар қисми 2 ҳамин модда зикршударо надошта бошанд, ин маълумот иловатан, бо роҳи ба шакли хаттӣ дохил намудани маълумоти нокифоя ба декларатсияи транзитӣ пешниҳод карда мешавад. Шакли декларатсияи транзитӣ ва тартиби пур кардани онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
  3. Мақоми гумрук ҳуқуқ надорад аз интиқолдиҳанда ё экспедитор дигар маълумотро, ба истиснои маълумоти дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида, талаб намояд.
  4. Дар хусуси қабули ҳуҷҷатҳо ба сифати декларатсияи транзитӣ тибқи қисми 1 ҳамин модда шахси мансабдори мақоми гумрук дар чунин ҳуҷҷатҳо тибқи намуна ва тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ сабт мегузорад.
  5. Декларатсияи транзитиро ба шакли ҳуҷҷати электронӣ пешниҳод кардан мумкин аст. Тартиби пешниҳоди декларатсияи транзитӣ ба шакли ҳуҷҷати электронӣ ва тартиби истифодаи онро дар транзити гумрукии дохилӣ мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тибқи ҳамин Кодекс муайян менамояд.
  6. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати декларатсияи транзитӣ ҳуҷҷатҳое, ки чунин санадҳо муқаррар кардаанд, истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 82. Мўҳлати транзити дохилии гумрукӣ

1.Мўҳлати ниҳоии транзити дохилии гумрукӣ, агар интиқол тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан сурат гирад, наметавонад аз мўҳлати ба ҳисоби 2000 км дар як моҳ муайяншуда зиёд бошад ва дар ҳолате, ки агар интиқол тавассути нақлиёти ҳавоӣ сурат гирад – ин мўҳлат аз рўзи гирифтани иҷозат барои транзити дохилии гумрукӣ набояд аз се рўз зиёд бошад.

2.Ҳангоми гирифтани иҷозат ба транзити дохилии гумрукӣ мўҳлати транзити дохилии гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда дар доираи мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда, вобаста ба аризаи интиқолдиҳанда (экспедитор), мўҳлати муқаррарии интиқоли мол, навъи нақлиёт ва имкониятҳои воситаи нақлиёт, хати сайри он ва дигар шароити ҳамлу нақл муқаррар карда мешавад.

3.Бо дархости асосноки шахси манфиатдор мақоми гумрук мўҳлати муқаррарнамудаи транзити дохилии гумрукиро дар доираи мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда тамдид менамояд. Агар ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти транзити дохилии гумрукӣ интиқолдиҳанда дар мўҳлати аввали муқарраргардида аз сабаби садама ё таъсири қувваи рафънопазир молро расонида натавонад, бо иҷозати мақоми гумрук дар шакли хаттӣ мўҳлати транзити дохилии гумрукӣ метавонад ба мўҳлати зиёда аз мўҳлати ниҳоии муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда тамдид карда шавад.

 

Моддаи 83. Ҳаммонандсозии (идентификатсияи) мол ва ҳуҷҷатҳои он

1.Мақоми гумруки ирсолкунанда ҳаммонандсозии молеро, ки ба расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукӣ фаро гирифта шудаанд, бо мақсади таъмини имконияти аз ҷониби мақоми гумруки таъинот (қисми 1 моддаи 92) ошкор намудани аломати гирифтани бор, ҷойгузории бор дар нақлиёт ё иҷрои ягон амалиёт бо бор, агар амалҳои мазкур ҳангоми интиқоли ин мол мувофиқи транзити дохилии гумрукӣ сурат гирифта бошанд, анҷом медиҳад.

2.Бо мақсади ҳаммонандсозии мол мақоми гумруки ирсолкунанда ҳуқуқ дорад воситаҳои зеринро истифода намояд:

1) гузоштани пломбаҳои гумрукӣ ва мўҳрҳо ба нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда;

2) гузоштани нишонҳои ҳаммонандсозии рақамӣ, ҳарфӣ ё маркировкаи дигар, гузоштани пломба ва мўҳрҳо ба ҷойҳои бори алоҳида;

3) гузоштани штамп;

4) гирифтани чошниҳо ва намунаҳо;

5) тавсифи мол ва воситаҳои нақлиёт;

6) истифодаи нақшаҳо, суратҳои калонҳаҷм таҳияшуда, фотосуратҳо, видеосабтҳо, ороишҳо;

7) истифодаи нақшаҳои таҳиянамудаи шахсони мансабдори мақомоти гумрук, суратҳои калонҳаҷм таҳияшуда, фотосуратҳо, видеосабтҳо, ороишҳо;

8) воситаҳои дигари имкондиҳандаи ҳаммонандсозии мол, инчунин пломбаи ирсолкунандаи мол.

3.Ҳаммонандсозии мол бо роҳи гузоштани пломбаю мўҳри гумрукӣ ба воситаҳои нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда бо риояи шартҳои муқаррарнамудаи моддаи 84 ҳамин Кодекс амалӣ карда мешавад.

Дар ҳолатҳои дигар ҳаммонандсозии мол бо истифодаи воситаҳои дигари муқаррарнамудаи қисми 2 ҳамин модда анҷом дода мешавад.

4.Мақомоти гумрук инчунин пломбаҳои гумрукӣ ё воситаҳои дигари ҳаммонандсозии мақомоти гумруки давлатҳои хориҷиро истифода мебаранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар:

1) пломбаҳои гумрукӣ ё воситаҳои дигари ҳаммонандсози аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда нокифоя ё ба мизони муайяннамудаи қисми 1 моддаи 84 ҳамин Кодекс беэътимод ҳисобида шаванд;

2) мақоми гумруки ирсолкунанда муоинаи гумрукии молро анҷом диҳад.

Агар мақомоти гумрук пломбаҳои гумрукӣ ё воситаҳои дигари ҳаммонандсозии мақомоти гумруки давлатҳои хориҷиро истифода баранд, барои тағйир додан, нест ё нобуд кардан ё хароб намудани ин воситаҳои ҳаммонандсозӣ мамнўиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс нисбати воситаҳои ҳаммонандсозии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.

  1. Мақомоти гумрук ҳаммонандсозии ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борбарӣ), инчунин ҳуҷҷатҳои тиҷоратии моли дар ихтиёри интиқолдиҳанда бударо барои мақсадҳои гумрукӣ амалӣ менамоянд.

Барои мақсадҳои ҳаммонандсозии ҳуҷҷатҳо мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд воситаҳои зеринро истифода баранд:

1) гузоштани мўҳр ва штамп дар ҳуҷҷатҳо;

2) гузоштани воситаҳои махсуси часпанда ва махсуси ҳимоятӣ;

3) ҷойгир намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои мақсадҳои гумрукӣ дар қисматҳои боргузории воситаҳои нақлиёт, контейнерҳо ё бордонҳои ҷудошаванда, ки ба онҳо пломбаю мўҳри гумрукӣ гузошта мешаванд;

4) гузоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои мақсадҳои гумрукӣ дар сейф – лифофаҳо.

 

Моддаи 84. Таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт, контейнерҳо ва бордонҳои ҷудошаванда ҳангоми интиқоли мол таҳти пломба ва мўҳрҳои гумрукӣ

  1. Воситаҳои нақлиёт, контейнерҳо ё бордонҳои ҷудошаванда барои интиқоли мол таҳти пломбаю мўҳри гумрукӣ иҷозат дода мешаванд, ба шарте агар пломбаю мўҳри гумрукӣ мустақиман ба ҳамин воситаҳои нақлиёт, контейнерҳо ва бордонҳои ҷудошаванда тарзе гузошта шуда бошанд, ки сохт ва таҷҳизонии онҳо имкон медиҳад:

1) пломбаю мўҳри гумрукӣ ба таври оддӣ ва эътимодбахш гузошта шаванд;

2) мол аз қисми борҷои пломбашудаи воситаи нақлиёт бе гузоштани пайҳои назарраси кушодани борҷои воситаи нақлиёт ё хароб кардани пломбаю мўҳри гумрукӣ мол ба борҷойҳои воситаи нақлиёт гирифта ё гузошта нашаванд;

3) дар воситаҳои нақлиёт ва борҷои он барои пинҳон намудани мол ҷойҳои махфӣ набошанд;

4) ҳамаи ҷойҳое, ки дар онҳо мол гузошта шудаанд, барои азназаргузаронии гумрукӣ дастрас бошанд.

  1. Талаботи муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда нисбати нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда иҷрошуда ҳисобида мешаванд, агар воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ҷавобгўи талаботи техникие бошад, ки мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд.
  2. Дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол таҳти пломбаю мўҳри гумрукӣ мақоми гумруки ирсолкунанда қарор қабул менамояд, агар воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда пешакӣ ба интиқол таҳти пломбаю мўҳри гумрукӣ иҷозат дода нашуда бошад.

Қарори мазкур аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда дар рўзи муроҷиати шахси манфиатдор қабул карда мешавад.

  1. Мувофиқати воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба талаботи дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида метавонанд сари вақт, бо роҳи гирифтани гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол таҳти пломбаю мўҳри гумрукӣ тасдиқ карда шавад.

Гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол таҳти пломбаю мўҳри гумрукӣ бо тартиби зайл дода мешавад:

1) инфиродӣ;

2) вобаста ба конструксияи (навъи) воситаи нақлиёт ё бордони ҷудошаванда.

Гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол таҳти пломбаю мўҳри гумрукӣ аз тарафи мақоми гумрук дар асоси аризаи шахси манфиатдор дар давоми 5 рўзи гирифтани аризаи мазкур дода мешавад. Гувоҳномаи мазкур то даврае амал мекунад, ки дар конструксияи воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда тағйирот сурат нагирад. Гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол таҳти пломбаю мўҳри гумрукӣ ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи соҳибии воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда эътибори худро нигоҳ медорад. Шакли гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда барои интиқоли мол таҳти пломбаю мўҳри гумрукӣ ва тартиби додани онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.

  1. Мақомоти гумрук пешакӣ иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошавандаро барои интиқоли мол таҳти пломбаю мўҳри гумрукӣ, ба истиснои ҳолатҳои зерин, талаб наменамоянд:

1) агар интиқоли молро боркаши гумрукӣ анҷом дода бошад (боби 11);

2) иҷозати пешакӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.

 

Моддаи 85. Маҳали расонидани мол ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ

1.Маҳали расонидани молро ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар асоси маълумот дар бораи маҳали таъиноти дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борбарӣ) зикргардида муайян менамояд. Маҳали расонидани мол минтақаи назорати гумрукие мебошад, ки дар ҳудуди фаъолияти мақоми гумруки таъинот қарор дорад (қисми 1 моддаи 92). Ҳамзамон моли интиқолшаванда аз ҷойҳои расидааш (моддаи 69) ба маҳали ҷойгиршавии мақоми гумрук расонида мешавад (моддаи 464).  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2.Дар сурати тағйир додани маҳали таъинот мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад ба мақоми гумрук бо дархости тағйир додани маҳали расонидани бор муроҷиат намояд. Дар ин ҳолат интиқолдиҳанда метавонад ба ҳама гуна мақоми гумруке, ки дар хати сайри он мавҷуд аст, бо ариза, ки дар шакли озод таҳия шудааст, дар мавриди тағйир додани маҳали таъинот муроҷиат намояд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тағйир додани маҳали таъинот, инчунин ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 92 ҳамин Кодексро пешниҳод кунад.

Қарор дар бораи тағйир додани маҳали расонидани бор аз ҷониби мақоми гумрук дар рўзи дигари гирифтани ариза ва ҳуҷҷатҳои дар сархати 1 ҳамин қисм зикргардида қабул карда мешавад. Қарори мазкур бо роҳи анҷом додани транзити дохилии гумрукӣ нисбати моле, ки маҳали расонидани он тағйир дода шудааст ва додани иҷозати нав ба транзити дохилии гумрукӣ (моддаи 80) ба расмият дароварда мешавад. Иҷозати нав ба транзити дохилии гумрукӣ дар рўзи қабули қарор дар бораи тағйир додани маҳали расонидани бор дода мешавад.

 

Моддаи 86. Тадбирҳо барои таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ

  1. Интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тибқи расмиёти транзити дохилии гумрукӣ ҳангоми риояи шартҳои зерин амалӣ мегардад:

1) моле, ки воридоташ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироташ аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2)барасмиятдарории декларатсияи транзитӣ тибқи моддаи 81 ҳамин Кодекс,

3) таъмини яке аз тадбирҳои интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тибқи қисми 2 ҳамин модда.

  1. Ба тадбирҳои таъмини назорати боррасонӣ ва воситаҳои нақлиёт тибқи расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукӣ инҳо дохил мешаванд:

1)таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо роҳи дохил намудани маблағ ба кассаи мақоми гумрук ё ба ҳисобномаи ҳама гуна мақоми гумрук (гарави пулӣ);

2)таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо роҳи ба гарав гузоштани амвол;

3)кафолати бонк;

4)интиқоли мол аз ҷониби боркашони гумрукӣ;

5)мушоияти гумрукии мол;

6)дигар тадбирҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Шахси интиқолдиҳандаи мол ва воситаҳои нақлиёт ҳуқуқ дорад яке аз тадбирҳои номбаршударо интихоб намояд.

  1. Ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти транзити дохилии гумрукӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан муқаррароти қисми 2 ҳамин модда истифода намешавад.
  2. Тадбири таъмини расонидани мол ва воситаҳои нақлиёт тибқи транзити дохилии гумрукӣ ҳангоми интиқол дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва боркашонҳои гумрукӣ истифода намешавад.
  3. Рўйхати моле, ки интиқолаш дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пардохти ҳатмии боҷҳои гумрукӣ ва андоз таъмин мегардад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад хати сайри интиқоли намудҳои алоҳидаи молро тибқи транзити дохилии гумрукӣ муқаррар намояд. Дар ҳолатҳои дигар хати сайр барои интиқоли намудҳои дигари мол, ки ҳангоми интиқоли он тавассути ҳудуди гумрукӣ ҳодисаҳои муттасил вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ё тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнўият ва маҳдудиятҳо муқаррар гардидааст, муайян карда мешавад. Ҳамзамон хати сайрро интиқолдиҳанда интихоб менамояд. Хати сайри аз ҷониби интиқолдиҳанда арзшуда ҳангоми интиқоли мол барои ў ҳатмӣ мебошад. Тағйир додани хати сайр бо иҷозати хаттии мақоми гумрук мумкин аст. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 87. Мушоияти гумрукӣ

  1. Мушоияти гумрукӣ – ҳамроҳӣ кардани воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи мол тибқи транзити дохилии гумрукӣ мебошад, ки аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук танҳо бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ анҷом дода мешавад.
  2. Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад оид ба мушоияти гумрукӣ дар ҳолатҳои зерин қарор қабул кунад:

1)агар таъмини пардохти боҷи гумрукӣ дар асоси банди 1 қисми 2 моддаи 86 ҳамин Кодекс пешниҳод карда нашавад;

2)интиқоли намудҳои алоҳидаи мол, ки дар асоси системаи таҳлили хатар ва идораи онҳо тибқи ҳамин Кодекс муайян карда шуда бошад;

3)аз ҷониби интиқолдиҳанда ақаллан як маротиба дар тўли сол аз рўзи муроҷиат барои иҷозати транзити дохилии гумрукии мол ба ҷойи таъинот расонида нашудааст ва он тибқи қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар хусуси таъини ҷазои маъмурӣ аз рўи парвандаи қонуншиканиҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ тасдиқ шуда бошад;

4)баргашта баровардани моле, ки иштибоҳан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст ё моле, ки воридоти он манъ аст, агар маҳали интиқоли воқеии моли зикршуда аз сарҳади гумрукӣ ҳангоми содироти он бо маҳали ҷойгиршавии ин мол мувофиқат накунад;

5)интиқоли мол тибқи қисмҳои 6 ва 7 моддаи 80 ҳамин Кодекс;

6)интиқоли моле, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати он мамнўият ва маҳдудият муқаррар шудааст.

3.Барои мушоияти гумрукӣ дар ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи гумрукӣ ситонида мешавад.

 

Моддаи 88. Вазифаҳои интиқолдиҳанда ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ

Ҳангоми интиқоли мол тибқи транзити дохилии гумрукӣ интиқолдиҳанда вазифадор аст:

1)               мол ва ҳуҷҷатҳои онро мувофиқи мўҳлати муайяннамудаи мақоми гумрук ба маҳали расонидани мол тибқи хати сайри дахлдор интиқол диҳад, агар ин хати сайри муайян ё арзшуда бошад;

2)               ҳифзи мол, пломбаю мўҳри гумрукӣ ё дигар воситаҳои ҳаммонандкуниро таъмин намояд, агар онҳо истифода шуда бошанд;

3)               нисбати мол бе иҷозати мақомоти гумрук ба азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва амалиёти дигарро иҷозат надиҳад, ба истиснои азнавборкунии бор ба нақлиёти дигар, ки мувофиқи қисми 1 моддаи 89 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 89. Азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва дигар амалиёт нисбати мол

  1. Азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва дигар намуди амалиёт, ки тибқи транзити дохилии гумрукӣ анҷом дода мешавад, бо иҷозати мақоми гумруки ирсолкунанда (қисми 1 моддаи 80) ё мақоми гумруке, ки дар минтақаи он амалиёти дахлдор амалӣ мегардад, анҷом дода мешавад. Агар аз нав бор кардани мол аз як воситаи нақлиёт ба воситаи дигари нақлиёт бе вайрон кардани пломбаю мўҳри гумрукӣ имконпазир бошад, чунин амал баъди огоҳонидани пешакии мақоми гумрук иҷозат дода мешавад. Тартиби огоҳониданро мақами ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муаян менамояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)
  2. Мақоми гумрук метавонад барои амалиёти боркунии мол дар ҳолатҳое иҷозат надиҳад, ки агар он боиси нобудшавии мол ё тағйирёбии хосияти он гардад.

 

Моддаи 90. Ҷавобгарии интиқолдиҳанда ва экспедитор ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ

1.Ҳангоми нарасонидани моли хориҷӣ ба мақоми гумруки таъинот (қисми 1 моддаи 92) интиқолдиҳанда ё экспедитор, агар барои транзити дохилии гумрукӣ экспедитор иҷозат гирифта бошад, вазифадор аст боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳоро тибқи ҳамин Кодекс пардозад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)

Агар молро интиқолдиҳанда ба қабулкунанда ё шахси дигар бе иҷозати мақоми гумрук дода бошад, шахсе, ки ин борро ба соҳибӣ гирифтааст, барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад, агар муайян карда шавад, ки ҳангоми гирифтани ин мол ин шахс аз вайрон кардани қоидаҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ буд ё бояд онро медонист.

  1. Интиқолдиҳанда ва экспедитор барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул нестанд, дар сурате, ки агар ин мол дар натиҷаи садама, ҳодисаи рафънопазир ё талафи табиӣ дар шароити оддии интиқол (борбарӣ) нобуд шудааст ё тамоман талаф шуда бошад.

Мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд ба интиқолдиҳанда ё экспедитор дар асоси он, ки интиқол тавассути хати сайри муайяншуда сурат нагирифтааст ё мўҳлати муайяншудаи транзити дохилии гумрукӣ риоя нашудааст, оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз талабот пеш гузоранд, агар шароиту талаботи дигари муайянкардаи ҳамин боб иҷро шуда бошад.

  1. Дар сурати ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ аз нав бор кардани мол аз як воситаи нақлиёт ба воситаи дигари нақлиёт масъулияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба зиммаи интиқолдиҳандае (экспедиторе) хоҳад буд, ки барои транзити дохилии гумрукӣ иҷозат гирифтааст.
  2. Ҳангоми интиқоли мол тавассути нақлиёти роҳи оҳан мутобиқи транзити дохилии гумрукӣ масъулият барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба зиммаи роҳи оҳан, ки молро талаф кардааст ё онро бе иҷозати мақомоти гумрук додааст, гузошта мешавад. Талабот оид ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва андоз аз ҷониби мақомоти гумруки роҳи оҳани таъинот пешниҳод карда мешавад. Муқаррароти ҳамин қисм нисбати ҳолатҳое, ки агар иҷозати транзити дохилии гумрукӣ ба экспедитор дода шуда бошад, инчунин ҳангоми интиқоли мол тибқи муросилоти мустақими омехта, агар иҷозати транзити дохилии гумрукӣ ба интиқолдиҳандаи навъи дигари нақлиёт дода шуда бошад, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 91. Тадбирҳои ҳангоми садама ва (ё) таъсири қувваи рафънопазир андешидашаванда, ки монеи интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ мегарданд

Ҳангоми садама ва (ё) таъсири қувваи рафънопазир интиқолдиҳанда вазифадор аст:

1) барои таъмини нигаҳдории мол ва воситаҳои нақлиёт тамоми тадбирҳои заруриро андешад;

2) дар бораи ҳодисаи рухдода ба мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ ва минбаъд ба мақоми гумруки наздиктарин бетаъхир хабар диҳад. Мақоми гумруки огоҳёфта вазифадор аст бетаъхир мақоми гумруки ирсолкунанда ва таъинотро огоҳ намояд, инчунин дар бораи имконияти интиқоли минбаъдаи мол бо риояи қоидаҳои транзити дохилии гумрукӣ қарор қабул кунад.

Мақомоти гумрук хароҷоти интиқолдиҳандаро вобаста ба андешидани тадбирҳои дар ҳамин модда пешбинишуда ҷуброн намекунанд.

 

Моддаи 92. Анҷоми расмиёти транзити дохилии гумрукии мол

  1. Мақоми гумруке, ки дар он транзити дохилии гумрукӣ (мақоми гумруки таъинот) хотима меёбад, анҷоми транзити дохилии гумрукии молро дар мўҳлати кўтоҳтарини имконпазир, вале на дертар аз 24 соат аз лаҳзаи бақайдгирии расидани воситаи нақлиёт, бо роҳи ба интиқолдиҳанда додани гувоҳнома дар бораи анҷоми транзити дохилии гумрукӣ тибқи намунаи муайянкардаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба расмият медарорад, агар ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо ва ҳаммонандсозии мол ҳамин мақоми гумрук вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор накарда бошад.
  2. Мақоми гумруки таъинот вазифадор аст расидани воситаи нақлиётро ба маҳали боррасонӣ дар мўҳлати 2 соат аз лаҳзаи аз ҷониби интиқолдиҳанда пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои дар қисми 3 ҳамин модда зикршуда ба қайд гирад ва фавран, баъди бақайдгирӣ ба интиқолдиҳанда дар бораи расидани воситаи нақлиёт тибқи намунаи муайянкардаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқнома диҳад.
  3. Барои анҷоми транзити дохилии гумрукӣ интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақоми гумруки таъиноти мол, ҳуҷҷати назорати расидани мол (моддаи 81), инчунин ҳуҷҷатҳои дигари барои мол доштаашро дар давоми 1 соати расидани воситаи нақлиёт ба маҳали молрасонӣ ва ҳангоме, ки агар мол берун аз вақти кории мақоми гумрук расида бошад – дар давоми як соати оғози кори ҳамин мақоми гумрук пешниҳод намояд. Ҳангоми интиқоли мол тавассути нақлиёти роҳи оҳан мўҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои мазкур набояд аз 12 соат зиёд бошад.
  4. Дар маҳали молрасонӣ то анҷоми транзити дохилии гумрукӣ воситаҳои нақлиёт дар минтақаи таҳти назорати гумрукӣ ҷойгир карда мешаванд. Ҷойгиркунии воситаҳои нақлиёт дар минтақаи назорати гумрукӣ барои ҳар вақту соат иҷозат дода мешавад.
  5. Ҳангоми интиқоли мол ба маҳали молрасонӣ, ки маҳали ҷойгиршавии мақоми гумрук (қисми 6 моддаи 80) намебошад, транзити дохилии гумрукӣ метавонад бе пешниҳоди мол ба мақоми гумруки таъинот хотима ёбад.

Шахси барои транзити дохилии гумрукӣ иҷозатгирифта вазифадор аст молро барои нигаҳдорӣ қабул намуда, ба иҷрои амале, ки боиси тағйир ёфтани ҳолати мол, вайроншавии бастабанди он мегардад, роҳ надиҳад, истифода ва ихтиёрдории онро то лаҳзаи аз ҷониби мақоми гумрук тасдиқ наёфтани расонидани мол ба анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, анбори гумрукӣ ё ҷойи дигар, ки тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб чун ҷойи молрасонӣ муайян шудааст, таъмин намояд. Зимнан, мол бояд дар бинои алоҳида ё дар майдони иҳоташуда, бо лавҳаи дорои иттилооте, ки ҳаммонандсозии онро имконпазир мегардонад, ҷой дода шавад.

Барои анҷом додани транзити дохилии гумрукӣ дар мақоми гумруки таъинот ҳамзамон бо ҳуҷҷатҳои дар қисми 3 ҳамин модда зикршуда дар давоми як шабонарўзи расидани воситаҳои нақлиёт ба маҳали молрасонӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қабули мол пешниҳод карда мешавад. Дар давоми се рўзи пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои зикршуда мақоми гумрук расидани молро тибқи намуна ва тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқ менамояд.

 

БОБИ 11. БОРКАШОНИ ГУМРУКӢ

 

Моддаи 93. Боркашони гумрукӣ

  1. Боркашони гумрукӣ шахси ҳуқуқии ватание буда метавонад, ки ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ дохил карда шудааст.
  2. Боркашони гумрукӣ интиқоли моли таҳти назорати гумрукӣ бударо тибқи ҳолат ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом медиҳад.
  3. Боркашони гумрукӣ ҳуқуқ дорад минтақаи фаъолияти худро бо минтақаи як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) маҳдуд созад.
  4. Муносибати боркашони гумрукии мол бо ирсолкунандагони мол ё экспедиторҳо дар асоси шартнома муқаррар мегардад. Аз ҷониби боркашони гумрукӣ набастани шартнома оид ба интиқоли мол ҳангоми мавҷудияти имконияти бастани чунин шартнома иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 94. Шартҳои дохил намудан ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ

Шартҳои ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ дохил намудан аз инҳо иборатанд:

1) фаъолият ҷиҳати интиқоли бор дар мўҳлати на камтар аз ду сол;

2) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

3) мавҷуд будани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият дар соҳаи интиқоли бор, агар ба чунин намуди фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад;

4)               дар ихтиёр доштани (таҳти моликият, пешбурди хоҷагидорӣ, идоракунии оперативӣ ё таҳти иҷора) воситаҳои нақлиёти барои интиқоли мол истифодашаванда, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти барои интиқоли мол бо пломбаю мўҳри гумрукӣ муносиб (моддаи 84);

5)               мавҷудияти шартнома дар бораи суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии худ, ки мумкин аст дар натиҷаи зарар ба моли тибқи шартномаи интиқол ба интиқолдиҳанда супурдашуда ё аз сабаби вайрон кардани ўҳдадориҳое, ки аз қарордод бармеояд, расад. Маблағи суғурта наметавонад аз андозаи 6000 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад.

Эзоҳ: Бо мақсади истифодаи ҳамин боб таҳти воситаҳои нақлиёт инчунин воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бор мекашонанд, дар назар дошта шудааст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 95. Ариза дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ

  1. Шахс ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ дар асоси аризаи ў, мувофиқи муқаррароти моддаҳои 93 ва 94 ҳамин Кодекс дохил карда мешавад.
  2. Ариза дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ бояд инҳоро дар бар гирад:

1) муроҷиат ба мақоми гумрук бо хоҳиши дохил намудан ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ;

2) маълумот дар бораи номгўй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, оид ба кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин маълумот дар бораи миқдори сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;

3) маълумот дар бораи мўҳлати иҷрои фаъолият дар соҳаи интиқоли бор ;

4) маълумот дар бораи нияти маҳдуд кардани минтақаи фаъолияти худ дар ҳудуди минтақаи як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) ё маҳдуд накардани минтақаи фаъолияти худ;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

5) маълумот дар бораи воситаҳои нақлиёти таҳти соҳибии худ қарордошта (миқдори умумӣ, тавсифи техникӣ), ки барои истифода ҳангоми иҷрои фаъолият ҳамчун боркашони гумрукӣ пешбинӣ мегардад, аз ҷумла оид ба воситаҳои нақлиёти барои интиқоли мол бо пломбаҳо ва мўҳрҳои гумрукӣ муносиб (моддаи 84);

6) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

7) маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғурта кардани хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда.

  1. Ба ариза барои дохил намудан ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ иҷозатнома оид ба иҷрои фаъолият дар соҳаи интиқоли бор, агар чунин намуди фаъолият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, инчунин ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда замима мегарданд:

1) маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;

2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи ихтиёрдории воситаҳои нақлиёте, ки барои истифода ҷиҳати иҷрои фаъолият ба сифати боркашони гумрукӣ ба инобат гирифта шудаанд;

3) маълумот дар бораи иҷозат доштани воситаҳои нақлиёт барои интиқоли мол бо пломба ва мўҳрҳои гумрукӣ;

4) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

5) тасдиқномаҳои бонкҳо дар бораи дар онҳо кушода шудани суратҳисобҳо;

6) шартномаи (полиси) суғурта.

 

Моддаи 96. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ

  1. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашони гумрукӣ инҳоро дар бар мегирад:

1) номи боркаши гумрукӣ, зикри шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ;

2) маълумот дар бораи ҳаҷм ва шакли таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

3) нишон додани минтақаи фаъолияти боркаши гумрукӣ, ҳангоме, ки он фаъолияти худро дар ҳудуди минтақаи фаъолияти як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) маҳдуд карда бошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ дар давоми се сол эътибор дорад.

 

Моддаи 97. Вазифаҳои боркашони гумрукӣ

Боркаши гумрукӣ вазифадор аст:

1) шарт ва талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро ҳангоми интиқоли моле, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, риоя кунад;

2) баҳисобгирии моли таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаро ба роҳ монад ва ба мақомоти гумрук дар бораи интиқоли чунин мол ҳисобот пешниҳод намояд (моддаи 405).

3) боҷу андозҳои гумрукиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 90 ҳамин Кодекс пардозад;

4) махфияти маълумоти аз ирсолкунанда, қабулкунандаи мол ё экспедитор гирифтаро нигоҳ дорад.

 

Моддаи 98. Бозхонди шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонҳои гумрукӣ

Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашони гумрукӣ дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби мақоми гумрук бозхонда мешавад:

1) аз ҷониби боркашони гумрукӣ риоя нашудани ҳатто яке аз шартҳои дохил намудан ба Реестри боркашони гумрукӣ, ки моддаи 94 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст;

2) аз ҷониби боркашони гумрукӣ риоя нашудани ўҳдадориҳои пешбининамудаи банди 3 моддаи 97 ҳамин Кодекс;

3) аз сабаби иҷро накардани ўҳдадориҳо ҷалби чандинкаратаи боркаши гумрукӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.

 

БОБИ 12. НИГАҲДОРИИ МУВАҚҚАТИИ МОЛ

 

Моддаи 99. Нигаҳдории муваққатии мол

Нигаҳдории муваққатии мол расмиёти гумрукие мебошад, ки тибқи он моли хориҷӣ бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бе татбиқи маҳдудиятҳои нисбати он муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то иҷозат додани он мутобиқи низоми муайяни гумрукӣ ё то ҷойгиркунии онҳо таҳти расмиёти дигари гумрукӣ таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта мешавад.

 

Моддаи 100. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ

  1. Нигаҳдории муваққатии мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ анҷом дода мешавад, агар ҳамин боб тартиби дигаре муқаррар накарда бошад.

Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ биноҳои махсус ҷудогардида ва барои чунин мақсадҳо таҷҳизонидашуда ва (ё) майдончаҳои кушодае мебошанд, ки ба талаботи муқаррарнамудаи моддаи 107 ҳамин Кодекс мувофиқанд.

  1. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ минтақаи назорати гумрукӣ ба шумор мераванд.
  2. Мол мумкин аст дар ҳама гуна анбори нигаҳдории муваққатӣ, бо назардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷойгир карда шавад.

 

Моддаи 101. Ҷойгиронии мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ

  1. Дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ мумкин аст ҳама гуна моли хориҷӣ, аз ҷумла моле ҷойгир карда шавад, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст (қисми 1 моддаи12). (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Моле, ки мумкин аст ба моли дигар зарар расонад ё шароитҳои махсуси нигаҳдориро талаб кунад, бояд дар анборҳо ё дар биноҳои алоҳидаи анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, ки барои нигаҳдории чунин мол мутобиқ гардонида шудаанд, бо риояи талаботи ҳатмии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шавад.
  3. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ мумкин аст дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 418 ва 435 ҳамин Кодекс барои нигаҳдории мол истифода бурда шаванд.

 

Моддаи 102. Ҳуҷҷатҳое, ки барои ҷойгиронии молҳо дар анбори нигаҳдории муваққатӣ заруранд

  1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷойгиронии молҳо дар анбори нигаҳдории муваққатӣ декларатсияи мухтасар аст.
  2. Декларатсияи мухтасар на дертар аз рӯзи дигари корӣ баъд аз ба мақоми гумрук пешниҳод намудани мол ва воситаҳои нақлиёт манзур мегардад. Агра дар давоми ин мӯҳлат молҳо таҳти низоми гумрукии муайян ҷой дода шавад, декларатсияи мухтасар пешниҳод намегардад.
  3. Декларатсияи мухтасар бояд дорои маълумоте бошад, ки дар ҳуҷҷатҳои молҳамроҳикунандаи нишон дода шудаасту, барои ҳамоҳанкунии молҳо зарур аст, инчунин дорои маълумот оид ба ҷойи нигаҳдории муваққатии молҳои воридшуда бошад.
  4. Шакли декларатсия мухтасар ва тартиби пур кардани онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 103. Мўҳлати нигаҳдории муваққатии мол

  1. Мўҳлати нигаҳдории муваққатии мол ду моҳ мебошад.

Мақоми гумрук дар асоси дархости асосноки шахси манфиатдор мўҳлати мазкурро тамдид мекунад. Тартиби тамдиди мўҳлат аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар мегардад.

Мўҳлати ниҳоии нигаҳдории муваққатии мол 4 моҳ мебошад, агар ҳамин модда мўҳлати дигареро муқаррар накарда бошад.

  1. Моли зуд вайроншаванда мумкин аст дар анбори нигаҳдории муваққатӣ дар доираи мўҳлати ҳифзи сифати он, ки истифодаи ин молро тибқи таъиноташ имконпазир месозад, нигоҳ дошта шавад, вале ин мўҳлат набояд аз мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда бештар бошад.
  2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 12 ва қисми 8 моддаи 418 ҳамин Кодекс нигаҳдории муваққатии мол дар мўҳлати дар ин моддаҳо зикршуда анҷом дода мешавад. Тамдиди ин мўҳлатҳо иҷозат дода намешавад.
  3. Баҳисобгирии мўҳлати нигаҳдории муваққатии мол аз рўзи ҷойгиронии он дар анбори нигаҳдории муваққатӣ ё аз рўзе оғоз мешавад, ки мол тибқи ҳамин Кодекс дорои статуси моли ба таври муваққатӣ нигаҳдоришаванда мегардад. Дар сурати истифодаи транзити дохилии гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол аз маҳали расидан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон то маҳали ҷойгиршавии мақоми гумрук баҳисобгирии мўҳлати нигаҳдории муваққатии ин мол аз рўзи анҷоми транзити дохилии гумрукӣ аз нав оғоз мегардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Мол баъди анҷоми мўҳлатҳои пешбининамудаи ҳамин модда мутобиқи боби 57 ҳамин Кодекс ихтиёрдорӣ карда мешавад.

 

Моддаи 104. Амалиёт бо моле, ки таҳти нигаҳдории муваққатӣ қарор дорад

  1. Шахсони ваколатдори мол ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд бо моли таҳти нигаҳдории муваққатӣ қарордошта амалиёти муқаррарии барои таъмини нигаҳдории бетағйири мол заруриро анҷом диҳанд (аз ҷумла молро аз назар гузаронанд ва чен кунанд, дар ҳудуди анбори нигаҳдории муваққатӣ ҷойҳои онро иваз намоянд), ба шарте агар ин амалҳо боиси тағйири ҳолат, вайроншавии бастабандҳо ва (ё) тағйир додани воситаҳои ҳаммонандкунии гузошташуда нагарданд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Амалиёти дар қисми 1 ҳамин модда зикрнашударо (аз ҷумла, гирифтани чошнӣ ва намунаи мол, таъмири бастбанди мол, инчунин амалиёти баровардани мол аз анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ва интиқоли минбаъдаи он) шахсони ваколатдори мол ва намояндагони он бо иҷозати мақоми гумрук анҷом медиҳанд.

Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад чунин амалиётро танҳо дар сурате рад намояд, ки агар иҷрои он боиси талафот ва тағйирёбии ҳолати мол гардад.

 

Моддаи 105. Моли корношоям, харобгардида ва вайроншуда

Моле, ки дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир дар давраи нигаҳдории муваққатии мол корношоям, вайрон ё хароб гаштааст, бояд таҳти низоми гумрукии арзнамудаи декларант ҷой дода шавад, чунон ки агар он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли корношоям, харобгардида ё вайроншуда ворид карда шудааст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 106. Навъҳои анборҳои нигаҳдории муваққатӣ

  1. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ метавонанд пўшида ва кушода бошанд.
  2. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, агар барои истифодаи ҳама гуна мол ва ҳама гуна шахс дастрас бошанд, анборҳои кушода ба ҳисоб мераванд.
  3. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, агар барои нигаҳдории моли соҳиби анбор (моддаи 108) ё барои нигаҳдории моли муайян, аз ҷумла муомилоташ маҳдуд ва (ё) талабкунандаи шароити махсуси нигаҳдорӣ пешбинӣ шуда бошанд, анборҳои пўшида мебошанд.

 

Моддаи 107. Талабот нисбати ободонӣ, таҷҳизонӣ ва маҳали ҷойгиршавии анборҳои нигаҳдории муваққатӣ

  1. Биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анборҳои нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд, бояд тавре обод ва таҷҳизонида шаванд, ки ҳифзи молро таъмин намоянд ва дастрасии шахсони бегонаро (ки кормандони анбор нестанд, нисбати мол ваколатдор ё намояндаи шахси ваколатдор нисбати мол намебошанд) имконнопазир гардонанд, инчунин имконият диҳанд, ки назорати гумрукӣ нисбати чунин мол анҷом дода шавад. Тартиби огоҳониданро мақами ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муаян менамояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)
  2. Биноҳо ё майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анборҳои нигаҳдории муваққатӣ пешбинӣ шудаанд, бояд дорои ҳудуди муҳофизатшаванда бошанд, ки воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи мол дар мўҳлати барои анҷом додани транзити дохилии гумрукӣ зарурӣ таваққуф кунанд. Ин ҳудуд минтақаи назорати гумрукӣ ҳисоб карда мешавад. Воситаҳои нақлиётие, ки бори таҳти назорати гумрукиро интиқол медиҳанд, метавонанд ба ин минтақа дар ҳама вақти шабонарўз дохил шаванд.
  3. Мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ барои ободонӣ, таҷҳизонӣ ва маҳали ҷойгиршавии анборҳои нигаҳдории муваққатӣ бо мақсади таъмини назорати гумрукӣ талаботи ҳатмӣ муқаррар менамояд.
  4. Бо қарори мақоми гумрук талаботи алоҳидаи барои ободонӣ ва таҷҳизонии анборҳои пўшида пешбининамудаи ҳамин модда метавонад нисбати анборҳои дар ҳудуди корхонаҳо қарордошта, ки соҳиби онҳо фаъолияти истеҳсолиро анҷом медиҳад, истифода нагардад, агар меъёрҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда риоя карда шавад.

Эзоҳ: Бо мақсади истифодаи ҳамин модда таҳти мафҳуми воситаи нақлиёт воситаи нақлиёте фаҳмида мешавад, ки тавассути он дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мол интиқол дода мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 108. Соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ

  1. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ шахси ҳуқуқии ватание буда метавонад, ки ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дохил карда шуда бошад.
  2. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ нигаҳдории моли таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаро тибқи ҳолат ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс таъмин менамояд.
  3. Муносибати соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ бо шахсоне, ки моли худро дар он нигаҳ медоранд, дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад. Агар барои бастани шартнома ҷиҳати нигаҳдории мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ шароит мавҷуд бошад (ба истиснои анбори пўшида, ки барои нигаҳдории моли соҳиби анбор истифода мегардад), соҳиби анбори гумрукӣ наметавонад аз бастани шартнома саркашӣ кунад.
  4. Соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ метавонанд мақомоти гумрук бошанд, ки бе дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ба фаъолият ба сифати соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ (моддаи 115) машғуланд. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ вазифадор аст номгўи анборҳои нигаҳдории муваққатиеро, ки соҳибони онҳо мақомоти гумрук мебошанд, инчунин тағйироти ба ин номгўй дохилшударо на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ дар нашрияҳои расмии худ чоп кунад.

 

Моддаи 109. Шартҳои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ

  1. Шартҳои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ аз инҳо иборатанд:

1) соҳибии (таҳти моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё таҳти иҷора будани) анборҳои кушода, бино ва (ё) майдончаҳои кушодаи барои истифодаи нигаҳдории муваққатӣ ва ба сифати анборҳои нигаҳдории муваққатӣ таъингардида, ки ҷавобгўи талаботи муқарраргардида мебошанд ( моддаи 107);

2) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мувофиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

3) мавҷудияти қарордод дар бораи суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии худ, ки мумкин аст дар натиҷаи расонидани зарар ба моли таҳти нигаҳдорӣ мавҷудбудаи шахси дигар ё вайрон кардани шартҳои дигари нигаҳдорӣ бо шахсони дигар фаро расад. Маблағи суғурта, ки дар доираи он суғуртакунанда ўҳдадор шудааст ҳангоми фарорасии ҳар як ҳолати суғурта зарари ба моликияти шахсон расонидашударо ҷуброн намояд, тибқи масоҳати муфид ё ҳаҷми муфид ба ҳисоб гирифта шуда, агар ба сифати анбори гумрукӣ майдончаи кушода истифода шуда бошад, аз ҳисоби ҳаҷми 5 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як метри мураббаи масоҳати муфид ё агар ба сифати анбори гумрукӣ бино истифода шуда бошад, аз ҳисоби ҳаҷми 2 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як метри мукааби масоҳати муфид муқаррар карда мешавад, вале он наметавонад аз ҳаҷми 8000 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад.

  1. Агар соҳибии бино ва (ё) майдончаи кушода дар асоси шартномаи иҷора амалӣ гардад, пас чунин шартнома бояд ба мўҳлати на камтар аз як сол аз рўзи додани ариза ҷиҳати дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ баста шавад.

 

Моддаи 110. Ариза барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ

  1. Шахс ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар асоси аризаи ҷавобгўи талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 108 – 109 ҳамин Кодекс дохил карда мешавад.
  2. Ариза барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ бояд инҳоро дар бар гирад:

1) муроҷиат ба мақомоти гумрук барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ;

2) маълумот дар бораи номгўй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин андозаи сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;

3) маълумот дар бораи навъи анбори нигаҳдории муваққатӣ (барои анбори пўшида, инчунин асоснокии зарурат ва ба мақсад мувофиқ будани интихоби чунин анбор);

4) маълумот дар бораи биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушодае, ки дар ихтиёри аризадиҳанда қарор дошта, барои истифода ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ дар назар гирифта шудаанд, маҳали ҷойгиршавии онҳо, ободонӣ, таҷҳизонӣ ва таъминоти моддию техникӣ;

5) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

6) маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда.

  1. Ба аризаи дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ҳуҷҷатҳои зерине, ки тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда мебошанд, замима мегарданд:

1) гувоҳнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;

2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи ихтиёрдории биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ҳамчун анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд;

3) лоиҳаҳо ва нақшаҳои биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ҳамчун анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд;

4) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таъмини супоридани пардохтҳои  гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

5) тасдиқномаҳои бонкҳо дар бораи дар ин бонкҳо кушодани суратҳисобҳо;

6) шартномаи (полиси) суғурта.

  1. Барои ҳар бинои аз нигоҳи ҳудуд махсусгардонидашуда ва (ё) ҳар майдончаи кушодаи аз нигоҳи ҳудуд махсусгардонидашуда, ки барои истифода ҳамчун анбори нигаҳдории муваққатӣ таъингардида, аризаи алоҳида пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 111. Шаҳодатнома барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ

  1. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ба ҳар як бинои ҳудудан махсусгардонидашуда ё ҳар майдончаи кушодаи ҳудудан махсусгардонидашуда, ки ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ истифода мегардад, дохил карда мешавад. Ба ҳар як бинои ҳудудан махсусгардонидашуда ё ҳар майдончаи кушодаи ҳудудан махсусгардонидашуда, ки ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ истифода мегардад, барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ шаҳодатномаи алоҳида дода мешавад.
  2. Шаҳодатнома барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ инҳоро дар бар мегирад:

1) номи соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ,  шакли ҳуқуқию ташкилии он ва зикри маҳали ҷойгиршавиаш;

2) маълумот дар бораи ҳуқуқи ихтиёрдории бино ва (ё) майдончаи кушода, ки ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ истифода бурда мешавад;

3) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

4) зикри навъи анбори нигаҳдории муваққатӣ;

5) зикри маҳали ҷойгиршавии анбори нигаҳдории муваққатӣ.

  1. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар давоми се сол эътибор дорад.

 

Моддаи 112. Вазифаҳои соҳиби анборҳои нигаҳдории муваққатӣ

  1. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ вазифадор аст:

1) шарт ва талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро нисбати нигаҳдории мол, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, таъмин намояд.

2) баҳисобгирии нигаҳдории моли таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаро анҷом дода, ба мақомоти гумрук дар бораи нигаҳдории ин мол (моддаи 405) ҳисобот пешниҳод намояд;

3) ҳифзи моли дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ мавҷуда ва воситаҳои нақлиёти дар ҳудуди ҳамшафати он бударо, ки минтақаи назорати гумрукӣ ҳисоб мешавад, таъмин намояд,

4) имконияти ҷойгиркунии шабонарўзии мол ва воситаҳои нақлиётро дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ё дар ҳудуди ҳамшафат ба анбор, ки минтақаи назорати гумрукӣ ҳисоб мешавад, таъмин намояд,

5) бе иҷозати мақоми гумрук имконнопазирии дастрасии шахсони бегонаро ба мол ва воситаҳои нақлиёти дар анбори мазкур ё ҳудуди ҳамшафати он таъмин намояд,

6) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 90 ҳамин Кодекс, агар соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ ба транзити дохилии гумрукӣ иҷозат дошта бошад, боҷи гумрукӣ ва андозро мепардозад.

  1. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ ҳангоми талаф ё бе иҷозати мақомоти гумрук додани моли дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ҷойгиршуда барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз танҳо ҳангоме масъул намебошад, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё нобудшавии табиӣ дар шароити муқаррарии нигаҳдорӣ тамоман талаф ёфта бошад.

 

Моддаи 113. Бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ

Шаҳодатнома барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар ҳолатҳои зерин бозхонда мешавад:

1) аз ҷониби соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ риоя нашудани ҳатто яке аз шартҳои талаботи Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, ки моддаи 109 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст;

2) аз ҷониби соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ риоя нашудани талаботи банди 6 қисми 1 моддаи 112 ҳамин Кодекс;

3) ҷалби чандкаратаи соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.

 

Моддаи 114. Амалиёт бо мол ҳангоми аз Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ хориҷ намудани соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ

Ҳангоми бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ё хориҷ намудани соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ аз ин Реестр моли дар анбори нигаҳдории муваққатӣ қарордошта бояд аз ҳисоби вай, дар давоми 2 моҳи баъди рўзи хориҷшавӣ фарорасанда ба анбори дигари нигаҳдории муваққатӣ гузаронида шавад. Аз рўзи дигари баъди хориҷ кардани соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ аз Реестри соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ба ҷойгиркунии мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 115. Нигаҳдории мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатии мақомоти гумрук

  1. Анборҳои нигаҳдории муваққатии мақомоти гумрук анборҳои кушода буда, бояд ба талаботи муқаррарнамудаи моддаи 107 ҳамин Кодекс ҷавобгў бошанд.
  2. Ҳангоми нигаҳдории мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатии мақомоти гумрук муносибатҳои мутақобилаи мақомоти гумрук бо шахсоне, ки молро дар ин анборҳо ҷойгир намудаанд, тибқи ҳамин Кодекс ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Нисбати шартномае, ки мақоми гумрук бо шахси ҷойдиҳандаи мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ мебандад, талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои шартномаи оммавӣ муқаррар шудаанд, татбиқ мегардад. Агар барои бастани шартнома ҷиҳати нигаҳдории мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ шароит мавҷуд бошад, соҳиби анбори гумрукӣ наметавонад аз бастани шартнома саркашӣ кунад.

Барои нигаҳдорӣ дар анбори нигаҳдории муваққатӣ қабул намудани мол мақоми гумрук ба шахси молро ҷойгирнамуда мувофиқи намунаи муайянкардаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ квитансия медиҳад.

  1. Ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти мақомоти гумрук вобаста ба нигаҳдории мол аз ҷониби ин мақомот аз моҳияти ўҳдадориҳо тибқи муқаррароти умумии нигаҳдорӣ бармеояд, ки қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти муқаррароти ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст.

Мақоми гумрук барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми талаф шудани моли дар анбори нигаҳдории муваққатӣ қарордошта ҷавобгар мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё талафи табиӣ дар шароити мўътадили нигаҳдорӣ тамоман нобуд шуда бошад.

  1. Барои нигаҳдории мол дар анбори нигаҳдории муваққатии мақоми гумрук мувофиқи шартнома музд ситонида мешавад. Ҳаққи пардохт барои нигаҳдории мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 116. Хусусиятҳои нигаҳдории муваққатии моле, ки тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешавад

  1. Тибқи дархости роҳи оҳан нигаҳдории муваққатии моли тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқолёбанда то фаровардани он мустақиман дар воситаҳои нақлиёти дар хатҳои роҳи оҳан қарордоштаи ин роҳи оҳан, дар ҷойҳое, ки анбори нигаҳдории муваққатӣ нестанд ва маҳали ҷойгиршавии он бо мақомоти гумрук мувофиқа шудааст, иҷозат дода мешавад.

Маҳалҳои мазкур минтақаи назорати гумрукӣ ба шумор мераванд. Роҳи оҳан вазифадор аст амнияти молро таъмин намуда, дастрасии шахсони бегонаро ба он истисно намояд.

  1. Моле, ки дар воситаҳои нақлиёт дар минтақаи назорати гумрукӣ нигаҳдорӣ мешавад, тибқи ҳамин модда барои мақсади гумрукӣ ҳамчун моли таҳти нигаҳдории муваққатӣ қарордошта баррасӣ мегардад. Фаровардани бор ва интиқоли он ба маҳалҳои дигар бо иҷозати мақоми гумрук анҷом дода мешавад.
  2. Ҳангоми талафи моли дар воситаҳои нақлиёти дар минтақаи назорати гумрукӣ қарордошта ё бе иҷозати мақомоти гумрук додани он, масъулияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ба зиммаи роҳи оҳан мебошад.

 

 Моддаи 117. Нигаҳдории муваққатӣ дар анбори гирандаи мол

  1. Бо иҷозати мақоми гумрук нигаҳдории муваққатӣ метавонад дар анборҳои гирандаи мол дар ҳолати зайл анҷом дода шавад:

1) ҳангоми истифодаи расмиёти махсуси соддагардонидашуда барои шахсони алоҳида (моддаи 68);

2) ҳангоми зарурати нигаҳдории муваққатии моле, ки шароити махсуси нигаҳдориро тақозо менамояд, агар дар маҳали наздиктарин барои нигаҳдории чунин мол анбори махсусгардонидашуда мавҷуд набошад.

  1. Ҳангоми додани иҷозат барои нигаҳдории муваққатӣ дар анборҳои қабулкунандаи мол мақоми гумрук ҳуқуқ дорад таъмини супоридани пардохтҳои гумрукиро талаб намояд.
  2. Қабулкунандаи бор ҳангоми нигаҳдории мол дар анбор худ вазифадор аст ҳамаи дигар талаботи ҳамин моддаро риоя намояд. Дар анборҳои қабулкунандаи мол ба нигаҳдории моли хориҷие, ки ба шахсони сеюм таалуқ доранд, иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 118. Ҷойгир намудани мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ аз ҷониби мақомоти гумрук

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 12, моддаҳои 418 ва 435 ҳамин Кодекс мол метавонад дар анборҳои нигаҳдории муваққатии мақомоти гумрук ҷойгир карда шавад.

Подош барои нигаҳдорӣ ва ҷуброни хароҷот ба соҳиби анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар ҳолатҳои зикргардида аз ҳисоби шахсони дар ҳамин моддаҳо муқарраршуда анҷом дода мешавад.

  1. Агар хароҷоти нигаҳдорӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ сурат гирад, ин хароҷот ба соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ аз ҷониби мақомоти гумрук дар доираи ҳаҷми зарурӣ ва хароҷоти ҳуҷҷатан тасдиқгардида, ки соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ масраф намудааст, ҷуброн карда мешавад.

 

БОБИ 13. БАРОВАРДАНИ МОЛ ВА ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ АЗ ҲУДУДИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 119. Маҳал ва мўҳлати баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт) дар нуқтаҳои гузаргоҳҳо аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд ва дар вақти кории мақомоти гумрук (моддаи 466) иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Муқаррароти ҳамин модда нисбати моли тавассути роҳҳои дарёӣ ва ҳавоӣ интиқолёбанда, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таваққуф дар бандарҳо ё фурудгоҳҳои воқеъ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон убур мекунанд, татбиқ намегардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 120. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумот

  1. Мол ва воситаҳои нақлиёт бо иҷозати мақомоти гумрук бароварда мешаванд.
  2. Барои гирифтани иҷозат аз мақоми гумрук ҷиҳати баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳои гумрукии тасдиқкунандаи нигаҳдории ин мол таҳти низоми гумрукӣ, ки баровардани молро аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. То баровардани мол ва воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73 – 76 ҳамин Кодексро вобаста ба навъи нақлиёти интиқолдиҳандаи моли байналмилалӣ пешниҳод намояд.

Агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дорои маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73 – 76 ҳамин Кодекс набошанд, интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақоми гумрук маълумоти заруриро бо усули пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳои дар ихтиёраш буда ё ҳуҷҷатҳои иловагие, ки дар шакли соддагардонидашуда таҳия намудааст, манзур дорад.

Мақоми гумрук ҳуқуқ надорад аз интиқолдиҳанда маълумоти дар моддаҳои 73 – 76 ҳамин Кодекс пешбининашударо талаб намояд.

Аз номи интиқолдиҳанда ҳуҷҷатҳо ва маълумотро метавонад ҳар шахси дигари ваколатдорнамудаи ў пешниҳод намояд.

 

Моддаи 121. Боркунии мол ба воситаи нақлиёте, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мешавад

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Боркунии мол ба воситаи нақлиёти аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷшаванда баъди аз ҷониби мақоми гумрук қабул кардани декларатсияи гумрукӣ ва дар ҳуҷҷатҳои бору нақлиёт гузоштани штампи «Ба боркунӣ иҷозат дода шудааст», иҷозат дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол мақоми гумрук пешниҳоди молро барои санҷиш талаб нанамояд, инчунин агар интиқоли мол тибқи низоми гумрукии транзити байналмилалии гумрукӣ қарор дошта бошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук бо мақсади азназаргузаронии мол ҳуқуқ доранд ҳангоми боркунии он ба нақлиёти аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон убуркунанда иштирок намоянд. Дар ин ҳолат мол дар маҳале, ки ҷойгиронии он бо мақомоти гумрук мувофиқа шудааст ва дар вақти кории мақоми гумрук бор карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Бо дархости шахси манфиатдор мақоми гумрук ҳуқуқ дорад ба боркунии берун аз вақти кории ин мақом тибқи моддаи 466 ҳамин Кодекс иҷозат диҳад.

 

Моддаи 122. Талабот нисбати мол ҳангоми баровардани он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Мол бояд аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан тибқи ҳамон теъдод ва ҳолате, ки ҳангоми ҷойгиронии он таҳти низоми муайяни гумрукӣ қарор дошт, бароварда шавад, ба истиснои тағйирёбии теъдод ва ҳолати мол дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ, талаф ё тағйирёбии хосияти табиии мол ҳангоми интиқоли мўътадил, инчунин тағйирёбии теъдоди он дар натиҷаи қисмате, ки дар воситаи нақлиёти интиқолдиҳанда боқӣ мемонад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ҳангоми талаф ё дигар шудани ҳолати мол дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи регламент ва стандартҳои амалкунандаи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҳангоми тағйир ёфтани маълумот дар бораи миқдори мол аз сабаби норасоии усули андозагирӣ шахс барои риоя накардани муқаррароти ҳамин модда ҷавобгар намебошад.
  3. Ҳангоми пешниҳоди мол ба мақоми гумруки маҳали баровардани он ва дархости декларант мақоми гумрук миқдори моли воқеан баровардашударо тасдиқ менамояд.

 

БОБИ 14. ДЕКЛАРАТСИЯ КАРДАНИ МОЛ

 

Моддаи 123. Моле, ки бояд декларатсия карда шавад

Мол ҳангоми интиқол аз сарҳади гумрукӣ, тағйири низоми гумрукӣ, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи моддаҳои 183, 184, 247 ва 435 ҳамин Кодекс бояд декларатсия карда ба мақоми гумрук пешниҳод шавад.

 

Моддаи 124. Декларатсия кардани мол

  1. Мол бо роҳи ба мақомоти гумрук дар шакли муқарраршуда арз намудани маълумоти боэътимод дар бораи мол, низоми гумрукии он ва маълумоти дигари барои мақсадҳои гумрук зарурӣ (ба таври хаттӣ, шифоҳӣ, конклюдентӣ ва электронӣ) декларатсия карда мешавад.

Мол аз ҷониби декларант ё брокери гумрук (намоянда) (боби 15) бо интихоби декларант декларатсия карда мешавад.

  1. Шакл ва тартиби декларатсия кардани мол дар ҳолатҳое, ки ҳамин Кодекс танзим нанамудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад.
  2. Рўйхати маълумоте, ки бояд дар декларатсияи гумрукӣ зикр гардад, танҳо бо маълумоте маҳдуд мегардад, ки барои мақсадҳои ҳисоб ва ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ташаккули омори гумрукӣ ва татбиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд.
  3. Ҳангоми истифодаи декларатсияи гумрукӣ ба сифати ҳуҷҷати баҳисобгирӣ бо мақсади назорати асъор, ки мақомоти гумрук анҷом медиҳанд, дар декларатсияи гумрукӣ бояд маълумоте низ зикр шаванд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор барои чунин мақсадҳо заруранд.
  4. Декларатсияи гумрукӣ аз ҷониби тартибдиҳандаи он тасдиқ ва аз ҷониби корманди ин шахси ҳуқуқӣ имзо карда мешавад. Декларатсия бо роҳи гузоштани мўҳр тасдиқ карда мешавад, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси тартибдиҳандаи декларатсияи гумрукӣ мўҳр дошта бошад.
  5. Номгўи маълумоте, ки бояд дар декларатсияи гумрукӣ зикр гардад ва шакли пешниҳоди онҳо бояд расман чоп карда шаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки номгўи маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ зикршавандаро муайян мекунанд, тибқи моддаи 4 ҳамин Кодекс эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.

 

Моддаи 125. Маҳали декларатсия кардани мол

  1. Декларатсияи гумрукӣ мумкин аст ба ҳар мақоми гумруки дорои ҳуқуқи қабули декларатсия пешниҳод гардад.
  2. Бо мақсади таъмини самаранокии назорати риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад мақоми гумруки дахлдорро барои декларатсияи намудҳои алоҳидаи мол танҳо дар ин ҳолатҳо муайян кунад:

1) ҳангоми зарурати истифодаи таҷҳизоти махсусгардонидашуда ва (ё) донишҳои махсус барои барасмиятдарории гумрукии чунин мол ба монанди арзишҳои фарҳангӣ, аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ, маводи радиоактивӣ ва таҷзияшаванда;

2) вобаста ба навъи нақлиёти мавриди истифодаи интиқоли моли байналмилалӣ истифодашаванда (автомобилӣ, дарёӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан, қубурӣ ва хати интиқоли барқ);

3) ҳангоми интиқоли намудҳои алоҳидаи мол аз сарҳади гумрукӣ, ки нисбати онҳо вайронкунии қонунгузории гумрукӣ муттасил ба қайд гирифта шудааст ё мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнўият ва маҳдудият муқаррар гардидааст;

4) ҳангоми зарурати назорати махсуси моли алоҳидаи дорои объекти моликияти зеҳнӣ (интеллектуалӣ) тибқи номгўи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Дар сурати пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ба мақоми дигари гумрук, ки қисми 2 ҳамин модда муайян намудааст, декларатсияи гумрукӣ дар рўзи пешниҳод аз ҷониби мақоми гумрукие, ки декларатсияи гумрукиро гирифтааст, ба мақомоти гумрукии дахлдор фиристода мешавад.

Мўҳлати қабули декларатсияи гумрукӣ (моддаи 132) дар чунин ҳолат ба мўҳлате тамдид мегардад, ки барои ирсоли он зарур аст, вале набояд аз ду рўзи корӣ зиёд бошад.

  1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки ҷойи декларатсияи баъзе навъҳои молро муайян кардааст, тибқи моддаи 4 ҳамин Кодекс эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.

 

Моддаи 126. Декларант

  1. Ба сифати декларант шахсони дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин дигар шахсоне, ки тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи муқаррароти қисми 2 ҳамин модда ҳуқуқи ихтиёрдории молро доранд, метавонанд баромад намоянд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Танҳо шахси ватанӣ декларант буда метавонад, ба истиснои ҳолатҳои интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ:

1) аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, хонаводагӣ ва дигар эҳтиёҷоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ марбут нест;

2) аз ҷониби шахсони хориҷие, ки аз имтиёзҳои гумрукӣ тибқи боби 39 ҳамин Кодекс истифода мебаранд;

3) аз ҷониби ташкилотҳои хориҷие, ки намояндагиашон дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта (аккредитатсия) шудаанд, ҳангоми ариза ба мақоми гумрук таҳти низомҳои гумрукии воридоти муваққатӣ, реэкспорт, транзит, инчунин низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озоди мол, ки барои истифодаи шахсии ҳамин намояндагиҳо ворид карда мешаванд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

4) аз ҷониби интиқолдиҳандагони хориҷӣ ҳангоми арзи низоми гумрукии транзит;

5) дигар ҳолатҳое, ки шахси хориҷӣ барои ихтиёрдории мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз доираи муомилоти иқтисодии хориҷӣ ҳуқуқ дорад ва яке аз тарафҳои он шахси ватанӣ мебошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 127. Ҳуқуқу вазифаҳои декларант

  1. Ҳангоми декларатсияи мол ва иҷрои дигар амалҳои гумрукӣ, ки барои иҷозати мол зуруранд, декларант ҳуқуқ дорад:

1) моли декларатсияшавандаро аз ҷумла то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ аз назар гузаронад ва онҳоро чен кунад;

2) бо иҷозати мақоми гумрук чошнӣ ва намунаи моли декларатсияшавандаи ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро гирад. Декларатсияи гумрукии алоҳида барои гирифтани чошнӣ ва намунаи мол ба шарте пешниҳод карда намешавад, ки агар чунин чошнӣ ва намуна дар декларатсияи гумрукии мол нишон дода шаванд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) ҳангоми азназаргузаронии моли декларатсияшаванда (моддаҳои 412 ва 413), дар сурати аз ҷониби шахси мансабдори мақоми гумрук гирифтани чошнӣ ва намунаи мол иштирок кунад (моддаи 424);

4) бо натиҷаҳои тадқиқотҳои дар мақоми гумрук мавҷудаи чошнӣ ва намунаи моли декларатсияшавандаи худ шинос шавад;

5) барои декларатсия кардани мол дар шакли ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро тибқи ҳамин Кодекс пешниҳод намояд;

6) аз дигар ваколатҳо ва ҳуқуқҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс истифода барад.

  1. Ҳангоми декларатсия кардани мол ва анҷом додани дигар расмиёти гумрукӣ декларант вазифадор аст:

1) ба мақоми гумрук декларатсияи гумрукӣ, маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд (моддаи 131);

2) бо талаби мақоми гумрук моли декларатсияшавандаро пешниҳод намояд;

3) тибқи фасли 3 ҳамин Кодекс боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардозад ё пардохти онҳоро таъмин намояд.

 

Моддаи 128. Хусусиятҳои хоси декларатсия кардани моли мухталифи марбут ба як партия

  1. Бо хоҳиши декларант моли мухталифи як партия метавонад бо нишон додани як рамзи таснифотии Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ декларатсия карда шавад, ба шарте агар ба ин рамзи таснифотӣ мувофиқат кунанд: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)

1) меъёри нисбатан баланди боҷҳои гумрукӣ (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347);

2) меъёри нисбатан баланди аксизи гумрукӣ (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347);

3) меъёри нисбатан баланди андоз аз арзиши изофашуда (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347);

4) коди ин мол ба сатҳи 4 рақами аввал мувофиқат кунад.

  1. Маълумот дар бораи номгўй ва теъдоди моли як партия аз ҷониби декларант бо роҳи пешниҳоди рўйхати мол арз карда мешавад. Ба сифати чунин рўйхат шарҳи номнависи (спетсификатсияи) бор, варақаи бастабандӣ, рўйихат ва дигар ҳуҷҷатҳои шабеҳ истифода бурда мешавад. Барои мақсадҳои гумрукӣ рўйхати мол ба сифати қисми таркибии декларатсияи гумрукӣ баррасӣ карда мешавад.
  2. Агар нисбати яке аз моли дар як партия мавҷуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият муқаррар шуда бошад, декларатсияи чунин мол бо зикри як рамзи таснифотӣ мувофиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ декларантро аз риояи чунин маҳдудият озод намекунад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)
  3. Бо мақсади санҷиши риояи муқаррароти қисми 3 ҳамин модда мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз декларант пешниҳоди маълумоти аниқкунандаи баъзе моли декларатсияшавандаро талаб кунад.

 

Моддаи 129. Мўҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ

  1. Декларатсияи гумрукии моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 150, 309 ва 316 ҳамин Кодекс, дар мўҳлати на дертар аз 15 рўзи баъди пешниҳоди мол ба мақоми гумруки маҳали расидани он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз рўзи анҷоми транзити дохилии гумрукӣ пешниҳод карда мешавад, агар мол дар маҳали расидани он декларатсия карда нашуда бошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар мўҳлати дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо ва маълумот барои декларант нокифоя бошад, бо муроҷиатномаи асосноки декларант мақоми гумрук мўҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукиро тамдид мекунад. Тамдиди мўҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ бояд боиси вайрон кардани мўҳлати нигаҳдории муваққатии мол нагардад.
  3. Агар анҷоми мўҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ба рўзи ғайрикории мақоми гумрук рост ояд, рўзи анҷоми ин мўҳлат рўзи минбаъдаи кории мақоми гумрук ҳисобида мешавад.
  4. Декларатсияи гумрукӣ барои моли аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи моддаи 336 ҳамин Кодекс, то баровардани онҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 130. Декларатсияи пешакии мол

  1. Декларатсияи гумрукии моли хориҷӣ метавонад то лаҳзаи расидани он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё то анҷоми транзити дохилии гумрукӣ пешниҳод карда шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар барои мақсадҳои гумрукӣ истифодаи ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борбарӣ) ё тиҷоратии мушоияткунандаи мол зарур бошад, мақоми гумрук ҳангоми декларатсияи пешакии мол нусхаи ин ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи декларантро мегирад ва ҳангоми зарурат, баъди расидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дар нусхаи ҳуҷҷатҳои мазкур мавҷударо бо маълумоти нусхаҳои асл муқоиса менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Баъди анҷоми санҷиши декларатсияи гумрукӣ ва пардохти маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз то расидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин декларатсияи гумрукӣ метавонад ба сифати ҳуҷҷати ягона ҷиҳати истифодаи расмиёти гумрукӣ нисбати ин мол истифода гардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Агар мол ба мақоми гумруки декларатсияи гумрукиро қабулкарда тибқи қисми 1 ҳамин модда дар давоми 15 рўзи қабули он пешниҳод нашавад, декларатсияи гумрукӣ пешниҳоднашуда ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 131. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҳангоми декларатсия кардани мол

  1. Декларатсияи бори гумрукӣ ба мақоми гумрук бояд ҳамзамон бо пешниҳоди нусхаи электронӣ ва ҳуҷҷатҳои барои мақсади гумрукӣ зарурии пешбининамудаи ҳамин модда пешниҳод карда шавад.

Шакли нусхаи электронии декларатсияи бори гумрукиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.

  1. Декларант метавонад нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти арзшударо дар асоси ўҳдадорӣ ҷиҳати пешниҳоди ҳуҷҷати дахлдор ба мақоми гумрук дар мўҳлати санҷиши декларатсияи гумрукӣ пешниҳод намояд, агар чунин ҳуҷҷат барои қабули қарор дар бораи иҷозати додани мол ҳатмӣ бошад.

Агар пешниҳоди ҳуҷҷатҳои алоҳида дар мўҳлати зикргардида имконнопазир бошад, дар асоси аризаи асосноки декларант мақомоти гумрук иҷозат медиҳанд нусхаи онҳо бо пешниҳоди минбаъдаи ҳуҷҷатҳо дар мўҳлати барои ҷамъоварии онҳо зарурӣ, вале на дертар аз 30 рўзи тақвимии баъди бақайдгирии декларатсияи гумрукӣ манзур карда шаванд. Декларант барои пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо дар мўҳлати муқарраршуда ё нишон додани маълумоти носаҳеҳ дар нусхаи ҳуҷҷатҳои қаблан пешниҳоднамуда масъул мебошад.

Агар ба мақоми гумрук пештар ҳуҷҷатҳое пешниҳод шуда бошанд, ки тибқи онҳо барасмиятдарории гумрукии маҷмўи минбаъдаи мол сурат гирифтааст, дар ин ҳолат пешниҳоди нусхаи чунин ҳуҷҷатҳо кифоя аст.

  1. Агар дар коргузории мақоми гумрук ҳуҷҷатҳое боқӣ монанд, ки барои қабули қарор ҷиҳати иҷозат додани мол заруранд, мақоми гумрук барои декларант дар нусхаи ин ҳуҷҷатҳо бо зикри мақоми гумруке, ки дар он ин ҳуҷҷатҳо нигоҳ дошта мешаванд, сабти дахлдор мегузорад. Ин сабт бо мўҳри дорои рақами шахсии шахси мансабдори мақоми гумрук тасдиқ карда мешавад.
  2. Қарордод, ҳисобнома–фактураҳо (инвойсҳо), ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз баъди иҷозати мол бояд ба декларант баргардонида шаванд ва онҳо дар давоми се соли бақайдгирии декларатсияи бори гумрукӣ нигоҳ дошта мешаванд.
  3. Декларатсияи гумруки ба макоми гумрук бояд хамзамон бо хуччатхое пешниход гардад, ки дар асоси онхо декларатсияи гумруки пур карда шудааст. Ба ин гуна хуччатхо мансубанд:

          1) хуччатхое, ки ваколатхои шахси пешниходкунандаи декларатсияи гумрукиро тасдик менамоянд;

          2) шартномахои хариду фуруши байналмилалй ё дигар шартномахое, ки хангоми анчоми ахдхои иктисодии хоричй баста шудаанд, дар мавриди ахдхои яктарафаи иктисодии хоричй бошад, хуччатхои дигаре, ки мазмуни ин гуна ахдхоро ифода мекунанд, инчунин хуччатхои тичоратй;
        3)хуччатхои наклиётй (марбут ба хамлу накл);

        4)хуччатхое, ки риояи мамнуият ва махдудиятхоро тасдик менамоянд;

       5)хуччатхое, ки супоридан ва (ё) таъмини пардохти бочхои гумруки ва андозхоро тасдик менамоянд; (ЌЉТ аз 28.12.12с. №906)

 

Моддаи 132. Қабули декларатсияи гумрукӣ

  1. Далели пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ва манзур доштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар рўзи гирифтани онҳо аз ҷониби мақоми гумрук сабт мегардад. Мақоми гумрук бо дархости шахси пешниҳодкардаи декларатсияи гумрукӣ дар бораи гирифтани декларатсияи гумрукӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ (аз ҷумла дар шакли ҳуҷҷати электронӣ) бетаъхир тасдиқнома медиҳад.
  2. Мақоми гумрук декларатсияи гумрукии пешниҳодшударо дар рўзи расидани он қабул менамояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар:

1) декларатсияи гумрукӣ ба мақоми гумруке пешниҳод шуда бошад, ки ҳуқуқи қабули декларатсияи гумрукиро надорад;

2) декларатсияи гумрукӣ аз ҷониби шахсе пешниҳод шуда бошад, ки ба ин кор ваколатдор набошад;

3) дар декларатсияи гумрукӣ маълумоти зарурӣ зикр нашуда бошад (моддаи 124);

4) декларатсияи гумрукӣ имзо нашуда бошад ё ба таври зарурӣ тасдиқ нашуда бошад ё мувофиқи шакли муқарраршуда таҳия нагардида бошад;

5) ҳангоми пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ пешниҳод нашуда бошанд, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки метавонанд баъди қабули декларатсияи гумрукӣ мутобиқи қисми 9 моддаи 131 ҳамин Кодекс пешниҳод карда шаванд;

6) нисбати моли декларатсияшаванда амале, ки бояд мутобиқи ҳамин Кодекс пеш аз пешниҳод ё ҳамзамон бо пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ анҷом дода шавад, сурат нагирифта бошад.

  1. Декларатсияи гумрукӣ аз лаҳзаи қабул ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи далели дорои аҳамияти ҳуқуқӣ эътибор пайдо мекунад.
  2. Агар декларатсияи гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумрук қабул нашуда бошад, чунин декларатсия барои мақсади гумрукӣ пешниҳоднашуда дониста мешавад.
  3. Мақоми гумрук сабабҳои қабул накардани декларатсияи гумрукиро ба шахси пешниҳодкунандаи декларатсия на дертар аз рўзи дигари пешниҳод шудани декларатсияи гумрукӣ огоҳ менамояд. Бо дархости шахси пешниҳодкунандаи декларатсияи гумрукӣ чунин огоҳинома дар шакли хаттӣ манзур мегардад.

 

Моддаи 133. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукии арзшуда

  1. Бо дархости асосноки хаттии декларант ба маълумоти қаблан дар декларатсияи гумрукии қабулшуда арзнамудаи ў тағйиру иловаҳо ворид кардан мумкин аст.
  2. Тағйиру иловаҳо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукии қабулгардида арзшуда бо иҷозати мақоми гумрук зимни риояи шартҳои зерин имконпазир аст:

1) агар мақоми гумрук дар лаҳзаи гирифтани дархости декларант носаҳеҳии маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ зикршударо муайян накарда бошад, ба истиснои ҳолати ошкорсозии носаҳеҳиҳое, ки ба қабули қарор дар бораи иҷозати мол таъсир намерасонанд;

2) агар мақоми гумрук то лаҳзаи гирифтани дархости декларант санҷиши молро оғоз накарда бошад;

3) агар тағйиру иловаҳои воридшаванда ба қабули қарор дар бораи додани иҷозат ба мол таъсир нарасонанд ва боиси зарурати тағйир додани маълумоте нагарданд, ки ба муайян кардани андозаи маблағи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва истифодаи мамнўияту маҳдудиятҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда таъсир расонанд.

  1. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд бо ташаббуси худ ё супориш ё хоҳиши шахсони манфиатдор декларатсияи гумрукиро пур кунанд, тағйир диҳанд ё маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшударо пурра кунанд, ба истиснои ворид намудани танҳо он маълумоте, ки таҳти салоҳияти мақомоти гумрук қарор дорад, инчунин тағйир додан ё пурра кардани маълумоти рамзгузоришудае, ки барои коркарди мошинӣ истифода мешавад, ба шарте агар чунин маълумот дар шакли рамзгузоринашуда дар декларатсияи гумрукӣ мавҷуд бошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)

 

Моддаи 134. Бозхондани декларатсияи гумрукӣ

  1. Тибқи муроҷиати хаттии декларант декларатсияи гумрукии қабулшуда барои моли хориҷӣ мумкин аст аз ҷониби ў пеш аз додани иҷозат ба чунин мол барои арз таҳти низоми дигари гумрукӣ бозхонда шавад.

Бозхондани декларатсияи гумрукӣ бо иҷозати хаттии мақоми гумрук имконпазир аст, агар пеш аз гирифтани ин дархост мақоми гумрук носаҳеҳии маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ зикршударо муайян накарда бошад, ба истиснои ҳолати ошкор шудани носаҳеҳиҳое, ки ба қабули қарор дар бораи додани иҷозат ба мол таъсир намерасонад.

Ҳангоми додани иҷозат барои бозхондани декларатсияи гумрукӣ мақоми гумрук барои пешниҳоди декларатсияи гумрукии нав мўҳлат муайян мекунад ва ин мўҳлат наметавонад аз рўзи додани иҷозати бозхонд бештар аз 15 рўз бошад. Бозхондани декларатсияи гумрукӣ барои дароз кардани мўҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз асос шуда наметавонад.

  1. Тибқи муроҷиати хаттии декларант декларатсияи гумрукии қабулшуда барои моли ватанӣ, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешавад, мумкин аст аз ҷониби вай сарфи назар аз мақсади чунин бозхонд, қабл аз баровардани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, баъди додани иҷозати ҷойгиркунии мол таҳти низоми гумрукии арзшуда бозхоста шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Бозхондани декларатсияи гумрукӣ бо иҷозати хаттии мақоми гумрук иҷозат дода мешавад, ба шарте агар мақоми гумрук то гирифтани дархости декларант носаҳеҳии маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ зикршударо муайян накарда бошад, ба истиснои ҳолати ошкорсозии носаҳеҳиҳое, ки ба қабули қарор дар бораи ҷойгиркунии мол таҳти низоми гумрукии арзшуда таъсир намерасонанд.

Ба ин мол барои пешниҳоди декларатсияи гумрукии нав мўҳлат муқаррар намегардад.

 

Моддаи 135. Декларатсияи гумрукии нопурра

  1. Агар декларант бинобар сабабҳои ба ў вобастанабуда барои пур кардани декларатсияи гумрукӣ дорои маълумоти зарурӣ набошад, мақоми гумрук метавонад ба пешниҳоди декларатсияи гумрукии нопурра иҷозат диҳад, ба шарте агар дар он барои иҷозат додани мол, ҳисоб ва супурдани пардохтҳои гумрукӣ, тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, инчунин имкондиҳандаи ҳаммонандсозии мол тибқи маҷмўи хусусиятҳои миқдорӣ ва сифатӣ маълумоти зарурӣ дарҷ шуда бошад.

Декларант ҳангоми пешниҳоди декларатсияи гумрукии нопурра дар шакли хаттӣ ўҳдадорӣ ба зимма мегирад, ки маълумоти нокифояро дар мўҳлати муайяннамудаи мақоми гумрук пурра хоҳад кард ва ин муддат наметавонад аз рўзи қабули декларатсияи гумрукии нопурра аз ҷониби мақоми гумрук бештар аз 45 рўз бошад.

  1. Агар мақоми гумрук декларатсияи гумрукии нопурраро қабул кунад, дар ин сурат ҳамон талабот ва шартҳои қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тартиби ҳисоб ва супурдани пардохтҳои гумрукие истифода мегардад, ки дар ҳолатҳои пешниҳоди ибтидоии декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда истифода бурда шудааст.

 

Моддаи 136. Декларатсияи гумрукии даврӣ

  1. Ҳангоми интиқоли мунтазами ҳамон як мол аз ҷониби ҳамон як шахс мақоми гумрук ҳуқуқ дорад барои пешниҳоди декларатсияи гумрукии даврӣ ба ҳама моли аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муайян интиқолшаванда иҷозат диҳад.
  2. Мол метавонад ҳамчун ҳамон як мол баррасӣ шавад, агар он мувофиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ рамзи таснифотии якхела дошта бошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)
  3. Мол ҳангоме ҳамчун мунтазам аз ҷониби ҳамон як шахс аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда ҳисобида мешавад, ки агар ҳамон як шахс дар давоми 30 рўзи тақвимӣ расонидани як Номгўи молҳоро 3 маротиба ё бештар анҷом диҳад.
  4. Барои мақсади гумрукӣ чун маҷмўи ягона (партия) ҳамон як моле баррасӣ карда мешавад, ки аз як нуқтаи гузаргоҳ интиқол ёфта, барасмиятдарории гумрукии он дар ҳамон як мақоми гумрук, дар давоми 30 рўзи тақвимӣ, тибқи як шартномаи (қарордоди) тиҷорати хориҷӣ, сарфи назар аз теъдоди молрасонии алоҳида, анҷом дода мешавад.
  5. Боҷҳо ва андозҳои гумрукӣ то қабули декларатсияи даврии гумрукӣ ё дар рўзи қабули он пардохта мешаванд.
  6. Ҳангоми барасмиятдарории мол бо истифодаи расмиёти даврии декларатсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рўзи аз ҷониби мақомоти гумрук қабул кардани декларатсияи даврии гумрукӣ амал мекунанд, истифода бурда мешаванд.
  7. Декларатсияи даврӣ бо роҳи пешниҳоди декларатсияи даврии гумрукӣ то оғози давраи расидани мол (воридот ё содирот) амалӣ мешавад. Зимнан декларатсияи гумрукии даврӣ барои маҷмўи ягонаи мол пур карда мешавад.
  8. Дар давоми 10 рўзи тақвимии баъди анҷоми давраи молрасонӣ, ки дар ҷараёни он интиқоли мол бо истифодаи расмиёти декларатсияи даврӣ сурат гирифтааст, декларатсияи пурраи гумрукии бор бо назардошти миқдори воқеии моли ворид ва содиршуда пешниҳод карда мешавад.
  9. Агар воридоти мол дар ҳаҷме, ки аз ҳаҷми дар декларатсияи гумрукии даврӣ зикргардида фарқ кунад, декларатсияи пурраи гумрукии бор бо назардошти миқдори воқеии бори воридшуда пур карда мешавад. Дар ин сурат декларатсияи даврии гумрукӣ барои давраҳои минбаъдаи молрасонӣ бо назардошти ин тағйирот пур карда мешавад.
  10. Тартиби барасмиятдарории гумрукии мол бо истифодаи декларатсияи даврии гумрукӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 137. Хусусиятҳои декларатсияи моли ватанӣ ҳангоми содир намудани онҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Ҳангоми содир намудани моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши декларант тартиби соддагардонидашудаи декларатсия тибқи моддаҳои 135, 136 ва 138 ҳамин Кодекс истифода бурда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Тартиби соддагардонидашудаи декларатсия кардани моли ватанӣ дар сурате истифода мешавад, ки агар он ба назорати гумрукӣ мамоният накунад ва декларантро аз риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бобати пурра ва саривақт пардохтани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, риояи мамнўият ва маҳдудияти муқаррар намудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин риояи низоми гумрукии муайяншуда озод нанамояд.

Дар сурати аз ҷониби мақоми гумрук рад намудани истифодаи тартиби соддагардонидашудаи декларатсияи моли ватанӣ мақоми гумрук дар ин бора декларантро тибқи қисми 5 моддаи 132 ҳамин Кодекс, бо зикри шартҳое, ки барои татбиқи ин тартиб заруранд, огоҳ месозад.

  1. Моле, ки тавассути хати қубур ва бо хати барқ интиқол меёбад, тибқи тартиби муайяннамудаи боби 40 ҳамин Кодекс декларатсия карда мешавад.

 

Моддаи 138. Декларатсияи гумрукии муваққатии даврии моли ватанӣ

  1. Ҳангоми содироти моли ватанӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбаташ барои барасмиятдарории гумрукӣ имконияти пешниҳоди маълумоти аниқ вуҷуд надорад, бо тартиби маъмулии тиҷорати хориҷӣ декларатсикунонии муваққатии даврии мол бо роҳи пешниҳоди декларатсияи муваққатӣ иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Баъди баровардани моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон декларант вазифадор аст декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашударо ба ҳама моли ватании дар давоми мўҳлати муайян интиқолдодашуда пешниҳод намояд. Декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда, дар мўҳлати муқаррарнамудаи мақоми гумрук тибқи аризаи декларант пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми муқаррар намудани чунин мўҳлат, мўҳлате, ки ба декларант ҷиҳати гирифтани маълумоти барои декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда зарурӣ ба инобат гирифта мешавад. Мўҳлати ниҳоии пешниҳоди декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда аз рўзи дигари тамом шудани мўҳлати баровардани моли декларатсияшуда 90 рўзро ташкил медиҳад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Мўҳлате, ки дар тўли он эҳтимоли баровардани моли декларатсияшавандаи ватанӣ бо истифодаи декларатсияи гумрукии муваққатӣ сурат мегирад, аз ҷониби декларант муайян карда мешавад. Ин давра нисбати моли ватание, ки таҳти андозбандии содиротӣ қарор мегирад ё нисбат ба он мамнўият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад, наметавонад аз як моҳи тақвимӣ зиёд бошад, вале декларатсияи гумрукии муваққатӣ дар мўҳлати на бештар аз 15 рўз то оғози ин давра аз ҷониби мақоми гумрук қабул карда мешавад.
  4. Дар декларатсияи гумрукии муваққатӣ арзи маълумот бо назардошти нияти содироти миқдори эҳтимолии моли ватанӣ дар давоми мўҳлати муайян, арзиши гумрукии шартӣ (нарх), ки тибқи нақшаи интиқоли миқдори моли ватанӣ аз сарҳади гумрукӣ, инчунин вобаста ба шартҳои пешбининамудаи аҳди фаъолияти иқтисоди хориҷӣ хусусияти истеъмолии моли ватанӣ ва тартиби муайян кардани нархи онҳо дар рўзи пешниҳоди декларатсияи гумрукии муваққатӣ муайян мегардад, иҷозат дода мешавад.

Баровардани моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз миқдори дар декларатсияи гумрукии муваққатӣ арзшуда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 122 ҳамин Кодекс, иҷозат дода намешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Ҳангоми истифодаи декларатсияи гумрукии муваққатӣ мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзи аз тарафи мақоми гумрук қабул намудани ин декларатсия истифода бурда мешаванд. Меъёрҳои боҷҳои воридотӣ дар рўзи қабули декларатсияи гумрукии муваққатӣ аз тарафи мақоми гумрук, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, қабул карда мешаванд (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).
  2. Боҷҳои гумрукии содиротӣ якҷоя бо пешниҳоди декларатсияи гумрукии муваққатӣ ба мақоми гумрук супорида мешаванд. Агар маблағи пардохтшавандаи боҷҳои гумрукии содиротӣ дар натиҷаи дақиқсозии маълумоти дар қисми 4 ҳамин модда зикргардида зиёд шавад, маблағи иловагии боҷҳои гумрукии содиротӣ якҷоя бо декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда пардохта мешавад. Дар чунин ҳолат пина ҳисоб карда намешавад. Маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукии содиротӣ тибқи моддаи 396 ҳамин Кодекс баргардонида мешавад.

Мушахассоти пардохти боҷҳои гумрукии содиротӣ ҳангоми интиқоли мол тавассути қубур ё хати барқ мутобиқи моддаҳои 312 ва 314 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

  1. Агар баъди гузашти 4 моҳ аз рўзи қабули декларатсияи муваққатии гумрукӣ моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда нашаванд, декларатсияи гумрукие, ки дар он баровардани чунин мол арз шудааст, пешниҳоднашуда ба ҳисоб меравад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Мақоми гумрук бо дархости асосноки шахси манфиатдор мўҳлати мазкурро тамдид мекунад, вале он набояд бештар аз 4 моҳи дигар бошад.

 

БОБИ 15. БРОКЕРИ ГУМРУК (НАМОЯНДА)

 

Моддаи 139. Брокери гумрук (намоянда)

  1. Брокери гумрук (намоянда) шахси ҳуқуқии ватание буда метавонад, ки ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) ба қайд гирифта шудааст (моддаи 140). Корхонаи давлатӣ наметавонад брокери гумрук (намоянда) бошад.
  2. Брокери гумрук (намоянда) мувофиқи ҳамин Кодекс аз номи декларант ё шахсони манфиатдори дигар тибқи супориши онҳо амалиёти гумрукиро анҷом медиҳад.
  3. Брокери гумрук (намоянда) ҳуқуқ дорад доираи фаъолияти худро бо иҷрои амалиёти гумрукӣ нисбати намудҳои муайяни мол, мувофиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ё нисбати моли аз сарҳади гумрукӣ бо воситаҳои навъи муайяни нақлиёт интиқолшаванда, инчунин иҷрои амалиёти алоҳидаи гумрукӣ ё минтақаи фаъолият дар доираи минтақаи фаъолияти як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) маҳдуд созад.
  4. Муносибати брокери гумрук (намоянда) бо декларантҳо ва шахсони дигари манфиатдор дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад. Аз ҷониби брокери гумрук (намоянда) рад намудани бастани шартнома ҳангоми мавҷудияти шартҳои қобили қабули бастани он иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 140. Шартҳои дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон)

Шартҳои дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) аз инҳо иборатанд:

1) мавҷудияти на камтар аз ду мутахассиси барасмиятдарории гумрукии дорои шаҳодатномаи тахассусӣ дар штати дархосткунанда (моддаи 146);

2) мавҷудияти сармояи ибтидоии оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии дархосткунанда;

3) таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

4) мавҷудияти шартномаи суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии худ, ки мумкин аст бар асари расонидани зарар ба молу мулки шахсони муаррифишаванда ё вайрон шудани шартномаҳо бо ин шахсон ба миён ояд. Маблағи суғурта наметавонад аз андозаи 6000 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад.

 

Моддаи 141. Ариза дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон)

  1. Шахс ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) дар асоси ариза, ки ҷавобгўи талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 139 ва 140 ҳамин Кодекс мебошад, дохил карда мешавад.
  2. Ариза дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) бояд инҳоро дар бар гирад:

1)               муроҷиат ба мақоми гумрук бо хоҳиши дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон);

2)               маълумот дар бораи номгўй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, оид ба суратҳисобҳои бонкии кушодаи аризадиҳанда, инчунин маълумот дар бораи номгўй ва маҳали ҷойгиршавии воҳидҳои сохторҳои хоси он, ки тавассути он аризадиҳанда ба сифати брокери гумрук (намоянда) дар рўзи додани ариза мехоҳад фаъолият кунад;

3)               маълумот дар бораи андозаи сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) супоридашуда ё саҳмҳои аъзоҳаққии аризадиҳанда;

4)               маълумот дар бораи нияти маҳдуд кардани соҳаи фаъолияти худ ба амалиёти гумрукӣ нисбати моли алоҳида мувофиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ё нисбати моле, ки тавассути воситаи нақлиёти алоҳида дар ҳудуди гумрукӣ интиқол дода мешаванд, инчунин анҷом додани амалиёти алоҳидаи гумрукӣ ё минтақаи фаъолият дар доираи минтақаи фаъолияти як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) ё иҷрои фаъолияти худ бе чунин маҳдудият;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

5)               маълумот дар бораи мавҷуд будани мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ дар штати аризадиҳанда дар рўзи пешниҳоди ариза;

6)               маълумот дар бораи таъмини супурдани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

7)               маълумот оид ба шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда.

  1. Ба аризаи дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;

2) шаҳодатномаҳои тахассусии мутахассисони барасмиятдарории гумрукие, ки кормандони аризадиҳанда мебошанд;

3) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таъмини супурдани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс,

4 тасдиқномаи бонкҳо дар бораи дар онҳо кушода шудани суратҳисобҳо;

5 шартномаи (полиси) суғурта.

 

Моддаи 142. Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон)

  1. Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудани ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) инҳоро дар бар мегирад:

1) номи брокери (намояндаи) гумрук, зикри шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ, воҳидҳои сохтории хоси он, ки вазифаҳои брокери гумрукро анҷом медиҳанд;

2) маълумот дар бораи ҳаҷм ва шакли таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

3) маълумот дар бораи маҳдудият гардонидани соҳаи фаъолияти брокерони гумрук (намояндагон), агар онҳо муаяйн шуда бошанд.

  1. Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) дар муддати панҷ сол эътибор дорад.

 

Моддаи 143. Ҳуқуқҳои брокери гумрук (намоянда)

  1. Ҳангоми анҷом додани амалиёти гумрукӣ брокери гумрук (намоянда) дорои ҳамон ҳуқуқест, ки шахси брокери гумрук (намоянда) – ро ҷиҳати намояндагии манфиатҳои худ дар муносибат бо мақомоти гумрук ваколатдорнамуда доро мебошад.
  2. Брокери гумрук (намоянда) ҳуқуқ дорад дар назди мақомоти гумрук барои иҷрои ўҳдадориҳои супурдани пардохтҳои гумрукӣ ба сифати супоришдиҳандаи шахсе, ки ўро намояндагӣ мекунад баромад намояд, агар тибқи ҳамин Кодекс пешниҳоди таъмини пардохти онҳо талаб карда шавад.
  3. Брокери гумрук ҳуқуқ дорад аз номи шахсе, ки ўро намояндагӣ мекунад, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро барои мақсади гумрукӣ, аз ҷумла дорои маълумоти сирри тиҷоратӣ, бонкӣ, дигар маълумоти қонунан ҳифзшаванда, дигар маълумоти махфиро талаб намояд ва чунин ҳуҷҷати маълумотро дар мўҳлате, ки риояи талаботи ҳамин Кодексро таъмин менамояд, дастрас кунад.
  4. Ҳангоми бастани шартнома бо шахсе, ки ўро намояндагӣ мекунад, брокери гумрук (намоянда) ҳуқуқ дорад:

1) барои гурўҳҳои алоҳидаи шахсоне, ки ўро намояндагӣ мекунанд, нисбати нархҳои муқарраршуда таҳфиф (скидка) ва дигар имтиёзҳо пешниҳод намояд;

2) ба сифати шартҳои имзои шартнома бо шахсе, ки ўро намояндагӣ мекунад, талаби таъмини иҷрои ўҳдадориҳои ин шахсро тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд.

 

Моддаи 144. Вазифаҳо ва масъулияти брокери гумрук (намоянда)  

  1. Вазифаҳои брокери гумрук (намоянда) ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ тибқи талабот ва шартҳои нисбати амалҳои гумрукии барои ҷой додани мол таҳти низоми гумрукии зарурӣ ё расмиёти дигари гумрукӣ муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс муайян шудааст. Далели анҷом додани чунин амалҳо ба зиммаи брокери гумрук ўҳдадории иҷрои амалҳои марбут ба анҷоми амали низоми гумрукӣ, инчунин дигар ўҳдадориҳоеро, ки тибқи ҳамин Кодекс танҳо ба зиммаи шахси дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикршуда, интиқолдиҳанда ё шахси дигар гузошта шудааст, намегузорад.
  2. Брокери гумрук (намоянда) боҷҳои гумрукӣ ва андозро мепардозад, агар мазмуни низоми гумрукии барои декларатсияи мол муайян гардида пардохти онҳоро пешбинӣ карда бошад. Барои супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки бояд тибқи ҳамин Кодекс ҳангоми декларатсияи мол пардохта шавад, брокери гумрук (намоянда) дорои ҳамон масъулияте мебошад, ки декларант ба зимма дорад.
  3. Маълумоти аз шахсони намояндагишаванда дастрасшуда, ки дорои сирри бонкӣ, тиҷоратӣ ва дигар сирри қонунан ҳифзшаванда ё дигар маълумоти махфӣ мебошанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ифшо карда нашаванд ё аз ҷониби брокери гумрук (намоянда) ва кормандони он барои мақсадҳои шахсӣ, додан ба шахси дигар истифода бурда нашаванд.
  4. Брокери гумрук (намоянда) вазифадор аст баҳисобгирии молҳоеро, ки нисбати онҳо амалиёти гумрукӣ мегузаронад, анҷом диҳад ва ба мақомоти гумрук дар бораи амалиёти гумрукии гузаронидашуда ҳисобот пешниҳод намояд (моддаи 405).
  5. Брокери гумрук (намоянда) вазифадор аст бо талаби мақоми гумрук нусхаи электронии декларатсияи гумрукиро пешниҳод намояд.
  6. Ўҳдадорӣ ва масъулияти брокери гумрук (намоянда) дар назди мақомоти гумрук наметавонад дар асоси шартномаи брокери гумрук (намоянда) бо шахси намояндагишаванда маҳдуд гардад.

 

Моддаи 145. Бозхондани шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон)           

Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) дар ҳолатҳои зерин аз тарафи мақоми гумрук бозхонда мешавад:

1) аз ҷониби брокерони гумрук (намояндагон) риоя нашудани ҳатто яке аз талаботи дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намоянда), ки моддаи 140 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст;

2) аз сабаби иҷро накардани вазифаҳо ҷалби чандинкаратаи брокери гумрук (намоянда) ба ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.

 

Моддаи 146. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ

  1. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ шахси воқеие мебошад, ки ҷавобгўи талаботи тахассуси муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ буда, дорои шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ мебошад.
  2. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ фаъолияти худро ба сифати корманди брокери гумрук (намоянда) анҷом медиҳад.

 

Моддаи 147. Аттестатсияи мувофиқат ба талаботи тахассусӣ (квалификатсионӣ)           

  1. Аттестатсияи мувофиқат ба талаботи тахассусӣ (минбаъд – аттестатсия) – санҷиши тахассусии шахси воқеӣ мебошад, ки барои гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ довталаб аст. Аттестатсия дар шакли имтиҳони тахассусӣ гузаронида мешавад. Ба шахсоне, ки бомуваффақият имтиҳони тахассусиро месупоранд, шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ дода мешавад. Шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ бо мўҳлати амал маҳдуд карда намешавад.
  2. Талабот нисбат ба довталабон барои гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ, тартиби гузаронидани атесстатсия, номгӯи ҳуҷатҳое, ки ҳамзамон боа риза дар бораи иҷозати гузаштан аз аттестатсия супорида мешаванд, барномаҳои таълими тахассусӣ ва тартиби супоридани имтиҳони тахассусиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд. Барои супроидани имтиҳонҳои тахассусӣ ҳамаи шахсоне, ки ҷавобгӯи талаботи барои довталабон мӯкққаргардида мебошад, сарфи назар аз тайёрии тахассусии онҳо, барои супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ иҷозат дода мешавад. Имтиҳони тахассусиро мақомоти гумруке қабул мекунад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян гардидаанд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)
  3. Ҳар як мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ вазифадор аст дар ҳар ду соли баъди соли гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ, тибқи барномаи такмили дараҷаи тахассусӣ, ки мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар ҳаҷми 40 соати академӣ тасдиқ кардааст, бо таълим фаро гирифта шавад. Таълим оид ба барномаҳои баланд бардоштани тахассус аз ҷониби шахсоне анҷом дода мешавад, ки барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дорои иҷозатнома мебошанд.

 

Моддаи 148. Тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ

 

Тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад  (қҶТ аз 15.03.2016 с., №1298).

 

БОБИ 16. ИҶОЗАТИ МОЛ

 

            Моддаи 149. Асосҳо барои иҷозати мол

  1. Иҷозати мол аз ҷониби мақомоти гумрук дар мўҳлати пешбининамудаи моддаи 152 ҳамин Кодекс бо риояи шартҳои зерин анҷом дода мешавад:

1) агар ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ва тафтиши мол аз ҷониби мақомоти гумрук вайронкунии қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор нашуда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки вайронкуниҳои ошкоршудаи барои оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ асоснабуда, бартараф шуда бошанд ва моли таҳти вайронкунӣ қарордошта набояд ситонида ё мусодира гардад, наметавонанд минбаъд ба сифати далели шайъӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда шавад;

2) агар ба мақоми гумрук њуљљатњои тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод шуда бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин ҳуҷҷатҳо мумкин аст баъди иҷозати мол пешниҳод карда шаванд; (ЌЉТ аз 28.12.12с. №906)

3) агар аз ҷониби декларант талабот ва шартҳои зарурӣ барои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии интихобгардида ё истифодаи расмиёти дахлдор тибқи ҳамин Кодекс риоя гардида бошанд;

4) агар боҷҳои гумрукӣ ва андози мол пардохта шуда бошанд ё таъмини супоридани пардохти онҳо мувофиқи боби 46 ҳамин Кодекс пешниҳод шуда бошанд.

  1. Иҷозати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ба муомилоти озод бо шарти ворид гардидани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба буҷет анҷом дода мешавад. Ҳангоми ворид нагардидани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ба буҷет мол шартан иҷозатдодашуда ҳисобида мешавад. Бо талаби шахсе, ки боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардохтааст, мақоми давлатии ваколатдори соҳаи молия дар бораи ба буҷет ворид шудани маблағ маълумот пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Мақоми давлатии ваколатдори  соҳаи молия дар бораи ба буҷет гузаронидани маблағ ба мақоми гумрук бояд фавран маълумот пешниҳод намояд, аз  ҷумла тавассути мубодилаи электронӣ.

  1. Иҷозати мол метавонад мувофиқи моддаи 441 ҳамин Кодекс боздошта шавад.
  2. Рухсати ҷойгир намудани моли ватании аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршавандаро таҳти низоми гумрукӣ мақомоти гумрук вобаста ба иҷозати мол медиҳад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 150. Иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ

  1. Ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани моли дар моддаи 67 ҳамин Кодекс зикршуда, инчунин ҳангоми истифодаи расмиёти махсуси соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукӣ тибқи моддаи 68 ҳамин Кодекс, иҷозати мол то лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ имконпазир аст, ба шарте агар декларант ҳуҷҷатҳо ё дигар санадҳои тиҷоратиро, ки дорои маълумоти барои ҳаммонандсозии мол истифодашаванда мебошанд, инчунин ҳуҷҷатҳо ва маълумоти тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод карда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин ҳуҷҷатҳо ва маълумот баъди қабули қарори иҷозати мол пешниҳод гардида, пардохтҳои гумрукӣ ё супоридани онҳо мувофиқи тартиби муайяннамудаи боби 46 ҳамин Кодекс таъмин карда шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ иҷозат дода мешавад, агар декларант дар бораи аз ҷониби вай пешниҳод кардани декларатсияи гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва маълумот дар мўҳлати муқаррарнамудаи мақоми гумрук, ки наметавонад аз 45 рўзи баъди иҷозати мол ё мўҳлати дигари барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти алоҳида муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бештар бошад, ўҳдадории хаттӣ пешниҳод намояд.
  3. Ҳангоми иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ меъёрҳои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, таносуби қурби асъори хориҷӣ, маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рўзи иҷозати моли мазкур амал мекунанд, истифода бурда мешаванд (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).

 

Моддаи 151. Иҷозати шартӣ

  1. Иҷозати шартии мол дар ҳолатҳои зайл анҷом дода мешавад, ки:

1) агар имтиёзҳои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои маҳдудиятҳо оид ба истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол бошанд;

2) агар мол таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ, анбори озод, минтақаи озоди гумрукӣ, савдои бебоҷ, коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ, коркарди мол барои муомилоти озод, воридоти муваққатӣ, реэкспорт, транзити гумрукии байналмилалӣ, нобудкунӣ, инчунин таҳти низомҳои махсус, ки нисбати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда истифода мегарданд, ҷойгир шуда бошанд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) агар иҷозати мол бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуда бошад;

  1. Моли шартан иҷозатдодашуда, ки нисбати он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз имтиёз фароҳам оварда шудааст, метавонад танҳо барои мақсадҳое истифода шавад, ки ба шартҳои фароҳам овардани имтиёз мутобиқ аст.

Ба шахси сеюм додани моле, ки мақомоти гумрук онро бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додаанд, аз ҷумла бо роҳи фурўш ё бегона кардан бо дигар усулҳо ва дар ҳолатҳое, ки маҳдудият ба воридоти моли номбаршуда бо сабаби санҷиши сифат ва бехатарии ин мол муқаррар шудааст, иҷозати он барои истифода (кор фармудан, истеъмол) дар ҳама шаклҳо манъ аст.

  1. Моли шартан иҷозатдодашуда дорои статуси моли хориҷӣ буда, таҳти назорати гумрукӣ қарор мегирад.
  2. Моли барои муомилоти озод арзшуда шартан иҷозатдодашуда ба ҳисоб меравад, агар нисбати он батаъхиргузорӣ ё тамдиди мўҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фароҳам оварда шуда бошад ё агар ба буҷет маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ворид нашуда бошад.

 

Моддаи 152. Мўҳлати иҷозати мол

  1. Мақомоти гумрук иҷозати молро тибқи моддаи 149 ҳамин Кодекс дар давоми 2 рўзи корӣ аз лаҳзаи қабули декларатсияи гумрукӣ, пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зарурӣ, инчунин пешниҳоди мол ба мақомоти гумрук анҷом медиҳанд, ба истиснои ҳолати тамдиди мўҳлати гузаронидани санҷиши мол тибқи қисми 2 моддаи 400 ҳамин Кодекс.
  2. Ҳангоми истифодаи декларатсияи пешакӣ (моддаи 130) иҷозати мол баъди пешниҳод шуданаш ба мақоми гумрук анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 153. Шартҳои иловагии иҷозати мол

  1. Ҳангоми аз ҷониби мақоми гумрук дар рафти тафтиши декларатсияи гумрукӣ, дигар ҳуҷҷатҳои ҳангоми декларатсияи мол пешниҳодшуда ва декларатсияшаванда ошкор намудани риоя накардани шартҳои иҷозати пешбининамудаи моддаи 149 ҳамин Кодекс иҷозати мол дода намешавад.

Мақоми гумрук бетаъхир декларантро огоҳ менамояд, ки маҳз кадом шартҳои иҷозати мол риоя нашудааст, декларант бояд маҳз кадом амалеро анҷом диҳад, ки барои риояи шартҳои иҷозати мол мутобиқи муқаррароти ҳамин модда заруранд.

  1. Агар мақоми гумрук ошкор намояд, ки ҳангоми декларатсияи мол маълумоти носаҳеҳ пешниҳод шудаанд, ки ба андозаи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс таъсир мерасонанд, мақоми гумрук ба декларант бетаъхир оид ба тасҳеҳи ин маълумот ва аз нав ҳисобӣ кардани андозаи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз талабнома мефиристад. Дар талабномаи мақоми гумрук бояд зикр гардад, ки маҳз кадом маълумоти зарурӣ барои иҷозати мол бояд тасҳеҳ карда шавад.
  2. Дар сурати аз ҷониби мақоми гумрук ошкор намудани нишонаҳои гувоҳидиҳандаи он, ки маълумоти ҳангоми декларатсияи мол арзшуда, ки ба андозаи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз таъсир мерасонанд, метавонанд носаҳеҳ бошанд ё маълумоти арзшуда ба таври дахлдор тасдиқ нашудаанд, мақоми гумрук тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бо ҳама гуна усули пешбининамудаи ҳамин Кодекс санҷиши иловагӣ мегузаронад.

Иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук ба шарти таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ба таври иловагӣ оид ба натиҷаи чунин санҷиш ҳисоб карда мешаванд, амалӣ мегардад. Мақоми гумрук ба декларант дар шакли хаттӣ оид ба ҳаҷми зарурии таъмини пардохти гумрукӣ маълумот медиҳад.

  1. Агар мақоми гумрук ошкор намояд, ки ҳангоми декларатсияи мол маълумоти носаҳеҳ арз шудааст, ки барои нисбати мол истифода бурдани мамнўият ва маҳдудияти муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс мақоми гумрук ба декларант барои тасҳеҳи чунин маълумот ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои тасдиқи риояи маҳдудиятҳои дахлдор талабнома пешниҳод менамояд. Дар талабномаи мақоми гумрук бояд зикр гардад, ки маҳз кадом маълумотро барои муомилоти озод бояд тасҳеҳ кард ва маҳз кадом ҳуҷҷати тасдиқкунандаи риояи маҳдудияти дахлдор бояд пешниҳод карда шавад.
  2. Дар сурати аз ҷониби мақоми гумрук ошкор намудани нишонаҳои гувоҳидиҳандаи он, ки маълумоти ҳангоми декларатсияи мол арзгардида барои истифодаи мамнўият ё маҳдудияти нисбати мол муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, метавонанд носаҳеҳ бошанд ё маълумоти арзшуда ба таври дахлдор тасдиқ нашудааст, мақоми гумрук тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бо ҳама гуна усули пешбининамудаи ҳамин Кодекс санҷиши иловагӣ мегузаронад.

Иҷозати молро мақоми гумрук ба шарти аз ҷониби декларант пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи маҳдудияти дахлдор анҷом медиҳад. Мақоми гумрук дар шакли хаттӣ ба декларант хабар медиҳад, ки барои ин маҳз кадом ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод карда шаванд.

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 4 ҳамин модда иҷозати мол дар рўзи дигари аз ҷониби декларант иҷро шудани талаботи мақоми гумрук ва пардохти маблағи дахлдори боҷҳои гумрукӣ ва андоз анҷом дода мешавад, агар чунин пардохти иловагӣ талаб карда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мол ситонида ё тибқи қонунгузории ҷиноятию мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳабс гирифта шуда бошад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 5 ҳамин модда иҷозати мол дар рўзи дигари пешниҳоди таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё аз лаҳзаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои дахлдор анҷом дода мешавад.

Агар дар натиҷаи тасҳеҳи маълумоти ҳангоми барасмиятдарории мол арзшуда маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози барои пардохт муайяншуда нисбати маблағи арзнамудаи декларант барои иҷозати мол камтар бошад, иҷозат додани ин мол то иҷрои талаботи дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда зикргардида сурат мегирад.

  1. Амалҳои пешбининамудаи ҳамин модда бояд аз ҷониби декларант дар доираи мўҳлатҳои нигаҳдории муваққатии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом дода шавад.

 

Моддаи 154. Иҷозати мол ҳангоми кушодани парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ

Ҳангоми кушодани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иҷозати мол метавонад тибқи моддаи 153 ҳамин Кодекс бо қарори сардори мақоми гумрук, ки шахси мансабдори он парвандаро оғоз намудааст, то хатми баррасии парванда анҷом дода шавад, агар мол ба сифати далели шайъӣ ситонида ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба ҳабс гирифта нашуда бошад.

 

ЗЕРФАСЛИ II. НИЗОМИ ГУМРУКӢ

 

БОБИ 17. МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ МАРБУТ БА НИЗОМИ ГУМРУКӢ

 

Моддаи 155. Намудҳои низоми гумрукӣ

Бо мақсади татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими гумрукӣ нисбати мол намудҳои зерини низоми гумрукӣ муқаррар карда мешаванд:

1)               иҷозат барои муомилоти озод;

2)               содирот;

3)               транзити гумрукии байналмилалӣ;

4)               коркард дар ҳудуди гумрукӣ;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

5)               коркард барои муомилоти озод;

6)               коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

7)               воридоти муваққатӣ;

8)               анбори гумрукӣ;

9)               реимпорт;

10)             реэкспорт;

11)             нобудкунӣ;

12)             даст кашидан ба манфиати давлат;

13)             содироти муваққатӣ;

14)             савдои бебоҷ;

15)             минтақаи озоди гумрукӣ;

16)             анбори озод;

17)             интиқоли захираҳо;

18)             низомҳои гумрукии махсус.

 

Моддаи 156. Интихоб ва тағйир додани низоми гумрукӣ

  1. Воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ин қаламрав шахсро вазифадор менамояд, ки молро таҳти яке аз низоми гумрукии муқаррарнамудаи ҳамин зерфасл ҷойгир кунад ва ин низоми гумрукиро риоя намояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Шахс ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи ҳамин Кодекс ҳар навъи низоми гумрукиро дар доираи мўҳлати барои ҳар низом муқарраргардида интихоб намояд ё низоми онро тағйир диҳад.

 

Моддаи 157. Ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукӣ

  1. Ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумрук мувофиқи ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
  2. Ҳангоми аз ҷониби шахс риоя кардани низоми гумрукии арзшуда ва шартҳои иҷозати мол (моддаи 149) мақоми гумрук вазифадор аст барои таҳти низоми гумрукии арзшуда ҷойгир намудани мол иҷозат диҳад.
  3. Рўзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукӣ рўзи иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук ҳисоб мешавад.

 

Моддаи 158. Риояи мамнўият ва маҳдудиятҳо ҳангоми таҳти низоми гумрукӣ ҷойгир намудани мол

Мамнўият ва маҳдудиятҳоеро, ки дорои хусусияти иқтисодӣ намебошанд ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, шахсон вазифадоранд сарфи назар аз низоми гумрукии арзшуда, риоя намоянд.

 

Моддаи 159. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоти тасдиқкунандаи риояи низоми гумрукӣ

  1. Барои таҳти низоми гумрукӣ ҷойгир намудани мол ба мақомоти гумрук танҳо ҳуҷҷату маълумоте пешниҳод карда мешаванд, ки риояи шартҳои таҳти низоми гумрукӣ ҷойгир намудани молро мувофиқи ҳамин зерфасл тасдиқ менамоянд.
  2. Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад танҳо ҳуҷҷату маълумотеро талаб намояд, ки барои тасдиқи риояи шартҳои нигаҳдории мол таҳти низоми гумрукии арзшуда ва риояи ин низоми гумрукӣ мувофиқи ҳамин Кодекс заруранд.

 

Моддаи 160. Кафолати риояи низоми гумрукӣ

Ҳангоми додани иҷозат барои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукӣ, ки мундариҷаи он пурра ё қисман озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё баргардонидани маблағи пардохтшуда ва (ё) истифода набурдани мамнўият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд, мақоми гумрук ҳуқуқ дорад пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ (боби 46), пешниҳоди ўҳдадорӣ оид ба содироти бозпаси моли муваққатан воридгардида ва дигар кафолатҳои иҷрои ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин зерфаслро талаб намояд.

 

Моддаи 161. Ўҳдадориҳои тасдиқи риояи шартҳои нигаҳдории мол таҳти низоми гумрукӣ

Ўҳдадории тасдиқи риояи шартҳои нигаҳдории мол таҳти низоми гумрукии арзшуда, ки мазмуни он пардохти қисман ё пурраи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё баргардонидани маблағи пардохтшуда ва (ё) истифода набурдани мамнўият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд, ба зиммаи декларант гузошта мешавад.

 

Моддаи 1611. Масъулияти барои риоя накардани шарту талаботи низоми гумрукӣ

1.Масъулият барои риоя накарюдани шарту талаботи низоми гумрукӣ ба зиммаи шахсоне, ки ҳамин Кодекс муайян намудааст, гузашта мешавад.

  1. Шахсон барои риоя накар.дани шарту талаботи низоми гумрукӣ нисбат ба мол ё маҳсули коркарди он, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, дар зерин масъулият надоранд:

– нобудшавӣ, осебпазирӣ, вайроншавӣ ё талафи бебозгашти онҳо дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир;

– тағйирёбии теъдод ё ҳолати онҳо дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ, талафоташон дар шароити мӯътадили интиқол, нигаҳдорӣ ва истифода (экспулатасия), агар амалиётҳои мазкур дар доираи низоми гумрукии интихобшуда амали шаванд;

-аз соҳиби шахси ваколатдор бо қарор ё дар натиаҷаи амалҳои мақомояти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлатҳои хориҷи соқит шудани онҳо.

  1. Ӯҳдадории тасдиқ намудани ҳолатҳое,ки боиси талафот осебпазирии молҳо, тағйирёбии теъдодва ҳолати онҳо шудаанд, ба зиммаи шахсоне, ки барои риояи низоми гумрукӣ масъуланд, вогузор мегарда. Ҳолатҳое, ки дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ рухдодаанд, аз ҷониби консулгарии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти салоҳиятдори давлате, ки дар ҳудудаш ҳолатҳои зикршуда рухдодаанд, тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 162. Оқибати ситонидани мол аз рўи парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ

  1. Дар сурати ситонидани моли таҳти низоми гумрукӣ ҷойгиршуда оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амали низоми гумрукӣ нисбати ин мол боздошта мешавад.
  2. Агар қарори эътибори қонунӣ пайдокарда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мусодираи моли таҳти низоми гумрукӣ ҷойгиршударо пешбинӣ накарда бошад, амали низоми гумрукӣ нисбати ин мол барқарор карда мешавад.

Ҳангоми барқарор намудани амали низоми гумрукӣ фоизҳо, ки  ҳисоб кардан ва пардохтани онҳо тибқи ҳамин зерфасл пешбини гардидаанд, барои давраи боздоштани амали низоми гумрукӣ ҳисоб карда ва пардохта намешаванд.

  1. Агар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани шахс ба риоя накардани низоми гумрукӣ вобаста бошад ва риоя накардани он боиси имконнопазирии истифодаи минбаъдаи ҳамин низоми гумрукӣ гардад, низоми гумрукӣ бояд мутобиқи зерфасли мазкур дар давоми 15 рўзи баъди эътибор пайдо кардани қарори дахлдор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, анҷом дода шавад.

 

БОБИ 18. ИҶОЗАТ БАРОИ МУОМИЛОТИ ОЗОД

  

Моддаи 163. Мазмуни низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод

Иҷозат барои муомилоти озод низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ бе маҳдудият барои истифода ва истеъмол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 164. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод

  1. Иҷозати мол барои муомилоти озод бо шартҳои зайл анҷом дода мешавад:

1) пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз;

2) риояи маҳдудиятҳое, ки хусусияти иқтисодӣ надоранд ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд;

3) иҷрои талаботи дигари пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) анҷоми барасмиятдарории гумрукӣ.

  1. Дар сурати риоя накардани шартҳои зикргардида мол мувофиқи моддаи 151 ҳамин Кодекс шартан иҷозат дода мешавад.

 

БОБИ 19. СОДИРОТ

 

Моддаи 165. Мазмуни низоми гумрукии содирот

Содирот низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе маҳдудият барои истифода ва истеъмол берун аз ин ҳудуд содир карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  

Моддаи 166. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии содирот

  1. Содироти мол ба шарти пардохти боҷи гумрукии содиротӣ бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  2. Ҳангоми содироти мол озод кардан аз пардохт, баргардонидан ё ҷуброни андозҳои дохилӣ мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 20. ТРАНЗИТИ ГУМРУКИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи 167. Мазмуни низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ

Транзити гумрукии байналмилалӣ низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ байни ҷойи расидани онҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи баровардани онҳо аз ин ҳудуд (агар ин як қисми роҳе бошад, ки берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад ва хотима меёбад) бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бидуни истифодаи мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 168. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ

  1. Таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ ҳама гуна моли хориҷиро ҷойгир намудан мумкин аст, ба истиснои моле, ки транзиташ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
  2. Мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд шартҳои иловагии таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ ҷойгир намудани мол муқаррар карда шаванд.

 

Моддаи 169. Нисбати қоидаҳои транзити гумрукии байналмилалӣ истифода бурдани қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс оид ба транзити дохилии гумрукӣ

  1. Ҳангоми транзити гумрукии байналмилалӣ тартиби додани иҷозат аз ҷониби мақоми гумрук барои транзити гумрукии байналмилалӣ ва муайян намудани мўҳлати транзити гумрукии байналмилалӣ, ҳаммонандсозии мол ва чораҳои таъмини қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 80 – 86 ҳамин Кодекс нисбати транзити дохилии гумрукӣ ва нисбати транзити гумрукии байналмилалӣ татбиқшаванда анҷом дода мешавад.
  2. Нисбати ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва масъулияти интиқолдиҳанда ё экспедитор ҳангоми транзити гумрукии байналмилалӣ муқаррароти пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 88, инчунин моддаҳои 90 ва 91 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 170. Азнавборкунии моли транзитӣ ва дигар амалиёт нисбати моли транзитӣ

  1. Аз нав бор кардани моли транзитӣ аз нақлиёте, ки тавассути он мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ба нақлиёте, ки мол аз ин ҳудуд бароварда мешавад, танҳо бо иҷозати мақоми гумруке анҷом дода мешавад, ки дар минтақаи фаъолияти он чунин амалиёти молӣ сурат мегирад. Агар моли транзитӣ ба нақлиёти дигар бе кандани тамға ва мўҳрҳои гузошташудаи гумрукӣ бор карда шаванд, чунин азнавборкунӣ бо огоҳонидани пешакии мақоми гумрук иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ба анбор ҷойгир кардани (нигаҳдорӣ, ба қисмҳо ҷудо намудан, ҷамъ намудани партияҳои зиёди мол ва дигар чунин амалиёт) моли транзитӣ дар минтақаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
  3. Нисбати моли транзитӣ иҷрои амалиёте, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ нашудаанд, танҳо ҳангоме иҷозат дода мешавад, ки агар он вобаста ба хатари воқеии нобудшавӣ, гумшавӣ, тамоман талафшавӣ ё бениҳоят вайроншавии мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт анҷом дода шавад.

 

Моддаи 171. Анҷоми низоми гумрукӣ

  1. Транзити гумрукии байналмилалӣ бо баровардани моли транзитӣ аз минтақаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом меёбад.

Интиқолдиҳанда вазифадор аст, ки моли транзитӣ, декларатсияи транзитӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои моли транзитии бо мақсади транзити гумрукии байналмилалии мол истифодашавандаро ба мақоми гумруки таъинот пешниҳод намояд (қисми 1 моддаи 92). Мақоми гумруки таъинот вазифадор аст барои ба анҷом расонидани транзити гумрукии байналмилалӣ амалиёти зарурии гумрукиро иҷро намуда, дар рўзи пешниҳоди моли транзитӣ ва ҳуҷҷатҳои транзитӣ барои баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт (моддаи 120) иҷозат диҳад.

Ҳангоми баровардани моли транзитӣ бо партияҳои алоҳида транзити гумрукии байналмилалӣ баъди баровардани партияи охирини мол аз минтақаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта ба ҳисоб меравад.

  1. Транзити гумрукии байналмилалӣ дар сурати риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс метавонад инчунин ҳангоми таҳти низоми дигари гумрукӣ ҷойгир намудани мол ба анҷом расад.

 

Моддаи 172.  Хусусиятҳои истифодаи низоми гумрукӣ

  1. Агар маҳали расидани моли транзитӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳали бароварданаш аз ин ҳудуди гумрукӣ мутобиқ ояд, транзити гумрукии байналмилалӣ бо тартиби соддагардонидашуда иҷозат дода мешавад. Интиқолдиҳанда ё экспедитор танҳо он ҳуҷҷату маълумотеро пешниҳод мекунад, ки ҳангоми расидани мол ва воситаҳои нақлиёт зарур аст (моддаи 72) ва иҷозат барои транзит бошад – дар рўзи пешниҳоди мол ва ҳуҷҷату маълумот ба мақоми гумрук дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар моли транзитӣ дар маҳали дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда аз воситаи нақлиёте, ки ҳангоми ворид намудан истифода шудааст, ба нақлиёте бор карда шавад, ки ҳангоми баровардани мол истифода мешавад, азнавборкунӣ танҳо бо иҷозати мақоми гумрук иҷозат дода мешавад. Чунин иҷозат ба интиқолдиҳанда ё экспедитор ҳангоми пешниҳод намудани ҳуҷҷату маълумоти пешбининамудаи моддаи 72 ҳамин Кодекс дода мешавад.

Мақоми гумрук танҳо дар ҳолатҳое, ки агар амалиёти молӣ нисбати моли транзитӣ боиси аз байн рафтан ё тағйирёбии хусусияти истеъмолии он мегардад, метавонад ба иҷрои амалиёти молӣ иҷозат надиҳад.

 

БОБИ 21. КОРКАРД ДАР ҲУДУДИ ГУМРУКӢ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Моддаи 173. Мазмуни низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Коркард дар ҳудуди гумрукӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда барои мақсади иҷрои амалиёти коркард дар мўҳлати муайяншуда (мўҳлати коркарди мол), бо озодкунии шартии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва минбаъд содир намудани маҳсули коркардашуда берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати муайян истифода мегардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Нисбати моли воридотӣ, ки таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ ҷойгир карда шудааст, ҳамаи мамнўият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 174. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Коркард дар ҳудуди гумрукӣ дар сурати мавҷуд будани иҷозати мақоми гумрук анҷом дода мешавад (моддаи 179). (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода мешавад, агар мақомоти гумрук моли барои коркард воридшударо ба маҳсули коркард ҳаммонанд карда тавонанд (моддаи 175), ба истиснои ҳолатҳое, ки агар низоми гумрукӣ бо содироти маҳсули коркард, ки дар натиҷаи коркарди мол ҳосил шудааст ва мувофиқи моддаи 186 ҳамин Кодекс эквиваленти моли воридшуда мебошад, анҷом ёбад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ, бо риояи талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, метавонад моли хориҷие ҷойгир карда шавад, ки пештар таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳоеро муайян менамояд, ки нисбати намудҳои муайяни моли воридшуда коркард дар ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода намешавад, инчунин ҷиҳати иҷозат додани мол барои иҷрои амалиёти коркард тибқи низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ, бо назардошти ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳдудиятҳои миқдорӣ ё арзиширо муқаррар намояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 175. Ҳаммонандсозии маҳсули моли коркардшуда

  1. Барои ҳаммонандсозии маҳсули моли воридотии коркардшуда метавонанд усулҳои зайле истифода шаванд, ки агар ин усулҳо вобаста ба хусусияти мол ва амалиёт оид ба коркарди мол қобили истифода бошанд:

1) аз ҷониби аризадиҳанда, коркардкунанда ё шахси мансабдори мақоми гумрук гузоштани мўҳр, штамп, маркировкаи рақамӣ ва ғайра ба моли воридшуда;

2) тавсифи пурраи моли воридшуда, суратгирӣ ва тасвири он дар масштаб;

3) муқоисаи натиҷаи таҳқиқи чошнӣ ва намунаҳои моли воридшуда ва маҳсули коркарди он;

4) истифодаи рақамҳои силсилавӣ  (сериявӣ) ё дигар маркировкаи истеҳсолкунандаи моли воридшуда.

  1. Қобили истифода будани усули ҳаммонандсозии моли барои коркард ба ҳудуди гумрукӣ воридшударо бо маҳсули коркард мақоми гумрук вобаста ба хусусияти мол ва амалиёти коркарди он муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Бо дархости аризадиҳанда ва розигии мақоми гумрук барои мақсадҳои гумрукӣ ҳаммонандсозии зикршуда метавонад бо роҳи пешниҳоди маълумоти дақиқ оид ба ашё, мавод, қисмҳои такмилие, ки дар истеҳсолот ба кор бурда мешаванд, инчунин технологияи истеҳсоли маҳсули коркард ё бо роҳи назорати гумрукӣ ҳангоми амалиёти коркарди мол таъмин карда шавад.

 

Моддаи 176. Амалиёт доир ба коркарди мол

Амалиёт доир ба коркарди мол таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ амалҳои зайлро дар бар мегирад:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) коркард ё такмили худи мол;

2) истеҳсоли моли нав, аз ҷумла насб, васл ё ба қисмҳо ҷудо кардани мол;

3) таъмири мол, аз ҷумла барқарорсозӣ, ивази қисмҳои асосӣ ва барқарор кардани хусусиятҳои истеъмолӣ;

4) коркарди моле, ки барои истеҳсоли маҳсули моли коркардашуда мусоидат менамояд ё онро осон мекунад, ҳатто агар ин мол қисман ё пурра дар ҷараёни коркард мавриди истеъмол қарор гирад.

 

Моддаи 177. Мўҳлати коркарди мол

  1. Мўҳлати коркарди мол аз ҷониби аризадиҳанда бо розигии мақоми гумрук муқаррар карда мешавад ва наметавонад аз ду сол зиёд бошад.
  2. Муқаррар намудани мўҳлати коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ бо назардошти давомнокии ҷараёни коркарди мол ва мўҳлате, ки барои ихтиёрдории маҳсули коркарди он зарур аст, муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Агар шахси барои коркард иҷозатгирифта дар мўҳлати муайян, бе вайрон кардани талабот ва шартҳои дар ҳамин боб зикргардида, бо сабабҳои ба ў новобаста низоми гумрукиро ба охир расонида натавонад, бо пешниҳоди асосноки шахси барои коркард иҷозатгирифта мўҳлати аввалаи коркард дар доираи мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда тамдид карда мешавад.
  4. Ҷараёни вақти коркарди мол аз рўзи ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ва дар сурати бо партияи алоҳида ворид намудани мол аз рўзи воридоти партияи аввали он оғоз мегардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 178. Меъёри баромади маҳсули коркард

  1. Меъёри баромади маҳсули коркард (миқдор ё таркиби фоизии маҳсули коркард, ки дар натиҷаи коркарди миқдори муайяни моли овардашуда ҳосил шудааст) аз ҷониби аризадиҳанда бо розигии мақоми гумрук бо назардошти шароити воқеие, ки мол мавриди коркард қарор мегирад ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 3 ҳамин модда пешбиншуда муайян карда мешавад.
  2. Ҳангоми мувофиқаи миқдори баромади маҳсули коркардшуда мақоми гумрук хулосаи ташкилотҳои экспертиро (аз ҷумла лабораторияҳои гумрукиро), ки ба ҷараёни мушаххаси технологӣ асос ёфтааст, ба инобат мегирад.
  3. Агар амалиёт оид ба коркарди моли дорои хусусияти доимӣ маъмулан мувофиқи шартҳои муайяни техникӣ иҷро шуда, боиси истеҳсоли маҳсули коркарди сифатан бетағйир гардад, мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда барои мақсади гумрукӣ меъёри стандартии баромади маҳсули коркардро муқаррар мекунад.
  4. Тавсиф, сифат ва миқдори маҳсули коркард баъди мувофиқаи баромади ниҳоии маҳсули коркардшуда пурра муайян карда мешавад.

 

Моддаи 179.          Рухсатнома барои коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Барои коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ҳар як шахси манфиатдори ватанӣ, аз ҷумла шахсе, ки мустақиман амалиёти коркарди маҳсулотро анҷом намедиҳад, метавонад рухсатнома гирад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Рухсатномаи коркарди мол аз ҷониби мақоми гумрук дар асоси аризаи шахси манфиатдор дода мешавад.
  3. Дар рухсатномаи коркарди мол инҳо зикр карда мешаванд:

1) тавсиф, сифат ва миқдори маҳсулоте, ки барои коркард таъин гардидааст ва маҳсули коркардшудаи он;

2) амалиёти вобаста ба коркарди мол ва тарзи иҷрои он;

3) меъёри баромади маҳсули коркард;

4) усулҳои ҳаммонандсозии моли воридшуда бо маҳсули коркард;

5) мўҳлати коркарди мол;

6) дигар маълумоте, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад ва барои мақсадҳои гумрукӣ зарур аст.

Намунаи рухсатномаро барои коркарди мол мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.

  1. Рухсатнома барои коркарди мол дар мўҳлати муайяншудаи коркарди мол амал мекунад.
  2. Шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, дар мўҳлати амали он ҳуқуқ дорад онро бо иҷозати хаттии мақоми гумрук (моддаи 61) ба шахси дигари ватанӣ супорад, ба шарте ки ин шахс ўҳдадор шавад, ки минбаъд низ талабот ва шартҳои дар моддаҳои 173 – 180 ҳамин Кодекс муқарраршударо риоя менамояд. Ҳамзамон шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, бояд ба мақоми гумрук оид ба иҷрои талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда барои даврае, ки мол мутобиқи низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ истифода шудааст, ҳисобот диҳад, инчунин агар мутобиқи ҳамин Кодекс дар ин давра ҳолатҳое ба миён оянд, ки пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозро тақозо мекунанд, боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардозад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Шахсе, ки ба ў барои коркарди мол рухсатнома дода шудааст, бояд ўҳдадор шавад, ки талабот ва шартҳои мувофиқи ҳамин боб муқарраргардидаро риоя менамояд, инчунин агар риояи низоми гумрукӣ бо кафолат таъмин бошад (моддаи 160), ҳуҷҷатҳои заруриро ба номи худ ба расмият дарорад. Шахси мазкур аз рўзи аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани қарор дар бораи додани рухсатнома барои коркарди мол дорои ҳуқуқ ва ўҳдадориҳое мебошад, ки ҳамин Кодекс нисбати шахси барои коркарди мол рухсатнома гирифта муқаррар намудааст.

  1. Бо шарти аз ҷониби аризадиҳанда риоя гардидани талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб рухсатнома барои коркарди мол метавонад то овардани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди он дода шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, мутобиқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад.

 

Моддаи 180.          Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол

  1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба мақоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот пешниҳод мешавад:

1) дар бораи аризадиҳанда;

2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустақиман амалиёти коркарди молро иҷро менамояд;

3) дар бораи моле, ки барои коркард таъин гардидааст, маҳсули коркард, инчунин партову пасмондаҳо;

4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, тарз ва мўҳлати иҷрои он;

5) дар бораи ҷойгиршавии иқтидорҳои истеҳсолие, ки тавассути онҳо амалиёти коркарди мол иҷро карда мешавад;

6) дар бораи меъёри маҳсули коркард;

7) дар бораи усулҳои ҳаммонандсозии моли воридшуда бо маҳсули коркард;

8) дар бораи ивази моли воридшуда бо моли эквивалентӣ;

9) дар бораи мўҳлати коркарди мол.

  1. Намунаи ариза ва тарзи пешниҳоди дорои маълумоте, ки дар он мебошад, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.

Ба ариза ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти арзшуда замима мегардад.

  1. Мақоми гумрук ариза ва ҳуҷҷатҳои замимагардидаро дар давоми 30 рўзи гирифтани он баррасӣ менамояд. Дар ин муддат мақоми гумрук риояи талабот ва шартҳои муқарраргардидаро тафтиш намуда, оид ба мувофиқаи меъёри арзшудаи маҳсули коркард ва мўҳлати коркарди мол қарор қабул мекунад.

Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз мақомоти давлатӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро дархост намояд. Шахсони зикргардида дар давоми 10 рўзи гирифтани дархост вазифадоранд ҳуҷҷатҳои талабшударо пешниҳод намоянд. Ҳамзамон мақоми гумрук ҳуқуқ дорад мўҳлати баррасии аризаро то ду моҳ аз рўзи қабул тамдид намояд.

Рухсатнома барои коркарди мол ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳангоми риоя накардани талабот ва шартҳои муқарраршуда мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад рухсатномаи коркарди молро надиҳад.

  1. Ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукӣ оид ба ҷойгиронии мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ истифода бурда мешавад, ба шарте ки ҳангоми воридоти мол ва содироти минбаъдаи маҳсули коркардшуда он ҳамзамон ба ҳамон як мақоми гумрук пешниҳод гардида, ба расмият дароварда шавад, агар: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) мақсади таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ қарор додани он аз таъмир, аз ҷумла таъмири ройгон иборат бошад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) арзиши гумрукии моле, ки таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ қарор дорад, набояд аз ҳаҷми 600 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) пасмондаи моли қаблан овардашуда мутобиқи қисми 1 моддаи 184 ҳамин Кодекс таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ҷой дода шавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Агар ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукӣ истифода шавад, мўҳлати баррасии он набояд аз мўҳлати тафтиши декларатсияи гумрукӣ, ки қисми 1 моддаи 400 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, зиёд бошад.
  2. Мақоми гумрук танҳо дар ҳолате, ки агар аризадиҳанда ҳангоми пешниҳоди он талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 173 – 180 ҳамин Кодексро иҷро накунад, инчунин ҳангоми аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани қарори мувофиқа накардани меъёри арзшудаи маҳсули коркард ва мўҳлати коркарди мол додани рухсатномаро рад менамояд.

Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми гумрук бояд асоснок карда шуда, сабаби он зикр гардад. Оиди надодани рухсатнома аризадиҳанда хаттӣ огоҳ карда мешавад.

 

Моддаи 181.          Бозхондани рухсатнома барои коркарди мол

  1. Рухсатномаи барои коркарди мол додашуда аз ҷониби мақоми гумрук бозхонда мешавад, агар ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ дар асоси қисми 4 моддаи 174 ҳамин Кодекс мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашавад.
  2. Қарор дар бораи бозхондани рухсатнома аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Ҳангоми бозхондани рухсатномаи барои коркарди мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ додашуда тибқи рухсатномаи бозхондашуда коркарди мол рухсат дода намешавад ва нисбати моле, ки то бозхондани рухсатнома таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ қарор дорад, мувофиқи ҳамин боб ба охир расонидани низоми гумрукии мазкур иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Намунаи бозхондани рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 182.          Озод намудани маҳсули коркард аз боҷи гумрукии содиротӣ ва ҷорӣ намудани мамнўият ва маҳдудиятҳо нисбати маҳсули коркард

  1. Ҳангоми содироти маҳсули коркард аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукии содиротӣ пардохта намешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Нисбати содироти маҳсули коркард ҳамаи мамнўият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 183.          Партовҳои коркарди мол

  1. Нисбати партовҳое, ки дар натиҷаи коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ба вуҷуд меоянд, боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта мешаванд, чуноне, ки агар ин партовҳо дар ҳамон ҳолат ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин партовҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудаанд ё дар шакле коркард шудаанд, ки барои истифодаи тиҷоратии минбаъда дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон корношоям мебошанд ва наметавонанд бо усули аз нигоҳи иқтисодӣ судманд ба ҳолати аввалаашон баргардонида шаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Партовҳое, ки аз онҳо боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.

  1. Бо мақсади ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз партовҳо чун моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ҳисоб карда мешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Арзиши гумрукии партовҳо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти мушаххасоти муқарраркардаи қисми 3 ҳамин модда муайян карда мешавад.

  1. Ҳангоми муайян карда натавонистани арзиши гумрукии партовҳо бо усули нархи аҳдномавии моли овардашуда, усули арзиши аҳдномавӣ ба моли шабеҳ ё усули арзиши моли ҳамҷинс мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши гумрукии партовҳо бо яке аз арзишҳои зерин муайян карда мешавад:

1) нархи фурўши партовҳо ҳангоми фурўши ибтидоии онҳо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба харидоре, ки бо ягон аъзои муомилот оид ба коркарди мол алоқаманд нест;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) нархи фурўши моли шабеҳ ё ҳамҷинси партовҳо, агар ин мол дар натиҷаи коркарди шабеҳ, бо истифодаи низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ истеҳсол шуда бошад ва агар нархи фурўш ҳангоми фурўши ибтидоии он дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба харидоре, ки бо ягон аъзои муомилот оид ба коркарди мол алоқаманд нест;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) нархи аҳдномавии моле, ки ба нархи партовҳо шабеҳ ё ҳамҷинс мебошад, агар ин мол ҳамчун моли содиротӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта шуда бошад ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон вақт ё тақрибан дар ҳамон вақте, ки декларатсияи партовҳо сурат гирифтааст, ворид карда шуда бошад;

4) нархи фурўши моли ба партовҳо шабеҳ ё ҳамҷинси дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни фурўшандаю харидори ба ҳамдигар вобастагӣ надошта, бо тарҳи андозҳое, ки ҳангоми фурўши мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

 

Моддаи 184.          Пасмондаҳои коркарди мол

  1. Пасмондаи моли таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ҷойгир шударо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пардохти боҷҳои гумрукии содиротӣ баровардан ё таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додан мумкин аст. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Аз пасмондаи бароварданашуда маблағи боҷу андозҳои воридотии гумрукӣ ситонида мешавад, чуноне, ки агар ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шакл ворид шуда бошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Пасмондаҳое, ки барои онҳо боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.

Маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо назардошти ҳаҷми миқдор ё арзиши пасмондаҳо мутаносибан ба маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз муайян карда мешавад, чуноне, ки агар моли дар натиҷаи коркарди он чунин пасмондаҳо ҳосилшуда дар рўзи таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ба муомилоти озод бароварда шуда бошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 185.          Анҷом ва боздошти низоми гумрукӣ

  1. Дар мўҳлати на дертар аз рўзи анҷоми мўҳлати коркард (моддаи 177) низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ бояд бо содироти маҳсули коркард аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёбад ё моли воридшуда ва маҳсули коркарди он таҳти низоми дигари гумрукӣ ҷойгир карда шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар маҳсули коркард аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд партия бароварда шавад, муқоисаи ниҳоии миқдори маҳсули коркарди дар рухсатномаи коркарди мол (моддаи 179) зикршуда метавонад давра ба давра, баъди баровардани маҳсули коркард, ақаллан дар се моҳ як маротиба ва дар давоми 30 рўзи баровардани партияи охирини маҳсули коркард гузаронида шавад. Агар дар натиҷаи чунин муқоиса шахсе, ки рухсатномаи коркардро дар ҳудуди гумрукӣ гирифтааст, боҷҳои гумрукӣ ва андоз супорад, аз чунин маблағи пардохтҳои гумрукӣ фоиз ситонида намешавад, ба шарте агар пардохт дар давоми 10 рўзи ба таври хаттӣ қабул шудани қарори мақоми гумрук оид ба зарурияти пардохти зикршуда анҷом дода шавад. Мақоми гумрук дар рўзи дигари қабули қарор ба шахсе, ки рухсатномаи коркарди молро гирифтааст, оид ба зарурияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз огоҳинома мефиристад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ метавонад бо иҷозат додани моли барои коркард овардашуда ва (ё) маҳсули коркарди онҳо барои муомилоти озод ё ҷойгир намудани онҳо таҳти дигар низоми гумрукӣ, бо риояи шарту талаботи муқарраркардаи ҳамин Кодекс анҷом ёбад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Бо иҷозат додани моли барои коркард овардашуда ва (ё) маҳсули коркарди онҳо барои муомилоти озод маблағҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз тарзе пардохта мешаванд, ки агар моли овардашуда дар рўзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ қарор гирифта бошад, инчунин фоизҳо аз маблағи зикршуда дар ҳаҷми муқарраркардаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзе пардохта мешаванд, ки агар нисбати ин маблағҳо аз рўзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ мўҳлат дароз карда шудааст. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  5. Бо талаби шахси манфиатдор амали низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ мумкин аст дар чунин ҳолатҳо боздошта шавад: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) ҳангоми ҷойгир намудани маҳсули коркард дар анбори гумрукӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 217 ҳамин Кодекс;

2) ҳангоми ҷойгир намудани маҳсули коркард таҳти дигар низомҳои гумрукие, ки иҷозат барои муомилоти озодро пешбинӣ наменамоянд.

  1. Боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ боиси боздоштани мўҳлати коркарди мол мегардад (моддаи 177). Фоиз ва боҷу андозҳое, ки мутобиқи ҳамин модда дар назар дошта шудааст, дар давраи боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ҳисобӣ ва пардохт карда намешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Дар давраи боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ иҷрои амалиёт оид ба коркарди мол (моддаи 176) иҷозат дода намешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ метавонад ҳангоми бе тағйир баровардани моли овардашуда низ хотима ёбад (бо усули реэкспорт). (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 186.          Ҷуброни баробарарзиш (эквивалентӣ)

  1. Бо иҷозати мақоми гумрук моли овардашудае, ки таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ҷойгир шудааст, метавонад бо дигар мол, аз ҷумла бо моли ватанӣ иваз карда шавад, агар он тибқи намуд, сифат ва хусусияти техникӣ ба моли овардашуда монанд бошад (ҷуброни баробарарзиш). (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Маҳсулоте, ки дар натиҷаи коркарди моли баробарарзиш ҳосил шудааст, мутобиқи муқаррароти ҳамин боб, ҳамчун маҳсули коркарди моли овардашуда баррасӣ мегардад.
  3. Моли баробарарзиш бо мақсадҳои гумрукӣ дорои статуси моли овардашуда буда, моли овардашуда бошад – статуси моли баробарарзишро дорад.
  4. Агар ҷуброни баробарарзиш иҷозат дода шавад, содироти моли коркардшуда бо шарти будани рухсатномаи коркард то овардани мол барои коркард ба ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода мешавад. Барои воридоти чунин мол мақомоти гумрук мўҳлат муқаррар менамоянд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

БОБИ 22. КОРКАРД БАРОИ МУОМИЛОТИ ОЗОД

 

Моддаи 187.          Мазмуни низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод

  1. Коркард барои муомилоти озод низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда бо мақсади иҷрои амалиёти коркард дар мўҳлати муайяншуда (мўҳлати коркарди мол), бо пурра шартан озод кардан аз боҷи гумрукӣ ва баровардани маҳсули коркардшуда барои муомилоти озод бо пардохти боҷҳои гумрукӣ тибқи меъёрҳое, ки нисбати маҳсули коркард қабул карда шудааст, истифода бурда мешавад. (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Нисбати моле, ки таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод ҷойгир шудааст, ҳамаи мамнўият ва маҳдудиятҳои муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 188.          Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод

  1. Мол таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод бо шартҳои зерин иҷозат дода мешавад:

1) агар рухсатномаи мақоми гумрук мавҷуд бошад (моддаи 192);

2) пешниҳоди хулосаи мақоми давлатии ваколатдор оид ба меъёри маҳсули коркард тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мувофиқаи мақоми давлатии ваколатдор;

3) ҳаммонандсозии маҳсули коркард бо моли хориҷӣ аз ҷониби мақомоти гумрук (моддаи 189);

4) таъмини иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини имконнопазирии гирифтани молу маҳсули коркард бидуни назорати гумрукӣ, фароҳам овардани шароит барои назорати гумрукӣ, таъмини дастрасии мақомоти гумрук ба мол, ҳисоби мол ва иҷрои амалиёт бо онҳо, инчунин додани ҳисобот;

5) имконнопазирии барқарор намудани маҳсули коркард ба ҳолати ибтидоӣ бо усули аз нигоҳи иқтисодӣ судманд;

6) маблағи боҷҳои гумрукии барои маҳсули коркард пардохтшаванда аз маблағе, ки дар рўзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод бояд пардохта шавад, камтар аст, чуноне агар онҳо барои муомилоти озод иҷозат дода мешуданд;

7) воридоти мол барои коркард аз ҷониби шахсе, ки мустақиман ба коркарди мол машғул мебошад.

  1. Низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод аз ҷониби шахсе арз карда мешавад, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ба сифати декларант баромад карда метавонад.
  2. Моли хориҷие, ки пештар таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт, бо риояи талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс метавонад таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод ҷойгир карда шавад.
  3. Рўйихати молеро, ки таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод ҷойгир намудан мумкин нест, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 189. Ҳаммонандсозии мол дар маҳсули коркарди он

Ҳангоми ҳаммонандсозии мол ба маҳсули коркарди он усулҳои пешбининамудаи моддаи 175 ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 190.          Амалиёт доир ба коркарди мол

Амалиёт доир ба коркарди мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод амали зайлро дар бар мегирад:

1) коркард ва такмили худи мол;

2) истеҳсоли моли нав, аз ҷумла васл, насб ё ба қисмҳо ҷудо кардани мол.

 

Моддаи 191.          Мўҳлати коркарди мол

  1. Мўҳлати коркарди мол бо розигии мақоми гумрук аз ҷониби аризадиҳанда муқаррар карда мешавад ва наметавонад аз як сол зиёд бошад.
  2. Мўҳлати коркарди мол барои муомилоти озод бо назардошти давомнокии ҷараёни коркарди он муқаррар карда мешавад.
  3. Агар шахси барои коркард иҷозатгирифта бе вайрон кардани талабот ва шартҳои дар ҳамин боб зикргардида натавонад дар мўҳлати муайян бо сабабҳои ба ў новобаста низоми гумрукиро ба охир расонад, тибқи аризаи асосноки шахси барои коркард иҷозатгирифта мўҳлати ибтидоии коркард дар доираи мўҳлатҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда дароз карда мешавад.
  4. Мўҳлати коркарди мол аз рўзи ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод ва ҳангоми қисман ворид намудани мол аз рўзи воридоти партияи аввали он оғоз мегардад.

  

Моддаи 192.          Рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод

  1. Рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод аз ҷониби мақоми гумрук дар асоси аризаи декларант дода мешавад (қисми 1 моддаи 193).
  2. Дар рухсатнома инҳо зикр карда мешаванд:

1) тавсиф, сифат ва миқдори моли барои коркард воридшуда ва маҳсули коркарди он;

2) амалиёт нисбати коркарди мол ва усули иҷрои он;

3) меъёри маҳсули коркард;

4) усулҳои ҳаммонандсозии маҳсули моли воридотии коркардшуда;

5) мўҳлати коркарди мол;

6) дигар маълумоте, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад ва барои мақсади гумрукӣ зарур аст.

Намунаи рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.

  1. Рухсатнома барои коркарди мол дар мўҳлати муайяншудаи коркарди мол амал мекунад.
  2. Рухсатнома барои коркарди мол то ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод дода мешавад.
  3. Рухсатномаи гирифтаро ба шахси дигар додан мумкин нест.
  4. Мутобиқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад.

 

Моддаи 193.          Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол

  1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба мақоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот дода мешавад:

1) дар бораи аризадиҳанда;

2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустақиман амалиёти коркарди молро иҷро менамояд;

3) дар бораи моле, ки барои коркард таъин гардидааст, маҳсули коркард, инчунин партову пасмондаҳо;

4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, усул ва мўҳлати иҷрои он;

5) дар бораи маҳали ҷойгиршавии иқтидорҳои истеҳсолие, ки тавассути онҳо амалиёти коркарди мол иҷро карда мешавад;

6) дар бораи меъёри маҳсули коркард;

7) дар бораи усулҳои ҳаммонандсозии  маҳсули моли воридотии коркардшуда;

8) дар бораи мўҳлати коркарди мол.

  1. Намунаи ариза ва пешниҳоди маълумоте, ки дар онҳо мебошанд, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.

Ба ариза ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда замима мегардад.

  1. Мақоми гумрук ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардидаро дар давоми 30 рўзи қабули онҳо баррасӣ менамояд. Дар давоми ин мўҳлат мақоми гумрук риояи талабот ва шартҳои муқарраргардидаро тафтиш менамояд, инчунин оид ба мувофиқаи мўҳлати коркарди мол меъёри маҳсули коркарди он, ки мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи 178 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад, қарор қабул мекунад.

Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз мақомоти давлатӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро талаб намояд. Ин шахсон вазифадоранд дар давоми 10 рўзи гирифтани дархост ҳуҷҷатҳои талабшударо пешниҳод намоянд. Ҳамзамон мақоми гумрук ҳуқуқ дорад мўҳлати баррасии аризаро аз рўзи қабул карда гирифтанаш то ду моҳ дароз кунад.

Рухсатнома барои коркарди мол ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳангоми риоя накардани талабот ва шартҳои муқарраршуда мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад додани рухсатномаи коркарди молро рад намояд.

  1. Мақоми гумрук танҳо дар ҳолате, ки агар ҳангоми додани ариза аризадиҳанда талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 187 – 193 ҳамин Кодексро иҷро накунад, инчунин ҳангоми аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани қарори мувофиқа нашудани маълумоти арзшуда метавонад рухсатнома надиҳад.

Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми гумрук бояд асоснок карда шавад. Оид ба надодани рухсатнома аризадиҳанда хаттӣ огоҳ карда мешавад.

 

Моддаи 194.          Партовҳо ва пасмондаҳо

Нисбати партовҳое, ки дар натиҷаи коркарди мол барои муомилоти озод ба вуҷуд меояд, инчунин пасмондаи моли таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод қарордошта қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 183 ва 184 ҳамин Кодекс татбиқ мешаванд.

 

Моддаи 195.          Анҷоми низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод

  1. Низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод баъди иҷозати маҳсули коркард барои муомилоти озод анҷом меёбад. Ҳангоми иҷозати маҳсули коркард барои муомилоти озод боҷҳои гумрукӣ бо назардошти меъёрҳои барои маҳсули коркард муайяншуда ҳисоб карда мешаванд. Арзиши гумрукӣ ва миқдори маҳсули коркард дар рўзи иҷозат додани онҳо барои муомилоти озод муайян карда мешавад (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).
  2. 2. Дар мавридҳои истисноӣ ва бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод баъди бо риояи шартҳои барои интихоб ва (ё) иваз намудани низомҳои гумрукӣ пешбини намудаи ҳамин Кодекс таҳти низоми гумрукии дигар қорор додани маҳсули коркард низ анҷом меёобад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 196.          Хусусиятҳои истифодаи меъёрҳои боҷи гумрукӣ нисбати маҳсули коркард

(қҶТ аз 23.07.16 с., №1347)

Нисбати маҳсули коркард меъёри боҷҳои гумрукии мамлакате истифода бурда мешавад, ки моли барои коркард овардашударо истеҳсол намудааст. Агар дар ҷараёни коркард моли хориҷие истифода шавад, ки мамлакатҳои гуногун истеҳсол намудаанд, меъёри боҷҳои гумрукӣ бо назардошти хусусиятҳои зайл татбиқ карда мешавад (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347):

1) агар дар натиҷаи коркард рамзи таснифотӣ тибқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар сатҳи ҳама гуна чор нишони аввал тағйир ёфта бошад, нисбати маҳсули коркард ставкаи боҷҳои гумрукӣ ҳамчун нисбати моли воридотии мамлакатҳое истифода мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо дар муносибатҳои тиҷоратию сиёсӣ низоми ба миллат нисбатан мусоидаткунандаро фароҳам овардааст;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)

2) дар дигар ҳолатҳо ставкаи боҷҳои гумрукӣ тибқи кишвари истеҳсолкардаи моли хориҷие татбиқ мегардад, ки арзиши гумрукии он нисбатан баланд аст.

 

БОБИ 23. КОРКАРД БЕРУН АЗ ҲУДУДИ ГУМРУКӢ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Моддаи 197.          Мазмуни низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои амалиёти коркард дар мўҳлати муайяншуда (мўҳлати коркард) бароварда шуда, минбаъд маҳсули коркарди он бо қисман ё пурра озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ бо шартан пурра озод намудан аз боҷҳои содиротӣ бароварда мешавад. Нисбати моли содиршаванда мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда намешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Ҳангоми содироти мол мувофиқи низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ он аз пардохти андозҳои дохилӣ озод карда намешавад ва инчунин андозҳои дохилӣ баргардонида ё ҷуброн карда намешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 198.          Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрук коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ бо рухсатномаи мақоми гумрук иҷозат дода мешавад (моддаи 203). (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар мақоми гумрук моли содиршударо бо маҳсули коркардшуда ҳаммонанд карда тавонад (моддаи 199), коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое ки иваз кардани маҳсули коркард ба моли хориҷӣ мувофиқи моддаи 206 ҳамин Кодекс амалӣ карда шуда бошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Барои ҷойгиронии мол таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ мол барои мақсадҳои гумрукӣ бояд дорои статуси иҷозат ба муомилоти озод ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шуда бошад. Таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ қарор додани моле иҷозат дода мешавад, ки нисбати он имтиёз оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст, агар ин амалиёт оид ба коркарди мол аз таъмир иборат бошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳолатҳоеро муайян намояд, ки коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ нисбати баъзе намудҳои муайяни мол манъ карда шавад, инчунин нисбати иҷозати мол барои амалиёти коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ, бо назардошти ҳимояи манфиати истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳдудиятҳои арзишӣ ё миқдориро муқаррар намояд. Ин мамнўият ва маҳдудиятҳо мутобиқи моддаи 4 ҳамин Кодекс дар амал татбиқ мегарданд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 199.          Ҳаммонандсозии мол бо маҳсули коркард

  1. Барои ҳаммонандсозии моли содиротӣ ва маҳсули коркарди он усулҳои зайл истифода мешаванд, агар ин усулҳо бо назардошти хусусияти мол ва амалиёти вобаста ба коркарди он қобили қабул бошанд:

1) аз ҷониби аризадиҳанда ё шахси мансабдори мақоми гумрук гузоштани мўҳр, штамп, маркировкаи рақамӣ ва ғайра ба маҳсулоти содиротӣ;

2) тавсифи пурраи моли содиротӣ, суратгирӣ ва тасвири он дар масштаб;

3) муқоисаи натиҷаи таҳқиқи пешакии чошнӣ ва намунаи моли овардашуда ва маҳсули коркарди он;

4) истифодаи рақамҳои силсилавӣ ё дигар тамғаҳои истеҳсолкунандаи моли содиршуда;

5) тасдиқи далелноки он, ки моли содиротӣ таҳти амалиёти коркард  қарор гирифтааст;

6) усулҳои дигари ҳаммонандсозии мол, ки истифодаи технологияи замонавиро дар назар дорад.

  1. Қобили қабул будани усули арзшудаи ҳаммонандсозии маҳсули моли барои коркарди берун аз ҳудуди гумрукӣ содиршударо мақоми гумрук бо назардошти хусусияти мол ва анҷом додани амалиёти коркарди он муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Бо дархости аризадиҳанда ва розигии мақоми гумрук ҳаммонандсозии зикршуда барои мақсадҳои гумрукӣ бо роҳи таҳқиқи маълумоти муфассали пешниҳодшуда оид ба ашё, мавод ва қисмҳои такмилие, ки дар истеҳсолот истифода мешаванд, инчунин технологияи истеҳсоли маҳсули коркард таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 200.          Амалиёт доир ба коркарди мол

Амалиёт доир ба коркарди мол ҳангоми низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ амали зайлро дар бар мегирад:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) коркард ва такмили худи мол;

2) истеҳсоли моли нав, аз ҷумла насб, васл ё ба қисмҳо ҷудо кардани он;

3) таъмири мол, аз ҷумла барқарорсозӣ, иваз кардани қисмҳои таркибӣ ва барқарорсозии хусусияти истеъмолии он;

 

Моддаи 201.          Мўҳлати коркарди мол

  1. Мўҳлати коркарди мол бо розигии мақоми гумрук аз ҷониби декларант муқаррар карда мешавад ва наметавонад аз ду сол бештар бошад.
  2. Мўҳлати коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ бо назардошти давомнокии ҷараёни коркарди мол, мўҳлате, ки барои интиқоли маҳсули коркард зарур аст, дар доираи мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Бо аризаи асосноки шахси барои коркарди мол иҷозатгирифта мўҳлати ибтидоии коркард дар доираи мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда дароз карда мешавад.
  4. Мўҳлати коркарди мол аз рўзи ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ ва дар сурати бо партия содир намудани мол аз рўзи ҷойгир намудани партияи аввали он оғоз мегардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 202.          Меъёри маҳсули коркард бо мақсади гумрукӣ

  1. Меъёри баромади маҳсули коркард (миқдор ё таркиби фоизии маҳсули коркард, ки дар натиҷаи коркарди миқдори муайяни моли содиршуда ҳосил гардидааст) аз ҷониби декларант бо розигии мақоми гумрук, бо назардошти шароите, ки коркарди мол сурат мегирад, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда муайян мегардад, агар ин барои мақсади назорати гумрукӣ зарур бошад. Меъёри маҳсули коркард то ворид намудани маҳсули коркард ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Меъёри мувофиқашудаи миқдори маҳсули коркарди молро мақоми гумрук дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи декларант, ки дорои маълумот оид ба ҷараёни технологии коркард мебошад, амалӣ менамояд. Ҳангоми мувофиқаи маҳсули коркард мақомоти гумрук хулосаи ташкилотҳои экспертиро (аз ҷумла лабораторияҳои гумрукӣ), ки ба ҷараёни мушаххаси технологии коркард асос ёфтаанд, ба инобат мегирад.
  3. Тавсиф, сифат ва миқдори маҳсули коркард баъди мувофиқаи маҳсули коркард пурра муайян карда мешавад.
  4. Агар амалиёт нисбати моле, ки аслан дорои хусусияти доимӣ мебошад, маъмулан мувофиқи шартҳои муайяни техникӣ иҷро шавад ва боиси истеҳсоли маҳсули коркарди сифатан бетағйир гардад, дар ин ҳолат мақоми ваколатдор барои мақсади гумрукӣ меъёри стандартии баромади маҳсули коркардро муқаррар мекунад.

Ҳангоми истифодаи меъёрҳои стандартии маҳсули коркард ба мақсади гумрукӣ воридоти мол ба миқдори зиёда аз меъёри муқарраршудаи маҳсули моли коркардшуда бо пурра ё қисман озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 203.          Рухсатнома барои коркарди мол

  1. Содироти мол барои коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ ҳангоми мавҷуд будани рухсатномаи коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Рухсатномаи коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумрук ба декларант дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Дар рухсатнома инҳо зикр мешаванд:

1) тавсиф, сифат ва миқдори моли барои коркард таъингардида ва маҳсули коркарди он;

2) амалиёт нисбати коркарди мол ва тарзи иҷрои он;

3) меъёри маҳсули коркард, агар он муайян карда шуда бошад (қисми 4 моддаи 202) ё дар рўзи додани рухсатнома мувофиқа шуда бошад;

4) усулҳои ҳаммонандсозии маҳсули моли содиротии коркард;

5) мўҳлати коркарди мол;

6) дигар маълумоте, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад ва барои мақсади гумрукӣ зарур аст.

Намунаи рухсатномаро барои коркарди мол мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ муқаррар менамояд.

  1. Рухсатнома барои коркарди мол дар мўҳлати муайяншудаи коркард амал мекунад.
  2. Мутобиқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад.

 

Моддаи 204.          Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол

  1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба мақоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот пешниҳод карда мешавад:

1) дар бораи аризадиҳанда;

2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустақиман амалиёти коркарди молро иҷро менамояд, ва маҳали ҷойгиршавии он (онҳо);

3) дар бораи моли мавриди коркард;

4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, усул ва мўҳлати иҷрои он;

5) дар бораи меъёри маҳсули коркард, агар он муқаррар шуда бошад (қисми 4 моддаи 202) ё агар дар рўзи пешниҳоди ариза ин меъёр аз ҷониби декларант муайян шуда бошад;

6) дар бораи моли коркардшаванда ва миқдори эҳтимолии он;

7) дар бораи усулҳои ҳаммонандсозии маҳсули моли содиротии коркардшуда бо маҳсули коркард;

8) дар бораи иваз намудани маҳсули коркард ба моли хориҷӣ;

9) дар бораи мўҳлати коркарди мол.

  1. Намунаи ариза ва тарзи пешниҳоди маълумотро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд.

Ба ариза ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда замима мегардад.

  1. Мақоми гумрук ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардидаро дар давоми 30 рўзи қабул карда гирифтани он баррасӣ менамояд. Дар давоми ин мўҳлат мақоми гумрук маълумоти дар ариза зикршударо санҷида, инчунин оид ба мувофиқаи меъёри арзшудаи маҳсули коркард ва мўҳлати коркарди он қарор қабул мекунад.

Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз мақомоти давлатӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти арзшударо талаб намояд. Ҳамзамон мақоми гумрук ҳуқуқ дорад мўҳлати баррасии аризаро ба мўҳлати на бештар аз ду моҳ аз рўзи қабул дароз намояд.

Рухсатномаи коркарди мол ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба қайд гирифта мешаванд. Дар сурати риоя накардани талабот ва шартҳои муқарраргардида мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ метавонад додани рухсатномаи коркарди молро рад намояд.

  1. Ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукӣ барои моле, ки таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ содир мегардад, истифода мешавад, ба шарте агар мол бо як партия содир шавад ва дар ҳолатҳое, ки: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) агар мақсади таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ қарор додани мол аз таъмири он иборат бошад, аз ҷумла музднок иҷрошаванда;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) агар  арзишии гумрукии моле, ки таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ қарор дорад, бояд аз ҳаҷми 2000 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Агар ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукӣ истифода шавад, мўҳлати баррасии он бояд аз мўҳлати тафтиши декларатсияи гумрукӣ, ки қисми 1 моддаи 400 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, зиёд набошад. Дар ин ҳолат маҳсули коркард ҳангоми баровардани он бояд аз ҷониби ҳамон мақоми гумрукие декларатсия карда шавад, ки барои коркард рухсатнома додааст.
  2. Мақоми гумрук танҳо дар ҳолате, ки агар ҳангоми додани ариза аризадиҳанда талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин бобро иҷро накунад, инчунин ҳангоми аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани қарор дар бораи мувофиқа накардани маълумоти арзшудаи маҳсули коркард ва мўҳлати коркарди он додани рухсатномаро рад менамояд.

Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми гумрук бояд асоснок карда шуда, сабаби он зикр гардад. Оид ба надодани рухсатнома аризадиҳанда хаттӣ огоҳ карда мешавад.

 

Моддаи 205.          Бозхондани рухсатнома барои коркарди мол

  1. Рухсатномаи барои коркарди мол додашуда аз ҷониби мақоми гумрук бозхонда мешавад, агар дар асоси қисми 4 моддаи 198 ҳамин Кодекс мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода нашавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Қарор дар бораи бозхонди рухсатнома аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
  3. Ҳангоми бозхонди рухсатномаи коркарди мол ба ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ мувофиқи рухсатномаи бозхондшуда коркарди он иҷозат дода намешавад, вале нисбати моле, ки то боз хондани рухсатнома таҳти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ ҷойгир карда шудааст, иҷозат дода мешавад, ки низоми гумрукӣ мутобиқи ҳамин боб анҷом дода шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Намунаи бозхондани рухсатномаи коркарди молро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд.

 

Моддаи 206.          Иваз намудани маҳсули коркард ба моли хориҷӣ

  1. Мувофиқи дархости асосноки декларант ва иҷозати мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ иваз намудани маҳсули моли коркардшудаи хориҷӣ иҷозат дода мешавад, агар:

1) он вобаста ба тавсиф, миқдор, арзиш, сифат ва хусусиятҳои техникӣ ба маҳсули коркард мувофиқат намояд;

2) рамзи моли хориҷӣ тибқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо рамзи маҳсули коркард тибқи ин Номгўй дар сатҳи чор рақами аввал мувофиқат намояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)

  1. Дар ҳолатҳои дигар ивази маҳсулоти коркарди моли хориҷӣ бо роҳи азнавбарасмиятдарории рухсатномаи коркарди мол бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 204 ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 207.          Истифодаи қисман ё пурра озод намудани маҳсули коркард аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз

  1. Агар мақсади коркард таъмири кафолатноки (ройгони) моли баровардашуда бошад, маҳсули коркарди он аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз пурра озод карда мешавад.

Нисбати моле, ки қаблан дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилоти озод иҷозат дода шудааст, агар ҳангоми иҷозати он ба муомилоти озод мавҷудияти норасоӣ, ки боиси таъмир гардидааст, ба инобат гирифта шуда бошад, озодкунии пурра аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода намешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Дар ҳолатҳои дигар барои моли маҳсули коркард, ба истиснои аксизҳо қисман озодкунии он аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода мешавад, ки ин бо тартиби зайл амалӣ мегардад:

1) андозаи маблағи пардохтшавандаи боҷҳои гумрукӣ ҳамчун фарқияти маблағи боҷи гумрукии воридотӣ, ки нисбати маҳсули коркардшаванда истифода мегардад ва маблағи боҷҳои гумрукии воридотие, ки метавонист нисбати моли содиршаванда истифода бурда шавад, муайян мегардад, чуноне, ки агар он ба муомилоти озод иҷозат дода шавад ва агар ба маҳсули коркард меъёрҳои махсуси боҷҳои гумрукӣ истифода шавад ва амалиёти коркард таъмири кафолатнок (ройгон) набошад ё бо назардошти арзиши амалиёти коркард, ки ҳангоми набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи арзиши ин амалиёт метавонад ҳамчун фарқияти байни арзиши гумрукӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшавандаи маҳсули коркард ва арзиши гумрукии моли барои коркард содиршуда муайян карда шавад (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347);

2) андозаи маблағи пардохтшавандаи андоз аз арзиши иловашуда бо назардошти арзиши амалиёти коркард муайян карда мешавад, ки дар сурати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин амалиёт метавонад ҳамчун фарқияти байни арзиши гумрукии ҳаҷми умумии маҳсули коркарди ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва арзиши гумрукии моли барои коркард содиршуда муайян карда шавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Аксизҳо нисбати маҳсули коркард пурра супорида мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақсади амалиёти коркарди мол аз таъмири кафолатноки (ройгони) моли содиршуда иборат бошад.
  2. Ҳангоми воридоти маҳсули коркард бо гузашти мўҳлати коркард (моддаи 201), инчунин ҳангоми риоя нанамудани дигар талабот ва шартҳои ҳамин боб ё тасдиқи онҳо ба таври номатлуб, низоми пурра ва қисман озодкунии онҳо аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз фароҳам оварда намешавад.

 

Моддаи 208.          Анҷоми низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ бо ворид намудани маҳсули коркард ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тавассути усули дигари пешбининамудаи ҳамин модда анҷом меёбад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар маҳсули коркард ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд партия ворид шавад, муқоисаи ниҳоии миқдори маҳсули коркарди дар рухсатномаи коркарди мол (моддаи 203) зикршуда метавонад давра ба давра, баъди воридоти маҳсули коркард, вале на бештар аз як маротиба дар се моҳ ва дар давоми 30 рўзи баъди ворид намудани партияи охирини маҳсули коркард гузаронида шавад. Агар дар натиҷаи чунин муқоиса шахсе, ки рухсатномаи коркардро дар ҳудуди гумрукӣ гирифтааст, бояд боҷҳои гумрукӣ ва андоз супорад, аз чунин маблағи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоиз ситонида намешавад, ба шарте агар пардохт дар давоми 10 рўзи кории ба таври хаттӣ қабул шудани қарори мақоми гумрук оид ба зарурати пардохти зикршуда анҷом дода шавад. Мақоми гумрук дар рўзи дигари баъди қабули қарор ба декларант оид ба зарурати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз огоҳинома мефиристад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ метавонад бо воридоти бозпаси моли (реимпорт) аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда ё ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии нисбати моли содиротӣ истифодашаванда, бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом дода шавад. Тағйир додани низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ ба низоми гумрукии содирот иҷозат дода намешавад, агар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта овардани моли барои коркард содиршуда ва маҳсули онҳо ҳатмӣ бошанд. Тағйир додани низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ ба низоми гумрукие, ки нисбати моли содиротӣ истифода мешаванд, бе пешниҳоди воқеии мол ба мақоми гумрук иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Ҳангоми тағйир додани низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ ба низоми гумрукии содирот нисбати моли баровардашуда бояд маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ, агар онҳо муқаррар шуда бошанд, инчунин фоизи маблағи мазкур пардохта шавад, ба монанди он, ки дар рўзи қабули декларатсияи гумрукӣ барои содирот батаъхирандозии пардохти боҷи гумрукии содиротӣ фароҳам оварда шудааст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Агар маҳсули коркард таҳти низоми гумрукие қарор гирад, ки иҷозати молро ба муомилоти озод пешбинӣ намекунад, маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати ин мол наметавонад аз маблағи мувофиқи бандҳои 2 ва 3 моддаи 207 ҳамин Кодекс ҳисобшаванда, бе ҳисоби фоизҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда, зиёд бошад.
  2. Агар маҳсули коркарди моле оварда шавад, ки то содирот нисбати он оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз имтиёзҳо фароҳам оварда шудаанд (қисми 3 моддаи 198), ҳангоми иҷозати чунин мол ба муомилоти озод ҳамзамон бо маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи моддаи 207 ҳамин Кодекс муқарраршуда бояд боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андоз, ки нисбати мол то содирот барои коркард фароҳам оварда шудаанд, пардохта шаванд.

 

БОБИ 24. ВОРИДОТИ МУВАҚҚАТӢ

 

Моддаи 209.          Мазмуни низоми гумрукии воридоти муваққатӣ

Воридоти муваққатӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли хориҷӣ дар мўҳлати муайян (мўҳлати воридоти муваққатӣ) дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пурра ё қисман озод намудан аз боҷи гумрукӣ ва андоз, бидуни истифодаи тадбирҳои мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ нисбати ин мол, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ба шарти содироти бозпаси он дар мўҳлати муайян аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ истифода бурда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 210.          Шартҳои таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ қарор додани мол

  1. Воридоти муваққатӣ бо шарте иҷозат дода мешавад, ки агар молро мақоми гумрук ҳангоми содироти бозпаси он (реэкспорт) ҳаммонанд карда тавонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз намудани моли муваққатан воридгардида бо ҳамин навъи мол иҷозат дода мешавад.
  2. Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз шахсе, ки низоми гумрукии воридоти муваққатиро арз менамояд, пешниҳоди кафолати иҷрои ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро (моддаи 160) талаб намояд, аз ҷумла барои бозпас содир намудании моли муваққатан вориднамуда ўҳдадорӣ ба зимма гирад.
  3. Таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ метавонад моли хориҷие ҷойгир карда шавад, ки қаблан бо риояи талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт.

 

Моддаи 211.          Маҳдудиятҳо барои истифода ва ихтиёрдории моли муваққатан вориднамуда

  1. Аз моли муваққатан вориднамуда шахсе метавонад истифода барад, ки барои воридоти муваққатӣ дорои рухсатномаи мақоми гумрук бошад.
  2. Бо иҷозати мақоми гумрук моли муваққатан воридгардидаро барои истифода ба шахси дигар, ки метавонад тибқи моддаи 126 ҳамин Кодекс декларант бошад, додан мумкин аст.

Моли муваққатан воридшуда ба шахси дигар бо иҷозати мақоми гумрук дода мешавад, агар ин шахс дар назди мақоми гумрук ўҳдадор шавад, ки шартҳои низоми гумрукии воридоти муваққатиро риоя менамояд. Ҳамзамон шахси қаблан барои воридоти муваққатӣ иҷозатгирифта бояд боҷҳои гумрукӣ ва андозро барои даврае, ки ин шахс истифодаи молро тибқи низоми гумрукии воридоти муваққатӣ анҷом додааст, пардозад, агар нисбати мол озодкунии қисмани шартии пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи қисми 2 моддаи 212 ҳамин Кодекс татбиқ гардад. Агар риояи низоми гумрукии воридоти муваққатии гумрукӣ бо кафолат таъмин гардад (моддаи 160), шахсе, ки ба он моли муваққатан воридгардида супурда мешавад, бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба номи худ ба расмият дарорад. Шахси мазкур аз рўзи иҷозати мақоми гумрук барои додани моли муваққатан воридшуда ба шахси дигар аз ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои барои шахси дорои иҷозат барои воридоти муваққатӣ муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс истифода мебарад ва онҳоро иҷро мекунад.

  1. Моли муваққатан воридшуда бояд дар ҳолати бетағйир нигоҳ дошта шавад, ба истиснои тағйири он дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ ё талафи табиӣ ҳангоми шароити мўътадили интиқол (борбарӣ), нигаҳдорӣ ва истифода. Нисбати моли муваққатан воридшуда иҷрои амалиёти зарурӣ ҷиҳати таъмини нигаҳдории он, аз ҷумла таъмир (ба истиснои таъмири асосӣ ва модернизатсияи он), хизматрасонии техникӣ ва дигар амалиёте, ки барои нигаҳдории хусусиятҳои истифодабарии мол дар ҳолате, ки он дар рўзи ҷойгиркунӣ таҳти низоми воридоти муваққатӣ қарор дошта иҷозат дода мешавад.
  2. Ихтиёрдории моли муваққатан воридшуда бо усулҳои пешбининанамудаи ҳамин модда манъ мебошад.
  3. Додани мол ба шахси дигар тибқи қисми 2 ҳамин модда мўҳлати воридоти муваққатиро боз намедорад ва тамдид наменамояд.

 

            Моддаи 212.          Истифодаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз

  1. Номгўи гурўҳи моли бо шарти пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз муваққатан воридшаванда, инчунин шартҳои чунин озодкунӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Озодкунии пурраи шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода мешавад, агар воридоти муваққатии мол ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари назарраси иқтисодӣ нарасонад, аз ҷумла дар ҳолатҳои:

1) воридоти муваққатии контейнерҳо, тағмонҳо ва намудҳои дигари зарфҳо ва бастабандҳо, ки барои истифодаи чандинкарата таъин гардидаанд;

2) агар воридоти муваққатии мол дар доираи рушди муносибатҳои тиҷоратии хориҷӣ, робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм, санъат, кинематография, варзиш, сайёҳӣ, гузаронидани намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо анҷом дода шавад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) агар мақсади воридоти муваққатӣ аз расонидани кўмаки байналмилалӣ иборат бошад;

4) агар воридоти муваққатӣ бо шартҳои лизингӣ анҷом дода шавад.

  1. Нисбати гурўҳҳои дигари мол, инчунин ҳангоми риоя нашудани шартҳои озодкунии пурраи шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда озодкунии қисман шартӣ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз истифода бурда мешавад. Ҳангоми озодкунии қисмии шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз барои ҳар як моҳи пурра ва нопурраи тақвимии нигаҳдории мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 фоизи маблағи боҷҳо ва андозҳо пардохта мешавад, чуноне, ки агар он ҳангоми иҷозати мол барои муомилоти озод пардохта шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ҳангоми озодкунии қисман шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ё давра ба давра, бо интихоби шахсе, ки барои воридоти муваққатӣ иҷозат гирифтааст, пардохта мешавад. Пардохти даврии маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо розигии мақоми гумрук аз ҷониби шахсе муайян карда мешавад, ки барои воридоти муваққатӣ иҷозат гирифтааст. Ҳамзамон мўҳлати мушаххаси пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо назардошти он муайян мегардад, ки ин маблағ бояд то оғози давраи дахлдор пардохта шавад.
  3. Маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ҳангоми воридоти муваққатӣ бо озодкунии қисман шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида мешавад, бояд аз маблағи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки мебоист дар рўзи ҷойгиронӣ таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ба муомилоти озод иҷозат дода шавад, бе назардошти фоизҳо барои гузаронидани мўҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ, андоз ва фоизҳое, ки метавонанд тибқи сархати 4 қисми 2 моддаи 214 ҳамин Кодекс ҳисоб карда шаванд, зиёд набошад.
  4. Агар маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ҳангоми озодкунии қисман шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида шудаанд ба маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки мебоист дар рўзи ҷойгиронӣ таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ба муомилоти озод иҷозатшуда баробар шавад, мол барои муомилоти озод иҷозатшуда ба ҳисоб меравад, ба шарте агар нисбати мол маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нагарданд ё маҳдудиятҳое, ки дар рўзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ истифода шудаанд, бекор карда шаванд.
  5. Ҳангоми ҷойгир намудани моли воридоти муваққатӣ таҳти низомҳои дигари гумрукӣ маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки ҳангоми озодкунии қисман шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта шудаанд, баргардонида намешавад.
  6. Масъулияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс ба зиммаи шахсе гузошта мешавад, ки барои воридоти муваққатӣ рухсатнома дорад.

 

Моддаи 213.          Мўҳлати воридоти муваққатии мол

  1. Мўҳлати воридоти муваққатии мол на бештар аз 2 сол мебошад.

Барои молҳои алоҳида, аз ҷумла молҳое, ки бо шартҳои лизинг ворид мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои воридоти муваққатӣ нисбат ба мўҳлати ниҳоии муайяннамудаи сархати якуми ҳамин банд мўҳлати нисбатан кўтоҳ ё давомнокро муқаррар намояд.

  1. Мўҳлати воридоти муваққатии мол дар асоси аризаи шахси барои иҷозати воридоти муваққатӣ муроҷиаткарда, бо назардошти мақсад ва ҳолатҳои чунин воридот аз ҷониби мақоми гумрук дар доираи мўҳлати дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда муқаррар карда мешавад.
  2. Дар асоси муроҷиати асосноки шахси дорои иҷозат барои воридоти муваққатӣ ва ҳангоми вайрон накардани талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин боб мўҳлати муқарраргардидаи воридоти муваққатии мол бо қарори мақоми гумрук дар доираи мўҳлати дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда тамдид карда мешавад.

 

Моддаи 214.          Анҷоми амали низоми гумрукӣ ва боздоштани он

  1. Мол бояд аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз рўзи охирини гузаштани мўҳлати воридоти муваққатии мол, ки мақоми гумрук муқаррар намудааст (моддаи (213), содир карда шавад ё мутобиқи ҳамин Кодекс таҳти низоми дигари гумрукӣ қарор дода шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ метавонад бо иҷозати мол барои муомилоти озод анҷом ёбад.

Ҳангоми анҷоми низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ба иҷозати мол барои муомилоти озод арзиши гумрукӣ ва теъдоди мол дар рўзи таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ҷойгиркунии мол, аммо меъёри пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 212 ҳамин Кодекс, дар рўзи иҷозати мол барои муомилоти озод муайян карда мешаванд. Декларант ҳуқуқ дорад ҳангоми камшавии арзиши гумрукии мол ё камшавии теъдоди он, ки дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ ё талафи табиӣ дар шароити муқаррарии интиқол, нигаҳдорӣ ва истифода, инчунин дар натиҷаи садама ва таъсири қувваи рафънопазир ба миён омадаанд, муроҷиат намояд. Тасҳеҳи арзиши гумрукии мол ва (ё) миқдори онҳо метавонад анҷом дода шавад, агар декларант ба мақоми гумрук маълумоти саҳеҳ ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшударо пешниҳод намояд (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).

Ҳангоми муайян намудани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки бояд ҳангоми иҷозати мол ба муомилоти озод пардохта шаванд, баҳисобгирии маблағи пардохти гумрукии ҳангоми озодкунии қисман аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи қисми 2 ва 3 моддаи 212 ҳамин Кодекс супоридашуда сурат мегирад.

Ҳангоми иҷозати мол барои муомилоти озод, ки нисбати он озодкунии қисман шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз татбиқ шудааст, барои даврае, ки чунин озодкунӣ истифода гардидааст, фоизҳо аз маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз бояд пардохта шаванд, чуноне, ки агар нисбати ин маблағ аз рўзи татбиқи озодкунии қисман аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тамдиди мўҳлат фароҳам оварда шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 5 моддаи 212 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст.

  1. Амали низоми гумрукии воридоти муваққатӣ дар ҳолатҳои зайл боздошта мешавад:

1) ҳангоми ба ҳабс гирифтани моли воридотии муваққатӣ ё ситонидани онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) ҳангоми ҷойгир намудани моли воридотии муваққатӣ ба анбори гумрукӣ тибқи қисми 3 моддаи 217 ҳамин Кодекс;

3) бо хоҳиши шахси дорои иҷозати воридоти муваққатӣ ҳангоми ҷойгир намудани моли воридотии муваққатӣ, ки нисбати он озодкунии қисман аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз истифода шудаанд, таҳти низоми дигари гумрукӣ, ки иҷозати молро барои муомилоти озод пешбинӣ намекунад.

Баъди анҷоми мўҳлати боздошт амали низоми гумрукии воридоти муваққатӣ барқарор карда мешавад.

Ҳангоми барқарор намудани амали низоми гумрукии воридоти муваққатӣ фоизҳо, ки ҳисоб ва пардохти онҳо мувофиқи ҳамин боб пешбинӣ шудааст, барои давраи боздоштани амали низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ҳисоб ва пардохта намешаванд.

 

БОБИ 25. АНБОРИ ГУМРУКӢ

 

Моддаи 215.          Мазмуни низоми гумрукии анбори гумрукӣ

   Анбори гумрукӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бе истифодаи мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта шуда, вале моли барои содирот таъингардида мувофиқи шартҳои пешбининамудаи ҳамин боб таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 216.          Анборҳои гумрукӣ

  1. Анборҳои гумрукӣ бинои махсус ҷудокардашуда ва муҷаҳҳаз барои мақсади нигаҳдории мол ва (ё) майдончаҳои кушодае мебошанд, ки ба талаботи муқаррарнамудаи моддаи 225 ҳамин Кодекс мувофиқанд.

Моли таҳти низоми гумрукии анборҳои гумрукӣ ҷойгиршуда дар анборҳои гумрукӣ нигаҳдорӣ карда мешавад, ба истиснои моле, ки дар қисми 4 моддаи 217 ҳамин Кодекс зикр шудааст.

  1. Анборҳои гумрукӣ минтақаи назорати гумрукӣ мебошанд.
  2. Мол метавонад дар ҳама гуна анборҳои гумрукӣ, бо назардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷойгир карда шавад.

 

Моддаи 217.          Шартҳои таҳти низоми гумрукӣ қарор додани мол

  1. Тамоми намуди мол, ба истиснои моле, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот ва содироташ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, инчунин моли дигаре, ки нисбати он маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд ва номгўи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, инчунин моле, ки мўҳлати истифодабарии он дар рўзи пешниҳод таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ аз мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 218 ҳамин Кодекс камтар аст, нигоҳ дошта шавад.
  2. Моле, ки метавонад ба моли дигар зарар оварад ё шароити махсуси нигаҳдориро талаб мекунад, бояд дар анборҳои гумрукӣ ё биноҳои алоҳидаи анборҳои гумрукии барои нигаҳдошти чунин мол махсус ҷиҳозонидашуда, бо риояи ҳатмии талаботи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шавад.
  3. Таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ метавонад моле ҷойгир карда шавад, ки қаблан таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт. Дар анборҳои гумрукӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс метавонад моли хориҷӣ бо мақсади боздоштани амали низоми гумрукие, ки иҷозати молро барои муомилоти озод пешбинӣ наменамояд, ҷойгир карда шавад.
  4. Таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ бидуни ҷойгиркунии воқеии мол ба анбори гумрукии молҳое, ки аз сабаби ҳаҷми калон доштанашон дар анбори гумрукии дар наздикӣ қарордошта нигаҳдорӣ кардани онҳо имконнопазир аст, дар сурати иҷозати хаттии мақоми гумрук иҷозат дода мешавад. Дар чунин ҳолат шахсе, ки низоми гумрукии анбори гумрукиро арз намудааст, бояд ба мақоми гумрук таъмини супоридани пардохтҳои гумрукиро, ки метавонист ҳангоми барои муомилоти озод иҷозат додани мол супорад, пешниҳод намояд, инчунин ҳамаи дигар талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин бобро риоя кунад. Ҳамзамон бо ҳама усул ба шахси дигар барои истифода ё ихтиёрдорӣ додани мол, аз ҷумла бегона кардани мол дар мўҳлати нигаҳдории он таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ манъ аст.

 

Моддаи 218.          Мўҳлати нигаҳдории мол дар анбори гумрукӣ

  1. Мол метавонад дар мўҳлати то 3 сол дар анбори гумрукӣ нигоҳ дошта шавад.
  2. Моли дорои мўҳлати маҳдуди истифода ё фурўш бояд аз низоми гумрукии анбори гумрукӣ бароварда, таҳти низомҳои дигари гумрукӣ арз карда шавад ва аз анбори гумрукӣ дар давоми 180 рўзи то гузаштани мўҳлати маҳдуди зикршуда бароварда шавад, ба истиснои моли зуд вайроншаванда, ки нисбати он мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ метавонад мўҳлати кўтоҳтарро муқаррар намояд.
  3. Мўҳлати нигаҳдории молро шахсе, ки молро дар анбори гумрукӣ ҷойгир кардааст, дар декларатсияи гумрукӣ, дар доираи мўҳлати пешбининамудаи ҳамин модда муайян менамояд.
  4. Дар асоси дархости асосноки шахсе, ки молро дар анбори гумрукӣ ҷойгир намудааст, мақоми гумрук метавонад мўҳлати нигаҳдории молро дар доираи мўҳлати пешбининамудаи ҳамин модда тамдид намояд.

 

Моддаи  219.         Амалиёт бо моли дар анбори гумрукӣ қарордошта

  1. Шахсони ваколатдори мол ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд бо моли дар анбори гумрукӣ нигаҳдоришаванда амалиёти муқаррарии барои эҳтиёт заруриро бо нигоҳ доштани тағйирнопазирии мол анҷом диҳанд, молро аз назар гузаронанд ва чен кунанд, дар ҳудуди анбори гумрукӣ ҷойи онро иваз кунанд, ба шарте агар ин амалиёт боиси тағйир ёфтани ҳолати мол, вайрон шудани бастабандии он ва (ё) тағйирёбии воситаҳои гузошташудаи ҳаммонандсозӣ нагардад.
  2. Амалиёти дар қисми 1 ҳамин модда зикрнашуда, аз ҷумла гирифтани чошнӣ ва намунаи мол, амалиёти оддии насб, инчунин амалҳои зарурӣ ҷиҳати омодасозии мол барои фурўш, ҳамлу нақл, аз ҷумла ба партияҳо ҷудо намудан, барои баровардан омода сохтан, навъбандӣ, борбандӣ, аз нав бастан, маркировка ва дигар амалҳои барои беҳдошти сифати мол нигаронидашуда аз ҷониби шахсони ваколатдори мол ва намояндаи онҳо бо иҷозати мақоми гумрук анҷом дода мешавад.

Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад танҳо дар ҳолате, ки агар иҷрои ин амалҳо боиси талафи мол ё тағйир ёфтани хосияти мол гардад, барои гузарондани чунин амалҳо иҷозат надиҳад.

  1. Нисбати гирифтани чошнӣ ва намунаҳо аз моли хориҷӣ бояд боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо пардохта шаванд, чуноне, ки агар ин мол барои муомилоти озод иҷозат дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки намунаи мол ба анбори гумрукӣ дар давоми 1 моҳ баргардонда мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)
  2. Бегона кардани моли дар анбори гумрукӣ нигаҳдоришаванда, додани ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории он ба шахси дигар, ба истиснои моли дар қисми 4 моддаи 217 ҳамин Кодекс зикршуда, ба шарти қаблан ба таври хаттӣ огоҳ намудани мақоми гумрук иҷозат дода мешавад. Ҳамзамон шахси ҳуқуқи амволиро бадастоварда ба мақоми гумрук дар бораи риояи минбаъдаи талабот ва шартҳои нисбати ин мол муқарранамудаи ҳамин боб ба таври хаттӣ ўҳдадорӣ пешниҳод менамояд. Аз рўзи дигари баъди аз ҷониби мақоми гумрук гирифтани ин ўҳдадорӣ шахси соҳиби ҳуқуқи амволӣ ба мол аз ҳуқуқ ва ўҳдадориҳое, ки ҳамин Кодекс нисбати шахси молро дар анбори гумрукӣ ҷойгиркарда муайян намудааст, истифода мебарад.
  3. Бо иҷозати хаттии мақоми гумрук интиқоли мол аз як анбори гумрукӣ ба анбори дигари гумрукӣ то анҷоми мўҳлати дар моддаи 218 ҳамин Кодекс муқарраршуда иҷозат дода мешавад. Ҳамзамон мўҳлати нигаҳдории мол дар анбори гумрукӣ қатъ ва боздошта намешавад.

 

Моддаи 220.          Аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод кардани моли содиротӣ ё баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози пардохтшуда

  1. Ҳангоми таҳти низоми гумрукӣ қарор додани моли хориҷие, ки қаблан таҳти низоми гумрукии дигар қарор дошт ва барои баровардан аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст, аз чунин мол боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андоз пардохта намешавад ё маблағи супоридашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи боби 48 ҳамин Кодекс баргардонида мешаванд, агар озод кардани мол аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё баргардондани маблағ ҳангоми воқеан баровандани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад. Ҳангоми содир накардани молҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андоз, ки аз онҳо озодкунӣ аз пардохт ё баргардонидани маблағ истифода шуда буд, инчунин фоизи онҳо бояд пардохта шавад. Ҳисоби маблағи барои боҷҳои гумрукӣ ва андоз супоридашаванда, инчунин фоизҳо дар асоси қоидаҳои анҷоми низоми гумрукии қаблӣ ва мувофиқи шартҳои ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукии арзшуда, ки аз тарафи декларант барои истифодаи мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ҳангоми ҷойгир намудани моли ватании барои содирот аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъингардида дар анбори гумрукӣ тибқи низоми гумрукии содирот озодкунӣ аз пардохт, баргардондани маблағи андозҳои дохилӣ фароҳам оварда мешавад, агар чунин озодкунӣ, ҷуброн ё баргардонидани маблағ ҳангоми содироти воқеии ин мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад. Ҳангоми анҷом надодани содироти воқеии чунин мол дар давоми шаш моҳ аз рўзи ҷойгир намудани онҳо дар анбори гумрукӣ маблағи мазкур бо ҳисоби фоизҳо, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тартиби барои ситондани пардохтҳои гумрукӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 221.          Моли корношоям, вайроншуда ё харобшуда

Моле, ки дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир дар давраи нигаҳдории мол дар анбори гумрукӣ корношоям, вайрон ё хароб шудааст, бояд таҳти низоми гумрукии муайян ҷойгир карда шавад, чуноне, ки агар он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми корношоямӣ, вайроншуда ё харобшуда ворид карда шуда бошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 222.          Муайян намудани арзиши мол ҳангоми иҷозат барои муомилоти озод

                Агар барои мақсадҳои ҳисоби боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи ҳамин Кодекс арзиши гумрукии мол ё теъдоди он баъди нигаҳдории мол дар анбори гумрукӣ истифода гардад, ҳангоми иҷозати мол барои муомилоти озод арзиши гумрукии мол ва (ё) теъдоди он дар рўзи иҷозати мол барои муомилоти озод муайян карда мешавад.

 

Моддаи 223.          Анҷоми амали низоми гумрукӣ

  1. Мол дар анбори гумрукӣ (моддаи 218) бояд мувофиқи талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс дар муддати на дертар аз рўзи гузаштани мўҳлати нигаҳдории он таҳти низоми дигари гумрукӣ қарор дода шавад.

Ихтиёрдории моли мазкур баъди анҷоми ин мўҳлат мувофиқи фасли Vӯ ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.

  1. Моли таҳти низоми анбори гумрукӣ бударо таҳти низоми дигари гумрукӣ танҳо шахсе метавонад ҷойгир намояд, ки нисбати ин мол ваколатдор аст.
  2. Ҳангоми аз анбори гумрукӣ иҷозат додани моле, ки қаблан таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ қарор дошт, бо мақсади истифодаи минбаъдаи он дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳамин низом, мўҳлати воридоти муваққатии мол барқарор карда мешавад. Ҳангоми иҷозати чунин мол барои муомилоти озод ҳисоби пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи моддаи 214 ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Нисбати моли дар анбори гумрукӣ нигаҳдоришаванда низоми гумрукии нобудкунӣ метавонад аз ҷониби соҳиби анбори гумрукӣ бо назардошти муқаррароти қисми 2 ҳамин модда арз карда шавад.

 

Моддаи 224.          Навъҳои анбори гумрукӣ

  1. Анборҳои гумрукӣ метавонанд кушода ва пўшида бошанд.

Анборҳои гумрукӣ, агар онҳо барои нигаҳдошти ҳама гуна мол ва истифода барои ҳар шахс дастрас бошанд, анбори кушода ҳисоб мешаванд.

Агар анборҳои гумрукӣ танҳо барои нигаҳдории моли соҳиби анбори гумрукӣ таъин гардида бошанд, анбори пўшида ҳисоб мешаванд (моддаи 226).

  1. Номгўи молҳоеро, ки наметавонанд дар анборҳои навъи пўшида нигоҳ дошта шаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  2. Анборҳои гумрукии пўшида ва кушода метавонанд барои нигаҳдории моли алоҳидае, ки нигаҳдории махсусро талаб менамояд ё моле, ки метавонад ба моли дигар зарар расонад (анборҳои гумрукии махсус), истифода бурда шаванд.

 

Моддаи 225.          Талабот нисбати ободонӣ, таҷҳизонӣ ва маҳали ҷойгиршавии анборҳои гумрукӣ

  1. Бино ва (ё) майдонҳои барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ таъиншуда бо мақсади таъмини назорати гумрукӣ бояд тарзе сохта ва таҷҳизонида шаванд, ки амнияти нигаҳдории молро таъмин намуда, дастрасии шахсони бегонаро (шахсоне, ки кормандони анбор нестанд, нисбати мол ваколат надоранд ё намояндаи шахси дорои чунин ваколатҳо намебошанд) имконнопазир созад, инчунин барои назорати гумрукӣ нисбати ин мол имконият фароҳам орад. Маҳали ҷойгиршавии анбори гумрукӣ бо назардошти манфиати ташкилоти тиҷоратӣ ва шахсони манфиатдори дигар муайян карда мешавад.
  2. Мувофиқи қисми 1 ҳамин модда мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ барои ободонии бино, таҷҳизот ва маҳали ҷойгиршавии биноҳо ва майдонҳои кушодаи барои истифодаи анбори гумрукӣ таъиншуда талаботи ҳатмиро муқаррар менамояд.

 

Моддаи 226.          Соҳиби анбори гумрукӣ

  1. Соҳиби анбори гумрукӣ метавонад шахси ҳуқуқии ватанӣ бошад, ки ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ дохил карда шудааст.
  2. Соҳиби анбори гумрукӣ нигаҳдории моли таҳти назорати гумрукӣ бударо тибқи ҳолат ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс анҷом медиҳад.
  3. Муносибати соҳиби анбори гумрукӣ бо шахсоне, ки молро дар анборҳои гумрукӣ барои нигаҳдорӣ ҷойгир намудаанд, дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад. Набастани шартнома аз ҷониби соҳиби анбори гумрукии кушода ҳангоми мавҷудияти шароити муносиби бастани он иҷозат дода намешавад.
  4. Соҳибони анборҳои гумрукӣ метавонанд мақомоти гумрукие бошанд, ки ба сифати соҳиби анбори гумрукӣ, бе дохил намудани онҳо ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ фаъолият намоянд. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ вазифадор аст на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ мунтазам нашри номгўи анборҳои гумрукиро, ки соҳиби он мақоми гумрук ҳисоб мешавад, инчунин тағйиру иловаҳо ба онҳоро дар нашрияҳои расмӣ таъмин намояд.

 

Моддаи 227.          Шарти дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ

  1. Шартҳои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ аз инҳо иборатанд:

1) соҳибии (таҳти моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё таҳти иҷора) бино ва (ё) майдончаҳои кушодаи барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ коршоям ва ҷавобгўи талаботи муқарраргардида (моддаи 225);

2) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

3) шартнома дар бораи суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии худ, ки метавонад дар натиҷаи расонидани зарар ба моли дигар шахсон, ки таҳти нигаҳдорӣ қарор гирифтааст ё вайрон кардани шартҳои дигари нигаҳдорӣ бо шахсони дигар фаро расад. Маблағи суғурта, ки дар доираи он суғуртакунанда ўҳдадор мешавад ҳангоми фарорасии ҳар як ҳолати суғурта зарари ба моликияти шахсон расонидашударо ҷуброн намояд, тибқи масоҳати муфид ё ҳаҷми муфид ҳисоб карда мешавад ва агар ба сифати анбори гумрукӣ майдончаи кушода истифода шуда бошад – дар ҳаҷми 5 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як метри мураббаи масоҳати муфид ё агар ба сифати анбори гумрукӣ бино истифода шуда бошад – дар ҳаҷми 2 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як метри мукааби масоҳати муфид истифода бурда шавад, вале наметавонад аз ҳаҷми 8000 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад

  1. Агар соҳибии бино ва (ё) майдончаи кушода дар асоси шартномаи иҷора анҷом дода шавад, дар ин сурат шартнома бояд ба мўҳлати на камтар аз се сол аз рўзи пешниҳоди ариза ҷиҳати дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ баста шавад.

 

Моддаи 228.          Ариза барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ

  1. Шахс ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ дар асоси аризаи ҷавобгўи талаботи муқаррарнамудаи моддаи 226 ҳамин Кодекс дохил карда мешавад.
  2. Ариза барои дохилшавӣ ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ бояд инҳоро дар бар гирад:

1) муроҷиат ба мақоми гумрук бо ариза барои дохилшавӣ ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ;

2) маълумот дар бораи номгўй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин андозаи сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;

3) маълумот дар бораи навъи анбори гумрукӣ (барои анбори пўшида, инчунин асоснокии зарурат ва ба мақсад мувофиқ будани интихоби ин анбор);

4) маълумот дар бораи биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушодае, ки дар ихтиёри аризадиҳанда қарор дошта, барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ таъин гардидааст, маҳали ҷойгиршавӣ, ободонӣ, таҷҳизонӣ ва таъминоти моддию техникии онҳо;

5) маълумот дар бораи таъмини пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

6) маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда.

  1. Ба аризаи барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда замима мегарданд:

1) шаҳодатнома дар бораи сабти давлатии шахси ҳуқуқӣ;

2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи соҳибии биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд;

3) тарҳҳо ва нақшаҳои биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд;

4) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи супурдани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

5) тасдиқномаҳои бонкҳо дар бораи кушодани суратҳисобҳо;

6) шартномаи (полиси) суғурта;

  1. Барои ҳар бинои ҳудудан алоҳида ва (ё) ҳар майдончаи кушодаи ҳудудан алоҳида, ки барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ таъин гардидааст, аризаи алоҳида пешниҳод карда мешавад.

 

 Моддаи 229.         Шаҳодатнома дар барои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ

  1. Дохил намудани соҳиби анбори гумрукӣ ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ нисбати ҳар як бинои ҳудудан алоҳида ва (ё) ҳар як майдончаи кушодаи ҳудудан алоҳида, ки ба сифати анбори гумрукӣ истифода мегардад, анҷом дода мешавад. Ба ҳар як бинои ҳудудан алоҳида ва (ё) ҳар як майдончаи кушодаи ҳудудан алоҳида дар бораи дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ шаҳодатнома дода мешавад.
  2. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ инҳоро дар бар мегирад:

1) номи соҳиби анбори гумрукӣ ва нишон додани номгўи шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ;

2) маълумот дар бораи ҳуқуқи соҳибии бино ва (ё) майдончаи кушода, ки ба сифати анбори гумрукӣ истифода мешавад;

3) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи талаботи пешбининамудаи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

4) нишон додани навъи анбори гумрукӣ;

5) нишон додани маҳали ҷойгиршавии анбори гумрукӣ.

  1. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ дар давоми панҷ сол эътибор дорад.

 

Моддаи 230.          Вазифаҳо ва масъулияти соҳиби анбори гумрукӣ

  1. Соҳиби анбори гумрукӣ вазифадор аст:

1)               шарт ва талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро нисбати нигаҳдории мол дар анборҳои гумрукӣ риоя намояд;

2)               баҳисобгирии моли нигаҳдоришавандаро анҷом дода, ба мақомоти гумрук дар бораи нигаҳдории ин мол ҳисобот пешниҳод намояд (моддаи 405);

3)               амнияти моли дар анборҳои гумрукӣ нигаҳдоришавандаро таъмин намояд;

4)               дастрасии шахсони бегонаро ба моли нигаҳдоришаванда бе иҷозати мақомоти гумрук имконнопазир созад;

5)               боҷҳои гумрукӣ ва андозро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 90 ҳамин Кодекс пардозад, агар соҳиби анбори гумрукӣ дорои иҷозат ба транзити дохилии гумрукӣ бошад.

  1. Соҳиби анбори гумрукӣ нисбати моли дар анбори гумрукӣ нигаҳдоришаванда, ҳангоми гум кардан ё бе иҷозати мақоми гумрук додани мол барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад. Соҳиби анбори гумрукӣ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо танҳо ҳангоме масъул намебошад, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё талафи табиӣ ҳангоми нигаҳдории муқаррарӣ нобуд ё тамоман талаф шуда бошад.

 

Моддаи 231.          Бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ

Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ метавонад аз ҷониби мақоми гумрук дар ҳолатҳои зерин бозхонда шавад:

1)               аз ҷониби соҳиби анбори гумрукӣ риоя нашудани ҳатто яке аз шартҳои дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ, ки тибқи моддаи 227 ҳамин Кодекс муқаррар шудааст;

2)               аз ҷониби соҳиби анбори гумрукӣ риоя нашудани ўҳдадориҳои пешбининамудаи банди 5 қисми 1 моддаи 230 ҳамин Кодекс;

3)               агар соҳиби анбори гумрукӣ чандин маротиба барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда бошад.

 

Моддаи 232.          Амалиёт бо мол ҳангоми хориҷ намудани соҳиби анбори гумрукӣ аз Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ

Ҳангоми бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ ё хориҷ намудани соҳиби анбори гумрукӣ аз Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ бо дигар асосҳо моли дар анборҳои гумрукӣ нигаҳдоришаванда бояд аз ҳисоби вай дар мўҳлати ду моҳ аз рўзи хориҷшавӣ дар анбори дигари гумрукӣ ҷойгир карда шаванд. Соҳиби анбори гумрукӣ вазифадор аст шахсонеро, ки моли худро дар анборҳои гумрукӣ қарор додаанд, дар давоми 3 рўзи хориҷ намудани вай аз Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ огоҳ намояд. Аз рўзи дигари хориҷ намудани соҳиби анбори гумрукӣ аз Реестри соҳибони анборҳои гумрукӣ ҷойгиркунии мол дар ин анборҳои гумрукӣ манъ мебошад.

 

Моддаи 233.          Нигаҳдории мол дар анборҳои гумрукии мақомоти гумрук

  1. Анборҳои гумрукии мақомоти гумрук анборҳои кушода ҳисоб мешаванд ва бояд ҷавобгўи талаботи муқаррарнамудаи моддаи 225 ҳамин Кодекс бошанд.
  2. Ҳангоми нигаҳдории мол дар анборҳои гумрукӣ муносибати муттақобилаи мақомоти гумрук бо шахсоне, ки моли худро дар анборҳои гумрукӣ ҷой медиҳанд, мутобиқи ҳамин Кодекс ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Нисбати шартномаи мақоми гумрук бо шахсе, ки моли худро дар анборҳои гумрукӣ ҷойгир менамояд, талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои шартномаи оммавӣ пешбинӣ шудааст, татбиқ мегардад. Аз ҷониби мақоми гумрук набастани шартномаи нигаҳдории мол ҳангоми мавҷудияти имконияти бастани он иҷозат дода намешавад.

Қабули мол барои нигаҳдорӣ аз ҷониби мақоми гумрук дар анборҳои гумрукӣ бо додани квитантсияи дорои намунаи муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба шахси соҳиби бор тасдиқ карда мешавад.

  1. Ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти мақоми гумрук марбут ба нигаҳдории мол дар анборҳои гумрукӣ аз моҳияти масъулияти мувофиқи муқаррароти умумии нигаҳдорӣ пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти муқаррароти ҳамин Кодекс бармеояд.

Мақоми гумрук дар сурати гум шудани моли дар анборҳои гумрукӣ нигаҳдоришаванда барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҷавобгар мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё талафи табиӣ ҳангоми нигаҳдории муқаррарӣ нобуд ё тамоман талаф шуда бошад.

 

БОБИ 26. РЕИМПОРТ

 

Моддаи 234.          Мазмуни низоми гумрукии реимпорт

  1. Реимпорт низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мўҳлатҳои муқарраршуда (банди 2 қисми 1 моддаи 235), бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бе татбиқи мамнўият ва маҳдудияти дорои хусусиятҳои иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Моли таҳти низоми гумрукии реимпорт ҷойгиршуда барои мақсади гумрукӣ чун иҷозатшуда барои муомилоти озод баррасӣ карда мешавад.

 

Моддаи 235.          Шартҳои таҳти низоми гумрукии реимпорт қарор додани мол

  1. Таҳти низоми гумрукии реимпорт қарор додани мол иҷозат дода мешавад, агар:

1)               ҳангоми содир намудани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон он дорои статуси таҳти муомилоти озод қарордошта ё маҳсули коркарди моли хориҷӣ бошад (боби 21);  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2)               мол дар ҷараёни 3 соли баъд аз рўзи дигари интиқоли моли мазкур аз сарҳади гумрукӣ ҳангоми содироти он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии реимпорт арз шудааст. Тибқи дархости асосноки шахси манфиатдор мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мўҳлати мазкурро нисбати таҷҳизоти дар сохтмон, истеҳсолоти саноатӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва дигар мақсадҳои шабеҳ бо шарти риояи ҳамаи дигар муқаррароти ҳамин боб тамдид менамояд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3)               мол дар ҳамон ҳолате, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда буд, бетағйир боқӣ монда бошад, ба истиснои тағйирот дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ ё талафи табиӣ ҳангоми шароити мўътадили интиқол, нигаҳдорӣ ва истифода;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

4)               маблағи боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, субсидияҳо ва дигар маблағҳое, ки бояд ҳангоми реимпорти мол ба буҷети давлатӣ (моддаи 236) баргардонида шаванд, пардохта шуда бошад.

  1. Истифодаи мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани фоида, инчунин иҷрои амалиёти зарурӣ барои таъмини нигаҳдории он, аз ҷумла таъмир (ба истиснои таъмири асосӣ ва модернизатсия), хизматрасонии техникӣ ва дигар амале, ки барои нигаҳдории хусусиятҳои истифодабарии мол заруранд ва нигоҳ доштани мол дар ҳолате, ки он дар рўзи содирот аз ҳудуди и гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, барои ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии реимпорт монеа шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки иҷрои амалҳои таъмир боиси баланд шудани арзиши мол нисбат ба арзиши он дар рўзи содирот нагардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3.Таҳти низоми гумрукии реимпорт метавонад моле ҷойгир карда шавад, ки қаблан таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт.

  1. Қарор додани молҳо таҳти низоми гумрукии реимпорт бошарти риояи италаботи қисми 1 ҳамин мода ҳамчунин дармавриди иҷозат дода мешавад, ки агар танҳоқисми аз молҳои қаблан содир шуда воридгардад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 236.          Баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукии воридотӣ, андозҳо, субсидияҳо ва дигар маблағ ҳангоми реимпорти мол

  1. Ҳангоми реимпорти мол ба буҷети давлатӣ бояд ин маблағ баргардонида шавад:

1) маблағи боҷҳои гумрукии воридотӣ, андозҳо ва (ё) фоизи онҳо, агар маблағи чунин боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) фоизҳо ситонида нашуда бошад ё вобаста ба содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуда бошад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) маблағи андозҳои дохилӣ, субсидияҳо ва дигар маблағи пардохтнашуда ё қаблан мустақиман ё ғайримустақим ба сифати пардохт, имтиёз гирифташуда ё аз сабаби содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн гардидааст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Маблағи боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳои тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи 185 ҳамин Кодекс барои муайян намудани маблағи барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз зарурӣ ҳангоми иҷозати маҳсули коркарди мол барои муомилоти озод ҳисоб карда мешавад.

Маблағи андозҳои дохилӣ дар асоси меъёрҳои дар рўзи қабули декларатсияи гумрукӣ ҳангоми баровардани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ва арзиши гумрукии мол ва (ё) теъдоди он, ки ҳангоми баровардани он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ҳисоб карда мешавад.  (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Тартиби ҳисоби маблағи субсидия ва дигар маблағи дар қисми 2 ҳамин модда зикрнашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳолатҳоеро муқаррар намояд, ки ҳамзамон бо ин маблағ фоизҳои он дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида шавад.
  2. Маблағҳои боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, субсидияҳо ва дигар фоизҳое, ки мувофиқи ҳамин модда пешбинӣ шудааст, аз ҷониби мақомоти гумрук мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ситонида мешаванд.

 

Моддаи 237.          Ҳуҷҷат ва маълумоте, ки барои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии реимпорт заруранд

  1. Барои гирифтани иҷозати ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии реимпорт декларант ба мақоми гумрук дар бораи шароитҳои баровардани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи таъмири мол, агар чунин амалиёт бо мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда бошанд, маълумот пешниҳод мекунад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Барои тасдиқи маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда декларант ба мақоми гумрук декларатсияи гумрукиро, ки ҳангоми содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи рўзи убури мол аз сарҳади гумрукӣ ҳангоми содирот, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи талаботи моддаи 236 ҳамин Кодекс, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти арзшударо пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 238.          Баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ ҳангоми реимпорти мол

  1. Маблағи пардохтшудаи боҷҳои гумрукии содиротӣ ҳангоми реимпорти мол баргардонида мешавад, агар мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми гумрукии реимпорт дар давоми на дертар аз 6 моҳи баъди убури мол аз сарҳади гумрукӣ ҳангоми содироти он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Маблағи боҷҳои содиротии гумрукии пардохтшуда бо қарори мақомоти гумрук аз ҷониби мақомоти ваколатдори молия тибқи ҳамин Кодекс баргардонида мешавад.

 

БОБИ 27. РЕЭКСПОРТ

 

Моддаи 239.          Мазмуни низоми гумрукии реэкспорт

Реэкспорт  низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ин ҳудуд бидуни пардохт ё баргардонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо, бе татбиқи мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусиятҳои иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 240.          Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии реэкспорт

  1. Таҳти низоми гумрукии реэкспорт мол бо шартҳои зайл ҷойгир карда мешавад:

1)               баровардани молҳое, ки дар ҷойҳои нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд то ҷойгиркунии онҳо таҳти низоми муайяни гумрукӣ;

2)               баровардани моли қаблан барасмиятдаровардашуда таҳти низоми гумрукии иҷозати мол барои муомилоти озод, бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 242 ҳамин Кодекс;

3)               содироти молҳои хориҷӣ, ки таҳти амалиёти коркард қарор нагирифтаанд ва қаблан таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ ва коркарди мол барои муомилоти озод ҷойгир карда шудаанд:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

4)               содироти молҳои хориҷӣ, ки қаблан таҳти низомҳои гумрукии анбори гумрукӣ, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори озод, воридоти муваққатӣ ва савдои бебоҷ қарор дода шудаанд; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)

5)               содироти молҳои хориҷии ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда бо вайрон кардани талаботи манъи воридоти онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 1 моддаи 12).  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Тартиби барасмиятдарории гумрукии моли реэкспортшаванда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Реэкспорти моли зераксизӣ дар сурати таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ё мушоияти гумрукӣ анҷом дода мешавад.
  3. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд шартҳои иловагии ҷойгир намудани молро таҳти низоми гумрукии реэкспорт муқаррар намоянд.

 

Моддаи 241.          Татбиқи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми реэкспорти мол

  1. Ҳангоми реэкспорти мол озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо фароҳам оварда мешавад ё баргардонидани таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз анҷом дода мешавад, агар чунин озодкунӣ ё баргардонидан ҳангоми анҷоми низоми гумрукӣ, ки тибқи он мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, пешбинӣ шуда бошад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ҳангоми содир намудани моли реэкспортшаванда боҷҳои гумрукии содиротӣ пардохта намешаванд.

  

Моддаи 242.          Татбиқи низоми гумрукии реэкспорт нисбати моле, ки барои муомилоти озод иҷозат дода шудааст

  1. Молҳои барои муомилоти озод иҷозатдодашуда, ки онҳо дар рўзи убури сарҳади гумрукӣ дорои камбудиҳо буданд ё ба тарзи дигар ба теъдод, сифат, тавсиф, бастабандӣ ё дигар шартҳои муомилоти иқтисодии хориҷӣ мувофиқат намекарданд ва аз ҳамин сабабҳо ба ирсолкунандаи бор ё ба шахси дигари зикрнамудаи он баргардонида мешаванд, метавонанд таҳти низоми гумрукии реэкспорт ҷойгир карда шаванд, агар ин молҳо:

1) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва таъмир нашуда бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мол барои муайян намудани камбудӣ ё дигар ҳолатҳое, ки боиси баргардонидани онҳо гардидаанд, истифода шуда бошанд;

2) метавонанд аз ҷониби мақомоти гумрук ҳаммонанд карда шаванд;

3) дар давоми 6 моҳ аз рўзи иҷозати онҳо барои муомилоти озод бароварда шаванд.

  1. Ҳангоми реэкспорти мол тибқи қисми 1 ҳамин модда маблағи пардохтшудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи моддаи 397 ҳамин Кодекс баргардонида мешаванд.

 

БОБИ 28. НОБУДКУНӢ

 

Моддаи 243.          Мазмуни низоми гумрукии нобудкунӣ

Нобудкунӣ низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ таҳти назорати гумрукӣ, бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бе татбиқи мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешавад.

 

Моддаи 244.          Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии нобудкунӣ

  1. Нобудкунии мол иҷозат дода мешавад, агар моли таҳти нобудкунӣ қарордошта бо усули аз нигоҳи иқтисодӣ судманд ба шакли аввалааш барқарор карда нашавад.
  2. Нобудкунӣ нисбати гурўҳи молҳои зерин иҷозат дода намешавад:

1)               арзиши фарҳангӣ;

2)               намудҳои ҳайвонот ва растаниҳое, ки таҳти хатари нобудшавӣ қарор доранд, узв ва маҳсули онҳо (дериватҳо), ба истиснои ҳолатҳое, ки нобудкунии онҳо барои мақсадҳои пешгирии эпидемия ва ҳолатҳои эпизоотӣ анҷом дода мешавад;

3)               моли аз ҷониби мақомоти гумрук ба сифати гарав қабулшуда, то анҷоми муносибатҳои вобаста ба гарав;

4)               моли аз ҷониби мақоми давлатии ваколатдор ситонидашуда ё моле, ки нисбати он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабси амвол пешбинӣ шудааст;

5)               дигар молҳое, ки номгўи онҳоро метавонад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд.

  1. Нобудкунии мол иҷозат дода намешавад, агар:

1) нобуд кардани мол ба муҳити зист зарари ҷиддӣ расонад ё мустақиман ё ғайримустақим ба ҳаёт ва саломати одамон хатари ҷиддӣ дошта бошад;

2) мол бо роҳи истеъмол аз рўи таъиноти муқаррариаш нобуд карда шавад;

3) барои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси хароҷот гардад.

 

Моддаи 245.          Мўҳлат ва маҳали нобудкунӣ

  1. Мўҳлати нобудкунии молро мақоми гумрук дар асоси аризаи декларант, бо назардошти вақти дахлдор барои гузаронидани амали нобудкунии намуди моли арзшуда ва мўҳлате, ки барои интиқоли мол бо воситаи нақлиёт аз маҳали ҷойгиршавӣ ба маҳали нобудкунӣ зарур аст, муқаррар карда мешавад.
  2. Маҳали нобудкунии молро декларант бо розигии мақоми гумрук, бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист муайян менамояд.

 

Моддаи 246.          Татбиқи низоми гумрукии нобудкунӣ нисбати моле, ки дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир талаф ёфтааст

  1. Низоми гумрукии нобудкунӣ метавонад нисбати моли нобудкардашуда, тамоман талафшуда ё дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир харобгардида татбиқ карда шавад.
  2. Ҳангоми ҷойгир намудани моли нобудшаванда ё харобгашта таҳти низоми гумрукии нобудкунӣ муқаррароти қисми 1 моддаи 244 ва моддаи 247 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 247.          Партовҳои моли нобудкардашуда

  1. Аз партовҳое, ки дар натиҷаи нобудкунии моли хориҷӣ ба миён омадаанд, бояд боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида шаванд, чуноне, ки агар партовҳои мазкур ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ҳолат ворид гардида бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин партовҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудаанд ё чунон коркард шудаанд, ки барои истифодаи минбаъдаи тиҷоратӣ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон корношоям буда, онҳоро бо усули аз нигоҳи иқтисодӣ судманд барқарор кардан ва ба ҳолати аввала баргардонидан имконнопазир аст. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Партовҳое, ки аз онҳо боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.

  1. Барои мақсадҳои ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз партовҳо чун моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида дониста мешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Арзиши гумрукии партовҳо тибқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 183 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
  3. Масъулияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз барои партовҳо ба зиммаи декларант гузошта мешавад.

 

БОБИ 29. ДАСТ КАШИДАН БА МАНФИАТИ ДАВЛАТ

 

Моддаи 248.          Мазмуни низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат

   Даст кашидан ба манфиати давлат низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он мол ройгон, бидуни ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бидуни истифодаи мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлат гузаронида мешавад.

 

Моддаи 249.          Шартҳои ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат

  1. Даст кашидан аз мол ба манфиати давлат набояд боиси хароҷоти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад, ки ҷуброни он аз ҳисоби маблағи аз фурўши мол бадастомада имконнопазир аст.
  2. Таҳти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат моле, ки муомилоти он мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, қарор дода намешавад.

Моле, ки муомилоташон мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, дар асоси қарори суд, бо истифодаи мусодира тибқи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба моликияти давлат гузаронида мешаванд.

  1. Номгўи мушаххаси молеро, ки наметавонад таҳти низоми гумрукии даст кашидан аз мол ба манфиати давлат қарор дода шавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 250.          Статуси моле, ки шахс аз он ба манфиати давлат даст кашидааст

  1. Молҳое, ки таҳти низоми гумрукии даст кашидан аз мол ба манфиати давлат қарор гирифтаанд, тибқи ҳамин Кодекс ба моликияти давлат гузаронида мешаванд.
  2. Аз лаҳзаи ба мақомоти гумрук додани моле, ки шахс аз он ба манфиати давлат даст кашидааст, ин мол бо мақсади гумрукӣ дорои статуси иҷозат барои муомилоти озод дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 251.          Масъулият барои татбиқи низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат

Масъулият барои ҳуқуқи ихтиёрдории мол бо роҳи ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат ба зиммаи декларант гузошта мешавад. Мақомоти гумрук ҳеҷ гуна даъвои амволии шахсони  нисбати мол ваколатдорро, ки аз он декларант ба манфиати давлат даст кашидааст, ҷуброн намекунанд.

 

БОБИ 30. СОДИРОТИ МУВАҚҚАТӢ

 

Моддаи 252.          Мазмуни низоми гумрукии содироти муваққатӣ

  1. Содироти муваққатӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли ватанӣ метавонад дар мўҳлати муайян берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо озодкунии пурраи шартӣ аз ситонидани боҷҳои гумрукии содиротӣ ва бе татбиқи мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифода бурда шавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ҳангоми содироти муваққатии мол озодкунӣ аз андозҳои дохилӣ, баргардонидан ё ҷуброни он татбиқ намегардад.

 

Моддаи 253.          Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ

  1. Мол таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ дар ҳолатҳои зерин ҷойгир карда мешавад:

1)               таъмини ҳаммонандсозии мол аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми воридоти бозпаси он;

2)               пешниҳоди ўҳдадорӣ дар бораи воридоти бозпаси мол тибқи намунаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ;

3)               таъмини пардохти боҷҳои гумрукии содиротӣ.

  1. Ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ барои моле, ки содироти он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 254.          Мўҳлати содироти муваққатӣ

  1. Мўҳлати умумии содироти муваққатии мол на зиёда аз се сол мебошад.

Мўҳлати содироти муваққатӣ аз ҷониби мақоми гумрук тибқи аризаи декларант, бо назардошти мақсад ва шартҳои чунин содирот ва муқаррароти қисми 2 ҳамин модда муайян карда мешавад. Бо дархости асосноки шахси мазкур мўҳлати арзшудаи содироти муваққатӣ бо назардошти муқаррароти қисми 2 ҳамин модда, вале на бештар аз як сол тамдид карда мешавад.

  1. Барои намудҳои алоҳидаи мол, ки воридоти бозпаси он ҳангоми содироти муваққатӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳлати ниҳоии содироти муваққатиро муқаррар менамояд.

 

Моддаи 255.          Истифодаи боҷҳои гумрукии содиротӣ

  1. Ҳангоми содироти муваққатии мол озодкунии пурраи шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукии содиротӣ фароҳам оварда мешавад.
  2. Ҳангоми баргашта наовардани моли муваққатан содиршуда маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ бо назардошти арзиши мол ва (ё) теъдоди он ҳангоми содирот, инчунин меъёрҳои боҷҳои гумрукии дар рўзи арзшавии мол таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ амалкунанда пардохта мешаванд. Фоизҳо аз ин маблағ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд, ба мисли он ки барои ин маблағҳо дар рўзи ҷойгиркунии моли ватанӣ таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ тамдиди мўҳлат фароҳам оварда шуда бошад.

 

Моддаи 256.          Анҷоми низоми гумрукии содироти муваққатӣ

  1. Моли муваққатан содиргардида ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз рўзи ба охир расидани мўҳлати содироти муваққатӣ (моддаи 254) бояд баргардонида шавад ё мувофиқи ҳамин Кодекс таҳти низоми дигари гумрукӣ арз карда шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Бо дархости шахсе, ки молро таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ қарор додааст, мақоми гумрук барои иваз намудани низоми гумрукии содироти муваққатӣ ба низоми гумрукии содирот, бо риояи шарт ва талаботи пешбининамудаи ҳамин Кодекс иҷозат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон моли муваққатан содиршуда бояд ҳатман ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонда шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Ҳангоми ба шахси хориҷӣ додани моли муваққатан содиршуда шахсе, ки молро таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ қарор додааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, вазифадор аст низоми гумрукии содироти муваққатиро ба низоми гумрукии содирот иваз намояд.
  4. Тағйири низоми гумрукии содироти муваққатӣ ба низоми дигар, ки нисбати моли содиротӣ истифода мегардад, бидуни пешниҳоди воқеии мол ба мақоми гумрук иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 257.          Масъулият вобаста ба пардохти боҷҳои гумрукӣ

Масъулият вобаста ба пардохти боҷҳои гумрукӣ мувофиқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс ба зиммаи шахсе гузошта мешавад, ки молро таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ қарор додааст.

 

БОБИ 31. САВДОИ БЕБОҶ

 

Моддаи 258.          Мазмуни низоми гумрукии савдои бебоҷ

  1. Савдои бебоҷ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он молҳои хориҷии ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ё молҳои ватанӣ ба тариқи чакана ба шахсони воқеии берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафаркунанда мустақиман дар мағозаи савдои бебоҷ, бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бе татбиқи мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта мешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ ҳамаи мол ҷой дода мешавад, ба истиснои моле, ки воридот ва содироти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, муомилоти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, инчунин дигар молҳое, ки номгўи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Молҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда дар мағозаҳои савдои бебоҷ таҳти назорати гумрукӣ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуқтаҳои гузаргоҳ аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта мешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Моли дар мағозаҳои савдои бебоҷ фурўхташаванда мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бояд дорои воситаҳои ҳаммонандсозӣ бошад.
  5. Ҳангоми қарор додани моли ватанӣ таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ озодкунӣ аз пардохти андозҳои дохилӣ, баргардонидан ё ҷуброни он мувофиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  6. Ҳангоми ҷойгир намудани моли хориҷӣ таҳти низоми савдои бебоҷ маблағи боҷи гумрукии воридотӣ ва андоз баргардонида мешавад, агар баргардонии онҳо ҳангоми содироти воқеии мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳамин Кодекс пешбинӣ шуда бошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  7. Декларанти моли таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ ҷойгиршаванда метавонад танҳо соҳиби мағозаи савдои бебоҷ бошад.
  8. Соҳиби мағозаи савдои бебоҷ метавонад танҳо шахси ҳуқуқии ватание бошад, ки ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ дохил карда шудааст.
  9. Моле, ки барои таъмини фаъолияти мағозаи савдои бебоҷ истифода мегардад, набояд таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ ҷой дода шавад.
  10. Мағозаи савдои бебоҷ мувофиқи тартиби муқарраркардаи низом дар нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва иҷозат барои фурўши чаканаи мол, агар ҳатмӣ будани онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда бошад, кушода мешавад.
  11. Иҷозати мол мувофиқи низоми гумрукии савдои бебоҷ баъди гирифтани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ имконпазир мебошад.

 

Моддаи 259.          Талабот нисбати ободонӣ ва таҷҳизонии бинои мағозаи савдои бебоҷ

  1. Бинои мағозаи савдои бебоҷ метавонад аз толори савдо, биноҳои ёрирасон ва анборҳо иборат бошад.

Биноҳои мазкур бояд тарзе муҷаҳҳаз бошанд, ки фурўши молро танҳо дар толорҳои мағозаи савдои бебоҷ анҷом дода, инчунин ҳифзи мол ва имконияти назорати гумрукиро нисбати онҳо таъмин намоянд.

  1. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ барои ободонии анборҳои мағозаи савдои бебоҷ талаботи ҳатмиро муқаррар мекунад, агар чунин анборҳо берун аз нуқтаҳои гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаи 107 ҳамин Кодекс ҷойгир шуда бошанд.
  2. Толорҳои савдои мағоза бояд тарзе ҷойгир шаванд, ки монда рафтани молҳои аз мағозаи савдои бебоҷ харидшударо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон истисно намоянд, аз ҷумла ба дасти шахсони воқеие, ки дар ин ҳудуд мемонанд, додани онҳоро имконнопазир гардонанд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Бинои мағозаи савдои бебоҷ минтақаи назорати гумрукӣ ба шумор меравад.
  4. Агар бино дар асоси шартномаи иҷора ихтиёрдорӣ карда шавад, пас бояд ин шартнома ба мўҳлати на камтар аз се сол аз рўзи додани ариза барои дохилшавӣ ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ баста шавад.

 

Моддаи 260.          Шарти дохил намудан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ

  1. Шартҳои дохил намудан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ аз инҳо иборатанд:

1) соҳибии биное (таҳти моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё таҳти иҷора), ки барои истифодаи он ба сифати мағозаи савдои бебоҷ муносиб ва ҷавобгўи талаботи муқарраргардида бошад (моддаи 259);

2) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

3) шартномаи суғуртаи хавфӣ масъулияти шаҳрвандии худ, ки метавонад дар натиҷаи расонидани зарар ба моли шахсони дигар, ки ба фурўш монда шудааст ё вайрон кардани шартҳои дигари фурўш бо шахсони дигар фаро расад. Маблағи суғурта, ки дар доираи он суғуртакунанда ўҳдадор мешавад ҳангоми фарорасии ҳар як ҳолати суғурта зарари ба моликияти шахсон расонидашударо ҷуброн намояд, тибқи масоҳат ё ҳаҷми муфид дар ҳаҷми 2 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як метри мукааби масоҳати муфид муайян карда мешавад, вале наметавонад аз ҳаҷми 3000 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад.

 

Моддаи 261.          Ариза барои дохил кардан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ

  1. Шахс ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ дар асоси аризае, ки ҷавобгўи шартҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 258 – 260 ҳамин Кодекс мебошад, дохил карда мешавад.
  2. Ариза барои дохил кардан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ бояд инҳоро дар бар гирад:

1)               муроҷиат ба мақоми гумрук барои дохил кардан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ;

2)               маълумот дар бораи номгўй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, оид ба кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин маълумот дар бораи миқдори сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;

3)               маълумот дар бораи биноҳои дар ихтиёри аризадиҳанда қарордошта, ки барои истифода ба сифати мағозаи савдои бебоҷ таъин шудаанд, дар бораи маҳали ҷойгиршавии он, ободонӣ, таҷҳизонӣ ва таъминоти моддию техникии он;

4)               маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

5) маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғурта кардани хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда.

  1. Ба аризаи барои дохил шудан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ ҳуҷҷатҳои зерине, ки тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда мебошанд, замима мегарданд:

1) шаҳодатнома дар бораи сабти давлатии шахси ҳуқуқӣ;

2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи соҳибии биноҳое, ки барои истифода ҳамчун мағозаи савдои бебоҷ таъин гардидаанд;

3) тарҳи нақшаи биноҳо, ки барои истифода ҳамчун мағозаи савдои бебоҷ таъин шудаанд;

4) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

5) тасдиқномаҳои бонкҳо дар бораи кушодани суратҳисобҳо;

6) шартномаи (полиси) суғурта.

  1. Барои ҳар як бинои ҳудудан алоҳида, ки барои истифодаи мағозаи бебоҷ пешбинӣ шудааст, аризаи алоҳида пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 262.          Вазифаҳо ва масъулияти соҳиби мағозаи савдои бебоҷ

  1. Соҳиби мағозаи савдои бебоҷ вазифадор аст:

1) талабот ва шартҳои низоми гумрукии савдои бебоҷро риоя кунад;

2) талаботи ободонӣ ва таҷҳизонии мағозаи савдои бебоҷро риоя кунад (моддаи 260);

3) имконияти барои мақсадҳои дигар истифода бурдани молеро, ки ба мағозаи савдои бебоҷ барои фурўш ворид шудаанд, истисно намояд;

4) бақайдгирии моли ба мағозаи савдои бебоҷ воридшуда ва фурўши онро анҷом дода, ба мақомоти гумрук ҳисобот пешниҳод намояд (моддаи 405);

5) моли таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ қарордоштаро танҳо дар биноҳои ёрирасон ва анборҳои мағозаи савдои бебоҷ нигоҳ дорад;

6) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда ва қисми 2 моддаи 263 ҳамин Кодекс, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 90 ҳамин Кодекс боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардозад, ба шарте, агар соҳиби мағозаи савдои бебоҷ иҷозати транзити дохилии гумрукиро дошта бошад;

7) талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи савдо бо назардошти хусусиятҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс риоя кунад;

8) дар сурати баста шудани мағозаи бебоҷ мақоми гумрукро огоҳ намояд.

  1. Соҳиби мағозаи савдои бебоҷ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози моли таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ қарордошта ҳангоми гум кардани моли хориҷӣ ё истифодаи он бо мақсадҳои дигари ғайри фурўши чакана дар мағозаи савдои бебоҷ ба шахсони воқеие, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мешаванд, мутобиқи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб масъулият дорад. Соҳиби мағозаи савдои бебоҷ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз танҳо дар сурате масъул намебошад, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё талафи табиӣ дар шароити мўътадили нигаҳдорӣ ва фурўш нобуд ё тамоман гум шуда бошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 263.          Шаҳодатнома барои дохил кардан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ

  1. Дохил кардан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ нисбати ҳар як бинои ҳудудан алоҳида, ки ба сифати мағозаи савдои бебоҷ истифода бурда мешавад, татбиқ мегардад. Барои ҳар як бинои ҳудудан алоҳида дар бораи дохил кардан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ шаҳодатномаи алоҳида дода мешавад.
  2. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ инҳоро дар бар мегирад:

1)               номи соҳиби мағозаи савдои бебоҷ ва нишон додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавии он;

2) маълумот дар бораи ҳуқуқи соҳибии бино, ки ба сифати мағозаҳои савдои бебоҷ истифода бурда мешавад;

3) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои

гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

4) нишон додани маҳали ҷойгиршавии мағозаи савдои бебоҷ.

  1. Шаҳодатнома дар бораи дохил кардан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ дар давоми панҷ сол эътибор дорад.
  2. Шаҳодатнома дар бораи дохил кардан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷро мақоми гумрук метавонад дар ҳолатҳои зерин бозхонад:

1) аз тарафи соҳиби мағозаи савдои бебоҷ риоя нашудани ҳатто яке аз шартҳои муқаррарнамудаи боби 31 ҳамин Кодекс барои фаъолият ба сифати соҳиби мағозаи савдои бебоҷ;

2) аз тарафи соҳиби мағозаи савдои бебоҷ риоя нашудани яке аз шартҳои пешбининамудаи банди 5 қисми 1 моддаи 230 ҳамин Кодекс ;

3) ҳангоми якчанд маротиба ҷалб намудани соҳиби мағозаи савдои бебоҷ ба ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.

  1. Ҳангоми бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил кардан ба Реестри соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ:

1) моли хориҷии таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ қарордошта бояд дар давоми 15 рўзи баъди бозхонди шаҳодатномаи мазкур таҳти низоми дигари гумрукӣ қарор дода шавад;

2) маблағи андозҳои дохилие, ки аз моли ватании таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ ҷойгиршуда ва дар мағозаи савдои бебоҷ қарордошта баргардонида шудаанд, бо ҳисоб кардани фоизҳои муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи ҷойгир намудани мол дар мағозаи савдои бебоҷ амал менамуданд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта мешавад;

3) моли таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ қарордошта баъди як рўзи бозхонди шаҳодатнома барои мақсади гумрукӣ ҳамчун моли таҳти низоми нигаҳдории муваққатӣ ҷойгиршуда дониста мешавад. Фурўши чунин мол, инчунин ҷойгир намудани моли дигар дар мағозаи савдои бебоҷ иҷозат дода намешавад.

  1. Бозхонди шаҳодатнома дар бораи дохил кардан ба Реестри соҳибони мағозаи савдои бебоҷ соҳиби мағозаи савдои бебоҷро аз риояи талабот ва иҷрои ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс озод наменамояд.

 

БОБИ 32. МИНТАҚАИ ОЗОДИ ГУМРУКӢ

 

Моддаи 264.          Таъиноти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ

  1. Минтақаи озоди гумрукӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он молҳои хориҷӣ ва ватанӣ дар ҳудуди сарҳади дахлдор дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бо роҳи пурра ё қисман озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бе истифодаи мамнўият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир ва истифода бурда мешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Минтақаи озоди иқтисоди ҳамчун ҳудуде, ки дар он низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ амал мекунад, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 265.          Моле, ки барои ҷойгир намудан таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ иҷозат дода мешавад

  1. Таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ моле иҷозат дода мешавад, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ зарур аст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Номгўи молҳои барои ноил шудан ба мақсадҳои ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ зарурӣ тибқи Низомномаи минтақаи озоди гумрукӣ, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 266. Амалиёте, ки нисбат ба молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда  ва молҳое, ки зимни амалиёти коркарди молҳои тахти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда ҳосил шулаанд, анҷом дода мешаванд

  1. Бо молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда иҷрои амалиёти истеҳсолӣ ва тиҷоратии дигар, ба истеснои фурӯши чаканаи онҳо, мувофиқи номгӯи муқарарнамудаи Низомномаи минтақаи озодии ӣқтисодӣ иҷозат дода мешавад.
  2. 2. ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон метавонад номгӯи молҳоеро, ки барои ҷойгиркарданашонтаҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукҷозатдода намешавад, муайян намояд, инчунин мамнӯият ва маҳдудиятҳоро барои анҷом доданиамалиёти алоҳида бо молҳое, ки таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгир карда шудаанд, муқаррар намояд.
  3. Молҳое, ки таҳти низоми гумукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгир карда шудаанд, метавонад таҳти низоми гумрукии дигар, аз ҷумла низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ бо мақсади ҷойгир кардаашон дар минтақаи озоди иқтисодии дигар ё таҳти расмиёти гумрукӣ бо риояи талаботу шартҳои муқарарнамудаи ҳамин Кодекс ва (ё) санадҳои дигар меъёрии ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ҷойгир карда шаванд.
  4. Молҳое, ки дар натиҷаи амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ҳосил шудаанд, метавонанд таҳти низомҳои гумрукии иҷозат барои муомилоти озод, содирот, реэкспорт, нобудкунӣ, дасткашидан ба манфиати давлат, инчунин таҳти низоми гумрукии минтақаи озодии гумрукӣ бо мақсади ҷойгир кардаашон дар минтақаи озоди иқтисодии дигар бо риояи талаботу шартҳои муқрнамудаи ҳамин Кодекс ва (ё) санадҳои дигари меъёрии ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ҷойгир карда шаванд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845; қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).

 

Моддаи 267.          Мўҳлати ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ

  1. Мол метавонад таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ бе маҳдудияти мўҳлат ҷойгир карда шавад, ба шарте агар минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият намояд.
  2. Ҳангоми барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ, молҳое, ки таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгир карда шудаанд ва молҳое, ки дар натиҷаи амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ҳосил шудаанд, бояд дар давоми мӯҳлати анҷомёбии расмиёти барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ ки санадҳои меъёрии ҳуқуқуии Ҷумҳурии Тоҷкистон муқарар намудааст, таҳти низоми гумрукӣ ё расмиёти гумрукӣ мутобиқи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 266 ҳамин Кодекс ҷойгир карда шаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқарар накарда бошад.
  3. Содироти берун аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии молҳо, ки таҳти низоми гумрукии митақаи озоди гумрукӣ ҷойгир карда шудаанд ва молҳое, ки дар наҷаи амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии митақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ҳосил шудаанд, ба шарте иҷозат дода мешавад, ки молҳои мазкур таҳти низоми гумрукӣ ё расмиёти гумрукӣ мутобиқи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 266 ҳамин Кодекс ҷойгир шаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқарар накарда бошад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 268.          Тадбирҳо оид ба таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои озоди гумрукӣ

  1. Худуде, ки барои ташкил кардани минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, бояд тарзе ободу таҷхизонида шавад, ки тавонад риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла имконияти анҷом додани назорати гумрикиро нисбат ба молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда таъмин намояд. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумруқи талаботи ҳатмиро дар хусуси ободу таҷҳизонидани ҳудудде, ки барои ташкил кардани минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, муқарар менамояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)
  2. Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ вазифадор аст:

1) имконияти интиқоли молу воситаҳои нақлиётро аз ҳудуди озоди гумрукӣ бидуни назорати гумрукӣ истисно намояд;

2) ба мақомоти гумрук ҷиҳати фаъолият оид ба назорати гумрукии воридоту содироти мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади минтақаи озоди гумрукӣ шароити зарурӣ фароҳам орад;

3) талаботи мақомоти гумрукро оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ иҷро намояд.

 

Моддаи 269.          Баҳисобгирии моле, ки дар минтақаҳои озоди гумрукӣ мавҷуд  аст

  1. 1. Шахсоне, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият доранд, баҳисобгирии молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда ва амалиёт бо онҳо ба роҳ мемонанд ва ба мақомоти гумрук дар хусуси онҳо бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолдияти гумрукӣ ҳисобот медиҳанд.
  2. Ҳама гуна тағйироте, ки бо молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда рух додааст, дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ бояд инъикос карда шавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 270.          Ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва истифодаи тадбирҳои мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ

  1. Ҳангоми ҷойгиронии молҳо таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ озодкунии пурра ва ё қисман аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз амалӣ гардида, вале тадбирҳои мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намешаванд. Ҳангоми содироти ин мол аз минтақаи озоди иқтисодӣ ба қисмати дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида мешаванд ва тадбирҳои мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартҳои арзшудаи низоми гумрукӣ татбиқ карда мешаванд.
  2. Далели истеҳсоли мол дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ бо сертификати истеҳсоли мол тасдиқ карда мешавад. Ҳангоми набудани сертификати мазкур мол ба таври зайл баррасӣ карда мешавад: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) ҳангоми содироти мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ситонидани боҷҳои гумрукии содиротӣ ва қабули тадбири мамнўият ва маҳдудиятҳо, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, ҳамчун молҳои ватанӣ;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) ҳангоми воридоти мол ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ситонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва қабули тадбири мамнўият ва маҳдудиятҳо, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, ҳамчун молҳои хориҷӣ.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 271.          Хусусиятҳои барасмиятдарории гумрукии мол таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ

  1. Барасмиятдарории гумрукии молҳои, ки ба худуди минтақаи озоди иқтисодӣ ворид мешавад ва таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ қарор мегирад, инчунин молҳое, ки нисбати ба онҳо низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ тағйир меёбад, бояд бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ амалӣ гарданд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)
  2. Ҳангоми тағйир додани низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ба низоми дигари гумрукӣ барасмиятдарории гумрукии молҳо, истифодаи тадбирҳои мансуб ба мамнўият ва маҳдудиятҳои мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо мувофиқи шарт ва талаботи низоми гумрукии интихобгардида амалӣ мегарданд. Ҳамзамон арзиши гумрукии мол нисбати моли истифодашаванда бо назардошти меъёрҳои амортизатсионӣ ҳангоми истифода (ба кор бурдан) тибқи низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ, ки мувофиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 272. Анҷоми низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ

Низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҳангоми таҳти низоми гумрукӣ ё расмиёти гумрукӣ мутобиқи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 266 ҳамин Кодекс ҷойгиркардани молҳои,таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ва (ё) молҳое, ки дар натиҷаи амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукӣ минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда ҳосил шудаанд, анҷом меёобад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)

 

БОБИ 33. АНБОРИ ОЗОД

 

Моддаи 273.          Таъиноти низоми гумрукии анбори озод

  1. Анбори озод низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он мол дар биноҳои (маҳалҳои) дахлдори ба сифати анбори озод истифодашаванда бидуни ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, татбиқи мамнўияту маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгир ва истифода бурда мешаванд.
  2. Анбори озод дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақоми давлатии ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти тиҷорати хориҷӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад (минбаъд дар ҳамин боб – пешниҳод).

 

Моддаи 274.          Моле, ки барои ҷойгир кардан дар анбори озод иҷозат дода мешавад

Дар низоми гумрукии анбори озод ҷойгиркунии моле иҷозат дода мешавад, ки барои коркард таъин гардидааст, инчунин моле, ки бо кўмаки он амалиёти коркард анҷом дода мешавад, ба истиснои моли манъшудае, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

 

Моддаи 275.          Амалиёте, ки бо мол дар анбори озод анҷом дода мешавад

  1. Дар анбори озод иҷрои амалиёти зерин иҷозат дода мешавад:

1) Барои таъмини нигаҳдории ин мол – поккорӣ, шамолдиҳӣ, хушккунӣ (аз ҷумла ташкили гармидиҳӣ), ташкили низоми ҳарорати мўътадили нигаҳдорӣ (хунуккунӣ, яхкунонӣ, гармкунӣ,) ҷойгиронӣ дар бастабандҳои муҳофизатӣ, молидани равғанҳои муҳофизатӣ ва консервантҳо, молидани маводи зидди занг, дохил кардани маводи пешгирикунанда;

2) оид ба омодасозии мол барои фурўш ва интиқол – тақсим ба партияҳо, ташкили ирсол, навъбандӣ, бастабандӣ, бастабандии нав, маркировка, боркунӣ, борфарорӣ, аз нав бор кардан, амалиёти маъмулии марбут ба такмил ё омода сохтан ба ҳолати корӣ, ҷойивазкунии мол дар ҳудуди анбор бо мақсади ҷойгиронии судманд, ҷойгиронии мол барои овезаҳои намоишӣ, тест;

3) оид ба коркард – истеҳсоли (коркарди мол), аз ҷумла насб ва мутобиқгардонӣ, ки ҳангоми он моли воридшуда хусусияти асосии худро нигоҳ медорад, коркарди худи мол, ки ҳангоми он моли хориҷӣ хусусияти хоси худро аз даст дода, дар маҳсули коркард таснифоти худро нигоҳ медорад ва имкон медиҳад моли воридотӣ бо маҳсули коркард ҳаммонанд карда шавад ва ҳаммонандсозӣ шарти муҳими коркард, таъмири мол, аз ҷумла барқарорсозӣ ва истифодаи баъзе молҳое мебошад, ки барои осон гардонидани истеҳсоли маҳсули коркард аз истеъмоли пурра ё қисмани онҳо дар ҷараёни коркард таъин гардидаанд;

4) барои истифодаи мол ба сифати таҷҳизоти технологӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, техникаҳои борбардорию борфарорӣ ва дигар воситаҳои дар анбори озод истифодашаванда.

  1. Амалиёт бо моли дар анборҳои озод ҷойгиршуда, ки дар бандҳои 1 ва 2 қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, бо огоҳонидани мақомоти гумрук сурат гирифта, набояд рамзи молро мувофиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тағйир диҳанд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)

Бо моле, ки дар анбори озод таҳти нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд, метавонад амалиёти пешбининамудаи банди 1 қисми 1 ҳамин модда анҷом дода шавад.

Ҳангоми бо моли хориҷии дар анбори озод ҷойгиршуда анҷом додани амалиёт бо мақсади истеҳсоли маҳсули коркард истифодаи моли ватанӣ ба сифати маводи иловагӣ ва унсурҳои иловагӣ иҷозат дода мешавад.

  1. Бо мақсади таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи назорати гумрукӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои иҷрои амалиёт бо моли дар анборҳои озод нигаҳдоришаванда мамнўият ва маҳдудиятҳои алоҳидаро муқаррар намояд.

 

Моддаи 276.          Мўҳлати нигаҳдории мол дар анборҳои озод

Мол дар анбори озод метавонад бе маҳдуд намудани мўҳлат нигоҳ дошта шавад, ба шарте, агар анбори озод фаъолият намояд.

 

Моддаи 277.          Назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии моли таҳти низоми гумрукии анбори озод ҷойгиршаванда

Назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии моли таҳти низоми гумрукии анбори озод ҷойгиршаванда, инчунин аз анборҳои озод содиршаванда тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 278.          Баҳисобгирии моли дар анборҳои озод ҷойгиршуда

  1. Соҳибони анборҳои озод баҳисобгирии моли дар анбори озод ҷойгиршуда, инчунин амалиёти бо ин мол иҷрошударо анҷом дода, ба мақомоти гумрук мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд.
  2. Барои баҳисобгирии моли дар анбори озод ҷойгиршуда, инчунин амалиёти бо ин мол иҷрошуда, метавонанд ҳуҷҷатҳои барои пешбурди фаъолияти ҳисобдорӣ ва ҳисоботдиҳӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда истифода гарданд, ба шарте агар дар ин ҳуҷҷатҳо номгў ва аломатҳои ҳаммонандсозии мол, теъдод, маълумот дар бораи ҷойгир намудани онҳо дар ҳудуди анбори озод, ҳама гуна тағйироти дар анборҳо бо онҳо суратгирифта инъикос гарданд.

 

Моддаи 279.          Вазифаҳои соҳиби анбори озод

Соҳиби анбори озод вазифадор аст:

1) мутобиқати анбори озодро бо талаботи муқарраршуда дар давоми мўҳлати фаъолияти анбори озод таъмин намояд;

2) муҳофизати мол ва мувофиқати амалиёти бо онҳо гузаронидашавандаро тибқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

3) ба назорати гумрукӣ мусоидат намояд;

4) бидуни назорати гумрукӣ гирифтани моли дар анбори озод нигаҳдоришавандаро истисно намояд;

5) шартҳои таъсис ва фаъолияти анбори озодро риоя кунад, инчунин талаботи мақомоти гумрук, аз ҷумла таъмини дастрас будани молро иҷро намояд;

6) барои татбиқи назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ ба мақомоти гумрук тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бино, таҷҳизот ва воситаҳои алоқаро дар анбори озод фароҳам орад;

7) баҳисобгирии моли дар анборҳои озод ҷойгиршударо анҷом дода, ба мақомоти гумрук дар бораи амалиёти бо он гузаронидашуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 278 ҳамин Кодекс ҳисобот пешниҳод кунад.

 

Моддаи 280.          Ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андоз ва татбиқи тадбирҳои мамнўият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҳангоми ҷойгир намудани моли ватанӣ ва хориҷӣ дар анборҳои озод боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд ва тадбирҳои мамнўият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои талабот оид ба амнияти мол, татбиқ намегарданд. Ҳангоми аз анборҳои озод ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани мол боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида мешаванд ва тадбирҳои мамнўият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартҳои арзшудаи низоми гумрукӣ, ба истиснои воридоти моли ватанӣ, татбиқ мегарданд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ҳангоми содироти мол аз анборҳои озод берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукӣ ва тадбирҳои ба мамнўият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати моли зайл татбиқ намегарданд: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) моли хориҷӣ;

2) дар анборҳои озод истеҳсолшуда;

3) дар анборҳои озод коркардшуда.

  1. Истеҳсоли мол дар анборҳои озод бо сертификати истеҳсоли мол тасдиқ карда мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани сертификати мазкур мол чунин баррасӣ карда мешавад:

1) ҳангоми содироти мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ситонидани боҷҳои гумрукии содиротӣ ва қабули тадбири мамнўият ва маҳдудиятҳои  муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун моли ватанӣ;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) ҳангоми воридоти мол ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ситонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ, андозҳо ва татбиқи тадбирҳои мамнўият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун моли хориҷӣ.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 281.          Талабот нисбати фаъолияти анбори озод

  1. Биное, ки барои таъсис ва фаъолияти анбори озод пешбинӣ шудааст, бояд ҷавобгўи талаботи зерин бошад:

1) таҳти моликияти шахсии соҳиби анбор бошад ё ба мўҳлати на камтар аз 3 сол аз лаҳзаи додани ариза барои гирифтани рухсатнома ба иҷора гирифта шуда бошад;

2) андозаи (периметри) он муайян ва иҳота карда шуда бошад;

3) дар ҳудуди анбори озод бино ва иншооте, ки марбути анбор нестанд,бояд вуҷуд надошта бошанд;

4) дорои ҷое бошад, ки барои азназаргузаронии мол зарур аст;

5) барои амалиёти коркарди мол обод ва муҷаҳҳаз бошад.

  1. Анборҳои озод бояд дар тамоми давраи фаъолияти худ ҷавобгўи талаботи муқарраргардида бошанд.

 

Моддаи 282.          Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод

  1. Анбори озод дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди гирифтани рухсатнома аз мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҷиҳати фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод таъсис дода мешавад.
  2. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод ба шахси ҳуқуқӣ дода мешавад, ки соҳиби майдончаи барои таъсиси анбори озод таъингардида мебошад ё онро тибқи ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи фаврӣ ихтиёрдорӣ мекунад, ба шарте, ки пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозро мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс таъмин карда бошад.
  3. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори гумрукӣ ба ҳар як бинои ҳудудан алоҳида, ки ба сифати анбори озод истифода мегардад, дода мешавад. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод инҳоро дар бар мегирад:

1) номи мақоми гумрук;

2) номгўй ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

3) номгўи навъи фаъолият;

4) маълумот дар бораи ҳуқуқи ихтиёрдории бино, ки ба сифати анбори озод истифода бурда мешавад;

5) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

6) зикри маҳали ҷойгиршавии анбори озод;

7) рақам ва санаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8) рақами мушаххаси андозсупоранда;

9) рақами бақайдгирӣ ва санаи додани рухсатнома;

  1. Мўҳлати амали рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод маҳдуд карда намешавад.
  2. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбор ба шахси дигар дода намешавад.

 

Моддаи 283.          Ариза барои иҷрои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод

  1. Пешниҳод барои қабули қарор ҷиҳати иҷрои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод дар асоси аризаи шахс сурат мегирад. Ариза барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод бояд инҳоро дар бар гирад:

1) муроҷиат бо хоҳиши баррасии ҳуҷҷатҳо барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод;

2) маълумот дар бораи номгўй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, суратҳисобҳои кушодашудаи бонкӣ, инчунин андозаи сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;

3) маълумот дар бораи биноҳо, ки дар ихтиёри аризадиҳанда қарор дошта, барои истифода ба сифати анбори озод таъин гардидаанд, маҳали ҷойгиршавӣ, ободонӣ, таҷҳизонӣ ва таъминоти моддию техникии онҳо;

4) маълумот дар бораи таъмини пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

5) маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда.

  1. Ба ариза барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод ҳуҷҷатҳои зерине, ки тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда мебошанд, замима мегарданд:

1) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;

2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи соҳибии биноҳо, ки барои истифода ҳамчун анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин шудаанд;

3) тарҳу нақшаҳои биноҳо, ки барои истифода ҳамчун анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин шудаанд;

4) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таъмини пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;

5) тасдиқномаи бонкҳо дар бораи кушодани суратҳисобҳо дар онҳо.

  1. Ҳангоми тағйир ёфтани маълумоти дар ариза ва ҳуҷҷатҳо дарҷшуда соҳиби анбори озод бояд мақоми гумрукро на дертар аз 30 рўзи тақвимӣ аз санаи ворид намудани тағйирот огоҳ намояд.

 

Моддаи 284.          Боздоштани амали рухсатнома ҷиҳати фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод

  1. Ҳангоми аз ҷониби соҳиби анбор риоя нашудани талабот ва ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс амали рухсатнома метавонад бо қарори мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо зикри сабабҳои боздоштани он, ба мўҳлати 6 моҳ боздошта шавад.
  2. Қарор дар бораи боздоштани амали рухсатнома бо фармоиши роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо зикри сабаби бозхонди он қабул карда мешавад.
  3. Амали рухсатнома аз рўзи интишори фармоиши дахлдор боздошта мешавад. Ҳангоми боздоштани амали рухсатнома ҷойгир намудани мол дар анбори озод манъ аст. Моле, ки то боздоштани амали иҷозатнома дар анбори озод ҷойгир шуда буд, бояд аз ҷониби соҳиби анбори озод бетағйир нигоҳ дошта шавад.
  4. Амали рухсатнома баъди бартараф намудани сабабҳои боздоштани амали он ва интишори фармоиши дахлдори мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ барқарор мегардад.

 

Моддаи 285.          Бозхондани рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод

  1. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соҳиби анбори озодро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар ҳолатҳои зерин метавонад бозхонад:

1) дидаю дониста пешниҳод намудани маълумоти бардурўғ;

2) аз ҷониби соҳиби анбори озод иҷро нашудани талаботи дар рухсатнома мавҷуда;

3) бартараф нанамудани сабабҳое, ки қаблан боиси боздоштани амали рухсатнома гардидаанд;

4) аз ҷониби суд ба соҳиби анбори озод манъ кардани фаъолият оид ба хизматрасонии анбори озод

5) қатъи фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ;

6) агар соҳиби анбори озод чандин маротиба барои вайрон кардани қонунгузории маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда бошад;

7) азнавташкилдиҳӣ ё барҳам додани анбори озод мувофиқи санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Қарор дар бораи бозхондани рухсатнома бо фармоиши мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, бо асосноксозии чунин қарор ба расмият дароварда мешавад.
  2. Бозхондани рухсатнома аз рўзи қабули фармоиш амалӣ мегардад.
  3. Ҳангоми бозхондани рухсатнома соҳиби анбори озод вазифадор аст дар давоми 15 рўзи тақвимии баъди гирифтани қарор дар бораи бозхондани рухсатнома онро ба мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ баргардонад.
  4. Аризаи такрорӣ дар бораи додани рухсатнома ҷиҳати фаъолият ба сифати соҳиби анбори озод метавонад баъди ду сол аз рўзи интишори фармоиш дар бораи бозхондани рухсатнома, дар сурати бартараф намудани сабабҳое, ки боиси қабули қарор гардида буданд, баррасӣ карда шавад.
  5. Ҳангоми қатъи фаъолияти анбори озод моли таҳти низоми гумрукии анбори озод ҷойгиршуда метавонад таҳти дигар низоми гумрукӣ арз карда шавад ё нисбати ин мол амали низоми гумрукии анбори озод дар давоми сӣ рўзи тақвимӣ аз рўзи қабули қарор дар бораи қатъи амали рухсатнома бояд анҷом дода шавад.

Дар ҳолатҳои дар анбори озод мавҷуд будани моли таҳти амалиёти коркард қарордошта мақоми гумрук шахсеро, ки молро дар анбори гумрукӣ ҷой додааст, дар бораи барҳам хўрдани анбори озод огоҳ менамояд. Дар ин ҳолат амали низоми гумрукии анбори озод нисбати ин мол то анҷоми охирин амали коркард нигоҳ дошта мешавад.

 

БОБИ 34. ИНТИҚОЛИ ЗАХИРАҲО

 

Моддаи 286.          Мазмуни низоми гумрукии интиқоли захираҳо

  1. Интиқоли захираҳо низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли барои истифода дар киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо таъингардида, ки барои интиқоли пулакии байналмилалии мусофирон ё интиқоли пулакӣ ва бепули байналмилалии моли саноатӣ ё тиҷоратӣ истифода мешаванд, инчунин моли барои фурўш ба ҳайати экипаж ва мусофирони чунин киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо таъингардида аз сарҳади гумрукӣ бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бидуни татбиқи мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқол дода мешаванд.
  2. Ҳангоми содироти моли таҳти низоми гумрукии интиқоли захираҳо ҷойгиршуда озодкунӣ аз пардохт, баргардонидан ё ҷуброни андозҳои дохилӣ анҷом дода намешавад, агар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

 

Моддаи 287.          Ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии интиқоли захираҳо

1.Таҳти низоми гумрукии интиқоли захираҳо ҷойгир намудани моли зерин иҷозат дода мешавад (минбаъд дар ҳамин боб – захираҳо), ки:

1) барои таъмини мўътадили истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо дар хати сайр ё дар нуқтаҳои истгоҳҳои фосилавӣ ё истгоҳ (аз ҷумла сўзишворӣ, равғанҳои молиданӣ) заруранд;

2) барои истифодаи мусофирон ва ҳайати экипажи киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ё мусофирон ва кормандони бригадаҳои қатораҳо пешбинӣ шудаанд, сарфи назар аз он, ки ин захираҳо фурўхта мешаванд ё не;

3) барои фурўш ба мусофирон ва ҳайати экипажи киштиҳои дарёӣ ва ҳавопаймо бе мақсади истифодаи онҳо дар саҳни ин нақлиёт пешбинӣ шудаанд.

  1. Захираҳо таҳти низоми гумрукии интиқоли захира сарфи назар аз давлати бақайдгирӣ ва мансубияти миллии киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо ҷойгир карда мешаванд.
  2. Таҳти низоми гумрукии интиқоли захираҳо ҷойгир намудани қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоте, ки барои таъмини истифодаи мўътадил ва хизматрасонии техникии киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо дар хати сайр ё дар нуқтаҳои истгоҳҳои фосилавӣ ё истгоҳ таъин гардидаанд, иҷозат дода намешавад.
  3. Низоми гумрукии интиқоли захира нисбати захираҳо ҳангоми истифодаи киштиҳои дарёӣ бо мақсади тиҷоратӣ, ҳавопаймои авиатсияи гражданӣ, давлатӣ ва озмоишӣ (эксперименталӣ), ба истиснои ҳолатҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ (боби 37) татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 288.          Шартҳои озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз

  1. Ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани захираҳое, ки барои таъмини истифодабарии мўътадил дар саҳни киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо қарор доранд, боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта намешаванд, ба шарте агар ин захираҳо ҳангоми таваққуфи ин киштӣ, ҳавопаймо ва қатораҳо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо боқӣ монда бошанд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ҳангоми ворид намудани захираҳое, ки дар қатораҳо қарор доранд ва барои таъмини мўътадили истифода ва хизматрасонии техникии онҳо, инчунин барои истифодаи мусофирон ва кормандони бригадаҳои қатораҳо таъин гардидаанд, боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд, ба шарте агар ин захираҳо ҳангоми таваққуфи қатораҳо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо боқӣ монанд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Ҳангоми ҷойгир намудани моли хориҷие, ки барои фурўш ба мусофирон ва ҳайати экипажи киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо бе мақсади истифодаи онҳо дар ин ҳавопаймо ва киштиҳо таъин гардидаанд, таҳти низоми гумрукии интиқоли захираҳо озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози воридотӣ ҳангоми фурўши ин мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти қисми 3 моддаи 289 ҳамин Кодекс фароҳам оварда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Ҳангоми аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани захираҳои дар киштиҳои дарёӣ ё ҳавопаймоҳо қарордошта боҷҳои гумрукии содиротӣ ситонида намешаванд, агар ин захираҳо ба миқдори муайян, вобаста ба теъдоди ҳайати мусофирон, экипаж ва давомнокии сафар барои таъмини мўътадили истифода ва хизматрасонии техникии ин ҳавопаймо ва киштиҳо, бо назардошти захираҳои дар ин нақлиёт мавҷудбуда бароварда шаванд.
  5. Ҳангоми аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани захираҳои барои истифодаи мўътадил ва хизматрасонии техникии қатораҳо зарурӣ, инчунин захираҳои барои истеъмоли мусофирон ва кормандони бригадаҳои қатораҳо таъингардида боҷҳои гумрукии содиротӣ ситонида намешаванд, агар ин захираҳо ба миқдори барои таъмини истифодаи мўътадил ва хизматрасонии техникии қатораҳо, инчунин барои истеъмоли мусофирон ва кормандони бригадаҳои қатора дар хати сайр, бо назардошти захираи дар қатора мавҷудбуда бароварда шаванд.
  6. Захираҳо метавонанд бо иҷозати мақоми гумрук муваққатан фароварда шаванд, мутаносибан ба дигар ҳавопаймо, киштиҳо ва қатораҳо, ки интиқоли байналмилалии мол ва мусофиронро анҷом медиҳанд, бор карда шаванд, агар шартҳои пешбининамудаи ҳамин боб риоя гардад.

 

Моддаи 289.          Истифодаи захираҳо

  1. Захираҳои барои истеъмоли мусофирон ва ҳайати экипажи киштиҳои дарёӣ таъингардида ва захираҳо барои таъмини истифодаи мўътадил ва хизматрасонии техникии киштиҳо зарурӣ метавонанд дар ин киштиҳо ҳангоми таваққуф дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори муайян, вобаста ба теъдоди ҳайати мусофирон, экипаж, давомнокии таваққуф, аз ҷумла вақти таъмири киштиҳои дарёӣ дар маҳали таъмир (док, верф) ё заводҳои таъмир истеъмол ва истифода бурда шаванд, агар экипаж дар ин ҳолатҳо киштиро тарк накунад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ҳангоми фуруди ба нақша гирифташудаи ҳавопаймо дар як ё якчанд фурудгоҳҳое, ки дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ мебошанд, захираҳои барои таъмини истифодабарии мўътадил ва хизматрасонии техникии ин ҳавопаймо ва барои истеъмоли ҳайати экипаж ҳангоми дар нуқтаҳои фурудгоҳ ва ҳангоми парвоз байни ин нуқтаҳо қарор доштани ҳавопаймо таъингардида метавонанд дар нуқтаҳои фуруд ва ҳангоми парвоз байни ин нуқтаҳо истифода бурда шаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Захираҳое, ки барои фурўш ба мусофирон ва ҳайати экипажи ҳавопаймо бидуни мақсади истеъмоли онҳо дар ҳавопаймо таъин гардидаанд, метавонанд ҳангоми дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани ин ҳавопаймо фурўхта шаванд, ба шарте ки онҳо дар ин ҳавопаймоҳо фурўхта шаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Захираҳои барои истеъмоли мусофирони қатораҳо ва кормандони бригадаҳои қатора ва захираҳои барои таъмини мўътадили истифода ва хизматрасонии техникии ин қатораҳо зарурӣ метавонанд дар қатораҳо ҳангоми ҳаракат ё таваққуф дар истгоҳҳои фосилавӣ ё истгоҳҳо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори муайян, вобаста ба теъдоди мусофирон ва кормандони бригадаҳои қатора, инчунин давомнокии таваққуф ва вақти ҳаракат дар хати сайр истеъмол ва истифода бурда шаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  5. Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд интиқолдиҳандаро вазифадор намоянд, ки барои таъмини риояи истифодаи захираҳои пешбининамудаи ҳамин боб ҳангоми дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймо ё қатораҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бо қарори мақоми гумрук ба ҷойҳое, ки захираҳо нигоҳ дошта мешаванд, метавонад тамға ва мўҳри гумрукӣ гузошта шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

БОБИ 35. НИЗОМҲОИ ГУМРУКИИ МАХСУС

 

Моддаи 290.          Моле, ки таҳти низомҳои гумрукии махсус қарор дода мешавад

Низоми гумрукии махсус нисбати моли зерине, ки аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода мешавад, муқаррар мегардад:

1)               моли аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда, ки барои таъмини фаъолияти сафоратҳо, консулгариҳо, намояндагиҳои назди созмонҳои байналмилалӣ ва дигар намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа таъин гардидааст;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2)               моле, ки аз сарҳади гумрукӣ байни қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ин ҳудуд қарордошта интиқол дода мешавад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3)               моле, ки аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода шуда, барои пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда таъин гардидааст, аз ҷумла моле, ки барои тақсими ройгон ба шахсони дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарардида таъин шудааст ва моле, ки барои амалиёти садамавию наҷотдиҳӣ, дигар амалҳои таъхирнопазир ва фаъолияти ташкилотҳои садамавию наҷотдиҳӣ зарур аст;

4)               моле, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешавад ва барои таъмини фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, варзишию табобатӣ ва муассисаҳои дигари иҷтимоӣ таъин гардида, амволи онҳо таҳти моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, инчунин барои аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешавад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

5)               моли ватанӣ, ки байни мақомоти гумрук аз ҳудуди давлати хориҷӣ интиқол дода мешаванд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 291.          Мазмуни низоми гумрукии махсус, тартиб ва шартҳои таҳти низоми гумрукии махсус қарор додани мол

  1. Низоми гумрукии махсус озодкунии пурраи молро аз боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, инчунин нисбати онҳо истифода нашудани мамнўият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодӣ, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, пешбинӣ менамояд.
  2. Баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин озод намудан аз пардохт, баргардонидан ё ҷуброни андозҳои дохилӣ ҳангоми ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии махсус анҷом дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар низоми гумрукии махсус интихобшуда ба низоми гумрукии содирот тағйир дода шуда бошад.
  3. Талабот ва шартҳои дигари ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии махсус, инчунин маҳдудиятҳо барои истифода ва ихтиёрдории мол, ки таҳти низоми гумрукии зикргардида қарор дода шудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.

 

ЗЕРФАСЛИ 3. РАСМИЁТИ ГУМРУКИИ МАХСУС

 

БОБИ 36. ИНТИҚОЛИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

 

Моддаи 292.          Низоми гумрукие, ки нисбати воситаҳои нақлиёт истифода бурда мешавад

Воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ тибқи тартиби пешбининамудаи ҳамин боб, таҳти низомҳои гумрукии воридоти муваққатӣ ва содироти муваққатӣ интиқол дода мешаванд.

 

Моддаи 293.          Воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт

  1. Воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт ба сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, бо риояи шартҳои зерин иҷозат дода мешавад:

1) агар воситаи нақлиёт ба номи шахси хориҷӣ ва (ё) дар ҳудуди давлати хориҷӣ ба қайд гирифта шуда бошад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) агар воситаи нақлиёти ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ҷониби шахсони хориҷӣ истифода бурда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки воситаи нақлиёт аз ҷониби шахси ватании ба таври дахлдор аз ҷониби шахси хориҷӣ ваколатдоршуда истифода мегардад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) агар воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамлу нақли дохилӣ истифода бурда нашавад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

4) агар воситаҳои нақлиёт баъди воридот ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора дода нашавад.   (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳолатҳои воридоти муваққатии воситаҳои нақлиётро ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо озодкунии пурра аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз муқаррар намояд, агар воситаи нақлиёти муваққатан воридгардида аз ҷониби шахси ватанӣ истифода бурда шавад ё ба номи шахси ватанӣ ба қайд гирифта шуда бошад, инчунин агар дигар шартҳои пешбининамудаи бандҳои 1 – 4 қисми 1 ҳамин модда риоя карда нашуда бошанд, ба шарте, ки дар давоми мўҳлати воридоти муваққатии воситаи нақлиёт ҳуқуқи моликият ба воситаи нақлиёт ба шахси ватанӣ нагузарад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Агар озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда истифода нагардад, инчунин агар шартҳое, ки ҳангоми он озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз риоя карда нашаванд, нисбати воситаҳои нақлиёт тибқи тартиби барои моли муваққатан воридшаванда муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс (моддаи 212) қисман озод кардан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз истифода мегардад.
  3. Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ нисбати воситаҳои нақлиёт ҳангоми содироти бозпаси он дар мўҳлатҳои муайяннамудаи моддаи 294 ҳамин Кодекс анҷом меёбад. Бо иҷозати мақоми гумрук низоми гумрукии воридоти муваққатӣ нисбати воситаҳои нақлиёти муваққатан воридгардида метавонад инчунин тибқи қоидаҳои барои анҷоми низоми гумрукии воридоти муваққатии мол муайяннамудаи моддаи 214 ҳамин Кодекс анҷом дода шавад.

 

Моддаи 294.          Мўҳлати воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт

  1. Содироти бозпаси воситаи нақлиёти муваққатан воридгардида бояд бетаъхир, баъди иҷрои амалиёти нақлиётие, ки барои он чунин воситаи нақлиёт ворид гардидааст, анҷом дода шавад.
  2. Дар ҳолатҳои истисноӣ мақоми гумрук бо мақсади татбиқи назорати гумрукӣ метавонад бо назардошти аризаи интиқолдиҳанда, инчунин бо назардошти ҳамаи ҳолатҳои марбут ба амалиёти эҳтимолии нақлиётӣ мўҳлати воридоти муваққатии воситаҳои нақлиётро муқаррар намояд.

Дар асоси дархости асосноки шахси манфиатдор мақоми гумрук мўҳлати ибтидоии муқарраргардидаи воридоти муваққатиро тамдид менамояд.

 

Моддаи 295.          Амалиёт бо воситаҳои нақлиёти муваққатан воридгардида

Бо воситаҳои нақлиёти муваққатан воридгардида анҷом додани амалиёти маъмулӣ вобаста ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир, ки ҳангоми ҳаракат ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё истифодаи онҳо дар ин қаламрав тақозо мегардад, иҷозат дода мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 296.          Содироти муваққатии воситаҳои нақлиёт

  1. Содироти муваққатии воситаи нақлиёт ба шарте иҷозат дода мешавад, ки агар ин воситаи нақлиёт дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилоти озод бошад ва ба номи шахси ватанӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбинишудаи қисми 3 ҳамин модда ба қайд гирифта шуда бошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ҳангоми содироти муваққатии воситаҳои нақлиёт боҷҳои гумрукӣ ситонида намешаванд.
  3. Содироти муваққатии воситаҳои нақлиёте, ки қаблан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қисман озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз муваққатан ворид гардидаанд, иҷозат дода мешавад, агар содироти муваққатиро шахси ватание анҷом диҳад, ки воситаи нақлиёт тибқи ҳуқуқи моликият ба ў таалуқ надорад, сарфи назар аз он, ки ин воситаи нақлиёт ба номи шахси ватанӣ ба қайд гирифта шудааст ё на. Ҳамзамон низоми гумрукии воридоти муваққатӣ нисбати ин воситаҳои нақлиёт дар қисми пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз то анҷоми амали ин низом тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи 214 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Содироти муваққатии воситаи нақлиёт, сарфи назар аз он, ки кадом шахс ва бо кадом мақсад онро берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 297.          Мўҳлати содироти муваққатии воситаҳои нақлиёт

Бо мақсади татбиқи назорати гумрукӣ мақоми гумрук метавонад мўҳлати содироти муваққатии воситаҳои нақлиётро тибқи аризаи интиқолдиҳанда, бо назардошти ҳамаи ҳолатҳои вобаста ба анҷом додани амалиёти эҳтимолии нақлиётӣ муқаррар намояд.

Мутобиқи дархости асосноки шахси манфиатдор мақоми гумрук мўҳлати ибтидоии муқарраршудаи содироти муваққатиро тамдид менамояд.

 

Моддаи 298.          Воридоти бозпаси воситаҳои нақлиёти муваққатан содиргардида

  1. Ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас ворид намудани воситаи нақлиёти муваққатан содиргардида боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд, агар воситаи нақлиёт берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти амалиёти коркард қарор нагирифта бошад, ба истиснои: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) амалиёти таъмир, хизматрасонии техникӣ ва амалиёти шабеҳе, ки барои таъмини нигаҳдорӣ ва истифодаи он заруранд, инчунин нигаҳдории он дар ҳолате, ки дар рўзи таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ ҷойгир намудан қарор дошт;

2) амалиёти вобаста ба таъмир, ки мувофиқи талаботи қонун ё шартнома ройгон анҷом дода мешавад;

3) амалиёти таъмир, аз ҷумла таъмири асосӣ барои барқарорсозии воситаи нақлиёт баъди осеб дидани он аз сабаби садама ё таъсири қувваи рафънопазир, ки берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Агар воситаи нақлиёте, ки нисбати он берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таъмир ва (ё) амалиёти дигар сурат гирифтааст, мувофиқи талаботи қисми 1 ҳамин модда аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод карда нашавад, нисбати ин воситаи нақлиёт тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 207 ҳамин Кодекс оид ба ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми воридоти маҳсули коркардашуда мувофиқи низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ бо қисман озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз истифода мегардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Ҳангоми муайян намудани арзиши амалиёти коркард хароҷоти интиқоли воситаи нақлиёт ба маҳали коркард ва баръакс ба инобат гирифта намешавад, агар чунин интиқол ба ҳамлу нақли байналмилалии мол ё мусофирон алоқаманд бошад.

 

Моддаи 299.          Тағйир додани низоми гумрукии содироти муваққатӣ

  1. Нисбати воситаҳои нақлиёти муваққатан содиршуда бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс тағйир додани низоми гумрукии содироти муваққатӣ ба низоми гумрукии содирот ё низоми дигари гумрукӣ иҷозат дода мешавад.
  2. Ҳангоми ба шахси хориҷӣ додани ҳуқуқи моликият ба нақлиёти муваққатан содиргардида шахсе, ки воситаи нақлиётро таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ қарор додааст, вазифадор аст низоми гумрукии содироти муваққатиро ба низоми гумрукии содирот иваз намояд.
  3. Тағйир додани низоми гумрукии содироти муваққатӣ бе пешниҳоди воқеии воситаи нақлиёт ба мақоми гумрук иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 300.          Воридоти муваққатӣ ва содироти муваққатии таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ

  1. Таҷҳизоти махсуси якҷоя бо воситаи нақлиёт муваққатан воридгардида, ки барои борбардорӣ, борфарорӣ, коркард ва муҳофизати мол пешбинӣ шудааст, сарфи назар аз он, ки алоҳида аз воситаи нақлиёт истифода мегардад ё на, бояд таҳти шартан пурра озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз қарор гирад.
  2. Қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти муваққатан воридшаванда, ки барои таъмир, хизматрасонии техникӣ ё истифодаи воситаи нақлиёт таъин гардидаанд шартан пурра аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод карда мешаванд.
  3. Қисмҳои эҳтиётии муваққатан содиршуда, ки барои таъмир ва хизматрасонии техникии воситаи нақлиёти муваққатан содиршуда, бо мақсади иваз намудани қисмҳо ва таҷҳизоте, ки ҳангоми содироти муваққатии воситаи нақлиёт дар он насб шуда буданд, ҳангоми содироти муваққатии онҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз шартан пурра озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти истифодашуда ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо озодкунии пурра аз боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо, ки нисбати онҳо низоми гумрукии реимпорт истифода мегардад, иҷозат дода мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 301.          Барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёт, қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизот

  1. Барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёт, қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизот бо тартиби соддагардонидашуда дар маҳали расидани онҳо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳали баромади он аз ин ҳудуд анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёт дар маҳалҳои ҷойгиршавии мақомоти гумрук ҳангоми вақти кории онҳо сурат мегирад.

  1. Ҳангоми барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёт мақомоти гумрук мутаносибан ба сифати декларатсияи вуруд ва хуруҷ ҳуҷҷатҳои стандартии интиқолдиҳандаро, ки тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт пешбинӣ шудааст, истифода мебаранд, агар онҳо дар бораи воситаи нақлиёт, хати сайр, бор, захираҳо, дар бораи экипаж ва мусофирон, мақсадҳои воридоти (содироти) воситаи нақлиёт ва (ё) номгўи қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизоти бо мақсади таъмир ва истифодаи воситаи нақлиёт интиқолшаванда маълумотро дар бар гиранд.

Агар дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи стандартии интиқолдиҳанда ҳамаи маълумоти дахлдор мавҷуд набошад, маълумоти нокифоя ба мақомоти гумрук мутаносибан тавассути декларатсияи вуруд ва хуруҷ, дар намунаи муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ пешниҳод карда мешавад. Дар ин ҳолат ҳуҷҷатҳои стандартии пешниҳодшаванда мутаносибан ҳамчун қисми таркибии декларатсияи вуруд ва хуруҷ баррасӣ карда мешаванд.

Мақоми гумрук ҳуқуқ надорад пешниҳоди маълумоти дигарро талаб намояд.

Декларатсияи вуруд ва хуруҷ аз ҷониби интиқолдиҳанда ҳангоми ворид шудани воситаи нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷ шудан аз ин ҳудуд пешниҳод карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Ҷойгир намудани воситаҳои нақлиёт таҳти низомҳои гумрукии воридоти муваққатӣ ва содироти муваққатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 293, моддаи 296 ва қисми 1 моддаи 298 ҳамин Кодекс бо пешниҳоди декларатсияи вуруд ва хуруҷ анҷом дода мешавад.

Дар ҳолатҳои дигар декларатсияи воситаҳои нақлиёт тибқи қоидаҳои барои декларатсияи мол муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад (боби 14).

Агар қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизот мувофиқи моддаи 300 ҳамин Кодекс аз сарҳади гумрукӣ ҳамзамон бо воситаи нақлиёт гузаронида шаванд, арзи маълумот дар бораи онҳо дар декларатсияи вуруд ва хуруҷ, ки барои ин воситаи нақлиёт пешниҳод шудааст, иҷозат дода мешавад.

  1. Агар талабот нисбати ҳуҷҷатҳои ба мақоми гумрук ҳангоми вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёт пешниҳодшаванда мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт муайян гардида бошад, барои мақсадҳои гумрукӣ ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи ин санадҳо истифода бурда мешаванд.
  2. Агар воситаи нақлиёт ба ин ё он низоми гумрукӣ барои мақсадҳои гумрукӣ ҳамчун мол арз нашуда бошад, аз лаҳзаи барасмиятдарории гумрукии воситаи нақлиёт он мутаносибан таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ё содироти муваққатӣ қарордошта ҳисобида мешавад, ки ин боиси ўҳдадории шахс ҷиҳати риояи шартҳои низомҳои мазкури гумрукӣ мегардад.
  3. Барасмиятдарории гумрукии қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти ивазшуда, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, тибқи қоидаҳои барасмиятдарории гумрукии моле сурат мегирад, ки мувофиқи низоми гумрукии реимпорт ворид гардидаанд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти истифодашуда, вале бозпас содирнагардида бояд ба муомилоти озод иҷозат дода шаванд ё бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс таҳти низоми дигари гумрукӣ қарор дода шаванд.

 

Моддаи 302.           Интиқоли киштиҳои дарёӣ ва ҳавопаймоёне, ки барои ҳамлу нақли байналмилалии мол ва мусофирон истифода намешаванд

  1. Киштиҳои дарёие, ки муваққатан аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои истифодаи зайл содир карда мешаванд: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) барои амалиёти ҷустуҷўӣ, наҷотдиҳӣ ва ядакӣ (буксир);

2) барои корҳои гидротехникӣ, зериобию техникӣ ва корҳои дигари шабеҳ;

3) барои назорати санитарӣ, карантинӣ ва назорати дигар;

4) бо мақсадҳои таълимӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ, инчунин барои дигар мақсадҳо аз ҳудуди гумрукӣ ҳангоми содироти муваққатӣ ва воридоти бозпаси онҳо тибқи қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин боб интиқол дода мешаванд, ба истиснои воситаҳои нақлиёте, ки шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, хоҷагидорӣ ва дигар ҳолатҳои ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд набуда интиқол медиҳанд.  ҳудуди

  1. Ҳавопаймои гражданӣ, давлатӣ ва таҷрибавӣ, ки барои ҳамлу нақли байналмилалии мол ва мусофирон истифода намешавад, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми содироти муваққатӣ ва воридоти бозпаси он тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб интиқол дода мешавад.

 

БОБИ 37. ИНТИҚОЛИ МОЛ АЗ ҶОНИБИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ

 

Моддаи 303.          Интиқоли мол аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, хоҷагидорӣ ва дигар амалҳое, ки ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нестанд

  1. Моли барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, хоҷагидорӣ ва дигар эҳтиёҷоти шахси воқеӣ таъингардида, ки ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нест (минбаъд – барои истифодаи шахсӣ), аз ҷониби ҳамин шахси воқеӣ аз сарҳади гумрукӣ тибқи муқаррароти ҳамин боб, вале дар қисмате, ки ҳамин боб танзим нанамудааст – тибқи тартиби умумии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс интиқол дода мешавад.
  2. Таъиноти молро мақоми гумрук дар асоси аризаи шахси воқеӣ оид ба моли аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда, вобаста ба хусусият ва теъдоди мол, инчунин мунтазамии интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ муайян менамояд.
  3. Тартиби интиқоли моли таъиноти истифодаи шахсӣ аз сарҳади гумрукӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, татбиқи меъёри ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дар шакли пардохти маҷмўии гумрукӣ, инчунин истифода набурдани мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, тасдиқи ҳатмии мутобиқати мол ва тартиби соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукиро дар бар мегирад (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).

 

Моддаи 304.          Ворид ва содир намудани молу воситаҳои нақлиёт барои истифодаи шахсӣ ва ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз чунин молу воситаҳои нақлиёт

  1. Нисбати моле, ки шахсони воқеӣ дар доираи меъёрҳои вазнӣ (миқдорӣ) ва арзишии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамоянд, ба истиснои моле, ки воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, озодкунии пурра аз пардохти боҷҳо, андозҳо (тартиби воридоти имтиёзнок) фароҳам оварда мешавад.

Нисбати воситаҳои нақлиёт, инчунин моле, ки арзиши он аз меъёри имтиёзнок зиёд  аст, дар қисмати чунин афзоиш меъёри ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз (тартиби воридоти соддагардонидашуда) татбиқ карда мешавад. Арзиши ниҳоии моли воридотӣ барои шахсони воқеӣ ҳангоми истифодаи тартиби соддагардонидашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Тартиби татбиқи меъёри ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси андозаи миёнаи меъёри муқарраршудаи боҷҳои гумрукӣ ва андозе муайян менамояд, ки нисбати молу воситаҳои нақлиёте, ки ба миқдори нисбатан зиёд аз ҷониби шахсони воқеӣ аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода мешаванд, истифода мегардад (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).

Озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё ставкаҳои ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар доираи андозаҳои миқдории муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридоти мол аз ҷониби шахсони воқеӣ бо истифодаи озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё қабули меъёри ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли зераксизӣ, моле, ки нисбати он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳои теъдодӣ муқаррар шудаанд, маҳдудиятҳои (вазнӣ) миқдорӣ ё арзишӣ муқаррар менамояд (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳоеро муайян менамояд, ки нисбати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеии ба синни муайян нарасида, инчунин шахсони сарҳади гумрукиро муттасил убуркунанда воридшаванда озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фароҳам оварда намешавад ё озодкунӣ аз пардохт дар доираи нисбатан камтар фароҳам оварда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳолатҳоеро муайян намояд, ки озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё меъёрҳои ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли аз тарафи шахсони воқеӣ ҳангоми кўчидан ба ҷойи зисти доимӣ интиқолшаванда, моли аз ҷониби гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ воридшаванда, инчунин нисбати моликияти меросӣ дар ҳаҷми бештар аз андозаи муайяннамудаи қисми 1 ҳамин модда татбиқ гардад (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).
  4. Нисбати арзишҳои фарҳангии аз ҷониби шахсони воқеӣ воридшаванда озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба шарти декларатсиякунонии хаттии онҳо, инчунин бақайдгирии махсусе, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи содирот ва воридоти арзишҳои фарҳангӣ пешбинӣ намудааст, фароҳам оварда мешавад.
  5. Моли тибқи ҳамин модда ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, инчунин аз ин ҳудуд содиршаванда барои мақсадҳои гумрукӣ мутаносибан ҳамчун барои муомилоти озод иҷозатшуда ё таҳти низоми гумрукии содирот содиршуда баррасӣ мегардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  6. Нисбати моли аз ҷониби шахсони воқеӣ содиршаванда озодкунӣ аз пардохт, баргардонидан ё ҷуброни андозҳои дохилӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  7. Нисбати моле, ки барои онҳо тартиби соддагардонидашуда ё имтиёзноки интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст, тартиби умумии барасмиятдарории гумрукӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, татбиқ карда мешавад.
  8. Муқаррароти ҳамин модда нисбати моле, ки шахсони воқеӣ муваққатан ворид (содир) ва бозпас содир (ворид) менамоянд, татбиқ намегардад.

Эзоҳ. Барои мақсадҳои татбиқи ҳамин боб таҳти мафҳуми воситаҳои нақлиёт воситаи нақлиёти автомобилӣ ва ядакҳо, киштиҳои дарёӣ ва ҳавопаймо ҳамзамон бо қисмҳои эҳтиётии онҳо ва дигар қисму таҷҳизоти маъмулии онҳо, ки шахсони воқеӣ танҳо барои истифодаи шахсӣ ворид ё содир менамоянд, дар назар дошта шудааст.

 

Моддаи 305.          Воридоти муваққатии мол аз ҷониби шахсони воқеӣ

  1. Нисбати моли муваққатан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони воқеии хориҷӣ воридшаванда озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоме фароҳам оварда мешавад, ки агар ин мол танҳо барои истифодаи шахсӣ дар давраи буду боши муваққатии онҳо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда нисбати воситаҳои нақлиёти ба шахсони воқеии хориҷӣ таалуқдошта ё аз ҷониби онҳо иҷорашуда ё барои истифодаи муваққатӣ гирифташуда ё ба тариқи дигар истифодашаванда, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо вуруди шахси хориҷӣ ё то вуруд ё баъди вуруди вай оварда шудаанд, татбиқ мегардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Воситаҳои нақлиёте, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои интиқоли пулакии шахсон ё барои ҳамлу нақли моли саноатӣ ё тиҷоратӣ оварда мешаванд, аз сарҳади гумрукӣ тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби 36 ҳамин Кодекс интиқол дода мешаванд.

  1. Дар ҳолате, ки агар моли муваққатан воридшуда бояд мувофиқи қисми 2 моддаи 308 ҳамин Кодекс ба таври хаттӣ декларатсия шавад, мўҳлати воридоти муваққатиро мақоми гумрук дар асоси аризаи шахси воқеии хориҷӣ, бо назардошти давомнокии буду боши вай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи мўҳлати муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қисми 4 ҳамин модда муқаррар менамояд.

Бо дархости асосноки шахси воқеии хориҷӣ мўҳлати воридоти муваққатии муқаррарнамудаи мақоми гумрук метавонад дар доираи мўҳлати муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми 4 ҳамин модда тамдид карда шавад.

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мўҳлати ниҳоии воридоти муваққатиро нисбати намуди алоҳидаи мол, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти муваққатан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеии хориҷӣ воридшаванда муқаррар намояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Моли муваққатан воридгардида, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт метавонанд аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи ҳама гуна мақоми гумрук бозпас содир карда шаванд. Ҳангоми содироти моли муваққатан воридгардида боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд, мамнўияту маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда намешаванд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Содироти бозпаси моли муваққатан воридшуда, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт метавонад анҷом дода нашавад, агар ба ин мол, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир зарари ҷиддӣ расонида шуда бошад.
  4. Шахсони воқеии ватанӣ метавонанд муваққатан воситаҳои нақлиётро ворид намоянд, ба шарте агар ин воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди давлати хориҷӣ ба қайд гирифта шуда, дар маҷмўъ мўҳлати воридоти муваққатӣ дар тўли як соли тақвимӣ вобаста ба ҳар як воситаи нақлиёти муваққатан воридшаванда аз се моҳи тақвимӣ зиёд набошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 306.          Содироти муваққатии мол аз ҷониби шахсони воқеӣ

  1. Шахсони воқеии ватанӣ ҳуқуқ доранд аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон молро барои истифодаи шахсӣ ба мўҳлати буду боши муваққатии худ дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо пурра озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз муваққатан содир ва бозпас ворид намоянд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Дар асоси аризаи шахси воқеӣ мақоми гумрук ҳаммонандсозии (моддаи 434) моли муваққатан содиршавандаро анҷом медиҳад, агар чунин ҳаммонандсозӣ ба воридоти бозпас, бо пурра озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мусоидат намояд. Дар бораи ҳаммонандсозии моли дар декларатсияи гумрукӣ дарҷкардашуда, як нусхаи он ба шахси воқеии содирнамудаи мол баргардонида мешавад. Мавҷуд набудани чунин ҳаммонандсозӣ барои бозпас ворид намудани ин мол аз ҷониби шахсони воқеӣ, бо озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз монеъ намегардад.

 

Моддаи 307.          Барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз ҷониби шахси воқеӣ барои истифодаи шахсӣ интиқол дода мешавад

  1. Барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ интиқол дода мешавад, мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тибқи ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.
  2. Шахсони воқеӣ, ки бо воситаҳои нақлиёти худ, инчунин воситаҳои нақлиёти таъиноти тиҷоратӣ ё қатора сарҳади гумрукиро убур мекунанд, чун қоида метавонанд воситаи нақлиётро тарк накарда, амалиёти гумрукиро анҷом диҳанд.
  3. Мол, аз ҷумла воситаҳои нақлиёте, ки шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ интиқол медиҳанд, дар ҳолатҳои зерин дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ҷойгир карда мешаванд:

1)               бо хоҳиши шахсони мазкур;

2)               агар барасмиятдарории фаврии гумрукии мол ва (ё) пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо сабабҳои аз мақомоти гумрук вобастанабуда имконнопазир бошад.

  1. Нигаҳдории муваққатии мол тибқи тартиби муқаррарнамудаи боби 12 ҳамин Кодекс аз ҳисоби шахсоне, ки моли онҳо дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд, сурат мегирад.
  2. Бо мақсади соддагардонии барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан интиқол дода мешаванд, мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад бо хадамоти гумруки давлати ҳаммарз дар хусуси барасмиятдарории муштараки гумрукӣ ва назорати гумрукии моли мазкур созишнома бандад.

 

Моддаи 308.          Декларатсия кардани моли шахсони воқеӣ

  1. Моли шахсони воқеӣ, ки дар борҷомаи дастӣ ва бағоҷ интиқол дода мешавад, ҳангоми убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон декларатсия карда мешавад.
  2. Дар шакли хаттӣ моли зайл, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт декларатсия карда мешавад:

1) моле, ки шахсони воқеӣ дар шакли бағоҷи ҳамроҳинашаванда интиқол медиҳанд;

2) моле, ки ба суроғаи шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ фиристода мешавад, ба истиснои моле, ки тавассути почтаи байналмилалӣ ирсол мегардад;

3) моле, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоташ маҳдуд карда шудааст ё арзиш ва (ё) теъдодаш аз маҳдудияти муайянгардидаи интиқоли мол бо озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар мебошад (моддаи 304);

4) моле, ки содироташ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст;

5) моле, ки ҳангоми содироти он санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон декларатсияи ҳатмиро дар шакли хаттӣ пешбинӣ кардаанд;

6) воситаҳои нақлиёт.

  1. Дар ҳолатҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр нашудаанд, мол ба таври шифоҳӣ декларатсия карда мешавад.

Шахси воқеӣ ҳуқуқ дорад бо хоҳиши худ молеро, ки тавассути сарҳади гумрукӣ интиқол медиҳад ва декларатсияи хаттии он ҳатмӣ намебошад, дар шакли хаттӣ декларатсия кунад.

  1. Тибқи ҳолатҳо ва тартибе, ки мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян мекунад, моли дар шакли шифоят декларатсияшаванда бо риояи анҷом додани амалҳое декларатсия карда мешавад, ки дар борҷомаи дастӣ ва бағоҷи ҳамроҳишавандаи шахси воқеӣ мавҷуд набудани молеро тасдиқ менамоянд, ки бояд дар шакли хаттӣ декларатсия карда шавад (декларатсия дар шакли конклюдентӣ), мавҷуд нест. Бо ин мақсад дар нуқтаҳои гузаргоҳ барои убури шахсони воқеӣ ҷойҳои махсус ишорашудае таъин мегарданд, ки шахс метавонад шакли декларатсия кардани молро интихоб намояд. Агар шахси воқеӣ аз тариқи ҷойи махсуси муайяншуда гузарад, ки барои убури шахсоне таъин гардидааст, ки дар борҷомаи дастӣ ва бағоҷ моли барои декларатсияи хаттӣ зарурӣ надоранд, он ҳамчун арз ба мақомоти гумрук дар хусуси дар ихтиёри ин шахс мавҷуд набудани моли дар шакли хаттӣ декларатсияшаванда баррасӣ мегардад.
  2. Моли шахсони ноболиғи то синни 16 – сола аз ҷониби падар ё модар, фарзандхонда, васӣ, парастор ё ҳамроҳикунанда ва ҳангоми хуруҷи (вуруди) муташаккилона ва вуруди (хуруҷи) муташаккилонаи гурўҳи шахсони ноболиғ бе ҳамроҳӣ кардани падар ё модар, фарзандхонда, васӣ ё парастор – аз ҷониби роҳбари ин гурўҳ декларатсия карда мешавад.
  3. Нисбати моли аз сарҳади гумрукӣ ҳамчун бағоҷи ҳамроҳинашаванда интиқолшаванда декларатсияи гумрукӣ бояд ҳангоми воридоти чунин мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати муқаррарнамудаи моддаи 129 ҳамин Кодекс ва ҳангоми содироти онҳо – ҳамзамон бо пешниҳоди мол ба мақоми гумрук манзур мегардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Моли аз сарҳади гумрукӣ чун бағоҷи ҳамроҳинашаванда интиқолшаванда метавонад аз ҷониби шахси интиқолдиҳанда ё шахси дигаре, ки тибқи бовариномаи шахси интиқолдиҳандаи мол амал мекунад, декларатсия карда шавад.

Моли бағоҷи ҳамроҳинашавандаи шахси ноболиғи то синни 16 – сола аз ҷониби падар ё модар, фарзандхонда, васӣ, парастор ё шахсоне, ки тибқи бовариномаи шахсони мазкур амал мекунанд, декларатсия карда мешавад.

 

Моддаи 309.          Пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз ҷониби шахсони воқеӣ

  1. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз ҷониби шахсони воқеӣ ҳангоми декларатсияи мол дар шакли хаттӣ, дар асоси ордери кассавии гумрукӣ, ки намунаи онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд, пардохта мешавад. Як нусхаи ордери кассавии гумрукӣ ба шахсе, ки боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардохтаст, супорида мешавад.
  2. Боҷҳои гумрукӣ, андозҳо нисбати моле, ки аз сарҳади гумрукӣ барои истифодаи шахсӣ интиқол дода мешавад, аз ҷониби шахсони воқеӣ дар шакли пардохти маҷмўии гумрукӣ (пардохт дар шакли маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, бе тақсими қисмии онҳо ба қисми таркибии боҷҳо, андозҳо) ё тибқи меъёри ягонаи боҷи гумрукӣ супорида мешаванд (моддаи 304) (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).

 

Моддаи 310.          Арзиши гумрукии моле, ки шахсони воқеӣ интиқол медиҳанд

  1. Арзиши гумрукии мол аз ҷониби шахсе, ки молро интиқол медиҳад, ҳангоми декларатсия кардани онҳо арз карда мешавад. Барои тасдиқи арзиши гумрукии арзшуда шахси воқеӣ метавонад чекҳо, ҳисобномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дастрас намудани моли декларатсияшаванда ва арзиши онҳоро пешниҳод намояд.
  2. Ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ ворид намудани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзиши гумрукии мол хароҷоти боррасонӣ то фурудгоҳҳо, бандарҳои дарёӣ ва маҳали дигари расонидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда намешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  3. Ҳангоми мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти тасдиқкунандаи дурустии муайян кардани арзиши гумрукии моли арзнамудаи шахси воқеӣ, мақоми гумрук метавонад арзиши гумрукии молро мустақилона, дар асоси маълумоте, ки дар каталогҳои ташкилотҳои хориҷии машғули фурўши маҳсулот мавҷуд буда ё дар асоси маълумоти дигари нархие, ки нисбати моли шабеҳ дар ихтиёри мақоми гумрук қарор доранд, муайян намояд.

Ҳангоми истифодаи маълумоти нархии мазкур мақоми гумрук тасҳеҳи арзиши гумрукии молро вобаста ба сифати мол, талабот нисбати он дар бозор, кишвари истеҳсолкардаи мол, вақти истеҳсол ва дигар омилҳои ба нарх таъсиркунанда анҷом медиҳад.

 

Моддаи 311.          Қисмҳои эҳтиётӣ ва сўзишворӣ барои воситаҳои нақлиёти аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқолшаванда

  1. Қисмҳои эҳтиётие, ки барои таъмири воситаҳои нақлиёти муваққатан аз ҷониби шахсони воқеӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда заруранд, метавонанд муваққатан бо пурра озодкунӣ аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба мўҳлати на зиёда аз мўҳлати воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт ворид карда шаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Сўзишвории воситаҳои нақлиёт, ки дар бакҳои мувофиқи конструксияи воситаи нақлиёт насбшуда мавҷуданд ва ин воситаҳои нақлиётро аз сарҳади гумрукӣ шахсони воқеӣ интиқол медиҳанд, метавонад бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ё мутаносибан аз ҳудуди он хориҷ карда шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 312.          Маълумот дар бораи қоидаҳои интиқоли мол аз ҷониби шахсони воқеӣ аз сарҳади гумрукӣ

Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақомоти дигари гумрук дастрасии маълумотро дар бораи қоидаҳои интиқоли мол аз ҷониби шахсони воқеӣ, аз ҷумла тавассути пахши варақаҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои нақлиётӣ ва сайёҳӣ бо забони давлатӣ, забони муоширати байни миллатҳо ва забонҳои хориҷӣ, инчунин тавассути таҳияи лавҳаҳои иттилоотӣ дар маҳалҳои барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқол карда мешаванд, таъмин менамоянд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

БОБИ 38. ИНТИҚОЛИ МОЛ ДАР МУРОСИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПОЧТА

  

Моддаи 313.          Муросилоти байналмилалии почта

  1. Бо мақсади татбиқи ҳамин боб таҳти мафҳуми муросилоти байналмилалии почта муросилоти почтае фаҳмида мешавад, ки барои ба хориҷи ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодани муросилоти почтаи ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ё худ ба тариқи транзит аз ин ҳудуд интиқолшаванда қабул карда мешавад. Ба муросилоти байналмилалии почта инҳо мансубанд: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) мактубҳо (оддӣ, фармоишӣ, бо эълони арзиш);

2) кортҳои почтавӣ (оддӣ, фармоишӣ);

3) бандерол ва халтаҳои махсуси «М» (оддӣ, фармоишӣ) ;

4) секограммаҳо (оддӣ, фармоишӣ);

5) лифофаҳои хурд (фармоишӣ);

6) муросилот (муқаррарӣ, бо эълони арзиш);

7) муросилоти байналмилалии экспресс – почта.

  1. Муассисаҳои алоқаи почта ҳуқуқ надоранд муросилоти байналмилалии почтаро бе иҷозати мақоми гумрук ба гирандаи онҳо супоранд ё берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 314.          Мамнўият ва маҳдудиятҳои воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ин ҳудуд ҳангоми ирсол дар муросилоти байналмилалии почта

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Дар муросилоти байналмилалии почта ба ирсоли моли зерин иҷозат дода намешавад:

1) моле, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ин ҳудуд манъ шудааст;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) моле, ки ирсоли он мувофиқи санадҳои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта манъ шудааст;

3) моле, ки нисбаташ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият муқаррар шудааст ва номгўи онро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

  1. Нисбати моле, ки барои воридоти он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти он аз ин ҳудуд мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳо муқаррар карда шудаанд, гиранда ё фиристандаи моли мазкур ё шахсони аз номи онҳо амалкунанда вазифадоранд ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ њуљљатњои тасдиқкунандаи риояи ин гуна маҳдудиятҳоро пешниҳод намоянд. (ЌЉТ аз 28.12.12с. №906; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Нисбати моле, ки дар муросилоти байналмилалии почта фиристода мешаванд, мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин татбиқ карда намешаванд:

1) агар мол ба суроғаи шахсони воқеӣ фиристода шуда, барои истифодаи шахсӣ таъин гардида бошад;

2) дар дигар ҳолатҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Ситонидани моле, ки ирсоли он дар муросилоти байналмилалии почта манъ ва (ё) маҳдуд карда шудааст, ҳамчунин ихтиёрдории он мувофиқи ҳамин Кодекс аз тарафи мақомоти гумрук ва дар қисмати танзимнакардаи ҳамин Кодекс – бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 315.          Барасмиятдарории гумрукии моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда

  1. Моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшавандаи дорои ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунанда, ки дар санадҳои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта пешбинӣ шудаанд, мутобиқи ҳамин Кодекс бо назардошти хусусиятҳои пешбининамудаи ҳамин боб ба расмият дароварда мешавад.
  2. Моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда бо тартиби афзалиятнок ва дар мўҳлати кўтоҳтарин, ки наметавонад аз 3 рўз бештар бошад, ба расмият дароварда мешавад. Мўҳлати аниқи барасмиятдарорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар якҷоягӣ бо мақоми идоракунии фаъолияти соҳаи алоқаи почта муайян карда мешавад.
  3. Барасмиятдарории гумрукии моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда дар маҳалҳои мубодилаи байналмилалии почта, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи қисми 6 ҳамин модда ба расмият дароварда мешаванд. Объектҳои алоқаи почта, ки ҷойҳои мубодилаи байналмилалии почта ба ҳисоб мераванд, аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ якҷоя бо мақоми идоракунии фаъолияти соҳаи алоқаи почта муайян карда мешаванд.
  4. Агар ҳамаи маълумоте, ки ба мақомоти гумрук барои мақсадҳои гумрукӣ заруранд, дар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи санадҳои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта ва ҳамроҳикунандаи муросилоти байналмилалии почта мавҷуд бошанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда, пешниҳоди декларатсияи гумрукии алоҳида талаб карда намешавад.
  5. Декларатсиякунонии мол бо роҳи пешниҳоди декларатсияи алоҳидаи гумрукӣ дар ҳолатҳои зерин талаб карда мешавад, агар:

1) арзиши моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз андозаи муқаррарнамудаи қисми якуми моддаи 317 ҳамин Кодекс, ки барои интиқоли мол дар муросилоти байналмилалии почта бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз муқаррар шудааст, зиёд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мол барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, хонаводагӣ ва дигар мақсадҳои новобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ, ба унвони шахсони воқеӣ фиристонида мешавад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи фиристонандаи мол ба мақоми гумрук тасдиқ шуда бошад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда барои қарор додан таҳти низоми гумрукие таъин гардида бошад, ки он ба муомилоти озод баровардани молро пешбинӣ намекунад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Барасмиятдарории моле, ки мувофиқи қисми 5 ҳамин модда нисбати онҳо бояд декларатсияи алоҳидаи гумрукӣ пешниҳод карда шавад, аз ҷониби мақомоти гумрукие, ки дар минтақаи фаъолияти онҳо гирандаҳо ё фиристонандаҳои мол ҷойгиранд, тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мувофиқаи мақоми идоракунии фаъолияти соҳаи алоқаи почта амалӣ мегардад.
  2. Барасмиятдарории моли аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муросилоти байналмилалии почта содиршаванда, ки нисбати он мувофиқи қисми 5 ҳамин модда пешниҳоди декларатсияи алоҳидаи гумрукӣ пешбинӣ шудааст, то супоридани ин мол ба муассисоти алоқаи почта барои ирсол анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 316. Азназаргузаронии гумрукӣ ва тафтиши гумрукии муросилоти байналмилалии почта

  1. Муассисоти алоқаи почта бо талаби мақомоти гумрук муросилоти байналмилалии почтаро барои азназаргузаронии гумрукӣ ва муоинаи гумрукӣ пешниҳод менамоянд. Усулҳои чунин пешниҳодро мақомоти гумрук муайян менамоянд.
  2. Мақомоти гумрук пешниҳоди намудҳои зерини муросилоти воридшавандаи почтаро талаб наменамоянд:

1) кортҳои почта ва мактуб;

2) адабиёт барои нобиноён.

Ҳангоми мавҷуд будани асоси кофӣ дар бораи он ки дар байни чунин муросилоти почта моли воридоташ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдудкардашуда ҳаст, инчунин ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ ва муоинаи гумрукӣ дар асоси санҷиши интихобӣ ё тасодуфӣ мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд пешниҳоди ин муросилоти почтаро талаб намоянд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд аз муассисаҳои алоқаи почта талаб намоянд, ки муросилоти байналмилалии почтаи содиротиро, ки мақомоти гумрук дар асоси санҷиши интихобӣ ё тасодуфӣ онро аз назар мегузаронанд ё муоина мекунанд, нишон диҳанд.
  2. Ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ ё муоинаи гумрукӣ аз воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ҳаддалимкон бештар истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 317. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда

  1. Агар арзиши моле, ки дар муросилоти байналмилалии почта фиристонида мешавад, дар мўҳлати як ҳафта ба унвони як гиранда аз миқдори 150 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад, аз он боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд.
  2. Нисбати моле, ки ба унвони шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ ирсол шудаанд, қисман ё пурра озод кардан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз истифода мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 304 ҳамин Кодекс нисбати моле, ки арзиши он аз арзиши моли бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ирсолшаванда зиёдтар мебошад, нисбати чунин афзоиш меъёрҳои ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз муқаррар менамояд (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).
  3. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моле, ки барояш декларатсияи алоҳидаи гумрукӣ тақозо намегардад, аз тарафи мақомоти гумрукие, ки дар ҷойҳои мубодилаи байналмилалии почта молро ба расмият медароранд бо истифодаи ордери мудохилоти гумрук (қисми якуми моддаи 309) ҳисоб карда мешаванд. Маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар асоси маълумот доир ба арзиши моле, ки дар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи санадҳои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта зикр шудаанд ва барои мақсадҳои гумрукӣ истифода мегарданд, ҳисоб карда мешавад. Нисбати муросилоти байналмилалии почта, ки арзишаш эълон карда шудааст, маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар асоси ҳамин арзиши эълонгардида танҳо дар сурате ҳисоб карда мешавад, ки агар он аз арзиши дар ҳуҷҷатҳои барои мақсадҳои гумрукӣ баёншуда зиёдтар бошад.
  4. Муросилоти байналмилалии почтаи дорои моле, ки мақоми гумрук пардохтҳои гумрукии онро ҳисоб кардааст, ба гирандаи мол дар ҷойҳои мубодилаи байналмилалии почта танҳо баъди пардохтҳои гумрукиро пурра гирифтани муассисаи алоқаи почта супурда мешавад. Боҷи гумрукӣ дар асоси бланкаи ҳаволаи почтавии маблағе, ки аз тарафи шахси мансабдори мақомоти гумрук пур карда шудааст, ситонида мешавад. Пардохти ҳаволаи почтавӣ аз ҳисоби шахсе сурат мегирад, ки боҷи гумрукиро пардохтааст ва он набояд аз 1 фоизи мабалағи пардохти ситонидашаванда зиёд бошад. Бланкаҳои ҳаволаи почтавии маблағҳо ба мақомоти гумрук ройгон дода мешаванд.
  5. Ҳангоми гум кардани муросилоти байналмилалии почта, бе иҷозати мақомоти гумрук ба гиранда додани он ҷавобгарии супоридани пардохтҳои гумрукӣ ба зиммаи муассисаи алоқаи почтае мебошад, ки муросилоти почтаро гум кардааст ё супурдааст.
  6. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли дар қисми 5 моддаи 315 ҳамин Кодекс зикршуда бо тартиби муқаррарнамудаи фасли ӯӯӯ ҳамин Кодекс ҳисоб карда, пардохта мешавад.

 

Моддаи 318.          Транзити гумрукии дохилии муросилоти байналмилалии почта

Расмиёти транзити гумрукии дохилӣ  (боби 10) дар муросилоти байналмилалии почта бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар мувофиқа бо мақоми идоракунандаи фаъолият дар соҳаи алоқаи почта дар асоси талабот ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс истифода карда мешавад.

 

Моддаи 319.          Транзити муросилоти байналмилалии почта

Муросилоти байналмилалии почта, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи транзит интиқол мегардад, мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

БОБИ 39. ИНТИҚОЛИ МОЛ АЗ ТАРАФИ КАТЕГОРИЯҲОИ АЛОҲИДАИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ

 

Моддаи 320.          Соҳаи истифодаи ҳамин боб

  1. Муқаррароти ҳамин боб нисбати моле, ки намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва дигар намояндагиҳои расмии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, аъзои ин намояндагиву муассисаҳо, ҳамчунин нисбати моли мавриди истифодаи шахсӣ ва хонаводагии категорияи алоҳидаи шахсони хориҷии дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имтиёзу афзалият ва (ё) масуният аз ҳудуди гумрукӣ интиқол медиҳанд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Барасмиятдарории гумрукии моли дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида бо тартиби соддагардонидашуда анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 321.          Интиқоли мол аз тарафи намояндагони дипломатии давлатҳои хориҷӣ

Намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд моли барои истифодаи расмии намояндагиҳо таъингардидаро бо озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва бидуни татбиқ намудани мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кунанд ва аз ин ҳудуд содир намоянд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 322.          Интиқоли мол аз тарафи сардори намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ ва аъзои ҳайати дипломатии намояндагии давлати хориҷӣ

  1. Сардори намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ ва аъзои ҳайати дипломатии намояндагии давлати хориҷӣ, ҳамчунин аъзои оилаи ҳамзисти онҳо метавонанд моли таъиноти истифодаи шахсӣ ва хонаводагӣ, аз ҷумла моли таъиноти ниёзи аввалия пешбинигардидаро бо озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз бе истифодаи мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир намоянд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Бағочи шахсии сардори намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ, аъзои ҳайати дипломатии давлати хориҷӣ, ҳамчунин аъзои оилаи ҳамзисти онҳо аз муоинаи гумрукӣ озод мебошанд, ба шарте агар асосҳои ҷиддии эҳтимоли он мавҷуд набошад, ки бағоҷ дорои моли барои истифодаи шахсӣ ва хонаводагӣ таъиннагардида ё ки моле мебошад, ки воридоташ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироташ аз ин ҳудуд мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст ё бо қоидаҳои карантинӣ танзим карда мешавад. Муоинаи гумрукӣ бояд танҳо дар ҳузури шахсони дар ҳамин модда зикршуда ё намояндагони ваколатдори онҳо гузаронида шавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 323.          Интиқоли мол аз тарафи аъзои ҳайати маъмурӣ – техникии намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ

Агар аъзои ҳайати маъмурӣ–техникии намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ ва аъзои оилаи ҳамзисти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ накунанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон набошанд, метавонанд моли таъиноти ниёзи аввалия ва барои истифодаи шахсӣ ва хонаводагӣ пешбинигардидаро бо озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бидуни ба ин мол татбиқ намудани мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намоянд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 324.          Имтиёзҳои гумрукие, ки ба аъзои ҳайати дипломатии намояндагии давлати хориҷӣ, ба аъзои ҳайати маъмурӣ–техникӣ ва хизматрасонӣ пешниҳод карда мешаванд

Дар асоси созишномаи махсус бо давлати хориҷӣ, бо назардошти усули муносибатҳои мутақобила бо давлати алоҳидаи хориҷӣ имтиёзҳои гумрукии ба аъзои ҳайати дипломатии намояндагии давлати хориҷӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс метавонанд ба аъзои маъмурӣ –техникӣ ва хизматрасонии ин намояндагӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагонӣ намекунанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, дар асоси принсипи ҳамкорӣ бо давлати хориҷӣ татбиқ гарданд.

 

Моддаи 325.          Интиқоли мол аз тарафи муассисаҳои консулгарии давлатҳои хориҷӣ ва аъзои ҳайати онҳо

  1. Ба муассисаҳои консулгарии давлатҳои хориҷӣ, шахсони мансабдори консулгариҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба сардори муассисаҳои консулгарии давлати хориҷӣ, ба хидматчиёни муассисаҳои консулгарии давлати хориҷӣ, ҳамчунин ба аъзои оилаи онҳо имтиёзҳои гумрукии мувофиқи ҳамин Кодекс барои намояндагии ҳайати дипломатии давлатҳои хориҷӣ ё ҳайати дахлдори намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ пешбинишуда фароҳам оварда мешавад.
  2. Дар асоси созишномаи махсус бо давлати хориҷӣ ба кормандони ҳайати хизматрасонии муассисаи консулгарии давлати хориҷӣ, ҳамчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагонӣ намекунанд, тибқи принсипи ҳамкорӣ бо давлати алоҳидаи хориҷӣ имтиёзҳои гумрукие, ки мувофиқи ҳамин Кодекс барои аъзои дахлдори ҳайати дипломатии намояндагии давлатҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст, фароҳам оварда мешавад.

 

Моддаи 326.          Интиқоли почтаи дипломатӣ ва вализаи консулгарии давлатҳои хориҷӣ аз сарҳади гумрукӣ

  1. Почтаи дипломатӣ ва вализаи консулгарии давлатҳои хориҷиро, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, кушодан ва боздоштан мумкин нест. Ҳангоми мавҷудияти асосҳои ҷиддии эҳтимоли он, ки дар вализаи консулӣ ҳуҷҷатҳо ва (ё) моли дар қисми 3 ҳамин модда зикрнашуда ҷой доранд, мақоми гумрук ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки вализаи консулӣ аз тарафи шахси ваколатдори давлати хориҷӣ дар ҳузури корманди мақоми гумрук кушода шавад. Ҳангоми розӣ нашудан ба кушодани вализаи консулӣ он ба маҳали ирсолкунанда баргардонида мешавад.
  2. Ҳамаи ҷойҳои почтаи дипломатӣ ва вализаҳои консулӣ бояд ишораҳои аёни зоҳирие дошта бошанд, ки аз хусусияти ин ҷойҳо гувоҳӣ медиҳанд.
  3. Почтаи дипломатӣ метавонад танҳо ҳуҷҷат ва моли дипломатиро, ки барои истифодаи расмӣ пешбинӣ шудааст ва вализаи консулӣ бошад танҳо мукотибаи расмӣ, ҳуҷҷат ё молеро дар бар гирад, ки мустақиман барои истифодаи расмӣ пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 327.          Имтиёзҳои гумрукӣ ба курерҳои дипломатӣ ва консулии хориҷӣ

Курерҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷӣ метавонанд ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон моли барои истифодаи шахсӣ ва хонаводагӣ таъингардидаро тибқи принсипи муносибатҳои мутақобила бо давлати алоҳидаи хориҷӣ бидуни муоинаи гумрукӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва истифодаи мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кунанд ва аз ин ҳудуд содир намоянд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 328.          Имтиёзҳои гумрукӣ барои намояндагон ва аъзои ҳайати вакилони давлатҳои хориҷӣ

Ба намояндагони давлатҳои хориҷӣ, аъзои ҳайати вакилони парлумон ва ҳукумат, инчунин дар асоси муносибатҳои мутақобила бо аъзои ҳайати вакилони давлатҳои хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар гуфтушунидҳои байналмилалӣ, конференсияҳо ва маҷлисҳои байналмилалӣ ё бо супоришҳои дигари расмӣ меоянд, имтиёзҳои гумрукии барои аъзои ҳайати дипломатии намояндагони давлатҳои хориҷӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс фароҳам оварда мешаванд. Ин гуна имтиёзҳо барои аъзои оилаи ҳамроҳикунандаи онҳо низ фароҳам оварда мешаванд.

 

Моддаи 329.          Интиқоли мол аз тарафи ҳайати дипломатӣ, шахсони мансабдори консулгарӣ, намояндагон ва аъзои ҳайати вакилони давлатҳои хориҷӣ, ки ба тариқи транзит аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон убур мекунанд

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Ба аъзои ҳайати дипломатии намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва шахсони мансабдори консулгарии давлатҳои хориҷӣ, аъзои оилаи онҳо, ки дар моддаи 328 ҳамин Кодекс зикр шудаанд ва ба тариқи транзит аз Ҷумҳурии Тоҷикистон убур мекунанд, имтиёзҳои ба аъзои ҳайати дипломатии намояндагӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс фароҳам оварда мешавад.

 

Моддаи 330.          Имтиёзҳои гумрукӣ барои ташкилотҳои байналмилалии байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, намояндагиҳои давлатҳои хориҷии назди онҳо, ҳамчунин барои кормандони ин ташкилоту намояндагиҳо

Имтиёзҳои гумрукӣ барои ташкилотҳои байналмилалии байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, намояндагиҳои давлатҳои хориҷии назди онҳо, ҳамчунин барои ҳайати ин ташкилоту намояндагиҳо ва аъзои оилаи онҳо мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 40. ИНТИҚОЛИ МОЛ ТАВАССУТИ ҚУБУР  ВА БО ХАТҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ

 

Моддаи 331.          Соҳаи истифодаи ҳамин боб

Интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ тавассути қубур ва бо хатҳои интиқоли барқ тибқи муқаррароти ҳамин боб, аммо дар қисмате, ки ҳамин боб танзим нанамудааст, бо тартиби умумии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 332.          Воридоту содироти мол тавассути қубур

  1. Воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти мол аз ин ҳудуд тавассути қубур баъди қабули декларатсияи гумрукӣ ва иҷозати мақоми гумрук тибқи шартҳои дар он арзшудаи низоми гумрукӣ иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ҳангоми пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ пешниҳоди воқеии мол талаб карда намешавад.
  3. Ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти мол аз ин ҳудуд тавассути қубур ба омезиши мол ва инчунин тағйири миқдору ҳолати сифатии мол дар натиҷаи таъсири хусусиятҳои технологии интиқол ва хусусиятҳои хоси мол тибқи меъёрҳои техникӣ ва стандартҳои миллии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда роҳ дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  4. Расмиёти гумрукии нигоҳдории муваққатӣ ва транзити дохилии гумрукӣ нисбати моле, ки тавассути қубур интиқол дода мешавад, истифода карда намешавад.

 

Моддаи 333.          Тартиби декларатсия кардани моле, ки тавассути қубур интиқол дода мешавад

  1. Ҳангоми интиқоли мол тавассути қубур ба декларатсиякунонии муваққатии даврии мол мувофиқи қоидаҳои муайяннамудаи моддаи 138 ҳамин Кодекс бо назардошти хусусиятҳои пешбинишудаи ҳамин модда иҷозат дода мешавад.

Декларатсиякунонии муваққатии даврӣ бо роҳи пешниҳод намудани декларатсияи муваққатии гумрукӣ ба амал бароварда мешавад.

Дар декларатсияи муваққатӣ арзи маълумот бо назардошти мақсади воридот ё содироти теъдоди тахминии мол дар давоми вақти муайян, ки аз мўҳлати амали қарордоди савдои хориҷӣ зиёд нест, арзиши баҳодиҳии гумрукии шартӣ, ки мувофиқи теъдоди мол муайян гардида, барои интиқол аз сарҳади гумрукӣ пешбинӣ шудааст ва (ё) тибқи шартҳои пешбиникардаи қарордоди савдои хориҷӣ барои муайян намудани нархи моли мазкур иҷозат дода мешавад.

Пешниҳоди як декларатсияи муваққатӣ ба моле, ки аз тарафи ҳамон як шахс ворид ва содир карда шуда, мувофиқи шартҳои як низоми гумрукӣ ҷиҳати иҷрои ўҳдадориҳо нисбати якчанд қарордоди савдои хориҷӣ (аз ҷумла бо шартҳои мухталифи таҳвили мол, нархгузорӣ ва пардохт тибқи шартҳои мухталиф) интиқол дода мешавад, иҷозат дода мешавад.

  1. Декларатсияи гумрукии муваққатӣ аз тарафи декларант дар се моҳ як маротиба, вале барои гази табиӣ як маротиба дар як соли тақвимӣ, яъне то таърихи 20 – уми моҳи пеш аз фарорасии ин давра пешниҳод карда мешавад.

Агар дар давоми як моҳи тақвимии таҳвил шартҳои таҳвили мол ва (ё) теъдоди моли дар декларатсияи гумрукии муваққатии аз тарафи мақомоти гумрук қабулкардашуда тағйир ёбанд, барои пешниҳоди декларатсияи гумрукии муваққатии иловагӣ дар давоми як моҳи таҳвил иҷозат дода мешавад.

  1. Декларант вазифадор аст як ё якчанд декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври зарурӣ пуркардашудаи моли воридотӣ ва содиротиро барои ҳар як моҳи тақвимии таҳвили мол пешниҳод намояд. Декларатсияи гумрукии пурра бояд то таърихи 20 – уми моҳи ояндаи (навбатии) баъд аз моҳи тақвимии таҳвили ҳармоҳа пешниҳод карда шавад. Мақоми гумрук дар асоси муроҷиати асосноки декларант мўҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукии пурраро тамдид менамояд, вале на бештар аз 90 рўз. Тамдиди мўҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукии пурра мўҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозро тамдид наменамояд.
  2. Агар моли дар декларатсияи гумрукии муваққатии барои воридот ё содирот арзшуда дар давоми як моҳи тақвимӣ ворид ё воқеан содир нашавад, декларант вазифадор аст мақоми гумрукро то анҷом ёфтани мўҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукии пурра хаттӣ огоҳ намояд.

 

Моддаи 334.          Татбиқи меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва тартиби супоридани онҳо ҳангоми интиқоли мол тавассути қубур

(қҶТ аз 23.07.16 с., №1347)

  1. Боҷҳои гумрукӣ барои моли аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда барои ҳар моҳи тақвимии таҳвили мол тибқи меъёрҳои боҷҳои гумрукии содиротие, ки дар таърихи 15 – уми моҳи молрасонӣ амал мекунанд, супорида мешаванд. (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

На камтар аз 50 фоизи маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ, ки дар асоси маълумоти дар декларатсияи гумрукии муваққатӣ дарҷгардида ҳисоб карда шудаанд, дар мўҳлати то таърихи 20 – уми моҳе, ки пеш аз моҳи тақвимии таҳвил фаро мерасад, супорида мешаванд. Ҳамзамон маблағи боҷи гумрукии содиротӣ дар асоси миқдори моле ҳисоб карда мешавад, ки мутаносибан ба як моҳи молрасонӣ баробар аст, ба шарте, агар дар декларатсияи гумрукии муваққатӣ давраи молрасонии зиёдтар аз як моҳи тақвимӣ дарҷ шуда бошад.

Дар ҳолати пешниҳоди декларатсияи гумрукии муваққатӣ мувофиқи сархати дуюми қисми 2 моддаи 333 ҳамин Кодекс боҷҳои гумрукии содиротӣ дар мўҳлати на дертар аз рўзи қабули чунин декларатсия пурра супорида мешаванд.

Қисмати боқимондаи маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ, ки дар асоси маълумоти аниқ дар бораи моли содиршуда ва меъёрҳои боҷҳои гумрукии содиротии дар таърихи 15 – уми моҳи гузаштаи молрасонӣ амалкунанда дар мўҳлати то таърихи 20 – уми моҳи ояндаи тақвимии таҳвил супорида мешаванд (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).

  1. Ҳангоми воридоти мол тавассути қубур боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо то таърихи 20 – уми моҳи пеш аз фарорасии ҳар як моҳи тақвимии молрасонӣ дар асоси маълумоти дар декларатсияи муваққатии гумрукӣ дарҷгардида пардохта мешаванд. Барои мақсадҳои ҳисоб кардан ва супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андози то таърихи 15 – уми моҳи пеш аз фарорасии моҳи таҳвил амалкунанда татбиқ карда мешаванд (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).

Маълумоти аниқшуда оид ба воридоти мол барои ҳар як моҳи тақвимии таҳвил ба мақомоти гумрук то таърихи 20 – уми моҳи ояндае, ки баъд аз моҳи тақвимии таҳвил фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад. Агар маблағи пардохтшавандаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар натиҷаи маълумоти аниқшуда зиёд шавад, маблағ бояд ҳамзамон бо пешниҳоди маълумоти аниқшуда пардохта шавад. Дар ин ҳолат фоизҳо ҳисоб карда намешаванд.

Маблағҳои барзиёд супоридашуда мутобиқи моддаи 396 ҳамин Кодекс баргардонида мешаванд.

 

Моддаи 335.          Татбиқи мамнўият ва маҳдудиятҳое, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд

Ҳангоми интиқоли мол тавассути қубур мамнўият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар рўзи қабули декларатсияи гумрукии муваққатӣ татбиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 336.          Хусусиятҳои воридот, содирот ва декларатсия кардани моле, ки тавассути хати барқ интиқол дода мешавад

  1. Ба воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти он аз ин ҳудуд, ки бо хати барқ интиқол дода мешавад, бе иҷозати пешакии мақомоти гумрук, бо шарти декларатсиякунонии минбаъда ва пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Расмиёти гумрукии нигаҳдории муваққатӣ ва транзити дохилии гумрукӣ нисбати моле, ки бо хати барқ интиқол дода мешавад, татбиқ карда намешаванд.
  3. Қувваи барқи аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда бо роҳи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ дар мўҳлати то таърихи 20 – уми моҳи ояндае, ки баъд аз ҳар як моҳи тақвимии таҳвили мол фаро мерасад, декларатсия карда мешавад. Мақоми гумрук дар асоси муроҷиати асосноки декларант метавонад мўҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукиро то 5 рўз тамдид намояд.
  4. Миқдори қувваи барқи воқеӣ, ки бо таҷҳизоти ҳисобкунандаи дар маҳалҳои аз нигоҳи технологӣ зарур насбгардида ва инъикоскунандаи интиқоли барқ муайян карда мешавад, бояд декларатсия карда шавад.

Миқдори қувваи барқи байни ду давлат интиқолшаванда ҳамчун салдои интиқол (маблағи алгебравии интиқоли қувваи барқ дар самтҳои мутақобилаи байнидавлатии интиқоли барқи ҳама гуна шиддат) барои ҳар моҳи тақвимӣ муайян карда мешавад.

Ҳисоби салдои интиқол ба андозаи ҳаҷми талафи қувваи барқ, ки ҳангоми интиқоли он дар шабакаҳо ба миён омадааст, тасҳеҳ карда мешавад.

Декларатсиякунонӣ дар асоси санадҳои таҳвили воқеии қувваи барқ тибқи қарордоди тиҷорати хориҷӣ ба роҳ монда мешавад.

  1. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар мўҳлати на дертар аз рўзи пешниҳоди декларатсияи гумрукии моле, ки аз сарҳади гумрукӣ дар давоми як моҳи тақвимӣ интиқол меёбанд, супорида мешаванд.

 

Моддаи 337.          Таъмини пардохтҳои гумрукӣ

Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукиро талаб намояд, аз ҷумла дар ҳолате, ки агар декларант фаъолияти иқтисодии хориҷии худро камтар аз як сол ба роҳ монда бошад. Андозаи супоридани таъмини пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 383 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

 

Моддаи 338.          Истифода набурдани талабот оид ба ҳаммонандсозии моле, ки тавассути қубур ва хатҳои барқ интиқол дода мешавад

Моли тавассути қубур ва хати барқ интиқолшаванда ҳаммонанд карда намешавад, ки ин ба мақомоти гумрук барои ба мақсади гумрукӣ муқаррар намудани теъдод, сифат ва дигар хусусиятҳои мол бо истифодаи маълумоти ҳуҷҷатҳо, нишондоди ченкунакҳо ва дигар асбобҳои ченкунӣ монеъ намешавад.

 

Моддаи 339.          Интиқоли моли ватанӣ байни ду нуқтаи гумрукии дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда тавассути ҳудуди давлати хориҷӣ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

Интиқоли моли ватанӣ тавассути қубур ва хатҳои интиқоли барқ байни ду нуқтаи гумрукии дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда тавассути ҳудуди давлати хориҷӣ, тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби 35 ҳамин Кодекс нисбати низоми махсуси интиқоли моли ватанӣ байни мақомоти гумрукӣ тавассути ҳудуди давлати хориҷӣ интиқол дода мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

ФАСЛИ III. ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ВА ХИРОҶҲОИ ГУМРУКӢ

 

БОБИ 41. ҲОЛАТҲОИ УМУМИИ МАРБУТ  БА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ВА ХИРОҶҲОИ ГУМРУКӢ. НАВЪҲОИ ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ВА ХИРОҶҲО

 

Моддаи 340. Пардохтҳои гумрукӣ ва намудҳои онҳо

  1. Ба пардохтҳои гумрукӣ дохил мешаванд:

1) боҷи гумрукӣ;

2) андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) аксиз, ки ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Пардохтҳои гумрукӣ ситонида мешаванд, агар онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда бошанд.
  2. Боҷҳои махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, тибқи қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс нисбати ситонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ пардохт карда мешаванд.
  3. Пардохткунандагон, тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳоеро, ки мартуб ба пардохтҳои гумрукианд, қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс муайян менамояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845)

 

Моддаи 341.          Боҷҳои гумрукӣ

  1. Боҷҳои гумрукӣ ҳангоми декларатсия кардани мол дар низомҳои гумрукие, ки шартҳои таҳти ин низом ҷойгиркунонӣ супурдани боҷҳои гумрукиро таъмин мекунанд, мувофиқи ҳамин Кодекс пардохта мешаванд.
  2. Меъёрҳои боҷҳои гумрукиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва мувофиқи моддаи 4 ҳамин Кодекс эътибор пайдо мекунад (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).

 

Моддаи 342. Намудҳои ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ

(қҶТ аз 23.07.16 с., №1347)

 

Меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ба чунин гурўҳҳо тақсим мешаванд (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347):

1) адвалорӣ – ба арзиши гумрукии моли мавриди андозбандӣ қароргирифта бо фоиз ҳисоб карда мешаванд;

2) махсус – тибқи ҳаҷми муқарраршудаи воҳиди моли мавриди андозбандӣ қароргирифта ҳисоб карда мешаванд;

3) омехта – ҳар ду навъи зикршудаи меъёрҳои пардохти гумрукиро дар бар мегиранд (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).

 

Моддаи 343  бо ҚҶТ аз 1.08.12с., №881 хориҷ карда шуд.

 

Моддаи 344. Намудҳои хоси боҷҳо

Боҷҳои  хоси  гумрукӣ  (махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ) нисбат ба молҳои воридотӣ метавонанд муваққатан мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон татбиқ карда шаванд. (ҚҶТ аз 1.08.12с., №881)

 

Моддаи 345. Озодкунии молҳои алоҳида  аз пардохти боҷҳои гумрукӣ

Намудҳои зерини воридоти мол аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод карда мешавад:

1) воридоти пули миллї ва (ё) асъори хориљї (ба ѓайр аз маќсадњои нумизматї), инчунин ќоѓазњои ќиматнок;

2) воридоти металлњои ќиматбањо ва сангњои киматбањо аз љониби Бонки миллии Тољикистон ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон барои Хазинаи давлатии сарватњо;

3) воридоти моле, ки ройгон ба маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон дода мешаванд, воридоти мол ба сифати кумаки башардустона, воридоти моле, ки ба ташкилотњои эхсонкорї ба маќсади рафъи оќибати офатњои табиї, садама ва фалокатњо ройгон дода мешавад;

4) воридоти техникаи таъиноти кишоварзї, таљњизоти истењсолию технологи ва маснуоти такмилии (комплектии) онњо, ки маљмуи ягонаи технологиро ташкил медињанд. Номгуи техникаи таъиноти кишоварзї  таљњизоти истењсолию технолога ва маснуоти такмилї ба он мутобиќи номгуи моли фаъолияти иќтисодии хориљї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад;

5) воридоти дорувории тиббї, таљњизоти тиббї, фармасевтї ва асбобњои тиббї мувофиќи номгуи муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон;

6) воридоти моле, ки барои татбиќи лоињањои сармоягузории Њукумати Љумхурии Тољикистон дар доираи маблаѓњои созишномањои грантї (ќарзї) амалї маешаванд;

7) воридоти мол барои сохтумони объектњои махсусан муњим, ки номгўи  онњоро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд; (ЌЉТ аз 18.03.15с., №1189)

8) воридоти мол барои иљрои корњо, ки барномањои корї ва сметањои харољот тибќи тартиби муќаррарнамудаи созишнома оид ба таќсими мањсулот, ки мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон

Дар бораи созишномањо оид ба таќсими мањсулот» тасдиќ гардидаанд. Дар сурати ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон тањвил шудани (ба истиснои содироти) моли мазкур бољњои гумруки мутобиќи Кодекси мазкур ва дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пардохта мешаванд. Номгуи њуљљатњое, ки тибќи пешнињоди онњо воридоти мол аз пардохти бољи гумрукї озод карда мешавад, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад;

  • воридоти мол (ба истиснои моли зераксизї) тибќи номгуї ва њаљми муайянкардаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки бевосита истењсолкунандагон барои истењсоли алюминийи аввалия анљом медињанд;
  • воридоти нахи пахта ва алюминийи аввалия;

11) воридоти махсулоти махсуси истифодаи фардй барои маъюбон мувофики номгуе, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад; (ЌЉТ аз 28.12.12с., №906)

12) воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ,  лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавидошта,  инчунин  қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо;  (ЌЉТ аз 28.12.13с., №1035)

13) воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ). Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй, миқдори таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1422)

(Банди 13 моддаи 345 аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад)

 

Моддаи 346. Имтиёзҳои тарифӣ

  1. Таҳти мафҳуми имтиёзҳои тарифӣ чунин имтиёзе фаҳмида мешавад, ки ҳангоми татбиқи сиёсати тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби яктарафа шартҳои муносибатҳои мутақобила ё нисбати моли аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда, баргардонидани боҷи қаблан пардохташуда, озод кардан аз пардохти боҷи гумрукӣ, кам кардани меъёри боҷи гумрукӣ, муқаррар намудани квотаҳои тарифӣ барои воридоти (содироти) имтиёзноки мол пешниҳод карда мешавад (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347).
  2. Имтиёзҳои тарифӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 347.          Хироҷҳои гумрукӣ ва намудҳои онҳо

Ба хироҷҳои гумрукӣ дохил мешаванд:

1) хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ;

2) хироҷи гумрукӣ барои мушоияти гумрукӣ;

3) хироҷи гумрукӣ барои нигаҳдории мол дар анборҳои мақоми гумрук;

4) хироҷи гумрукӣ  барои додани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумрукӣ.

 

Моддаи 348.          Андозаи хироҷҳои гумрукӣ

  1. Ҳангоми барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт, мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, нигоҳдории мол дар анборҳои мақоми гумрук, инчунин барои додани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумруки хироҷҳои гумрукӣ тибқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд.
  2. Хироҷҳои гумрукӣ аз ҷиҳати андоза бояд бо арзиши тахминии хизматрасонӣ маҳдуд шуда бошанд ва набояд асоси ғайримустақими ҳимояи моли ватанӣ ё бо мақсади ситонидани боҷу хироҷ асоси андозбандии моли хориҷӣ ҳангоми воридоти он гарданд.

 

Моддаи 349.          Ба миён омадан ва қатъи ўҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз. Ҳолатҳое, ки боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта намешаванд

  1. Ҳангоми интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ ўҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар ҳолати зайл ба миён меоянд:

1) ҳангоми воридоти мол – аз лаҳзаи убури сарҳади гумрукӣ;

2) ҳангоми содироти мол – аз лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ё анҷом додани амалҳое, ки мақсад аз онҳо мустақиман содир намудани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз супорида намешаванд, агар:

1) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳамин Кодекс:

– аз мол боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида нашаванд;

– агар мол аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз шартан пурра озод карда шуда бошад – дар давраи амали ин гуна озодкунӣ ва бо риояи шартҳое, ки дар натиҷаи онҳо мол аз пардохти боҷу андозҳо озод карда шудааст;

2) агар то иҷозат барои муомилоти озод ва ҳангоми аз тарафи шахсон вайрон нашудани талаботу шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс моли хориҷӣ бар асари садама ва ё таъсири қувваи рафънопазир ё дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ ва ё талаф дар шароити муқаррарии интиқол, нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ тамоман нобуд ё тамоман талаф шуда бошад;

3) агар мол мувофиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлатӣ гузаронида шавад.

  1. Нисбати моле, ки барои муомилоти озод дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст ва ё аз ин ҳудуд содир карда шудааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз қатъ меёбад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

Моддаи 350.          Шахсоне, ки барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъуланд

  1. Шахси масъул барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз декларант ба ҳисоб меравад. Агар мол аз тарафи брокери гумрук (намоянда) декларатсия карда шавад, ў мувофиқи қисми 2 моддаи 144 ҳамин Кодекс барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз шахси масъул ҳисоб меёбад.
  2. Ҳангоми риоя нашудани муқаррароти ҳамин Кодекс дар бораи истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол ё иҷрои дигар талаботу шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои татбиқи расмиёти гумрукӣ ва низоми гумрукӣ, ки мазмуни онҳо пурра ё қисман аз супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод карданро пешбинӣ менамояд, шахсони барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ, соҳиби анбори гумрукӣ, интиқолдиҳанда, шахсоне, ки ба зиммаи онҳо масъулияти риояи низомҳои гумрукӣ гузошта шудааст, ҳисоб мешаванд.
  3. Ҳангоми насупурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, аз ҷумла ҳангоми нодуруст ҳисоб кардан ва (ё) дер супурдани онҳо дар назди мақомоти гумрук шахсе ҷавобгар аст, ки масъулияти супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андозро ба зимма дорад.
  4. Ҳангоми интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ масъулияти супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба ўхдаи шахси интиқолдиҳандаи ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ва ба зиммаи шахсе мебошад, ки дар интиқоли ғайриқонунӣ иштирок мекунад, агар онҳо аз чунин интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт огоҳ буданд ва ё бояд огоҳ мебуданд, ҳангоми воридот бошад, инчунин шахсоне масъуланд, ки молу воситаҳои нақлиёти ғайриқонунӣ воридшударо барои худ харида гирифтаанд ва ё моликияти худ қарор додаанд, ба шарте ки ҳангоми харидан ғайриқонунӣ ворид шудани онҳоро медонистанд ё худ бояд огоҳ мебуданд, ки ин ваҷҳ ба таври зарурӣ тибқи тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Агар шахсони номбаршуда дар содироту воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба сифати декларант амал карда бошанд, онҳо барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, чунин масъулиятро ба зимма доранд.

 

Моддаи 351.          Маҳдудиятҳо оид ба маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда

Маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда наметавонад аз маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки бояд супорида шаванд, зиёд бошад, чуноне ки агар мол барои муомилоти озод ҳангоми ворид шуданаш ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе супурдани фоиз иҷозат дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар натиҷаи тағйир ёфтани меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз зиёд мешавад ва нисбати мол меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андози дар рўзи қабули декларатсияи гумрукӣ амалкунанда аз тарафи мақоми гумрук ҳангоми арзи тағйири низоми гумрукӣ татбиқ мегардад. Дар ин ҳолат маблағи супоридаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ҳангоми истифодаи низоми гумрукии пешина пардохта шудааст, ҳангоми супурдани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи шартҳои низоми аз нав интихобшудаи гумрукӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.  (қҶТ аз 23.07.16 с., №1347; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

 

БОБИ 42. МУАЙЯН НАМУДАНИ АРЗИШИ ГУМРУКИИ МОЛ

 

Моддаи 352.          Арзиши гумрукии мол

Арзиши гумрукии мол арзиши молест, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфта, мутобиқи ҳамин боб муайян мегардад ва ба мақсадҳои зерин истифода бурда мешавад:

1) таҳти пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ қарор додани мол;

2) ба кор бурдани тадбирҳои дигари танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 353.          Муайян кардани арзиши гумрукии моли содиротӣ

  1. Арзиши гумрукии моле, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мешавад, дар асоси нархи муомилотие, ки воқеан пардохта шудааст ва ё ҳангоми фурўши он барои содирот бояд пардохта шавад, муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)
  2. Ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол хароҷоти зерин ба нархи муомилот дохил карда мешавад, ба шарте агар он қаблан дохил карда нашуда бошад:

1) хароҷоти расондани мол то фурўдгоҳ, бандар ё маҳали дигари содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

– арзиши ҳамлу нақл;

– хароҷоти борбардорӣ ва борфарорӣ, аз нав бор кардан ва аз ҷое ба ҷое кашондани мол;

2) арзиши суғурта;

3) хароҷоти фурўшанда:

– музди комиссионӣ ва брокерӣ;

– арзиши контейнер ё зарфҳои дигари серистифода, ба шарте, агар мутобиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ он ҳамчун воҳиди тому ягона бо моли арзёбишаванда баррасӣ гардад;

– арзиши бастабандӣ, аз ҷумла арзиши масолеҳи бастабандӣ ва корҳои вобаста ба бастабандӣ;

4) роялти ва хироҷи додани иҷозатнома барои моли арзёбишавандае, ки бояд фурўшанда мустақиман ва ё ғайримустақим ҳамчун шарти фурўши моли арзёбишаванда супорад, ба шарте, агар чунин роялти ва хироҷ ба нархе, ки воқеан супурда шудааст ё бояд супорида шавад, дохил нашуда бошад;

5) қисми даромад аз фурўши минбаъда, ки мустақиман ва ё ғайримустақим фурўшанда мегирад;

6) андозҳое, ки дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд, ба шарте  ки мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ба фурўшанда вобаста ба баровардани мол аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда намешаванд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

  1. Ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол аз нархи муомилотӣ пардохту хароҷоти зерин хориҷ карда мешаванд, ба шарте агар онҳо қаблан ба нархи муомила дохил шуда, бо ҳуҷҷат тасдиқ карда шуда бошанд:

1) хароҷоти насб, васл, танзими таҷҳизот ё расонидани кўмаки техникии баъди содир кардани чунин таҷҳизот аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) хароҷоти расондани мол баъди содир кардани он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) арзиши суғуртаи расондани мол баъди содироти он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

4) боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки дар давлати воридкунанда пардохта мешаванд.

  1. Дар сурати вуҷуд надоштани нархи муомилотӣ арзиши гумрукии моли содиротӣ дар асоси нусхаи ҳуҷҷати муҳосибавии фурўшандаи содиркунанда дар бораи хароҷоти вобаста ба истеҳсол ё харид, нигоҳдорӣ ва интиқоли моли содиротӣ, ки аз тарафи декларант пешниҳод мешавад, муайян карда мешавад. Дар баробари ин хароҷоти дар қисми 2 ҳамин модда зикршуда низ ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Дар сурати мавҷуд набудани маълумоти тасдиқкунандаи арзиши гумрукии арзшудаи моли содиротӣ арзиши гумрукии чунин мол тибқи маълумот дар бораи моли шабеҳ ва ё ҳамҷинс, ки мақоми гумрук дар ихтиёр дорад, аз ҷумла тибқи маълумоте, ки бо истифода аз натиҷаи экспертизаи мустақил пешниҳод шудаааст, муайян мегардад.

 

Моддаи 354.          Усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии моли воридотӣ

  1. Арзиши гумрукии моле, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, бо истифодаи усулҳои зерин муайян карда мешавад: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

1) тибқи нархи муомилоти моли воридшаванда;

2) тибқи нархи муомилоти моли шабеҳ;

3) тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс;

4) тарҳи арзиш;

5) ҷамъ кардани арзиш;

6) усули эҳтиётӣ.

  1. Усули асосии муайян кардани арзиши гумрукии мол усулест, ки ба нархи муомилотии моли воридотӣ асос ёфтааст.
  2. Дар сурати имконнопазирии истифодаи усули асосӣ паёпай усулҳои номбаршуда ба кор бурда мешаванд. Зимнан кадом усули минбаъда баъди он истифода мешавад, ки арзиши гумрукии молро бо истифода аз усули қаблӣ муайян кардан имконнопазир бошад. Дар асоси аризаи декларант усулҳои тарҳ ва ҷамъ кардани арзиш бо тартиби баръакс анҷом дода мешавад.
  3. Маълумот барои муайян кардани арзиши гумрукии мол бо яке аз усулҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида бояд мутобиқи принсипҳои ҳисоби муҳосибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 

Моддаи 355.          Усули муайян кардани арзиши гумрукӣ тибқи нархи муомилотии моли воридотӣ

1.Арзиши воқеан пардохтшуда ё пардохтшаванда маблағи пурраи пардохт барои молҳои воридотӣ мебошад, ки аз тарафи харидор ба фурӯшанда ё ба манфиати фурӯшанда ба амал бароварда шудааст ё ба амал бароварда мешавад. Шарт нест, ки пардохт танҳо дар шакли гузаронидани маблағ ифода ёбад, он метавонад ба воситаи аккредитив ё ҳуҷҷатҳои гардишӣ гузаронида шавад. Пардохт метавонад мустақим ё ғайримустақим амалӣ карда шавад. Арзиши гумрукии моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда нархест, ки воқеан пардохт шудааст ё бояд ҳангоми фурўши он барои содирот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №845; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2.Ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол хароҷоти зерин ба нархи муомила илова карда мешавад, ба шарте агар он қаблан дохил карда нашуда бошад:

1) хароҷоти расонидани мол ба фурўдгоҳ, бандар ё маҳали дигари ворид кардани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

– арзиши интиқол;

– хароҷоти борбардорӣ, борфарорӣ, аз нав бор кардан ва аз ҷое ба ҷое кашондани мол;

2) арзиши суғурта;

3) хароҷоти харидор;

– музди комиссионӣ ва брокерӣ, ба истиснои музди комиссионии хариди мол;

– арзиши контейнер ё зарфҳои дигари серистифода, ба шарте агар мутобиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ он ҳамчун воҳиди тому ягона бо моли арзёбишаванда баррасӣ гардад;

– арзиши бастабанд, аз ҷумла арзиши масолеҳи бастабандӣ ва корҳои вобаста ба бастабандӣ;

4) қисми дахлдори арзиши зерини моле (кору хизматрасоние), ки мустақиман ё ғайримустақим аз тарафи харидор ба фурўшанда ройгон ё бо нархи арзон барои истифода вобаста ба истеҳсол ё фурўши моли арзёбишавандаи содиротӣ пешниҳод шуда буд:

– ашёи хом, қисмҳо, моли нимтайёр ва маҳсулоти дигари такмилӣ, ки қисми таркибии моли арзёбишаванда ба шумор меравад;

– асбобу анҷом, штампу қолабҳо ва ашёи шабеҳи дигаре, ки ҳангоми истеҳсоли моли арзёбишаванда ба кор бурда шудаанд;

– масолеҳе, ки дар истеҳсоли моли арзёбишаванда харҷ шудааст (равғанҳои молиданӣ, сўзишворӣ ва ғайра);

– тадқиқоти муҳандисӣ, корҳои конструкторию таҷрибавӣ, дизайн, ороиши бадеӣ, нигораву нақшаҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуда, бевосита барои истеҳсоли моли арзёбишаванда заруранд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

5) роялти ва хироҷ барои додани иҷозатнома ба моли арзёбишавандае, ки бояд харидор мустақиман ё ғайримустақим ҳамчун шарти фурўши моли арзёбишаванда супорад, ба шарте агар чунин роялти ва хироҷ ба нархе, ки воқеан супурда шудааст ё бояд супорида шавад, дохил нашуда бошад;

6) ҳаҷми қисми даромади мустақим ё ғайримустақими фурўшанда аз ҳама гуна фурўши минбаъда, супурдан ё истифодаи моли арзёбишаванда.

  1. Дар сурати расондани як партия моли номгўи гуногун хароҷоте, ки бояд ба арзиши гумрукии ҳар яке аз моли воридотӣ дохил карда, барои тамоми партияи мол таъин гардидааст, мутаносибан тибқи ҳаҷме, ки бо таносуби арзиши ҳар мол нисбати арзиши партияи мол муайян мегардад, муқаррар карда мешавад.
  2. Ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол пардохтҳо ва хароҷот бо шарте дохил карда намешаванд, ки онҳо аз нархи барои моли воридотӣ воқеан пардохтшуда ё пардохтшаванда тарҳ карда шуда бошанд:

1) хароҷоти насб, васл, танзими таҷҳизот ё расонидани ёрии техникӣ баъди ворид кардани чунин таҷҳизот ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

2) хароҷоти расонидан баъди ворид шудани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

3) боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки дар давлати воридоти мол супурда мешаванд.

  1. Усули вобаста ба нархи муомилоти моли воридотӣ барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода бурда намешавад, агар:

1) нисбати ҳуқуқ барои ихтиёрдорӣ ё истифода мавҷуд будани маҳдудият аз ҷониби харидори моли арзёбишаванда, ба истиснои:

– маҳдудиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд;

– маҳдудиятҳои минтақаи ҷуғрофӣ, ки дар он мумкин аст мол бозфурўшӣ шавад;

– маҳдудиятҳое, ки ба арзиши мол таъсири ҷиддӣ намерасонанд;

2) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи муомилоте, ки нишонаҳои хариду фурўш надорад, мол чунин ворид карда шудааст:

– ройгон;

– бо шарти консигнатсия, ки молрасониро барои фурўш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе гузаштани ҳуқуқи моликият ба воридкунанда пешбинӣ менамояд;

– ба унвони филиалҳои (намояндагиҳои) худ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз тарафи шахси ҳуқуқии хориҷӣ;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1421)

– мувофиқи қарордоди иҷораи молиявии молу мулк (лизинг);

– бо мақсади нигаҳдошти муваққатӣ;

– ҳамчун партови истеҳсолот бо мақсади истифодабарии ғайритиҷории он;

– бо мақсади ивази кардани моли (маснуоти такмилӣ) дорои сифати номатлубе, ки барояш мўҳлати кафолат муқаррар шудааст;

– тибқи дигар муомилот;

3) фурўш ё нархи муомилот ба риояи шартҳое вобастагӣ дорад, ки баҳисобгирии таъсири онҳо имконнопазир аст  ва аз ин сабаб арзиши муомилот барои муайян кардани арзиши гумрукӣ қобили қабул намебошад:

– шартномаи мубодила (мена);

– шартномаҳои пешбиникунандаи амалиёти толлингӣ;

– шартномаҳои контрактатсия;

– дигар намудҳои шартномаҳо;

4) маълумоте, ки декларант ҳангоми арзи арзиши гумрукӣ истифода бурдааст, бо санадҳо тасдиқ нашудааст ва ё миқдоран муайяншаванда ва эътимодбахш намебошанд;

5) иштирокчиёни муомила шахсони ба якдигар вобастаанд ва арзиши муомила барои муайян кардани арзиши гумрукӣ мутобиқи талаботи ҳамин модда ҳамчун асос қобили қабул намебошад. Зимнан мафҳуми шахсони ба якдигар вобаста ба маънои шахсонест, ки яке аз нишонаҳои зеринро қонеъ мекунанд:

– яке аз иштирокчиёни муомила ё шахси мансабдори яке аз иштирокчиёни муомила ҳамзамон шахси мансабдори иштирокчии дигари муомила мебошад;

– ширкаткунандагони муомила соҳиби муштараки корхона ҳисоб мешаванд;

– иштирокчиёни муомила бо муносибатҳои меҳнатӣ алоқаманданд;

– яке аз шахсон мустақиман ва ё ғайримустақим панҷ ва ё бештар аз панҷ фоизи саҳмияҳои ово