Главная / Илм / «КИТОБУ-Л-АДВИЙАТИ-Л-КАЛБИЙА»

«КИТОБУ-Л-АДВИЙАТИ-Л-КАЛБИЙА»

kitobul-hidoyat«КИТОБУ-Л-АДВИЙАТИ-Л-КАЛБИЙА» («Китоб дар бораи дорухои дил»), асари Абуали ибни Сино дар боби тиб, ки с-хои 1019 – 21 дар Хамадон бахшида ба Аш-Шариф Саид Абулхусайн Али ибни Абулхусайн ал-Хасани ба забони араби таълиф шудааст. «К.» масъалахои амрози дил ва муоличаи онро бо далелхо шарх медихад. «К.» аз мукаддима, 19 фасл ва хулоса иборат аст. Фаслхои 1-ум ва 2-юм ба холатхои хаёт ва рух, фасли 3-юм ба таъсири махсуси рухи ба дил ва ба вучуд омадани хурсанди, гам, хавф ва газаб, фасли 4-ум ба мизоч, фаслхои 5-ум ва 6-ум оид ба сабабхои шоди ва гам, фасли 7-ум ба холатхои рухи (заифи, хафаги, хурсанди, пуркуввати) ва фаркияту сабабхои онхо, фасли 8-ум ба сифати хуни одам нигох карда холатхои рухии инсонро муайян намудан, фасли 9-ум ба кек (такрори воситахои азиятдиханда дар фикр ва нисбат ба он ба вучуд омадани хисси никоргири) ва хелхои он, фасли 10-ум ба хусусиятхои дорухои соддае, ки табиати касро шод мегардонанд, фасли 11-ум ба афзалияти дорухои ширину хушбуй ва ахамияти онхо дар муоличаи беморихои дил, фасли 12-ум ба ягонагии мухит ва хусусияти шахсии бемор, фасли 13-ум ба хосияти дорухо (яъне, гарм, хунук, тар, хушк, латиф, часпак, шоранда, буйнок, бебуй ва г.) ва эзохи онхо, фаслхои 14-ум ва 15-ум ба сифати дорухои дил ва фоидаю зарари онхо, фасли 16-ум ба 65 доруи наботи, хайвони ва маъдани, фасли 17-ум ба дорухои мураккаби кадима (яъне, дорухои то давраи Ибни Сино маълум буда), фасли 18-ум ба дорухои мураккаби худи муаллиф тартибдода ва истифодаи онхо ва фасли 19-ум ба беморихои дил, ки аз ихтилоли хилтхо ба вучуд меоянд ва аз хилтхои зарарнок тоза кардани организм бахшида шудаанд.
«К.» аввалин асарест, ки ба дорухои дил бахшида шудааст. Дар «К.» Ибни Сино дар бораи аз хилтхои латиф пайдо шудани рух ва хосиятхои ба он вобаста (гам, газаб ва г.) ба тафсил маълумот медихад. Ибни Чазла, Ибни Усайбиъа, Ибни Байтор, Ибни Хусайни Ансори, Хакими, Мулами ва диг. дар асоси таъсир ва истифодаи бевоситаи «К.» асархо эчод карданд. Як нусхаи «К.» дар фонди дастхатхои Ин-ти Халкхои Осиёи АИ ФР ш. Санкт-Петербург (№ 1045) ва як нусхаи диг. он дар фонди дастхатхои Ин-ти шаркшиносии АИ ЧТ махфуз аст. «К.» ба забони лотини (бо номи «De viribus cordis») хануз дар а. 16 ва ба забони турки с. 1937 (бо тарчимаи Рифат Билги) нашр шудааст.
Т. Ахмадов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …