Главная / Гуногун / КИ ТАГИ ПОИ, КИ?!

КИ ТАГИ ПОИ, КИ?!

– Чи-и? Чи гуфти?! Занхо бехукук?! Хору зор?! Таги по?! Эъ, вой-е! Не, инсоф – пинсоф нест дар ин дунё! Агар мешуд, ин гапхоро намезади!.. Эъ, не-е, токатам ток шуд! Чи, чи? Чои бахс нест? Занхо таги по?

Дуруѓ! Сафсата! Неъ! Неъ-еъ-ъ!!!

Ой, ман дар кучо?.. Пах-пах!.. Ин буи чи?.. Буи спирт-ку-а? Дар ресторан бошам? Не-е! Дар ресторан арак буй надорад-у! Чи? Дар кучо, дар кучо? Дар беморхона? Не, эъ, шухи накунед! Наход? Барои чи? Чаррохи кардед? Барои чи?

Лаббай? Рудаам печида буд? На-хо-од? Исто, ки овозат шинос барин. Ха, ту Исо, писари Мусо нести магар? Хайрият-э, шукр, шукр, хазор бор шукр, худоро шукр, ки ба дасти ту афтидам. О, чону чигаре! Ба дасти дигаре меафтидам, чо ба чо мемурдам. Медонам, ки кори ту бенукс. Ох, шод шудам. Бовар кун, кудак барин шод шудам.

Дарвокеъ, медони барои чи рудаам печид? Не? Хай-хай! Чаррохи кардиву аз таги гап бехабар монди-а? Эъ, чону чигаре! Чх?! Пари ку барин вазнин шав. Ха, андак токат кун: “то раъд наѓурад – барк чароѓак назанад” – гуфтаанд. Эъ, сабил монад ин забони сурх! Бехуда: “Аз мард то зан – як вачаб!” – намегуфтаанд. Аз мардхо сар карду ба занхо часпид. Эъ, вой-е! Ана дидед, хатто дар бораи занхо гап занед, рудаи мардхо мепечад. А? Чи гуфти? Дар бораи занхо гап назанам? Эъ, вой-е, гап назан мегуяд-е! О, гап назанам дилам месузад, гап занам забонам. Хайр, шукр. Барои чи? О, бахтам хандид. Ман дар беморхона-ку! Гап задан мегирам. Лекин ту Исо, писари Мусо тахтаю тиракатро наѓундор. Ха, корди Синоро хам ба даст гирифта, дар холати: “Омода бош!” – ист. Барои чи? Э, аз дасти ин занхо ба хар бало печидан мумкин. Рафту боз ягон руда-пудаам печида монад, шарти чаррохи мекуни.

Уф-ф-ф!.. Сари гап чи буд? Ха… Хуш ки бошад, гуш кун, чурачон. Чи? Ин мавзуъ ба ту маъкул не? Э, биё мон-е! Хисси ифтихори марди надоштаи-ку?!

Ту танхо гуш кун. Ха, бале!

Хуллас, ба ту умр дихад, акнун ба сари максад меоям. Рости гап, занхо не, мардхо бечора! Бехукук! Хору зор! Таги по! Берузихо аз рузи ба ин дунё омадан, то ба он дунё рафтан хору зор! Далел? Мархамат! Агар духтар таваллуд шавад чи мегуянд? “Волга!” Писар таваллуд шавад чи? “Хурус!” Чи шудаст? Тавба! Боз “чи шудаст?” мегуяд-е! О, боз чи мешуд? Э, хуй! Фарки байни “Волга”-ю “Хурус”-а кудаки даруни гахвора хам медонад.

Хуллас, гапи бисёр ба хар бор. Он чи ки аён аст, хочат ба баён нест! Чи? Кам аст? Набошад гуш кун. Ман гуяму ту шунав.

Ба духтархо чи номхои зебову кашанг мемонанд: Гулру, Гулчехра, Гулсара, Гултан, Гулгуш, Гулбини, Гулоро, Гулбарг, Гулбиби, Гулбегим, Гулизор, Гулсум, Гулпари, Гулрафтор, Гулхумор, Гулкад, Гулшакар, Гулнабот, Гуласал, Гулпечак, Гулрез, Гулбез, Гулнабез…

Ва ѓайраву ва хоказохо!

Яъне ки онхо хама гул!

Бачахои бечора бошад хор!

О, хор набошанд, чунин номхо насибашон мешавад: Табар, Теша, Санг, Хоркаш, Хаскаш, Хошок, Хокирох…

Акнун ба ин номхо гуш бидех: Душанбе, Сешанбе, Чоршанбе, Панчшанбе… Чумъа…

Хамитаре, ки онхо таквим бошанд?!

Эъ, не-е, дигар забонам намегардад!

Ишкилиб… Чи? Холо хам кам? Эъ, прокурор шаву рав-е! Хайр, ана сари бачахоро бузтарош мекунанд? Мекунанд! Ба муи духтархо бошад равѓан, чурѓот молида шона мезананд, майдабофи мекунанд…

Муяшон баъзехоро ба чунуни меорад, ки дод мезанад: “Ох, дар зулфонат худамро овезам-е!”

Бахри онхо чи матохое, ки намебароранд: Ламбада, Мавчи дарё, Дикая роза, Дуди паравоз, Ашки Ахмад Зохир, Даст нарасон мерезад, Пантера, Телепузик, Титаник, Бригада, Тайга… э, агар хамаи онро катор кунам, хафт шабу хафт руз ками мекунад.

Ба бачахо чи? Танхо як костюм. Сиёх ва сафед. Сиёхашро рузи туй мепушанду сафедашро рузи чудошави.

Ана акнун ба шумо умр дихад, бачахо аз волидон доимо шатта мехуранд, духтархо не. Дуои бадашонро гуш кун:

“Сиёхпича!”

“Э, дар сарут алов!”

Бачахоро чи дуо мекунанд:

“Хар!”

“Падарлаънат!”

Чи? Монда шуди? Даррав? Э-э-э, о, холо ман гапа ним накардаму? Не-е, акнун гуш мекуни!

Намоишхои “Дугонахо”, “Кани, духтархо!” хаст? Хаст! Чаро намоишхои “Бачахо”, “Кани, йигитхо!” нест?

Бачахоро ба хизмати аскари мегиранд? Мегиранд? Духтархо бошанд, дар туйхо раксида мегарданд. Волидони бачахо ба назди волидони духтархо рафта, чоркад шуда, зориву нола мекунанд, ки духтарта ба мо келин бидех ё писари мора ба фарзанди кабул кун. Чаро ягон бор ба назди бачахо омада илтимос намекунанд, ки ба мо домод шав? Баъд волидони духтар хакки шир гуён пулу мол руёнида, хонаи бачадора дар пушташ мекунанд. Чи, ба бачахо модар шир додаги не-ми? Ё бачахоро дадешон макондаги-ми?!

Ой!.. Рудаам боз тоб хурд чи бало?…

Эъ, хуй! Ягон зарра инсоф-пинсоф дори ё не? Чи шуд? Боз чи мешуд? О, халкам кок шуд. Як чакра об бидех.

Ба арусон 120 курта, 50 почома, 10 руймол, 6 туфли, палто, борони, мошини дарздузи, мошини чомашуи, яхдон, шифонер, колин мегиранду домод чи? Як курта, шиму костюм, туфли ва чома. Ба домоди бечора ош ун тараф истад, як култ об намедиханд. Рузи никох чи? Шахбача холо домулло: “Хости кабулаш карди ба зани?” – нагуфта: “Конешна!” – мегуяд. Арус чи? Хамара ба бузакбози меандозад. Бечора домулло сад бор дуо хонда: “Бахшиди?” – гуён, мепурсаду у бошад чим. Гуиё ки гунг шуда бошад, ё ба дахон об гирфта бошад. Дили домоди бечора ба ракс медарояд, чанд тори муяш мерезаду арус чим. Оча, амма, хола, момо ба ёри меоянду баъд базур гуё чонашро медода бошад, бо ашки шашкатор таги бини базур “ха”– мегуяд.

Дар хона чи? Атола, тухмбирёни равѓани заѓир, ордов, чойи хинди, наботу асал, хама барои арус, ба домод хоки сиёх. Барои арус рубинон, ордбезон, талбон, домод бошад паси дар. Хама: “Арусчон!” – гуён, аз забонашон асал мечаконанд, вале ки шунидааст, боре: “Шахчон!” – гуфта бошанд. Арус дар кучи хона, домода ба кор меронанд.

Боз гапи ёфтагишона бинен – занхо “слабый пол”. Яъне чинси бекувват. Бекувват-а? О, бекувват бошанд, маоша аз дасти мардхо зада мегиранд? Баробари мардхо кор мекунанд? Боз баъди кор ба сад маѓозаву бозор даромада, ду турхалта лаб ба лаб чизу чора харида, бо наклиёти чамъияти ба хона меоранд? Бачахоя аз боѓча гирифта, хурок мепазанд, чомашуи мекунанд, дегу табак мешуянд. Ва боз шаб то субх пушту палаи шавхарашонро мехоранд? Э, хуй, биллохи азим, хамин корхоя мардхо аккалан як руз кунанд, инвалид шуда мемонанд. Боз шон “слабый пол” будиян!

Ягон фарзанда дидед, ки пуштии падарашро гирифта бошад? Хама вакт “Оча!” – гуён, дод мезананд.

Ё хангоми чудошави чи? Суд кудакора ба модарашон медихад.

Хатто хешу табори мард хору зор. Охир, маколи: “Хеши зан кайла бизан, хеши шу дега бишу!” – аз осмон наафтидааст. Ё аз замин руидааст-ми?

Гури занро то гулу мекананду гури мардро то ноф. Аз ин зиёдтар беадолати мешавад магар?

Хамаи хамин бехукукиву беадолатиро дида, мардхои бечора чи кор мекунанд? Намедонед? Э вой-е! Бечорахо нос мекашанд, сигарет мечоканд, арак менушанд, хакоратхои болохонадор мекунанд, даст ба гиребон мешаванд.

Ана акнун Исо, писари Мусо, ки бандаи муъмину мусалмон хасти бигу! Чи бигуи? Бигу, ки ки таги по? Зан ё мард? А?! Чи?! Э, баландтар гап зан, намешунавам!..

Чи? Ту хам намешунави?

Мегуям, ки ки таги по, ки?!

27 августи соли 1992

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …