Главная / Гуногун / КИССАИ  БАХОРИ

КИССАИ  БАХОРИ

Аввали бахор бошад хам офтоб заминро чун танур метафсонд. Ин вазъиятро пуршиддат мегардонад. Аз ин ру пагохи ба у таъкид карданд, ки хушёр бош, бахор аст. Ха, дар ин айём мошин бисёр мешавад. Буи бахор ба димог зада, одамро маст мекунад. Бедоршавии табиат хамаро каме хоболуд мегардонад. Хусусан ба ронандахо таъсири манфи мерасонад. Таассури организмро мекохонад. Хатари садама меафзояд. Аз ин ру кори нозирони рох меафзояд. Нозири рох одами масъул аст. Султон Назирзода ин масъулиятро медонад, мешиносад ва ба чо меорад. Вай тартиботро дуст медорад, худ риоя мекунад ва мекушад, ки дар рох хам тартибот бошад. Зимнан, ин касб касби осон нест. Аз субх то шом ва шаб то руз дар гармову сармо дар пост, миёни обу оташ карор дорад. Хеч ягон ронанда гунохашро ба гардан намегирад. Ба хар рох; ё ба зури, ё ба зори, ё ба зар мехоханд аз об хушк бароянд. Ана дар хамин вакт рисолати масъулиятро бояд ба чо биори. Ин хамаро метавон бидуни гараз ва тамаъ пушти сар кард.

“Оре, пеш аз хама танхо хамин тавр метавон аз фалокат чилавгири кард”, – чашм аз рох наканда фикр мекард Султон Назирзода.

Не, ронандахои масъулиятшинос бештаранд. Онхо тартиботро риоя мекунанд. Лекин хастанд ронандахое, ки дидаву дониста коидахоро сарфи назар карда, гуё кахрамоние нишон дода бошанд, фахр хам менамоянд.

“Хама агар тартиботро рияо мекарданд, олам гулистон мешуд”, – аз дил гузаронд у ва чубро гиру гурбаро ёд кун гуфтаги барин “Волга”-и сиёхе ба сечароги сурх итоат накарда, бо суръати баланд чоррахаро гузашт. Нозири рох холати «Омода бош!» – ро гирифт. Ва бо чубчаи алобулояш ронандаро ишорати дар канори рох боздоштани мошин кард.

– Лаънати, аз кучо пайдо шуд, набуд-ку! – худ ба худ гуфт ронанда. – Ё гурезам? Не, намешавад. Сур карда, медорад, кор чаток мешавад. Бехтараш дорам. Ягон бало мекунам.

Ронанда – марди хомфарбехи миёнакади шикамкалон, мошинро дошт ва дав-давон назди нозири рох омад. Вай табъи болида дошт. Аниктараш ширакайф буд. Бо як чобуки дасти нозири рохро гирифта:

– Э-э… асалому алайкум, начайлик! Ахвол калай, саломати, кору бор, зиндаги ништяк? Ахли байт, хурду калон, хама хубанд?

– Рости, холам бад аст, – гуфт нозири рох.

– Э, не-й-е! Чаро? Барои чи?

– Барои он ки аввалан гушхои ман токати шунидани алфози бегонаро надоранд, сониян шумо намегузоред, вазифаи хизматиамро ичро кунам. Дастамро сар дихед.

– Ман Зиё Олимуф!

– Бисёр хуб, – гуфт у бо мулойимати. – Акнун дастамро сар дихед.

– Маро шинохтед? Не, шинохтед ё не?

– Дастамро сар дихед, ки шинос шавем.

– Ана, – гуён дасти уро сар дод.

Нозири рох холати низоми гирифта, дасти росташро ба чакка бурда:

– Нозири рох сержанти калон Султон Назирзода! – гуфт.

Вай то хадди имкон дар ин калимахо тамоми чиддият ва мухаббаташро ба касби хеш чо дод.

– Хохиш менамоям хуччатхоятонро пешниход намоед!

Ронанда ба чои пешниходи хуччат синчакорона ба руи нозири рох дида духту бо як табассуми ачиб пурсид:

– Агар хато накунам, ту аз нохияи Гори боло? Ёфтам-а? Аз симоят шинохтам. Ха, ман симошинос.

– Агар рафту аз нохияи Гори боло бошам, баъд чи?

– Чи хел, баъд чи? Эх-ха! Ана гапу мана гап! Охир, мо хамшахр. Ният соф-дия, ният! Соф намешуд бо хамшахриям вомехурдам.

Дар руи нозири рох хафаги соя афканд.

– Агар хамшахри бошем, коидаро вайрон кардан мумкин будааст. Хуччатхоятонро бароред!

– Намебарорам!

– Мебароред!

– Исто, ман раками нишони туро навишта гирам, – гуфт у ва даст ба нишони Назирзода бурд.

Вай худро каме кафо гирифта:

– Ба нишонам нарасед, – гуфт. – Ин шаъну шарафи ман аст. Бехтараш хуччат пешниход кунед.

– Хуччат нест! – ба дурушти гуфт Зиё Олимуф.

– Чи, шумо мошинро бе хуччат меронед?

– Не-дия, бо хуччат!

– Пешниход кунед.

– Чи кор мекуни? – шиддат кард Зиё Олимуф.

Нозири рох бо эътимод харф мезад, ки ба иззати нафси у нарасад.

– Хуччат тартиб дода, ба Бозрасии давлати пешниход мекунам. Онхо мувофики конун чазо медиханд.

– Ха-а?! – хитоболуд овоз баровард Зиё Олимуф ва баъд аз нозири рох чашм наканда, бо нуги забон лаб лесид. Сипас хандид, баланд хандид. Хандаи у голибият ва тамасхур дошт.

– Хамту? – бо ангушти ишорати таъкидкунон рост ба чашмони нозири рох нигарист Зиё Олимуф. – Гила аз худат! Ту чи, маро бесохиб гумон карди? Хобатро ба об гуй. Ман бе пушту панох не, хоми дорам.

Ин суханони ронанда ба дилу души нозири рох бисёр гарон афтод. Ногах як эхсоси олуда ба истехзову алам ба дилаш нишаст.

– Ха-а, – лаб газид Назирзода. – Кани шунавем-чи! Ки будааст хомии шумо.

– Чи хел ки будааст хомии ман?

– Ному насаб, чои кораш, вазифааш…

У ба сари нозири рох сиёсат кард:

– Ба у арз ки кардам, ана баъд мефахми! Фахмиди?!

– Фахмо-о… Холо арз мекунам гуй? Баъд чи?

– Гушатро метобад, – ба дурушти гуфт Олимуф. – Ха, сахт метобад. Чунон метобад, ки як умр фаромуш намекуни.

Дар лабони нозири рох табассуми сахл намоёне ба ларза омад.

– Хайр, баъд чи?

– Баъд худат бо сари хаму гушхои лапар оварда медихи.

– Баъд чи?

– Баъд?… Баъд бахшиш хам мепурси.

Назирзода асаби шуд, кариб монда буд, ки инони ихтиёрро аз даст дихад. Аммо худро ба даст гирифта, ба Олимуф руй овард:

– Истед, ки хамин гапхоятон хамааш ростанд?

– Набошад чи, – гуфт Олимуф. – Агар хохед, касам мехурам.

– Касам хурдан хочат надорад, – бо ороми гуфт Назирзода. – Майлаш, баъд гуши маро тобанд, бигузор аз кор гиранд. Холо калиди мошинро дихед.

– Чиро дихам? – гуё у нафахмид.

– Калиди мошинро!

– Кадом мошинро?

– Мошини худатонро.

– Чи кор мекуни калиди мошини маро? – шиддат кард Олимуф.

– Мошинро дар майдончаи чаримави махкам мекунем.

– Махкам мекунед? Барои чи?

– Барои он ки шумо нушидагиед.

Хатто мижаи Олимуф хам нахурд. Ва бе хеч ибо:

– Хайр чи? – гуфт. – Нушидам. Хак дорам. Ё хак надорам? Гап зан хак дорам ё не?

– Хак доред, ки бинушед, – рози шуд Назирзода. – Вале ба сари рул нишастан хак надоред.

– Охир, ман зиёи хастам…

– Дар сари рул шоху гадо баробар аст.

Ронанда, хануз хам аз аспи якравиаш пиёда нашуда, таънаомез гуфт:

– Хайр, чи шудааст? Осмон ба замин начаспидааст-ку?

– Чи шудааст? – якбора оташин шуда гуфт Назирзода. – Боз чи мешуд? Хар сол бо “шарофат”-и шумо барин ронандахо кариб хазор нафар одамони бегунох халок мешаванд, ду хазор маъюбу маслук.

– Хеле вохима карди-ку!

– Ин вохима не, хакикат, – чиддан гуфт у. – Ха, хакикати талх.

– Ин бо айби ронандахо не. Ха, гунохро ба сари ронадахои бечора бор накунед. Гунахгор Азроил. Руз ки буд шуд, як чи бахона мешавад.

– Шумо коидаи характи рохро вайрон кардед. Ба ин хам Азроил гунахгор?

– Коида, коида, – писханд зад ронанда. – Коида барои он аст, ки вайрон куни. Ё гапам нодуруст?

– Нодуруст, коида барои он аст, ки риоя кунед. Вале Шумо бо суръати баланд дар ранги сурх гузаштед.

– Э он кадар хам сурх набуд. Шаробхои хозира маза надорад, маст намекунад. Ха, нимаш об.

– Ин чо чои шухи нест.

– Хамеша бояд шухи кард. Зеро шухи занги дил мешуяд ва умри одамро дароз мекунад. Ха, ин илман исбот шудааст. Биё, даст те, ин гапхо айбай…

– Бале, айб аст, – гуфт Назирзода. – Калидро дихед.

Олимуф пушти сархорон гуфт:

– Гуш кун, ту гурусна нести?

– Барости, гуруснаам, – икрор шуд Назирзода.

– Ох-хо! Ман хам саг барин гуруснаам. Биё, ба ягон кахвахона рафта бо сихкабоби серравган садта-садта мекунем. Чи гуфти-а?

– Наметавонам, – чавоб дод Назирзода. – Ман дар кор.

– Э кор гург не-ку, намегурезад. Кор гуфта худро пир мекуни. Ки минатдор мешавад? Бин, ягон орден ё медал надори…

– Дорам, – гуфт Назирзода. – Медали “Шучоат”.

– Барои чи доданд?

– Доштани ронандаи маст.

– Нахо-о-од?… Хайр, биё, ту дили маро наранчон, чура. Ха, ин кори ганда. Худо бад мебинад одами дилозорро. Хатто Хоча Хофиз гуфтааст:

    Май бихур, мусхаф бисузу оташ андар каъба зан,

    Сокини бутхона бошу мардумозори макун!

– Бале, рост гуфтааст. Ана барои хамин хам шумо бояд чазо гиред.

– Биё, ин кадар сиёсат накун. Ба дор мекашанд-ми? Не, албатта! Хайр, чарима меандозанд. Чаримааш хам он кадар киройи нест.

– Мутаассифона шумо хакед. Чарима хеле ночиз аст. Онро зиёд кардан лозим, то ки вайронкунандагони коидахои харакати рох хис намоянд

– Гуш кун, ту бисёр йигити хуб менамои. Симоят хам зебо, каду коматат хам расо…

Нозири рох охи сард кашид.

– …Не, не, ин комплимент не, хакикат. Ту йигити шаш кас медидаги. Агар дуруг гуям кур шавам. Ояндаи дурахшон дори. Ха, рост-дия! Гусолаи шудани аз пояш маълум. Биё як коре кунем, ки “на сих сузаду на кабоб”. Чи гуфти, а?

– Нафахмидам?

– Дидаро нодида мегири, тамом вассалом!

– Чи тур? – бо тааччуб суол мекунад Назирзода.

– Охир, ман хам маънои БДА-ро мефахмам. Ха, бачаи чайра нестам-ку. Милиса хам одам аст. Хонаву дар, бачаву чака дорад. Онхоро хурондан лозим, пушондан лозим. Хайр, боз орзуву хавас гуфтани гапхо хаст…

– Хохиш мекунам, калидро дихед.

– Уй! – хитоб кард Зиё Олимуф ва бо тамасхур пурсид: – Хайр шуд, ставкаат чи кадар аст?

Ин кори Зиё Олимуф уро лол карда, ба як холати ногувор андохт. Вай хомуширо аломати ризо пиндошта, аз кисааш бист сомони бароварда, хост ба кисаи нозири рох гузорад. Назирзода дасти уро дур андохт.

– Шумо ба ман пора…

Нозири рох гуё нафасгир шуда, хомуш монд.

– Ана, хало-ос! Даррав пора. Чаро пора? Пора не, як чойпули.

– Ба ман чойпули лозим нест.

– Об-бо… хайр, на пора, на чойпули, хамту пул… Ха, аз ман ба ту хадя. Хой, пули ман табарруки.

– Ман “дар” гуям, шумо “девор” мефахмед…

– Ха-а, – лабханд кард Зиё Олимуф. – Гапа гоз надех. Фахмо. Гараз аз тушбера гушт хурдан аст.

“Ба дасти нахангаш афтодам-ку? Боз зам кунам ё не? Не, биринч оббардор не, зам кардан даркор”.

– Кам мегуй? Хайр, ана боз ду Айни… Э-э, гиред-е…

– Не!

– Ин не – вай не, кам-а? Ду Айни кам-а? Хайр, ана боз ба болояш як Сино.

Ин гапи Зиё Олимуф ба иззати нафси нозири рох расид. Ва у андаке сахт карда, гуфт:

– Хохиш мекунам тахкир накунед!

– Киро? Туро? Худо нигох дорад.

– Не, пули милли Точикистонро.

Аз ин гуфтор ба таври худ хулоса мебарорад.

– Э-э, нав намёкатро фахмидам. Доллар мегири…

Аз ин густохии у ба кахру газаб омад, хост, ки торсакие ба руяш фурорад, аммо ин хохишашро саркуб кард.

– … Маъзур, доллар надорам. Не нагу хаминро гир.

– Не!

– Чаро?

– Ин чиноят аст!

– Не бошад, не.

Вай як зум фикр кард.

– Ту умуман чи мехохи?

– Адолат!

– Хама нозирон як хел набудаанд-да.

– Ман ганда-а?

– Ганда нагуфтам-ку?

– Агар чиноятатонро нодида гирифта, чора набинем, хуб. Агар не, ганда. Ачаб фалсафае.

– Ох, Худо… Худо-е! – нолишкунон аз киса сигарета баровард.

– Мекаши?

– Ташаккур, ман намекашам.

– Тамоман?

– Тамоман.

Вай тамасхуромез хандид ва сигарета даргиронд. Дуди онро ду-се бор харисона фуру бурд.

– Ха-а, ин не – вай не… Хайр, гир акун.

– Не!

– Ту ба ман ин кадар “не, не” гуфта худатро дар тарозу наандоз. Хама мегиранд.

– Ман ба пули харом одат накардаам.

Ин гап ба иззати нафси Зиё Олимуф расид.

– Ох-хо! Забонат тез будааст-ку?

– Гапи хакро мегуям. То холо нагирифтаам

– То хол нагирифта боши, оянда мегири. Пулро ба сари охан нихи об мешавад.

Нозири рох чизе нагуфт.

– Аз афташ навкори? – пурсид Зиё Олимуф.

– Не, – гуфт у, – дах сол собикаи кори дорам.

– Не может бит! Устод надоштаи-да.

– Устод доштам.

– Бехунар будааст, – гуфт у. – Туро хам бехунар тарбия кардааст

– Дар тамоми дунё шухрат дошт.

– Чи-и-и?! Ки будааст у?

– Чояшон чаннату рухашон шод бод, Нуров Мулло.

– Хамон бурути? Эхе, хамика мегирифт, ки…

– Аз барои Худо бас кунед! – вачохати Назирзода нихоят вайрон шуд.

– Нафахмидам…

– Гуш кунед, дуруггуйро чи мегуянд?

– Чи хел чи мегуянд? Дуруггуйро дуруггуй мегуянд.

– Не, аз нуктаи назари мусулмони

– Ха-а, ин хел гуй? – вай лабханд кард ва ба хаёл рафт, аммо чавоб ёфта натавонист. Вале тан надода, гуфт:

– Дар нуги забонам чарх мезанаду хеч не ки…

– Дуруггуй душмани Худо!

– Не-е! Хай ёфти-да! – пичинг зад у. – Рост гуфти мурди, дуруг гуфти бурди.

Нозири рох шигифтзада пурсид:

– Яъне, ки шумо хамеша дуруг мегуед?

– Э не-е! Не, хеч гох!

– Мегуед.

– Ки гуфт?!

– …

– Чи ин кадар ба руи ман менигари?

– Мечуям, – гуфт у дар чавоб. – Мутаассифона намёбам.

– Чиро намеёби?

– Хамрангиро.

– Чи хел хамрангиро?

– Сирату ботинро, – бо таассуф чавоб дод Назирзода. – Дар телевизор як гап мегуед, рафторатон дигар. Дар забон хой-хою дар рафтор вой-вой будаед. Борхо тавассути телевизион гуфтед, ки на хама чизро, масалан вичдонро харида мешавад. Хозир бошад вичдони маро харидани хастед. Эх, шумо!

Ин суханон чунон ногахони буданд, ки Зиё Олимуф хатто ба гушхояш бовар накард. Сипас аз киса руймолча бароварда, бини афшонд. Нозири рох як кад парида, ба у нигарист.

– Э… ё метарси? Э буздили накун-е! “Аз чумчук тарси, арзан накор” гуфтаанд. Натарс. Ман ба хеч кас намегуям.

Ин рафтори у гояти пасти ва хатто, чун кирдори бачаи беакл, хандаовар буд.

– Бас кунед.

– Бас намекунам!

Нозири рох аз кахру алам дарун-дарун сухта ноилоч монд.

– Шумо барои ман дигар рох намондед. Мачбурам, ки бригадаи  таблиготиро даъват кунам.

– Барои чи?

– Шуморо ба навор мегиранд, дар телевизион намоиш медиханд.

– А-а?! Чи гуфти?!

Ба пустини у кайк афтод.

– Шумо экранро дуст медоред-ку? Баромад мекунед.

– Баромад? Чи мегуям?

– Шумо маро мепурсед? Охир, шумо дар гап усто-ку?

У лахзае лаб аз гуфтор баст. Дар киёфаи Зиё Олимуф асари тарсу харос хувайдо шуд.

– Мегуед, ки чи хел нушидед ва коидаи харакати рохро дагалона вайрон кардед. Мегуед, ки чи тавр ба ман пора дода, вичдонамро харидани шудед. Мегуед, ки чи хел пули миллии Точикистонро тахкир кардед. Мегуед, ки чи гуна забони давлатиро хор кардед.

У ба дахшат афтода, ранги руяш мурдавор канд.

– Хай-хай-хай… ин чазои сахт…

– Сахт, вале зарур! – гуфт нозири рох ва дигар худдори карда натавониста, идома дод:

– Дилам ба миллат месузад, мефахмед? Месузад! Агар зиёияш чунин рафтор кунад, аз дигарон чи гила?!

Нафаси Олимуф ба дарун зад. Вай бо андух ох кашиду идома дод:

– Ана, хаминаш алам мекунад. Аз рости, магз-магзи устухон месузад. Сахт месузад! Мефахмед?!

Пас аз ин гуфтахо вай сар ба зер афканд ва ба хайкали гаму андух табдил ёфт.

Олимуфро аввал чашми чапаш парид, сипас хуш аз сараш. Дилаш сих зад. Чунон сих зад, ки “вох” гуфта монд. Сару руяшро араки шарму хаё пахш кард. Лахзае лаб газида, музтар монд. Ёрое надошт, ки ба чашми нозири рох нигарад. Тайёр буд, ки замин уро фуру барад.

“Садруза рохатат ба якруза кулфат намеарзад”-аш хамин бошад? Омад ба сарам хар он чи метарсидам…”.

Вай сар бардошт, вале ба нозири рох нигох накард. Нигохаш ба сечарог афтод. Чароги зардаш чашмак мезад. Гуё ба холи у механдид. Ба абрувонаш гирех афтид. Аз сечарог чашм канда, ба суи офтобшин нигарист. Офтоб нишаста буд. Абрхои сурх, ки гуё аз онхо хун мечакид, уфукро ихота карда буданд. Ин манзара дили уро харошид. Суханхои нозири рох дар гушаш садод доданд.

“Гапаш чун тег тез, вале чондор”, – дар дил икрор шуд у ва зери лаб “астагфируллох” гуфту чашмаш боз ба сечарог афтод. Ин лахза чароги сурхи он фурузон гашт. Он чун чараёни барк ба танаш давид. Таконе хурд. Дилаш сахт-сахт тапида, гушхояш садо доданд. Акнун аз хар тори муяш арак мечакид. Вай ба дарачае сурх гашта буд, ки тархи руяшро аз сурхии чароги рахнамо фарк карда намешуд.

– Уфф, – номаълум ох кашид Зиё Олимуф ва охиста калидро ба дасти нозири рох дод.

16 августи соли 2007

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …