Главная / Илм / КИСЛОТАИ ХЛОРИД

КИСЛОТАИ ХЛОРИД

kislotai-hloridКИСЛОТАИ ХЛОРИД, кислотаи гидрогенхлорид, HCl, кислотаи кавии якасоса; махлули обии хлориди гидроген HCl. К. х. моеъи беранг, буи тез дорад. Консентратсияи аз хама баланди он 36% аст, зичиаш 1180 кг/м3. К. х. охирхои а. 16 ба алхимикхо маълум буд. Онхо К. х.-ро хангоми гарм кардани намаки ош бо гил ё купороси охан хосил мекарданд. Дар миёнаи а. 17 И. Р. Клаубер К. х.-ро аз NaCl ва H2SO4 хосил намуда онро «спирти намаки» номид. Усули Глауберро холо хам истифода мебаранд.
К. х.-ро барои хосил кардани хлоридхои металлхои гуногун, синтези масолехи органикии хлордор, дар металлургия барои коркарди маъданхо, дар амалияи лаборатори чун реактив ва г. истифода мебаранд. Хлориди гидрогени газшакл захрнок аст. Вай ба роххои нафас, дандон, пардахои луобии бини ва г. зарар мерасонад. Хавои хона набояд аз 0,005 мг/л зиёда HCl дошта бошад. Хангоми бо К. х. кор кардан аз противогаз, айнак, дастпушак ва г. истифода бурдан лозим.
Дар тиб К. х.-и серобро дар якчояги бо пепсин хангоми паст шудани туршии шираи меъда ва бо дорухои охан дар муоличаи анемияи гипохроми истифода мебаранд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …