Главная / Маданият ва санъат / КАСБУ КОРИ МУХАММАД (Паёмбар САВ)

КАСБУ КОРИ МУХАММАД (Паёмбар САВ)

Чи тавре, ки зикр гардид, давраи кудакии Мухаммад дар сахро, дар махалли бодиянишинон гузашта буд. Аз хамон вакт дар хотираи вай сахрохои васеъи беканор, хавои тозаи бегубор накш баста буд ва вакте ки масъалаи ба коре машгул шудан пеш омад, вай касби чупониро интихоб кард. Мухаммад гусфандони амакхояш ва моли мардуми Маккаро мечаронид. Рузхо хавои софу хомушии сахро, хангоми шаб дурахшидани ситорагон дар осмони беканор уро ба андешахо гутавар месохтанд. Вай дар бораи дунё, замину осмон ва бунёди чурмхои осмони андешахо мекард. Мухаммад вазифаи чупониашро бомасъулият ба чо меовард, чорворо дар чойхои сергизо мечаронд, аз гургхо галларо мухофизат мекард. Раммаи гусфандони вай аз дигархо дида фарбеху солим буд.

Шугли чупони ба Мухаммад фоидаи зиёде намеовард, аммо у ба масьалаи модди чандон ахамияте намедод. Он рузхои чупониро ба ёд оварда Мухаммад мегуфт; “Хеч кас ба пайгамбари нарасид, чуз ин ки чупон буд. Мусо, ки мабъус шуд, чупон буд. Довуд низ чупон буд. Ман низ гусфандони касони худро мечаронидам”.

Ахлоку одоби Мухаммад бисёр макбулу комил буд. У харгиз дуруг намегуфт, ба касе хиёнат намекард, беинсофи, бемуруввати ва бехаёи аз тарафи вай зохир намешуд.

Абутолиб, ки марди аёлманд буд, мехост барои бародарзодааш ягон коре пайдо кунад, ки даромадаш бештар бошад. Рузе хабар ёфт, ки Хадича барои корхои тичорат коргар киро мекунад ва Мухаммадро ба вай тавсия кард. Хадича хама сифатхои нек ва рафтори хамидаи Мухаммадро шунида буд ва уро дар синни 25 – солаги барои корхои тичоратии худ ба кор гирифт. Ин сабаб шуд, ки сафари Шом барои Мухаммад бори дуввум муяссар гашт.

Вакте ба Шом расид, бо пешвоёни дини масех гуфтугу кард, дар бораи акида ва ихтилофхои дини Масехи изхори акида кард. Аз китоби осмонии онхо саволхо кард. Хулоса, кушид хар чи бештар дар бораи ин дин маълумоте гирад. Мухаммад ба воситаи кордонии худ аз ин сафар бо фоидае зиёд баргашт. Хадича аз кору рафтори Мухаммад рози буд. Вай бо ин чавони хоксору поктинат мехр баст. Хадича, ки хостгории чандон одамони обруманди Маккаро каблан рад карда буд ба воситаи ходимааш Нафиса ба Мухаммад изхори ишк кард. Ба Мухаммад хам ин зани мехрубон маъкул шуда буд ва мухаббати уро кабул кард.

Мухаммаду Хадича туй оростанд ва хонадор шуданд. Дар он вакт Хадича чилсола ва Мухаммад бисту панчсола буданд. Баъд аз издивоч Мухаммад ба хонаи Хадича гузашт ва аз кори тичорат хам даст кашид.

Зиндагии Мухаммад орому осуда буд. Вакти худро бо риёзату ибодат ва сухбатхо бо Хадича мегузаронид. Мухаммад мухаббату вафодории занашро хис мекард ва худаш хам бо у чунин муносибат мекард. Хадича зани хубу мехрубон ва тамоми хастии худро дар ихтиёри шавхараш гузошта буд.

Солхо мегузаштанд. Онхо сохиби чанд фарзанд гаштанд. Аммо писарони онхо Косим ва Абдуллох дар овони хурдсоли вафот карданд. Марги писарон мехри зану шавхарро ба духтаронашон Зайнаб, Рукайя ва Умми Кулсуму Фотима бештар мекард. Онхо духтарони худро дуст медоштанду онхоро дар рухияи мехрубони, мехнатдустию инсонпарвари тарбия мекарданд. Дар оилаи онхо як мухити мехру вафо ва садокат хукмфармо буд. Бо вучуди ин онхо ранчу гами писаронро фаромуш карда наметавонистанд. Мухаммад наметавонист чои писарони хешро холи бубинад ва бо розигии Хадича гуломбача Зайдро харида, уро озод ва ба писархонди кабул кард. Онхо бо Зайд хамчун ба фарзанди худ муносибат доштанд.

Мухаммад медонист, ки амакаш аёлманд асту зиндагии факиронае ба сар мебарад.У некихои амакаш Абутолибро фаромуш накарда буд. Барои сабуктар намудани бори зиндагии амакаш бо розигии у писари хурди Алиро барои тарбия ба оилаи худ гирифт. Духтаронаш калон шуданд, онхоро ба шавхар баровард. Ба Али, ки мехри зиёд дошт, аз у токати чудои надошт. Аз ин хотир духтари хурдиаш Фотимаро ба Али хонадор кард ва дар оилаи худ нигох дошт. Писархонд Зайдро хам хонадор карда, ба хаёти мустакил хидоят намуд.

Супориш ва саволхо.

  1. Дар бораи хазрати Мухаммад кадом киссахоро шунидед ва медонед?
  2. Сафархои вай ба чахонбиниаш чи тавр таъсир мекарданд?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …