Главная / Илм / КАРБОН

КАРБОН

carbonКАРБОН (лот. Carboneum, аз carbo – ангишт), С, элементи химиявии гурухи IV системаи даврии Менделеев, раками ат. 6, массаи ат. 12,011. Дар табиат ду изотопи собит 12С (98,892%), 13С (1,108%) ва як радиоактиви К 14С(Т1/2 = 5,6 • 103 сол) маълуманд. Дар асоси изотопи 12С чадвали хозиразамони массахои атоми тартиб дода шудааст. Моддаи зинда 18%, чуб 50%, ангиштсанг 80%, нефт 85% ва антрасит 96% К. доранд. К. дар пайвастхояш бештар чорвалента аст; дар шароити мукаррари нофаъол буда, хангоми гарм кардан сухта оксиди карбон (II ва IV) хосил мекунад. Дар харор. баланд К. баркароркунандаи кави мебошад; бо металлхо – карбид, бо сулфур – сулфиди карбон, бо нитроген – сиан хосил мекунад.
К. элементи мухими организм буда, асоси хаётро ташкил медихад. Хамаи он пайвастхои органики, ки дар таъмини кобилияти хаётии организмхо иштирок мекунанд, асосан аз К. иборатанд. Кисми зиёди энергияи ба организм зарур бинобар дар хучайрахо оксид гаштани К. хосил мешавад. Изотопи радиоактиви К. (14С) дар биология ва тиб истифода мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …