Главная / Илм / КАРБАМИД

КАРБАМИД

karbamidКАРБАМИД, мочевина, дурдаи пешоб, H2NCONH2, амиди пурраи кислотаи карбонат, амиди кислотаи карбамин. Кристалли беранг, t гуд. 132,7°С, дар об, спирт, аммиаки моеъ, ангидриди сулфит нагз хал мешавад. К.-ро аввалин бор химики франсави И. Руэлл (1773) аз пешоб чудо ва химики немис Ф. Вёлер (1828) дар натичаи гармкунии сианиди аммоний (NH4NCO) синтез кардааст. К. аз чихати химияви фаъол буда, бо пероксиди гидроген пайвастхои комплекси CO(NH2)2 • H2O2 хосил мекунад. Хангоми гарм кардан (то 150 – 160°С), вайрон шуда, биурет H2NCONHCONH2, NH3, CO2 ва г. чудо мекунад. Бо кислотахои гайриорганики намак (мас., CO(NH2)2 • HNO3) хосил менамояд. Хангоми алкилонии К. алкилмочевинахо RNHCONH2 ва хангоми таъсири тарафайни К. бо спиртхо уретанхо H2NCOOR ба вучуд меоянд.
К. махсули охирини мубодилаи сафедаи хайвонот ва одам аст. Дар таркиби хун, мушак, оби дахон, лимфа, шир ва г. дарёфт шудааст. Микдори К. дар хуни одам 18 – 38 мг/100 мл мебошад. Биосинтези К. аз махсули охирини ихтилоли сафедахо (NH3 ва CO2) дар чигар ба амал меояд. К. низоми оби организмро ба тартиб андохта, бо пешоб ва араки бадан хорич мешавад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …