Главная / Илм / КАРБАМИД

КАРБАМИД

karbamidКАРБАМИД, мочевина, дурдаи пешоб, H2NCONH2, амиди пурраи кислотаи карбонат, амиди кислотаи карбамин. Кристалли беранг, t гуд. 132,7°С, дар об, спирт, аммиаки моеъ, ангидриди сулфит нағз ҳал мешавад. К.-ро аввалин бор химики франсавӣ И. Руэлл (1773) аз пешоб ҷудо ва химики немис Ф. Вёлер (1828) дар натиҷаи гармкунии сианиди аммоний (NH4NCO) синтез кардааст. К. аз ҷиҳати химиявӣ фаъол буда, бо пероксиди гидроген пайвастҳои комплексӣ CO(NH2)2 • H2O2 ҳосил мекунад. Ҳангоми гарм кардан (то 150 – 160°С), вайрон шуда, биурет H2NCONHCONH2, NH3, CO2 ва ғ. ҷудо мекунад. Бо кислотаҳои ғайриорганикӣ намак (мас., CO(NH2)2 • HNO3) ҳосил менамояд. Ҳангоми алкилонии К. алкилмочевинаҳо RNHCONH2 ва ҳангоми таъсири тарафайни К. бо спиртҳо уретанҳо H2NCOOR ба вуҷуд меоянд.
К. маҳсули охирини мубодилаи сафедаи ҳайвонот ва одам аст. Дар таркиби хун, мушак, оби даҳон, лимфа, шир ва ғ. дарёфт шудааст. Миқдори К. дар хуни одам 18 – 38 мг/100 мл мебошад. Биосинтези К. аз маҳсули охирини ихтилоли сафедаҳо (NH3 ва CO2) дар ҷигар ба амал меояд. К. низоми оби организмро ба тартиб андохта, бо пешоб ва арақи бадан хориҷ мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …